Научная статья на тему 'СРАЖЕНИЕ ДЖАНИДОВ С СЕФЕВИДАМИ ЗА ВЛАДЕНИЕ ХОРАСАНОМ В ПЕРВОЙ ПОЛОВИНЕ XVII В.'

СРАЖЕНИЕ ДЖАНИДОВ С СЕФЕВИДАМИ ЗА ВЛАДЕНИЕ ХОРАСАНОМ В ПЕРВОЙ ПОЛОВИНЕ XVII В. Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
66
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
БУХАРА / БАЛХ / СЕФЕВИДЫ / ХОРАСАН / ШАХ АББАС / ВАЛИМУХАММАДХАН / РУСТАМ-СУЛТАН / ИРАН / ПРАВИТЕЛЬ / ВОЙСКО / НАПАДЕНИЕ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Саидов Абдукаххор

В первой половине XVII в. между государствами Аштарханидов и Сефевидов из-за расширения территорий шла ожесточённая борьба. В то же время среди правителей династии Джанидов шла борьба за власть, в результате которой великий хан Бухары Валимухаммадхан покинул страну и обратился к правителю Ирана шаху Аббасу приютить его и оказать военную помощь. Шах Аббас отправил с Валимухаммадханом в Мавераннахр сефевидское войско. Но Валимухаммадхан попав в плен, был убит. Сын Валимухаммадхана Рустам- султан при поддержке сефевидского войска неоднократно совершал грабительские набеги на территорию Бухарского ханства и нанёс огромный ущерб местному населению. Обе страны, используя удобный случай, совершали нападение на территории друг друга, что отрицательно сказалось на политическом и экономическом положение стран. Между ними неоднократно подписывались мирные соглашения, однако практически они не соблюдались.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE BATTLE OF THE JANIDS WITH THE SAFAVIDS FOR CAPTURING KHORASAN IN THE FIRST HALF OF THE 17TH CENTURY

In the first half of the 17th century there was a fierce fight between the countries of Ashtarkhanids and Safavids because of expansion of territories. At the same time between governors of dynasty of Dzhanids there were also internal confrontations for the power as a result of which the great khan of Bukhara Vali Muhammadkhan left the country and fled to the refuge of Shah Abbas, the governor of Iran. The governor of Iran sent Valimukhammadkhan with Sefevids army to Transoxiana for the return of the lost power. As a result, Valimukhammadkhan was taken prisoner and was killed. The son of Valimukhammadkhan, Rustam Sultan with assistance of Sefevids troops repeatedly made extortionate attacks on the territory of the Bukhara khanate and caused huge damage to local population. Both countries used each opportunity to commit an assault on territories each other that negatively influenced political and economic situation of the countries. Peace agreements were repeatedly signed between the two countries, however practically were not observed.

Текст научной работы на тему «СРАЖЕНИЕ ДЖАНИДОВ С СЕФЕВИДАМИ ЗА ВЛАДЕНИЕ ХОРАСАНОМ В ПЕРВОЙ ПОЛОВИНЕ XVII В.»

НАБАРД^ОИ ЧОНИ^О БО САФАВИЁН БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ХУРОСОН ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVII

Абдукадхор САИДОВ

Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Ч,Т

Валимухаммадхон (1605-1611) пас аз ба тахти Бухоро нишастан, идораи Самарканд ва Балхро ба бародарзодагони худ Имомкулй султон ва Надирмухаммад вогузор намуд.Валимухаммадхон ба корхои давлатй кам машгул буд ва аксари вакти худро бо майхорагй ва фосикй мегузаронд [8, 132; 9, В.35а; 11, В. 80а]. Бо истифода аз ин хокимони махаллй нисбат ба мардуми бумй бедодгарихо намуда, бар души онхо андозхои гуногунро бор менамуданд.

Сафавиён аз замонхои пештар максади тасхири Балхро доштанд ва барои ба даст овардани он талошхои зиёд менамуданд. Дар ибтидои соли 1606 Сафавиён бо сардории Чдхонгирхон ва Салим султон лашкари 12 хазор нафараро ба Балх фиристоданд.Аз ин ходиса Валимухаммадхон огох шуда, лашкари худро бо сардории Х,очибий ба Балх фиристод.Дар мавзеи Алмор хар ду лашкар бо хам ру ба ру гаштанд, ки дар натича лашкари Сафавихо ба шикаст дучор гардида, Чдхонгирхону Салим султон ба Еарчистон фирор намуданд [3, В. 174а; 2, 744]. Дар миёнаи соли 1606 лашкари Сафавй бори дигар кушиши тасхири Балхро намуда, дар худуди Чичекту ва Гурзувон карор гирифтанд. Вале ин лашкаркашй низ бе натича анчом ёфт [3, В. 175б].

