Научная статья на тему 'About one list of "tazkire Fahmi"'

About one list of "tazkire Fahmi" Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
143
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАЗКИРЕ / РУКОПИСЬ / ИСТОЧНИК / АБДУЛМУТТАЛИБХОДЖА ФАХМИ / КОРИ РАХМАТУЛЛОХ ВОЗЕХ / "ОБРАЗЦЫ ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ" САДРИДДИНА АЙНИ / РАСУЛ ХОДИЗОДА / TAZKIRE / MANUSCRIPT / ORIGINAL / ABDULMUTALIB KHOJA FAHMI / KORI RAHMATULLOH VOZEKH / "NAMUNAI ADABIYOTI TOJIK" (TAJIK LITERATURE PARAGONS) BY SADRIDDIN AINI / RASUL KHODIZODA / ТАЗКИРА / ДАСТНАВИС / САРЧАШМА / АБДУЛМУТТАЛИБХОҷАИ ФАҳМӣ / ҚОРӣ РАҳМАТУЛЛОҳИ ВОЗЕҳ / "НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҷИК"-И САДРИДДИН АЙНӣ / РАСУЛ ҲОДИЗОДА

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Мирзоюнус Матлуба (ходжаева Матлуба Юнусовна)

Статья посвящена исследованию одного из списков тазкире Абдулмутталибходжи Фахми, состоящего из 80 страниц и созданного во сторой половине Х1Х века. Сообщая о двух имеющихся списках этого тазкире, автор статьи анализирует список, который хранится в отделе рукописей АН РТ и, сопоставляя его с другими тазкире этого периода, выявляет наиболее яркие его особенности. На основе анализа сделан вывод о том, что в тазкире Фахми содержатся новые сведения, не наблюдающиеся в других антологиях указанного периода, и доказательством тому может быть факт использования его материалов Садриддином Айни. Сделано заключение, что анализ и сопоставление двух списков этого тазкире дают возможность поставить точку над многими спорными вопросами.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ОБ ОДНОМ СПИСКЕ «ТАЗКИРЕ ФАХМИ»

The article dwells on the exploration of one of the lists of tazkire by Abdulmutalibkhoja Fahmi consisting of 80 pages and created in the second half of the XIX-th century. Informing about two available lists the author of the article analyzes that one which is kept in TR AS manuscript department and correlating it with other tazkires of the same period she elicits its brightest peculiarities. Proceeding from the analysis the author comes to the conclusion that in Fahmi ’s tazkire there is the information non-observed in other anthologies of the period in question; the facts of its materials being used by Sadriddin Aini can be served as a proof. The inference runs that under analysis and correlation of the two lists one can put a fullstop in regard to many controversial issues.

Текст научной работы на тему «About one list of "tazkire Fahmi"»

10 00 00 ИЛМ^ОИ ФИЛОЛОГИЯ 10 00 00 ФИЛОЛОГИЧЕСКИЕ НАУКИ 10 00 00 PHILOLOGICAL SCIENCES

10 01 03 ЛИТЕРАТУРА НАРОДОВ СТРАН ЗАРУБЕЖЬЯ 10 01 03 LITERATURE OF FOREIGN COUNTRIES PEOPLES

ДАР БОРАИ ЯКНУСХАИ «ТАЗКИРАИ ФА^МЙ»

ОБ ОДНОМ СПИСКЕ «ТАЗКИРЕ ФАХМИ»

ABOUT ONE LIST OF "TAZKIRE FAHMI"

УДК 82 ББК 83.3 (0)5

Мирзоюнус Матлуба (Хоцаева Матлуба Юнусовна), д. и. филол., профессори ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров. (Тоцикистон, Хуцанд)

Мирзоюнус Матлуба (Ходжаева Матлуба Юнусовна), д.филол.н., профессор ХГУ им. акад. Б.Гафурова. (Таджикистан, Худжанд)

Mirzoyunus Matluba (Khojayeva Matluba Yunusovna), Dr of Philology, Professor of the faculty of Tajik philology under Khujand State University named after academician B.Gafurov (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: matluba. khojaeva@gmail. com

Калидвожа^о: тазкира, дастнавис, сарчашма, Абдулмутталибхоцаи Фауми, Кори Рауматуллоуи Возеу, «Намунаи адабиёти тоцик»-и Садриддин Айни, Расул Ходизода

