Научная статья на тему 'Utilization of local materials for activization of Educational process in physics'

Utilization of local materials for activization of Educational process in physics Текст научной статьи по специальности «Науки о Земле и смежные экологические науки»

CC BY
214
77
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
УРОКИ ФИЗИКИ / ВОПРОСЫ И ЗАДАЧИ / ИСПОЛЬЗОВАНИЕ МЕСТНЫХ РЕАЛИЙ / АКТИВИЗАЦИЯ УЧЕБНОГО ПРОЦЕССА / LESSONS OF PHYSICS / QUESTIONS AND SUMS / UTILIZATION OF LOCAL MATERIALS / ACTIVIZATION OF EDUCATIONAL PROCESS

Аннотация научной статьи по наукам о Земле и смежным экологическим наукам, автор научной работы — Абдуманнонов Абдуали, Каримова Фарогат

В работе на основе анализа учебников по физике для средних общеобразовательных школ, изданных в последние годы на таджикском языке, показано, что в них недостаточно отражены реалии современного Таджикистана. Предложена возможность использования сведений местного характера (названий городов, рек, гор, гидроэлектростанций, озёр, а также физические и климатические факторы Таджикистана) для активизации учебного процесса по физике. Демонстрируются варианты использования различных сведений о Таджикистане на примере составления задач и вопросов по физике.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Proceeding from the analysis of manuals in physics for comprehensive schools published for the latest years in the Tajik language the authors prove that the realities of today's Tajikistan are not adequately reflected in them. The authors suggest that local materials should be used for this purpose for activization of educaitional process in physics. Here refer: the names of cities and towns, rivers, mountains, hydro-electric-stations, lakes, physical and climatic factors of Tajikistan. Variants of utilization of local materials are demonstrated; composition of questions and sums in physics being delivered as an example.

Текст научной работы на тему «Utilization of local materials for activization of Educational process in physics»

УСУЛИ ТАЪЛИМ МЕТОДИКА ПРЕПОДАВАНИЯ METHODS OF TEACHING

ББК 74.26 УДК 53(075) А 13

А. АБДУМАННОНОВ, Ф. КАРИМОВА

ИСТИФОДАИ ВОҚЕИЯТИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФИЗИКА

Дарёфт кардани сабаби вуқӯъи ҳодисаҳои табий ва дар ин замина ташаккул додани маърифати илмии одамон рисолати аввалиндараҷаи илми физика маҳсуб меёбад. Лекин илми физика бо ин маҳдуд намешавад. Ин илм дар баробари тадқиқи қонуниятҳои ҳодисаҳои табий, роҳҳои истифодаи онҳоро бо мақсадҳои гуногуни техникиву технологй равшан намуда, дар ин замина рисолати бузурги гуманитарй - пешбарандагиро дар ҷаҳони муосир адо менамояд. Пешрафти сатҳ ва сифати зиндагии одамонро дар ҷаҳон, имрӯз ва фардо, бе истифодаи дастовардҳои илми табиатшиносй ва дақиқ пеш аз ҳама физикаи муосир, тасаввур карда намешавад. Иқтисодиёти ҷаҳонй ва сатҳи зиндагии одамон махсусан дар садсолаи охир бо сабаби истифодаи мошинҳои ҳароратй, энергияи электрикй дар истеҳсолот ва рӯзгор, микроэлектроника ва коммуникатсия, кашфиёт дар соҳаи физикаи атом, истифодаи энергияи ядрой ва нанотехнология бо суръати бемисл пеш меравад. Истифодаи кашфиёти физикй дар тиб имкониятҳои ташхис ва муолиҷавии табибонро хеле бузург намудааст...

Дигар махсусияти илми физика ин умумибашарй будани натиҷаҳои он аст. Қонунҳои физикй бо тезй аз сарҳадҳои сиёсиву мазҳабй гузашта дастраси тамоми одамони сайёраи Замин мешаванд. Мутаассифона, алҳол аз дасто-вардҳои илмиву технологии муосир на ҳамаи халқҳо баробар истифода мебаранд. Ин аз як тараф сабабҳои таърихй дошта бошад, аз тарафи дигар ба саъю талоши худи халқу мамлакатҳое, ки ба роҳи рушди устувор дохил мешаванд вобаста мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонй собит менамояд, ки бо мурури

- 253 -

Абдуманнонов А., Каримова Ф. Истифодаи воқеияти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар раванди таълими физика

замон ин фарқият кам мешавад. Нашр ва паҳн шудани кашфиёти илмй-технологй дар маҷаллаҳои илмии ҷаҳон, аз ҷумла тариқи шабакаи ИНТЕРНЕТ, барои ҷаҳонишавии иттилооти илмй хеле мусоидат менамояд.