Валимухаммадхон хабари шикасти лашкари Сафавиро шунида, соли 1607 аз дарёи Ому убур намуда, мутаваччехи Хуросон шуд. Вале дар натичаи мукобилияти сахти хокими Марв Бактошхон, ки чонибдорй аз Сафавиён менамуд, лашкари Валимухаммадхон ру ба гурез овард [3, В. 175б].

Сафавихо аз тасхири Балх даст намекашиданд ва барои амалй гаштани максади худ борхо кушиш ба харч додаанд, вале ин максади онхо амалй намегашт. Пас онхо хостанд, ки дар байни хони Бухоро ва хокими Балх низоъ андохта онхоро бо хам мукобил гузоранд, то ки бар зидди якдигар мубориза баранд ва кудрати харбии онхо заиф гардад. Дар чунин холат онхо метавонистанд бо осонй сохиби Балх гарданд. Барои амалй гаштани ин максад Сафавихо фурсати муносибро интизор буданд.

Соли 1610 байни Валимухаммадхон ва бародарзодахои у-хокими Самарканд Имомкулй султон ва хокими Балх, Андхуй ва Шибиргон Надирмухаммад барои хокимият зиддияти шадид ба амал омад. Ин ду нафар мехостанд, ки мустакил бошанд ва ба хокимияти марказй итоат

накунанд. Ракобати онхо хело авч мегиpифт ва Сафавихо аз ин вазъият огох гаpдида, Валимyхаммадхонpо дастгиpй намyданд [7, 427].

Солхои 1610-1611 байни Бyхоpо ва Балх чангхои шадид OFOЗ ëфт, ки он такдиpи тахти Бyхоpоpо хал менамyд. Даp вазъияти ба амал омада гypyхи зиëди амиpон бо хамpохии Имомкулй султон ва Надиpмyхаммад ба суи Бyхоpо хаpакат намуданд.

Валимухаммадхон аз Бyхоpо ба мукобили онхо баpхост ва ба махалли Катлиш pасид. Даp он чо y даp боpаи хиëнати як зyмpа бекхои Самаpканд хабаp ëфт. Даp айни замон гypyхи зиëди чонибдоpон ва саpбозонаш ypо таpк намуда, ба неpyхои Имомкулй султон ва Надиpмyхаммад пайвастанд.Валимухаммадхон аз ин амали таpафдоpонаш сахт ошуфта гаpдида, ба Бyхоpо баpгашт. Даp Бyхоpо амиpонy султонхо баp зидди y баpхестанд ва дастаи сипохжне, ки ypо таpк каpда буданд, ба гypУхи Имомкулй султон ва Надиpмyхаммад хамpох шуданд.Тамоми кушишхои Валимухаммадхон баpои химояи Бyхоpо бесамаp монданд. У мачбyp шуд бо хамpохии чахоpсад-панчсад нафаp наздикони худ ба Эpон фиpоp намояд [8, 134-136; 9, В. 36а-36б].

Шох Аббос, ки баpои ба коpхои дохилии Моваpоyннахp дахолат намудан фypсати муносиб мечуст, аз омадани Валимухаммадхон шод шуда, ypо боэхтиpоми зиëд кабул каpд.

Бо фаpмони вай даp тули pох аз маpзи Хypосон то Исфахон, амиpон ва хокимони эpонй ypо истикбол каpданд. Даp Маpв ypо хокими ин минтака Мехpобхон хуш пазиpой намуд. Дамpохи Валимухаммадхон даp ин сафаp писаpаш Рустам султон низ буд. Валимухаммадхон Рустам сyлтонpо аз Маpв ба чониби Диpот фиpистод ва амp намуд, ки даp Fаpчистон баpои баp зидди Имомкулй султон ва Надиpмyхаммад мyбоpиза бypдан лашкаp чамъ намояд. Пас аз он Валимухаммадхон ба суи Исфахон pавон шуд. Дангоми ба Исфахон омадани Валимухаммадхон шох ба ифтихоpи y чашни бошукух оpост [2, 835-837; 12, 231; 4, 27].

