УДК 8Т 002. 8Т
ББК 76.01+76.02 Ц. ШАРИФЗОДА
УСТОД АЙНЙ- НАХУСТМУ^АККИКИ РУЗНОМАИ «БУХОРОИ ШАРИФ»
Аз нашри нахустин рузномаи точикй «Бухорои шариф», ин падидаи хаёти сиёсию ичтимоии миллй, беш аз 106 сол сипарй гардид. Бо вучуди он ки ин руйдоди фавкулода барои омузиши як давраи хеле пуртаззоди таърихи миллат чун заминаи маънавии худшиносии миллй ва пайдоиши давлати Точикистон метавонад хизмат кунад ва ба хайси як халкаи занчири заррини фарханги миллй сазовори арчгузорй бошад, ба таври комил мавриди тахкику омузиши илмй карор нагирифтааст, тули кариб сад сол дар зехри сохибназарон мечархидааст.
Аввалин маълумотхои расмй оид ба рузномаи «Бухорои шариф» - сарогози матбуоти миллй, чун дар бораи дигар падидахои таърихии ичтимоии фарханги миллй, ба калами устод С. Айнй тааллук дошта, барои таърихнигорону фархангшиносон, адабиётшиносону публитсистикашиносони минбаъда ба хдйси манбаи муътамад хизмат кардааст. Боис ба таъкид аст, ки мурочиат ба рузномаи «Бухорои шариф» аз замони устод С. Айнй то ба имруз ба таври мунтазаму муназзам набуда, вобаста ба тахаввулоти айём даврахои муайяни фосилавиро дарбар гирифтааст. Бинобар ин, мурочиати мухаккиконро ба рузномаи «Бухорои шариф» шартан ба се мархила метавон даврабандй кард:
Мархилаи аввал: солхои 20-уму 30-юми асри XX;
Мархилаи дуввум: солхои 50 - 80-и асри XX;
Мархилаи севвум: замони бозсозии шуравй ва солхои истиклол.
Агар тули ин солхо худуди 40 тан аз мухаккикону каламкашони ватанию хоричй, аз чумла М.Шакурй, С.Табаров, И.Усмонов, У.Гаффоров, Н.Хртамов, П.Гулмуродзода, М.Абдуллоев, В.Самад, А.Набавй, ^.Расулиён, Н.Гаффоров, М.Муродов, Х.Бокиев, О.Салимзода, И.И.Умняков, И.С.Брагинский, А.Мирахмадов, А. Шехов ва дигарон ки аз маколае то рисолае оид ба «Бухорои шариф» навиштаанд, вобаста ба таърихи пайдоиши нашрия хамоно суханони устод С. Айниро иктибос намудаанд. Шаркшиноси рус И.И.Умняков, ба эътирофи худаш, соли 1927, хангоми навиштани маколаи калонхачми хеш «К истории новометодной школы в Бухаре», ки дар радифи аввалинхо аз таъсисёбй ва фаъолияти рузномаи «Бухорои шариф» низ сухан ба миён овардааст, ба хуччатхои бойгонии Агентии сиёсии Русия дар Бухоро ва чилди 1 -и «Таърихи инкилоби Бухоро»-и устод Айнй (тавассути профессор А.Н.Самойлович дастрасаш гардида*), такя намудааст (10, 90).
Вале азбаски дар бораи осори гаронмояи устод С. Айнй хамчун аввалин манобеи боэътимод оид ба таърихи пайдоиш, накш ва ахамияти нахуструзномаи точикии «Бухорои шариф» тахкикоти алохидае сурат нагирифтааст, дар маколаи мазкур кушиш ба харч медихем дар такя ба осори солхои аввали эчодиёти устод Айнй ба ин масъала рушанй андохта бошем.
Тавре гуфтем, аввалин маълумоти хаттй дар бораи рузномаи «Бухорои шариф» ба ралами устод Садриддин Айнй тааллук дорад. Устод С. Айнй хануз соли 1918, дар китоби «Таърихи инкилоби фикрй дар Бухоро» зери унвони «Таъсиси чаридаи «Бухорои шариф» ва «Турон» таърихи ба вучуд омада, ба фаъолият пардохтан, сабабхои баста шудан, ахамияти ин ду чарида дар бедории афкори мардуми махаллй ва «касони ба интишори ин ду чарида маънан ва моддатан хидмат карда»-ро дакикан навиштаанд.
