Научная статья на тему 'ЗИКРИҲОФИЗИ ТАНИШ ДАР САРЧАШМАҲОИ АДАБИВУ ТАЪРИХИИ АСРИ XVI'

ЗИКРИҲОФИЗИ ТАНИШ ДАР САРЧАШМАҲОИ АДАБИВУ ТАЪРИХИИ АСРИ XVI Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
60
22
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЧЕСКИЕ ПРОИЗВЕДЕНИЯ / ХАФИЗ ТАНИШ НАХЛИ / АНТОЛОГИЯ / АБДУЛЛОХАН / ПРОИЗВЕДЕНИЯ ЛИТЕРАТУРОВЕДОВ XVI ВЕКА / ЛИТЕРАТУРНО- ИСТОРИЧЕСКИЕ ИСТОЧНИКИ / HISTORICAL PRODUCTION / HOFIZ TANISH NAHLI / ANTHOLOGY / ABDULLOKHAN / LITERARY PRODUCTIONS BELONGING TO THE PEN OF MEN-OF-LETTERS / THE XVI-TH CENTURY / LITERARY AND HISTORICAL SOURCES / АСАРҳОИ ТАЪРИХӣ / ҲОФИЗИ ТАНИШ / НАХЛӣ / ТАЗКИРА / АБДУЛЛОХОН / ОСОРИ СУХАНВАРОН / АСРИ XVI / САРЧАШМАҳОИ АДАБӣ ВА ТАЪРИХӣ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Маҳмадшоев Маҳмадшо Мирзошоевич

Дар мацола шахсият, истеъдод ва ҳунари шоириву воцеанависии таърихнигори тоцики асри XVI Ҳофизи Таниши ибни Мирмуҳаммади Бухорӣ мавриди баррасӣ царор гирифтааст. Муаллиф дар такя ба ахбори сарчашмаҳои адабиву таърихии асри XVI цараёни зиндагӣ, роҳ ёфтан ва хидмат дар дарбори Абдуллохон, воцеанависи ҳамин дарбор будан, соҳибдевонӣ ва огоҳии комил аз мусицӣ доштани Ҳофизи Танишро муайян кардааст. Ҳамчунин муаллифи мацола ишора менамояд, ки Ҳофизи Таниш бо тахаллуси Нахлӣ ашъор суруда, дар баробари таърихнигори шиноха буданаш, аз шумори шоирони бомаҳорат, ба ҳисоб рафта, бо осори адабӣ ва таърихии хеш дар шинохту омӯзиши адабиёти тоцики асри XVI ва воцеаҳои сиёсии ҳамон даврон хидмати арзандаеро адо намудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

REFLECTION OF HOFIZ TANISH S LIFESTYLE AND CREATIONS IN THE HISTORICAL AND LITERARY SOURCES REFERRING TO THE XVITH CENTURY

The article dwells on the personality traits, talent and literary and chronicle abilities of the Tajik historian who lived in the XVI-th century being Hofiz Tanish ibni Mir Muhammad Bukhari. Proceeding from information concerned with literary and historical sources referring to the XVI-th century, the author of the article determines Hofiz Tanish's life depiction and his service for Abdullah Khan's court as a chronicler (vakianavis), a scientist, his exceptional music knowledge as well. It is indicated that alongside with the fact that Hofiz Tanish was a famous historian and he wrote a huge considerable number ofpoems under the pseudonym "Nahli" and was considered to be one of the talented poets of his epoch and even made a separated divan. It is underscored that Hofiz Tanish with his literary and historical productions made a worthy contribution into the study of Tajik literature referring to the XV-th century and the political events of that period as well.

Текст научной работы на тему «ЗИКРИҲОФИЗИ ТАНИШ ДАР САРЧАШМАҲОИ АДАБИВУ ТАЪРИХИИ АСРИ XVI»

УДК82 ББК83.3Т

ЗИКРИXОФИЗИ ТАНИШ ДАР САРЧАШМА^ОИ АДАБИВУ ТАЪРИХИИ АСРИ ХП

ОТОБРАЖЕНИЕ ЖИЗНИ И ТВОРЧЕСТВОХАФИЗА ТАНИША В ЛИТЕРАТУРНО- ИСТОРИЧЕСКИХ ИСТОЧНИКАХ ХУ1 ВЕКА

REFLECTION OF HOFIZ TANISH S LIFESTYLE AND CREATIONS IN THE HISTORICAL AND LITERARY SOURCES REFERRING TO THE XVI-

TH CENTURY

Ма^мадшоев Мащадшо Мирзошоевич, н.и.ф.,

дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоцики МДТ "ДДХ ба номи акад. Б.Fафуров"(Тоцикисmон, Хуцанд)

