Научная статья на тему 'САБАБҲОИ ПСИХОЛОГИИ ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН'

САБАБҲОИ ПСИХОЛОГИИ ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН Текст научной статьи по специальности «Психологические науки»

CC BY
230
25
Читать
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Ключевые слова
Оила / омилҳои ҷудошавии оилаҳо / роҳҳои пешгирии ҷудошавиҳо дар оила / муносибати ҳамсарон.психологияи оилаи хушбахт

Аннотация научной статьи по психологическим наукам, автор научной работы — Бурхонова Мубина Масаидовна

Муаммоҳои оилавӣ яке аз масъалаҳои мубрам дар солҳои охир гардидааст, зеро барҳамхӯрии оилаҳо торафт афзоиш ёфта истода, оила ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ аҳамияту вазифаҳои худро гум карда истодааст. Дар мақола доир ба мубрамияти муаммои оила, омилҳои таъсиркунандаи пойдорӣ ва вайроншавии оила, мақсаду ваҷҳҳои оилабарпокунӣ, тарзҳои муоширате, ки дар пойдории оила мусоидаткунандаанд, сабабҳои психологии ҷудошавии оилаҳо қайд гардидаанд. Омилҳои таъсиркунанда дар пойдорӣ ва барҳамхӯрии оилаҳои гуногун бо воситаи таҳлили адабиётҳои илмӣ ва бо методи пурсишу анкета муайян карда шуданд. Хусусиятҳои психологии оилаи хушбахтро мутобиқатойии ҳамсарон, принсипҳои дохили оилавӣ дар муошират, муттаҳидгардонии аъзоёни оила, доштани анъанаҳои оилавӣ, мусоидат намойии аъзоёни оила дар ташаккули ҳамдигар, ҳалли дурусти низоъҳо ва ҳамдигарнофаҳмии оилавӣ, лаҳзаҳои бештари хурсандибахш дар оила ташкил медиҳад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
Предварительный просмотр
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «САБАБҲОИ ПСИХОЛОГИИ ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН»

Impact Factor: SJIF 2020 - 5.497 2021 - 5.81 ПСИХОЛОГИЧЕСКИЕ НАУКИ

САБАБ^ОИ ПСИХОЛОГИИ ^УДОШАВИИ ОИЛАРО ВА РО^ОИ ПЕШГИРИИ ОН

БУРХОНОВА МУБИНА МАСАИДОВНА

старший преподаватель общеуниверситетской кафедры общей психологии ГОУ "Худжандский государственный университет им. академика Б.Гафурова"

Аннотатсия Муаммо%ои оилавй яке аз масъала%ои мубрам дар сол%ои охир гардидааст, зеро бар%амхурии оила%о торафт афзоиш ёфта истода, оила %амчун гуру%и ицтимой а%амияту вазифауои худро гум карда истодааст. Дар мацола доир ба мубрамияти муаммои оила, омил%ои таъсиркунандаи пойдорй ва вайроншавии оила, мацсаду вацщои оилабарпокунй, тарз%ои муоширате, ки дар пойдории оила мусоидаткунандаанд, сабаб%ои психологии цудошавии оила%о цайд гардидаанд. Омил%ои таъсиркунанда дар пойдорй ва бар%амхурии оила%ои гуногун бо воситаи та%лили адабиёт%ои илмй ва бо методи пурсишу анкета муайян карда шуданд. Хусусият%ои психологии оилаи хушбахтро мутобицатойии %амсарон, принсищои дохили оилавй дар муошират, мутта%идгардонии аъзоёни оила, доштани анъана%ои оилавй, мусоидат намойии аъзоёни оила дар ташаккули %амдигар, %алли дурусти низощо ва щмдигарнофаумии оилавй, ла%за%ои бештари хурсандибахш дар оила ташкил медщад.

