About the authors:
Khamza Kamol, Doctor of history sciences, Prof. of Department of the History of Tajik People, Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni, e-mail: [email protected]
Ali Mahmudi Olami, candidate of historical sciences, Senior teacher of Tehran University.
НА^ШИ ХОЧ,А НИЗОМУЛМУЛК ДАР ТА^КИМИ ДАВЛАТДОРИИ САЛЧУКИЁН ВА АХДМИЯТИ АСАРИ У «СИЁСАТНОМА»
Саидов А.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айнй
Абуалй Дасан ибни Алии Тусй машхур ба Хоча Низомулмулк шахси маъруфест, ки дар хаёти сиёсй, адабй ва мадании асримиёнагии халкхои Осиёи Марказй накши босазое гузоштааст. У дар яке аз дехахои Навгони вилояти Родкони Тус таваллуд ёфтааст. Ачдодаш аслан аз мавзеи Байхаки Сабзавор будаанд. Бобояш Исхок дехкони бонуфузи Байбак буда, падараш Абулхасан Алй ба хидмати Абулфазли Сурй ибни Муътаз, хокими газнавии Хуросон, дохил шуда вазифаи умури моливу маъмурии Тусро ба ухда доштааст. Сипас, муддате хокими Тус шудааст, аммо бо вуруди Салчукиён ногузир ба Еазна гурехтааст. Худи Хоча Низомулмулк дар ибтидо дар Еазна вориди умури девонй шуд. Конпурй уро яке аз кормандони дастгохи девони Абдуррашиди Еазнавй медонад [2, 65]. Пас аз нахустин тачрибааш дар умури идории дарбори Еазна вориди каламрави Салчукиён шуд ва дар Балх дабири Абуалй ибни Шодон, вазири Чагрибек таъйин гардид.
Чагрибек аз заковату идроки вай огох гардида ба фарзандаш тавсия мекунад, ки Абуалй Дасанро ба вазорат наздик кунад ва бо мурури вакт у муддатхо дабир, мушовир ва надими Алпарслон, писари Чагрибек гардид. Пас аз марги Туграл ва салтанати Алпарслон ба вазорати у мансуб шуд. Дар замони Маликшох низ дар ин маком бокй монд.
Накши Хоча Низомулмулк дар тасбити девонсолоррии Салчукиён хело бузург аст. Удар муддати кариб сй соли вазирй дар дарбори Алпарслон ва Маликшох, дар идоракунии кишвар, саркубии мухолифони сулолаи салчукй ва фатхи кишвархои хамсоя кушишу тадбири зиёде нишон дод, ки давлати Салчукиёни ин давр ба муктадиртарин давлатхои чахони онруза табдил ёфта худуди пахновареро аз сохили бахри Миёназамин то Кршгар дар бар мегирифт. Шухрати кишваркушоии Алпарслону Маликшох, ки шухраи чахон шуда буд, бешакку шубха ба баракати хирадмандй ва кордонии Низомулмулк сахт алокамандй дошт[10, 13]. Дар ин бора шоири маъруфи дарбори Салчукиён амирушшуаро Абуабдуллох Мухаммад ибни Абдумалик Муиззии Нишопурй чунин гуфтааст:
Ту он хучаста вазирй, ки дар кифояти ту,
Кашид давлати Салчук сар ба Иллийин.
Ту он сутуда муширй, ки дар футуху зафар,
Шудаст килки ту бо теги шахриёр карин[5, 602].
