Научная статья на тему 'ИСТАРАВШАНИ БОСТОНӣ ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ МИЛЛИИ ДАВРОНИ ИСТИқЛОЛ'

ИСТАРАВШАНИ БОСТОНӣ ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ МИЛЛИИ ДАВРОНИ ИСТИқЛОЛ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
338
31
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТАРАВШАН (УСТРУШАН) / ОТРАЖЕНИЕ / ИССЛЕДОВАНИЕ / ИСТОРИОГРАФИЯ / НАУЧНАЯ ШКОЛА / НАПРАВЛЕНИЕ / АРХЕОЛОГИЯ / СРЕДНЕВЕКОВЬЕ / ЭТАП / ИСТОРИЯ / КУЛЬТУРА / ISTARAVSHAN (USTRUSHAN) / REFLECTION / RESEARCH / HISTORIOGRAPHY / SCIENTIFIC SCHOOL / DIRECTION / ARCHEOLOGY / MIDDLE AGES / STAGE / HISTORY / CULTURE / ИСТАРАВШАН(УСТРУШАН) / ИНЪИКОС / ПАЖӯҳИШ / ТАЪРИХНИГОРӣ / МАКТАБИ ИЛМӣ / РАВИЯ / БОСТОНШИНОСӣ / АСРИМИЁНАГӣ / МАРҳИЛА / ТАЪРИХ / ФАРҳАНГ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Шарипов П. Ш.

Дар мақола масъалаи инъикоси таърихи Истаравшани бостонӣ дар илми таърихнигории миллии замони истиқлол мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Таъкид мегардад, ки истаравшаншиносӣ бо номи ду поягузори мактаби илмии ин равия академикҳо А. Мухторов ва Н. Неъматов иртибот дошта, марҳилаҳои гуногуни ташаккули худро тай кардааст. Қайд карда мешавад, ки даврони истиқлоли миллӣ, хусусан ҷашни 2500-солагии Истаравшан(соли 2002) дар ин самт такони ҷиддӣ гардид ва боиси таълифи даҳҳо рисолаву тадқиқот, китобу, мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ гардида, таърихнигории мавзӯи мазкурро ғаноманд гардониданд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ANCIENT ISTARAVSHAN IN THE NATIONAL HISTORIOGRAPHY OF THE PERIOD OF INDEPENDENCE

The article dwells on the problem beset with reflection of the history of ancient Istaravshan in the national historiography of the period of independence. It is emphasized that Istaravshan studies, associated with the names of the two founders of the scientific school of the relevant direction -academicians A. Mukhtarov and N. Negmatov have gone through several stages of their formation. It is underscored that the period of independence, especially the 2500-th anniversary of Istaravshan (2002) became an important incentive in the targeted direction and contributed into the emergence of dozens of monographs, studies, articles, scientific and popular science books that enriched the historiography of this topic.

Текст научной работы на тему «ИСТАРАВШАНИ БОСТОНӣ ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ МИЛЛИИ ДАВРОНИ ИСТИқЛОЛ»

07.00.09.ТАЪРИХНИГОРЙ, МАЪХАЗШИНОСЙ ВА РАВИШИ ТАД^И^ОТИ ТАЪРИХИ 07.00.09.ИСТОРИОГРАФИЯ, ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ МЕТОДЫ ИСТОРИЧЕСКОГО ИССЛЕДОВАНИЯ 07.00.09.HISTORroGRAPHY, SOURCE STUDIES AND METHODS OF HISTORICAL RESEARCH

УДК 9 Т ББК 63.3 (5 Т)

ИСТАРАВШАНИ БОСТОНЙ ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ МИЛЛИИ ДАВРОНИ ИСТЩЛОЛ

ДРЕВНИЙ ИСТАРАВШАН В ОТЕЧЕСТВЕННОЙ ИСТОРИОГРА ФИИ ПЕРИОДА НЕЗАВИСИМОСТИ

ANCIENT ISTARAVSHAN IN THE NATIONAL HISTORIOGRAPHY OF THE PERIOD OF INDEPENDENCE

Шарипов Парвиз Шавкатович, омузгори кафедраи ууцуцшиносии МДТ «ДДХ ба номи академик Б. Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)

Шарифов Парвиз Шавкатович, преподаватель кафедры правоведения ГОУ «ХГУ имени академика Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)

Sharifov Parviz Shavkatovich, lecturer of the department of Law under the SEI "KhSU named after academician B. Gafurov"(Tajikistan,Khujand), E-mail: [email protected]

Вожщои калиди: Истаравшан(Уструшан), инъикос, пажууиш, таърихнигори, мактаби илми, равия, бостоншиноси, асримиёнагй, маруила, таърих, фаруанг

Дар мацола масъалаи инъикоси таърихи Истаравшани бостони дар илми таърихнигории миллии замони истицлол мавриди таулил царор дода шудааст. Таъкид мегардад, ки истаравшаншиноси бо номи ду поягузори мактаби илмии ин равия академикуо А. Мухторов ва Н. Неъматов иртибот дошта, маруилауои гуногуни ташаккули худро тай кардааст. Цайд карда мешавад, ки даврони истицлоли милли, хусусан цашни 2500-солагии Истаравшан (соли 2002) дар ин самт такони цидди гардид ва боиси таълифи даууо рисолаву тадцицот, китобу, мацолаи илми, илми-оммави гардида, таърихнигории мавзуи мазкурро ганоманд гардониданд.

Ключевые слова: Истаравшан (Уструшан), отражение, исследование, историография, научная школа, направление, археология, средневековье, этап, история, культура

В статье анализируется проблема отражения истории древнего Истаравшана в отечественной историографии периода независимости. Подчеркивается, что истаравшановедение, связанное с именем двух основателей научной школы этого направления -академиков А. Мухтарова и Н. Негматова, прошло несколько этапов своего становления. Отмечается, что период независимости, особенно 2500-летний юбилей Истаравшана (2002 г.), стали важным стимулом в этом направлении и способствовали появлению десятков монографий, исследований, статей, научных и научно-популярных книг, которые обогатили историографию данной темы.

