Научная статья на тему 'Рациональное использование системы и меры воды с точки зрения истории'

Рациональное использование системы и меры воды с точки зрения истории Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
228
64
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ОБ / ОБ ДАР ОСОРИ ХАТТӣ ВА МУСТАНАД / ЗИРОАТ / ОБЁРӣ / ИНШООТИ ОБЁРӣ / ОБ ВА ШАРИАТИ ИСЛОМ / ВОҳИДҳОИ ЧЕНАКУ АНДОЗАИ ОБ / ВОДА / ВОДА В ПИСЬМЕННЫХ И ДОКУМЕНТАЛЬНЫХ ИСТОЧНИКАХ / ЗЕМЛЕДЕЛИЕ / ОРОШЕНИЕ / ИРРИГАЦИОННИЕ СИСТЕМЫ / ПРАВО ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ВОДЫ / МЕРЫ ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ВОДЫ / WATER / WATER IN WRITTEN AND DOCUMENTARY SOURCES / AGRICULTURE / IRRIGATION / IRRIGATION SYSTEMS / THE RIGHT TO USE WATER / MEASURES OF WATER USE

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Шарифов Шавкат

Статья посвящена анализу мифологических, религиознофилософских взглядов предков таджикского народа относительно культа воды. Автор статьи попытался проследить систему рационального использования воды как важного источника жизни, с чем было связано благосостояние народа на протяжении различных исторических этапов развития общества. Автор постарался найти параллели всех эпох относительно решения водной проблемы, как одной из глобальных проблем современного мира.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

RATIONAL USE OF WATER SYSTEM AND MEASURES FROM THE POINT OF VIEW OF HISTORY

The paper analyzes the mythological, religious and philosophical views of Tajik people ancestors with respect to water worship. The author tries to trace the system of rational use of water as an important source of life and richness of humanity throughout the various historical stages of development of society. The author tries to find out the parallels of all ages about the settlement of water problem as one of the global challenges of the modern world.

Текст научной работы на тему «Рациональное использование системы и меры воды с точки зрения истории»

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

УДК 9 (С53) Ш.ШАРИФОВ

НИЗОМ ВА МИЗОНИ ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ОБ ВА ЗАХИРАҲОИ ОН АЗ ДИДГОҲИ ТАЪРИХ

Вожаҳои калидй: об, об дар осори хаттй ва мустанад, зироат, обё'рй, иншооти обё'рй, об ва шариати ислом, воҳидҳои ченаку андозаи об

Масъали об ва танзиму истифодаи оқилона ва покизаву беолоиш нигоҳ доштани он дар таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон мақому манзалати хоса дорад. Дар таълимоти китобҳои муқаддаси динӣ, асотир қиссаву афсона, нақлу ривоят, урфу одат, анъана ва суннати мо об ҳамчун мӯъҷизаи ҳаётофарини табиату инсоният парастиш, эҳтиром ва ситоиш карда мешавад.

Масалан, дар асотири мардуми ориёӣ эътиқоду анъана ва таълимоти динию мазҳабии даврони тоисмоломии мо, хоса дар «Авесто» ва тамаддуни даврони исломӣ дар «Қуръон» як таълимоти муназзаму мукаммали истифодаи оқилонаи об ҳамчун мӯъҷизаи нотакрору бебаҳои табиат ва ҳаётбахшу наҷотбахш инсон собит шудааст.

Аз рӯи таълимоти «Авасто» замин об, оташ, офтобу моҳтоб офаридаи худои некию ростӣ ва покию озодагӣ -Аҳурамаздо буда, ҳамчун муқаддасот эътироф, эҳтиром ва парастида мешуд (1,148-152; 8, 73-75).

Дар асотири ҳиндуориёиҳо ва тасаввури динии зардуштиён баҳру дарё, кӯлу наҳр, ҷуйборон ва кулли сарчашмаи об, яъне обанбору чашмасорон дар тимсоли худоёни алоҳида парастида мешуданд (7,9). Дар байни худоёне, ки бонии обҳои кайҳонӣ (4,18-22) маҳсуб мешуданд Аредвисура -Аноҳито мақоми махсуб дошт. Аноҳито худованди обҳои кайҳонӣ дар симои фаришта ва дӯшизаи нозанин медурахшид. Аноҳито дар баландии кӯҳсори ҷаҳонии Ҳукаирйа, ки аз он рӯди нерӯманди поку беолоиши Аредвисура сарчашма мегирифт маскан дошт (7,10).

«Авасто» обро дар қатори дигар унсурҳои азалӣ муқаддас эълон карда, пок нигоҳ доштани онро талқин менамояд. Мувофиқи таълимоти он агар об нопок бошад, сипас замин (хок), баъд аз он растанӣ нопок мешавад ва аз рутубати растанӣ (он нопокӣ) ба инсон мегузарад. Дар натиҷа одам низ нопок мешавад. Аз рӯи ин таълимоти зардуштӣ ифлос кардан оби ошомиданӣ, балки оби дарё ва кӯлҳо, чашмасорону наҳрчаҳо ва ҷӯйборҳо, ки барои обёрии заминҳои кишт ва истеъмоли одамон истифода мешаванд, гуноҳи азим ҳисобида мешуд (7,10).

Дар чандин фаргарду киштҳои «Авасто» аз чумла дар «Обон- хеш», «Тир- яшт», «Хуршед -ниёиш» ва «Вандидод» - нахуст, аз сарчашмаҳои об - кӯҳсорони осмонбӯс, ки аз онҳо чашмасорону саробу шохаҳои дарёҳо сарчашма мегирад, рӯдҳою кӯлҳо, уқёнусу баҳрҳо, наҳрчаю чӯйборон ёдоварӣ шуда, сипас аз эҳтирому ситоиш ва тарзи офариному истифодаи сарфакоронаи обҳои ошомиданӣ сухан меравад (7,11).

Дар «Авасто» як навъ барномаву ойиннома (доктрина)-и мушаххаси эҳтирому ихлос, парастиш, сарфакориву покиза нигоҳ доштани оби ошомиданӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об, эҳтиёт ва мақсаднок сарфа намудани оби уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлу дарёҳо, наҳру чӯйборон ва обанбору чашмасорон таҳия ва ба пайравони дини зардуштӣ пешкаш шуда буд.