Азбаски маълумоти дарбаргирифтаи ин асари устод С. Айнй дар бораи нахуструзномаи точикй - «Бухорои шариф» дар ин росто кадимтарин ва фактхои таърихии ба рузгори нашрия наздиктарин аст, мурочиати такрор ба такрорро ба он амри зарурй мехисобем.
Дар мавриди то «Бухорои шариф» пайдо нашудани нашрияе дар каламрави аморати Бухоро сухан пеш ояд, аксари мухаккикону мубохисон дар баробари мухолифати оштинопазири хукумати Бухоро ба пайдоиши мактабу матбуот, ки факти раднопазир аст, бепарвой ё беэътиноии зиёиёи вактро низ аз иллатхои ин амал медонанд. Хол он ки ризоияти элчихонаи Русия дар Бухоро барои рохандозии мактабу матбуот дар каламрави аморат омили халкунанда будааст.
Барои фахмо шудани масъалаи мазкур, бояд таъкид намуд, ки пас аз имзои Ахдномаи дустии миёни Бухоро ва Русия(соли 1873) ва тибки он, соли 1886 бо фармони Шох Александри III таъсисёбии Намояндагии Русия дар Аморати Бухоро дар симои Агентии сиёсй, ин ниход ба хайси намояндаи Хукумати подшохии Русия, дар амри идоракунии сиёсати дохилии Аморат накши мушовири Амири Бухороро мебозид. Хамзамон бояд кайд намуд, ки Агентии сиёсй то соли 1910 дар тобеияти Вазорати хоричии Русия буда, пас аз он ба тобеияти Генерал - губернатории Туркистон гузашт.
Устод С. Айнй бо вучуди орзуи деринаи маорифпарварони Бухоро будани нашри чаридае, ба ин кор мукобилат намудани хукумати амир ва хакки мурочиат надоштани раияти Бухоро ба элчихонаи рус дар ин бобатро таъкид намуда, менависад: «Дар санаи 1330 хичрй аз хамиятмандони Бухоро Мирзо Мухйиддин Мансурзода ва Мирзо Сирочи Хаким барои ба феъл овардани ин орзу кушиши балег карданд. Аввал сохдби матбааи Когон, Левии (Левини) яхудиро дида, фоидаи бисёре аз нашри чарида ба назараш чилва дода, дар майдон андохтанд. Дар аъзои элчихонаи Рус он вакт Петров ва Шулка (Шулга) ном ду шахс буданд, ки ба Мирзо Мухйиддин ошноии хусусй доштанд. Мирзо Мухйиддин эшонро дида каноат кунонда, барои ривоч додани тичорату зироати Бухоро лузуми як чаридаи махаллиро фахмонд. Барои итминони элчихона Хайдархоча Мирбадаловро, ки тарчумони элчихона буд, ба мудирияти чарида нишон дод. Аъзои элчихона ба шарти будани хакки сонсурй бар худашон, аз хукумати Бухоро ба номи Левй (Левин) ва Хайдархоча нашри чаридаро изн гирифта доданд» (3,124).
Рузи ба нашр расидани «Бухорои шариф» ва мутасаддиёни ба фаъолият пардохтани нахустин рузномаи миллиамонро, ки дар даврони сохибистиклолй ба ифтихори он 11 март-Рузи матбуоти точик эълон шуд, низ бо дакикии хоси хеш устод С. Айнй навиштааст: «Барои мухаррирй аз Боку Мирзо Ч,алоли Юсуфзодаро оварданд. Харфчинхоро хам аз Боку оварданд. Номи чаридаро «Бухорои шариф» нихода, ба забони форсй раками аввалашро рузи якшанбе, 4 рабеъуссонии 1330 хичрй мутобики 11 марти 1912 милодй, нашр карданд. Умури маънавии чарида рочеъ ба Мирзо Ч,алол, умури моддй мухаввал ба Левй (Левин) буд» (3, 124-125).
