Научная статья на тему 'ОБРАЗИ МАОРИФПАРВАРОН ДАР ҚИССАИҲУҶҶАТИИ “МУАЛЛИМ АБДУЛҚОДИРИ ШАКУРИ”- И ВАДУД МАҲМУДИ'

ОБРАЗИ МАОРИФПАРВАРОН ДАР ҚИССАИҲУҶҶАТИИ “МУАЛЛИМ АБДУЛҚОДИРИ ШАКУРИ”- И ВАДУД МАҲМУДИ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
230
27
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ВАДУД МАХМУДИ / ОБРАЗ / ПРОСВЕТИТЕЛИ / ДОКУМЕНТАЛЬНЫЙ РАССКАЗ / АБДУКАДЫР ШАКУРИ / СОВРЕМЕННАЯ ТАДЖИКСКАЯ ПРОЗА / WADUD MAHMUDI / IMAGE / ENLIGHTENERS / DOCUMENTARY STORY / ABDUKODIR SHAKURI / MODERN TAJIK PROSE / ВАДУД МАҳМУДӣ / МАОРИФПАРВАРОН / қИССАИ ҳУҷҷАТӣ / АБДУқОДИР ШАКУРӣ / НАСРИ МУОСИРИ ТОҷИК

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Муродова Малика Ҷӯраевна

Мақола ба баррасии образи маорифпарварон дар қиссаи ҳуҷҷатии “Муаллим Аблулқодир Шакурӣ”-и олим, шоир, тарҷумон ва маорифпарвари қарни ХХ Вадуд Маҳмудӣ(1897-1975) бахшида шудааст.Тазаккур меравад, ки яке аз асарҳои маъруфи Вадуд Маҳмудӣ “Муаллим Абдулқодири Шакурӣ” мебошад, ки дар он оид ба давраи пурҷӯшу хурӯши маорифпарварӣ ва набардҳо барои устувор кардани мактабу маорифи миллӣ сухан рафтааст. Қайд мегардад, ки дар ин асар аз чеҳраҳои маъруфу машҳури даврони маорифпарварӣ, онҳое, ки собитқадамона дар роҳи беҳтар кардани усули таълим дар аморати Бухоро кӯшидаанд, бо фарогирии маводи муҳими таърихӣ сухан рафтааст. Хотирнишон мешавад, ки дар асар образи маорифпарварони тоҷик Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Фазлиддин Махдум, Ҳоҷӣ Сироҷиддин, Мирзо Нарзуллоҳ, Ҳоҷӣ Абдусаттор тасвир мешавад, вале дар меҳвари асар тасвири образи Абдулқодири Шакурӣ қарор гирифтааст.Муаллифи мақола образи Абдулқодири Шакуриро таҳлил намуда, кӯшишу талошҳои ӯро баҳри бедории фикрии мардум дар вазъияти таъқиботи сахти аморати Бухоро хуб арзёбӣ намудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ENLIGHTENERS' IMAGE IN THE DOCUMENTAL STORY ENTITLED AS UTEACHER ABDULKODIR SHAKURI” BY WADUD MAHMUDI

The article dwells on the image of enlighteners in the documentary story “Teacher Abulkodir Shakuri” by the scientist, poet, translator and enlightener who lived in the XX-th century Wadud Mahmudi (18971975). It is underscored that one of the most famous literary productions belonging to the pen of Wadud Mahmudi is “Teacher Abulkodir Shakuri”, which spoke about the turbulent period of education and struggle to strengthen national schools and education. It is noted that in the relevant work well-known figures of the educational period, those who consistently made an endeavor to improve methods of teaching in Bukhara Emirate are covered by important historical material, on the whole. The former depicts the images of the following enlighteners such as Munzim, Hamidkhoja Mehri, Fazliddin Makhdum, Khoja Sirojiddin, Mirzo Narzulloh, Khoja Abdusattor, but an emphasis in the work is laid upon Abdulkodir Shakuri's image. The authors of the article analyze Abdulkodir Shakuri's mage and describe his efforts to awaken people in the face of the brutal persecution of Bukhara Emirate.

Текст научной работы на тему «ОБРАЗИ МАОРИФПАРВАРОН ДАР ҚИССАИҲУҶҶАТИИ “МУАЛЛИМ АБДУЛҚОДИРИ ШАКУРИ”- И ВАДУД МАҲМУДИ»

УДК9053) ББК63.3 (5Т)

ОБРАЗИ МАОРИФПАРВАРОН ДАР ЦИССАИХУЦЦАТИИ "МУАЛЛИМ АБДУЛЦОДИРИ ШАКУРИ"- И ВАДУД

МАХМУДИ

ОБРАЗ ПРОСВЕТИТЕЛЕЙ В ДОКУМЕНТАЛЬНОМ РАССКАЗЕ ВАДУДА МАХМУДИ "УЧИТЕЛЬ АБДУЛКАДЫР ШАКУРИ"

ENLIGHTENERSл IMAGE IN THE DOCUMENTAL STORY ENTITLED AS "TEACHER ABDULKODIR SHAKURI" BY WADUD MAHMUDI

Муродова Малика Цураевна, номзади илмуои филология, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоцики МДТ "ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров" (Тоцикистон,Хуцанд)

Муродова Малика Джураевна, к.ф.н.,доцент кафедры современной таджикской литературы ГОУ "ХГУ имени акад. Б.Гафурова ( Таджикистан,Худжанд )

Murodova Malika Djuraevna, candidate of philological sciences, Associate Professor of the department of Tajik modern under the SEI "KhSU named after acad. B. Gafurov (Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]

Вожа^ои калиди: Вадуд Махмуды, образ, маорифпарварон, циссаи ууццати, Абдуцодир Шакури, насри муосири тоцик

