Научная статья на тему '"ТРАКТАТ В ДВАДЦАТИ ГЛАВАХ О ПОЗНАНИИ АСТРОЛЯБИИ" НАСИР АД-ДИНА АТ-ТУСИ И КОММЕНТАРИИ К НЕМУ'

"ТРАКТАТ В ДВАДЦАТИ ГЛАВАХ О ПОЗНАНИИ АСТРОЛЯБИИ" НАСИР АД-ДИНА АТ-ТУСИ И КОММЕНТАРИИ К НЕМУ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
39
11
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НАСИР АД-ДИН АТ-ТУСИ / АСТРОНОМИЯ / АСТРОЛЯБИЯ / ТРАКТАТ / РУКОПИСЬ / КОММЕНТАРИЙ / БИБЛИОТЕКА / ТАДЖИКИ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Холов Махмуджон Шарипович

В статье впервые исследуется «Трактат в двадцати главах о познании астролябии» Насир ад-Дина ат-Туси и дается информация о его копиях и комментариях. Показано, что множество копий этого трактата хранятся в библиотеках мира, в том числе две копии хранятся в нашей республике. Исследовав эти копии, автор статьи пришел к выводу, что трактат способствовал развитию средневековой астрономической науки, к которому многие ученые писали комментарии.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

"A TREATISE IN TWENTY CHAPTERS ON THE KNOWLEDGE OF THE ASTROLABE" NASIR AL-DIN TUSI AND COMMENTARIES ON IT

The article for the first time explores the "Treatise in twenty chapters on the knowledge of astrolabe" by Nasir al-Din at-Tusi and gives information about its copies and comments. It is shown that many copies of this treatise are stored in libraries of the world, including two copies stored in our republic. Having examined these copies, the author of the article came to the conclusion that the treatise contributed to the development of medieval astronomical science, to which many scientists wrote comments.

Текст научной работы на тему «"ТРАКТАТ В ДВАДЦАТИ ГЛАВАХ О ПОЗНАНИИ АСТРОЛЯБИИ" НАСИР АД-ДИНА АТ-ТУСИ И КОММЕНТАРИИ К НЕМУ»

ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА -ИСТОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ-THE HISTORY OF SCIENCE AHD TECHOLOGY

4-»

УДК-520.25; 930.2

РИСОЛАИ «БИСТ БОБ ДАРМАЪРИФАТИ УСТУРЛОБ»-И НАСИРУДДИНИ ТУСИ ВА ШУРУ^И ОН

ХОЛОВ М. Ш., Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи Ахдоади Дониш

Хоча Насируддини Тусй (1201-1274)-яке аз бузургтарин олими точики асрхои миёна буда, дар тамоми илмхои замони худ такрибан 150 асар офаридааст, ки аз ин шумора 25 рисола ба забони форсй мебошад. Тусй бахусус дар илмхои дакик (риёзиёт, мусалласот, нучум) ба кашфиётхову дастовардхои илмии машхур ноил гаштааст. Сахми Тусй дар равнаки илми астрономия басо назаррас буда, бо рохбарии у расадхонаи бузургтарини замони худ-расадхонаи Марога сохта шудааст. Бо талабу хохиши Тусй, асосгузори сулолаи Элхониёни Эрон Далокухон (1217-1265) олимони сохоти гуногуни ба асорат афтодаро катл накарда, ба ин боргохи илм мефиристод. Инчунин низомиён асархои илмии дар забткориву чангхо бадастомадаро насухта, ба китобхонаи расадхона интикол медоданд. Расадхона бо асбобу афзори чадид чихозонида шуда, кормандони он ба расаду мушохидахои дакики илмй машгул буданд. Натичаи мушохидахои дувоздахсолаи кормандони он таълифи китоби «Зичи Элхонй» мебошад, ки дастовардхои он ба равнаки илми астрономия мусоидат намуд.

Расадхонахои асримиёнагии Шарк барои гузаронидани мушохидаву расад, одатан бо асбобу афзори сохти олимони тахчой мучаххаз буданд. Дар ин мавзуъ асархои илмии зиёде навишта шудааст, ки мо яке аз он -

Устурлоби мусаттах,и сохти Табрез (асри XIV).

