СА^МИ НАСИРУДДИН ТУСИ ВА РАСАДХОНАИ МАРОЕА ДАР РИВОЧИ ИЛМИ ^А^ОНИ
Х,абибулло МАЦСАДОВ,
корманди илмии Институти таърих,бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи илмхои Ч,умхурии Точикистон 734025.Ч,умхурии Точикистон, ш.Душанбе,хиёбони Рудакй- 33; тел :2213742; Е-mail:м[email protected].
Дар ма^ола сахми Насируддини Тусй ва мактаби илмии у дар илми чахонй, алалхусус дастовардхои у дар бахши илми нучум ва олоти ситорашиносй сухан меравад. Нишон дода шудааст, ки Тусй яке аз саромадони илми бунёдии чахон аст.
Калидвожах;о: Тусй, астрономия, расадхона, Марога, зиц.
Пас аз пошхурии империяи Рум ва пахншавии дини хиристианй илм дар Аврупо хомуш ва чои худро ба бовархо додДариб хазор сол Аврупо дар торикии асримиёнагй монд.Вале дар хамин вакт буд, ки илм дар Шарки мусулмонй равная ёфта ба куллахои баланд расид.Махсусан илмхои табиатшиносй ривочи махсус доштанд.Дар асрхои VIII-X ба забони арабй аксари осори мухими илмии юнониён тарчумаву баргардон шуданд, аз он чумла асари астрономии «Алмагест»(Мачасти)-ии Птолемей (90-168 с. п.а.м).
Дар ин давра олимони мамолики мусулмонй ба сохтани расадхонахои бузург шуруъ намуданд ва ба назорати чирмхои осмонй шуруъ намуданд. Бехуда нест, ки номи аксари ситорагон арабй аст: Алтоир, Алдеброн, Алкор ва гайрахо. Дар он замоне, ки Аврупоро таъкибу террори равшанфикрон ва олимон фаро гирифта буд,олимони мамолики мусулмонй, махсусон эронитабор сухан аз афлоку гардиши он, аз хандасаву риёзй ва физику шимй мезаданд.
Сахми олимони мусулмонй, алалхусус эронитаборро дар илми чахонй набояд нодида гирифт, кифоя аст номхои аксари ситорагоне, ки имруз астрономхо истифода мекунанд решаи арабй доранд.Инчунин, аксари истилохоти астрономй аз арабй, ки забони илмии мамолики исломй буд то имруз роич аст: зенит, азимут, алмукантаратхо , алидод ва гайрахо.
Илми астрономияи даврони Эхёи Аврупой таълимгирифта ва парвардаи олимони исломианд, ки албатта нигохдорандагон ва инкишофдихандагони илмхои гузаштагон (юнонй, суриёнй, эронй) буданд.
Дар таърихи илм аксаран асрхои VIII - XIV-ро давраи «исломии» илм меноманд.Дар ин давра илм, алалхусус илми астрономй дар Шарки Наздик, Осиёи Марказй ва Эрон хело пешрафт дошт. Барои инкишофи илм ба андешаи мо чунин шароитхо сабаб гардиданд. Якум ин забон , императорй ва чугрофиёии вохид. Дуюм сарпарастии уламо новобаста аз дину мазхаб.Сеюм тарчума,чамъоварй ва дастрасии улум. Чорум тартиби солшуморихои расмию мазхабй, ки дар вакти хисобу китоби онхо олимон аз чахорчуби он берун рафта, бисёре аз масоили математикию тригонометириро поягузорй намуданд (Хоразмй, Берунй, Хайём)
Асрхои IX -XV-ро дар таърихи илм шартан даврони «тиллой»-и тамаддуни форсу-точик низ меноманд, зеро дар ин даврон илму фарханг, санъату адабиёт ва дигар бахшхои аклонии инсоният ба куллахои баланди худ расида буд.
Илми нучум ва хайат, ки дар гузашта астрономия меномиданд, аслан заминаи хеле дуру дарози таърихй дорад. Ба кавле паямбари ориён -Зардушт ки худ хаким ва ситорашинос будааст ва баъзе уламои Юнони кадим ин илмро аз у омухтаанд ва дар ривочу равнаки ситорашиносй сахми худро гузоштаанд. Аз ин хотир, ин риштаи зехнии инсонй барои кавмхои эронй тахкурсии хеле мустахкам ва анъанавй дорад. Далели гуфтахо инчунин асари мухими Абурайхони Берунй «Осор-ул -бокия» мебошад, ки дар он аз ривочи илми нучум ва хдйат дар миёни мардумони эронй хеле барчаста нишон дода шудааст.
