Научная статья на тему 'ПОХОД СЕФЕВИДОВ В МАВЕРАННАХР В НАЧАЛЕ XVII В'

ПОХОД СЕФЕВИДОВ В МАВЕРАННАХР В НАЧАЛЕ XVII В Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
118
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МАВЕРАУННАХР / БАЛХ / ИРАН / ВОЕННЫЙ ПОХОД / СЕФЕВИДЫ / ШАХ АББАС / ВАЛИМУХАММАДХАН / НАДИРМУХАММАДХАН / ИМАМКУЛИХАН / РУСТАМ СУЛТАН / ПРАВИТЕЛЬ / БИТВА

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Мусоев Аслонбек Қаробоевич

Статья посвящена вторжению Сефевидов в Мавераннахр в первой половине XVII века. В этот период правитель Ирана шах Аббас с целью расширения территории своей страны, направил войска в Балх, который являлся одним из важнейших центров государства Аштарханидов. Завоевание Балха позволила бы ему без особого труда войти на территорию Мавераннахра. В этот период политическая ситуация в Мавераннахре была нестабильной, конфликты в стране обострялись, а местные правители не подчинялись центральному правительству. В 1602 году Сефевиды с сорока тысячным войском двинулись на Балх. Между армией Сефевидов и бухарцами разгорелась ожесточенная битва, в результате которой Сефевиды были разбиты и бежали в Иран. В 1607 году шах Аббас снова вторгся на территорию Балха с армией из 12 тысяч человек, но и на этот раз завоевать Балх им не удалось. Несмотря на поражение, Сефевиды не отказались от мысли завоевать Балх, и, чтобы осуществить свой план, они решили нарушить отношения правителей Балха с правителями Бухары, ослабить их власть, а затем приступить к покорению Балха. Они ждали, когда настанет подходящий момент. Позже отношения Валимухаммадхана с его племянниками Имамкули и Надирмухаммад испортились, и между ними вспыхнула борьба за власть. Сефевиды узнали об этом и поддержали Валимухаммадхана. Между ними произошла ожесточенная битва, в которой Валимухаммадхан потерпел поражение и был убит. Позже, при поддержке Сефевидов, сын Валимухаммадхана Рустам султан совершил грабительские нападения на Балх и близлежащие к нему районы. Во время правления шаха Сафи (1629-1642) борьба Сефевидов с бухарской армией не прекращалась. Сефевиды пытались завоевать Мавераннахр, но так до середины XVII века им это не удалось.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE SAFAVIDS CAMPAIGN IN MAVERANNAHR IN THE EARLY XVII TH CENTURY

This article deals with the Safavid invasion of Maverannahr in the first half of the 17th century. During this period, Shah Abbas, the ruler of Iran, in order to expand the territory of his country, sent troops to Balkh, which was one of the most important centres of the Ashtarkhanid state. The conquest of Balkh would enable him to enter the territory of Maverannahr without much difficulty. During this period the political situation in Maverannahr was unstable, the conflicts in the country were escalating and the local rulers were not subordinate to the central government. In 1602 the Safavids with forty thousand troops moved to Balkh. A fierce battle broke out between the Safavid army and the Bukharians, as a result of which the Safavids were defeated and fled to Iran. Shah Abbas again invaded Balkh in 1607, with an army of 12 thousand men, but failed to capture Balkh. Despite the defeat, the Safavids did not give up the idea of conquering Balkh. In order to fulfill their plan, they decided to disrupt the relations between the rulers of Balkh and Bukhara, weaken their power, and then proceed to the subjugation of Balkh. They waited for the right moment to come. Later Valimukhammad Khan's relations with his nephews Imamkuli and Nadirmukhammad deteriorated and a power struggle broke out between them. The Safavids learned of this and supported Valimuhammad Khan. A fierce battle broke out between them in which Walimuhammad Khan was defeated and killed. Later, with the support of the Safavids, Valimuhammad Khan's son Rustam Sultan carried out plundering attacks on Balkh and its surrounding areas. During the reign of Shah Safi (1629-1642), the Safavid struggle with the Bukhara army did not cease. The Safavids tried to conquer Maverannahr but failed to do so until the middle of the 17th century.

