Научная статья на тему 'Осори марбут ба Ойини дабирӣ дар даврони тоисломӣ'

Осори марбут ба Ойини дабирӣ дар даврони тоисломӣ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
128
23
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САСАНИДЫ / SASANIDES / ЭПИСТОЛЯРНИЙ ЖАНР / EPISTOLARY GENRE / ИСКУССТВО ДАБИРСТВО / "КОРВАНД" / "О ПРАВИЛАХ СОСТАВЛЕНИЯ ПИСЬМА" / ПОЭТИКА / DABIRSHIP / "KAZVAND" / THE TREATISE "ON THE RULES OF LETTER COMPOSITION"

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Зоиров Х.

В Сасанидском государстве дабиры (начальник канцелярии при дворе правителя) относились к избранным слоям общества. Писательское искусство имело свою этику и правила, и дабирам необходимо было хорошо усвоить и соблюдать их в своей деятельности. С большой долей уверенности можно утверждать, что существовали специальные труды, посвященные искусству дабирства, по которым преподавали это искусство. Автор статьи относит книгу «Корванд» и трактат «О правилах составления письма» к числу таких произведений, которые еще в доисламский период использовались в процессе освоения этики и правил дабирства. На основе исследования разных списков указанного трактата автор статьи выявляет особенности составления письма в доисламский период истории.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ПРОИЗВЕДЕНИЯ, СВЯЗАННЫЕ С ИСКУССТВОМ ДАБИРСТВА, В ДОИСЛАМСКОМ ПЕРИОДЕ

In the state of the Sasanides dabirs pertained to the selected layer of the society. The art of writing had the ethics and rules of its own, so dabirs had to imbibe them to perfection in order to follow these principles in their activity. One can assert for sure that there existed special works dwelling on the art of dabirship and tuition was conducted in conformity with the letters. The author of the article refers the book «Korvand» and the treatise «On the Rules of Letter Composition» to such sort of productions which were used yet in the pre-Islamic period in the process of mastering the ethics and rules of dabirship. Designing on the premise of various lists included into the treatise in question the author evinces the peculiarities of letter composition in the pre-Islamic period.

Текст научной работы на тему «Осори марбут ба Ойини дабирӣ дар даврони тоисломӣ»

Зоиров алимцон,

докторанти ДДХ ба номи акад. Б. Fафyров

ОСОРИ МАРБУТ БА ОЙИНИ ДАБИРЙ ДАР ДАВРОНИ

ТОИСЛОМИ

Даp замони xyкyмати Сосониён фанни нависандагй одо6у шаpоити махсyсе дошт ва дабиpони девонpо заpyp буд, ки он кавоиду одобpо ба хубй азбаp намоянд ва даp нигоштаxои хеш аз ощо pиоят кунанд. Ба эxтимоли наздик ба якин, ч^ати омузиши оини дабиpй китобxои махсусе мавчуд буда ва муаддибон бештаp аз pyи онxо ба шогиpдон даpс мегуфтаанд.

Аз ахбоpи зайли Ч,аxшиёpй маълум мешавад, ки xанyз даp аxди кадим подшоxони Эpонpо «навиштаxое» будааст, ки даp ощо баpои дабиpон ва коpгyзоpони хеш дастypоте дода будаанд. Ва xама дабиpонy коpгyзоpони девон вазифадоp буданд, ки xини адои вазоифи хеш он кавоиду шаpоитpо pиоят намоянд. Чунончи гуяд: «Абдyлвоxид ибни Мyxаммад накл аз Мyxаммад ибни Возеx ба ман гуфт: «Даp Исфаxон навиштаxои кадиме аз хyсpавон (подшоxони Эpон) дидам, ки даp ощо баpои амpи хиpоч ва yмpон ба уммоли худ дастypоте навишта буданд. Ин навиштаxо xаp rox хитоб ба чамоат буд, бо чумлаи «Пойдоp бимонед» ва агаp ба унвони як нафаp буд, бо чумлаи «Пойдоp бимонй» шypyъ шуда буд. Сипае нависанда матолиби хyдpо баён мекаpд» (15, 29).

Ба эxтимоли наздик ба якин мypод аз «навиштаxо»-и подшоxони кадими Эpон кутуб ва pасоиле мебошанд, ки андаp ойини номанигоpй ва шаpоитy кавоиди нависандагй баxс мекунанд, зеpо даp иктибоси фавк сухан аз кавоиду оини номанигоpй ва усули OFOЗи макотиби девонй меpавад. Фузун баp ин, аз ахбоpи Ч,аxшиёpй маълум мешавад, ки макотиби девонии он давp одатан бо дуои мухотаб («Пойдоp бимонед» ё «Пойдоp бимонй») шypyъ мешудаанд.

Мутаассифона асли он кутуб, ки даp боpаи кавоиду одоби нома-нигоpй баxс мекунанд, то мо наpасидаанд. Аммо даp саpчашмаxои каpнxои аввали исломй ва таxкикоти донишмандони ватаниву хоpичй ишоpаxои кyтоxе ба мавчудияти ин гуна кутуб шудааст, ки мисолашон китоби «Коpванд» ва pисолаи «Ойини нома набиштан» мебошанд.