Чи хеле, ки дар боло зикр кардем, илми астрономия дар миёни мардуми форс-точик собикаи дуру дарози таърихй дошта, дар ривочи ин риштаи мухими тафаккури инсонй сахми босазои худро гузоштаанд ва пахлухои гуногуни сохаи астрономияро баррасй ва ривочу равная додаанд. Он кадар бузургон дар асрхои IX -XV ба ин илм сарукор доштаанд, ки номи худи онхо чандин сахифахоро пур мекунад. Махз пас аз он, ки мактаби илмии Багдод «Академияи Маъмун», ки дар он чо хам фарзандони бузурги миллати мо аз кабили Форобй, Марвазй, Хоразмй ,Фаргонй ва дигарон буданд, барпо гардид, мактабхои илмй дар шахрхои Осиёи Миёна ва Эрон аз кабили Нишопур, Рай, Исфахон, Марв, Бухоро, Самарканд, Хирот, Марога бино гардид ва инкишоф ёфт. Ин мактабхо хусусан дар даврони бузургтарин сулолаи эронй Сомониён ба авчи аълои худ расид, зеро махз дар замони давлатдории Сомониён илму маърифат ба куллахои баланди худ расида буд ва нобигагони бузурги миллати мо парвардаи хамин давра мебошанд. Танхо дар риштахои илмхои табиатшиносй агар нигох кунем, ба номхои чунин нобигагон бармехурем, ки ифтихори мо ва башаранд: Закариёи Розй, Абунасри Форобй, Абурайхони Берунй, Шайхурраис Абуалй ибни Сино. Ин нафарон дар риштахои гуногуни илм таълифот кардаанд, аз он чумла дар риштаи илми нучум ва хайат. Баъдан дар асри XV Хайёми Нишопурй, дар асри XII Насируддини Тусй, дар асри XIV мактаби илмии Самарканд. Хдмаи ин далели он аст, ки дар тули ин карнхо ин сохаи илм боз хам ривочу равнак ёфта, аз дастовардхои илми чахонй бархурдор шуда худ такони бузурге ба илми чахонй додааст.
Дар таърихи илм он фикр роич аст, ки илмшо наклию аклй мешаванд. Ин аз руи радбандии классикии гузаштаи мо бармеояд. Ба илмшои аклй факат олимони эронй сарукор доштанд ва илмшои наклиро илми арабй гуянд, бо вучуди оне, ки абармардони эронй дар хар ду бахши ин илмхо дастболо будаанд.
Дар тамаддуни асримиёнагии форсу точик дар баробари назму насри волои форсу точик, тамоми ришташои улуми табиатшиносй, аз он чумла нучум, риёзй, шандаса, чугрофия, физика ва кимиё, тиб ва фалсафа, маъданшиносй ва чонваршиносй ва гайра низ дар авчи тараккиёт буд.
Халке, ки ба олами шеъру адаб ба мисли Рудакй, Фирдавсй, Мавлавй, Носири Хусрав, Хайём, Низомй, Хусрави Дешлавй, Саъдй, йофиз, Камол, Абдурашмони Ч,омй, Восифй ва дигару дигар бузургони адабро ба чашон додааст, албатта, дар сошаи илм низ чунин абармардонро медихад.
Асри XIII дар таърихи илм бо номи расадхонаи Марога ва асосгузор ва бунёдкунандаи он олими бузурги энсиклопедист Хоча Насируддини Тусй (1201-1274) зич алокаманд аст. Ба вижа дар хамин хавзаи илмй бо рохбарии ин нобигаи давру замонхо Хоча Насируддини Тусй пойдевори илми асримиёнагии халки точик боз хам ривочу равнак ёфт ва барои ояндагон пуле гардид. Махз Насируддини Тусй ва мактаби илмии у анъанаи давраи Сомониёнро аз худ намуда, барои ояндагон як пуле сохтанд, ки собикаи онро мо дар давраи мактабхои баъдина, махсусан мактаби хавзаи илмии Самарканд бараъло хис менамоем.