Бояд кайд намуд, ки дар ин давра корхои асосии идора кардани давлат кариб пурра ба зиммаи у афтода буд. Бо вучуди ин хасудону чохталабони дарбор уро осуда намегузоштанд ва дар назди Алпарслон дар бораи у бадгуихо менамуданд. Аз ин ру Алпарслон гох-гох бо бахонае норозигии худро изхор менамуд ва Низомулмулк низ аз ин вазъият огох буда доимо дар биму харос мегашт. Ин бими у боз хам бо он алокаманд буд, ки Алпарслон ханафимазхаб буд ва хеле афсус мехурд, ки вазири у Низомулмулк шофеимазхаб аст. Дар ин бора у дар «Сиёсатнома» чунин менависад: «Ва султони шахид... (Алпарслон - С.А.) дар мазхаби хеш сулб буд, ки борхо ба забони у рафта буд: -Эй дарего, агар вазири ман шофеимазхаб набудй. Ва сахт бо сиёсат ва хайбат буд ва ман бад-он сабаб, ки мазхаби хеш чунин ба чид ва муътакид буд ва мазхаби шофей ба
айб медошт, хамвоpа аз у андешанок ва таpсон будаме» [9, 80-81]. Даp чои дигаp низомулмулк вохypи хyдpо бо pасyли Шамсyлмyлк, ки хокими Cамаpканд 6уд, чунин тасвиp менамояд: «Уpо (Aлпаpслон - A.C.) аз мазхаби ман нанг меояд ва ба x#p вакт маpо саpзаниш мекунад. Aгаp хеч гуна бишунавад, ки баp банда pаками pофизй кашиданд ва пеши хокони Cамаpканд чунин гуфтанд, маpо ба чон зинхоp надихад» [9, 82].
Пас аз маpги Aлпаpслон (1072) хокимият ба дасти писаpи у Маликшох мегyзаpад ва Низомулмулк даp pавнаки сиёсату давлатдоpии у хизмати аpзандае намудааст. Бо вучуди ин зиндагии у даp даpбоpи Маликшох хама вакт осудаву бехатаp набуд. Aз сабаби он ки кисмати зиёди коpхои маъмypивy идоpаи кишваp даp он айём ба дасти фаpзандон ва наздикони Низомулмулк идоpа мешуд, иддае аз маъмypони олиpyтбаи даpбоp нисбат ба у душманй доштанд ва кушиш менамуданд, ки ypо аз идоpаи давлат баpканоp созанд. Илова баp он доъии исмоилиёни Эpон Дасани Саббох, ки каблан Низомулмулк ypо аз даpбоp баpканоp намуда буд, баъд аз ба Эpон баpгаштан, хусумати хyдpо нисбат ба Низомулмулк давом медод.
Даp ин давpа даp даpбоpи Салчукиён масъалаи ваpосати шохй ва баp тахт шонондани яке аз авлодони Маликшох пайдо мешавад. Даp ин масъала Низомулмулк писаpи калонии Маликшох - Баpкаёpикpо дастгиpй менамояд, ки зани Маликшох -Тypконхотyн, ки нуфузи у даp идоpа каpдани давлати _салчукй хеле чашмpас буда даp ин чода бедодгаpихои зиёде каpда буд, ба ин зид буд. У кушиш менамуд, ки даp байни Маликшох ва Низомулмулк низоъ андохта ypо аз вазиpй баpканоp созад. Ба ин коpи зишт ба у Точулмулк AбyлFаноими Кумй (соли 1093 ба катл pасонда шудааст) ëpï меpасонад. Даp натича аз дасти Тypконхотyн ва кинаи деpинаи Дасани Саббох 15 октябpи соли 1092 даp вакти сафаpи Багдод даp наздикии Киpмоншохон бо теги котил - Aбyтохиp Низомулмулк кушта мешавад[10, 15].