«Рисола дар шаpxи олоти расад»-и Fиёсиддин Чдмшеди Кошониро дар саxифаxои мачаллаи илмй-назариявии «Мyаppих» баррасй карда бyдем [7,128-133].| Тибки он дар pасадхонаxои асримиёнагй асбобxои астрономии зоштy-ш-шyъбатайн, зоту-л^алак (кабир ва сагир), xалкаи эътидолии расадй, xалкатон, судс, зотy-с-самт ва-л-иртифоъ, зоту-л-чайб ва-с-саxм ва шомила истифода мешyданд. Лекин дар рисолаи мазкур дар бораи асбоби асосии pасадхонаxо-yстypлоб сyхане гyфта нашyдааст. Сабаб мумкин дар шyxpат ва касрати устурло6у теъдоди зиёди асаpxои илмии ба он бахшида шyда бошад.

Устурлоб яке аз асбобxои кадимаи нучумй буда, асосан барои муайян кардани арзи чугрофй хизмат мекард.Вобаста ба шаклу сохтор бо устурлоб коpxои зиёди илмиву амалй гузаронидан мумкин буд, ки мyxиммтаpини онxо чунинанд:

- андозагирии кооpдинатаxои эклиптикии ситора ё Офтоб (тулу арз), яъне, муайян кардани баландй ва азимути он;

- муайян кардани арзи маxаллy самти шаxpxо, аз он чумла Макка (кибла), вакти шабонарузй ва ситоравй;

- муайян кардани лаxзаи тулуъ ва гуруби найирайн (Офтобу Моx), яъне огозу охири руз, ситораву сайёрагон, тартиб додани толеънома;

- муайян кардани арзи маxал аз руи баландии Офтоб дар нимаруз ё баландии ситорагон дар лаxзаи авч;

- муайян кардани умки чоx, баландй ё тули ягон предмет ^yx, дарё, манора), xисоб кардани кимати фyнксияxои тригонометрй (синус, косинус, тангенс, котангенс);

- гузаронидани амали табдилдщй байни се системаи кооpдинатаxо: устувой ё экваториалй (буъд ва майл), эклиптикй (тулу арз) ва горизонталй (азимут ва баландй) ва гайра.

Яке аз pисолаxои машxypи Тусй, ки ба устурлоб бахшида шудааст, «Бист боб дар маърифати устурлоб» аст. Як нусхаи ин дастхат, ки мо онро таxкик кардем, таxти №877 дар Китобхонаи миллии Точикистон маxфyз аст. Он аз 108 вараки (54аб) андозааш 20*12 см иборат буда, дар xаp варак xафт сатри хатти насталики зебои 8 см бо дасти Ибни Дочй Лyтфyллоxи Яздии Хдсанбек дар санаи 2 зилxиччаи 1067/ 11 сентябри 1657 хаттотй шудааст.

Чунонки аз унвони рисола бармеояд, он аз бист боби мухтасар иборат аст.

Боби аввал «Дар алкоби олоту хутут ва давоири устурлоб» унвон до-шта, дар он таърифи кисмxои асосии устурлоб ба монанди: «урва», «курсй», «xyчpа», «сафиxа», «анкабут», «кутб», «шазия», «изода», «либна», «мукантарот», «фарас» ва доираву хатxое, ки дар сафиxаxо накш мешу-данд, шаpx дода шудааст.

Боби дувум «Дар маърифати иртифоъ гирифтани Офтобу ситора» ном дошта, усули андоза гирифтани баландии Офтобу ситорагони осмонро ба воситаи устурлоб шарх медихад.

Боби сеюм «Дар маърифати толеъ аз иртифоъ» ном дошта, дар он ёф-тани дарачаи толеи ашхос аз баландии Офтоб бо мисолхо шарх дода шудааст.

Боби чауорум «Дар маърифати иртифоъ аз толеъ» унвон дошта, акси боби сеюм аст ва дар он аз руи толеъи муайян тарзи ёфтани баландии Офтоб ё ситора омухта мешавад.