Махмадшоев Махмадшо Мирзошоевич, к.ф.н., доцент кафедры таджикской классической литературы ГОУ "ХГУ им. акад.Б. Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Mahmadshoev Mahmadsho Mirzoshoevich, candidate of philological sciences, Associate Professor of the department of Tajik classical literature under the SEI "KhSU named after аcad. B. Gafurov "(Tajikistan, Khujand), Е-mail: [email protected]

Вожа^ои калиди: асаруои таърихи, Хофизи Таниш, Нахли, тазкира, Абдуллохон, осори суханварон, асри XVI, сарчашмацои адаби ва таърихи

Дар мацола шахсият, истеъдод ва уунари шоириву воцеанависии таърихнигори тоцики асри XVI Хофизи Таниши ибни Мирмущммади Бухори мавриди барраси царор гирифтааст. Муаллиф дар такя ба ахбори сарчашмацои адабиву таърихии асри XVI цараёни зиндаги, роц ёфтан ва хидмат дар дарбори Абдуллохон, воцеанависи щмин дарбор будан, соуибдевонй ва огоуии комил аз мусици доштани Хофизи Танишро муайян кардааст. Хамчунин муаллифи мацола ишора менамояд, ки Хофизи Таниш бо тахаллуси Нахли ашъор суруда, дар баробари таърихнигори шиноха буданаш, аз шумори шоирони бомауорат, ба уисоб рафта, бо осори адаби ва таърихии хеш дар шинохту омузиши адабиёти тоцики асри XVI ва воцеацои сиёсии щмон даврон хидмати арзандаеро адо намудааст.

Ключевые слова: исторические произведения, Хафиз Таниш Нахли, антология, Абдуллохан, произведения литературоведов XVI века, литературно- исторические источники.

В статье освещается особенности личности, талант и литературно-летописные способности таджикского историковеда XVI века Хафиза Таниша ибни Мир Мухаммада Бухари. На основании сведений литературных и исторических источников XVI века автор статьи определил процесс жизни Хафиза Таниша, его служение во дворе Абдулла-хана в качестве летописца (вакианавис) , ученого, а также его исключительное знание музыки. Указывается, что наряду с тем, что Хафиз-и Таниш был известным историком, писал множество стихов под псевдонимом «Нахли» и являлся одним из талантливых поэтов своей эпохи и даже составил отдельный диван. Отмечается, что Хафиз-и Таниш своими литературными и историческими произведениями внес достойный вклад в изучение таджикской литературы XVI века и политических событий того периода.

Key-words: historical production, Hofiz Tanish Nahli, anthology, Abdullokhan, literary productions belonging to the pen of men-of-letters, the XVI-th century, literary and historical sources.

The article dwells on the personality traits, talent and literary and chronicle abilities of the Tajik historian who lived in the XVI-th century being Hofiz Tanish ibni Mir Muhammad Bukhari. Proceeding from information concerned with literary and historical sources referring to the XVI-th century, the author of the article determines Hofiz Tanish^s life depiction and his service for Abdullah Khans court as a chronicler (vakianavis), a scientist, his exceptional music knowledge as well. It is indicated that alongside with the fact that Hofiz Tanish was a famous historian and he wrote a huge considerable number ofpoems under the pseudonym "Nahli" and was considered to be one of the talented poets of his epoch and even made a separated divan. It is underscored that Hofiz Tanish with his literary and historical productions made a worthy contribution into the study of Tajik literature referring to the XV-th century and the political events of that period as well.

