ЗНАЧЕНИЕ ГОДА ПРЕДСЕДАТЕЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В ШОС ДЛЯ ДАЛЬНЕЙШЕГО РАЗВИТИЯ ЭТОЙ ОРГАНИЗАЦИИ
В статье рассматриваются результаты года председательства Республики Таджикистан в Шанхайской организации сотрудничества, которые были весьма значимыми для дальнейшего развития этой организации. Автор, на основе основополагающих документов ШОС, архивных материалов и других источников констатирует, что главным результатом года председательства Республики Таджикистан в ШОС было важнейшее решение глав государств-членов ШОС о расширение этой организации за счет государств-наблюдателей ШОС.
Ключевые слова: год председательства, расширение, государства- члены, наблюдатели, партнеры по диалогу, совещание, результаты, Индия, Пакистан, программа, план.
THE IMPORTANCE OF TAJIKISTAN CHAIRMANSHIP YEAR IN SHANGHAI COOPERATION ORGANIZATION FOR FURTHER DEVELOPMENT OF THIS
ORGANIZATION
The article describes the importance of Tajikistan chairmanship year in Shanghai cooperation organization, which was very important for further development of this organization. The other based on the main SCO document, archive materials and other souses concluded that the main results of the Tajikistan chairmanship year in Shanghai cooperation organization, was the decision of the heads of SCO members states about broadening of the organization at the expense of the SCO observers countries.
Key words: chairmanship year, broadening, member countries, observers, partners on dialog, meeting, results, India, Pakistan, program, plan.
Сведения об авторе: Холикназар Худоберди, кандидат исторических наук, директор Центра стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан, e-mail: [email protected]
Information about the author: Kholiknazar Khudoberdi., PHD in history, Director of the Center for strategic researches under the President of Tajikistan
ШУРИШИ ВОСЕЪ - ЭЪТИРОЗИ БУЗУРГИ МАРДУМИИ ЗИДДИ НИЗОМИ АМОРАТИ БУХОРО
Пирумшоев
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни
Дар таърих ва хотири халкхо вокеахое бештар бокй мемонанд, ки ба муборизаи озодихохй алокаманд мебошанд. Номи кахрамононе, ки барои тантанаи адолат чон нисор мекунанд, хамеша боиси ифтихор ва вачди наслхо бокй хохад монд. Шуриши Восеъ аз хамин чоннисорихои рохи адолат буда, дар хотираи халк абадй накш бастааст. Восеъ чун намунаи баланди часорату мардонагй алайхи зулми феодалию режими амирии замони салтанати мангития дар таърихи чунбишхои халкии Осиёи Миёнаи давраи охири феодалй макоми хоса дорад.
Шуриши Восеъ чун зухуроти олии норозигии халки мехнаткаш тасодуфй сурат нагирифтааст. Ин амали шучоатмандию далерй натичаи конунии он зидияти ичтимоие буд, ки дар баробари пурзур гардидани зулми феодалй тезу тунд шуданд. Истисмори феодалй махсусан охири солхои 60-70-ми асри XIX, баъди ба аморати Бухоро пурра хамрох кардани мулкхои мустакилу ниммустакили Бухорои Шаркй: Бойсун, Дехнав, Кабодиён, К^ургонтеппа, Дисор, Кулоб, Балчувон, Каротегин ва Дарвоз боз бештар суръат гирифт.
Сохтори идораи маъмурии Бухоро асосан барои зулму асорати мехнаткашон мувофик карда шуда буд. Дар он вазифахои хукукии намояндагони маъмурии марказй ва махаллй, гарчй бояд дар асоси танзими ба талаботи шариат мувофик рохандозй мешуданд, вале амалан аз руи анъанахои харчи бештар ба маъмурин манфиатбахш, пеш бурда мешуданд. Аз ин муносибати доирахои маъмурй ва дар мачмуъ вазъи ичтимоию иктисодии бекигарихои Бухорои Шаркй дар катори маъхазхои расмии махаллй, мероси
79
аз худ бокигузоштаи мyxаккикини pyс, ки даp нимаи дуюми асpи XIX - ибтидои асpи XX ба амоpати Бyхоpо, хосатан ба Бyхоpои Ш^кй сафаpxои коpию илмй ва саёxати ихтиёpй доштаанд, pавшан гyвоxй медиxад. Даp маколоту коpxои таъpихию чyFpофй, маpдyмшиносию лингвистй, ёддошту сафаpномаxо, xисоботy гyзоpишxои pасмии аз худ бокигузошта онxо маълумоти зиёде оваpда шудааст, ки ягон мyxаккики соxибназаpи ин зинаи таъpихии халки точик аз ин хазинаи бебаxои маъхазй саpфи назаp каpда наметавонад.
