possessions throughout this period could preserve their independence. Unlike the plains of the region, the Tajiks of the Pamirs almost until the XI century. continued to stubbornly resist the implantation of the Islamic religion.
Keywords: Central Asia, Eastern Turkestan, the Pamirs, China, Tibet, Rushan, Shugnan, Wakhan, Turkic Khanate, Arabs, the Arab Caliphate, Islam, embassy, independent possessions, independence.
Сведения об авторе:
Пирумшоев Хайдаршо, доктор исторических наук, заведующий отделом древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и новой истории им. А. Дониша АН РТ, е-mail: [email protected]
About author:
Pirumshoev Haydarsho, Doctor of historical sciences, Head of Department of Ancient, Medieval and Modern History, Institute of History, Archaeology and Ethnography named after A. Donisg, Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan, е-mail:[email protected]
ВАХШ ДАР АХДИ БОСТОН ВА АСР^ОИ МИЁНА
Саид Нуриддин Саид
Вазорати маориф ва илми Цум^урии Тоцикистон Убайдуллоев Насрулло Каримович
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни
Водии Вахш дар кисмати чанубию гарбии Ч,умдурии Тоцикистон, дар давзаи миёноб ва поёноби дарёи Вахш чойгир шудааст ва онро аз се тараф куддои Сарсарак, Хучаи Мастон ва Табакчй, аз боло мутобик ба чараёни дарёи Вахш, аз падлу Куди Уштур, Сафедкуд, Куди Рангон, Сиёдкуд ва Тираккуд, (аз паднои Ёвон ва Сангтудаи имруза то поёноби Вахш), ки баландиашон аз сатди бадр то 3141 м. мерасад, дар огуш гирифтаанд. Дарозии водии Вахш аз шимол ба чануб 120 км ва падноияш (аз шарк ба гарб) зиёда аз 30 км мебошад. Водии Вахш аз сатди бадр дар баландии аз 300 то 500 метр чойгир шудаст [1,1007; 44, 593]. Водй номи худро аз дарёи Вахш гирифтааст, ки шохоби рости дарёи Ому буда, тулаш бо дарёи Сурхоб 524 км ва давзааш 39 100 км2-ро ташкил медидад [44, 593].
Дар манбаъдои таърихй, бавижа кобусномаю фардангдо вожаи «Вахш» ба тарзи гуногун шарду тафсир ёфтааст. Аз чумла, ба маънои «ибтидо, огоз ва нахустин» ва дар чойи дигар ба мазмуни «тачаллй, фазоянда ё худ бахшанда» маънидод шудааст. Дар долати дигар вожаи «Вахш» аз калимаи падлавии «Вахшистон» гирифта шудааст, ки дар забони санскрит ба тарики «ухшаянта» омадааст ва маънои «афзудан, болидан ва рушд»-ро ифода мекунад [20,92].
Дамзамон, дар фардангу кобусномадо вожаи «Вахш» дамчун номи надр, руд, дарё, мулк, водй низ ифода шудааст, яъне мулк, шадр ва ё водй дар кишвари Хатлон [12; 39,43; 14, 370].
Зиёда аз ин вожаи «Вахш», «Охшо», «Оахшо» дамчун исми олидаи обу обёрй дар байни бохтариёни кадим истифода мешудааст, ки баъдтар дар забони точикии форсии кадим ба шакли «Вахшу» ташаккул ёфтааст. Дар забони авестой бошад, вожаи «Вахш» маънои «сухани гуфташуда» -ро ифода менамояд. Дар забони точикй-форсии миёна вожаи «Вахш» ба маънои «руд» ва ё «оби чорй» истифода шудааст. Гузашта аз ин, дар сарчашмадои диндй «Вахшу» дамчун номи Амударё ва дар катибаи руйи санге, ки дар осорхонаи шадри Калкутта мадфуз аст, «Вахш» ифодакунандаи номи худои яккаву ягона омадааст. Абурайдон Берунй низ менависад, ки хоразмиён дар рузи дадуми моди Испандормачй иде доштанд бо номи «Вахшанком», яъне Вахшдангом ва «Вахш номи фариштаест, ки ба дама обдо, махсусан, ба надри Чдйдун муваккал аст» [1, 262].
Дар бахши «Ясно»-и «Авесто» вожаи «Вахш» дамчун ифодаи мафдуми «мукаддас», дар навиштадои монавй, ки дар шакли «Вахшюозддадр» омадааст, маънои «рудулкудс»-
pо ифода мекунад. [20, 92]. Даp китоби хафтуми Динкаpт калимаи «Вахшyp» факат ба Заpдyшт нисбат дода шyдааст ва маънияш паЙFамбаp, pасyл аст [22, 99; 41,231]. Даp «Дудуд-ул-олам» ишоpа мешавад, ки «Вахш минтакаест ободон ва баp каpонаи Вахшоб нихода» [40, 69].
Ба акидаи шаpкшиноси машхypи pyс В.В.Баpтолд номи Амyдаpё, ки даp замонхои кадим тибки саpчашмахои юнонй онpо Окс (Оксус) мегyфтанд, низ pеша аз вожаи эpонии «Вахш» доpад [7, 319)].
Доиp ба мулки «Вахш» даp саpчашмахои чиннй низ ишоpа pафтааст, ки бештаp даp шакли «У-ша» ифода ёфтааст. Сайёхи чинй Сюан-Сзан мулки «У-ша», яъне «Вахш»-pо тасвиp намуда, онpо даp шаpкии pyди «Фо-тезу», яъне даpёи Вахш дониста, худуди онpо аз чануб ба шимол 500 ли ва аз шаpк ба Fаpб 300 ли медонад [34,126; 29, 119-121].
Аз гуфтахои фавкyззикp хулоса каpдан мумкин аст, ки маънои вожаи «Вахш»-болидан, бyзypг шудан (монанди як гиёх ё даpахт), андак-андак бyзypг шудан монанди мох, афзудан, пеш pафтан, ^py додан, чилу бypдан, хушбахтй оваpдан [42, 1247)], ибтидо каpдан, оFоз ёфтан, фаpишта, олихаи обу ободонй ва обёpй [43, 281] мебошад. То имpyз даp байни маpдyми оpиёинажод Вахшо (боланда, пешpафткyнанда, pавшан, нypонй), Вахшон (боланда, нypонй), Вахшyp (паёмбаp, гyяндаи сухани осмонй), Вахшиё (боланда, нypонй) хамчун зебономхои маpдона истифода мешаванд [32, 388-389].