Пас аз мехмоннавозихои дустона ва дилчуихои мушфикона шох Аббос ypо бо лашкаp ва лавозимоти заpypй мучаххаз намуда, Зайналхонбеки Шомлypо, ки аз мyътабаpони тоифаи шомлу буд, вазифадоp намуд, ки то аз каламpави Эpон беpyн pафтани Валимухаммадхон ypо хамpохй намояд [2, 839-840].

Даp боpаи ëpии шох Аббос ба Валимухаммадхон мдани муаллифони осоpи таъpихй андешахои мухталиф вучуд доpанд. Тибки ахбоpи таъpихнигоpони эpонй Валимухаммадхон баpои аз хаpифи худ бозпас гиpифтани салтанати аз даст pафта интизоp буд, ки шох Аббос ба y лашкаpи сеpшyмоp медихад. Вале шох Аббос ба бахонаи юpиши тypкони Усмонй ба Озаpбойчон ба y кумаки мyассиpе накаpд ва аз вай бихост то соли оянда, яъне то замоне ки сулхи пойдоp бо давлати Усмонй баpкаpоp шавад, даp Эpон бимонад.Таъpихнависони моваpоyннахpй ба ин

назаранд, ки шумори нерухои кумакии шох Аббос ба Валимухаммадхонро ба хаштод хазор тан буд [8, 1354; 9, В. 36а; 10, 246] ва таърихнигорони хиндй бо зикри шумори неруи андак ёд кардаанд [4, 28].

Вакте ки Валимухаммадхон Бухороро тарк намуда ба Эрон фирор кард, сипохиёни у ба чониби Имомкулй султон гузаштанд.

Окибат соли 1611 дар мавзеи Боги Шимол байни лашкари Валимухаммадхон ва Имомкулй султон задухурди шадид ба амал омад, ки дар он Валимухаммадхон шикаст хурда, ба катл расид ва Имомкулй султон тахти Бухороро сохиб гашта, бародараш Надирмухаммадро хокими Балх таъйин намуд.

Соли 1613 писари Валимухамммадхон Рустам султон, ки дар Дирот буд, бе рухсати хокими Хуросон Дусайнхон ва бо игвои баъзе амирон ба Еарчистон рафта, барои ба даст овардани мероси падарй дар марзхои Еарчистон ба гирдоварии лашкар машгул шуд [2, 857; 14, 17; 1, 308].

Дар ин хангом миёни Имомкулихон ва салотини казок ихтилоф афтод, зеро онхо Тошкандро забт намуда, касди тасхири Самаркандро доштанд. Имомкулхон барои дафъи онхо озими Самарканд шуд ва аз бародараш Надирмухаммад хохиш намуд, ки аз Балх барои берун рондани казокхо ба ёрии у биёяд. Рустам султон аз набудани Надирмухаммад ва лашкари у дар Балх огох шуда, бо лашкари сехазорнафара ба он су харакат намуд. Докими Балх, ки кудрати дифоъ аз лашкари Рустам султонро надошт, шахрро ба ихтиёри у гузошта, бо хонаводаи Надирмухаммадхон ба арк панох бурд. Дар ин вакт модари Надирмухаммадхон барои хифзи мулки писараш Рустам султонро фиреб дод. Ин зан барои баркарории сулх ба Рустам султон пешниход намуд, ки духтари Надирмухаммадхонро ба акди издивочи худ дарорад. Издивоч бо ин духтар Рустам султонро ба точу тахти Самарканд мутмаин месохт. Аммо модари Надирмухаммадхон максад дошт, ки бо ин рох вактро гузаронад, то ки писараш ба Балх омада, хонавода ва пойтахтро рахо намояд. Найрангхои ин зан саранчом ба натича расид. Даноме ки Рустам султон дар хоб буд ва хаёли ба даст овардани арус ва тахту точи подшохиро мекард, Надирмухаммадхон расида, ба у хамла намуд. Дамлаи Надирмухаммадхон чунон ногахонй буд, ки Рустам султон барои дифоъ фурсат наёфт ва бо хамрохии бисту се нафар аз наздикони худ савори асп ба суи Моручок фирор намуд. У бо душвории зиёд ба Еарчистон расид ва пас аз он ба Дирот баргашт [2, 865; 1, 308; 4, 31].