Мацола ба баррасии образи маорифпарварон дар циссаи ууццатии "Муаллим Аблулцодир Шакури "-и олим, шоир, тарцумон ва маорифпарвари царни ХХ Вадуд Махмуды (1897-1975) бахшида шудааст.Тазаккур меравад, ки яке аз асаруои маъруфи Вадуд Махмуды "Муаллим Абдулцодири Шакури" мебошад, ки дар он оид ба давраи пурцушу хуруши маорифпарвари ва набардуо барои устувор кардани мактабу маорифи милли сухан рафтааст. Цайд мегардад, ки дар ин асар аз чеурауои маъруфу машуури даврони маорифпарвари, ощое, ки собитцадамона дар роуи беутар кардани усули таълим дар аморати Бухоро кушидаанд, бо фарогирии маводи мууими таърихи сухан рафтааст. Хотирнишон мешавад, ки дар асар образи маорифпарварони тоцик Аумадцони Х^амди, Абдулвоуиди Мунзим, Х^омидхоцаи Меури, Фазлиддин Махдум, Х,оцй Сироциддин, Мирзо Нарзуллоу, Х,оцй Абдусаттор тасвир мешавад, вале дар меувари асар тасвири образи Абдулцодири Шакури царор гирифтааст.Муаллифи мацола образи Абдулцодири Шакуриро таулил намуда, кушишу талошуои уро баури бедории фикрии мардум дар вазъияти таъциботи сахти аморати Бухоро хуб арзёби намудааст.

Ключевые слова: Вадуд Махмуди, образ, просветители, документальный рассказ, Абдукадыр Шакури, современная таджикская проза

Статья посвящена образу просвитителей в документальном рассказе «Учитель Абулкадыр Шакури» ученого, поэта, переводчика и просветителя ХХ века Вадуда Махмуди (1897-1975).Отмечено, что одним из самых известных произведений Вадуда Махмуди является «Учитель Абулкадыр Шакури» , в котором говорилось о неспокойном периоде образования и борьбе за укрепление национальных школ и образования.Отмечается, что в этой работе известные деятели просветительского периода, те, кто последовательно пытался улучшить методику обучения в Бухарском эмирате, охвачены важным историческим материалом. В ««Учитель Абулкадыр Шакури» изображены образы просвитителей Мунзим, Хамидходжа Мехри, Фазлиддин Махдум, Ходжи Сироджиддин, Мирзо Нарзуллох, Ходжи Абдусаттор, но акцент в работе сделан на образ Абдулкадира Шакури. Автор статьи анализирует образ Абдулкадира Шакури и описывает его усилия по пробуждению людей в условиях жестоких преследований Бухарского эмирата.

Key-words: Wadud Mahmudi, image, enlighteners, documentary story, Abdukodir Shakuri, modern Tajik prose

The article dwells on the image of enlighteners in the documentary story "Teacher Abulkodir Shakuri" by the scientist, poet, translator and enlightener who lived in the XX-th century Wadud Mahmudi (18971975). It is underscored that one of the most famous literary productions belonging to the pen of Wadud Mahmudi is "Teacher Abulkodir Shakuri", which spoke about the turbulent period of education and struggle to strengthen national schools and education. It is noted that in the relevant work well-known figures of the educational period, those who consistently made an endeavor to improve methods of teaching

in Bukhara Emirate are covered by important historical material, on the whole. The former depicts the images of the following enlighteners such as Munzim, Hamidkhoja Mehri, Fazliddin Makhdum, Khoja Sirojiddin, Mirzo Narzulloh, Khoja Abdusattor, but an emphasis in the work is laid upon Abdulkodir Shakuris image. The authors of the article analyze Abdulkodir Shakuris mage and describe his efforts to awaken people in the face of the brutal persecution of Bukhara Emirate.

Вадуд Махмудй аз чумлаи аввалин шоирон, олимон, нависандагон, тарчумонхо, фархангшиносон мебошад, ки дар даврони таърихи навини миллати точик зухур кардаанд. У 8-уми октябри соли 1897 дар гузари Хоча Зулмуроди шахри Самарканд дар хонадони фозили самар;андй ба дунё омада, ба шарофати истеъдоди фитриаш сохиби маърифати замон мешавад.

Вадуд Махмудй омузгор, ходими маориф, адиб, муна;;ид, тарчумон, лугатшинос ва забоншиноси баркамол буд. Саводашро то хафтсолагиаш дар хонаи падараш - мударриси мадрасаи Хоча Зулмурод мулло Махмудчон Махдум баровардааст ва баъд дар мактаби машхури усули чадиди Абдул;одири Шакурй тахсил кардааст.

Тиб;и баъзе маълумотхо Вадуд Махмудй пас аз тахсил дар мадориси Самарканду Бухоро дар шахрхои Казон ва Маскав низ муддате хонда, дорои маърифату саводи баланд гардидааст. Забонхои арабй, англисй ва русиро ба дарачаи аъло медонистааст.

То галабаи Ин;илоби Октябр дар ин мактаб аввал халифа - шогирд ва баъд муовини муаллими худ шуда кор кардааст (1909-1918). Сипас дар мактаби олии «Алия»-и шахри Уфа ва баъд дар Институти адабй-бадеии ба номи Бирюсови шахри Москва тахсил намуд (1918-1919).

Ва;те ки Файзулло Хочаев соли 1920 раиси Шурои Комиссарони Хал; таъйин гардида, Хукумати Ч,умхурии Хал;ии Шуроии Бухороро ташкил менамояд, ба Вадуд Махмудй вазифаи нозири (вазири) маориф пешниход шуд, ки дар ин ва;т хаждахсола будааст. Пас ин чавонмард дар чунин синну сол низ хамзамононро бо донишу маърифати баланди хеш мафтуну тасхир намуда, ки ба ин мансаби олй сазовор донистаанд. Чи тавре ки чиянхои Вадуд Махмудй -олимони машхури чумхурй, устодон Хамид Мансуров ва Камол Айнй ёдоварй менамоянд, Хукумати Ч,умхурии Бухоро ба Вазорати маориф як адад фойтуни сурх чудо карда будааст. Бинобар ин Вадуд Махмудиро вазири фойтунсавор мегуфтанд.

Минбаъд фаъолияташ ба сифати муаллими мактаби №1 ва курсхои муаллимтайёркунй, мудири шуъбаи маорифи хал;и шахри Самарканд, мудири маорифи нохияи Ч,иззах (1920-1926), мудир ва мухаррири мачаллаи «Маориф ва у;итувчй», рузномаи «Зарафшон», «Маърифат ва маданият» (1920-1926) идома ёфтааст, ки самарабахштарин давраи зиндагиаш буданд.