Key words: Istaravshan (Ustrushan), reflection, research, historiography, scientific school, direction, archeology, Middle Ages, stage, history, culture

The article dwells on the problem beset with reflection of the history of ancient Istaravshan in the national historiography of the period of independence. It is emphasized that Istaravshan studies, associated with the names of the two founders of the scientific school of the relevant direction -academicians A. Mukhtarov and N. Negmatov have gone through several stages of their formation. It is underscored that the period of independence, especially the 2500-th anniversary of Istaravshan (2002) became an important incentive in the targeted direction and contributed into the emergence of dozens of monographs, studies, articles, scientific and popular science books that enriched the historiography of this topic.

Пажухишу баррасй, инъикоси таъриху фарханг ва тамаддуни Истаравшани бостонй дар илми тарихнигории ватанй ё ба истилох истаравшаншиносй яке аз масъалахои камтахкидшуда ва хануз ба таври бояду шояд омухтанашуда махсуб меёбад.

Тахлилу баррасии муфассал ва хамачонибаи тадкидоти ба таърих, фарханг ва тамаддуни Истаравшан бахшида шуда аз нигохи илми таърихнигорй, арзёбии илмии онхо ва муайян намудани сахму хизмати мухаккидони гуногун дар ин чода яке аз вазифахои мухими илми

таърихнигории точик ба хисоб меравад. Тахкику омузиши масъалаи мазкур имкон медихдд, ки ба муаммо ва масъалахои халталаб, камтахкикшудаи истаравшаншиносй равшанй андохта, таваччухи мухаккидони минбаъдаро ба халлу фасли масъалахои мубрами ин мавзуъ равона карда шавад.

Ташаккул, инкишоф, устувор гардидан ва шухрати мактаби илмии истаравшаншиносй чун равияи хосе дар илми таърихнигории точик бо номи ду нафар донишмандони маъруфи таърих, фарханг ва тамаддуни точикон - академикхо Ахрор Мухторов ва Нуъмон Неъматов марбут аст.

Мактаби аввали илми ё самту равияи аввал-тахкику омузиши таърихи давраи бостон ва ибтидои асрхои миёна дар мехвари фаъолияти илмию тадкикотй, чустучу, хафриёт, кашфиёт, эчод ва дастовардхои илмии бостоншинос, муаррихи асил ва маъруфи точик, Арбоби хизматнишондодаи илми чумхурй, академики Академияи миллии илмхои Чумхурии Точикистон, доктори илмхои таърих, профессор Нуъмон Неъматов ва шогирдони у ^арор гирифта, хамчун мактаби илмии мавсуф шинохта шудааст, ки бо номи у вобаста аст.

Мактаби дуюми илми, равия ва самти дуюм-пажухиш ва омузиши таърихи асрхои миёна ва давраи нави Истаравшан бо номи муаррихи номй, донандаи мохир ва мумтози китобхои каламй, сарчашмашинос, катибашинос, васикашинос, мухаккики шинохтаи таърихи асримиёнагии халки точик ва мардуми Осиёи Марказй, академики Академияи миллии илмхои Чумхурии Точикистон, Арбоби хизматнишондодаи илми чумхурй, барандаи Ч,оизаи давлатии ба номи Абуалй ибни Сино дар сохаи илм ва техника, доктори илмхои таърих, профессор Ахрор Мухторов ва шогирдони у пайваста аст.

Бояд тазаккур дод, ки тамоми дастовардхои илмй дар рохи пажухиш ва омузиши таърих ва фарханги Истаравшани бостонй аз замони кадим, асрхои миёна ва давраи нав (ба истиснои баъзе мухаккикон) ё ба истилох истаравшаншиносй аз кавли донишманди маъруф, муттахассиси шинохтаи илми таърихнигорй профессор Хдйдаршо Пирумшоев вокеан ва аслан махсули захмат, саъю кушиш ва корномаи илми ин ду муаррихи номй ва фидоиёни асили рохи илм аст (21, 71-72).

Албатта, дар чодаи истаравшаншиносй сахму хизмати мардумшинос, доктори илмхои таърих, профессор Назирчон Турсунов низ хеле назаррас ва шоистаи тахсин аст.

Профессор Н. Турсунов доир ба таърихи Истаравшан, ташаккули шахру дехоти ин вилоят, маданияти моддй ва маънавй, касбу хунар, анъана ва суннатхои мардуми он як зумра тадкикоти пурарзиши илмй офаридааст ва номи у низ дар радифи истаравшаншиносони асил карор дорад (23).

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи як гузориш ва маколаи махдуд тамоми ин манбаъхо ва тадкикотро мавриди тахлил ва баррасй карор додан аз имкон берун аст ва мо низ дар назди худ чунин максад ва вазифаро нагузоштаем.

Дар гузориши мазкур кушиш карда мешавад, ки ба таври хеле мухтасар ба масъалахои чараёни ташаккул, инкишоф ва устувор гаштани истаравшаншиносй чун як равияи алохида дар илми таърихнигории точик як назар ё чашмандози ичмолй намуда, ба мархилахои асосии ташаккул ва инкишофи он ва хусусан истаравшаншиносй дар даврони Исти^лолият таваччухи хосе зохир намоем.

Чи тавре ки ишора шуд, таърихи давраи бостон ва ибтидои асрхои миёнаи Истаравшан бештар ва мукаммалтар омухта шуда, он бо ному фаъолияти доманадори бостоншиноси маъруфи точик академик Н. Неъматов ва шогирдони у вобаста аст. Дар ин самт тадкикоти бунёдй ва пурарзиши академик Н. Неъматов ва шогирдону пайравони мактаби илмии у -профессорон У. Пулотов, С. Марофиев, А. Мирбобоев, Н. Рахимов ахамияти хоса доранд.

Мухаккики шинохтаи Истаравшани бостонй,бостоншинос,доктори илмхои таърих, профессор Набичон Рахимов дар рисолаи худ«Табакабандии археологии Уротеппа»(ба забони русй) омузиши археологии Истаравшанро ба чор мархила чудо намудааст (22,149-150).

