Научная статья на тему 'Краткое историко-географическое описание Истаравшана в эпоху Саманидов'

Краткое историко-географическое описание Истаравшана в эпоху Саманидов Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
359
105
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАЪРИХИ ИСТАРАВШАН / САРЧАШМАҳОИ АСРИМИЁНАГӣ / БОСТОНШИНОСОН / МАРДУМШИНОСОН / БУНҷИКАТ / БУТАМ / СИККА / СУЛОЛАИ АФШИН / ДИМНА / ҚАҳқАҳА / МАЪЛУМОТИ ТАЪРИХИЮ ҷУГРОФӣ / ЗОМИН / ДИЗАК / ИСТОРИЯ ИСТАРАВШАНА / СРЕДНЕВЕКОВЫЕ ИСТОЧНИКИ / АРХЕОЛОГ / ЭТНОГРАФ / БУНДЖИКАТ / НУМИЗМАТ / ДИНАСТИЯ АФШИНОВ / ГОРОДИЩЕ КАХКАХА / ИСТОРИКО-ГЕОГРАФИЧЕСКИЕ СВЕДЕНИЯ / ЗАМИН / THE HISTORY OF ISTARAVSHAN / MEDIEVAL SOURCES / ARCHEOLOGIST / ETHNOGRAPHY / BUNJIKAT / BUTAM / NUMISMATIST / AFSHIN DYNASTY / FORT KAHKAHA / HISTORICAL AND GEOGRAPHICAL INFORMATION / ZAMIN / DIZAK

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Махкамов Саидкул Суяркулович

Истаравшан, как одна из крупнейших политических, экономических, торговых и культурных областей Саманидского государства, сыграл важную роль в истории саманидской эпохи и особо привлекал внимание средневековых авторов и современных исследователей. В статье дается краткое историко-географическое описание Истаравшана на основе средневековых источников и публикаций современных ученых.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

A BRIEF HISTORICAL AND GEOGRAPHICAL DESCRIPTION OF ISTRAVSHAN IN THE ERA OF SAMANIDS

Istaravshan played an important role in the history of Samanids era as one of the major political, economic, trade and cultural areas of the Samanids state, and particularly attracted the attention of medieval authors and modern researchers. The paper briefly describes the history and geography of Istravshan based on medieval sources and publications of modern scholars.

Текст научной работы на тему «Краткое историко-географическое описание Истаравшана в эпоху Саманидов»

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

УДК 9 T С.С.МАҲКАМОВ

ТАВСИФИ МУХТАСАРИ ҶУҒРОФИЯИ ТАЪРИХИИ ИСТАРАВШАН ДАР ЗАМОНИ СОМОНИЁН

Вожаҳои калидӣ: таърихи Истаравшан, сарчашмаҳои асримиёнагй, бостоншиносон,

мардумшиносон, Бущикат, Бутам, сикка, сулолаи афшин, димна, Қаҳқаҳа, маълумоти таърихию цугрофй, Зомин, Дизак

Давлати Сомониён дар ду минтақа ва сарзамини қадими аҷдодии тоҷикон, марказҳои тамаддун ва фарҳангофарини халқи тоҷик - Мовароуннаҳр ва Хуросон доман паҳн карда буд. Он давлати феодалии асримиёнагии миллии тоҷикон маҳсуб ёфта, аз ҷиҳати сиёсӣ мустаҳкам, аз лиҳози иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар замони худ хеле пешрафта буд. Тибқи маълумоти мавҷуда вилоят ва шаҳрҳое, ки дар тобеияти қаламрави Сомониён буданд, марказҳои муҳими маъмурӣ, сиёсӣ, идорӣ, касбу ҳунар, илм ва фарҳанг маҳсуб ёфта, он яке аз давлатҳои бузург ва тавонои Шарқи асри миёнагӣ ба ҳисоб мерафт.

Бино ба ахбори муаррихон, дар асрҳои VIII-IX танҳо дар ҳудуди Мовароуннаҳр 278 шаҳр вуҷуд доштааст (1, 15).

Бузургтарин ва машҳуртарин шаҳру вилоятҳои давлати Сомониён Бухоро, Самарқанд, Уструшана, Фаргона, Хуҷанд, Чочу Элоқ, Исфиҷоб, Хоразм, Гурганҷ, Чагониён, Хатлон, Бадахшон, Балх, Ҷузҷон, Ғарҷистон, Сиистон, Бомиён, Марв, Ҳирот, Нишопур, Сарахс, Деҳистон, Гургон, Рай, Табаристон ва гайра ба ҳисоб мерафтанд. Аксари ин шаҳру вилоятҳо ба ҳайси маркази муҳими фарҳангу тамаддуни замони худ машҳур буда, дар бунёди кохи муҳташами мероси моддӣ ва маънавии аҳди Сомониён саҳми шоиста доштанд. Шукуҳу шаҳомат ва дурахшу ҷилои тамаддуни ҷаҳонгири Сомониён аз бисёр ҷиҳат ба ривоҷу равнақи шаҳр ва густариши тамаддуни шаҳрӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ дар асрҳои IX-X иртибот дошт (1, 10). Яке аз чунин марказҳои фарҳангиву тиҷоратии давраи Оли Сомон Истарафшан ба ҳисоб меравад, ки дар ба тавсифи мухтасари ҷугрофияи таърихии он дар ин мақола таваққур менамоем.