Соли 1615 яке аз фармондехони сипохи Мовароуннахр, ки ^аронагма ном дошт, дар худуди Балх гурухе аз тоифаи олмончиро чамъ намуда, ба суи Хуросон харакат карда, Ч,ом, Хавоф ва Бохарзро горат намуда, ганоими фаровон ба даст овард. Дар ин амалиёт касе ба у мукобилият нишон надод. Худи хамон сол у боз ба горати Хуросон даст зад. Пас бо

дастгиpии волии Диpот Дусайнхон ва хокими Моpyчок Хyсpав султон ин дастаи Fоpатгаp аз Хypосон pонда шуд [2, 893-894; 1, 309].

Дамин сол Ялангтуш бо 20 хазоp нафаp аз лашкаpи бyхоpихо аз даpëи Ому yбyp намуда, ба Маpв омад. Ч,онибдоpони хокими Маpв Мехpобхон ба мукобили y баpхестанд, вале шикаст хypда, ба суи калъа фиpоp намyданд.Мехpобхон тасмим гиpифт, ки ба мудофиаи калъа баpхезад.Ялангтyш чанд pyз даp гиpдy атpофи шахp монд ва лашкаpиëнpо фаpмyд, ки ба Fоpати шахp машFyл шаванд. Баъд онхо аз Маpв то Пасокухи Машхад омаданд ва ба тохту тозу Fоpат паpдохтанд. Даp ин вакт хабаpи бозгашти пиpyзмандонаи шох Аббос аз Гypчистон ба лашкаpи Ялангтуш pасид ва онхо ба Моваpоyннахp баpгаштанд [1, 309].

Даp охиpи тиpамох ва аввалхои зимистони соли 1617 Имомкулихон такpибан лашкаpи сй хазоpнафаpаи Бyхоpоpо бо саpдоpии Надиp ТyFOй девонбегй баpои тасхиpи Хypосон фиpистод. Онхо аз даpëи Ому yбyp намуда, ба худуди Маpв омаданд ва аз он чо ба Абеваpд pасида, аз Даpаи Газ то худуди Нишопyp тохту тоз намуда, ба суи Машхад pахсипоp шуданд. Даp ин вакт хабаp pасид, ки лашкаpи 1500 нафаpаи Дисоpи Шодмон бо саpдоpии Тулак Баходyp ва Рустам Миpзо ба кумаки Надиp ТyFOЙ девонбегй меоянд. Докими Маpв Мехpобхон аз ин бохабаp гашта, бо хазоp нафаp лашкаp ва тyфангчиëни сафавй аз калъа беpyн омада, ба Xисоpихо хамла намуд. Байни онхо мyхоpибаи шадид саp зад, ки даp натича аз лашкаpи хисоpихо 500 нафаp кушта шуда, 250 нафаp ба асиpй афтоданд, ки даp байни онхо Тулак Баходyp ва Рустам Миpзо низ буданд. Мехpобхон дах нафаp амиpонpо, аз чумлаи асиpон ба назди шох Аббос фиpистод. Надиp ТyFOЙ девонбегй пас аз шунидани хабаpи шикасти лашкаpи хисоpихо аз лашкаpкашй ба суи Машхад даст кашид [2, 927-928; 1, 309-310].

Тибки ахбоpи сайëхи итолиявй Петpо делла Валле (1586-1652), ки аз мохи янваpи соли 1617 то мохи июли соли 1623 даp Эpон буд ва бо шох Аббос боpхо мулокот каpда аст даp боpаи асиpони моваpоyннахpй менависад, ки хокими Хypосон сесад саpи бypидаи асиpонpо хамpох бо хашт ë дах савоpи асиp ба назди шох фиpистод. Шох асиpонpо озод каpд ва эълом намуд, ки агаp фаpмони катли онхоpо содиp кунад, он шyмоpаи лашкаpи ба каламpави Эpон хучум мекаpдаи онхоpо коста намегаpдонад. Агаp дастypи озодии онхоpо дихад ва онхо ба дигаpон хамpох гаpданд, боз хам вазъ дигаpгyн намешавад. Шох ба асиpони моваpоyннахpй мухаббати зиëд нишон дода, изхоp дошт, ки y майл доpад бо онхо дустй баpкаpоp намояд.Чднгхои гузашта нишон медиханд, ки хусумат бо эpониëн фоидае намеоpад ва даp баъзе холатхо Fаноиме ба даст оpанд хам, вале хаp маpотиба ба шикаст дyчоp мешаванд. Шох асиpонpо касам дод, ки даp бозгашт ба саpзамини худ он чиpо даp Эpон бо чашми худ дидаанд, ба хон гyзоpиш кунанд ва муносибати эpониëнpо нисбат ба онхо ба

иттилои y pасонанд. Aсиpон кавл доданд, ки чунин кyнанд ва пои шоxpо бyсиданд. Шоx то нисфи шаб асиpонpо меxмондоpй каpд ва баъд pаxо намyд [13, 317; l, 3lG-3ll].