Аз гуфтаи муаррихони таърихи илм бармеояд, ки мактаби барпокардаи Хоча Насируддини Тусй бо тамоми олоту дастовардхои хамонвактаи илмй мучаххаз будааст. Махсусан расадхонаи Марога, ки калонтарин расадхонаи то замони худ мебошад ба ин гуфтахо далел шуда метавонад. Он аз олоту абзорхои нучумиву мухандисй иборат буда, назири худро то он замон ва баъдан хам надоштааст [1]. Дар Академияи байналмилалии олимон зиёда аз 100 олимони гуногунмиллату гуногунмазхаб пахлуи хам бо рохбарии алломаи замон Хоча Насируддини Тусй таснифу таълиф менамуданд.
Дар ин хавзаи илмй бо рохбарии Хоча як гурух олимони забардаст аз кабили Алй ибни Умари Кдзвинй, Мувайиддини Урдй, Фахриддини Марогай, Мухийиддини Магрибй, Кутбуддини Шерозй, Асириддини Абхарй гирд омада буданд. Дар ин маркази илмй зиёда аз 10 намуд асбобхои дакиксанчи рамлу зич сохта шуд [2]. Барои бинои расадхонаи Марога
хони мугул Халокухон фармон дода буд, ки аз хазинаи подшох ва хазинаи мамолики тасарруфкардашуда хар маблагу гомеро, ки зарур аст дарег надоранд.
Бо таклифи Хоча Насируддини Тусй Халокухон як чумла уламои риёзидон ва нучуму хандасаро аз атрофи билоди муттарасуфа бихост, то Хочаро дастёр бошад. Аз он чумла Муъийиддини Арчиро ки дар илми хандаса ва олоти расад устод буд аз Димишк, Начмиддини Дабиронии Котибро ки дар хикмату мантик фозил буд аз Казвин ва Фахриддини Ахлотиро ки дар риштаи риёзй ва хандаса ягона буд аз Тифлис, Фахриддини Марогаиро, ки табиб ва дар улуми риёзй устод буд аз Мосул, Начмиддини Котиби Багдодиро ки дар ачзоъи улум - риёзй, хандаса ва илми расад махорат дошт аз Багдод бихост. Инчунин дар сохтани бинои расад ва олоти он уламои бузург аз кабили Кутбиддини Шерозй,Мухуйддини Магрибй, ки ягонаи замон буданд сахми худро гузоштаанд. Меъмории ин бинои мухташамро Бахриддини Ахмад бини Усмон Амини Марогай ба ухда дошт, ки сохтмони он дар соли 1259 мелодй, баробар бо 658 хичрй мебошад.
Соли 660 хичрй олотхои расадро ба итмом расониданд ва хар донишманд ба кори худ пардохт [1]. Барои сохтани як расади ситорагон ва кавли худи Хоча зиёда аз 30 сол лозим меояд. Вале бо фармони Халоку, ки мухлати онро 12 сол мукаррар карда буд, Хоча Насириддини Тусй бо хамрохии хамкасбон ва шогирдон дар мухлати мукарраршуда онро ба итмом расонид.
Метавон тасаввур намуд, ки хавзаи илмии Марога дар он замон чй кадар хам аз чихати хайати уламо, хам аз чихати маблаггузорй ва хам аз чихати шахсиятхои бузургу фарзона мухташам буд. Инро муаррихини таърихи илм ва мухаккикони чудогона низ зикр ва тасдик намудаанд. Олимони ин хавзаи илмй дастовардхои илмии то худро баррасию такмил дода худ ба дастовардхои нодир ноил шудаанд. Махсусан дар сохтани олоти расад ва нучум, ки собикаи худро надорад [1].
Дар ин хавзаи илмй бори аввал иттифок афтодааст, ки (дар хавзахои илмии мусулмонй) баробари уламои Шаркй - мусулмонй, уламо аз Чин низ дар тахияву танзими илми нучум баробари уламои расадхонаи Марога иштирок кунанд. Ин нафар бо номи Те-му-чи (Tou - M ^ tzeu ё Fao - mun - _)Г) машхур буд, Халокухон уро аз Карокурум (Хонбулог) бо худ ба Марога оварда буд. Ин олими чинй Хочаро барои тахияи моху солхои чинй кумак намудааст. Инро мо аз мукаддимаи «Зичи Элхонй» дида метавонем, ки моху солхои чинй дар он инъикоси худро ёфтааст.