Кобили кайд аст, ки даp давpаи хyкмpонии Aлпаpслон ва Маликшох Хоча Низомулмулк идоpаи тамоми yмyppо баp ухда дошт ва ин коppо аз таpики зеpдастони худ, ба вижа фаpзандонаш анчом медод. Иктидоpи у даp баpобаpи Маликшох аз посухе, ки ба у додаст мушаххас мешавад. Даp солхои охиpи салтанати Маликшох шихнаи Маpв, ки худ аз бандагони хоссаи султон буд, аз истибдоди писаpи Хоча Низомулмулк Шамсулмулк Усмон ба назди султон шикоят намуда, баpои додхохй ба хyзypи султон омад. Маликшох, ки аз бедодиву ситами волиёни вилоятхо ва аpзy шикояти маpдyм ноpохат буд, аз ин пешомад сахт даp газаб шуд ва ду нафаp аз маъмypони зеpдасти Хочаpо, ки душмани у буданд, пеши у фиpистод ва ба у пайгом дод, ки: «^rap тобеи манй, чаpо фаpзандонy атбои хyдpо адаб намекунй ва андозаи худ нигох намедоpй? Arap мехохй, бифаpмоям давот аз пеши ту баpгиpам» [10, 15]. Хоча аз ин пайгом pанчид ва аз саpи тундмизочй даp чавоби султон пайгом фиpистод, ки «ба султон бигуед, ки ту намедонй, ки ман даp мулк шаpики туам ва ту ба ин маpтаба бо тадбиpи ман pасидай ва баp ёд надоpй, ки чун султони шахид Aлпаpслон кушта шуд, чй гуна yмаpо ва лашкаppо чамъ каpдам ва аз Чдйхун бигузаштам ва аз баpои ту шахpхо бикшодам ва актоpи мамолики Шаpк ва Fаpбpо мyсаххаp гаpдонидам. Давлати он точ ба ин давот баста аст, хаp гох ин давот баpдоpй, он точ баpдоpанд» [13, 179-1S0]. Посухи Хоча Низомулмулк ахамияти накши вазоpатpо даp ахди у нишон медихад.
Нуфузи Хоча Низомулмулк даp мамлакат хеле зиёд буда идоpаи тамоми yмypи мамлакатpо баp ухда дошт. У хатто аpтиши хусусй дошт. Aммо ба мувозинати кохиши кyдpати хукумати маpказй кyдpати вазиp низ коста мешуд [4, 51].
Накши Хоча Низомулмулк даp таквият ва гyстаpиши pавобити Салчукиён ва Fазнавиён низ чашмpас аст. Яке аз далоили аслии баpкаpоpии сулхи тулонй байни Салчукиён ва Fазнавиён даp давpаи Султон И^охими Fазнавй бо Aлпаpслон ва Маликшох хизмати Хоча Низомулмулк буд. У давлати Fазнавиpо давлати кобили эхтиpом медонист. Датто даp чаpаёни издивочи дyхтаpи Маликшох бо писаpи Ибpохими Fазнавй Низомулмулк 100 хазоp диноp хаpч намуд [1, 144].
Инчунин хангоме, ки Низомулмулк мадоpиси Низомийаpо таъсис дод, баpои тадpис даp ин мадоpис уламо ва мyдаppисийнpо аз Fазна даъват намуд. Aз чумла Хоча
Aбyхомиди факех ва Aбyбакpи Шошиpо аз Fазна - пойтахти Fазнавиён фаpо хонда даp Низомийаи Диpот ба тадpис во дошт [12, 248].
Тибки маълумоти маъхазхои хаттй Маликшох даp давpаи охиpи салтанаташ ба фозилону донишмандони даpбоp мефаpмояд, ки даp боpаи бехтаpин коидаву конунхои давлатдоpй ва тадбиpхои yмypи диниву дунявй китобе таълиф намоянд, то ки он хамчун дастypyамали муайяни идоpа каpдани давлат истифода бypда шавад. Низомулмулк низ ба ин ^p даст мезанад ва соли 485/1092 китобеpо ибоpат аз 39 фасл таълиф дода онpо ба Маликшох пешкаш менамояд.