Марх,илаи аввал - аз огози эраи мо то солхои 1917-ро дар бар гирифта, ин давраи чамъоварии донишу маълумот оид ба шахрхои кадимаи Уструшан (аз чумла Уротеппа) мебошад. Ч,амъоварии босуръати далелу маълумот ба охири давраи мазкур (нимаи дуюми асри XIX - ибтидои асри XX) рост меояд, ки дар ин мархила таърихи шахр бештар таваччухи бостоншиносону ховаршиносони русро ба худ кашида буд.

Марх,илаи дуюм - солхои 1917-1946-ро дар бар гирифта, дар Осиёи Миёна, аз чумла Точикистон муассисахои илмй, донишгоххои олй таъсис меёбанд ва онхо ёдгорихои таърихиро тахти омузиш ва мухофизати худ карор медиханд. Дар охири солхои 20-30-юми асри XX ёдгорихои таърихии-меъмории Истаравшан тахкик гардида, баъзе бозёфтхо омухта мешаванд. Хафриёти дар ин давра гузаронидашуда аз чихати хачм ва вусъати худ на он кадар бузург буданд.

Мархилаи сеюм - солхои 1946-1974 - ро дар бар гирифта, давраи хеле мухим ва самаранок дар тахкику омузиши бостоншиносй Истаравшан ба хисоб меравад.Таъсиси Экспедитсияи археологии Точику Сугдй (дертар Точик) барои тахкику омузиши ёдгорихои археологй аз чониби бостоншиносон имкони фаровон фарохам овард. Дар ин мархила баробари афзудани суръат ва майдони хафриёти археологй, инчунин тадкикот оид ба омухтани ёдгорихои таърихй-меъморй, осори санъат, чамъоварии санадхои таърихй-хукукй (васикахо), китобхои каламй, катибахо вусъат меёбанд.

Мархилаи чорум - аз солхои 1974 то рузхои моро дарбар мегирад.Таъсиси Экспедитсияи комплексии бостоншиносии Точикистони Шимолй тахти сарварии академик Н.Неъматов имкон дод, ки дар Истаравшан тадкикот, хафриёти мунтазами бостоншиносй бурда шаванд.

Аз соли 1981 дар хайати экспедитсияи номбурда дастаи Истаравшан таъсис дода шуд, ки макони асосии омузиши он калъаи Мугтеппа - кароргохи хокимони шахр ва худуди хамчавори он гардид (22, 149-150).

Тахкику омузиши вокеан илмй ва мархилаи сифатан наву мухим дар истаравшаншиносй ба даврони шуравй ва солхои минбаъда рост меояд. Махз дар ин давра омузиши вокеан илмй, мунтазам, хадафрасу максаднок ва бо натичаву дастовардхои мухим ба шарофати таъсиси муассиса ва марказхои илмй, донишгоххои олй, тарбияи бостоншиносон, муаррихони сохибунвон дар чумхурии мо ба амал омад.

Муаррихи номвари точик, узви вобаста Академияи миллии илмхои Чумхурии Точикистон, доктори илмхои таърих, профессор Х. Пирумшоев тахкику омузиши таърих ва тамаддуни Истаравшанро дар илми таърихнигории асри XX ба чор мархила чудо намудааст (20, 27-28).

Мархилаи аввал - то солхои 30-юми асри XX-ро дар бар мегирад. Ин давраро метавон мархилаи аввали тахкику омузиши Истаравшан хисобид ва дар ин мархила аввалият ва афзалият дар дасти мухаккикони муассисахои илмии шахрхои марказии ИЧ,ШС - Маскав, Ленинград (Санкт- Петербург), олимони рус буд. Бузургтарин намояндаи мухаккикони ин давра бостоншиноси маъруфи рус, академик В. В. Бартолд махсуб меёбад.

Мархилаи дуюм - солхои 30-юм ва ибтидои солхои 50-уми асри XX-ро дар бар мегирад.Дар ин давра ба шарофати таъсиси муассисахои илмй ва донишгоххои олй ва ба камол расидани мухаккикони махаллй маркази омузиш ба Точикистон кучид.

Аз солхои 40-уми асри XX омузиши таърих ва фарханги Истаравшан дар тадкикоти донишманди маъруф, академик Б. Гафуров мавкеи хосаро ишгол менамояд. Ба туфайли лаёкату истеъдоди фитрй, кордонй ва гамхорию дурандешии ин фарзанди фарзонаи миллат, маком ва чойгохи Истаравшан дар таъриху тамаддуни халки точик ба таври равшану возех муайян гардида, корхои чустучуй, хафриёт яке аз вазифахои мухим ва марказии пажухишхои муаррихони чумхурй карор гирифт.

Мархилаи сеюм - солхои 50-ум - огози солхои 90-уми асри XX-ро дар бар мегирад.

Хусусияти хоси ин мархила аз он иборат аст, ки тадкикоту, хафриёти зиёди бостоншиносй, чамъоварии маъхазхои хаттии таърихй, катибахо, санадхои таърихиюхукукй (васикахо) ва омузиши васеи онхо ба рох монда шуд. Дар ин замина ду мактаби тавонои илмй, ду равия ва ду самти пажухишхои мухими илмй дар истаравшаншиносй - мактаби илмии академик Нуъмон Неъматов (таърихи давраи бостон ва ибтидои асрхои миёна) ва мактаби илмии академик Ахрор Мухторов (таърихи асримиёнагй ва давраи нав), ки дар боло ишора намуда будем, ташаккул меёбад (20, 72).

Мархилаи чорум - аз солхои 90-уми асри ХХ то рузхои моро дар бар мегирад.Хусусияти огози ин мархила аз он иборат аст, ки бо сабаби вокеахои маълум (муковимати шадиди сиёсй ва чанги шахрвандй) дар ибтидои солхои 90-уми асри ХХ корхои тадкикотй дар ин самт то андозае кохиш ёфт. Аммо дар миёнаву поёни солхои 90-ум дар тахкику омузиши таъриху фарханги Истаравшан аз нав пешравй мушохида мешавад (21, 27-28).

