Научная статья на тему 'ВАЗЪИ СИЁСИИ МУЛКИ ЊИСОР ДАР НИМАИ ДУВУМИ АСРИ XVIII ВА АВВАЛИ АСРИ XIX (аз рўи маълумоти «Мунтахаб-ут-таворих»- и Муњаммад Њакимхон)'

ВАЗЪИ СИЁСИИ МУЛКИ ЊИСОР ДАР НИМАИ ДУВУМИ АСРИ XVIII ВА АВВАЛИ АСРИ XIX (аз рўи маълумоти «Мунтахаб-ут-таворих»- и Муњаммад Њакимхон) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
480
161
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Шумон / Ҳисор / Муҳаммад Ҳакимхон / «Мунтахаб-ут-таворих» / Муҳаммадаминбї / Аллабердї тоз / Shumon / Hissar / Muhammad Hakimkhon / “Muntakhab –аt - tavаrikh” / Muhammadaminbi / Allaberditoz
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The political situation of Hissar domain in the second half of XVIII and the beginning of XIX centuries (According to the data of “Muntakhab –

The article is devoted to the 3000th anniversary of Hissar domain. The article speaks about various historical periods, the political situation during the second half of XVIII and the beginning of XIX centuries of Hissar domain according to the unique historical resource of the IX c. “Muntakhab –аt tavаrikh” by Muhammad Hakimkhаn. “Muntakhab –аt tavаrikh” of Muhammad Hakimkhаn has a special place and scientific importance in the study of political history of Tajiks of Central Asia of the 19th c. The author also gives exact information about the wars of Central Asia’s khanates which lasted more than hundred years. The article rests upon this historical resource information, and speaks about the political situation of Hissar domain and its brave leaders Muhammadaminbi and Allaberditoz who fought to strengthen the political situation of this region.

Текст научной работы на тему «ВАЗЪИ СИЁСИИ МУЛКИ ЊИСОР ДАР НИМАИ ДУВУМИ АСРИ XVIII ВА АВВАЛИ АСРИ XIX (аз рўи маълумоти «Мунтахаб-ут-таворих»- и Муњаммад Њакимхон)»

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43)2015

УДК 9(с53) Ҷ.А. АБДУКАРИМОВ

ББК 63,3

ВАЗЪИ СИЁСИИ МУЛКИ ҲИСОР ДАР НИМАИ ДУВУМИ АСРИ XVIII ВА АВВАЛИ АСРИ XIX

(аз руи маълумоти «Мунтахаб-ут-таворих»- и Муҳаммад Ҳакимхон)

Вожаҳои калидӣ: Шумон, Ҳисор, Муҳаммад Ҳакимхон, «Мунтахаб-ут-таворих», Муҳаммадамннбй, Аллабердй тоз

Ниёгони мо дар тӯли ҳазорсолаҳои зиёд тамаддуни ганомандро бунёд карданд, ки қадимтарини он Саразм ба ҳисоб рафта ин маркази кишоварзию ҳунармандй таърихи беш аз 5000 сола дорад.

Маданияти замони неолити (миёнаи асри санг) Осиёи Миёна бо се марказҳои бузурги умумии таърихию фарҳангй - маданияти Калтаманор (маданияти сокинони қисмати ҳамвории Осиёи Миёна), маданияти Ҷайтун (маданияти сокинони ноҳияҳои Копедтог, Туркманистон), маданияти Ҳисор (маданияти «мардуми кӯҳистони асри санг», ҷануби Тоҷикистон) машҳур аст. Маданияти Ҳисорро бостоншиноси маъруф А.П. Окладников дар соли 1948 кашф карда буд.

Ҳафриёти бостоншиносй ва сарчашмаҳои хаттй собит месозанд, ки Ҳисор воқеан яке аз марказҳои қадими тамаддун ва фарҳанги тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Моҳи сентябри соли равон мардуми Тоҷикистон 3000-солагии Ҳисорро истиқбол хоҳанд гирифт. Таҷлили ин ҷашни таърихй аҳамияти умумиҷаҳонй дошта, ба феҳристи ҷашнҳои соли 2015 ЮНЕСКО ворид шудааст.