Китоби «Корванд». Агаpчи эpониён пас аз xyчyми аъpоб даp саxна-XOи сиёсию низомй ва мазxабй аз макому манзалати каблии худ поёш^

фаромаданд, дар майдони илму адабиёт ва фарханг макоми баланди худро аз даст надоданд. Гурухе бо номи шуубия ба адабиёту фарханги миллй ва осори пурбахои тоисломии худ руй оварда, онхоро ба забони арабй тарчума карданд ва дар даъват ба фарогирии фархднг, андеша ва сабки баёни ниёкони худ лахзае аз по нанишастанд. Яке аз китобхое, ки аз пахлавй ба забони арабй тарчума шуд ва шуубия омузиши онро барои нависандагон зарур медонистанд, китоби «Корванд» мебошад.

Китоби «Корванд» яке аз кутуби тоисломии форсй мебошад, ки пиромуни оини нависандагй ва фанни балогат бахс мекунад. Мутаас-сифона, аз ин китоб ба чуз ном чизе ба ёдгор намондааст. Ин китобро Ч,охиз дар китоби «ал-Баён ва-т-табйин» хангоми бахс аз шуубигарии эрониён ва даъвати онхо ба омузиши китобхои тарчумашуда аз форсй, ном бурдааст. Чунончи, чое аз забони шуубияи Эрон мегуяд:

<_113£" г 4*111 ¡к у. 5з ' 5з ЯЫЛ^ ¡к ¡Л 5з»

(ниг. ба 1, 79). Яъне «Х,ар ки бихохад ба кунхи фанни балогат бирасад ва ба луготи гариб пай барад ва дар лугат гавр кунад, бояд китоби «Корванд»-ро бихонад».

Аз сухани мазкури Ч,охиз чунин бармеояд, ки китоби «Корванд» зохиран пиромуни кавоиди илми балогат бахс мекарда ва хамчунин намунахое аз суханони балегро дар бар доштааст. Минбаъд аксари до-нишмандони ватаниву хоричй атрофи ин гуфтаи Ч,охиз дар китобхои хеш бахс намудаанд, ки чихати пархез аз итолаи калом мо аз баёну шархи он бахсхо худдорй мекунем (ниг. ба: 1, 73, 79, 180, 181; 4, 25- 26; 5, 120- 121, 129-130; 8, 50-51; 13, 314;).

Маликушшуаро Бахор китоби «Корванд»-ро яке аз китобхое медонад, ки ба забони дарй таълиф шудаанд. Чунончи, дар яке аз бахсхои хеш мегуяд: «Ч,охиз дар «ал-Баён ва-т-табйин»-и худ аз китобе форсй ба номи «Корванд» ном мебарад ва онро яке аз кутуби фасех ва мухими забони форсй медонад ва дур нест, ки ин китоб хам аз кутуби дарй бошад, ки аз миён рафтааст» (1, 312).

Исо ал-Окуб китоби «Корванд»-ро тахмин хамон номае медонад, ки Хусрави Парвиз ба писараш Шеруя нигоштааст. Асли ин нома «Китоб ахди Кисро ило ибнихи» (^ ^^ м^), яъне «Ахдномаи Хусрав ба писараш» унвон дорад, ки баъзе «Айну-л-балога» низ гуфтаанд. Аммо ховаршиноси шинохтаи рус К.А. Инострансев муътакид аст, ки ин китоб хамон «Ахдномаи Хусрав ба писараш Х,урмуз» мебошад. Мухаммад Мухаммадй ин назарро намепазирад ва мисоли Исо ал-Окуб китоби мазкурро «Номаи Хусрави Парвиз ба писараш Шеруя» медонад. Аз тахкикоти М. Мухаммадй бармеояд, ки дар ин нома сухан аз балогат ва фанни суханварй рафта ва бад-ин сабаб баъзе онро «Айну-л-балога» номидаанд (ниг.ба: 5, 120-121).

Чунонки зикр шуд, Исо ал-Окуб пас аз тахдиду баррасии зиёд ба он натича расидааст, ки китоби «Корванд» ва «Ахдномаи Хусрав ба писараш» зохиран як китоб мебошанд. Чунончи гуяд: «Илова бар ин, дар ин давра шохиди китобе хастем дар бораи усули балогат, ки аз пахлавй ба арабй тарчума шуда ва баид нест хамон «Ахди Кисро ило ибнихи», ки «Айну-л-балога» номида мешавад, бошад. Ч,охиз вадте аз шуубигарии эрониён сухан мегуяд, ба ин китоб ишора кардааст. У дар васфи балогати эрониён мегуяд: «Дар кй бихохад ба кунхи фанни балогат бирасад ва ба луготи гариб пай барад ва дар лугат гавр кунад, бояд китоби «Корванд»-ро бихонад». Ва далеле вучуд надорад, ки китоби «Корванд» хамон «Номаи Хусрав ба писараш» набошад» (5, 121).

Аз идтибоси боло равшан мешавад, ки Исо ал-Окуб китоби «Кор-ванд»-ро хамон «Номаи Кисро ба писараш» медонад, зеро мегуяд, ки «далеле вучуд надорад, ки китоби «Корванд» хамон «Номаи Хусрав ба писараш» набошад». Дар сурати дуруст будани ин фикр метавон гуфт, ки ин нома дар нихояти балогат ва хунари нависандагй иншо шуда, мин-баъд хамчун сарчашма чихати омузиши расму оини дабирй хидмат наму-дааст. Аз ин чо, маълум мешавад, ки дабл аз ислом эрониён чихати ому-зиши ойин ва шароити дабирй хамчун сарчашма аз номахои шохони маъруфи хеш низ истифода мекардаанд. Ахмади Тафаззулй низ чониб-дори хамин фикр аст. Бино ба ахбори донишманди мазкур ба адибону дабирони тоисломй пайваста тавсия мешудааст, ки дар датори китобхои «Худойнома» ва «Калила ва Димна» хамчунин «Ахди Ардашер», «Тав-деоти Анушервон» ва амсолу хиками Бузургмехрро бихонанд (13, 314).

