Научная статья на тему 'Administrative plight and management in Istaravshan in the Epoch of Samanids'

Administrative plight and management in Istaravshan in the Epoch of Samanids Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
243
20
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СОХТОРИ МАЪМУРӣ / УСТРУШАНА / ДЕВОН / СОМОНИЁН / РАИС / ҳОКИМ / ВАқФ / АФШИН / АДМИНИСТРАТИВНОЕ ПОЛОЖЕНИЕ / ИСТАРАВШАН / ДИВАН / САМАНИДОВ / ПРЕДСЕДАТЕЛЬ / ХАКИМ / ВАКФ / ADMINISTRATIVE POSITION / ISTARAVSHAN / DIVAN OF SAMANIDS / CHAIRMAN / HAKIM / VAQF / AFSHIN

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Махкамов Саидқул Суярқулович

Мақола дар асоси сарчашмаҳои хаттӣ ва таҳқиқоти муҳаққиқон ба баррасии вазъи маъмурӣ ва тарзи идоракунии Истаравшан, ки яке аз мулкҳои бузурги бонуфуз дар қаламрави Сомониён ба ҳисоб мерафт, бахшида мешавад. Тазаккур меравад, ки давлати Сомониён яке аз давлатҳои тавонои аримиёнагии Шарқ ба ҳисоб рафта, дастгоҳи маъмурӣ ва идории он барои нигоҳ доштани мулкҳои қаламрави он мусоидат мекард. Қайд мешавад, ки ин дастгоҳ ҳамчунин барои марказонидани давлат низ аҳамияти калон дошт. Тибқи тадқиқот маълум гардид, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ва идоракунӣ ҳудуди давлат ба вилоятҳо, он ба шаҳру навоҳӣ, рустоҳо ва онҳо ба кедҳо тақсим мешуданд. Муайян карда мешавад, ки ҳокимони вилоятҳо, шаҳрҳо ва деҳаҳо вазифаи маъмурӣ ва фаъолияти махсуси ҳуқуқиву идорӣ доштанд. Собит мешавад, ки мулки Истаравшании давлати Сомониён аз ҷиҳати маъмурӣ-идорӣ иборат аз 18 шаҳру рустоҳо буда, аз ҷониби феодалон (деҳқонон) идора карда мешуданд. Маълум мешавад, ки онҳо дар ихтиёри худ дастаҳои ҳарбиро доро буданд, ки бо даъвати ҳокими вилоят ба марказ ҳозир мегардиданд. Натиҷагирӣ мешавад, ки ҳокимони вилоят дар давраи мавриди таҳқиқ афшин номида мешуд, афшин бошад идораҳои сиёсӣ, маъмурӣ ва диниро дар дасти худ нигоҳ дошта, худи ӯ яке аз феодалони калон буд.Статья посвящена анализу административно-территориального устройства и системы управления Истаравшана, который являлся одним из крупнейших и важных владений Саманидского государства на основе нарративнных источников и исследований ученных. Отмечено, что государства Саманидов являлся одним из крупнейших государств средневекового Востока с гибким и централизованным аппаратом управления, который способствовал управлению и централизации государства. Подчеркнуто, что это государство административно -территориально разделялось на крупные регионы, области, города и районы, а также селения и другие административные точки. Выявлено, что правители областей, городов, районов, селений и других административных делений имели свои функции, право, полномочия и компетенции. Указано, что истаравшанский удел государств Саманидов административно-территориально состоял из 18 городов и селений, который управлялся крупными феодалами (дехканами). Обосновано, что «дехкане» в своём подчиненним имели вооруженные отряды которые по приказу областных правителей должны были явиться в центр. Делается вывод о том, что правители Истаравшана в рассматриваемый период назвались афшинами, афшин обладал политической, административной, религиозной властью и сам являлся крупным феодалам.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article under consideration dwells on the analysis dealing with administrative-territorial structure and system of management in Istaravshan which is considered to be one of the greatest and important Samanids ' state possessions according to narrative sources and scientists ' explorations. It is pointed out that Samanid’s state was one of the greatest in the Middle East with pliant and centrelized apparatus of management which promoted centrelization of state. It is underscored that the relevant state was divided into big regions, cities and districts, as well as into villages and other administrative division. It is elicited that leaders of cities, districts, villages and other administrative units enjoyed their own functions, rights, authorities and competences. It is indicated that the Istaravshan appanage principality of Samanids ' state consisted administratively-territorially of 18 cities and villages governed by major feudal lords. The author substantiates that “dekhanis” at all situations they had their own armed detachments of soldiers in subordination who were obliged to appear in the centre when ordered by the governors of the appanage principality. In a nutshell, the author comes to the conclusion that the rulers of Istaravshan were called as afshin, an afshin enjoyed political, administrative, religious power and he himself also was a big feudal lord in the period under consideration.

Текст научной работы на тему «Administrative plight and management in Istaravshan in the Epoch of Samanids»

УДК 9 (М) 03 С.С. МА^КАМОВ

ББК 63.3 (0)3

СОХТОРИ МАЪМУРЙ ВА ДАСТГО^И ИДОРИИ МУЛКИ УСТРУШАНА ДАР АХДИ СОМОНИЁН

Давлати Сомониён, ки яке аз давлатхои му;тадир ва мутамаркази Шар;и асримиёнагй ба хисоб рафта, дорои дастгохи тавоно ва бонизоми идоракунй буд, барои таъмини устуворй, сулху амн, рушду нумуъ ва барои инкишофи шахру навохии ;аламрави худ мусоидат мекард. Дар замони мавчудияти ин давлат дар хайати он зиёда аз 250 вилоят ва шахри таърихан ташаккулёфта мавчуд буданд, ки дар бораи онхо сарчашмахои таърихию чугрофй ва муаллифони гуногун хабар медиханд.