Дамчун мулк Вахш даp масиpи таъpих даp хайати импеpия ва давлатхои мухталиф аpзи хастй намудааст, ки даp ин хусус саpчашмахои таъpихй ва бозёфтхои бостоншиносй маълумоти фаpовон медиханд. Тибки маълумоти ин саpчашмахо водии Вахш ба доиpаи манотики сукунати одамони ибтидой ханyз даp давpаи асpи санг шомил мебошад. Маводхои бостоншиносии хафpиёти Вахш 1, Бешаи Палангон, Мохкул (Ойкул), Амyдаpё ва аз дигаp махалхо бадастомада собит менамоянд, ки даp давpаи асpи биpинчй Вахшонзамин макони зисти кабилахои чоpводоp ва зиpоаткоpи кадимаи бохтаpй будааст [26, 170-171].
Омузиши pавандхои этникй-фаpхангии давpаи охиpи ахди биpинчй нишон медиханд, ки водии Вахш хамчун як чузви таpкибй бевосита бо минтакаи бyзypги таъpихй-чyFpофии Бохтаpи кадим (Бохтаpи Шимолй) алокаманд мебошад. Бозёфтхои бостоншиносии Точикистони Чднубй аз мавчудияти фаpханги хеле кадимаи сокинони бумии кишоваpзи Бохтаpи шимолии кадим шаходат медиханд. Хусусияти мухими pаванди этникию фаpхангии ин минтака хамзистии осоиштаи ду фаpханги асосй, вале куллан гуногуни хочагидоpй - фаpханги кабилахои мукимии кишоваpз ва кабилахои чоpводоp мебошад.
Даp асpхои VII-IV пеш аз милод Вахшонзамин ба хайати давлати мyктадиpи Бохтаpи ^адим шомил буд. Баъдан, даp баpобаpи Бохтаp худуди Вахш низ ба хайати давлати Хдхоманишихо дохил гаpдида, даp якчоягй бо сатpапи XII ин импеpияи чахониpо ташкил медоданд. Сатpапи Бохтаp ба хизонаи импеpияи Дахоманишихо 360 талант (1 талант = 30 кг ну^а) андоз месyпоpид [15, 295; 26, 262].
Вахшонзамин, яъне Бохтаpи Шимолй даp асpхои VI-IV то милод ба яке аз минтакахои таpаккикаpдаи кишоваpзй табдил меёбад, ки заминаи асосии онpо тахаввулот даp низоми шабакаи сунъии обёpй гузошта буд. Махз даp хамин давpа кишоваpзони минтака ба сохтмони каналхои бyзypг ва мато^алИ шypyъ менамоянд. Осоpи шабакахои обёpии он давpа тавассути хафpиётхои бостоншиносй имpyз пyppа ошкоp гаpдидаанд, ки яке аз онхо даp хавзаи водии Вахш чойгиp будааст. Канали аз Вахш кашида минтакаи ^prô 50 км мypаббаъ заминpо обёpй мекаpд [17, 103].
Пас аз пошхypии импеpияи Дахоманишй, ки зиёда аз 200 сол аpзи хастй каpда буд, Вахшонзамин даp баpобаpи дигаp мулкхо ба хучуми истилогаpони юнону макдунй гиpифтоp гаpдид. Маpдyми Вахшонзамин низ мисли кавму тоифахои бумии Бохтаpи Шимолй ба мyбоpизаи зидди ачнабиён баpхостанд. Саpчашмахои юнонй доиp ба сахифахои зиёди кахpамонию шучоати бохтаpиён ва маpдyмони Вахшонзамин маълумот медиханд. Новобаста аз муковимати шадид ва талошу мyбоpиза Вахшонзамин даp якчоягй бо Бохтаp ба тобеияти импеpияи Искандаp гузаштанд. Вале
баробари фавти Искандари Макдунй (соли 323 то мелод) мардуми озодихохи Бохтар аз нав талоши истиклолиятхохй намуданд.
Дар асархои мухаккикони отика, ки эшон дар юришхои Искандари Макдунй шахсан ширкат доштанд, дар бораи водии Вахш, шахрхои Вахш, Хдлевард ва Леваканд маълумоти гаронбахо додаанд (аз чумла, дар асархои Ариан, Птоломей, Квинт Куртсий, Плутарх, Страбон, Гай Плиний, Диодор, Помпей Торг-Юстин ва дигарон) [2; 16; 21; 28;38].
Пас аз пошхурии Империяи Макдунй Вахшонзамин дар катори дигар мулкхо ба хайати давлати Селевкиён ворид шуд. Давлати Селевкиён аз соли 312 пеш аз мелод то соли 64 пеш аз милод арзи хастй намудааст. Доир ба ин нигорахои «Дафинаи Амударё» ва бозёфтхои тангахои селевкй аз Тахти Сангин, Тирмиз ва Кампиртеппа шаходат медиханд. Мухимтарин осори ин давра Маъбади Окс дар Тахти Сангин мебошад, ки дар резишгохи дарёи Вахш чой гирифтааст ва он дар ибтидои давраи Селевкиён сохта шуда буд. Махз дар асрхои IV- III пеш аз мелод шакли шимолибохтарии фарханги шахрдорй ташаккул меёбад, ки намунаи бехтарини он осори Байтудашт ва Макони мор (хавзаи дарёи Панч) ва Тамошотеппа (хавзаи дарёи Вахш) мебошад [31,78-79].
Давраи нави болоравии Бохтар ва аз чумла Вахшонзамин ба замони мавчудияти давлати юнонисасоси Бохтар (давлати Юнону Бохтар, асрхои III ва II то милод) рост меояд. Доир ба ин давраи таърихй бештар бозёфтхои бостоншиносй ва беш аз хама дастовардхои сиккашиносй ба мо маълумот медиханд. Тангахои шохони Юнону Бохтар аз Вахшонзамин низ (Тахти Сангин) дарёфт карда шудаанд. Тибки маълумоти мавчуда оромй ва суботи бадастомада дар ин давраи таърихй боиси рушд ва пешравии Бохтари Шимолй, бавижа Вахшонзамин гардид. Тибки маълумоти сарчашмахои бостоншиносй шахракхои Вахшонзамин - Тахти ^убод, Тахти Сангин, Хдлевард, Вахшон ва Леваканд ба хамин давра шомиланд. Ин шахракхо дар минтакаи мухталифи Водии Вахш чой гирифта, то асрхои миёна мавчуд будаанд. Омузиши ин ёдгорихо ва инчунин осори Кухнакалъа, ки дар канори Вахш истодааст, аз санъати баланди меъморй ва калъасозии Бохтари кадим, алалхусус мардумони Вахшонзамин шаходат медиханд [17, 155].
