Научная статья на тему 'УСТОД АЙНӢ ВА АГЕНТИИ СИЁСИИ РУСИЯ ДАР БУХОРО'

УСТОД АЙНӢ ВА АГЕНТИИ СИЁСИИ РУСИЯ ДАР БУХОРО Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
141
18
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САДРИДДИН АЙНӢ / АҲМАДИ ДОНИШ / АМИРОНИ МАНГИТИЯ / қУШБЕГӢ / АГЕНТИИ СИЁСИИ РУСИЯ ДАР БУХОРО / ПОЛИТСИЯ / ТАБААИ РУСИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ

Дар мақола дар бораи бархӯрдҳои устод Айнӣ бо ниҳодҳои Русияи подшоҳӣ, аз ҷумла Агентии сиёсии Русия дар Бухоро ва политсия сухан меравад. Тазаккур меравад, ки овони бачагӣ, наврасӣ ва таҳсилу бакамолрасии яке аз чеҳраҳои дурахшони илму фарҳанги тоҷик, С.Айнӣ дар давраи тираву тори амирӣ сипарӣ гаштааст. Дар ҳамин давра устод Айнӣ бо як ниҳоди ҷиддии татбиқкунандаи сиёсати мустамликавии Русия дар Аморати Бухоро - Агентии сиёсии Русия дар Бухоро, ки нависанда онро аксар «элчихона» меномид, бархӯрдҳо доштааст. Собит мешавад, ки элчихона ҳамеша аз Айнӣ барин рушанфикрон, маорифпарварон, хусусан ҷадидон - ислоҳотхоҳон ҳарос дошт. Зеро онҳо аз дахолати Русия ба корҳои дохилии аморат, ки аксаран ба воситаи Агентии сиёсӣ амалӣ мегардид, норизоӣ баён мекарданд. Аз ин ҷост, ки Агентии сиёсӣ фаъолияти онҳоро пинҳону ошкоро зери назорати сахти хеш қарор дода буд. Нишон дода мешавад, ки устод Айнӣ ба сиёсат ва фаъолияти элчихона аз нигоҳи манфиатҳои як давлати мустақил нигариста, дахолати пайвастаи онро ба корҳои дохилии аморат, хусусан, муносибати норавшану баъзан рӯйирост душманонаи он нисбат ба мактабҳои усули нав ва ислоҳот нигаронию норизоӣ мекард. Дар ин раванд устод Айнӣ бо кормандони элчихона А.Я. Миллер, Шулга ва корманди пулиси махфи Вилман борҳо бархӯрд дошта, баъдан низ таҳти таъқиби ниҳодҳои давлатӣ қарор доштааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

AINI AND POLITICAL AGENCY OF RUSSIA IN BUKHARA

The article dwells on S. Aini's relationship with institutions of Tsarits Russia, including the Political Agency of Russia and the police in Bukhara. The period of childhood, adolescence and study of an outstanding figure of Tajik science and culture preceptor S.Aini passed in the darke times of the rule of the Bukhara Emirate. During this period, S. Aini often had to deal with the Political Agency of Russia in Bukhara, which pursued a colonial policy in the Emirate of Bukhara. In his works preceptor S.Aini often calls the agency "elchihona", which means embassy.The political agency or elchihona feared S. Aini and others, educators, local intelligentsia, especially Jadid reformers. Because they often expressed dissatisfaction with Russia's interference in the internal affairs of the emirate. For this reason, the Political Agency of Russia tightly controlled the activities of the local intelligentsia.Preceptor S.Aini treated the politics and activities of Elchikhona from the position of the interests of an independent state and expressed dissatisfaction with interference in the internal affairs of the emirate, especially the agency's hostile attitude to the reform of education and the activities of new-fangled schools in Bukhara.S. Aini repeatedly dealt with employees of the agency A. Y. Miller, Shulga and secret police agent Wilman and was under surveillance.

Текст научной работы на тему «УСТОД АЙНӢ ВА АГЕНТИИ СИЁСИИ РУСИЯ ДАР БУХОРО»

07.00.00.ИЛМ^ОИ ТАЪРИХ ВА БОСТОНШИНОСИ О7.ОО.ОО.ИСТОРИЧЕСКИЕ НАУКИ И АРХЕОЛОГИЯ O7.OO.OO.HISTORICAL SCIENCES AND ARCHEOLOGY

07.00.02. ТАЪРИХИ ВАТАН 07.00.02. ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ 07.00.02. HOME HISTORY

ТДУ 327 С ТКБ 66.75

Розицзода Абдущаким Шералй, доктори илмуои таърих, профессор, раиси МД "КОА-и назди Президенти Цумуурии Тоцикистон " (Тоцикистон, Душанбе)

Розикзода Абдулхаким Шерали, доктор исторических наук, профессор, председатель ГУ "ВАК при Президенте Республики Таджикистан " (Таджикистан, Душанбе)

Rozikzoda Abdulhakim Sherali, Dr. of History, Professor, chairman of the SE "CHA under the Auspices of Tajikistan Republic President" (Tajikistan, Dushanbe), E-mail: rozikzoda@vak. tj

Вожах;ои калиди: Садриддин Айнй, Аумади Дониш, Садри Зиё, амирони мангития, цушбегй, генерал-губернатор, Агентии сиёсии Русия дар Бухоро, политсия, табааи Русия