Aз байни китобхои даp ин боб таълифгаpдида Маликшох нигоштаи Низомyлмyлкpо кобили кабул мешyмоpад. Даp ин хангом Маликшох ба сафаpи Багдод тайёpй медид, ки даp он Низимулмулк ypо хамpохй мекаpд. Aз ин хотиp у нусхаи комили «Cиёсатнома»-pо ба нависандаи китобхои хосси салтанатй Мухаммади МаFpибй сyпypд, ки онpо покнавис намуда ба Маликшох такдим намояд. Aммо пас аз вокеаи ба катл pасонида шудани Низомулмулк ва нобуд шудани Маликшох даp байни хонадони салчукй баpои точу тахт мyбоpизаи шиддатнок огоз гаpдид ва даp коpи давлатоpй бенизомй ба амал омад. Aз ин py Мухаммади МаFpибй танхо даp соли 489/1105, даp давpаи хyкмpонии Fиёсиддини Мухаммад (489-511/1105-1118), ин китобpо тозанавис намуд, ки он аз 50 фасл ибоpат аст.
Рочеъ ба теъдоди умумии фаслхои «Сиёсатнома» фи^хои мухталиф мавчуданд. Ба кавли баъзехо муаллиф аввал онpо даp хачми 39 фасл навишта ба султон пешниход каpда, пас аз таъйиди у ба он боз якчанд фасли дигаppо илова намудааст. Даp баъзе саpчашмахо теъдоди бобхои иловагй понздахто шyмypда шудааст. Вале ба акидаи аксаpи мухаккикон «Сиёсатнома» мачмуан аз хамон 50 фасл ибоpат аст [10, 16].
«Сиёсатнома» боpи аввал аз таpафи мyсташpики фpансавй Шаpл Шеффеp даp соли 1891 даp Фpанция ба табъ pасид [14]. Пас аз он дигаp мухаккикон доиp ба «Сиёсатнома» аз ин чоп истифода бypдаанд.
«Сиёсатнома» даp Эpон се боp тахия шуда панч боp ба табъ pасидааст. Нахустин боp ин асаppо мухаккики эpонй Aбдyppахими Халхолй ба чоп хозиp каpда даp соли 1310 хичpии шамсй (1931 мелодй) нашp намудааст [6]. Нашpи дигаpи «Сиёсатнома» даp Эpон аз pyи нусхаи ба табъ pасондаи Шефеp бо тасхеху ишоpоти Мухаммад Казвинй ва бо мукаддимаву таъликоти Мypтазои Чахоpдехй сypат гиpифта ду боp -соли 1955 ва 1965 аз чоп баpомадааст [8]. Ин асаp аз таpафи донишманди эpонй Aббос Икбол низ ду маpотиба чоп хозиp каpда шудааст [7].
Даp соли 1949 «Сиёсатнома» аз чониби олими pyс Б.Н. Заходеp ба забони pyrä таpчyма ва нашp гаpдидааст [11].
Даp соли 1989 бо кушиши мухаккики точик A. Девонакулов мунтахаби «Сиёсатнома», ки шомили 32 фасли он мебошад, даp асоси нусхаи соли 1931 ба табъ pасондаи A. Халхолй бо хатти киpиллй даp шахpи Душанбе ба табъ pасид [9]. Соли 1998 тахияи матни пyppаи «Сиёсатнома» бо тавзехоту лугот аз таpафи донишманди точик Aхмад Дочиев даp шахpи Душанбе аз чоп баpомад, ки он даp асоси чопи Aббос Икбол каpоp гиpифтааст [10].
«Сиёсатнома» хамчун дастypyламали сиёсии хонадони Салчукиён ба шyмоp меpавад. Низомулмулк хамчун шахси ботадбиp медид, ки хyдсаpивy беадолатй ва зулму ситами хокимон Салчукй ба пояи салтанати онхо pахна мезанад. Aз ин хотиp у дастypyламалеpо пешниход намуд, ки гояи асосии он ибоpат аз баpкаpоp намудани адлу адолат, чоpй каpдани таpзи окилонаи давлатдоpй, поквичдониву поpсо будани аpбобони давлатй, аз паи ободонии кишваpy осоиштагии pаият шудани шахсони масъул мебошад [9].