Тамоми манбаъ, маълумот, ахбор, бозёфтҳои нодири моддиву маънавии бадастомадаро доир ба омӯзиши марҳилаҳои таърихи Истаравшани замони Сомониён чунин тавсиф додан ва гурӯ ҳбандӣ намудан мумкин аст:

1.Осори таърихию чугрофии давраи асримиёнагӣ, аз қабили «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Таърих-ур-русул ва-л-мулк»-и Имом Табарӣ, «Табақоти Носирӣ»-и Минҳочи Сироч, «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулҳасан Байҳақӣ «Таърихи Гардезӣ», «Зайн-ул-ахбор»-и Абусаъиди Гардезӣ, «Муъчам-ул-булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ, «Китоб-ул-ибар»-и Ибни Халдун, «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, «Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Мунтахаб-ут-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон, «Ашкол-ул-олам»-и Ҷайҳонӣ, «Мамолик ва масолик»-и Абуисқоқи Истахрӣ, «Масолик ва мамолик»-и Ибни Ҳавқал, «Ҳудуд-ул-олам»-и мачҳулулмуаллиф ва гайра.

2. Асару мақолаҳои алоҳидаи муҳаққиқон, бостоншиносон, мардумшиносону шарқшиносони руси даврони шӯравӣ, аз чумла В.В.Бартолд, А.А. Семёнов, А.Ю. Якубовский, М.С. Андреев,

О.И. Смирнова, Е.Д. Салтовская, З.Л. Воронина, С.Г. Хмелнитский ва дигарон.

3. Асарҳои тадқиқотӣ ва мақолаҳои илмии муҳаққиқони маъруфи точик оид ба таърих, мавқеи чугрофӣ, мансубияти этникӣ, мероси моддӣ ва маънавии Истаравшан таълиф намудаи Б. Ғафуров, Н. Неъматов, А. Мухторов, Ӯ. Пулодов, Ю. Ёқубов, А. Мирбобоев, С. Абдуллоев, Ҳ. Пирумшоев, Н. Раҳимов, С. Марофиев, Н. Турсунов, Ш. Азимов, И. Сафаров ва дигарон.

4. Тадқиқоти бунёдии дастачамъонае, ки аз тарафи олимон ва муҳаққиқон дар солҳои гуногун омода ва нашр шудаанд. Аз қабили «Таърихи халқи точик» (Москва, 1964, Ҷ.2. Қ.2), нашри нави китоби чомеъ ва бунёдии «Таърихи халқи точик» (зери таҳрири академик Н.Неъматов, Ҷилди 2, Душанбе, 1999) ва мачмӯаи «Сомониён ва эҳёи тамаддуни форсии точикӣ» (Душанбе, 1998), «Сомониён дар оинаи таърих» (Хучанд, 1998, Ҷ. 1-2), «Номаи Оли Сомон» (Душанбе-Теҳрон,

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

1999), «Мероси Оли Сомон» (Хуҷанд, 2001), «Донишномаи Сомониён» (Хуҷанд, 2008, Ҷ. 1-2) ва гайра.

5.Асару тадқиқоти муҳаққиқони хориҷӣ, аз ҷумла «Таърихи Эрон» (Кембриҷ, 1976. - Ҷ. 4), Нодир Каримиёни Сардаштӣ. Осрушана (Теҳрон-Эрон, 1381/2002), Муҳаммадризо Ноҷӣ, «Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён» (Душанбе, 2007), Ҷовиди Ҳиравӣ, «Эрон дар замони Сомониён/.Таърихи Сомониён аз огоз то салтанати Насри дуввум» (Душанбе, 1998), Саид Нафисӣ, «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» (Душанбе, 2008), асарҳои ховаршиноси номии Амрико Ричард Фрай «Мероси Эрон», «Бухоро», «Сомониён» ва гайра.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин сарчашмаву адабиёти илмӣ муҳаққиқон паҳлуҳои гуногуни таърихи давлати Сомониён ва минтақаҳои алоҳидаи онро инъикос намудаанд. Ин осор марҷоъҳои минбаъд пояи муҳими Сомониёншиносӣ ба ҳисоб рафта, ин маъхаз ва тадқиқот чун сарчашмаи муътамад ва пурарзиш дар шинохти таърихи Сомониён арзишманданд.

Истаравшан дар замони қадим ва асрҳои миёна «Уструшана», «Сурӯшана», «Асрушана», «Осрушана», «Сатрушана» номида мешуд, яке аз мулкҳои бузурги қаламрави Сомониён ба ҳисоб рафта, мақом ва нуфузи он дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании он хеле назаррас буд. Мулки Истаравшан, ки дар қисмати мовароуннаҳрии қаламрави давлати Сомониён қарор дошт, аз зумраи вилоятҳои пешрафтаи ин давлат маҳсуб меёфт. Он яке аз музофотҳои ободу маъмур ва аз лиҳози тиҷоративу ҳунармандӣ хеле тараққӣ ёфта буд ва дар ҳайати давлати мазкур мақому ҷойгоҳи махсус дошт.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо Истаравшан дар ин давра бо вилоёти пешрафтаи давлати Сомониён - Бухоро, Самарқанд, Фаргона, Ҳирот, Марв, Нишопур ва гайра дар як радиф қарор дошт.

Бояд тазаккур дод, ки Истаравшан то замони ба ҳайати давлати Сомониён дохил шудан низ яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, касбу ҳунар ва илму фарҳанг ба ҳисоб рафта, «дар натиҷаи тараққиёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ, хусусан дар асрҳои нахустини солшумории мо хеле шӯҳрат пайдо карда буд. Асрҳои V-VI (дар баробари дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳр) ба минтақаи алоҳидаи маданию этникӣ чудо шуд. Аввалин маротиба Истаравшан чун вилояти мустақил дар сарчашмаҳои соли 435 номбар шудааст. Дар асри V то охири асри IX Истаравшан ба давлати мустақил табдил ёфт» (11, 25). Ба ақидаи муҳаққиқи шинохтаи таърих ва тамаддуни ин вилояти бостонӣ академик Н.Неъматов мардуми вилояти Истаравшан дар асри VI то соли 822 бар зидди арабҳо мубориза бурда, мустақилияти худро нигоҳ медоштанд. Дар натичаи ҳучуми қатъӣ Истаравшан аз тарафи арабҳо соли 822 забт карда мешавад. Бояд гуфт, ки аз асри IV то охири асри IX онро сулолаи маҳалии афшинҳо идора мекарданд.