Рyстам султон, ки даp xyдyди Хypосон ва Балх 6уд, аз фypсатxои муноси6 истифода бypда, бо дастгиpии лашкаpи Сафавдан доимо ба Балх ва xyдyдxои он xyчyмxои Fоpатгаpона анчом медод. Aз чумла, y соли 1029/1619-1620 бо лашкаpи 2000-3000 нафаpа ба Aндхyй ва ШибиpFон xамла оваpд.Надиpмyxаммадхон ба мукобили онxо лашкаpи хyдpо сафаpбаp намуд, ки даp натича лашкаpи Сафавиëн шикаст хypда, ба Хдоот акибнишинй намуд [3, 190б-191б].

Ба Надиpмyxаммад лозим меомад, ки даp ду чабxа амал намояд. Яке дифоъ аз xyчyми Сафавщо, дигаpе дастгиpии хони Моваpоyннаxp Имомкулихон.Кучжни казок ва калмик низ аз фypсатxои муносиб истифода намуда, ба каламpави Моваpоyннаxp xyчyмxои Fоpатгаpона менамyданд.Надиpмyxаммад баpои дафъи xyчyми душманон аз xyдyди Моваpоyннаxp лашкаpи хyдpо ба ëpии баpодаpаш Имомкулихон мефиpистод.Рафъи чунин xyчyмxо саpфи молиявии зиëдеpо талаб менамуд, ки ин ба иктисоддати мамлакат заpаp меоваpд. Мyбоpиза даp ду чабxа ба Надиpмyxаммад боpи гаpон буд ва y ба чунин каpоp омад, ки баpои xалли ин масоил аз pоxxои дипломатй истифода баpад. Aз ин хотиp соли 1621 y сафиpи худ Поянда миpзоpо ба Исфаxон ба назди шоx Aббос фиpистод. Сафиp бо шоx даp боpаи баpкаpоp намудани сyлxи байни давлатxо гуфтушунид каpд. Шоx Aббос низ даp навбати худ сафиpи Эpон Мyxаммад Солеxбекpо ба Балх фиpистод [2, 962-963].

Имомкулихон ва Надиpмyxаммад пас аз таxлили вокеаxои даp мамлакат саp зада, ба чунин хулоса омаданд, ки сабабгоpи асосии мyносибатxои душманонаи онxо бо Сафавдан Рустам султон аст, ки даp наздикии xyдyди Балх каpоp гиpифта, ба Балх ва навоxии гиpдy атpофии он xyчyмxои Fоpатгаpонаpо анчом медиxад. Баpои инpо ба шоx Aббос pасонидан соли 1622 Надиpмyxаммад сафиpи худ Ибpоxимхочаpо ба Эpон ба назди шоx Aббос фиpистод. Ибpоxимхоча бо шоx Aббос мyзокиpа каpда, суханони Имомкулихон ва Надиpмyxаммадpо даp боpаи киpдоpxои Рустам султон ба y pасонд ва кайд намуд, ки Рустам султон даp ин амалиëти душманонаи худ ашхоси мочаpочУи дигаppо, ки баpои манфиати худ ба xаp амали зишт даст мезананд, чалб менамояд. Сафиp кайд намуд, ки максади xокимони Бyхоpо ва Балх таxкими pобитаxои дyстона бо Эpон аст. Arap шоx Aббос низ чонибдоpи сyлx ва оpомй даp минтака бошад, Рустам сyлтонpо аз xyдyди Балх дyp намуда, ба Иpок фиpистад. Даp ин XOлат тамоми мамониат баpои истикpоpи сyлx ва мyносибатxои дyстонаи байни кишваpxо аз байн баpдошта мешаванд [2, 983].