Ба кавли Низомулмулк хаp як амалдоp бояд кабл аз хама коpи бомашваpат кунад, зеpо хеч шугле бе машваpат наку наёяд. У менависад,
ки: «...чун подшох коpе хохад каpд, ё мухимме ypо пеш ояд, бо пиpонy хавохохон машваpат кунад, то хаp касpо он чи фаpоз ояд, даp он маънй бигуяд... Ва pою тадбиp он бошад, ки укули хамагон баp он муттафик бошад. Ва машваpат нокаpдан даp коpхо
аз заифpой бошад ва чунин касpо худком хонанд ва ва чунон ки xеч коpе бо маpди коpдон натавон каpд, xамчyнин xеч шугле бе машваpат накy наёяд» [10].
Тибки гуфтаи Низомулмулк шоx бояд аз аxволи вазиpонy дабиpон ва уммоли дигаpи даpбоp бохабаp бошад, то онxо халкpо азият дода моли ноxак наситонанд ва онxоpо хонабаpдyшy овоpа насозанд. Ба ин маънй y менависад, ки: «Arap аз pаият чизе ба зулм ситонида бошад, аз вай бозситонад ва ба pаият боздщад» [10, 31].
Низомулмулк даp коpи давлатдоpй мавкеи вазиppо хело баpчаста мешyмоpад ва баpобаpи ин кайд мекунад, ки шоx бояд аз коpи вазиp доимо огоx бошад, зеpо «салоxy фасоди подшоxy мамлакат бад-y вобаста аст, ки чун вазиp некpавиш ва некpой бошад, мамлакат ободон бувад ва лашкаpy pаоё хушнуду осудаву бобаpг ва подшоx фоpиFдил. Ва чун бадpавиш бошад, даp мамлакати он халал таваллуд кунад, ки даpнатавон ёфт ва xамеша подшоx саpгаpдон буваду pанчypдил ва вилоят мyзтаpиб» [10, 31-32].
Муаллиф таъкид менамояд, ки шоxон бояд даp xаp мавpид бо маслиxати вазиp коp кунанд, вале даp масъалаxои идоpакyнии давлат шоxон бояд истиклолияти фикpй низ дошта бошанд, зеpо ба мyшоxидаи худи Низомулмулк баъзан вазиpонy амалдоpони ин ё он даpбоp хал^о талаву тоpоч каpда зулму ситамpо пеша менамоянд. Низомулмулк кайд менамояд, ки агаp худи шоx даp давлатдоpй фаъол буда аз мушкилоти pаият огоx бошад ва тадбиpxои окилонаpо пеша гиpад, маpдyмpо аз гиpифтоpй начот медиxад. Даp ин хусус мегyяд: «Чоpа набошад подшоxpо аз он ки даp xафта ду pyз ба мазолим бинишинад ва дод аз бедодгаp биситонад ва инсоф бидщад ва сухани pаият бишнавад бевосита. Ва чанд кисса, ки мyxимтаp бувад бояд, ки аpза кунад ва даp xаp як мисоле диxад. Чун ин хабаp даp мамлакат паpоканда шавад, ки худованд мутазаллимон ва додхоxон пеш мехонад ва даp xафта ду pyз сухани ишон мешунавад ва золимонpо шикаста медоpад. Дамаи золимон бишкyxанд ва даещои ишон кyтоx шавад ва кас наёpад бедодй каpдан аз бими укубати y» [10, 24].
Низомулмулк даp «Сиёсатнома» ба масъалаи муносибати шоx бо хидматкоpони даpбоp диккати махсус медиxад ва таъкид менамояд, ки шитобкоpона ба амалашон баxо дода баноxак озypдани онxо гyноxи азим аст. У мегyяд, ки шоxон бояд ба хидмати писандидаи хидматкоpон эътибоp дода онpо кадp намоянд ва агаp таксиpе аз чониби онхо зоxиp гаpдад, ба андозаи ry^x молиш диxанд, то pаFбати бандагон даp хидмат зиёдат гаpдад ва бими гyнаxкоpон бештаp мешавад ва коpxо ба истикомат меpавад [10, 121]. Ба кавли муаллиф даp даpбоp баpобаpи шахсони ботадбиpy хайpхоx шахсони xасадбаpy бадтинат низ xастанд ва онxо аз pyи xасад ва манфиатxои шахсии худ даp xакки шахсони пок бад^й менамоянд. Aз ин py Низомулмулк кайд менамояд, ки шоx пеш аз баxо додан ба амали хидматкоpони даpбоp бояд ба шитобкоpй pоx надиxад ва xакикати xолpо фаxмида пас каpоpе кабул намояд. У менависад: «Aндаp коpxо шитобзадагй набояд каpдан ва чун хабаpе шунавад ё сypате бандад, андаp он оxистагй коp бояд фаpмyд, то xакикати он бидонад ва дypyF аз pост падид ояд, ки «шитобзадагй коpи заифон аст, на коpи кодиpон»... xаp кй шитобзада бошад, пайваста пушаймону гамнок бошад» [9, 103-104].