Бояд кайд каpд, ки даp маълумоти доиp ба вазъи сиёсию ичтимой ва иктисодй оваpдаи муаллифони pyс, ки голибан даp асоси мyшоxидаxояшон каpоp ёфтааст, як xамфикpии умумй зоxиp мегаpдад. Ба таpики мисол, яке аз намояндагони xаpбии боpxо ба Бyхоpои Шаpкй сафаp каpдаи pyс Д.Н. Логофет фикpи хyдpо аз хусуси сохтоpи маъмypии бекигаpиxои ин минтака чунин ибpоз доштааст: «Сохти маъмypии амоpати Бyхоpо, ниxоят мypаккаб буда, ба талаботи мамлакат чандон чавоб^ нест. Он аз бисёp ч^ат бокимондаи гузаштаи дyp мебошад, ки xатто аз pивоятxои даp Фоpс машxyp саpчашма мегиpад» [7, с. 262]. И. И. Гейеp таpxи xyкмpонии Бyхоpоpо xyкмpонии истибдодию золимона номидааст [4, с. 108]. Беку козщо ва дигаp маъмypони даpачаи баланду миёнаpо бевосита худи амиp тайин мекаpд.
«Дукук ва вазифаи бе^о даp Бyхоpо, - навиштааст яке аз мyшоxидони xол Н. А. Бендеpский, - умуман бо xеч гуна конун майян каpда нашудааст». Ба гуфти y вобастагии бек аз Бyхоpо (амиp) даp ичpои саpивактии андозу мачбypиятxо буда, даp дигаp xолат y xyкмpони комилxyкyки бекигаpии даp ихтиёpаш каpоpдошта мебошад [2, с. 155]. Инpо дигаp мyxаккикy мyшоxиди pyс А. Е. Снесаpев тасдик мекунад. «Даp xакикат, - менависад y, - амиp ба бек xyKy^ комил ва беназоpати хyчаинй медщад, то ки ин амалдоp (бек - Д. П.) ба xокими худ (амиp - Д. П.) ба микдоpи муайяншуда пулу ашё интикол дщад» [16, с. 72].
Аз таpафи дигаp даpачаи мустакилияти бекxо ба он вобаста буд, ки бекигаpии зеpи итоати ощо каpоpдошта аз Бyхоpо то чй андоза дypй дошт. Бекxои Бyхоpои Шаpкй нистат ба бекxои Бyхоpои маpказй ва Fаpбй xyкми нисбатан бештаpеpо соxиб буданд. Аз мустакилияти бек боз он далолат мекаpд, ки аёлоти сеpшyмоpи амалдоpони даp ихтиёp доштаашpо худаш аз xисоби шахсони дилхоx тайин каpда, имкон фаpоxам меоваpд, ки аз вазифаашон ба фоидаи худ ва бек бемаъмоният сyйистифода намоянд. Амалдоpони аxди бек аз ясавулбошй - ёpдамчии аввал (шахси дуюм, баъди бек, ки ба pyтбаи девонбегй œx^ буд) то навкаpонy шогиpдпешагон ба садxо меpасид. Датто даp чунин як бекигаpии аз ч^ати нуфузи иктисодй кашшоктаpи амоpат - Даpвоз ба мyшоxидаи капитани pyс Кузнетсов «як издщом амалдоpони бyхоpо, чунончй: 5 бий, 5 ишикокобошй, 3 туксабо, ва миpохypxо, чевачщо, миpзобошиxо, чиpикосиxо, ва навкаpони бешyмоp буданд» [5, с. 70].
Аз ч^ати вазифа амлокдоpон (онxоpо бек пешбаpй намуда, амиp тасдик мекаpд), чун маъмypони зинаи поёнтаpи маxаллии xyкyмат xисоб меёфтанд. xаp як амлокдоp xам аз 100 то 200 навкаp дошт, ки чун милитсия савоpа ё пиёда амал мекаpданд. Бо даpхости амиp xамаи амалдоpон вазифадоp буданд, ки xамоно навкаpонашонpо даp xолати мyсаллаx, бо тамоми асбобу анчоми заpypй сафаpбаp намоянд.
Докимияти судй даp ихтиёpи козикалон буд, ки онpо амиp тайин мекаpд. Даp бекигаpиxо козикалон даp маpкази бекигаpй зиндагию фаъолият мебypд. Даp амлодоpиxо низ козй бояд масъалаxои баxснокpо аз pyи шаpиат xал мекаpд. Чй козикалон ва чй козщои маxаллй низ даp назди худ шyмоpаи муайяни вазифадоpонpо нигоx медоштанд. Даp Бyхоpо макомоти шикоят ва аpз вучуд надошт. Амpи KOзикалонpо факат амиp бекоp каpда метавонист, ки ин даp амал каpиб тамоман ба мyшоxида намеpасид.
Раису мyфтиxо низ нуфузи калонpо соxиб буданд. Таъминоти xайати сеpшyмоpи амалдоpон ва ашхоси вазифадоp баpои аxолии меxнаткаши шаxpy деxот ниxоят гаpон меафтид. Тамоми ин амалдоpон аз давлат xеч гуна музди маош нагиpифта, бо даpомади аз аxолй беинсофона ситонда шуда, зиндагии зиндагии шyкyxманд пеш мебypданд. Бо
мушоxидаи Д.Н.Логофет маъмурияти Бухоро, ки дар системаи иктоъ тарбия ёфтааст, бо тамоми чиду чаxд ба зудтар бойшудан мекyшад. Аз бек сар карда то амалдорони охирин - чомапушон xамаро тороч мекунанд, ки аз ин аxолии камбагалу бенаво дар xар ноxия кудрати андоз додан надорад.