Текст научной работы на тему «ПОХОД СЕФЕВИДОВ В МАВЕРАННАХР В НАЧАЛЕ XVII В»

- MYAPPHX^CTOPKK-HISTORIAN -

УДК: 9 (55) +9 (575)

ЛAШKAPKAШИИ САФАВИХ,О БА MOBAPOyHHAXP ДAP ИБТИДОИ ACPИ XVII

МУСОЕВ А. Ц., Донишго^и давлатии омузгории Точикистон ба номи С. Айнй

Дар ибтидои асри XVII бисёр шахрхои 6узурги Хуросон ба монанди Х,и-рот, Марв, Сабзавор, Машхад ва Нишопур ба хокимони Мовароуннахр тобеъ буданд. Дар ин давра шох Aббос, ки дар Эрон хукмронй мекард, дер боз ор-зуи ишголи шахри Балхро дошт, зеро ин шахр барои забти ояндаи Мова-роуннахр мавк;еи стратегиро доро буд. Шох Aббос барои ичрои ин мак;сад бо Туркия шартномаи дустй имзо намуд.

Мавк;еи сиёсии Мовароуннахр дар ин давра ноустувор ва беназмию беса-русомонй хукмфармо буд. Х,окимони махаллй ба хукумати марказй итоат намекарданд. Дар кишвар мук;овимати шадиди дохилии байнисулолавй ба амал омада, мардум дар холати к;ашшок;ию нодорй зиндагй мекарданд. Дар натичаи бархурдхои сиёсй дар давлати Aштархонихо ду маркази сиёсй таш-кил шуд: якум Бухоро буд, ки дар он чо хони асосй менишаст ва маркази ду-вум шахри Балх буд, ки дар он ворисони тахти Бухоро хукмронй мекарданд. Як нафар аз хонадони Шайбонихо ба исми Мухаммадиброхим дар Балх хукмронй мекард, ки дастпарвари Сафавиён ва аз чавонй дар байни хуросониён тарбия ёфта буд [8,69а].

Мухаммадиброхим дар Балх бо ашхоси маъруф ва амирони воломак;оми махаллй муносибати дагалона мекард. Aз чунин амалхои бадкирдоронаи Мухаммадиброхим хони Бухоро Бок;имухаммад ба хашм омада, бародараш Валимухаммадхонро барои чазо додани Мухаммадиброхим ба Балх фиристод [4,63а-64а]. Хднгоми ба Балх омадани Валимухаммадхон ахолии Балх дар мубориза алайхи Мухаммадиброхим уро дастгирй намуданд ва дар натича Мухаммадиброхим ба даст афтода, ба кдтл расид [7, 75-76]. Пас аз ин Балх комилан ба Бухоро тобеъ гардид.

Aз шунидани ин хабар газаби шох Aббос боло гирифта, мак;сад гузошт, ки бояд Балхро тобеи худ гардонад. Барои амалй гардондани ин накдаа у лашкари худро ба Машхад фиристод.

Сокинони Бухоро аз омадани лашкари Сафавиён ба Машхад нигарон гашта, ба хотири пешгирии хатар тасмим гирифтанд, ки бо Сафавихо созиш-нома ба имзо расонанд. Онхо кдрор доданд, ки барои ин кор хокими Марв Бектошхонро миёнарав намоянд ва нихоят намояндаи онхо Байрамалии Шомлу барои гуфтушунид ба Эрон фиристода шуд. Aммо ин гуфтушунидхо пеши рохи чангро бо лашкари Эрон гирифта натавонистанд.

Лашкари 40 хазорнафараи Сафавихо, ки аз сесад ароба ва тупхо иборат буд, мохи июни соли 1602 аз Машхад ба самти Балх равона гардид. Валимухаммадхон аз ин огох шуда, барои ёрй ба бародараш Бо^имухаммадхон мурочиат намуд [1, 624-630].