Дар ин муддат дар Мовароуннаҳру Хуросон сулолаҳои маҳаллии аслу насабашон точик Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ба сари қудрат меоянд. Маъмун соҳиби тахти хилофати аббосӣ мегардад ва мувофиқи фармони ӯ аммазодааш Ғассон ибни Аббод волии Мовароуннаҳру Хуросон таъин мешавад. Ғассон вилоятҳои алоҳидаи Мовароуннаҳрро ба идораи писарони Асади Сомонӣ месупорад: «Нуҳ ибни Асадро волии Самарқанд таъин кард ва Аҳмад ибни Асадро ба иморати Фаргона фиристод ва Шошу Уструшанаро ба Яҳё ибни Асад мусаллам дошт ва Илёс ибни Асадро либоси ҳукумати Ҳирот пӯшонид» (7, 381-421).

Дар асоси маълумоти сарчашмаҳои асримиёнагӣ, аз чумла «Китоб-ул-ибар»-и Ибни Халдун, «Ашкол-ул-олам»-и Ҷайҳонӣ, «Таърихи Гардезӣ»-и Муҳаммад Гардезӣ, «Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир ва дигарон волигии Истаравшан дар солҳои 819-820 дар уҳдаи Яҳё ибни Асад буд. Бино ба ахбори манбаъҳои мавчуда маълум мегардад, ки Исмоили Сомонӣ (ҳукм. солҳои 892-907) ба фармонравоии хонаводаи Афшин дар Уструшана хотима дод ва соли 893 дар Уструшана ба номи худ сикка зарб кард.

Чунонки ишора шуд, дар асрҳои IX-X вилояти Истаравшан дар минтақаи мовароуннаҳрии қаламрави давлати Сомониён чойгир шуда, сарзамини паҳновари он дар водиву доманакӯҳҳо вусъат ёфта буд. Мувофиқи маълумоти Истахрӣ ва Мақдисӣ Истаравшан дорои даҳ-дувоздаҳ шаҳр будааст. Аз чумла, Абӯисҳоқи Истахрӣ Арсиёнкас, Куркас, Ғазақ, Вагкас, Собот, Зомин, Дизак, Навичкас, Харқонаро аз тавобеи он донистааст (1, 147). Ҳамин шаҳрҳои Истаравшанро Абулқосими Ҷайҳонӣ дар асараш чунин сабт мекунад: «Арсоманкат, Куркат, Урфат, Фаъкат, Собот, Зомин, Даркат, Дуҳкат, Харқона» (1, 147). Муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» ин вилоятро бо

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

унвони Сурӯшона номбар намуда, зикр менамояд, ки «он ноҳияест бузургу ободон ва бо неъматҳои бисёр ва ӯро шаҳру рустоҳои бисёр» (14, 70-71).

Шаҳрҳои дар мавзеҳои водию кӯҳӣ ҷойгиршудаи Истаравшанро академик Н.Неъматов дар асари худ «Давлати Сомониён» тасвир намуда, миқдори онро бештар аз сарчашмаҳои қаблӣ шуморидааст. Мувофиқи ақидаи ӯ «ҳудуди Истаравшан ба 18 рустои водию кӯҳсори аксаран ҳамноми шаҳрҳои калон ва маҳалҳои аҳолинишин тақсим шуда буд. Дар қисми водӣ рустоҳои Бунҷикат, Собот, Зомин, Бурнамад, Харҳона, Фикнан (шаҳри асосиаш Дизак), Хавос, Шавкат, Фагкат, дар кӯҳсор Минк, Асбаникат, Бискар, Бангам, Вакр, Шагар, Мастчоҳ, Бургар ва Бутамон вуҷуд доштанд» (12, 46).

Дар ин давра Истаравшан аз лиҳози масоҳат ҳудуди ҷугрофии хеле бузургеро соҳиб буд, он имрӯзҳо ба ноҳияҳои алоҳидаи маъмурӣ тақсим шудааст. Ин ҳудудро Абулқосими Ҷайҳонӣ дар асари худ шарҳ дода мегӯяд: «Усрушана номи вилоятест ва бештари он вилоят кӯҳҳост ва гирдогирди он аз ҷониби машриқ баъзе аз Фаргона аст. Ва аз ҷониби магриб - ҳудуди Самарқанд. Ва аз ҷониби шимол Шош ва баъзе аз Фаргона. Ва аз ҷониби ҷануб аз ҳудуди Кеш ва Чагониён ва Шумон» (2, 65).

Таърихан маълум аст, ки ҳар шаҳру вилоят маркази маъмурии худро доштанд. Замоне, ки мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, марказ ва пойтахти вилояти Истаравшан шаҳри Бунҷикат (шакли тоҷикиаш Панҷакат) ба ҳисоб мерафт. Шаҳри Бунҷикат монанди шаҳрҳои дигари Мовароуннаҳр аз се қисм - арк, шаҳристон ва рабаз иборат аст. Баъзе муҳаққиқон бар он ақида ҳастанд, ки маркази Истаравшан дар ҳудуди имрӯзаи шаҳр ҷойгир бошад. Вале шарқшиноси рус академик В.В.Бартолд мувофиқи сарчашмаҳои асримиёнагӣ онро ба маркази имрӯзаи ноҳияи Шаҳристон мансуб донистааст.