Президента кишвар, Ҷаноби Олй мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо сокинони Ҳисор, чунин таъкид карда буд: «Бо итминони комил гуфта метавонем, ки Ҳисор таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, ҷузъи муҳимтарини таърихи пургановати халқамон ва далели раднопазири яке аз миллатҳои қадимтарини ҷаҳон будани тоҷикон мебошад» ва дар ҳамин мулоқот пешниҳод гардид, ки бо мақсади бузургдошти саҳми мардуми Ҳисор дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик соли 2015-ум ҷашни 3000-солагии Ҳисор таҷлил карда шавад.

Дар асоси пешниҳоди мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.03.12. № 90 «Дар бораи баргузории ҷашни 3000- солагии Ҳисор» ба тавсиб расид.

Гарчанде ки омӯзиши археологии Ҳисор мавзӯи дигар аст, вале оид ба дастовардҳои бузурги илми бостоншиносй дар замони шӯравй ва даврони истиқлолият чанд сухан гуфтан аз аҳамият холй нест. Кашфиёт ва бозёфтҳои бостоншинос А.П. Окладников, ки дар солҳои 1938- 1939 дар магоки Тешиктоши наздикии шаҳри Термиз дар воҳаи Тургондарёи кӯҳсори Бойсуни вилояти Сурхондарё анҷом ёфтанд, ба водии Ҳисор дохил мешаванд. Ин кашфиёт ва бозёфт дар тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравй ва кишварҳои хориҷа аз он шӯҳрат пайдо намуд. Аз ин ҷо қариб 3 ҳазор маснуоти сангй ва склети писарбачаи 8-9 солаи неандерталй бозёфт шуда, арзиши баланди илмй доштанд.

Омӯзиши бонизоми илмй ва археологии ёдгориҳои водии Ҳисор ҳанӯз соли 1946 таҳти сарварии ховаршинос ва бостоншиноси маъруфи шуравй М.М. Дяконов огоз гардида буд. Дар натиҷаи ҳафриёт ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихй аз асри санг то ибтидои асри ХХ кашф ва омӯхта шудаанд. Яке аз кашфиётҳои бузурги бостоншиносии Ҳисор омӯзиши маданияти неолитии Ҳисор мебошад. Ёдгориҳои давраи биринҷй дар Ҳисор аз ҳафриёти Тӯпхона, Хоки Сафед ва Уштурхона ёфт шудаанд, ки ба ҳазорсолаҳои II ва ибтидои I пеш аз милод тааллуқ доранд.

Таърихи мулки Ҳисор дар давраҳои гуногун бо таърихи дигар мулкҳои Мовароуннаҳру Хуросон, Хатлону Бадахшон, Қундуз ва гайра, алалхусус Бухоро иртиботи мустақим ва қавй дорад. Дар тӯли таърихи гузашта кам ҳодисаеро ба мушоҳида гирифтаанд, ки дар шаҳрҳои калони марказй сар зада бошаду ба Ҳисор ва маҳаллоти тобеи он таъсир нарасонида бошад. Ҳамаи ин ҳодисаҳо, махсусан воқеаҳои сиёсй аз назари муаррихони асримиёнагй пинҳон намемонданд. Бинобар ҳамин аксари таърихнигорон ба таърихи Ҳисори Шодмон низ мароқ зоҳир кардаанд.

