Научная статья на тему 'БАЪЗЕ АНДЕШАҲО ОИД БА ҶАНБАҲОИ ТАЪРИХНИГОРИИ Э ҶОДИЁТИ САДРИДДИН АЙНИ'

БАЪЗЕ АНДЕШАҲО ОИД БА ҶАНБАҲОИ ТАЪРИХНИГОРИИ Э ҶОДИЁТИ САДРИДДИН АЙНИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
207
21
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САДРИДДИН АЙНИ / ИСТОРИЗМ / ИСТОРИОГРАФИЯ / ИСТОРИЧЕСКОЕ ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ / БУХАРСКИЙ ЭМИРАТ / МАНГИТСКИЕ ЭМИРЫ / АХМАД ДОНИШ / «ВОСПОМИНАНИЯ» С. АЙНИ / АЙНИВЕДЕНИЕ / SADRIDDIN AINI / HISTORISM / HISTORIOGRAPHY / HISTORICAL ORIGINS KNOWLEDGE / BUKHARA EMIRATE / MANGHYT EMIRS / AHMADDONISH / “REMINISCENCES” BY S.AINI / AINI STUDIES / САДРИДДИН АЙНӣ / ТАЪРИХИЯТ / ТАЪРИХНИГОРӣ / САРЧАШМАШИНОСИИ ТАЪРИХӣ / АМОРАТИ БУХОРО / АМИРОНИ МАНГИТИЯ / АҳМАДИ ДОНИШ / «ЁДДОШТҳО» / АЙНИШИНОСӣ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Каримзода Осим Косими

Дар мақола масъалаи таърихияти насри тоцик дар мисоли рисолаҳои таърихӣ ва дигар асарҳои илмию адабии саромади адабиёти муосири тоцик, таърихнигор, Қаҳрамони Тоцикистон, академик Садриддин Айнӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Таҳқиқи цанбаҳои таърихият дар наср ва проблемаи марцаъшиносии таърихӣ аз унсурҳои мубрами таърихнигорӣ ва илми таърихшиносӣ ба ҳисоб рафта, махсусиятҳои худро дорост. Дар мақола цанбаи марцаъшиносии таҳқиқоти таърихии Садриддин Айнӣ аз нигоҳи ташаккули илми таърихнигории шӯравӣ баррасӣ ва таҳқиқ шудааст. Таҳқиқи таърихи пургановати халқи тоцик дар асрҳои XIX ва ибтидои асри XX барои таълифи осори дигари илмию адабии С.Айнӣ заминаи устувор муҳайё намуда, омӯзиши махсусиятҳои рисолаҳои таърихии ӯ дар илми таърихнигории навини тоцик саҳифаҳои тозаро боз менамояд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SOME CONSIDERATIONS ON HISTORIOGRAPHICAL ASPECTS OF SADRIDDIN AINI S CREATION

The article dwells on the problems of historism of the Tajik prose. The author designs on the premise of historical treatises and other scientific-literary productions written by the founder of modern Tajik literature, academician Sadriddin Aini. The exploration of the aspects of historism in prose and the problems of historical origins knowledge are actual elements of historiography and historical science having peculiar specificities. Source study aspect of historical researches of Sadriddin Aini is explored in the plane of Soviet historiographic science formation. It is asserted that the exploration of the Tajik nation's rich history in the XIX-th and the beginning of the XX-th centuries created propitious preresiquites for upspringing of other scientific and literary works by S.Aini. Familiarization with the peculiarities of Aini's historical productions opens a new page in Tajik historiography.

Текст научной работы на тему «БАЪЗЕ АНДЕШАҲО ОИД БА ҶАНБАҲОИ ТАЪРИХНИГОРИИ Э ҶОДИЁТИ САДРИДДИН АЙНИ»

УДК 8 ББК 63.57

БАЪЗЕ АНДЕШАХР Каримзода Осим Косыми (Каримов Осим

ОИД БА ЦАНБАХОИ Косимович), д и.таърих., профессор, сардори

ТАЪРИХНИГОРИИЭЦОДИЁТИ раёсатимаорифи вилояти Сугд

САДРИДДИН АЙНЙ (Тоцикистон, Хуцанд).