Мухаммад бини Шокир дар китоби «Фавоит-ал- вафойит» овардааст: Шамсуддин аз Хасан бинни Ахмади рафики худ хикоят мекунад, ки вакте ман ба Марога мусофират кардам ва барои дидани расад ба он чо рафтам. Садриддин Алй писари Хоча Насируддини Тусй, ки чавон ва дар улуми нучум ва шеър табхар ва махорати босазо дошт, мутавалии расад буд. Ва дар махали расад бо Шамсуддин писари Муъуйиддин - ал - Арзй ва Шамсуддини Шервонй ва Шайх Камолуддин Илокй ва Хисомуддини Шомй мулокот кардам ва низ дар он чо олоти расад бисёрй дидам, ки аз он чумла халкахо чанде буд, ки панч доира аз мис сохта ва пардохта шуда буд. Яке доира нисфалнахор, ки бар замин марнуз ва мадорун буд ва дигар доира маъдалалнахор ва дигар доира мантакаъалбурч ва дигар доира арзй, доираи майл. Ва хамчунин доираи дигаре, ки онро доираи шамсия (доираи самтия) мегуфтанд. Ва ба воситаи у самти кавокибро тадвин кунанд. [1,10]
Аз ин маълум мешавад, ки чй кадар олотхо ва дар айни замон мукаммалу мучаххази дар хамони айём пешрафтаву дакики илмй - хандасй, расадиву нучумй дар хавзаи илмии Марога мавчуд буданд. Албатта бо надоштани донишхои амики риёзиву хандасй ва нучумиву меъмории мукаммал намешуд, ки ин кадар корхо ба сомон расанд.
Бо чуръат метавон гуфт, ки куллаи баланди илмии он замона (манзур асрхои XIII-XIV), бо ибораи дигар гуям офтоби нурбахшу, дурахшони илми назариявию амалии замони худ будан уламои Марога бо сардорию сарпарастии бунёдгузори худ Насируддини Тусй.
Расадхонаи Марога бо бехтарин васоили он замона мучаххаз буда, ки баъзе аз онхо эхтимол баъди забти Аламут ва Багдод аз тарафи Халокуи мугул ба Марога хамчун ганимат оварда шуда буданд, вале бо вучуди ин он дар Марога такмил ва истифода шудааст.
Муъуйиддини Арзй дар китобе, ки дар шархи олоти расади Марога навишта дар ин бора гуяд:... Муттакаддимин он чй олоти расадй сохта буданд ё махкам набуд ва ё зарофат надошт ва ё ба ъиллати савъи хайат сохтани он мушкил буд ва намешуд он чиро ки возеъ тасаввур карда аз кувва ба феъл оварда, лихозо аз аглаб онхо сарфи назар шуда буд ва мо аз олоти кадима ончиро комилтар ва бехтар ва некутар буд интихоб кардем ва баъзеи дигар хам, ки нокис буд такмил намудед ва бар онхо олот ва абзореро ки худ ихтироъ карда афзудем. [1]
Ба тавре, ки аз гуфтахои Арзй маълум мешавад олимони расадхонаи Марога чунин номгуи олоти расаду нучумро ихтироъ кардаанд:
1. Рубъ, ки пешиниён лабна мегуфтанд. Ин олот аз рубъи доира ва ъазодае ташкил ёфта ва бо он майли куллй ва баъоди кавокиб ва ъарз болдорро расад мекарданд ва бар сатхи девори шимолй ва чанубй насб шуда буд.
2. Зоталхалка - ин олот аз панч халка сохта шуда буд ба ин тартиб:
A) доиратанисфалнахор, ки ба замин насб шуда буд.
Б) доиарамаъдалнахор.
B) доираминтакаталбуруз.
Г) доираи ъарзй.
Д) доираи майл.
Ин олот аз чорто халкаи шашгонаи Батлимус ва халкаи Савони Искандаронй чомеътар будааст.
3. Зотолчибвалсамт, ки барои таъини иртифоъ дар куллияи чихоти мухталифок ба кор бурда мешуд.
4. Зотолчивобвалсахм, ки онхо барои чихоте ба сохта ва кор мерафт.
5. Зоталрабтин, ки ба чои зоталхалка истеъмол мешуд.
6. Зоталиствонтин.
