Научная статья на тему 'САДРИДДИН АЙНИ ВА БАРРАСИИОМИЛҲОИ ХАТАРЗОИ ЗИДДИЯТҲОИ МАЗҲАБИ ВА ИФРОТГАРОИ'

САДРИДДИН АЙНИ ВА БАРРАСИИОМИЛҲОИ ХАТАРЗОИ ЗИДДИЯТҲОИ МАЗҲАБИ ВА ИФРОТГАРОИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
119
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САДРИДДИН АЙНӣ / ИСЛОҳОТ / ЗИДДИЯТҳОИ ФИКРӣ / УСУЛҳОИ КӯҳНА / ИФРОТГАРОӣ / АФКОРИ СИЁСӣ / ТАЪРИХИ ИЩИЛОБ / АМОРАТИ БУХОРО

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Усмонов Аюб Исломович

Дар мақола масъалаи омилҳои хатарзои зиддиятҳои мазҳабӣ ва фикрӣ, ки дар осори устод Айнӣ ифода ёфтаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар ҷараёни таҳлилу баррасии ақидаҳои Садриддин Айнӣ дар бораи давлат ва миллат ба ин натиҷарасидааст, ки барои бақои ҷомеа аз миён бардоштани зиддиятҳои мазҳабӣ ва динӣ зарур аст, зеро тазодҳои мазҳабӣ, ифротгароӣ, хурофопарастӣ боиси сар задани нофаҳмиву нооромӣ дар ҷомеа гардида, хатарҳои муайян эҷод мекунанд. Ақидаҳои мазкури устод Айнӣ ва пешниҳодҳои ӯ дар бораи ҷустуҷӯи роҳҳои ба вуҷуд овардани ҷомеаи солим бар асоси китобҳои “Таърихи ищилоби Бухоро” ва “Таърихи ищилоби фикрӣ дар Бухоро”, инчунин ашъори шоир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SADRIDDIN A UNI AND CONSIDERATION OF RISK FACTORS FOR RELIGIOUS AND EXTREMIST CONFLICTS

The article dwells on the risk factors of religious and ideological contradictions, expressed in the works of Ustod Aini. In the course of the analysis of Sadriddin Aini's views on the state and the nation, the author came to the conclusion that it is necessary to eliminate religious and religious conflicts in order for society to survive, because religious conflicts, extremism and superstition lead to misunderstandings and instability in society. These ideas of Ustod Aini and his proposals on the search for ways to create a healthy society are analyzed on the basis of the books “The History of Bukhara Revolution” and “The History of Intellectual Revolution in Bukhara” as well as the poetry of the poet.

Текст научной работы на тему «САДРИДДИН АЙНИ ВА БАРРАСИИОМИЛҲОИ ХАТАРЗОИ ЗИДДИЯТҲОИ МАЗҲАБИ ВА ИФРОТГАРОИ»

07.00.00.илм^0и ТАЪРИХ ВА БОСТОНШИНОСИ О7.ОО.ОО.ИСТОРИЧЕСКИЕ НАУКИ И АРХЕОЛОГИЯ O7.OO.OO.HISTORICAL SCIENCES AND ARCHEOLOGY

07.00.02. ТАЪРИХИ ВАТАН 07.00.02. ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ 07.00.02. HOME HISTORY

УДК 327 С ББК 66.75

САДРИДДИН АЙНИ ВА БАРРАСИИОМИЛ^ОИ ХАТАРЗОИ ЗИДДИЯЩОИ МАЗ^АБИ ВА ИФРОТГАРОИ

САДРИДДИН АЙНИ И ИЗУЧЕНИЕ ОПАСНЫХ ФАКТОРОВ СЕКТАНТСКИХ КОНФЛИКТОВ И ЭКСТРЕМИЗМА

Усмонов Аюб Исломович, д.и.т., профессори кафедраи таърихи халци тоцики МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)

Усмонов Аюб Исломович, д.и.н., профессор кафедры отечественной истории ГОУ «ХГУ имени акад. Б.Гафурова»(Таджикистан, Худжанд)

SADRIDDINAUNI Usmonov Ayub Islomovich, Dr. of History, AND CONSIDERATION OF RISK Professor of the department of Tajik history under FACTORS FOR RELIGIOUS AND the SEI "KhSU named after acad. B. Gafurov" EXTREMIST CONFLICTS (Tajikistan, Khujand),

E-mail: [email protected] Вожа^ои калидй: Садриддин Айни, ислоуот, зиддиятуои фикрй, усулуои кууна, ифротгарой, афкори сиёси, таърихи ищилоб, Аморати Бухоро