Боби панцум «Дар маърифати доир ва сооти муставию муаввачча ва ачзои он» номида шуда, дар бораи доирахои устурлоб ва муайян кардани соатхои муставию муаввача сухан меравад.

Боби шашум «Дар маърифати майли Офтоб ва гояти иртифоъи у ва буъди кавокиб аз муаддилуннахор ва иртифоъаш» номида шуда, дар бораи майлу баландии Офтоб ва баландиву масофаи ситорагон аз хати муадди-луннахор сухан меравад.

Боби уафтум «Дар маърифати матолеи буруч ба хати устуво ва балад ва дарачоти мамар ва тулуъу гуруб ва таъдилуннахор» номида шуда, дар он тарзи муайян кардани толеъи бурчхо нисбат ба хати устуво (экватор) ва координатахои шахр оварда шудааст.

Боби уаштум «Дар маърифати хонахои дувоздахгона» унвон дошта, дар он вобастагии дарачаи толеъ аз хонахои дувоздахгона (зодиак) ва тар-зи муайян кардани онхо шарх дода шудааст.

Боби нууум «Дар маърифати сооти субх ва шафак» ном дошта, дар он муайян кардани вакти субх ва шафак, тулуъ ва гуруби Офтоб нишон дода шудааст.

Боби дауум «Дар маърифати зилл аз иртифоъ ва иртифоъ аз зилл, ки бар пушти устурлоб кашида бошанд» ном дошта, дар он тарзи муайян кардани баландии Офтоб аз соя ва амали баръакси он шарх дода шудааст.

Боби ё'здауум «Дар маърифати толеи соли мустакил аз толеи соли мозй» унвон дошта, дар он тарзи аз руи толеи муайян, толеи соли ояндаро муайян кардану мувофикати вакти тахвил ба руз ё шаб, баррасй мешавад.

Боби дувоздауум «Дар маърифати арзи балад ва тахкики он» ном до-шта, тарзи муайян кардани арзи шахрхо дар шароити гуногун нишон дода шудааст.

Боби сездауум «Дар маърифати толеи вакт дар шахре, ки онро сафиха набошад» ном дошта, муайян кардани вактро дар шахре, ки координа-тахои он дар сафихаи устурлоб мавчуд нест, мефахмонад.

Боби ча^орда^ум «Дар маърифати иртифоъи кутби фалакулбуруч» ном дошта, тарзи муайян кардани баландии кутби фалакулбуручро меомузад.

Боби понздауум «Дар маърифати самт аз иртифоъ ва иртифоъ аз самт» унвон дошта, муайян кардани самтро аз баландии Офтоб ва амали баръакси онро баррасй мекунад.

Боби шонздауум «Дар маърифати таквими Офтоб» номида шуда, тар-зи аз руи баландии Офтоб муайян кардани вакт ва дарачаи онро дар ягон макали чугрофй шарх медихад.

Боби уафтдауум «Дар маърифати болои шахси муртафеъ аз замин» ном дошта, дар он усули муайян кардани кади одам ё ягон объекти баланд (кух, хона, манора ва гайра) нишон дода мешавад.

Боби уаждауум «Дар маърифати амал кардан бар сафихаи офокй» унвон дошта, тарзи муайян кардани толеъ ва вакт бо ёрии сафихаи офокй, таъдилуннахор, сооти шабу руз бо мисолхо омухта мешавад.

Боби нуздауум «Дар маърифати ростй ва кажии устурлоб ва имтихони он» номида шуда, усулхои имтихони устурлобхо барои муайян кардани дурустии онхо нишон дода шудааст.

Боби бистум «Дар сифати ситорае чанд аз савобит, ки бар устурлобхо сабт кунанд» унвон дошта, дар он номи бист ситораи машхур, ки одатан ба устурлобхо накш мекунанд, оварда мешавад.