Дар мацола дар бораи бархурдуои устод Айнй бо ниуодуои Русияи подшоуй, аз цумла Агентии сиёсии Русия дар Бухоро ва политсия сухан меравад. Тазаккур меравад, ки овони бачагй, наврасй ва таусилу бакамолрасии яке аз чеурауои дурахшони илму фаруанги тоцик, С.Айнй дар давраи тираву тори амирй сипарй гаштааст. Дар уамин давра устод Айнй бо як нщоди циддии татбицкунандаи сиёсати мустамликавии Русия дар Аморати Бухоро - Агентии сиёсии Русия дар Бухоро, ки нависанда онро аксар «элчихона» меномид, бархурдуо доштааст. Собит мешавад, ки элчихона уамеша аз Айнй барин рушанфикрон, маорифпарварон, хусусан цадидон - ислоуотхоуон уарос дошт. Зеро онуо аз дахолати Русия ба коруои дохилии аморат, ки аксаран ба воситаи Агентии сиёсй амалй мегардид, норизой баён мекарданд. Аз ин цост, ки Агентии сиёсй фаъолияти онуоро пинуону ошкоро зери назорати сахти хеш царор дода буд. Нишон дода мешавад, ки устод Айнй ба сиёсат ва фаъолияти элчихона аз нигоуи манфиатуои як давлати мустацил нигариста, дахолати пайвастаи онро ба коруои дохилии аморат, хусусан, муносибати норавшану баъзан руйирост душманонаи он нисбат ба мактабуои усули нав ва ислоуот нигаронию норизой мекард. Дар ин раванд устод Айнй бо кормандони элчихона А.Я. Миллер, Шулга ва корманди пулиси махфи Вилман боруо бархурд дошта, баъдан низ таути таъциби ниуодуои давлатй царор доштааст.

Ключевые слова: Садриддин Айни, Ахмад Дониш, Садри Зиё, мангитские эмиры, кушбеги, генерал-губернатор, Политическое агентство России в Бухаре, полиция, подданный России

В статье речь идёт о взаимоотношении С.Айни с учреждениями Царской России, в том числе Политическим агентством России и полиции в Бухаре. Отмечается, что период детства, отрочеств и учёбы выдающего деятеля таджикской науки и культуры устод С.Айни прошли в мрачные времена правлении Бухарского эмирата. В этот период С.Айни приходилось часто иметь дело с Политическим агентством России в Бухаре, которая проводила колониальную политику в Бухарском эмирате. В своих произведениях С.Айни часто называет агентству «элчихона», что означает посольство. Подчеркивается, что политическое агентство или «элчихона» опасалось С.Айни и других, просветителей, местной интеллигенции, особенно джадидов- реформаторов. Потому что они часто выражали недовольства вмешательство России во внутренних делах эмирата. По этой причине Политическое агентство России жестко контролировало деятельность местной интеллигенции. Рассматривается, что С.Айни относился к политике и деятельности «элчихона» с позиции интересов независимого государства и выражал недовольство вмешательству во внутренних делах эмирата, особенно, к враждебному отношению агентства к реформе

УСТОД АЙНИ ВА АГЕНТИИ СИЁСИИ РУСИЯ ДАР БУХОРО

АЙНИ И ПОЛИТИЧЕСКОЕ АГЕНТСТВО РОССИИ В БУХАРЕ

AINI AND POLITICAL AGENCY OF RUSSIA IN BUKHARA

просвещении и деятельности новометодных школ в Бухаре. С.Айни неоднократно имел дело с сотрудниками агентства А.Я. Миллер, Шулга и агента тайной полиции Вилман и находился под слежкой.

Key words: Sadriddin Aini, Ahmad Donish, Sadri Ziyo, mangits of emirs, kushbegi, Governor-General, Russian Political Agency in Bukhara, police, Russian citizen

The article dwells on S. Aini's relationship with institutions of Tsarits Russia, including the Political Agency of Russia and the police in Bukhara. The period of childhood, adolescence and study of an outstanding figure of Tajik science and culture preceptor S.Aini passed in the darke times of the rule of the Bukhara Emirate. During this period, S. Aini often had to deal with the Political Agency of Russia in Bukhara, which pursued a colonial policy in the Emirate of Bukhara. In his works preceptor S.Aini often calls the agency "elchihona", which means embassy.The political agency or elchihona feared S. Aini and others, educators, local intelligentsia, especially Jadid reformers. Because they often expressed dissatisfaction with Russia's interference in the internal affairs of the emirate. For this reason, the Political Agency of Russia tightly controlled the activities of the local intelligentsia.Preceptor S.Aini treated the politics and activities of Elchikhona from the position of the interests of an independent state and expressed dissatisfaction with interference in the internal affairs of the emirate, especially the agency's hostile attitude to the reform of education and the activities of new-fangled schools in Bukhara.S. Aini repeatedly dealt with employees of the agency A. Y. Miller, Shulga and secret police agent Wilman and was under surveillance.

Садриддин Айнй дар вазъияти тираву тор ва режими худкомаи салтанати амирони мангития, аниктараш дар ахди хукмронии ду амири охирини ин хонадон Абдулахад (1885-1910) ва Олимхон (1910-1920) ба камол расидааст. Давраи мактабхонй, тахсил дар мадрасахо ва хамчун як ориф ва шоир ба камол расидани у ба давраи пурзур гаштани муборизахои сиёсию ичтимой, дахолати бештари Русия ба хаёти дохилй ва дар ин замина комилан аз даст рафтани истиклолияти аморат, шиддат гирифтани муборизахо байни куввахои иртичой - истибдодй ва чадидону ислохотхохон рост омада буд. Хднгоме ки у чавони баркамолу ташнаи илм дар мадрасахои Бухоро аз пайи донишандузй буд, дар хдёти сиёсии аморат вокеахое рух медоданд, ки Айнии зираку кунчковро бетараф гузошта наметавонистанд. Ба хар як вокеаи рухдода бо хисси кунчковй назар духта, сабабу окибатхои онро чуё мегашт. Бо икрори худи устод Айнй то шиносой бо ахволу осор ва бахусус «Наводир-ул-ва;оеъ»-и Ахмади Дониш фахми сиёсиаш чандон баланд набуд. Китобати «Наводир-ул-ва;оеъ»-и Ахмади Дониш, ки бо супориши Шарифчон махдуми Садри Зиё сурат гирифт, дар афкори Айнии толибилм «ин;илобе»-ро ба вучуд овард. Акнун Айнии чавон ба хар як руйдоди сиёсию ичтимой ва и;тисодию фархангй бо диди дигар, аз нигохи манфиатхои мардуми захматкаш ва кишвари азизаш назару казоват мекардагй шуд.