Калидвожахр: Оила, омил%ои цудошавии оила%о, ро%%ои пешгирии цудошавщо дар оила, муносибати %амсарон.психологияи оилаи хушбахт

Имрузхо ба масъалаи оила дар чомеаи муосири мо ахамияти назаррас дода мешавад, махсусан Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, доир ба мавкеи мухими оила дар чомеаи мо дар баромади худ чунин баён доштанд : «Оила дар фарханги мардуми сарбаланди точик хамчун ниходи мукаддас эхтирому эътироф шуда, дар он бехтарин арзишхои инсонй, аз кабили мухаббату садокат, самимияту вафодорй ва хамдигарфахмиву тахаммулгарой ташаккул меёбад."

Оре, имрузхо муаммои баландбардории мавкеи оила ва пойдории он чомеаи чахониро ба ташвиш овардааст, зеро дахсолаи охир институти оила ба бухрон дучор шудааст, барои он, ки хар дуюм оилаи барпошуда бархам хурда меравад ва торафт одамони зиёд аз оилабарпокунй даст мекашанд.

Пеш аз он, ки алокамандии муносибати хамсарон дар пойдории оила муайян созем, бояд бо мафхуми оила шинос шавем. Оила - чамъи фардхое, ки бо чунин нишондихандахо: каринии рухй, маънавиву эмотсионалй; махдудияти фазогиву вакт; аз атрофиён дар холати пушида будан; давомнокии муносибат, бомасъулиятй ба хамдигар, ухдадорй ба хамдигар фахмида мешавад. Оиларо ба организми зинда шабохат додан мумкин аст, зеро барои солимии организми зинда бояд кушиш ба харч дода, вакт ва кувва сарф кунем, то ин, ки солимиву дарозумрии онро нигох дошта бошем. Х,ар як аъзои оила бо максаду вачххои муайян оиларо барпо месозанд, ки онхо якчанд хел мешаванд:

1.Акди рузгорй-маишй - вачху максади асосии оилабарпокуниро дар тартибдихии дурусти маишй ва рузгордорй дидан.

2.Акди маънавй-психологй - максади оилабарпокуниро дар дарёфти дусти содик ва хамсаре, ки уро хуб дарк мекунад, мебинад.

3.Акди оилавй-волидайнй ё педагогй - асоси вачхи оилабарпокуниро дар таваллуд ва тарбияи фарзанд мехисобад.

4.Акди шахсй-махрамй - сабаби асосии барпокунии оиларо дарёфти мухаббати хакикй мехисобад.

Аммо вачххои номбаршуда яке дигарашро инкор намекунад, танхо яке аз онхо пешбаранда ва асосй мебошанд. Х,ангоми мувофикат наомадани максаду вачххои оилабарпокунии хамсарон дар оила низоъ пайдо шуданаш аз имконият дур нест.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Impact Factor: SJIF 2020 - 5.497 2021 - 5.81

Пойдории оила аз аъзоёнаш диккат, вактчудокунй ва мехнатро талаб мекунад. Муносибатхои оилавй дар зухуроти худ навъи дигари муносибатхост ва он аз таъсири омилхои гуногун рушд ё коста мешавад. Аслан омилхое, ки ба пойдории оила халалдор мегардад хеле зиёданд ва вобаста ба хар як оила мушаххас мебошанд, аммо сарчашмаи асосии муаммохои оилавй дар муносибат аст. Муносибат дар навбати худ ин натичаи рафтор ва тарзи ташкили мулокоти байнихамдигарй мебошад. Бояд камбудй ё норасой на дар шахсияти хамдигар чуст, балки дар носолимии муносибат пайдо кард, зеро хар як хамсар бахри ба рох мондани хамдигарфахмй дар оила воситахои муайяни худро истифода мебарад, ки на хама вакт он мувофикат мекунад. Муоширати дипломатй системаи муносибатхоро дар байни хамсарон ба зинаи нав мебарорад ва дар бартарафсозии монеаву муаммохо хеле мухим аст. Барои ин якчанд коидахои зерин мавчуд хастанд:

1. Аз болои муоширати байнихамй кор кард, махсусан дарк карда тавонистани хдмдигар дар муносибати хамсарон хеле мухим аст. Муоширате, ки дар он дарки хдмдигар мавчуд нест ба низоъ оварда мерасонад.