Нусхахои зиёди ин рисола дар китобхонахои зерини чахон махфу-занд: Алигарх, Азад. Сул. № 532/11, № 535/14, ^утб. № 77/5; Боку, Б № 413/2, № 648/5, №1130/1, В 2837/1, М № 95/3; Бомбай, Фируз № 40/5, № 60/2; Берлин № 22/1; Гота № 38; Дакка № 117/7; Душанбе, Китобхонаи миллй № 877; Истамбул, АС № 2617/1, № 2621/1, № 2624/1, № 4878/11, Кандилли № 50, Лалели № 3674/2, Фатих № 5330/2; Исфахон № 5127/2; Крхира, Талъат № 255, № 966; Калкутта № 1484, Бухор № 2257, Кёрз № 568; Кобул, Матб. № 217/33; Копенгаген № 17/3; Лахор, Донишгох №11; Лондон № 5734/2, Доп. № 155/2, № 453а, № 853а, Инд. № 707/1, № 2254/2; Мадрас № 636; Манчестер, Линд. № 716а, № 717в; Машхад № 2925/6, № 5241, № 5242, № 5246, Гавхаршод № 391/1, № 559/2, № 577/9, № 933/2, № 1083/3, № 1143/1, № 1774/2, Мавлавй № 13/5, № 452/3, № 520/2, Наввоб № 2, Донишгох № 49, Фарханг № 12/1; Оксфорд I № 287, № 1503, № 1504, № 1505; Париж № 772/1, № 2371; Патна № 1724; Санкт-Петербург, А №254, № 268, В № 3059, № 4295, № 4375, Публ. № 128/1, № 130/7, № 317/2, Хан. № 124/1, 138/7; Тошканд № 1207/4, № 3042/2; Тбилиси № 217/384; Техрон № 61/1, № 156, № 206/7, № 1233/9, № 2439/2, № 2452/1, № 2976/2, № 3186/1, № 3382/2, № 3763/1, № 4567, № 4781, № 5001/2, № 5077/18, № 5391/9, Малик № 3110, № 3402/4, № 3437/4, № 5718/2, № 6099/1, Маориф № 332, № 1368/1, Махдавй № 282/25, № 462/1, Муътамид № 3/5, Сипахсолор № 698/2, № 700/1, № 957/5, № 3877/3, № 7386/1, Донишгох № 888/4, № 2086/5, № 2788/2, № 3059/3, № 3511/25, № 4029, № 4567, Адаб. № 41, № 93/2, № 121/2, № 207, № 272, № 359, Илох. № 99/4, № 242, № 710/3; Флоренсия, Пал. № 318; Хдйдаробод, чадид № 2765, № 4815, № 9149, риёз. № 113, № 137, № 149/1, № 159, № 189, № 324, № 330/1, № 392/1, № 406, № 534,Осм. № 520а, № 523/41, № 1175, Солор

хайъат №34/1, №35; Хдмадон, Камолй № 386/5; Язд, Ч,омеъ № 439/1, № 10099/3 [5,404; 9,131].

Fайp аз ин, даp Маpкази меpоси хаттии назди Раёеати Академияи миллии илмх,ои Точикиетон pисолае тахти унвони «Даp маъpифати yCTyp-лоб» (№ 471/2) махфуз ает, ки мухдккики илм Г.П. Матвиевекая онpо чун мyхтасаpи pисолаи Насиpyддини Туей «Биет боб даp маъpифати yстypлоб» мyаppифй каpдааст [5,405]. Пае аз тахдид маълум шуд, ки нуехаи мазкyp мyхтасаp набуда, матни пyppаи pисола аету танхо бо унвонаш фаpк меку-над. Муаллифи даетхат ва еоли китобат маълум неет. Танхо даp ваpаки охиp иеми котиби нуеха (Мухаммад Алй), еана фузи панчшанбеи 20 шав-вол) ва макони китобат (доpyссалтанаи Кобул) нишон дода шудаает.

