Научная статья на тему 'Sirojiddin Alihon Orzu Akbarobodi’s life outlook'

Sirojiddin Alihon Orzu Akbarobodi’s life outlook Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
219
116
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСӣ-ТОҷИКӣ / АДАБИЁТИ ФОРСИЗАБОНИ ҲИНД ДАР АСРҳОИ X VI 1-Х VIII / ҳАЁТ ВА ЭҷОДИЁТИ СИРОҷИДДИН АЛИХОНИ ОРЗУ / ТАЪРИХИ ҲИНД ДАР АСРИ XVIII / ИСТОРИЯ ПЕРСИДСКО-ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ / ПЕРСОЯЗЫЧНАЯ ЛИТЕРАТУРА ИНДИИ XVI1-ХVIII ВЕКОВ / ЖИЗНЬ И ТВОРЧЕСТВО СИРОДЖУДДИНА АЛИХОНА ОРЗУ / ИСТОРИЯ ИНДИИ XVIII ВЕКА / HISTORY OF PERSIAN -TAJIK LITERATURE / THE LITERATURE OF INDIA OF THE XVII-THE XVIII-TH CENTURIES WRITTEN IN PERSIAN / LIFE AND CREATION OF SIROJIDDIN ALIHON ORZU / HISTORY OF INDIA OF THE XVIIITH CENTURY

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Саидова Зарина

Историю литературы средних веков Индии трудно себя представить без изучения персоязычной литературы, особенно всестороннего исследования творчества литераторов и мыслителей, которые создали многочисленные высокохудожественные произведения на персидском языке. Ибо персидский язык и литература имеет на полуострове тысячелетнюю историю и

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The history of the literature of the Middle Ages of India is hardly imaginable without that one written in Persian, especially without the versatile creation of thinkers and теп-of-letters who produced highly creative works in this language, Persian language and literature have a millennium history and the tradition of creating prosaic and poetic productions interrupted in no times. The author of the article makes an endeavour, proceeding from mediaeval originals and modern researches, to reconstruct the biography of one of the outstanding man-of-letters of the XVIII-th century in India who is considered by researchers as equal to Amir Hisrav Dehlavi and Fayzi Dakoni,

Текст научной работы на тему «Sirojiddin Alihon Orzu Akbarobodi’s life outlook»

3. Саидова

НИГОХ.Е БА РУЗГОРИ СИРОЧУДДИН АЛИХОНИ ОРЗУИ АКБАРОБОДЙ

Вожатой калидй: таърихи адабиёти форсй-тоцикй, адабиёти форсизабони Хинд дар асруои X VI 1-Х VI//, х,аёт ва эцодиёти Сироциддин Алихони Орзу, таърихи Х,инд дар асри XVIII

Сирочуддин Алихони Орзу яке аз барчастатарин удабои асри XVIII-и шибхи ко рай Х,индустон буда, дар замони худ шухрати азим дошт. У на танхо дар улуми фархангнависй, шоирй, забоншиносй ва накди адабй хидматхои шоиста намуд, балки донандаи хуби забони санскрит низ буда, нахустин бор реша ва алокаи забони форсиро бо санскрит бозёфт намудааст. Пажухиш-гарон аз руи арзишу ахамияти осораш уро дар баробари Амир Хусрав ва Файзии Даканй донистаанд.

Дар бораи зиндагй ва осори Сирочуддин Алихони Орзу сарчашмахои зиёди адабй маълумот додаанд. Мухимтар аз хама, худи Орзу дар тазкираи "Мачмаъ-ун-нафоис" дар бораи ахволу осори худ иттилоъ дарч намудааст.

Дар бораи чои таваллуди Орзу сарчашмахо маълумоти мухталиф медиханд. Нурулислом Сиддикй дар мукаддимаи «Девони Орзу дар чавоби Бобо Фигонй» хабар медихад, ки муосирини у Fy.iovia. шхони Озоди Балгиромй дар «Сарви Озод» ва «Хизонаи омира». Сайд Абдуваххоби Ифтихор дар «Тазкираи беназир», шогирдаш Биндробандоси Хушгу дар «Сафинаи Хушгу», Мусхафй дар «Икди сураё», Лачхмй Наройин Шафик дар «Чаманистони шуаро» чои таваллуди Орзуро Акбаробод гуфтаанд, вале бархе аз тазкирани-горон, ба монанди ^иёмиддин Хай par дар «Маколот-уш-шуаро», Алй ИброхимхониХалил дар «СухуфиИброхим», (15,5) Накш Алй дар«Боги маонй» (9,12) Бхагвандоси Хиндй дар "Сафинаи Хиндй"

(4,5), Ах,мад Гулчини Маонй дар такя ба маълумоти "Риёз-уш-шуаро"-и Аликулихони Волех (6,660) ва гайра Гвалиёрро зодгохи у донистаанд.