Дар мацола сухан дар бораи як нусхаи тазкираи Абдулмутталибхоцаи Фауми меравад, ки аз 80 сауифа иборат буда, дар нимаи дувуми асри XIX таълиф шудааст. Муаллифи мацола аз мавцудияти ду нусхаи ин асар маълумот дода, дар заминаи нусхае, ки дар захираи дастхатуои АИ ЦТ мауфуз аст, дар циёс бо тазкирауои дигари ин давра хусусиятуои ин нусхаро муайян намудааст. Зимни тауцици ин асар муаллиф ба хулосае расидааст, ки Фауми дар тазкираи худ маълумоти тоза овардааст, ки дар тазкирауои дигар ба назар намерасанд ва ин ки устод Айни дар «Намунаи адабиёти тоцик» ду мацолаи онро нацл кардааст, аз арзиши ин тазкира дарак медиуад. Ба даст омадани нусхаи дувум ва муцоисаи ин ду нусха матолиби наверо дар ихтиёри мо хоуад гузошт ва чандин масоили бауснок уалли худро хоуанд ёфт.

Ключевые слова: тазкире, рукопись, источник, Абдулмутталибходжа Фахми, Кори Рахматуллох Возех, «Образцы таджикской литературы» Садриддина Айни, Расул Ходизода

Статья посвящена исследованию одного из списков тазкире Абдулмут-талибходжи Фахми, состоящего из 80 страниц и созданного во сторой половине Х1Х века. Сообщая о двух имеющихся списках этого тазкире, автор статьи анализирует список, который хранится в отделе рукописей АН РТ и, сопоставляя его с другими тазкире этого периода, выявляет наиболее яркие его особенности. На основе анализа сделан вывод о том, что в тазкире Фахми содержатся новые сведения, не наблюдающиеся в других антологиях указанного периода, и доказательством тому может быть факт использования его материалов Садриддином Айни. Сделано заключение, что анализ и сопоставление двух списков этого тазкире дают возможность поставить точку над многими спорными вопросами.

Key words: tazkire, manuscript, original, Abdulmutalib Khoja Fahmi, Kori Rahmatulloh Vozekh, "Namunai Adabiyoti Tojik" (TajikLiterature Paragons) by Sadriddin Aini, Rasul Khodizoda

The article dwells on the exploration of one of the lists of tazkire by Abdulmutalibkhoja Fahmi consisting of 80 pages and created in the second half of the XlX-th century. Informing about two available lists the author of the article analyzes that one which is kept in TR AS manuscript department and correlating it with other tazkires of the same period she elicits its brightest peculiarities. Proceeding from the analysis the author comes to the conclusion that in Fahmi's tazkire there is the information non-observed in other anthologies of the period in question; the facts of its materials being used by Sadriddin Aini can be served as a proof. The inference runs that under analysis and correlation of the two lists one can put a fullstop in regard to many controversial issues.

Мухдк,к,ик,он дар бораи тазкирахои нимаи дувуми асри XIX- ибтидои асри ХХ сухан ронда, маъмулан «Тухфат-ул-ахбоб фй тазкират-ул-асхоб»-и ^орй Рахма-туллохи Возех,, тазкирахои Мирсиддикхони Х,ашмат, «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё, «Тазкират-уш-шуаро»-и Абдулазими Шаръй, «Афзал-ут-тазкор фи зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор»-и Афзал Махдуми Пирмастй, «Тазкират-уш-шуарои мутааххирин»-и Абдуллохочаи Абдй, «Тазкират-уш-шуаро»-и Мухтарам ва «Намунаи адабиёти точик»-и Садриддин Айниро ном мебаранд. Аммо тазкираи Фахмй, ки низ дар хдмин давра таълиф шудааст, кариб дар ягон пажухиш номбар намешавад, хол он ки устод Садриддин Айнй дар «Намунаи адабиёти точик» дар мавриди зикри Машраби Намангонй ва Суфй Аллохёри Каттакургонй аз маълумоти ин асар истифода бурдааст (1, с. 126-127).

Танхо устод Расул Хрдизода, ки бехтарин донандаи адабиёти асри XIX- ибтидои асри XX буд, дар китоби «Сарчашмахо барои омузиши адабиёти точики нимаи дувуми асри XIX», ки соли 1956 ба забони русй интишор ёфтааст, дар бораи мавчу-дияти «Тазкираи Фахмй» дар ин давра хеле мухтасар маълумот дода, маводи онро такрори тазкираи Возех мешуморад ва бинобар ин камарзиш меномад (2, с. 11). Дар китоби дигари устод «Адабиёти точик дар нимаи дувуми асри XIX», ки ба забони точикй соли 1968 чоп шудааст, исми Фахмй танхо як маротиба зикр шуда, дар бораи у ва тазкирааш харфе ба назар намерасад (2).