Сипас дар Нашриёти давлатии Точикистон дар Самарканд хамчун тарчумон ва ходими адабй фаъолияташ идома ёфт (1927-1929). Соли 1930 ба Сталинобод (холо Душанбе) омада, дар системаи маорифи хал; ва баъд дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии Академияи илмхои Точикистон вазифахои гуногунро ба чо овард. Дере нагузашта бесабаб ба хабс гирифта шуда, ба Узбекистан, Алмаато, Архангелск бадарга шуд ва баъдан бо Карори Хукумат бегунох эътироф гардид (1930-1954).

Вадуд Махмудй муаллифи аввалин алифбо ба хуруфи лотинй (1927), китобхои дарсии «Омузиш» (иборат аз 3 ;исм, бо хам;аламии Т. Зехнй, 1927-1928), «Сарфи амалй» (барои синфхои 2,3,4), «Дастури амалй» (сарф барои синфи 2 ибтидой) ва г., хамчунин «Сабзаи навхез» (мачмуаи шеърхо) мебошад, ки дар шахри Душанбе соли 1930 ба табъ расидааст.

Киссаи хуччатии «Муаллим Абдул;одири Шакурй» соли 1990 бо кушиш ва сарсухани нависандаи маъруфи точик Сотим Улугзода дар шумораи хаштуми мачаллаи «Садои Шар;» ба табъ расидааст.

Ашъор ва романи манзуми А. С. Пушкин «Евгений Онегин», асархои Л. Толстой «Бачагй, наврасй, чавонй», мачмуаи хикояхои М. Горкий ва И. Тургенев, «Гамлет»-и У. Шекспир, «Саёхат ба маркази Замин»-и Жюл Верн, «Масалхо»-и И. Крилов ва дигар адибонро ба точикй гардонида, дар тахияи «Фарханги забони точикй» (1969) сахми бориз гузоштааст. Камтар касон огоханд, ки яке аз мураттибони ин китоби чомеъ ва мукаммал Вадуд Махмудй чй рузгори печидаю душвореро сипарй намудааст. Вадуд Махмудов хамрохи устодон Тура;ул Зехнй, Рахим Хошим ва дигар олимони номвари лугатшинос ин китоби муътабартарини маърифатомузии моро тартиб додааст.

Вадуд Махмудй романи «Кахрамони даврони мо»-и М. Ю. Лермонтов, шеърхо ва романи манзуми «Евгений Онегин»-и А. С. Пушкин, силсилаи ёддоштхои сегонаи «Бачагй», «Наврасй», «Ч,авонй»-и Л. Н. Толстой ва асархои назму насри дигар адибони бузургро бо махорати баланд тарчума намудааст.

Baле дар aйëми чавонй ба вазири донишманд Tyë чашм мерасад. Хднуз дар солхои 6истум y гирифтори зиндон шудааст, ки дар ин хусус Kaмол Айнй чунин хикоя мекунанд: "B. Махмудй бо супориши идорахои болой муллохои иртичоиро танкид менамоянд, ки бар асари ин муллохо балво мебардоранд. Пас хукуматдорон «Муллохоро шурондй» гyëн B. Махмудиро ба хабс мегиранд ва ба чули MyFOни Ч,умхурии Озарбойчон бaдaрFa менамоянд. Бо хамин B. Махмудй борхо тахти таъкиб ва ба хабс гирифтор мешавад. Мувофики гуфтаи устод Kaмол Айнй B. Махмудй чамъан 23 сол асири зиндонхои гуногуни шуравй гардидааст. Бори охирин B. Махмудй ба самти шимол, ба вилояти Архангелск махкуми хабс будааст. Ba K. Айнй, ки он солхо дар шахри Ленинград тахсили илм доштанд, ба хамон чо ба хабарагирии тaFOяшон рафтаанд.

—Мухлати хабсатон ба охир расиду чаро озод намешавед? - мепурсад K. Айнй аз тaFOяшон.

—Ду нафар точики хaмдиëрaм дар хамин чо низ ювогарй карданд. - чавоб медихад Baдyд Махмудй.

Маълум мешавад, ки он ду нафар хаммиллатон дар хабсхона «бедории сдасй» нишон дода, ба калонхо хабар медиханд, ки B. Махмудй дар вакташ ошпази амири Бухоро буд ва y аз табакаи бойхо ва амалдорон аст. Дар хуччатхо бошад, баромади B. Махмудй аз табакаи кaмбaFaлон кайд ëфтa будааст. Бинобар ин, дастгохи казовати хабсхона «Хукумати шуравиро фиреб додй» гyëн ба хукмномаи B. Махмудй боз панч сол илова менамояд. Ба хамин иллат махбусии ин марди адиб ва фархангсолор тул мекашад".

Боре устод С.Айнй гуфта будааст, ки «Baдyд Махмудй дар адабдат аз ману устод Лохутй хам тавонотар буд. Baле афсус,ки y дар хабсхона шароити такмили донишу махорати худро надошт...»

Асархои тарчумакардаи B. Махмудй борхо чоп шудаанд. Baле дар ин асархо номи тарчумонро зикр намекарданд.

B. Махмудй ба забони узбекй низ маколахои aдaбиëтшиносй эчод кардааст. Ba уро дар Узбекистон яке аз адабдатшиносони маъруфу забардаст эътироф намудаанд. Зимнан B. Махмудй доир ба эчоддати нависандаи тавонои узбек, муаллифи романхои «Айëми гузашта», «Kaждyм аз мехроб» ва Faйрa Абдулло Кодирй як силсила маколахои чолиб навиштааст, ки сонитар инхо яке аз боби «чиноëт»-и B. Махмудй мегарданд, зеро ин адиби узбек низ душмани халк ва махкуми зиндон шуда буд.

