УДК 8т2 ББК 74.268. 0
Х.Х.БЕГИМОВ Т.Б.РА^АБОВ
ТАШАККУЛИ ШАВЦУ^АВАСИ АЗХУДКУНИИ ФИЗИКА ДАР ХОНАНДАГОНИ СИНФ^ОИ ИБТИДОИ ДАР РАВАНДИ ТАШКИЛИ БОЗЩОИ ДИДАКТИКИИ
ФАНХ,ОИ ТАБИИ
Омузиши математика дар синфх,ои ибтидой ба ташаккули асосх,ои чах,онбинии илмй мусоидат намуда, кобилияти азхудкунии хонандагонро инкишоф медихдд ва шав^и онх,оро бо фанх,ои табий бедор менамояд. Шиносои аввалини хонандагони хурдсол бо сарчашмах,ои пайдоиши унсурх,ои гуногуни марбут ба фанх,ои табий дар пояи х,одисах,ои ба хдёти хурдсолон наздик ва руйдодх,ои мух,ити атроф бунёд мегардад. Хонандагони синфх,ои ибтидой дар асоси амалх,ои арифметикй бо баъзе конуниятх,ои табиат шинос шуда, донишх,ои азхудкардаашонро хднгоми омузиши фанх,ои табий васеъ менамоянд.
Таълими фанх,ои табий асосан барои дар хонандагони хурдсол инкишоф додани, хотира, диккат, тасаввуроти эчодкорона, мушохддакорй, кобилияти гузаронидани мулох,изаронии индуктивй, дедуктивй, та^лил намудан, умумигардонй ва гайра мусоидат менамояд.
Омузиши муназзами фанх,ои табий аз синфи поёнй огоз меёбад. Аммо раванди ташкилёбии тасаввуроти аввалини фанх,ои табий, аллакай дар синни томактабй шуруъ мешавад. Мактаббачагон аз хурдй дар бораи мафхумх,ои хдракат, суръат, кувва, энергия, тавоной оинаи нилгун (телевизион), кайх,он ва гайрах,о шунидаанд. Шиносоии амалии кудакони хурдсол бошад, хднгоми бозии онх,о бо хдмдигар асосан бо бозича^ои техникй огоз меёбад.
Баъдан дар синфх,ои ибтидой дар натичаи таълим ва инкишофи хдмачонибаи кудак ин тасаввурот ох,иста-ох,иста ба мафхумх,ои одитарини фанх,ои табий табдил меёбад. Аз ин ру, ба акидаи мо дар ин синну сол шавку хдваси хонандагони синф^ои ибтидоиро нисбат ба фанх,ои табий бедор намуда, онх,оро то як андоза ба омузиши фанх,ои табий омода намудан мувофики максад мебошад.
Аз ин чихдт, омузгор метавонад барои бедор кардан ва ташаккул додани шавку хдваси хонандагони синфх,ои ибтидой ба фанх,ои табий дар мах,филх,ои «Математикони хавон», «Табиат- шиноси чавон», «Дустдорони табиат», «Кишваршиносони чавон» ва «Физикони чавон» гайр аз машгулиятх,ои таълимй боз машгулиятх,ои амалй низ ташкил намояд. Дар ин машгулиятх,о омузгори синфх,ои ибтидой имкон дорад тачрибах,ои шавковари фанх,ои табииро намоиш дихдд.
Гуфтан ба маврид аст, ки тачрибах,о бояд чунон интихоб шаванд, ки ба мавзуъх,ои омухтаи хонандагони хурдсол аз табиатшиносй ё чугрофия мувофикат намоянд. Мохдяти ин тачриба^оро шар^ додани муаллим зарур нест. Факат муаллим метавонад пас аз намоиши тачриба ба хонандагони синф^ои поёнй фа^монад, ки мох,ияти ин тачриба^оро шумо дар синфх,ои болой хднгоми омузиши фанни физика фах,мида мегиред.
Ин чо як катор тачриба^ои шавковареро пешних,од менамоем, ки омузгорони синфх,ои ибтидой аз онх,о дар мах,филх,о истифода карданашон мумкин аст.
Барои фах,мотар шудани ин тачрибах,о мо ба онх,о унвонх,ои шартй гузоштем. Дар баъзе мавридх,о бевосита ба мухотаб мурочиат намуда, матнро тибк;и фах,мишу дарки онх,о тартиб додем.
Расми 1
Забони фан^ои табии
Барои хамагуна илмро аз худ намудан, забони онро донистан шарт аст. Дар фанхои табий, гайр аз калимахои мукаррарй, боз калимахои махсусеро кор мефармоянд, ки бе донистани маънои онхо ба ин илм сар- фахм рафтан амри махол аст.
Албатта, хонандаи хурдсол донистан мехохдд, ки табиат чист? Калимаи табиатро ба илм кй дохил кардааст? Табиатшиносони аввалин кихо буданд?