Дар омӯзиши таърихи мулки Ҳисор байни сарчашмаҳои таърихй нақши «Китоб-ул-булдон»-и Яъқубй, «Ҳудуд-ул-олам»-и муаллифаш гумном, «Таърихи Табарй, «Зафарнома»-и Шарофиддини Алии Яздй, «Бобурнома»-и Заҳириддин Бобур Мирзо, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезй,

35

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

«Шайбонинома»-и Муҳаммадсолеҳ, «Бадоеъ-ул- вақоеъ»-и Восифӣ, «Силсилат-ул салотин»-и Муҳаммадсалим, «Дастур-ул-мулук»-и Хоҷа Самандари Тирмизӣ, «Тазкираи Муқимхонӣ»-и Муҳаммадюсуфи Муншӣ, «Тӯҳфат-ул-хонӣ»-и Муҳаммадвафои Карминагӣ, «Таърихи салотини мангития»-и Сомӣ, «Зафарнома»-и Парии Ҳисорӣ ва гайра арзиш ва аҳамияти калони илмӣ доранд.

Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо дар асрҳои VII-IX дар он сарзамине, ки имрӯз бо номи водии Ҳисор маъруф аст, се вилояти таърихӣ: Шумон, Аҳорун(дар баъзе сарчашмаҳо Ахарун зикр шудааст.- А.Ҷ .)ва Чагониён мавҷуд буд.

«Шумон - шаҳрест устувор ва ба барокӯҳ ниҳода ва гирди он борае кашида ва онро кӯҳандиз бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни кӯҳандиз чашмаи об аст бузург, аз вай заъфарон хезад бисёр»- навиштааст муаллифи «Ҳудуд-ул-олам». Шумон як вилояти бузург дар ҳайати Тахористон буда, дар ҷануб то Қубодиёну Вахш, дар гарб то Аҳорун, дар шимол то агбаи Анзоб, дар шарқ то ба дарёи Кофарниҳон, ки начандон дур аз Қалъаи Шодмон воқеъ аст тӯл мекашид. Ба ақидаи В.В. Бартолд, Шумон дар ҷои шаҳрчаи Ҳисор, ки дар он вақт дар ҷануби қалаъи Ҳисор воқеъ буд, ҷой дошт. Вале ба ақидаи Е.А. Давидович ва А. Мухторов он дар ҷои ҳозираи Ҳисор воқеъ гардида будааст (1, 11).

Пайдоиши мафҳуми Ҳисори Шодмон низ ба Шумон вобаста аст. «Шодмон» на ба маънои сурур ва шодмонӣ, балки ба ақидаи В.В. Бартолд ҳамон Шумон аст. Пас аз истилои арабҳо ва харобкориҳои мугул мардум водиро ба сабаби қалъаи азими он Ҳисор меномидагӣ шуданд, вале номи пештараи Шумон аз байн нарафт. Азбаски маънои он маълум набуд, мардум калимаи «Шодмон»-ро, ки ба талаффузи он наздик буд, қабул намуданд. Ин тарзи табдили ном дар илм «этимологияи халқӣ» номида шуда, Ҳисори Шумон ба Ҳисори Шодмон ва Қалъаи Шодмон табдил ёфт.

Чагониён низ яке аз вилояти калонтарини Тахористон буда, дар гарб то Дари Оҳанин, ки дар байни Деҳнаву Шаҳрисабз воқеъ гашта, Тахористону Сугдро аз ҳам чудо мекард. Дар шарқ он бо Аҳорун, дар шимол бо Сугд, дар чануб бо Қубодиёну Тирмиз ҳамсарҳад буд (1, 12).

Аҳорун дар байни Шумону Чагониён воқеъ гардида, дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумотҳои кӯтоҳу пароканда оид ба он мавчуд аст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ метавон гуфт, ки Аҳорун дар бисёр давра дар таркиби Шумону Чагониён қарор дошт.

Дар асрҳои IX-X мулки Ҳисор ба қаламрави давлати Сомониён ва дар асрҳои XI-XVIII ба ҳайати давлатҳои Қарохониён, Салчуқиён, Хоразмшоҳиён, Чингизиён, Темуриён, Шайбониён ва Аштархониён ворид гардида, чун дигар маҳалҳои точикнишини Осиёи Миёна талхию ранчи ин даврони пуртазод ва пурошӯбро чашида буд.