Дар хусуси андозбандй ва андозситонй xамин хулосаро кайд кардан лозим меояд, ки андозаи хироч, закот ва дигар андозу мачбуриятxо ба коидаxои шариат мувофикат накарда, пурра ба салоxдиди ашхоси амалдор комилан вобаста буданд [9, с. 185-207; 14, с. 137-150; 13, с. 63-65; 12, с. 15-34]. Аз руи маълумотxои тоинкилобие, ки тадкикотчиёни шуравй ба ощо такя намудаанд, дар бекигариxои Бухорои Шаркй аз 40 то 59 навъ андозу мачбурятxо ба мушоxида мерасидааст [15, с. 11-17, 47; 10, с. 74-75; 9, с. 196-199; 11, с. 5; 6, с. 206-265]. Дар ин чода овардани хулосаи ду шоxиди бевоситаи андозгундорй дар ин минтака ба мантик мувофикат мекунад. Аз руи мушоxидаи Д. Н. Логофет «Дар Бухоро ба чуз xаво, дигар аз xама чиз андоз ситонда мешавад» [8, с. 48]. Дамин назарро таквият дода, дигар муаллифи рус А.А.Варигин афзудааст: «Дама чизе, ки аз замин бо заxмати одамон руёнда мешавад, Дама, ба чуз xаво андозбандй шудааст; ба замми ин чаримаxои гайриконунй, мусодираи горатгаронаи молу амволи мардум дар Бухорои «шариф» ба роx монда шудааст» [3, с. 793 ]. Бо акидаи y вазъи мавчуда рушди минтакаро «дар xолати сифр нигоx медорад» [3, с. 793]. Маxз xаминро дар назар дошта А. Е. Снесарев бо таассуф кайд кардааст: «Кдшшокшавиро дар xар сари кадам мушоxида мекунед, доир ба ин вазъи ногувор аз xама чониб мешунавед» [16, с. 71].
Бо системаи андозситонй шиносой пайдо карда, табиист суоле пеш меояд, ки даромади солонаи аморат ба кадом маблаг мерасидааст ва аз он чанд xиссааш барои рушди иктисодиёт ва ичтимоиёту фарxанг масраф мешудаст?
Амалдори xарбии рус Д. Н. Логофет, ки борxо ба Бухоро сафар доштаасту дар боло зикри номаш рафт, даромади солонаи амири Бухороро 18-20 миллион пули русй муайян кардааст [8, с. 52]. Донандаи беxтарини xакикати xол Садриддин Айнй даромади солонаи амирро дар арафаи Чднги якуми чаxон 30 миллион нишон додааст [1, с. 19]. Аз ин маблаг барои музди маоши маъмурин, муассисоти динй, барои илму маориф ва тандурустй тангае сарф намешуд. Аз руи анъанаи дар Бухоро чун xукми конун кабул шуда, намояндагони хизмати маъмурй аз амалдори зинаи поёнй то кушбегй, аз эмоми масчид то козикалон аз давлат маош нагирифта, аз xисоби даромади касбй, ки маънои горат кардани раъияти аxли заxмат бударо дошт, зиндагии аз xар ч^ат бовикоронаи худро таъмин мекарданд.
Чунин вазъи токатфарсо, норозигии мардумро ба xадди интиxо расонда буд. Табиист, ки xамаи ин барои бекигарщои Балчувону Кулоб истисно буда наметавонист. Ба замми ин солxои 70-80-ум дар ин бекигариxо, ки ба туфайли хисороти аз хушксолщои чандинсола ва xучуми малах сатxи ичтимоии аxолй ниxоят хароб шуда буд. Вале ин xолатро намояндагони xукумат ба инобат гирифтан намехостанд. Соли 1885 барои деxконон нисбатан мусоидтар буда, xосили бештар ба даст дароварданд. Аз ин истифода бурда маъмурони андозгундор ба замми ичрои андози xаминсола, бокияи андозxои пешин ва xатто барои соли ояндаро талаб намуданд. Дар чунин xолат нафакат барои зиндагии мардум захирае бокй намемонд, инчунин барои ощо карзи соли оянда низ бор карда шуд.
Ин xолат боиси сар шудани шуриши соли 1885 гардид, ки тамоми Муъминободи бекии Кулобро фаро гирифт. Мувофики xуччатxои дар бойгонщо дастрас шуда, ин шуриши соли 1885 мустакил буда, вокеаxои ба он алокаманд чунин чараён гирифтаанд. Соли 1885 аввалин xосили хуби баъди чанд соли беxосилй ва xучуми малах ба даст омад. Амалдорон карор доданд, ки мавриди кулайро аз даст надода, нафакат андози солxои пешин инчунин бакияпулиро барои соли оянда талаб намоянд. Деxконон намояндагони худро барои арзу шикоят фиристоданд. Вале ощо ба xалли масъала ноил нашуданд. Ин газаби деxкононро ба xадди аз итоат баромадан бардошт.