Дар мацола масъалаи омилуои хатарзои зиддиятуои мазуаби ва фикри, ки дар осори устод Айни ифода ёфтаанд, мавриди барраси царор гирифтааст. Муаллиф дар цараёни таулилу баррасии ацидауои Садриддин Айни дар бораи давлат ва миллат ба ин натицарасидааст, ки барои бацои цомеа аз миён бардоштани зиддиятуои мазуаби ва дини зарур аст, зеро тазодуои мазуаби, ифротгарои, хурофопарасти боиси сар задани нофаумиву ноороми дар цомеа гардида, хатаруои муайян эцод мекунанд. Ацидауои мазкури устод Айни ва пешниуодуои у дар бораи цустуцуи роууои ба вуцуд овардани цомеаи солим бар асоси китобуои "Таърихи инцилоби Бухоро" ва "Таърихи инцилоби фикри дар Бухоро", инчунин ашъори шоир мавриди таулилу барраси царор гирифтаанд.

Ключевые слова: Садриддин Айни, реформа, опасные факторы, умственный антогонизм, старые методы, экстремизм, политическое мнение, история революции, Бухарский эмират

В статье рассмотрена проблема опасных факторов сектантских и умственных конфликтов, выраженных в творчестве таджикского советского писателя и поэта С.Айни. В ходе изучения мнений С. Айни о государстве и нации автор приходит к выводу, что ради долговечности общества необходимо устранять сектантские и религиозные конфликты, так как сектантское и экстремистское противоречие становится причиной конфликта, способного вызвать беспокойство в обществе и привести к нежелательным опасным последствиям. Вышеуказанный взгляд Айни и его предложение об изыскании путей создания здорового общества рассмотрены на основе книг "История революции Бухары" ("Таърихи инцилоби Бухоро) " и "История революционных мыслей в Бухаре" ("Таърихи инцилоби фикри дар Бухоро) ", а также в поэзии поэта.

Key words: Sadriddin Aini, reforms, ideological contradictions, old methods, extremism, political thought, history of revolution, Emirate of Bukhara

The article dwells on the risk factors of religious and ideological contradictions, expressed in the works of Ustod Aini. In the course of the analysis of Sadriddin Aini's views on the state and the nation, the author came to the conclusion that it is necessary to eliminate religious and religious conflicts in order for society to survive, because religious conflicts, extremism and superstition lead to misunderstandings and instability in society. These ideas of Ustod Aini and his proposals on the search for ways to create a healthy society are analyzed on the basis of the books "The History of Bukhara Revolution" and "The History of Intellectual Revolution in Bukhara" as well as the poetry of the poet.

Таърта шаходати фаровонеро дар xотиpaи xyд сабт кардааст, ки ифротгарой ва зуроварй хамеша ба тaaccyби динй ва мазхабй, андешахои номaтлyби инсонй пайванд дорад ва ходисахои вобаста ба тазодхои фикрй танхо махсули замони муосир нaбyдa, балки хазорсолахо идома дорад. Мaълyм аст, ки зухури чунин падидахои номaтлyб пеш аз хама ба фаъолиятхои xyди инсон ва афкори y новобаста ба дину мазхабу фирка вобастагй дорад.

Яке аз сабабхои зухури бapxypдхои фикрй, сар заданхои чангхои байниинсонй, миëни давлатхо зиддиятхои мазхабй ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, таърта шаходати фаровонеро барои мо хикоят мекунад, ки ифротгарой, чангу xyшyнaт танхо махдуд ба карни имруз нест, балки хазорсолахо ин падидахои номатлуб ба хар шаклу шева дар чомеа зухур кардааст.

Мухимтарин санад барои собити ин назар дар осор ва андешахои мутафаккирону адибон чилвагар шуданд, ки омилхои xaтapзои чангхои мазхабй дар каламрави тaъpиx ба шумор меравад. Таваччухи шоирон ба вахдати инсонй, пеш аз хама яке аз намунахои барчастаи муборизаи инсоният ба мукобили ифротгароии динй ва мазхабй, чудотаохиву чудоиандозй ба шумор меравад.

