Научная статья на тему 'МАРАГИНСКАЯ ОБСЕРВАТОРИЯ И ЕГО НАУЧНЫЕ ДОСТИЖЕНИЯ'

МАРАГИНСКАЯ ОБСЕРВАТОРИЯ И ЕГО НАУЧНЫЕ ДОСТИЖЕНИЯ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
66
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МАРАГА / ТУСИ / АСТРОНОМИЯ / ОБСЕРВАТОРИЯ / ЗИДЖ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Максадов Хабибулло Исматович

В статье рассматривается вклад Марагинской обсерватории в развитие науки, особенно его достижения в области астрономии и создания астрономических инструментов. Показано, что Туси является одним из основоположников фундаментальных наук мира.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

MARAGHA OBSERVATORY AND ITS SCIENTIFIC ACHIEVEMENTS

The article shows the contributionof Nasriddin Tusi in the scientific world, especially his achievements in astronomy and astronomical instruments. It was shown that Tusiis one of the founders of the basic sciences world.

Текст научной работы на тему «МАРАГИНСКАЯ ОБСЕРВАТОРИЯ И ЕГО НАУЧНЫЕ ДОСТИЖЕНИЯ»

07.00.10 - ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА 07.00.10 - ИСТОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ 07.00.10 - HISTORY OF SCIENCE AND TECHNOLOGY

РАСАДХОНАИ МАРОГА ВА ДАСТОВАРД^ОИ ИЛМИИ ОН

МАРАГИНСКАЯ ОБСЕРВАТОРИЯ И ЕГО НАУЧНЫЕ ДОСТИЖЕНИЯ

MARAGHA OBSERVATORY AND ITS SCIENTIFIC ACHIEVEMENTS

МАЦСАДОВ ^АБИБУЛЛО ИСМАТОВИЧ,

ходими илмии шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ЦТ (Тоцикистон, Душанбе)

МАКСАДОВ ХАБИБУЛЛО ИСМАТОВИЧ,

научный сотрудник отдела истории науки и техники Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша АН РТ ( Таджикистан, Душанбе)

MAQSADOVHABIBULLO ISMAmVICH,

a scientific Researcher of the Department of Science and Technology History of the Institute of history, archeology and ethnography named after A.Donish under Tajikistan Republic Academy of Sciences, (Tajikistan, Dushanbe), E-MAIL: Maksadov.1961@mail.ru

Калидвожа^о: Марога, Туси, астрономия, расадхона, зиц.

Дар мацола сауми расадхонаи Марога ва мактаби илмии Насируддини Туси дар илми табиатшиносй, алалхусус дастовардуои у дар бахши илми нуцум ва олоти ситорашиносй сухан меравад. Нишон додашудааст, ки Туси яке аз саромадони илми бунёдии цауон буд.

Ключевые слова: Марага, Туси, астрономия, обсерватория, зидж.

В статье рассматривается вклад Марагинской обсерватории в развитие науки, особенно его достижения в области астрономии и создания астрономических инструментов. Показано, что Туси является одним из основоположников фундаментальных наук мира.

Key words: Maraga, Tusi, astronomy, observatory, Zij.

The article shows the contributionof Nasriddin Tusi in the scientific world, especially his achievements in astronomy and astronomical instruments. It was shown that Tusiis one of the founders of the basic sciences world.

Сахми мардуми мамолики исломй дар ривочу равнаки илми астрономия ба таври бояду шояд бахо дода нашудааст. Истилохоти зиёди астрономй, ки имруз дар илми астрономия истифода мешаванд аз забони арабй ба мо ба мерос расидаанд, ки худ гувохи сахми олимони мамолики исломй дар равнаки ин илм мебошад. Истилохоте чун «зенит», «азимут», «алмукантарати» ва «алидада», инчунин як катор истилохот чун, «астролябия» (устурлоб) ё номи осори Батлимус (Птолемея) "Альмагест" (ал-Мичистй) аз мамолики исломй (дурустараш аз осори олимони мамолики исломй) ба илм ворид шудааннд.