Яке аз масъалахои мубрами сиёсй, ки устод Айниро дар тамоми давраи минбаъдаи хаёти бошууронааш пайваста пайгирй намудааст, ин муносибати байни Бухоро ва Русия мебошад. Ин мавзуъро дар осору афкор ва мав;еи устод Айнй пайгирй намудан чандон кори сахл нест ва он тах;и;оти мушикофонаю эхтиёткоронаро такозо менамояд.

Дар ин чо муаллифи сатрхо мехохад пиромуни муносибату бархурдхои устод Айнй бо як ниходи сохтории Вазорати корхои хоричии Русияи подшохй - Агентии сиёсии Русия дар Бухоро, ки минбаъд дар тамоми хаёти дохилии аморат дастдарозй кардааст, фикру андешахои худро иброз намояд.

Замоне ки Агентии сиёсии Русия дар Бухоро хамчун як вохиди сохтории Вазорати корхои хоричй ва намояндагии хукумати подшохии Русия дар аморати Бухоро ба фаъолият огоз намуд, Айнй писарбачаи 8-9-сола буд ва бешубха он замон ба ин руйдод таваччухе хам карда наметавонист. Вале баъдхо, замони дар мадрасахо тахсил карданаш атрофи муносибати Русия бо Бухоро борхо андешаронй намудааст ва албатта, аввалин бардошт аз муносибати Русия бо Бухоро мунта;идонаю норозиёна буд. Мисли дигар хампешагони худ аз он дар шигифт буд, ки кишвар ва ватани азизаш аз сохибихтиёрй ва истиклолият бенасиб аст. Устод Айнй худ гуфтааст, ки «... хукумати Бухоро баъд аз чанги Зирабуло; мунъакид шуда буд, хукумати Бухоро аз истиклоли хоричии худ махрум гардида ... хукумати Русия ... феълан худро аз хар вачх ба Бухоро хоким ва сохиб мешумурд. Хдр хукм ва талабе, ки генерал-губернатори Тошканд намояд, аз тарафаи хукумати амир бе хеч тааллул ичро меёфт». Баъдхо амирони Бухоро ихтиёри сиёсии идораи давлатро комилан аз даст доданд ва бахусус дар замони салтанати амир Абдулахад «... боз хеле хукуки дохилй ба дасти Русия супорида шуд»[2, с.130].

Дар ин навиштахои устод Айнй оханги норизой баръало эхсос мегардад. Интикод ва норизоии хешро аз ин чараён идома дода, нависанда бори аввал дар бораи Агентии сиёсии Русия дар Бухоро бочуръатона ва фошофош чунин иброз медорад: «... намояндаи сиёсй, ки аз тарафи Вазор ати хоричии Русия дар Когон муким буд, ба хамаи корхои дохилии Бухоро тадох^л мекард»[2,с.130].

Албатта, ин дахолатхои Русия ба хаёти дохилии Бухоро, ки ба воситаи Агентии сиёсй дар Бухоро амалй мегашт, норизоии руирости орифону рушанфикронеро ба монанди устод Айнй ва даххо тани дигар мисли уро ба миён меовард. Устод Айнй хамчун гули сари сабади зиёиён -рушанфикрон хамаи инро бо чашми худ медид ва барои у номакбулу аламовар буд, ки мансабдороне, чун кушбегй, козикалон ва дигар маъмурин хам бо хости Агентии сиёсии Русия таъйин мешаванд. Нависанда бо хасрат менависад «... на танхо азлу насби мисли кушбегй ва козикалон, маъмурони бузург, хатто хоким ва козиёни вилоятхои калони Бухоро хам ба савобдид ва тадохули вакили сиёсии Русия таъйин меёфт»[2, с.130].

Устод Айнй чунин холатро омухта, хеле дуруст хулоса баровардааст, ки онхое, ки бо дастнишондоди Агентии сиёсй ба вазифахо таъйин мегарданд, на аз манфиати миллй, балки бештар манфиати Русияро пуштибонй хоханд кард. «Пайдо аст, ки - менависад у, - ин кабил маъмурон аз ризои амир бештар ба хушнудии вакили сиёсй хоханд кушид»[2, с.130].

Агентии сиёсии Русия ба корхои козиён хам дахолат карда, бо ин рох нуфузи худро дар байни ахолй меафзуданд ва албатта, ин амалхои Агентй низ газаби мардум ва пеш аз хама, рушанфикронро ба миён меовард. Аз ин чост, ки устод Айнй таъкид мекунад, ки Агентии сиёсии Русия бо ба вазифа таъйин намудани козихо каноат накарда «... ба мурофаа ва мухокамахое, ки дар миёни раийягони Бухоро вокеъ мешавад, ба тарики гайрирасмй тадохул карда, нуфузи худро дар хар кор нишон дода меистод».

Устод Айнй дар заминаи ходисаи фочиабори «низои суннию шиа» (унвони яке аз кисматхои китоби «Таърихи инкилоби Бухоро»-и нависанда) бо Агентии сиёсии Русия бархурдхо доштааст. Ин чо мо аз тафсилоти пурраи ин фочиа худдорй намудем, зеро ба кавли устод Айнй «...бисёр фочиахо руй дод, ки тафсилаш гайр аз дилсиёхй самаре надорад»[3, с.63]. Факат бо такя ба навиштахои С.Айнй, кайд мекунем, ки сабабгори асосии ин фочиа ва барафрузандахои ин оташ Fиёсмахдуми аълам, муфтй, мулло Абдураззоки муфтй, мулло Файзии тошкандй, Мухторхоча, мулло Холмурод, мулло Камар ва раиси Бухоро Бурхониддин буданд.