Ин ё он ходисае, ки дар хаёти харрузаи онх,о дар кучаю хона, мактабу устохона, корхонаю сахро дучор мешавад, аз чй сабаб ба амал меоянд? Мо бо кадом роххо дар бораи ходисахои табиат дониш хосил мекунем?
Барои дарёфти чавоби ин суолх,о мо харакат мекунем, ки дар поён катрае аз бахр бошад хам, ба забони сода кумак расонем.
Табиат чист?
Об, хок, чирмхои осмонй, наботот, хдйвонот, худи мо, яъне хдмаи он чизхое, ки моро ихота кардаанд, табиат ном дорад. Табиат хамеша буд ва бокй мемонад. Табиат тагйир меёбад, харакат мекунад: сайёрахо ва ситорахо мавкеи худро дар осмон тагйир медиханд, об дар руйи Замин гардиш мекунад, дарё мачрои худро дигар мекунад, наботот ва хдйвонот месабзанд ва инкишоф меёбанд. Ин хама махсули табиатанд.
Одам ба шарофати аклу мехнати худ бо табиат мубориза мебарад, дар табиат дигаргунихо меофарад. Вай шахру дехахо, фабрикаву заводхо сохта, майдонхоро васеъ намуда ба киштзорхо табдил дода, мошинхои гуногунро ихтироъ менамояд. Дар натичаи табиатро дарк намудани инсон илмхо пайдо шудаанд. Табиатшиносй, физика, химия ва хоказо яке аз илмхое мебошанд, ки дар бораи табиат бахс менамоянд.
Физика чист? Истилохи физика аз калимаи юнонии «фюзис» пайдо шуда, маънояш «табиат» аст. Х,амаи он дигаргунихое, ки дар табиат руй медиханд: обшавии ях, чушиши об, афтиши санг, боридани борон, раъду барк, ивазшавии шабу руз ва гайрахоро дар физика ходиса меноманд.
Мушо^ида ва тацриба манбаи дониш аст. Донишхои мо дар бораи табиат махсули мушохидахои худамон аст. Масалан, хар кадоме аз мо мушохида кардаем, ки агар чисмхо боягон чиз дошта нашаванд, ба замин меафтанд. Дар фанхои табий хар гуна ашё чуб, санг, охан, мошин, об, хаво, калам ва гайрахоро чисм ме- номанд. Модда чизест, ки чисм аз он таркиб ёфтааст. Охан, об, хаво, намак, алюминий моддахоанд. Об модда буда, чакраи он чисми физикй аст. Алюминий модда, кошуки алюминй чисми физикист.
Олимон низ донишхоро аз мушохидахо хосил мекунанд. Гайр аз ин онхо тачрибахои махсус мегузаронанд. Барои гузаронидани тачрибахо асбобхои гуногуни физикй лозиманд. Баъзеи ин асбобхо бисёр сода буда, барои ченкунихои одй пешбинй шудаанд. Масалан, хаткашак- барои чен кардани дарозй, бори ба ресмон овезон - хамчун шокул хизмат мекунад, силиндри андозагирй барои ченкардани хачми моеъ, тарозу ва монанди онхо аз кабили хамин гуна асбобхоанд. Илмхои табий илми тачрибавй мебошад.
Эврика! Ривояте хаст, ки гуё Архимед, олими Юнони кадим, дар вакти халли масъалае, ки ба у подшохи Сирокуз (2500 сол пеш аз милод) супорида буд, яке аз конунхои мухимтарини табиатро, ки бо номи у машхур мебошад, кашф кардааст.
Шох Гиерон ба у супориш додааст, ки поквичдонии заргари точи зарринсохтаро санчад. Гарчанд вазни точ ба вазни зари додашуда баро- бар буд, вале шох ба он шубха дошт, ки точ аз омехтаи тилло ва металлхои дигари арзонбахо сохта шудааст. Архимед супориш гирифта буд, ки точро нашикаста, холис ё омехта будани онро муайян намояд. Ин муаммо Архимедро чандин руз азоб дод. Рузе аз рузхо, вакте ки Архимед ба хаммом рафт ва ба тагораи пуроб даромад, об уро ба боло тела дод. Ногахон дар майнааш фикре пайдо шуд, ки он калиди халли муаммо гашт. Архимед аз кашфиёти худ шод гашт ва аз хаячон «Эврика! Эврика!», яъне «Ёфтам! Ёфтам!» гуён фарёд кард.
Ривоят мекунанд, ки бо мушохидакории худ Архимед аз тиллои холис сохта нашудани точро муайян карду ба шарофати ин каллобии заргар ошкор карда шуд. Илм бошад, бо ин кашфиёти ачоиб бой гашт.
Фанхои табии-калиди муаммо^о, мушкилкушои одамон, чашми илм^ост. Тагйирот дар табиат бесабаб руй надода, аз руйи конунияте ба амал меояд. Масалан, афтодани санги ба боло партофташуда, дар натичаи ба Замин кашида шуданаш руй медихад. Иваз шудани шабу руз ба харакати Замин дар гирди мехвараш вобастааст. Яке аз сабабхои пайдошавии шамол гармшавии номунтазами хаво мебошад.