Ч,охиз дар китоби «ал-Баён ва-т-табйин» асолати китобхои «Кор-ванд» ва «Калила ва Димна»-ро дар датори чанд китоби дигари тоис-ломии форсй инкор намуда, онхоро аз бофтахои хаёлии нависандагони баъдй донистааст. Вале донишманди шинохтаи точик Низомиддин Зохидов ботил будани ин давли Ч,охизро ошкор намуда мегуяд: «Ангезаи зиддишуубии Ч,охиз уро ба он водоштааст, ки китоби мазкур («Кор-ванд»-З.Д.)-ро дар баробари «Калила ва Димна» ва осори дигари тоис-ломй аз бофтахои хаёли адибони эронй аз дабили Абдулхамиди Котиб, Ибни Мудаффаъ, Сахл ибни Дорун ва дигарон пиндорад. Китоби «Кор-ванд»-ро дар радифи «Калила ва Димна» гузоштан ва асолати онро бад-ин шева инкор кардан худ ботил будани даъвои Ч,охизро собит мекунад, зеро имруз асолати «Калила ва Димна» шакку шубхаеро ба вучуд намеоварад ва дар хамин диёс иддаои махсули хаёли нависандагони баъдй будани китоби «Корванд» низ рад мегардад» (4, 25- 26).

Дамчунин аз таддидоти Н.Зохидов маълум мешавад, ки муаллифи китоби «Сифату-д-давот ва-л-далам ва тасрифухо» Абулдосим Абдулазизи Багдодии Нахвй дар датори тарчумахои «Калила ва Димна»,

«Китоби Маздак», «Дазор афсона» ва «Ахди Ардашер» тарчумаи китоби «Корванд»-ро низ мансуб ба Ибни Мудаффаъ донистааст (4, 104).

Аз бахсхои фавд метавон ба ин натича расид, ки дар асри зиндагии Ч,охиз китоби «Корванд» хамчун китоби омузиши фанни балогат ва оини нависандагй шухрат дошта ва мавриди истифода буда, вале адоиди зиддишуубии у ичозат надодааст, ки онро эътироф ва изхор намояд.

«Ойини нома набиштан». Яке аз рисолахои мухтасаре, ки тахмин аз охирхои даврони сосонй ба забони пахлавй то мо расидааст, рисолаи «Ойини нома набиштан» аст. Агарчи чанде аз донишмандони ватаниву хоричй хини тахдидоти хеш ба таври ихтисор аз он ёд намудаанд (ниг.ба: 1, 149-150; 4, 25; 9, 34-35; 12, 65; 13, 294- 295; 14, 295-297, 302, 304-306), вале хануз чои пажухиш дар ин рисола комилан эхсос мешавад.

Шоистаи зикр аст, ки унвони ин рисола дар осори ба мо дастрас ба гунаи мухталиф омадааст. Дар асли пахлавй номи ин рисола ««А'ак ëwënag namag пп^гёшЬ»» (10, 307) ва «А'ак ëwënag i namag ш1^§шЬ»(13, 294, хошияи 4) омада ва Саиди Урён онро «Дар бораи ойини номанависй» тарчума кардааст (10, 139). Аммо Дусайни Хатибй унвони ин рисоларо ба сурати «Оинномаи набиштан», Ахмади Тафаззулй «Ойини номанависй», М. Бахор «Андар оини номанависй», Н. Салимов «Ойини нома навиштан» ва Н.Зохидов «Ойини нома набиштан» овардаанд. Сабаби ин хама ихтилоф шояд дар он аст, ки асли пахлавии ин рисола бидуни унвон то мо расидааст, зеро Ахмади Тафаззулй мегуяд, ки чунин унвон дар матни аслии рисола ва нусхахои хаттии он наёмада ва ин унвон интихоби тахзибгари китоб мебошад (13, 294).

Дусайни Хатибй дар фасле, ки пиромуни адсоми макотиби давраи сосонй бахс мекунад, зимни сухан намудан пиромуни ихвониёти ин давр аз ин рисола ёд намуда ва барои шохиди фикр аз он мадад чустааст. До-нишманди мазкур ин китобро фасли мухтасаре аз китоби муфассал медо-над, ки мутаассифона шакли комили он то мо нарасидааст. Устод Хатибй асли ин китобро ба забони пахлавй медонад ва бар он бовар аст, ки он дар охирхои ахди Сосонй ва ё дар дарнхои аввали исломй бо таваччух ба услуби номахои ихвонии ахди Сосонй тадвин шудааст (14, 295).

Рисолаи «Ойини нома набиштан» аз 44 дитъа (банд) иборат буда, хар як аз ин бандхо баёнгари шевахои сабки номанигорй бо зикри намуна мебошанд. Мурод аз тадвини он «фарохам овардани улгухое барои дабирон будааст, ки чи гуна дар маворид ва муносибатхои гуногун нома бинависанд» (13, 294). Дар асли пахлавй низ ин рисола ба 44 банд чудо карда шудааст (10, 307-313). Аммо дар нусхаи тахиясохтаи Манижа Ахадзодагон матни ин рисола иборат аз 45 банд аст, ки аз давли донишмандони дигар ва нусхахои зери дасти мо буда фард мекунад (11, 609). Дини мудоиса ва мудобалаи нусах маълум шуд, ки хамаи бандхои

нусхаи асл ва нусхаи таpчyмакаpдаи Манижаи Ахадзодагон айни якдигаpанд. Сабаби 45 банд гуфтани Манижаи Ахадзодагон даp он аст, ки y сyхани поёнии pисолаpо низ pакамгyзоpй каpда ва онpо банди 45 донистааст. Аммо даp нyсхаи тахиясохтаи Саиди Уpён охиpсyхани pисола pакамгyзоpй нашyдааст.