Устод С. Айнй дар асари мазкури хеш инчунин оид ба чараёни фаъолияти нашрия, аз «маколахои маънидори нофеъ дар гояти фасохату балогат» навиштаи Мирзо Ч,алол, пас аз чор мохи дигар таъсис шудани замимаи туркии «Турон»-и «Бухорои шариф», даврияти чоп, мавзуъхои асосй, таъсири онхо ба афкори мударрисону толибилмони мактабу мадрасахо то сабабу омилхои басташавии нашрияхо, бо зикри мушаххаси ному насаби ширкатдорони раванди дахмохаи корзори «Бухорои шариф» маълумоти дакик ва пуркимат додааст.
Арзиши баланди маълумоти «Таърихи инкилоби фикрй дар Бухоро» (минбаъд ТИФБ) на танхо дар кадимияти он аст - таснифи асари номбурда ба навиштаи худи С. Айнй 17 феврали соли 1918 дар гузари Суфй Розики Самарканд анчом ёфтааст, балки дар он низ зохир мегардад, ки дигар мухаккикони минбаъда дар зикри таърихи чоп, фаъолияти дастандаркорон ва омилхои сукути рузномаи «Бухорои шариф» ба ин навиштаи устод С. Айнй такя кардаанд.
Ба навиштахои устод Садриддин Айнй оид ба рузномаи «Бухорои шариф», ки дар чандин асархояш бо сабабеву бахонае ба ин мавзуъ бармегардад ва хар бор маълумоти тозае зам менамояд, лозим меояд мукарраран баргардем, чунки хар макола, хар тезисе дар бораи огозгохи матбуоти даврии точик иншо шудааст, хамоно ба хамин манбаи боэътимод такя менамояд. Устод Айнй шояд бо дарки пеш омадани зарурати омузиши ояндаи таърихи «Бухорои шариф» дар асари дигари хеш «Таърихи амирони мангитияи Бухоро» (1923, вале солхои 1920-21 пора-пора бо унвони «Таърихи силсилаи мангития, ки дар Бухоро хукм рондаанд» дар хафтаномаи «Шуълаи инкилоб» ба табъ расидааст), оид ба таъсиси «Бухорои шариф» навиштааст: «Ч,авонбухориён ба муносибати фармони чулус аз амир Олим хеле умедвор шуда буданд. Вакте ки натичаи фармон, чунончи ба боло зикр ёфт, «хеч» баромад, дар ташаббусоти махфиёнаи худ ба камоли эхтиёт, лекин бо чиддияти тамом машгул шуданд. Кори мухими эшон танвири афкор ва нашри фикрхои ислохотхохона буд.
Чдвонбухороиён ба «латоиф-ул-хияли» бисёр соли 1330 хичрй (мохи марти соли 1912 мелодй) ба васотати вакили сиёсии Русия аз амир рухсати нашр кардани як рузномаро гирифтанд.
Дар соли мазкур, мохи рабеъ-ус-сонй аввал ба забони форсй рузномаи «Бухорои шариф» дар майдони интишор баромад. Дар мохи шавволи хамон сол, рузномаи «Турон» ба забони
туркй нашр шуд... Ин ду рузнома то мохи сафари 1331 хичрй (январи соли 1913 мелодй) давом карда, ба танвири афкори мардум хеле хизмат кард» (1, 146).
Устод Айнй бо зикри ин каноат накарда, муносибати амирро умуман ба рузнома «мисли як муфаттиш», ахамияту нуфузи нашрияхои пайдошуда, сабаби ноумед гардидани Элчихонаи рус аз матолиби интишории рузномахо ва хдмраъйии он бо хукумати Бухороро низ муъчаз баён доштааст: «Хукумати амир зотан ба нашри рузнома розй набуд ва намехост, ки дар пеши назараш мисли як муфаттиш хдмеша рузномае чилвагар бошад. Хукумати амир на танхо ба рузномаи махаллй мухолиф буд, балки агар даст меёфт, тамоми рузномачоти исломиро мехост бархам занад. Аммо Элчихонаи рус дар аввал бор гумон дошт, ки рузномаи Бухоро мисли «Туркистон вилоятининг газети» ба сиёсати игфолифонаи у хизмат хохад кард. Бинобар ин, ба нашраш маънан ёрмандй карда буд.
Лекин вокеъ бар хилофи маъмулаш баромад. Ин ду рузнома на танхо ба Бухоро, балки ба тамоми Туркистон нашри афкори ислохотхохона ва танвири азхон менамуданд. Бинобар ин харчанд сабаби конунй наёфтанд, ба номи амир, ки ба хар харакати конуншиканона дастовези эшон буд, ин ду рузномаро, ки акнун кувваи моддй ва маънавии худро ба камол расонида буд, бастанд» (1,146-147).