НЕКОТОРЫЕ СООБРАЖЕНИЯ Каримзода Осим Косими (Каримов Осим

ОБ ИСТОРИОГРАФИЧЕСКИХ Косимович), д-р ист.наук., профессор,

АСПЕКТАХ ТВОРЧЕСТВА начальник Управления образования Согдийской САДРИДДИНА АЙНИ области(Таджикистан, Худжанд)

SOME CONSIDERATIONS Karimzoda Osim Kosimi (Karimov, Osim

ON HISTORIOGRAPHICAL Kosimovich), Dr. of History, Professor, chief of

ASPECTS OF SADRIDDIN education managerial office of Sughd Viloyat

AINFS CREATION (Tajikistan, Khujand)E-MAIL:[email protected]

Вожа^ои калидй: Садриддин Айни, таърихият, таърихнигори, сарчашмашиносии таърихи, аморати Бухоро, амирони мангития, Аумади Дониш, «Ёддоштуо», айнишиноси

Дар мацола масъалаи таърихияти насри тоцик дар мисоли рисолауои таърихи ва дигар асарцои илмию адабии саромади адабиёти муосири тоцик, таърихнигор, Кацрамони Тоцикистон, академик Садриддин Айни мавриди барраси царор дода шудааст. Тащици цанбщои таърихият дар наср ва проблемаи марцаъшиносии таърихи аз унсурцои мубрами таърихнигори ва илми таърихшиноси ба уисоб рафта, махсусиятуои худро дорост. Дар мацола цанбаи марцаъшиносии тащицоти таърихии Садриддин Айни аз нигоуи ташаккули илми таърихнигории шурави барраси ва тащиц шудааст. Тащици таърихи пургановати халци тоцик дар асруои XIX ва ибтидои асри XX барои таълифи осори дигари илмию адабии С.Айни заминаи устувор мууайё намуда, омузиши махсусиятуои рисолауои таърихии у дар илми таърихнигории навини тоцик сацифацои тозаро боз менамояд.

Ключевые слова: Садриддин Айни, историзм, историография, историческое источниковедение, Бухарский эмират, мангитские эмиры, Ахмад Дониш, «Воспоминания» С. Айни, айниведение

Анализируются проблемы историзма таджикской прозы на примере исторических трактатов и других научно-литературных произведений основоположника современной таджикской литературы, академика Садриддина Айни. Исследование аспектов историзма в прозе и проблемы исторического источниковедения являются актуальными элементами историографии и исторической науки и имеют специфические особенности. Источниковедческий аспект исторических изысканий Садриддина Айни исследован в плане формирования советской историографической науки. Утверждается, что исследование богатой истории таджикского народа в XIX и в начале XX века создало благоприятные предпосылки для появления других научных и литературных произведений С. Айни. Исследование особенностей исторических трудов С. Айни открывает новую страницу в таджикской историографии.

Key-words: Sadriddin Aini, historism, historiography, historical origins knowledge, Bukhara emirate, Manghyt emirs, AhmadDonish, "Reminiscences" by S.Aini, Aini studies

The article dwells on the problems of historism of the Tajik prose. The author designs on the premise of historical treatises and other scientific-literary productions written by the founder of modern Tajik literature, academician Sadriddin Aini. The exploration of the aspects of historism in prose and the problems of historical origins knowledge are actual elements of historiography and historical science having peculiar specificities. Source study aspect of historical researches of Sadriddin Aini is explored in the plane of Soviet historiographic science formation. It is asserted that the exploration of the Tajik nation's rich history in the XlX-th and the beginning of the XX-th centuries created propitious preresiquites for upspringing of other scientific and literary works by S.Aini. Familiarization with the peculiarities of Aini's historical productions opens a new page in Tajik historiography.

Кахрамони Точикистон, саромади адабиёти муосири точик устод Садриддин Айнй дар раванди тахаввулоти мадании Осиёи Миёна, махсусан кишвархои Точикистон ва Узбекистан накши муассир гузоштааст. Ташаббусхои Устод хамчун як нафар равшанфикри замонаш хануз дар ибтидои ташаккулёбии хокимияти нави Шуравй дар Туркистон дар самти тахкики таъриху фарханг, забону адабиёт ва умуман тамаддуни точикон, инъикоси чанбахои мухталифи муносибатхои ичтимоию иктисодй, сиёсй, фархангй ва мачмуан тасвири вазъи мураккабу соярушани таърихи халки точик ва мардуми Осиёи Миёна ба зоти худ беназир арзёбй мешавад.