Х,усайни Хатибй даp мачмуъ ин pисолаpо фаpогиpи ду бахш медонад. Бахши аввал даp шеваи OFOЗи номахои ихвонй ва бахши сонй маpбyт ба буни номахо ва шаpоитy кавоиди онхо мебошад (14, 296). Лозим ба тазаккyp аст, ки матолиби мyндаpичи ин pисолаи кyчак доpои назму таpтиби муайяне нест. Зохиpан хаp яке аз бандхои pисола намоёнгаpи шевае аз сабки номанигоpии тоисломии фоpсй мебошанд. Банди аввали pисола ба зохиp мyкаддимаеpо мемонад ва он чо шаpхи касоне омадааст, ки ба якояки онон ин навъ номахоpо навиштан мумкин аст. Чунонки омадааст: «Акнун навишта мешавад (бо) навишта(е) басазо, номае ба якояки фаpмонpавоён, ба подшохон ва мехон ва ашpоф хаме пиpyзгаp, ба хама коpгyзоpони фаppyхтаp, ба онон, ки нисбат ба хаp офаpине аpзанда (=лоик) хастанд, яздон панох ва ёpидихандаи кишваp, ба фypУдастони анyш ёди хазоp анyш, ба бандагон ва фypyдастон хазоp ануш ёд, (ба онон ки) аз ануша ёди (он) андак фаpоз дошта шудаанд, боозаpмтаpин (ва) гиpомитаpин (афpод), ба падаp ё баpодаpон ё фаpзандон ё ба онон, ки хаммонанди падаp ва баpодаp ва фаpзанд хастанд» (10, 139).

Аз иктибоси фавк маълум мешавад, ки ин навъ номахо ба хамаи фаpмонpавоён: ба подшохон, бyзypгонy ашpоф, коpгyзоpони давлат, онхое, ки лоики хаp тахсину офаpинанд ва онон, ки гиpомитаpин ва махбyбтаpин касонанд, ба мисли падаpy баpодаp, фаpзанд ва хамонанди онхо навишта мешудааст.

Даp бандхои бокии pисола таpзи навиштани анвои васфу ситоиш, OFOЗи нома, хамдаpдию тасаллият, матолиби аслй ва поёни номахо зи^ гаpдидааст. Аз чанд банди ин pисола маълум мешавад, ки ихвониёти давpони Сосонй бештаp бо чумлахои дуой OFOз мешуда ва бо чумлахои дуой поён мепазиpyфтаанд. Инчунин аз мутуни ин pисола маълум мешавад, ки хануз даp ахди Сосониён оваpдани алкобу ановини мухотаб даp OFOЗи нома (бандхои 5, 6, 7, 8, 10, 11, 12, 34), хангоми набиштани посух хабаp додан аз гиpифтани номаи мухотаб (банди 20, 31), ба некй ва бо эхтиpом ёд каpдани гузаштагон (банди 21), yмpи тулонию хайpy саодати мухотаб хостан (бандхои 22, 23, 24), дуои хайp намудани мухотаб (бандхои 29, 30), оваpдани унвони нома (банди 18), иттилоъ додан аз таъpихи навишта шудани нома, хабаp додан аз саломатии хеш, изхоpи хypсандй каpдан аз саломат будани мухотаб ва pасидани номаи набиштаи y (банди 31), иттилоъ додан аз ахволу pyзгоpи хеш (банди 32), дуои хайp намудани мухотаб даp поёни нома (банди 33, 35, 37, 39, 40, 42,

44), дар нихояти нома зикр намудани ном ва насаби котиб (банди 25, 44), пурсидани ахволи наздикону дустон ва дуруд фиристодан ба онхо (банди 27) ва пузиш хостани котиб аз кажихои нома (банди 27) расм будааст.

Ба занни давй чанде аз бандхои рисола дар якчоягй матни комили як номаро мемонанд. Аз ин нигох метавон тахмин намуд, ки радамгузории ин бандхо минбаъд сурат гирифтааст. Шохиди ин фикр мутуне мебошанд, ки дар бандхои 18-27 ва 31-33 омадаанд.

Матнхое, ки дар бандхои 18-27 омадаанд, дар мачмуъ як тасалли-ятномаро ташкил медиханд ва бе шак намунаи бехтарини ин навъи нома мебошанд. Ч,ихати эхтироз аз итолаи калом овардани тарчумаи форсии онхоро савоб медонем. Таваччух намоед:

«Нома чихати хамдардй ва тасаллй додан ба бузургон ва нучабо.

