Научная статья на тему 'Tugrai Isfahani’s activity in the State apparatus of the Seljuk State'

Tugrai Isfahani’s activity in the State apparatus of the Seljuk State Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
54
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТУГРАИ ИСФАХАНИ / СУЛТАН МУХАММАД ИБН МАЛИКШАХ / НИЗАММУЛЬК / СЕЛЬДЖУКИДЫ / ПАНЕГИРК / ИСТОРИЯ / TUGRAI ISFAHANI / SULTAN MUHAMMAD IBN MAKILSHAH / NIZAMMULK / THE SELJUK / PANEGYRIC / HISTORY / ТУГРОИИ ИСФАҳОНӣ / СУЛТОН МУҳАММАД ИБНИ МАЛИКШОҳ / НИЗОММУЛК / САЛҷУЦИЁН / МАДҳИЯ / ТАЪРИХ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Тураева Гулорохон Бурхоновна

Автор статьи расматривает политическую и литературную деятельность Туграи Исфахани арабоязычного поэта персидско-таджикской литературы XI-XII веков, при дворе Мухаммада ибн Маликшаха Сельджуки. Отмечается, что благодаря глубоким знаниям и непревзойденному таланту поэту удалось достигнуть высокого поста и найти путь в сердца правителей и эмиров эпохи. Согласно автору статьи, политическое положение государства Сельджукидов в расматриваемый период являлось неустойчивым и государственные деятели были марионетками в руках правителей. Всестороннее изучение данной темы позволяет прийти к выводу, что Туграи Исфахани не раз становился жертвой придворных интриг и отстранялся от должности. Панегирические произведения поэта, посвящённые Сельджукским правителям, являются бесподобным примером тардиционного стихотворения, в них ярко отражаются социальная и политеская жизнь данной эпохи.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Деятельность Туграи Исфахани в государственном аппарате Сельджукского государства

The author of the article considers Tugrai Isfahani an Arabic poet of Persian-Tajik Literature of the XI-XII cc. political and creative activities in the government of Muhammad ibn Malikshah the Seljuk. It is noted, that through the deep knowledge and unexcelled talent poet could reach the position of vizier and find a way to the hearts of the rulers and emir of the epoch. According to the author of the article, there was unstable political condition in the Seljuk State in the period taken under consideration. The statesmen were marionettes in the hands of the rulers. Comprehensive research of the given theme allows arriving at conclusion, that Tugrai Isfahani was fired several times because of court intrigues. The poet’s panegyrics to the Seljuk rulers are incredible sample of the traditional poetry, reflecting in their verses social and political life of his time.

Текст научной работы на тему «Tugrai Isfahani’s activity in the State apparatus of the Seljuk State»

УДК 82.09 ББК 83.3(0)9

ФАЪОЛИЯТИ ТУГРОИИ Тураева Гулорохон Бур^оновна, сармуаллимаи

ИСФА^ОНИ ДАР ДА СТГОЦИ кафедраи забони англисии МДТ "ДДХ ба номи

ДАВЛАТИСАЛЦУЦИЁН акад. БТафуров"(Тоцикистон, Хуцанд)

ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ ТУГРАИ Тураева Гулорохон Бурхоновна, старший

ИСФАХАНИВ ГОСУДАРСТВЕННОМ преподаватель кафедры английского языка ГОУ

АППАРАТЕ СЕЛЬДЖУКСКОГО «ХГУимени акад. Б.Гафурова»

ГОСУДАРСТВА ( Таджикистан,Худжанд)

TUGRAI ISFAHANI'S Turaeva Gulorokhon Burhonovna, senior lecturer of

ACTIVITY IN THE STATE the department of English under the SEI "KS U

APPARATUS OF THE named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan,

SELJUKSTATE Khujand),E-mail: guloroturaeva@mail.ru

Вожа^ои калиди: Тугроии Исфауони, Султон Мууаммад ибни Маликшоу, Низоммулк, Салцуциён, мадуия, таърих

Муаллифи мацола фаъолияти сиёсиву адабии Тугроии Исфауони - шоири арабисарои адабиёти форсу тоцики садауои XI-XII-ро дар дарбори Султон Мууаммад ибни Маликшоуи Салцуци мавриди барраси царор додааст. Цайд гардидааст, ки шоир ба туфайли дониши амицу истеъдоди нотакрораш тавонистааст ба сатуи вазири бирасад ва дар цалби уокимону амирони замон цой бигирад. Бино ба ахбори муаллифи мацола, вазъи сиёсии давлати Салцуциён дар ауди мазкур ноустувор буда, ходимони давлат бозичаи дасти султонуои замон будаанд. Таулили уамацонибаи мавзуъ нишон медиуад, ки Тугроии Исфауони боруо цурбони дасисауои дарбориён гашта, аз вазифааш ронда шудааст. Мадуияуои дар васфи маликони Салцуциён сурудаи шоир намунаи беуамтои шеъри суннати маусуб ёфта, дар онуо вазъи ицтимоиву сиёсии замон равшан инъикос гардааст.