Хушбахтона, B. Махмудй аз хабсхона чон ба саломат бурда, ба Самарканд бармегардад. Рохбари онвактаи кишвари Узбекистон Шароф Рашидов нисбати B. Махмудй кадршиносй карда, ба y аз Самарканд хона медихад ва барояш нафакаи хуб таъйин мекунад.

Фархангшиноси барчастаи точик Baдyд Махмудй солхои охири умри худро дар тахияи «Фарханги забони точикй» (ду чилд) сипарй менамояд. Мутаассифона, фавти ин марди донишманд, соли 1976 дар шахри Душанбе ба таври фочиавй руй додааст. Чашмони B. Махмудй дар хабсхонаи пурзах хира шуда буданд. Шомгохе y дар чохи кубури обгузар тасодуфан афтода, осеби сахт мебинад ва бар асари ин оламро падруд мегуяд. Оромгохаш дар кабристони Сари Осиëи пойтахт вокест...

Чй хеле ки гуфтем, яке аз асархои маъруфи Baдyд Махмудй "Муаллим Абдулкодири Шакурй" мебошад, ки дар он оид ба давраи пурчушу хуруши маорифпарварй ва набардхо барои устувор кардани мактабу маорифи миллй сухан рафтааст. Аз ин асар аз чехрахои маъруфу машхури даврони маорифпарварй, онхое, ки собиткадамона дар рохи бехтар кардани усули таълим дар аморати Бухоро кушидаанд, хеле мунсифона ва бо фарогирии маводи мухим сухан рафтааст.

Яке аз ин гуна чехрахои мондагор Абдукодир Шакурй мебошад, ки чун яке аз саромадони маорифи точик дар рушду ривочи мактабу маориф накши сазоворе гузоштааст. Абдукодир Шакурй яке аз симохои тобноки илму фарханги он даврон буда, чун яке аз равшангарони Осдаи Марказй шинохта мешуд. Ба гувохии академик М. Шакурй «на танхо аз сарварони чунбиши тараккихохии Мовароуннахри OFOЗи садаи бистум, балки аз барчастатарин намояндагони афкори ичтимоиву сиëсии мусулмонони Русия буда, андешапардозихои y дар асоси «огохии комил аз умдатарин омузахои мутафаккирони Шарки онруза ва бардоштхояш аз сафархо ба соири кишвархои олам,ба мураттаб намудани афкори маорифпарварй пардохтааст. Дар афкори Шакурй умдатарин масоили чомеа мавриди таваччух карор гирифта, халли хар чй зудтари мушкилоти замон такозо шудааст» (4,39).

Абдукодир Шакурй дар дехаи Рачабамини наздикии Самарканд чашм ба олами хастй кушодааст. Ба гувохии донишманди точик Вадуд Махмудй модари Абдукодир Шакурй дар хонаи худаш мактаби духтарона дошт.Бонуи босаводе буд, форсй ва туркй хуб медонист, бисëр ашъор хифз карда буд. Муаллим Шакурй пеш аз сар шудани мочарои «усули чадид» дар хавлии дехаи худашон мактабдорй мекардааст (4, 35-49).

Дар хама чои олам бисëр дида шудааст, ки тахаввулоту дигаргунихо бе низову чидоли байни мардум камтар муяссар гардидааст. Хднуз аз аввалин хучрае, ки А. Шакурй дар хучраи мадрасаи деха ташкил карда буду дар он мактабдорй мекард, мдани ахолй ихтилоф пайдо мешавад,то хадде ки он хучраро вайрон ва муаллимро аз мактабдорй манъ мекунанд. Баъд аз ин,муаллим Шакурй дар хавлии меросии худаш ба мактабдорй шуруъ мекунад.

Ин аввалин мухолифатест,ки муаллим дар овони муллобачагии худ аз ахолии дехааш дида ва ин навъ зиддият то охири умр ва хатто баъд аз вафоташ нисбат ба хонаводаи y раво дида шудааст.Баъд аз вафот хонаи шахсии Уро бо мактабхонае, ки сохта буд, аз дасти меросхyронаш гирифта, хонадонашро берун карданд, дару тирезахоро шикаставу сухтанд. Ин таассуб идомаи хамон мухолифати чандинсола буд.

Аксари мухаккикон пахлухои мухими рузгори Махмудхоча Бехбудй ба таври густурда мавриди омузиш карор надода^ аз фарогирии сарчашмаи аслй бебахра мондаанд, бештари онхо дар аксар маврид якнавохт баëни андеша намуда, ë ба ибораи дигар яке дигареро такрор кардаанд. Маколаи арзишманде перомуни холномаи Абдукодир Шакурй аз чониби Вадуд Махмудй маорифпарвари маъруфи он замон, ки баъд аз ташкили хукумати шуро аввалин мудири шуъбаи маориф таъин шуда буд бо тахияи С.Улугзода дар нашрияи «Садои Шарк» (1990 №8 с. 3-41), мутаассифона баъди маргаш мунташир гардидааст, кобили тазаккур мебошад. Пахлухои мухими рузгори Абдукодир Шакурй ба таври густурда мавриди омузиш ва пажухиш карор нагирифта аксари мухаккикон бар асоси гуфтахои ин муаллиф хулосагирй намудаанд.

Ба гуфти Вадуд Махмудй муаллим Шакурй,ки кори худашро аз мактабдории кухна сар кардааст, монанди дигарон мактабдори хушки мукаллид набуда, хамеша дар чустучуи тарзи тозаи таълим, яъне роххои зудтар саводнок кардани бачахо будааст. Бори авввал рочеъ ба усули нави таълим аз устои соатсози деха, ки аз ахволи олам бохабар будааст, маълумот мегирад. Бо рузномаи «Тарчимон»-и Исмоил Гаспаринский (соли вафоташ 1921), ки солхои 1905 дар Крим интишор меëфт, ошно мекунад. То он замон муаллим Шакурй доир ба чй будани рузнома хеч тасаввуроте надошт.Аз он руз сар карда, ба хондани рузнома дил мабандад ва тавассути он аз усули чадиди таълим ва аз вокеахои олам огохй пайдо менамояд.