Дар омӯзиши таърихи сиёсии хонигариҳои Осиёи Миёна, бахусус мулки Ҳисор дар асрҳои

XVIII - XIX байни сарчашмаҳои таърихӣ асари «Мунтахаб-ут-таворих», ки солҳои 40-уми асри

XIX аз чониби Муҳаммад Ҳакимхон навишта шудааст, аҳамияти калон дорад. Асари мазкур аз 5 боб ва 12 тоифа иборат буда, ҳудуди замонии он аз офариниши олам то солҳои 40-уми асри XIX-ро дарбар мегирад. Тоифаҳои 11 ва 12-и боби 5- уми асари мазкур ҳачман калон буда, ба таърихи ҳукмронии сулолаҳои Мангития (1753- 1920) ва Минг (1709- 1876) бахшида шудааст. Муаллифи асар дар инъикоси воқеаҳои сиёсии ин давра бештар ба вазъи мулки Ҳисор таваччӯҳи махсус зоҳир намудааст. Таваччӯҳи хосаи муаллифро чалб намудани мулки мазкур шояд дар он аст, ки Муҳаммад Ҳакимхон солҳои охирини ҳаёти хешро дар Шаҳрисабз, роҳи байни Бухорову Ҳисор гузаронда, асарашро дар он чо навиштааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки саҳму хидмати академик А.Мухторов дар пажӯҳишу омӯзиш ва дастраси аҳли илму ҳаводорони таърихи ниёгон гардонидани сарчашмаи мазкур шоиста аст. Солҳои 1983 - 1985 ӯ аз рӯи нусхаи аслии асари Муҳаммад Ҳакимхон чопи факсимилии онро бо муқаддимаи муфассал ва шаҳру тавзеҳот дастраси хонандагон гардонд. Ба ақидаи А. Мухторов маълумоти «Мунтахаб-ут-таворих» аз он чиҳат муҳим аст, ки муаллифи асар аз ашрофзодагони олирутбаи дарбор бошад ҳам, дар асари худ беадолатӣ, зулму истибдод, макру риё, чангҳои хонумонсӯзи феодалӣ, горатгариҳои амирону хонҳое, ки боиси хонахаробии мардум мегардид, кушоду равшан маҳкум кардааст. Маҳз дар натичаи саъю кӯшиш ва заҳмати зиёди академик А. Мухторов дар амри нашри «Мунтахаб-ут-таворих» буд, ки доираи васеи аҳли илм ин сарчашмаи мӯҳташаму мӯътабарро барои худ кашф намуда, омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни ин маъхази нодири таърихӣ, чугрофӣ, адабӣ, этнографӣ аз чониби олимони ватанию хоричӣ огоз гардид ва имрӯзҳо низ идома дорад (6, 8-9).

Мувофиқи маълумоти «Мунтахаб-ут-таворих» ва сарчашмаҳои дигари таърихӣ маълум аст, ки асрҳои XI - XVIII дар Осиёи Миёна давраи ба сари қудрат омадани сулолаҳои турктабор ба ҳисоб рафта, аз сустшавии ҳокимияти Убайдуллохони Аштархонӣ (1702 - 1711) истифода намуда,

36

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43)2015

намояндаи сулолаи Минг Шохрухбӣ соли 1709 аз ҳисоби мулкҳои қисмати шарқии сарзамини мазкур ба хонигарии Қӯқанд асос гузошт ва дар натиҷаи ҳуҷуми шоҳи Эрон Нодиршоҳи Афшор ба Бухоро (1740) ва заволи Аштархониён дар хонигарии Бухоро намояндагони сулолаи Мангития ба сари қудрат омад.

Аз нимаи дувуми асри XVIII то миёнаҳои асри XIX байни хонигариҳои Осиёи Миёна ҷангҳои байниҳамдигарии феодалӣ идома ёфта, боиси паст гаштани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум гардид.