Дар анчоми хазорсолаи охирини пеш аз милод ва ибтидои хазорсолаи мелодй Бохтар, аз чумла водии Вахш ба хучуми кучманчиёни Осиёи Марказй дучор омад. Дар Бохтар тохарихо маскун гирифтанд. Аз хамин давра «Бохтар» номи худро охиста-охиста ба номи нави Кушоншахр, Кушониён ё тохарихо (баъдан Тохаристон) табдил дод [35, 4]. Доир ба таърихи ин давра бештар хафриётхои бостоншиносй ва сарчашмахои хаттии чинй ба мо маълумот медиханд. Мувофики тангахои аз Бохтари сохили рост бозёфтшуда, Точикистони чанубй пурра ба давлати Кушониён дохил мешуд [26, 419].
Дар маъхазхои хитойй Вахш бештар бо номи У-ша ифшо шудааст. Тибки маълумоти сайёхи Чин Сюан Сзан мулки У-шу (У-се), яъне Вахш дар шарки дарёи Фо-сзу чойгир будааст. Сарчашмахои чинй Вахшро маркази маъмурии тамоми вилояти Хуттал меноманд [9, 88].
Асрхои IV-V мелодй дар таърихи Вароруд давраи мухим махсуб меёбад, зеро пас аз пошхурии давлати Кушониён минтака ба мулкхои алохида таксим гардид. Дар кисмати чанубии Вароруд Тохаристон ва Марв нуфузи сиёсй пайдо карданд. Х,удуди Тохаристон бо марзхои Бохтари кадима мувофикат менамуд ва Шимолии Афгонистону чанубии Точикистон ва Узбакистони имрузаро дар бар мегирифт. Дафриётхои водии Вахш -Кофиркалъа ва Ачинатеппа доир ба таърихи ин давраи минтака маълумоти фаровон медиханд. Шахраки Кофиркалъа - бокимондахои маркази мулки асримиёнагии Вахш мебошад, ки тибки гузориши бостоншиносон аз се маданият - маданияти охири давраи Кушониён, нимаи дуюми асри VI ва нимаи аввали асри VII ва маданияти нимаи дуввуми асри VII ва нимаи аввали асри VIII-ро дар бар мегирад. Ковишхои бостоншиносй мавчудияти ибодатхонаи буддоиро дар Кофиркалъа тасдик намуданд. Осори дигари мухими ин давраи Вахшонзамин бозёфти ибодатхонаи буддой дар Ачинатеппа мебошад, ки ба асрхои VII - VIII тааллук дорад [11, 222].
Мавчудияти хоктеппахои зиёд аз чумла, Ачинатеппа, Шypтеппа, ^ypFOнтеппа, Дасантеппа, Чоpгyлтеппа, Мypдатеппа, ^овунтеппа, Заpтеппа ва Fайpа махз ба асpи VII-VIII тааллук Доpад. Тахмин меpавад, ки ин теппахо ду таъинот доштанд. Якум, хамчун дидбонгох баpои аз баландй назоpат каpдани мавзеи водии Вахш бо назаpдошти хифзу амният аз тохтутози ачнабиён. Дуюм, теппахои дypyFин баpои гул задани душманони мазхаби буддоиён пеш аз даp Ачинатеппа пинхон каpдани аносиpxои дини буддой ва таpк каpда pафтани ин мавзеъ аз таpафи бyтпаpастон.
Дамзамон, даp асpxои IV-V мелодй болоpавии зиpоаткоpй даp тамоми водихои Ваpоpyд, аз чумла водии Вахш мушохида мешавад. Даp Вахшонзамин шабакаи обёpии сунъии хеле пешpафтаи Ч,yйбоp ташаккул ёфта буд, ки осоpи он то имpyз (баpаш 15 м ва баландияш 2,5 м) бокй мондааст [24, 48].
Доиp ба таъpихи Вахшонзамин даp давpаи аpафаи истилои аpаб маълумоти гyногyнpо метавон аз саpчашмаxои чинй ва асаpxои муаллифони аpабy фоpсизабон пайдо намуд. Тибки маълумоти маъхазхои чинй даp нимаи аввали асpи VII мулки Вахш нихоят васеъ гаpдида, тамоми худуди миёноб ва поёноби даpёи Вахш ва инчунин, кисми Хyталонpо низ даp баp мегиpифтааст. Пас аз Fалаба ба тypкxо даp соли 657 чинихо «Кишваpxои Fаpб»-pо аз нав ба вилоятхо гypyxбандй намуданд. Аз чумла, даp маъхазхо Хутал ба сифати вилояти алохида - вилояти панчум бо номи Као-фу бо маpказаш шаxpи У-ша, яъне Вахш номбаp шудааст. Ба хайати вилояти Као-фу ду мулк -У-лин бо маpказаш шаxpи Ко-ло-кян (Дулбук) ва мулки Хю-ми (Кумед) бо маpказаш шаxpи У-ше-ке, яъне Вашгиpд дохил мешуданд [ 1G, 10]. Аз ин маълумот баpмеояд, ки даp ибтидои нимаи дуюми асpи VII худуди мулки Вахш боз хам васеътаp гаpдида, Вашгиpд бо Кумед ва кисми Хyталонpо даp тобеияти худ фаpо гиpифтааст.
Тибки маълумоти сиккашиносй аз нимаи дуюми асpи VII то нимаи дуюми асpи VIII даp хавзаи даpёи Вахш тангахои миссии даp байнаш сypохии мyдавваp дошта даp муомилот буданд. Даp ин тангахо тамFаи авлодии шакли мypаккаб бо тасвиpи 4 иеpоглифи чинй тачассум ёфтааст. Намуди дигаpи тангахои Вахш навиштачоти омехтаи тохаpию сyFдй доштанд ва баpои конеъ намудани талаботи дохилй сикка зада мешуданд [29, 136-167].
Даp манбаъхои аpабy фоpсизабони таъpихию чyFpофии ибтидои асpxои миёна, пеш аз хама даp асаpxои Истахpй, ибни Давкал, Табаpй низ доиp ба мулкхои алохидаи Тохаpистон маълумот дастpас мегаpданд. Даp pадифи Балх, Тиpмиз, ЧаFOниён, Аxоpyн, Шумон, К^убодиён, Вахшгиpд, Хуталон, Бадахшон, Кумед, Шакинон, Вахон хамчун мулки алохида Вахш низ номбаp мешавад. Масалан, Истахpй Хyталpо даp таpкиби Моваpоyннаxp хонда, онpо аз ду вилоят - Хутал ва Вахш медонад. У менависад: «Вахш бyзypгтаpин шаxpе даp Хутал ва даp миёни саxpо ниходааст» [25, 218, 233, 234, 271]. Доиp ба шаxpxои тобеи Вахш Истахpй танхо Далеваpд ва Левакандpо номбаp мекунад. Даp «Дудуд-ул-олам» омадааст, ки «Далеваpд касабаи Вахш аст. Шаxpест бо кишту баpз ва pyстоxои бисёp ва маpдyмони тиpандоз ва чангй» [40,69]. Даp хамин манбаъ доиp ба касабаи дигаpи Вахш омадааст, ки «Леваканд аз Вахш аст. Ч,оест, ки аз вай гуспанди вахшй хезад» [40, 69].
