УДК 8 Т1 М.Т.РАЧАБОВА
ББК 83, 3(0) 9
ТАЪРИХИ ТАСНИФИ ТАЗКИРАИ "ХАРИДАТ АЛ-ЦАСР"- И ИМОДУДДИНИ ИСФА^ОНЙ ВА АЧЗОВУ АЦСОМИ ОН
Вожа^ои калиди: Имоди Исфауони, тазкира, "Харидат - ал-цаср", таърихи адабиёти араб, таърихи тасниф.
Яке аз шохкорихои адибу муаррихи забардасти ;арни XII Имодуддини Исфахони дар заминаи адабиёт тазкираи "Харидат - ал-;аср ва чаридат - ал-аср" мебошад, ки ба шеваи гузиданависи шархи холи олимони чахор минта;аи олами ислом, яъне Иро;у Араб, ахли Форс ва билоди Ачам, Шому Х^ичоз ва Яману Миср тадвин шудааст.
Бино ба тасрехи Имод, у дар мавриди офаридани "Харидат - ал-;аср" хануз дар замони и;оматаш дар Исфахон хини мутолиаи "Думят-ал-;аср" дар китобхонаи масчиди "Точулмулк" андешарони намудааст. Зимни баррасии рузгору осори Абулхасан Бохарзи муаллиф ба ин нукта ишора намудааст: "У хамонест, ки китоби "Думят -ал-;аср"-ро тасниф намудаву ман онро дар китобхонаи масчиди "Точулмулк" мутолиа кардам ва он боиси таълифи асари мазкури ман гардид" (7, 94).
Муаллиф тазкираи худро асосан муштамил бар шуарои муосираш, яъне ;арни шашуми хич,рй (XII м.) ва як гурух шоири хамзамони бобову амакаш сада^ои XI-XII сохтааст. Добили тазаккур аст, ки теъдоди шуарои асри ёздахум дар ;иёс бо шоирони садаи дувоздахум, ки ;исмати аъзами китобро ташкил намудаанд, ба маротиб кам аст. Имод дар пешгуфтори асараш ба ин маъни ишора мекунад, аммо таърихи огози онро таъйин накарда, чунин меорад: "Дар ин китоб хамзамонони худ ва муосирони бобову амуямро зикр кардам. Дар ин росто китоб фарогири ду аср-гузашта ва хозира мебошад. Аксари он ашъоре, ки и;тибос намудам, аз як нафар, аз худи муаллиф на;л гардидаанд. Дар сурати уро дарёфт накардану нашуниданаш баргузидаи ашъорашонро аз мунтахаби онхо интихоб намудам. Балки барои хар як шоир аз ашъори дар зери дастам ;арордошта маънии маргуб ё лафзи латиф ё услуби балегро барчидам, то ки аз он фавоиди зиёд баргирифта шавад ва бар ин фароид пораеро аз рузгори онхо зам намудам" (5,1,7).
Гузашта аз ин, таърихи интихои он низ номуайн буда, аз чониби муаллиф ишорате ба он нарафтааст.Шояд ;адимтарин нафаре, ки аз миёни шуарои ;арни панчум ахволу осораш тазаккур гардидааст, Абул;осим Кушайрй ба шумор меравад. Дар радифи ин, мучаллади ;исми шуарои Иро; фарогири як нафар аз ахли садаи панчум мебошад. Фузун бар ин, зимни ин ;исм боби муста;иле оварда шудааст, ки дар он аз чумла омадааст: "Чдмоате, ки асри онхо мута;аддим бар замони ман аст ва аз онхое, ки дар чавонии ман вафот кардаанд" (5,3,148). Сипас Ибн Аллоф, Абу Карам ибн Шаъири, Ахмад ибн Атийя Зарир, Муваффа; Низоми, Ибн Но;аё, Али ибн Тохир Хаббоз Кархи ва дигарон аз ахли Багдод бозгу гардидаанд. Дар пайвастаги ба ин, Имод бархе аз шуарои дар "Зайл таърих Багдод"-и Самъони бозгу шударо низ ба тазкираи худ ворид намудааст. Охирин нафаре, ки аз байни шуарои ;арни шашум ахволу осораш матрах гардидааст, амир Точулмулук Аюби (ваф. 1183) мебошад.