Топоними «Бунчикат» дар сарчашмаҳои тадқиқотҳои олимон ба шаклҳои гуногун омадааст. Масалан, «Бунчикат», «Нумичкат», «Нумичкас». Ин топонимро академик В.В.Бартолд ба шакли «Панчакас» ва «Бунчикас» истифода бурдааст. Ин ном дар яке аз осори таърихию чугрофии Абулқосими Ҷайҳонӣ «Ашкол-ул-олам» ба тарзи «Лутҳакат» номбар шудааст, ки онро муаррихи номии точик С.Абдуллоев шакли кӯҳантарини истифодаи топоними мазкур меҳисобад. Топоними мазкурро яке аз олимони ин соҳаи илми таърих А. Аюбов дар асари «Топонимҳои Уструшан ҳамчун сарчашмаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ» чунин шарҳ медиҳад: «Топоними Бунчикат аз ду чузъ «-кат», ки маънои «шаҳр», «хона» «истиқоматгоҳ» ва калимаҳои «бундж», «нундж» маънои «панч»-ро дорад, иборат мебошад. Аз ин маълумотҳо бармеояд, ки топоними «бунчикат» маънои «панч хона»-ро дорад» (5, 25-26).

Дар тадқиқоти академик Аҳрор Мухторов «Амирон ва вазирони Сомонӣ» порчае аз «Ашкол-ул-олам»-и Ҷайҳонӣ оварда шуда, дар он қайд мешавад: «Шаҳри бузургтари онро ба забони Асрушана Бунчикат хонанд» (10, 29-38). Дар чои дигари ҳамин сарчашма ба шакли «Панчакат» оварда мешавад.

Дар ҳақиқат, ин ақида баъди ташкилу шурӯъ ба кор намудани Экспедитсияи комплексии бостоншиносии Точикистони шимолӣ тасдиқ гардид. Марҳилаи якуми ҳафриёт бо сарварии А.Ю. Якубовский соли 1946 дар шаҳрҳои Канд, Фалгар, Масчоҳ, Истаравшан, Хучанд ва дигар шаҳрҳои таърихӣ кори худро огоз карда буд. Соли 1954 бо сарварии Н. Неъматов ин кор идома ёфт ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ ба даст омаданд. Аз чумла, зимни корҳои васеи тадқиқоти археологӣ маълум гардид, ки дар харобаҳои Бунчикат ҳангоми ҳафриёт ёдгориҳои кӯ шкӣ, манзили сокинони он, осори меъморӣ, санъати тасвирӣ, ҳаргуна маснуоти нафиса ошкор карда шуданд. Бозёфт шудани маснуоти мазкур далели он аст, ки Бунчикат на фақат пойтахти Истаравшан будааст, балки яке аз марказҳои бузурги маданияти асримиёнагии Мовароуннаҳр маҳсуб меёфт.

Бино ба маълумоти «Ашкол-ул-олам» шаҳри Бунчикат дар замони худ хеле пеш рафта, «сарой, аморат дар Лутҳакат бошад ва он шаҳрест, ки дар он чо даҳ ҳазор мард зиёдтар бошад. Биноҳои он аз гил ва чӯб. Ва онро шаҳристоне бо бора ва рабазе дигар. Бораи шаҳристонро ду дар аст: якеро Дари Боло гӯянд ва дигареро Дари Шаҳристон. Масчиди чомеъ дар шаҳристон аст, кӯ ҳандиз ва саройи аморат дар рабаз. Чаҳорсӯи Амир ва масчид беруни кӯҳандиз ва бозорҳо дар шаҳри андарунӣ. Ва ҳоити (боги атрофаш девор кашидашуда) рабаз ним фарсанг бошад ва онро хандақ аст ва чаҳор дар: Дари Амир, Дари Сарсманд, Дари Лӯҳкат, Дари Кулҳор.

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

Ин шаҳрро ҷӯйҳост. Он чӣ дар шаҳр меравад Сорӣ гӯянд, дигарро Берун, (дигарро) Римоҳан, дигар Саласкаҳӣ, дигар Даръӣ, дигар Масҳакӣ. Ва ҷумлаи ҷӯйҳо аз чашма берун меояд ва миқдори даҳ осиёвор бошад» (1, 65; 10, 29). Харобаҳои шаҳри Бунҷикат, ки онро мардуми маҳаллӣ имрӯз Қалъаи Қаҳқаҳа меноманд, аз тарафи бостоншиносон ҳафриёт карда шудаанд. Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ аён гардид, ки Арки он ба димнаи Қаҳқаҳа II, рабази он ба димнаи Қаҳқаҳа III ва шаҳристони он дар димнаи Қаҳқаҳа I ҷойгир будааст. Шаҳристони шаҳр аз марказҳои илмиву фарҳангӣ ва растаҳои дӯконҳои ҳунармандон мутаалиқанд. Ва дар ҳамин макон заргарӣ хеле пеш рафта, аз тиллову нуқра ва дигар фулузоти қимматбаҳо заргарон маҳсулоти заргарӣ месохтаанд.

Ҳамин тавр, фарзияҳои академик В.В. Бартолд оид ба маркази Истаравшан будани шаҳри Бунҷикат, ки он ҳоло маркази ноҳияи Шаҳристон аст, тасдиқ гардид. В.В. Бартолд чунин ақида дошт, ки «Шаҳри асосии Осрушана Бунҷикат (Панҷикат) ба ҳисоб рафта, ба қавли Ибни Хурдодбеҳ ва Қудома аз Собот 2 фарсах (фарсах-баробар ба 16-18 км) роҳ ва 5 фарсах қад-қади соҳили дарё то шаҳр аст; ду тарафи роҳҳо бо кӯҳҳо иҳота шудаанд. Пойтахти Осрушана боқимондаҳои Шаҳристон ба ҳисоб меравад, ки 25 км болотар дар ҷанубу гарбии Уротеппа (Истаравшан) мавҷуд аст» (6, 223). Ба қавли муаллифони сарчашмаҳои асри миёна Истахрӣ, Ибни Ҳавқал ва Мақдисӣ дар ин шаҳр зиёда аз 10 ҳазор мард бошад, ки дар вақти ҷанг берун ояд. Ва шаҳри Бунҷикат монандиҳои дигари асримиёнагӣ иборат аз се қисм - кӯҳандиз, шаҳристон ва рабаз иборат аст. Ин ақидаро ахбори овардаи сарчашмаҳои дигар низ тасдиқ менамоянд ва онро бозёфтҳои ковишҳои бостоншиносӣ собит сохтаанд. Ба бунёди шаҳр агар аз лиҳози хронологӣ назар андозем маълум мегардад, ки «куҳандизи Бунҷикат, бешубҳа, димнаи Қалъаи Қаҳқаҳа II мебошад. Ин қалъа бо қасри дохилӣ ва ҳавлии фарохаш дар асри VII-VIII бунёд гардида, дар ибтидои асри IX вай аллакай хароба буд, бинобар ин ҷуғрофдонҳо онро на фақат диз-қалъа, балки куҳандиз, яъне қалъаи кӯҳна номиданд» (12, 45).

