Научная статья на тему 'PREPARING YOUNG PEOPLE TO THE FAMILY LIFE - THE BASIC CONDITIONS OF FAMILY STABILITY AND PROSPEROUS LIFE'

PREPARING YOUNG PEOPLE TO THE FAMILY LIFE - THE BASIC CONDITIONS OF FAMILY STABILITY AND PROSPEROUS LIFE Текст научной статьи по специальности «Психологические науки»

CC BY
33
142
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МОЛОДЁЖЬ / СЕМЬЯ / БРАК / РАЗВОД / ПОДГОТОВКА К СЕМЕЙНОЙ ЖИЗНИ

Аннотация научной статьи по психологическим наукам, автор научной работы — Мустафокулов Т., Раджабзода Д.

Статья посвящена постоянной и злободневной проблеме человеческого общества - подготовке подрастающего поколения и молодёжи к брачной - семейной жизни. Автор на основе исследований социологов и психологов констатирует, что правильная, всесторонняя и своевременная подготовка молодежи в семье и учебных заведения к семейной жизни является важным и основным условием прочности, долговечности брака и, следовательно, устойчивости государства и общества.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ПОДГОТОВКА МОЛОДЕЖИ К СЕМЕЙНОЙ ЖИЗНИ - ОСНОВНОЕ УСЛОВИЕ УСТОЙЧИВОСТИ СЕМЬИ И БЛАГОПОЛУЧНОЙ ЖИЗНИ

The article is devoted to the constant and pressing problems of human society - the preparation of the young generation and youth to marriage - family life. Based on studies of sociologists, psychologists, the author says that the correct comprehensive and timely preparation of young people in the family and education for family life is an important and basic condition for strength, durability marriage and therefore the stability of the state and society.

Текст научной работы на тему «PREPARING YOUNG PEOPLE TO THE FAMILY LIFE - THE BASIC CONDITIONS OF FAMILY STABILITY AND PROSPEROUS LIFE»

ОМОДАГИИ ЧДВОНОН БА ЗИНДАГИИ ОИЛАВИ - ШАРТИ АСОСИИ ПОЙДОРИИ ОИЛА ВА ЗИНДАГИИ ОСУДА

Мустафокулов Т., Дилафрузи Р.

Донишгоуи давлатии Кулоб ба номи А. Рудакй

Даёти оилавй ба тамоми мyносибатxои xаёти чомеа алокаи кавй дорад. Зеро оила иттиxоди ибтидой чомеа бyда, солими оила ин солимии чомеа бошад. Зеро дар оила тамоми дастоваpдy комёбиxо, мушкилоту пpоблемаxо, ихтилофоти xаёти чомеа инъикос меёбанд. Бо вучуди чузъи мустакил будан, оила xамзамон бо мyxити ичтимой алокаманд аст. Дамзамон дар раванди тавлиди насли инсонй ва давои он оила накши мyxим дорад. Барои тарбияи фарзандон инкишофи чисмонй ва маънавии ощо бар души оила вазифаю yxдадоpиxои азиму масъул доранд. Аз худи OFOЗи пайдоиши оила дар чамъияти инсонй чунин буду xаст. Ва чомеа доимо ба оилаи устувору босубот ва манфиатовар ниёз дошт. Аз ин ру, чомеа дар навбати худ барои пойдорию мyстаxкамии оила доимо талош меварзад ва шарош^ои мусоид фаpоxам меорад. Бахусус, барои ташкилу мyстаxкамии оилаxои чавон дар xама давру замощо давлат ва чомеа кушишоти зиёде ба харч додаст ва медщад.

Ба масъалаxои мyстаxкамнамоии оила аз ч^ати маънавй ва ахлокй диккати калон дода мешуд: «Оила дар мyстаxкамсозии сиxатй ва таълиму тарбияи наслхои наврас, таъмини рушду тараккии иктисодию ичтимоии чомеа, бахусус беxсозии pавандxои демографй саxмдоp буда, накши мyxим мебозад. Дар ин чо асосхои хулку хислати инсон, муносибати вай ба мехнат, ба арзишхои ахлокй, FOявй ва фаpxангй ташаккул меёбанд» [1, с. 41].