Яке аз роҳҳои ҳарчи бештар соҳиб шудан ба технологияи муосир дар кишвари мо, ин баланд бардоштани маърифати илмии одамон, пеш аз ҳама, насли наврас, ҷавонон мебошад. Зеро танҳо дар сурати ҳарчи бештар донистани асосҳои илмии равандҳое, ки дар заминаи технологияи навин гузошта шудааст, мо метавонем аз онҳо самаранок истифода барем, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни замонавиро дар ин замина ба роҳ монем ва ба бозори ҷаҳонй бароем. Таҷрибаи чанд даҳсолаи охир собит менамояд, ки бидуни истифодаи имкониятҳои технологияи нав пешрафти устувори иқтисодиро таъмин кардан, ба қатори давлатҳои пешқадам ворид шудан гайриимкон аст. Ин нукта солҳои охир борҳо аз тарафи Сарвари муаззами Тоҷикистони соҳибистиқлол, мӯҳтарам Эмомалй Раҳмон таъкид мегардад ва ин ҳидояти нек дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар мебошад.

Соҳиб шудан ба технологияи навин баробари маблаггузории мақсаднок, ки аз тарафи давлат ва ширкатҳои алоҳида ба амал бароварда мешавад, инчунин бо маърифати илмй ва кадрҳои интеллектуалй таъмин кардани ин равандро талаб менамояд. Амалй шудани ин рисолат бар дӯши мактабу донишгоҳҳо ва аҳли маориф вогузошта шудааст. Аз ин рӯ дар раванди ислоҳоти мактаб ва маорифи Ҷумҳурй ба ин масъала диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Мо бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва сохторҳои маориф барои равнақи маърифати илмии насли наврас ва ҷавонон кӯшиш ба харч диҳем. Маърифат ва ҷаҳонбинии илмй чавонони моро аз ҳама гуна калавишҳои хурофотгаро ва нигилизми милливу мазҳабй озод намуда, заминаи инкишофи қобилияти эчодии онҳо мегардад. Дар онҳо тафаккури умумибашарй (сайёравй)-ро ба вучуд меорад. Одамоне, ки маърифати илмй доранд, дар худшиносй ва шинохти вақт кам хато мекунанд. Дар онҳо ҳисси масъулиятшиносй, сарфакориву эҳтиёткорй, ифтихори милливу ватандӯстй нисбат ба одамоне ки маърифати илмй надоранд хеле зиёд мешавад. Ин гуна одамон чузъи нотакрори табиат будани инсонро ба хубй дарк менамоянд ва ҳифзи муҳити зистро кори ҳаррӯза ва ҳатмии хеш меҳисобанд. Ҳамин тариқ, ба андешаи мо, тафаккури навро, ки инкишофи чаҳони муосир талаб менамояд, бидуни маърифати илмй тасаввур карда намешавад.

Дар Сарқонуни Ҷумҳурй дунявй будани давлати Точикистон сабт шудааст. Дунявй будан дар сиёсати давлат ба асос гирифтани маърифат ва чаҳонбинии илмй мебошад. Инкишофи чаҳонбинии илмии сокинони кишвар ба нумӯи рукни дунявияти давлатдории мо заминаи боэътимод мешавад. Аз ин рӯ масъалаи бо чаҳонбинии илмй мусаллаҳ кардани одамон, махсусан насли чавон, масъалаи давлатй - сиёсй маҳсуб меёбад.