Ғайр аз димнаҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ дарёфт гардидаанд, Чилдухтарон, Чилҳуҷра, Ӯртақӯрғон осори боқимонда аз ёдгориҳои Истаравшан мебошанд ва аз ҳаёти ҷамъиятӣ, усули биносозиӣ, меъморӣ, нақшу нигори рӯи девор ва чӯб, биноҳои истиқоматӣ ва хоҷ агӣ дарак медиҳанд.

Муаллифи «Ашкол-ул-олам» доир ба наздикии шаҳри Зомин ба пойтахти Истаравшан шаҳри Бунҷикат маълумот додааст. Ӯ мегӯяд: «наздик бад-ин шаҳр дар бузургӣ - Зомин. Ва он ба роҳи Фарғона аст Суғд. Ва онро шаҳрест ва ин мавзеъ қадимӣ ва хароб шудааст. Ва ин мавзеъи навро бора нест. Манзури гузаронандагон аст аз Суғд ба Фарғона. Онро оби равон аст ва бӯстон ва разҳои бисёр ва зироат ва ишорати тамом» (2, 65-66).

Дар ин бора дар «Ҳудуд-ул-олам» чунин маълумот оварда мешавад: «Зомин шаҳрест бар роҳи Хуҷанди Фарғона ва аз Сурӯшона аст. Ва андар вай ҳисорест маҳкам, ҷое бо кишту барзи бисёр» (14, 71; 15, 66). Аз маълумотҳои сарчашмаҳои зикршуда маълум мегардад, ки Зомин низ аз шаҳрҳои бузурги аҳолинишини Истаравшан маҳсуб ёфта, мардум бештар бо кишоварзӣ, махсусан боғдорию ангурпарварӣ машғул мешуданд. Деҳқонон маҳсулоте, ки барзиёд аз ниёзи худ мерӯ ёниданд, ба бозорҳо бароварда мефурӯхтанд, ё ин ки ба молҳои зарурии ҳунармандон иваз менамуданд.

Аз ҷиҳати вусъат ва масофа сеюмин шаҳри Истаравшан Дизак будааст, ки топоними он дар маъхазҳои асримиёнагӣ дар шаклҳои «Ҷиззак», «Ҷиззах», «Дизах», «Дизақ» ва «Ҷизақ» зикр гардидааст. Вожаи «Дизак» аз ду ҷузъ: диз (диж, қалъа) ва топформанти -ак иборат буда, маънояш «дизи хурд, ё ки қалъаи кӯчак» аст (9, 310). Дизакро муаллифи «Ашкол-ул-олам» тавсиф намуда, қайд мекунад, ки «шаҳрест дар замини нарм ва бад-он ҷо дарбанд нигоҳ медоранд. Ва дар он ҷо работҳо ва саройҳои бисёр аст гузаронандагонро. Бузургтар работе Ҳадсер бошад аз он ҷо ба ду фарсанг. Ва ин работест машҳуртар аз работҳои Мовароуннаҳр. Ва онро Афшин сохтааст ва наздиктар работе ба душман он аст. Дар миёни работ чашмаи об аст. Ва Дизакро оби равон аст, б ӯстонҳо ва иморат ва зироат ва фарохии неъмат бағоят» (1, 66). Аз ахбори овардаи Абулқосими Ҷайҳонӣ маълум мегардад, ки дар шаҳри номбурда кишоварзӣ пеш рафта буд ва заминҳои ҳосилхезу обшори он ҳосилҳои фаровон медодаанд. Ва мардуми он бештар бо кишоварзӣ, боғдорӣ ва тиҷорат машғул буданд. Тибқи ахбори муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» Дизак аз шаҳрҳои тобеи Истаравшан будааст ва муаллиф аз обҳову чашмаҳои бисёри он маълумот медиҳад.

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

Инчунин дар ҳамин сарчашмаи асримиёнагӣ оварда мешавад, ки «наздики ӯ ҷоест Марсманда хонанд. Ва он ҷо ҳар соле як рӯз бозор бувад, ки гӯянд он рӯз дар он бозор афзун аз сад ҳазор динор бозоргонӣ кунанд» (16, 66). Дар ин ҷо муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» каме иштибоҳе карда, гуфтааст, ки дар як сол як маротиба бозор доир мегардад. Дар асл, аз рӯи маълумоти дигар (3,384; 4, 260) бозори мазкур дар Марсманда дар огози ҳар моҳ як маротиба ҷараён мегирифт. Доир ба бозори мазкури Марсманда Ибни Ҳавқал дар асари ҷугрофии худ «Масолик ва мамолик» (3, 384) низ маълумот додааст, ки тибқи он савдогарону тоҷирон аз минтақаҳои дур ба ин ҷо меомадаанд.