Солхои 1219-1220 урдуи мугулон бо сардории Чингизхон Осиёи Марказиро гасб намуд. Соли 1253 юриши нави чингизиён бо сардории Халокухон (1256-1265) ба Эрон ва Ирок огоз гардид. Яке аз мушкилоти пешравии мугулон, ин давлати исмоилии Аламут дар шимоли Эрон буд. Асосгузори ин давлат Хасани Саббох буд, ки онро соли 1090 поягузорй кардааст. Хасани Саббох ташкилоте бо номи «фидоиён» барпо намуд, ки султонхои салчукй, халифахои багдодй ва салибдорони аврупоиро ба вахм оварда, аврупоихо онхоро "ассасинхо" (ба маънои «котилон» аз форсй-хашишиён -дустдори хашиш, гуё онхоро бо хашиш мадхуш мекунондаанд) номгузорй карда буданд. ^ашишидо ба бисёре аз давлатхои минтака вахму тахлука эчод намуда буданд ва баъди Осиёи Марказиро гасб намудани мугулон бо онхо даргирифт карданд. Хулокухон соли 1256 пойтахти онхо, Аламутро гасб намуд ва давлати зиёда аз 170- солаи онхоро хотима дод.

Дар супоридани шахри Аламут ба дасти мугулон Хоча Насируддини Тусй сахми боризе доштааст. У хануз дар синни 30 солагй чун астроном, математик ва файласуфи машхур ба давлати исмоилихо, аввалан ба Сартахт, ки он чо соли 1235 асари машхури худ «Ахлоки Носирй» ва баъдан дар Аламут соли 1242 шархи худро ба осори фалсафии Ибни Сино («Ишорот ва танбехот») навиштааст, чалб мегардад.

Дар соли 1248 Насируддини Тусй асари машдури худ «Тадрири Уклидис» ва шарддои дигари мундаричаашон ба он монанди осори Евклида, Архимед, Феодосий, Менелай ва дигар астроному математикони антикиро ба сомон мерасонад.

Чи хеле ки зикр намудем, вакте ки Халокухон дар фикри забти Багдод шуд, муначчими асосии дарбори у Хусомуддини Солор бебарор будани ин сафари дарбиро пешгуй кард. Аммо Насируддини Тусй барорнокии онро пешгуи намуда, дар вакти мудосираи Багдод бо халифа оиди ба таслим шудани он дар музокира буд. Тасаллути Багдод аз тарафи Халоку ба катъ шудани хилофати 500 солаи Абоссиён оварда расонд.Баъди забти Багдод Насируддини Тусй муначчими асосии дарбори Халоку мешавад, аммо Хусомуддини Солорро бо сабаби «пешгуии багдодиаш» Халоку ба катл мерасонад.

Дар ин вакт Насируддини Тусй Халокуро барои сохтани сохтумони расадхона дар шадри Марога розй месозад, вале харчи он барои Халоку хело гарон метобад. Он вакт Тусй ба Халоку пешнидод менамояд, ки дар вакти хоби кушундои у дар доманакуд аз баландии куд тагораии мисинро гелон кунанд. Садои тагораи афтон дар байни аскарони шод гулгула ва бесарусомонй барпо намуд, он год Тусй ба Халоку мурочиат намуд: «Мо сабаби ин галогуларо медонем, вале асокир намедонанд; мо оромем, ондо бошанд безобитаанд; дамин тавр агар мо сабаби додисоти афлокро донем дар замин мо оромем» [1, 32].

Ин сухандо Халокуро конеъ кунониданд ва у ба сохтумони расадхона ичозат дода, 20 дазор динор маблаг чудо намуд. Расадхона дар пойтахти Халокухон шадри Марога бунёд карда шуд. Бо ходиши Тусй Халоку дамаи олимоне, ки ба асороти аскарони у меафтиданд накушта, балки ба Марога меоварданд. Инчунин дамаи абзордои астрономй ва дастхатдои ганиматгирифтаро низ ба он чо интикол медоданд. Дар натича дар шадри Марога як расадхонаи пуркувват ба вучуд омад, ки дар дакикат аввалин расаддонаи астрономй ба маънои пурраи сухан дар олам ва дорои якчанд бинодои мудташам ва китобхонаи бузург буд.