Махз бо ташаббуси у ташкил ва таъсис ёфтани мачаллаи «Шуълаи инкилоб», ки солхои 1919-1921 ба забони точикй дар Самарканд ба нашр расид, ва рузномаи «Мехнаткашлар товуши» намунаи равшани икдомхои барчастаи ин равшанфикри точик мебошад. Тавре Устод Айнй дар «Мухтасари тарчумаи холи худам» менависад, кисмати мухими маводи ин нашрия аз чониби у бо тахаллусхои мухталиф ба нашр расида, новобаста аз мушкилихои ташкилй ва молиявй дар фаъолияти муназзам ва пурмахсули хайати тахриру эчодии он Устод Айнй фидокорона захмат кашидааст. Шумораи аввалини нашрияи «Шуълаи инкилоб» соли 1919 дар таърихи 10 апрел ба нашр расида, фаъолияти ин нашрия дар ташаккули риштаи таъриху таърихнигорй ва тахкику таргиби забону адабиёти точик ба забони модарй дар замони нав тахкурсии мустахкам гузошт.

Дар яке аз навиштахои худ Устод иброз медорад, ки дар хаёти худ бисёр асар таълиф намуд ва хамаи онхо ба як мавзуи мухим бахшида шуда, аз як манбаъ сарчашма гирифтаанд. Хдмаи ин асархо дар бораи точикон ва Точикистон, дар бораи ватани кухсори у, ки ба чахон куллахои Помираш сарфарозй бахшидаанд, дар бораи зимини мукаддас, ки дар гузашта лашкархои бешумори ачнабиён зери по намудаанд, дар бораи фарзанди ин диёр, ки хануз дар асри VIII бо номи «точик» ба некй ном гузоштаанд, бахшида шудаанд (3,с.7).

Тули ин солхо дар нашрияи мазкур силсилаи маколахои хусусияти илмй ва публитсистй доштаи Айнй ба табъ расидаанд, ки дар байни онхо маколахое монанди «Масъалахои Шарк» (№26, 1919), «Хокимияти Шуравии Туркистон ва масъалахои Шарк» (№29, 1920), <^алабаи инкилоб дар Шарк» (№38, 1920), «Инкилоби Бухоро» (№49, 1920), «Ч,анг ва ислом» (№32, 1920), «Дар Туркия» (№46, 1920), «Эрон ва инкилоб дар Шарк» (№76, 1921) ва гайраро махсус кайд намудан мумкин аст. Бар замми ин, байни солхои 1920-1921 дар нашрияи мазкур (шуруъ аз №50-53 то 87-90) 27 очерки таърихии устод Айнй дар бораи таърихи амирони мангитияи Бухоро кисм -кисм ба нашр расиданд. Ин нахустин асари таърихии Устод Айнй буд, ки бунёди устувори илми таърихшиносии шуравии точикро гузошт. Баъдан асари мазкур дар намуди китоби алохида ба нашр расид (6,287).