Дар ҷараёни муборизаҳо хонҳои Қӯқанд ва амирони Бухоро бештар барои забти мулкҳои марказӣ, яъне бештар маҳалҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна, алалхусус Истаравшан(Ӯ ротеппа), Хуҷанд аҳамияти махсус медоданд. Сабабҳои асосии ҷангҳои байниҳамдигарии хонигариҳо ва таваҷҷӯҳи онҳоро ба худ кашидани мулкҳои мазкур, пеш ҳама кӯшишу талошҳои намояндагони давлатҳои навтаъсис баҳри мустаҳкам намудани ҳокимияти марказӣ ва васеъ намудани ҳудуди давлат ба ҳисоб мерафт. Инчунин мавқеи ҷугрофии Истаравшану Хуҷанд ва мавҷудияти қалъаҳои мустаҳкаму аз ҷиҳати стратегияи ҳарбӣ муҳим буда, пас аз забти ин мулкҳо аморати Бухоро метавонист мавқеи ҳарбии худро мустаҳкам намуда, ба мулкҳои қисмати шарқӣ соҳиб гардад. Хонҳои Қӯқанд нақша доштанд, ки мулкҳои ҷанубу гарбии Осиёи Миёнаро тасарруф намоянд. Инчунин мавҷудияти заминҳои зиёди корам ва сернуфуз будани аҳолии ин мулкҳо ҳамасола ба хазинаи хонҳову амирон даромади зиёдро ворид менамуд (3, 13).

Муҳаммад Ҳакимхон ҳангоми инъикоси лашкаркашиҳои хони Бухоро Муҳаммадраҳимбӣ ва бо хони Хӯ қанд Ирдонабӣ бар зидди мулки Истаравшан, соли 1754 дар хусуси мардонагию делерии ҳокими саркаши Ҳисор Муҳаммадаминбӣ маълумоти хеле ҷолиб овардааст. Воқеа чунин сурат мегирад: «қабл аз ин Ирдонабиро (Муҳаммадраҳимбӣ) фарзанди қиёматӣ хонда, маслиҳату огоҳӣ дода буд. Бино

бар он ӯ қосиде ба пеши Ирдонабӣ равон намуд. Ирдонабӣ сухани Раҳимхонро қабул фармуд, тамоми лашкари Фаргонаро ҷамъ намуда, мутаваҷҷеҳи Раҳимхон шуд. Ин хабарро Фозилбӣ (ҳокими Ӯ ротеппа) шунида, дар тафаккур фурӯ рафт. Баъди тааммули бисёр қосиде дар камоли таъҷил ба хидмати Муҳаммадаминбӣ фиристод ва нангу номуси худро ба ӯ андохта таклифи ин амри хотир намуд. Муҳаммадаминбӣ низ тамоми лашкари Ҳисорро ҷамъ намуда, бо роҳи Фон ва Фалгар худро ба мақсад расонд. Чун Раҳимхон ва Ирдонабӣ дар мавзеи Зомин мулоқӣ шуда. Аз он ҷо баъд аз дамидани субҳ кӯч карда, қалъаи Истаравшанро чун нигини ангуштарӣ дар миён гирифта, ба муҳориба ва муҳосира машгул шуданд. Муддати муҳосира тӯл кашид. Мардуми шаҳр ба танг омаданд. Фозилбӣ намедонист, ки чӣ тадбир аз чанголи ин ду лашкар наҷот ёбад» (2, 355).