Китобхои тоза аз Богчасарой, Истамбул, Боку, Казон, Техрон ба даст оварда, шабхо дарси хисоб, чугрофия меомухт.Ошной бо китобхо ва усулхои нави таълим дар мактабхо, пешрафтхои илмй ба Шакурй таъсири здад намуд ва ба рушди чахонбинии у хамачониба мусоидат кард. Баъд аз ин, мухити деха барояш дигар тангй кард ва мехост дар шахр мактаб таъсис дихад. Барои ин кор аввалан Х^очй Абдукодири хумдончии мухандис ва сипас Махмудхоча Бехбудй хавлии худро пешкаш намуданд. Мачмуан ëздах маротиба муаллим Шакурй бо ивази макон мактаб ташкил кардааст ва хамин хол худ гувох аст, ки чй гавгохое пеш омадаанд.

Бо дарки авзоъ ва холати нобасомони кишвар Шакурй нихоят пайи таргибу ташвики ислохи чомеа ба фаъолият пардохт. У бо рузномахои давр чун «Туркистон вилоятинг газетаси», «Тараккй», «Хуршед», «Туччор» хамкорй ва робитаи зич дошт. Хдр навиштаи у фарогири масоили мубрами чомеа буд, ки бо инъикоси вокеии замон хамватанонашро аз вазъу холати ногувори чомеа вокиф менамуд.

Шакурй чун мубаллиг дар ташкил ва таргиби мактабхои усули нав бештар бо дустон ва шогирдон Махмудхоч Бехбудй, Саид Ахмади Сиддикии Ачзй, Абдурауфи Фитрат, И.Рахматуллозода ва Х^очй Муин хамкорй дошт.

Махз дар ин давра бо дарки мавчуд набудани китобхои дарсй барои таълифу таснифи китобхои «Рахнамои савод», «Ч,омеъ-yл-хикоëт», «Зубдат-ул-ашъор» мусоидат намуд. Ин китобхо ба таргиби илму фанни замонавй равона шуда буданд. Барои расидан ба ин хадаф кушодани аввалин китобхонахо аз чониби Бехбудй, ки аксари китобхои онро худаш дарëфта, фонди китобхонахоро афзун гардонида ва таъсиси «Нашрдати Бехбудй» низ дар ин рох мусоидат кард.

Дар он замон ки шухрати мактаби Абдукодир Шакурй тамоми Самарканд ва атрофи онро фаро гирифта буд,ба Х^очй Муин низ сахт таъсир расонид. Соли 1903 дар пайравии Шакурй дар махаллаи Хучаи Нисбатдор мактаби усули чадидро таъсис медихад. Бо дарки зарурати

китобхои дарсй барои мактабхои усули чадид соли 1908 Хочй Муин алифбои «Рахнамои савод»-ро бо забони форсй нашр менамояд. Бино ба иттилои худи Хочй Муин ношири ин китоб муаллим Абдукодир Шакурй буда, он дар хачми 36-сахифа, ба микдори 2500 дона аз нашр баромадааст. Азбаски ин алифбои форсй буд, бархе аз дaсисaчyëн ва ювогарон аз он истифода бурда, мдани мардум хар гуна иFво пахн менамуданд.

Хочй Муин бо осори гаронбахо ва таълифоти чолиб дар он давр машхур буд. У муаллифи китобхои дарсй барои толибилмони мактабхои чадид ба шумор мерафт. Хамчунин барои мактабхои усули чадид чанд китобхои дарсй омода ва чоп намудааст, ки баъзеи он то ба имруз омада расидаанд. Аз чумла, китоби «Акидаи исломия» (1915), ки барои талабахои мактабхои ибтидой пешбинй шуда буд, бо забони точикй дар Самарканд нашр гардидааст.

Bобaстa ба ташкил шудани макотиби усули нав барои онхо китобхои дарсй, хеле аз осори ^даконаи адабдати рус, аз забони русй ба точикй тарчума карда шуданд. Албатта, ин тарчума ба сурати гуногун анчом дода мешуд. Як бахши онхо аз забони русй бевосита тарчума шавад, пас бахши дигарашон аз тарчумаи туркй баргардон мешуданд ва ë аз баргардонхои форсй бо андак тахрир барои хонандагон пешниход мегардид. Масалан, Хочй Муин китоби «Акидаи исломй» - ро аз туркй ба точикй тарчума намуд, ки бо забони шево ва равони точикй навишта шудааст ва хонандаи мактаб аз он бо як нигох метавонад, ба бисëре аз суолхои хеш чавоб ëбaд. Хочй Муин ибни Шукрулло ин китобро барои талабахои мактаби ибтидой тарчума намуда, дар Самарканд дар матбааи "Гозоров 15" мохи феврали соли 1915 (1333 хичрй) чоп намуд.

Аз мушохидахои фавк пайдост, ки равшангарони точик бо назардошти авзои чомеа талош ба он намудаанд, ки чй будани чахолатро ба мардум бифахмонанд ва бо ин рох ононро хушдоре бидиханд. Дар ин замина, маводе зери унвони «Чдхолат - нодонй» нашр гардидааст, ки ба ин мафхум равшанй мебахшад. Ба назари мо, ин навишта бояд мухимтарин матолиби мачаллаи "Самарканд" ба шумор равад, зеро ноширони мачалла ва адибони равшангари точик бахри рахой аз чахолат талош мекарданд ва гумон буд, ки бештари мардум ба маънии ин мафхуми «чахолат» сарфахм бираванд. Дар ин навишта мехонем: «Чдхолат боиси бесарватй, чахолат боиси бекувватй, чахолат боиси эхтдач, чахолат боиси бадбахтй, чахолат боиси гумрохй, чахолат боиси фалокату зиллат, чахолат монеъ аз тараккй, чахолат мухолиф бо таъолист. Чдхолат аст, ки моро аз давлату сарват чудо намуда, ба дигарон эхтдачманд гардонид, чахолат аст, ки моро ходиму навкарони aFëр гардонид» (6, 521).