Эй хаме пирузгар, Бахмон писари Бахмон, (Эзад) хаме сипузад (дур кунад-З.Д.) андухро ва аз байн бибарад зориро ва (аз шумо) дур бошад хар патёра (осебрасон), мухтарам бошед ба хар фаррухии менуй ва моддй. Замоне, ки ба мо (аз даргузашти) анушаравон, Бахмон писари Бахмон, огохй расид, аз марги (у) андухи гарон ёфтем, аммо аз он чо, ки чораи дунявй чихати рахой аз марг ва (низ) сайри инсон ба (суи мадсади нихой) ба дасти (ашхоси) пурфарах ва хунари хунармандон ва доноён ва фарзонагон ва низ ситамгарон ва гунохкорон ва низ бузургкунишон ва кирфаварзон (савобкорон-З.Д) нест, (бино бар ин ) расидани марг ва рузи омор (рузи хисоб-З.Д) (ва) гузаштан аз Чинудпул (пули сирот-З.Д.) бар хар кас мудаддар шудааст.

Он анушаравон низ хубкуниш ва бузургном ва бузургсуд (=хайр) буд ва (аз ин руй) бахраи (у) бихишт ва подоши (у) гарудмон (и1-^^ дар нусхаи асл «^ш^тап», зохиран ба маънии «фирдавс»-З.Д.) бошад.

(Бошад, ки) шумо умри тулонй кунед ва дуруст (=солим) зиндагй кунед, хурсандй ёбед ва хотир осуда доред ва равони хешро таоло ( бахшед ва бо пазириши хурсандй (= тасаллй ёфтан) шикаста ва нобуд ва вайрон кунед, ганноги мину (^ ^^ дар нусхаи асл «gannog-mën5g»-З.Д.) ва девонро, равони он анушаравонро бо ситоиш ва ниёиши дархур (ва низ) зикри офарингон дахмон (як навъ намози зардуштиён, ки хангоми идхо ва мавдеи мухталиф ба чой меоварданд, зохиран дуои хайр -З.Д.) хушнуд кунед.

(Эзадон) шуморо барои замоне дароз аз хар юриши (ахриманй) бипоянд (хифз доранд -З.Д.) ва бартарин ромиш ва некиро (бар шумо) бияфзоянд ва ин тани фаррухи (шумо) то замони фрашгирд дар

нусхаи асл «frasgikd zam5n», зохиран «то замони растахез» -З.Д.) нек фазоянда бошад. Пайваста шуморо дар дурй аз хар таоруз (ихтилоф варзидан-З.Д.) бартарин фаррухй бошад. Бо дуруди бешумор (ва) дар панохи эзадон, Бахмон писари Бахмон навишт.

Аз Бахмон ба Бахмон дypyди бисёp.

(Умед, ки) нисбат ба кажихо(-и мавчуд даp нома) баpтаp бошед (=нодида бигиpед), зеpо нома бо шитоб (навишта шудааст)» (10, 140-141, бандхои 18-27).

Бидуни таpдид, то имpyз баъзе аз кисматхои тасаллиятномаи мазкyp даp номахои ихвонй, ба хусус даp тасаллиятномахо, ба коp меpаванд. Аз ин чо маълум мешавад, ки ин сабки нигоpиши номахо хануз кабл аз ислом байни дабиpон pоич будааст.

Матнхое, ки даp бандхои 31-33 омадаанд, эхтимол pyкнхои аслй (бандхои 31, 32) ва поёнии (банди 33) як номаи дустона мебошанд, ки тибки оини номанигоpй одатан пас аз дуо ва ановину нуути мухотаб меоянд. Эхтимол доpад, ки бандхои каблии pисола(бандхои 28, 29, 30) кисмати садp, яъне кисмати мукаддимавии ин нома бошанд. Аз мазмуни бандхои мазкyp pавшан мешавад, ки онхо намунаи як номаи чавобй мебошанд ва навиштани ин навъи номахо бештаp байни дустоне pоич будааст, ки даp масофаи дyp аз хам зиндагй мекаpдаанд. Забони баёни ин бандхо бисёp соддаву фахмо ва дилчасп мебошанд, ки хоси номахои ихвонй аст. Таваччух кунед:

«Акнун менависам, ки то pyзи бахмон ва мохи бахмон, ки ин номаpо навиштем, дypyст ва дypyдманд (=солим) ва пypоpзy будем, номаи шумо омад ва (онpо) дидем, он чи(pо, ки) навишта шуда буд, гyзидоp донистем ва аз саломати шумо шод ва нисбат ба эзадон rarooAop шудем.

Ба некй ва хубй бифаpмоед, огох бошед, ки ин чо pyзгоp хубу нек ва замона нек аст, (авзоъ) баpои бехон мусоид аст, бехонpо некй ба ком аст.

(Эзадон) шyмоpо хамеша тандypyст ва доpои чони бемаpг ва номи боиззат, икболи хуш ва фаpахи боланда, саpвати моно ва дини фpашгиpдй (s^j^j даp нусхаи асл «fKasgiKdÎh», зохиpан маънии «абадй»-po доpад -З.Х,.), насли поё (поянда-З.Х,.) ва pавони гаpyдмонй (^l-^jj^ даp нусхаи асл «gaxôdmanÎg», зохиpан ба маънии «бихиштй» - З.Х,.) бидоpанд» (10, 142, бандхои 31-33).

Аз намунахои оваpдашyда ва бандхои дигаpи pисолаи мазкyp метавон то андозае аз мухтассоти номахои ихвонии ахди Сосонй иттилоъ ёфт, ки мисолашон инхоянд:

1.Нигориши номахо ба сабки мyтнаб. Аз намунахои даp фавк оваpдашyда, маълум мегаpдад, ки дабиpони ахди сосонй даp нигоpиши номахои ихвонй таpики итнобpо ба коp мебypдаанд.