Х,ама ходисахое, ки дар хаёти харрузаи мо вомехуранд, сабаб доранд. Агар бо омузиши фанхои табий ошно шавед, онро дуст доред, дар навбати худ, илмхои табий хам ба шумоён
дасти ёрй дароз мекунад. Он чизхоеро, ки донистан мехохед, албатта бо ёрии он дониста мегиред. Фанхои табий-калиди муаммои бисёр ходи- сахо, мушкилкушои одамон, чашми бисёр илмхои табий мебошад.
Аз пеши мошини дар %аракатбуда давида нагузаред! Оё шумо медонед, ки барои чй падару модаратон борхо таъкид мекунанд, ки аз пеши мошини дар харакатбуда давида нагузаред? Мувофики конуни фанхои табий хеч ягон чисми дар харакат бударо якбора аз харакат боз доштан мумкин нест. Агар ронандаи мошин хар- чанд кушиш кунад хам, мошинро дар чояш аз харакат боздошта наметавонад. Мошин аз руйи ходисаи табий, ки инерсия меноманд, якчанд лахза харакаташро баъд аз тормоз додани ронанда давом медихад ва ин харакат ба ронанда вобаста нест. Акнун фахмидед, ки дар вакти аз пеши мошини дар харакатбуда давида гузаштан ба фалокат дучор шуда мета- вонед ва ба он худатон сабабгор мешавед.
Чаро дар зимистон ронанда%о ба чархи мошин занцир мебанданд? Зимистон роххо яхбаста хамвори сайкалёфта мешаванд. Дар байни чарх ва замин, чй хеле ки дар омузиши фанхои табий мегуянд, соиш кам мешавад ва ин ба фалокат оварда расонданаш мумкин аст. Азбаски ронандахо аз конунхои табиат бохабаранд, фалокатро пешгирй мекунанд, яъне ба чарххо занчир баста соиши байни чарххо ва заминро зиёд ва аз ин ру харакати эътимодноки мошинашонро таъмин мекунанд. Ё зимистон дар роххо рег, аррамайда мепошанд. Ин хам барои лагжиши роххоро кам кардан, яъне зиёд кардани соиш аст. Агар соиш намебуд, ашёхо аз даст лагжида меафтиданд, худамон рох гашта наметавонистем. Агар соиш намебуд, автомобил аз чояш чунбида хам наметавонист. Чарххои автомобил давр мезаданд, вале худи он дар чояш истодан ме -гирифт. Сабабиба роххо регмайда пошидан ба чархи автомобил занчир бастан зиёд кадани соиш будааст.
Чаро дар мошинхо кисмхои харакаткунанда метафсанд, хурда мешаванд, мешикананд? Дар ин мавридхо сабабгори асосй низ соиш аст. Барои кам кардани соиш дар на^лиёт подшипникхои шарикдор ва роликдорро кор мефар- моянд ва ба кисмхои мошин равган мемоланд.
Шумо пай бурдед, ки сабаби пайдошавии соиш шахшул будани сатх хои чисмхои ба хам расанда мебошад. Х,атто чисмхои зохиран хамвор нохамвориву, дуруштй доранд. Шахшулии чисмхои ба хам расандаро зиёд намуда, бо хамин соишро зиёд карда метавонем.
Агар сатхи чисмхо хуб суфта бошанд, соиш низ зиёд шуданаш мумкин аст. Сабаби ин чозибаи байниякдигарии молекулахои чисмхои ба хам расанда мебошанд.
Чаро дуд %ама вацт ба боло мебарояд? Оё медонед, ки барои чй дуд хама ва;т боло мебарояд? Сабаб дар он аст, ки хавои гарм назар ба хавои хунуки хамон як хачми ишголкарда сабуктар аст. Х,авои гарм доимо ба боло кашида шуда, хавои хунук бошад, ба поён мефарояд. Дуд, ки кисми хавои гарм аст, доимо ба боло ме- барояд.
Ба болои печи тафсон ва ё лампаи электрии фурузон дастатонро наз дик бурда, хис мекунед, ки аз печ ва ё лампа хавои гарм ба боло мебарояд. Х,авое, ки ба сатхи печ ва ё лампа мерасад, гарм мешавад ва васеъ мегардад.
Зичии хавои васеъшуда ва зичии хавои хунук хурд аст. Бинобар ин, кабати хавои гарм аз кабати хавои хунук тела хурда, боло мебарояд. Аз хамин сабаб радиаторхои гармкунии обиро дар шифти хонахо не, балки дар фарш, аксар вакт дар назди тирезахо мешинонанд.
^одисаи бухоршави. Барои чй тобистон дар кул оббозй карда, аз об ба берун бароед, якбора баданатон хунукиро хис мекунад?