2. Ба созиш омада, гузашт карданро омухтан - ин яке аз шартхои хатмии муоширати солими оилавй мебошад. Х,ангоми муносибат дар оила бояд додугирифти дутарафа мушохида шавад, яъне бо баробари махсусияти шахсияти худро таъкид кардан бояд ба тарзи муоширату фикрронии хамдигар мутобик шаванд.

3. Барои фахмидани дигарон кушиш ба харч додан - бо воситаи муошират кардан аввалан хамсарон бояд хамдигарро бештар донанду дуруст дарк кунанд, сипас метавонанд бо тарафдории нуктаи назарй худ ё талаботхои худро пешниход намоянд.

4. Дар муносибат кадру киммат обру ва эътибори хамсарро эътироф кардан - худ вокеаи дарки хамсар дар муошират ва ба иззати шахсияти хамдигар нарасидан худ ин эхтирому эътибор ва кадрдонии хамдигар аст. Муоширати хамсарон бояд дар фазои солим, бе монеа ва мукобилият барпо карда шавад.

5. Доимо кушиш бояд кард, ки аъзоёни оила муоширати байнихамиро дар рухияи некбинонаву рухбаландкунанда барпо намоянд ва дарки мусбии хамдигар нигох дошта шавад - Некбинй хакикатан омили мусбй дар муошират мебошад, зеро танкидй дар муошират ба самарабахшии он халалдор мегардад.

6. Шахси боваринок буданро машк дихед - Бояд муоширату муносибати байни хамсарон хамчун сири оила аз дигарон нихон бошад, зеро боварй ба хамдигар ин дилпурй ба хамдигар аст.

7. Барои муошират вакти мусоид бояд ёфт. Х,ар сухан чоеву хар нукта макомеро дорад. Мавриди мувофикро дар муошират дониста интихоб кардан хеле мухим аст.

8. Х,иссиётхоро бо хам дидан - Бештар дар муносибати хамсарон бояд додугирифти хиссиётхо сурат гирад, то ин, ки бо шинос шудан бо эмотсияву хиссиётхои хамдигар мувозинатии психологиро дар оила нигох медорад. Х,иссиётхои мусбй дар оила ин худ ганчи оила аст ва он накши мухимро дорост.

9. Кушиш набояд кард, ки фикри хамдигарро хамсарон бо тобиши манфй пешакй дарк кунанд - Фикри хамдигарро хамсарон набояд кушиш кунанд, ки пешгуй ё "хонда" бошанд. Х,амсарон пешакй намедонанд, ки у чиро дар назар дошт ё чй фикр дорад.

10. Х,еч гох саволхо, мурочиатхо ва пешниходхоро бе чавоб нагузоштан -Боэътибор ва шунавандаи хуб будан дар хамсарон хисси каноатмандй аз хамдигарро пайдо мекунонад.

11. Росткавл будан - ба хамдигар самимй будан ва ба фиреби хамдигар рох надодан дар пойдории оила хеле мухим аст.

Бахри ба пуррагй тасаввурот пайдо кардан дар масъалаи омилхои таъсиркунанда дар пойдорй ва бархамхурии оилахо методи анкета ва пурсиш низ гузаронида шуд. Дар натичаи тахлили адабиётхои илмй ва гузаронидани пурсишу анкета дар байни оилахои гуногун маълум гардид, ки сабабхои гуногуни зерин ба пойдории оила таъсири манфй мерасонад: беэтиборй, бадбинй (антипатия), таънаи хамдигарй, дашном ва овозбаландкунй, бадхохй, дарк накардани хамдигар, бехурматй, бемулокотй, яке аз хамсаронро дур сохтан аз тарбияи фарзанд (аз тарафи

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Impact Factor: SJIF 2020 - 5.497 2021 - 5.81

дигар хамсар), дахолати вайронкунандаи атрофиён, номувозинатии хиссиётй ва эмотсионалй, нигохи мукобил, интизорихои идеалй аз хамсар, дагалии руирост, зуроварй (чисмонй ё рухй), хиёнат, рашки беасос, оиладоршавии барвакт, чудо зиндагонй кардани хамсарон, худбинй, нобаробарии ичтимой ва чахонбинй, сахт хасташавии чисмонй ё рухии доимй, бахудбаходихии гайримеъёрй, нобоварии хамсарон ба хамдигарон, бефаркии хамсарон ба хамдигар, майдагапй, бетахаммулй, кумакрасон набудан, майзадагй, нашъамандй, киморбозй ва хафагии бартарафу халнашуда.