Устод Садриддин Айнй низ чун ндагони xеш дар баробари гузоштани асос ба адабдати давраи навини точик ба бaëни андешахо ва афкори маорифпарварона дар заминаи таълифи китобхои арзишманди тaъpиxй ва сдасй хамчун мутафаккири давраи нави точик эътироф гардидааст. Асари маъруфи y «Таъртаи инкилоби фикрй дар Б^оро», ки ба таъбири муаллифи пешгуфтори он Камолиддин Айнй бештар аз чихил сол зиндонй буд, дар хакикат фарогири мухимтарин акидахои cиëcии ин донишманд ва шaxcияти барчаста ба шумор меравад. Дар китоби мазкур дар баробари бaëни хаводиси солхои 20-уми асри ХХ ва шарху тавзехи инкилоби Бyxоpо чанде аз акидахои барчастаи Айнй дар мавриди xyди мафхуми инкилоби фикрй, омилхои тахкими давлатдорй ва таъсири таассуби динй ва здадаравй дар афкори динй ба амнияти мардумй шарху тавзех ëфтaaнд.

Устод Айнй дар бaxши мaxcycе аз ин китоб, ки «Фитнаи шиаву суннй» унвон дорад, нaxycт ба таъсири номатлуби зиддиятхои мазхабй ба фазои чомеа, аз чумла хaëти чории мардум таваччух намуда, окибатхои фочиабори онро тавзех медихад. Дар ин асари арзишманди устод Айнй, аз чумла вобаста ба вокеахои мазкур омадааст: «Амир Абдyлaхaдxон баъд аз таскини вокеаи шиаву суннй озими вилояти Русия шуда буд, дар Faëби xyд ба латоифулхдял уламо ва Бурхониддини раисро xотиpxоx,й мекард, аммо ба мухокимаи соиба медонист, ки сабаби аслии ин хама фитна уламои муттаасибанд ва caйpxaйли эшон Бурхониддини раис аст. Бинобар ин, ба мучарради авдати xyд аз Русия, Мир Бурхониддини раисро азл карда, дар Кармина ба чавори мазори Kоcимшaйx истикомат кунонд.

Бурхониддини раис ба мучарради маъзул шудан, тарики мудохана ва чоплусиро пеш гирифт. Ба хар кас мегуфт, ки «Ман мутлак дар фасодхои эронию бyxоpй дaxл надорам, дар мактаби усули савтия низ мукобил нестам. Дар ривоч додани мактаб xaëл доштам, аммо замон мусоидат накард. Ба xyд ахд кардам, ки агар бори дигар дар мансабхои даруни Бyxоpо доxил шавам, ба ривочи мактаби ризои таракк^охон кушиш xохaм кард» [1,с.75].

Аз ин мулохизот бармеояд, ки аллакай равшанфикрони Бyxоpо, чун xyди Садриддин Айнй ва дигарон мукобили он карор доштанд, ки аз усулхои кухани мактабдорй даст кашида, ба ривочи мактабхои нав икдом намоянд. Мохияти инкилоби фикрй дар хамин нукта ифода ëфтaacт, ки бояд чои мактабхои кухнаро мактабхои нав бигиранд, зеро тахсил ва таълим дар мадрасахо биcëp куркурона ва номатлуб чapaëн доштанд ва тафсири ин холатро устод Айнй дар китоби дигари xyд «Мактаби кухна» низ бaëн доштааст[2]. Хомуш гардидани фитнахои мазхабй, ки боиси куштори здади мардум мегардид, ба акидаи устод Айнй барои ташаккули инкилоби фикрй рох кушод. Ин манзараро дар хамин кисмати китоби xеш чунин овардаанд: «Боре факир ба рафокати ^омидxочa Мехрй ва мулло Абдулкодири Мaxдyм - шариконам - дар Кармина ба хузури Мир Бурхониддин ворид шуда будем. Мумоилайх биззот ба мо изгори фавкро кард. Аммо касе, ба ахволи рухияи мазбур во;иф аст, то кучохо самимият доштани ин калимотро ба xyбй медонад. Чунончи вокеоти отиëт низ ба xyбй ба сидки ин тaxмин шаходат дод. Чун Бурхониддин аз paëcaт маъзул гардида, аз шахр берун шуд, шахр аз фитнаву фасод як дарача xaлоcй ëфт. Мардум аз хучуми фитнaчyëн эмин шуда, ба осудагй мутолиаи чароид ва кутуби нофеа мекарданд. Кам-кам осори инкилоби фикрй ба мардум намудор шудан гирифт. Ба хдма маълум аст, мутолиаи кутубу расоил ва кадом кисм, ки бошад, ба таври афкор xидмaт мекунад. Асли дард дар ин чост, ки дар мадрасахои Бyxоpо ба эътибори умумият, Faйp аз китобати хавошй ва мучодилае дар дебоча чизе намондааст. Ононе, ки ба даъвои иноният ва

