Научная статья на тему 'Characteristics of mesnavi and exploration of Persian-Tajik traditions in regard to the creation of mesnavi in «Haft Osmon» («Seven heavens»)'

Characteristics of mesnavi and exploration of Persian-Tajik traditions in regard to the creation of mesnavi in «Haft Osmon» («Seven heavens») Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
141
27
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МЕСНЕВИ / ТАЗКИРЕ / "ХАФТ ОСМОН" МАВЛЯВИ АГА АХМАДАЛИ / "МАХЗАН-УЛ-АСРОР" / НИЗАМИ / MESNAVI / TAZKIRE / "HAFT OSMON" ("SEVEN HEAVENS") / MAULAWI AGHA AHMADАLI / "MAHZANUL-ASROR" BY NIZAMI / МАСНАВӣ / ТАЗКИРА / ‚ҲАФТ ОСМОН‛ / МАВЛАВӣ ОғО АҳМАДАЛӣ / ‚МАХЗАН-УЛ-АСРОР‛ / НИЗОМ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Таджибаев Ш. Г.

Статья посвящена рассмотрению описания и характеристики жанра месневи и исследованию персидско-таджикской традиции сочинения месневи в антологии «Хафт осмон» («Семь небес»), Мавляви Ага Ахмадали. Сообщается, что в этой антологии, написанной в XIX веке, содержатся сведения о 72 персидско-таджикских литераторах-авторах месневи и образцы их произведений, написанных в этом жанре. Отмечается, что Мавляна Ага Ахмадали при составлении разделов своего произведения, принимая во внимание семь размеров месневи, намеревался в каждом разделе, названном им «небом», привести сведения о литераторах, создавших месневи в одном из семи размерах этого жанра, однако внезапная смерть не дала ему возможности завершить более одного раздела (неба).Автор статьи на основе изучения материалов тазкире рассуждает о литературных и критических взглядах Мавляна Ага Ахмадали относительно термина «месневи», а также о поэтах-авторах месневи и анализе их произведений. Он приходит к выводу, что автор «Хафт осмон» в своем тазкире не только разъясняет и комментирует месневи, написанные в подражание«Махзан-ул-асрор» («Сокровищница тайн») Низами, но также круг его суждений охватывает и поэмы, созданные в размере этого месневи.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Характеристика месневи и исследование персидско-таджикской традиции создания месневи в «Хафт осмон»

The article is devoted to consideration of both depiction and characteristics of mesnavi genre and an exploration of Persian-Tajik tradition dealing with the creation of mesnavi in the anthology called «Haft Osmon» (Seven Heavens) by Maulawi, Agha Ahmadаli. It is presented that in the relevant anthology which written in the XIX-th century covers the information concerned with 72 Persian-Tajik men-of-lettersauthors of mesnavi and patterns of their literary productions done in this genre. It is underscored that Maulawi, Agha Ahmadаli in the course of sections of his literary work paying attention to seven metres of mesnavi, he named each section under the title of «heaven» and gave the information about men-of-letters created mesnavi in one of the seven sizes of this genre, however, sudden death didn`t afford him to finish more one section (heaven).Proceeding from the studied materials beset with tazkire the author judges the literary-critical outlooks of Maulawi, Agha Ahmadаli respectively to the term of «Mesnavi» and concerning poets-authors of mesnavi and the analysis dealing with their literary works as well. In a nutshell, he comes to the conclusion that the author of «Haft Osmon» («Seven Heavens») in his tazkire not only reveals and comments mesnavis written in imitation to Nizami`s «Maкhzan-ul-Asror» («Treasure of Mystery»), but the circle of his judgments composes the poems created in metres of this mesnavi.

Текст научной работы на тему «Characteristics of mesnavi and exploration of Persian-Tajik traditions in regard to the creation of mesnavi in «Haft Osmon» («Seven heavens»)»

10.01.03.АДАБИЁТИ МАРДУМИ КИШВАРХ,ОИ ХОРИ^Й 10.01.03.ЛИТЕРАТУРА НАРОДОВ СТРАН ЗАРУБЕЖЬЯ 10.01.03.LITERATURE OF THE PEOPLE OF THE COUNTRY

AND ABROAD

УДК 8Т1 Ш.Г .ТОЧ,ИБОЕВ

ББК 83, 3(0) 9Т

ТАЪРИФИ МАСНАВЙ ВА ТАВДЩИ МАСНАВИСАРОИИ ФОРСУ ТОЧИК ДАР "ХАФТ ОСМОН"

Дар таърихи адабиёти форсу точик тазкирахои зиёде арзи вучуд намудаанд, ки бо фаро гирифтани маълумоти фаровон оид ба зинда нигох доштани номи бисёр аз шуаро, шархи хол ва намунаи ашъори онхо на;ши мухим бозидаанд. Ин сарчашмаи мухдмму боарзиши адабй дар баробари ахамияташ дар баёни шархи хол ва накли намунаи осори манзуми шуаро, хамчун як маъхазу марчаи навд-уш-шеър ва назарияи адабиёт низ шинохта шудааст. Зеро муаллифони баъзе аз тазкирахои асримиёнагй назар ба шархи холу хавои суханварон оид ба хусну ;убхи шеър ва анвои он эътибори бештаре гуморидаанд. Ин холат хоса дар тазкирахое, ки дар шибхи ;ораи Хинд таълиф ёфтааанд, бештар зухур мекунад.