Дар вакти сар задани ин фочиа амир Абдулахад дар Кармина карор дошт ва аз пешгирию хомуш кардани ин балво хукуматаш очиз монд ва хуни одамони бегунох рехта шуд. Дар ин маврид «Яхудиёни Бухоро аз тарси катлу горат ба элчихонаи рус мурочиат карда, барои мухофизати худ аскар талаб карданд»[3, с.66]. Хдмин тарик, хукумати амирй бо ёрии кушуни пиёдаву савораи рус бо рохбарии генерали аз Самарканд даъватшуда, пеши рохи хунрезиро гирифт ва балвогарон пароканда карда шуданд. Устод С.Айнй аз воридшавй ва "... баъд аз фуру нишастани фитнаву ихтилол ба баромадан аз Бухоро розй нашудани генерали рус" ва бо "ба тамоми корхои Бухоро назорат карда, дар дохили Арк менишаст"-гуён норизой баён кардааст. Хукумати подшохии рус дар якчоягй бо Агентии сиёсй сабабхо ва рафти ин балворо тафтиш карда, гунохи онро ба шиахо бор карданд, ки дар натичаи он амалдорони шиамазхаби хукумати Бухоро аз мансабхои давлатй барканор карда шуда, ба чойи онхо суннихо таъйин карда шуданд.

Баъди ин фочиа ва тахкики сабабу омилхои сар задани он аз чониби ниходхои махсуси Русия дар Бухоро идораи политсия таъсис дода шуд, ки аз 3/2 хиссаи харочоти онро амир пардохт мекард[3,с.68]. Дар ин бора устод Айнй таъкид кардааст, ки "Як маъмури рус бо фармони генерал-губернатори онвактаи Тошканд дар беруни дарвозаи Бухоро идорае ташкил карда, шабу руз ба корхои махфие машгул буд"[3, с.68]. Нависанда дар чойи дигари "Таърихи инкилоби Бухоро" дар бораи ин идора ва рохбараш андешахояшро чунин иброз намудааст: "Дар вактхои охир дар тахти дарвозаи Бухоро дар майдони вагзал идораи политсияи рус кушода шуда буд, ки дар дохили Бухоро ба хар коре мухтор ва кодир буд. Маъмурони хукумати Бухоро ва фукарои Бухоро ба чуз итоат ба фармонхои ин идора чораи дигаре надоштанд. Хусусан баъди он ки ба сардори ин идора Вилман ном шахс таъйин шуд, амният аз шахр тамоман бархам хурд. У ба бахонаи чустучуи ярок ба хар хонае зада даромада, хар киро, ки хохад, беобру карда метавонист"[3, с.125].

Нависандаи хакикатнигору ватандуст аз фаъолияти политсияи рус, ки тахти назорати Агентии сиёсй хам карор дошта, бо супоришхои он амал карда, ба хакку хукуки бухороиён

дастдарозй мекард, эътирозу норозигии хешро дар дигар асархояш низ баён намудааст. Чунончи, дар асари "Таърихи амирони маотитияи Бухоро" бо забони тунд менависад: "Дар солхои охири ахди Абдулахад ба тахти дарвозаи Бухоро аз тарафи хукумати Тошканд (генерал-губернаторй дар назар аст - PA.) ба унвони пристав як шахс таъйин шуда, як идораи забтия кушод. Ин идора бе хеч восита хонаи бухороиёнро тафтиш ва баъзе ашёи мамнуаро забт ва мусодира карда метавонист. Маълум аст, ки баъд аз ба ин дарача расидани кор, исти^лол ва ихтиёрро чй маънй мемонад?"[2, c.130].

Дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар хаёти ичтимоии Аморати Бухоро масъалаи мактабу маориф, матбуот ба яке аз масъалахои мубрам ва доFи руз табдил ёфт. Дар ин замина онхое, ки ба таълиму тадрис, маорифу фарханг иртибот доштанд, ба ду лагери ба хам му;обилу оштинопазир чудо шуданд. Онхое, ки дар усули таълим, мактабу мадрасахо чизеро таFЙир доданй набуданд, бахусус муллохои мутаассибу чахолатпараст ба ;аноти ;адимиён ва онхое, ки мехостанд дар таълиму тадрис дигаргунию навгонихо, мактабхои усули нав кушоянд - чадидон гуфта худро чудо карданд. Онхое, ки мактабхои наву замонавиро мехостанд, ;исме дар Туркия, ва бархе дар Тотористону ;исмати руссиягии Туркистон тахсил карда, аз хаводиси олам то андозае бохабар буданд.

Аввалин чунин мактабхои усули нав дар ибтидои дахсолаи аввали асри ХХ аз чониби тоторхо кушода шуда буданд. Дар чунин мактабхо фарзандони точирон, баъзе калоншавандахою мусулмонхои Pyсия тахсил карда, тез хату савод мебароварданд. Аз домуллохои машхури он давр домулло Икром ва ;исме аз рушанфикрон, аз он чумла устод Айнй мактабхои навро тарафдорй менамуданд.

Агентии сиёсии Pyсия, ки чандон хохони тез саводнокшавии фарзандони мардуми махаллй набуд, дар ин ;азия ба тарафи муллохои мутаассиб - мулло Камар, мулло Холмурод, мулло Абдурасули Закун, мулло Абдуррауфи мударрис ва дигар рухониёни иртичой, ки душманони ашадии чунин мактабхо буданд, гузашт. Ана, дар хамин иртибот ва гиру дорхои мактабу матбуот устод С.Айнй бо Агентии сиёсии Pyсия бархурдхо доштааст ва дар асари худ "Таърихи ин;илоби Бухоро" ба унвони "Мактаби тоторхо ва элчихонаи рус" боби махсус ихтисос дода, аз мав;еи душманонаро ишFOл кардану дар бастани ин гуна мактабхо сахм гирифтани Агентй изхори норизоии чиддй намудааст.