Пас аз истиклолияти давлатии Точикистон (9 сентябр соли 1991) дар чyмxypй масъалаи дастгирии оилаxои чавон ва умуман баланд бардоштани сатxи некyаxволии оилаxо дар маркази диккати pоxбаpияти кишвар карор гирифт. Дуруст аст, ки тули садсолаxо дар оилаxои точик анъанаxои халкии нек шакл ёфтаанд, ки дорои аxамияти калону мyxими тарбиявй буда, ба иззату эxтиpоми тарафайн, меxpy мyxаббат, садокат, риоя ва парастиши фаpxанги миллй, урфу одатxо асос меёфтаанд. Вале дар маpxалаи охир, яъне пеш аз ба даст овардани истиклолияти сиёсй, иктисодй, фаpxангй оилаи точик низ чун узви чомеаи чаxонй дар мачмуъ, бyxpонpо аз сар мегузаронид, ки вайроншавии саpватxои оилавй, афзоиши микдори талокxо, инкори фарзандон нишонаxои асосии ин xолат мебошанд.

Давлату xyкyмати Точикистони тозаистиклол аз pyзxои аввали таъсисёбй ва баркарор намудани сохти конститутсионй, хосатан пас аз чанги шаxpвандй ба xаллy фасли проблемаву камбyдиxои дар ин масъалаи xаётан мyxими чомеа мавчуд ба таври чиддй машFyл гардид. Ба хубй эxсос гардид, ки бе омодасозии ва чавон ба xаёти оилавй ташкили оилаи хубу хушбахт ва гузашта аз ин дар оянда пойдору мyстаxкам, ки пояи устувории давлат аст, номумкин аст.

Кайxо собит шудааст, ки бе шахсияти xамачониба ва муфовику муносиб ташаккулёфта номyстаxкамии оила ба даст меояду на пешрафту устувории давлату чомеа. Даматарафа омода намудани чавонон ба хаёти издивочи оилавй бошад, кисми мухимтарини чунин шахсият мебошад. Омодасозии чавонон ба xаёти оилавй як масъалаи мyxим буда, хеле доманадору васеъ мебошад. Яъне, он бояд дар сатxy шак^ои гуногун аз овони хурдй дар xама намyдxои кори FOявй-таpбиявй корбаст гардад. В.А.Сысенко, ки доир ба масоили демографй ва пpоблемаxои ичтимоии аxолй тадкикот бурдааст, дар масъалаи мазкур бар ин назар аст, ки «омодасозии чавонон ба издивоч аз руйи хусусият ва мундаричаи хеш бисёрчониба мебошад. Вай бояд ба таври методй, муттасилу мунтазам ва максаднок пеш бурда шавад. Дамзамон ба ин бо ном тайёрии махсус чавонон ба издивочро дар худи ибтидои xаёти оилавй ташаккул додан зарур аст. Он дар назар дорад ба нав хонадоршудагон додани донишхои муайян, хеле мушаххас ва заруриро: дар бораи психогигиенаи xаёти балоFат; дар бораи тарзу воситахои пешгирии xомиладоpй; дар бораи гигиенаи xомиладоpй, дар мавриди речаи меxнатy истирохат ва хуроки зани xомиладоp; доир ба масоили нигохубини кудаки навзод; дар бораи махсусиятхои психикии инкишофи кудак ва Fайpа» [2, с. 2G1].

Яъне бе доштани донишxои мушаххаси психологй, педагогй, тиббй, хукукй ва Fайpа тайёрии чавонон ба издивоч нокису нопурра мемонад. Мусаллам аст, ки ин донишxо асосан дар мyассисаxои мухталифи таълимй ва дар курсу маxфилхои гуногун

ба насли чавон oмyзoнида мешаванд. «Аммо вoзеxy pyшан аст, ки дар низоми инститyтxoи ичтимой ва гypУxxoи чамъиятии гуногуни ба ташаккули шахсият таъсири пайваста расонанда накши махсусан мyxимpo оила мебозад. Аллакай дар айёми кудакй оила ба ташаккулёбии шахсияти кyдак таъсири калон мерасонад» [4, с. 27]. Mаxз тачрибаи инкишофи маънавии кyдакoн дар оила барои такмили минбаъдаи маънавии ощо дар мактаб ва дар xаёт шарти xалкyнанда мебошад. Аввалин малакаю Koбилиятxoи меxнатдyстй, эxтиpoми меxнат ва шахсияти дигарон, дасти ёрй дароз кардан ба дигарон дар корхои хочагидорй, дуруст ва сарфакорона харч кардани бучети оилавй, донистани xаддy чойи худ дар оила, дар коллектив, одоби муносибат бо атрофиён, худидоракунй, мутобикшавй ба ниёзу талаботи дигарон, эхтироми арзишхои мухаббату дустдорй, гузашт карда тавонистан, аз yxдаи ичрои вазифаю Уxдадopиxoи оилавй баромада тавонистан, ростгуию росткавлй, садокату вафодорй, xаттo донистани никoxy оила ваxoказo дар оилаи волидайн аз сини хурдй ва наврасй пайдо мегарданд.