Паёмбар Зардушт аз 18 дарёи авастоӣ, ки аз кӯҳсорони осмонбӯсу баҳрҳо ва кӯлҳо сарчашма мегирад: Фарохкарт, Даитейиаи нек, Хвостра, Вангаҳадаҳ, Ерези, Дара, Рангҳа, Дареча, аз 9 баҳр: Киёнисийа, Пишина, Фрадата, Воуракаша ва кӯлҳо - Паутика, Чайсаста, Хуспа ёдовар мешавад, ки онҳо дар мачмӯъ ба низоми ягонаи обрасонӣ дохил мешуданд. Дар фосилаи асрҳои VI-IV пеш аз милод, умуман то ҳазори II пеш аз милод ин дарёву баҳру кӯлҳо парастиш карда мешуданд (13, 9-19).

Калимаи «об» ва тарзи гуногуни истифодаю парастиши он дар «Авасто» тақрибан 500 маротиба корбурд (7,12) дар «Хуршед-ниёши» таъкид шудааст: «Касе, ки обҳои аҳуроиро бо беҳтарин зӯр (тавоноӣ), бо зеботарин зӯр - зӯре, ки ашавана онро полуда бошад, - бистояд, фурӯғу

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

фарр аз они ӯй, тандурустиву пойдории тан аз они ӯст, хостами бисёр осоишбахш аз они ӯст, фарзонпрони коромаду зиндагии дерпой аз они ӯст, беҳтарин ҳастии ашавонон ва рӯшноии бахшандаи ҳамагуна осоиш аз они ӯст» (7, 83).

Дар китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» низ як назария ва таълимоти комили офаринишу истифодаи самарабахшу сарфакоронаи об ва сарватҳои обӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манбаҳои об таҳия ва ба пайравони дини ислом пешкаш шудааст (7, 13). Назарияи офариниши об ҳам дар «Авасто» ва ҳам дар «Қуръон» тақрибан ҳаммазмун буда, аз як сарчашмаи умумӣ манша мегирад. Дар «Қуръон» калимаи «об» беш аз 59 маротиба дар сураву оятҳои гуногун ба сифати офаридаи бузургу муқаддаси Худованд зикр шудааст (7, 13). Об неъмат ва раҳматест аз Парвардигор, ки онро барои оламиёно фарида, ба инсон, рустанӣ ва ҳайвонот ҳаёти ибратомӯз ато кардааст. Дар «Қуръон» назарияи тавассути қудрати Худованд аз осмон фуруд омадани об ва ба василаи об тамоми мавҷудоти зинда - насли инсон, набототу ҳайвонот ва дигар ашёи заруири ҳаёти зинда пайдо шудан, таъқид шудааст.

Тамоми осори динию мазҳабӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ, адабӣ, таърихии ниёгони мо тозаву покиза нигоҳ доштани оби ошомиданӣ ва сарчашмаҳои об, ҳифз намудан ва ривоҷ додани ин анъанаҳои некро талқин ва ҳидоят менамояд.

Об ҳамчун рамзи ҳаёти ҷовидон, покӣ дар нақлу ривоёт, афсонаву ҳикоят, асотир, дар назму насри адабиёти классикӣ, эҷодиёти шифоҳии мардум инъикос гардида, поку беолоиш нигоҳ доштани он таъкид шудааст. Масалан, шоир Асадии Тӯсӣ чунин фармудааст:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандон дар он сангу хок (7, 14).

Аз асотир, эътиқоду боварҳои даврони бостон, таълимоти дину ойини Зардушт ва аҳли ислом, ҳафриёти бостоншиносӣ, ахбори сарчашмаҳои таърихию ҷуғрофӣ ва адабӣ, осори удабо ва уламои асримиёнагии тоҷик ва давраҳои минбаъда чунин бармеояд, ки масоили обу обёрӣ ва таъмини мардум бо оби ошомиданӣ дар ҳама давру замон яке аз умдатарин, печидатарин муаммоҳои ҷомеа ба ҳисоб мерафт.

Мутаассифона, дар замони муосир масъалаҳои об ба яке аз муаммоҳои доғи рӯз табдил ёфта, дар бисёр манотиқи дунё оби ошомиданӣ намерасад. Аз рӯи маълумоти коршиносони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) шашяки аҳолии рӯи Замин ба оби нӯшокӣ муҳтоҷ буда, аз се як ҳиссаи онҳо аз оби эҳтиёҷи рӯзгор маҳруманд. Дар ҳар ҳашт сония аз сабаби беобӣ кӯдаке бемору ба марг дучор шуда, 2,4 миллиард одам шароити муътадили зиндагӣ надоранд. Аз рӯи ҳисоби коршиносони СММ дар соли 2025 тақрибан аз се ду ҳиссаи аҳолии сайёраи мо мустақиман оби тозаро дастрас карда наметавонанд.

Масъалаи истифода намудани захираҳои об ва соҳиби кардан ба оби баҳру наҳр ва кӯлу обанборҳо, ҳатто чашмасорон аз қадимулайём ҷузъи сиёсати давлатии қудратҳои бузург маҳсуб шуда, баъзан боиси ҷангҳои бардавоми байнидавлатӣ, минтақавӣ, ҳамсояҳо, ҳиҷрати иҷбории аҳолии як шаҳр ё минтақа ба дигар кишварҳо, инчунин сабаби норизоию тазоҳуроти мардум ва боиси ҳалокати мардумон мегардид (7, 7).

Дар арсаи ҷаҳони муосир тақсимоти об ва захираҳои он боиси баҳсу талош ва тезутундшавии муносибати байни давлатҳои гуногун гардидааст.

Дар тӯли 50 соли охир барои тақсимоти об дар сайёраи мо қариб 40 ҳодисаи задухӯрд бо истифода аз силоҳи оташфишон дар байни давлатҳои мухталифи ҷаҳон ба амал омадааст.

Масалан, яке аз дараҷаи бузургтарин ва дарозтарини дунё - Нил сарҳади 9 давлатро убур менамояд ва дар соҳили он беш аз 160 млн. нафар одам зиндагӣ менамояд. Аксарияти ин давлатҳо нисбат ба якдигар ҳар гуна даъво доранд. Бо мақсади аз нигоҳи меъёрҳои ҳуқуқи башар ва ҳусни бародаю ҳамсоявӣ ҳал намудани ин масъала созмонҳои зиёди байналхалқӣ ҷалб шудаанд. Онҳо тавонистанд, ки он масъалаи мушкилу баҳсталабро бо роҳи гуфтушунид, ба манфиати тарафҳо ҳаллу баррасӣ намоянд.

Истифодаи оби дарёи Урдун чанд дафъа сабаби муноқиаш байни давлатҳои Лубнону Урдун ва Сурияву ва Исроил гардид. Истифодаи якҷояи дарёи Фурот (Ефрит) боиси тезутуншавии муносибати байни Туркия ва Сурия гардид. Аз соли 1975 инҷониб байни Ҳиндустон ва Бангладеш дар хусуси тақимоти оби дарёи Г анг аз обанбори Фарокка мунозираҳо давом дорад.