Дар ;исмати Мовароуннахрии давлати Сомониён яке аз музофоти бузурги он вилояти Уструшана (Истаравшан) чойгир буд. Аз руи ахбори сарчашма ва маълумоти муха;;и;он худуди вилояти Уструшан дорои 18 шахру навоюй бо номхои гуногун буд. Дар худуди чугрофию маъмурии он беш аз 400 работу кушкхои асримиёнагй вучуд дошт. Бинобар ин тад;и;у баррасии хамачонибаи хар яке аз ин шахру навохй то имруз идома дошта, пажухиши да;и;ро та;озо дорад ва мухтавои гузориши масъалаи баррасишавандаро дар бар мегирад. Хдма ин шахрхои маъмурии Уструшанаи асримиёнагй имруз дар худуди се чумхурии хамсояи Осиёи Марказй - Точикистон, Узбекистан ва ^иргизистон мавчуданд.

Мавзуе, ки дар пешоруи мо ;арор дорад, ба сохтори идорию маъмурии яке аз вилоятхои бонуфузи ;аламрави Сомониён - Уструшан бахшида мешавад. Доираи ин мавзуъ хеле васеъ буда, дар як гузориши махдуд хама масъалахоро халлу фасл кардан аз имкон берун аст. Бинобар ин дар ма;ола ба масъалахои мухимтарини мавзуъ таваччух менамоем.

Доир ба сохтори идоракунии дарбор ва девонхои давлати Сомониён тад;и;оти бунёдй, рисолаву ма;олахои алохидаи илмй нашр шудаанд, ки шарху тавсифи он вазифаи гузоришоти мо нест. Аз ин лихоз, баъзе сохтор ва намояндагии девонхои идории давлати Сомониён дар шахру вилоятхои ;аламрави ин кишвар, аз чумла дар Уструшана ;арор доштанд, ки гузориши мазкур онро пурра мегардонад.

Муассисахо (намояндагй)-и девонхои давлати Сомониён дар шахру вилоятхо мавчуд буда, ба истиснои маъмурони девони сохиб-ул-барид ба хокимони махал ва марказ итоат мекарданд(9, 138). Маъмурони девони марказй ба ма;оми сардори идорахои поёнй дар махаллхо маъмулан шахсони ба худ наздику соди; ва ба ин мансаб мувофи;ро таъин мекарданд(14, 94). Масалан, дар замони Сомониён девони на^р - дастгохи марказии идоракунии хочагии оби мамлакат (Вазорати мелиоратсия ва хочагии он. - С.Махкамов) яке аз муассисахои хеле мухим дар низоми идоракунии давлат ва хаёти и;тисодии мамлакат ба хисоб рафта, сардори ин девон - амири об яке аз мансабдорони олй дар умури давлатдорй буд. Амири об дар низоми мансабхои давлатй аз марказ то вилояту шахрхо, русто ва махаллхо мав;еи махсусро ишгол мекард(17, 207-215). Муха;;и; М.Ночй дар ин бобат ;айд менамояд, ки дар вилоёти тахти хокимияти Сомониён, хамон машогил(шуглу мансаб) ва девонхое, ки дар пойтахт вучуд дошта, дида мешудааст ва зимнан, вазирони вилоятй, «хоким» ё «кадхудо» номида мешуданд. Минбаъд бар асари тавсеаи девонсолорй, раиси хар девон, маъмурон ва вуллот (волиён. - С. М.)-и хешро дар шахрхои иёлотй мансуб мекарданд(11, 270). Ин андеша дар рисолаи профессор С.Абдуллоев низ акси худро ёфтааст (1, 188).

Ба андешаи профессор С.Абдуллоев дар замони Сомониён баъзе истилохоти арабй, аз ;абили «амир», «хоким», «малик», «султон» ва гайра дар коргузорй ва умури идорй ворид гашта, унвон ва номи вазифахои маъмурии махаллй бар асари таъсири забони хилофат, яъне арабй истифода мешуданд. Вале, аз тарафи дигар, баъзе аз унвонхои хокимони вилоятхо, аз чумла «ихшиди Сугд», «афшини Уструшана» ва «Чагонхудот», ки унвони ;адимаи порсй мебошанд, бо;й мондаанд. Вожаи «султон» дар асрхои IX-X бештар нисбат ба хокимони махаллй мавриди истифода буд (1, 155). Тиб;и андешаи профессор С.Абдуллоев дар дурадастарин навохии ;аламрави худ Сомониён намояндагони хешро доштанд, ки онхо аз вазъи минта;аи худ ба марказ иттилооти заруриро ирсол мекарданд. Аз чумла, ба ин ма;ом

намояндагони девони махаллии барид машгул буд, ки дар вилояти Уструшана низ ин гуна амалдорон ифои вазифа доштанд.

Дар он замон умури идории махаллй аз тарики фаъолияти раис, мухтасиб ва козй сурат мегирифт. Раис ташкили низоми идории шахру навохй, ба маърази ичро расонидани фармони мухталифи амир, вазир ва девонхоро бар ухда дошт, мухтасиб гайр аз назорат ба бозор истехсол, микдору сифати амвол, нарху наво, дуруст будани тарозу ва ченаку андоз, мебоист маънавиёту ахлок, риояи ахкоми шариат, итоат ба конун ва меъёру талабот ва суннату одати чамъиятиро тафтиш намуда, хукми чазои гунахкоронро муайян месохт.