Fайp аз ин, мо як нуехаи ин pисолаpо ба таpики Интеpнет аз Китоб-хонаи миллии Kдтаp пайдо каpдем, ки он нуехаи электpонии Китобхонаи Бpитания тахти № 23569 мебошад. Даp он чахоp pисолаи илми нучум чамъоваpй шудаает, ки pисолаи «Биет боб даp маъpифати yстypлоб»-и Туей охиpон буда, ваpакхои 78а-103б^о даp баp мегиpад ба ^исоб меpа-вад. Ин нуеха 29 зилдаъдаи 1057/ 26 декабpи 1647 аз чониби котиби но-маълум китобат шудаает. Fайpи pисолаи мазкyp, даp чилд пеш аз он pисолахои: «Риеола даp илми хайъат»-и Алии ^ушчй (1б-46а), «Ташpех ал-афлок»-и Бахоуддини Омилй (46а-56а), «Риеолаи «Сй фаел»-и Туей (56а-77б) чойгиp шудаанд.

Риеолахои мазкyp илмй буда, баpои донишмандони илми нучум таълиф шудаанд. Аз ин pу, баpои фахмиши омма, ба ин pисола даp давоми асpхо олимон шypyхи зиёде навиштаанд. Ба адидаи мyаppихони илм, шаpхи Низомиддини Биpчандй яке аз мyхимтаpин шypyхи ин pисола ает, ки хушбахтона ду нуеха аз он даp Маpкази меpоси хаттии назди Р АМИТ тахти № 362 ва № 471/1 нигохдоpй мешаванд. Даp шаpххои мазкyp матни pисола бо миеолу надшахо шаpх дода шудаанд, ки даp худи pисола мавчуд неет.

Х,оло баъзе аз шypyхи машхyppо номбаp мекунем:

1. «Шаpхи «Биет боб»-и Мухаммад ибни Дочй Сулаймон Афазода ал-Бypсавй(а. XV-XVI), муначчими тypк аз шахpи Бypса, ки даp даpбоpи Боязиди II (1447-1512) фаъолият мекаpд (Санкт-Петеpбypг, №А261; Паpиж, № 783/6) [5,416].

2. «Ш^хи «Биет боб даp yстypлоб»-и Низомиддин ал-Даеан ибни Мухаммад ибни Дуеайн ал-Эpач ал-^уммй ан-Найсабypй (охиpи асpи XIII-аввали асpи XIV), муначчим ва_pиёзидони точик, даp Табpез даp даpбоpи Fозонхон (1271-1304) ва Улчойтухон (1278-1316) фаъолият дошт (Техpон, №336, №4884/5; Донишгох, №629, №904) [5,437].

3. «Ш^хи «Биет боб даp yстypлоб»-и Лутфуллох ал-Мухандие ибни Ахмади Меъмоp ал-Лохypй, мухандие ва муначчим аз Лохypи Покиетон (Патна, №1045) [5,614].

4. «Ш^хи «Биет боб даp маъpифати yстypлоб»-и Низомиддин Абдулалй ибни Мухаммад ибни ал-Дуеайн ал-Биpчандй (ваф. 934/1527-28),

муначчим ва факех, ки дар Исфахон дар дарбори шохи сафавй Тахмоспи I фаъолият дошт (Душанбе, № 362, № 471/1; Казон, № 20; Санкт-Петербург, А№ 260, В№ 2218, Публичн. №315/2, №316, нов. № 144/2; Париж, № 783/2; Тошканд, № 1854; Техрон, Мачлис № 161950; Остони Кудси Разавй № 5342; Мадрасаи Олии Сипахсолор №701) [5,541]. Таърихи таълифи рисола соли 889/1484 мебошад, лекин дар охи-ри нусхаи китобхонаи Мачлис таърихи итмоми он 893/1488 омада. Нусхаи Мадрасаи Олии Сипахсолор кадимтарин нусхаи китобхона аст [5, 419].

5. «Шархи «Бист боб дар маърифати устурлоби Тусй»-и Абу Исхок ибни Абдуллохи Ходим Бурхони Кубнавй (а. XV), риёзидони точик (Рашт, Мачм. №71/3) [499].

6. «Шархи «Бист боб дар устурлоб» ё «Меъёри Офтоб», ба забони форсй, бе муаллиф (Истамбул, № 2677) [5,104].

7. «Шархи «Бист боби устурлоби Хоча Носир», ба забони форсй, бе муал-лиф (Бомбай, № 7) [5,66].