Пайдост, ки дар асрхои XYI - XIX дар хавзаи адабии Хинд тазкирахои зиёде руи кор омадаанд, ки хар кадоме аз онхо арзишу шоистагии хоси адабиро моликанд. Яке аз чунин тазкирахое, ки дар ин сарзамин нигошта шуда, аз нигохи мухтаво ва фарогири маводи адабй ;обили таваччух ба назар мерасад, «Х,афт осмон»-и Мавлави Ого Ахмадалй аст.

Дар бораи муаллифи ин тазкира - Ого Ахмадалй, ба чуз муцаддимаи шаруиуолии Хенри Блочман, ки дар нашри аввали "Х,афт осмон " омадааст, маълумоти кофие дар сойири сарчашмахо ба назар намерасад. Ба ин сабаб дар ин навишта лозим донистем, ки муруре кутох ба рузгору корномахои илмии Ого Ахмадалй дошта бошем. Аз руи гуфтаи шар;шиноси олмонй Х.Ф.Блочман(Blochmann Heinrich(Henry) Ferdinand), ки дар амри веросториву чопи «Х,афт осмон» уиммат гуморида, соли 1873 баъди ре^лати соуиби тазкира онро дар Калкутта ба табъ расонидааст, Ого Ахмадалй аз ашрофзодагони Хинд ва ашхоси наздик ба дарбори Нодиршох буда, соли 1838(1255 х.;.) дар Дакка ба дунё омадааст. Пеш аз исми асосии падар ва худи адиб омадани барчаспи "ого", ки он замон дар Хинд бештар ба ахли кибору аъён гузошта мешуд, дол бар он аст, ки Ахмадалй аз хамин табори бузургзодагони Хинд будааст. Ахмадалй аз хурдй ба омузиши забон ва адаби форсй маро; дошта, ба ин забон хатту савод баровард ва дар тахти таъсири адабиёти пурхикмату андарззои форсй тарбият ёфт. Дар тарбияти Ахмадалй хидмати падараш Ого Шучоат Алй хеле бузург аст, зеро падараш низ аз ахли саводу китоб будааст(2,П).

Соли 1862 Ого Ахмадалй мудири Мадрасаи Ахмадияи Калкутта, ки тоза таъсис ёфта буд, таъин мешавад ва то поёни умр рохбарии ин муассисаро ба душ дошт.Соли 1864 бо тавсияи профессор Ковелл(Cowell) ба пажухиши забон ва адабиёти форсй шуруъ менамояд(2,П). Хосили захматхои илмии Ого Ахмадалй чанд муаллафоти арзишманди уст, ки мутаассифона, то хануз дар илми адабиётшиносй ва лугатшиносй мавриди тах;и; ;арор нагирифтаанд.

Муаллифи "Хафт осмон" дар дифоъ аз лугати "Бурхони ;отеъ"-и Мухаммад Хусайн ибни Бурхон Халафи Табрезй(Хайдарободй) ва бар му;обили "Котеи Бурхон"-и Мирзо Асадуллои Fолиб бо номи "Муайяди Бурхон"(1866) ва бар алайхи асари дигари у "Шамшери тез" тахти унвони "Шамшери тезтар"(1868)-ро навишта, "Тарона"(1867) ном рисолаеро дар бораи рубой таълиф кардааст.Соли 1872 рисолаи илмии"Ишти;о;"-ро тасниф намуд.

Бидуни ин хама Ого Ахмадалй дар тахияву веросторй ва нашри мутуни осори бадей низ иштигол варзида, дар ин замина низ тавфи; ёфтааст. Ба шарофати саъйю эхтимом ва захматхои пайвастаи матншиносии ин донишманду адиби Хинд нусхаи муна;;ах ва мусаххахи "И;болномаи Чдхонгирй", "Мунтахаб-ут-таворих"-и Бадоунй, "Маосири Оламгирй", "Акбарнома"-и Абулфазли Алломй, "Вис ва Ромин"-и Фахриддини Гургонй ва "Искандарнома"-и Низомии Ганчавй ва кутуби дигар дар Калкутта мунташир гардиданд.