Дар «Донишномаи Сомониён» омадааст, ки «Марсманда мавзее дар Мовароуннаҳр, наздикии шаҳри Дизак ё Ҷизах. Дар маъхазҳои асримиёнагӣ Марсманда ба гунаҳои «Арсманда», «Сарсманд», «Васманда» низ сабт гардидааст. Бино ба андешаи академик В.В.Бартолд мавзеи дақиқи Марсманда муайян нест, метавон ҳадс зад, ки дар болооби Зарафшон мавқеият доштааст. Аз ахбори Ибни Ҳавқал маълум мегардад, ки шаҳр дар канори рӯди паҳне, ки дар зимистон бо яхи гафсе пӯшида мешавад, ҷойгир будааст. Бо вуҷуди номусоид будани обу ҳавои ин ноҳия сокинони он бо кишти галладона ва бунёди гулхонаҳо мепардохтанд. Марсманда шаҳри некӯву дилангез маҳсуб гашта, дорои оби ҷорӣ ва хоки некӯ, гулзору алафзор будааст. Дар Марсманда чашмасорҳо бо ҳадди фаровонӣ дида мешуд. Аммо Ҷайҳонӣ навиштааст, ки замини Марсманда аз оби борон машруб гашта, он богу бӯстон надорад. Масҷиди ҷомеи Марсманда дар канори бозор ҷойгир будааст» (8, 479).

Яке аз шаҳрҳои дигари мулки Истаравшан, ки тибқи маълумоти осори муаррихон ва ҷугрофдонҳои асримиёнагӣ маълум мегардад, Собот мебошад. Муаллифони манбаъҳои таърихӣ онро ҳам ба таври шаҳр (Истахрӣ, Ҷайҳонӣ) ном бурдаанд ва ҳам шаҳрак (муаллифи «Ҳудуд-ул-олам»). Шаҳри Собот баробари дигар шаҳрҳои асримиёнагии Истаравшан аз марказҳои фарҳангиву маданӣ ва тиҷоратӣ маҳсуб ёфта, соҳибони осор нисбат ба он ибораҳои «шаҳре обод», «шаҳраке маъруф», «балдаи маъруф» ва монанди онҳоро ифода намудаанд. Собот дорои обҳои равон буда, богу бӯстонҳо онро фаро гирифта будааст (9, 247).

Аз маълумоти мавҷудаи маъхазҳо маълум мегардад, ки аз дигар воҳаҳои ободу обшор ва аз мавзеҳои дилангези тоҷирон ҳисобида, бо номи Бутам машҳур аст. Тавре баён гардид, Бутам дар мавзеи кӯҳии Истаравшан ҷойгир будааст. Дар мавриди шомил будани Бутам ба ҳудуди ҷугрофии вилояти Истаравшан андеша ва баҳсҳои илмӣ то имрӯз идома дорад. Баъзе муаллифони осор онро воҳаи мустақил, баъзе дигар мулки молиётдиҳандаи Истаравшан ҳисобидаанд. Ба такя ба маълумоти муаллифи осори ҷугрофии «Ҳудуд-ул-олам», ки онро таҳти унвони «Буттамон» тавсиф кардааст, фаҳмидан мумкин аст ва чунин гӯяд: «ноҳияест дар кӯҳҳову шикастагиҳо аз ҳудуди Сурӯ шона. Ва ӯро се ҳад аст: Буттамони андарунӣ ва Буттамони миёна ва Бутамони берунӣ. Ва ин ноҳияест бо кишту барзи бисёр ва ҷои дарвешон ва андар вай деҳаҳову рустоҳои бисёр аст. Ва андар кӯҳҳои вай маъдани навшодир аст бисёр» (14, 71; 15, 66; 1, 150-151). Аз ахбори муаллифи осори зикршуда аён мегардад, ки Бутам аз воҳаи сераҳолии Истаравшан буда, мардуми он бо истифода аз обҳои фаровон бо кишоварзӣ шугл доштанд. Дар сарчашмаҳои дигар ин ақида дуруст шуморида шуда, онро пурратар мекунад. Аз ҷумла, дар «Ашкол-ул-олам»-и Абулқосими Ҷайҳонӣ ва «Китоб ал-масолик ва-л-мамолик»-и Ибни Ҳавқал онро бо унвони «Буттам» дониста, ба як мазмун доир аз кӯҳҳо канда шудани фулузот ва маснуоти кӯҳӣ маълумот медиҳанд. Масалан, Ибни Ҳавқал чунин овардааст: «Буттам ҳисорест нек маҳкам ва дар он ҷо кони зару нуқра ва нурок ва навшодир аст. Ва ин навшодирро маъдан горест дар кӯҳ ва онро монанди хона сохтаанд ва даре ниҳодаанд. Ва ҳаволии он устувор карда ва аз чашмаи он бухоре бармехезад, ки ба рӯз монанди дуд аст ва шаб монанди оташ. Ва аз он бухор навшодир мешавад, ки ба ҳама офоқ мебаранд. Ва аз гояти гармӣ ҳеҷ кас дар он хона натавонад рафтан, ки бим бошад, ки бисӯзад, магар хешро дар намади тар бипечад ва ногаҳ худро дар он ҷо меафканад. Ва он чӣ метавонад, мерабояд ва берун мешавад.

Оби Сугду Самарқанд ва Бухоро аз Буттами миёна берун меояд, аз ҷойгоҳе, ки онро Дай мегӯ янд ва сӣ фарсанг зиёдат меравад то Бургар ва меомезад ба ҷӯи Самарқанд ва Чагониён» (3, 384; 2, 66). Аз ахбори сарчашмаҳо маълум мегардад, ки дар ин давра кӯҳкорӣ ва тайёр кардани маҳсулот аз фулузот хеле пеш рафта буд. Он маҳсулоте, ки аз тарафи кӯҳкорон истихроҷ мешуданд, ҳам дар бозори дохилӣ барои ҳунармандон ашёи хоми худӣ буд ва ҳам онро тоҷирон ба бозорҳои дигар шаҳрҳо интиқол медоданд.