Даврони истиклоли миллии Точикистон барои эхёи таърих, фарханг ва арзишхои миллй шароит ва имконияти наву мусоид фарохам овард ва арчгузорй ба забон, таърих, суннат, анъана ва дигар арзишхои маънавй дар мехвари сиёсати фархангии Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон карор гирифт.

Тачлили чашнхои 1100-солагии давлати Сомониён, 800-солагии Мавлоно Ч,алолиддини Балхй, 1150-солагии Абуабдуллохи Рудакй, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, Соли тамаддуни ориёй, 2700-солагии нахусткомуси мардуми ориёй - «Авесто», 2700-солагии Кулоб, 2500-солагии Истаравшан, 3000-солагии Хисор, чашнхои зодрузи фарзандони фарзонаи миллат устод С. Айнй, аллома Б. Гафуров, шоири шахири точик М. Турсунзода, файласуф, созмондехи мохири илм М. Осимй, арбобони хизбию давлатй Ш. Шотемур, Н. Махсум ва дигарон дар амри тахкими худшиносй, худогохй, ватандустй, таваччух ба таърих ва мероси пургановати миллй, ба рузгори ибратбахши чехрахои шинохтаи миллат омили чиддй гардид.

Истаравшаншиносй дар замони истиклол мархилаи сифатан навро касб намуда, хоса Фармони Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон аз 3-юми феврали соли 2000 «Дар бораи чашнгирии 2500-солагии шахри Уротеппа (Истаравшан)» (24) дар ин чода такони чиддй гардид.

Мавзуи Истаравшан ва истаравшаншиносй, таърих, фарханг ва тамаддуни бостонии мардуми он дар пажухишхои муаррихон ва донишмандони сохахои дигари илмхои чомеашиносй макоми хоса пайдо намуда, боиси эчоду таълифи даххо рисолаву тадкикот, китобу маколаи сершумори илмй ва илмй-оммавй гардид.

Дар байни ин таълифот, пеш аз хама, тадкикоти бунёдй ва чамъбастии дастачамъии «Таърихи халки точик»-ро, ки зери тахрири умумии академик Рахим Масов дар шаш чилд (ба забони русй) солхои 1999-2013 нашр гардид, бояд номбар намуд.

Дар чилдхои алохидаи асари мазкур дар катори дигар вилоятхо ва марказхои таърихию фархангии точикон доир ба таърих ва тамаддуни Истаравшан аз замони бостон то даврони муосир маълумот ва маводи нодир оварда шудааст.

Хусусан, дар боби сеюми чилди дуюми асари номбаршуда «Ташаккули муносибатхои феодалй дар Осиёи Миёна» (2, 145-191) дар кисмати «Шахрхои Уструшан, Фаргона, Чоч ва Исфичоб» (2, 186-189) доир ба шахрхои Истаравшани бостонй, хунари шахрсозй, меъморй дар асоси бозёфтхои бостоншиносй маълумоти чолиб оварда шудааст.

Бахшида ба чашни 1100-солагии давлати Сомониён соли 1997 тадкикоти бунёдии яке аз поягузорони мактаби илмии истаравшаншиносй академик Н. Неъматов «Хорикаи точик: таърих ва назария» (ба забони русй) (17) нашр гардид. Дар бобхои алохидаи ин асар, аз чумла боби сеюм «Эхёи Точик. Аз Сосониён то Сомониён» (17, 113-142), боби чорум «Шаш асри хорикаи таърихии точик (X-XV)» (17, 143-234) ва бобхои дигари он дар бораи накши Истаравшан хамчун яке аз марказхои бузурги таърихию фархангй ва хавзаи мухим дар ташаккули халкияти ягонаи точик, забони адабии он, давлатдории миллии точикон ё ба истилох Эхёи Точик ва беназирии тамаддуни мардуми точик маълумоти хеле нодир, тахлилу хулосахои наву тозаро пайдо кардан мумкин аст.

Бахшида ба чашни 2500-солагии Истаравшани бостонй ду мачмуаи маколахо ва фишурдаи маърузахои илмй дар Симпозиуми байналмилалии «Макоми Истаравшан (Уротеппа) дар таърихи тамаддуни халкхои Осиёи Марказй» (3) ва «Очеркхо доир ба таърихи Истаравшан (Уротеппа). Асри ХХ» (19) ба табъ расиданд.

Дар мачмуаи «Очеркхо» маколахои олимони намоён Р. Масов, X,. Пирумшоев, Н. Хотамов, Р. Абулхаев, А. Гафуров, М. Аличонов, С. Каримова, Т. Каширина, Н. Назаршоев гирд оварда шудааст. Дар ин маколахо сухан дар бораи сохти маъмуриву марзии Истаравшан ва тарзи идоракунии он, замони мустамликадорй - аз соли 1865 то бархам хурдани вилояти Уротеппа -соли 1947, Истаравшан дар таърихнигории ватанй, тичорат ва сохибкорй дар Истаравшан дар охири асри Х1Х-ибтидои асри ХХ, барпо ва мустахкам шудани Хукумати шуравй дар Уротеппа, иштироки истаравшанихо дар азхудкунии заминхои даштхои Дилварзин, Мирзочул ва бунёди дигар иншооти мухим, Истаравшан дар солхои Ч,БВ (1941-1945) ва сахми мардуми он дар таъмини Галаба бар фашизми Олмон, инкишофи саноат ва ташаккули синфи коргар, рушди ичтимоиёт, иктисодиёт, фарханг ва гайра сухан меравад.

Фишурдаи маърузахои Симпозиуми байналмилалй бо иштироки донишмандони кишвархои хоричаи дуру наздик, ки ба забонхои точикй, русй ва англисй ба нашр расида буд (3) мавзуъ, масоил ва мархилахои гуногуни таърих ва тамаддуни Истаравшанро аз замони бостон то даврони Истиклол дар бар мегирад.