Ключевые слова: Туграи Исфахани, султан Мухаммад ибн Маликшах, Низаммульк, Сельджукиды, панегирк, история

Автор статьи расматривает политическую и литературную деятельность Туграи Исфахани - арабоязычного поэта персидско-таджикской литературы XI-XII веков, при дворе Мухаммада ибн Маликшаха Сельджуки. Отмечается, что благодаря глубоким знаниям и непревзойденному таланту поэту удалось достигнуть высокого поста и найти путь в сердца правителей и эмиров эпохи. Согласно автору статьи, политическое положение государства Сельджукидов в расматриваемый период являлось неустойчивым и государственные деятели были марионетками в руках правителей. Всестороннее изучение данной темы позволяет прийти к выводу, что Туграи Исфахани не раз становился жертвой придворных интриг и отстранялся от должности. Панегирические произведения поэта, посвящённые Сельджукским правителям, являются бесподобным примером тардиционного стихотворения, в них ярко отражаются социальная и политеская жизнь данной эпохи.

Key words: Tugrai Isfahani, Sultan Muhammad ibn Makilshah, Nizammulk, the Seljuk, panegyric, history

The author of the article considers Tugrai Isfahani - an Arabic poet of Persian-Tajik Literature of the XI-XII cc. political and creative activities in the government of Muhammad ibn Malikshah the Seljuk. It is noted, that through the deep knowledge and unexcelled talent poet could reach the position of vizier and find a way to the hearts of the rulers and emir of the epoch. According to the author of the article, there was unstable political condition in the Seljuk State in the period taken under consideration. The statesmen were marionettes in the hands of the rulers. Comprehensive research of the given theme allows arriving at conclusion, that Tugrai Isfahani was fired several times because of court intrigues. The poet's panegyrics to the Seljuk rulers are incredible sample of the traditional poetry, reflecting in their verses social and political life of his time.

Тугрой аз иддаи чехрахои мунири адабиёти арабизабони форсу точикии асрх,ои XI-XII аст, ки бештари улуму маорифи замони худро фаро гирифта, дар вазорату сиёсат эътибор ба даст оварда, ба унвони ходими сиёсй шинохта шуд. К^удрат ва ^унари шоирй боис шуд, ки бо бузургони шеъру адаби рузгор аз наздик ошно шавад ва дар илми балогату суханварй пешдастй ёбад. Дар бори Тугрой сарчашма^ои зиёди адабиву таърихй ;айдх,ои зиёде доранд, ки аз онх,о метавон чараёни рузгор, осор ва ма;оми ичтимоии уро муайян намуд.

Камолуддин ибни Адим аз китоби «Зайлу Таърихи Багдод» чунин иктибос намудааст: «Дусту рафики ман Х,офиз Абуабдуллох Мухаммад ибни Махмуд ибни Наччор дар таърихномаи мучаддади Багдод, ки ривояташро бароям ичозат додааст, чунин тазаккур сохтааст: Х,усайн ибни Алй ибни Абдуссамад Дуалй Абуисмоил муншии маъруф бар Тугрой, аз ахли Исфахон мебошад. У сарвари тугрои Султон Мухаммад ибни Маликшох буда, сипас муддате дар вазифаи сарвари ишрофи кишвар адои хидмат намуд. Баъдан гушагирй намуда, хонашин гардид (10 - VI,2683).

Муаллифи «Бугят-ут-талаб» дар хусуси касбу хунар ва истеъдоди у гуфтааст: «Тугрой соли 479х./1087м. ба сухбати Султон Маликшох шарафёб гардида, дар назди вай адои хидмат намуд. Сипас дар девони иншо ва тугрои писари вай-Султон Мухаммад фаъолият намуд. Аз ин хотир, ба «Тугрой» маъруф гардид. Муддате девони ишрофи мамлакатро рохбарй мекард, баъдан уро аз он чо барканор карданд (10-VI, 2684).