Даp шаpxи В.Ф.Миноpский баp "Дудуд-ул-олам" омадааст, ки даp тули Вахшоб се шаxpи калон - Тамлиёт, Далеваpд ва Леваканд чойгиpанд. Шаxpи Тамлиёт (тибки маълумоти Истахpй) дакикан даp Шиpгyзоp, наздики гиpдоби Вахш вокеъ шудааст [40, 378-379]. Вале В.Ф.Миноpский исбот мекунад, ки Деловаpд даp ^ypFOнтеппа ва Леваканд бошад, даp Сангтудаи Вахш вучуд доштааст [4G, 378-379]. Даp баpобаpи ин, бо такя ба Истахpй ва ибни Хypдодбеx таъкид мекунад, ки "Вахш бyзypгтаpин шаxpе аст даp Хутал ва даp миёни саxpо ниходааст" [40, 379]. Доиp ба мавчудияти шаxpи алохида бо номи Вахш Яъкубй ва А.Беpyнй низ маълумот медиханд, вале xаpдy муаллифон оид ба Леваканд хабаpе манзyp намесозанд. Ба фи^и А. Беленитский ин муаллифон зеpи мафхуми шаxpи Вахш хамон Левакандpо даp назаp доpанд. Бо маълумоти А. Беpyнй Вахш (Леваканд) даp чанубии Далеваpд чойгиp будааст, Истахpй бошад Далеваpдpо поёнтаp аз Леваканд наздикии pезишгоxи Вахш чой медихад. А. Беленитский даp ин масъала дypyстии фикpи Истахpиpо чонибдоpй менамояд [9, 89].
Вокеан доир ба мавкеи чойгиршавии шахрхои водии Вахш миёни мухаккикон бахсу талошхо идома дорад. Ба акидаи А. Беленитский, ки яке аз аввалин мухаккикони таърихи кадими водй мебошад, Далевард дар чойи шахраки Лагмон (23 км дуртар аз Кургонтеппа) чойгир будааст [9, 97]. Ба акидаи Б. Еафуров ва Б. А. Литвинский дар ибтидои асрхои миёна маркази водии Вахш дар чойи хафриёти Кофиркалъа мавкеъ дошт [17, 315; 33, 17]. Бозёфтхои баъдинаи бостоншиносй мухаккиконро ба хулосае овард, ки Кофиркалъа махз хамон Далеварди ибтидои асрхои миёна мебошад [3, 91-93; 4, 167] ва ин шахр соли 750 аз тарафи арабхо гасб ва пурра хароб карда шудааст [5, 178]. Аммо муаллифони асари шашчилдаи "Таърихи халки точик" Кофиркалъаро шахраки мустакил хисобида, макони чугрофии Далевардро дар наздикии дехаи Узун (шахраки Лагмон) медонанд [27, 198-199, 350].
Тибки хафриётхои бостоншиносии даврони Истиклолият низ шахраки Лагмон бокимондахои шахри Далевард хисобида мешавад. Бостоншиносон мукаррар намуданд, ки ин шахр дар асрхои II - IV мелодй бунёд ёфта, дар асрхои VI- VIII низ арзи хастй кардааст, вале давраи болоравии он ба асрхои X - ибтидои XIII рост омада, дар натичаи истилои мугулхо мисли садхо шахрхои дигар нобуд гардидааст [11, 167, 209].
Доир ба мавкеи чойгиршавии Леваканд низ нуктаи назари ягона мавчуд нест. Ба акидаи академик В. Бартолд Леваканд дар наздикии дехаи Сангтуда [6, 119], тибки назари А. Беленитский он дар назди Каунтеппа [9, 97] ва бо диди Т.И. Зеймал он дар чойи шахри хозираи Кургонтеппа чойгир будааст. Дар китоби шашчилдаи "Таърихи халки точик" пешниходи А. Беленитскийро тарафдорй намуда, Леваканд ва Вахшро як шахр медонанд [27, 350].
Донишмандон Е.А.Давидович, А.В.Зеймаль, Т.И.Зеймаль ва бостоншинос Ю.Якубов исбот мекунанд, ки шахри Леваканд дар махаллаи Сарбанди наздикии дехаи Кизилкалъа вучуд доштааст.
Ба хар хол бо такя ба маълумоти дар боло зикршуда, метавон хулоса намуд, ки назари дар худуди Кофиркалъа чой доштани шахри Далевард ба хакикат наздиктар мебошад, зеро дар асрхои VII -VIII дар ин чо зарробхона мавчуд буд, ки тангахои "тохарии" Вахш бо сурохии мудаввар сикка зада мешуданд [29, 121-122]. Зиёда аз ин дар яке аз толорхои хокими асри VII сафолпорае бозёфт шуд, ки дар болои он бо хуруфоти арабй "Далевард" навишта шудааст [29, 121].
Пас аз истилои арабхо ва пурра нобуд шудани Далевард маркази нави водии Вахш 12 км дуртар аз шахри кухна дар самти шимолу гарбии Кофиркалъа, ки пештар шахраки хурде чой дошт, бунёд гардид. Дар асрхои миёна ин шахр номи тоисломии худ Далевардро нигох медошт. Ба акидаи А. Беленитский шахри нави асримиёнагии Далевард дар чойи шахраки Лагмон ё Золи Зар, ки дар наздикии дехаи Узун дар сохили чапи дарёи Вахш (дар масофаи 25 км аз Кургонтеппа ва 12 км аз маркази нохияи Ч,. Балхй) аз нав бунёд гардидааст [10, 38].
Аввалин шахрак дар худуди Лагмон хануз дар асрхои III- IV пайдо шуда буд ва пас аз истилои арабхо он ба шахри калоне мубаддал гардид ва то истилои мугулхо мавчуд буд. Зарробхонаи асримиёнагии Вахш дар хамин шахр чой дошт [19, 262]. Шахри асримиёнагии Далевард соли 1221 аз тарафи лашкари мугул ба хок яксон карда шуд [36, 207, 218].