Мо чонибдори гурух,и аввали тазкиранигорон хдстем. Чун Орзу ба такозои Хушгу ах,волу осорашро навишта ба у дода буд, ки дар он зодгохд худро Акбаробод ва ватани ачдодии модарашро Гвалиёр нисбат додааст, маълумоти Хушгу боэътимод дониста мешавад. Байти зерини Орзу низ аз Акбаробод будани уро ба субут мерасонад: Бувад аз Акбаробод Орзую Хусрав азДе.улй, Фигонй гар зи Шероз асту Соибгар зи Табрез аст (13, 38)

Аз ин лих,оз, маълумоти сарчашмах,ое, ки зодгох,и Орзуро шах,ри Акбаробод овардаанд, дуруст буда, шах,ри Гвалиёр зодгохд модари шоир аст.

Дар бораи соли таваллуди Орзу низ донишмандон ихтилофи назар доранд. Доктор Сиддикй хабар медихдд, ки Пулом Алихон Озоди Балгиромй дар «Сарви Озод» таваллуди Орзуро дар соли 1100/1688 зикр кардааст. Х,амин муаллиф дар тазкираи дигараш «Хизонаи омира» таваллуди уро дарсанаи 1101/1689 баён кардааст. Аммо Хушгу соли 1099/1687-ро хдмчун соли таваллуди Сирочуддин Алихон Орзу таъкид намудааст ва чунин навиштааст: «Факир Сирочуддин Алихони Орзу... дар соли хдзору наваду пух, валодат ёфта, волиди мархум Шайх Х,исомиддин лафзи «Нузли гайб» таърихи тавлид ёфтаанд". (16,313) Албатта тазкирах,ои "Хизонаи омира" ва "Сарви Озод" ахдмияти зиёдеро бархурдор мебошанд, зеро дар замони ба зиндагонии Орзу наздик, яъне дар соли 1176/ 1762 тартиб дода шуда буданд. Аммо чй тавре, ки дар боло зикр намудем, Хушгу шогирди Орзу буд ва мусаввадаи "Сафинаи Хушгу" то соли 1161/1749 зери мутолиа, хдвошинависй ва тах,рири Сирочуддин Алихон Орзу буд. Тафсили баъзе аз маълумотх,о дар хусуси Орзуро хдтто агар дар тазкираи "Мачмаъ-ун-нафоис" дучор наоем, онро дар "Сафинаи Хушгу" дарёфт кардан мумкин аст, зеро Орзу матни ах,воли худро хеле батафсил бо калами худ нигошта, ба Хушгу дода будааст (12,8).

Аз ин лих,оз, маълумоти Хушгуро дар ин маврид хдм метавон боэътимод донист ва мукаррар намуд, ки Сирочуддин Алихони Орзу дар соли 1099/1687 ба дунё омадааст.

Дигар ин, ки Хушг^ тЛзкираашро дар миёни солх,ои 1137/1723 то 1147/1734 таълиф намуд. Руломалихони Озод тазкираи «Сарви

Озод»-ро дар соли 1166/1752 ва тазкираи «Хизонаи омира»-ро дар соли 1176/1762 таълиф кардааст. Тибки тавзехоти мазкур «Сафинаи Хушгу» аз хар ду тазкираи Озод пештар навишта шудааст ва дар заминаи тахкик. аз ахамияти бештар бархурдор мебошад.

Савум ин, ки таърихи таваллуди Орзу, ки дар «Сафинаи Хушгу» баробар ба соли 1687 навишта шуда, хдмин таърих дар тазкираи «Гули раъно» ва «Наштари ишк» низ зикр гардидааст. Дар ин маврид ду сол галат кардани Руломалихони Озод хам нишон дода шудааст. Хдмчунин ба инмаънй дар "Наштари ишк" омадааст: "Дар санаи як хдзору як саду як (1689-С.З.) ба ривояти Миргуломалихони Озод ва дар худуди як хазору наваду пух, (1687-С.З.) ба ривояти сохи б и "Гули раъно", Хон Орзу кадам ба манассехд зухур ниход. Волиди модидаш (машхур-З.С.) Шайх Х,исомидин "Нузли гайб" таърихи валодати у ба кавли Озод ду солро тафовут, ва ин фарк аз сахвулкалами (иштибохд-З.С.) Мири мархум аст. Волид дар "Нузли гайб", ки таърихи гуфтаи падари уст, тадовуз мумкин нест"(17,21).