фарёди «Ано в охидун фи-л-ъилм» мезананд, хамаи химматашон масруфи дебоча ва хавошист» [1,c.95]

Бо изгори назар дар бораи вазъи таълиму тадрис дар Бухоро устод Айни вокеан холати тахсилу таълимро ба риштаи танкид кашида, эхсос намуданд, ки аз таълими амалкунанда мухассилин чизе дуруст аз бар намекунанд ва ин дар хакикат ба бесаводии чомеа сабаб мешавад. Х,олати кунунии мактабхои динИ дар андешахои устод АйнИ хеле амик шарх ёфтааст, ки аксаран матолиби диниро танхо ба зохир мехонанду ба мазмуни он сарфахам намераванд. Х,амин вазъият сабаби аслии ба вучуд омадани таассуби динИ ва зиддиятхои мазхабИ мегардад, ки дар хакикат онхо ба чомеа ва афкори мардум таъсири манфИ доранд. Вазъияти ноогохии мардумро, ки сабаби гирифтории таассуби динИ ва дур мондан аз асли маърифати ислом гардидааст, устод С.АйнИ ба таври амик чунин шарх додаанд: «Агар талабахои Бухоро хам мисли замони салаф, истифои кутуби муътабара мекарданд, хеч гох аз дину дунё бехабар намемонданд. Агар сияри набиву аходиси шарифро истеъмол мекарданд, ба кадом сифат добили варосати анбиё шуданро ба хубй медонистанд, ба кадом сифот кобили ваиосати набй анбиё анбиё шуданро ба хубИ медонистанд., бо сифоти хозира ба даъвои виросати набИ часорат намекарданд. Аз таърихи исломро медонистанд ва ба мавриди нузули ояи каримаи «Фа бимо рахматин мина-л-Лохи линта лахум...»(Пас бо рахмате аз Худо ту ба онхо мехрубони кардИ) вокиф мешуданд, ин кадар гализулкалб намегардиданд, ба бародарони муслимини худ ба мулоимат маишат мекарданд. Агар медонистанд хазрати Пайгамбари мо (с) ба вучуди якин доштанашон ба ахволи мунофикин дар икрори забонии онхо бино монда, аз доираи исломият берун накарда буданд, хеч гох ононеро, ки «абан ан чаддин»(аз падару бобоён) мусулмонон омадаанд, ба хохиши кайфи худ такфир намекарданд. Акаллан «Акоиди Насафй»-ро то охир ба диккат мутолиа мекарданд, такфири ахли кибла дуруст набуданашро дониста, акаллан мусулмонони хаммазхаби худашонро такфир намекарданд»[1,с.95-96].

Х,атто устод С.АйнИ дастур медихад, ки агар талабагони мадрасахо аз осори адибони гузашта сабабхои интикоди олимони беамал ва шайххои беилмро мутолиа мекарданд, ба маколахои дар матбуот чопшаванда дар бораи танкиди чунин ашхос ба таври сатхИ бахо намедоданд: «Агар расоили адабй ва давовини шуарои мутакаддимини форсиро истеъмол мекарданд ва танкидоти уламои беамалу машоихи беилмро дар он порчахои адабии ширин мутолиа менамуданд, ба тадкикоте, ки дар хакки уламо ва машох дар чароид нашр мешавад, «тахкири уламо шуд» гуфта, оламро ба хам намезананд. Агар ба таърихи тарбияву таълим вукуф пайдо мекарданд ва медонистанд, ки алифбои арабй дар асри саодати хазрати набавй ба чй накш буд ва тарики таълимаш ба чй тарз буд, «алиф бо лом забар - ал» дар он ахд набуд ва аз мустахдасоти форсиён аст, китобхое, ки хозир дар макотиби мо маъмул аст, хама ба тадрич сонй таълиф ёфтааст, хатто дар китобати Куръони азимушшаън ин хама истилох сонй пайдо шудааст, накши хатти куръонй дар ахди аввал ба тарзи хозира набуд ва инчунин аломати эъроб ва соири аломат дар ахдхои сонй барои тасхили тиловат эчод кардаанд, хеч гох таълими алифбо ба усули савтиро сабаб гардонида, факиреро ало-рууси-л-ашход такфир намекарданд. Агар медонистанд, ки уламои мутакаддимин ба хунхои чигар забони ачонибро омухта, хама хикмати юнониёнро ба забони арабй тарчума намудаанд, ба мучарради омухтани забони русй касеро такфир намекарданд»[1, с.97].