Яке аз тадкикоти бунёдиву мухташаме, ки бахшида ба чашни 2500-солагии Истаравшан интишор гардид, рисолаи дастчамъии «Уструшани кадим: шахрхо, чойгузинй ва даврабандй» (ба забони русй) ба хисоб меравад, ки дар хачми кариб 50 чузъи чопй зери тахрири умумии академик Н. Неъматов соли 2003 дар нашриёти «Ому» дар Душанбе ба табъ расид (1).

Дар ин китоб чахор рисолаи мустакил, вале мантикан ба хам пайванд: рисолахои илмии академик Нуъмон Неъматов «Вилояти таърихй-фархангии Уструшан» (1,5-136), доктори илмхои таърих, профессор Набичон Рахимов «Табакабандии (стратиграфияи) археологии Уротеппа» (1, 137-266), Абдуллочон Мирбобоев «Дахмакхои Куркат: хафриёт ва тахкик» (1,267562) ва рисолаи якчояи мутахассисони маъруфи таърихи меъморй, профессорон Р. Мукимов, С. Мамадчонова ва бостоншиносон, профессорон Н. Рахимов, С. Марофиев «Таърих ва меъмории Истаравшани асри миёна» (1, 563-786) гирд оварда шудаанд.

Тадкикоти мазкур фарогири маълумоту ахбори хеле нодир, шавковар ва чолиби муаллифони даврони атика-сарчашмахои римй, юнонй, чинй, маъхазхои таърихй, чугрофии асримиёнагй, бозёфтхои бостоншиносй, тадкикоти донишмандони ватанию хоричй буда, доир ба таърих, чугрофия, бостоншиносй, мардумшиносй, маданияти моддй ва маънавй, меъморй, шахрсозй, дину оин, суннатхои мардумй ва дигар масъалахои таърихи кадим ва асримиёнагии вилояти

Истаравшан яке аз тадкикоти вокеан чамъбастию тахлилй ва бунёдй махсуб меёбад. Ин тадкикоти дастчамъй як сахифаи наву тоза ва сахми арзанда дар илми таърихнигории точик ва равияи алохидаи он-истаравшаншиносй ба хдсоб меравад.

Мавзуи Истаравшан ва истаравшаншиносй дар даврони истиклол, хоса дар арафаи омодагй ба чашни 2500-солагии Истаравшани бостонй ва тачлили он дар фаъолияти илмиву эчодии поягузори дигари мактаби илмии истаравшаншиносй академик А. Мухторов макоми махсус пайдо намуд.

Академик Ахрор Мухторов чун истаравшаншиноси асил, ки то ин давра чандин тадкикот, макола оид ба таърихи асримиёнагй ва давраи нави Истаравшан таълиф ва нашр намуда буд, бо як илхоми наву тоза ба тахкику омузиши таърих ва тамаддуни зодгохи худ шуруъ намуда, як зумра рисолаву тадкикоти наву бунёдй ва силсила маколаро ба табъ расонд, ки ин таълифоти муаррихи маъруф илми таърихнигории точик ва дар радифи он-истаравшаншиносиро хеле ганй гардониданд.

Соли 1994 осори хурдхдчми «Хаттот Мирхусайн Хусайни Истаравшанй (1861-1936)» (4) ва соли 1995 рисолаи «Гузархои Уротеппа» (харду ду ба забони русй) (5) дар Душанбе ва Тошкент ба нашр расиданд, ки дар ин таълифот оид ба мероси хушнависи мохир Мирхусайн Хусайни Истаравшанй ва таърихи ташаккули гузархои Уротеппа сухан меравад. Китоби дуюм соли 1975 дар силсилаи «Мавод оид ба таърихи шахрхои Точикистон» (Душанбе, 1975) нашр гашт, чопи Тошкент нашри дуюм ва такмил ёфтани рисолаи мазкур аст.

Соли 1996 ду рисолаи академик А. Мухторов «Хокимони Уротеппа. (Асрхои XVI-ибтидои асри ХХ)» (6) ва «Таърихи Уротеппа. (Охири асри XVI-ибтидои асри ХХ)» (7) аз нашр баромад.

Дар рисолаи аввал муаллиф дар асоси маълумоти сарчашмахои хаттй, маводи бойгонй бори аввал дар бораи хокимони Уротеппа, ному насаб, шачара ва солхои хукмронии онхо аз охири асри XV то истилои Осиёи Миёна аз чониби Русия маълумот додааст. Дар рисола фаъолияти хар як хоким, муносибати онхо бо хонхои Бухоро ва ^уканд, муборизахои дохилй барои маснад ва чоху чалол, хаёти сиёсй, ичтимой, иктисодй ва ва фархангии ин вилоят хеле марокангез инъикос ёфтааст.

Рисолаи дуюм «Таърихи Уротеппа. (Охири асри XV-ибтидои асри ХХ)» бо такмилу тавзехоти нав соли 1998 дар Маскав нашр гардид (8).

Дар рисолаи худ академик А. Мухторов бо истифода аз маълумоти сарчашмахои маълум ва хануз мавриди истифода карор наёфта, таърихи мулки Уротеппаро аз охири асри XV то огози асри ХХ тахкик намудааст.

Муаллиф бори нахуст таърихи сиёсй, сулолавй, тарзу услуби идоракунй, мансабу вазифахо, хукук ва салохияти онхо, хаёти иктисодй, ичтимой, шаклхои заминдорй ва низоми андоз, касбу хунар, тичорат ва гайраро мавриди тахкику омузиш карор додааст.

Фасли алохидаи рисола бо таърихи сиёсй, иктисодй, ичтимой, вазъи кишоварзй, косибй, тичорат, шуришхои халкй, хаёти мадании Истаравшан дар замони мустамликавй бахшида шудааст (8, 195-262).

Дар фасли алохидаи рисола «Уротеппа дар огози асри ХХ» вокеахои солхои 1901-1920, ки бо руйдодхои таърихии бо Русия, шахрхои бузурги Осиёи Миёна -Тошканд, Бухоро, Самарканд, ^уканд, Хучанд ва водии Фаргона пайваста буд, маълумот дода мешавад.