Дар давраи мавҷудияти Иттиҳоди шӯравӣ дар байни Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбекистану Тоҷикистон нисбат ба истифодаи об дар баъзе ноҳияҳо ихтилоф вуҷуд дошта, имрӯз ҳам он баъзан боиси муноқишаҳои сарҳадӣ мегардад.

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

Дар масъалаи истифодаи оби дарёи Панҷ хуб аст, ки то имрӯз миёни кишварҳои ҳаммарз ихтилофе вуҷуд надорад, вале ин гуфторро нисбат ба тақсимоти оби дарёҳои Сир ва Омӯ наметавон изҳор намуд.

Тақсимоти оби ин дарёҳо ҳанӯз дар замони мавҷудияти Иттиҳоди шӯравӣ соли 1984 тибқи як қарордод роҳандозӣ шуда буд. Имрӯз сохти давлатдории кишварҳои канори дарёҳои сарҳадгузар дигаргун шуда, Торҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистан давлатҳои соҳибистиқлол мебошанд. Дар масъалаи тақсимоти оби дарёҳои Сир ва Омӯ миёни ин давлатҳо баҳсу талош ва масъалаҳои ҳалношуда ҳанӯз боқӣ мондааст.

Дар асоси ҳуҷҷати соли 1984 аз захираи оби ду дарёи зикршуда ба Тоҷикистон яке аз ҳиссаҳои аз ҳама камтарин чудо шуда буд. Дар асоси ин санад 46 фисад ба Узбекистон, 44 фоиз ба Қазоқистон, 8 фисад ба Точикистон ва 1,5 фоиз ба Қирғизистон муайян шуда буд.

Кам шудани манбаъҳои оби нӯшокии Осиёи Марказӣ мувофиқи пешгӯии баъзе сиёсатшиносон, иқтисоддонҳо, муҳитизистшиносон дар оянда боиси муташаннич гаштани вазъ ва муносибати миёни давлатҳои ин минтақа шавад. Зеро замони шӯравӣ тақсимоти об ба хотири васеъ намудани майдони кишти пахта ва «мусобиқаи» абарқудратҳо барои мақоми аввал дар истеҳсоли пахта ба манфиати чумҳурии пахтакор, пеш аз ҳама Узбекистон равона шуда буд.

Бо вучуди он, ки қариб 90 фисади захираҳои оби Осиёи Миёна аз қаламрави Точикистон ва Қирғизистон сарчашма мегирад, дар тақсимоти он беадолатӣ ба назар мерасад. Масалан, 65 километр мукааб (65 км3) оби давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҳудуди Точикистон чорӣ мешавад. Вале Вазорати мелиоратсия ва хочагии оби собиқ ИҶШС ба Точикистон ҳамагӣ 12 километр мукааб (12 км3) об чудо намуда буду халос.

Аз тарафи дигар он солҳо чумҳурияҳои воқеъ дар қисмати поёнобии дарёҳои Сир ва Омӯ вазифадор буданд, ки кишварҳои саробро бо сӯзишворӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин намоянд.

Баъди пош хӯрдани ИҶШС ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ кор ба тавре сурат гирифт, ки Точикистон ва Қирғизистон аз сӯзишворӣ ва маводи зарурӣ маҳрум монданд.

Ҳоло Узбекистон аз бунёди силсиланерӯгоҳҳои обӣ ва обанбори дарёи Зарафшон, НБО-и Роғун изҳори ташвиш ва нигаронӣ намуда, ба мақсади ҳимояи манфиатҳои худ соз монҳои гуногуни байналхалқӣ, ҳатто СММ-ро низ чалб сохтааст. чониби Узбекистон пеш аз сохтмони ин силсиланерӯгоҳҳо, хусуси НБО-и Роғун, ташхис ва баҳои коршиносони мустақили байналхалқиро талаб намуда, даъво дорад, ки сохтмони нерӯгоҳҳои бузург, аз қабили Роғун, ба иқлим ва табиати минтақа аз чиҳати экологӣ таъсир расонида метавонад. Ҳамчунин Узбекистон даъвои онро дорад, ки гӯё НБО-и Роғун дар мавзеи аз нигоҳи ба зилзила хавфнок бунёд шуда, лоиҳаи он аз чиҳати техникӣ кӯҳна шудааст. Ҷониби Узбекистон танҳо манфиатҳои худро ҳимоя намуда, норасоии барқ дар Точикистон ва вазъи номусоиди мардуми онро дар фасли сармо нодида мегирад. Кишвари ҳамсоя тамоми имконияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва дипломатии худро ба он равона намудааст, ки садди роҳи бунёди НБО-и Роғун шавад. Ҳол он ки бунёди обанбори Роғун ба обёрии беш аз 100 ҳазор гектар заминҳои Узбекистону Туркманистон имкон медиҳад. Обанбори Зарафшон бошад имкони обёрии зиёда аз 100 ҳазор гектар заминҳои лабташнаи минтақаи Шаҳристонро фароҳам меорад ва он ҳамагӣ 11 фисади ҳачми оби дарёи Зарафшонро ташкил мекунад.

Давлатҳои дар қисмати поёноб воқеъ буда, бештар Узбекистон чунин даъво доранд, ки Ҷумҳуриҳои дар болообии рӯдхонаҳои Сир ва Омӯ, ки барқи обӣ ва обанборҳо месозанд, бояд замонат ва кафолати фасли баҳор, айёми киштукор ба поён сар додани обро бидиҳанд, то ки зироати кишварҳои поёноб низ фаслҳои баҳору тобистон беоб намонанд.

Албатта, чунин мунозираҳо миёни кишварҳои дигар низ вучуд доштанд. Масалан, ҳангоми бунёди НБО-и Асувон бо кӯмаки мутахассисони шӯравӣ дар Миср давлатҳои ҳамсояи поёнобии Нил норизоӣ баён намуда буданд. Вале вақт исбот намуд, ки сохтмони ин обанбор на танҳо ба манфиати Миср, балки барои тамоми мардуми ҳамсоякишварҳои поёноб низ муфид будааст. Масъалан, обу барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳам иртиботи қавӣ доранд ва баҳрабардорӣ аз он торафт ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфта истодааст. Ҳаллу фасли он аз сарварони сиёсии кишварҳои ин минтақа танҳо иродаи неки бародариву ҳамсоягӣ, анъанаи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум, ҳамгироӣ, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар, ҳамкории мутақобилан судмандро тақозо дорад.