Мо дар ин макола тасмим гирифтем, ки дар асоси як нyсxаи тазкираи мазкур, ки дар даст дорем, дар мyкoиса бо тазкирахои дигар баъзе нуктахоро ба мулохизаи xoнандагoн гузорем.

Дар китоби русии Р.Х,одизода сyxан дар бораи мавчудияти ду нyсxаи_«Тазкираи Фахмй» рафтааст, ки яке дар Институти шаркшиносии АИ Ч,умхурии Узбекистон тахти раками № 2331/1 ва дигаре тахти раками № 952 дар заxираи дастxатхoи АИ Ч,умх,урии Точикистон хифз мешавад. Тибки маълумоти устод Расул Х,одизода, «андозаи нyсxаи аввал 13Х 20, 5 см.: 35 варак (сах. 28-74 ) буда, ин нyсxа дар когази ранга бо xати зебои настаълик нигошта шуда, матн бо зархал ороиш ёфтааст. Бино ба мундаричае, ки дар огози дастxат чой дорад, ин асар мебоист шархи хол ва намунахои газалиёти бештар аз 300 шоирро аз огоз то oxири садаи Х1Х фаро мегирифт. Муаллифи асар Абдулмутталиби Фахмй асари xyдрo аз руйи супориши Мир Мухаммад Тyксoба таълиф намудааст; дастxат танхо баъзе баxшхoи асари банакшагирифта (ё xyд ба итмомрасонидаро) дар бораи Бедил, Х,офиз, Низомй, Исмати Бyxoрoй, Савдо, Возех ва дигарон дар бар гирифтааст»(2, с.11). Соли таълифи ин асарро Р.Хрдизода 1319/ 1901м. зикр намудааст.

Дар бораи нyсxаи дигари ин тазкира кайд шудааст, ки

«Аввали нyсxаи хифзшуда ва мураттаби ин тазкира дар заxираи дастxатхoи АИ Ч,Т тахти раками № 952 нигох дошта мешавад; нyсxа дар варакхои дафтар дар соли 1936 аз чониби корманди илмии китoбxoнаи оммавии Ч,умх,урии Узбекистон И.Одилов рyйнавис шудааст»(2, с.11).

Профессор Х,одизода чунин мехисобад, ки ин «тазкира дар асоси маводи тазкирахои пешин ба калам омадааст; дар бораи шоирони асри Х1Х муаллиф гохе пурра ва гохе бо иxтисoрoт маълумоти тазкираи Возехро бидуни зикри сарчашма овадааст; хатто бобе дар зикри Возех аз тазкираи xyди y, ки сyxан аз номи шаxси аввал оварда шудааст, пурра руйнавис шудааст». Ба андешаи y, «ин тазкира кушиши номуваффаки як нафар дустдори камшухрати адабиёт аст, ки исмашро касе аз мураттибони тазкирахои давраи oxир ёд накардааст» (2, с.11).

Дар дасти мо нyсxаи «Тазкираи Фахмй» № 952 карор дорад, ки дар 82 сахифаи дафтари рахдор руйнавис шуда, дар муковаи он бо xати котиб «Тазкираи Фахмй. Таълифи Абдyлмyтталибxoчаи Самаркандй» навишта шудааст (6). Дар поёни нyсxа соли китобати он 1936 ва соли таснифи он 1277 зикр ёфтааст, ки баробар ба соли 1860 мелодй мебошад.

Х,оло бубинем, ки нуктаи назари устод Р.Х,одизода то кучо ба хакикат мувофик аст ва ин нyсxа оё руйнависи тазкираи Возех аст? Дарвокеъ дар бораи шаxсият ва фаъолияти адабии Абдyлмyтталибxoчаи Фахмй дар тазкирахо ва донишномахо маълумоте мушохида нашуд. Ахли илму адаби Самарканди имруза низ дар бораи шаxсияти y маълумоте дар даст надоранд. Аммо чун дар муковаи китоб уро Самаркандй гуфтаанд, маълум мешавад, ки аслаш аз Самарканд аст ва бо супориши Х,очй мулло Мирмухаммад Туксоба ба тартиб додани ин мачмуа даст задааст. Чунонки дар мукаддимаи китоб омадааст, «бо вучуди касирии бол ва парешонии макол, ки на истирохате зи манфиати молхои рузгор ва на истталосе зи мазаррати моалайхои адвор... ба чихати истехкоми бунёни садокату ёдгорй» ба ичрои фармони амир шуруъ намудааст. Дар ин нyсxа дар хеч чо аз мундаричаи асар ва накшаи муаллиф рочеъ ба зикри 300 нафар шоирон сyxанe нест. Танхо гуфта мешавад, ки «Аввал ва авло намуд, ки унвони мачмуъаро ба манокиби шуарою умаро ва сулахо (е), ки ба таъртаи кариб гузаштаанд... сабт гардонида шавад» (6,с.2).