Соли 2000 бахшида ба 2500-солагии бунёди шахри Уротеппа (Истаравшан), китоби академик А. Мухторов «Курушкада, Истаравшан, Уротеппа» (9), ки хам бо хуруфоти кириллй ва хам бо хуруфоти арабиасоси точикй дар як китоб интишор гардид.

Дар таърихи халкхои Осиёи Миёна шахре мисли Уротеппа (Истаравшан) вучуд надорад, ки дар тули асрхо бо номхои гуногун маъруф гашта, се маротиба номашро иваз намудааст ва хар кадоме аз ин номхо мавзуъи бахси олимон карор гирифта бошад.

Муаллиф оид ба номхои ин шахри кадим-Курушкада, Истаравшан, Уротеппа, таърихи бунёди шахр, ивазшавии номи он ва шарху тафсири хар яке ин номвожахо дар асоси ахбори сарчашмахои таърихй, чугрофй, адабй ва тадкикоти муаррихону забоншиносон маълумоти чолиб оварда, дар хотимаи рисола ахбори яке аз муаррихони машхур Абу Абдулло Мухаммад ибни Ахмади Ч,айхонй-вазири донишманди Сомониёнро аз асари машхури у «Ашкол-ул-олам» чой додааст.

Рисолаи дигари академик Ахрор Мухторов «Шиблии Истаравшанй», ки худи хамон сол нашр гардид, ба рузгор ва осори яке аз мутафаккирони бузург ва чехрахои маъруфи чахони ислом ва тарикати тасаввуф Шиблии Истаравшанй (859-996) бахшида шудааст (10).

Соли 2004 рисолаи Ахрор Мухторов «Зуфархон Ч,авхарй. (Андешахои муаррих)» (12) ва соли 2005 китоби дигари у «Нусхахои осори Зуфархон Ч,авхарй» (13) ба нашр расид, ки ин тадкикот ба рузгор ва осори яке аз адибони номвари хавзаии адабии Истаравшан Зуфархон Чдвхарй дар асоси бозёфтхои нав ва нусхахои тозаи осори шоир бахшида шудаанд.

Ду тадкикоти хеле пурарзиши академик А. Мухторов рисолаи «Макоми чахонии Уструшанихо» (11), ки матни китоб бо забони точикй, форсй (бо хуруфоти арабиасос ва русй) оварда шудааст ва китоби «Афшин Хайдари Уструшанй бузургтарин лашкаркаши Араб. (Асри 1Х)» (14) ба тасвири хаёт ва фаъолияти ду шахсиятхои бузурги Истаравшани асри 1Х-Х -Афшин Хайдар ибни Ковус ва Абубакр ибни Юнуси Шиблй бахшида шудаанд.

Афшини Истаравшан Хайдар пас аз забти ин мулк аз чониби арабхо (соли 822) исломро кабул намуда, ба хидмати халиф Муттасим (833-842) дохил шуд ва ба макоми бузургтарин сипахсолори лашкари Араб расид. Писари Хайдар, ки ^обус ном дошт, соли 835 ба мансаби ноиби халифа дар Ч,ибол таъин гардид (10, 3).

Шайх Шиблии Истаравшанй-яке аз донишмандони маъруфи чахони ислом ва тарикати тасаввуф дар пойтахти хилофат-Багдод зиста, яке аз наздикони шайхи бузург Хусейн ибни Мансури Халлоч буд (10,4). Писарони у дар дарбори халиф хидмат намуда, яке бо номи Юнус то мансаби «амир-ул-хочиб» (сардори мухофизони шахсии халиф) ва дигаре, ки номаш маълум нест, ба мансаби «амир-ул-умаро»-и Искандарияи Миср расида буданд (10, 3).

Ба чунин макому мансабхои баланд расидани афшин Хайдар, шайх Шиблй ва писарони онхо аз як чониб далели афзудани обру ва нуфузи ашрофони махаллй дар умури давлатдорй ва динии хилофат бошад, аз чониби дигар нишони он аст, ки арабхо мачбур шуданд, ки дар натичаи афзудани харакати миллии озодихохй ба хотири мустахкам кардани пояи заифгаштаи хукумати худ намояндагони ашрофони махаллиро ба корхои идоракунии хилофат чалб намоянд.

Рисолаи академик А.Мухторов «Афшин Хайдари Уструшанй бузургтарин сарлашкари хилофати Араб», ки соли 2006 бо хуруфоти арабиасоси точикй нашр гардид (15), дар илми таърихнигорй ва шинохти яке аз чех,рах,ои таърихи халки точик дорои ахдмияти бузург аст.

Соли 2007 мачмуи маколахо ва ёддоштхои академик А. Мухторов бо номи «Авроки рангини таърих» (16) ба забонхои точикй ва русй ба чоп расид, ки дар он зумрае аз маколахои муаллиф ба таърих, тамаддун ва мероси фархангии мардуми Истаравшан бахшида шудаанд.

Тазаккур дод, ки рисолаву тадкикот ва маколахои сершумори академик А. Мухторов, ки доир ба таърих ва тамаддуни Истаравшани бостонй дар солхои Истиклол ба нашр расиданд, дар илми таърихнигории точик ва яке аз равияхои он - истаравшаншиносй х,ойизи ах,миятанд.

Дар солхои Истиклол, хусусан дар чараёни омодагй ва тачлили чашни 2500-солагии Истаравшан дар сахифахои матбуоти даврй-мачаллаву рузномахо маколоти зиёди муаррихон ва мухакикони сохахои мухталифи илмхои чомеашиносй ба табъ расиданд.

Мачаллаи Бунёди фарханги Точикистон «Фарханг» (2002.-№№7-8), мачаллахои «Эхёи Ачам» (2002.-№3), «Хучанд» (2004.-№4) ва дигар нашрияхои даврй маколахои донишмандони маъруф Ах,рор Мухторов, Н.Неъматов, Ю.Яъкубов, К.Олимов, Д.Довудй, Н.Турсунов, А. Мирбобоев,

H.Рах,имов, Х.Камол ва дигаронро доир ба таърих ва фарханги Истаравшан ба табъ расонд, ки дар онхо пахлухои гуногуни таърихи сиёсй, ичтимой, иктисодй ва мадании ин вилояти таърихй мавриди тахкику омузиш карор дода шудааст.