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

Бо иқдом ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи Генералии СММ солҳои 2005-2015-ро ҳамчун даҳсолаи байналмиллалии амалиёти «Об- барои ҳаёт» эълон намуд.

Мақсади ин амалиёт таҳкими ҳамкориҳои судманд дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои об дар байни кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва ба ин васила ҳаллу фасли одилона ва оқилонаи яке аз муаммоҳо ва бӯҳрони ҷиддии умумибашарӣ - масъалаи норасоии об мебошад.

Дар ҷаҳони муосир муаммоҳои ба истилоҳ умумибашарӣ (глобалӣ) аз қабили хавфи ҷанги ҳаставӣ (ядроӣ), вусъати терроризм ва экстремизми байнихалқӣ, фурӯши яроқу аслиҳа, паҳд шудани нашъамандӣ, бемориҳои хавфноки сирояткунанда, муаммоҳои муҳити зист - робита ва таъсири мутақобилаи табиат ва тамаддун, оқибатҳои бӯҳрони экологӣ ва демографӣ, таъмини инсоният бо захираҳои зарурии табиӣ - ашёи хом, нерӯи барқӣ, сӯзишворӣ, оби ошомиданӣ, маводи хӯрок ва ғайра, ки ба сари тамоми мардуми башар хатари хеле мавриди таҳқиқу омӯзиши на танҳо истиқодонҳо, экологҳо ва дигар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, балки мутахассисони соҳаҳои гуногуни илмҳои гуманитарӣ - сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон, ҷомеашиносон, фарҳангшиносон, аз ҷумла муаррихон гардидааст, ки ин бесабаб нест. Чунки маҳз илми таърих гузаштаро чун сабақ ба муосирон ва ояндагон бозгӯ намуда, решаҳои таърихии муаммоҳои дар боло номбаршударо меҷӯяд. Муаррихон мекӯшанд, ки чунин лаҳзаҳои фоҷиабори таърихи инсоният, ки дар он ҳамбстагию ҳамоҳангии инсон ва табиат, иқтисодиёт ва сиёсат, иҷтимоиёт ва адолат, ахлоқ ва масъулият риоя намешуданд, ки ин боиси завол ва аз саҳнаи таърих фано гаштани империяҳои абарқудрати ҷаҳонӣ, тамаддунҳо, давлатҳо ва халқияту миллатҳо гаштаанд, ҳамчун ҳушдор ба наслҳои имрӯза ва оянда гӯшрас намоянд.

Масалаи сукунат ва пайдоиши нахустин манзилҳои доимии инсон, рутттд ва шуғли аҳолӣ, аз худ кардан ва истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла истифодаи об ва захираҳои он таърихи хеле қадима дошта, мутахассисони давраи таърихи бостон, асрҳои миёна, давраи наву навтарин дар асоси бозёфтҳои илми бостоншиносӣ, маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ, осори мустанд, санадҳои бойгониҳо ва пажӯҳишҳои донишмандони сохаҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ оид ба муаммоҳои номбаршуда фикру андешаҳои ҷолиб баён намудаанд.

Тахминан 9-7 ҳазор сол қалб аз ин дар давраи неолит (давраи нави асри санг) дар таърихи инсоният таҳаввулоти бузурге рӯй дод, ки муаррихон онро бо номи «инқилоби неолитӣ» ифода мекунад (6, 16).

Одами ибтидоӣ дар ин давра аз машгулияти шикору моҳидорӣ ва меваҷамъкунӣ ба шуғли зироат ва чорводорӣ мегузарад. Ба ибораи дигар, ҷомеа, инсоният аз иқтисодиёти истеъмолӣ ба иқтисодиёти истеҳсолӣ, тақсимоти меҳнат мегузарад. Муаррихон барон ақидаанд, ки иқтисодиёти истеҳсолӣ маҳз ҳамон вақт пайдо шуд, ки одамони ибтидоӣ обёрии заминро ёд гирифтанд. Маданияти аҳди неолити Осиёи Миёна бо се маркази бузурги умумияти таърихию фарҳангӣ -маданияти Калтаманор (маданияти сокинони қисмати ҳамвории Осиёи Миёна), маданияти Ҷайтун (маданияти сокинони ноҳияҳои доманакӯҳи Копятдоғи Туркистон), маданияти Ҳисор (маданияти «мардуми кӯҳистони асри санг»-и ҷанубии Тоҷикистон) машҳур аст (6, 17), ки сокинони ин минтақаҳо дар байни тоифаҳо ва қавлу қабилаҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар ба зироаткорӣ ва бунёду истифодаи иншооти обёрӣ шурӯъ намудаанд.

Дар ибтидо барои обёрӣ, зоҳиран танҳо заминҳои обиро, ки дар соҳилҳои наҳру дарёҳо воқеъ буданд, истифода мебурданд. Баъдтар дар асрҳои IV - III пеш аз мелод мардуми зироаткори Осиёи Миёна, аллакай кандани ҷӯю каналҳо ва дигар иншооти обёрикуниро азхуд мекунанд, ки нишонаҳои чунин тарзи обёрикунӣ дар қисматҳои гуногуни Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон аз ҷониби бостоншиносон бозёфт шудаанд.

Дар байни мардуми Осиёи Марказӣ, хусусан тоҷикон зироаткорӣ хеле ривоҷ ёфта, яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба ҳисоб мерафт. Бо вуҷуди фаровонии дарёҳо, наҳрҳо ва дигар манбаъҳои об ниёгони мо аз нарасидани об танқисӣ мекашиданд ва барои рафъи эҳтиёҷу ниёзмандиҳои худ роҳу усулҳои гуногуни обёрикунии сунъиро ҷустуҷӯ ва истифода менамуданд. Дар мардуми зироаткор чор усули маъмули обрасонӣ, ё дастрас намудани об: обёрии дастӣ, обёрӣ аз баҳру дарёҳо, обёрӣ ба воситаи наҳрчаю ҷӯйборҳо ва обёрӣ бо ёрии чоҳу чашмасорон, роиҷ буд (7, 6).

Барои назорат ва танзими истифодабарии оби наҳру наҳрчаҳо, ҷӯйбору чашмасорон, обёрии заминҳои кишт шахсони махсус - миробҳо масъул буданд. Ҳангоми фурӯхтани қитъаи замин

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

ҳуқуқи истифодаи шабонарӯзии об, ҳаҷми он, манбаи об аз ҷониби қозӣ дар ҳуҷҷати фурӯши замин муайян ва қонунӣ гардонида мешуд.