Манзури устод АйнИ дар ин таъкид ба «алиф бо лом забар - ал» ишорат ба хамон усули таълими мадрасахои Бухоро буд, ки худ бевосита дар он макотиби ба истилох кухан таълим гирифтаву дар китоби "Мактаби кухна" аз он интикод намуда буд. Бо овардани ин матлаб устод АйнИ ишорат мекунад, ки ин шеваи таълими кур-курона харгиз дар замони ахди аввали ислом набудааст ва онро олимиони чаласавод баровардаанд то бо рохи фиребу найранг мардумро гумрох намоянд. Натичаи чунин таълимоти кур-курона буд, ки чавонони дар зери таъсири чунин муллохо таълимгирифта камсавод тарбия рафта, гумрох мешуданд. Интикоди устод АйнИ аз ин шеваи таълим, ки танхо харфхоро ёд медонад ва манзур аз алиф бо лом бар забар хамин навъи дарсхост, махз ба он хотир аст, ки чунин дарсхо боиси камсаводИ, гумрохии чомеа шуда, аз омилхои хатарзо барои зухури афкори ифротИ ва зиддиятхои мазхабии хатарнок барои чомеа мешуданд.

Аз ин чо як нуктаи дигар равшан мешавад, ки вакте равшанфикрони Бухоро ба танкиди чунин уламои зохирпараст ва аз асли дину диёнат бехабар пардохтанд, гурухе аз мутаассибон ин амали онхоро гуё кори гунох ё амали нораво дониста, даст ба фитнахо заданд. Дар натича, устод С.АйнИ низ ба хулосае омад, ки мулохизахои хешро дар ин асараш бо далелхои таърихИ собит намояд, ки дар гузашта хам донишварону фозилон уламои бесаводро танкид менамуданд,

чунки аз ондо ба чомеа на фоида, балки зарар аст. Сабаби асосии нуФузи таассyби динй ва ноогодии маънавй мадз чунин олимон мешаванд, ки чомеаро ба роди дуруст бурда наметавонанд.

Яке аз бахши мудими акидадои устод С.Айниро масъалаи таассуб дар пушидани либос ва датто дурй аз дичоб ва тачдиди назар ба либоси адли мусалмонон ташкил медидад. Х,атто устод Айнй дар замони хеш аллакай дастур додааст, ки бояд аз пушидани чомеадои васеи остиндарози зедкалон даст кашида, ба либосдои наву замонавй ручуъ намояд. Набояд одамонро ба пушидани либосдои нав гунадкор донист: «Агар дар асри саодат ба чй тарз будани либоси ахли Исломро медонистанд, ин чомахои васеи алабойдоги остиндарози зехкалонро лозими гайримувофики мусулмонй напиндошта, ба сабаби пушидани либоси танги остинкутох, мардумро аз доираи исломият берун намешумориданд. Агар тичорат кардани хазрати Пайгамбари мо алайхиссаломро ва ба дастранчи худ таъмини маишат намудани хазрати Умар аз хазрати Имоми Аъзам ва соири бузургони динро, разияллоху таъоло анхум, медонистанд, риз;и худро мавкуфи ав;оф ва тари;и тахсили онро убудият ба дари козихона гумон намекарданд» [1, c.98].

Дар идомаи ин мабодис устод Айнй ба масъалаи каммутолиагй ва ноогодии олимони замони хеш мурочиат намуда, зимнан аз аслу модияти дадисдои Паëмбар бехабар будани ондо сухан мекунад ва датто таъкид медорад, ки агар олимони замони мо аз «хуни чигар хурдани Имом Бухорй дар тайъини дадисдои садед бохабар мешуданду дадди акал «Дадяк»-ро аз бар менамуданд, чунин вазъият ба мдан намеомад. Ба акидаи Айнй аксари ондо тандо бо дифз намудани ду се сарфасл аз «Дадяк» худро муллову олимону шайх номидаанд: «Агар амсоли китоби «Эхë ал-улум» ва «Кимдаи саодат»-ро мутолиа карда, нишонаи уламои суъ аз ин хаштсад сол пешро аз забони мисли Имом Fаззолй одами си;а ëд мегирифтанд, дар хакки худ ин хама хусни занн карда, фирефта намешуданд. Агар дар курби асри саодат, барои тафрикаи хадиси сахех аз мавзуъ чй кадархо хуни чигар хурдани Имом Мухаммад ибни Исмоили Бухориро мешуниданд, хар «;ола-н-набиййy...»(Паëмбар(с) гуфт-А.У.)-и пушти китоберо хадис гуфта, иддао намекарданд. Агар шарофати Бухоро аз амсоли Имом Мухаммад Исмоили Бухорй буданро медонистанд, дар(байни) 30 нафар «Сахех»-хони Арки Олй, акаллан як нафар мутахассис дар «Сахехи Бухорй»-ро ëфта кайд мекарданд. Агар ба казияи «шарту-л-во;ифи ка насси-ш-шореъ» Сухани шахси огад ба мисли матни гузорандаи шариат аст), ки дар аксари маворид дастовези эшон аст, ха;и;атан я;ин медоштанд, барои истехко; пайдо кардан ба «Дахяк» ба хифз кардани ду-се сатр, ду-се сарфасл ва боб иктифо намекарданд, акаллан дар ин боб аз ришва додан ва ришва гирифтан ибо менамуданд»[1, c.98].