Дар натича, дар мавзеи Пули Хаттоби минтакаи Балх, дар наздикии ма-зори Бобо байни Сафавиён ва лашкари Бухоро задyхyрди шадиде ба амал омад, ки дар натича Сафавихо маглyб гашта, ба суйи Эрон фирор намyданд [6,129-130; 4, 67а-68а 69а].

Шод Aббос соли 1605 тасмим гирифт, ки бори дигар ба Балх хучум наму-да, онро зери тасарруфи худ дарорад. У барои амалй кардани накшахояш лашкаре бо фармондехии Ч,ахонгирхон, Салим султон ва Ёрмухаммад мирзо-ро ба Fарчистон фиристод. Лашкари Сафавихо Fарчистонро ишгол намуда, дар Убах ва Шафелон таваккуф карда, барои лашкаркашии минбаъда омода-гй мегирифтанд [3,743; 4, 82а]. Сафавихо мардуми зиёдеро аз миёни сокинони Fарчистон ва атрофи он ба лашкари худ чалб карданд ва соли 1607 бо лашкари 12 хазорнафара ба Балх хучум оварда [3, 743], калъаи Балхро ба мухоси-ра гирифтанд. Х,окими Бухоро Валимухаммадхон аз ин бохабар гашта, ба ёрии балхиён лашкари 20 хазорнафара фиристод. Дар натичаи задухурди ша-дид Сафавиён маглуб гардида, ру ба гурез оварданд [3,743-744]. Хдмин тарик, кушиши дигари Сафавиён барои ба итоати худ даровардани Балх бенатича анчом ёфт.

Сафавиён бо вучуди ин нокомихо аз фатхи Балх даст намекашиданд ва барои ичрои накшаи худ ба хулосае омаданд, ки бояд муносибати хокимони Балхро бо хокимони Бухоро халалдор намуда, фазои бархурди байни онхоро фарохам оранд ва бо заиф шудани кудрати низомии онхо бори дигар ба чо-ниби Балх лашкар кашанд. Онхо чунин фурсатро интизор буданд ва нихоят, он фурсати муносиб фаро расид.

Муносибати Валимухаммадхон бо бародарзодахояш Имомкулй - хокими Самарканд ва Надирмухаммад - хокими Балх халалдор шуд, зеро онхо мехо-станд, ки мустакил бошанд ва аз итоати хукумати марказй берун раванд. Ин амал боиси тира шудани муносибати онхо гардид, миёни онхо барои кудрат мубориза огоз ёфт. Сафавиён аз ин хабардор шуда, Валимухаммадхонро пуштибонй карданд [4,186а]. Дар ин муборизахо окибат Валимухаммадхон маглуб гашта, ба Эрон фирор намуд ва шох Aббос уро бо хушнудй пазирой намуд. Шох Aббос мехост, ки Валимухаммадро ба тасхири Балх сафарбар на-мояд [4,186а; 10, 83] ва уро бо лашкари 80 хазорнафарии Сафавиён бар зидди Имомкулихон фиристод [7,81;6,137]. Дар натича мохи августи соли 1611 дар мавзеи Боги Шамол байни лашкари Валимухаммадхон ва Имомкулй набарди шадиде рух дод, ки дар он лашкари Валимухаммадхон маглуб гардида, худи y ба асирй гирифтор шуд ва бо амри Имомкулихон ба катл расид [7, 81-82; 6, 136-137; 4, 98а-99б; 5, 29-30; 9, 81а-82а]. Ин ахборро муаллифи «Таърихи ола-морои Aббосй» Искандарбеки Туркмон [3, 843-847] низ тасдик менамояд.

Баъди ин ходиса Имомкулй ба Бухоро баргашт ва амирону сарварони рухониён уро хони Бухоро эълон карданд. Вай бародараш Надирмухаммад-хонро хокими Балх таъйин намуд.

