Научная статья на тему 'Использование информационно-коммуникационных технологий на уроках'

Использование информационно-коммуникационных технологий на уроках Текст научной статьи по специальности «Компьютерные и информационные науки»

CC BY
2782
274
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИНФОРМАЦИОННО-КОММУНИКАЦИОННЫЕ ТЕХНОЛОГИИ / КОМПЬЮТЕР / ИННОВАЦИЯ / ИНФОРМАЦИЯ / ПРОГРАММА / ФИЗИКА / ОСЦИЛЛОГРАФ / INFORMATIONAL-CONNUNICATIVE TECHNOLOGICS / COMPUTER / INNOVATION / INFORMATION / SYLLABUS / PHYSICS / OSCILLOGRAPH

Аннотация научной статьи по компьютерным и информационным наукам, автор научной работы — Шерматов Шавкат Мамадцонович, Хуцамбердиева Муьтабар

Данная статья является очень актуальной, так как в ней рассмотрено использование языков высокого уровня и применение компьютера на уроках физики в учебном процессе в качестве осциллографа и показан ряд его преимуществ: 1) ПК многофункциональны, распространены и доступны, в то время как современный средний осциллограф имеет высокую стоимость и решает сравнительно узкий класс задач; 2) ПК имеет большой экран, что позволяет демонстрировать осциллограммы аудитории; 3) оцифрованный сигнал можно записать в графический файл и затем его обработать; 4) учащиеся учатся программировать, понимают сущность оцифровки аналогового сигнала.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The Usage of Informational-Communicative Technologics at the Lessons of Physics

The article in question is extremely actual, it dwells on high level language and application of a computer at the lessons of physics as an oscillograph. A number of advantages is the following one: 1) PC s (personal computers) are polyfunctional, widely spread, available, meanwhile a modern average oscillograph is very expensive and is able to cope only with a comparatively narrow class of sums; 2) PC has a wide display which affords to demonstrate oscillogrammes to audience; 3) a digital signal can be put down into a graphica file with its subsequent working off; 4) pupils are taught to work out programmes, they understand the essence of digitalization of an analogical signal.

Текст научной работы на тему «Использование информационно-коммуникационных технологий на уроках»

Шерматов Шавкат Мамадцонович,

дотсенти кафедраи системауои иттилоотии автоматикунонидашудаи

ДДХБСТ ________________

Хуцамбердиева Муътабар,

ассистенти кафедраи системауои иттилоотии автоматикунонидашудаи ДДХБСТ

ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯМИ ИТТИЛООТИ-КОММУНИКАТСИОНИ ДАР ДАРС^О

Равандх,ои инноватсионй дар системаи маориф яке аз омилх,ои асосии рушд буда, такозои замон мебошад. Физика аз он илмх,ое мебошад, ки дар замони х,озира онро бе технологиях,ои компютерй тасаввур намудан бисёр душвор аст. Тайёр кардани мутахассисони варзидаи сохди иттилоот низ бе омузиши чукури фанни физика гайри имкон аст, чунки худи пайдоиши технологиях,ои компютерй натичаи дастовардх,ои фанни физика ба шумор рафта, тамоми равандх,ои электроние, ки асоси кори компютер аст, аз ^онуниятх,ои физика бармеоянд. Бинобар он хднгоми гузаштани дарси физика дар гурухдои ихтисосашон барномасозй ва телекоммуникатсия дар донишгох, алокаманд-кунонии фанни физика бо информатика ва барномасозй метавонад натичах,ои хуби илмй-педагогй дихдд. Истифодаи технологиях,ои информатсионй-комму-никатсионй (мултимедия, проекторх,о, тахтах,ои электронй ва гайрах,о) имко-ният медихднд, ки раванди дарс аёнй шавад, дарачаи фах,мо будани он афзояд ва донишчуй дар ин гуна дарс х,ам мебинад, х,ам мешунавад ва х,ам менависад, ки ин аз чанд чихдт муассир мебошад. (2, 49-73)