Дар ин вазъияти хеле ногувор кордонию маҳорат ва тадбири андешидаи Муҳаммадаминбӣ буд, ки онҳо сарбаландона голибиятро ба даст дароварданд. Дар «Мунтахаб-ут- таворих» воқеаи мазкур чунин тасвир ёфтааст: «Муҳаммадаминбӣ марде буд бисёр тадбирдон ва коркун. Аз ҷиҳати маккорагиаш лақабашро «Муҳаммадамини шайтон» мегуфтанд. (Ӯ) рӯзе тадбире андешид: як хат бо мӯҳри ҷалӣ аз ҷониби Раҳимхон, яке дигар аз ҷониби Ирдонабӣ навишта ба урдуи ҳар ду фиристод. Ин ду хат ба он олиҷаҳон расид, аз мутоилаи он огоҳӣ ёфтанд. Аз якдигар муттаҳам шуда, било таваққуф кӯч карданд...» (2, 355).

Пас аз бозгашти Муҳаммадаминбӣ ба Ҳисор зидди ҳокимияти ӯ мухолифат ва муборизаҳои зиёд сар зада, мардум бештар рӯй ба сӯи хони Бухоро меоранд. Раҳимхони мангит бо мақсади қасосгирӣ ба Ҳисор лашкар мекашад.

Муҳаммад Ҳакимхон дар асараш воқеаи мазкурро чунин тасвир кардааст: «Раҳимхон тамоми вилояти Ҳисорро мусаххар намуд. Хазинаи ӯро ҳама ба тороҷ бурданд. Баъд аз ду- се рӯз он мири бахтгаштаро бухориён дастгир карда ба хизмати Раҳимхон ҳозир сохтанд. Муҳаммадаминбӣ дар назди хони Бухоро сар фуруд намеовард. Аз инкори ӯ Раҳимхон бисёр дар ҳайрат буд. Вақте ки фалак ин мансубиро бохт, айни муддаои дили Раҳимхон гашт. Бинобар он ҳокими асир шудаи Ҳисорро ба маҷлиси худ талаб намуд. Дар он сӯҳбат содот, уламову удабо бисёр муҷтамеъ шуда буданд. Муҳаммадаминбиро сари луч ва пои бараҳна дар он кӯрунуш дохил карданд. Ӯ Раҳимхонро ҳеч манзур накарда, ба ҷониби уламо нигоҳ карда гуфт: «Ассалому алайкум, абҳа ул-уламо!» ва ҳамин байтро ба забони туркӣ хонд:

Чу билдимризқ эрур мақсум, чекмамдӯстдинминнат,

Қазодин хориҷ эрмас иш, адуга инқиёд этмам! (2, 357)».

Муҳаммадамини Ҳисорӣ бо қироати ин байт чунин изҳор намуд, ки ризқи инсонӣ парешон аст. Аз ҳамин сабаб ман миннати дӯстро намебардорам. Азбаски касе аз марг халосӣ надорад, ман ба тақдир тан дода, ба душман, яъне хони Бухоро, хушомад зада, тобеъ намешавам. Ҳарчӣ бодо бод! Раҳимхон ин муомиларо аз Муҳаммадаминбӣ шунид, ҳукм ба қатли ӯ фармуд. Ӯро кашон- кашон ба сари бозори Ҳисор бароварданд. Ӯ чанд соле, ки дар ин вилоят ҳукмронӣ мекард ва сар ба ҳеч

37

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

соҳибдавлат фуруд намеовард. Ҳоло бо чандин хорӣ сарашро аз тан чудо карданд ва ба дор овехтанд. Пас аз он Раҳимхон амаки худ Дониёлбиро ҳокими Ҳисор таъин намуд (5, 26- 27).

Дар «Мунтахаб-ут-таворих» инчунин доир ба ҳокими дигари мулки Ҳисор Бобо парвоначӣ(котиби ҳукм ва фармонҳои подшоҳӣ, фармонрасон.- 6, 30), бародари ҳокими Истаравшан Худоёрбӣ, ки охири асри XVIII ҳукмронӣ кардааст, маълумоти хеле шавқовару чолиб оварда шудааст.