Аз руи ахбори мавчуда нахустин касе, ки барои рох ёфтани Абуисмоили Тугроии Исфахонй ба девони иншои Салчукиён мусоидат кардааст, Абулмахосин Мачдуддавла Муинулмулк Мухаммад ибни Фазлуллох мулаккаб ба Саййидурруасо мебошад. У сохиби девони иншо ва тугрои Султон Алпарслон ба шумор мерафт. Мавсуф аз фасохату заковати Тугроии Исфахонй ва мазомини ашъораш ба хайрат афтода, уро котиби девон таъйин сохт. Фузун бар ин, вайро ба Низомулмулк муаррифй карда, миёни эшон равобите баркарор кард, ки нуктаи мазкурро аз мадхияхои шоир равшан бархондан мумкин аст (7, 43-54; 18 - V,582).

Аз таърихномахо маълум мешавад, ки Саййидурруасои фавкуззикр фарзанди Камолуддавла Абуризо Фазлуллох ибни Мухаммад сохиби девони иншову тугро ва яке аз мукаррабони Низомулмулк мебошад. Падари Камолуддавла Абунаср Маттох ва чаддаш ^озй Ахмад ибни Мухаммад аз шоиру котиби бузург будаанд. Бохарзй дар «Думят-ул-каср» чанд байтро, ки падару писар ба якдигар навиштаанд, овардааст. Хдмзамон бархе аз ашъори китоби худро аз шайх Абунаср ривоят намудааст (3-III,92-91).

Набераи онхо Саййидурруасо низ дар фунуни китобат ва адаб дасти тавоно дошт, чунонки Низомии Арузй яке аз шароити дабирй ва истехсони сухани котибро хондани номахои у медонад (16, 22). Фаъолияти Саййидурруасо дар дастгохи хукумати Салчукиён босуръат пеш меравад. Зеро гузашта аз ниёбати падараш, ки дар садри девони расоил ва иншо карор дошт, Хоча Низомулмулк -вазири давлати Салчукиён уро ба духтари худ хонадор намуд. Илова бар ин, у назди султон чандон такарруб хосил намуд, ки Маликшох бе у лахзае карор надошт. Ин муносибат то соли 476х./1084м. давом кард. Дар ин мавкеъ Саййидурруасо, ки бар чоху манзалати падарарусаш - Низомулмулк ва касрати амволи у рашк мебурд, Маликшохро барангехт, ки Низомулмулк ва ёронашро ба у таслим созад. Аммо пеш аз он ки ин кушиш дар Маликшох таъсиргузорй намояд, Низомулмулки Тусй чора андешид ва султонро водор сохт, ки бо дастури у ба дидагони Саййидурруасо мил кашанд. Камолуддавла низ ба Хоча Низомулмулк панох бурд ва бо додани бист хазор динор худро халос кард (1, 44-45). Аз ин пас падару писар хар ду аз мансабхову мартабахои хеш поён афтиданд.

Аз маълумоти таърихнигорон бармеояд, ки падару писар хар ду ончунон мехре дар дили мардум андохта буданд, ки шоирони зиёд аз ин хаводиси зиндагии онхо ба риккат ёд кардаанд. Тугроии Исфахонй низ аз зумраи нафароне буд, ки аз навозишхову гамхорихои онон бахраманд гардидааст. Поси хотири некихо ва кадршиносиву навохтанхои ин хонадон дар калби пуршури шоир ба хамешагй бокй монд. Зеро у махз тавассути дастгирй ва поймардии ин бузургмарди заршинос ба дастгохи Низомулмулки Тусй рох ёфт. Аз ин хотир, пас аз ходисаи бо ин шахсияти бузург рухдода Тугроии вафодор, бо он ки худ дар дастгохи Низомулмулк фаъолият дошт, ашъори дарднок суруд ва афсусу надоматхо кард (7, 45-54).

Фаъолияти минбаъдаи Тугроиро дар девонхонахои Салчукиён Имоди Котиби Исфахонй чунин ба силки тасвир кашидааст: «У пеши Султони одил Маликшох ибни Алпарслон хидмат кардааст... Муддате муншии мамлакати Султон Мухаммад, мутаваллии девони тугро буд... Давлати Салчукй бо у шарафёб гардида, мамлакати Айюбй бар вай таваччухи бисёр зохир мекард. Пас ба зинахои баланди мансабхо интикол ёфта, бар мартабахои воло сохиб гардида, девони истифоро сарварй дошт ва баъд ба вазорат расида буд. Шахсияти сиёсатманд ва дорои истеъдоди баланди идоракунй буд» (5, 62-63).