Дар ин айём писари Валимухаммадхон Рустам султон дар сархади Хуро-сону Балх мавкеъ гирифта, бо дастгирии лашкари Сафавй доимо ба Балх ва каламрави он хамлахои горатгарона анчом медод. Соли 1619 y бо лашкари ду-се хазорнафараи Сафавиён ба Aндхyй ва Шибиргон хучум намуд. Надир-мухаммадхон лашкари худро ба мукобили онхо фиристод ва дар натича лаш-

кари Сафавиён шикаст хурда, ба Хирот а;ибнишинй намуд [4, 190б-191б; 1, 308; 5, 31].

Аз ахбори маъхазхои таърихй бармеояд, ки Рустам султон бо дастгирии лашкари Сафавиён пайваста ба ;аламрави Балх хучум мекард. Аз ин ру, Надирмухаммадхон мачбур шуд, ки нерухои бузургро дар сархад нигох до-рад, то ;аламрави худро аз хамлаи Сафавиён хифз кунад. Ин амал харочоти зиёди моддиро талаб мекард. Дар ин муддат ;азо;хову ;алми;хои бодияни-шин низ ба ;аламрави Мовароуннахр хучумхои горатгарона анчом медоданд ва Надирмухаммадхон мачбур мешуд, ки бар зидди онхо низ лашкар фири-стад. Ч,анг дар ду чабха барои Надирмухдммадхон хеле мушкил буд ва у ;арор дод, ки ин мушкилотро тавассути дипломатия хал кунад. У соли 1621 барои бар;арор кардани муносибатхои дустона сафири худ Поянда мирзоро ба Исфахон назди шох Аббос фиристод, Дар навбати худ шох Аббос сафири худ Мухаммад Солехбекро ба Балх ирсол кард [3, 962-963].

Соли 1622 Надирмухаммадхон сафири худ Сайид Иброхимхочаро назди шох Аббос фиристод. Вай бо шох Аббос муло;от карда, суханони Имомку-лихон ва Надирмухаммадхонро ба у расонд, ки сабаби хама гуна танишхои байни Сафавиён ва Бухоро Рустам султон аст, ки дар худуди Балх ;арор ги-рифта, ба фитнаангезй машгул аст. Хокимони Бухоро ва Балх мехоханд, ки бо Эрон равобити дустона дошта, ба таври осоишта зиндагй намоянд. Агар шох Аббос низ ма;сади та;вияти сулху суботро дар ин минта;а дошта бошад, барои аз миён бардоштани монеахо у бояд Рустам султонро ба Иро; бифири-стад [3, 983].

Ходисахои минбаъда нишон медиханд, ки шох Аббос на танхо Рустам султонро ба Иро; нафиристодааст, балки ба ашхоси масъул супориш додааст, ки хангоми набардхо дар марзи Балх аз Рустам султон пуштибонй кунанд.

Масалан, у дар охири соли 1622 шахри Майманро мухосира карда, амво-ли мардумро горат намуд ва нерухои Надирмухаммадхон уро аз Балх берун карданд.

Минбаъд ба Надирмухаммадхон лозим омад, ки бо талошхои зиёд ошуб-хои дар худуди Балх ба амал омадаро хомуш намояд. Соли 1623 у лашкари сершумореро тахти фармондехии Ялангтушбий ба суйи Мургоб фиристод. Рустам султон аз ин огох шуда, бо хамрохонаш ба суйи Хирот фирор намуд ва кувваи асосии худро тахти сарварии Назарбийи туркман дар Убах чойгир на-муд.

Ялангтушбий ба Убах расида, ;алъаро ба мухосира гирифт. Дар рузи чо-руми мухосира лашкари Назарбий бо лашкари Ялангтушбий му;овимат нишон дода натавонист ва аз ;алъа баромада, ба Хирот ру оварданд [4, 195б-198б;1,312]. Пас аз ин во;еахо Надирмухаммадхон намояндагони худро ба Эрон фиристода, аз шох талаб кард, ки гунахкори хамаи амалхои зишт Рустам султон аст ва шох бояд уро ба дасти онхо супорад. Шох бо бахонахои мухта-лиф ин талаби хонро ичро намекард ва хон низ дар навбати худ аз ин пешниходи худ даст накашида, сафирони худро ба Эрон мефиристод. Хар дафъа шох бо бахонахои гуногун дархости уро ичро намекард. Билохира, байни онхо шартнома ба имзо расид, ки тиб;и он шох Аббос Рустам султонро

аз Балх бозхонда, уро ба Ирок фиристод ва дар ивази он нохияи Балгами Мургоб тобеи Эрон гашт [4, 199б].