2.Дурй аз шеваи эъчоз. Одатан дабиpон даp номахое, ки ба шеваи эъчоз нигошта мешуданд, танхо мафохими аслиpо баён медоштанд ва аз баёни ановину алкоб ва дуо паpхез мекаpданд. Аз бандхои pисолаи мазкyp маълум мешавад, ки даp макотиби ихвонии ин давp оваpдани алкобу ановин ва дуохо pасм будааст.

З.Та^сими номахо ба аркони мухталиф. Макотиби ихвонии ин давр низ мисоли номахои султонй ва девонй дорои аркони муайяне будаанд. Маъмулан, ин номахо низ аз мудаддима (хамду ситоиши эзадон ва мухотаб), рукни аслй ва хотима (дуои хайри мухотаб, зикри номи котиб) иборат буданд. Шохиди ин сухан тасаллиятномае мебошад, ки дар фавд овардем.

4.Овардани ал^об, ановину нуут ва адъия. Аз бандхои рисола маълум мешавад, ки дар номахои ихвонй низ муносиб ба мадом ва дарачаи мухотаб алдобу ановин ва нууту адъия оварда мешудаанд. Шохиди ин фикр ановину нуути зер мебошанд:

«Эй бузургумед, бахшоишгар, фарёдраси бисёр касон» (банди 5), «бузургкирдор...ёридихандаи дарвешон ва офаридагон, умеддиханда» (банди 6), «пирояи чахон, шукухи кишвар ва нигохбони остонхо» (банди 7), «силохи эзадон ва неруи хунаровандон(=хунарварон) ва пуштибони фурутанон ва панохи маздояснон» (банди 8), «ба тухма озода ва ситуда ба хунар ва дар куниш пок ва комил дар хирад ва номй ба хар бехй» (банди 10), «фарозтарин дар доной ва ба чехр ситуда ва дорои дурахши-ши тобон андар замона ва фарёдрас андар харду чахон» (банди 11), «ба гавхар дуруст ва ба хим(=сиришт) вироста, бахшоишгар андар подшохй ва хубварз андар порсой ва ёри хар бехон» (банди 12) ва г. (10, 140).

Шоистаи зикр аст, ки овардани алдоб ва ановину нуут хануз аз даврони дадим байни нависандагони Эрон расм буд ва мисоли ин харф катибахои ахди бостон мебошанд, ки баёни ин мавзуъ бахси чудо мехохад.

5.Истифодаи шева ва равише мушаххас дар огозу поёни номахо. Аз

бандхои рисолаи мазкур бармеояд, ки одатан номахои ихвонии ахди сосонй, ки чанбаи дустона доштанд, бо зикри алдобу ановин ва номи мухотаб огоз мешудаанд. Чунончи:

«Эй пирояи чахон, шукухи кишвар ва нигахбони остонхо, Бахмон писари Бахмон» (10, 140, банди 7).

«Эй ба тухма озода ва ситуда ба хунар ва дар куниш пок ва комил дар хирад ва номй (=номовар) ба хар бехй, Бахмон писари Бахмон» (10, 140, банди 10).

Гохе дар садри макотиб пас аз ановину нуут таркиботи дуой ва номи мухотаб оварда мешуд:

«Эй бузургумед, бахшоишгар, фарёдраси бисёр касон, (эзадон шуморо) аз хар таорузе безор, дур ва дар пархез бидоранд, эй хаме пирузгар, Бахмон писари Бахмон»(10, 140, банди 5).

Аз огози номахои ихвонй, ки дар ин рисола омадаанд, маълум ме-гардад, ки онхоро аз огози анвои дигари номахои тоисломй фард будааст, зеро номахои девонй одатан бо ситоиши Худо ва мудаддамоте

мутаносиб ва номахои султонй бо зикри алкобу ановини котиб огоз мешуданд (ниг.ба: 14, 303). Аз ишорот ва иктибосоти боло маълум мешавад, ки номахои ихвонй голибан бо зикри алкобу ановин, чумлахои дуой ва номи мухотаб огоз мешудаанд. Лозими зикр аст, ки огози ихвониёти дустона аз ихвониёти чанбаи расмй дошта имтиёз менаму-данд, зеро номахои ихвоние, ки чанбаи расмй доштанд, голибан бо дуои мухотаб огоз мешуданд. Чунончи:

«(Эзадон) хама (шуморо) андар афрози (=таоло) хар фаррухй афзун ва дорои хама гуна эхтиром ва (дар) шодмонии харду чахон команчом бидоранд» (10, 140, банди 9).

Аз рисолаи мазкур маълум мешавад, ки номахои ихвонй голибан бо дуои мухотаб поён меёфтаанд:

«Эзадон шуморо дар бошукухтарин замон, поё, муназзам ва баркарор бидоранд» (10, 142, банди 37).

Баъзе номахо бо дуруд (10, 139 ва 142 бандхои 2 ва 40) ва зикри номи котиб (10, 141 ва 142, бандхои 25 ва 44) поён пазируфтаанд.

Шоистаи зикр аст, ки поёни макотиби ихвонй аз поёни номахои девонй ва султонй фарк мекунанд, зеро поёни макотиби девонй ва султонй мисоли номахои ихвонй сурати мушаххас надоранд. Дар номахои ихвонй, ба хусус дар номахои дустона байни котиб ва мухотаб чандон фарк дида намешавад ва нависанда чихати хусни баён аз саноати шеърй, панду андарз ва осори сухансароён истифода намекунад. Аммо дар номахои девонй ва султонй, дабиронро лозим буд, ки тамоми хунари нависандагии хешро намоиш диханд ва аз панду хикмати бузургон, ашъори суханварон ва санъатхои шеърй фаровон истифода кунанд. Дар макотибе, ки аз тарафи подшохон ба оммаи мардум навишта мешуд, равиши итнобро ба кор мебурданд, вале дар макотибе, ки аз чониби мардуми оддй ба подшохон ва бузургони давлат нигошта мешуд, мебо-ист аз равиши эъчоз истифода кунанд ва аз ороиши сухан, истифодаи саноати бадей, панду хикмат ва осори адибон пархез намоянд.