Ч,ихати бастани мактаби наверо, ки тотори му;ими Бухоро, маорифпарвар Холид Бурнашев кушода буд, "Уламо ба воситаи мулло Камар бевосита ба элчихонаи рус мурочиат карданд. Элчихона розй будани худро ба бастани ин мактаб, шифохан ба хукумати Бухоро фахмонд. Хукумати Бухоро хам «мактабро бандед» гуфта, ба тоторхо фармон дод"[3,а56]. Вале тоторхо мо табааи Pyсия мебошем гуён ин фармонро ичро накарда, ба Агентии сиёсй мурочиат карданд. Баъди ин Агентии сиёсй мактабро то як муддат нигох дошт, вале талаб намуд, ки тамоми мактаббачахои раияти Бухороро аз мактаб чавоб диханд ва хамин тари; фарзандони бухороиён аз мактаби тоторхо ронда шуданд. Устод С.Айнй аз ин гуна муносибат кардани Агентии сиёсии Pyсия ба мактаби нав дар шигифт афтода, бо алам иброз медорад: «Дар масъалаи мактаби бухороиён элчихона химоя не, балки агар ха;и;атан руйи ризо нишон медод, мактаб баста намешуд ва бухороиён аз хондану хонондан махрум намегардиданд»[3, c.56].

Баъди баста шудани мактабхои усули нав устод Айнй бо якчанд тан хаммаслаконаш аз ;абили Мирзо Абдулвохиди Мунзим, Ахмадчон-махдуми Хдмдй, Фазлиддин-махдум, Мирзо Абдул;одир Мухиддинов ва дигар рушанфикрон[3, c.133], ки дилашон ба мактабу маориф ва саводнок кардани чавонон месухт бо номи "Тарбияи атфол" як чамъияти махфие созмон доданд. Ин чамъият дар рохи ба хорича (Туркистон, Pоссия ва Туркия) барои тахсил фиристодани чавонони болаё;ат корхои зиёди начиберо анчом дод. Зимомдорони давр махсусан Агентии сиёсй ва политсия аз мавчуд будани ин чамъият огох шуда буданд. Ана дар хамин чараён ва барои маълум кардани аъзои чамъияти махфии "Тарбияи атфол" Вилман бисёр кушишхо ба харч дод, ки шахсхои шубханок ва аз чумла домулло Айниро бо чурме дастгир намояд. Чуноне ки устод таъкид кардаанд, "... аъзои элчихона ва маъмурони политсия чамъияти махфиро, ки буданашро хатмй гумон мекарданд, ёфта натвониста хеле тангдил шуда, таъ;иботи худро торафт меафзуданд. Сардори политсияи рус Вилман худаш шахсан ба фаъолият даромада, бевосита бе ёрии хукумати Бухоро, ба тафтиш даромад. Аз чумла, ба Акбархон ном исти;оматкунанда дар мадрасаи Кукалтош ошно шуда ба воситаи вай маълумоте ба даст дароварданй шуд"[3, c.131].

Дар хакикат, Акбархон яке аз гумоштахои политсияи махфй буд ва у бевосита ба худи сардори идораи политсия Вилман дар алока буду ба воситаи у Вилман дар бораи одамони ба руйхати политсия хамчун "шубханок" воридгардида маълумоти зарурй ба даст меовард. Устод Айнй б а миёнравии хамин Акбархон бо сардори идораи политсияи махфй Вилман дар як холати гайримукаррарию гайричашмдошт бархурд карданашро чунин ба хотир меоварад: "Дар он рузхо - мегуяд устод С.Айнй, - ман аз одами Вилман будани Акбархон огох шуда будам. У бо хар бахонае ба хучраам омада мерафт. Як бегох, миёни шом ва хуфтан Акбархон омада, маро ба хучрааш даъват кард. "Ба хучраам як мехмони тотор омад, бо шумо мулокот кардан мехохад" гуфт. Кабул карда рафтам. Аз дари хучра даромадан хамон чашмам ба чашми мехмон афтод. Бо диккат нигаристам. Тотор - афандй, ки чомаи бекасаб пушида руяшро мисли артистхо ранг (грим) карда, дар пешгох менишаст, сардори политсия чаноби Вилман буд"[3,с.131]. Нависанда сир бой надода, бо у вохурй намуда, саволхо дода ба кавли худаш "... кори зарур доштанамро бахона намуда, ичозат пурсида "Бисмиллох" гуён аз назди ин Шайтон гурехтам"[3, с.131].

Устод Айнй аз фаъолияти як киморхонае, низ, ки тахти назорати сардори идораи политсия Вилман карор дошт, изхори нигаронй карда, парда аз руйи фасодкорихои у мебардорад: "Дар вагзали Бухоро, - мегуяд Айнй, - киморхонае буд. Ин киморхона чун дар тахти химояи Вилман ба шумор мерафт, аз хар гуна таарруз махфуз буд. Тамоми фасодкор, дузд ва вокеанависхо дар он чо чамъ мешуданд ва накшаи тамоми фасодхо дар он чо кашида мешуд. Танаффусгохи чаноби Вилман ва яке аз манбаъхои даромади у низ аз хамин киморхона буд"[3,с.125].

Солхои Ч,анги якуми чахон (1914-1918) Русияи подшохй таъкибот ва назоратро аз болои чадидон-тараккихохон, ки бештарашон дар Туркия тахсил карда буданд ва бо Истанбул алока ва рафтуомад доштанд, пурзур намуд. Зеро хукумати подшохии рус аз Туркия, ки аз чониби Германия бо Русия дар набард буд ва эмиссархо ва чосусони турк ба Аморати Бухоро тез-тез равуо доштанд, хусусан чадидон бо ин кишвар иртибот доштанд, дар харос буд. Ба хамин маъни ишора карда устод Айнй низ таъкид мекунад, ки "Дар вакти чанг таъкиботи политсияи махфии хукумати императорй ва бо фармоиши махсуси вай таъкиботи хукумати амирй боз хам зиёдтар гардид"[1, с.62].

Дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ бо туфайли точирон, сайёхон ва толибилмоне, ки дар хорич тахсил мекарданд, дар Аморати Бухоро хам баъзе рузномаю мачаллахо, аз кабили "Вакт", "Тарчумон", "Хдбл-ул-матин", "Чехранамо" ва гайра дар байни ахли савод пахн гардида, мардумро аз вокеахои чахон, афкору гояхои инкилобй огох месохт. Хусусан маколахои яке аз узви фаъоли чавонбухороиён Абдулкодир Мухиддинов, ки бо номи мустаори "Бухорой" дар сахифахои "Вакт" интишор мегардид, дар бедор кардани ахли Бухоро накши мухиме бозид. Неруи муктадири матбуотро дар бедор кардани омма эхсос карда, рушанфикрон дар пайи таъсиси рузнома шуданд, вале ин кор ба идораи Агентии сиёсй чандон писанд наомад.

Нависанда ва ватандусти дилогох аз муносибати душманонаи Агентии сиёсй нисбат ба матбуоти нав дар Бухоро дар шигифт шуда, аз он сахт интикод кардааст. Устод Айнй аввал мавкеи худи хукумати Бухороро нисбат ба газетахо шадидан зери тозиёнаи танкид гирифта мегуяд "... хукумати Бухоро, ки ба ягон кори оддии маданй рох намедод, ба нашри газетае, ки дар пеши назараш чун муфаттише шуданаш мумкин буд, чй гуна рох дода метавонист"[1,с.106]. Дар ин бора фикрашро идома дода, барои мавкеи Агентии сиёсй нисбат ба газета чунин иброз медорад: "Элчихонаи рус бошад, ба нашри як газетаи озодфикр рухсат додан он тараф истад, ба ин кор аз хукумати амир хам бештар монеъ мешуд"[3, с.106].

Ба ин нигох накарда, бо ташаббусу икдоми Мирзо Мухиддин, Мирзо Сирочи Хдким ва мудири чопхонаи Когон Левии яхудй, ки баъди ваъдаи ба даст овардани фоидаи зиёд аз Агентии сиёсй (онхо низ фоидаро интизор буданд) ичозати нашри рузномахои "Бухорои Шариф" ва тобистони соли 1912 бошад, нашри газетаи "Турон"-ро ичозат гирифтанд. "Бухорои Шариф" хафтае чор маротиба ва "Турон" бошад, ду маротиба нашр гардида, ба дасти хонандагон мерасид. Бо гуфти устод Айнй "Газетахо руз ба руз диккати мардумро ба худ бештар чалб мекарданд. Онхо факат дар Бухоро не, балки дар тамоми Туркистон шухрат пайдо карданд"[3,с.108].

Бо вучуди он, ки дар сахифахои ин газетахо ба масъалахои сиёсии муносибати байни Русияю Бухоро матлаб чоп намекарданд ва "факат аз нуксонхои ичтимой, аз иктисод, зироат, илму маориф, аз ахволи фалокатбори мактабу мадрасахо бахс мекарданду вассалом", ба ин нигох накарда, Агентии сиёсй дар пайи бастани ин рузномахо шуда, дар ин кор хукумати Бухороро ба

пеш даровард. Бо хамин ма;сад "Ба хукумати Бухоро мурочиат карда, бастани газетахоро маъ;ул донист. Хукумати Бухоро - таъкид мекунад нависанда, - зотан фа;ат ба хотири элчихонаи рус ба ин кор (нашри газетахо - PA.) - розй шуда буд, вагарна табъан ба чунин корхо харгиз розй намешуд. Агар ихтиёр дошта бошад, на танхо газетахои Бухоро, балки матбуоти исломии тамоми Pyсия ва хатто тамоми дунёро нест мекард"[3, c.108].

Агентии сиёсй 12 январи соли 1913 ба идораи газетахо бо имзои Петров мактуби расмй ирсол кард, ки дар он омада буд: "Бо хохиши чаноби олй амири Бухоро аз хамин руз эътиборан газетахои "Бухорои Шариф" ва "Турон" аз нашр боздошта мешаванд''^^.^]. Хамин тари;, "Бухорои Шариф" баъди 153 шумора, "Турон" баъди 49 шумораи нашр баста шуданд. "Ин ду нихол, - мегуяд Айнй, - ки акнун ба мева додан даромада буданд, бо табари зулму истибдод аз боFчаи хал; решакан шyданд"[3,c.108]. Хамчунин устод Айнй Fамy андух ва таассуроташро дар як шеъраш хеле нишонрас ифода намудааст:

Эй тaрцумaи х,оли дил, эй сaфx^aи "Турон",

Ту Max,e шудй, монд 6a дил доги фaровон...

Дируз 6a дaврон зи ту axбор x^aмeрaфт,

Акнун зи ту цуз xотирae нест 6a дaврон.

Не, не, зи ту тд дaрду aMaM монд 6a гетй,

Не, не, зи ту тд мex^нaту гaм монд 6a тйх;он...[3,с.109].

Минбаъд С.Айнй ба туфайли мураккаб гаштани авзои сиёсии чахон ва Pyсия дар заминаи чанги якуми чахон ва шуриши соли 1916 дар Туркистон борхо ба Агентии сиёсии Pоссия ва политсия бархурдхо доштааст. Чунончи, соли 1915 бо супориши Агентии сиёсй ва политсияи рус беш аз 50 нафар одамони "шубханок"-ро ба назди ;ушбегй бурда, шумохо ба сиёсат машFyлед, аз шикасти аскарони рус гап мезанед, гуён сахт истинто; карда, чавоб додаанд. Чуноне ки худи устод С.Айнй мегуяд: "Азбаски руйхат аз тарафи политсияи махфй ё консулхонаи рус (Агентии сиёсии Pyсия дар назар аст - PA.) тартиб ёфтааст, бинобар бо харфи "а" сар шудани фамилияи ман, маро аз хама аввал навиштаанд. Кушбегй гумон мекард, ки бинобар "чинояткори гузаро" будани ман номи маро аз хама болотар навиштаанд"[1,а64].