Дамин тарик дар асоси гуфтахои боло метавон таърихи шахри Далевардро ба ду мархала чудо намуд. Мархалаи аввал давраи то истилои арабхо ва чойгиршавии шахр дар худуди Кофиркалъа ва мархалаи дуввум ин аз навбаркароршавии Далевард дар наздикии Лагмон ва мавчудияти он хамчун маркази Вахшонзамин то истилои мугулхо.
Сарчашмахои таърихй мавчуд будани шахри сеюм - Вахшро низ таъкид менамоянд, ки баъзе аз онхоро мо аллакай зикр намудем. Махсусан, доир ба мавчудияти ин шахр сарчашмахои чинй ва навиштахои муаллифони асримиёнагй бештар маълумот медиханд. Тибки маълумоти Яъкубй дар асри IX Вахш шахри калоне будааст ва якчоя бо Далевард ба Дошим ибни Баничур мансубият доштааст [45, 291]. Бо маълумоти А. Берунй шахри Вахш дар сохили Вахшоб чойгир будааст, вале Самъонй онро шахри на
он кадаp калон даp Хатлон номидааст ва таъкид намудааст, ки даp он чо касpy аxpомxои зиёди шохони кадима чой доштаанд. Даp фаpxангxои кадимаи фоpсй Вахш шаxpе даp Ваpоpyд аст. Муаллифи беноми асаpи "Том ат - тавоpих" шаxpи Вахшpо даp давpаи Темypиён "^алъаи Вахш" меномад ва худуди тобеи онpо "Вахшвоp" мегуяд [30, 9]. Даp баъзе фаpxангxо вожаи "вашй" ба маънои "мансуб ба Вахш, ки шаxpе буда даp Хатлон ва даp каноpи Чдйхун" шаpx ёфтааст. Вашй ба ду маъно аввал маpдyми шаxpи Ваш ва дуввум номи матои латифу зебо аст. Даp шаxpи Ваш матои латифи абpешимин мебофтаанд ва гоххо онpо заpдyзй хам мекаpдаанд [22, 100]. Акидае низ чой доpад, ки шаxpи Вахш номашpо на аз даpёи хамном, балки аз маъбади Окс (Вахш) гиpифтааст ва шояд даp чойи Тахти Сангин мавкеъ дошта бошад. Тибки маълумоти бостоншиносон Fайp аз шаxpxои номбаpшyда даp худуди водии Вахш хаpобаxои шаxpy шаxpакxои дигаp ба мисли Кyxнашаp (зиёда аз 10 га), даp сохили канали Кофиp, Кофиpтеппа даp сохили дигаpи хамин канал (наздики 9 га), Чоpгyлтеппа низ дастpас шудаанд, ки то истилои мyFyлxо мавчуд будаанд.
Даp асоси ин тахлилхо метавон хулоса намуд, ки даp асpxои миёна даp Вахшонзамин баpобаpи Далеваpд, Леваканд, шаxpи pyшдёфтаи дигаpе бо номи Вахш ва шаxpакxои зиёди дигаp доман гyстypда будаанд. Аксаpияти ин шаxpxо даp натичаи истилои ачнабиён, пеш аз хама Fасби ин саpзамин аз таpафи аpабxо даp асpи VIII ва мyFyлxо даp асpи XIII ба фано pафтаанд.
Доиp ба маънои номхои чyFpофй ё топонимхои водии Вахш то имpyз назаpи ягона чой надоpад. Даp фаpxангxовy донишномахо ва дигаp маъхазхои хаттй шаpxy тафсиpxои гуногун мавчуданд. Топоними Леваканд аз лихози пайдоиш калимаи аслии точикй буда, шакли онpо метавон даp сатхи забони эpонии бостонй бозсозй намуд. Зоxиpан ин ном даp давpаи забонхои эpонии миёна шакл гиpифта бошад ва азбаски ин нуктаи ахолинишин даp минтакаи гyстаpиши забони бохтаpй (балхй) мавчуд аст, пас онpо хамчун номе, ки аз забони бохтаpй гиpифта шудааст, шаpx бояд дод. Ин калима аз pyи сохтоpаш мypаккаб буда, таъpихан аз ду чузъ - leva- ва -kand ибоpат аст. Ч,узъи дувуми ин ном -kand <эpонии бостон *kanta, яъне шаxp аст ва даp номхои чyFpофии Осиёи Маpказй ва минтакахои маскунии маpдyмони точиктабоp ва эpонитабоp хамчун yнсypи номсоз (топофоpмант) бисёp ба назаp меpасад, аз чумла Кухканд, Бодканд, Чимканд, Панчиканд, Тошканд, Самаpканд, Леваканд, Бошканд ва Fайpа.
Шакл ва маънои чузъи аввали ин ном leva мебошад. Олимон баp ин назаpанд, ки leva- шакли калимаи бохтаpист, ки аз вожаи оpиёй ё эpонии кадимаи *daiva- (daeva-) маншаъ гиpифтааст, ки маънои аслии он «эзад» ё Худованд аст. Ё худ калимаи "лив", мохиятан яке аз номхои хypшед, яъне офтоб мебошад. Аз ин py, шаxpи Леваканд маънои шаxpи Хypшед ё шаxpи Эзадиpо доpад.
Ба акидаи забонишиноси шинохта А. Миpбобоев, азбаски шаxpи Даловаpд даp минтакаи гyстаpиши забони бохтаpй чойгиp буд, номи онpо низ аз ин забон бояд чуст. Ин ном даp осоpи асpxои миёнаи точику фоpс ба сypати сабт гаштааст ва шакли
кадимии онpо ба сypати *hala-barta > *hala-varta- метавон бозсозй намуд. Баpхе аз соxибназаpон баp ин акидаанд, ки чузъи охиpи ин вожа аз pешаи бостонии war- маншаъ гиpифта, бо вожаи «боpа» ба маънии «девоp» pабт дошта бошад ва аз ин py онpо хамчун «шаxpи девоp», "шаxpи боpа" ё "шаxpи девоpдоp" ва ё чун "шаxpи бо девоp саpбаста аст" метавон чун "шаxpи саpбанд" маънигyзоpй каpд. Маънии чузъи аввали он низ ба бино, сохтмон ва дигаp калимахои аз лихози маъной наздик ба он pобита доpад. Бо вучуди мушкилоти бозсозии шаклу маънии таъpихии калима як нукта мусаллам аст, ки ин номвожа калимаи аслии точикй буда, pешаи таъpихии он ба давpони бостон pост меояд.