Тавре, ки дар боло зикр шуд, дар ташаккули чаҳонбинии илмии одамон нақши фанҳои дақиқ, аз чумла физика багоят бузург мебошад. Дар ташаккули чаҳонбинии наврасону чавонон, дар онҳо бедор кардани ҳисси кунчковй ва шавқи омӯзиши ҳодисаҳои табиат ба омӯзгорон дар ҳар мавриди омӯзиш овардани мисолҳои татбиқи амалии ҳодиса ва қонунҳои физикй, намоиши

- 254 -

Abdumannonov A., Karimova F. Utilization of Local Materials for Activization of Educational Process in Physics

таҷрибаҳои ҷаззоби физикӣ, иҷрои корҳои лабораторӣ ва таҳлили натиҷаҳо, гузаронидани мушоҳидаҳои астрофизикӣ, ҳалли масъалаҳои характери эвристикӣ дошта, аз ҷумла намоиш додани потенсиали эвристикии физика, намоиши истифодаи қонунҳои физикӣ дар технология ёрии калон мерасонад.

Имконияти эвристикии қонунҳои физикӣ гуфта дар заминаи қонунҳои физикӣ (формулаҳо) дарёфт намудани рақамҳо, меъёри бузургиҳо ва дар ин замина ҳосил кардани донишҳои навро меноманд. Аксаран, дар заминаи формулаҳои физикӣ, бузургиҳоеро дарёфт кардан мумкин аст, ки дар таҷрибаи бевосита онҳоро ба даст овардан амри муҳол аст, ё ки алҳол барои ин гуна ченкуниҳо имкониятҳои техникӣ вуҷуд надоранд. Масалан, бо роҳи ҳисобу китоб шумораи молекулаҳои қатраи боронро муайян кардан мумкин аст. Бо мақсади амиқтар дарк намудани ин рақам, ба ҳар сари аҳолии рӯи Замин чандтогӣ расидани шумораи молекулаҳои қатраи боронро ҳисоб кардан душвор нест. Чунин натиҷа ва таассуроти амиқе, ки хонанда оиди андоза ва шумораи молекулаҳо ҳосил мекунад бо ягон роҳи дигар ба даст овардан мумкин нест. Ё ки, аз қонуни ҷозибаи умумиолам истифода бурда суръати ҳаракати Заминро дар гирди Офтоб, массаи ҷирмҳои осмонӣ (Замин, Моҳ ва дигар сайёраҳо) ва бузургии шитоби афтиши озодро дар онҳо баҳодод кардан, мумкин аст, ки бидуни дониши физикӣ ба даст овардани чунин рақамҳо гайриимкон аст. Чунин мисолҳо, ки ҷозибаи омӯзиши табиати ҳодисаҳои физикиро зиёд мекунанд, фаровонанд ва онҳо далели хеле равшани имкониятҳои бузурги илми физика мебошанд.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои зикршуда аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои компютерикунонии мактабҳо ва ислоҳоти соҳаи маориф амалӣ мешавад. Дар доираи ин иқдомот бори нахуст аз тарафи муаллифони ватанӣ китобҳои дарсӣ аз физика барои мактабҳои миёнаи ҳамагонӣ ба забонӣ давлатӣ таҳия ва нашр карда шуданд. Мутаассифона, дар китобҳои дарсии физика нуқсонҳои забонӣ, дидактикӣ, техникӣ ва ҳатто илмӣ ба назар мерасанд, ки ба омӯзгорон ва толибилмон душвориҳо эҷод мекунанд. Бо таври бояду шояд инъикос наёфтани воқеияти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар китобҳои дарсии физика камбудии дигари китобҳои дарсӣ аз физика мебошад.

Ҳангоми дар матни мавзӯъҳои алоҳида, матни масъалаҳои физикӣ, саволҳои сифатӣ, корҳои лабораторӣ ва дигар ҷузъҳои таълими физика бомаврид ва дуруст истифода бурдани номи кӯҳу дарёҳо, агбаву нақбҳо, шаҳру деҳот, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва шароитҳои физикии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳодисаҳои омӯхташаванда ба хонандаи тоҷик «наздик» мешавад ва ҷаззобияти онҳо ба толибилмон, бешубҳа бештар мегардад. Ин ҷо расидан ба чанд ҳадаф имконпазир мешавад. Вақте, ки хонандаи мактаб дар матни китобҳои дарсии физика, масалан, дар матни масъалаҳо, супоришу викторинаҳо, тестҳои санҷишӣ номҳои ба ӯ шинос, рақамҳои аз воқеияти Тоҷикистони соҳибистиқлол гирифташударо мехонад, пеш аз ҳама фаҳмидани мазмуни матн осонтар мешавад. Зеро дар ин маврид хонанда ҳодисаҳоро ба худ наздику бештар шинос эҳсос менамояд. Аз тарафи дигар, чунин маълумот дар дастурҳои таълимӣ раванди таълими ҳамгиро бо фанҳои дигар, аз ҷумла география, химия, математика ва гайраро хеле табиӣ ва