Устод Ахмади Тафаззулй бандхои рисолаи мазкурро ба шаш гурух(намуна) таксим намудааст, ки ба гунаи зайланд:

1.Бандхое, ки бо ному лакаб ё алкоб ва чумлахои дуой огоз шуда, бо дуои мухотаб поён ёфтаанд (бандхои 2, 3, 4, 13, 14, 15, 16, 17, 36).

2.Бандхое, ки бо алкоби ситоишомез огоз шуда, сипас бо чумлахои дуой ва зикри номи мухотаб поён пазируфтаанд (банди 5).

3.Бандхое, ки шомили алкоби ситоишомез ва номи мухотабанд (бандхои 6, 7, 10 то 12).

4.Бандхое, ки нахуст алкоби ситоишомез, пас аз он номи мухотаб ва нихоят чумлахои дуой омадаанд (бандхои 8, 9, 34, 35, 38, 39, 43).

5.Бандхое, ки бо ситоиши Зардушт огоз шуда, сипас алдоби ситоишомез ва номи мухотаб оварда мешаванд (бандхои 28, 29).

6.Бо чумлаи дуой, ки дар он ном ва ладаби мухотаб зикр шудааст (банди 41) (13, 295).

Аммо мо наметавонем тадсимоти А. Тафаззулиро пурра ва дуруст донем, зеро бандхои рисоларо аз лихози сохт ва мазмуну мухтаво метавон боз ба гуруххои дигар чудо кард. Гузашта аз ин, тадсимоти донишманди мазкур холй аз иштибох нест. Чунончи, банди хаштуми рисоларо, ки мувофид бо намунаи сеюм аст, иштибохан дар намунаи чорум овардааст.

Ба эхтимоли наздик ба ядин, намунахое, ки дар ин рисолаи кучак омадаанд, бештар дар макотиби расмии ихвонй ба кор бурда мешуданд, на номахои дустона, зеро аксари чумлахое, ки дар ин бандхо омадаанд, сохтаву тасаннуй мебошанд, на сода. Ахмади Тафаззулй ин намунахоро хоси номахои расмии адибона донистааст (13, 295).

Рисолаи «Оини нома набиштан» ба забони форсии имруза низ тарчума шудааст, ки ду нусхаи тарчумаи он зери дасти мо дарор дорад (10, 139-143; 11, 609- 611). Афзун бар ин, тарчумаи форсии чанд банди он дар китобхои «Сабкшиносй»-и М. Бахор (1, 149-150) ва «Фанни наср»-и Д. Хатибй оварда шудаанд (14, 296-297, 302, 304-306).

Дини мудоисаи тарчумахои форсии рисола моро маълум шуд, ки ихтилофи зиёде байни онхо чой дорад. Аз ин нигох, мутахассисон ва донандагони забони пахлавиро зарур аст, ки дар асоси нусхаи аслй ва нусахи тарчумашуда, як нусхаи дуруст ва боэътимоди илмиро тахия сохта, пешкаши ахли тахдид намоянд.

Аз байни нусхахои ба мо дастрас нусхаи Саиди Урён нисбатан боэъ-тимод аст. Аммо дар ин нусха низ калимоту ибороте ба назар мерасанд, ки имруз дар забони точикй истифода намешаванд ва барои хонандагони имрузи точик маънии онхо пушида аст. Ба монанди «ануш», «фрашгирд» (. «фрашгирдй» «гарудмонй» (^-^^Д), «бузургкунишон»,

«гурфаварзон» (и'jJJ «Чинудпул», «ганоги мину»

«дахмон» (и^.) ва г. Афзун бар ин, нусхаи мазкур низ мисоли нусахи дигар холй аз хато нест. Чунончи, дар банди ёздахум бар ивази «Фарозтарин ба гавхар» иштибохан «фаротарин ба гавхар» омадааст (10, 140). Дар хар сурат фурсате расидааст, ки донишмандони точик дар асоси нусахи хаттй ва нусхахои чопии мавчуда як нусхаи боэътимоди ин рисоларо тахия сохта, пешкаши пажухишгарон намоянд.

Аз гуфтахои фавд метавон ба ин натича расид, ки хануз дабл аз ислом эрониён ба омузиши хунари дабирй диддати махсус медоданд. Дар замони Сосониён бошад табадаи дабирон аз чумлаи табадахои мумтоз ва яке аз аркони давлат махсуб мешуданд. Дунари дабирй танхо ба

фарзандони дабирон ва ашрофзодагону бузургони давлат омузонида мешуд, вале фарзандони мардуми оддиро ичоза набуд, ки ин пеша биёмузанд. Муаддибон барои таълими расм ва оини дабирй аз китобхои махсус истифода менамуданд, ки мисолашон китоби «Корванд» ва рисолаи «Ойини нома набиштан» мебошанд.

Калидвожа^о: Сосониён, жанри номанигорй, оини дабирй, «Корванд», балогат, ««Ойини нома набиштан».