Устод Айнй дар асари таърихии хеш «Таърихи инкилоби Бухоро» (минбаъд ТИБ), ки дастхати онро 21 декабри соли 1920 ба охир расонида, фасли алохида ба мавзуи «Газетахои «Бухорои шариф» ва «Турон» ихтисос дода, (5,103 -108), таърихчаи таъсиси газетахои «Бухорои шариф» ва «Турон», тавкифи нашрияхо, ашхоси, ки ба нашри газета хизмат карда ва таъсири ин ду нашрия ба чомеаи онвактаро мухтасар, вале дакик зикр намудааст.
Гуфтанист, ки фасли «Газетахои «Бухорои шариф» ва «Турон»-и «Таърихи инкилоби Бухоро» (ТИБ)-и устод С. Айнй аз фасли «Газетахои «Бухорои шариф» ва «Турон»-и «Таърихи инкилоби фикрй дар Бухоро» (ТИФБ) хачман хурдтар буда, дар он маълумотхо оид ба нашрияхо ихчамтар, вале сахехтар гардидаанд. Масалан, вобаста ба таъсис додани замимаи «Турон»-и «Бухорои шариф» дар ТИФБ мехонем, ки «чун аксари ахолии тавобеи Бухоро туркизабон буданд, ахолии сойири вилоёти Туркистон умуман ба туркй харф мезаданд, масъалаи як чаридаи туркй ба миён омад» (3, 125), дар ТИБ «узбекзабон будани ахолии баъзе кишлокхои атрофи Бухоро ва вилоятхои он ба назар гирифта шуда, масъалаи нашри газетае ба забони узбекй низ ба майдон баромад» (5, 104).
Устод Айнй дар ТИФБ ба масъалаи таъсисёбй ва фаъолияти замимаи «Бухорои шариф» -«Турон» таваччухи бештар дода, аз чумла «мухаррири он Гиёсиддин Махдум ибни домулло Нуралии тотор»-ро батафсил муаррифй карда бошад, дар бахши «Онхое, ки ба нашри газетахо хизмат кардаанд»-и ТИБ руйхати чавонони бедордили Бухороро бо ному насаби писарони Мирзо Мухиддин - Мирзо Изом ва Мирзо Абдулкодир, бародари Мухиддин Махдуми Абдулхакими Судур - Абдунасир-махдум, Хочй Хамрох писари Йулдош, Хочй Хамрохи дуюм, Мирхон Порсо, Нарзуллобой писари Яъкуббой афзуда, дар солхои 1917-18 шахид гардидани Мирзо Назрулло Гафурзода, Хочй Абдусаттор писари Абдукаххор ва Мирзо Мустафокули фарзанди Бурибойро зикр намудааст.
Ишораи дигари устод Айнй дар бораи рузномаи «Бухорои шариф» дар соли 1926 сурат гирифтааст. У дар маколаи «Матбуоти точик», ки 6 сентябри соли 1926 дар рузномаи «Овози точик», ба ифтихори 2 - солагии нашрия ба табъ расидааст, аз огози матбуоти нави точикй сухан ронда, аз чумла менависад: «... баъд аз пайдо шудани асари тачаддуд ва навй дар Бухоро ва Туркистон, аввалин рузномае, ки аз Бухоро баромад, ба номи «Бухорои шариф»-и точикй буд» (2, 292).
Устод Айнй бо зикри маълумоти мазкур дар баробари аввалин рузнома дар Бухоро будани «Бухорои шариф», бо забони точикй интишор шудани онро таъкид менамояд, ки аз як тараф муносибати муаллифро ба ягонагии забонхои форсй ва точикй ифода созад, аз тарафи дигар, ишора ба катъияти мавзеъгирии муаллиф ба тахчой ва сохиби фарханги миллй будану хакдории точикон ба давлатдорй дар он солхои пуртазоди худшиносии миллатхои минтака мебошад.
Зимнан, дар маколаи мазкур зикр шудааст, ки «Намунаи адабиёти хазорсолаи точик» дар дасти табъ аст» (2, 294). Ишораи фавк ду факти чолиберо дар батн дорад: аввал, унвони аслии китоб, дуввум хануз (мохи сентябри с.1926) дар дасти чоп будани он, ки барои мухаккикон манбаи боэътимодест.