Тад;и;оти донишмандону мухд;;ик;он нишон медихдд, ки баробари эчоди осори адабй дар асри XVI навиштани асарх,ои таърихй низ идома ёфтааст. Онх,о дар баробари арзиши таърихии

xеш дорои ахамияти мухими илмиву адабй мебошанд ва барои омyxтани адабиëти асри мазкyр аз сарчашмахои зарурй ба шумор мераванд. Дар ин ахд осори таъриxие, мисли "Хабиб-ус-сияр"-и Хондамир, "Равзат-ус-сафо"-и Мирxонд, "Шайбонинома" ва "Футухоти xонй"-и Биной, "Мyнтаxаб-yт-тавориx"-и Хофизи Убахй, "Шарафномаи шохй"-и Хофизи Таниш навишта шудаанд.

Мувофи;и аxбори сарчашмахо "Шарафномаи шохй", ки онро олимон бештар бо номи "Абдуллохнома" ва "Зафарнома" ëдоварй менамоянд, ба Абдуллохдони Шайбонй ва лашкаркашихои y баxшида шудааст. Оид ба лахзахои рузгор ва шаxсияти Хофизи Таниш дар сарчашмахои мухими адабй ва таъртаии асри XVI ва нимаи дуюми асри XVI I амсоли "Музаккир-ул-ахбоб", "Азкор-ул -азкиë", "Тазкират-уш-шуаро", "Таъриxи Чдхонгирй", "Тухфат-ус-сурур", "Матлаб-ут-толибин", "Таъриxи Сайид Ро;им" маълумоти мyxтасар дода шудааст.

Hаxyстин муаллифе, ки дар бораи Хофизи Таниш маълумоти мyxтасар додааст, тазкиранигори асри XVI Хоча Хасани Нисорй мебошад. Номбурда дар тазкираи "Музаккир-ул-ахбоб" овардааст: "Мавлоно Hаxлй сурати xyб ва сирати маргуб дорад, сyxанони дилкашаш махбуби арбоби ;улуб аст..." (5,18). Аз маълумот ва як газали овардаи Нисорй маълум мешавад, ки таxаллyси шоирии мавсуф Hаxлй будааст.

Ба андешаи адабдатшинос Н. Сайфиев барxе аз олимони xоричй бо сабаби дуруст надонистани замони зиндагй ва во;еоти рузгори Хофизи Таниш, инчунин аxбори нодурусти омyxтаашон уро бо Hаxлии Бyxорой сyxанвари бомахорати нимаи аввали ;арни XVII омеxта намудаанд ва хамин иштибох дар як ;атор тад;и;оти минбаъдаи илмй таъсири манфй гузоштааст(5,20).

Дигар аз муаллифоне, ки зикри ному таxаллyси шоирй, майорату истеъдод ва арзиши навиштахои Хофизи Таниш намудааст, хамзамон, дуст ва нигорандаи "Азкор-ул -азк^" Абусайид Мухаммад машхур ба Мир-севинчй мебошад. Муаллифи мазкур дар баëни шаxсияти Hаxлй чунин гуфтааст: "Ч,аноби фазоилмаоб Хофизи Таниш, ки дар шеваи назм беназир, дар тари;и наср ногузир аст ва во;еанависии хазрати аълои комкорро кардааст ва китобе тартиб дода, ки чашми рузгор мисли он наварусе дар чамансарои чахон надида ва xиради xyрдадон монанди он латифнyсxае дар ;ути мyтаxайила тасаввур накарда ва фазоили дигар низ дорад, монанди савту амал, ки гохе мебандад ва дар ав;оти хаждахсолагй девонсохиб будаанд" (1). Пас аз гуфтахои болой байти зеринро овардааст:

Дами гиря да;они èppo дидан адам бошад, Нашояд ;ец дид аз дида, ;ар газ; дида нам бошад.

Муроди Мирсевинчи дар и;тибоси болой аз ибораи "хазрати аълои комкор" Абдyллоxон мебошад, ки Хофизи Таниш бештари навиштахояшро ба y баxшида буд ва дар бораи чангномаву корномахояш мадхияхо сурудааст. Нигорандаи сyxанони болой аз камоли эчодии Хофизи Таниш дар назму наср сyxан гуфта, уро "зубдаи шоирон ва хофизон" номидааст, ки нишони сyxанвари бомахорат ва таъртанигори комил будани уст.Муаллифи "Азкор-ул -азк^" дар фарчоми китоби xеш таъкид намудааст, ки ин асар аз тахрири пурраи Хофизи Таниш гузаштаасту y дар бобати xатми ин асар ;итъаи таъриxй навиштааст. Мирсевинчй Хофизи Танишро ба унвони устоду рахнамо ва донандаи xyби илми таъриxнигоривy шеъру муси;й донистааст.