Низомулмулк даp коpи давлатдоpй таваччyxи шоxонpо ба аъмоли козиёну хатибон чалб менамояд ва менависад, ки «бояд аз аxволи козиёни мамлакат ягон-ягон бидонанд ва бошад, ypо таpбият кунанд ва бад-он коp нигоx доpанд. Ва xаp кй на чунин бувад, Уpо маъзул кунанд ва дигаpеpо, ки шоиста бошад, бинишонанд. Ва xаp якеpо аз ишон ба андозаи кифояи y мyшоxаpат итлок кунанд, то ypо ба хиёнате xочат наяфтад, ки ин rap мyxиммy нозук аст, аз баxpи ин, ки ишон баp хyнxовy молxои мусулмонон мусаллатанд. Нашояд ин шугл ба ^x^y нопок додан, илло тафвази ин ^p ба олими боваpаъ» [10, 49].
Тачpибаи xyкyматдоpии пешвоёни тypкманони салчукй то кабл аз pасидан ба салтанат хело кам буд. Ба кавли Лэмбтон кyдpати тypкманони салчукй мутаккй баp кабоили тypкманон буд ва мyxити одобу одоти ощо ба даштxои Осиёи Маpказй тааллук дошт. Онxо низ монанди аъpоб даp идоpаи yмypи мyтасаppифоти худ нотавон буданд. Онxо муддате даp xамсоягии Fазнавиён сокин шуда то xадде бо усули кишваpдоpии онxо ошной ёфтанд [3, 125-126]. Бинобаp ин xангоми даp Хypосон
кудратро ба даст гирифтан то муддате хеч тагйироти асосие дар сохтори идории давлати газнавй дохил накарданд ва чорчуби куллии девонсолории газнавиро ахз намуданд.
Дар давраи газнавй ташкилоти кишварй аз шаш девон иборат буд ва салчукиён бо вуруд ба Хуросон ва расидан ба хукумат аз шаш девони роичи газнавй панч девонро ахз карданд ва танхо тагйироти андаке дар бархе аз онхо доданд. Онхо аз истифодаи девони барид сарфи назар намуданд. Хоча Низомулмулк дар «Сиёсатнома» бисёре аз фавоиди девони баршумурда ва салчукиёнро ба хотири адами коркарди ин девон накухиш кардааст. Вай дар ин бора чунин навиштааст: «Махмуд ба хар чониб сохибхабарону мунхиён бигумошт. Чунон ки агар касе мурге аз касе ба нохак биситадй, дар Еазнин, ё муште ба новочиб бар руи касе задй, уро дар Рай хабар будй, тадоруки он бифармудй кардан. Ва аз кадим боз ин тартиб подшохон нигох доштаанд илло Салчукиён, ки дар ин маънй дил набастаанд» [9, 61]. Низомулмулк Еазнавиёнро ба хотири доштани девони барид дар идораи хукумат муваффак медонад [9, 62].