Вакте ки аз об берун мебароед, дар пусти баданатон катрахои об бокй мемонанд. Х,авои атроф гарм аст ва оби дар пусти шумо буда низ бухор мешаваду хангоми тез бухоршавй хунукшавй ба амал меояд. Ба ин ходиса боз шумо хангоми ба руятон пошидани атр, ки хунукшавии руятонро хис мекунед, дар вакти фарши хонаро шустан салкиншавии хавои хона ба амал меояд, борхо дучор омадаед. Аз ходисахои дар боло шахрдодашуда истифода карда, ба саволхои зерин чавоб ёбед:
Ч,ойи гармро пуф кунед, он зуд хунук мешавад. Чаро?
Араки бадан дар хавои гарм чисми баданро салкин мекунад. Чаро?
Чаро дар хавои хушк назар ба хавои нам ба гармй токат кардан осонтар аст?
Чаро об дар кузаи сафолини нав хунук меистад?
Ин мисолх,о хонандагон ба фикр намудан вомедорад ва дониши онх,оро оид ба физика васеъ мекунанд. Ин мисолх,о хусусан дар синфи 4 гузаронидан бех,тар аст.
Гармигузарони. Оё медонед, ки барои чй дар дохили стакони шишагй кошукчаи металлй монда, баъд ба он оби чуш мерезанд?
Агар ба истакон оби чуш резем, истакон шикастанаш мумкин аст. Барои онро пешгирй кардан ба дохили истакон кошукчаи металлй мемонанд. Як кисми гармии оби чуш ба кошукча гузашта, дарачаи харо- рати оби чуш паст мешавад ва истакон намешиканад.
Дар кадом чойник об тез мечушад? Дар чойники кухнаи сиёхшуда ё дар чойники сафед? мепурсанд аз шумо.
Дар чойники кухнашудаи сиёх, мегуед, шумо.
Барои чй?
Барои он ки ин гуна чойник гармиро назар ба чойники сафед нагз мегузаронад.
Дар чойники сиёхшуда оби чуш тез хунук мешавад, аммо дар чой- ники сафед об муддати зиёдтар гарм меистад.
Кадом курпа одамро нагз гарм нигох медорад: курпаи нав ё кухна?
Курпаи нав нагз гарм мекунад, пахтаи он мулоим буда, дар байни кабатхои он хаво хаст. Хаво бошад гармиро бад мегузаронад.
Оё медонед, ки кадом хона гармтар аст? Хонаи бомаш хасин ё тунукагин? Хонаи бомаш хасин дар зимистон гармтар буда, дар тобистон назар ба хонаи бомаш тунукагин баръакс салкинтар аст. Тунука гармиро нагз мегузаронад, хас бошад гармиро бад мегузаронад.
Оё медонед, ки яхмосро дар вакти набудани яхдон, барои зуд об нашуданаш, дар хонаи гарм чй тавр нигох доштан мумкин аст?
Яхмосро бо маводи пашмин печонида нигох доред, ки он муддати зиёд об намешавад. Маводи пашмин гармиро бад мегузаронад.
Оё медонед, ки лимонад кадом вакт хунук меистад? Хднгоми яхро дар болои лимонад ё лимонадро дар болои ях гузоштан?
Агар яхро дар болои лимонад гузорем, он гох лимонад бо тезй хунук мешавад, зеро хавои хунук ба поён мефарояд.
Аз мисолхои боло маълум мешавад, ки металлхо гармиро нагз, хаво бошад бад мегузаронад. Пашм, пахта, тибит, муина ва чисмхои масомадор гармиро бад мегузаронанд, зеро байни нахи онхо хаво хаст. Вакуум (холигй), яъне чойи бехаво гармиро аз хама бад мегузаронад.
Ч,исмхоеро, ки гармиро бад мегузаронанд, барои нигох доштани гармй истифода мебаранд. Масалан, деворхои хиштин гармиро бад мегузаронанд, ки ин барои нигох доштани гармии хона ёрй мерасонад. Барфи гафси ковок галлаи тирамохиро аз сармо мухофизат мекунад. Яхро дар таххона гузошта, болояшро бо хас, аррамайда ва хок, ки гармиро бад мегузаронанд пушонем он об нашуда меистад.
Пустин гарм мекунад - ми? Пустин дар хакикат гарм намекунад. Гуфтори хал;ии «пустин гарм намекунад» дуруст аст. Барои боварй хосил кардан чунин тачриба гузаронидан мумкин аст.