Андешахои фавкуззикри Имоди Котиб дар нигоштахои Ёкути Х,амавй низ тачассуми худро пайдо намудааст: «Тугрой дар назди Султон Маликшох ибни Алпарслон адои хидмат намуда, чанд муддат муншии Султон Мухаммад, мутаваллии девони тугро ва сохиби девони иншо буд. Бо хидмати у давлати Салчукй шарафманд гардидаву мамлакати Айюбй зинат ёфтааст. Бар мансабхову мартабахо даст ёфта, девони истеъфоро сарварй намуда, ба вазорат расидааст... Вай

ба Багдод рафта, муддати тулонй дар он чо сукунат ихтиёр намуд. Х,амзамон бо артиш чониби Ч,ибол, Рай ва Исфахон сафар карда, фазлу камолоташро сохиб гардидааст» (6-III,1107). Бо накл аз «Харид-ул-каср» Салохуддини Сафадй низ хамин нуктаро тасбит сохтааст (8-I,7).

Бино ба нигоштахои бархе аз донишмандони пешина Тугроии Исфахонй муддате дар шахри Ирбил низ бар сари вазорат карор дошт (13-II,189; 2-XI, 218).

Дар пайвастагй _ба ин давраи фаъолияти Тугроии Исфахонй дар «ал-Вофй би-л-вафаёт» чунин омадааст: «У чанд замоне дар Ирбил сарварии китобатро ичро менамуд. Сипас дар Мавсил вазири Султон Масъуд ибни Мухаммади Салчукй таъин гардид» (8, 268).

Ба вазорат расидани Тугроии Исфахониро Шамсуддини Захабй чунин мутазаккир кардааст: «У сарвари тугро буда, каблан вазорати Султон Мухаммад ибни Маликшохро ба зимма дошт. Сипас вазорати писари у-Султон Масъуд ибни Мухаммадро бар ухда гирифт» (2-XI, 217).

Баъди Камолуддавла Султон сарварии девони иншо ва тугроро ба зиммаи писари Низомулмулк Муайядулмулк вогузор намуд, ки дар навбати худ у Тугроии Исфахониро ба чои Саййидурруасо ноиби худ таъйин сохт (1, 58).

Аз ин пас Тугроии Исфахонй бар маснаде нишаст, ки пеш аз он мамдухаш Саййидурруасо дар он карор дошт. Хоча Абубакр Убайдуллох Муайядулмулк ибни Низоммулк баъд аз Фахрулмулк машхуртарин писарони Хоча ба шумор рафта, аз таргибгарони илму адаб ба мах,суб меёфт. Аз ин чост, ки чахор нафар гуяндагони забардасти ин ахд -амирушшуаро Муиззй, ^озй Носихуддини Арчонй, Абумузаффари Абевардй ва Тугроии Исфахонй (9, 1831) тавассути ашъори форсиву арабй уро мадх гуфтаанд. Аз чумла, Муиззй дар хакки ин марди фозилу маърифатпарвар чунин абётро сароидааст: Насли Низоммулк ба кирдор дафтарест, К- изболи нукта^о %ама з-он дафтар оварад. Лекин бувад натицаи раъйи савоби ту, %ар нукта, к-он накутару зеботар оварад (15, 181).

Бино ба таъйиди Имоди Котиб хамчунонки вазорати Муайядулмулк дере напоид, ноибии Тугроии Исфахонй хам чандон давом накард. Зеро чун Муайядулмулк хокими тугро шуд, яке аз уламои бузург Абуисмоил Котиби Исфахониро аз баргузидатарин ноибони хеш гардонид ва дар натича Тугроии Исфахонй бекор монд. Хдрчанд ки у борхо ба Муайядулмулк мурочиат кард, мавсуф илтифоте бар вай зохир накард. Аз ин хотир, у муддати дароз бекор монд. Сипас Тугроии Исфахонй ба султон арзи максад кард ва бо фармони Маликшох адиб ба вазифаи тугрой таъин карда шуд (5, 106).