ПАЙНАВИШТ:

¡.Бауор, Мууаммадтацй. Сабкшиносй ё таърихи татаввури насри форсй. Иборат аз се цилд. Цилди аввал. - Теурон: Заввор, ¡386. - 496 сау. 2.Деухудо, Алиакбар. Фаруанги мутавассити Деухудо. Дар ду цилд. Зери назари дуктур Саид Цаъфари Шауидй. Ба кушиши Fуломризо Ситуда, Эрац Меуракй ва Акрам Султонй. - Теурон: Интишороти Донишгоуи Теурон, ¡385. Цилдуои аввал ва дувум. - 3224 сау.

З.Зоиров Халимцон. Нигауе ба расм ва оини номанигории ауди Тоуириён, Саффориён ва Сомониён/ Аз науви сухан то цавуари маъно (Мацмуаи мацолот). - Хуцанд: Меъроц, 2010. - С. 205-224.

4.Зоуидов Низомиддин. Насри арабизабони адабиёти форсу тоцик дар асруои VШ-IХ, - Хуцанд: Нури маърифат, 2004. - 402 сау.

5.Исо ал-Окуб. Таъсири панди порсй бар адаби араб. Мутарцим Абдуллоу Шарифии Хуцаста. - Теурон: Ширкати интишороти илмй ва фаруангй, ¡374.-337 сау.

6.Кристенсен, Артур. Эрон дар замони Сосониён: Таърихи Эрони Сосонй то уамлаи араб ва вазъи давлат ва миллат дар замони Сосониён. Тарцумаи Рашид Ёсамй. - Теурон: Нигористони китоб, ¡383. - 562 сау.

7.Мууаммадй, Мууаммад. Таърих ва фаруанги Эрон дар даврони интицол аз асри Сосонй ба асри исломй. Цилди чауорум: Забони форсй уамчун моя ва мададкоре барои забони арабй дар нахустин царнуои исломй. - Теурон: Тус, ¡380. - 440 сау.

8.Мууаммадй, Мууаммад. Таърих ва фаруанги Эрон дар даврони интицол аз асри Сосонй ба асри исломй. Цилди панцум: Низоми девонй ё созмони молй ва идории сосонй дар давлати хулафо. - Теурон: Тус, ¡380. - 464 сау.

9.Нарзицул, Мисбоуиддин. Таърих ва назарияи номанигорй. - Душанбе: Сино, 2009. - ¡40 сау.

¡0.0йини номанависй/Матнуои паулавй(тарцума ва овонавишт). Гирдоваридаи Цомосб цй Дастур цй Цомосб Осоно. Пажууиши Саиди Урён. -Теурон, ¡382. сау. ¡39-¡43; сау. 307-3¡3.

¡¡.Ойини номанависй. Тарцумаи Манижа Ауадзодагон.//Мацаллаи ««Чисто», соли саввум, шумораи уаштум, ¡365. - С. 609-6И.

¡2. Салимов Носирцон. Маруалауои услубй ва тауаввули анвои наср дар адабиёти форсу тоцик (асруои 1Х-ХШ). - Хуцанд: Нури маърифат, 2002. - 400 сау. ¡3.Тафаззулй, Аумад. Таърихи адабиёти Эрон пеш аз ислом. Ба кушиши Жола Омузгор. - Теурон: Сухан, ¡377. - 452 сау.

¡4.Хатибй, Хусайн. Фанни наср дар адаби порсй.- Теурон: Заввор, ¡375.-637 сау.

15.Ч,а%шиёрй, Абуабдуллох Мухаммад ибни Абдус. Китобу-л-вузарои ва-л-куттоб. Тарцумаи Абулфазли Таботабои. Муцаддимаи Зайнулобидини Рахнамо. - Техрон, 1348. - 439 сах.

Х. Зоиров,

докторант ХГУ им. акад. Б. Гафурова Произведения, связанные с искусством дабирства, в доисламском периоде

Ключевые слова: Сасаниды, эпистолярний жанр, искусство дабирство, «Корванд», «О правилах составления письма», поэтика

В Сасанидском государстве дабиры (начальник канцелярии при дворе правителя) относились к избранным слоям общества. Писательское искусство имело свою этику и правила, и дабирам необходимо было хорошо усвоить и соблюдать их в своей деятельности. С большой долей уверенности можно утверждать, что существовали специальные труды, посвященные искусству дабирства, по которым преподавали это искусство. Автор статьи относит книгу «Корванд» и трактат «О правилах составления письма» к числу таких произведений, которые еще в доисламский период использовались в процессе освоения этики и правил дабирства. На основе исследования разных списков указанного трактата автор статьи выявляет особенности составления письма в доисламский период истории.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Kh. Zoirov

The Productions Associated with the Art of Dabirship in Pre-Islamic Period

Key words: Sasanides, epistolary genre, dabirship, «Kazvand», the treatise «On the Rules of Letter Composition»

In the state of the Sasanides dabirs pertained to the selected layer of the society. The art of writing had the ethics and rules of its own, so dabirs had to imbibe them to perfection in order to follow these principles in their activity. One can assert for sure that there existed special works dwelling on the art of dabirship and tuition was conducted in conformity with the letters. The author of the article refers the book «Korvand» and the treatise «On the Rules of Letter Composition» to such sort of productions which were used yet in the pre-Islamic period in the process of mastering the ethics and rules of dabirship. Designing on the premise of various lists included into the treatise in question the author evinces the peculiarities of letter composition in the pre-Islamic period.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.