Иштирокчиёни фаъол ва рохбарони шуриши соли 1885 дар Муъминобод ба вукуъ пайваста, Мулло Мирзо, Мулло Барот, Саид Мулло Давлат, Рахмон, Мухамадолим, Одинамахмад ва гайра буданд. Шуриш дехахои наздикро низ фаро гирифт. Ба фуру нишондан нигох накарда, норозигии дехконон то соли 1886 идома ёфт ва факат баъди иваз кардани беки Кулоб Мухаммад Назирбий ором шуд [12, с. 36-39, 75-85].
Чунин нороомихо дар Балчувон низ мунтазам ба мушохида мерасид. Онхо хар хел зухур меёфтанд, вале шаклхои бештар мушохидашудаи ин норозигихо чунин буданд: Эътирози шифохй нисбат ба фаъолияти хокимияти махаллй; даст кашидан аз ичрои андозхо ва бакияпулихо; намояндагони худро барои шикоят ба назди амир фиристодан; ба худуди мулкхои хамсояи дар тобеияти амир набуда, кучидан (ин дар мисоли чорводорони лакай ба мушохида мерасид) ва нихоят ба шуриши мусаллахона баромадан.
Маъмулан шикоятгаронро худи амир хам тарафдорй намекард. Мавридхое буданд, ки бо амри амир ин намояндагони халк, ки бо умед барои шикоят ба наздаш мерафтанд, ба чазои сахт расонда мешуданд. Масалан, маълумоти сахехе мавчуд аст, ки соли 1886 амир ду нафар ба шикоярафтагони балчувониро ба 75 чуб чазо хукм карда буд [17, с. 42]. Худи хамон сол 200 намояндагони кучии лакайро ба назди амир рох надоданд ва шикояти хаттии онхо бетафтиш монд. Баъди ин муносибат онхо мачбур шуданд, ки худуди бекигари Балчувонро тарк намоянд. К^исме аз онхо бо молу амволи хеш, ки бештар аз чорво иборат буд, ба худуди Афгонистон фирор намуданд [17, с. 43].
Охири соли 1885 - аввали 1886 дар водии дарёи Яхсу дар амлокдории Сарипули бекигарии Балчувон бо рохбарии Аламшо шуриш сар зад. Норозигии дехконон дар ин ё он шакл дар дигар бекигарихо низ мушохида карда мешуд ва хамаи ин барои шуриши калону муташаккил замина тайёр мекард. Ва ахиран ин киёми бузурги халкй дар шурише ифода ёфт, ки соли 1888 бо сардории Восеъ чараён гирифт.
Бояд кайд кард, ки дар адабиёти таърихй чунбиши Муъминобод чун Шуриши Восеъ муаррифй гардида, то охири солхои 80-уми асри гузашта ин санади нодуруст расман кабул шуда буд [12, с. 75-85].
Гарчи заминахои ин шуриш кайхо арзи хастй пайдо кардаву онро ба хадди таркиш расонда бошанд хам, бахонааш дар саркашии дехконони атрофи Ховалинг аз додани андоз ва аз тарафи амалдорони махаллй бо рохи зурй аз онхо ситондани махсулоти бо захмати азим ба даст даровардаи кишоварзию чорводорй, ки ягона манбаи зиндагиашон буд, хисоб меёбад. Дар натичаи ба созиши горатгарони масъулини андозситонй розй нашудани дехконон кор ба заду хурд анчом ёфта, закотчй кушта шуд.
Ин вокеа аз ибтидои шуриш дарак медод. Восеъ сарвари шуришчиён интихоб гардид. Дар байни халк у бо номхои Абдулвосеъ ва Мулло Восеъ маълум буд. Худаш писари дехкони камбагал аз дараи Мухтор. Бобою падари у (Белак ва Шакар), ки дар Хулоз зиндагй мекарданд, аз сабаби камзаминию танкисии рузгор ба Ховалинг кучида буданд [12, с. 110]. Восеъ мисли дигар наврасону чавонони хамдехааш душвории рузгорро хануз хеле барвакт ба душ гирифта буд. Бахору тобистон дар сахро, зимистон дар чувозхона кор мекард. Ба туфайли часорату адолатхохии худ дар байни хамдехагон обурую эътибор пайдо карда буд. Аз руи баъзе далелхо, Восеъ дар муборизахо алайхи кушуни амири Бухоро (солхои 1869-1870), зери рохбарии хокими Кулоб Сарабек (Сарахон) фаъолона ширкат доштааст. Ин имкон дод, ки у тачрибаи даркории чангй гирад. Фаъолияти у чун рохбари шуриш ин бартариро намоиш дод.
Восеъ ва дустони у аз хисоби дехконони махаллии дехахои наздик кувваи зиёде чамъ намуда, аввал ба кароре омад, ки талаботи дехкононро бо рохи сулху салох хал намояд. Бо ин максад ба калъаи Балчувон ба назди бек намояндагони худро фиристод. Вале бек он намояндагонро ба асирй гирифта, чун гаравгон шартхои худро пешниход намуд ва ваъда дод, ки дар шароити ором нагирифтани «балвогарон» онхоро ба катл хохад расонд. Ин катъияти шуришчиёнро боз кавитар гардонд.