Замони хукмронии шох Сафй (1629-1642), Рустам султон хучумхои горат-гаронаи худро дар марзи Балх аз сар гирифт. Дар ибтидои соли 1631 y марзи Балхро вайрон карда, ба шахрхои Маймана ва Ч,узчон хамла кард ва ба горатгарй машгул шуд. Пас аз он, бахори хамон сол y бо хокимони Хирот ва Машхад Зайналхон ва Хусайнкулихон якчоя ин хамлахои худро такрор кард. Бухороихо ба зидди онхо лашкари зиёдеро бо сарварии Ялангтушбий атолик, Бокибий девонбегй ва амирони дигар фиристоданд. Дар ин набарди шадид лашкари Рустам султон ба хамлаи онхо тоб оварда натавониста, дар калъаи Моручок панох бурданд. Aбдyлазиз султон калъаро мухосира кард, вале фатхи он ба y муяссар нагашт. Окибат байни онхо созишнома имзо гардид, ки тибки он Рустам султон ва чонибдорони y бояд амволи гораткардаашонро баргардонда, ба Балх хироч супориданд. Дар натича мухосира бардошта шуд ва онхо ба Шибиргон баргаштанд [4, 206б-209б; 10,104].

Баъдан дар солхои 1632-1637 лашкари Бухоро бо сарварии Aбдyлазиз султон борхо ба Хирот ва Машхад хучум овард. Соли 1637 ба Aбдyлазиз муяссар шуд,ки Хиротро ба мухосира гирад. Надирмухаммадхон хамлахои худро ба Хуросон бо он асоснок менамуд, ки Сафавиён хучумхои Рустам султонро ба худуди Балх дастгирй мекарданд.

Дар миёнахои соли 1629 лашкари Надирмухаммадхон зери сарварии Уроз кушбегй ба Моручок хамла кард [6,61-62; 10, 34]. Замонбек, ки лашкари хуросонихоро фармондехй мекард, аз мухосираи ин калъа огох шуда, гурухи сипохиёни худро бо сарварии Мачнунбек ба ёрии дар мухосира афтодагон фиристод. Гурухи Мачнунбек дар наздикии Моручок бо дастаи Уроз кушбегй ру ба ру гашт. Дар ин муковимат мовароуннахриён маглуб шуда, бисёре аз чанговарони онхо кушта гардиданд. Уроз кушбегй пас аз шунидани он, ки ба ёрии Сафавиён сипохиёни асосй мерасанд, майдони чангро партофта, бо лаш-кариёнаш фирор намуд [2, 49; 10, 36].

Дар миёнахои соли 1632 хокими Бухоро Имомкулихон бо лашкари 15 хазорнафара ба суйи Марв лашкар кашид. Дар ин хангом хокими Балх Надирмухаммадхон бо лашкари 20 хазорнафара ба Моручок хамла намуд. Шох Сафй аз ин хабар ёфта, ба мукобили онхо лашкари худро зери фармондехии Рустамхон ба Машхад фиристод ва савганд хурд, ки нисбат ба душманон дигар нармдилй накарда, ба ваъдахои онхо бовар намекунад. Мовароуннах-рихо аз наздикшавии лашкари Сафавихо огох гардида, саросема Марв ва Моручокро тарк намуда, ба худуди худ баргаштанд [3,102-103].

Пас аз хамлаи лашкари Бухоро ба каламрави Эрон, шох Сафй кувваи худро ба пешгирии хамлахои минбаъдаи онхо равона кард ва ба марзбонони худ амр дод, ки дар холатхои зарурй ба каламрави Мовароуннахр хучум ку-нанд. Бо такя ба ин сиёсати нави шох Сафй пешвои амирони Хуросон Хасанхон Aбдyллохи Шомлу ва хокими Хирот соли 1633 ба Маймана хучум намуданд. Онхо бисёр сарбозони душманро кушта, кисмашонро асир гириф-танд ва бо ганиматхои зиёд ба Хирот баргаштанд [10,111].