Аввал бояд ;айд кунем, ки хдроратсанч кадом дарачаи хароратро нишон медихад ва онро бо пустин печонед. Баъд аз якчанд вакт хдроратсанчро кушода гирифта ба он нигох мекунем. Мебинем, ки он хатто чорякдарача хам гарм нашудааст: чанд дарача, ки пеш нишон медод, хамон кадар дарача холо нишон медихад. Ин аст, исботи он, ки пустин гарм намекунад. Шумо метавонед шубха кунед, ки хатто пустин хунук нигох медорад.Ба ду зарфи якхела ба микдори баробар ях гиред. Яке аз зарфхоро бо пустин печонед, дигарашро кушода нигох доред. Вакте ки ях дар зарфи кушода пурра об шуд, пустинро кушоед: шумо мебинед, ки яхи дар пустин печонидашуда тамоман ба обшавй сар накардааст. Маълум мешавад, ки пустин нафакат яхро гарм накардааст, хатто чунин менамояд, ки онро хунук карда, обшавиашро суст кардааст.
Ба ин бовар накардан мумкин? Чй хел чунин исботро рад кардан мумкин аст? Пустин хакикатан гарм намекунад, агар тахти мафхуми «гарм мекунад» хорич шудани гармиро фахмем. Чарог гарм мекунад, печка гарм мекунад, бадани одам гарм мекунад, барои он ки хамаи ин манбаи гармй ба хисоб мераванд. Пустин гармии худро на- медихад, он факат барои хорич шудани гармии бадани мо халал мерасонад. одамони пустинпуш, ки бадани онхо манбаи гармй ба хисоб меравад, худро бо пустин гармтар хис мекунанд. Хдроратсанч низ аз худ гармй хорич намекунад ва дарачаи харораташ, аз он ки мо онро пустин печондем, тагир намеёбад. Барф заминро монанди пустин гарм мекунад. Барфи гафси нарм, ки болои заминро пушондааст, барои ба хаво баромада рафтани гармии хок халал мерасонад. Дар хоки бо кабати барф пушонидашуда, хдроратсанч аксар вакт харорати аз 10 градус зиёдтарро нишон медихад.
Хамин тавр, ба саволи пустин моро гарм мекунад? чавоб додан лозим, ки пустин факат барои худамонро гарм кардан ёрй мерасонад. Дуруст мебуд, агар гуем, ки мо пустинро гарм мекунем, на ин ки пустин моро.
Барц дар дастони шумо. Оё медонед, ки чаро шонаи дар муйи сар молиш додашуда, когазпорадои сабукро ба худ мекашад? Вакте ки мо шонаро ба муйи сар молиш медидем, он чй хеле ки дар физика мегуянд, яъне заряднок мешавад, хосияти ба худ дазб намудани дисмдои сабукро пайдо мекунад. Пас, ашёдои электрнокшуда хосияти ба худ кашидани дигар дисмдоро доро мебошад. Ин додиса дануз дар даврадои кадим ошкор карда шуда буд.
Расми 2. Заряднок шудани шона
Оё шумо медонед, ки барк; дар хонаатон зиндагй мекунад? Шумо бисёр вакт онро дар даста нигод медоред, аммо онро худ пай намебаред. Онро ошкор кардан мумкин аст.
Зимистон дар хонаи гарм шонаи аз пластмасса сохташударо гирифта, якчанд маротиба муятонро шона кунед. Шумо овози чарс-чарсро мешунавед, муйдоятонро сих мезананд.
Ин додиса дар он сурат руй медидад, ки агар рузи гузашта муйи саратонро шуста бошед. Дар торикй муйро шона карда, датто шарорачадои хурдро дидан мумкин аст. Кргази папиросро гирифта ба диссадои хурд майда кунед ва ба ондо шонаро наздик биёред. Кргазпорадо ба он кашида мешаванд. Чй додиса руй дод? Факат як чиз: шона заряднок шуд. Аз ин до бармеояд, ки дозиба ба шарофати барк руй дод. Агар шонаро ба муйдои сар нею бо матои пашминаи хушк соиш дидеду онро ба когазпорадо наздик оваред, он год шумо когазпорадоро бозй дошта метавонед.
Тиру камон. Шумо дар атмосфера бордо тасмаи рангорангро мушодида кардаед. Ин тасмаро тиру камон ё рангинкамон меноманд. Он чй хел пайдо мешавад?
Аксар вакт бадорон даво намнок мешавад. Зеро дар ин фасл зуд-зуд борон ме- борад. Оби борон бухор шуда, аз сатди Замин ба атмосфера меба- роянд. Дар таркиби атмосфера дама вакт бугдои об мавдуданд. Вакте ки Офтоб партавафшонй мекунад, нурдои он аз бугдои оби дар таркиби атмосфера буда гузашта ва ба рангдо дудо мешаваду мо тасмаи рангорангро мушодида мекунем.
Ба чунин додиса мо дангоми аз назди фавворадои гузаштанамон низ вомехурем. Вакте ки рушноии Офтоб аз оби фаввора мегузарад, он ба рангдои гуногун дудо мешавад ва мо манзараи адоибро мушодида мекунем.