Асари дигари таъртаии y «Бyxоро инкилоби таъртаи учун материаллар» (Материалхо оид ба таъртаи инкилоби Бyxоро) ба хисоб меравад, ки соли 1926 дар Маскав дар нашрияи марказии xалкхои ИЧ,ШС ба нашр расидааст. Дар ин ду асар, ки бо фосилаи начандон здад руи чопро дидаанд, муаллиф хаëти xалки точикро, ки солиëни зиëди xyкмронии феодалхои мангит (1747-1920) дар асорат ва зери тозданаи чабру зулм карор дошт, ба таври равшан ба тасвир гирифта, накш ва мавкеи иродаи оммаи xалкро дар раванди инкишофи вокеахои таъриxии инкилоби xалкии демократии Бyxоро (соли 1920) нишон медихад. Тавре маълум аст ва xонандагони гиромй медонанд, китоб таъртаи ин xонадонро аз интихои асри XVIII то давраи аз хокимият дур намудани оxирин намояндаи ин xонадон ба риштаи тасвир кашида, фарогири асноди фаровони вокей ва таъртай мебошад. Fояи асосй ва хадафи муаллиф дар ин асархо аз вокунишу фошнамоии вокеияти таъртаии истибдоди ин xонадон то ба таргиби оммаи васеи мардум барои чалбшавй ба соxтмони хаëти нав буд. Тавре аз сарчашахои таъртай бамеояд, дар солхои бистуми асри гузашта фаъолияти равшанфикорони точик торафт бештар таквият ëфта, масъалахои таъртау забон, фархангу маданияти миллй ва баррасии заминахои таъриxии рушди маданияти миллй торафт бештар ба майдони бахсу мунозирахои оммавй ва илмй кашида мешуданд. Ба итмом расидани асари пурарзиши илмии «Намунаи адабдати точик», нашри он ба xатти арабиасоси точикй дар шахри Москва (1926) ва пас аз нашри он вусъат гирифтани муборизаи шадиди идеологй намунаи равшани ин гуфтахоянд. Абулкосим Лохутй, ки мохи сентябри соли 1925 дар Самарканд бо Устод дар хучраи кориаш воxyрдааст, дар баробари тасвири мyxтасари холати кори Айнй хамзамон ба хайси мухимтарин намунаи адабиëти рyшдëбандаи шуравии точик xизмат намудани ин асари нависандаро таъкид менамояд. Душманони миллат бо хар роху бахона ба максади xyд ноил гардиданд ва дар натича ин асари бебахоро соли 1930 аз муомилот бароварданд. Дар ин айбдоркунии ночоя, душманони миллат хатто аз касидаи машхури Абуабдуллохи Pyдакй «Ч,уйи Мултан» низ ба кор гирифтанд ва чунон шарху тавзех баxшиданд, ки ryë дар замони пешравию навшавй Айнй бо ин кори xyд ба як хазорсола акиб рафтанро ташвик мекунад (8,27). Дар баробари душманони миллат тарафдорони Айнй низ дар доxил ва xорич аз ИЧ,ШС кам набуданд. Масалан, дар рузномаи «Шафаки сyрx» дар таъриxи 3 марти 1927 адабтатшинос ва шаркшиноси маъруфи Эрон Саид Нафисй навишта буд, ки китоби мазкурро дар идораи нашрияи зикршуда дида, xеле мутаасир гардидааст ва ин асари арзишманд шомили 220 шоиру нависандаи марду занеро, ки дар ин минтакаи бошарофат ибтидо аз шоирони наxyстин - падари назми форсй Pyдакй ва интихо то оxирин муосирони мо тавлид шуда, эчод намудаанд, фаро мегирад ва доштани китобе чунин барои хар як нафар алокамандони адабиëт мухим аст.

Ба нашр расидани ду маколаи дигари Айнй «Аз ëддоштхои Инкилоби Бyxоро» ва «Аз xотираи гузашта» дар соли 1930 дар ташаккули жанри ëддоштии таъриxнигории ватанй дар замони шуравй асоси мустахкам гузоштанд. То ин муддат як силсила маколахои y ба монанди «Китобхои точикй» («Овози точик», 1926), «Адабтати Сyрx» (1926), «Дарсхои табииëт, кисми аввал», «Pахнамои сиëсй. Хиссаи панчум ва шашум», «Сарфу нахви забони точикй», «Души нав ва алифбои нав» («Овози точик», 1927), «Дар атрофи забони форсй ва точикй» (1928), «Масъалаи таъртай дар гирди алифбои нави точикй» («^ахбари дониш», 1928), «Забони точикй» («^ахбари дониш» 1928) ба нашр расида, муаллиф тавассути онхо рочеъ ба масъалахои мубрами хифзу гиромидошти асолати миллй, яъне забон бахсу талош намудааст (4,335-385).