7. Доираи шамсия (самтия), ки бо он самти кавокиб маълум мегардид. Илова бар ин олоте, ки аз Арзй накл шуд боз чанд олоти дигари рамлу зич дастулчамъ 10 намуд олот сохтаанд.
Аз чумла, ихтироъкунандаи олоти тавргит (Toduefum) - ро ба Насируддини Тусй нисбат медиханд [2]. Ин олот аз ду доираи мударрач буда, ки дар руи сахифоти мутасомат карор доштааст.
Аз гуфтахои муаррихин бармеояд, ки олимони хавзаи илмии Марога зиёда аз 10 намуд олотхои нодири рамлу зич ва умуман илми нучумро ихтироъ ва дар расадхонаи Марога насб ва истифода мекардаанд. Гуфтахои болой аз забони яке аз уламои варзидаи ин расадхона худ шавохиди рушанест барои исботи фикри мо ва далелхои зиёде аз навиштахои гузаштагон гувохй медихад, ки худи сохтмони бинои ин расадхонаи азим чй кадар тарху олоти хандасиро талаб мекард.
Ин чо ба маврид аст шавохидии як нафар мунначими хамин давра, ки худ бинои ин расадхонаро дидааст бо номи Хдсан бини Алии муначчими Шерозй ба тарики ичмол биёварем: Сурати иморати у мудаввар, даври у дутабака ва иморати мураками мустатил, ки дар миён давр аст ва даври иморат баландтар. Тули у ба кадри нисфи кутри доира рубъ аст панч газ шаръ баландтар, чй аз охири дарича, ки аз он чо шуоъи офтоб дар вакти нисфулнахор бар рабъ метобад то камии нисфи кутр рабъ аст бар болои даричае, ки сакфи иморат бошад. Тул ду табака мудаввар чахордах газ.
Табаки аввал хафт газ, табакаи дувум хафт газ, шаш сурох бар сакфи мураббаъ мустатил аст, яъне болои ин иморат .
Ва чун аз даргох ба андарун раванд тарзи он чахор газ ва ним аст. Ва аз харду тараф рабъ дар уст, дахлезе хаст як кас бигардад то охири иморат ва аз ду тараф мураббаъ нардбон сохтаанд то рост ба болои рабъ тавон рафт. Ва бубинад, ки шуъои офтоб дар кадом ачзоъ тобидааст, ки он иртифоъи офтоб бошад ва аз охир даричае, ки офтоб дар нисфулнахор аз он чо бар аз чояш рабъ метобад бисту се газ ва ним аст. Давраи зохир саду хаштоду шаш чироъ (ин аст) он чи дар китоби ин фан дида ва дар расади Марога дид [1,10].
Аз ин гуфтахо хулоса ин аст, ки ин иморати азим ва бо тархи олию мухандисию меъморй биношуда худ гувох бар он аст, ки чй тафаккуроти баланду илмй дар хамон давра пешрафта метавонист чунин як муъчизаро биофарад. Ин аввалин расадхонаи бохашаммату мучаххаз дар билоди исломй, бахусус дар Эрон ва Осиёи Марказй ба хисоб мерафт.
Расадхона дарои китобхонаи бузурге буд, ки онро аз билоди тасарруфшуда чамъоварй намудаанд. Ба кавли муаррихин он дорои зиёда аз 400 хазор нусха китоб будааст, ки дар таърих назир надорад. [2-3]
Пас аз тасаллути Темури Ланг ин мавзеъро хамаи боигарии расадхона ба ягмо бурда шуд. Дар ин расадхона осори дастачамъии «Зичи Элохонй» бо рохбарии Насируддини Тусй тартиб дода шуд, ки он баъд аз марги Хоча нотамом мондааст. Баъд аз даргузашти Хоча Насируддини Тусй кори уро шогирдон, алалхусус писараш Хоча Аслиддин бо хамрохии шогирди бузургаш Кутбуддини Шерозй давом доданд. Вале бо вучуди ин чадвалхо нотамом монданд. Баъд аз марги писари Халоку, Обокохон бинои азими расадхона ба тадрич ру ба харобй овард ва охиста- охиста аз миён рафт. Имруз осоре аз харобахои он дар шахри Марога (Эрон) бокй мондаасту халос. Аммо алангаи гузоштаи олимони Марога ба насли пасин идома ёфт. Ин расадхона ва дастовардхои илмии он барои илми баъдинаи хам Машрик ва хам Магриб такони бузурге расонидааст.