Дамин тарик, вазифаи ичтимоии мyxими оила тарбия мебошад. Яъне, ба фарзандон ёд додани тартибу кoидаxoи муносибат, рафтор, муносибату робита бо дигар одамон, ташаккули шахсияти кудак, инкишофи pyxï ва чисмонии вай аз оила 0F0з меёбад. Mo бо акидаи он равоншиносон, педагощо, чомеашиносон комилан мувофикем, ки мегуянд: агар дар оила кopxoи тарбиявй дуруст ва максаднок ба pox монда шуда бошад, фарзандон то расидан ба сини балoFат ба зиндагии оилавй, ба издивоч дуруст омода мегарданд. Ва мусаллам аст, ки ин гуна чавонон сарфи назар аз мушкилоти мухталифи дар навхонадорй ба миён меомада, вокеан, аз ин гуна вазъият ягон оила дар канор монда наметавонад, зеро ки аввалан зиндагй мачмyаи бешу камист ва шебу фарози зиёд дорад, дувумин, оилаи идеалй вучуд надорад.

Дар xакикат аксари мушкилоти oилаxoи чавон аз он сар мезананд, ки зан ё шавxаp ва ё xаpдy ба издивоч, ба зиндагии оилавй омода нестанд ва барпо намудани оиларо xавoвy xавас медонанд, бо максадеву Fаpазе акди никox мебанданд. Дар ин хoлатxo xаттo ишку мyxаббати сарсарй ё худ амсоли <^урраи сармозада» будаи миёни oнxo, xамчyнин сарвату сармояи oнxo наметавонад оиларо аз низоъ ва хyшyнатxoи оилавй, xаттo аз байн рафтани пойдорй оиларо нигох дорад.

Яке аз мушкилоти асосй он аст, ки зарур меояд чавонон пас аз издивоч тарзи xаёт, рафтору кирдори худро вобаста ба тарзи xаётy талаботи xамсаpи xаётй ё шарту шароити зиндагй яку якбора таFЙиp дода, мутобик созанд. Мутаассифона, на xамаи чавонон ба ин кор омодаанд. Яке аз сабабxoи асосии торафт афзоиш ёфтани микдори вайроншавии oилаxo, бахусус oилаxoи чавон маxз дар xамин иллат нyxyфтааст. Яъне xамдигаpфаxмию гузашкунй ва дарку фаxм карда тавонистани айбу хатои худ ва ислoxи он метавонад оиларо аз вайроншавй эмин дорад.

Асосан, чуноне тачрибаи талoкдиxй нишон медщад, ба табиат ва характери таловдо чунин oмилxoи ичтимой таъсир мерасонанд, ба мисли иктисодй, психофизиологй ва маънавй-ахлокй. Яъне дар сурати ба таъсири чунин ^pyxo мутобик будан оила вайрон намешавад. Ин албатта вобастагй аст ба дарачаи тайёрии чавонон ба издивоч, ба xаёти якчояи оилавй. Пас, xамаи ин алокай кавй дорад ба камолоти ичтимой ва психологии зану шавxаpи чавон. Инчунин баъзе пpoблемаxoи ичтимоии ба xаёти хушбахтонаи навхонадорон таъсири манфй ва мерасонад, аз кабили мушкилоти молиявй, манзилй, таваллуди фарзанд, сари вакт конеъ нагардидани ниёзу талаботи xамсаpoн ва Fайpаxo.