Муаллифи «Сиёсатнома» ба шохон тавсия медихад, ки дар идораи давлатдорй тавре коргузориро пеша намоянд, ки зердастони онхо, хусусан занхо, нисбат бо шох забардаст нашаванд, зеро дар акси хол халалхои бузурге пайдо мегарданд. Дар инбора у чунин менависад: «Дар гох, ки занони подшох фармондех шаванд, хама он фармоянд, сохибгаразон ишонро биёмузанд ва бишнавонанд. Ва ба ройулайн, чунон ки мардон ахволи берун пайваста мебинанд, ишон натавонанд дид. Пас бар мучиби гуяндагон, ки дар пешкори ишон бошанд, чун хочибаву ходима фармон диханд, лобудд фармони ишон хилофи ростй бошад ва аз он чо фасод таваллуд кунад ва хашмати подшохро зиён дорад. Ва мардумон дар ранч афтанд ва халал дар мулку дин дарояд ва хостаи мардумон талаф шавад ва бузургони давлат озурда гарданд» [10, 164].
Дар «Сиёсатнома» инчунин дар мавзуъхои мудофиаи хакки бекасону ятимон, камбагалону бечорагон, ташкилу танзими лашкару горди шохй, тартиби силоху мухиммоти он, тарзхои расонидани маоши лашкариён, шунидани арзу шикоят, тартиби кори посбонону дарбонон, муомилаи козиёну хатибон, пажухиши кори дину шариат, тадбири корхои мулк, тартиби кори надимону наздикони шох, адлу инсоф дар кори давлатдорй ва амсоли онхо маводи пурарзише гирд оварда шудааст.
Дар «Сиёсатнома» акидахои ичтимоию сиёсии Низомулмулк доир ба чамъияти онвактаи Салчукиён ба таври возех акс ёфтаанд. У давраи хукмронии Салчукиёнро бо замони Исмоили Сомонй мукоиса намуда кайд менамояд, ки «холи амирони ин замон ба чй монад, ки аз динори харом бок надоранд ва хакро ботил гардондан ва окибати корро нанигаранд» [10, 30].
Ба акидаи Низомулмулк ходими масъули давлатй бояд дорои маданият ва фарханг буда бехтарин сифатхои инсонию ахлокиро дар худ тачассум намояд, зеро аз тарзи рафтору кирдори онхо ба фаъолияти дастгохи давлатй бахо дода мешавад. Аз ин хотир у ба тахлили сифатхои шахсони масъули давлатй пардохта онхоро ба садокат ба шох ва муносибати одилона ба халк даъват менамояд.
Дамин тарик, гуфтахои боло баёнгари онанд, ки макоми Хоча Низомулмулк дар тахкими давлатдории Салчукй хело чашмрас буда дар густариши равобити онхо бо Еазнавиён хизмати арзандае доштааст. «Сиёсатнома»-и у дар замони худ барои идоракунии давлат ва нигох доштани сохтори он хамчун дастуруламали хубе хизмат намудааст, зеро дар он хамаи чузъиёти идоракунии давлат бо тамоми нозукихо ва нафосаташ баён гардидааст. Дар замони мо низ таълимоти ин асар мавкеи худро гум накардааст ва ба эътибор гирифтани аксари таълимоти он дар рохи давлатдорй ва тасбити он аз ахамият холй нест.
АДАБИЁТ
1. Ибни Асир. Таърихи комили бузурги ислом ва Эрон. Тарчумаи Абулкосим Долат. Чопи дуввум. Ч,илди 17. Техрон: Муассисаи матбуотии илмй, 1368 х. ш.
2. Конпурй Абдурраззок,. Зиндагонии Абуалй Дасан ибни Алй ибни Исхоки Тусй ё Хоча Низомулмулк. Тарчумаи Сайид Мустафо Таботабой. Чопи дуввум. Техрон, 1354 х. ш.
3. Лэмбтон. Молик ва зореъ дар Эрон. Тарчумаи Манучедр Амирй. Чопи чадорум. Тедрон: Интишороти илмй ва фардангй, 1377 д. ш.
4. Морган Д. Эрон дар куруни вусто. Тарчумаи Аббос Мухбир. Тедрон: Тарди нав, 1373 д. ш.