Яке аз афзалиятх,ои мух,ими истифодаи компютер дар дарсх,ои амаливу лабораторй имконияти истифодаи он дар хдлли масъалах,о мебошад. Дар дарс-х,ои амалй устод дар баробари истифода аз забонх,ои алгоритмй, яъне забонх,ои барномасозй баъди хдлли масъала бо рохдои физикй-математикй, бояд барномаи хдлли масъаларо дар компютер сохта нишон дихдд. Дар ин раванд донишчу х,ам рохдои хдлли масъаларо ва х,ам рохдои таълифкунии барномах,ои хдлли масъалах,ои гуногунро азхуд мекунад. Истифодаи тахтаи электронй дар ин самт бисьёр кулай аст ва имконият медихдд, ки донишчу бо таври визуалй раванди гузаштани дарсх,о ва хдлли амалии масъалах,оро аз ибтидо то интих,о мушохдда намояд. Ин чих,атх,ои психологй-педагогй дошта, рагбати донишан-дузонро нисбати омузиши фанх,ои тахассусй ва дигар фанх,ои мухталиф афзун мегардонад. Афзалиятх,ои истифодаи технологиях,ои иттилоотй дар раванди таълимро дар ибтидо чунин тавсиф кардан мумкин аст:

1.Яке аз афзалиятхои истифодаи технологиями иттилоотй ташаккули муносибати мустакилонаи донишчуён дар раванди азхудкунй мебошад. Донишчу масъаларо мустакилона, бошуурона (бенусхабардорй аз каси дигар ё аз тахтаи синф) ичро мекунад ва дар ин холат шавки у нисбати фан зиёд шуда, боварй хосил мекунад, ки ин фанро азхуд карда метавонад.

2. Истифодаи компютер имконият медихдд, донишчу дар вакти хдлли масъаларо ё ичрои корхои лабораторй аз бисёр амалиёти зиёдатй ба монанди хисобкунихо, гузаронидан аз як системаи вохидхо ба дигараш, хисоби функсияхои тригонометрй ва гайрахо озод мешавад.

3. Имконияти сохтани моделхои равандхо ва ходисахои физикй дар компютер, ба мисли афтиши озоди чисм, холати газхо хангоми таъгир ёфтани фишор, температура, хачм ва дигархо. Ин гуна моделхо дар чукур омухтани мохияти физикии ходисахо ёрй мерасонанд.

Тачрибахои гузаронида шуда дар мактабхои тахсилоти хамагона ва олй нишон доданд, ки истифодаи ТК (технологиями компютерй) сабаби баланд гардидани сифати таълим мегардад.

Технологиями информатсионй татбики алокаи байнифаннй мебошад:

• гузаронидани тестхои фаннй ва ташхисхо;

• ичрои корхои реферативй, эчодй ва гайрахо бо ёрии технологиями компютерй;

• чустучу ва коркарди маълумот дар чахорчубаи маводи омухташаванда бо истифодаи Интернет;

• истифодаи чадвалхои электронй дар хдлли масъаларо;

• гузаронидани конференсияхои илмй, презентатсияхо;

• фаъолияти лоихавй-тадкикотй;

• истифодаи технологияхои мултимедиявй хангоми омузиши маводи таълимй;

• гузаронидани практикумхо ва корхои лаборатории виртуалй. Гузаронидани дарсхои физика ва умуман тамоми фанхои дигар низ бе

истифодаи компютер маънй надорад, чунки он дар як вакт вазифаи телевизор, магнитофон, тачхизоти тачрибагузаронй, мачмуи мисолу масъалахо ва воситаи санчиши донишро ичро мекунад. (2, 23-31)

^айд кардан чоиз аст, ки технологияхои информатсионй имконият медиханд:

• савияи маданияти тахассусй баланд бардошта шавад;

• душвории раванди санчиш ва тахлил поён фароварда шавад;

• савияи саводнокии вазифавй дар самти технологияхои информатсионй баланд гардад;

• имконияти татбики донишхо ва мустахкамкунии онхо фарохам гардад;

• эхтироми устод дар байни шогирдону хамкорон баланд гардад. Тадкикотхо нишон медиханд, ки бо воситахои органхои шунавой хамагй

15% маълумот, бо ёрии органхои биниш 25% маълумот азхуд карда мешаванд. Агар ба органхои кабулкунй дар мачмуъ (яъне хар ду намуди таъсир хамчоя) таъсир расонем 65% иттилоот азхуд карда мешаванд. (1, 37-49)