Бино ба эътирофи Имоди Котиб дар ин давра нисбати бузургмардони давлат дасисаву тухматхо ба кор мебурданд. Султон Мухаммад ибни Маликшохи Салчукй дар бистари беморй охирин рузхои зиндагиашро сипарй мекард. Добили зикр аст, ки Тугроии Исфахонй кимёгари машхури замон шинохта шуда буд, вале чохилон кимёгариро сохирй мешумурданд. Душманони ин бузургмарди фарзона гунохи дигаре пайдо карда натавониста, чунин тухмате пеш оварданд, ки бемории султон аз асари сехру чодуи уст. Бовар кунонидани султон ба ин бофтахо кори душвор хам набуд. Султон ба ин дасисахо бовар кард ва Тугроии Исфахониро аз ин пас аз кор маъзул намуд ва шоир аз дарбори Султон дур гардид. Султон Мухаммад саранчом бар асари хамон беморй аз хаёт рафт (5, 106-107).

Чунонки каблан ёдрас гардидем, пас аз вафоти Султон Мухаммад ибни Маликшох миёни бародари Султон-Баркиёрук Санчар ва писараш Махмуд ибни Мухаммад низоъ сар зад. Тугроии Исфахонй ба дувумй каробати бештар дошт (5-II, 8). Дар натичаи ракобати шадид Мачдулмулк кушта шуда бо амри Султон Мухаммад писари Хоча Низомулмулк -Муайядулмулк ба вазорат расид. Дар ин асно Тугроии Исфахонй такягохи худ Мачдулмулкро комилан аз даст дода буд. Пас, ба умеди вазифа назди Муайядулмулк омада, барояш мадхия сароид (1, 26-27).

Дар девони шоир силсилаи ашъоре ба мушохида мерасанд, ки дар эътизору пузиш аз Муайядулмулк сароида шудааст (7, 18-26, 12-31,34-43). Х,амзамон пас аз куштори вазир дар соли 494х./1101м. бо ихлосу иродатмандии зиёд дар суги у касидаи тулоние иншо кардааст (7, 31-34).

Дар робита ба зиндагиномаи Тугроии Исфахонй дар ин давра ахбор хеле махдуд аст. Мусаннифи «Риёз-ул-уламо» маълумоти чолиби таваччухро перомуни барканор гардидани Тугроии Исфахонй аз мансабхои давлатй чунин кайд намудааст: «Маълум аст, ки Тугрой аз чониби вазир Ч,алил Абулфатх барканор карда шуд. Мавсуф вазири Султон Баркиёрус Санчар махсуб мешавад. Соли чахорсаду наваду хафт у ба узлатнишинй пардохт» (4-II,169).

Аз ашъори бозмонда ва иттиллои сарчашмахо равшан мешавад, ки дар ин асно Тугроии Исфахонй мадехахои баландмазмуне дар хакки султони замон ва хонадони у сурудааст (7, 35-45).

Гузашта аз ин, дар девонаш касидае чой дорад, ки соли 504х./1110м. дар Рай сурудааст. Дар он Султон Махмуд ибни Мухаммади Салчукиро то ба салтанат расидан мадх кардааст (7, 8-10; 81,19). Албатта, мадхияхои шоир дар тавсифи Султон Махмуд бе асар намонд ва соли 505х./1111 м. Абуисмоили Тугроии Исфахонй дар девони тугро нишаст. Дар ахбори Имоди Котиби Исфахонй чунин омадааст: «Вакте ки соли 505х./1111м. Амир Амид вафот ёфт, ба чои у дар девони тугро ва садри иншо Устоз Абуисмоил Котиби Исфахонй таъйин гардид» (5, 110).

Бо вучуди ин кадар талошхо садорати у дер давом накард ва хангоми дар Багдод буданаш аз вазифа маъзул гардид. Дар порчаи зерин рухияи шоир хеле барчаста мунъакис гардидааст:

.¿ji l^j j^LiJ j I^J JJL

ej^l ^ILi fLi J\ ¿IS V j (7, 59). .¿^'¿Si j ^il^l ^jli (Агар маро дар хокимият ;удрате набошад, ки аз он дасти ман дарозу суханам гузаро мешавад. Пас мабод маро он хукме, ки дигарон ба он сар фуруд оранду душманонам аз он залил шуда, хосидонам забун гарданд. - Т.Г.).

Бар мабнои нигоштахои муаррихон ин навбат низ Тугроии Исфахонй боз хам дар натичаи дасисаи душманонаш аз вазифа барканор карда шуд (5, 106-107). Мазаммати душманон тавассути ашъор бозгуи ин давраи хаёти шоир мебошанд.