Нyсxаи мазкур дар бораи 26 нафар yламовy шyаро ва yмаро маълyмот медихад, ки зикрашон ба ин тартиб аст:

1. Абyлмаонй Мирзо А6дулкодири Бедил

2. Хоча Шамсиддин Мухаммад Х,офизи Шерозй

3. Х,азрати Мавлоно Хоча Исматуллохи Бyxорй

4. Хоча Мухаммадхошими Кашмй

5. Х,азрати Нуриддин Абдуррахмони Ч,омй

6. Низомуддин амир Алишери Навой

7. Мавлавй Мухаммадшарифи Бyxорй

8. Суфиоллохёри Самаркандй

9. Мавлоно Машраби Намангонй - Боборахими ^аландар

10.Шайx Имло

11.Хоча Мухаммад Исломи Ч,уйборй

12.Амир Маъсуми Fозй

13.Х,азрати амир Саид кад.сир. номи эшон Амирхайдар аст маъруф ба амири Саид

14.Насириддин Сайид амир Насруллох Мухаммад Баходур Султон

15.Аълами Ясорй

16.Мирзо Абдуррахмон Аълами Бyxоро

17.Эшон xалифаи Ниёзкулй

18.Мухаммад Хусайн

19.Х,азрати Домулло Миракxочаи Бyxорй

20.Х,азрати шайxyлислом Ахрорй - Сyлтонxочаи Орифй

21.Домулло Мухаммади Бyxорй ал машхур ба домулло Хрчибой (Хучанд)

22.Домулло Орифкулии муфтй

23.Умдатулуламо хазрати оxyнд домулло Х,асани Бyxорй

24.Эшони козй Мирзо Иноятуллох Хочаи Бyxорй

25.Эшон Мухаммад Сyлтонxочаоxyнд Аълами Бyxорй

26.Оxyнд Аълами Бyxорй (Абдyлмyъминxоча)

Аз ин миён 11 нафари аввал шуарои салаф буда, чунонки мебинем, тазкира аз зикри номи Мирзо Абдулкодири Бедил шуруъ мешавад ва баъди y Х,офизу Абдур-рахмони Ч,омй, Алишери Навой ва дигарон омадаанд. Бо он ки устод Расул Х,одизода ин нyсxаро танзимшуда мешуморад, назми собите дар он на дар тартиби чойгузинии удабову умаро ба тартиби тахаччй ва на аз руи солшумории xронологй ба мушохида намеояд.

^абл аз овардани исми Амир Маъсуми Fозй муаллиф менависад, ки «бар замоири асхоби дониш маxфй намонад, ки мухаррири сутурро дагдагае ба xотири фотир буд, ки хар чо ки лаолии шохвор ва гавохири обдор, ки бунёни мачлисро истехкоме ва махофили дустонро инбисоте баxшад, аз мазоки хар тоифа ва аз мазхаби хар фирка...аз мазомини абкору аз натоичи афкор xyлосае фарохам оварда, нигоштаи xома гардонад, аммо ба воситаи мавонеи вофира ва хаводиси касира таманнои мазкур ва дагдагаи мазбур даст надода. Ба мазмуни «мо ло ядруку куллаху ло ятруку куллаху» xyшае аз xирманy гуле аз бустон боиси масаррати дустон ва тазаккури xотири иxвон ба хам оварда, унвони катибаро ба манокибу маорифи салотин, ки каломулмулуки мулукулкалом ороиш дода, набзе аз ахволоти подшохони доруссал-танаи Бyxорои Шариф ва баъзе аз уламо, ки дар таъриxи 1200 гузаштаанд, дар кайди тахрир оварда шуд» (6, с. 33-34).

Аз ин иктибос маълум мешавад, ки мураттиб ният доштааст, маводи фаровонеро аз зиндагии бузургон ва намунахои таълифоти удаборо дар татиёри дустон гузорад, аммо монеахои зиёде ба ин кор xалал додаанд, бинобар ин танхо «набзе аз ахволоти подшохони доруссалатанаи Бyxорои Шариф ва баъзе аз уламо, ки дар таъриxи 1200 гузаштаанд», ба ин тазкира ворид карда шудаанд.