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

Яке аз шаҳрҳои дигари Истаравшани замони Сомониён, ки дар инкишофи иқтисодию фарҳангӣ нақши муассири худро дошт, Фагкат (дар сарчашмаҳо дигар шаклҳои топоними он «Вагкат», «Вогат», «Фагкат» «Богат» ва дигар намуди онро дучор шудан мумкин аст) аст. Тибқи тадқиқоти алоҳида ба воҳаи ҷугрофии мазкур бахшидаи профессор Н. Раҳимов омадааст: «Вагкат, ки яке аз ҳудуди Уструшани асримиёнагӣ мебошад, ҳоло ҳам бо чунин ном деҳае мавҷуд аст, ки дар саргаҳи роҳи Хуҷанд ҷойгир мебошад. Ва мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Уротеппаи асримиёнагӣ (Истаравшани имрӯза)-ро дар аҳди Сомониёну Қарохониён бо номи Вагкат маълум буд» (13, 13-16) .

Дигар аз шаҳрҳои Истаравшани давраи Сомониён Куркат аст, ки дар сарчашмаҳо бо номҳои «Куркат» ва «Куркас» вомехӯранд. Ҳамчунин онро бо номи «Шавкат» дучор шудан мумкин аст, ки дар ҳудуди водии Истаравшан ҷойгир шудааст. Қисматҳои сарҳади онро профессор А. Мирбобоев чунин ишора мекунад: «сарҳади ҳақиқии он ҳудуди калонро иҳота намуда, дар шимол дарёи Сир, дар ҷануб қаторкӯҳи Туркистон, дар шарқ дарёчаи Хоҷабоқиргон, ки рустои Шавкат аст, ҳамсарҳад мебошад. Ҳудуди рустои Шавкат 800 км2 мебошад» (9, 274).

Шаҳрҳои дигари Истаравшан амсоли Ғарак, Минк, Харқона, Ховас, Навиҷкас аз шаҳрҳои дар қатори мавзеъҳои тавсифшуда маҳсуб мешаванд ва тасвифи қариб ҳамаи онҳо дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст. Умуман, ҳама шаҳрҳое, ки ба мулки Истаравшан дохил мешуданд, тахминан дорои чунин шароит, яъне дорои шаҳристону работҳо будаанд ва қариб ки дар ҳамаи онҳо кӯшкҳо мавҷуд будаанд. Дар манбаъҳо қайд шудааст, ки Истаравшан дорои 400 кӯшку работ будааст. Таҳлилу баррасӣ ва тавсифи муфассали ҳама шаҳрҳои Истаравшанро дар ин гузориши маҳдуд пурра қайд кардан гайриимкон аст.

Дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр, аз ҷумла дар Истаравшан доир ба фаровонии обҳо сухан меравад. Ин боиси он мегардид, ки заминҳо хуб обёрӣ шаванд ва фаровонҳосилии киштзор ва сарсабзии боготи он таъмин гарданд. Дар ин бора Ёқути Ҳамавӣ чунин меорад: «Чун ба Сугду Усрушана ва Фаргонаву Шош ворид шудӣ, хоҳӣ дид, ки меваҳои эшон он қадар фаровон аст, ки аз ҳама офоқ зиёдат меояд» (8, 290). Абӯисҳоқи Истахрӣ дар «Масолик ва мамолик» чунин мегӯяд: «Ва дар тамоми Фаргонаву Шошу Усрушана ва ҷумлаи Мовароуннаҳр дарахтон ба якдигар даромада ва меваҳои бисёр. Ва маргзорҳо ба якдигар пайваста ва мусолик аст. Ва ба шаҳри Усрушана навъе аз гул аст, ки то охири поиз боқӣ монад» (4, 227,256). Абулқосими Ҷайҳоӣ низ дар осори худ ҳамин маълумотро меорад ва мегӯяд: «меваҳои эшон дар Сугд ва Уструшана ва Фаргона ва Шош чандон аст, ки аз хӯрдани эшон боқӣ мемонад ва чорпоён мехӯранд. Ва он чӣ аз эшон зиёдат меояд, ба дигар вилоят мерасад» (2, 67).

Чунон ки маълум гардид, шаҳру навоҳии Истаравшан дорои сарват ва гановати бои таърихӣ будааст. Таҳлилу баррасӣ ва дақиқ муайян намудани мавқеи ҷуғрофию таърихии шаҳрҳои Истаравшан дар заминаи ахбори маъхазҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносон ва тадқиқоти олимон вазифаҳои минбаъдаи таърихнигорон буда, ҳар як шаҳру навоҳии он омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлили ҷиддиро тақозо дорад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдуллоев, С. Ҷугрофияи таърихии давлати Сомониён/С. Абдуллоев - Хуҷанд, 2001. -372 с.

2. Абулқосим, Ҷайҳонӣ. Ашкол-ул-олам/А.Ҷайҳонӣ// Сомониён дар оинаи таърих. - Ҷилди дуюм. - Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 1998. - С. 39-78.

3. Абулкасим, ибн Хаукал. Китаб ал-Масолик ва-л-мамолик: пер. С.Волина / Х. Абулкасим// Материалы по истории туркмен и Туркмении. - Т. 1. - М.: Иститут востоковедения, 1939. - С. 380384.

4. Абу-Исхак, ибн Мухаммед ал-Истахри. Масалик ал-мамолик: пер. с персидской. З. Н. Ворожейкиной/А.Истахри// Материалы по истории киргизов и Киргизии. - М.: Наука, 1973. - 280 с.

5. Мухторов, А. Амирон ва вазирони Сомонӣ/ А.Мухторов - Душанбе: Оли Сомон, 1997. - 76 с.

6. Аюбов, А. Топонимы Уструшаны как источник по истории и культуры/А.Аюбов. - Худжанд: Нури маърифат, 2013. - 192 с.

7. Бартольд, В.В. Туркестан в эпоху мангольского нашествия/В.В.Бартольд- Москва: Восточная литература, 1963. -760 с.

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

8. Ғиёсуддин, ибни Ҳумомуддин Ҳусайни Хондамир. Ҳабиб-ус-сияр/Ҳ.Ҳ.Х.Ғиёсиддин// Сомониён дар оинаи таърих. - Ҷилди якум. - Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 1998. - С. 381-421.