Дарвокеъ, зикри дигарбораи таърихи пайдоиши рузномаи «Бухорои шариф» аз чониби устод Айнй дар «Намунаи адабиёти точик» (с. 1927), ки дар Нашриёти марказии халкхои
СССР (Маскав) ба чоп расидааст, ба масъалаи бахсноки «оё Айнй дар Бухорои шариф» иштирок дошт ё не», низ рушанй меандозад:
«Асари мухиме, ки дар соли 1912 ба забони форсй ба майдон кадам ниход, рузномаи «Бухорои шариф» буд. Ин рузнома, дар зери тахрири Мирзочалол Юсуфзодаи ^афкозй, аз 1912-март-11 то 1913 дувуми январ, яксаду панчоху се адад баромада, баста шуд.
Афсус, ки нусхахои мудаввани рузнома дар дастам нест, то ки порчахои намуна накл намоям. Танхо шумораи дуввуми ин чаридаро ба даст дорам, ки барои нишон додани забон ва тарзи баёни он аз сармаколааш сатре чанд эрод менамоям» (4,325). Устод Айнй пас аз шархи мазкур «барои нишон додани забон ва тарзи баёни он» порае аз сармаколаи «Ифтитох» бо имзои «Ч,алол» (Мирзо Ч,алол Юсуфзода)-ро намуна меоварад.
Гап сари он меравад, ки баъзе мухаккикон шояд ба хотири бештар нишон додани хизматхои дархакикат беандозаи устод Айнй дар омузишу тахкики таъриху фарханги минтака ва баланд бардоштани обруву эътибори у, шояд аз ноогохй, гуё иштироки фаъоли устод С. Айнй дар таъсису фаъолияти «Бухорои шариф» ва баъзе имзохои мустаори матолиби рузномаро низ ба устод С. Айнй нисбат доданй мешаванд, ки хилофи хакикати таърихй мебошад. Аз чумла, мухаккики матбуоти Осиёи Миёна, профессори узбек Т. Эрназаров навиштааст, ки «рузномаи «Бухорои шариф» асосан бо ташаббуси Садриддин Айнй ба нашр расидааст... Дар рузномахои «Бухорои шариф» ва «Турон» С.Айнй хеле фаъол иштирок кардааст. Бисёр шеърхои вай дар хамин давра ба чоп расидаанд» (11, 84;86).
Ва ё навиштаи ихтилофноки адабиётшиноси маъруф А.Маниёзов «агар мо дар рузномахои махаллии чадидии «Бухорои шариф» ва «Турон», инчунин дар журнали «Оина» дарч гардидани чанде аз шеърхои уро ба назар нагирем, Айнй дар матбуоти он давра кам иштирок дошт» (7,74), на танхо алокамандони эчодиёти устод Айнй, балки мухаккикони чавонро низ ба шубха меандозад.
Хол он ки муносибати чиддй ба вокеаву ходисахои таърихй, нуктасанчию дакиккорй ва вокеиятнигории устод С. Айнй дар хар навишта, он хох маколаи хурд аст ва ё хох асари калонхачм, на танхо дар шарху эзохоти худи устод, балки дар хотироту ёддоштхои хамсафону шогирдони эшон батаъкид кайд гардидааст. Дар мавриди рузномаи «Бухорои шариф» бо таассуф навиштани «нусхахои мудаввани рузнома дар дастам нест, то ки порчахои намуна накл намоям. Танхо шумораи дуввуми ин чаридаро ба даст дорам», далолат мекунад, ки устод С. Айнй дар сафи дастандаркорони нахустин рузномаи точикй набудааст, вагарна, нигох доштани нусхахои рузнома ва баргирифтани намунахои чолибе аз маводи адабии он барои устод С. Айнй барин шахси дакиккор амали сахле мебуд. Хулласи калом, ба кавли мухаккики нозукбин Абдухолики Набавй чунин «таърихсозихои бедалел ва тахрифу худсарихо на ба манфаати устод аст ва на ба манфиати илми точик, магар ки гараз ва шухратталабй бошаду бас.» (8, 54).