Дар ин давра шоир дар Багдод ду касида иншо намудааст, ки яке «Ломият-ул-Ачам» ва дигар касидаи боия мебошанд. Ин касоид фарогири лахзахои душвори зиндагии муаллиф дар ин ахд ва бозгуи эхсосоти ботинии у мебошанд. Дар байти зерини «Ломият-ул-Ачам» хамин маънй равшан тачаллй гардидааст:

LP" djlj^l

(7, 54-58). .JjSSl U^l ¿j j l^iij j Гурбатам чандон дароз омад, ки нолид уштурам, Бору ларзон найза низ омад ба нолагустари (14,5).

Аз сурудахои шоир бармеояд, ки у айёми гушагирии хешро дар Исфахон гузаронидааст:

^^ j jljP ^ fl^l fji (7, 79) Л^ j dj ^ilj^Jl ^iJ (Чаро холу залил будан, дар холе ки маро химмате бошад, Ки маро ба хадаф расонаду шамшери ман бурро бошад. - Т.Г.).

Ч,оиз ба ;айд аст, ки аз ин давраи рузгори шоир хам дигар ахборе дар маохизи кадим ба кайд наомадааст. Бино ба маълумоти мавчуда гуё соли 509х./1116м. шоир дубора ба мансаби тугро таъйин гардидааст. Нукоти мазкурро Ёкути Хдмавй дар «Иршод-ул-ариб» бо овардани номаи табрикии макоманависи машхур Косим ибни Алй ибни Мухаммад ибни Усмон ибни Хдрирй ба Тугроии Исфахонй (436-516 х /1045-1123 м.) ба муносибати макоми сарварии тугроро сохиб шуданаш чунин тасбит сохтааст: «Ба Муайяд Абй Исмоил Тугроии Исфахонй нома навишта, дар он мавсуфро бинобар волии тугро таъйин гардиданаш дар соли панчсаду нух тахният намуд. Пас, Тугроии Исфахонй он номаро чунин чавоб гуфт....» (6- IV,153-156; V- 2214-2215). Бар мабнои нигоштахои Имоди Котиб ин садорат то огози вазорати Рабибуддавла Абумансур, яъне то соли 511х./1118м. идома ёфтааст (5, 106-107).

Соли 511 х./1118 м. хамчунин Камоли Сумайрамй муставфй таъйин гардид, ки бо Тугроии Исфахонй адоват дошт. У аз зумраи он ашхосе буд, ки дар хакки шоир овоза пахн кардаву уро дар сохириву бемории Султон Мухаммад гунахкор карда буданд (5, 110).

Ибни Асир таъйиноти Тугроиро бар вазорат дар соли 513х./1120м. мукаррар карда, идомаи вазораташро як солу як мох сабт намудааст (11, 191-192). Ибни Наччор низ хамин таърихро сахех шуморида, дар мохи рабеулаввали соли мазкур ба вазорат таъйин гардиданашро таъйид сохтааст (10-VI, 2683).

Аз вокеоти пуртахлукаи рузгори Тугроии Исфахонй бармеояд, ки вазъи сиёсии давлати Салчукиён дар ахди мазкур ноустувор ва ходимони давлат бозичаи дасти султонхои замон будаанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Аббос, И;бол. Вазорат дар ахди салотини бузурги Салчу;й. Аз таърихи ташкили ин силсила то марги султон Санчар/Аббос И;бол.- Техрон, 1338 ш. - 390 с.

2. Аз-Захабй, Шамсуддин Мухаммад ибн Ахмад ибн Усмон. Сияр аълом ан-нубало. Муассиса ар-Рисола - Бейрут, 1982/1402 адад- ул-ачзоъ 29, ал-чузъ 21 - 236 с.

3. Ал-Бохарзи, Али ибни ал-Х,асан ибни Али ибни Абитайиб. Думят-ул-каср ва усрату ахли-л-аср. Тахкик ва диросату Мухаммад АттунчИ. Дор-ул-Ч,ил-Бейрут, ат-табат-ул-ула 1993/1414. Адад-ул-ачзоъ 3 - 1752 с.

4. ал-ИсфахонИ, Алмирзо Абдуллох АфандИ. Риёз-ул-уламо ва хиёз-ул-фузало. Маншуроту мактабати оятуллох ал-узмо ал-марашИ, Кум-Эрон, 1983/1403. Адад-ул-ачзоъ-6, ал-чузъ 2 -476 с.