Сабабхое, ки барои пойдорй ва солимии оила мусоидат мекунад, чунинанд: бегаразй, мехру мухаббат, бовафогй, тахаммулпазирй, чавоб аз ду тараф, дастгирии хамдигар, мухайёсозии барохатии оила (аз тарафи зан), химоягар ва таъмингари оила (аз тарафи мард), мутобикатии хамсарон ба хамдигар, хурмати хамдигар, хайрхохй, хушмуомилагй, боэътиборй, бомулокотй, майдагап набудан, дахолат накардан ба фазои шахсй, хафагиро чамъ накардан, руйпушона гуфтани камбудии хамдигар, лутф кардан ва миннатдорй баён кардан, интизорихои хавой-идеалй накардан нисбати хамсар, боварй ба хамдигар доштан, дахолат накардани волидон ба хаёти хамсарон, дарки хамдигар, кабули айнани хамдигар бо камбудихо, эхтироми хамдигар ва хешовандон, гузашт карда тавонистан.

Асосхои психологияи оилаи хушбахтро бо якчанд хусусиятхои зерин таълиф додан мумкин аст:

То оиладоршавй муайян кардани мутобикатии байнихамй ва принсипхои дохили

оилавй

Аслан хамсарон бо воситаи муошират мутобикат доштани худро бо хам бояд муайян кард. Масалан мутобик омадани чахонбинй, нуктаи назархо, симпатияи байнихамй ва гайра. Инчунин пеш аз оилабарпокунй бояд дар пеши худ принсипхои дохили оилавии худро дошт ва хамдигарро бо он шинос намуд. Агар оилабарпокуниро ба сохтани хона шабохат дихем, ана хамин принсипхо хамчун хиштхои хона баромад мекунанд.Ин принсипхо аз они хар як оила гуногуну монандй надоранд ва хар як оила бояд принсипхои худро дошта бошад. Масалан, бояд муайян кард, ки чй гуна принсипхоро онхо дар муошират бо хамдигар эътироф мекунанд? Дар муносибати имрузаи байнихамй чй макул нест? Чй барои оилабарпокунандагон дар хаёти оилавй мухим аст ва аз чй ба осонй даст кашида метавонанд?

Тамоюлхои умумй: Чй оиларо сарчамъ мекунад?

Оилахое, ки бо машгулиятхои умумй сарчамъ мегарданд, мустахкамтаранд нисбат ба онхое, ки одати дар як чо зиндагонй кардан доранд. Онхо доимо мавзуъи умумй барои сухбат доранд ва ин барои якдигарфахмй накши мухимро мебозад.

Чй оиларо муттахид месозад? Кадом нуктахои пайвасткунандаи байнихамии аъзони оиларо ёфтан мумкин аст? Кадом шавку хавасхои фарзандонро волидайн бо хам дида метавонад? Сарчамъгардонии аъзоёни оила дар атрофи машгулияти умумй мутаххидии оиларо барпо месозад. Мегуянд, ки дар оилаи хушбахт мухаббат ва эхтиром хукмфармост, аммо ин калимахо хусусияти умумиро дороянд ва акнун вакте расидааст, ки ин калимахо шакли конкретиро ба худ бояд кабул кард.

3.Анъанахои оилавй: Чй оламро бехтар мегардонад?

Х,ар як оила бояд анъанахои худро дошта бошад, то ин ки хисси муттахидй ва ташаккули кадриятхои оилавй пайдо кунад . Масалан, оилахое хастанд, ки дар чашнгирии соли нав доимо кулчаканде, ки дар вакташ бибиашон омода мекарданд, ба хукми анъана дароварданд. Ё чойи баргузории туй аз насл ба насл ба хукми анъана дароварда шудааст.