Мутрибии Самар;андй тазкиранависи маъруф дар ду асари арзишманди xyд дар бораи чараëни зиндагй ва эчодиëти Хофизи Таниш маълумот додааст. Дар "Тазкират- уш- шуаро" хангоми зикри ахволи Мулло Аршй ном шоир аз ахволи Хофизи Таниш ëдоварй карда, вайро аз "фузалои даврон" xондааст (5,24).Мутрибй дар асари дигараш бо номи "Таъртаи Чдхонгирй" аз таxаллyси шоирй, во;еанависй, рох ëфтан ба дарбори Абдyллоxон ва xидмат дар ончо, сохиби овози xyш будани Таниш, баъзе лахзахои зиндагии y ва вафоташ муфассалтар маълумот додааст. Бино ба навиштаи Мутрибй ин таъртанигори сохибсали;а натавонистааст асари xешро пурра ба анчом расонад ва ryë ба анчоми ин кор Козй Пояндаи Зоминй муваззаф шудаааст, аммо тиб;и навиштахои Мутрибй ин корро анчом надодааст.Хамчунин аз xyсyси табъи баланди сyxанварии Таниш ëдоварй намуда, аз "Со;инома"-и y, ки багоят маргуб будааст, ишора менамояд.

Дар баробари сyxанвари xyб, донандаи илми каломи бадей, во;еанавис ва муарртаи сохиб;алам будан, Таниш хофизи xyшовоз ва донандаи илми муси;й низ будааст. Баъзе

муаллифони осори адабй ва муаррихон ишора менамоянд, ки "Хофиз" унвон гирифтани мавсуф шояд хамин огохии комил доштанаш аз илми муси;й ва хушовозиаш бошад.

Шахсияти дигар, ки аз шумори ахли илму дониш ва фозилони даврони хеш махсуб ёфта, дар бораи Хофизи Таниш маълумот додааст, Дарвешалии Чангй муаллифи "Тухфат-ус-сурур" медошад. Дарвешалй бобати дар Бухоро зиндагй кардан, хидмат дар дарбори Абдуллохон намудан, шоири сохибдевону хофизу муси;идон будани Хофизи Таниш андешаронй намудааст. Маълумотхои овардаи мавсуф тозаву мухим буда, аз ихлоси баланди вай нисбати истеъдоди Нахлй гувохй медихад. Чангй дар боби "Ма;оми нухум дар баёни шуаро ва фузалое, ки дар ин фанни шарифмуаллафоти бисёр ва мусаннафоти бешумор доранд" дар хусуси Хофизи Таниш овардааст: "Хофизи Таниш.... дар силки афозили фохираи дорусалтанаи Бухоро интизом дошт ва рояти мухофарат ва вуфури фазлу камол ва зухури фахму хаёл ба акфову акрон меафрошт, хамвора аз рашахоти килки файзра;ам равзоти назмро хузрате тоза ва анчумани насрро

таровати беандоза мебахшид.....Бо вучуди ин фазилату хунар дар илми адвор низ беназири

рузгор ва беадили диёри худ ва дар сигари синн дар мулозимати хони кишварситон Абдулгозй Абдулло Баходурхон мебуд, ба хусни овоз махрами рози хони мазкур буд. Ва аз натичаи зехни муста;имаш девони ;асоид ва девони газал дар сафоехи рузгор ва авро;и лайлу нахор масбут аст..." (5,25).

Хамин тавр Дарвешалии Чангй аз истеъдоди фав;улодаи Хофизи Таниш дар назму наср, навиштани во;еахои таърихй ва донандаи хуби муси;и буданаш ахборот дода, ;асидаеро ба шакли комилаш аз ашъори у овардааст. У таъкид менамояд, ки асари таърихии Таниш "Шарафномаи шохй" ифодагари мухити сиёсиву ичтимоии даврон буда, хунари баланди во;еанигории муаллифашро нишон дода тавонистааст.

Хамчунин муосирони муаллифи "Шарафномаи шохй" Мухаммад Толиб ибни Точиддинхоча дар "Матлаб-ут-толибин" ва офарандаи "Таърихи Сайид Ро;им" дар асархои хеш аз Хофизи Таниш ва осори эчоднамудаи вай зикри хайр намудаанд ва уро "аз шуарои рузгор ва фузалои номдор" хисобидаанд.