Назорат ба масоили хукук бар пояи шариати ислом аз умдатарин вазифи касбй ва мансабии ;озй махсуб мешуд. Як хусусияти фарккунандаи умури идории махаллй дар ахди Сомониён ин буд, ки таъин ва азли барканор сохтани хокимони музофот мустакиман дар салохияти подшох карор дошт. Интихобу таъини козиён аз тарафи хокимони музофотхо инти;ол меёфт(1, 189), ки ин амал низ дар вилояти Уструшана ба назар мерасид.

Вазифаи хокими вилояти тобеи давлати Сомониён одатан аз авлоду акрабои подшох, ё аз байни ашрофони бонуфузи махаллй, маликони бузург, сарватмандони калони махаллй, ё ин ки аз хонадонхои хокимони соби;и махаллй, ки барои идора кардани он кобилият ва истеъдоди маъмурй ва идоракунй доштанд, интихоб карда мешуданд. Инчунин дар ин вазифа аз байни сипахсолорони мохир ва боистеъдоди соби; низ таъин карда мешуданд. Хокимони вилоятро амирони Сомонй бо тавсияи вазир, сарватмандони калони махаллй ва сарлашкарон инони вазифа менамуданд. Чунин тарз хам ба назар мерасид, ки ба ин вазифа ба таври меросй намояндагони хонадони хокимони гузаштаи махаллии бонуфуз, ки дахсолахо шахру вилоятхоро идора мекарданд, таъин мешуданд (7, 340; 11, 270; 12, 28-29; 14, 94).

Зумрае аз хокимони вилоятхо, аз чумла Шош, Нишопур, Фаргона, Уструшана, Хирот, Балх, Хуттал дар тасарруфи сулолаи Сомониён буда, хукуки чамъоварии андозро аз заминхо доштанд. Хокимони ин сарзаминхо хукуки бевоситаи муомилоти хоричй ва хамкорию бастани созишномахои хоричиро бо кишвархои дигар надоштанд ва вассали Сомониён буданд. Танхо дар каламрави мулки худ хукмронй намуда, хукуки мустакилонаи муносибатхои берунаро надоштанд. Масалан, баъд аз ба тобеияти Сомониён ворид шудани хокими Уструшана хокимияти меросиро нигох дошта бошад хам, аз хама хукукхо: истиклолияти сиёсй, зарби сиккахо, робитахои дипломатй бо давлатхои хамчавор ва гайра махрум гардид. Баъд аз забти Уструшана аз чониби Исмоили Сомонй дар соли 893 дар ин чо минбаъд сиккахо ба номи Сомониён зарб шуда, дар намози хутба номи амирони Сомонй хонда мешуд, ки нишони эътироф ва итоат ба хукумат ва салтанати сулолаи хукмрон буд. То соли 893 афшинхои Уструшана аз сулолаи Ковус дар ин сарзамин хокими мустакил буданд ва дар ин сол Исмоили Сомонй охирин намояндаи ин сулола Сайр ибни Абдуллоро сарнагун карда, амалан ин вилоятро ба каламрави давлати худ хамрох намуд. Бо хамин сулолаи афшинхои Уструшана аз байн меравад ва он ба як чузъи маъмурии давлати Сомониён табдил меёбад.

Бояд ёдовар шуд, ки Уструшана хамчуни вилояти кадима дар катори мулкхои дигари Осиёи Миёна дар таърих ва тамаддуни минтака сахми намоён гузоштааст. Дар аввалхои асри миёна он як кисмати Сугд бо ахолии сугдитабори он ба хисоб мерафт ва дар асрхои IX-X ба шумули яке аз мулкхои пурвусъат ва тавонову пурсарвати давлати Сомониён ворид мешуд.

Шахрхо аз тарафи раисон идора карда мешуд. Ин чо саволе ба миён меояд, ки раисони шахрро одатан кй ба вазифа таъин мекард? Муаллифони «Таърихи халки точик»(9, 139) бар он акидаанд, ки раисони шахрро хокимони вилоят таъин мекарданд. Ш.Азимов(4, 79), муллифони китоби «Таърихи давлат ва хукуки ИЧ,ШС» ва дигарон бар он акидаанд, ки раисони шахрхоро амир таъин менамуд. Академик В.В. Бартолд мегуяд, ки вазифаи раиси шахр баъзан ба таври меросй аз падар ба писар вогузор мешавад» (14, 96).

Раис (раиси шахр) ва (вохахои атрофи он) шахси аввали шахр ва намояндаи манофеи он шуморида мешуд, ки давлат тавассути вай иродаи худро ба сокинони шахр иблог (хабар) мекард(11, 271). Хамчунин аз руи маълумоти дигар вазифаи раиси шахрро бо тавсияи хокими вилоят ва сарватмандону рухониёни махаллй ирсол гардида, майлу хохиш ва манфиати амалдорон аксар вакт ба инобат гирифта мешуд. Аз чониби дигар ин вазифа хам меросй буда, агар хонадони бонуфуз ва шахсони маъмур бошанд, аз падар ба писар мерос мемонд. Аз лихози маъмурию сиёсй ин вазифа хеле мухим шуморида мешуд. Профессор Л.И.Климович

вожаи «раис»-ро хамчун сарвари маъмурй ва хамчун хокими шахр дар давлатхои мусулмонй мешуморад (4, 79).