Шоёни таваччух аст, ки Абушома дар "ар-Равзатайн" (1, 2, 75) чанд нуктаеро аз "Харидат ал-;аср" дар мавриди худуди умри муаллиф хангоми анчом додани асар иброз доштааст. Ин далели ;отеъ бар он аст, ки Имод тазкираи хешро дар соли 579/1183 ба итмом расонидааст. Хдсби холи он ду нафар-Кушайрй ва Точулмулук далолат бар он мекунанд, ки "Асри Харида" аз як ;арн зиёд аст. Валекин бар мабнои тасрехи Ё;ут Хдмавй, Мунзири, Ибн Халликон ва Котиб Чалаби онхо дар муайян сохтани асри "Харидат -ал-;аср" таъйини
иртичолиро пеша кардаанд. Муха;;и;они мавсуф дар мувофи;ат бо хам ибтидои онро "пас аз соли панчсад" тазаккур сохтаанд. Ва;те сухан перомуни муайян кардани ихтитоми асар меравад, миёни онхо ихтилофи калоне сар мезанад. Дар робита ба ин, Ё;ут Хамавй дарозои онро махдуд мекунад ва изхор менамояд: "Пас аз соли панчсаду хафтод" (11, 6, 2627). Котиб Чалабй дар навбати худ соли 592/1197-ро таърихи интихои асар сабт намудааст (10, 1, 702).
Ибн Халликон (4,2,75) интихои асарро ба соли панчсаду хафтоду ду махдуд кардаву дар навбати худ Закиуддин Мунзирй доираи фарогирии асарро аз соли панчсад то ба соли панчсаду наваду ду (8, 1, 311) мунчар сохтааст. Донишмандони муосир Броккелман (2,1,314) ва Чурчй Зайдон (3,3,63) бо чумлаи "он дар бораи шоирони ;арни шашуми хичрй мебошад" фикри худро чамъбаст намуда, рочеъ ба ибтидову интихои он харфе илова накардаанд.
Пажухишгари араб Умар Фаррух анчоми асарро чунин таъйин сохтааст: "Дар "Харидат -ал-;аср ва чаридат -ал-аср" шуарое, ки баъди соли панчсадум то соли 572 хичрй зистаанд, гирдоварй шудааст" (12, 12, 3, 417).
Муха;;и;и урдунй Мухаммад Алй Таъонй бар он бовар аст, ки таснифи тазкира соли 573/1177 анчом пазируфтааст (12, 29).
Бо назардошти афкори адибону донишмандони мута;аддим ва пажухишгарони муосир метавон хадс зад, ки Имоди Котиб тазкираи хешро то соли 573/1177 ба интихо расонидааст. Тасниф гардидани соири асари муаллиф- "ас-Сайл ало-з-Зайл" худ шаходати возехи он аст, ки Имоди Котиб баъди гузашти чанд сол маводи гирдовардаи хешро сарчамъ намудаву бар тазкираи худ афзудааст.