Физика фанни махсyс бyда, барои истифодаи технологияхои хозиразамони компютерй бисьёр хам кулай аст. Масалан, хангоми гузаштани дарсхои лабораторй аз усулхоє истифода бyрдан мумкин аст, ки ба чои тачхизоти дар лаборатория мавчуд набуда ва нархашон барои харидорй кардан кимат асбобу анчомхои виртуалиро бо ёрии истифодаи забонхои барномасозй ва тартиб додани барномахои компютерй сохтан мумкин аст. Ин имконият фарохам меорад, ки корхои лаборатории виртуалй ба рох монда шаванд. Истифодаи ин гуна тачрибахо ба устод шароит фарохам меорад, ки дарсро шавковар, дастрас ва аз чихати мантикй табий гузаронад. Донишчyён бошанд дар натича дарсхоро нагз азхуд карда, мустакилона корхои лабораторй ва амалиро ичро мекунанд, ба ичрои корхои амалй эчодкорона муносибат мекунанд, бо пуррагй дарк менамоянд, ки бо истифода аз барномахои компютерй гузаронидани тачрибахои физикй имконпазир будааст.

Масалан: дар компютер аз компютер сохтани отсиллограф ва дар раванди таълим истифода бурдани он ахамияти калон дорад:

1. Компютер вазифахои бисёрро ичро мекунад, дастрас аст ва нисбати отсиллографхои замонавй, ки вазифахои ичро мекардагиашон кам аст, арзон аст.

2. Компютер экрани калон дорад ва нишон додани отсиллограмма дар аудитория имконпазир аст.

3. Сигналхои ракамиро дар файли графикй навишта пас коркард кардан мумкин аст.

4. Донишчyён барномасозиро азхуд мекунанд ва мохияти ададй кардани сигналхои аналогиро мефахманд.

Баъди сохтани барномахои махсус дар забонхои Бейсик ва Паскал мо намуди зерини тачхизоти отсиллографй ва отсиллограммаро хосил мекунем.(3, 109-123):

SCREEN 11

OUT &H226, 1

FOR t = 0 TO 100: NEXT

OUT &H226, О

FOR t = 0 TO 100: NEXT

n = 1000: DIM u(n)

100 : CLS : i = 1 WHILE ABS(x(i) -127) < 10 GOSUB 200: WEND FOR i = 1 TO n GOSUB 200

CIRCLE (i, (x(i) -127) * 1 + 200), 1

LINE (i -1, z)-(i, (x(i) -127) * 1 + 200)

z = (x(i) -127) * 1 + 200

NEXT i

GOTO 100

END

200: OUT&H22C, &H20 x(i) = INP(&H22A): RETURN

uses crt, graph;

Const n=1000;

var x: array [0..N] of integer; Gd, Gm, i, z: integer;

BEGIN

Gd: =Detect; InitGraph(Gd, Gm, 'c: \bp \bgi'); if graphResult <> grOk then Halt(1); port[$226]:=1; delay(10); port[$226]:=0;

Repeat port[$22C]:=$20; until port[$22A ]-127>10; cleardevice; for i:=1 to n do begin port[$22C]: =$20; x[i]:=port[$22A ]-127; circle (i,240-x[i],2); line(i,240-x[i],i-1,240-z); z: =x[i]; delay(5); end;

until KeyPressed;

END.

Repeat {начало цикла}

Физика илми дакик буда, асоси фанхои табиатшиносй аст ва дар омузиши он дониши мукаммали математикй лозим мебошад ва ин боиси он мегардад, ки мо моделхои математикии бисёр ходисахои табий, яъне физикиро тартиб дихем ва бо истифода аз ин моделхо ва сохтани барномахо бо истифодаи забонхои барномасозии савияи олй тасвири онхоро дар экрани компютер барорем.

Истифодаи технологиями компютерй барои хдлли як катор масоил, ки факат бо ёрии гузаронидани хисобкунихо амалй мегарданд:

• Масъалахое, ки дар онхо бо хамон як формула чандин маротиба хисобкунихо гузаронида мешавад, аз чумла сохтани графикам ва масъалам бо такроран халкунии муодилахои квадратй.

• Масъалахое, ки дар раванди халлашон муодилахои дарачахои баланд пайдо мешаванд ва барои хдлли онхо аз методхои ададй истифода мебаранд.

• Масъалахое, ки ёфтани экстремуми функсия талаб карда мешавад.