Ба замми он абзордое, ки аз дигар шадрдо оварда мешуданд, боз абзордои нави астрономй бо родбарии Муайядаддин Урдй сохта шуданд. Ба руйхати ин абзордои расадхона квадранти (рубъи доира) деворй, курраи армиллярй ва абзори дурубъагй барои дар яквакт ченкунии хати уфукии чирмдои осмонй дохиланд. Муайядаддин Урдй ин абзордоро дар асари худ «Рисола фй кайфийа ал-арсод ва мо йудточ ило илмиди ва амалиди мин ат-турук ал-муаддийа ило маърифат аудут ал-кавокиб» нишон додаст [1, 199-211].

Расадхонаи Марога таъсири фавкулодда мудиме ба расадхонадои бисёре аз мамолики Шарк доштааст, аз он чумла ба расадхонаи Хонбулок ( Пекин), [1, 212-241]. Дар ин чо олим ва файласуф Начмуддин Котиби ^азвинй (вафот 1277) , файласуф ва муначчим Абулфарач Юуданно ибни Ибрй (1226-1286), дар Аврупо бо номи Бар Хебреус машдур аст, муаллифи осори зиёде ба забони арабй ва суриёнй, аз чумла дастури астрономй ва чугрофй ба суриёнй «Суллака Хаунонайа» («Меърочи руд»), мутаввалуди Магриб, математик Мудйиддин ал-Магрибй (вафот 1290), Муайядаддин Урдй, математик ва муначчим Шамсиддини Самаркандй, астрономи бузург ^утбиддини Шерозй ва бисёр дигарон фаъолият намудаанд.

Дар расадхонаи Марога Тусй доло дар замони писари Халокухон яъне Обокхон (1265-1282) «Зичи Элхонй»-ро ба забони форсй (точикй) тартиб дод. Дар дамин чо Тусй осори худ «Тазкира фй илм ал-дайъат»-ро (ба забони арабй), инчунин нусхаи форсии он «ар-Рисола ал-Муъинийа фй илм ал-дайъат», «Бист боб дар маърифати устурлоб», «Си фасл дар маърифати таквим»-ро навиштааст.

Насируддини Тусй инчунин осори зиёде доир ба математика, ки ба масъаладои астрономй алокаи зич доштанд, навиштааст, аз кабили «Кашф ал-кинаъ ъан асрор аш-шакл ал-китоъ». Ин рисолаи Тусй аввалин асарест махсус оиди тригонометрияи куравй мебошад ва он исбот менамояд, ки теоремаи тригонометрияи куравй ба «буридани бузургидо» инчунин «озодкунанда» (освобождающие) аз теоремаи ин бузургидо (теоремаи синусдо) асос ёфтааст. Рисола ба забони форсй дар вакти дар калъаи Аламут будани Хоча навишта шудааст ва ба забони арабй дар шакли мухтасар дар Марога дар соли 1260 иншо гардидааст. Дар рисола дар бораи асари Хусомуддини Солор оиди ин мавзуъ (тригонометрия) сухан меравад махсусан намунаи форси он, шояд Тусй аз он истифода бурда бошад. Инчунин Насируддини Тусй дар «Зичи Элхонй»-и худ аз «Зичи шодй»-и Хусомуддини Солор, ки ба забони форсй навишта шуда то ба мо омада нарасидааст, ки Ф. Вейдлер дар китоби «Таърихи астрономия»-и худ (1741) дар бораи он зикр мекунад: чадвалдои «Зичи Шодй», ки ба забони форсй навишта шудаанд шакли мухтасараш чадвалдои элхонй мебошанд [5, 222].