Сараввал отряди Восеъ, ки аз 700 - 800 дехкон иборат буд, дар калъаи Мир, ки хокими охирини Балчувон ва Кулоб Сарабек (Сарахон) бино карда буд, чамъ омад.
Баъд чои xамвореро дар кyxи Сурхсакова (такрибан дар масофаи 10 км дуртар аз Ховалинг) интихоб намуд [12, с. 7-8]. Дар он чо Восеъ вокиф шуд, ки ба вакилонаш марг таxдид мекунад. Акнун y ба тамоми деxоти Балчувону Кулоб косид фиристода мардумро ба чанги мукаддас баxри ба даст овардани адолат даъват намуд. Ба ин даъват xазорон мардуми зери бори заxмату беxукукй монда xамрайъ шуданд.
Баъди аввалин омодагй шуришгарон бо сарварии Восеъ миёнаxои моxи июл ба тарафи пойтахт - маркази маъмурии беки Балчувон, бо максади тасарруфи «лонаи бадбахтй», яъне калъаи бек раxсипор шуданд. Бек (Мирзо Акрам) аз ин огаx шуда, фавран кушунашро бо роxбарии Содикбек омода кард ва бо шуришчиён дар деxаи Тути козй (20 км шимолтари Балчувон) ру ба ру шуд. Шуришгарон дуруст мусаллаx набошанд xам, аз ч^ати шумора борxо бартарй доштанд. Дар ин муxорибаи аввал шуришчиён галаба ба даст оварда, ба калъа наздик шуданд.
Дар бораи чанги шадиди назди калъа чунин далел шаxодат медщад, ки ин ис^^ми пуркуввату чойи зисти бек ду маротиба аз даст ба даст гузашта, кувваxои асосии бек нест карда шуданд, худи Содикбек низ кушта шуд. Кисми ками сарбозон xамроxи бек тавонистанд раxо ёфта, чон ба саломат баранд. Вакилони шуришчиён озод карда шуданд. Акнун шуришчиён молу амволи бо роxи горат чамъ кардаи бек ва наздиконашро мусодира намуда, анбори ярокро низ ба ганимат гирифтанд.
Аввалин галаба шуришгаронро то андозае сармаст карда буд. Ощо ба голибияти пурраи худ бовар карда, баъди ин шикаст душманро таъкибу шадидан саркуб накарданд. Бек акибнишинй карда дар Кангурт ис^ком гирифт ва аз_он чо чокарони худро фавран ба бекигарщои xамсоя фиристода аз ощо имдод хост. У асосан ба беки Дисор, Остонакул кушбегй, ки соли 1886 ба ин вазифа таъйин шуда буд, умед мебаст. Номбурда дар як вакт вазифаи намояндагии (волй, намесник) амирро дар Бухорои Шаркй ичро мекард. То ин вакт ин намояндагиро беки Каротегин Худойназар атолик ичро мекард. Остонакул дар бораи шуриш маълумот гирифта, таъчилан дар ин бора ба амир Абдулаxад (1885-1910) хабар дод, ки ин аз душвории вазъият ва xолати буxронии XOкимияти маxаллй гувоxй медод [12, с. 8-9].
Илтимоси беки Балчувонро оид ба ёрй расондан аввалин шуда беки Кулоб ба чо овард. У ба Балчувон отряди калони сарбозонашро фиристод. Амалиёти нисбатан бечуръатонаи шуришчиён дар кори таъкибу тамоман саркуб кардани душманон ба бек имкон дод, ки сафxои худро аз xисоби унсурxои зидди шуриш (намояндагони феодалони маxаллй, намояндагони нисбатан осудаxоли кабилаи кучии лакайxо бо сардории ягмогар Тугай ва гайра) пурра намояд.
Ба мудофиаи калъа диккати махсус надода, Восеъ кувваи асосиро ба маxалxои xучуми эxтимолии кушуни амир наздик овард. Бек аз ин истифода бурда, барои ба даст овардани калъа тамоми кувваро равона кард. Ба y муяссар шуд, ки калъаро ишгол намояд. Вале ин дафъа низ кораш барор нагирифт. Вазъи бавучудомада Восеъро мачбур кард, ки аз нав ба шаxри Балчувон юриш кунад. Дар натича, бек шумораи зиёди сарбозонашро талаф дода, боз шикаст хурд. Аз чумла, сарвари отряди сарбозони бек Аллаёр кушта шуд.
Бек бо кушуни бокимондаи худ ба Кизилмазор гурехт. Дар айни замон овозаи шуриш дар тамоми каламрави Бухоро паxн гардид. Шуришгарон дар Балчувон таъхир накарда, бо кувваxои асосй ба Кангурт, барои ишгол намудани мавкеи куллайи мудофиавй шитофтанд.
Дар ин вакт отряди фиристодаи амир бо сардории Якуббек бо душворщои зиёд (ба туфайли роxпаймоии саросемавор дар xавои ниxоят гарм, аз сарбозон 80 нафар xалок шуданд) ба Дисор омад. Остонакул кушбегй ин отрядро бо кушуни мавчудаи худ муттаxид намуда, фавран барои пахши шуриш ба Балчувон xаракат кард.