Муаллифи «Мунтахаб-ут-таворих» Муҳаммад Ҳакимхон дар баёни лашкаркашии Амир Ҳайдар (1800- 1826) ба мулки Ҳисор дар хусуси боз як нафар ҳокими шучоъ ва саркаши ин мулк Аллабердӣ тоз, ки сиёсати мустақилона бурда, аз тобеияти Бухоро сар кашида буд, маълумоти муфассал додааст. Муаллиф дар ин бора чунин навиштааст:

«Чун Мирҳайдар подшоҳ аз ваҳми бародарон фориг гашт, мутаваччеҳи Ҳисори Шодмон шуд. Баъд аз тайи масофат ба мақсад расид, тамоми вилоятро фаро гирифт, ҳокими он чо Алабердии тоз, ки сар ба ҳеч соҳибдавлате фуруд намеовард, ба чандин хорӣ сари онро аз тан пок сохт. Порае гӯянд, ки қабл аз подшоҳӣ ӯро ба қатл расонида буд» (2,388). Баъд аз қатли Алабердии тоз Амир Ҳайдар Саидбӣ атолиқро ҳокими Ҳисор таъин намуд.

Муаллифи «Мунтахаб-ут- таворих» дар баёни давраи ҳумронии хони Хӯ қанд Муҳаммадалихон (1822- 1842) ва амири Бухоро Насрулло (1826- 1860) доир ба воқеаҳои бо мулки Ҳисор алоқамандро ёдовар шуда, ба мавқеи сиёсии ин минтақа таваччӯҳи махсус зоҳир намудааст.

Хулоса, мулки Ҳисор чун яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, тичоратӣ, фарҳангӣ дар маркази воқеаҳои муҳими сиёсӣ қарор дошта, дар байни мулкҳои дигар нуфузи зиёд дошт. Мавқеи чуғрофӣ, иқтидори иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбии Ҳисор имкон медод, ки дар воқеаҳои сиёсӣ, робитаи байни хонигариҳои Осиёи Миёна нақши муҳим дошта, дар бисёр ҳолат мустақилияти худро ҳифз намояд, то рӯзҳои мо чун як мулки пурбаракату биҳиштосо асолат ва ҳуввияти миллии худро нигоҳ дорад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Ғоибов, Ғ. Таърихи Ҳисори Шодмон, Чагониён ва Душанбе / Ғ. Ғоибов.- Душанбе, 1999.-225 с.

2. Муҳаммад, Ҳакимхон. Мунтахаб-ут-таворих (Ба чоп ҳозиркунанда, муаллифи сарсухан ва фехристи асар Е. Кавахара ва К. Хонеда) / Муҳаммад Ҳакимхон.- Токио, 2006; 2009.- 716 с.; 666 с.

3. Мухторов, А. Очерки истории Уратюбинского владения в XIX в./ А. Мухторов.- Душанбе, 1964.- 200 с.

4. Мухторов, А. Ҳисор. Очерки таърихӣ (охири асри XV аввали асри XX) / А.Мухторов. -Душанбе, 1995.- 304 с.

5. Мухторов, А. Ҳокимони Ҳисор (нимаи дуввуми асри XV ибтидои асри XX) А. Мухторов. -Душанбе, 1996.- 48 с.

6. Фарҳанги забони тоҷикӣ:иборат аз 2 ҷилд.- Москва: Советская энсиклопедия, 1969.- 950 с.- 2 Ҷ.

7. Хотираҳои Муҳаммад Ҳакимхон дар бораи Русия (баргардонанда аз ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ ба киррилӣ, ба чоп ҳозиркунандаи матн, муаллифи муқаддима, луғатнома, феҳрист ва замима Ҷамолиддин Абдукаримов) / Ҷ. Абдукаримов.- Хуҷанд: Ношир, 2013.- 104 с.

REFERENCES:

1. Ghoibov, G. The history of Hissar, Chaghonoyon and Dushanbe/ G. Goibov .- Dushanbe, 1999 -225p.

2. Muhammad, Hakimkhon. Selection of historical events, (The compilation, the foreword and the list of references are made by E. Kavakhara and K.KHoneda) / Muhammad Hakimkhon. - Tokyo, 2006; 2009. -716 p.; 666 р.