8. «Мафотехи «Бист боб дар устурлоб»-и Мавломухаммади Муштахир, ки 25 рабеъулаввали 817/23 июни 1414 таълиф шудааст. Дар замимаи он маколаи Мавлоно Камолиддин Иброхими Расадй дар таърифи устурлоб ва аксоми он чойгир карда шудааст (Техрон, Остони Кудси Разавй № 5608) [8,416].

9. «Матлаъ ул-анвори шархи «Бист боби устурлоб»-и Фасех ибни Абдул-карими Бастомй. Ин шарх ба номи Мир Алишери Навой дар санаи зилхиччаи 951/ марти 1545 навишта шудааст (Техрон, Мачлиси Шурои Миллй №766) [8,419].

10. Шархи Мухаммад ибни Сулаймони Барсуй маъруф ба Аммазода, барои султони усмонй Боязидхон ба забони форсй [8,419].

11. Шархи Низомиддин ибни Дабибуллохи Дусайнй ба забони форсй, соли 873/1433-34 [8,420].

12. «Шархи «Бист боб» (Машхад, Илохиёт №161898), хошия ё шархи Камолиддин Дусайн ибни Хоча Шарафиддин Абдулхаки Ардабилй (ваф. 870/1446-950/1543) [8,420; 11,502].

Дар китоби Г.П. Матвиевская инчунин омадааст, ки гуё як нусхаи ди-гари ин рисола тахти № 382 дар Маркази мероси хаттии назди РАМИТ мавчуд бошад. Лекин тахкики матн нишон дод, ки он шархи рисолаи «Бист боб дар таквим»-и Музаффар ибни Мухаммад ибни Косим ал-Чунободй ё Гунободй (нимаи якуми асри XVII), муначчим ва риёзидони точик аст, на рисолаи тахкикшаванда [6,588].Ба фикри мо ибораи «Бист боб»-и аввали рисолахо, ин мухаккиконро ба иштибох овардааст. Теъдоди нусхахои ин асар дар китобхонахои Чумхурии исломии Эрон зиёданд (Машхад, Мавлавй № 69, № 271, № 272, №1265/1; Техрон, Малик № 5724/1, № 6267/2; Махдавй № 8391/1, Муътамид №121, Сипахсолор № 625, № 626, Донишгох № 691, № 1923/2, № 2129, № 2614, № 4502, № 5219, Адаб № 65,

№137, №140, №183, Илохиёт №95, №149/1, №152, №153, №242/1, №318, №710/1) [6,588].

Хулоса, рисолаи «Бист боб дар маърифати устурлоб»-и Насируддини Тусй гарчанде ба шакли мухтасар бошад хам, ба хонанда маълумоти асосй ё бунёдиро оид ба сохтору тарзи истифодаи устурлоб медихад. Рисолаи мазкур ба олимони мамолики Шарки асрхои XIV-XVIII таъсири бузург расонида, ба он шарху хошияхои зиёде навишта шудааст.

АДАБИЁТ

1. Абурайхони Берунй. Китоб ут-тафхим ли авоили саноат-ит-танчим.Берунй Абурай^он.-Душанбе, «Дониш», 1973. - 287 сах.

2. Дастхати № 877 Китобхонаи миллии Точикистон.

3. Дастхати № 362 Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмхои Точикистон.

4. Дастхати № 471/1Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмхои Точикистон.

5. Г. П. Матвиевская, Б. А. Розенфельд.//Г. П. Матвиевская. Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VIII-XVII вв.). Книга 2. Москва, «Наука», 1983. - 652 с.

6. Г.П. Матвиевская, Б.А.Розенфельд. //Г.П. Матвиевская. Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VIII-XVII вв.). Книга 3.Москва, «Наука», 1983. - 372 с.

7. Мачаллаи илмй-назариявии "Муаррих". № 3-4 (12),-2017.

8. Мухаммадтакии Мударриси Разавй. Ахвол ва осори Хоча Насируддини Тусй. /Разавй Мударриси Му^аммадта^й. Техрон: «Асотир», 1370. - 722 сах.