Аз руйи мазмун тазкираи Фахмиро метавон ба ду кисм чудо кард. ^исми аввал 11 нафар шуарои салаф ва кисми дувум салотин, уламову удабоеро, ки дар асри 19 зиндагй кардаанд.

Аз ахли салотин асомй ва шархи холи се нафар, аз чумла Амир Маъсуми Fозй, Амир Саид Амирхайдар, Насируддин Сайид амир Насруллох Мухаммад Баходур Султонро оварда, сипас дар бораи 12 нафар xаттотy олиму шоир xабар медихад. Аз зикри салотин сар карда, то оxири тазкира як андоза тартиби xронологй (ба истиснои ду-се холат) риоя шудааст. Таъртаи вафоти оxирин нафаре, ки дар тазкира омадааст, 1285/1868 аст, ки мутаносиб ба соли рехлати Эшон Мухаммад Сyлтонxочаоxyнд Аълами Бyxорй мебошад.

Он нукта чолиб аст, ки хам устод Айнй ва хам котиби тазкира соли таснифи онро 1277(1860-61) гуфтаанд, аммо оxирин соле, ки дар тазкира омадааст, 1285 мебошад. Бино ба маълумоти P.X,одизода соли таълифи нyсxаи махфуз дар Тошканд 1319/ 1901м. аст.

Ба андешаи мо, 1277 будани соли таснифи тазкира шояд сахех набошад, зеро маълумоти он бо соли 1285/1868 ба оxир мерасад. Дар сурати кабул кардани соли 1277 фарзияе пеш меояд, ки як-ду нафари оxиринро касе афзуда бошад. Дар бораи нyсxаи Тошканд танхо баъди ошной бо он метавон сyxан ронд.

Устод P. Хрдизода маълумоти тазкираи Фахмиро пурра баргирифта аз тазкираи Bозех мешуморад. Шояд дар мавриди нyсxаи Тошканд ин андеша дуруст бошад, аммо дар мавриди нyсxаи зери дасти мо мукоиса бо тазкираи Bозех нишон дод, ки маълумоти он аз тазкираи Bозех куллан тафовут дорад. Гузашта аз ин «Тухфат-ул-ахбоб фи тазкират-ул-асхоб»-и ^орй Pахматyллохи Bозех, агар ба маълумоти устод Айнй такя кунем, пас аз 11 соли тазкираи Фахмй ва агар ба xyлосахои мантикии xyдамон такя кунем, пас аз се соли таълифи он ба калам омадааст ва ба хеч вачх Фахмй наметавонист тазкираи Bозехро истифода барад.

Ин нуктаро метавон зимни мукоисаи ин ду тазкира собит намуд. Наxyст, аз 26 нафаре, ки дар тазкираи Фахмй исмашон зикр шудааст, мо аз тазкираи Bозех танхо дар бораи 10 нафар маълумот пайдо кардем. Ч,олиб он нукта аст, ки дар ин ду тазкира дар аксари маворид исми зикршудагон ба гунаи дигар омадааст.

Масалан, исми «Домулло Мухаммади Бyxорй», ки бо хамин ном дар тазкираи Фахмй зикр шудааст, дар тазкираи Bозех «Лисонй» омадааст. Танхо аз мазмуни матн дар бораи як нафар будани онхо маълумот мегирем.

Фахмй дар мавриди «Домулло Мухаммади Бyxорй» навиштааст: «ал машхур ба домулло Хрчибой, номи аввалии эшон Домулло Хрчибой аст. Аз диёри Хучанд барои тахсили улуми зохирй ва ботинй ба фоxираи Бyxоро омада, ба факру фока ва риёзоти шокка тахсили улуми зохирй намуда, ба меърочи хакоик ва ирфон расида-аст, дар балогати гуфор ва дарёфти сyxан ва чавдати табъ хамдуши xyд надошт. Бино бар он подшохи маорифпанох Саид амир Х,айдар толибуллохи сирраху аз номи аввалй ба Мулломухаммадй ифттаор дода, аниси xилвати xос ва чалиси чилватта-тисоси xyд намуда, байнулакрон имтиёз ва ифтиxор дод ва чаноби саид амир Насруллох дар замони xyд дучандони валади бузургвори xyд унвон дода, аксари авкот козии

61

дорулиморати ^аршй гардонида буд. Ба таъртаи якхазору дусаду панчоху шаш баъд аз вафоти низомуссалтана маxдyмyлyламo Рахмонбердй маxдyм раис ба раёсати эхтисоби дoрyлxилoфати Бyxoрo кулохи мyфoxират ба авчи гардун месуд. Ба таъриxи якхазору ду саду шасту хашт гушагири махаллаи ризвон шуд. ^абри вай дар нихояти тарафи шаркии кабристони хазрати Хоча Исхоки Калободй аст» (6, с.76)