Вале вокеаxои минбаъда аз он далолат мекаpданд, ки шоx Aббос Рустам сyлтонpо аз xyдyди Балх дyp накаpд, балки даp баъзе xолатxо ба

наздикони худ амр дод, ки дар хучумхои Рустам султон ба навохии Балх уро дастгирй намоянд.

Баъдан Надирмухаммад сафирони худро ба назди шох Аббос фиристода, аз у талаб намуд, ки гунахкори хамаи ин бадбахтихо- Рустам султонро ба дасти онхо супорад. Шох Аббос бо бахонахои мухталиф аз ичрои ин талабот даст мекашид.Дар навбати худ Надирмухаммад ба раъйи худ истода, намояндагони худро барои халли ин мушкилот ба дарбори шох Аббос паи хам мефиристод.Охируламр байни Надирмухаммад ва шох Аббос созишнома имзо гардид, ки тибки он шох Аббос Рустам султонро аз наздикии худуди Балх дур менамуд ва Надирмухаммад бар ивази ин кор вилояти Боло Мургобро зери тасарруфи Эрон вогузор мекард [3, 199б]. Вилояти Боло Мургоб шомили каламрави Эрон гардид, вале Рустам султон ба хучумхои худ идома медод.

Замони дар Эрон ба сари тахт омаданаи шох Сафй (1629-1642) низ Рустам султон аз хучумхои горатгаронаи худ ба худуди Балх даст накашид. У соли 1631 ба Моручок, Маймана ва Ч,узчон лашкар кашида, он чойхоро горат намуд [3, 206б-209б].

Солхои 1632-1637 Абдулазиз султон бо лашкари Бухоро борхо ба Дирот ва навохии Машхад хучум намуда, соли 1637 Диротро мухосира кард. Надирмухаммадхон хучумхои лашкари худро ба Хуросон бо он асоснок менамуд ки Рустам султон бо дастгирии Сафавихо хучумхои горатгаронаи худро идома медод.

Соли 1632 хокими Бухоро Имомкулихон бо неруи 15 хазор нафара ба Марв лашкар кашид. Ин замон хокими Балх Надирмухаммад бо лашкари 20 хазор нафара ба суи Моручок харакат намуд. Шох Сафй аз ин огох гардида, барои дастгирии хуросонихо дар мубориза бар зидди лашкари аштархонихо Рустам султонро бо лашкари зиёд ба Машхад фиристод [7, 123-124]. Имомкулихон ва Надирмухаммад хабари омадани лашкари сершумори Сафавихоро шунида, Марв ва Моручокро тарк намуда, ба ватан баргаштанд.

Докими Балх Надирмухаммад пас аз лашкаркашии номуваффак ба Моручок тасмим гирифт, ки бо Сафавихо муносибати дустона баркарор намояд ва бо ин максад намояндагони худро ба Исфахон фиристода, созишномаи сулхро имзо намуд.Вале баъдтар писари у Абдулазиз султон соли 1634 бо лашкари чахор хазор нафараи Бухоро ба Ч,ом ва Хавоф хучум намуд. Дангоми наздик шудани лашкари Сафавй онхо акибнишинй намуданд [7, 174].

Пас аз ин вокеа Абдулазиз султон бо лашкари бист хазорнафараи саворагон ба мавзеи Фарохи Хуросон хучум намуда, дар муддати бист руз калъаи онро мухосира кард, вале онро фатх карда натавонист ва ба Балх баргашт.Мохи чумодиулаввали соли 1044/ октябр-ноябри соли 1634 Абдулазиз султон бо лашкари се хазор нафара ба Машхад,

Сабзавоp ва Ч,ом xyчyм намуда, он чойxоpо Fоpат каpд, вале даp натичаи мyxоpибаи шадид лашкаpи зтеди Aбдyлазиз султон кушта шуд ва y бо мушкилии зтеде чони хyдpо аз маpг халос намуд [5, 1G8].

Aбдyлазиз султон баpои чyбpони маFлyбияти худ аз чониби Сафавиxо моxи сафаpи соли 1046 / июл-августи соли 1636 бо лашкаpи се xазоp нафаpа боз ба Хypосон xyчyм намуд, вале ин дафъа xам FOлибият ба y мyяссаp нагашт [6, 249; 5, 145].