Хокими Балх Надирмухаммадхон пас аз муборизахои бенатичааш ба Моручок тасмим гирифт, ки бо Сафавиён равобити дустона баркарор кунад.

Бо ин максад у намояндагони худро ба Исфахон фиристод. Аммо соли 1634 лашкари Бухоро зери фармондехии писари у Абдулазиз султон бо лашкари чорхазорнафара ба Ч,ам ва Хавоф хамла карда, амволи ахолиро горат намуд. Хангоми наздик омадани лашкари Сафавихо, онхо рохи гурезро пеш гириф-танд [10,113].

Пас аз чанде Абдулазиз султон бо лашкари бистхазорнафараи савора ба каламрави Хуросон хучум карда, калъаи Фарохро муддати бист руз ба мухо-сира гирифт. Вале фатхи калъа ба у муяссар нагашт ва аз мухосира даст ка-шида, ба Балх баргашт. Мохи ноябри соли 1634 Абдулазиз султон бо сипохи сехазорнафара ба Машхад, Сабзавор ва Ч,ом лашкар кашида, ин шахрхоро горат намуд. Нерухои Хуросон тахти фармондехии Амирхон Суглон курчи бошй ва хокимони Машхдд, Сабзавор ва Хирот муттахид шуда, бар зидди лашкари Бухоро бархестанд. Дар минтакаи Точруд байни онхо задухурди ша-дид сурат гирифт, ки дар он се хазор нафар сарбози Бухоро кушта шуд. Абду-лазиз султон бо мушкилоти зиёде чонашро начот дод. Хамаи махбусон озод гардида, ганиматхои гирифтаи онхо ба Сафавиён баргардонида шуданд.

Абдулазиз султон барои интикоми шикасти худ аз Сафавиён мохи августи соли 1636 бо лашкари се хазорнафара ба Хуросон хамла кард. Хуросонихо аз ин хамла хабардор буданд, аз ин ру хуб омодагй дида, ба душман зарбаи сахт расонданд. Дар натича лашкари Бухоро маглуб гардида, акибнишинй кард [10,113].

Дар бораи муносибатхои харбиву сиёсии Эрон бо Мовароуннахр дар солхои минбаъда дар маъхазхои хаттй маълумоти хеле кам мавчуданд.

Аз гуфтахои фавкуззикр бармеояд, ки шохи Эрон Аббос барои ишголи Балх кушиши зиёд ба харч дода, максад дошт, ки пас аз ба даст овардани он ба фатхи Мовароуннахр руй оварад. Вале ишголи ин шахр дар нимаи аввали асри XVII ба Сафавиён муяссар нагардид.

АДАБИЁТ

1.Аббоскулй Еаффорифард. Равобити Сафавия ва узбакон (913-1031). Техрон, 1374 х. -374 с.

2.Абулхасани ^азвинй. Фавоиду-с-сафавия. Ба эхтимоми Марям Мирахадй. Техрон, 1367 х. -198 с.

3.Искандарбеки Туркмон. Таърихи оламори Аббосй. Ба эхтимоми Эрачи Афшор. Ч,илди аввал ва дуввум. Нашри чорум. -Техрон, 1387 х. -607 с.

4.Махмуд ибни Валй. Бахру-л-асрор фй манокиби-л-ахёр. Фотонусхаи дастхати китоб-хонаи Индиа Офис, № 575. -420 в.

5.Мирзо Шамси Бухорой. Таърихи Бухоро, Хуканд ва Кошгар. Бо эхтимоми Мухам-мадакбари Ашик. Техрон, 1998. -346 с.

6.Мухаммад Юсуфи Муншй. Тазкираи Мукимхонй. Пешгуфтор ва тавзехоти Фариш-таи Саррофон. Техрон: Мероси мактуб, 1370 х. -358 с.