Чун Орзу худаш дар «Мадмаъ-ун-нафоис» дар бораи таърихи таваллудаш ва зодгохдш хсч маълумоте надодааст, аз ин сабаб Дарвеш Бахриддин (3,9), Амон Нуров (8,7) ва дигар донишмандон дар такя ба маълумоти "Хизонаи омира" соли таваллуди уро дар санаи 1101/1689 дар Гвалиёр навиштаанд.

Муаллифони сарчашмахои адабй-таърихй дар бораи насаби Орзу зикр кардаанд, ки у аз тарафи падар аз хонаводаи шайх Камолиддин хдмширазодаи шайх Насируддин Махмуд Чароги Дехлй, аз тарафи модар бо шайх Хдмиддуддини Равен Гвалиёрй (7,25), (5,10), (15,9), (12,4), (8,1), (6,660) ва аз чанд чихат бо шайх Хоча Фаридуддини Аттор, ки фарзандони эшонро Атторй мегуфтанд, пайванди хонаводагй доштааст. Худи Орзу дар ин маврид гуфтааст:

Цадда аст маро уазрати Аттор аз ин роу, Ашъори худ акнун ба Нишопур фиристам. (12,4)

Падари Сирочуддин Алихони Орзу Х,исомиддин ном дошта, дар Гвалиёр таваллуд шудааст. Мувофики маълумоти тазкираи «Наштари ишк»-и ХусайнкулихониАзимободйу "мардисипохивазъе буда, ба сохибмансабони оличох бештар унс доштааст ва киссаи машхури хиндии «Камрут»-ро ба силки назм кашидааст" (17, 661).

У дар давраи Аврангзеб дар мансаби олисипох хидмат мекард, макоми илмии баланд дошт ва бо тахаллуси «Хдсом» ё «Х,исомй»

шеър мегуфт. Чун дар зумраи маъмурин, махсусан шомили шугли синохигарй ва аскарй буда, абёте ки мавзун мекард, дар миёни мардуми ому хос хонда намешуд. Х,амчунин, у сохиби салохият ва махорати илмй буда, дар миёни уламо ва фузало хам рутбаи олй дошт ва аз хамин сабаб баъзе аз вактхои худро бо мубохисаи уламои замон мегузаронд (12.6).

Падари Орзу дар тули хаёташ девони ашъорашро мураттаб накард. Намунахои ашъори уро метавон аз тазкирахои гуногун дарёфт (15.9). Орзу хам се байти зайлро чудогона накл кардааст: Гауе чин бар цабин, гоуе табассум карда меой, Ба yap ранге, ки холçû цилва кун, мауви тамошоям.

Ба оуанги ацаб бурдааст, мутриби зодаи уушам, Ки аз уайрат capono уамчуне гау чашму гау г^шам.

Дар биёбон жола кори санги тифлон мекунад, Дар азал шуд цисмати девона аз yap боб санг.

Орзу давраи тифлиашро дар Акбаробод ва Гвалиёр сипарй намуд ва таълимоти ибтидоиро назди падар дар Гвалиёр ба даст овард. Дар давраи тифлй, ки хануз Орзу панч-шашсола буд, китоби «Гулистон», «Бустон», «Панднома»-и Саъдиро мутолиа намуд. Падараш хангоме, ки аз лашкари Оламгир меомад, шабхо сад-дусад байт аз байтхои шуарои мутааххир уро ёд медод. Орзу аз кудакй ба тахсили улуми расмй ва адабиёти форсй пардохт, забони арабиро азбар намуд. Дар синни чахордахсолагй. овоне, ки бо падараш дар Матхура буд, ба сурудани шеър ofo3 кард (5,10).

Дар даврони икомат намуданаш дар шахри Матхура дар соли 1115/1703 падараш Х,исомиддин чашм аз олам пушид. Орзу дар Гвалиёр зери сарпарастии модар таълимоти худро идома дод. Дар тайи ин муддат давоми як сол пеши Мир Абдуссамади Сухан сабак гирифт. Азбаски Мир Абдуссамад ба Агра мухочират кард, назди Мир Гуломалии Ахсанй ба шогирдй рафт. Орзу дар ин маврид чунин иттилоъ додааст: «Иттифокан саодат ва шарофати мартабати Мир Гулом Ахсанй тахаллус ...худ ба худ ба факирхона ташриф мефармуданд ва бе вачхе ва гарази дар тарбияи ахкар мекушиданд ва дар ин айём, ки синни шонздахсолагй буд, аввал ин газалеро аз назари эшон гузаронид, ки матлааш ин аст:

То дидаам ба зулфи парешони у гиреу, Дорам чу гирдбод нафас дар гулу гиреу» (12,2).