Анъанахои оилавй - ин он лахзахое, ки бачаи бавоярасида ба оилаи худ меоварад: бехтарин ёддоштхои давраи бачагй ва муносибатхои мустахкам. Ин таърихи оилаи мушохидакардашуда хаёти оилавии минбаъд барпокунандаро шавковартар, пурмазмунтар ва мустахкамтар мегардонад. Х,еч гох барои пайдо кардани анъанахои оилавй дер нест ва мухим нест, ки кадом сохаи хаёти оилавиро он дар бар мегирад. Хох доштани идхои оилавй, хох ба мерос гузоштани сару либоси арусию домодй ва f.

Ташаккулёбй: Чй барои ташаккули хамчоя имкон медихад?

Impact Factor: SJIF 2G2G - 5.497 2G21 - 5.81

Бе ташаккул на дар касб ва на дар шахсият рушд мушохида намегардад ва гyё оила барои мо доимй ва бетаFЙиру бекамбудй бокй мемонад. Бояд оила, хам волидон ва хам фарзандон баробар ва хамдигарро омyзанду тачрибаи якчоя хамчун як механизми чудонашаванда амал намуданро азхуд намоянд.Зеро бисёр чизхоро бояд омухт: ба хамдигар озодй додан, хамдигарро то хатто дар холатхои фахмиданашавандаву мушкил фахмидан, бо баробари дигар вазифахо вазифахои оилавиро низ халлу фасл кардан. Хуллас, бо фарзандон бори дигар баробару якчоя ба воя расида, инкишоф ёфтан, вагарна хар як аъзои оила др танхой хангоми мубориза бо мушкилихои бухронии худ шикаст мехурад ва оила ба офатхои Fайриинтизорй дучор мегардад.

Хона худ ин чоест, ки фарзанд дар ончо мустакилона парвоз карданро меомузад, то ин ки дар мушкилихои хаётй устувору мустахкам бошад. Дар оилаи хушбахт болхоро намебуранд ва ё бо банд баста намемонанд. Баръакс озодии муайянро эхтиром ва пешкаш мекунанд. Масалан, дар самти шавку хавасхо, машFулиятхо, интихоби дустон ва хамфикрон, муносибат ба мавзуъхои мухими хаётй. Нихоят мухим аст, ки хар як аъзои оила дар барпокунии мухити солим дар оила аз як гиребон сар бароварда, кушиш кунанд, ки дар якчо дуруст муносибату хаётбарй карданро омузанд.

Х,алли низоъх,о: чй оиларо аз вайроншавй нигох, медорад?

Оилаи хушбахт ин он оилае мебошад, ки дар он фарзандон бахри сазовории диккати волидон гаштан бо хам ракобат намекунанд ва хар як муаммо дар атрофи мизи ороста халли худро меёбад, яъне хар як аъзои оила дар мухити пур аз эътибору мехр хис мекунад ва ин дар онхо хисси дилпурй нисбати худро пайдо мекунонад. Aфсyс, ки аксарияти мушохидахо баръакси холро нишон медихад. Зеро аксари оилахо низоъхову муаммохои оилавиро Fайриконструктивй бо рохи чангу чанчол, тахкиру фиFOн хал кардани мешаванд ва ин гуна сахна ба муносибати дохили оилавй не, балки ба майдони мухорибахо шабохат дорад. Баъзан оилахо халли муаммохои худро дар надидани он ё бо рохи гурез халосй ёфтан аз он мехисобанд, ки ин аз хама хатои калон махсуб меёбад, зеро ба болои муаммои халнаёфта дигар муаммохо зам мешаванд ва нихоят муаммохои халнаёфта рафта-рафта бузург мешаванду хеле вазнин халшаванда мегарданд. Дар холатхои низоъгй сараввал, бояд рохи конструктивии халли он ва дарки дурусти хамдигарро дарёфт кард, ки ин барои ба даст овардани эътирофи накши худ ва солимгардонии муносибати байниоилавй хеле накши мухим мебозад. Конструктивй хал кардани муаммову низоъхо ин махфй нигох доштани хафагиву норизогй за хамдигар нест, балки бо меъёру аз хад нагузаронида баён кардани эътирози худ ва ба иззати нафсу шахсияти хамдигар нарасида, нуктаи назари худро пешкаш кардан аст. Бояд хаминро тазаккур дод, ки аксарияти низоъхо аз иштирокчиёни низоъ дар халли низоъ сабр ва интизорихои кучак карданро талаб мекунад. Aммо дар халли низоъхо байни волидайну фарзандон махсусан фарзандони дар синни наврасй карор доштагон таваккуф ва бо танафус низоъро бартараф кардан хеле ба максад мувофик аст.