Бояд гуфт, ки вазифа ва сохтори маъмурии раисони шахр дар вилояти Уструшанаи давлати Сомониён вучуд дошт, аз кадом хонадонхои бонуфуз ва номдор таъин мешуданд, маълум нест ва то замони мо номхои раисон ва ахли хонаводаву насабномахои он маълумоти кофй вучуд надорад.

То замони Сомониён ва дар даврони салтанати онхо дар баробари раиси шахр мехтарон(пирони ботачриба ва кордон) меистоданд, ки дар хаёти сиёсй ва маъмурй на;ши мухим доштанд. Ба андешаи профессор С.Абдуллоев дар хузури хокимон таба;аи махсусе ба истилох «мушовирон» фаъолият доштанд, ки аз маъмурияти доимй бархурдор буданд(1, 165). Мехтарон ё ин ки мушовирон одатан пирони ботачриба, кордон ва донандаи халли муаммохои сиёсию маъмурй, ху;у;й буданд. Бинобар ин сохиб шудан ба вазифаи мехтарони раиси шахрхои Уструшана ба тари;и интихобй ва шахсони арзанда сохиб мегардиданд.

Рустохои давлати Сомониён, аз чумла вилояти Уструшана аз тарафи дех;онон идора карда мешуд, ки он ба таври меросй аз насл ба насл мегузашт ва дорои дастаи махсуси харбй буданд (14, 97; 4, 81-82). Дех;он - дар асрхои миёна маънои шахси сарватманди бузург, феодал(сохиби замин), раиси дехаро дошт(16, 46). Муаллифони араби асримиёнагй хокимони осиёимиёнагиро дех;он(сохиби хурд), малик(шох), сохиб (бой), азим(бузург), вузург(бузург), мехтар(сарвар) мехисобиданд(6, 26). Кайд кардан ба маврид аст, ки дех;онон дар мавридхои зарурй бо даъвати хокимон барои химояи марзу бум аз русто ва шахрхо ба маркази вилоят мерасиданд, ё ин ки шахсони масъули худро мефиристоданд.

Дар сарчашмахои таърихию чугрофии асримиёнагй ;айд карда шудааст, ки хангоми зарурат, амалиёти харбй бо даъвати афшини Уструшана дар маркази он шахри Бунчикат то 22 хазор сарбоз чамъ меомаданд. Ин далели он аст, ки мулки Уструшана низ вохиди маъмурию сиёсии бузург ва аз чихати харбй мучахаз буда, бахри мухофизати сарзамини худ омода буд.

Кисми дигари кучаки маъмуриро, ки дар рустохо чойгир буданд кед, кад, кат - ;асаба (шахрак) меномиданд, ки сокинони хар яки онро авлоди алохида ташкил медоданд. Кед(кад, кат) аз чихати маъмурй алохида буда, як ;исми давлатро ташкил медоданд. Кедхо аз тарафи кадхудоён идора карда мешуданд ва вазифаи онхо чун сарвари оила махсуб меёфт. Онхо заминдорони калон махсуб ёфта, чун феодалони ояндаи махсус шинохта мешуданд (4, 82).

Институти (ниходи) маъмурияти кадхудой ва мехтарон имрузхо дар давлатхои мусулмонии шар;, аз чумла дар Афгонистон, Эрон ва Туркия хамчун ма;омоти идоракунии махаллии давлатй амал мекунанд (4, 82).

Мулки Уструшана аз чихати сохтори маъмурй аз иттиходияи (федератсия)-и рустохо -шахру навохй иборат буда, хар яке аз ин рустохоро дех;онон - заминдорони калон ва кедхоро сарватмандони миёнаву хурд идора менамуданд. Дар асрхои миёна ба ин ё он вазифахои идорй рухониён, ки ма;оми хоса доштанд, таъин мегардиданд. Зеро рухониён обруи баланд дошта, онхо аз илмхои замона, ба хусус аз фи;х, ахкоми шариат ва чамъият огохй доштанд. Шахрхои Уструшанаро маъмулан шахсони волома;ом - раисхо идора мекарданд, ки онхоро хокимон аз байни ашрофи махаллй, бештар аз байни рухониёни мусулмон таъин менамуданд. Дар корхои идораи марказй ва махаллй рухониёни мусулмон нуфузи калон доштанд, ки онхо пайрави мазхаби ханафия буданд. Пешвои тамоми рухониёнро устод меномиданд ва баъдтар ла;аби шайхулисломро мегирад. Мансаби дигаре, ки дар байни рухониёни олимартаба дар ма;оми дуюм меистод, хатиб ё ин ки ба истилох имомхатиб ба хисоб мерафт. У ху;у; дошт, ки дар масчидхои чомеъ хангоми намози чумъа хутба хонад (12, 29).