Хамчунин худи Хофизи Таниш дар дебочаи асари хеш исми пурраашро Хофизи Таниш ибни Мирмухаммад, ал-Бухорой нишон додааст. Дар бобати тахаллуси адабиаш, ки дар навиштахои Мутрибии Самар;андй ишорахо рафтааст, абёти зерин ба хайси далел аст:

Мекунад Нахлй дуои хусрави моликрицоб, Бод, ё раб, комбахшу комкору комёб. Нигорандагони сарчашмахои таърихиву адабии дар боло ишорашуда, таърихнигор ва адибу муси;идони хушсали;аро дар асархояшон бо асмои Хофизи Таниш, Мавлоно Нахлй, Мулло Нахлй зикр намудаанд.

Тиб;и маълумотхои овардашуда мо ба хулосае омада метавонем, ки муаллифони асархои зикргашта дар бораи ному тахаллуси Таниш, намунахои эчодиёташ, чараёни зиндагй ва баъзе лахзахои хотирмони он, рох ёфтан ва хидмат дар дарбори Абдуллохон, во;еанависи дарбори Шайбониён будани у, хушовозу муси;идон ва суханвару сохибдевон буданаш маълумоти мухтасар додаанд. Харчанд ахбори овардаи онхо пурра бозгуи сахифоти зиндагй ва пахлухои гуногуни эчодиёти Хофизи Танишро ифшо накарда бошад, хам дорои арзиши мухими таърихй мебошанд. Тавассути навиштахои муаллифони хамзамони Таниш ба хулосахои зерин расидан мумкин аст:

1. Бобати чараёни зиндагй ва шахсияти Хофизи Таниш дар сарчашмахои мухими адабй ва таърихии асри XVI ва нимаи дуюми асри XVII амсоли "Музаккир-ул-ахбоб", "Азкор-ул -азкиё","Тазкират-уш-шуаро","Таърихи Чдхонгирй", "Тухфат-ус-сурур","Матлаб-ут-толибин", "Таърихи Сайид Ро;им" маълумоти мухтасар дода шудааст.

2. Нахустин муаллифе, ки дар бораи Хофизи Таниш маълумоти мухтасар додааст, тазкиранигори асри XVI Хоча Хасани Нисорй мебошад. Харчанд маълумоти овардаи Нисорй мухтасар аст, аммо арзиши мухими таърихиву адабиро дорост. Бо тахаллуси Нахлй сурудани ашъорро махз Нисорй аваллин бор ишора намудааст.

3. Муаллифи "Азкор-ул -азкиё" Абусайид Мухаммад машхур ба Мирсевинчй Хофизи Танишро "чаноби фазоилмаоб" ва дар шеваи назм беназиру дар тари;и наср ногузир номидааст".

4. Мутрибии Самар;андй дар асархои хеш аз тахаллуси шоирй, во;еанависй, рох ёфтан ба дарбори Абдуллохон ва хидмат дар ончо, сохиби овози хуш будани Таниш, баъзе лахзахои зиндагии у ва вафоташ муфассалтар маълумот дода, уро аз "фазоили даврон хондааст" ва ба хайси намуна абёти шохид овардааст.

5. Дарвешалии Чангй муаллифи "Тухфат-ус-сурур" бобати дар Бухоро зиндагй кардан, хидмат дар дарбори Абдуллохон намудан, шоири сохибдевон будани Хофизи Таниш андешаронй намудааст ва ба муси;идониву хофизи хушхон будани у ишорахои мушаххас кардааст.

6. Мухаммад Толиб ибни Точиддинхоча дар асараш "Матлаб- ут-толибин" ва офарандаи "Таърихи Сайид Ро;им" дар асархои хеш аз Хофизи Таниш ва осори эчоднамудаи вай зикри хайр намудаанд ва уро "аз шуарои рузгор ва фузалои номдор" хисобидаанд ва аз ашъораш порчахо ба хайси абёти шохид овардааанд.

7. Дар бораи зодгохи ин суханвар ва таърихнигори дарбори Абдуллохон дар навиштахои ягон нафар аз муосирони ёдшуда ишорае нест, ба чуз аз оне ки худаш дар дебочаи асараш "Шарафномаи шохй" ишора намуда, исми пурраашро Хофизи Таниш бинни Мирмухаммад, ал Бухорой гуфтааст.