Дар баробари муаррихон доир ба таърих ва фарханги Истаравшан аз чониби донишмандони дигар, адибон, рузноманигорон низ як катор таълифот ва силсиламаколахо ба табъ расиданд.

Дар байни онхо рисолаи номзади илмхои филологй Саидумари Султон «Таърихи доираи адабии Истаравшан дар нимаи дувуми асри XVIII ва аввали асри Х1Х» (Душанбе: Сурушан, 2002.-232 с.), рисолаи дастачамъии Хусейни Назрулло, Бахтиёри Вахидпур, Ч,амол Махкамов «Истаравшан-2500» (Душанбе: Хумо, 2006.-408 с.) ва китоби «Истаравшан дар партави Истиклол» (Душанбе: Бухоро, 2011.-258 с.)-и Хусейни Назрулло ва Ч,онибеки Расулиро метавон ном бурд, ки сахифахои мухталифи рузгори мардуми Истаравшанро аз даврони кадим ва замони Истиклол тасвир намудаанд.

Ба итминони комил метавон гуфт, ки даврони Истиклол яке аз сахдфахои дурахшон дар таърихи Истаравшани бостонй гардида, гузаштаи пуршараф ва имрузу фардои неки ин гушаи зебо ва кадимаи точикон дар осори муаррихону мухаккикони ватанй дар ин замон чилои наву тоза пайдо намуд ва дар таърихи истаравшаншиносй сахифаи нав гардид.

ПАЙНАВИШТ:

I. Древняя Уструшана: города, их локализация и хронология. (Материальная культура Уструшаны.Вып.5-8).Под общей ред.академика Н.Негматова.-Душанбе:Ому, 2003. - 790 с.

2. История таджикского народа. Том 2. Эпоха формирования таджикского народа. Под. ред. академика Н. Негматова. - Душанбе, 1999. - 791 с.

3. Макоми Истаравшан дар таърихи тамаддуни халкдои Осиёи Марказй.Фишурдаи маъруза^ои Симпозиуми байналхалкии «Макоми Истаравшан(Уротеппа) дар таърихи тамаддуни халкдои Осиёи Марказй»(Душанбе, 6 сентябри 2002).-Душанбе,2002.- 212 с.

4. Мухтаров, А.Каллиграф Мирхусайн Хусайни Истаравшани(1861-1936)/А.Мухтаров.-Душанбе,1994.- 34 с.

5. Мухтаров, А. Гузары Ура-тюбе/А.Мухтаров.-Ташкент: Чулпон, 1995. - 143 с.

6. Мухторов, А. Хокимони Уротеппа. (Асрхои XV-XIX)/А.Мухторов.-Душанбе: Мерос, 1998.

7. Мухтаров,А.История Ура-тюбе.(XVI - начало ХХ вв)/А.Мухтаров.-Душанбе,1996.-264 с.

8. Мухтаров, А. История Ура-тюбе. (Конец XV - начало ХХ вв.)/А.Мухтаров.-М.:ОАО Типография, 1998. - 278 с.

9. Мухторов, А. Курушкада.Истаравшан.Уротеппа/А.Мухторов.-Душанбе: Амри илм, 2000.-100 с.

10. Мухторов, А. Шибилии Истаравшанй (859-946)/А.Мухторов.-Душанбе: Амри илм, 2000.-36 с.

11. Мухторов, А. Макоми чахонии Уструшанихо. (Асрхои IX-X)А.Мухторов.-Душанбе: Сурушан, 2002. - 164 с.

12. Мухторов,А. Зуфархон Чдвхарй. (Андешахои муаррих)/А.Мухторов.-Душанбе: Деваштич, 2004.- 48 с.

13. Мухторов, А. Нусхахои тозаи осори Зуфархон Ч,авхарй/А. Мухторов.- Душанбе: Деваштич,2005.-52 с.

14. Мухторов, А. Афшин Хдйдари Уструшанй бузургтарин лашкаркаши Араб. (Асри КуА.Мухторов. - Истаравшан, 2005. - 103 с.

15. Мухторов, А. Афшин Хдйдари Уструшанй бузургтарин сарлашкари хилофати Араб. -Душанбе: Деваштич, 2006. - 154 с. (Бо хуруфоти арабиасоси точикй).

16. Мухторов, А. Авроки рангини таърих/. - Душанбе: Деваштич, 2007. - 398 с.

17. Негматов,Н.Таджикский феномен: история и теория. - Душанбе: Оли Сомон, 1997. - 428 с.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

18. Негматов, Н. Историко-культурная область Уструшаны. (Материальная культура Уструшаны. Вып. 5) /Н.Негматов// Древняя Уструшана: города, их локализация и хронология. - Душанбе: Ому, 2003. - С. 8-136.

19. Очерки по истории Истаравшана (Ура-тюбе) ХХ век. - Душанбе: Ому, 2002. - 224 с.

20. Пирумшоев, Х. Истаравшан в отечественной историографии /Х.Пирумшоев// Очерки по истории Истаравшана (Ура-тюбе). ХХ век. - Душанбе: Ому, 2002.

21. Пирумшоев, Тахкики таърихи Истаравшан дар таърихнигории асри ХХ /^.Пирумшоев// Макоми Истаравшан дар таърихи тамаддуни халкхои Осиёи Марказй. - Душанбе: Ому, 2002. - С. 71-73.

22. Рахимов, Н. Археологическая стратиграфия Ура-тюбе. (Материальная культура. Выпуск 6)/Н.Рахимов//Древняя Уструшана: города, их локализация и хронология.-Душанбе:Ому,2003.-С. 136-266.