Орзу дои дигар дар ахволи Мир Гулом Ахсанй тазаккур медихад. ки "Факир Орзу дар айёми тифлй ашъори худро дар хидмати эшон (Мир Гулом Ахсанй-З.С.) гузаронида ва бар ин ахкар хдкки бисёр собит иамудаид"(12. 21).

Хдмин тарик. Орзу аввалан тахсилашро пеши Мир Абдуссамади Сухан гузаронида, пас аз чанде аз Мир Гулом Алии Ахсанй истифода кард ва дар шеъру адаб комилан масруф ва машхур буд.

Аммо ин робитаи шогирдй ва устодй то дер давом накард, зеро пас аз вафоти падар у ягона касе буд, ки таъмини хонаводагиро бар душ дошт. Орзу барои таъмини маишати зиндагй дар дарбори Аврангзеб мулозим гардид ва бо лашкари у ба Дакан равона гашт, вале мутаассифона, зиёда аз нух мох дар ондо натавонист бимонад, барои ин ки дар хамон овон (1118/1707) подшохи мавсуф дар Дакан чашм аз чахон барбаст.

Шохзода Мухаммад Аъзамшох пас аз фавти падараш бар тахт нишаст ва аз Дакан ба Акбаробод равона шуд. Миёни шохзодаи мазкур ва бародари бузургаш мубориза барои тахту точ ба миён омад. Шохзода Мухаммад Аъзам кушта ва Баходуршох пируз гашта ба тахти салтанат нишаст. Орзу ба Гвалиёр назди модар ва аз он до бо ичозати модар ба шахри Акбаробод рахсипор гашт. Такрибан панд сол дар он до тахсили илм кард. Тамоми улуму фунуни мутадо-виларо пеши шайх Имодуддини Дарвеш фаро гирифт (12,3). У на факат ба тахсили улуму фунун шугл меварзид, балки дар ин муддат ба сурудани шеър хам мапнул мешуд. Хушгу дар ин бора чунин навиштааст: "Баъд аз он ба такриби ба Акбаробод, ки маскатурраъс (зодгох - З.С) аст, расид, панд сол кутуби мутадовалаи арабияро пеши Мавлоно ва Махдумно Шайх Имодуддин алмуштахир ба Дарвеш Мухаммад каддаса сирраху гузаронид ва дар ин байн машки шеър низ кард. Аксар дар ин айём сухбати ёрон мавзун, мисли Шох Гулшан ва Мирзо Х,отамбеки Хртамтахаллус ва миёни Азаматуллох Комил ва Мухаммад Мукими Озод ва миёни Алй Азим Халафуссидк Носиралй ва дигар содир ворид даст ба хам медод" (16, 314).

Тавре ки дар боло шарх дода шуд, Орзу дар солхои икомат дар Агра на танхо пеши Мавлоно Имодуддин Дарвеш ба касби улум пардохт, балки дар фанни суханварй аз саромадони аср ва аз зумраи устодони сухан сабак гирифта, мадлиси шеъру суханро хамеша гарм нигох медошт. Дар овони 24-солагй Орзу дар тамоми улуму фунун махорати комил пайдо карда буд.

Дар он замон вазъияти сиёсии кишвар пуршур буд, яъне барон подшохй ва хукмронй шуришу хангома барпо буд. Чонишинони Аврангзеб дар катлу куштори якдигар буданд. Амнияти ичтимой комилан аз байн рафта буд, ва умуман дар хар су фитнаву фасод cap афрохта буд ( 12,112).

Дар он хангом Орзу аз Гвалиёр мустакиман ба Акбаробод омад, ва дарёфт, ки умури салтанат зери фармони Чдхондоршох (17121713) ба пеш меравад. У ин давраи зиндагиашро чунин ба калам овардааст: "Ин ахкар дар салтанати Чдхондоршох боз аз Гвалиёр ба Акбаробод омад, то дар миёни Чдхондоршохи мазкур ва Мухаммад Фаррухсияр молики тахти шохй гашта равонаи дорулхилофаи Шохичахонободи Дехлй гашт ва ончо расида, амуи худро зохиран ба интикоми падару бародар ба катл расонида, чанд сол ба айшу комрониву сахо ва зарфишонй i узаронида" (15, 17).