Ба хамин минвол таълифоти дигари Устод ба монанди очерки таърихии «Тирози чахон» (мачаллаи «Барои адабиёти сотсиалистй», 1937), «Шайхурраис Абуалй Ибни Сино» (1939), «Кахрамони хал;и точик Темурмалик» ва «Исёни Му;аннаъ» (1944) ба нашр расиданд. Махсусияти пажухишоти таърихй ва таълифоти илмии Устод Айниро хамчунон дарёфт ва тах;и;у омузиши сарчашмахои умдаи илмию адабй ва таърихй, махсусан нусхахои нодиру муътабари ;аламии тазкирахо ва таърихномахо ташкил додаанд, ки хочат ба тавзехоти зиёдатй надорад. Масалан, дар таълифи очерки адабию таърихии «Кахрамони хал;и точик Темурмалик» Айнй сарчашмахои мутааддидеро ба монанди «Равзат - ус - сафо», «Комус-ул-аълом»-и туркй, «Мачмаъ-ул-булдон»-и Ё;ути Хдмавй, «Китоб-ул-милали в ан-нихал»-и Мухаммади Шахристонй, «Зафарнома» фаро гирифта, маълумоти онхоро тахлилу чамъбаст намудааст. Дар таълифи очерки таърихии «Исёни Му;аннаъ» сарчашмахое назири «Таърихи Наршахй», «Равзат-ус-сафо», «Таърихи Табарй», лугатномахои <^иёс-ул-лугот», «Бурхони ;отеъ» ва дигарон истифода шудаанд (5). Тавре духтари Устод Х.С. Айнй на;л мекунад, бахори соли 1944 Устод аз бошандагони дехахои нохияи Шахринав ва атрофи Каратог дар бораи шуришхои махаллй мавод чамъ менамуд. Таълифи ин ду асаре, ки ба масъалаи мубрами талошу чонбозихои хал; бахри озодй бахшида шуда буданд, дар солхои Ч,БВ махз ба хотири боло бардоштани рухияи шикастнопазири хал;и точик бар зидди истилогарони фашистй равона гардида буд.

Дар мачмуъ, мухтассоти таърихй дар таърихи наср ва хатто назми классикии точику форс ма;оми махсус дошта, дар осори мондагори барчастатарин намояндагони адабиёт - Рудакиву Фирдавсй, Носири Хусраву Ч,омй, Зайниддин Махмуди Восифй, Ахмади Дониш ва дигарон ин равишро ба хубй метавонем ба мушохида гирем. Махсусияти равиши мазкур низ дар асоснокй, мустанадй ва во;еиятнокии тасвиру андешахои ироашаванда инъикос меёбад. Дар намунаи осори Устод Айнй, махсусан таълифоти солхои 20-30 ва минбаъд низ ин равиш равшан ба назар расида, масъалаи тахки;и ами; ва фарогири пахлухои падидаи мазкур дар илми таърихнигории муосир хануз муха;;и;они тозакори худро интизор аст. Зеро шуруъ аз Устод Айнй то ба таълифоти барчастатарин намояндагони адабиёти точик аз жанри мазкур, яъне рухияи историзм ;авй бархурдоранд. Устод Айнй дар равиши кори худ бо коркарди илмии як силсила масъала ва муаммохои хоси пажухиши таърихи кухан ва пургановати миллати точик дар илми таърихнигории миллй тахаввулоти хосаро бунёд гузоштааст. Дар таълифоти илмию бадеии Айнй, осори публитсистй, адабй ва дигар намудхои он масъалахои хамрохшавии Осиёи Миёна ба Русия, фархангу маданияти моддию маънавии хал;и точик, чахоншиносии миллй ва ангезахои таърихии он дар асрхои миёна бо тахаввулоти мадании асрхои XIX ва XX пайванди ;авй ёфтаанд. Вобаста ба маъалагузории мазкур осори Айниро ба се даста таба;абандй намудан мумкин аст: Ба дастаи аввал осори таърихии муаллиф ба монанди «Таърихи амирони мангитияи Бухоро», «Бухоро ин;илоби таърихи учун материаллар» ё «Таърихи ин;илоби Бухоро», «Кахрамони хал;и точик Темурмалик», «Исёни Му;аннаъ», «Мухтасари тарчумаи холи худам»-ро дохил намудан мумкин аст. Ба дастаи дуюм осори тах;и;ии муаллифро, ки ба масъалахои тах;и;и таърихи адабиёт, ба пажухиши хаёту фаъолият ва осору рузгори шахсиятхо ва бузургтарин чехрахои илму адаб ва назму насри оламгири асримиёнагии точику форс ба монанди Рудакй, Фирдавсй, Саъдй, Навой, Бедил, Восифй ва гайра бахшида шудаанд, метавон шомил намуд. Дастаи дигар, ин осори мондагори адабии муаллиф ба монанди «Одина», «^уломон», «Дохунда», «Марги судхур», «Мактаби кухна» ва дигарон

мебошанд. Тазкираи «Намунаи адабтети точик» ва «Ёддоштхо» ба зоти xyд дастаи чоруми мероси илмии муаллифро ташкил дода метавонанд.