Дар шаҳрҳои калонтарини Мовароуннаҳр ва Хуросон барои таъмини мардум бо оби ошомиданӣ шахсони алоҳида машғул буданд, ки онҳоро саққо ё машкоб меномиданд. Машкоб ё саққоён бо машк ё кӯза аз ҳавзу наҳр ба бозору маҳаллаҳо ва гузарҳо об оварда мефурӯхтанд ва ё ба оилаҳои алоҳида бурда, ҳаққи хизмати худро мегирифтанд (15, 5). Машк ин пӯсти ошдодашудаи буз ё гӯсола, ки асосан барои нигоҳ доштану кашонидани об, дӯғ, ширу қимиз ва ғайра, инчунин тайёр кардани чолоб истифода мешуд. Шахсоне, ки бо машк об мекашиданд машкоб ё машкобчӣ меномиданд (14, 276).

Машкобҳо имрӯзҳо ҳам дар баъзе шаҳрҳои Машриқзамин, аз ҷумла Афғонистон, Покистон, давлатҳои шарқи Араб хизмат мекунанд.

Муаррихони аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраҳои минбаъда дар осори худ обро ҳамчун сарват ва мӯъҷизаи нодир ва беназири ҳаёт арзёбӣ намуда, махсусан қайд кардаанд, ки об сарвати бебаҳои зиндагӣ, дороии хеле пурарзиш, сарчашмаи қудрату тавононии давлат маҳсуб меёбад. Забт ва ба даст овардани манбаи обу сарчашмаи он, хароб кардани сарбанду дарғотҳо ва иншооти обёрӣ боиси шикасти мулку давлат, сипоҳ ва лашкар мегардид. Фатҳи қалъаҳои мустаҳкаму дастнораси шоҳону ҳокимон тавассути маҳрум кардан аз манбаи об имконпазир гашта, хароб сохтани иншооти обёрӣ сабаби шикасти салтанати шоҳону кишваркушоён, ҳалокати шаҳру деҳоти обод ва ҳазорон мардум мегардид.

Барои исботи гуфтаҳои боло як далел кифоя аст, ки дар Шарқи қадим истифодаи манбаъ ва захираҳои об, ҳатто бо сохти маъмурӣ ва тарзу услуби идора кардани давлат таъсири бузург мерасонд. Масалан, тамоми сарзамини Мисри қадим ба воҳидҳои ҳудудии маъмурӣ тақсим шуда буд, ки онро «ном» мегуфтанд. Номҳоро ба музофотҳо (округҳо) ё вилоятҳои ҳозира монанд кардан мумкин аст. Дар Мисри қадим се вилоят ба 16 ном чудо мешуданд. Мисри қадим ба 36 ном тақсим гардида буд. Номҳо дар навбати худ ба воҳидҳои ҳудудию маъмурии кӯчактар - арурҳо (ченаку андозаи замин дар Мисри қадим, ки тахминан ба 0,2 га баробар буд) тақсим мешуданд (3, 19).

Чунин тақсимоти маъмурии ҳудудӣ ва шумораи номҳо аз тағйир ёфтани сатҳу миқдори оби дарёи Нил вобаста буд, ки ба кам шудан ё афзудани масоҳати заминҳои кишту зироат ва шумораи ном сабаб мегардид (3, 19).

Дар замони салтанати Ҳахоманишҳо (IV-IV пеш аз мелод), Кӯшониён (I - VI пеш аз мелодӣ) ва Сосониён (III-VII мелод), ки вилоятҳои алоҳидаи Осиёи Миёна низ ба ҳайати ин давлатҳо дохил мешуданд, муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ичтимоӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси таълимоти китоби муқаддаси оини зардуштӣ - «Авесто», Эъломияи Куруши Кабир (солҳои ҳукмрониаш 559-530 то милод) оид ба озодии вичдон (соли 539 то милод ба тавсиб расида буд), Мачмӯи қонунҳои Сосониён, меъёрҳои қонун ва ҳуқуқи он замон ба танзим дароварда мешуд, дар ин давра як доктрина ва сиёсати бонизоми давлатии истифодаи оқилонаи захираҳои об, нақшаи обёрикунии сарзаминҳои камоб ва беоб, заминҳои навкорам, бунёди иншооти обёрикунӣ, истеҳсол ва истифодаи лӯлаҳои обгузари сафолину сангӣ ба роҳ монда шуда буд.

Пас аз истилои Осиёи Миёна аз чониби арабҳо ва чорӣ шудани дини ислом тамоми чабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, ичтимоӣ, иқтисодии, ҳуқуқ ва динии мардуми Осиёи Миёна дар асоси қонунҳои исломӣ ва аҳкоми шариат ҳаллу фасл мегардид. Масъалаи истифодаи замин ва об низ акнун дар асоси қонунҳои шариат файсала мешуданд. Доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои зироат ва обёрӣ то замони мо рисолаву дастурномаҳои зиёде омада расиданд, ки - «Рисолаи зироат», «Анҳор -ал-арбаа», «Китоб ал-қуний» ва гайра аз шумули онҳо мебошанд.

Маълум аст, ки давлати Тоҳириён (821-873) то ба вучуд омадани давлати мутамаркази точикон - Сомониён (875-999) яке аз нахустин қадамҳо ва кӯшиш дар роҳи таъсиси давлати миллӣ, эҳёи таъриху фарҳанги халқи точик буд. Дар замони ҳукмронии Абдуллоҳ ибни Тоҳир (828-844) барои ба тартиб даровардани умури зироат ва обёрӣ тадбирҳои судманд андешида шуд. Дар ин давра усулҳои самараноки истифода бурдани об, сохтмони наҳру каналҳо ва дигар иншооти обёрӣ хеле тараққӣ мекунад. Мувофиқи супориши Абдуллоҳ ибни Тоҳир ҳуқуқшиносону қонундонҳои машҳури мамлакат қоидаву одат ва меъёру мизони истифодаи обро дар корҳои зироат омӯхта, китоберо дар ин бора бо номи «Китоб-ал-қуний» (9,7) («Китоб оид ба наҳрҳо /корезҳо/») таълиф намуданд, ки он муддати дусад сол дар ҳалли мубоҳиса ва мочаро дар

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

масъалаи об, мизон ва меъёрҳои истифодаи он ҳамчун қонун ва дастуруламал истифода мешуд (6, 334).