Baдyд Махмудй аз усулхои пешгирифтаи А.Шакурй ва роххои хавасмандгардонии уро дар кори таълим чунин ëдовaр мешавад: «Ba^re ки аз «Ахлоки мухсинй» дарс мегирифтем, дар хондани чумлахои мyFлaки печдарпеч, ки калимахои арабию форсии сахт дар бар дошт, аз кисааш як тангаи бухорой (баробари тангахои русй ба кор мерафтанд) баровада, мегуфт, ки хар касе, ки чумларо ба ман фахмонад, ин танга мукофоти уст. Дар имтихонхо ба бачагон варакахои «Тахсину офарин» медод. Kитоб, дафтар, калам, каламдон, хатто соат хам хадя мекард» (4, 15).

Дар мактаби муаллим Шакурй фарзандони бою савдогарон низ тахсил мекарданд. Хамчунин фарзандони пайравони мазхаби шиа низ буданд. Ин хам яке аз эчодхои як муллобачаи суннимазхаб буд, ки таассуби мазхабиро канор гузошта, ба вахдати умумй пардохта ва бо мардумони Faйримaзхaбй низ хушрафторй намудааст. Хол он ки дар он даврон мдани ин ду мазхаби исломй мухолифат ва зиддият то такфири якдигар мерасид. Дар Бухоро, ки мааркази шариати мусулмонй ба шумор меомад, мдани пайравони ин ду мазхаб зиддият то куштори хамдигарй расида буд.

Муаллим Шакурй бо шогирдони шиамазхабаш он кадар гузашт ва риоя ба кор мебурд, ки аз Кафкоз китобхои акидаи шей оваронда, ба онхо бо мазхаби худашон таълим медод.

Дигар аз хотироти мухиме, ки дар ëддоштхои шогирдон иншо гаштааст, ташрифи Исмоил Гаспаринский бо хамрохии равшанфикрон ба мактаби Шакурй мебошад. Он замоне, ки хукумати подшохй ба тоторхо ва тараккипарварони Осдаи Мдана ичозати сафар намедод, яъне намехост, ки навъ «бадкорхо» асбоби ташвиши зехни ором ва осудаи раияти туркистонй гарданд, Исмоил Гаспаринский рухсат гирифт, то мактаби овозадори Шакуриро зиëрaт кунад. Ин навъ пешрафтхо як навъ хосили мехнати Исмоил Гаспаринский дониста мешуд.

Тахаввулоти фикрии муаллим Шакурй баъди сафархои пайдарпай ба кишвархои хорича боз хам афзунтар гардидаанд. Бо максади аз худ кардани кори таълиму тадрис ба КУканд ва соли 1909 ба шахри Казон рафта, вале аз тарзи кордории онхо чандон хушаш наомадааст. Танхо

баъд аз сафари Истамбул, ки соли 1912 вокеъ гаштааст, усули таълими мактаби Сотеъбек уро ба худ чалб намудааст.

Аз матбуоти он даврон мачаллае бо номи «Тадрисоти ибтидоия», ки дар Истамбул аз чоп мебаромад, доир ба тарзи корбарии муаллим Сотеъбек маълумотхои чолиб пешниход мекард. Он муаллим ва мураббй аз усулхои таълими миллатхои пешрафтаи Fарбй, хусусан, Исвичра (Шветсария) маншаъ гирифта, онро дар Туркия чорй намудааст.

Муаллим Шакурй бо бахонаи муолича, ки табибон сафар карданро тавсия дода буданд, ба саëхат меравад. Дар хамин сафар бо Ахмадчон Махдуми Дамдй , Абдурауфи Фитрат ва дигар чавонони бухорой, ки дар чо тахсили илм мекарданд, ошной пайдо намудааст.

Мактаби Шакурй руй ба пешрафт дошт ва наметавонист дар як хол бимонад, Ин муаллими озодфикр медид, ки барои дуруст кардани зиндагонии ин кишвар ва баланд бардоштани савияи фикрии мардуми он забони русй донистан зарур аст. Яке аз тозакорихои он таълими забони русй буд.

Дар соли 1909 Абдулкодири Шакурй барои синфи дуюми мактабхои ибтидой як китоби кироат бо номи «Ч,омеъ-yл-хикоëт» тартиб дода, онро дар соли 1911 такроран чоп кунондааст, ки аз хикоячахои мансур ва шеърхои ахлокй иборат мебошад. Дар сахифаи аввали он чунин гуфта шудааст:«Ин рисола барои ахлоки шогирдони синфи дуюми мактаби ибтидой аз китобхои туркй ва форсй тарчума ва таълиф намуда шуд". Мухаккики варзида Атахон Сайфуллоев оид ба сарчашмаи интшори маводи китоби мазкур андешаронй намуда, чунин таъкид доштааст:"аз 49 хикоячаи мансур 10 порчааш аз русй тарчума шуда, асосан аз хикоячахои бачагонае иборат мебошанд, ки Лев Толстой худ навишта ва ë аз И. А. ^илов бо наср баëн намудааст. Дар кисми манзуми мачмуа ду масали ^илов - «Антар ва айнак» ва «ЗоF ва рубох», бо назм тарчума шудаанд. Дикояхо аз «Гург ва лаклак», «Рубох ва ангур» (мазмун аз ^илов), «Шер ва муш», «Дикояти падар ва писарони у»,«Подшох ва дехкон» («Пëтр Первый и мужик»),«Гург ва гусфанд», «Бобо ва набера»,«Пирамарди хезумкаш» («Старик и смерть») ва «Ду рафик» иборатанд (б, 208).

Ин хикоятхо дар хакикат аз Л. Толстой бошанд хам, Абдулкодири Шакурй аз русй тарчума шудани онхоро дар хеч чои китобаш ишорат накардааст. Бинобар он чунин тахмин меравад, ки ин асархо аз тарчумаи озарй ва форсии онхо ба точикй гардонда шудаанд. Ба шаходати Рахим Дошим «дар ин давра китобхои дарсии шоир ва мутарчими забардасти озарбойчонй Аббос Сиххат, ки аз адабиëти русй тарчумахои хеле барчастаи олй дорад, дастраси муаллиф будааст» (3,б7).