- 255 -

Абдуманнонов А., Каримова Ф. Истифодаи воқеияти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар раванди таълими физика

самаранок мегардонад. Чунин тарзи истифодаи мавод аз воқеияти Тоҷикистон дар дастурҳои таълимй ва бевосита дар раванди таълими физика ба бедор намудани рагбати донишандӯзии хонандагон мусоидат менамояд. Ҳоҷат ба таъкиди муҳим будани ин рисолат нест, зеро бедор намудани шавқи донишандӯзӣ яке аз вазифаҳои асосии мактаб ба шумор меравад. Тарбияи ифтихори миллӣ ва меҳанпарастии насли наврас дар ин замина бо омӯзиши асосҳои илм даромехта самарааш бештар мешавад. Зеро дар ин раванд тарбияи унсурҳои номбаршудаи шаҳрвандӣ дар робитаи қавӣ бо рақамҳо ва омилҳои физикӣ - географии Ватан омезиш меёбанд.

Бояд иқрор шуд, ки масъалаи мазкур доманадор ва ҳалли он аз тарафи муаллифони китобҳои дарсӣ ва омӯзгорони фанни физика заҳмат ва вақти зиёдро тақозо менамояд. Лекин, агар аз рӯи ҳикмати «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, Агар хоре бувад гулдаста гардад» амал намоем, пас аз чанде ба ҳалли ин масъала муваффақ шуда метавонем.

Бо назардошти гузориши масъалаи мазкур дар ин мақола намунаҳои истифодаи маводҳо аз воқеияти Тоҷикистонро дар мисоли об, кӯлу дарёҳо, чашмаву пиряхҳо ва нерӯгоҳҳои обӣ дар таълими физика пешниҳод менамоем. Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол диёрест, камзамину сероб, кишварест 93 фоиз масоҳаташро кӯҳистон фарогир асту дар он 56 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Тибқи маълумот дар Тоҷикистон 947 дарё, 1300 кӯл ва 14509 пиряхи хурду бузург мавҷуданд. Қариб 6 фоизи масоҳати кишвари моро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки захираи бузурги оби ошомиданӣ мебошанд. Оби нӯшокии олиҷаноб аз пиряхҳо ибтидо гирифта, тавассути дарёҳо ба водиҳои Осиёи Марказӣ то баҳри Арал ҷорӣ мешаванд. Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи захираҳои оби ошомиданӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишгол менамояд. Масалан, дар як худи кӯли Сарез зиёда аз 16 миллиард метри кубӣ оби нӯшокӣ захира шудааст. Яке аз дарёҳои серобтарини Осиёи Марказӣ дарёи Сир (дарозиаш 2212 км) аз ҳудуди вилояти Сугд мегузарад. “Сарватҳои гании обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар олам яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд, дар ҳолати самаранок ба кор андохтанашон метавонанд барои ҳама кишварҳои минтақа суди зиёди иҷтимоию иқтисодӣ оранд. Потенсиали солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 527 миллиард киловатт/соат мерасад ва аз ин айни замон фақат 3-4 фоизаш истифода мешаваду халос.”-қайд карда мешавад дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об (ш.Душанбе, 20-21-и августи с. 2013).

Ин ҷо намунаи истифодаи маводҳои маҳаллӣ дар фаъол гардонидани раванди таълими физикаро пешниҳод менамоем. Омӯзгорони фанни физика дар робита бо мавзӯи мазкур доир ба маҳалли зисти худ метавонанд варианти маводҳои таълимиро таҳия намоянд ва истифода баранд.

А. Чанд намуна оиди истифодаи маводҳои маҳаллӣ (дар мисоли об, кӯлу дарёҳои Тоҷикистон) дар масъалаҳои физикӣ

Масъалаи 1. Оби дарёи Вахш дар нерӯгоҳи Норак аз баландии 300 м ба поён меафтад. Агар дар натиҷаи афтидан 30 фоизи энергияи потенсиалии об ба энергияи дохилии вай табдил ёбад, ҳарорати об чӣ қадар тагйир меёбад.