В.А.Сисенко дар асари хеш «Чдвонон издивоч мекунанд» дар мавриди аз ч^ати психологй ба зиндагии оилавй омода набудани чавонон ба зиндагии оилавй дар такя ба касари духтури машxypи бемopиxoи pyxï Б.Ч,.Фурст «Невротик. Его среда и внутренний мир» чунин меорад: «Б.Фурст ба он диккат додааст, ки дар xoлати тезутундшавии масъалаxoи баxснoкy ихтилофнок, зану шавxаp шаклxoи нодурусти xалy фасли проблема ва мубориза руй меоранд:

1. Шавxаp ба андозаи зиёд бартарияти мардии хешро зoxиp менамояд, аз иштирок дар пешбурди хочагии оилавй даст мекашад ва ба xама сараш талаботи дахлдор нщод мекунад.

2. Зан дар чавоб ба ин кушиш мекунад бартарияти занонаи хешро нишон додан баъзан дар сатxoи гуногун ба истисмори шавxаp дар мyxити оила хотима мегузорад.

3. Вазъият ба муборизаи чинсxo инкироз меёбад.

4. Шарикони xаётй дар тамоми бадбахтиxo якдигарро айбдор менамоянд бе дарку фаxми он ки бо касе, ки ощо издивоч намекарданд, дар назди онхо кисмати азими

хамон пpoблемаxoе меистоданд, ки акнун онон дар муносибат бо xам py ба py шудаанд. Шарикони издивочй бадбахтиxoи худро ба махсyсиятxoи шахсият ё асабонияти яке ё дигаре аз ощо мансуб медонанд ва ба худ тасаввур намекунанд, ки пpoблемаxoи дар мyнoсибатxoи oнxo ба вучуд омада аз руйи табиати худ асосан хосияти вокей, ичтимоиро дороянд.

5. Дамсарон метавонанд дар рафти мушкилоти хеш фарзандонро айбдор созанд ва ^xpy Fазаби хешро зидди ощо равона кунанд.

6. Шавxаp ва зан муборизаро байни худ аз руйи масъалаxoи дуюмдарачаи завку табъ ва интихоб ё масоили шахсии камаxмият мебаранд.

7. Нщоят зуд-зуд баxсy мунозира байни шавxаp ва зан аз мавкеи сирф фардй, худпарастона бурда мешавад; xаp кадомй ба максади хеш аз xисoби фиати дигарй расидан мехoxад ва кушиш намекунад, ки корро дар мувофика бо манфиатxoи умумии оила дар мачмуъ яктарафа созад.

Аз xаёти зиндагии вокеии имруза ду мисол меорем, ки яке собитгари гyфтаxoи болой дар мавриди манфиатнок будани омодагии чавонон ба зиндагии оилавй, мyстаxкамии оила ва дигаре зарарноку манфй будани нокифоягии омодагии чавонон ба издивоч ва сабабгори хонавайронй гаштан мебошад. Ба хотири нарасидан ба иззати нафси каxpамoнoни xаpдy кисса аз овардани ному насаби пурраи ощо худдорй мешавад:

Mасалан, чавонписар Д.Р. ва чавондухтар M.A. дар шаxpи Душанбе, ки M.A. зода ва истикоматкунандаи он чо буд, чандин сол кабл бо xам шинос мешаванд, байнашон ишку мyxаббати самимй пайдо мегардад ва билохира бо розигии тарафайн ва xам волидайн издивоч ва туй мекунанд. Д.Р. чавони зебову дидадаро ва кордон будааст ва ба кори савдо машFyл мешавад. Чанде пас M. низ бо y ба кори савдо даст мезанад. Фарзанддор мешаванд ва бо меxнати xалoлy аклона сoxиби хонаву дари шахсй мешаванд. Сoxиби зиндагии хушу хонаи обод ва фарзандон мегарданд. Кори савдояшон барор мекунад. Д.Р. нафакат аз yxдаи таъмини рузгори зану фарзандони худ мебарояд, балки ба рузгори падар ва бародаронаш, ки дар як деxаи дурдасти Кулоб мезистанд, пайваста кумаки молиявй мекунад. Аз байн чанд сол сипарй мегардаду бо амри такдир ё чашми бади хасудон Д.Р. муфлис гардида карздор мешавад. Зану шавxаpи чавон бо маслиxатy мувофикати тарафайн хонаашонро мефурушанду аз карз халосй меёбанд ва чун зиндагй дар пойтахт мушкил мегардад, ба хонаи падари Д.Р ба Кулоб куч мебанданд.