Кадом курта салкцнтар аст? Чаро? Оё медонед, ки барои чй дар тобистон бо пирохрни сафед назар ба сиёд гаштан форам аст? Либоси сафед рушноии Офтобро инъикос менамояд, либоси сиёд бошад, баръакс онро фуруъ мебарад. Ба дамин савол монанд: дохили термосдоро дилодор мекунанд, то ки танаи он камтар рушной фуру барад ва дарорати дохилии термос нигод дошта шавад.
Тадриба бо гугирдчуб. Барои тадрибаи мазкур 5 дона гугирдчуб лозим аст. Х,ар як гугирдчубро ба ду диссаи баробар кат намоед ва тадти кунддои рост дойгир карда, ба табакча гузоред. Ба дойе, ки гугирдчубдо кат карда шудаанд, якчанд катра об чаконед. Одиста-одиста гугирдчубдо аз дамдигар дур шуда, ситорачаро ташкил медиданд.
Расми 2
Ивазшавии шабу руз. Ивазшавии шабу руз ба чи вобаста аст? Ивазшавии шабу руз ба харакати Замин дар гирди медвараш вобаста аст. Замин курашакл аст. Дар кутбдояш каме печак мебошад. Он дар як шабонаруз, яъне 24 соат, дар атрофи медвараш як маротиба чарх мезанад. Агар Замин бедаракат мебуд,
чй хеле ки дар даврахои кадим чунин гумон мекарданд, он гох чй руй медод? Дар он вакт шабу руз иваз намешуд. Аз сабаби дар атрофии мехвари худ чарх задани Замин мавкеи намоёншавии Офтоб дар гунбази фалак тагйир меёбад. Вакте, ки Офтоб дар гунбази фалак мавкеи аз хама бадандро ишгол мекунад, нисфируз меноманд. Фосилаи вакти байн ду нисфирузии пай дар пай шабонарузро ба амал меоварад. Кутри Замин тахминан 6400км аст.
Рузи дарозтарин 22 июн аст. Шаби дарозтарин 22 декабр мебошад. Мувофикан шаби кутохтарин шаби 22 июн буда, рузи кутохтарин рузи 22 декабр мебошад, 22 март ва 22 сентябр шабу руз баробаранд.
Ивазшавии фаслхщ сол. Шумо медонед, ки хар сол фаслхо иваз мешавад. Бахор, тобистон, тирамох, зимистон ва боз аз нав бахор меояд. Чаро?
Ивазшавии фаслхои сол ба харакат Замин дар атрофии Офтоб вобаста аст. Замин дар як сол, яъне 365 рузу 5 соату 46,1 сония дар атрофи Офтоб давр задании Замин аст. Вакте, ки дар давоми он Замин дар атрофии Офтоб як маротиба давр мезанад, давомнокии солро муайян менамояд. Як солро дувоздах мох ташкил медихад. Ба хисоби миёна давомнокии сол 365 рузу 6 соат кабул карда шудааст. Дар вакти тартиб додани таквим се солро пай дар пай 365 руз гирифта, соли чорумро 366 руз мегиранд, ки онро соли кабиса меноманд. (солхое, ки ду сифри охиринашон бебакия ба чор таксим мешавад, чун солхои кабиса кабул шудаанд). Мохи феврал се сол пай дар пай 28 шобонаруз хисоб карда шавад, соли чорумаш 29 шабонаруз мешавад.
Физика ва духтур. Асбобхои физикй ёвари духтур аст. Зеро бе истифодаи онхо духтур бемории одамонро аник мукаррар карда наметавонад. Барои бо асбобхои физикй кор карда тавонистан, аввало конунхои физикаро хуб донистани духтур шарт аст. Хдроратсанч имкон медихад, ки духтур то чй андоза баланд ё паст будани таби беморро мукаррар намояд. Дар ^ароратсанч симоб накши асосиро мебозад, ки он аз гармй васеъ шуда, кад-кади найчаи борик харакат мекунад. Хароратсанч хати ми^ёс дорад, ки аз руи сатхи симоб дар найча ва хати мщёс таби беморро аник муайян кардан мумкин аст.
Асбоби фишорченкунак бузургии фишори хунро муайян мекунад. Х,ангоми фишурдашавии дил хун аз он баромада, бо шохрагхо меравад ва аз дарича^ое мегузарад, ки онхо хунро ба дил бармегардонанд. Баъд дил суст мешавад ва дар ин муддат бо хуни раг ва шуш пур мешавад.
Кашфи усулхои одии чен кардани фишори хун аз тарафи физикон, барои муайян намудани беморихое, ки аломаташон фишори гайримуътадили хун осон гардонд.
Асбоби ченкунандаи фишори хун аз се кисми асосй: тугмаи сардаст (манжета), хаво- дамкунак ва манометр (фишорченкунак) иборат аст. Тугмаи сардаст аз камераи хамвори резинй иборат аст, ки ба гилофаки латтагин чо карда шудааст. Тугмаи сардаст ба воситаи найчаи седахона бо найчаи резинй ба фишорченкунак ва хаводамкунак васл шудааст.