Дар таълифи асари «Таъртаи амирони манFитияи Б^оро» ба Айнй таъсири «Pисола ë мyxтасаре аз таъртаи салтанати xонадони манFития»-и Ахмад Мавдуми Дониш басо амик аст. Инчунин нависанда китоби «Таъриxи салотини манFития»-и Мирзо Азими Сомиро дар таълифи рисолаи таъртаии xyд аз назари танкидй истифода бурда, чанбахои мyxталифи вазъи ногувори ичтимоию стеши аморати Бyxорои асри XIX-ро ба риштаи тахкик ва танкид мегирад ва хусну кубх ë норасоихои чиддии асари Сомиро ба кайд мегирад (6,297). Муаллиф сабабгори асосии забти Б^оро ва минбаъд маFлyбияти аморатро дар чанги Pyсияи подшохй махз аз якравию нодуруст баходихии амир Музаффар ба вазъи стеши давр, кутохназарй дар муносибатхои дипломатй, умуман номусоидй ва носозгории муносибатхои дипломатии аморат дар самти ташкилу тахкими муносибатхои нав бо Pyсия, ноустувории ичтимоии вазъи дарбори амирони маотит ва монанди инхо маънидод намудааст. Дар баробари истифода аз манобеи м^талиф, маxсyсан маъxази таъртаии дар боло зикршуда Айнй таъкид менамояд, ки давраи аморати ду амирони оxири манFит - Абдулахад ва Олимxон асосан аз мушохидахои шаxсиаш тасвир ва инъикосу баррасй шудаанд (7,227). Дар рафти тахлилу тахкики осори безаволи Айнй аз хар чихат мавкеи равшан ва устувори равшанфикрии уро ба кайд гирифтан мумкин аст. Дар осори у дар xyсyси табакахои м^талифи чомеаи тоинкилобй, аз раису амлокдор то ба амир, аз табакахои мтенаи диндорон то ба тоифахои болонишини онхо, сохибмансабони вакт, пешxизматонy точирон, xидматгорy Fyлом, косибу дехкон ва Fайра метавон маълумоти бои таъртай ва тасвироти пуробуранги бадей дарëфт намуд. Тасвирхои бадеии муаллиф низ ба зоти xyд нодиру нотакрор буда, бешубха аз вокеияти ичтимой маншаъ ва сарчашма гирифтаанд.