Чунонки гуфта шуд, Возех ин сyxанваррo бо номи «Лисонй» оварда менависад: «Лисонй - таxаллyси хакоикпанох, маорифдастгох, халлоли мушкилоти улуми арабия, кашшофи муъзилоти фунуни адабия, муфассири оёти каломи мулки улум, мухаддиси аходиси кудсии самот, хазрати xайрy-л-анoм, аъламу-л-уламо, домулло Мухаммади Хучандй, ки ба домулло Х,очибой машхур, сити фазоил ва камолоти он чаноб ба катору амсори олам рафта, ба касди тахсили куббату-л-исломи Бyxoрo омада, дар xидмати устозу-л-уламои ал изом, мулозу-л-фузалои-л- киром, хуччату-л-ислом саид Олимxoча oxyнди Кукалтош дарсхоро тамом намуда, ба аксои гояти фазлу камол расида. Ба иловаи он тарбият ва таквияти хазрати амири Сайид ва хазрати амири мархум манзум шуда, ба раёсати Бyxoрo ва мадориси мадрасахои бузург сарафрозй ва мубохй ва аз сабо то ишоъ ба тадриси талабаи улум машгул ва дар фунуни чузъия низ бисёр мохиру хозир. Дар халкаи дарс аксари ашъори муносиби макомро мexoнданд ва ин хакир низ нисбати тилмиз ба он чаноб рост карда, чанд гох дар хавзаи дарси эшон хозир мешуд ва шарафи сухбатро мугтанам мешумурд. Ва он бузургворро ба машки шеър низ чавз ва шавки тамом буда, хамагй матбуъ ва мавзун ва маснуъ ва xyшмазмyн» (3, с. 155).

Чунонки мебинем, маълумоти хар ду тазкира комилан мутафовит аз хамдигар аст. Гохе бо сабаби дигаргуна омадани асомии адибон дар тазкирахо дарёфти шаxсиятхo душворй пеш меорад. Масалан, Фахмй пас аз зикри исми «Х,азрати Хоча Мухаммад Исломи Ч,уборй» тамоми ачдоди уро номбар намуда, дар поёни макола навиштааст: «Вафоти эшон дар нухсаду хафтоду як, кабри эшон дар Симтани Чорбакар дар чавори мазори фоизуланвори имом Абубакри Саъд аст» (6, с.32).

Маълумоти тазкираи Возех дар бораи шайxи Ч,уйборй комилтар аст, аммо дар тазкираи y ин шоир бо исми « Эшон» омада, таxаллyси Мухаммадамитаоча Шайxy-л-исломи Ч,уборй будани он зикр ёфтааст. Возех интисоби эшонро хам аз чониби падарй ва хам аз чониби модарй батафсил меорад ва дар мавриди шаxсияташ низ маълумот медихад: «мушорилайх шаxсe буд сохибкарам ва мукаддаси кушодатабъу xандoнрyй, ба мутолиаи кутуб ва расоил пардoxта, аз ахволоти мозияи анбиё ва хукамо ва салотин ва уламо ва фузало бисёр мустахзару вокиф. Пайваста машъуфи сухбати ахли фазлу камол, хар шаб мeхмoнxoнахoи эшон аз содир ва вориди азёфи тавоиф мамлу ва аз толибилмону кориён ва ахли эхтиёч бисёр кас буданд, ки харсола вазифаи галла ва сару по доштанд ва он чанобро дар беруни шахр сахро ва нишемангоххо xyб буда ва дар айёми бахорон, ки аз xизoрати олам назорат ёфта ва аз таровати абри навбахорй гулзори xyдрo шустушу намуда, харруза аз ахли илм ва дониш савора ба сайри сахро мебаромаданд»(3, с.19). Дар тазкираи Фахмй намунаи ашъори шоир чой надорад, аммо Возех аз y чанд байт накл кардааст.

Ч,олиб он нукта аст, ки як намунаи байти ш^иомези Мухдммадамитаоча шай-xyлислoми Ч,уйбориро бо байти чавобияи писарxoлааш Сyлтoнxoн, Возех чунин накл мекунад:

То ба кай цавонбозй, дуxтаре бuxоy акнун,

Муциби азоб аст он, гуфтаи китоб аст ин.

Чдвоби Эшони Султотаон:

Аз висоли сад духтар уацри як цавон хуштар, Руй дар ницоб аст он, уусни бе^ицоб аст ин (3, с.19).