Падари Д.Р. ва бародарон xаpчанд худ дар xавлии танг масoxаташ хурд мезистанд, оилаи чавонро бо хушнудй ва дасту дили кушода кабул мекунанд ва саpпанox медщанд. Вале азбаски дар xавлй чанд оила зиндагй мекард ва хонаи холие набуд, зану шавxаpи чавон бо фарзандон бе инчу ноз дар таххона чой мегиранд. Д.Р. ба кори дехконй машFyл мешаваду M. ба тарбияи фарзандон ва пешбурди кори рузгор. Хулоса, бо мушкиливу баъзе маxpyмиятxoи рузгор бошад xам, зиндагиро пеш мебаранд. Дамсoяxo то ба имруз xайpатзадаанд, ки чй тавр як духтари дар пойтахти чyмxypй зиндагии хушу хуррамдошта ва аз оилаи номдор ин кадар сол бе лабу лунчи овезону кавоки гирифта, бе нозу нуз ба чунин шароити мушкили рузгор дар кишлок токат кардааст. Дамагон ба пурсабрию таxаммyлпазиpй ва одобу рафтори M. коиланд ва офаринаш мехонанду водидайни чунин духтар тарбият кардаро садxo бор pаxмат мегуянд. Хушдоманоне, ки ин киссаву одобу ахлок ва сoлеxагии M.-po шунидаанду медонанд, пеши келинxoяшoн ypo намунаи ибрати одаму одамагарй мисол меоваранд.

Дама ин пуртокатию сабурй ва шyкpгyзopиxoи ин оилаи чавон окибат самар овард ва ощо сoxиби китъаи наздиxавлигй гаштанд. Новобаста ба xама мушкилот фарзандонро тарбият карданд, мехононанд ва дар xамдигаpфаxмию сабурй хушбахтона зиндагй доранд. Myxимтаp аз xама, омодагии oнxo ба зиндагии оилавй боиси мyстаxкамy пойдор нигох доштани оила гардид. Пас маълум мешавад, ки xаpдy xам дар oилаxoи волидон тарбияи хуб гирифтаанд ва боварй аст, ки фарзандони ощо низ тарбияи хуб гирифта, ба зиндагии оилавии оянда хуб омода мегарданд.

Дувум, С. ва С., ки бо амри боре хонавайрон шуда буданд, бо xам шинос мешаванд ва базудй бо ризоияти волидайн тую тамошо ва оила барпо мекунанд. Духтар, ки зoxиpан хеле хапу хомуш ва хуб менамуд, xанyз аз мoxxoи аввал, ба кавле хислати худро нишон додан мегирад. Дар оилаи шавxаp xама аъзоён бо y муносибати хуб мекунанд, вале нозу нузаш сар мешавад ва бо xаp баxoнаи сохтаю бофта зуд-зуд майлу хoxиши хонаи модар рафтанро мекунад. Касе, на шавxаpаш ва на хушдоманаш

боре ^ам ба ин монеъ намешаванд. Дере нагузашта у, чуноне мегуянд, акнун гох-гохе ба талабу дархост ё насихати хушдоман нописандию гапгардонй карда, низоъхоро дар оила бармеангезад. Кор то ба чое мерасад, ки охиста-охиста аъзоёни оилаи шавхарашро байни хам ба чангу чанчол кашиданй мешавад ва борхо ба ин муваффак ^ам мешавад. Борхо бо бахонаи бемор буданаш ба хонаи модар барои табобат меравад. Окибат ба кахркардан ва инчикй намуда даст мезанад, вале ба хотири ободии зиндагии фарзанд падару модар уро боз бахонааш бармегардонанд ва гуноххояшро мебахшанд.

Рафтору кирдорашро ду-се маротиба дар хузури падару модараш мухокима мекунанду пушаймон будани худро изхор мекунаду бо гузашти чанд вакт боз хамон хислату рафторашро такрор менамояд. Калонсолон баргашта гунохашро мебахшанд, насихаташ мекунанд, ки зиндагй бозича нест, хонаи ободатро сахт бигирад, окибати фарзандонаш чи мешавад. Хуб мегуяд, вале чанде пас боз хамон ахвол идома меёбад.

Шавхари у чавони аз ухдаи зиндагй мебаромадагист, кори даромаднок, мошин ва мухимтар аз хама, у чавони мехнатист ва хислати хуб дорад. Падару модараш ва бародаронаш хама одамони хубанд, хама аз пайи мехнат ва зиндагистанд, ба касею ба чизе коре надоранд.