Салохуддин Сафадй дар "ал-Вофй би-л-вафайот" мутазаккир шудааст, ки китоби "Харидат ал-;аср" ва замимаи онро бо хати муаллиф дидааст, валекин перомуни дар кучо дидан ва аз чанд а;сому ачзоъ иборат будани он харфе ба миён наовардааст. Ё;ут Хамавй ва Хочй Халифа эхтимол додаанд, ки он та;рибан дар дах мучаллад омода гардидааст. Дар ин замина аввалй чунин овардааст: "фарогири дах мучаллади латифе мебошад" (14, 6, 2627). Дувумй тазаккур сохтааст, ки он "дар доираи дах мучалладот" (10, 1, 702) тахия шудааст. Аз донишмандони мутааххир Умар Ризо Куххола низ теъдоди онро тахминан дах мучаллад ба ;айд овардааст (8, 3, 635). Закиуддин Мунзирй (11, 1, 311) ва Ибн Халликон (4, 2, 75) муъта;иданд, ки он аз "дах мучалладот" фарохам омадааст. Бино ба тасрехи Мухаммад Бехчат Асарй дар дастхати мусаввараи дар китобхонаи "Мачмаъаи илмии Иро;й" махфузбудаи "Харидат -ал-;аср" таъкид гардидааст, ки он аз дувоздах чузъ иборат мебошад. Ин матнро нусхабардори номаълуме дар охири чузъи бар шуарои Са;алийя, Магриб ва ;исме аз шуарои Андалус ихтисосёфта баён кардааст, ки он чунин омадааст: "Чузъи ёздахуми китоби "Харидат ал-;аср ва чаридат ал-аср" ба итмом расид... Онро дар чузъи дувоздахум шеъри Ибн Хафочаи Андалусй идома медихад ва у охирон адиб аст". Чузъи дувоздахум тадовуми шархи холи шуарои Андалус буда, дар 217 лавх ва як сахифа, ки 435 сафхаро ташкил мекунад, тадвин ёфтааст (5,99-100). Сипас дар хотимаи чузъи дувоздахум афзудааст : "Ин охирон и;тибосест, ки аз китоби "Харидат ал-;аср ва чаридат ал-аср"-и фасехтарини нобигагон, балегтарини фусахо, ашрафи нависандагон, аминулмулк , такягохи мулуку салотин, сутуни дин, зинати ислом, муфтии фир;ахо, зувалбалогатайн, пешвои донишмандон Абу Абдуллох Мухаммад ибн Мухаммад ибн Хомиди Исфахонии Котиби Малакии Носирй оварда шуд" (5,100).
Бар мабнои суханони муаллиф дар пешгуфтори асар "ин китоб ба ;исматхо та;симбандй шудааст", вале доираи ин а;сом ва унвонашон арзёбй нагардидааст. Фузун бар ин, матни он бар унвони ;исми якум холй мондааст. Шоёни таваччух аст, ки Имод дар ибтидо хини тарассуми сурати китоб ва услубу та;сими он дар зехни худ бо пайрохаи Саолибиву Бохарзй рахпаймой кардааст. Аммо душворихое, ки пешоруи у дар адои гояхои пешгирифта падид омаданд, уро ба чодаи дигар такон дод. Таъкид чоиз аст, ки офариниши мисли ин китоб, ки шоирони чахони исломиро куллан дар дарозои таърих бо дурии масофати байни кишвархо ва ;иллати васоил ва душвории сафархо фаро мегирифт, мехнати пурмаша;;ат ва захматталабро талаб менамуд. Фузун бар ин, тах;и;у тадвини он зарурати боздид бо шуаро ва хикояти ахбору ашъори онхоро аз манобеи муътабар талаб менамуд. Бадехист, ки дар
чунин тарзи корбари муаллиф доираи а;соми китоб ва унвони онро ба замони шуруи он мав;уф гузошта, ;исм ба ;исм номгузори менамуд.
Нуктаи ;обили зикр он аст, ки унвони ;исмхои "Харидат -ал-;аср"-ро бархе аз муаррихону муаллифон дар масодири адабиву таърихи ба номи маноти;у кишвархое, ки Имод ахволу осори шуарои онро тазаккур сохтааст, нисбат медиханд. Онхо унвони ;исмхоро " Иро;, Ачам, Шом, Чдзира, Миср, Магриб" хондаанду дигар чизе ба он наафзудаанд. Хдмин гуна тарзи баёнро метавон дар "Вафайот -ал-аъён" (4, 2, 75), "Муъчам ал-удабо" (11, 6, 2627) ва "Кашф аз-зунун" (10, 1, 702) ба мушохида гирифт. Дар пажухиши донишмандони муосир низ хамин тарзи баён идома ёфтааст. Чунончи, олими фархехта Умар Фаррух таъкид доштааст, ки дар "Харидат ал-;аср" шуарои Иро;, Ачам, Шом, Чдзира, Миср, Магриб гирдовари шудаанд (9, 3, 417).