Х,амин ду байт дар тазкираи Фахмй низ чой дорад, аммо дар зикри «Х,азрати шайxyлислом Ахрорй», ки асли номаш Султотаочаи Орифй буда, дар ашъор «Адо» таxаллyс дорад, дар холе, ки дар тазкираи Bозех хини зикри Адо абёти дигар накл шудааст.

Дар тазкираи Фахмй намунахои шеър камтар аз тазкираи Bозех аст ва ба гайр аз мавриди зикршуда, дар ягон чои дигар такрор намешавад.

Нуктаи дигар низ афзуданист, ки дар тазкираи Фахмй пас аз зикри шуаро на хамеша намуна аз ашъори онхо оварда мешавад. Дар мачмуъ аз 26 нафар, ки номашон дар тазкира сабт аст, хамагй аз 11 нафар намунаи ашъор чой дорад ва он хам голибан аз шуарои салаф: Бедил, Х,офиз, Хоча Исматуллохи Бyxорй, Мухаммадхошими Кашмй, Ч,омй, Навой, Мухаммадшарифи Бyxорй, Суфиоллохёри Самаркандй, Машраби Намангонй, Имло ва аз кисмати дувуми тазкира танхо ашъори Султотаочаи Адо накл шудааст.

Чунин ба мушохида расид, ки мураттиби тазкира пеши xyд максад гузоштааст, ки соли вафот ва кабри салотин ва сyxанваронро хатман зикр кунад. Ч,олиб он аст, ки соли таваллуди танхо 3 нафар зикр шудааст, аммо соли вафоти 25 нафар ба истиснои амир Насруллох ба назар мерасад. Чунончи, дар мавриди аввалин касе, ки бо номи y тазкира огоз мешавад, яъне Мирзо Абдулкодири Бедил чунин навиштааст:

«Bафоти вай дар таъртаи 1146 аст. ^абри вай беруни дарвозаи шахри Дехлй дар рохи мазори файзосори хазрати Низомуддин авлиё аст» (6,с. 4).

Тарзи овардани маълумот оид ба вафоти уламову удабо ба хам монанд аст. Чунончи дар мавриди оxyнд Аълами Б^орй низ мебинем: «вафоти эшон ба таъртаи 1284 (1867-68) ва кабрашон дар чавори мазори фоизуланвори Оxyнд Мавлавй ^урраи Камол алайхи рахма дар курби дарвозаи мазор аст» (6, с.84).

Яке аз xyсyсиятхои дигари ин тазкира дар он зухур меёбад, ки мураттиб баъди зикри соли вафоти мутазаккирин дар аксари маворид моддаи таърта овардааст. Ба истиснои 4-5 макола дар тамоми маколоти дигар дар поёни маълумотномахо моддаи таъриx ба мушохида меояд, ки маъмулан бидуни зикри номи муаллиф буда, мураттиб бо ишорахои «фозиле гуфтааст», «яке аз фузалои замон ин таъртаро гуфта», «ва низ аз ин китъа зохир ва хувайдост» онро сабт кардааст. Маъмулан моддаи таърта дар шакли байт, китъа ё маснавй гуфта шуда, аз ду мисраъ то 6-8 мисраъро дар бар гирифтааст.

Дар як маврид моддаи таърта фавкулъода аст, зеро Бедил онро дар бораи xyд гуфтааст ва мураттиб ин холро чунин шарх медихад: «Bафоти вай дар таъртаи 1146 аст, ки илхоми гайбй бар дили вай реxта, бо ин ишора таъриxи фавти xyд карда:

Таъриx:

Бедил, зи дил талаб кард, таърихи фавти худро, Омад нидо, ки бурданд «нур аз чароги олам» (6, с.6).

Таркиби «нур аз чароги олам» ба хисоби абчад 1146 мешавад, ки вокеан ходисаи хайратангез аст, зеро муаллиф комилан сахех соли фавти xyдро пешгуй намудааст.

Ё xyд дар таъриxи вафоти Аълами Ясорй аз забони фозиле оварда: Чу шуд он олими илми ладунй, Ба сони меур аз олам нуууфта.

Хирад таърихи у аз руи афсус, Бигуфто, «офтоби дин гирифта»(6, с.54). «Офтоби дин гирифта» баробар ба 1225 аст, ки ишора ба соли вафоти уст. Дигар нуктае, ки дар ин тазкира мушохида шуд, чой доштани баъзе абёти туркй аст. Маълум мешавад, ки мураттиби тазкира ба забони туркй низ балад будааст, зеро хини овардани намунахо аз ашъори Султонхочаи Адо ду байт ба туркй накл кардааст.