Х,аёти оилавй мисли дар расмх,ои зебо.

Кушиш бояд кард, ки дар оила бештар лахзахои хурсандибахш, вазъиятхои гуворо ва рухбаландкунанда бештар гарданд, то ин ки оила бо тасаввуротхои позитивй саршор бошад ва чои марказиро дар хаёти инсон ишFOл намояд,

Яке аз сирхои сохтани оилаи хушбахт - ин кушиши хаматарафа ба оилаи идеалй бурда нарасонидани оилаи худ, зеро дар хаёт чизе нест, ки хаматарафа идеалй бошад ва хаёт пур аз камбудиву пастиву баландихост. Aксарият иштибох мекунанд хангоме, ки оилаи худро ба оила шиносону дустони худ монанд карданй мешаванд. Ба оилаи дигарон таклид карда хаёт бурдан ё ба оилаи дар филмхо намоишдиханда айниятдихй Fайриимкон аст, зеро инсонхо такрорнашавандаанд, хаёти якчояву муносибат дар он низ нотакрор аст ва хеч кас такдиру хаёти дигарро айнан такрор карда, барпо карда наметавонад. Инак бояд хар як оила кадам ба кадам модели ягонаи такрорнашавандаи оилаи худро созад. Бояд кайд кард, ки хар як кас тасаввуроти худро оид ба чигунагии оилаи хушбахт дорост.Масалан, аксарият мехохад хаёти оилавии y ба хаёти афсонавй ё худ ба филмхои тасвирии романтикй шабохат дошта бошад ва дар натича дар шуури инсон лахзахои хаёти оилавии беолоишу беFам ба вучуд меоянд. Aммо

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Impact Factor: SJIF 2020 - 5.497 2021 - 5.81

чй хеле, ки дар боло кайд намудем, хаёт факат аз "баландихо" не, балки аз "пастиву нишебихо" низ иборат аст. Барои хамин хангоми хохиши доштани оила мисли дар филмхои тасвирй дошта бошанд, он гох бояд лахзахои рухбаландкунандаи хаёти оилавии худро тартиб дод ва он дам маълум мешавад, ки хаёти оилавии хар як кас аз наворхои зебои филмхои тасвирй хеч камй надорад.

Дар пойдории оила сахму мехнати хамсарон хеле назаррас аст, ки онро бояд чамъияти имруза эътироф ва кадрдониву дастгирй намояд. Зеро хангоме, ки чамъият аз оилахои чудошуда иборат мегардад, мухит ва солимии психологии намояндаи хар яки ин чамъият ба меъёр номувофик гуфтан мумкин аст. Имрузхо оила хамчун кадрият мавкеи худро гум кардааст ва онро аз тарафи давлат ва чомеа метавонем баркарор кунем, то ин ки чомеаи мо аз ашхосони хаматарафа инкишофёфта иборат гарданд.

АДАБИЁТ:

1. Крюкова Т.А., Сапоровская М.В., Куфтяк Е.В. Психология семьи: жизненные трудности и совладение с ними. СПб.: Речь, 2005.-240с.

2. Семейная психотерапия / Сост. Э.Г. Эйдемиллер, Н.В. Александрова, В. Юстицкис. СПб.: Питер, 2000.-512с.

3. Сысенко В.А. Устойчивость брака: Проблемы, факторы, условия.- М.: Финансы и статистика, 1981. 199с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.