3. Mukhtarov, A. Historical essay on Ura-tube domain in XIX century / A. Mukhtarov.- Dushanbe, 1964. -200 p.

4. Mukhtarov, A. Hisar. Historical essay (the end of XV and beginning of XX centuries) / A. Mukhtarov. - Dushanbe, 1995. - 304 p.

5. Mukhtarov, A. Hissar governors (the second half of XV and beginning of XIX centuries) / A. Mukhtarov. - Dushanbe, 1996. - 48 p.

6. Tajik Language Dictionary:in two volumes. - Moskov: Soviet Encyclopedia, 1969.- 950 p.- 2 V.

7. The notes of Muhammad Hakimkhon about Russia (the transliteration from Persian into Cyrillic, compilation of texts, the introduction, glossary of terms, the list of references and the appendix are made by Jamoloddin Abdukarimov) / J. Abdukarimov.- Khujand: Noshir, 2013. -104 p.

38

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43)2015

Политическое положение Гиссарского владения во второй половине XVIII и начало XIX веков

(по материалам «Мунтахаб - ат - таварих» Мухаммеда Хакимхана)

Ключевые слова: Шумон, Гиссар, МухаммедХакимхан, «Мунтахаб - ат - таварих», Мухаммадаминби, Алаберди тоз.

Статья посвящена 3000-й годовщине владения Гиссара. Статья освещает о разные исторические периоды владения Гиссара и его политической истории в XVIII-XIX веков. Политическая история Гиссарского владения отражена одном из уникальных исторических источников XIXв. «Мунтахаб- ат - таварих» Мухаммеда Хакимхана. «Мунтахаб - ат - таварих» Мухаммеда Хакимхана занимает ведущее место в изучении политической истории таджиков Центральной Азии XIX века и имеет научную значимость. Статья опирается на информации данного источника и рассказывает о политической ситуации Гиссарского владения и его бесстрашных лидеров, Мухаммадаминби и Алабердитоз которые, боролись за укрепление политического положения этого региона.

The political situation of Hissar domain in the second half of XVIII and the beginning of XIX centuries (According to the data of “Muntakhab -ot - tavorikh”

(Selection of historical events) of Muhammad Hakimkhon)

Keywords: Shumon, Hissar, Muhammad Hakimkhon, “Muntakhab —t - tavаrikh”,

Muhammadaminbi, Allaberditoz.

The article is devoted to the 3000th anniversary of Hissar domain. The article speaks about various historical periods, the political situation during the second half of XVIII and the beginning of XIX centuries of Hissar domain according to the unique historical resource of the IX c “Muntakhab а -tavаrikh” by Muhammad Hakimkhаn. “Muntakhab —t - tavаrikh” of Muhammad Hakimkhаn has a special place and scientific importance in the study of political history of Tajiks of Central Asia of the 19th c. The author also gives exact information about the wars of Central Asia’s khanates which lasted more than hundred years. The article rests upon this historical resource information, and speaks about the political situation of Hissar domain and its brave leaders Muhammadaminbi and Allaberditoz who fought to strengthen the political situation of this region.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Абдукаримов Ҷамолиддин Аҳмадалиевич, сармуаллимикафедраи таърихиВатани Донишгохд давлатииХуҷанд ба номи академикБ.Г. Гафуров (Ҷумхурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд),

E- mail: [email protected]

Сведения об авторе:

Абдукаримов Джамолиддин Ахмадалиевич, старший преподаватель кафедры отечественной истории, Худжандского государственного университета имени академика Б.Г. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E- mail: [email protected]

Information about the author :

Abdukarimov Jamoliddin Ahmadalievich, Senior Lecturer in the Department of National History of Hujand State University named after academician B.G. Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E- mail:[email protected]

39

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.