7.Мухаммад Юсуф Мунши. Мукимханская история/пер. с тадж., предисл., прим. и указ. проф. А.А. Семенова. -Ташкент, 1956. -303 с.

8.Мухаммадёр ибни Араб катаган. Мусаххир ал-билад. -Тошкент, 2009. -430 с.

9.Мухаммад Шариф ибни Мухаммад Накй. Точу-т-таворих. Дастхати Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, № 2282. 356 в.

10.Саидзода А. Мовароуннахр дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII (таърихи сиёсй, ичтимой-иктисодй ва фархангй).-Душанбе: Дониш, 2019. -498 с.

ЛАШКАРКАШИИ САФАВИХО БА МОВАРОУННАХР ДАР ИБТИДОИ АСРИ XVII

Дар макола масъалаи лашкаркашихои Сафавихо ба худуди Мовароуннахр дар нимаи аввали асри XVII мавриди баррасй карор гирифтааст. Дар ин давра шохи Эрон Аббос бо максади васеъ намудани худуди кишвараш ба шахри Балх, ки яке аз марказхои мухимми давлати Аштархонихо ба шумор мерафт, лашкаркашихо намуд ва мехост, ки пас аз ишголи Балх бе мушкилй ба худуди Мовароуннахр ворид гардад. Дар ин давра вазъи сиё-сии Мовароуннахр ноустувор буда, дар мамлакат низоъхои байнихамдигарй шиддат ёф-та, хокимони махаллй ба хукумати марказй итоат намекарданд. Соли 1602 Сафавихо бо лашкари 40 хазорнафара ба самти Балх харакат карданд. Байни лашкари Сафавихо ва бухороихо набарди шадид сар зад, ки дар натича Сафавихо маглуб гашта, ба суйи Эрон фирор намуданд. Соли 1607 шох Аббос бори дигар бо лашкари 12 хазорнафара ба каламрави Балх хучум кард ва ин дафъа хам галаба ба онхо муяссар нагардид. Бо вучуди ин нокомихо Сафавиён аз фатхи Балх даст намекашиданд ва барои ичрои накшаи худ ба хулосае омаданд, ки бояд муносибати хокимони Балхро бо хокимони Бухоро халалдор намуда, кудрати онхоро заиф намоянд ва пас ба фатхи Балх даст зананд. Онхо чунин фур-сатро интизор буданд ва нихоят, он фурсати муносиб фаро расид. Баъдтар муносибати Валимухаммадхон бо бародарзодахояш Имомкулй ва Надирмухаммадхон халалдор гар-дид ва байни онхо барои хокимият мубориза огоз ёфт. Сафавиён аз ин хабардор шуда, Валимухаммадхонро дастгирй карданд. Байни лашкари Валимухаммадхон ва Имом-куливу Надирмухаммадхон задухурди шадид сар зад, ки дар он Валимухаммадхон маглуб гардида, ба катл расонда шуд. Минбаъд писари Валимухаммадхон Рустам султон бо даст-гирии Сафавиён ба Балх ва каламрави он хамлахои горатгарона анчом медод. Дар замо-ни хукмронии шох Сафй (1629-1642) низ задухурди Сафавихо бо лашкари бухороихо хомуш нагашт. Эронихо барои забти каламрави Мовароуннахр кушиши зиёд ба харч до-данд, вале забти ин худуд дар нимаи аввали асри XVII ба онхо муяссар нагардид.

Калидвожадо: Мовароуннахр, Балх, Эрон, лашкаркашй, Сафавихо, шох, Аббос, Валимухаммадхон, Надирмухаммадхон, Имомкулихон, Рустам султон, хоким, набард.