Даp асpxои VI - VII Точикистони Чднубй як кисми худуди мyктадиpи Тохаpистонpо ташкил медод, ки он 27 мул^о даp ду таpафи Амyдаpё муттахид мекаpд. Яке аз он мyлкxоpо Вахш ташкил медод. Вале даp натичаи истилои тypкxо (Доконии Fаpбии тypк) ва чангхои байнихудии саpкаpдаxои xаpбии тypк ин иттиходияи мyктадиp ба мулкхои зиёди алохида таксим шуд. Даp як мулк сохиби лашкаp буд ва мустакилона амал мекаpд. Хутал ва Вахш тибки маълумоти саpчашмаxо ба Тохаpистони боло
шомил буданд. Хутал он вакт тамоми мулкхои Хутал ва Вахш, инчунин тамоми нохияхои чанубиро аз чихати сиёсй дар тобеияти худ дошт. Дар хамин вакт (асри VIII) ин сарзамин мисли дигар манотики Вароруд мавриди хучуми истолагорони араб карор гирифт. Хуталон бори аввал соли 725 ба хучуми арабхо гирифтор шуд, ки дар он волии араб Асад ибни Адуллох шикаст хурд ва шармандавор ба Балх баргашт. Баъди 12 сол -соли 737 хучуми дуюми арабхо ба вукуъ омад ва новобаста аз муковимату далерй ва шучоати мардум арабхо пируз омаданд ва тамоми Хуталонро сохиб шуданд. Окибати истилои арабхо ба мардуми эронинажоди Вароруд хеле гарон афтид, шумораи зиёди ахолй кир карда шуд, шахрхо, вохахо ва мулкхои обод харобу валангор гардиданд. Аз чумла, маркази аввалии Вахшонзамин Далевард низ тибки баъзе маълумотхо соли 750 ба харобазор табдил ёфт. Баробари ин дин ва забони арабй ичборан дар байни ахолй пахн гардид.
Дар асрхои IX - XII навохии Точикистони Чднубй асосан ба хайати Хутал шомил буданд ва то андозае мустакилона амал мекарданд. Вахш аз чихати сиёсй ба Хутал нигох мекард. Ба гуфтаи Мукаддасй Хуттал бо худуд, боигарии табий ва рушди иктисодй аз Чагониён калонтару пешкадамтар буда, расман дар тобеияти Сомониён хисоб меёфт. Хуттал дар асл мустакилияти худро нигох медошт ва ба Сомониён на андоз, балки тухфахо мефиристод [23, 281].
Пас аз пош хурдани давлати Сомониён Хуталону Вахш чузъи таркибии каламрави Еазнавиён буданд. Соли 1038 Буритегин (Иброхим ибни Наср)-и карахонй ба Чагониён, Хуталон ва Вахш хучум намуда, онхоро горат мекунад. Дар чавоб ба ин Масъуди Еазнавй (1030-1041) 18 декабри соли 1038 аз Ому гузашта ба Чагониён ва аз он чо 9 январи 1039 ба Шумон меояд [18, 31]. Пас аз шикасти Еазнавиён Хуталон як муддат (солхои 1038-1063) мустакил буд, аммо соли 1063-64 Алп-Арслони Салчукй ба Хатлон хучум намуда, онхоро ба давлати Салчукиён хамрох кард [18, 33]).
Дар миёнаи асри XII (солхои 1141-1142) ба Вароруд мавчи калони кабилахои карахитойихо ворид шуданд, ки лашкари онхо аз кабилахои гуногуни гайримусулмони туркнажод - кипчокхо, хитойихо, уранихо (аз авлоди кипчокхо) иборат буд. Ба акидаи Еоибов Е. карахитойихо дар солхои баъд Чагониёну Хуталон ва дигар мулкхоро ба тасарруфи худ дароварданд, шояд бокй мондани дехахо бо номхои хитой, кипчок дар худуди Дисору Кулоб аз хамин сабаб бошад [18, 33].
Дар арафаи истилои мугулхо Вахшонзамин як муддат дар хайати давлати точикони Еур буд. В. Бартолд менависад, ки Вахш дар катори дигар мулкхои Еуриён дар сарчашмахо номбар шудааст [7, 556]. Султон Еиёсиддини Еурй мулкхои сохили рости Ому Вахшу Шугнону Бадахшонро ба давлати Еуриён хамрох мекунад. Пас аз шикасти Еуриён (соли 1215) Хатлону Шумону Чагониён ва аз чумла, Вахшонзамин ба давлати Хоразмшохиён хамрох карда шуданд.
Бахоуддини Валад, падари Чдлолуддини Балхй солхои 1203-1210 бо оилааш дар Вахш икомат доштааст ва доир ба давраи зиндагии хеш борхо дар китобаш "Маориф" ишорахо низ кардааст. Аз чумла, дар чилди дуввуми "Маориф" аз тарафи Еуриён тасарруф шудани Вахшонзаминро зикр намудааст. Бахоуддини Валад пеш аз тарки Вахш ба суи Самарканд менависад: "Ба дилам омад ба Вахш, ки чй гуна дигарон ба Самарканду Багдоду Балх ва ба шахрхои чалил мебошанд ва ман дар ин кунче монда?" [8, 138]. Баъдан Чдлолуддини Балхй дар "Маснавй" ёди овони кудакй намуда менависад:
Ацли цузвй уамчу барц асту дурахш, Дар дурахше кай тавон шуд суи Вахш.
Вокеан асрхои X - XII новобаста аз кашмакашхои сиёсии сулолавй ва даргирихои сиёсй давраи болоравии мулкхои худуди Точикистони Чднубй гардида буд. Махз дар хамин давра водии Вахш ба яке аз марказхои кишоварзй мубаддал мегардад ва барои обёрй дар ин чо канале (Кофир) мавчуд буд, ки 100 км дарозй дошт. Эхёи дуюмбораи Далевард хамчун маркази Вахшонзамин (дар худуди Лагмони хозира) ба хамин давра рост меояд. Бозёфти хизонаи асбобхои биринчии бо санъати баланд сохташуда аз харобахои ин шахр низ аз маркази калон будани он гувохй медиханд.
Саpзамини Ваpоpyд даp ибтидои асpи XIII ба хучуми истилогаpони мyFyл гиpифтоp шуд, давлати Хоpазмшоxиён, ки Вахш низ шомили он буд, аз ухдаи мухофизати маpзy буми худ набаpомад ва химояи ватанpо ба души ахолй паpтофт. Мухаммад Хоpазмшоx хатто даp аpафаи хучуми мyFyлxо лашкаppо ба кисмхои алохида таксим намуд ва аз чумла, як микдоpи онpо бо саpдоpии Балхамypхон ба Вахш, Огулчик Маликpо ба Хуталон фиpистод [18, 36]. Ин буд, ки ypдyи мyFyл даp муддати кутох (зиёда аз сад pyз) калонтаpин шаxpxои Ваpоpyдpо истило намуда, ба мавчудияти давлати Хоpазмшоxиён хотима дод. МyFyлxо пас аз ишFOли Вахшонзамин, ахолии онpо саpосаp киp каpданд ва шаxppо ба хаpобазоp табдил доданд.