• Масъалахое, ки халли интегралхои муайянро талаб мекунанд.

• Масъалахое, ки методи ададии коркарди вобастагихои эксперимен-талиро талаб мекунанд (методи квадратхои хурдтарин, экстрополятсияи хаттй, хисобкунии хатогихо).

• Масъалахое, ки ба муодилахои дифференсиалй меоранд.

• Масъалахое, ки дар онхо системахои муодилахои хаттиро хал кардан лозим аст.

Хдлли хамаи ин масъалахо дар натичаи сохтани алгоритмахои хал ва сохтани барномахо бо забонхои барномасозй амалй карда мешаванд. Барои ин мо бояд корро аз халли масъалахои оддитарин, масалан халли масъалахои физикй аз кисматхои гуногуни он сар кунем.

Баъди гузаштани мавзуи лексионй саволхои санчишй тайёр карда мешаванд, ки ба як кисми онхо чавобхои шифохй дода шаванд, кисми дигарашон халли физикиро бо истифодаи формулахо талаб мекунанд. Сохта тавонистани алгоритмаи халли масъала ва навиштани барномаи хал бо ягон забони барномасозй имконият медихад, ки донишчуёни тахассуси барномасозй кобилияту малакаи худро дар самти касбиашон татбик намоянд ва устод бо ин рох нишон медихад, ки омузиши асосхои алгоритмиронй, асосхои барномасозй, умуман технологияхои информатсионй раванди омузиши фанни физикаро то хадди имкон дастрас, фахмо ва осон мегардонад (4, 279-319). Ва ин барномахо бевосита дар дарсхои лексионй, амалй ва семинарии физика сохта шуда, бо воситахои технологияхои компютерй, проекторхо, тахтахои электронй намоиш дода мешаванд. Бо ин роххо мо ба баланд шудани сифати таълим ноил меша-

вем, ки ин омили мухими тайёр кардани мутахассисони ба талаботи имруза чавобгуй мебошад.

Калидвожа^о: Технологияи иттилооти-коммуникатсиони, компютер,

инноватсия, иттилоот, барнома, физика, отсиллограф

Пайнавишт:

1. Красильникова В.А. Информационнные и коммуникационные технологии в образование -М.: Дом Педагогики, 2006.

2. Бурсиан Э.В. Задачи по физике для компьютера.-М.: Просвещение, 1991.

3. Шерматов Ш.М. %алли сад масоил аз барномасози. -Хуцанд, 2011.

4. Милковская Л.Б. Повторим физику. -М.: Высшая школа,1972.

Шерматов Шавкат Мамадцонович,

к. ф-м наук, доцент кафедры автоматизированных информационных систем ТГУПБП Хуцамбердиева Муътабар, ассистент кафедры автоматизированных информационных систем ТГУПБП

Использование информационно-коммуникационных технологий на уроках

Ключевые слова: информационно-коммуникационные технологии, компьютер, инновация, информация, программа, физика, осциллограф

Данная статья является очень актуальной, так как в ней рассмотрено использование языков высокого уровня и применение компьютера на уроках физики в учебном процессе в качестве осциллографа и показан ряд его преимуществ: 1) ПК многофункциональны, распространены и доступны, в то время как современный средний осциллограф имеет высокую стоимость и решает сравнительно узкий класс задач; 2) ПК имеет большой экран, что позволяет демонстрировать осциллограммы аудитории; 3) оцифрованный сигнал можно записать в графический файл и затем его обработать; 4) учащиеся учатся программировать, понимают сущность оцифровки аналогового сигнала.

Sh. M. Shermatov, M. Khyjamberdieva

The Usage of Informational-Communicative Technologics at the Lessons of Physics

Key words: informational-connunicative technologies, computer, innovation, information, syllabus, physics, oscillograph

The article in question is extremely actual, it dwells on high level language and application of a computer at the lessons ofphysics as an oscillograph. A number of advantages is the following one: 1) PCs (personal computers) are polyfunctional, widely spread, available, meanwhile a modern average oscillograph is very expensive and is able to cope only with a comparatively narrow class of sums; 2) PC has a wide display which affords to demonstrate oscillogrammes to audience; 3) a digital signal can be put down into a graphica file with its subsequent working off; 4) pupils are taught to work out programmes, they understand the essence of digitalization of an analogical signal.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.