Чун келин фарзанддор шуд, хама хурсанд шуданд, ки акнун одатхои бадашро мепартояд. Аммо афсус! Бадтар шуду бехтар не. Хулоса, вакте бори охир кахр карда рафт, дигар дили хушдоману хусур аз у монд, чаро ки бе ягон сабаб ба тухмату бухтон даст мезад. Вале бо хохишу илтимоси падару модари келин ва ба хотири набера ва фарзанд хусуру хушдоман назди онхо гуфтанд, ки майлаш, як бори дигар мебахшедамаш. Аммо боз хамон Ахмадаки порина шуд. Дигар корд ба устухон расид ва окибат дили шавхар низ аз у монд ва харчанд падару модари С. гуфтанд, ки писарам, шояд занат ба зиндагии чудой майл дорад, хонаатро вайрон накун ва то сохиби хонаи худ шудан биравед ичора шинед ва зиндагй кунед, чавон дигар нахост.

Ва дар натичаи беандешагй ва феълу рафтори бади зани чавони ба зиндагии оилавй нотайёр боз як оилаи чавон шуд вайрон. Тахлили психологии масъалаи мазкур нишон дод, ки дар мавкеи аввал дар оила мушкилоти молияви ба вучуд омад, хамсарон ба сабукй ва тахамулпазирй рох додан дар як хавлии хурд зиндагй кардан ва нихоят боз пояи муносибатхои оилавиро мустахкам намуданд.

Дар мавкеи дуюм занхои чавон баъди хонадоршавй низоъ бармеангезанд, табъи кайфияи ахли оиларо мудом хира месозанд ва шиддати муошироти дохили оилавиро тезу тунд мекунанд. Ба маслихат додан хам ислох намешаванд.

Хулоса, аз гуфтахои болой метавон натичагирй кард, ки агар волидайн дар оила ва дигар тарбиятгарон дар таълимгоххо вазифаю карзи хешро дар мавриди ба зиндагии оянда, ба хаёти оилавй омода сохтани насли наврасу чавон пурраю хаматарафа ва саривактй ичро накунанд, чавонон бе омодагй ба вазифахои мухими ичтимоии хеш издивоч мекунанд, ки ин на хама вакт ба хубй меанчомад. Пас аз чихати ичтимой ва психологй омода будани чавонон ба зиндагии оилавй шарт ва воситаи пойдорию мустахкамй, бакои оила, зиндагии оилавии осудаву хушбахтона ва бешак, асоси устуворию саботи давлату чомеа мебошад.

Адабиёт:

1. Барномаи Х,изби Коммунисти Иттиходи Шуравй. Тахрири нав. - М., 1986.

2. Сысенко В. А. Молодежь вступает в брак. - М.: Мысль, 1986. - 255 с.

3. Сысенко В. А. Новобрачные в зеркале собственных взглядов, суждений, оценок / В.А.

Сысенко. - М.: Мысль, 1985 - 164с.

4. Соловьев Н. Я. Семья в социалистическом обществе. М.: Политиздат, 1981. - 63 с.

ПОДГОТОВКА МОЛОДЕЖИ К СЕМЕЙНОЙ ЖИЗНИ - ОСНОВНОЕ УСЛОВИЕ УСТОЙЧИВОСТИ СЕМЬИ И БЛАГОПОЛУЧНОЙ ЖИЗНИ

Статья посвящена постоянной и злободневной проблеме человеческого общества -подготовке подрастающего поколения и молодёжи к брачной - семейной жизни. Автор на основе исследований социологов и психологов констатирует, что правильная, всесторонняя и своевременная подготовка молодежи в семье и учебных заведения к семейной жизни является важным и основным условием прочности, долговечности брака и, следовательно, устойчивости государства и общества.

Ключевые слова: молодёжь, семья, учебные заведение, брак, развод, подготовка к семейной жизни.

PREPARING YOUNG PEOPLE TO THE FAMILY LIFE - THE BASIC CONDITIONS OF FAMILY STABILITY AND PROSPEROUS LIFE

The article is devoted to the constant and pressing problems of human society - the preparation of the young generation and youth to marriage - family life. Based on studies of sociologists, psychologists, the author says that the correct comprehensive and timely preparation of young people in the family and education for family life is an important and basic condition for strength, durability marriage and therefore the stability of the state and society.