- 256 -

Abdumannonov A., Karimova F. Utilization of Local Materials for Activization of Educational Process in Physics

Нишондод: Дар хотир бояд дошт, ки баландии сарбанди нерӯгоҳи барқии Норак ба 310 м баробар аст. Бо назардошти он, ки ҳангоми афтидан 30 фоизи энергияи потенсиалии об ба энергияи дохилй табдил меёбанд, навиштан мумкин: cmAT=nmgh. Дар ин ҷо mgh - энергияи потенсиалии оби массааш m ва cmAT-миқдори гармии эквивалент ба тагйирёбии энергияи дохилии оби афтанда. с=4200 Ҷ/кгК -гармигунҷоиши хоси об.

Д.ш.а.

h=300 м

П=0,3 g=9,8 м/с2 АТ-?

Ҳал: En=mgh AQ=cm АТ

cm АТ= nmgh cm AT=n mgh AT = vgh = 0,3-10 м/ с 2 •300 m = 0214 К c 4200 Ч / кг • К ’

Ҷавоб: Ҳарорати об тақрибан ба 0,214 К = 0,214 0С баланд мешавад.

Масъалаи 2. Амад дар дарёи Сир равон аст. Агар суръати ҷараёни оби дарё ба 0,5 м/с баробар бошад, амад масофаи 5 км-ро дар чанд вақт мепаймояд?

Нишондод: Ин ҷо ҳаракати амадро ростхатта ва мунтазам мепиндорем. Суръати ҳаракати амад ба суръати ҷоришавии оби дарё баробар аст.

Д.ш.а.

S=5 км=5000 м

3 = 0,5 м/с t-?

Ҳал:

о S S

3 = — ^ t = —

t 3

t

5000 м

10000 с = 2,77 соат

0,5 м / с

Ҷавоб: t=10 000 c ~ 2 соату 46 дақиқаву 40 с.

Масъалаи 3. Об аз дарготи нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак, ки 300 м баландй дорад дар чанд муддат меафтад?

Нишондод: Барои ҳалли ин масъала аз муодилаи кинематикии афтиши

озод h = 30t +

gt2

истифода мебарем.

2

Д.ш.а.

h=300 м g=9,8 м/с2 t-?

Ҳал: Онро ба назар мегирем, ки суръати ибтидоии об дар самти амудӣ ба сифр баробар аст.

3 = 0

h =

gt

2 2h

t2 = —; g

t =

'i

2h

— = 7,746 c g

2

Ҷавоб: Вақти афтиши об тақрибан 7,75 сонияро ташкил медиҳад.

- 257 -

Абдуманнонов А., Каримова Ф. Истифодаи воқеияти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар раванди таълими физика

Эзоҳ: Сарбанди обанбори Норак дар дарёи Вахш дар мавзеи Пули Сангин соли 1972 сохта шудааст.

Масъалаи 4. Дарозии пиряхи Федченкоро тақрибан 67 км, барашро 2000 м ва гафсиашро ба ҳисоби миёна 800 м гирифта, массаи пиряхро баҳодод кунед. Зичии ях ба 900 кг/м3 баробар мебошад.

Нишондод: Аз рӯи андозаҳои додашуда ҳаҷми пиряхро ҳисоб мекунем. Массаи онро аз рӯи формулаи m= p-v меёбем.

Д.ш.а.

а=67 000 м b=2000 м с=800 м р = 900 кг/м3 m-?

Ҳал:

V=a-b-c

V=67000 м^2000 м^800 м=1072408 м3 = 107409 м3 m= p^v= 900 кг/м3 -107-109 м3= 9634011 кг =

=963-108 тонна=96,3409 тонна=96,3 млрд. тонна.

Ҷавоб: m=96,3 млрд. тонна.

Эзоҳ: Пиряхи Федченко дар қаторкӯҳҳои Помир воцеъ буда калонтарин пирях дар Осиёи Марказй ба шумор меравад.

Масъалаи 5. Саҳарии барвақти фасли тобистон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе мошини обпошак ба роҳҳо об мепошад. Агар массаи мошин 4 т ва зарфи болои мошин 3 м3 об дошта бошад, дар мавридҳои зерин миқдори ҳаракати (импулси) вай чӣ қадар мешавад? а) мошин то ҷои обпошй бо суръати 36 км/с равон аст; б) мошин ҳамаи обро сарф карда, бо суръати 72 км/с ба қароргоҳ бармегардад.