Фаррухсияр ( 1131-1126/ 1713-1718) шаш сол фармонравой кард. Орзу дар он хангом дар Акбаробод буд. Чун Фаррухсияр хукумату салтанатро истехком бахшид, Орзу аз Акбаробод ба дорулхилофа Шохичахонободи Дехлй рафта, дар давлаташ мулозимат ёфт. Хушгу дар ин маврид навиштааст: «То авоили ахди Фаррухсияр ба такриби навкарй дар Шохичахонобод расида, ба хидмате аз хадамоти Гвалиёр мутааллик гардида, шаш соли дигар дар ватан басар бурд" (16,314).

Хдмин тарик, Орзу дар ахди Фаррухсияр аз сахову зарфишонии Фаррухсияр бахравар гашт. У бо хидмати мухиме ба Гвалиёр рафт ва шаш соли дигар ончо гузаронид. Дар кишвар бесару сомонй хукмфармо буд. Фаррухсиярро соли 1131/1718 аз тахти шохй дур карда, кур карда ба халок расонидаанд. Чун Фаррухсияр аз тахти салтанат маъзул шуд, тамоми мансабдоронаш хам аз навкарй рухсат шуданд. Орзу хам дар Гвалиёр аз мансабаш маъзул шуда бекор монд. Дар бораи Орзу, дар тазкираи "Мардуми дида" омадааст: "Чанд руз бекор мондам, пас аз иттифокоти замонаи найрангсоз факир ба Акбаробод расид ва ба таваччухи Наввоби Махфиратимоби Мирзочон мархум ба хидмате аз хадамоти Гвалиёр маъмур гашта, дар ончо рафт ва як сол монд" (15, 19).

Бино ба маълумоти Хушгу Орзу барои дарёфти кор ба Акбаробод рафта, бо таваччух ва мархамати Мирзочон «ба хидмати савонехнигори Гвалиёр мутааллик гашта ва кариб дах мох ба cap кард» (16,314).

Дар он хангом шохзодагонРафеъуддарадот ва Рафеъудцавла бар сари салтанат нишастанд. Вале фармонравоии онхо дер давом накард ба дои онхо Мухаммадшох опхоро сарнагун сохта бар тахти салтанат нишаст ва аз соли 1131/1718 то 1161 /1747, яъне комилан 30 сол подшохд кард. Чун подшохди шохзодагон тамом шуд, мансабу мулозимати Орзу хам ба охир расид ва у дар Гвалиёр бекор монд. Вале баъди чанд гох барои мулозимат ба Шохдчахонободи Дехдй омад ва мустакилан 35 сол (1132/1720- 1168/1755) дар он до сукунат кард. Озоди Балгиромй тазаккур медихад, ки: "Дар синни иснайни ва салосин ва миату алфа ( 1132/1719-С.З.) ба дорулхилофаи Шохдчахонобод омад ва аз он вакт то замони хол дар ин шахр ба cap мебурд ва хднгомаи суханварй гарм дорад"(11, 226).

Дар Дехдй Орзу риштаи дустй бо Ананд Ром Мухлис (1164/ 1750) пайдо намуд. Бино ба маълумоти "Мадмаъ-ун-нафоис": "Боис будани факир дар Шохичахонободи Дехдй ихлоси уст, аз муддати сивусе сол то алйюм (кунун - З.С.) cap риштаи камоли мухдббат ва маваддатро (дустиро - З.С.) аз даст и ад о да" (12,842).

Махз бо кушиши Ананд Ром Мухлис Орзу ба мансаби баланд сазовор шуда, дар ахди Мухаммадшох ба макоми маликушшуарой сарфарозй ёфт. Хдмчунин, тавассути Ананд Ром Мухлис Орзу дар Дехдй бо Исхакхони Шуштарй, ки яке аз амирони давлатй буд, шиносой пайдо намуд ва зери сарпарастии у чанде аз корхои илмии худро ба камоли андом расонид.