Мавриди мувофик аст аз як гуфтаи адабиётшиноси маъруф Валй Самад - «Устод Айнй дар боби таъсиси рузномаи точикй дар Бухоро панч ишора дорад, ки онхо дар солхои 1914, 1919, 1921 ва 1926 сурат гирифтаанд» (9, 144), ёдрас шавем. Аз ин миён ишораи соли 1914 сурат гирифтаи устод Айнй ба таъсиси рузномаи точикй на танхо дар навиштахои минбаъдаи худи ин адабиётшинос тасдик пайдо накард, балки дар осори дигар мухаккикони аз «Бухорои шариф» ёдкарда низ ба чашм нахурд.
Хамин тавр, омузиш ва пажухиши осори устод Айнй имкон медихад ба хулосахои зайл бирасем:
1. Устод Айнй дар асархои «Таърихи инкилоби фикрй дар Бухоро» (1918) - (фасли «Таъсиси чаридаи «Бухорои шариф» ва «Турон») ва «Таърихи инкилоби Бухоро» (1921) - (фасли «Газетахои «Бухорои шариф» ва «Турон») -и хеш аз омилхо ва таърихи пайдоиш, фаъолият, мавзуот, таъсири газетахо, мушкилот ва тавкифи онхо, дастандаркорону дастёрони нашрияхои мазкур аввалин бор маълумот дода, ахамияти бузург ва чойгохи сазовори «Бухорои шариф»-ро дар амри огохй ва худшиносии мардум, ба хусус чавонони мадрасахони минтака, муайян намудааст;
2. Устод С. Айнй дар очерки таърихии «Таърихи амирони мангитияи Бухоро» (1923), маколаи «Матбуоти точик» (1926) ва рисолаи «Намунаи адабиёти точик» (1927), дар мавриди зарурй ба мавзуи нашрияхои даврй баргашта, бо назардошти мавкеъ ва накши нахустин нашрияи точикии «Бухорои шариф» дар мухити маорифпарварони минтака, ба таърихи «Бухорои шариф» ва замимаи он «Турон» маълумотхои нав илова намуда, як сахифаи пурчилои фарханги миллй будани онро таъкид менамояд;
3. Устод С. Айнй бо такя ба бахсхои забонии худи рузномаи «Бухорои шариф» - «ин чо забони умумиточикй аст, рузнома хам бо забони точикй бошад бехтар» бо вучуди «номи чаридаро «Бухорои шариф» нихода, ба забони форсй... нашр карданд»(3, 124-125) навиштан, дар маколаи «Матбуоти точик» (1926), «аввалин рузномае, ки аз Бухоро баромад, ба номи «Бухорои шариф»-и точикй буд» зикр намудааст;
4. Устод Айнй бар хилофи навиштаи баъзе мухаккиккони соха, дар таъсису фаъолияти рузномаи «Бухорои шариф» на танхо сахим набудааст, балки бо шеър ё маккола низ дар он иштирок надоштааст;
5. Устод Айнй ба хайси адиб, муаррих, мухаккики нуктасанч, бо вучуди нохушоянд будани ёдрасии корзори маорифпарварони Осиёи Миёна дар даврони шуравй, дар осори мондагори хеш дар солхои гуногун, бо сабабу бахонахои хархела, ба таърихи пайдоиш ва фаъолияти рузномаи «Бухорои шариф» хадафмандона мурочиат намудаанд, то ки бо фарохам шудани шароиту мухити озоди арчгузорй ба падидаву руйдодхои таърихии фарханги миллй, мухак,к,ик,ону алокамандони таърихи миллат ба ин х,орик,аи сиёсию ичтимоии минтакаи точикнишин таваччух зохир намоянд;
6. Устод С. Айнй бо тахдики мухтасари рузномаи «Бухорои шариф», чун дар дигар риштахои илму адаби точик, дар публитсистикашиносй низ нахустин мух,ак,к,ик,и соха ба хисоб меравад;
7. Нигоштахои таърихии устод С. Айнй дар бораи рузномаи «Бухорои шариф» хамчун навиштахои шохиди руйдод, бо аникдву дакдкди санаи вок,еа, мушаххасии ному насаби ширкатдорони вок,еа, мав^еъгирии холисонаи илмй, барои мухаккикони минбаъдаи таърихи матбуоти миллй ва минтака ба хайси манбаи муътамад хизмат хохад кард.