Ого Ахмадалй соли 1873 аз дорулфано ба дорулбадо куч бастааст, ки дар ин бора дуст ва хамкори у дар Анчумани мутолиоти осиёй (Aziatis Society), донишманди олмонй Х.Блочман 1-уми декабри 1873 дар мудаддимаи мухтасари хасбихолии "Хафт осмон" чунин менависад:

"Ого Ахмадалй дар Дакка санаи 6-уми рабеъуссонии 1290 (июни 1873) аз табларза вафот намуда, дустону шогирдони бешумори худро дар суги худ нишонд. У алодаи фавдуллода хосе ба забон ва адабиёти форсй дошта, хулуси худшиносй, зехни фарогир ва истеъдоди нодираш уро махбуби хамагон намуда буд. Шогирдонаш бехтарин устоди худро аз даст дода, Анчумани мутолиоти осиёй бошад, мухаддиду мухарири нотакрору сахтгир ва бебадалро барои хамеша бохт..."(2ДУ)

Хидматхои мондагори ин олими зиндаёди Хинд барои забон ва адабиёти мо шоистаи сипос ва дадрдонист. Мааттаассуф, корномахои илмиву адабии Ого Ахмадалй дар адабиётшиносии точик то хануз ношинохта мондаанд. Хадафи мо аз овардани ин мудаддимаи парешон муаррифии ин шахсияти камшинохта ва чалби бештари пажухишгарон дар бозшинохти ахволу осори уст.

"Хафт осмон"-и Мавлавй Ого Ахмадалй тазкираест, дар шархи холи маснависароёне, ки дар пайравии маснавии маъруфи "Махзан-ул-асрор"-и Низомии Ганчавй достон эчод намудаанд, таълиф шудааст. Дар пешсафхаи хам нусхаи форсй ва хам англисии тазкира таъкид мешавад, ки китоби мазкур вижаи маснависароён аст: "Китоби мустатоб дар тахдиди маснавй ва таърифи маснавигуёни фурс мусаммо ба "Хафт осмон" ё "The Haft Asman Or History Of The Masnawi Of The Persians".

Соли таълифи «Хафт осмон» 1869 милодй ё баробар ба 1285 уицрии цамарй буда, ин санаро муаллиф дар муцаддимаи асар худ ишора намудааст(1, 2).

Суоле ба зеун мерасад, ки чаро муаллифи асар исми тазкираи хешро «Хафт осмон» гузоштааст ва ин ном бо мундарицаву муутавои асар чй пайваанде дорад.Вацци тасмияи китобро муаллиф дар муцаддимаи асар ба ин зайл зикр намудааст: "... ва чун назди мущццицони фан авзони маснавй щфт мебошад ва ин рисола дар баёни он аст, инро "Хафт осмон " ном кардам ва бар авцу фарохи щфт осмон ва уфуци мартабат ва минналлощ ат тавфицу алащит туклону "(1, 2).

Аз ин ицтибос бармеояд, ки Мавлавй Ого Ахмадалй Ахмад тазкираи хешро бар баёни холу ахволи шоирони маснависаро ва осори дар ин замина сурудаи онхо ихтисос дода, дар тадвини бобхои асар авзони хафтгонаи маснавиро ба эътибор гирифтааст. У хостааст дар хар боби асар, ки онро осмон номидааст, дар бораи суханвароне, ки дар яке аз хафт авзони маснавй эчод намудаанд, маълумот дихад.Вале марги ногахонй ба у имкон надодааст, ки беш аз як боб(осмон)-и онро ба анчом расонад.Бинобар ин "Хафт осмон" танхо дар доираи як осмон(боб) анчом ёфтааст.

Дар ховаршиносии чахонй ва хам адабиётшиносии точикй доир ба ин тазкира таддидоти алохидаву шоистае анчом наёфтааст. Дар адабиётшиносии точик дар хусуси тазкираи Ого Ахмадалй ба чуз як мадолаи донишномавии устоди фадид профессор А.Афсахзод, ки дар "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик" (4) интишор ёфтааст, то хануз пажухише ба муомилоти илмй ворид нашудааст.

Сохтори тазкира чандон мураккаб нест. Он аз авч, ки хамзамон мудаддимаи тазкира ба хисоб меравад ва зикри ахволу осори маснависароён, ки тибди сабдати замонй(хронология) сурат гирифтааст, иборат аст.

Дар мудаддима ё авчи китоб Мавлавй Ого Ахмадалй дар бораи сол, замон ва вачхи таълифи тазкира сухан ба миён оварда, ба зикри таъриф, тахдид, авзони маснавй ва тархи маснавигуи пардохтааст. Баъдан бевосита ба зикри холу хавои маснавигуён ва осори онон машгул шудааст.

Осмони аввал аз зикри Одамушшуаро Рудакй ва хамасрони у - Абушакури Балхй, Дадидии Бухорой, шуруъ шуда, сипас рочеъ ба шоирони маснавигуи дигар, аз дабили Фирдавсй, Унсурй, Асадй, Низомии Ганчавй, Хусрави Дехлавй, Доии Шерозй, Котибии Нишопурй, Абуррахмони Ч,омй, Осафй ва дигарон маълумот медихад. Дар баробари зикри ахволу зиндагии шоирон муаллифи "Хафт осмон"диддати асосиро ба тахлили маснавихои онхо равона намуда, дар бораи 76 маснавие, ки дар ибдоъ аз "Махзан-ул-асрор"-и Низомй ба силки тахрир омадаанд, маълумот додааст. Бо таваччух ба он ки асомии баъзе маснавихо ё шуарои маснависаро танхо дар ин китоб махфуз мондаанд ва онхо метавонанд дар заминахои гуногун марчаъ ва маъхазе барои мухаддидон бошад, нигорандаи ин мадола лозим шумурд, ки фехрасти маснавихои мундарич дар "Хафт осмон" -ро тадвин кунад ва ба мадди назари хонандаи ин сафха гузорад:

Фе^расти маснавихои мундарич дар "Х,афт осмон"

1. "Махзан-ул-асрор"-и Низомии Ганчавй

2. "Матлаъ-ул-анвор"-и Амир Хусрави Дехлавй

3. "Кирон-ус-саъдайн"-и Амир Хусрави Дехлавй

4. Маснавии Чдлоли Фарохонй

5. "Равзат-ул-анвор"-и Хочуи Кирмонй

6. "Мунис-ул-аброр"-и Имод Фа;ехи Кирмонй

7. "Гулшани аброр"-и Мухаммади Котибй

8. "Со;инома"-и Масехо

9. "Тухфат-ул-ахрор"-и Абдуррахмони Ч,омй

10."Каъба"- и Ч,омй

11.Маснавии Осафии Хиравй

12."Манзар-ул-абсор"-и Козии Синчонй

13."Футух-ул-харамайн"-и Мухийи Лорй

14."Мазхари осор" ё "Мазхар-ул-асрор "-и Амир Хошимии Кирмонй

15."Гавхари шахвор"-и Абдии Чднободй

16."Машхади анвор"-и Fазолии Машхадй

17."Мирот-ул-сифот"-и Fазолии Машхадй

18."На;ши бадеъ"-и Fазолии Машхадй

19."Кудрати осор"-и Fазолии Машхадй

20."Манзири анзор"-и Рахоии Марвй

21. Маснавии Навидии Шерозй

22. Маснавии Навидии Шерозй

23."Машохид"-и Доии Шерозй

24. Маснавии Косими Кохй

25."Мехр ва вафо"-и Солим Мухаммадбек

26."Мазхар-ул-асрор"-и Хаким Абулфатхи Давой

27."Хулди барин"-и Мавлоно Вахшии Кирмонй

28."Мачмаъ-ул-бикр"-и Урфии Шерозй

29."Зубдат-ул-афкор"-и Некии Исфахонй

30."Маркази адвор"-и Шайх Файзии Фаёзй

31. Маснавии Зохид

32. Маснавии Мир Мухаммад Маъсумхони Номй

33. Маснавии Мавлоно Алии Ахмади Нишонй

34. "Тухфаи маймуна"-и Мухаммад Хасани Дехлавй

35.Маснавии Шонии Таклу

36."Манбаъ-ул-анхор"-и Молики Кумй

37."3убдат-ул-ашъор"-и Косимии Гунободй

38."Давлати бедор"-и Мулло Шайдо

39. Маснавии Шайх Бахоуддин Омили Бахой

40."Хусни гулсуз"-и Зилолии Хонсорй

41. Маснавии Бо;ир Кошии Хирад

42. Маснавии Хочии Мухаммадчони Машхадй

43. Маснавии Салими Мухаммад;улй

44. Маснавии Хаким Хози;и Гелонй

45."Ноз ва ниёз"-и Начотии Гелонй

46. Маснавии Илохии Саъдободй

47. Маснавии Иброхим Адхами Сафавй

48. Маснавии Fофили Мухаммадта;й

49. Маснавии Фидоии Мухаммадбек

50. Маснавии Мавлоно Сабзаворй

51."Мазхар-ул-анвор-и Хошимии Бухорой

52. Маснавии Сафо Мухаммад Бо;ири Нойинй

53.Маснавии Мулло Субхии Байрамбек

54. Маснавии Мулло Мухаммад Шариф

55. Маснавии Мулло Файиз Мирзо Алоуддин Мухаммад

56. Маснавии Тохири Вохид

57.Маснавии Волехи Кумй

58.Маснавии Хусайн Волаи Хиравй

59. Маснавии Санчар Кошии Мирмухаммад Хошим

60.Маснавии Мирзо Фасехии Хиравй

61."Матлаъ-ул-анвор"-и Мир Бодири Домод мутахаллис ба Ишрод

62. Маснавии Мирзо Ч,алол Асири Шахристонии Исфахонй

63.Маснавии Миряхёи Кошй

64. Маснавии Ашрафи Можандаронй

65. Маснавии Хифоз

66. Маснавии Абушуайб

67. Маснавии Содиди Тафрешй

68. Маснавии Лоид Мирмухаммади Мурод

69."Матмаъи анзор"-и Шайх Мухаммадалии Хазини Исфахонй

70. Маснавии Хаким Мирзо Хабибуллох

71."Дард ва дог"-и Асадуллохони Fолиб

72. "Ранг ва буй"-и Асадуллохони Fолиб

73. "Як варад"-и Асадуллохони Fолиб

74. "Точи сухан"-и Мавлавй Мухаммад Абдурауф мутахаллис ба Вохид

75."Машрид-ул-анвор"-и Мавлавй Абдурахим Кавракхапури Таманно мутахалис ба Орифи Оми Дахрй