Дар бораи алокаи Орзу бо Ананд Ром Мухлис ва Исхакхони Шуштарй Озод Балгиромй чунин ишора намудааст: "Сухбати у бо Ананд Ром Мухлис бинобар динсияти мавзунии кубро афтод ва Мухлис барои у мансабе ва чогире аз саркори подшохд гирифт ва хидмати бисёре аз худ ба такдим расонд ва Муътаминуддавла Исхакхони Шуштарй низ ба такдирдонии у пардохт ва баъди фавти Мутаминуддавла писари у Надмуддавла ба руи тираи падар амал кард ва саду пап чох, рупия дар мох, мерасонд ва савои ин хам риоятхо менамуд ва баъди интиколи Надмуддавла бо Солорчанг бародари Чдврад Надмуддавла сухбатбарор шуд "(10,112).

Х,амчунин Гуломалихони Озод дар хусуси мулокоти дар Шохидахонобод бо Орзу кардааш ва аз дарбор ба тарики ёрмандй ба у мансабе пайдо намуданашин тавр хабар медихад: "(Озод-Б.Д.)... барои у мансабе ва чогире аз худ ба такдим расонид" (3,10).

Дар давраи хукмронии Мухаммадшох ду хамлаи Нодиршох

(1739) ва хамлаи Ахмадшохи Абдолй (1748) пай дар пай дар муддати дах сол ба вукуъ пайваст ва дар натида Дехлй харобу вайрон шуд (5,10).

Баъд аз Мухаммадшох (1161/1748) Ахмадшох бар тахти салтанат нишаст ва такрибан шаш сол (1121-1167/1748-1754) хукмронй намуд ва пас аз даргузашти Ахмадшох ба сари хукумат "Оламгири сопи" омад.

Орзу, хамчун шохиди ин вокеахои сиёсй дар "Мадмаъ-ун-нафоис" санахои мухими таърихиро зикр кардааст. Чун у бо кори давлатй вобастагй дошт ва бо умарои давлатй дустй пайдо карда буд, дар он рузгор дар Дехлй бо итминону рохате дар таснифу таълифи асархои илмй-адабй ва тадрис машгул буд. Тавре ки дар боло зикр карда шуд, пас аз фавти Исхакхони Шуштарй писараш Надмуддавла ба у саду пандох рупия мохона мукаррар намуда буд ва баъд аз вафоти Надмуддавла низ ин сарпарастй тавассути бародари хурдии Солорданг идома ёфт.

Аксар таснифоти Орзу дар Дехдй навишта шудаанд. Масалан, «Тазкират-уш-шуаро» мусаммо бо «Мадмаъ-ун-нафоис», «Сирод-ул-лугот» дар ду дилд, «Атияи кубро», «Мавхибат-ул-узмо», «Наводир-ул-алфоз», давовини ашъор дар давоби шуарои маъруфи форсй: Бобо Фигонй Шерозй, Шафеои Асари Шерозй, Салими Техронй, Навъии Хабушонй ва дигар шоиро ва хамаи дигар асархои илмй-адабии Орзу дар Дехдй андом ёфтаанд (15,22).

Мухаммад Дабири Сиёкй ба ин давраи зиндагии Орзу, ки дар Дехдй дараён ёфтааст чунин ишора кардааст: «Вай (Орзу-А.Г.) аз бузургони замон кадр дид, аз садрнишини амирон гардид» (3.10).

Манзили Орзу дар наздикии хонаи Ананд Ром Мухлис карор дошт. Хдмеша шуаро ва удабо дар манзили эшон дамъ меомаданд ва махфили шеъру адабро гарм месохтанд (16,320).

Х,амин тарик, Орзу дар Дехдй ба омузиши илмхои гуногуни замон шугл варзида, бо до нишу зехди амикаш дар байни доирахои васеи илму маданияти давр иштихор ёфт ва сазовори эхтироми умум гардид. Ч.Рё таъкид намудааст, ки яке аз омилхои мухими дар ин давра зуд шухрат ёфтани Орзу танкиди дасуронаи забон ва услуби ашъори Шайх Х,азин аст, ки дар «Танбех-ул-гофилин»-и у инъикоси равшане пайдо кардааст (22,501).

Орзу дар тахкики адабиёти форсй ва накди адабй дар кишвари Х,инд нуфузи баланд пайдо кард. Бисёре аз шуарои Х,инд барои

тавсия ва навиштани такризи ашъори худ ба Орзу муродиат мекарданд (12,189)

Бинобар хабари Руломалихони Озод у дар нохдяи Авадхд Х,инд низ чанд гохе зиндагй ба cap бурдааст. Дар хдмин похия холабачаи Озод бо Орзу се бор вохурда, таассуроти ин мулокотхои судбахшро дар номаи ба Озод навиштааш ба таври зайл баён кардааст: «Аз мулокоти банда бисёр маъзуз шуд ва як руз дар хонаи хеш мсх,моп нигох, дошт, хдрчанд маозир пеш овардам, нагузошт ва ду мулокот (-и ман бо у -А.Г.) пештар дар Шохдчах,онобод иттифок афтода буд» (10,180).