Бо дастури ин амири фозилу ботабдир дар Хуросону Мовароуннаҳр наҳру корез ва иншооти нави обёрӣ бунёд шуда, ҳолати бо об таъмин намудани аҳолӣ ва навоҳии зироаташ обй хеле беҳтар гардид (9, 21).

Давлати Сомониён (875-999), ки як дастгоҳи хеле мутамарказу бонизоми идоракуниро доро буд, масъалаҳои зироат, обёрй, низоми андозро ба таври хеле мукаммал ва хуб ба роҳ монда буд.

Низоми ҳуқуқ ва қонуни замони Сомониён обро чун сарват ва дорой ба 3 дараҷа чудо намуда, вобаста ба ин тақсимот ва дарачабандй шакли моликиятро нисбат ба он муқаррар намуда буд (2, 130). Ба дарачаи аввал - ҳудуди обҳои ҳачмашон бузург-баҳрҳо, дарё ва кӯлҳо дохил мешуданд. Ба ин дарачаи обҳо аз рӯи шариат чор дарёҳои бузургтарини хилофат, ки барои обёрии заминҳои обии хилофат аҳамияти муҳим доштанд, ба истилоҳи «анҳор-ал-арбаа» (чаҳор наҳр Ш.Ш.) -Фурот, Дачла, Ҷайҳун, Сайҳун дохил мешуданд.

Дар замони Сомониён ба дарачаи зикршуда дарёҳои Аму, Сир, Зарафшон, Мургоб, Марвруд, Кашкруд ва гайра дохил мешуданд. Тамоми обҳои дарачаи аввал моликияти давлат эълон шуда, аз муомилот ва моликияти раият берун буданд ва ба онҳо гайр аз давлат касе хӯчаин ва молик набуд. Ба дарачаи дуюм - дарё, канал ва иншооти обии зеризаминии на он қадар бузург дохил мешуданд. Обҳои ин дарача танҳо барои шодоб намудани заминҳои обй истифода мешуданд. ҳуқуқи моликият ба ин обҳо ба чамоа ё шахсони алоҳида тааллуқ дошт. Ин ҳуқуқ дар баробари мусодира шудани моликияти хусусии он қитъаи заминй, ки аз ҳамон манбаи об обёрй мешуд, аз даст мерафт. Дар чамоа бошад қиссаи аъзои алоҳидаи он метавонист мусодира гардад.

Ҳуқуқшинос (фақеҳ)-и машҳури Осиёи Миёна Мавлоно, яъне Фахриддини Қозихон обҳои дарачаи аввал ва дуюмро байтумол моликияти давлат меҳисобад. Оби дарачаҳои якум ва дуюмро барои таъмини ҳаррӯзаи эхтиёчоти зиндагй (оби ошомиданй, об додани ҳайвонот) ва гайра истифода бурдан мумкин буд. Оби дарачаи сеюм, агар он аз ҳудуди соҳиб мулк берун наравад, бидуни ичозати ӯ онро истифода бурданд гайримумкин буд. Обҳое, ки моликияти чамоа ба ҳисоб мерафтанд, танҳо бо ичозати чамоа истифода бурдан мумкин буд (2, 103-104).

Дастгоҳи марказии идоракунии давлати Сомониён, ки аз даргоҳ (дарбор) ва даҳ девон иборат буд, мансабдорон ва маъмурони гуногуни олимақомро дар бар гирифта ҳар як девон соҳаи мушаххаси ҳаёти сиёсй, маъмурй, иқтисодй, молиявй, робитаҳои хоричй, ҳарбй, ҳуқуқй, динй ва дигар умури давлатдориро идора менамуд. Дар байни мансабдорони олирутбаи замони Сомониён мансаби амири об мақоми хосро ишгол менамуд (Амири об-«амир»-ҳоким, ҳукмрон, амрдиҳанда, амири об-ҳукмрон, амрдиҳандаи об. В Вяткин ин истилоҳро «мироб» тарҷума намудааст. Вале бояд таъкид намуд, ки шахсеро, ки дар деҳа ё махал аз болои низоми истифодаи об назорат мебарад ва имрӯз низ онро мироб мегӯянд бо амири об-мансабдори олимақоме, ки хоҷагй ва умури оби тамоми мамлакатро идора менамуд, набояд як шуморид ва омехта кард.). Дар тадқиқоти таърихй ба масъалаи ташкили идоракунии хочагии об дар замони Сомониён, ки соҳаи аз ҳама муҳимтарин дар Шарқ маҳсуб меёбад, ба таври бояду шояд таваччӯҳ зоҳир карда намешавад (2, 73).

Зироаткорй дар Шарқ, аз чумла дар Осиёи Миёна низ асосан ба обёрии сунъй асос ёфта, ин кор дар ӯҳдаи чамоа, вилоят ё ҳукумати марказй буд. Муаллифи нимаи асри X Мақдисй дар асари худ «Аҳсан-ат-тақосим фи мавифат-ал-ақолим» оид ба обёрикунй, доир ба тартибу низоми идоракунй ва мизони истифодаи об дар вилоятҳои алоҳидаи мулки Сомониён, аз чумла Хуросон ва Балх дар нимаи дуюми асри X сухан ронда, дастгоҳи марказии идоракунии онро девони наҳр номидааст (2, 73). Чунин девон дар Марв низ вучуд дошт, ки дар ин бора дар «ҳудуд-ул-олам» маълумот оварда мешавад. «ҳангоме ки маъмури об онро чен мекунад, -менависад Мақдисй, - ӯ қосиди махсуси меъёрро ба девони наҳр мефиристад, сипас аз девони марказй қосидонро ба сардорону маъмурони наҳру каналҳои хурд мефиристоданд ва онҳо обро аз рӯи он ченак тақсим менамуданд» (2, 73).

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Юсуфи Хоразмй (асри X) ба шарҳу тасвири вазифаи ин девон дар вилоятҳои алоҳидаи давлати Сомониён фасли алоҳидаи асари энсиклопедияи худ «Мафотеҳ-ул-улум» («Калиди илмҳо»)-ро бахшидааст. У менависад: «Девони костабазуд» (шакли арабишудаи «кост-афзуд», яъне кам кардан ва зиёд карда) -ин девон, ки дар ҳузураш рӯйхати хирочи ҳар як соҳибмулки об нигоҳ дошта мешавад ва дар он рӯйхати микдори кам кардан, зиёд кардан ва интиқоли хирочи ӯ аз як мулк ба мулки дигар сабт мешавад. Дар

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

девони наҳр рӯйхати миқдори об, ки ҳар як соҳибмулк ба он молик аст ва ҳиссаи оби харида ва фурӯхтаӯшаванда қайду сабт карда мешавад (2, 73).