ПОХОД СЕФЕВИДОВ В МАВЕРАННАХР В НАЧАЛЕ XVII В

Статья посвящена вторжению Сефевидов в Мавераннахр в первой половине XVII века. В этот период правитель Ирана шах Аббас с целью расширения территории своей страны, направил войска в Балх, который являлся одним из важнейших центров государства Аш-тарханидов. Завоевание Балха позволила бы ему без особого труда войти на территорию Мавераннахра. В этот период политическая ситуация в Мавераннахре была нестабильной, конфликты в стране обострялись, а местные правители не подчинялись центральному правительству. В 1602 году Сефевиды с сорока тысячным войском двинулись на Балх. Между армией Сефевидов и бухарцами разгорелась ожесточенная битва, в результате которой Сефевиды были разбиты и бежали в Иран. В 1607 году шах Аббас снова вторгся на территорию Балха с армией из 12 тысяч человек, но и на этот раз завоевать Балх им не удалось. Несмотря на поражение, Сефевиды не отказались от мысли завоевать Балх, и, чтобы осуществить свой план, они решили нарушить отношения правителей Балха с правителями Бухары, ослабить их власть, а затем приступить к покорению Балха. Они ждали, когда настанет подходящий момент. Позже отношения Валимухаммадхана с его племянниками Имамкули и Надирмухаммад испортились, и между ними вспыхнула борьба за

власть. Сефевиды узнали об этом и поддержали Валимухаммадхана. Между ними произошла ожесточенная битва, в которой Валимухам-мадхан потерпел поражение и был убит. Позже, при поддержке Сефевидов, сын Валимухаммадхана Рустам султан совершил грабительские нападения на Балх и близлежащие к нему районы. Во время правления шаха Сафи (1629-1642) борьба Сефевидов с бухарской армией не прекращалась. Сефевиды пытались завоевать Мавераннахр, но так до середины XVII века им это не удалось.

Ключевые слова: Маверауннахр, Балх, Иран, военный поход, Сефевиды, шах Аббас, Валимухаммадхан, Надирмухаммадхан, Имамкулихан, Рустам султан, правитель, битва.

THE SAFAVIDS CAMPAIGN IN MAVERANNAHR IN THE EARLY XVII TH CENTURY

This article deals with the Safavid invasion of Maverannahr in the first half of the 17 th century. During this period, Shah Abbas, the ruler of Iran, in order to expand the territory of his country, sent troops to Balkh, which was one of the most important centres of the Ashtarkhanid state. The conquest of Balkh would enable him to enter the territory of Maverannahr without much difficulty. During this period the political situation in Maverannahr was unstable, the conflicts in the country were escalating and the local rulers were not subordinate to the central government. In 1602 the Safavids with forty thousand troops moved to Balkh. A fierce battle broke out between the Safavid army and the Bukharians, as a result of which the Safavids were defeated and fled to Iran. Shah Abbas again invaded Balkh in 1607, with an army of 12 thousand men, but failed to capture Balkh. Despite the defeat, the Safavids did not give up the idea of conquering Balkh. In order to fulfill their plan, they decided to disrupt the relations between the rulers of Balkh and Bukhara, weaken their power, and then proceed to the subjugation of Balkh. They waited for the right moment to come. Later Valimukhammad Khan's relations with his nephews Imamkuli and Nadirmukhammad deteriorated and a power struggle broke out between them. The Safavids learned of this and supported Valimuhammad Khan. A fierce battle broke out between them in which Walimuhammad Khan was defeated and killed. Later, with the support of the Safavids, Valimuhammad Khan's son Rustam Sultan carried out plundering attacks on Balkh and its surrounding areas. During the reign of Shah Safi (1629-1642), the Safavid struggle with the Bukhara army did not cease. The Safavids tried to conquer Maverannahr but failed to do so until the middle of the 17th century.

Key words: Maverannahr, Balkh, Iran, military campaign, Safavids, Shah Abbas, Valimuk-hammadhan, Nadirmukhammadhan, Imamkulikhan, Rustam Sultan, ruler, battle.

Сведения об авторе: Мусоев Аслонбек ^аробоевич-докторант PhD кафедры всеобщей истории и международных отношений Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни. Адрес: проспект Рудаки,121.Телефон: (+992) 918493362.

Information about the author: Musoev Aslonbek Karoboevich-PhD candidate of the Department of General History and International Relations of the Tajik State Pedagogical University named after S. Aini. Address: Rudaki avenue, 121. Telefon: (+992) 918493362.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.