Ч,олиби диккат аст, ки забони тарчумахо сода, равон ва образнок буда, ба аклу фахми хонандагони хурдсол нихоят мувофик аст.Мутарчим гохо дар байн ë хотимаи хикояхо порчахои шеъри классикхои назми форсу точикро чо додааст,ки онхо вазифаи хулосахои пандомузонаро адо карда, дар айни замон он хикояхоро аз чихати шакл ба хикоятхои точикй наздик овардааст.

Сазовори таваччух аст, ки диккати мутарчимонро махз асархои А. Пушкин, И. ^илов, Л. Толстой ва И. Тургенев ба худ кашидааст. Ин бесабаб нест, зеро аз адабдати рус Fизои маънавй мегирифтанд ва аз адабдати нисбатан тараккикардаи дигар халкхои Шарк низ унсурхои демократиро азхуд мекарданд» .

Дар китобхои Шакурй чабру ситам, берахмй, усулхои нодурусти таълиму тарбия ва тасаввуроти Fалат дар бораи куввахои табиат нишон дода шуда, роххои бартараф кардани ин норасоихои чомеа нишон дода шудааст.

У аз рузхои нахусти таъсиси нашрияхои маорифпарвари машхури точик, яке аз шахсиятхои маъруфи сиëсии Осиëи Мдана Махмудхочаи Бехбудй, рузномаи сезабонаи точикй, узбекй ва русии "Самарканд" ва мачаллаи дузабонаи точикй ва узбекии "Ойина" хамчун масъули бахши точикй дарду алами форсизабонони Осиëи Мданаро ба руйи сафха меовард. Таваччухи маорифпарвар ва адиби оташинсуханро бештар масоили мактаби мардуми форсизабони шахри Самарканд ба худ кашида буд, ки тарзи таълим дар мактабу мадрасахои кухна равшанфикрону мунавварфикронро конеъ намесохт ва онхо бо хар роху васила аз пайи ислохи мактабу маориф буданд. Дар силсиламаколахояш дар рузномаи "Самарканд" ва мачаллаи "Ойина" муаммову мушкилоти ин мактабхоро мавриди баррасй карор медод.

Дар хабари "Мактаби мардуми БоFишамол"дар шумораи хафтуми рузномаи "Самарканд" y навишта буд, ки:"Мактаби исломия, ки ба тарики усули чадид дар БоFишамол аз муддати панч сол то кунун кушода ва дар он аз 60 то 80 нафар шогирд ба лyFати туркиву форсй ва русй ба

хондан мaшFyл буданд, ба наздикй бино бар бепулй ва кадри мактаб надонистан баста шуда, шогирдонаш боз ба бекорй ва говчаронй ру ниходанд. Кариб ба 10 хазор эрондани БоFишaмол як мактабро зинда нигах надоштанд, ки хеле чойи таассуф аст.Аз ин зиëдии нуфуси боло чй фойида?" (1,209).

Дар шумораи 11-уми рузнома дар маколаи "Мактуб ба идора" дар чавоб ба хабари боло кинояомез навиштааст: "Чй гуна давлатмандони моро бехиммат гуфта, ки дар туйи хатна ва арусй акаллан 10 хазор, дар азо ва мурда бештар аз 5 хазор ва дар здафат ва мехмонй... хазор танга харч мекунанд, аммо дар рохи мадорис ва макотиб, ки тарвичи дин ва тараккии миллати ислом ба воситаи онхост, ду пули сурх хам сарф намекунанд?!!!" (2, 178).

Он замон, ки шеърхои бачагона гуфтан расм набуд, барои толибилмони нав ба мактаб омада иншои шеърхои нисбатан содаро Шакурй вазифаи хеш дониста, чанд шеъре эчод намудааст. Аз чумла:

Рузе падару писар нишастанд, Гуфто падар: "Эй чароги дида,

Аз хар тарафе сухан бигуфтанд. Фарзанди азизи баргузида.

Гуфт он писар, ки "-эй падарцон, Он цо бачагон китоб хонанд

Баргуй ба ман ту аз дабистон. Илму хунаре аз он ситонанд.

Хар бачча, ки меравад дар он цо Якчанд муаллимон дар он цо

Баргуй чй мекунанд онхо?" Хам мушфику мехрубону доно... " (6,36).

Шеърхои муаллим Шакурй бо забони содаву равон эчод гашта, инъикоскунандаи вазъи замон ва хидояткунандаи толибилмон ба рохи росту дуруст мебошанд. Масъалахои марбут ба бачагон, аз кабили одоби муошират, рафтор дар кучаву мактаб, муносибат бо падару модар, бо бузургон, риояти хукуки хамдигарй ва монанди инхо дар заминаи мисолхои чолибу шавковар таълиф гаштаанд. Дар бораи мактаб мардум чихо мегуянд, чаро бад мегуянд, чихоро мардум намеписанданд ва намефахманд, мавриди тахлил карор дода шудааст. Тавсияву рохнамоихои муаллиф, ки хар гуфтаро бо акли худ санчида, баъд хукм баровардан лозим аст, мувофики матлаб ба назар мерасанд:

Тахсили улум пеша месоз, Бояд, ки замири ту бувад соф,

Дар зулмати цахл худ маяндоз. Бошй хама вацт сохибинсоф.

Ца%л омада васфи чорпоён, Бошад ба дуру г лаб кушодан,

Ту одамизодаиву инсон. Оташ ба даруни цон ниходан... (6,38)

Ин навиштахо барои равшан сохтани фикри шогирдон бисëр муассир буд ва хар чй мешуниданд, бо падару модар дар мдан мегузоштанд ва онхоро низ аз ахволи замон бохабар мекарданд:

Эй падарцон, маро ба мактаб бар, Нашавам мисли кучагардон хар. Бахри мактаб либос хозир кун, Хам китобе барам мухайё кун...

Зикри мисолхо аз рузгори толибилмон барои дарки мохияти мактаб ва шинохти ахамияти донишандузй мувофик буданд. Хислатхои бади кахрамонони манфии манзумахо бо вожахои кабех махкум ва баръакс бачагони дустдори илму дониш тaрFиб карда шудаанд:

Кудаке номи у Сафар буда, Шухрати у ба бухл гардида... Ахмад, ки табиати хуше дошт, Бо мактаби худ мухаббате дошт (6,37).