Имомкулихон даp охиpи xаëташ ба даpди чашм мубтало шуда, нобино гаpдид ва ба нафъи баpодаpи худ, xокими Балх Надиpмyxаммадхон аз тахт даст кашид [8, 154; 9, В. 44б; 11, В.а,б]. Пас ба зиëpати Каъба pафт ва даp синни 62-солагй аз олам чашм пушид. Насади Уpо даp шаxpи Mадина даp гypистони Бакийъ ба хок сyпоpиданд [8, 155; 9, В. 45а].

Хулоса, даp нимаи аввали асpи XVII байни давлати Aштаpхониxо ва Сафавдан баpои тавсеъаи xyдyд даp Хypосон мyбоpизаxои шадид pyх дода будаанд. Даpчанд баpои аз байн бypдани зиддиятxо кyшишxо ба хаpч дода шуда бошанд xам, вале ощо натичаxои дилхоx надоданд. Зеpо максади асосии xокимони xаp ду давлат илова баp васеъ намудани xyдyд, инчунин истеxкоми мавкеи стpатегии худ даp ин минтакаxо буд.

АДАБИЁТ

1. Aббоскyлй Fаффоpифаpд. Равобити Сафавия ва хзбакон (913-1G31). Tеxpон, 1374 x^.

2. Искандаpбеки Typкмон. Tаъpихи оламоpои Aббосй. Нимаи дуюми чилди дуюм ва чилди сеюм. Бо эxтимом ва танзими Эpачи Aфшоp. Tеxpон, 1387 X.ш.

3. Mаxмyд ибни Валй. Баxpy-л-асpоp фи манокибy-л-ахëp Фотонусхаи дастхати китобхонаи Индиа Офис, № 575.

4. Mиpзо Шамси Бyхоpой. Tаъpихи Бyхоpо, Хуканд ва КошFаp. Ба эxтимоми Myxаммад Aкбаpи Ошик. Tеxpон, 1998.

5. Mиpмyxаммад Х,усайн ал-Х,усайнй Tафpишй. Tаъpихи шоx Сафй. Ба эxтимоми доктоp Myxасини Баxpомнажод. Tеxpон, 1388 x.ш.

6. Myxаммад Mаъсyм ибни Хочагии Исфаxонй. Хyласатy-с-сияp (Tаъpихи pyзгоpи шоx Сафй). Зеpи таxpиpи Эpачи Aфшоp. Tеxpон, 1368 x^.

7. Myxаммад Юсуф Волаи ^азвинии Исфаxонй. Хулди баpин. Ба эxтимоми Mаxмyди Aфшоp. Tеxpон, 1383 x^.

8. Myxаммад Юсуфи муншй. Tазкиpаи Myк;имхонй. Пешгyфтоp ва тавзеxоти Фаpиштаи Саppофон. Tеxpон: Mеpоси мактуб, 1370 x.m. (1979).

9. Myxаммад Юсуфи муншй. Tаъpихи Myкимхонй. Дастхати китобхонаи ба номи A.A. Семëнови Институти таъpих, бостоншиносй ва маpдyмшиносии ба номи A. Дониши ЛИ ЧГ, №? 33.

1G. Myxаммадсалим ибни Myxаммадpаxим. Каш^ли Салимй. Ба эxтимоми Myлло Aбдyлкаpим ибни Myлло Aбдyppазок. Чопи сангй. Tошканд, 1331

х.к.

11. Мухаммадшариф ибни Мухаммаднакй. Точу-т-таворих. Дастхати Маркази мероси хаттии АИ Ч,Т № 2282.

12. Насруллохи Фалсафй. Зиндагии шох Аббоси аввал. Ч,. 4. Техрон: Донишгох, 1353 х.к.

13. Петро делла Валле. Сафарномаи Петро делла Валле. Тарчумаи Махмуди Бехфирузй. Техрон, 1380 х.к.

14. Шох Аббос. Ба эхтимоми дуктур Абдулхусайни Навой. Ч,.1. Техрон: Бунёди фарханги Эрон, 1352 х.к.