Муаллифи асри XI Идрисӣ дар ин бора далели аҷиб меорад. Ӯ чунин менигорад: «Ривоят мекунад, ки султон Исмоили Сомонӣ бо мақсади тамошои боҷи худ раҳсипор шуд ва богро хушкида дарёфт. Ӯ дар хашм шудаамири, обро сарзаниш кард. Амири об чунин посух дод:

«Эй подшоҳ, магар намедонӣ, ки ҳамон як об ҳам боги султон ва ҳам замини раиятро шодоб менамояд».

Ҳамин тавр, ҳанӯз дар замони ҳукмронии Амир Исмоили Сомонӣ мансаби амири об вуҷуд дошт, ки ин мансабдор масъалаҳои марбут ба ҷараёни истифодаи об бамиёномадаро ҳаллу фасл менамуд. Аммо ба таври мушаххас ҳуқуқ ва салоҳияти ӯ аз чӣ иборат буд ва дар кадом соҳаҳои хоҷагии об ҳукумати ӯ паҳн гашта буд, ин масъала бояд таҳқиқ карда шавад. Ба ҳар ҳол метавон ба чунин хулоса расид, ки дар давлати Сомониён вазифаи амири об мансаби хеле масъул ва баладпоя буда, манфиати на танҳо хонадони Сомониёнро ҳимоя ва хидмати онҳоро ба ҷо меорад, балки назоратро аз болои фаъолияти миробҳо-тақсимкунандагон ва назоратчиёни об дар маҳалҳо бо мақсади таъмини истифодаи оқилона ва сарфакоронаи об ва ҳифзи манфиатҳои феодалон-заминдорони калон ба амал мебаровард.

Дар асри XIX дар хонигарии Бухоро ба танзими масъалаҳои марбут ба истифодаи об яке аз мансабдорони олии давлат-атолиқи бузург (сутуни давлат) машгул буд (5, 145).

Метавон гуфт, ки дар замони Сомониён девони наҳр-дастгоҳи марказии идоракунии хоҷагии оби мамлакат (Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об Ш.Ш.)-яке аз муассисаҳои хеле муҳим дар низоми идоракунии давлат ва ҳаёти иқтисодии мамлакат ба ҳисоб рафта, сардори ин девон-амири об яке аз мансабдорони олӣ дар умури давлатдорӣ буд. Дар давраҳои минбаъда низ амири об, мироб, амини об, ариқоқсаққол дар низоми мансабҳои давлатӣ аз марказ то вилояту шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳу маҳалҳо мавқеи махсусро ишгол мекард ва аз ҷиҳати мақом ва нуфузу обрӯи худ пас аз ҳокими маҳал дар ҷои дуюм қарор дошт. Ин далели он аст, ки об ва низому мизони истифодаи он дар ҳаёти иқтисодӣ ва умури давлатдории Шарқи кадим ва асримиёнагӣ нақши ҳалкунандаро мебозидааст.

Дар қарни ХХ ва замони муосир низ масъалаҳои таъмини мардум бо оби ошномиданӣ, истифодаи оқилонаи самарабахши захираҳои он, аз исрофкорӣ ва ифлоскунии оби тоза ва манбаъҳои об худдорӣ намудани аҳолӣ, ҳифзи сарватҳои об аҳамияти хоса пайдо карда, кишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳонро ба ҷустуҷӯи роҳу усулҳои нави истифодаи об водор сохтааст (7, 8).

Дар сарчашмаҳои таърихӣ, рисолаҳо оид ба зироат, фарҳангҳо, васиқаҳои асримиёнагӣ дар хусуси низом ва мизони истифодаи об, ченаку меъёрҳои он ва мансабдороне, ки ин соҳаи муҳими ҳаёти иқтисодии давлатро идора мекарданд ва ба танзим меоварданд, маълумоти фаровон оварда мешавад.

Аз ин маълумот чанд мисолеро зикр намудан айни мудаост, ки мансабдорони умури об ва ченаку меъёрҳои истифодаи онро ифода менамоянд.

Амин (амини об) -_назоратчӣ, танзимгари истифодаи об дар шаҳру деҳот ва маҳалҳо.

Аминона - андоз ба манфиати амини об барои истифодаи он. Ариқоқсаққол-сардори ҷӯйбор, анҳор, назоратчӣ ва танзимгари истифодаи об дар шаҳру деҳот ва маҳалҳо.

Баст - ченаки cap додани об аз сӯрохие, ки дарозӣ ва бари он ба як шаира (шаъира) баробар аст. Як шаъира баробари андозаи дарозии донаи ҷав аст. Ҷавро дар забонӣ арабӣ шаъир гӯянд. Бармоқ -_воҳиди ченаки об. Як бармоқ об-шараёни обе, ки гафсиаш баробари нарангушти одам аст. Бармоқ ба забони туркии чагатоӣ ангушт аст.

Даргот_- сарбанд.

Қӯза - ченаки гунҷоиш (якчанд кӯза «чоряк» ҳиссаи як об).

Мироб - назоратчӣ, танзимгар ва маъмури тақсимоти об дар байни истифодабарандагони он. Мироббошй - сармироб ё мироби калон.

Миробона- андоз барои таъмини маоши мироб.

Об- як об-микдори обе, ки тақрибан ба ҳафтяки як осиё об баробар буд ва бо он сарфаи шабонарӯзии обро ҳисоб мекарданд, ки аз як осиё об гирифта мешуд.

Осиё, як осиё об_- калонтарин ченаки об, ки ба гардиши як чархи осиё кифоя мекард ва барои обёрии 300-350 таноб замини кишт мерасид. Як таноб-баробари 2500 м2 ё 0,25га аст.

Обкаш - ҷои тақсими об, сарбанд.

Обмӯрй - ҷой гузоштани об аз зери бино ва девор.

Қабза -як қабза об, ҷараёни обе, ки гафсиаш баробари ҳаҷми мушти одам буд.

Хаққи шурб_- ҳуқуқи истифодаи об барои оббёрӣ ва пардохти маблаги он.

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Хаққоба - андози пул барои истифодаи об ба мақсади обёри; ҳуқуқи соҳиб будан ба як ҳиссаи муайяни об дар маҳал ё ҳудуди муайян. (12,12,15,23,41,67,78,97,165,175).

ПАЙНАВИШТ:

1. Авеста: избранные шины/Пер. с вест. и коммент.профессора И.М.Стенблина Каменского. -Душанбе: Адиб, 1990. -176 с.

2. Азимов, Ш. Государство и право Саманидов / Ш.Азимов. - Душанбе: Ирфон, 1999. -168 с.