Дар ин замина байни нависанда ва ;ушбегй як сухбату муколама низ сурат гирифта буд, ки дар рафти он ;ушбегй Айниро ба манъи газетахонй ва худдорй намудан аз хар гуна сухбатхои сиёсй даъват кардааст[1,а62-64].

Устод С.Айнй дар хусуси фаъолияти политсия ва намояндагони Агентй чихати кофтукови шахсони "шубханок" ва дар ин замина ба ришваситонй машFyл шудани онхо маълумотхои да;и; оварда, парда аз руйи харомхурии онхо мебардорад. "Таъ;иботи политсияи подшохй, -менависад С.Айнй, - дар зимистон дар шахр давом кард, одамони бисёре хабс ва кофтуков карда шуданд. Коркунони масъули гумоштаи сиёсии Хукумати подшохй дар Бухоро аз ин ахвол ба фоидаи шахсии худ хам истифода бурданд. Котиби якуми Агентии сиёсй - Шулга, одамонеро, ки и;тидори пора додан доштанд "шубханок" гуфта, ба тари;и махфй ба худи он одам мефахмонд ва баъд аз як маблаF пора додан, он кас аз "шубха" мебаромад"[1, c.67].

Аз ин бозии Шулга хатто ;озикалони давр хам эмин намонд ва чанд хешовандонаш ба руйхати шубханокхо ворид шуданд, вале баъди аз ;озикалон гирифтани пораи муносиб, онхо аз "шубха" баромаданд[1, c.64]. Ин пора муносиб ба ;авли устод Айнй тилло будааст, "вале мивдораш дар хотирам намондааст" мегуяд устод.

Дар ин иртибот ва бозихои пуштипардагии Шулга устод Айнй далелхои боэътимод - хатхои уро дар даст дошт. Чунончи, аз мазмуни яке аз чунин мактубхои Шулга ба ;озй Бурхониддин ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки "Шулга ба ;озй Бурхониддин хам мактубе навишта, уро ба харакат кардан ба му;обили чавонон даъват кард". Дар як чойи ин мактуб гуфта шуда буд: "Шумо натарсида, ба нест кардани ин фир;а кушиш кунед. Дар ин бора аз мо хар гуна химоят мебинед"[а130].

Устод Айнй дар идомаи суханхояш нисбат ба Шулга фикрашро як навъ чамъбаст карда, таъкид менамояд, ки "Хулосаи калом, ин дипломат, ки дар байни хал;и Бухоро бо ла;аби "ноибча" машхур буд, кй будани худашро фа;ат ба чавонон не, балки ба тамоми ахолии Бухоро шиносонида буд"[3,а130].

Хамин буд, ки мактубхои Шулга, мав;еъгирихои Pезиденсияи Pyсия, бахусус рохбари он Миллер аз назари чавонбухороиён ва ахолии Бухоро пинхон намонд ва Шурои депутатхои солдатхою коргарони Когон дар мачлиси худ дар бораи ба хабс гирифтани онхо ;арор баровард. Дар натича, Миллер ба хабс гирифта шуда, калиди ало;аи телеграфии Pезиденсия аз

у мусодира шуд ва баъдтар у ба Русия фиристода мешавад. Аммо ба Шулга муяссар мегардад, к6и8 )а з Когон фирор намояд. Ба гуфти устод Айнй "Агентии сиёсии Русия - бандаи содики Николайи II, ..." ва баъдтар Резиденсия дар Бухоро то октябри соли 1917 ба Россия содикона хизм ат карда , б аъди галабаи болшевикон бархам мехурад.

Бамаврид аст таъкид намоем, ки устод Айнй дар тули зиндагии хеш, ки нисфаш пураламу пурмашаккат сипарй шудааст, бо ниходхои махсуси режимхои мавчуда бархурдхои зиёд доштааст. Баъд аз таъкибхо ва озори чисмонии дар замони амирй кашидааш душманонаш хамоно уро ором нагузошта, дар пайи чисман нобуд сохтани у тадбирхои нав ба нав меандешиданд. Баъди 52 рузи муолича ва бисту панч амалиёти чаррохиро аз сар гузаронидан ахволу саломатии устод Айнй андаке бехтар гашта, ба Самарканд меояд, вале дар рузи сеюми дар Самарканд икомат доштанаш бо кавли худи нависанда "... сахт бемор шуда, дар кулуб афтодам. Яке аз самаркандиён, ки ман уро шахсан намешинохтам, аммо у ба ман назари хуб доштааст, маро ба файтун бор карда ба хонаи худ бурд ва дар он чо ду мох бемор хобидам ва баъд аз он куввате пайдо кардам, асозанон ба куча баромада тавонам"[1,с.86]. Дар хамин холат хам душманонаш уро ором нагузоштанд ва муллохои мутаассиби Самарканд Эшони Тура, муфтй мулло Одил" ... зери рохбарияти козй Исохон - мегуяд худи устод Айнй, - бар зарари ман ривояте карданд. Мазмуни он ривоят ин будааст: "касе, ки ба подшохи ислом тег кашида, аз он чо ронда шудааст, дар шахри мусулмонон истикомат кардани он аз руйи шариат чоиз нест". ... Ман ба совдепи (шурои депутатхо - Р.А.) Самарканд рафта, ин холро хабар додам. Совдеп калонони муллохоро чег зада бурда аз забони онхо хат гирифт, ки агар ба фалони зараре расад, онхо (калонони муллохо) чавобгаранд"[1,с.86].