Фишори баландтарини хуни одами солим такрибан ба 120-125 миллиметр сутунчаи симобй ва фишори хуни пасттарин ба 70-75 миллиметр сутунчаи симобй баробар аст. Миллиметр сутунчаи симобй ин вохиди фишор мебошад.Фишори атмосфера, ки мо нафас мегирем 760 миллиметр сутунчаи симобй мебошад.
Х,ангоми дард кардани гуш, духтур беморро бо ёрии оинаи фуру- хамидаи сурохидор тафтиш мекунад.
Асбоби гушии тиббй (стетоскоп) барои гуш кардани дил ва шуш истифода карда мешавад. Электромагнит барои аз бадан чудо карда гирифтани охан- порахо ёрй мерасонад. Духтури дандон ба конуни маъмули физикй: чисмхо аз гармй васеъ шуда, аз хунукй фишурда мешаванд, такя карда гарму хунукшавии дандонро тавсия намекунад.
Найчаи рентгенй барои тафтиш кардани кисмхои дарунй, устухон бандихо, дарёфт кардани чисмхои бегона, масалан тир, оханпора ва гай- рахо асбоби багоят фоиданок аст.
Бисёр беморихо ба шарофати тараккиёти илми физика бо ёрии чараёни электрй, акфканишоти радиоактивй, плазма ва дигар методхои физикй табобат карда мешаванд.
Тачриба ва сухбат бо хонандагони синфхои ибтидой нишон медихад, ки шавку хаваси онхо ба фан^ои табий нихоят паст аст, дар онхо ба илми табий ягон марок мушохида карда намешавад, яъне хонандагони синфхои ибтидой ба омузиши муфассали ин фан мутлако тайёр нестанд.
Ба хонандагони синфхои ибтидой умуман доир ба фан^ои табий маълумоти зарурй дода намешавад, ягон шакли корхои беруназсинфй аз фанхои табий гузаронида намешавад, хол он ки барои шинос кардани хонандагони синфхои ибтидой бо фанхои табий, бедор, ташаккули шавку хаваси онхо ба ин фанхо дар барнома ва китобхои дарсии табиатшиносй, география, технологияи амалй ва математика шароиту имкониятхои мусоид бисёранд.
Х,амин тавр, барои ташаккул додани шавку хаваси хонандагони синфхои ибтидой дар раванди таълими фанхои табий ба омузиши математика барои хонандагони синфхои ибтидой дар махфилхо, озмунхо ва мусобикахои математикй гузаронидани машгулиятхои амалй ва беруназсинфй мувофики максад мебошад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Бегимов, XX. Имкониятдои шинос кардани хонандагони синфдои ибтидой бо илми физика./ XX. Бегимов //Паёми Донишгоди омузгорй, 2005, №°3, -с. 44-47.
2. Бегимов, Х,.Х. Шавку рагбати хонандагони хурдсол ба физика./ Х,.Х. Бегимов // Паёмй Донишгоди омузгорй-. 2006.- №°6. -С. 82-84.
3. Бегимов Х.Х. Мадмуи кор бо мактаббачагони хурдсол доир ба шинос кардани ондо бо дузъиёти физика. (Дастури методй). Душанбе: ДДОТ, 2007, -50 с.
4. Ланина, И.Я. Формирование познавательных интересов учащихся на уроках физики/ И.Я.Ланина. -М.: Просвещение.- 1985. -210 с.
5. Мирзоев, Б. Интерес к физике. / Б.Мирзоев //Маориф ва маданият.- 1973.- 18 август
6. Мирзоев, Б. Пробуждение интереса к физике./Б.Мирзоев //Народное образо вание.-1975.- №°9. -С. 81.
7. Мирзоев, Б. Здравствуй, физика!/ Б. Мирзоев. -Душанбе, Маориф, 1984, -128 с.
8. Мирзоев, Б. Родеъ ба таълими физика дар мактабдои Тодикистон (мувофики консепсияи нави мактаб)./ Б.Мирзоев // Маърифат.- 1996 №3-4.- С.48-53.
9. Мирзоев, Б., Бегимов X,. Тарбияи шавку даваси бачагони хурдсол ба физика./ Б. Мирзоев // Маърифат.- 1997.- №1-2. -с. 60-62.
10. Щукина, Г.И. Проблема познавательного интереса в педагогике/ Г.И.Щукина. -М.: Педагогика. -1971.-351 с.
11. Эльконин, Д.Б. Психология обучения младшего школьника/ Д.Б.Эльконин. -М.: Знание.- 1974. -64 с.
12. Эрдниев, П.М. Обучение математике в начальных классах/ П.М.Эрдниев. -М.: Просвещение.- 1977. -192 с.
REFERENCES:
1. Begimov, H.Kh. Opportunities to Introduce Primary School's Pupils with Physics. / H.Kh. Begimov // Bulletin of Pedagogical University, 2005, №3. - P. 44-47.