5. ал-ИсфахонИ, Имодуддин ал-Котиб. Харидат-ул-каср ва чаридат-ул-аср фИ зикр фузалои ахли Исфахон. Такдим ва тахкики дуктур Аднон Мухаммад Оли Таъма. Техрон - дафтари нашри мироси мактуб, Оинаи мерос (миръоти турос) 1999/1419 - 366 с.

6. ал-ХдмавИ, Шихобуддин Абиабдуллох Ёкут. Муъчам-ул-удабо - Иршод-ул-ариб фИ маърифат-ул-адиб. Тахкики Ихсон Аббос. Дор-ул-гарб ал-ИсломИ - Бейрут - Лубнон, ат-табъату-л-уло 1993/1414. Адад-ул-ачзоъ 7-3741 с.

7. ат-ТугроИ, Абуисмоил. Девони ат-ТугроИ. Матбаат ал-Ч,авоиб би-л-Кустантиния, 1881/1300 - 145 с.

8. ас-СафадИ, Салохуддин Халил ибни Айбак ибн Абдуллох. Ал-вофИ би-л-вафаёт. Тахкик ва иътинои Ахмад ал-Арноут ва ТуркИ Мустафо. Дору Ихё-ут-Турос ал-АрабИ, Бейрут-Лубнон. Ат-табъату-л-уло 2000/1425. Адад-ул-ачзоъ - 29 ал-чузъ -ул-аввал-284 с.

9. Ас-санхочИ ал-МарокашИ, Абучумуа Саид ибн Масъуд. Изох ал-мубхам мин ломият-ул-ачам. Дор ал-мадор ал-ИсломИ, 2009 - 393 с.

10.Ибн Адим, ас-Сохиб Камолуддин Умар ибни Ахмад ибни Абичаррода. Бугят-ут-талаб фИ таърихи Хдлаб. Дор ал-фикр, Бейрут-Лубнон 2010, адад ал-ачзоъ 12, 5863 с.

11.Ибн ал-Асир, Иззуддин Абулхасан ибн АлИ ибн Абулбакр. Ал-Комил фи-т-таърих. Дор-ул-кутуб ал-илмия/Ибн-ал-Асир. - Бейрут - Лубнон, ат-табату-р-робиа 2003/1424. Адад-ул-ачзоъ-11, ал-чузъ 8-532.

12. Ибн Касир, Имодуддин Абулфидо. Ал-бидояту ва-н-нихояту. Дор хичр литабоат ва-н-нашр ва-т-тавзех - ал-Кохира, ат-табаат-ул-уло 1998/1419. Адад-ул-ачзоъ 21, ал-чузъ 16 - 184 с.

13.Ибни Халликон, Абулаббос Шамсуддин Ахмад ибни Мухаммад. Вафаёт-ул-айон фИ анбои абнои-з-замон. Тахкики дуктур Ихсон Аббос. Дору Содир. Бейрут. Адад-ул-мучалладот 8, алмучалладу 1. 557 с. - 493 с.

14.МахдИ, Мухаккик. Тарчумаи мансур ва манзуми касидаи ломият-ул-ачами Тугроии ИсфахонИ. Мачаллаи илмИ-пажухишии Донишгохи адабиёт ва улуми инсонии донишгохи Исфахон давраи дувуми шумораи бистум ва бистуякум 2001/1379 - 26 с.

15. МуиззИ, Амир Абдуллох Мухаммад. Куллиёти девони МуиззИ. Техрон: Марзбон, 1983-791 с.

16.СамаркандИ, НизомИ АрузИ. Чахор макола. Мусаххех Мухаммад КазвинИ. Ба кушиши Мухаммад Муъин.- Техрон, 1958-274 с.

17.ХоконИ, Афзалуддин Иброхим ибни АламИ ШарвонИ. Девони куллиёт. Техрон 1883-460 с.

18.Шавки, Зайф. Таърих ал-адаб ал-арабИ. Аср аддувал ва-л-иморот. Алчазират-ул-арабия-Ирок-Ирон. Дор-ул-маориф-ал-Кохира-Миср. Табат-ус-сония, 1980. Адад-ул-ачзоъ 10, ал-чузъ у 5-685 с.

REFERENCES:

1. Abbas, Iqbal. Government in Great Seljuq Reign. From the history of the association of dynasty to the death of sultan Sanjar. - Teheran, 1338 sh. - 390 p.