Дар хамин холати тахдиди муллохои мутаассиб ба химояи устод сокинони махаллаи Суфй -Розик бархостанд ва Исматулло Рахматуллоев, ки яке аз ташкилкунандагони маорифи халк ва аз дустони устод Айнй буданд, нависандаро дар хонааш пинхон намуда, ба мактуби дастачамъонаи сокинони ин гузар чихати химояи нависанда имзо гузоштааст[6,хуччати 52]. Дар хамон шабу рузхои барои нависанда хавфнок, аввалхои соли 1919 бо кумаки дустон ва хаммаслакон устод Айнй шахрванди Самарканд ва ба ин васила табааи Русия мегардад[6,хуч.49-51], ки дар хамон давра амнияти уро таъмин мекард.

Душманони маънавй ва хасудонаш устод Айниро дар замони шуравй хам ором нагузоштаанд. Барои бадном кардани у ба идорахои махсус мактубхои игвогаронаи сар то по тухмату бухтон ирсол мекарданд, ки ин мавзуъ тахкикоти алохидаро такозо дорад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Айнй, С. Мухтасари тарчимаи холи худам//Акнун навбати калам аст. Осори баргузида дар ду чилд. Ч,илди якум/С.Айнй.-Душанбе: Ирфон 1977.- 478 с.

2. Айнй, С. Таърихи амирони мангитияи Бухоро //Куллиёт. Ч,.10. /С.Айнй. - Душанбе: Ирфон. 1966.-С.5-193.

3. Айнй, С. Таърихи инкилоби Бухоро/С.Айнй.- Душанбе: Адиб, 1987.-240 с.

4. Арапов, Д.Ю. Мусульманское движение в Средней Азии в 1910 (по архивным материалам Департамента полиции МВД Российской империи //Сб. русс.ист.общ. МТБ (153)/Д.Ю.Арапов.- М., 2002.- С.127-134.

5. Броздин, С.С. Пробуждение Бухары: Бухарский эмират в конце XIX - начале XX вв. Karadeniz. 2012. №4 (14). S. 47-64. [Электронный ресурс]. https://vk.com/wall-52136985_5193 (дата обращ.: 10.03.2021).

6. Книга жизни Садриддина Айнй. Подготовка, издания и исследование К.С.Айнй.- Душанбе: Ирфон, 1978.- 490 с.

7. Розикзода, А.Ш. Миршаб/А.Ш.Розикзода.- Душанбе: Ирфон, 2021.- 424с.

8. Российский государственный исторический архив. Ф.821, Оп, 8. Д.612, Л.369 обр.

9. Тухтаметов, Т.Г. Русско-бухарские отношения в конце XIX начале XX вв./Т.Г.Тухтаметов.-Ташкент. 1966.-200 с.

10.Фитрат, Абдурауфи Бухорой.Баёноти сайёхи хиндй/А.Фитрат.-Душанбе:Ирфон,2009.- 92 с.

11.Холид, Адиб, Ч,адидон, Миллат ва Ватан [Захираи электронй]. https://ozodi.org/a//1223514.html (санаи мурочиат: 26.05.2021).

12.Хотамов, Н.Б.Свержение эмирского режима в Бухаре/Н.Б.Хотамов.- Душанбе, 2018.-348 с.

13. ЦГА Р. Уз. Ф.И.- 461.0п.1.Д.1023.Л.71 обр.

14. ЦГА Р.Уз. Ф.И.- 461.0п.1.Д.1260.Л.76.обр.

15. ЦГА Р. Узб. Ф.И-461, Оп.1, Д.1260, Л.75 обр.

REFERENCES:

1. Aini, S. Brief Biography of my Life / S.Aini // Now it is the turn of the pen. Selected works: in two volumes. The first volume / S.Aini.-Dushanbe: Cognition, 1977. - 478 p.

2. Aini, S. The History of Mangyts Emirs of Bukhara /S.Aini// Collection of Compositions. - V. 10. -Dushanbe: Cognition, 1966. - P. 5 - 193.

3. Aini, S. The History of Bukhara Revolution / S.Aini. - Dushanbe: Man-of-Letters, 1987. - 240 p.

4. Arapov, D.Yu. Muslim Movement in Central Asia in 1910 (according to archival materials of the Police Department of the Ministry of Internal Affairs of the Russian Empire // Collection of Russian University of Community. MT (153) / D.Yu. Arapov.- M., 2002. - P. 127 - 134.

5. Brozdin, S.S. Awakening of Bukhara: Bukhara Emirate in the Late XlX-th - the Early XX-th Centuries. The Black Sea. 2012. №4 (14). S. 47-64. [Electronic resource]. https://vk.com/wall-52136985_5193 (Date of appeal: 10.03.2021).

6. Sadriddin Ami's Life Book. Preparation, publication and research of K.S. Aini. - Dushanbe: Cognition, 1978. - 490 p.

7. Roziqzoda, A.Sh. Mirshab / A.Sh. Roziqzoda. - Dushanbe: Cognition, 2021. - 424p.

8. The Russian State Historical Archive. F.821, op, 8. d.612, l.369p.

9. Tukhtametov, T.G. Russian-Bukhara Relations at the End of the XIX-th the Beginning of the XX-th Century / T.G. Tukhtametov. -Tashkent, 1966. - 200 p.

10.Fitrat Abduraufi Adib. Bukhara. Statement of an Indian Tourist / A. Fitrat. - Dushanbe: Cognition, 2009. - 92 p.

11.Khalid, Jadidon, Nation and Homeland [Electronic resource]. https://ozodi.org/a//1223514.html (Date of appeal: 26.05.2021).

12.Khotamov, N.B. Strengthening of the Emirate Regime in Bukhara / N.B Khotamov. - Dushanbe, 2018. - 348 p.

13. State Central Archive of Uzbekistan Republic (SCAUR). F.I.- 461.op.1.d.1023.l.71p.

14. State Central Archive of Uzbekistan Republic (SCAUR). F.I.- 461.op.1.d.1260.76p.

15. State Central Archive of Uzbekistan Republic (SCAUR). F.I-461, op.1, d.1260, l.75p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.