9. Рожанская М. М., Матвиевская Г. П., Лютер И. О. Насир ад-Дин ат-Туси и его труды по математике и астрономии в библиотеках Санкт-Петербурга, Казани, Ташкента и Душанбе.//М.М, Рожанская. Москва, Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 1999. - 142 с.

10. Фехриствораи дастнавиштхои Эрон. Техрон. Ч,.2.

11. Фехриствораи дастнавиштхои Эрон. Техрон. Ч,.6.

РИСОЛАИ «БИСТ БОБ ДАР МАЪРИФАТИ УСТУРЛОБ»-И НАСИРУДДИНИ ТУСИ ВА ШУРУ^И ОН

Дар макола бори аввал рисолаи «Бист боб дар маърифати устурлоб»-и Насируддини Тусй мавриди тахкик карор гирифта, маълумот доир ба нусах ва шарх^ои он дода мешавад. Нишон дода шудааст, ки нусхахои ин рисола дар китобхонахои чахон зиёд буда, аз он чумла ду адад дар чумхурии мо махфуз аст. Муаллиф ин нусхахоро мавриди тахкику тахлил карор дода, ба хулосае омадааст, ки рисолаи мазкур ба рушди илми астрономияи асримиёнагй мусоидат карда, олимон ба он шархи зиёд навиштаанд.

Калидвожах,о: Насируддини Тусй, астрономия, устурлоб, рисола, дастхат, шаркитобхона, илм, тоцикон.

«ТРАКТАТ В ДВАДЦАТИ ГЛАВАХ О ПОЗНАНИИ АСТРОЛЯБИИ»

НАСИР АД-ДИНА АТ-ТУСИ И КОММЕНТАРИИ К НЕМУ

В статье впервые исследуется «Трактат в двадцати главах о познании астролябии» Насир ад-Дина ат-Туси и дается информация о его копиях и комментариях. Показано, что множество копий этого трактата хранятся в библиотеках мира, в том числе две копии хранятся в нашей республике. Исследовав эти копии, автор статьи пришел к выводу, что трактат способствовал развитию средневековой астрономической науки, к которому многие ученые писали комментарии.

Ключевые слова: Насир ад-Дин ат-Туси, астрономия, астролябия, трактат, рукопись, комментарий, библиотека, таджики.

«A TREATISE IN TWENTY CHAPTERS ON THE KNOWLEDGE OF

THE ASTROLABE» NASIR AL-DIN TUSI AND COMMENTARIES ON IT

The article for the first time explores the "Treatise in twenty chapters on the knowledge of astrolabe" by Nasir al-Din at-Tusi and gives information about its copies and comments. It is shown that many copies of this treatise are stored in libraries of the world, including two copies stored in our republic. Having examined these copies, the author of the article came to the conclusion that the treatise contributed to the development of medieval astronomical science, to which many scientists wrote comments.

Key words: Nasir al-Din at-Tusi, astronomy, astrolabe, treatise, manuscript, commentary, library, Tajiks.

Сведения об авторе: Холов Махмуджон Шарипович-главный научный сотрудник отдела истории науки и техники Института истории, археологии и этнографии имени Ахмада Дониша, кандидат физико-математических наук.Тел.903-05-00-28.E-mail:kholov-mahmud@rambler.ru.

Information about the author: Kholov Mаhmudjon Sharipovich-Chief Researcher of the Department of the History of Science and Technology of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after Ahmad Donish, Candidate of Physical and Mathematical Sciences. Tel. 903-05-00-28. E-mail: kholov-mahmud@rambler.ru.

УДК-001

ЕОЯДОИ АЦЛГАРОЙ ВА ИНСОНДУСТЙ ДАР МЕРОСИ ИЛМИИ ГУЗАШТАГОН

МАЦСАДОВ д. И., Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Омузиш ва тахлили мероси бою рангини илмй, илмй-таълимии оли-мони табиатшиноси Шарки Наздик ва Миёна, алалхусус олимони точики (Хуросон ва Мовароуннахр) асримиёнагй нишон медихад, ки ин муттафа-кирон на танхо назариягаро буда, асосхои бисёре аз илмхоро равнак ва поягузорй намудаанд, инчунин онхо бисёре аз олотхои хандасй ва

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.