Х,амин андеша ва чунин муносибату рафтор нисбат ба дини мубини ислом сабаб шудааст, ки дар рузгори y аксари муллотарошу олимони дин ба чои дидояти мардум даст ба ришвахорй, харидуфуруши моли мадрасаву масчид даст зада, бар асари чунин чадолати хеш даст ба айшу нуш мезаданд. Х,атто китобхонадоро ба чои айшу нуш табдил додаанд, ки ин боиси кодиш ëфтани маърифати чомеа ва заиф гардидани сутундои давлатдорй гардидааст: «Агар ояи каримаи «Фа ман баддалаху...» (Пас касе кй онро иваз кунад)-ро бадиккат тиловат мекарданд, хуччатхои мадрасахои вакфро мисли мулки холиси худ хариду фуруш намекарданд; ë дар чавоби касе, ки эшонро аз ин байъу широи шанеъ манъ карда, ба тарафи хукми ояи каримаи мазкура даъват мекунад, мазмуни ояи каримаи «Хдсбуно мо вачадно алайхи обоано» ((Барои мо он чй, ки падарони худро бар он ëфтаем, бас аст ва «Инно лафй шаккин миммо тадъунано илайхи мурибин» (Хдмоно мо аз он чй моро бар он мехонед, дар шубдаи кавй дастем) намегуфтанд. Акаллан бешармона иддаои чавози шаръии ин феълро наменамуданд. Хулоса, агар талабахои Бухоро ба мутолиа шавк медоштанд, осори нафиси кадимаро аз китобхонахои Бухоро, ки алъон аксараш чои айшу нуши махдумон аст, парешон шуда, ба китобхонахои Фарангистон намерафт, ë ба сандуки касоне, ки фехристи ин китобхоро намехонанд, ë хонда наметавонанд, махбус монда, аз истифодаи толибон махрум намегардид. Ва ало хоза-л-кдес..» (Ва ба ин монанд кардан - А.У.) [1, c.98].

Дар нидояти баррасии ин масъала устод С.Айнй дар мурочиат ба чунин мyлоëни зодирбин ва мутаассиб бонги изтироб мезанад ва таъкид менамояд, ки ба обруи дини ислом латма ворид накунед. Дар канори ин, бо фитнаву таассуботи хеш чанд нафароне, ки ондо баръакс аз дину асолати ислом хабар доранд, бо дар бадона аз исломият берун нафикананд. Чунин рафтор накунед, ки дамаи адкоми шариат ва динро Tyë тандо Шумо даллу фасл менамоед. «Эй мyллоëне, ки лофи шариатмадорй мезанед! Эй мyллоëне, ки ба даъвои диндорй ба обруву хаëти чанд нафар таарруз мекунед! Хдтто фиркаи мусулмониро, ки ба хар хол бо камоли нуксон

л о акал аз хусни ният холй нестанд, аз доираи исломият берун меафканед! Гуё, ки калиди чаннат ба дасти шумо бошад, чомеаро дузахй хукм мекунед! Имруз бинед, бахак хидмат карда будед ё нохак! Имруз бинед ба манфиати худ хидмат карда будед ё ба кайфи чанд нафар маълумулхоли сохибгараз [1, с.253].