Нишондод: Бузургии масса ва суръати ҳаракати мошинро бо воҳиди СИ ифода мекунем. Массаи об m=p-V= 3000 кг.

Д.ш.а.

m2=4 т=4000 кг

Зх = 36— = 10 — ст с

км м

32 = 72— = 20—| ст

V =3 м3 p=1000 кг/м3

Р1-? Р2-?

Ҳал: Массаи мошини обдор mi =7 000 кг. Импулсаш Р1 = тхЗх

Р = 7 -103 кг -10 — = 70 -103 Кг^М с с

Массаи мошини холӣ m2 =4 000 кг. Импулсаш Р2 = m232

Р2 m2^2

4-103кг - 20 — с

80-103

кг - м

с

Ҷавоб: Импулси мошини обдор ба Р1

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

7 -104

кг - м

с

ва

мошини холи ба Р2 = 8 -104 KZ — баробар будааст.

с

Бинобар суръати мошини холи нисбат ба суръати мошини обдор калон буданаш, импулси вай нисбат ба импулси мошини обдор зиёд аст.

- 258 -

Abdumannonov A., Karimova F. Utilization of Local Materials for Activization of Educational Process in Physics

Масъалаи 6. Агар бари дарёи Сирро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба 150 м, чУЫУРии дарёро дар фасли тобистон ба ҳисоби миёна 2 м, ва суръати ҷоришавии обро ба 0,5 м/с баробар гирем, дар давоми се моҳи тобистон аз ин мавзеъ тавассути дарёи Сир чӣ қадар об мегузарад.

Нишондод: Аввал ҳаҷми оби дар давоми як сония аз бурриши дарё гузарандаро ҳисоб мекунем. Натиҷаи ҳосилшударо ба муддати вақти 3 моҳ, ки бо сонияҳо ифода шудаанд зарб мезанем.

Ҳал: Дар як сония аз бурриши дарё оби ҳаҷмаш

Vi=b-h-1 = 150 м7 м-0,5 м = 150 м3 мегузарад. Дар тӯли як сол бошад оби ҳаҷмаш

V—Vrt = 150 м3/с • 7 776 000 с = 1Д7-109 м3 мегузарад. Массаи оби аз ҳудуди ш. Хуҷанд гузашта m = p-V = = 1000 кг/м34,17409 м3 = 1,174012 кг мешавад. m=1,17-109 тонна =1,17 млрд. тонна.

Ҷавоб: Дар се моҳи тобистон аз ш. Хуцанд тавассути дарёи Сир тақрибан 1,1710 тонна об мегузарад.

Д.ш.а.

t=7 776 000 с b=150м h=2 м 3 =0,5 м/с p=1000 кг/м3 m-?

Масъалаи 7. Баландии дарготи нерӯгоҳи обӣ-барқии Қайроққум, ки номи «Дӯстии халқҳо»-ро дорад 18 метр аст. Садои санге, ки аз ин баландӣ меафтад ба гӯши шахси дар болои даргот буда, баъди чанд сония мерасад?

Нишондод: Суръати ибтидоии сангро ба сифр баробар ҳисобида вақти

gt 2

афтиши санг(и)-ро аз формулаи H _—^ меёбем. Садои санг ин масофаро бо

суръати 340 м/с тай намуда ба гӯши одами дар ин баланди воқеъбуда пас аз фосилаи t2 мерасад. Дар ин ҷо S = 340 м/с суръати садо дар ҳаво. Вақти умумИ t ба суммаи t1+t2 баробар аст.

Д.ш.а.

H = 18 м g = 9,8м/с2 S = 340 м/с t - ?

Ҳал: H

gti

2

2

2H - gt1 аз ин ҷо

12 _ 2H

ti

g

t _

2H

g

t _

2-18 м

9,8 м / с2

д/3,76 с2 _ 1,8 с

.H 18 м _ _ _ _ . , . , л c't с ^

t2 _—_------------_0,053с t— t1+t2 — 1,853 с

2 3 340 м / с

Ҷавоб: Садои санги афтида баъди 1,853 сония ба гуши шахси дар болои даргот буда мерасад.