Дар замони Сомониён барои гирифтани мансаб ва умуман мансабдор гардидан мебоист якчанд зинаро бояд тай намуд. Аввал ин ки, шахси мансабдор бояд аз таба;аи доро ва бо дигар ашхоси бонуфуз ва умуман бо чомеа робита дошта бошад. Илова бар он, доштани донишхои муайяни замона, аз чумла донистани забонхои форсии дарй ва арабй, «Куръон» ва ахкоми шариат, фи;х, хадис, донистану мутоилаи адабиёти гуногун зарур буд. Муха;;и;и эронй М. Ночй менависад, ки дар умури идории давлати Сомониён се таба;аи андешаманд ва вузух ;обили ташхис буд. Ин се таба;а аз удабо ё фархангиён мегуфтанд, уламои динй ва дабирон ё куттоб (котибон) меномиданд, иборат буданд (11, 272). Дабирон дар ин радиф мав;еи махсус дошта, ин таба;аи ашхосро ба арабй - ахлул;алам (сохи;алам, сохиби дониш) номгузорй кардаанд. Онхо захираи асосии амалдорони Сомониёнро ташкил медоданд, ки

тадричан зинахои гуногуни мансаби давлатиро тай карда, то ба мартабахои олй мерасиданд. Ба кавли академик Н.Неъматов дар муассисахои марказй ва махаллии давлати Сомониён, аз чумла Уструшана дар байни амалдорон порахурй, хариду фуруши мансабу вазифа, андозхои гайриконунй ва хар гуна суистеъмол кардани мансаб авч карда буд, ки хамаи ин дар вазъияти номусоиди зиндагй ва рухияи халк зохир мегардид ва минбаъд яке аз сабабхои заиф гаштани хукумати марказй ва шикасти он гардид.

Яке аз вазифаи мухими давлатии муассисахои хокимияти махаллй дар замони Сомониён ин пеш аз хама ситонидани андоз ва аз ахолии вохахои зироатй бошад, чамъ кардани бочу хироч, хамчунин аз хунармандону савдогарони шахру вилоятхо махсуб меёфт(12, 29).

Сохибмансабон дар манзилхои бохашамату зебо, ки аз чихати меъморй ахамияти бештар доштанд, мезистанд. Масалан, хокимони вилоятхо дар калъахои истехкомдошта, ки бо хишти пухтаву сифати мусбии меъмории он ба назар мерасид, раисхо дар шахрхо дар кушку бинохои алохида, ки бештар шароити хуб фарохам оварда шуда буд, мезистанд. Дар чунин бинохои бохашамат хокимон - афшинхои Уструшана истикомат доштанд. Дар сархади шахри Дизак бошад, афшин Хайдар ибни Ковус калъаи мухташаме бино менамояд, ки аз он сарчашмахои асримиёнагй хабар медиханд ва ахбори болоро тасдик менамояд.

Мусаллам аст, ки вилоятхо ва музофотхои бузурги чугрофию маъмурй, марказ ё пойтахти худро доштанд. Марказхои маъмурии вилоятхо ба сифати пойтахти он амал намуда, макоми асосии идорию маъмуриро мебозиданд. Бунчикат дар асрхои VII-IX пойтахти давлати мустакили Уструшана махсуб меёфт (2, 103; 13, 19). Дар бораи ин шахри аввалмаком ва азими Уструшана - Бунчикат сарчашмахои гуногун хабар медиханд (5, 223; 11, 561-562; 12, 38) ва он дар замони Сомониён ба сифати маркази маъмурии вилояти Уструшана амал мекард. Дар сарчашмахои арабизабон номи хокими Уструшана Хайдар ибни Ковус бо унвони «афшин» омадааст. Маълум аст, ки дар давраи кадим хокимони Уструшан унвони афшинро доштанд. Ховаршинос В.И.Абаев тахлили амики таърихию этимологии ин истилохро анчом дода, акидахои на он кадар боварибахши каблиро рад намуд. Ва онро бо истилохи "афшин", ки дар забони осетинй бокй мондааст, мукоиса намудааст. Ба акидаи В.И.Абаев "афшин" маънои кадбонуро дошта, нисбати занон-пешвоёни кабилахои сакоиву масагетхо истифода мешуд. Шояд вилоятхои хамсояи Осиёи Миёна онро аз ин кабилахо кабул намудаанд, вале онро нисбати мардони хоким истифода мебурданд. Хамин тавр, истилохи афшин дар забони осетинй маънои кадбону, хучаинзан, сардори оиларо дошта бошад, дар Осиёи Миёнаи кадим, аз чумла Уструшани бостон нисбат ба хокими вилоят истифода бурда мешуд. Аз ин чост, ин унвон бо вазифаи хутав (ywt—w) ва ё хвабу (ywP(w)), ки мазмуни оличаноб ё мухтарам, ки хоким ва идоракунандаи мулки маъмурй дар Сугд мебошад, рост меояд. Ба хамин тарик ихшиди Сугд, бухорохудоти Бухоро, чагонхудоти Чагониён, афшини Уструшана вохиди маъмурии мустакил махсуб меёфтанд. Дар бораи он ки хокимони Истаравшан унвони «афшин»-ро доштанд, дар сарчашма ва тадкикоти гуногун маълумот оварда мешавад (10, 26).

Истахрй ишора мекунад, ки «Усрушана - номи вилояте аст монанди Сугд. Дар ин вилоят (Уструшан) ягон шахри кадимаи бо ин ном вучуд надорад» (3, 256). Идомаи ахбори Истахриро самтхо ва сархади вилоят аз чор чониб ва дигар маълумоти таърихию чугрофй ташкил мекунад.