9. Донишномаи Сомониён. - Ҷилди якум. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2008. - 598 с.

10. Мирбабаев, А.К. Дахмаки Курката: раскопки и исследования/А.К.Мирбабаев// Древняя Уструшана: города, их локализация и хронология. Материальная культура Уструшаны. Выпуск 58. - Душанбе: Ому, 2003. - 790 с.

П.Негматов, Н. Уструшана в древности и раннем средневековье/Н.Негматов. - Сталинабад: Изд-во АН Тадж. ССР, 1957. -160 с.

12. Неъматов, Н. Давлати Сомониён: Тоҷикон дар асрҳои IX-X/Н.Неъматов. - Душанбе: Ирфон, 1989. -304 с.

13. Рахимов, Н. Очерки средневековой истории Вагата - Ура-тюбе (Х-XVI вв) /Н.Рахимов. -Худжанд, 2004. -122 с.

14. Ҳудуд-ул-олам. - Душанбе: Дониш, 1983. -132 с.

15. Ҳудуд-ул-олам. Таҳиягари матн ва муаллифи пешгуфтор Абдуҷамол Ҳасанов. - Душанбе: Бухоро, 2014.-588 с.

REFERENCES:

1 Abdulloev, S. The historical geography of Samanids’ state/S.Abdulloev - Khujand, 2001. -372p.

2. Jaihoni, Abulkosim. Ashkol-ul-olam/A.Jaihoni//Samanids in a mirror of history.-second volume. -Khujand: Nashriyoti davlatii ba nomi Rahim Jalil, 1998. -Pp. 39-78.

3. Abulkasim, ibn Haukal. Kitab al-Masolik va-l-mamolik: translated by

S.Volina/H.Abulkasim//Material about Turkmen and Turkmenistan history.-V.1.-M.: Institut

vostokovedeniya, 1939.-Pp.380-384.

4. Abu-Ishak, ibn Muhammed al-Istakhri. Masalik al-mamolik: translated from Persian by Z.N.Vorojeikina/A.Istakhri//Material about Kyrgyz and Kyrgyzstan history. -M.:Nauka, 1973.-280p.

5. Mukhtorov, A. The Emirs (rulers) and ministers of Samanids/ A.Mukhtorov - Dushanbe: Oli Somon, 1997. -76p.

6. Ayubov, a. Toponyms of Ustrushani as a source for history and culture/A.Ayubov. -Khujand:Nuri ma’rifat, 2013.-192p.

7. Bartold, V.V. Turkistan in the period of Mongol invasion/ V.V.Bartold-Moscow: Vostochnaya literature, 1963. -760p.

8. Giyosuddin, ibni Humomuddin Husaini Khondamir. Habib-us-siyar/H.H.Giyosiddin//Samanids in a mirror of history. -the first volume.-Khujand: Nashriyoti davlatii ba nomi Rahim Jalil, 1998. -Pp.381421.

9. Donishnomai Somoniyon (A Knowledge book of Samanids). - the first volume. -Khujand: Nuri ma’rifat, 2008. -598p.

10. Mirbabaev, A.K. Temples of Kurkat: excavation and investigation/A.K.Mirbabaev//The ancient Ustrushana: cities, their location and chronology. Material culture of Ustrushana. Issue -58.-Dushanbe: Omu, 2003. -790p.

11. Negmatov, N. Ustrushana in ancient and early middle ages/N.Negmatov. -Stalinabad: Izdatelstvo akademii nauk Tadjikskoi SSR, (a publishing house of the Academy of Sciences of Tajik SSR, 1957.160p.

12. Ne’matov, N. Samanids’ state: Tajik people in the 9-10th centuries/ N.Ne’matov. -Dushanbe: Irfon, 1989.-304p.

13. Rahimov, N. Essays on Middle Ages history of Bagata, Ura-tube (10-16th centuries)/N.Rahimov. -Khujand, 2004.-122p.

14. Hudud-ul-olam (the territory of the world). -Dushanbe:Donish, 1983.-123p.

15. Hudud-ul-olam (the territory of the world). Compilation of the text and introduction made by Abdujamol Hasanov.-Dushanbe:Bukhoro, 2014.-588p.

Краткое историко-географическое описание Истаравшана в эпоху Саманидов

С.С.Махкамов

Ключевые слова: история Истаравшана, средневековые источники, археолог, этнограф; Бунджикат, Бутам, нумизмат, династия афшинов, городище Кахкаха, историкогеографические сведения, Замин, Дизак

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

Истаравшан, как одна из крупнейших политических, экономических, торговых и культурных областей Саманидского государства, сыграл важную роль в истории саманидской эпохи и особо привлекал внимание средневековых авторов и современных исследователей.

В статье дается краткое историко-географическое описание Истаравшана на основе средневековых источников и публикаций современных ученых.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

A brief historical and geographical description of Istravshan in the era of Samanids

S.S.Makhkamov

Keywords: the history of Istaravshan, medieval sources, archeologist, ethnography; Bunjikat,

Butam, numismatist, Afshin dynasty, fort Kahkaha, historical and geographical information,

Zamin, Dizak

Istaravshan played an important role in the history of Samanids era as one of the major political, economic, trade and cultural areas of the Samanids state, and particularly attracted the attention of medieval authors and modern researchers.

The paper briefly describes the history and geography of Istravshan based on medieval sources and publications of modern scholars.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Маҳкамов Саидкул Суяркулович, аспиранти кафедраи таърихи Ватани Донишгоҳи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Ғафуров(Ҷумҳурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: Saidjon Machkamov@mail.ru

Сведения об авторе:

Махкамов Саидкул Суяркулович, аспирант кафедры истории отечества Худжандского государственного университета им. академика Б. Г.Гафурова(Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail: Saidjon. Machkamov@mail. ru

Information about the author:

Makhkamov Saidkul Suyarkulovich, a post-graduate student of the history of motherland, Khujand State University named after B. G.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: Saidjon.Machkamov@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.