76."Чораи бемор"-и Абулимом Абдулхалим мутахаллис ба Осим

Аммо на хама маснавихои дар боло оварда, чавобияхои "Махзан-ул-асрор"- и Низомй ба хисоб мераванд, балки сохиби тазкира достонхоеро низ овардааст, ки дар вазни ин маснавй -сареи мусаддаси матвии мавдуф суруда шудаанд. Аз ин чо муаррифии аксари маснавихо бо таркиби "бар ин вазн аст" огоз меёбад. Чунон ки дар фехрасти болой мебинем, сохиби "Хафт осмон" гохе хатто асомии маснавихоро наоварда бо овардани "бар ин вазн аст маснавии"- фалон суханвар иктифо намуда, аз он маснавй намунахо овардааст. Аз он чое, ки маъхази "Хафт осмон" дар бештари маворид тазкираву рисолот ва ё кутуби илми арузу дофияву бадеъ аст, бинобар адами исми маснавихо дар ин сарчашмахо Ого Мухаммад Алй низ лочарам дар овардани номи ин асархо дасткутох мондааст. Вале муаллифи тазкира гохе ба суроги баъзе аз маснавихо рафта, онро дарёфта мустадиман аз нусхаи асл намунахо овардааст. Чунончй ,дар мавриди маснавии "Мазхари осор"- и Хошими Кирмонй ибрози назар намуда менигорад, ки "родими хуруф он маснавиро дида ва алхадд, файзхо бурдааст" (1, 91). Ин дабил дайдхои Ого Мухаммад Алй харчанд ба нудрат ба мушохида мерасанд, вале хамин чанд маврид хам гувохй медиханд, ки муаллифи тазкира на танхо ба давли дигарон такя намудааст, балки худ низ дар тахдиди маснавй ибтикоре намудааст.

Оид ба сабаби таълифи китоб муаллифи "Хафт осмон" менигорад, ки баъди чоп шудани дисми аввали "Искандарнома"-и Низомй тавассути Анчумани мутолиоти осиёии Калкатта, достони мазкур дар ин диёр иштихори бештаре касб намуд. Дар соли 1869 Анчумани мутолиоти осиёй аз Ого Ахмадалй хохиш менамояд, ки дисми дуюми ин маснавиро тасхех ва ба зевари табъ ороста намояд. Хамчунин аз тарафи ин муассиса тадозо мешавад, ки тарчумаи холи мусаннифи "Искандарнома", таърифи жанри маснавй, аз кай эчод гардиданаш, нахустин маснависароён, авзони маснавй, кайфияти "Панч ганч"-и Низомй ва чавобияхои он низ мардум ва матбуъ шавад (1,1). Ого Ахмад Алиро лозим омад, ки дар ичрои ин дархости дустон ва хамкорон манобеи зиёдеро ба мутолиа гирад.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Ин мухаддид нахуст ба сарчашмаи тирози аввали таърихи адабиёт - тазкирахо ру оварда, чуноне ки худ дайд мекунад тазокири мутааддидеро омухтааст. Дар баробари ин ба китоби зиёди арузу дофияву бадеъ ва манобеи дигар ручуъ намуда, хар он нуктае, ки ба мавзуи матлуб тааллуд дошт, истинбот ва илтидот намуд. Дар натичаи ин чустучу маводи фаровоне зери даст омад, ки хохиши иншои тазкираи маснависароён дар Ого Ахмадалй пайдо гашт. Бад ин вачх тасмим гирифт, ки чунин як тазкираеро ба маърази мутоила гузорад, зеро у хамчунин тачрибаеро паси сар намуда рисолаи "Тарона" (вижаи рубой ва шуарои рубоисаро)-ро ба майдон оварда буд ва боварй дошт, ки чунин як китоб муфид хохад буд ва аз ин ру мегуяд, ки "умедворй аз карами Борй, он ки ин нусхаро низ хамчун рисолаи "Тарона"-ам пирояи дабул ёбад ва ба назари инсоф малхуз гардад" (1, 2).

Дар мудаддима(авч)-и китоб хулосаву мулохизахои муаллиф дар бораи маънии лугавию истилохии маснавй, собидаи маснавигуй дар адабиёти форсй-точикй ва авзони он баён шудаанд.

Дар фасли "Тах;и;и маснавй ва таърифи он", ки дар му;аддимаи китоб омадааст, муаллифи тазкира ба баёни нуктахои чолибе дар мавриди мафхуми маснавй пардохтааст. Чун ин тазкира вижаи маснавй ва маснависарой аст, Мавлоно Ого Ахмадалй хеле ботаанй ин масъаларо маъруз доштааст. Аз чумла, аз хусуси маънй ва мафхуми ин истилох овардааст: "Маснавй мансуб ба мусанно(ба фатхи "мим "ва сукуни "со"-и мусалласа ва фатхи "нун" ва "алиф"-и ма;сура) исмест маъдул аз иснайни иснайни ба маънии ду-ду...