8. Осори таърихии Хофизи Таниш барои омухтани бисёр во;еахои мухимми сиёсию ичтимоии нимаи дуюми асри XVI-и Мовароуннахр ва ;исман Хуросон хамчун сарчашмаи боэътимод ба шумор меравад.

9. Хофизи Таниш, ки бо тахаллуси Нахлй ашъор сурудааст, аз шумори шоирони бомахорат, таърихнигорони шинохта ба хисоб рафта, бо осори адабй ва таърихии хеш дар шинохти адабиёти асри XVI ва во;еахои сиёсии хамон даврон хидмати арзандае намудааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абусайид Мухаммад машхур ба Мирсеванчй. "Азкор-ул-азкиё", нусхаи захираи дасхатхои шар;ии Ч,умхурии Узбекистон, № 7123.

2. Болдырев, А.Н. Тезкире Хасана Нисори, как новый источник для изучения культурной жизни Средней Азии XVI в. // ТОВГЭ. Т. III. - Л.: Госэрмитаж, 1940- С. 291-300.

3. Fафуров, Б. F. Точикон: иборат аз 2 китоб. Китоби 2: Охирхои асри миёна ва давраи нав.-Д.: Ирфон, 1985.-416с.

4. Мирзоев, А. Адабиёт(ёрй барои дарси адабиёти асрхои XVI, XVII, XVIII ва Х1Х-и точик). -Сталинобод:Нашрдавточ, 1948.-189 с.

5. Мирзозода, X. Материалхо аз таърихи адабиёти точик (асрхои XVI- XIX ва ибтидои асри XX). Барои омузишгоххои педагогй. - Сталинобод:Нашрдавточик, 1950.- 304с.

6. Сайфиев, Н. Таърихи адабиёти точик (асрхои XVI-XIX ва ибтидои асри XX), - Душанбе: Бухоро.- 660 с.

7. Салахетдинова, М.А. Xафиз-и Таныш и поэт Нахли/М.А.Салахетдинова// VII годичная научная сессия ЛО ИВАН (краткие сообщения).- Ленинград: Наука, 1971.- С.111- 113.

8. Ходизода, Р. Адабиёти точик. Асрхои XVI- XIX ва ибтидои асри XX/Р.Ходизода, У.Каримов, С.Саъдиев. - Душанбе: Маориф, 1988.- 171с.

REFERENCES:

1. Abusayyid Muhammad Known as Mirsevanchi. Azkor-ul-azkiyo, a copy of the Eastern Manuscripts of Uzbekistan Republic, № 7123.

2. Boldyrev,A.N.Hassan Nisori's Anthology-as a New Source for the Study Beset with Cultural Life in Central Asia Referring to the XVI-th Century.//TOVSE.-V.III.-L.:Gosermitazh,1940.-P.291-300.

3. Gafurov, B.G. Tajiks: in two books. - B.2: The End of Middle Ages and the New Period. -Dushanbe: Cognition, 1985. - 416 p.

4. MirzoevALiterature (help for studying Tajik literature of the XVI-th, the XVII-th, the XVIII-th and th XIX-th centuries). - Stalinabad: Nasrdavtoj, 1948. - 189 p.

5. Mirzozoda, Kh. Materials from the History of Tajik Literature (referring to the XVI-th - the XIX-th centuries and the beginning of the XX-th century): manual for pedagogical institutions. -Stalinabad: Nasrdavtojik, 1950. - 304 p.

6. Sayfiev, N. The History of Tajik Literature (referring to the XVI-th - the XIX-th centuries and the beginning of the XX-th centuries), - Dushanbe: Bukhara. - 660 p.

7. Salahetdinova, M.A. Hafiz-i Tanish and the Poet Nakhli / M.A. Salakhetdinova // VII annual scientific session LO IVAN (short messages).- Leningrad: Science, 1971. - P. 111- 113.

8. Hodizoda,R.The Tajik Literature Referring to the XVI-th - the XIX-th Centuries and the Beginning of the XX-th Century / R.Hodizoda, U.Karimov, S.Sadiev. - Dushanbe: Enlightenment, 1988. - 171 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.