Дар он овон вазъи сиёси-идтимой хароб гашта буд. Орзу бо Солорчанг (бародари хурдии Надмуддавла) аз Дехдй мух,очират кард.

У дар замони Наввоб Сафдарчанг ба дарбори у руй овард ва хуб пазиройй шуд. Мутаассифона, Наввоби Сафдарчанг аз олам чашм пушид. Бино ба маълумоти Абдулвахдоб Ифтихор яке аз тазкира-нигорони он давра Орзу пас аз вафоти Наввоб Сафдарчанг назди писараш Шучоуддавла монд: "Охири хол аз Шохичахопобод рахти сафар ба диёри шарки кашид ва бо Наввоби Сафдар чанги Нишо-пури нозим субаи Авадх бархурду чанде бо у ба cap мебурд ва чун Сафдарчанг хдфдахуми зихдчаи санаи сабъу ситтин ва миату ва алфа (1167/1753-C.3.) даргузашт, Орзу бо Шучоуддавла халафи Наввоби мазкур, ки коиммакоми падар шуд, мегузаронид'Ч 15.24). Аммо Сайд Шафиеюн даъвои он дорад, ки мутобики агааби манобеъ Наввоб чандин мох, пештар аз вуруди 1168/1754 Орзу фавт карда буд (23,118).

Орзу дар Авадх такрибан якуним сол икомат дошт. У аз дарбори Шучоуддавла сесад рупия барои харчи мохона мегирифт. Хдмчунин дар он овон Орзу на танхо машгули мансаби дарборй, балки корхои илмиро ба андом мерасонид ва базми шеъру суханро хдмеша гарм месохт. Мухдмтарин китобхои у ба монанди "Мусмир", ду девони ашъор ва китобе дар дастури форсй "Зоид-ул-фавоид" дар шах,ри Авадх, навишта шудаанд.

Орзу дар охирх,ои зиндагй шох,иди инх,итоти салтанати Бобуриён ва майдони кашмакашх,ои зиёди фодиабору асорати хоричиён шудани ватанаш - Хдндустон гардидааст (10,180).

Вакте, ки дар Авадх, киём cap зад, Орзу бемор мешавад. Агар-чанде уро барои муолида ба шах,ри Лакх,нав мебаранд, _ шифо намеёбад. Орзу мох,и январи соли 1757, дар шах,ри Лакх,нав аз олам

чашмпушид. Дасади уро ба Шохичахонободи Дехлй. наздикируди Дампа оварда ва дар хамон до ба хок супориданд. Руломалихони Озод соли вафоти Орзуро дар соли 1169/1757 ниш он додааст: Хони волшион Сирочуддин Алй, Шсшъи равнсщбахши базми гуфтугу. Зад рсщсш Озод соли реулаташ: "Раумати комил барууи Орзу. "(10. 180). Аз руи хисоби абчад "Рахмати комил ба рухи Орзу" ба соли 1169/1757 баробар аст.

Сирочуддин Алихони Орзу дар т^ли зиндагй шогирдони зиёдеро ба воя расонид. Бисёр адибони Х,инд, аз кабили Вокиф, Мазхар, Хушгу ва саромадони шеъри урду - Мир Саудй ва Мир Дард (1721-1785) дастпарвару машкдидаи коргохи эдодии ин шоир ва донишманди забардаст будаанд (7,192).

Чехраи Орзу дар сарчашмахои таърихй-адабй чун хунарманди барчастаи адабиёт ба рушанй инъикос ёфтааст. Хдмаи тазкира-нигорон шаходат медиханд, ки дойгох ва макоми Орзу дар майдони суханварй назир надорад.

ПАЙНАВИШТ

1. Алиев Г. Персоязичная литература Индии. - М.,1968

2.Алимардонов А. Орзу, Сиродиддин Алихон. - Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тодик. -Д.2.-Душанбе, 1988

3.Бахриддин Дарвеш «Чароги хидоят»-и Орзу ва забони тодикии форсй.-Душанбе,1992.