Хамон тавре, ки ишора гардид, дехкон дар маънои маъмур, мансабдор, сарватманд дар идоракунии Уструшана накши мухим дошт ва шумораи умумии онхо дар Уструшани замони мавриди тахкик 18-то буд. Дар ин радиф сарватмандони хурди дехахо низ буданд, ки онхо аз ин адади зикршуда берун мебошанд. Яъне, хар як мансабдор - хокими рустохо, раисони шахрхо ва сарварони дехахо сарватмандон ва мулкдорони калон ва миёнаву хурд буданд. Ба ин масъала академик Н.Неъматов хамрайъ буда, кайд мекунад, ки «хамаи рустохои Уструшанаро дехконон идора мекарданд ва дар сари онхо «афшин» меистод, ки у маъмури корхои гражданй, харбй ва динй буд. Афшин сохиби тамоми заминхо дар каламрави вилоят махсуб меёфт» (13, 15). Яъне, аз маълумоти мазкур чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки се низоми иерархияи (табакабандии) сохтори маъмурии асримиёнагй дар дасти хокими вилояти Уструшана вогузор шуда буд.Теъдоди кувваи харбии уструшанихо дар асрхои IX-X ба 20 хазор расида, хар як дехкон - раиси русто дар минтакаи худ дастаи харбиёнро чамъ мекард. Хамаи харбиён - сарбозон тахти назорат ва идораи худи афшин карор дошт ва замоне ки даъват мекард, аз тамоми рустохо дастахои харбиён ба марказ чамъ меомаданд. Ин далели пурзур будани куввахои марказиро нишон медихад.

Академик Н.Неъматов доир ба бинохои исти;оматии шахрхои Уструшана сухан ронда, ;айд менамояд, ки «аксари шахрхои истаравшанй аз шахристонхо ва ;алъахои худи он (Панчакат), аз шахристон ва ;асрхои хокимон (Зомин, Дизак, Марсманда), ки дар аксари онхо дар асрхои 1Х-Х работ (Панчакат ва Зомин) иборат буданд. Дар шахристону работхо богхое, ки онхоро ихота мекард, дар атрофи шахр доман пахн карда буд. Хдр яке аз ин работ бо девор ихота шуда буданд. Дар ин работ оилахои калони ашрофзодагон бо сарвари оила (катхудо) зиндагонй доштанд. Ба хайати кедхо, на танхо аъзои озоди оила ва кадеверхо, инчунин гуломон низ дохил мешуданд. Хдмаи кедхо дар шахр чамоаи оилаи шахриро ташкил медоданд. Дар мачмуъ ин чамоахо сохибмулки хурд буда, дар замони асримиёнагй бо мафхуми «русто» ифода мешавад (13, 14-15).

Уструшана аз 18 русто(навохии зироаткор) иборат буда, аз он 9 тоаш дар водй (Панчакат - Бунчикат), Зомин, Фикнан, Бурнамад, Собот, Хар;она, Ховас, Шавкат ва Фагкат) ва 9-тои дигар дар минта;аи кухй (Минк, Асбаникат, Бискар, Бангам, Вакр, Шагар, Масчо, Буттам ва Бургар) чой гирифтаанд (12, 43; 13, 8). Истахрй низ аз рустохои кухии Истаравшан хабар додааст. Аз чумла, Башагир, Месха, Паргар, Фартангам, Минк, Бискен, Исбикет. Хдмаи онхо дар минта;аи кухии вилоят буда, мушкилгузар ва и;лими сард доранд (3, 258). Ба андешаи академик Н.Неъматов рустохои кухй бо хочагидорй машгул буда, дар баъзе аз онхо шахр мавчуд набуд. Дар рустохои дар водй чойгирбуда, шахрхо - марказхои хунармандй ва зироаткорй вучуд доштанд.

Умуман, дар тамоми ;аламрави Сомониён се низоми идориро мушохида кардан мумкин аст, ки онхо бар души худ вазифахои мухими идориро нигох медоштанд:

- якум, харбиён бо рохбарии сипахсолор;

- дуюм, кумитахои (сохторхои) дастгохи девонхои (вазоратхо) махаллй, ки дар сари он хочаи бузург меистод;

- сеюм, диндорон ва фа;ехон (донандагони асхоби динй ва шариату оини мазхаб) тахти рохбарии муфтиёни мазхаби ханафй (16, 188-189).

Барои додрасй ба арзу шикояти раият дар назди хокимон рузхои арзу дод муайян гардида буд. Ба ашхоси ба ;абули хоким расида, мебоист расму русум ва таомули дохили дарбори хокимро ба чо орад.

Метавон гуфт, ки сохтори маъмурй ва идории махаллии давлати Сомониён дар тамоми ;аламрави он мисли идорахои(девонхои) маъмурии марказй хеле муназзаму мураттаб ба рох монда шуда, дар идора кардани давлат, умури сиёсй, харбй, и;тисодй, тичоратй, фарханг на;ши мухим мебозиданд.

Хулоса, тах;и;у омузиши сохти маъмурй ва дастгохи идоракунии мулкхои алохидаи давлати Сомониён, аз чумла Уструшана барои пурратар омухтани низом ва умури давлатдорй, ма;оми идории олй ва махаллии он мусоидат намуда, ба баъзе пахлухои норавшани ин масъала равшанй хохад андохт.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдуллоев, С. Амир Исмоили Сомонй/С.Абдуллоев. - Хучанд: Нашриёти давлатии ба номи Рахим Чалил, 1998. - 400 с.

2. Абу, Саиид Гардизи. Зайн ал-ахбар/ А.Гардези. Перевод А. К. Арендса. -Ташкент: Фан, 1991255 с.