5. Муиззй Амирушшуаро. Девон. Бо сайъ ва эдтисоми Аббос Икбол. Тедрон, 1318 д. ш.
6. Низомулмулк, Абуалй Х,асан ибни Али. СиёсатномаёСайру-л-мулук. БаэдтимомиСайидАбдуррадимиХалхолй. Тедрон, 1310 д. ш.
7. Низомулмулк, Абуалй Х,асан ибни Алй. Сиёсатнома. Ба тасдеди Аббос Икбол. Тедрон, 1349 д. ш. (Тедрон, 1378).
8. Низомулмулк, Абуалй Х,асан ибни Алй. Сиёсатнома. Бо давошй, ёддоштдо, ишорот ва тасдеди алломаи факид Мудаммад Казвинй. Ба кушиши Муртазо Чадордедй. Тедрон, 1344 д. ш.
9. Низомулмулк. Сиёсатнома. ба чоп тайёркунанда А. Девонакулов. Душанбе: Адиб, 1989.
10. Низомулмулк. Сиёсатнома. Тадияи матн, пешгуфтор, тавзедот ва лугот аз номзади иомдои филологй Адмад Х,очиев. Душанбе: Шарки озод, 1998.
11. Низомулмулк. Сиёсатнома. Тарчума, мукаддимаватавзедотиБ. Н. Заходер. Москва-Ленинград, 1949.
12. Нуруллоди Кисой Мадориси Низомийа ва таъсироти илмй ва ичтимоии он. Чопи дуввум. Тедрон: Интишороти амири кабир, 1363 д. ш.
13. Содибй Нахчавонй, Х,индушод ибни Санчар ибни Абдуллод. Тачорибу-с-салаф дар таворихи хулафо ва вузарои ишон. Тасдеди Аббос Икбол Оштиёнй. Чопи саввум. Тедрон: Китобхонаи Тадурй,1357 д. ш.
14. Siasset Nameh. Traite de Gouvernement Compose pour Le sultan Melik-Chah par Le vizir Nizam oul-Moulk. Texte persan edite par Ch. Schefer. Paris, 1891.
РОЛЬ ХОДЖА НИЗОМУЛМУЛКА В УКРЕПЛЕНИИ ГОСУДАРСТВА СЕЛЬДЖУКИДОВ И ЗНАЧЕНИЕ ЕГО ТРУДА «СИЁСАТНОМА»
В статье изложена роль известной личности и крупного учёного средневековья Ходжа Низомулмулка в упрочении государства Сельджукидов. Низомулмулк имеет большие заслуги в укреплении и развитии двухсторонних отношений Сельджукидов и Газневидов. Его сочинение «Сиёсатнома» служил Сельджукидам политической напутствующей книгой в управлении государством, основное содержание которой состояло из разумного управления государством, честности и справедливости государственных деятелей и других положений.
Ключевые слова: Ходжа Низомулмулк, Сельджукиды, Маликшах, государство, политика, министерство, Газневиды, издание, везир, шах.
THE ROLE OF KHOJA NIZOMULMULK IN STRENGTHENING THE STATE OF THE SELJUKIDS AND THE IMPORTANCE OF HIS WORK
"SIYOSATNOMA"
The article describes the role of the well-known personality and the great medieval scholar Khoja Nizomulmulka and his role in the consolidation of the Seljukid state. In strengthening and developing the bilateral relations of the Seljukids and Gaznevids, Nizomulmulk played a huge role. His work "Siyasatnoma" served the Seljukids as a political parting book in the government of the state and its main content consisted of reasonable management of the state, honesty and justice of statesmen and the like.
Keywords: Hoja Nizomulmulk, Seljukids, Maliksho, government, policy, ministry, Gaznevids, publishing, minister, king.
Сведения об авторе:
Саидов Абдукаххор, доктор исторических наук, профессор Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни, email: boymurod@inbox. ru
About the author:
Saidov Abdukahhor, doctor of historical science, Professor of the Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni, e-mail: boymurod@inbox. ru