Восеъ самти xаракати кушуни душманро ба назар гирифта, бо дустони содики худ - сардорони дастаxои чудогонаи шуришгарон (Назир, Карим, Наим, Нозим, Муxаммадй, Муродалй, Раxимбой, Саидалй, Давлат ва дигарон) супориш дод, ки мавкеи кулайро ишгол намоянд. Сарфи назар аз чораxои андешидаи Восеъ, алалхусус
вайpон каpдани ягона пули даpёи Вахш, ки аз таpики он pоx ба бекигаpии Балчувон меpафт ва чиддй дидбонй намудани даpаи Пули Сангин (ин вазифаpо Восеъ ба души Нозим - яке аз каxpамонони шypиш гузошта буд) ба кушуни Остонакул кушбегй мyяссаp шуд, ки аз даpёи Вахш даp деxаи Hоpак бо амадxо, ки сокинони маxаллй баpояшон ичбоpй сохта буданд, yбyp кунад [12, с. 10 ].
Шypишгаpон мукобилияти сахт нишон доданд. Аммо кушуни Остонакул, ки баpтаpии зиёд дошт, дастаxои шypишчиёнpо даp Туткавул ва Кангypт шикаст дод. Аз чунин сypат гиpифтани вокеа ба xаpос афтида, баъзе аз xамсафони тасодуфй Восеъpо таpк намуданд. Гypyxxои иpтичой, феодалони маxаллй, лакайxои нуфузманд, аз xyчyми Остонакул илxом гиpифта, даp атpофи Миpзо Акpам - беки Балчувон мyттаxид шуданд.
Восеъ бо дастаxои бокимондаи худ ба деxаи кyxистони Саpипyл (шимолй-шаpкии Ховалинг) акиб нишаст. Теppоpи шадиди зиддихалкй ва таъкибу чазои шypишгаpон огоз ёфт.
Азбаски маъхазxои муътамад бокй намондааст, шyмоpаи шypишчиёни даp чанг кушташуда муайян нест, вале аз pyи паxноии доманаи мyбоpиза ва зyдyхypдxои шадид хулосае баpмеояд, ки шyмоpаи шаxидони набаpдxо ба xазоpон меpасид. Даp xолате, ки баpтаpии кУшyнxои амиp xаpчй бештаp аён мегаpдид, таъкиботи шypишгаpон бештаp сypъат мегиpифт. Акнун коpбypди чаxолатy беpаxмй нисбат ба ашхоси ба шypиш иpтиботдошта аз доиpаи тасаввyp инсонй гузашта буд.
Восеъ аз таъкибот паноx бypда, тавонист, ки боз боpxо ба саpбозони бек ва давлатмандони маxаллй бо xyчyми бебокона заpба занад. У даp xамин xолати баpояш нщоят сангин кушиш намуд, ки деxкононpо аз саpи нав чамъ каpда, мyбоpизаpо идома диxад. Вале даp чунин xолати ниxоят ногyвоp дигаp ба душман заpбавy аз худ дифоъ каpдан наметавонист. Даp задyхypдxои шадид каpиб xамаи дустонаш кypбон шуда буданд. Восеъ чанд муддат даp Хаволинг даp каpияи Девлох пищон шуд. Датто даp xамин вазъи баpояш ниxоят вазнин, ки даp атpофаш факат чанд тан аз наздиконаш монда буд, даp xолати яъсу ноумедй наафтид. Fypypи чавонмаpдии хyдpо нигоx медошту аз амалаш пушаймон набуд. Даp чунин xолат низ ба шикасти ояндаи лонаи чаxолат - амоpати Бyхоpо боваpй дошт.
Такpибан охиpxои моxи август (на деpтаp аз 27 августи соли 1888) бо хиёнати баъзе аз ашхоси манфиатчуи ба тавpи тасодуф ба шypишчиён xамpоxшyда паноxгоxи Восеъ ошкоp гаpдид ва ба мyxосиpа гиpифта шуд. Восеъ то куввати охиpин мукобилият намуд. Баъди аз чанд чояш чаpоxат баpдоштан ypо ба асиpй гиpифта ба Шаxpисабз ба назди амиp фиpистоданд. Даp xолате, ки Восеи занчиpбанд бо як Fypypи бебокона ва истеxзоомезона ба чашмони амиp менигаpист, бо заpби шамшеpи аз пушт ба фаpхи саpаш pасида шаxид гаpдид [12, с. 11].
Аз pyи маълумоти нопyppа баъди амали чаxолатбоpи Остонакул, сафи гypезаxои чон ба саломат бypда нщоят зиёд шуд. Остонакул 40 нафаp асиpонpо даp Балчувон ба катл pасонда, 130 нафаp маxбyсони даp шypиш фаъолpо ба Шаxpисабз баpои ба чазо pасондан ба назди амиp фиpистод.