- 259 -

Абдуманнонов А., Каримова Ф. Истифодаи воқеияти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар раванди таълими физика

Б. Намунаи истифодаи маводҳои маҳаллӣ, дар мисоли об ва кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дар таҳияи саволҳо аз физика

1. Бо мақсади аз гармшавии зиёд эмин доштани муҳаррикҳои ҳароратӣ ба радиатори мошинҳо об мерезанд. Барои чӣ аз дигар моеъ не, аз об истифода мебаранд?

2. Оё массаи сатили оби нӯшокӣ ва ҳамингуна сатили оби баҳр бо ҳам баробар аст? Ҷавобро асоснок кунед.

3. Об дар ҷойҷӯши нав зуд бо ҷӯш меояд ё дар чойҷӯши кӯҳна, ки деворҳояш карахш бастааст?

4. Барои чӣ гармии хоси сӯзиши ҳезуми тар нисбат ба гармии хоси сӯзиши ҳезуми хушк камтар аст?

5. Нерӯгоҳҳои обӣ-барқии калонтарини Тодикистонро номбар кунед.

6. Дар вилояти Сугд кадом нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ амал мекунанд?

7. Нерӯгоҳи Норак аз чанд агрегат иборат аст?

8. Иқтидори умумии ГЭС-и Норак ба чанд баробар аст?

9. Нерӯгоҳи обии барқии «Дӯстии халқҳо» чанд агрегат дорад?

10. Мақоли «Кӯзаи нава обаш хунук» аз лиҳози физикӣ чӣ маъно дорад?

11. Иқтидори нерӯгоҳи обӣ-барқии «Дӯстии халқҳо» чӣ қадар аст?

12. Дар нерӯгоҳи барқӣ як қисми энергияи механикии об ба қувваи барқ таб-дил меёбад. Минбаъд ин энергия ба кадом навъҳои энергия табдил меёбад?

13. Рӯзона дар соҳили «Баҳри тодик» шамол аз баҳр сӯи соҳил мевазад. Шабонгоҳ аз соҳил ба баҳр. Сабаби инро чӣ тавр шарҳ медиҳед?

14. Барои чӣ фасли тобистон пиряхи Федченко пурра об намешавад?

15. Кадом омилҳо алҳол барои тезобшавии пиряхҳо сабаб мешаванд? Чӣ бояд кард, то ки андозаи пиряхҳо нигоҳ дошта шавад?

16. Шахси аз об берун баромада сардиро нисбат ба дохили об бештар эҳсос менамояд. Барои чӣ?

17. Ба зарфи шишагӣ аввал карасин баъд об ва симоб рехтанд. Моеъҳо дар зарф бо кадом тартиб дойгир мешаванд? Барои чӣ?

18. Ҳангоми гарм кардан ва ба он омехта кардани хокаи домашӯӣ хосияти шустушӯии об хубтар мешавад. Барои чӣ?

19. Аз чӣ сабаб об шишаро тар мекунад, лекин шишаи равганиро не?

20. Ҳангоми паст шудани ҳарорати моддаҳо ҳадми онҳо кам мешавад. Оё ин далел барои об дуруст аст?

21. Нақши ҳодисаи капиляриро дар сабзиши растаниву дарахтон чӣ тавр мефаҳмонед?

22. Зимистон ба роҳҳои яхбаста моддаи зиди лагжиш (омехтаи намак ва рег) мепошанд. Дар амали ин модда кадом масъалаҳои физикӣ ниҳонанд?

Пайнавишт:

1. Маҷидов, Ҳ., Зубайдов, С. Физика: китоби дарсӣ барои синфи 7 / Ҳ. Маҷидов, С.

Зубайдов. - Душанбе, 2008, -232 с.

2. Умаров, У.Х., Исупов, Ҷ., Икромов, М., Нуралиев, Ф. Физика: китоби дарсӣ барои

синфи 8 / У.Х. Умаров ва диг. -Душанбе, 2009, -238 с.

- 260 -

Abdumannonov A., Karimova F. Utilization of Local Materials for Activization of Educational Process in Physics

3. Маҷидов, Ҳ., Нозимов, О. Физика: китоби дарсй барои синфи 9 / Ҳ. Мацидов, О.

Нозимов. -Саратов, 2006, -262 с.

4. Раҳимов, Б., Шукуров, Т., Раҷабов, П. Физика: китоби дарсй барои синфи 10 / Б.