Дар нихоят, устод АйнИ суиистифода аз ахкоми шариатро ба мафиати худ яке аз омилхои хатар ба давлату миллат унвон карда, хушдор медиханд, ки аз тартиби муайян надоштани хукумат суиистифода нанамоед, зеро хеч гох ин макому иззату шаъни Шумо дар амон нест ва имруз ё фардо бо сабабе он аз миён хохад рафт: «Агар мамлакат ислох меёфт, агар хукуматдорй ба тартиби муайяне медаромад, агар хар маъмур вазифашинос мешуд, агар амонатро ба ахлаш месупоридед, ба иборати дигар, агар шарти мукаддаса ба агрози дигарон хилт наёфта, ичро меёфт, хароина, на шумо фиркаеро «кофир» гуфта, ба молу чону имомашон таарруз карда метавонистед, на як фирка аз хаммаслакони шумо ва аз муфтиёти шумо ва аз козикалони шумо ба ин тахкирот гирифтор мегардид. Хотирчамъ бошед, модом, ки хукумат тартиби муайян надорад, модом, ки шариатро суиистеъмол мекунанд, модом, ки вазифаи худро намешиносанд, модом, ки ба номи шариат ба хукуки гайр тачовуз мекунанд, хеч гох чоху мансаб, чону мол, шарафу номус, иззату хашмати шумо дар амон нест, имруз ё фардо ба бахонае дар маърази торочу талаф хохад афтод» [1, с. 253].

Дар нихояти андешахои хеш хатто устод АйнИ ба ин гуна муллотарошон мурочиат намуда, ононро огох мекунонад, ки агар хатто дар сурати бо хамин холат аз дунё рафтани Шумо аз хотир фаромуш накунед, ки фардо рузи киёмат ба мачмуи амалхои хеш посух хохед гуфт ва бар онхо чунин таъкид мекунад: «Фарз кардем, агар яке аз шумо аз ин дунё эмин рафт, дар рузи киёмат ба махкамаи Илохй масъул хохад буд. Азбаски даъвои мусулмонй мекунед ва хатто лофи шариатмадорй доред, албатта бояд, ки рузи киёмат ва суолоти он махкамаи куброро якин донед. Бояд дар ин низ якин дошта бошед, ки Ахкамулхокимин хукуки гайрро авф нахохад кард. Хдр авфе, ки ваъда шудааст, ба гунохи шахсИ ва хукуки илохист» [1, с. 253].

Дар баробари ин устод АйнИ дар ашъори хеш низ андешахои сиёсии хешро баён намуда, хамеша зулму ситамро чун сарчашмаи заволи давлатдорИ ва адолатро асоси тахкими низоми давлатдорИ мукаррар мекунад. У аз беадолатихои замони хеш сухан ба забон оварда, вакте ки бародарашро бо дастури амири Бухоро ба катл мерасонанд, дар марсияе дар суги у онхоро ситамгор, ва саги хунхор меномад ва амири Бухороро золим ба шумор меоварад, ки атрофи у ситампешагоне чанд чамъ шудаанд:

Цамъ гардида ба як цой ситамгоре чанд, Ба кушишхона чунон ки саги хунхоре чанд. Даври як золими мурдори ситамгори сафе%, Гирд гардида ситампешаи мурдоре чанд [5, с.283].

Аз ин ру, худи Садриддин АйнИ дуо мекунад, ки ин хонаи бедоду ситам вайрон шаваду он махкамаи чабр ба мазористон табдил ёбад, зеро тахти амирони рузгори у боиси бадбахтии халк гардида, ба ишратгахи чаллодон бадал шудааст:

Ё Раб! Он хонаи бедоду ситам вайрон бод, Ё Раб! Он махкамаи цабр мазористон бод. Ё Раб! Он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо, Реза-реза шуда бар хоки сия% яксон бод. Ёраб! Он тоц, ки зеби сари хунхоре чанд, Бар сари со^иби худ зебде^и зиндон бод. Ё раб! Он цаср, ки ишратга^и цаллодон аст, Пора-пора шуда дар зери замин пин^он бод [5,с.289].

Дар нихояти ин марсия мебинем, ки устод АйнИ чун як нафар инсони чабрдидаи замони худ дасти дуо мекушояд, ки хамаи ахли мансаби даврони у, сар карда аз муфтиву козиву шоху вазир сарнагун шуда ба хуни хеш гарка гарданд:

Ё раб! Он муфтиву он цозиву он шо^у вазир, Сарнагун гашта ба хуни худашон галтон бод [5, с.289].

Х,амин рухияи ашъори устод Садриддин АйнИ аллакай аз омадани шабахи инкилобе дар аморати Бухоро дарак медиханд, ки хамон андешаи куханро дар мавриди бебако будани пояи зулм дар низоми давлатдорИ ба субут мерасонад.