Чи тавре, ки дар боло зикр гардид баъд аз он ки Темури Ланг Марогаро тасарруф намуд, хамаи олоту асбоб ва китобхонаи бузургро бо фармони бевоситаи худи у ба Самарканд интикол доданд. Албатта олимони расадхонаи Самарканд олимони хаматарафа варзида буданд, вале мактаби Марога ва дастовардхои илмию назариявии онхо дар корхои онхо акси худро ёфт. Ба гайр аз дастовардхои моддй ин расадхона боз чанде аз олимони ин расадхона низ ба Самарканд бурда шуданд. Олимони хавзаи илмии Самарканд дар риштаи нучум ва риёзй кариб пурра давомдихандагони мактаби илмии Марога будаанд. Ин маънои онро надорад, ки онхо танхо корхои илмии онхоро такрор ё ташрех намудаанд, балки таъсир чунон будааст, ки онхо худ нобигахои ин фунун шинохта шудаанд. Дар ин замина ба кашфиётхои нодири илмй мушарраф гардидаанд. Аз он чумла, Алй Кушчии Самаркандй, Козизодаи Румй ва Еиёсуддини Кошонй мебошанд, ки дар таърихи илм чою манзалати баланде касб кардаанд. Ин олимони бузург бо сарпарастй ва дастгирии молиявии Улугбек расадхонаи бузурги Самаркандро бунёд гузоштанд, ки нури пурбаракати илмии он то имруз оламро мунаввар менамояд.
Олимони расадхонаи Самарканд махсусан аз дастовардхои илмй ва олоту тачхизоти бо сардории Хоча Насируддини Тусй дар Марога ба дастоварда фаровон истифода намудаанд. Онхо махсусан дар риштаи нучум ва риёзй, инчунин тарху олоти расадбандй дар зери таъсири Насируддини Тусй карор доштаанд. Мисоли онро мо дар хисобу китоби «Зичи Курагонй, ки кариб давоми такмилёфтаи бевоситаи «Зичи Элхонй» мебошанд дида метавонем. Инчунин дар хисобу китоби риёзй, махсусан аз осори бунёди Насируддини Тусй «Шакл-ул Китъа» хеле фаровон истифода бурдаанд. Хамаи ин нишондиханда он аст, ки мактаби Марога дар он замон чй арзиши баланде ва чй баракати пурборе доштааст. Бо ба даст овардани олоту абзори мукаммал олимони Марога ба кашфиётхои нодир мушарраф гардиданд.
Насируддини Тусй бори аввал дар таърихи илми риёзй ададхои мусбату манфиро дар асари худ «Шакл-ул-Китъа» пешниход кард, ки аврупоиён онро баъди 400 сол кашф карданд. У аввалин касест, ки назарияи курравии хамвории чортарафа ва секунчаи куравии кутбиро пешниход кардааст. [3,4]. Хизмати Тусй оид ба хатхои мусовй тригонометрияро ба илми мустакил табдил дод ва барои геометрияи гайриэвклидй замина фарохам овард. Сахми мавсуф дар илми нучум ва хайат (астрономия) хело боарзиш ва доманадор аст [5,6].
Асархои у «Зичи Элохонй», «Рисола дар илми хайат», «Бист боб дар маърифати устурлоб», «Рисолаи муъиния» ва шарху рисолахои дигар дар такомул ва пешрафти ин сохаи илм дар асршои миёна ва баъдй хело бузург ва назаррас аст. Тусй албатта, давомдихандаи назарияи геосентрикии олам, ки Батлимус (Потоломей асри II- мелодй)
асос гузошта буд, мебошад, вале баъзе конуниятхои онро такмил додааст. Махсусан назарияи гирифти Офтобу Мохтобро бо далелхои илмй исбот кардааст, ки ин ходисаи соф табиист. Дастовардхои олими бузург, шаклу андозахои Замин, хисобу китоби нуктаи эътидоли бахорй ва тирамохй, чен кардани кунчи моили эклиптика ва экватор барои илм тахкурсй ва шароити мусоид фарохам овардааст.