Ч,адвалдои «Зичи Элхонй»-и Насируддини Тусй нисбати чадвалдои мавчуди пешинагон мукамалтару дакиктар мебошад. Масалан дар зичи Тусй чадвалдои синусдо ва тангенсдо бори аввал баъди 1 дакикаю шаш раками пас аз вергул дода шуда,чадвалдои арзу тули шадрдо пурра ва

дакик дода шудаанд. Бисёре аз ин чадвалдои «Зичи Элхонй»-ро муаллифони зичдои баъдй ва датто мактаби илмии Самарканд истифода бурдаанд.

Рисолаи Тусй «Шакл ул-китоъ» яке аз маъхаздо барои Региомонтан (1436-1476 ) шудааст, ки давраи нави таърихи тригонометрияро асос гузоштааст.

Насируддини Тусй бори аввал дар таърихи илми риёзй ададдои мусбату манфиро дар асари худ «Шакл-ул-китоъ» пешнидод кард, ки аврупоиён онро баъди 400 сол аз нав кашф карданд. У аввалин касест, ки назарияи куравии дамвории чортарафа ва секунчаи куравии кутбиро пешнидод кардааст. Назарияи Тусй оид ба хатдои мусовй тригонометрияро ба илми мустакил табдил дод ва барои геометряи гайриевклидй замина фародам овард. Хизмати у дар илми нучум ва дайат (астрономия) хеле боарзиш ва доманадор аст.

Асардои у «Зичи Элхонй», «Рисола дар илми дайат», «Бист боб дар маърифати устурлоб», «Рисолаи муъиния» ва шард ба рисоладои дигар дар такомул ва пешрафати ин содаи илм дар асрх,ои миёна ва баъдй хело бузург ва назаррас аст. Тусй албатта, давомдидандаи назарияи заминмаркази олам, ки Батлимус (Потоломей, асари 11-мелодй) асос гузошта буд, мебошад, вале баъзе конуниятдои онро такмил додааст. Махсусан назарияи гирифти Офтобу Модтобро бо далелдои илмй исбот кардааст, ки ин додисаи соф табиист. Дастоварддои олими бузург оид ба шаклу андозадои Замин, дисобу китоби нуктаи эътидоли бадорй ва тирамодй, чен кардани кунчи моилии эклиптика ва экватор барои илм тадкурсй ва шароити мусоид фародам овардааст. Дастоварди илмии уро Христофор Колумб барои кашфи кораи Амрико истифода бурдааст.

Олимони расадхонаи Марога бо родбарии Насируддини Тусй модели Батлимусро тасдед дода, ислоду такмил намуданд, ки барои системаи заминмарказии Николай Коперник замина шудааст.

Навоваридои илмии Тусй махсусан дар даракоти Модтоб ва сайёрот, ки дар рисолаи астрономии у «Дастур дар илми нучум» омадааст, хуб ба назар мерасанд. У дар ин чо исбот менамояд, ки агар якчанд доира аз дохили хати давра ду баробари зиёдтари кутри худ дар гирди маркази давра бо даракати кунчй даракат кунад ва даракати кунчии он дубаробар бошад, он год нуктаи майли даври хурди он аз он долат чой иваз мекунад. Ва агар он нуктаи расиш бошад, он вакт даракати ростхатта мекунад, то дади яке аз даврадои бузург. Инчунин даракати ростхаттаро аз чамъи гардиши ду давра мегирад. Мудимии теоремаии Тусй оиди даракоти чирмдои осмонй дар он аст, ки у аз нуктаи назари антикй, ки дар он чирмдои осмонй тандо бо хатти даврй ва заминй ростхатта даракат менамуданд, даст кашидааст. Аз теоремаи Тусй баъдан бисёре олимони Шарк ва дам Гарб истифода намудаанд, аз он чумла Коперник [6, 268-273].