3. Абу-Исхак, ибн Мухаммед ал-Истахри. Масалик ал-мамолик: пер. с персидской. З. Н. Ворожейкиной/А.Истахри// Материалы по истории киргизов и Киргизии. - М.: Наука, 1973280 с.

4. Азимов, Ш. Государство и право Саманидов/Ш.Азимов. - Душанбе: Ирфон, 1999. - 168 с.

5. Бартольд, В.В. Сочинения Том III. Работы по исторической географии/ В.Бартольд //К истории орошения Туркестана. - М.: Наука, 1965. - 712 с.

6. Голамреза, Д. История государственного управления в Иране и Средней Азии в древности: автореф. дисс. ... кан. ист.наук: 07.00.02/Гуламреза Джавиди. - Душанбе, 2004. - 27 с.

7. Fафуров, Б. Точикон. Таърихи ;адимтарин, ;адим, асрхои миёна ва давраи нав/Б. Fафуров. -Душанбе: Дониш, 2008. - 870 с.

8. Донишномаи Сомониён. - Хучанд: Нури маърифат, 2008. - 545 с. -1 ч.

9. История таджикского народа. Эпоха формирования таджикского народа. Том 2 /Под ред. Н.Негматова. - Душанбе, 1999. - 791 с.

10. Мухторов, А. Сомониён: замон ва макон/А.Мухторов. - Душанбе: Сурушан, 1999. - 288 с.

11. Мухаммадризо, Ночй. Фарханг ва тамаддуни исломй дар каламрави Сомониён/Н.Мухаммадризо. - Душанбе: ЭР-Граф, 2011. - 1299 с.

12.Негматов, Н. Государство Саманидов/Н.Негматов// Мавареннахр и Хорасан в IX-X вв./ Ответственный редактор Б.И. Искандаров. - Душанбе: Дониш, 1977. - 279 с.

13.Негматов, Н.Н. Уструшана в VII-X вв: автореф. дисс. ... кан. ист. наук: 07.00.02 /Негматов Нуман Негматович. - М., Л., 1952. - 19 с.

14. Сафаров, И. Правовая система государства Саманидов (IX-X вв.)/ И. Сафаров. - Душанбе: Ирфон, 1999. - 198 с.

15. Таджикского-русский словарь по истории. Составители А.М.Мухторов и А.А.Ёгани. Изд. 2-е, допол. - Душанбе: Дониш, 1986.

16. Фрай, Р. Бухара - достижение средних веков/Р.Фрай. Перев. Махмуда Махмуди. - Тегеран, 1359/1980. - 400 с.

17. Шарифов, Ш. Низом ва мизони истифодаи окилонаи об ва захирахои он аз дидгохи таърих/Ш.Шарифов//Номаи донишгох. Силсилаи илмхои гуманитарй. - Хучанд, 2014. - № 4. -С. 207-215.

REFERENCES:

1. Abdulloev, S. Amir Ismoil Somoni/S.Abdulloev. - Khujand: state publishing-house named after Rahim Jalil, 1998. - 400 p.

2. Abu, Saidi Gardizi. Zayen al-Akhbar/A.Gardezi. Translated by A.K. Arends. -Tashkent: Science, 1991. -255 p.

3. Abu-Iskhak, ibn Muhammed al-Istakhri. Masalik al-mamolic: translated from Persian by Z. Н. Vorodjeykina/A.Istakhri //Materials of Kyrghyzes and Kirgizia Devoted to the History. - М.: Science, 1973. - 280 p.

4. Azimov, Sh. Samanids' State and Ruling Law/Sh.Azimov. -Dushanbe: Man-of-Letters, 1999. -168 pp.

5. Bartold, В.В. Compositions. - Part 3. Historical Geography / B.B. Bartold //To the History of Turkistan Irrigation - М.: Science, 1965. - 712 p.

6. Javidi, Gulamreza, D. The History of State Management in Iran and the Middle East Referring to Ancient Times: synopsis of candidate dissertation in history: 07.00.02/Gulamreza Javidi. -Dushanbe, 2004. - 27 p.

7. Gafurov B.G. Tajiks. The Ancientest, Ancient and Mediaeval Ages and the New Epoch / B.G.Gafurov. -Dushanbe: Knowledge, 2008. - 870 p.

8. Samanids Encyclopedia. -V.1. - Khujand: Light of Enlightenment, 2008. - 545 p.

9. The History of the Tajik Nation. The Epoch of the Formation of Tajik Nation. - V.2/under the editorship of N.Negmatov. -Dushanbe, 1999. - 791 p.

10. Mukhtorov, А. Samanids: Time and Status/A.Mukhtorov. -Dushanbe: Surushan, 1999. - 288 pp.

11. Noji, Muhammadrizo. Islamic Culture and Civilization on the Territory of Samanids/Muhammadrizo,Noji. -Dushanbe: ER-Graph, 2011. - 1299 p.

12.Negmatov, N. Somonids' State/N.Negmatov//Movarounnahr and Khurasan in the IX-th - the X-th Centuries/Editor-in-charge: B.I. Iskandarov. -Dushanbe: Knowledge 1977. - 279 p.

13.Negmatov N.N. Usturushana in the VII-th - the X-th Centuries: synopsis of candidate dissertation in history: 07.00.02 /Negmatov Numan Negmatovich. - M.,L., 1952. - 19 p.