23. Турсунов, Н. Сложение и пути развития городского и сельского поселения Северного Таджикистана XIX - начало ХХ вв. (Историко-этнографический очерк)/Н.Турсунов.-Душанбе: Ирфон, 1976.-304 с.; Турсунов Н. Развитие городских и сельских поселений Северного Таджикистана в XVIII - начале ХХ вв./Н.Турсунов.-Душанбе: Ирфон, 1991.-544 с.; Назирчон Турсуни Хучандй. Истаравшан. (Шархи мухтасари таърих ва маданияти хал;). -Душанбе: Ирфон, 1992.-208 с.; Турсунов Н., Турсунова Г. Место Уструшаны в мировой истории // Эхёи Ачам. - 2002. - № 3. - С. 3-12.

24. Фармони Президенти Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи чашнгирии 2500-солагии шахри Уротеппа (Истаравшан)» аз 3 феврали соли 2000// Садои мардум. - 2000. - февр.

25. Фарханг. - 2002. - №№ 7-8.

26. Хучанд. - 2004. - № 4.

REFERENCES:

1. Ancient Ustrushan: Cities their Localization and Chronology. (Material culture Ustrushan. Issue 58). Under the general editorship of academician N. Negmatov. - Dushanbe: Omu, 2003. - 790 p.

2. The History of the Tajik Nation. - V.2. The Epoch of Formation of the Tajik Nation. Under the general editorship of academician N. Negmatov. - Dushanbe, 1999. - 791 p.

3. The Place of Istaravshan in the History of Central Asian Civilization. Summary of Reports of the International Symposium on the topic of "Istaravshan (Uroteppa) Status in the History of Civilization of the Peoples of Central Asia" (Dushanbe, September 6, 2002). - Dushanbe, 2002. -212 p.

4. Mukhtarov, A. Calligrapher Mirhusain Husaini Istaravshani (1861-1936) / A. Mukhtarov.-Dushanbe, 1994. - 34 p.

5. Mukhtarov, A. Guzaries of Ura-Tyube / A. Mukhtarov. - Tashkent: Chulpon, 1995. - 143 p.

6. Mukhtorov, A. Emirs of Ura-Tyube (referring to the XV-th - the XIX-th) / A. Mukhtorov. -Dushanbe: Heritage, 1998.

7. Mukhtarov, A. The History of Ura-Tyube. (referring to the XVI-th - the beginning of the XX-th centuries) / A. Mukhtarov. - Dushanbe, 1996. - 264 p.

8. Mukhtarov, A. The History of Ura-tyube. (at the end of the XV-th - the early of XX-th centuries) / A. Mukhtarov.-M.: Typography, 1998. - 278 p.

9. Mukhtorov, A. Kurushkada. Istaravshan. Uroteppa / A. Mukhtorov.- Dushanbe: Amri Ilm, 2000. -100 p.

10. Mukhtorov,A.Shibilii Istaravshani (859-946)/A.Mukhtorov. - Dushanbe: Amri Ilm, 2000. - 36 p.

11. Mukhtorov, A. The Global Status of Ustrushanians. (IX-X) A. Mukhtorov. - Dushanbe: Surushan, 2002. - 164 p.

12. Mukhtorov, A. Zufarkhon Javhari. (historian's opinions) / A. Mukhtorov. - Dushanbe: Devashtich, 2004. - 48 p.

13. Mukhtorov, A. New Copies of Zufarkhon Javhari's Creations / A. Mukhtorov. - Dushanbe: Devashtich, 2005. - 52 p.

14. Mukhtorov, A. Afshin, Hidari Ustrushani Being a Greatest Knight of the Arab Khanate. (IX) / A. Mukhtorov. - Istaravshan, 2005. - 103 p.

15. Mukhtorov, A. Afshin, Hidari Ustrushani Being a Greatest Knight of the Arab Khanate.-Dushanbe: Devashtich, 2006. - 154 p. (in Persian).

16. Mukhtorov, A. Colorful Pages of History /. - Dushanbe: Devashtich, 2007. - 398 p.

17. Negmatov, N. Tajik Phenomenon: History and Theory. - Dushanbe: Oli Somon, 1997. - 428 p.

18. Negmatov, N. Historical and Cultural Region of Ustrushana. (Material of culture Ustrushan. Issue 5) / N. Negmatov // Ancient Ustrushan: Cities their Localization and Chronology. - Dushanbe: Omu, 2003. - P. 8 - 136.

19. Essays on the History of Istaravshan (Ura-tyube) Referring to the XX-th Century. - Dushanbe: Omu, 2002. - 224 p.

20. Pirumshoev, H. Istaravshan in National Historiography / H.Pirumshoev // Essays on the History of Istaravshan (Ura-tyube) Referring to the XX-th Century. - Dushanbe: Omu, 2002.

21. Pirumshoev, H. Essays on the History of Istaravshan (Ura-tyube) Referring to the XX-th Century / H. Pirumshoev //The Place of Istaravshan in the History of Civilization of the Peoples of Central Asia. - Dushanbe: Omu, 2002. - P. 71 - 73.

22.Rakhimov, N. Archaeological Stratigraphy of Ura-Tyube. (Material of Culture. Issue 6) / N. Ra^imov // Ancient Ustrushana: Cities their Localization and Chronology. - Dushanbe: Omu, 2003. - P. 136 - 266.

23. Tursunov, N. Formation and Development of Urban and Rural Settlements in Northern Tajikistan Referring to the XIX-th - the Beginning of the XX-th centuries. (Historical and ethnographic sketch) / N. Tursunov. - Dushanbe: Cognition, 1976. - 304 p.; Tursunov N. Development of Urban and Rural Settlements of Northern Tajikistan Referring to the XVIII-th -the early of XX-th Centuries / N. Tursunov.- Dushanbe: Cognition, 1991. - 544 p.; Nazirjon Tursuni Khujandi. Istaravshan. (A brief overview of the history and culture of the people). -Dushanbe: Cognition, 1992. - 208 p.; Tursunov N., Tursunova G. The Place of Ustrushan in the World History // Ehyoi Ajam. - 2002. - No. 3. - P. 3 - 12.

24. Decree of Tajikistan Republic President "On the Celebration of the 2500-th Anniversary of Uroteppa (Istaravshan)-City" from February 3, 2000 // The people's Voice. - 2000. - February.

25. Culture. - 2002. - №№ 7-8. Khujand. - 2004. - No. 4.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.