^утбиддини Шерозй (1236-1311), ки дар Марога бо сардории устоди худ Насируддини Тусй омузиш ва парвариш ёфта буд, яке аз шогирдони муваффак ва бузурги устоди худ гардид. Дар соли 1297 ^утбуддини Шерозй ба Табрез, ки Мадмуд Газонхон (1295-1304) пойтахтро он чо кучонида буд меояд. Дар ин чо расадхонаи Табрезро, ки чойгузини расадхонаи Марога шуда буд, родбарй менамояд. Дар ин расадхона олимони бузурге чун Низомиддин Хасани Найсабурй ва оптик Камолуддини Форисй дамроди у кор мекарданд. Мудимтарин осори ^утбиддини Шерозй «Дурра ат-точ- ли гурра ад-Дибоч», ба амири Ч,ибол, писари докими Гелон бахшида, ба пайравй аз китоби Ибни Сино «Шифо» навишта шудааст. Мудимтарин осори астрономии ^утбиддини Шерозй «Нидойа ал-идрок фй дирайа ал-афлок» («Хади фадмиш дар донистани курроти афлок») ва «ат-Тудфа аш-шодийа фил-хайъа» («Тудфаи шодй оиди илми дайъат») мебошанд. Зикр бояд намуд, ки рисоладои астрономии Шерозй ба монанди «Мухтасари»-и Тусй тартиб ёфтаанд, вале дар он чадвалдои нави гардиши афлок оварда шудаанд. Инчунин Шерозй аз истифодаи теоремаи Тусй оиди якчошавии ду чарзании даракатдои гардиши афлок даст кашида, гардиши афлокро ба монанди механизими часпида тасвир намудааст [6, 273-277].

Низомиддин Хасани Найсабурй муаллифи осори машдури «ар-Рисола аш-шамсийа фил-дисоб» («Рисолаи офтобй дар илми дисоб») ва «Кашф ал-хакоик зичи Элханй» («Кашфи дакикатдои зичи Элхонй») мебошад. Инчунин бедтарин шардро ба ин зич ва осори Тусй «Мухтасар», «Бист боб дар маърифати утурлоб» ва гайрадо навиштааст [7, 196].

Дар замони дукмронии Гозонхон, Улчайтхон (1304-1317) ва султон Абусаид (1317-1335) шогирди дигари Насируддини Тусй Шамсуддин Мудаммади Вобкандй ал-Бухорй кор ва фаъолият намудааст. У муаллифи асари «аз-Зич ал-мудаккак ас-султонй ало усул ар-расад ал-Элхонй» мебошад. Шамсиддин Мудаммади Вобкандй ал-Бухорй дар бораи мушодидадои худ оиди сайёрот дар солдои 1286, 1305 ва 1306 хабар медидад. Дар кори «аз-Зич ал-мудаккак ас-султонй ало усул ар-расад ал-элхонй» инчунин ал-Хасан ас-Самнонй ва Хусайн Шоданшод (вафот 1348), муаллифи зичи «Таудихи зичи элхонй» иштирок намудаанд.

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Мамедбейли Г. Д. Основатель Марагинской обсерватории Мухаммед Насирэддин Туси. - Баку, 1961. с. 32-241.

2. Seemann II. J. Die Instrumente der Sternwarte zu Maragha nach der Mitteilungen von al-Urdi.--Sitzungsberichte der Phys.-Med. Sozietat, Erlangen, 1928, Bd. 40, S. 15-126.

3. Мамедбейли Г. Д. Марагинская обсерватория и Пекинская обсерватория XIII в.-ИАИ, 1957, вып. III, с. 517-530.

4. Туси Мухаммед Насирэддин. Трактат о полном четырехстороннике (Шаклул гита); перев. под ред. Г. Д. Мамедбейли и Б. А. Розенфельда.- Баку, 1952.

5. Weidler F. Historia astronomiae.- Vitembergae, 1741. Bd. 40, S. 18- 222.

6. Рожанская М. М. Механика на средневековом Востоке.-М., 1976. с.226-277.

7. Таги-заде А. К. Квадранты средневекового Востока.- ИАИ, 1977, вып. XIII, с. 196.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.