Дамин таpик, шypиши бyзypги минтакаи Бyхоpои Шаpкй бо саpваpии Восеи каxpамон, ки даp он намояндагони каpиб тамоми табакаxои истимоpшавандаи ичтимой, деxконон, хyнаpмандон, аxли савод иштиpок намуда, онpо вокеан ба киёми умумихалкй табдил дода буданд, мисли дигаp шypишxои замони феодалй бо шикаст анчом ёфт.
Сабаби онpо даp паpокандагии феодалй, мyносибатxои патpиаpхалй, номyтамаpказии сиёсию иктисодй, аз ч^ати xаpбй номуташаккили деxконон, наpасидани яpокy аслиxаи лозимй ва Fайpа бояд чуст.
Вале ин чунбиши бyзypг баp абас наpафт. Шypиш пояxои феодализм ва истибдоди XOкимияти ма^ш^о хеле заиф гаpдонд. Беxyда набуд, ки аз ин пас бе^ои баъзе аз бекигаpиxои Бyхоpои Ш^кй, алалхусус Кулобу Балчувон тез тез иваз мешуданд.
Шуриши Восеъ дарвокеъ, падидаи нихоят назаррас буда, дар таърихи халки точик абадан чун рамзи шучоату кахрамонй алайхи истисморгарон сабт шудааст. Аз санаи ин корнамой моро 125 сол чудо мекунад, гуё хама чиз аёну омухта шудааст, вале кам нестанд пахлухои хануз ба тахкики асил эхтиёчдоштаи ин падидаи гурурбахш. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки тахлилу тахкики ин киёми ахли захмат дар рохи тантанаи адолат дар оянда низ идома хохад ёфт.
Адабиёт:
1. Айнй С. Таърихи инкилоби Бухоро. - Душанбе, 1987.
2. Бендерский Н. А. Доклад о Гиссарском крае. (Протокол № 1, общего годичного собрания отд. РГО от 14 марта 1905 г. // Изв. Турк. отд. РГО. - Т. 7. - 1907. - С. 153-156.
3. Варыгин М. А. Опыт описания Кулябского бекства. // Изв. РГО. - Т. 52. - Вып. 10. - 1916.
4. Гейер И.И. Путеводитель по Туркестану. - Ташкент, 1901.
5. Кузнецов П. А. Дарвоз. (Рекогносцировка ген. Штаба капитана Кузнецова в 1892 г.). -Новый Маргелан, 1893.
6. ^ушматов А. Дехконони точик дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX. - Душанбе: Ирфон, 1966.
7. Логофет Д. Н. Бухарское ханство под русским протекторатом. - Т. I. - СПб., 1911.
8. Логофет Д. Н. Страна бесправия. - СПб., 1909
9. Маджлисов О. Р. Аграрные отношения в Восточной Бухаре в XIX - начале XX века. -Душанбе - Алма-Ата, 1967.
10. Маджлисов О.Р. Каратегин наканеуне установления Советской власти. - Сталинабад, 1959.
11. Мухсинова К. З. Документы о крестьянских движениях в Бухарском ханстве в 80-х годах XIX в. // Из истории Средней Азии. - Ташкент, 1965.
12. Пирумшоев Х. История изучения восстания Восе. - Душанбе: Маориф, 1998.
13. Пирумшоев Х. Русские дореволюционные исследователи о городах Восточной Бухары конца XIX - начала XX вв. Душанбе: Дониш, 1992.
14. Пирумшоев Х. Социально-экономическая, общественно-политическая и культурная жизнь Восточной Бухары //Таджикистан в трудах дореволюционных русских исследователей. (Вторая половина XIX - начало XX в.). - Душанбе: Дониш, 1990. -С. 111-171.
15. Семёнов А. А. Очерк поземельно-податного и налогового устройства бывшего Бухарского ханства // Труды САГУ. - Сер. 11. - Вып. 1. - Ташкент 1929. - С. 11- 47.
16. Снесарев А. Е. Восточная Бухара. (Военно-географический очерк) // Сб. материалов по Азии. - Вып. 129. - СПб., 1909.
17. Юсупов Ш. Народные волнения в Бальджуанском бекстве накануне восстания Восе // Изв. АН ТаджССР. Серия «Востоковедение, история, филология». - 1988. - № 1 (9).
ВОССТАНИЕ ВОСЕ - КРУПНЕЙШЕЕ ПРОЯВЛЕНИЕ НАРОДНОЙ БОРЬБЫ ПРОТИВ
ЭМИРСКОГО РЕЖИМА В БУХАРЕ
Статья посвящена анализу предпосылок и ходу крупнейшего крестьянского восстания 1888 г. в Восточной Бухаре. На основе имеющихся достоверных источников определены точная дата и география распространения восстания. Определен социальный состав участников восстания, организаторские способности руководителя и героизм местного населения. Указаны причины поражения восстания и его историческая значимость в истории таджикского народа.
Ключевые слова: Восточная Бухара, Куляб, Балджуван, народное восстание, Восе, налоговая система, феодальная эксплуатация, историческое значение.