Дар мачмуъ, аз бахсу баррасии андешахои сиёсИ ва афкори фалсавиву ичтимоии устод АйнИ дар осори мухталифи манзум ва мансури хеш оид ба низоми давлатдорИ ва зарурати инкилоби

фикрй дар Бухоро метавон бар ин натича расид, ки дануз дар айёми хеш ин равшанфикри бузург таассуби динй, истифода аз номи дину диёнатро яке аз омилдои мудимтарини хатарзо ба амнияти чомеа унвон кардааст, ки датто сабаби ба вучуд омадани инкилоб дар Бухоро ва дам инкилоби фикрй гардидааст. Дар доираи ин бадсдо устод Айнй меходад миёни шахсияти рудонии асил ва муллотарошу шайхи беилм фарк гузошта, хатари чунин муллонамодоро ба чомеа равшан нишон дидад, ки сабабгори сар задани дар гуна фитнадо миёни мардум ва бадсдои маздабиву динй мегарданд. Хдмзамон, дануз дар дамин айёми хеш устод Айнй аввалин бор адли динро душдор додааст, ки бояд дар пушиши либоси мусулмонй низ ислодот ворид намуда, аз куднагарой ва афкори иртичой даст кашанд. Ин андешадои устод Айнй дар чомеаи мо дам дорои адамияти баланди фикрй ва сиёсй мебошанд, зеро таваччуд ба зудури падидадои номатлуб, пайдоиши дизбу даракатдои хусусияти динй дошта, собит мекунад, ки дар шароити имруза низ сабаби аслии гирифтории чавонон ба чунин даракатдо надоштани саводи казоии динй ба шумор меравад. Дар баробари ин, аксар дастгоддои таблиготии мазкур низ асосан аз кувваи дин дамчун восита барои расидан ба максаддои хеш истифода намудаанд. Агар ба акида ва андешадои онон таваччуд намоем, пайванде ба исломи ноб надоранд. Х,адафи аслии устод Садриддин Айнй дам ба рузгори хеш дамин буд, ки дар заминаи ба вучуд овардани инкилоби фикрй низоми тадсилот дар мадрасадоро дигаргун намуда, мардумро ба модияти аслии дини ислом ошно созанд, то аз фиребу риёи муллодои сохтаву аз асли дин бехабар чомеаи рузгори у начот пайдо намоянд. Хатари ифротгарой, ки ба зулму ситам оварда мерасонад, дамеша барои аз миён рафтани давлати миллй таддид мекунад. Тачрибаи талхи солдои аввали чанги шадрвандй худ нишонгари он буд, ки мадз дамин омилдо барои эчоди мушкилот ва таддид ба нобудии миллй заминадо фародам оваранд, ки хушбахтона бар асоси сиёсати сулдофаринонаи Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умх,урии Точикистон мудтарам Эмомалй Радмон пеши роди хатардо гирифта шуд. Аз ин ру, афкори сиёсии устод Айнй барои тадкими давлатдории миллии мо дар шароити кунунии чадонишавй хеле мудим ва дорои адамияти барчаста мебошанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Айнй, С. Таърихи инкилоби фикрй дар Бухоро/С.Айнй.-Душанбе:Матбуот,2005.-Ч,.14.-272 с.

2. Айнй, С. Мактаби кухна/С.Айнй.-Душанбе: Истщбол, 2010. - 56 с.

3. Айнй, С. Куллиёт/С.Айнй.-Душанбе: Матбуот, 2005.- Ч,.14. - 272 с.

4. Айнй, С. Ёддоштдо/С.Айнй.-Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии точик, 2009. - 680 с.

5. Айнй, С. Куллиёт/С.Айнй.- Душанбе: Ирфон, 1981. - Ч..8.-524 с.

6. Шакурии, Бухорой. Равшангари бузург/Б.Шакурй.-Душанбе:Адиб,2006. - 340 с.

REFERENCES:

1. АЫ,С.^е History of Intellectual Revolution in Bukhara/S.Aini.-Dushanbe:Press,2005.-V.14-272 p.

2. Aini, S. Old School / S. Aini. - Dushanbe: Istiqbol, 2010. - 56 p.

3. АЫ, S. Collection of Compositions / S. Aini. - Dushanbe: Press, 2005. - V. 14. - 272 p.

4. АЫ, S. Memories / S. Aini. - Dushanbe: Chief Scientific Editor of the Tajik National Encyclopedia, 2009. - 680 p.

5. АЫ, S. Collection of Compositions / S. Aini. - Dushanbe: Cognition, 1981. - V.8. - 524 p.

6. Shakuri, Bukhoroi. The Great Enlightener / B. Shakuri. - Dushanbe: Man-of-Letters, 2006. - 340 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.