Раҳимов, Т. Шукуров. - Душанбе, 2006, -270 с.

5. Вайсиддини Зайниддин. Физика: китоби дарсй барои синфи 11 / З. Вайсиддин. -

Душанбе, 2009, -376 с.

6. Маводи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорй дар соҳаи об. //

Ҷумҳурият, 22-августи 2013 с.

7. Абдуманнонов, А. Намунаи ҳалли масъалаҳо аз физика /А. Абдуманнонов. - Хуцанд,

2012, -142 с.

8. Муҳаббатов, Х.М., Раҳимов, М.Р. Географияи Тоҷикистон / Х.М. Муҳаббатов,

М.Р. Раҳимов. - Душанбе, 2011, 310 с.

Reference Literature

1. Majidov H, Zubaydov S. Physics: The textbook for the 7th from.- Dushanbe. 2008, -232pp.

2. Umarov U. Kh, Isupov G, Ikromov M, Nuraliev F. Physics: The textbook for the 8th from. -Dushanbe, 2009, -238pp.

3. Majidov H, Nozimov O. Physics: The textbook for the 9th from. -Saratov. 2006.-262pp.

4. Rahimov B, Shukurov T, Rajabov P. Physics: The textbook for the 10th from. - Dushanbe,

2006. -270pp.

5. Vaysiddinov Zayniddin. Physics: The textbook for the 11th from. -Dushanbe, 2009. -376pp.

6. The materials of the International Conference on Cooperation in Reference to Water Utilization. The newspaper «Jumhurriyat», August, 22, 2013.

7. Abdumannonov A. The example of the solution of physical problems. -Khujand. 2012. -142pp.

8. Muhabbatov Kh. M, Rahimov M. P. The Geography of Tajikistan. -Dushanbe. 2011. -310pp.

Использование местных реалий для активизации учебного процесса по физике

Ключевые слова: уроки физики, вопросы и задачи, использование местных реалий, активизация учебного процесса

В работе на основе анализа учебников по физике для средних общеобразовательных школ, изданных в последние годы на таджикском языке, показано, что в них недостаточно отражены реалии современного Таджикистана. Предложена возможность использования сведений местного характера (названий городов, рек, гор, гидроэлектростанций, озёр, а также физические и климатические факторы Таджикистана) для активизации учебного процесса по физике. Демонстрируются варианты использования различных сведений о Таджикистане на примере составления задач и вопросов по физике.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Utilization of Local Materials for Activization of Educational Process in Physics

Key words: lessons of physics, questions and sums, utilization of local materials, activization of educational process.

Proceeding from the analysis of manuals in physics for comprehensive schools published for the latest years in the Tajik language the authors prove that the realities of today's Tajikistan are not adequately reflected in them. The authors suggest that local

- 261 -

Абдуманнонов А., Каримова Ф. Истифодаи воқеияти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар раванди таълими физика

materials should be used for this purpose for activization of educaitional process in physics. Here refer: the names of cities and towns, rivers, mountains, hydro-electric-stations, lakes, physical and climatic factors of Tajikistan. Variants of utilization of local materials are demonstrated; composition of questions and sums in physics being delivered as an example.

Роҷеъ ба муаллифон:

Абдуманнонов Абдуали, доктори илмҳои физика-математика, профессор, раиси Маркази илмии Хуцанди АИ ЦТ. e-mail: [email protected] Каримова Фарогат, сармуаллимаи кафедраи физикаи умумӣ ва цисмҳои сахти Донишгоҳи давлатии Хуцанд ба номи Б.Гафуров.

Сведения об авторах:

Абдуманнонов Абдуали, доктор физико-математических наук, профессор, председатель Худжандского научного центра АН РТ (Республика Таджикистан, г. Худжанд), e-mail: [email protected]

Каримова Фарогат, старший преподаватель кафедры общей физики и физики твердых тел Худжандского государственного университета им. акад. Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд)

Information about the authors:

Abdumannonov Abduali, Dr. of Physics, Professor, chairman of Khujand scientific centre under the Academy of Sciences of Tajikistan Republic, e-mail: abduali53 @mail. ru

Karimova Farogat, senior teacher of the department of common and solid bodies physics under the Tajik State University named after acad. B. Gafurov (Tajikistan, Khujand)

- 262 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.