Охири хар хафта муаллим мачлисе ташкил мекард ва дар он тамоми хонандагонро чамъ меовард. Хар вокеае, ки дар муддати як хафта руй медод, тахлилу баррасй гашта, талабахое, ки мавриди мукофот ва мучозот вокеъ шуда буданд, эълон карда мешуданд.

Абдукодир Шакурй ташкили чамъомадхои калонро хеле дуст медошт. Хангоми аз дигар шахрхо барои зиëрaти мактаб ва муаллими он ташриф фармудани мехмонхо чаласахои хубе ташкил мекард. Дар ин мачлисхо аз ашъори бузургон порчахо кирот гашта, ташвики илму маърифат низ рохандозй мегашт. Дар он замон, ки хануз грамофон нав баромада буд, Шакурй барои мактаб харида, дар маросими чамъомадхо аз он истифода мекард. Сафхахо (пластинкахо)-и махсуси мувофик бо сурудхои инкилобй бо охангхои дилчасп дастрас карда буд. Гохо сайри 6of тартиб медод. Падарони бачагонро даъват намуда, бо онхо сухбат мегузаронд, машваратхо мекард.

Яке аз муаллимони самар;андй,ки аз мактабдории Шакурй илхом гирифта дар хонааш ба тадриси бачагон шуруъ намудааст,Мухаммад Мухаммадзода ном дошт.Манзумаи у бо тахаллуси Хатой "Саёхати фохта" ном дошта, муаллиф дар он ;обилият ва ташаббусхои муаллим Шакуриро васф намудааст:

Гущо шукуфт, са;ни гулистон сафо гирифт, Аз шохи сарв фохта бонги садо гирифт. Аз цону дил шудам мутавацце; ба суи у, То бингарам, чй цуяду чй дорад гуфтугу... Бархостам зи цо, Хатой басе ;азин, Кардам ба цони ходими миллат сад офарин. Мактаб ва усули таълими муваффа;онаи муаллим Шакурй шухрати беандоза касб намуда буд ва барои бархурдорй аз он хафтаву моххо дар мактаб мехмонхо ташриф мефармуданд. Аз чумла,аз Бухоро Садриддин Айнй, Абдулвохиди Мунзим, Абдуррауфи Фитрат, аз Тошканд Корй Мунаввар, Муродхоча, аз Фаргона Хдмза Хдкимзода, аз Хучанду Кистакуз омада, дар дехаву шахрхо барои таъсиси хамин гуна мактабхо химмат намуда буданд.

Тахияи мачмуаи ашъори манзумахои шоирони таравдипарвари он замон бо номи "Зубдат-ул-ашъор" аз чониби муаллим Шакурй низ барои таргиби тахсили илму дониш мусоидат кардааст.

Яке аз корхои дигари "бидъат", ки муаллим Шакурй эчод карда буд, духтаронро хамрохи писарон якчоя таълим додан буд. Дар он солхое, ки хатто дар Истамбул ва Тотористон ин кор чорй нагашта буд, дар миёни шогирдони мактаби у духтароне дида мешуданд, ки пахлуи писарон нишаста саба; меомухтанд.Минбаъд, мактаби духтарона бо усули нав низ ташкил карда шуд, ки мударрисии онро хамсари муаллим Шакурй Муяссархоним ба зимма дошт.

Хдмин тари;, барои кушодани мактабхои усули нав дар шароити феодалй чидду чахду бепоёни Абду;одир Шакурй бо хамрохии ходимони маориф Ахмадчони Хдмдй, Абдулвохиди Мунзим, Х^омидхочаи Мехрй, Фазлиддин Махдум, Х^очй Сирочиддин, Мирзо Нарзуллох, Х^очй Абдусаттор ва дигарон, ки бахри бедории фикрии мардум дар вазъияти таъ;иботи сахти аморат кушишу талошхо доштанд, аз хизматхои мондагор ва камназир дар таърихи миллати точик махсуб меёбад.

ПАЙНАВИШТ:

1.Айнй, С. Таърихи ин;илоби фикрй дар Бухоро /С.Айнй// Куллиёт.Ч,.14.Душанбе:Матбуот, 2005. - 272 с.

2.Атобулоев, С. Саидризо Ализода/С.Атобулоев.-Душанбе: Ирфон, 1976.-48 с.

3.Ахмадов, М. Таълими адабиёти точик/М.Ахмадов.-Хучанд: Нури маърифат, 2012-291с.

4.Махмудй, В. Муаллим Абду;одир Шакурй: Киссаи хуччатй / Тахияи С. Улугзода /В.Махмудй// Садои Шар;.-1990.-№8.-С. 3-41.

5.Мирзозода, Х. Х^отифи тамаддуни нав /Х.Мирзозода// Адабиёт аз ну;таи назари хаёт.-Душанбе: Ирфон, 1973.-С. 119-165.

6.Сайфуллоев, А. Мактаби Айнй/А.Сайфуллоев.-Душанбе: Ирфон, 2008. - 352 с.

REFERENCES:

1.Ayni,S.The History of Intellectual Revolution in Bukhara /S.Aini//Collection of Compositions. -V.14. - Dushanbe: Press, 2005. - 272 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

2.Atobuloev, S. Saidrizo Alizoda / S. Atobuloev. - Dushanbe: Cognition, 1976. - 48 p.

3.Ahmadov, M. Tajik Literature Teaching/ M.Ahmadov. - Khujand: Light of Enlightenment, 2012. -291 p.

4.Mahmudi, V. Teacher Abduqodir Shakuri: Documentary Story / Prepared by S.Ulugzoda /V.Mahmudi// The Voice of the Orient. - 1990. - №8. - P. 3 - 41.

5.Mirzozoda, Kh. The Narrator of the New Civilization /Kh.Mirzozoda// Literature under the angle of life. - Dushanbe: Cognition, 1973. - P. 119 - 165.

6. Saifulloev, А. Ayni's Tenet / A.Saifulloev. - Dushanbe: Cognition, 2008. - 352 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.