Онхо бори аввал дар таърихи илм чойгиршавии ситорагони собитро кашф намудаву харитаи ситорагони маълумро тартиб додаанд. Гирифти Мохтобу Офтобро аз диди нав шарху эзох намуданд. Махсусан дар мавриди шумораи сайёрагон ва таъсироти онхо ба коинот хело чолиб фикрронихо намудаанд. Олимони Марога ба воситаи ихтирооти олотхои мукаммали хандасию расадй дар илми чугрофй низ хеле дастовардхои мухим ба миён гузоштанд ва аз чумла шаклу андозахои Замин, хисобу китоби нуктаи эътидоли бахорй ва тирамохй, чен кардани кунчи моили эпликтика ва экватор барои илм тахкурсй ва шароити мусоид фарохам овардааст. Ин дастоварди илмии Тусиро Христофор Колумб барои кашфи кораи Амрико истифода кардааст. [7,8,4]. Олимони расадхонаи Марога бо рохбарии Насируддини Тусй модели заммии маркази коиноти Батлимусро (Потоломей -90-168 с. п.а.м),) - тасхех дода, ислоху такмил доданд, ки барои системаи гелиосентрии (офтобмаркази Сайёрагон) олими лахистонй Николай Коперник (1473-1543) замина шудааст [10].
Асри XIII бо вучуди дар таърих бо номи асри хунин - асри истилои Мугулон Осиёи Марказй ва Эронро, асри горату катли оми сахронишинони ин сарзамини сарватманду мардхезро, боз бо расадхонаи Марога бо номи Насируддини Тусй, Кутбуддини Шерозй ва дигар мардони бузургаш дар таърихи илму хунар, махсусан тамаддуни халки точик макому мартабаи босазое дорад.
Гуфтан мумкин аст, ки таъсири дастовардхои хавзаи илмии Марога ба ташаккул ва ривочи илми баъдинаи чааонй, алалхусус аврупой такони бузурге расонидааст. Дастовардхои техникию илмии он хавзаи илмй сабаби барпо шудани расадхонахо дар Хитой, Самарканд ва Х,инд шуданд.
АДАБИЁТ
1. М. М. Рожанская, Г. П. Матвеевская, И.О. Лютер. Насир-ад-дин ат-Тусй и его труды по математике и астрономии. - М., 1999 Г.С. 33.
2. Матвиевская Г.П., Розенфельд Б. А. Математика и астрономы мусульманского средневековья и их труды (УШ -XVII вв.). - М. 1983.
3. М. М. Рожанская, Г. П. Матвеевская, И.О. Лютер. Насир-ад-дин ат- Тусй и его труды по математике и астрономии. - М., 1999 Г.С. 33.
4. Мамадбейли Г.Д. Основатель Марагинской обсерватории Мухаммед Насиреддини Туси. - Баку, 1961.
5. Дамон чо.
6. Всселовский И. Н. Коперник и Насир ад-Дин ат- Тусй. Николай Коперник, - М., 1973, -С. 171-174. :
7. Матвиевская Г.П., Розенфельд Б.А. математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VII-XVII) т. 1-2, - М., 1983.
8. Матвиевская Г.П., Розенфельд Б.А. математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VII-XVП) т. 1-2, - М., 1983.
9. М. Разавй. Шархи ахвол ва осори Хоча Носир. Техрон, с. 1356. - С. 397.
10. Д.Исматй (Максадов). Дайатшиноси фарзона - Насируддини Тусй, мачаллаи «Точикистон», «№1,с.1999 ш. Душанбе». - С. 26.
ВКЛАД НАСИРИДДИНА ТУСИ И МАРАГИНСКОЙ ОБСЕРВАТОРИИ В РАЗВИТИЕ МИРОВОЙ НАУКИ
Хабибулло МАКСАДОВ,
научный сотрудник Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша АН РТ. Адрес: 734025. Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки, 33. Телефон: 2213742; Е-mail: Maksadov.1961 @mail.ru
В статье расматривается вклад Насириддина Туси в научном мире, особенно его достижения в области астрономии и астрономических инструментов. Было показано, что Туси является одним из основоположников фундаментальных наук мира.
Ключевые слова: Туси, астрономия,обсерватория, сферы, зидж.
THE CONTRIBUTION OF NASIRIDDINI TUSI AND MARAGHA OBSERVATIRY
IN THE WORLD SCIENCE
Khabibullo MAKSADOV
The article shows the contributionof NasriddinTusi in the scientific world, especially his achievements in astronomy and astronomical instruments. It was shown that Tusi is one of the founders of the basic sciences world.
Keywords: Tusi, astronomy, observatory, scope, zij.