ПАЙНАВИШТ:
1. Айнй, С. Таърихи амирони мангитияи Бухоро/Куллиёт, ч.10/С.Айнй.-Душанбе: Ирфон, 1966. -310 с.
2. Айнй, С. Матбуоти точик/Акнун навбати калам аст. Осори баргузида дар ду чилд.Ч,.1/С.Айнй.-Душанбе: Ирфон, 1977. -478 с.
3. Айнй, С. Таърихи инкдлоби фикрй дар Бухоро/ Куллиёт, чилди 14 \ С.Айнй .-Душанбе:Матбуот, 2005. -270 с.
4. Айнй, С. Намунаи адабиёти точик. (Тахия ва нашри китоб бо кушиш ва зери назари К. Айнй ва Н. ^осим). /Куллиёт С.Айнй, чилди 16/ С.Айнй. -Душанбе, 2010.- 420 с.
5. Айнй, С. Таърихи инкилоби Бухоро. (Баргардонанда аз узбекй ба точикй ва мураттиб Р.Х,ошим\ С.Айнй. -Душанбе: Адабиёти бачагона, 2017. -240 с.
6. Бухорои шариф, 1912,14 март, №3.
7. Маниёзов, А. Публитсистика ва назми устод Айнй. (Мухаррир М. Шукуров)\ Маниёзов, А. -Сталинобод: Нашрдавточ., 1958.-152с.
8. Набавй, А. «Бухорои шариф» сарогози матбуоти миллй\ А. Набавй. - Душанбе: Бухоро, 2012.- 182 с.
9. Самад, В. Аз каъри Хазар то авчи Зухал/Валй Самад.-Душанбе: Маориф, 1991.-224 с.
10. Умняков, И.И. К истории новометодной школы в Бухаре /Бюллетень СреднеАзиатского государственного университета, Выпуск 16/И.И. Умняков. -Ташкент, 1927. -С.81-98.
11. Эрназаров, Т. Туркистонда вактли матбуот/Т.Эрназаров. -Тошкент: Уздавнашр, 1959.
REFERENCES:
1. Aini, S. The History of Manghyt Emirs of Bukhara/ Collection of compositions, V.10| S.Aini. - Dushanbe: Cognition, 1966. - 310 p.
2. Aini, S. Tajik Press/ Now it is Time to Write. Selected Works in two volumes. - V.1| S.Aini. - Dushanbe: Cognition, 1977. - 478 p.
3. Aini, S. The History of Ideological Revolution in Bukhara/ Collection of Compositions , V.14| S.Aini. - Dushanbe: Press, 2005. - 270 p.
4. Aini, S. Patterns of Tajik Literature. (preparation, publication under the editorship of K.Aini, N.Qosim). Collection of Compositions by S.Aini, - V.16/ S.Aini. - Dushanbe, 2010. - 420 p.
5. Aini, S. The History of Bukhara Revolution. Translated from Uzbek into Tajik and compiled by R.Hoshim| S.Aini. - Dushanbe: Literature for Children, 2017. - 240 p.
6. Saint Bukhara, 1912, March 14, № 3.
7. Maniyozov, A. Publisistics and Ustod Ami's Versified Patterns/ Maniyozov, A.| under the editorship of M.Shukurov.- Stalinabad: State publishing-house of Tajikistan, 1958.-152 p.
8. Nabavi, A. "Saint Bukhara" as the Beginning of National Press| A. Nabavi. - Dushanbe: Bukhara, 2012. - 182 p.
9. Samad, V. From the Bottom of Khazar to the Top of Zuhal| Vali Samad. - Dushanbe: Enlightenment, 1991. - 224 p.
10. Umnyakov, I.I. To the History of New-Methodical School in Bukhara/ Bulletin of Middle-Asian State University, Issue 1б| I.I. Umnyakov. - Tashkent, 1927. - P. 81 - 98.
11. Ernazarov, T. Modern Press in Turkistan| T.Ernazarov. - Tashkent: State publishing-house of Uzbekistan, 1959.
Устод Айни- шхустмух,ащицирузномаи «Бухорои Шариф»
Вожа^ои калидй:Айнй, Бухоро, «Бухорои шариф», «Турон», матбуот, газета,
маорифпарварй, мууацциц, рузнома, фар^анг, таърих.