Keywords: youth, family, educational organization, marriage, divorce, preparation for family life, psychological, economic and legal ground preparation of youth for family life.

Сведения об авторах: Мустафокулов Т., кандидат психологических наук, доцент Кулябского государственного университета имени А. Рудаки

Раджабзода Д., аспирант Кулябского государственного университета имени А. Рудаки, e-mail: dilafruz_s@mail.ru

About authors: Mustafokulov T., PhD in Psychology, Associate Professor, Kulob State University named after A. Rudaki

Rajabzoda D., post-graduate student of the Kulob State University named after A. Rudaki

НАЦШИ ЗАНУ ШАВДАР ДАР ТАДКИМИ ОИЛАИ СОЛИМ АЗ ДИДГОДИ

МИР САЙИД АЛИИ ДАМАДОНИ

Каримова М. М.

Донишгоуи давлатии К^ургонтеппа ба номи Носири Хусрав

Аз раванди таърих ба мо маълум аст, ки фархангу тамаддуни хар як халку миллат дар рафти ташаккул ва рушд ба омезишхои хархелаи фархангии дигар халку миллатхо ру ба ру мешавад. Равандхои гуногуне, ки дар шароити чомеаи мусоири инсонй ба вукуъ пайвастааст, ба вижа чахонишавии тамоми сохахои хаёти чомеаро низ дар бар гирифтааст. Дар ин раванд омезиши фархангхо бошад хоху нохох дар урфу одат, расму ойин, анъана ва дигар маросимхои халкй инъикоси худро меёбанд. Махз бо ин ва сабабхои дигар дар давоми солхои зиёд (дахсолахо, садсолахо) рафтор, муоширату муносибатхои оилавй-зану шавхар, падару модар, фарзандон ва дигар аъзоёни оила омезиш ёфта ранги дигар мегиранд.

Мир Сайид Алии Дамадонй хамчун олим, файласуф ва мутафаккири бузурги давр дар раванди тачрибаву мушохидахои хеш масъалаи муносибатхои зану шавхарро дар тарбияи фарзандон ва солимии мухити оила дарк намуда, барои наслхои оянда баррасй кардааст. У хдмчун мутафаккири бузург нуксонхои замони худро хам ба хубй дарк намуда, бахри халли онхо бо чиддият кушиш намудааст. Яке аз ин гуна масъалахои мухим масъалаи тарбияи оилавй буд, ки мутафаккир роххои халли онро ба хубй дарёфтааст. Ба акидаи у, агар завч ба завча дар муносибатхои оилавии худ коидахои аз тарафи шариат мукарар гардидаро риоя намоянд, бартараф намудани масъалахои дар ин раванд чой дошта барояшон осон мегардад. Дарчанд файласуф дар халли ин масъала бештар ба нишондодхо ва коидахои дини ислом такя карда бошад хам, аммо саволхое, ки у ба миён гузоштааст, дар мустахкам ва пойдор нигох доштани пояхои оила, баланд бардоштани маданияти муносибатхои зану шавхар ва таъсири онхо дар тарбияи фарзандон дар шароити чомеаи имрузаи мо аз ахамият холи нест. Дар он давру замон ва мухити шароити чомеаи онвакта барои Мир Сайид Алии Дамадонй дигар хел рафтор кардан душвор буд. Чунки Шохи Дамадон марди диндор, содик ба урфу одат ва расму оини мардуми Шарк буд. Аз ин ру, чонибдори он буд, ки падару модар дар муносибати оилавй ва тарбияи фарзанди хеш аз руи конунхои динй рафтор намоянд. Вале бо вучуди ин роххое, ки мутафаккир пешниход намуда буд, гарчи ба талаби замони мо пурра мувофик набошад хам, аксар пахлухои он аз нуктаи назари педагогию равоншиносй дар халли проблемаи мазкур накши муайян бозида метавонанд.

Алии Дамадонй кушиш кардааст, ки пахлухо ва имкониятхои гуногуни дин, илму дониш, тачрибаи хаётй, фархангу маърифат ва маънавиёти инсонро хамчун кувваи пешбаранда ва муттахидсозандаи пойдории хаёти оилавй ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон равона кунад. Омузиш ва тахкику тахлили Алии Дамадонй нишон медихад,

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.