Чун дар хар байти маснавй ду ;офия мебошад, онро маснавй ном кардаанд.Мавлоно Косими Кохй дар рисолаи "Кофия" навишта, ки шуаро гуфтаанд дар газал радиф зебост ва дар маснавй акси он"(1,3).

Нуктаи чолиб дар му;аддимаи тазкира он аст, ки муаллиф дар бораи истилохи "маснавй" ва мухтареи он бахси чолиберо ба миён гузоштааст. Масъала ин аст, ки хануз дар байни адабиётшиносон оид ба хостгохи маснавй бахс идома дорад. Иддае бар онанд, ки маснавй аз мухтареоти шоирони Ачам аст ва гурухе дигар ба асли арабй доштани ин навъи шеърй пофишорй менамоянд. Мавлоно Ого Ахмадалй дар ин маврид ба гурухи аввали донишмандон шомил шуда, собит менамояд, ки "маснавй хамчу рубой ва газал аз мухтареоти Ачам аст ва пешиниёни араб аз эшон фаро гирифтаву муздавача ном карда. Камо ;ола сохибу "ал-Мизон ал вофй": Ва лам такун лил мутацаддимун минал араб ило алцитъаоту вал цасоиду вал мутаахируна ахазу соира анвоъ алабёти мин алацами каррубоии алмуштауири биддубайти вал муздавицати ал маъруфати бил маснави"(1,4 ).

Тарчума: "арабхои пешин ба чуз ;итъаву ;асидахо чизе надоштанд, пасоянди эшон соири анвои ашъор, мисли рубой, ки бо дубайтй машхур аст ва муздавачае, ки бо маснавй маъруф аст, аз ачам гирифтаанд"(тарчума аз мост. - Ш.Т.).

Чунон ки мулохиза мешавад, Мавлоно Ого Ахмадалй барои далели матлаби пешгузоштаи худ аз манобеи арабй фоида бурда, бори дигар таъкид менамояд, ки назарияпардозони араб худ ;оил бар онанд, ки маснавй аз мухтараоти ачам буда, ин шакли шеърии хоси адабиёти форсу точик аст.

Зикри ин нукта низ дархури таваччух аст, ки муаллифи "Хафт осмон" таърифи жанри маснавиро низ аз сарчашмаи арабй бозчуста менависад: "Вал маснавию индал ачами абётун муттафо;атул вазни куллу мисроъин минхо ювофи;у алмисроъа ал хира алмухозия фил ;офияти

"(1, 4).

Тарчума: "Маснавй дар назди ачам ашъорест, ки вазнхои мувофи; доранд ва хар мисраи он ба мисраи дигар, ки дар ;офия баробар аст, мувофи;ат менамояд" (тарчума аз мост. - Ш.Т.).

Дар идомаи ин фикр муаллифи тазкира шархи лугавию истилохии "маснавй"- ро аз "Бадоеъ-ул-афкор"-и Хусайн Воизи Кошифй сурог намуда, ба ин васила тавзехоти бештареро низ дар мавриди мавзуоти мехварии маснавй ра;ам задааст: "... маснавй дар лугат чизеро гуянд, ки мансуб бошад ба мусанно, яъне ду-ду ва дар истилох шеъре бошад, ки хар мисроъ аз у мусталзими ;офия бувад. Пас хар байтро ду ;офия лозим бувад ва инро муздавач низ гуфтаанд. Ва маънии издивоч чуфт гардонидан аст, яъне шоир дар як байт ду ;офия чамъ кардааст.

Ва Мулло Хусайн Воизи Кошифй изофа намуда, ки ин навъи шеър дар ;асасу ахбору хикоёт ва таворих истеъмол кунанд, аз ин чихат ки назми ва;оеъ ва мутаввалоти ахвол бар як ;офия аз ;абили мустахилот аст чун "Шохнома" ва амсоли он"(1, 4).

Мавлоно Ого Ахмад Алй дар мавриди авзони маснавй низ изхори назар намуда, таъкид менамояд, ки "дар назди чумхур маснавиро хафт вазн аст"(1, 5) ва ин вазнхоро бо такя ба рисолаи "Мизон-ал-вофй"номбар менамояд, аммо ба андешаи у аз ин авзони хафтгона на хама серистеъмол ва хуштанину зехннишинанд. У истифодаи авзони рамал, мута;ориб, хазач ва сареъро дар маснавй меписандад. Муаллифи "Хафт осмон" оид ба тархи маснавигуй дар адабиёти форсу точик тава;;уф намуда, бар он натича мерасад, ки "дар ахди ислом нахустин тархи маснавй хам аз Одамушшуаро Рудакй буд"(1,6). Ба андешаи у устод Рудакй аз а;соми шеър ;асоид ва маснавиро неку гуфтааст. Барои та;вияти ин фикри хеш Ого Ахмадалй ба "Анвори Сухайлй"-и Хусайн Воизи Кошифй ва "Тазкират-уш-шуаро"-и Давлатшохи Самар;андй ирчоъ додааст. Харчанд ин андешаи Мавлоно Ого Ахмадалй аз диди имруз чизи тозае нест, аммо ба ин андешаронй аз ну;таи назари замони муаллиф(асри Х1Х) чашмандозй шавад, нек хохем дарёфт, ки сохиби "Хафт осмон" дар хамон замону мухит мутоилоти фаровоне дошта, хулосахои дуруст баровардааст. Аз ин баррасии кутох метавон натича бардошт, ки тазкираи "Хафт осмон" сарчашмаи мухими таърихи адабиёт ба хисоб рафта, дар заминаи кутуби зиёди марчаъй ба майдон омадааст ва дар шинохти маснавй ва шуарои маснависарои форсу точик аз ахамият холй нест. Дар тазкира раванди тахаввул ва ба тамомияти фаннй расидани маснавй дар мисоли