14. Safarov, I. Legal System of Samanids State (IX-X cc.)/I. Safarov. -Dushanbe: Cognition, 1999.-198 p.

15. Tajik-Russian Dictionary on History. Compiled by A.M.Mukhtorov and A.A.Yogani. The second edition, enlarged. - Dushanbe: Knowledge, 1986.

16. Fray, R. Bukhara Being the Achievements of Middle Ages /R.Fray. Translated by Mahmud Mahmudi. -Tehran, 1359/1980. -400 p.

17. Sharifov, Sh. Regulation and Reasonable Utilization of Water and its Resources in Historical Approach /Sh.Sharifov//Scientific Notes. Series of Humanities and Social Sciences. -Khujand, 2014.-№4.-P. 207-215.

Сохтори маъмурй ва дастгохц идории мулки Уструшана дар ахди Сомониён

Вожахри калидй: сохтори маъмурй, Уструшана, девон, Сомониён, раис, уоким, вацф, афшин.

Мацола дар асоси сарчашмауои хаттй ва тауцицоти мууаццицон ба баррасии вазъи маъмурй ва тарзи идоракунии Истаравшан, ки яке аз мулщои бузурги бонуфуз дар цаламрави Сомониён ба уисоб мерафт, бахшида мешавад.

Тазаккур меравад, ки давлати Сомониён яке аз давлатуои тавонои аримиёнагии Шарц ба уисоб рафта, дастгоуи маъмурй ва идории он барои нигоу доштани мулщои цаламрави он мусоидат мекард. К,айд мешавад, ки ин дастгоу уамчунин барои марказонидани давлат низ ауамияти калон дошт. Тибци тадцицот маълум гардид, ки аз циуати маъмурй ва идоракунй уудуди давлат ба вилоятуо, он ба шауру навоуи, рустоуо ва онуо ба кедуо тацсим мешуданд. Муайян карда мешавад,

ки уокимони вилоятуо, шауруо ва деуауо вазифаи маъмурй ва фаъолияти махсуси ууцуциву идорй доштанд.

Собит мешавад, ки мулки Истаравшании давлати Сомониён аз циуати маъмурй-идорй иборат аз 18 шауру рустоуо буда, аз цониби феодалон (дещонон) идора карда мешуданд. Маълум мешавад, ки онуо дар ихтиёри худ дастауои уарбиро доро буданд, ки бо даъвати уокими вилоят ба марказ уозир мегардиданд. Натицагирй мешавад, ки уокимони вилоят дар давраи мавриди тауциц афшин номида мешуд, афшин бошад идорауои сиёсй, маъмурй ва диниро дар дасти худ нигоу дошта, худи у яке аз феодалони калон буд.

Адмнистрация и система управления Истаравшана в эпоху Саманидов

Ключевые слова: адмнистративние положении, Истаравшан, диван, Саманидов, председатель, хаким, вакф, афшин.

Статья посвящена анализу административно-территориального устройства и системы управления Истаравшана, который являлся одним из крупнейших и важных владений Саманидского государства на основе нарративнных источников и исследований ученных.

Отмечено, что государства Саманидов являлся одним из крупнейших государств средневекового Востока с гибким и централизованным аппаратом управления, который способствовал управлению и централизации государства. Подчеркнуто, что это государство административно -территориально разделялось на крупные регионы, области, города и районы, а также селения и другие административные точки. Выявлено, что правители областей, городов, районов, селений и других административных делений имели свои функции, право, полномочия и компетенции.

Указано, что истаравшанский удел государств Саманидов административно-территориально состоял из 18 городов и селений, который управлялся крупными феодалами (дехканами). Обосновано, что «дехкане» в своём подчиненним имели вооруженные отряды которые по приказу областных правителей должны были явиться в центр. Делается вывод о том, что правители Истаравшана в рассматриваемый период назвались афшинами, афшин обладал политической, административной, религиозной властью и сам являлся крупным феодалам.

Administrative Plight and Management in Istaravshan in the Epoch of Samanids Key words: administrative position, Istaravshan, divan of Samanids, chairman, hakim, vaqf, afshin The article under consideration dwells on the analysis dealing with administrative-territorial structure and system of management in Istaravshan which is considered to be one of the greatest and important Samanids ' state possessions according to narrative sources and scientists ' explorations.

It is pointed out that Samanid's state was one of the greatest in the Middle East with pliant and centrelized apparatus of management which promoted centrelization of state. It is underscored that the relevant state was divided into big regions, cities and districts, as well as into villages and other administrative division. It is elicited that leaders of cities, districts, villages and other administrative units enjoyed their own functions, rights, authorities and competences.

It is indicated that the Istaravshan appanage principality of Samanids ' state consisted administratively-territorially of 18 cities and villages governed by major feudal lords. The author substantiates that "dekhanis" at all situations they had their own armed detachments of soldiers in subordination who were obliged to appear in the centre when ordered by the governors of the appanage principality. In a nutshell, the author comes to the conclusion that the rulers of Istaravshan were called as afshin, an afshin enjoyed political, administrative, religious power and he himself also was a big feudal lord in the period under consideration. Маълумот дар бораи муаллиф:

Махкамов Саидцул Суярцулович, муаллими кафедраи таърихи ватани Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Fафуров (Цумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: [email protected] Сведения об авторе:

Махкамов Саидкул Суяркулович, преподователь кафедры отечественной истории Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова(Республика Таджикистан г. Худжанд), E-mail: [email protected] Information about the author:

Makhkamov Saidqul Suyarqulovich, lecturer of the department of home history under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: Saidjon.Machkamov@maiI. ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.