2. Az-Zahabi, Shamsuddin Muhammad ibn Ahmad ibn Usmon. Siyar a'lom an-nubalo. Muassisa ar-risola - Beirut, 1982/1402/. The number of volumes 29, volume 21 - 236 p.

3. Al-Bokharzi, Ali ibn al-Hasan ibn Ali ibn Abitayib. Dumyat-ul-qasr va usrate ahli-l-asr. Tahqiq va dirosatu Muhammad At-Tunji. Dor-ul-Jil-Beirut, at-tab'at-ul-ula 1993/1414. The number of volumes 3, - 1752 p.

4. Al-Isfahani, Almirzo Abdulloh Afandi. Riyoz-ul-ulamo va hiyoz-ul-fuzalo. Manshurotu maktabati oyatulloh al-uzmo al-marashi, Qum-Iran, 1983/1403. The number of volumes 6, volume 2 - 467m p.

5. Al-Isfahani, Imaduddin al-Kitab. Kharidat-ul-qasr va jaridat-ul-asr fi zikr fuzaloi ahli Isfahan. Teheran - dafteri nashri mirosi maktub, Oinai meros (mir'otb turos) 1999/1419 - 366 p.

6. Al-Hamavi, Shihobuddin Abiabdulloh Yaqut. Mu'jam-ul-udabo - Irshod -ul-arib fi ma'rifat-ul-adib. Dor-ul-Garb al-Islomi - Beirut - Lebanon, at-tab'atu-l-ulo 1993/1414. The number of volumes 7 - 3741 p.

7. At-Tugrai, Abuismail. Diwan at-Tugrai. Matbaat al-Javoib bi-l-Qustantiniya, 1881/1300 - 145 P-

8. As-Safadi, Saloguddin Khalil ibn Aybak ibn Abdulloh. Al-vofi bi-l-vafayot. Tahqiq va I'tinoi Ahmad al-Arnout va Turki Mustafo. Dor Ihya-ut-Turos al-Arabi, Beirut - Lebanon. At-tab'atu-l-ulo 2000/1425. The number of volumes - 29, volume 1 - 284 p.

9. As-sanjohi al-Marokashi, Abujumua Said ibn Mas'ud. Izoh al-mubham min lamiyat-ul-Ajam. Dor al-mador al-Islomi, 2009 - 393 p.

10. Ibn Adim, as-Sohib Kamoluddin Umar ibn Ahmad ibn Abijarroda. Bugyat-ut-talab fi ta'rikh Halab. Dor al-Fikr, Beirut-Lebanon 2010. The number of volumes - 12, 5863 p.

11. Ibn al-Asir, Izzuddin Abulhasan ibn Ali ibn Abulbakr. Al-Komil fi-t-ta'rikh. Dor-ul-kutub al-ilmiya - Beirut - Lebanon, at-taba'tu-r-robia 2003/1414. The number of volumes - 11, volume 8 - 532 p.

12. Ibn Kasir, Imoduddin Abulfido. Al-bidoyatu va-n-nihoyatu. Dor hijr li taboat va-n-nashr va-t-tavzeh - al-Qohira (Kairo), at-taba'at-ul-ulo 1998/1419. The number of volumes - 21, volume 16 - 184 p.

13. Ibn Khallikan, Abulabbos Shamsuddin Ahmad ibn Muhammad. Vafayout-ul-ayon fi anboi abnoi-z-zamon. The number of volumes - 8, volume 1 - 557 p.

14. Mahdi Muhaqqiq. Tarjumai Mansur va manzumi qasidai Lamiyat-ul-Ajami Tugrai Isfahani. Majallai ilmi-pajuhishi 2001/1379 - 26 p.

15.Muizzi, Amir Abdulloh Muhammad. Kulliyati diwan Muizzi. Nashri Marzbon, 1983-791 p.

16.Samarqandi, Nizomi Aruzi. Chahor maqola. - Tehran, 1958. - 274 p.

17. Hoqoni, Aqfaluddin Ibrohim ibn Alami Shirvani. Diwani kulliyat 1883. - 460 p.

18. Shavqi, Zayf. Ta'rikh al-adab al-arabi. Asr adduval va-l-imorot. Aljazira-ul-arabiya-Iraq-Iran. Dor-ul-Maorif-al-Qohira-Misr. Tab'at-us-soniya, 1980. The number of volumes - 10, volume 5 - 685 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.