3. Бабаев, А.Д. К истории государства, права и дипломатии. (Древний Восток, Греция и Рим) / А.Д. Бабаев. - Худжанд: госиздательство им. Рахима Джалила, 1997. - 142 с.

4. Бойс, М. Зороастрийцы. Верования и обычаи / М.Бойс.- М.: Наука, 1988.- 303 с.

5. Семенов, А.А. Бухарский трактат «О чинах званиях и об обязонностях их носителей в средневековой Бухаре / А.А. Семенов // Советское востоковедение.- 1948.- Т.У.- 137-153 с.

6. Гафуров, Б.Г. Таджики, древнейшая, древняя и средневековая история/ Б.Г. Гафуров. - М.: Наука, 1972. - 664 с.

7. Исоматов, М. Об дар баррасиҳои таърихию этнографи / М. Исматов, А.Тошмаов, Т.Тошпулодов. - Душанбе: Сино, 2003. -100 с.

8. Муҳаммад, Рашод. Фалсафа аз огози таърих: дар 7 ҷилд / Р.Муҳаммад. - Душанбе: Ирфон, 1992.-Ҷ.1.-480 с.

9. Неъматов, Н.Н. Давлати Сомониён. Тоҷикон дар асрҳои IX-Х/ Н.Неъматов.- Душанбе: Ирфон, 1989.- 304 с.

10. Рак, И.А. Мифы древнего и раннесредневекового Ирана (Зороастризм) / И.А.Рак. -Спб, 1998.560 с.

11. Сафаров, Н. Правовая система государства Саманидов (IX-X вв) / Н.Сафаров. -Душанбе: Ирфон, 1999.-198 с.

12. Таджикско- русский словарь по истории. Составителы А.Мухторов и А.Егани. - Душанбе: Дониш, 1986. - 204 с.

13. Ходжаева, Н. Историческая география Центральной Азии по данным «Авесты» и пехлавийских источников: автореферат дисс.канд.истор.наук. / Ходжаева Наргис Джомиевна. -Душанбе, 2000. -24 с.

14. Энсиклопедияи Советии Тоҷик: дар 8 ҷилд / сармуҳаррир М.ОсимИ Ҷилди 4.- Душанбе, 1983. -640 с.

15. Энсиклопедияи Советии Тоҷик: дар 8 ҷилд / сармуҳаррир М.ОсимИ/ Ҷилди 7. -Душанбе, 1987. - 640 с.

REFERENCES:

1.Avesta: collected hymns/translation from avesta language and commentaries made by professor

1. M.Steblin-Kamenskiy. - Dushanbe: Adib, 1990. - 176 p.

2. Azimov, Sh. The State and Law of Samanids / Sh.Azimov. - Dushanbe: Irfon, 1999. - 168 p.

3. Babaev, A.D. On History of State, Law and Diplomacy. (Ancient East, Greece and Rome) / A.D. Babaev. - Khujand: state publishing house named after Rahim Jalil, 1997. -142 p.

4. Boise, M. Zoroastrians. Beliefs and practices / M.Boise. - M.:Nauka, 1988. -303 p.

5.Semyonov, A.A. Bukhara treatise "On the rank of titles and the responsibilities of their bearers in medieval Bukhara / A.A.Semyonov // Sovetskoe Vostokovedenie. -1948.-T.V.-pages 137-153.

6.Gafurov, B.G. Tajiks, the most ancient, ancient and medieval history/ B.G. Gafurov. -M.: Nauka, 1972. -664 p.

7.Ismatov, M. Water in historical and ethnographic reviews / M. Ismatov, A.Toshmatov, T.Toshpulotov. -Dushanbe: Sino, 2003. -100 p.

8. Muhammad, Rashod. Philosophy since the start of history: in 7th V./ R.Muhammad. -Dushanbe: Irfon, 1992. V.1. -480 p.

9. Ne’matov, N.N. The Samanids State. Tajik people in the IX-Xth centuries/ N.Ne’matov. -Dushanbe: Irfon, 1989. -304 p.

10. Rak, I.A. Myths of the ancient and early middle Ages of Iran (Zoroastrianism) / I.A.Rak. -Saint-Petersburg, 1988. -560 p.

11.Safarov, N. The legal system of the Samanids State (IX-X centuries) / N.Safarov. -Dushanbe: Irfon, 1999. -198 p.

12.Tajik and Russian dictionary of History. Compiled by A.Mukhtorov and A.Egani. -Dushanbe: Donish, 1986. -204 p.

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

13. Khojaeva, N. Historical geography of Central Asia by “Avesta” data and pehlavi sources: abstract of dissertation for candidate of science in History. / N.D.Khojaeva. -Dushanbe, 2000. -24 p.

14. Tajik Soviet Encyclopedia: in 8 volumes / Editor-in-Chief M.Osimi/ V.4. -Dushanbe, 1983. -640 p. 15Tajik Soviet Encyclopedia: in 8 volumes / Editor-in-Chief M.Osimi/ V.7. -Dushanbe, 1987. -640 p.

Рациональное использование системы и меры воды с точки зрения истории

Ш.Шарифов

Ключевые слова: вода, вода в письменных и документальных источниках, земледелие, орошение, ирригационние системы, право использования воды, меры использования воды Статья посвящена анализу мифологических, религиозно- философских взглядов предков таджикского народа относительно культа воды. Автор статьи попытался проследить систему рационального использования воды как важного источника жизни, с чем было связано благосостояние народа на протяжении различных исторических этапов развития общества. Автор постарался найти параллели всех эпох относительно решения водной проблемы, как одной из глобальных проблем современного мира.

Rational use of water system and measure from the point of view of history

Sh.Sharifov

Keywords: water, water in written and documentary sources, agriculture, irrigation, irrigation systems, the right to use water, measures of water use

The paper analyzes the mythological, religious and philosophical views of Tajik people ancestors with respect to water worship. The author tries to trace the system of rational use of water as an important source of life and richness of humanity throughout the various historical stages of development of society. The author tries to find out the parallels of all ages about the settlement of water problem as one of the global challenges of the modern world.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Шарифов Шавкат, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Ғ. Гафуров (Ҷумҳурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), E -mail: [email protected]

Сведения об авторе:

Шарипов Шавкат, кандидат исторических наук, дотсент кафедры отечественной истории Худжандского государственного университета имени академика Б.Г. Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail: [email protected]

Information about the author:

Shavkat Sharipov, candidate of sciences in history, associate professor at the department of national history of Khujand State University named after academician B.G.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand). E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.