ЗАДУХУРД^ОИ ^АРБИИ ЧОНЩО БО САФАВИЁН ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVII

Дар нимаи аввали асри XVII байни Аштархониён ва Сафавиён барои васеъ намудани худуди давлатхояшон муборизахои шадид мерафт. Ин замон байни хокимони сулолаи Ч,онихо низ муборизахои дохилй авч гирифта, дар натича хони Бухоро Валимухаммадхон кишварро тарк карда, ба Эрон ба назди шох Аббос фирор намуд. Шохи Эрон Аббос уро барои сохиб шудан ба хукумати аз даст рафта, бо лашкари худ ба Мовароуннахр фиристод. Дар натича Валимухаммад асир афтода, ба катл расид. Писари у Рустам султон бо дастгирии Сафавихо ба худуди давлати Аштархонихо хучумхои горатгарона намуда, ба ахолй зарари зиёд мерасонд. Дар ду давлат аз фурсатхои муносиб истифода бурда, ба худуди якдигар лашкаркашй мекарданд, ки дар натича ба вазъи иктисодии кишвархо таъсири манфй мерасонд. Байни ду давлат борхо шартномаи дустй имзо шуда буд, вале амалан онхо риоя намешуданд.

Калидвожах,о: Бухоро, Балх, Сафавщо, Хуросон, шох, Аббос, Валимухаммадхон, Рустам султон, Эрон, хоким, лашкар, хуцум.

СРАЖЕНИЕ ДЖАНИДОВ С СЕФЕВИДАМИ ЗА ВЛАДЕНИЕ ХОРАСАНОМ В

ПЕРВОЙ ПОЛОВИНЕ XVII В.

В первой половине XVII в. между государствами Аштарханидов и Сефевидов из-за расширения территорий шла ожесточённая борьба. В то же время среди правителей династии Джанидов шла борьба за власть, в результате которой великий хан Бухары Валимухаммадхан покинул страну и обратился к правителю Ирана шаху Аббасу приютить его и оказать военную помощь. Шах Аббас отправил с Валимухаммадханом в Мавераннахр сефевидское войско. Но Валимухаммадхан попав в плен, был убит. Сын Валимухаммадхана Рустам-султан при поддержке сефевидского войска неоднократно совершал грабительские набеги на территорию Бухарского ханства и нанёс огромный ущерб местному населению. Обе страны, используя удобный случай, совершали нападение на территории друг друга, что отрицательно сказалось на политическом и экономическом положение стран. Между ними неоднократно подписывались мирные соглашения, однако практически они не соблюдались.

Ключевые слова: Бухара, Балх, Сефевиды, Хорасан, шах Аббас, Валимухаммадхан, Рустам-султан, Иран, правитель, войско, нападение.

THE BATTLE OF THE JANIDS WITH THE SAFAVIDS FOR CAPTURING KHORASAN IN THE FIRST HALF OF THE 17th CENTURY

In the first half of the 17th century there was a fierce fight between the countries of Ashtarkhanids and Safavids because of expansion of territories. At the same time between governors of dynasty of Dzhanids there were also internal confrontations for the power as a result of which the great khan of Bukhara Vali Muhammadkhan left the country and fled to the refuge of Shah Abbas, the governor of Iran. The governor of Iran sent Valimukhammadkhan with Sefevids army to Transoxiana for the return of the lost power. As a result, Valimukhammadkhan was taken prisoner and was killed. The son of Valimukhammadkhan, Rustam Sultan with assistance of Sefevids troops repeatedly made extortionate attacks on the territory of the Bukhara khanate and caused huge damage to local population. Both countries used each opportunity to commit an assault on territories each other that negatively influenced political and economic situation of the countries. Peace agreements were repeatedly signed between the two countries, however practically were not observed.

Key words: Bukhara, Balkh, Safavids, Khorasan, Shah Abbas, Valimuhammadkhan, Rustam sultan, Iran, ruler, army, attack.

Маълумот дар бораи муаллиф: Абдукаххор Саидов-доктори илмхои таърих,сарходими илмии Шуъбаи таърихи кадим, асрхои миёна ва нави халки точики Институти таърих,бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе, хиёбони. Рудакй, 33. Тел: (+992) 919134184. E-mail: saidov.45@mail.ru

Сведения об авторе: Саидов Абдукаххор-доктор исторических наук, главный научный сотрудник Отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии имени А. Дониша Академии наук Республики Таджикистан. 734025, г. Душанбе, пр. Рудаки, 33. Тел: (+992) 919134184. E-mail: saidov.45@mail.ru

Information about the author: Saidov Abdukahhor-Doctor of Historical Sciences, Senior researcher in the Department of Ancient, Medieval and New History of the Institute of History, Archaeology and Ethnography of the Academy of Sciences named after A. Donish, Republic of Tajikistan. 734025, Dushanbe, 33 Rudaki Ave. Tel: (+992) 919134184.E-mail: saidov.45@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.