Бояд кайд намуд, ки дар масъалаи тарFибy ташаккули маорифпарварй ва равшанфикрй ба Айнй таъсири бевоситаи равшанфикрони пешин, маxсyсан маорифпарвари бузурги машрикзамин ва муосири Айнй Ахмади Дониш (1827-1897) басо калон аст. Тавре дар «Ёддоштхо» зикр менамояд, Айнй дар овони чавонй, хануз солхои тахсили мадрасахои Бyxоро ба xонаи Ахмад Маxдyми Дониш иртибот пайдо намудааст. Вобаста ба ин, Айнй дар ин асари xyд дар бораи шаxсиятхои фархангй ва ахли адаби Бyxоро ба монанди Гулшанй, Савдо, Зуфунун, Тахсин, Офарин, Сахбо, Шохин, Хдйрат ва дигарон ба некй од намуда, таваччухи xосаи xyдро ба ин тоифа равшанфикрон равшан изхор медорад. Табиист, ки ин муносибатхо дар ташаккули чахонбинии нав ба Айнии чавон заминахои амикеро му^йО намудаанд. Дар байни онхо шаxсияте нотакрор ба монанди Ахмади Дониш мавкеи xоса дорад. Муаллиф дар «Ёддоштхо» чараëни пас аз марги Дониш вокиф гардидани xyдро аз «Наводир - ул - вакоеъ» ном асари Дониш, тарзи рох ëфтани xyд ба чараëни xонишy китобати ягона нyсxаи ба xатти Дониш тахриршудаи он аз чониби Мирзо Абдулвохиди Мунзим ва шомилшавии Хайрат ба ин гурух накл намуда, зикр медорад, ки чойхои ба нучуму фалсафа оид будаи ин асарро он замон бинобар бетачрибагиаш фахмида натавонад хам, чойхои фахмидааш ба у таъсири амике гузоштаанд. Зимнан пас аз накли мазмуни барxе аз чойхои марокангези ин асари Дониш Айнй ва мушохидаи зиндаи тасвирхои аллома Дониш зикр менамояд: «Аммо, вакте ки ман он ахволи фалокатиштимолро дар мундаричаи «Наводир - ул - вакоеъ» бо тасвири реалй - бо тасвире, ки xyд дар зиндагй дида будам, дидам, ба ман холати дигар руй дод. Ман дар дили xyд гуфтам: «Ин ахволро ислох кардан лозим аст, модом ки ислох карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст» (инкилоби фикрй кам-кам бошад, дар ман ана дар хамон вакт руй дод)» (1,216). Айнии чавон аз хамон солхои 90-ум ба вокеияти зиндагй, истибдоди мардуми бечора ва бенаво,

таба;аи нодор аз чониби дороён ва таба;ахои хоким, ихтилофи акидаю назархо дар мавриди бахогузорй ба арзишхои хаётй ва амсоли инхо бо назари дигар, диди ами;тар нигох мекардагй ва хулосахои дахлдор мебаровардагй шуд. Ч,ойи дигар Айнй ;айд менамояд, ки «Шиносоии ман бо «Наводир -ул -ва;оеъ» дар ман танхо ин;илоби фикриро бедор карда намонд, балки ба сарам савдои насрнависиро хам андохт. Дар хамон ва;тхо ман орзу мекардам, ки «бояд кас насрнавис шавад ва агар ин ма;сад ба даст дарояд, монанди Ахмад - махдум насрнавис шавад, ки во;еахоро дар пеши хонанда бо забони содда тачассум кунонда нишон дода тавонад» (2,425).

Махз таъсирпазирии ами; аз маорифпарварии давронаш буд, ки хануз соли 1908 Айнй ба тахлили вазъи мактабу маориф ва тачдиди ислохотии он даст зада, мактаби точикии худро таъсис дод ва аввалин китоби таълимиро ба забони точикй тахия намуд. Ин рисолаи таълимй ва тарбиявии у соли 1909 бо номи «Тахзиб - ус - сибён» ба нашр расид.

Боиси ;айд аст, ки рочеъ ба таърихи Бухорои асримиёнагй то ин ду асари зикршуда рисолахои таърихии дигар низ таълиф гардида, ахли маърифат аз онхо во;иф буданд. Ба ин гурухи сарчашмахо «Тухфаи хонй»-и Мухаммадвафои Карминагй, «Гулшан - ул - мулук»-и Мухаммад Яъ;уб ва дигаронро метавон намуна овард. Рисолахои таърихии зикршуда ё дигар сарчашмахои ;аламии то ин давр таълифшудаи таърихи аморати Бухорои асрхои XVIII-XIX-ро фарогиранда бештар хусусияти во;еаномахои дарбориро касб намуда буданд. Таълифоти таърихии Устод Айнй бо назари хоси тах;и;ию тахлилй ва инъикосу фарогирии во;еияти замони худ ва давраи мавриди назараш аз дигар сарчашмахои таърихии мавчуда ва дастрас имтиёзи мухим дорад. Дар хар сурат роху усулхои пешгирифтаи тах;и;ии Устод Айнй бо чанбаи ;авй ва муътамадии аснод, фарогирии густурдаи маълумоти манбаъхо ва сарчашмахои илмию сохавии тарози аввал, тахлилу ;иёси ами;и маълумоти дар манбаъхои таърихию адабй ва дигар риштахои улум сабтшуда, назари фарохи тан;идиаш аз дигар осори таърихии то замонаш таълифшуда бартарии куллй зохир мекунад.