Тибки маълумоти Ибни Асиp Чингизхон "кисми дигаpи лашкаppо ба Кулоба, ки он мyстаxкамтаpин ва yстyвоpтаpин калъаест даp як таpафи Чдйхун фиpистод" [18, 36]. Рашидаддин менависад, ки ба дастаи ба Вахшу Толикон фиpистода Алак нуйин ва Ясавyp аз кабилаи чалоиp фаpмондеxй мекаpданд [6, 487]. МyFyлxо Хутталону Вахшонзаминpо низ ба зудй ишFOл намуда, шаxpy вохахои ободи он, аз чумла шаxpи Далеваpдpо ба хаpобазоp табдил доданд.
Дучуми мyFyл ба нуфузи этникии минтака таъсиpи чиддии манфй pасонид ва даp баpобаpи вypyди ypдyи Чингизу чингизиён кабоили нави тypкy мyFyли саxpогаpд ба Ваpоpyд воpид шуда, онpо чойи сукунати доимии худ каpоp доданд. Даp замони хонхои минбаъдаи мyFyл низ сиёсати давлатии мyxочиpкyнии мyFyлxо ба заминхои ишFOлкаpда ва маскyнгаpдонии онхо, ба хотиpи мустахкам намудани маpз ва нигох доштани теъдоди нажодии худ сypат гиpифт. Аз навохии точикнишин танхо кухистони Бадахшон ва кисми Кухистони Fyp аз таpафи мyFyлxо истило нашуда буданд. Py оваpдани ахолии точикзабони минтака ба кухистон махз даp давpаи истилои мyFyл ва мавчудияти улуси ЧаFатой ба вукуъ омада буд. Лашкаpкаши аpманй Смбат Спаpапет, ки соли 1247 аз ин минтакахо дидан намуда буд, натичаи катлу Fоpат ва хаpобкоpиxои мyFyлонpо бо ду чашми саp дида, хулоса мекунад, ки агаp мyбоpизаи дypy даpози точикон намебуд, мyFyлxо кодиp буданд кулли оламpо ишFOл намоянд.
Таъpихи минбаъдаи Вахшонзамин бо таъpихи мулкхои дигаpи точикнишини Ваpоpyд, ба саpи кyдpат омадани хонадонхои Темypy темypиён, Шайбониён ва Аштаpхониёнy МанFитиён пайвастагй доpад. Агаp давpаи Темyp баpои мулкхои Ваpоpyд, аз чумла Вахшонзамин оpомии кутохмуддате ба миён омада бошад, пас аз воpидшавии кабилахои кучии Дашти Кипчок вазъи сиёсию минтака ба куллй таFЙиp ёфт. Вахшонзамин хам мисли мулкхои дигаp пайваста манбаи кашмакашу даpгиpиxо ^pop гиpифта, 6opxo аз дасти як хонадон ба хонадони дигаp гузашта буд. Вале новобаста аз нооpомиxо то солхои 70-уми асpи XIX мулкхои Бyхоpои Шаpкй даp холати мустакилу нимустакил каpоp доштанд.
Солхои 70-уми асpи XIX даp натичаи лашкаpкашии амиpи Бyхоpо бо дастгиpии импеpияи Россия мулкхои Бyхоpои Ш^кй ба амоpат xамpоx каpда шуданд. Пас аз xамpоxшавй Вахшонзамин хамчун бекии алохида бо номи K^pFO^^^ даp хайати амоpат ташкил ёфт. Тибки маълумоти мухаккикони pyс худуди бекигаpй 1/40 кисми амоpатpо ташкил медод [13, 14-67].
Вазъи ичтимоию иктисодй ва илмию фаpxангии Вахшонзамин пас аз истилои мyFyлxо комилан таFЙиp ёфта, аз саpзамини ободу зебо ва сеpаxолй ба мулки хаpобy акибмонда ва маскани кабилахои кучию нимкучй мубаддал гаpдид. Ба замми он бо воpидшавии Шайбониён даp асpи XVI ба ин минтака вазъияти Вахшонзамин боз хам хаpобy валангоpтаp гаpдид.
Вахшонзамин, ки аз кадим маскани кавму кабилахои точиктабоpон буд, бо истилои аpабxо, баъдан мyFyлxовy каpахитойиxо ва кабоили кучии Дашти Кипчок, солисан шайбонихою ахли манFит ба ин минтака кавму тоифахои бегона ба хотиpи истилои ин маpзy бум мавч-мавч воpид шуданд. Тибки маълумоти мухаккикони pyс даp поёноби Вахш, яъне даp Вахшонзамин кабилахои гуногуни кучиву нимкучии катаFан, дypман, тоз, темез, бypка, тyFyл, калyF, тypкман, ^raypo^ узбак, лакай, каpакиpFиз, батош ва даххо кабилахои тypкзабон воpиди ин саpзамин гаpдиданд. Ахолии бумии минтака -точикон танхо даp дехоти кухистон ва атpофи куххо, он чое ки об, махсусан оби зулоли
чашма, руддо равон буданд, маскан ихтиёр карданд. Тамоми Вахшонзамин ба тугайзори касногузар ва чарогоди мол табдил дода шуд. Тандо дар замони Шуравй ва сипас дар замони Истиклолият бо шарофати ба ватани ачдодии хеш баргаштани точикон ин водии зархез ба минтакаи кишоварзй, саноатй ва илмиву фардангй мубаддал гашт. Тавассути ободкоридои точикон дар ин давра даддо шадру нодиядои зебо аз нав бунёд ва обод гардида, симо ва дусну таровати точикона ба бар карданд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Абурайдон Берунй. Осор-ул-бок,ия. - Душанбе: Ирфон, 1990.
2. Ариан. Поход Александра. Пер. с древнегреч. М.Е. Сергеенко. М.-Л., 1962.
3. Археологические работы в Таджикистане. -Душанбе, 1957.
4. Археологические работы в Таджикистане. -Душанбе, 1984.
5. Археологические работы в Таджикистане. -Душанбе, 1987.
6. Бартольд В.В. Сочинение. Т.1. -М. Наука. 1963.
7. Бартольд В.В. Сочинение. Т.З. -М.: Наука. 1965.
8. Бадоуддини Валад. Маориф. Ч,.1.