Дар мацола сухан дар бораи цайду ишорауои устод С. Айни дар бораи рузномаи "Бухорои шариф" меравад. Цайд мегардад, ки дар бораи таърихи пайдоиш ва фаъолияти нахустин рузномаи тоцикии «Бухорои шариф» чандин тан аз мууаццицони таъриху адабиёт ва фар^анги милли мацола рисола ва осори тауцицй доранд. Таъкид мешавад, ки барои %ама ин тадцицот бинобар мушкили дастраси ба нусхауои комили аслии рузнома, нигоштауои устод Садриддин Айни оид ба рузномаи «Бухорои шариф», аз цумла дар асар^ои таърихию публитсистии «Таърихи инцилоби фикри дар Бухоро», «Таърихи амирони мангитияи Бухоро», «Таърихи инцилоби Бухоро», «Намунаи адабиёти тоцик» чун манбаи боэътимод хизмат кардааст.
Муаллифи мацола дар такя ба асар^ои номбурда, мавцеъгири ва тауаввули назари устод Айниро дар раванди тащици таърихи пайдоиш, фаъолият ва ауамияту нацши рузномаи «Бухорои шариф» ба барраси гирифта, бардоште уосил намудааст, ки бо гузашти як аср, маълумотуои пурцимат ва арзёбии воцеъии устод Айни уамчун нахустин му^аццици «Бухорои шариф», андар шинохти нахуструзномаи тоцикй уамоно ба уайси манбаи боэътимоди таърихи хизмат мекунад.
С. Айни - первый исследователь газеты "Бухорои шариф"
Ключевые слова: Айни, Бухара, «Бухорои шариф», «Турон», пресса, газета, просветители, иследователи, культура, история.
В статье исследуется вклад основоположника новой таджикской литературы Садриддина Айни в исследовании истории возникновения и деятельности первой таджикской газеты «Бухорои шариф»
Исследуя исторические трактаты, такие как «История интеллектуальной революции Бухары» (1918), «История мангитских эмиров Бухары», «Образцы таджикской литературы», и ряд других трудов С.Айни, автор подчеркивает, что в высказыниях и рассуждениях устода Айни о «Бухорои шариф» наблюдается четкая линия документального повествования событий, приведших к возникновению первой таджикской газеты в Средней Азии. По мнению автора статьи, исторические факты и сведения о предпосылках, движущих силах, молодых просветителях - созидателях газеты, которые описаны С. Айни, бесспорно, являются достоверными. Автор приходит к выводу, что С.Айни по праву является первым исследователем газеты «Бухорои шариф».
S. Aini as the first Researcher of the Newspaper Referred as "Bukhoroi Sharif" (Saint Bukhara)
Key words: Aini, Bukhara, "Bukhoro Sharif", "Taron", press, newspaper, enlighteners, researchers, culture, history.
The article dwells on the contribution of the founder of the new Tajik literature Sadriddin Aini into the study of the history of the origin and activity of the first Tajik newspaper called "Bukhoro Sharif".
Having analyzed the historical treatises referred as "The History of the Bukhara Intellectual Revolution" (1918), "The History of the Manghyt Emirs of Bukhara", "Patterns of Tajik Literature" and a large considerable number of other works belonging to the pen of S. Aini, the author lays an emphasis upon the idea that in the utterances and reasoning of Ayni's dictum about "Bukhuroi Sharif" there is a clear line of documentary narrative of events that led to the appearance of the first Tajik newspaper into the open spaces of Central Asia. In conformity with the authors opinion, S.Aini is a witness and an eyewitness of events, historical facts and information about prerequisites and driving forces of young enlighteners - the creators of the newspaper, he imparts documentary and credible veracity to the expounded. The author comes to the conclusion that S. Aini is considered to be the first researcher of the newspaper in question.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Шарифзода Цироншох, сармуаллими кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоуи миллии Тоцикистон (Цумуурии Тоцикистон, ш. Душанбе), E- mail: ksharifzda@yandex. ru Сведения об авторе:
Шарифзода Кироншох, старший преподаватель кафедры печати факультета журналистики.Таджикского национального университета (Республика Таджикистан, г. Душанбе), E- mail: [email protected] Information about the author:
Sharifzoda Qironshoh, senior lecturer of the department of printing attached to the faculty of journalism under the Tajik National University (Tajikistan Republic, Dushanbe), E mail: ksharifzoda@yandex. ru