4.Бхагвандоси Х,индй мураттабаи Сайд Шох Мухаммад Атто, идо-раи тахкикоти арабй форсй Патна 1377х, 318сах

5.Донишномаи адабй форсй. Адабй форсй дар шибхи кора (Х,инд, Покистон, Бангладеш). - Дилди 4ум, бахши якум: В-К

6. Маъонй Ахмад Гулчин. Таърихи тазкирахои форсй.Дилди 1, -Техрон: Интишороти Донишгохи Техрон, 1348-765сах

7. Мусхафй F. Икди сурайё./мукаддима ва таъликоти доктор Мухаммад Козими Кахдуй 1388-151.

8. Нуров Амон. Пешгуфтор- Чароги хидоят. - Душанбе, 1992

9.Накш Алй, Bofh маонй / Тасхех ва тартиби Обидризо Бедор. Патна 1977

Ю.Озоди Балгиромй, Мир Руломалй. Хизонаи омира.- Конпур, 1900. 11.Озод Балгиромй, Мир Руломалй. Сарви Озод, тахкик. тадвин, тасхех, тартиб, мукаддима ва хавошии Дуктор Заррахон,- Алигарх, 2007,

656 сах

12.Орзу,Сирочуддин Алихон. Мадмаъ-ун- нафоис/ Тасх,ех, ва тартиби Обидризо Бедор. Патна 1977.

13. Орзу, Сирочуддин Алихон. Девон ба чавоби девони Бобо Фигонии Шерозй /Бо мукаддима ва тасх,ех,у тах,шияи доктор Нурулислом Сиддикй. - Дехдй, 2007 м

14. Орзу, Сирочуддин Алихон. Чароги х,идоят / Тахдяи матн бо пешгуф-тор, тавзех,от, фехрист ва лугатномаи Амон Нуров,- Душанбе, 1992,- 288с

15.Сиддик;й, Нурулислом. Мукаддима-Девони Сирочуддин Алихон Орзу. -Дехдй, 2007,- с.5-31

16.Хушгу, Биндробандос. Сафинаи Хушгу, тазкираи шуарои форсй мураттибаи Атои Кокуи,- Патна, 1959, 400сах,.

17. Хусайнкулихони Азимободй. Наштари ишк / Ба тасх,ех, ва мукаддимаи А. Чонфидо. -4-1 -Душанбе: Дониш, 1986

18. Фархднги забони тодикй. 2 чилд -Москва: Советская Энсиклопедия, 951

19. Энсиклопедияи советии тодик.Ч-6 Дешанбе-1984

20. A. Sprenger Catalogue of the Arabic, Persian and Hindustany manuscripts of the labraries of the King of Oudh. -Calcutta, 1854.

21. Pertch. W. Die Handset Haihten - verzeichnisse konigelicher bibliotiek zu Berlin.- Berlin, 1988.

22. Rieu Ch. Catalogue of Persian manuscripts in the British Museum. -Vol. II,- London, 1881.

23. E-mail: saeid.shafieiounfaigmail.com

Взгляд на жизнь Сироджуддина Алихон а Орзу Акбарободи

3. Саидоеа

Ключевые слова: история персидско-таджикской литературы, персоязычная литература Индии X VI 1-Х VIII веков, жизнь и творчество Сироджуддина Алихона Орзу, история Индии XVIII века

Историю литературы средних веков Индии трудно себя представить без изучения персоязычной литературы, особенно всестороннего исследования творчества литераторов и мыслителей, которые создали многочисленные высокохудожественные произведения на персидском языке. Ибо персидский язык и литература имеет на полуострове тысячелетнюю историю и

традиции сочинения прозаических и поэтических произведений не прерывались во все времена. Автор статьи предпринял попытку на основе средневековых источников и современных исследований реконструировать биографию одного из выдающихся литераторов XVIII столетия в Индии, которого исследователи считают равным Амиру Хисраву Дехлави и Фсшзи Дакани.

Sirojiddin Alihon Orzu Akbarobodi's Life Outlook Z. Saidova

Key words: history of Persian -Tajik literature, the literature of India of the XVII-the XVIII-th centuries written in Persian, life and creation of Sirojiddin Alihon Orzu, history of India of the XVIII- tli century

The history of the literature of the Middle Ages of India is hardly imaginable without that one written in Persian, especially without the versatile creation of thinkers and men-of-letters who produced highly creative works in this language. Persian language and literature have a millennium history and the tradition of creating prosaic and poetic productions interrupted in no times. The author of the article makes an endeavour, proceeding from mediaeval originals and modern researches, to reconstruct the biography of one of the outstanding man-of-letters of the XVIII-th century in India who is considered by researchers as equal to Amir Hisrav Dehlavi and Fayzi Dakoni.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.