Дар илми таърихшиносии ватанй дуруст таъкид медоранд, ки асархои таърихии дар ибтидои фаъолияти эчодй, яъне солхои нахустини ин;илоб таълифнамудаи Устод Айнй минбаъд дар таълифи осори мондагори илмй ва адабии у заминаи устувор гузоштаанд ва дар таълифоти дигари нависанда ба хайси манбаъ ва сарчашмаи тарози аввал хидмат намудаанд. Ба ибораи дигар, маълумоти доманадор ва энсиклопедии Устод Айнй дар бораи таърихи Осиёи Миёнаи асрхои XIX-XX аз арзиши мухими маъхазшиносии таърихй бархурдор мебошанд.

Таърихнигори варзида ва нависандаи сохибзав;и точик Устод Садриддин Айнй минбаъд доираи чугрофии пажухишоти хешро тавсеа бахшида, онро берун аз худуди аморати Бухоро баровард. Дар навиштахои мушикофонаи тах;и;ии у дар бораи Рудакй, Фирдавсй, Ибни Сино, Саъдии Шерозй, Камоли Хучандй, Навой, Восифй, Бедил (9,124) ва дигарон мо иртиботи густурдаи маданият ва фарханги Хуросону Мовароуннахр, Хиндустон ва дигар маноти;и точикнишини шар;ро метавонем равшан мушохида намоем.

Тавре дар айнишиносии муосир маълум аст, пахлухои умдаи хаёт ва фаъолияти пурсамар ва серсохаи Устод Айнй дар тах;и;оти З.Ш.Рачабов, И.С.Брагинский, С.Табаров, Ю.Бобоев, А.Маниёзов А.Сайфуллоев ва дигарон инъикоси густурдаи худро пайдо намудаанд. Дар даврони сохибистиклолй хидматхои шоёни академик, нахустпрезиденти АФ Точикистон Садриддин Айнй шоиста арчгузорй шуда, бо

Фармони Президенти Ч,умх,урии Точикистон мух,тарам Эмомалй Рах,мон унвони олии Кахрамони Точикистон дода шуд.

Пайнавишт:

1. Айни С. Ёддоштцо. Кисми 4. -Сталинобод, 1954. - 425с.

2. Айни С. Ёддоштцо. Кисми 3-4. - Сталинобод, 1955. - 562с.

3. Айни С. Судьба одного народа. -М., 1951, №45.

4. Айни С. Масъалацои забони тоцики. Куллиёт, ц. 11, китоби 2. - Душанбе, 1964. - 435с.

5. Айни С. Кщрамони халци тоцик Темурмалик, Исёни Муцаннаъ. -Душанбе, 1978. -167 с.

6. Каримов О.К. Историческая наука Таджикистана. -Худжанд, 2002.-485с.

7. Мухтаров А. Садриддин Айни - историк/Цашнномаи Айни, цузъи 7.-Душанбе, 1991.

8. Цашнномаи Айни. Мацмуаи мацолацо. -Душанбе, 1991. -295 с.

9. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоцик. Цилди 1.-Душанбе, 1988.-544с.

Reference Literature

1. Aini, S. Reminiscences. Part 4. - Stalinabad, 1954. - 425pp..

2. Aini, S. Reminiscences. Parts 3-4. - Stalinabad, 1955. - 562 pp.

3. Aini, S. One Nation s Fate. - M., 1951, #45.

4. Aini, S. The Issues of Tajik Language. Compositions. - V.11., book 2. - Dushanbe, 1964. - 435pp.

5. Aini, S. The Hero of the Tajik Nation Temurmalik. The Revolt of Mukanna. - Dushanbe, 1978. - 167pp.

6. Karimov O.K. Historical Science of Tajikistan. - Khujand, 2002. - 485 pp.

7. Mukhtorov A. Sadriddin Aini as a Historian //Aini's Jubilee. part 7, - Dushanbe, 1991.

8. Aini's Jubilee. Collection of Articles. - Dushanbe, 1991. - 295 pp.

9. Encyclopedia of Tajik Language and Literature. Volume 1. - Dushanbe, 1988. - 544 pp

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.