бехтарин намунахои он мавриди тахлил ва бозбинй дарор гирифтааст.Сохиби тазкира андешахояшро дар аксар вадт бо идтибосу ирчоъ ба маохиз ва манобеи илмй мустанад гардонидааст, ки ин ахамияти кори уро ба маротиб афзудааст.

Аз тарафи дигар, Мавлоно Ого Ахмадалй бо таълифи "Хафт осмон" шеваи чадиди тазкиранигорй -баёни таъриф ва тахдиди маснавй ва маснависароиро ба миён оварда, намунаи зиёди ашъори дугона ва асомии сарояндагони онхоро аз манобеи гуногун чамъоварй намуда, ба муомилоти илмй ворид намуд, ки баъзе аз онхо то замони мо нарасидаанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Ахмадалй, Ахмад Дафт осмон/Ахмадалй Ахмад.-Техрон: Асадй, 1965.- 174 с.

2. Мавлавй, Ого Ахмадалй Ахмад. Хафт осмон.Бо эхтимом ва пешбаёни хасбихолии муаллиф аз Х.Ф.Блочман/Ого Ахмадалй Ахмад Мавлавй.- Калкутта:Баптист Миссион Пресс 1873.- 187 с.

3. Надавй, Сайидалй Ризо.Тарихи тазкиранависии форсй дар Хинду Покистон/ Сайид Алй Ризо Надавй.- Техрон: Илмй, 1967.- 819 с.

4. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик. Дар се чилд.- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Точик, 2004.- 518с.- 3ч.

5. Mavlavi, Agha Ahmad Ali. The Haft Asman Or History Of The Masnawi Of The Persians/Maulawi Agha Ahmad Ali.-L., Gorgias Press LLC, 2010.- 186 p.

6. https://archive.org/details/HaftAsman-MaulaviAghaAhmadAliFarsi- охирин бознигарй 13.04.17

7. https://ia601800.us.archive.org/1/items/TazkiraEUlamaEHind-RahmanAliFarsi/227558627-Tazkira-e-Ulama-e-Hind-Rahman-Ali-Farsi.pdf

8. https://www.gorgiaspress.com/the-haft-asman-or-history-of-the-masnawi-of-the-persians- охирин бознигарй 10.04.17

REFERENCES:

1. Ahmad, АН, Ahmad. Haft Asman(Seven heavens)/ Ahmad АН Ahmad.-Tehran,1965.-174p.

2. Maulawi, Agha Ahmadаli Ahmad. Haft Asman(Seven heavens)A Biographical Notice Of The Author by H.F.Blochmann / Agha Ahmadаli Ahmad Maulawi. - Calcutta:Baptist -Mission Press,1873.- 187/IV p.

3. Nagavi, Saidаli Riza.The history of Persian tazkira in India and Pakistan/ Saidаli Riza Nagavi.-Tehran: Ilmi, 1967.-819p.

4. Encyclopedia of Literature and Art. In three volumes. - Dushanbe: Chief scientific editorial-board of the Tajik National Encyclopedia, 2004. -518 p.- 3v.

5. Maulawi, Agha Ahmad Ali. The Haft Asman Or History Of The Masnawi Of The Persians/ Maulawi Agha Ahmad Ali.-L., Gorgias Press LLC, 2010.- 186 p.

6. https://archive.org/details/HaftAsman-MaulaviAghaAhmadAliFarsi- Last view:13.04.17

7. https://ia601800.us.archive.org/1/items/TazkiraEUlamaEHind-RahmanAliFarsi/227558627-Tazkira-e-Ulama-e-Hind-Rahman-Ali-Farsi.pdf

8. https://www.gorgiaspress.com/the-haft-asman-or-history-of-the-masnawi-of-the-persians- Last view :10.04.17

Таърифи маснавй ва тахцици маснависароии форсу тоцик дар "Х,афт осмон"

Вожа^ои калиди: маснавй, тазкира, "Х,афт осмон", Мавлавй Ого Ахмадалй, "Махзан-ул-асрор", Низомй