2. Begimov, H.Kh. Interests of Primary school Pupils in Physics. / H.Kh. Begimov // Bulletin of Pedagogical University, 2006.- №6. - P. 82-84.
3. Begimov, H. Kh. Collection of Works wth Primary school Pupils in Physics (manual). - Dushanbe: Bulletin of Pedagogical University, 2007, -50 p.
4. Lanina, I.Ya. Formation of Students' Cognitive Interests in Physics Lessons / I.Ya.Lanina. - M.: Enlightenment.
- 1985. - 210 p.
5. Mirzoev, B. Interest in physics. / B.Mirzoev // Education and Art.- 1973. - 18 August
6. Mirzoyev, B. Awakening of Interest in Physics. / B. Mirzoyev // Popular Education. 1975.- N°9. -WITH. 81
7. Mirzoev, B. Hello, Physics! / B. Mirzoev. Dushanbe: Education, 1984, - 128 p.
8. Mirzoyev, B. Interests of Primary school Pupils in Physics. (conception and new school ). / B.Mirzoev // Marifat .- 1996 №3-4.- P.48-53.
9. Mirzoev, B., Begimov H. Interests of Primary school Pupils in Physics. / B. Mirzoev // Education.- 1997.- №1-2.
- P. 60-62.
10. Shchukin, G.I. The Problem of Cognitive Interest in Pedagogy / GI Shchukin. -M.: Pedagogy .- 1971.-351 p.
11. Elkonin, D.B. The Psychology of Learning a Younger Student / D.Elkonin. -M.: Knowledge .- 1974. -64 p.
12. Erdniev, P.M. Teaching Mathematics in Primary school / P.M. Erdniev. - M Enlightenment.- 1977. -192 p.
Ташаккули шавку даваси азхудкунии ба физика дар хонандагони синфдои ибтидой дар раванди ташкили бозихри дидактикии фащои табий
4
Вожа^ои калиди: ташаккул, шавку даваси азхудкунй, физика, хонан дагони хурдсол, ташкил, бози^ои дидактики, фан^ои табий, кор^ои беруназдарсй Мацола ба баррасии масъалаи ташаккулёбии шавку щваси хонандагони синфдои ибтидой ба физика дар раванди созмон додани бозщои дидактикии фащои табий ихтисос ёфтааст. К,айд мешавад, ки дар раванди бозиву масъалщои зиёди физикаи шавцовар майлу иштиёци хонандагони хурдсолро ба масъалщои физика афзун менамояд. Барои исботи ин андешаи худ муаллифон мисолу масъала ва бозщои зиёди физикиро дар мацола овардаанд. Хрмчунин чанд тасвияву маслщапцои методй барои цалли ин масъала пешнщод шуданд.
Формирование познавательного интереса к физике у младших школьников в процессе организации дидактических игр по естественным дисциплинам
Ключевые слова: формирование, познавательные интересы, физика, младшие школьники организация дидактических игр, естест венные дисциплины, внеурочные работы В статье раскрывается возможность формирования познавательного интереса к физике в процессе обучения естественных дисциплин в начальных классах.
Приведены примеры физических заданий в процессе преподавания природоведения, искусства и труда, математики в начальных классах. А также предложена некоторые методические рекомендации по данной проблеме.
Formation Of Cognitive Interest In Physics In Yonger Schoolchildren In The Process Of Organizing Didactic Gomes In Yatural Disciplines
Key words: formation, cognitive interest, physics, junior school- children, organization, didactic games, natural desciplines, afterhours work The article reveals tne possibility offorming a cognitive interest in physics in the process of teaching yatural desciplines in primory classes.
Examples ofphysical tasks in the process of teaching nature, art and work, mathematics in primary classes are given. And also some methodical recommendations on this problem. Маълумот дар борам муаллифон:
Бегимов Хусейн Худоёрович, дотсенти кафедраи методикаи таълими ибтидоии Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни (Цущурии Тоцикистон, ш. Душанбе),E-mail: [email protected]
Рацабов Тагоймурод Бобокуклович, дотсенти кафедраи методикаи таълими ибтидоии Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни (Цущурии Тоцикистон, ш. Душанбе), E-mail: jamshed-1001@mail. ru Сведения об авторах:
Бегимов Хусен Худоярович, доцент кафедры методики начального образования Таджикского государственного педагогического университета имена Садриддина Айни(Республика Таджикистан г. Душанбе), E-mail: [email protected]
Раджабов Тагоймурод Бобокулович, доцент кафедры методики начального образования Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни. (Республика Таджикистан г. Душанбе), E-mail: [email protected] Information about the author:
Begimov Husen Hudoyarovich, Associate Professor of the department of methodology ofprimary education under the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini (Tajikistan Republic, Dushanbe), Email: [email protected]
Radjabov Tagoymurodov Bobokulovich, Associate Professor of the department of methodology of primary education under the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini (Tajikistan Republic, Dushanbe), E-mail: [email protected]