Як нукта низ афзуданист, ки дар аксари маврид мураттиб унвони китобхоеро, ки мутазаккирин навиштаанд, меорад. Чунончи, асархои Ч,омй, Навой, Бедил ва дигарон номбар шудаанд.

Нуктаи дигар ин аст, ки дар кисмати дувуми тазкира муаллиф чо-чо аз ошноияш бо он нафароне, ки зикрашон меравад, хабар медихад. Масалан, чое хабар медихад, ки чахордах руз мехмони Мирзо Иноятуллоххочаи Бухорй буд ва падари эшон муриди чадди Фахмй будаву аз у «таълиму талкини зикру асрори тарикат» гирифта будааст. Ч,ои дигар дар зикри «Эшон Мухаммад Султонхоча охунд Аълами Бухорй» мефармояд, ки «дар ин рузхо вучуди зичуди эшон офоби магриб аст, багоят муаммару кухансол...»(6, с.80). Ин матолиби баргирифта аз зиндагии мураттиб бори дигар собит менамояд, ки тазкираи Фахмй руйбардори маводи сарчашмахои дигар набуда, таълифи худи уст.

Забони тазкира хеле фасеху фахмо ва орй аз суханбозихои зиёд аст.Мураттиб дар аксари маврид аз таркибхои пурпечутоб ва тавсифхои арабии нодир истихола намуда, гохе барои рангин шудани баёнаш хикоёти ширинеро аз зиндагии адибон ва уламо чой додааст.

Хулоса, маълум мешавад, ки Фахмй дар тазкираи худ маълумоти тоза овардааст, ки дар тазкирахои дигар ба назар намерасанд ва ин ки устод Айнй дар «Намунаи адабиёти точик» ду маколаи онро накл кардааст, аз арзиши ин тазкира дарак медихад.

Пайнавишт:

1. Абди, Абдуллохоца. Тазкират-уш-шуаро.Бо тасуеу ва муцаддимаи Асгари Цонфидо. - Душанбе, 1983.-304 с.

2. Айни, Садриддин. Намунаи адабиёти тоцик. - Душанбе: Адиб, 2010 -448 с.

3. Возеу, Кори Рауматуллоу. «Тууфату-л-аубоб фи тазкирати-л-асуоб».- Душанбе: Дониш, 1977.- 225 с.

4. Муутарам, Хоци Неъматуллоу. Тазкират-уш-шуаро. Бо тасуеу ва муцаддимаи Асгари Цонфидо. - Душанбе, 1975.- 369 с.

5. Садри Зиё, Шарифцон Махдум. Тазкори ашъор.- Теурон, 1380. - 428 с.

6. Тазкираи Фауми. Нусхаи дастнавис рацами № 952 дар захираи дастхатуои АИ Чумуурии Тоцикистон мауфуз аст.

7. Хадизаде Р. Источники к изучению таджикской литературы второй половины Х1Х века.- Сталинабад, 1956. - 140 с.

8. Ходизода Р. Адабиёти тоцик дар нимаи дувуми асри Х1Х. -Душанбе, 1968. -294 с.

9. Шаръи, Хоци Абдулазим. Тазкират-уш-шуаро. - Хуцанд, 2015. - 228 с.

Reference Literature:

1. Abdi, Abdullokhoja. Tazkirat-ush-Shuaro. (Poets' Tazkires) Corrected introduction by Asghari Djonfido. Dushanbe, 1983

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

2. Aini, Sadriddin. Tajik Literature Paragon. Dushanbe: Man-of-Letters, 2010

3. Vozeh, Kori Rahmatulloh. "Tuhfatu-l-Ahbob f Tazkira-ti-l-Ashob". - Dushanbe: Knowledge, 1977.

4. Mukhtaram, Khoji Negmatulloh. Tazkirat-ush-Shuaro. Corrected Introduction by Asghari Djonfido. - Dushanbe, 1975.

5. Sadri Ziyo, Sharifjohn Mahdum. Poetic Anthology. - Tehran, 1380 hijra (in Persian)

6. Fahmi 's Tazkiras. The Copy of Manuscript №952 Kept by Manuscript Department under the Auspices of TR Academy of Sciences.

7. Khadizade R. Originals for Studies of the Tajik Literature Referring to the second Half of the XlX-th Century. - Stalinabad, 1956 (In Russian)

8. Khadizade R. The Tajik Literature of the second Half of the XIX-th Century. - Dushanbe, 1968

9. Shari, Khoji Abdulazim. Tazkirat-ush-Shuaro. - Khujand, 2015

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.