Мацола ба баррасии таърифи маснавй ва таццици маснависароии форсу тоцик дар тазкираи "Х,афт осмон "-и Мавлавй Ого Ахмадалй ихтисос ёфтааст.Тазаккур меравад, ки ин тазкира дар садаи нуздацум таълиф ёфта, оид ба 72 нафар суханвари маснавинависи тоцику форс ва намунаи осори муздавацаи онцо иттилоъ медщад. Цайд шудааст, ки Мавлавй Ого Ахмадалй дар тадвини бобцои асар авзони цафтгонаи маснавиро ба эътибор гирифта, хостааст дар цар боби асар, ки онро осмон номидааст, дар бораи суханвароне, ки дар яке аз цафт авзони маснавй эцод намудаанд, маълумот дицад, аммо марги ногацонй ба у имкон надодааст, ки беш аз як боб(осмон)-и онро ба анцом расонад.

Муаллифи мацола дар асоси маводи тазкира доир ба афкори адабиётшиносиву интицодии Мавлавй Ого Ацмадалй марбут ба истилоци "маснавй", шоирони маснависаро ва тацлили маснавицои ощо бацс намудааст. Хулоса мешавад, муаллифи "Х,афт осмон" дар тазкираи хеш на фацат ба шарцу баёни маснавщое, ки дар цавобияи "Махзан-ул-асрор"-и Низомй нигошта шудаанд, машгул шудааст, балки фаротар аз он достонцоеро ба доираи бацс кашида, ки дар вазни ин маснавй суруда шуда буданд.

Характеристика месневи и исследование персидско-таджикской традиции создания месневи в «Хафт осмон»

Ключевые слова: месневи, тазкире, «Хафт осмон» Мавляви Ага Ахмадали, «Махзан-ул-асрор», Низами

Статья посвящена рассмотрению описания и характеристики жанра месневи и исследованию персидско-таджикской традиции сочинения месневи в антологии «Хафт осмон» («Семь небес»), Мавляви Ага Ахмадали. Сообщается, что в этой антологии, написанной в XIX веке, содержатся сведения о 72 персидско-таджикских литераторах-авторах месневи и образцы их произведений, написанных в этом жанре. Отмечается, что Мавляна Ага Ахмадали при составлении разделов своего произведения, принимая во внимание семь размеров месневи, намеревался в каждом разделе, названном им «небом», привести сведения о литераторах, создавших месневи в одном из семи размерах этого жанра, однако внезапная смерть не дала ему возможности завершить более одного раздела (неба).

Автор статьи на основе изучения материалов тазкире рассуждает о литературных и критических взглядах Мавляна Ага Ахмадали относительно термина «месневи», а также о поэтах-авторах месневи и анализе их произведений. Он приходит к выводу, что автор «Хафт осмон» в своем тазкире не только разъясняет и комментирует месневи, написанные в подражание «Махзан-ул-асрор» («Сокровищница тайн») Низами, но также круг его суждений охватывает и поэмы, созданные в размере этого месневи.

Characteristics of Mesnavi and Exploration of Persian-Tajik Traditions in Regard to the Creation of Mesnavi in «Haft Osmon» («Seven Heavens»)

Key words: mesnavi, tazkire, «Haft Osmon» («Seven Heavens»), Maulawi Agha АНтайаЫ, «Mahzan-ul-Asror» by Nizami

The article is devoted to consideration of both depiction and characteristics of mesnavi genre and an exploration of Persian-Tajik tradition dealing with the creation of mesnavi in the anthology called «Haft Osmon» (Seven Heavens) by Maulawi, Agha Ahmadаli. It is presented that in the relevant anthology which written in the XIX-th century covers the information concerned with 72 Persian-Tajik men-of-letters-authors of mesnavi and patterns of their literary productions done in this genre. It is underscored that Maulawi, Agha Ahmadаli in the course of sections of his literary work paying attention to seven metres of mesnavi, he named each section under the title of «heaven» and gave the information about men-of-letters created mesnavi in one of the seven sizes of this genre, however, sudden death didnt afford him to finish more one section (heaven).

Proceeding from the studied materials beset with tazkire the author judges the literary-critical outlooks of Maulawi, Agha Ahmadаli respectively to the term of «Mesnavi» and concerning poets-authors of mesnavi and the analysis dealing with their literary works as well. In a nutshell, he comes to the conclusion that the author of «Haft Osmon» («Seven Heavens») in his tazkire not only reveals and comments mesnavis written in imitation to NizamVs «Maкhzan-ul-Asror» («Treasure of Mystery»), but the circle of his judgments composes the poems created in metres of this mesnavi.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Тоцибоев Шарифцон Гайбуллоевич, номзади илмуои филологи, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоцики Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E - mail: [email protected]

Сведения об авторе:

Таджибоев Шарифджон Гайбуллоевич, кандидат филологических наук, доцент кафедры таджикской классический литературы Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: [email protected]

Information about the author:

Tojiboev Sharifjon Gaibulloevich, Сandidate of Philological Sciences, Associate Professor of the Department of Tajik Classic Literature under Khujand State University named after academician B.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.