9. Беленицкий А.М. Отчёт о работе Вахшского отряда в 1947г.// Историко-географический очерк Хутталя с древнейших времен до Х в. н.э. -Душанбе, 2004.
10. Белиницкий А.М. Историко-географический очерк Хуталя с древнейших времен до Х в. н.э. -Душанбе, 2004.
11. Бобомуллоев С. История изучения археологических памятников Южного Таджикистана. -Душанбе, 2010
12. Бурдони Котеъ. Ч,. 1-2. - Душанбе: Адиб,1993.
13. Гаевский П. Курган-Тюбинское бекство. ИРГО. М., 1924.
14. Еиёс-ул-лугот. Ч.2. - Душанбе, 1989.
15. Геродот. История. Пер. с древнегреч. Ф.Г. Мищенко. М., 2014.
16. Гафуров Б.Г., Цибукидис Д.И. Александр Македонский и Восток. - М.: Наука, 1980.
17. Еафуров Б. Точикон. Таърихи кадимтарин, кадим ва асрдои миёна. Китоби якум. - Душанбе,
1998.
18. Еоибов Е. Таърихи Х,исори Шодмон, Чагониён ва Душанбе. -Душанбе, 1999.
19. Давидович Е.А. Монетные находки на территории Таджикистана, зарегистрированы^ в 1970 г.// АРТ, вып. 10. М.1973.
20. Девонакулов А. Асрори номдои кишвар. - Душанбе: Ирфон, 1989.
21. Диодор Сицилийский. Историческая библиотека. Пер. с греч. на росс. язык И. Алексеевым. Ч.1-6. СПб., 1974-1975.
22. Доро Начот. Фарданги Доро. - Душанбе, 2012.
23. Древности Таджикистана. - Душанбе, 1985.
24. Зеймаль Т.И.Древние и средневековые каналы Вахшской долины// Страны и народы Востока. М., 1971. Вып.10.
25. Истахрй, Абуисдок Ибродим. Мамолик ва масолик.Тарчумаи Мудаммад ибни Асъад ибн Абдуллоди Тустарй. - Тедрон, 1373.
26. История таджикского народа. Т.1.Древнейшая древняя история. - Душанбе, 1998.
27. История таджикского народа. Т. 2. Эпоха формирования таджикского народа. - Душанбе,
1999.
28. Квинт Куртций. Истории Александра Македонского. - М., 1963.
29. Литвинский Б.А., Соловьев В. Средневековая культура Тохаристана (в свете раскопок в Вахшской долине).М.: Наука, 1985.
30. Мухторов А. По следам прошлого. - Душанбе, 1982.
31. Негматов Н. Н. Таджикистан на пути к урбанизации. Культура первобытной эпохи Таджикистана (от мезолита до бронзы). - Душанбе: Дониш, 1982..
32. Пошанг М. Зебономдои ориёй. - Душанбе, 2012.
33. Прошлое Средней Азии. Душанбе, 1987.
34. Пугачёва Р.А., Ртвиладзе Э.В. Северная Бактрия-Тохаристан. - Ташкент, 1990.
35. Пянков И.В. Осиёи Миёна дар номадои бостон. - Душанбе: Ирфон, 1991.
36. Рашид ад-дин. Сборник летописей, в трех томах. Т1. Ч.2. М.-Л., 1952,
37. Советская энциклопедия. Т.4. М.1971.
38. Страбон. География в 17 книгах. М., 1964..
39. Убадй Х,офиз. «Тудфат-ул-адбоб ё фарданги Х,офизи Убадй». -Душанбе: Ирфон, 1992.
40. Х,удуд-ул-олам. -Душанбе: Бухоро, 2014.
41. Фарданги забони точикй. Ч.1. М., 1969.
42. Фарданги вожаи авестой. Дафтари сеюм. -Балх, 1369.
43. Фарданги тафсири забони точикй. Ч,.1. -Душанбе: Бухоро, 2015.
44. Энциклопедияи советии точик. Ч,.1. -Душанбе, 1978.
45. Яък,убй. Китоб-ал-булдон, 1967.
ВАХШ В ДРЕВНОСТИ И СРЕДНЕВЕКОВЬЕ
Вахшская долина является одним из древних историко-географических центров, который на протяжении древнего и средневекового периода занимал заметное место в политическом и социально-экономическом развитии Центрально-азиатского региона. Авторы статьи на основе всестороннего анализа имеющихся источников, археологических материалов и литературы, освещают древнюю и средневековую историю Вахша, которое как самостоятельное владение с городами Халевард, Леваканд, Вахш, Тамлиёт существовало до нашествия монголов.
В статье, также подробно анализируется историко-географическое, политическое состояние владений Вахша, история его археологического изучения, этимология термина «Вахш» и название его городов.
Ключевые слова: Вахш, владение, история, город, Халевард, Леваканд, Тамлиёт, археологическое изучение, историко-географическое территория, древний период, средневековье.
VAKHSH IN ANCIENT TIMES AND MIDDLE AGE
Vakhsh valley is one of the ancient historical and geographical centers, which during ancient and medieval periods occupied a prominent place in political, social and economic development of Centro-Asian region. The authors of the article on the base of the comprehensive analysis of the available resources, archeological materials and literature light ancient and medieval history of Vakhsh, which an independent possession with such cities as Khalevard, Levakand, Vakhsh, Tamliyot was till the Mongol invasion.
In this paper in detail are also analyzed historical, geographical and political conditions of Vakhsh possession, history of its archeological study, etymology of the world "Vakhsh" and the names of his cities.
Keywords: Vakhsh, possession, history, city, Khalevard, Levakand, Tamliyot, archeological study, historical and geographical territory, ancient time, middle age.
Сведения об авторах:
Саид Нуриддин Саид, доктор философических наук, профессор, член-корреспондент Академии наук Республики Таджикистан, министр образования и науки Республики Таджикистан (Республика Таджикистан, город Душанбе), e-mail: [email protected]
Убайдуллоев Насрулло Каримович, доктор исторических наук, проректор по науке Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни (Республика Таджикистан, город Душанбе), e-mail: nasrullokarimivich@mai. ru.
About the author:
Said Nuriddin Said, doctor of philosophy, Professor, corresponding member of the Academy of Science of the Republic of Tajikistan, Minister of education and science of the Republic of Tajikistan (Republic of Tajikistan, Dushanbe city), e-mail: mort@,maorif.tj
Ubaidulloev Nasrullo Karimovich, Doctor of historical sciences, Vice-rector for science of the Tajik State Pedagogical University named after S.Aini (Republic of Tajikistan, Dushanbe city), e-mail: [email protected].