RISE OF THE WOCE - THE LARGEST MANIFESTATION OF POPULAR STRUGGLE
AGAINST THE EMIRATE OF BUKHARA The article is devoted to analysis of the preconditions of the largest peasant uprising of 1888 in Eastern Bukhara. On the basis of available reliable sources identified the exact date and location of the uprising. Defined the social composition of participants in the uprising, organizational skills of the leader of revolt and heroism of the local population. Described the reasons for the defeat of the uprising and its historical significance in the history of the Tajik people.
Key words: Eastern Bukhara, Kulyab, Baldzuvan, popular uprising, Vose, the tax system, feudal exploitation, historical significance.
Сведение об авторе: Пирумшоев Хайдаршо, доктор исторических наук, профессор, Таджикский государственный педагогический университет имени С. Айни, e-mail: [email protected]
Information about the author: Pirumshoev Haidarsho, doctor of historical sciences, professor, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini
ДОИР БА ИДОРАИ МАЪМУРИИ АМОРАТИ БУХОРО (ТО МИЁНАИ АСРИ XIX)
Келдиёров Б. С.
Донишгоуи давлатии бизнес ва сиёсати Тоцикистон
Омузиши таърихи халки точик дар арафаи истилои кишвар аз чониби Россияи подшохй ва дар замони истикрор ва хукмронии сохтори мустамлакавй яке аз мавзуъхои хеле мухими илми таърих, манбаъшиносй ва таърихнигорй мебошад. Дар доираи ин мавзуи мавриди омузиш тахкик ва тадкики муаммое чун сохти маъмурй ва идораи аморати Бухоро дар замони хукмронии амирони мангит, муайян кардани амал ва мансабхои маъмурй, динй ва харбй хеле мухим мебошад. Муаммои мазкур факат ба тарзи умумй дар адабиётхои мухталиф ва китобу тадкикот тавсиф шуда, пажухиши алохидае ба субот нарасидааст. Дар маъхазхои таърих ва ёддоштхои муаллифони ин давр маълумоти хоста хеле парешон ва чой-чой оварда мешавад.
Танхо дастрас шудан ва баъдан нашр гаштани манбаи хеле мухим, ки дар охири асри XVIII, аниктараш дар соли 1798 аз тарафи Мирзо Бадиъ девон тахти унвони «Мачмаъ-ал-арком» навишта шуда буд, ба мутахассисон имкон дод, ки бештар доир ба сохти идоравй ва маъмурии аморати Бухоро тадкикотхо баранд. Дар робита бо ин муаммо, амал ва унвонхо, вазифахои сохибони он, дарачахои хар як амал ва мансаб, маош ва даромади онхо, макоми ичтимой ва сиёсии амалдорон дар чомеа ва давлат каму беш баррасй гардид. Доло бошад пажухиши махсус доир ба мавзуъхои номбаршуда набошад хам адабиёт ва маъхазхои мавчуда хамчунин маълумоти бойгонй имкон медихад, ки ба тарзи возехтар муаммои чойдоштаро мавриди тахлил карор дихем.
Тарзи давлатдорй ва сохтори идорй-маъмурй дар аморати Бухоро чун дар дигар давлатхои Осиёи Миёна аз кадим то замони мавриди назар, тахаввулот ва тагироти бисёреро аз сар гузаронидааст. Тохтутози мугулон ва турктозиёни баъдина дар давлатхои Осиёи Миёна анъанахои туркй-мугулиро чорй карда, расман хукумати сиёсии олиро ба ворисони чингизй ё ашхосе, ки худро ба чингизиён мансуб медонистанд ва аз хар чониб ин робитаро асоснок карда буданд, вогузошта буд. Баъдан чун кучманчиён хаёти мардуми мукимнишиниро кабул карданд, лозим шуд, ки хукуматдорон бар замми чингизй ё темурй будан боз нисбате ба расули мусалмонон ё халифаи рошиддину авлиёхои ислом дошта бошанд. Барои ин, вакилони сулолахои хукмдор бо намояндагони хонадонхои "мукаддас" никох баста сохиби унвонхои "сайид", "шариф", "хуча" ва ба инхо монанд мегаштанд. Зеро, танхо ба Чингиз ё Темур мансубият доштан барои ба даст овардани унвони олии "хон" ё "амир" камй мекард.
Дар охири хукмронии аштархониён, ки кудрати давлатй пурра инкироз ёфта буд, сохти идораи давлатй, ки аз даргох, девон ва дор-ул-казо иборат буд, пурра ба сукут омада буд. Сулолаи нави мангитиён, гарчанд соли 1756 унвони "хон"-иро хостааст аз сари нав эхё кунад, вале мазмуни наверо ба он ворид карда натавонист. Факат амири ба ном "маъсум" (аз гунох холй, бегунох) Шохмурод тавонист хокимияти марказиро аз сари нав мустахкам намояд. Минбаъд, набераи у амир Насруллох (1826-1860) бо зури аслиха ва кушторхои зиёду ситами сангин дар арафаи забти Осиёи Миёна кудрати хукумати марказиро хеле мустахкам карда буд.
Дамин тавр, маълум мешавад, ки дар Бухоро хукумати олй ва бехудуди монархистй дар дасти як шахс "амир" буда, ваколати конунбарорй, ичроия ва назорату