Бо тааммулу мурочиат бар нусхахои хаттии "Харидат -ал-;аср" метавон дарёфт, ки а;соми онро Имод таъйин сохтаву хар кадоме аз онхоро номгузори кардааст, ки дар мачмуъ фарогири чахор ;исм аст. Дар пайгири аз ин, муха;;и;они муосир бар мабнои он нусхахои чопиро омода кардаанд. Муаллиф хар яке аз ;исмхои асарро ба чанд минта;а ихтисос додааст. Аммо ;исми аввал танхо муштамил бар шуарои Иро; мебошад. Дар робита ба ин, ;исми дувум вижаи шуарои Ачам, Форс ва Хуросон гардонида шудааст. Дар ;исми савум шоирони Шом, Мавсил, Чдзира, Бани Рабиъа, Диёрбакр ва кишвархои мучовири он, яъне ^ичозу Тихома ва Яман гирдовари шудаанд. Дар ;исми чахорум шуарои Мисру навохии он, шоирони чазираи Са;алийя, Магриб ва Андалус чамъовари гардидаанд.
Донишманди сохибназари араб Шукри Файсал рочеъ ба та;симбандии тазкира ва хадафи муаллиф дар он чунин изхор доштааст: "Чунин ба назар мерасад, ки пушти ин та;симбанди хадафи возеху ;онеъкунандаро наметавонем баён созем. Чи уро ба ин кор су; дод, оё у дар паи чунин та;симбандиаш чониби хаёти сиёсии ин маноти;ро дар назар дошт, ё худ чихати имтиёз дар натичагири аз ашъори шуаро? Оё у ба та;симоти чугрофии бузург ишора мекард ва ё ба худуди сиёсии голиб ишора дошт? Оё чихати эхсос бар таъсири вазъи моддиву маънави ё худ чихати таъсиргузории бештар ва итоаткори ба он?... Во;еият он аст, ки таъйин сохтани сабаби чунин та;симбанди сахл нест. Дар амали Имод ;адре аз эхсос ба таъсири мухит дар кори адаби мушохида мешавад..." (7, 3, 4-5).
Дар мачмуъ, ;исматхои "Харидат -ал-;аср"-ро метавон ба шакли зерин мушаххас намуд: 1. Кисми шуарои Иро;; 2.^исми шоирони Ачам, Форс ва Хуросон;3.^исми шуарои Шом,
Мавсил, Нимчазираи Арабистон, ^ичоз ва Яман;4.^исми шоирони Миср, чазираи
Са;алийя, Магриб ва Андалус.
Нуктаи ;обили зикр он аст, ки ;исми шуарои Иро;и тазкира бузургхачмтарин а;соми "Харидат -ал-;аср" махсуб ёфта, дар 4 чузъи бузург, ки чузъи савуму чахоруми он фарогири ду мучаллад аст ва хамчунин як такмила омода гардидааст. Дар мачмуъ, он 3175 саифаро ташкил намуда, муштамил бар зиндагинома ва мероси адабии 288 нафар шоири иро;и мебошад. Шоёни таваччух аст, ки аз миёни он шуаро 193 нафарашон ахли Багдод мебошанд, ки ин шаходати ву;уфи комили муаллиф аз хавзахои адабии ин минта;а мебошад.
Кисми шуарои Шом низ хачман бузург буда, фарогири мадхал, се мучаллади муштамил бар 2193 сахифа мебошад, ки хасби хол ва эчодиёти 257 нафар шуарои шомиро дарбар гирифтааст.
Кисми шуарои Миср дар алохидаги аз шуарои Магрибу Андалус интишор гардидаву фарогири ду чузъ буда, дар мачмуъ аз 591 сафха фарохам омадааст. Он ахволу осори 141 шоирро бозгу намудааст.
Кисми суханварони Магрибу Андалус шомили ду мучаллад ва 1228 сахифа мебошад. Он шархи хол ва эчодиёти 283 нафар шуароро матрах сохтааст. Ба таври умум, а;соми фав;уззикр ахволу осори 969 шуароро дарбар мегирад.
Бо таваччух ба "Харидат -ал-;аср ва чаридат ал-аср"-и Имоди Котиб хамин нуктаро бояд афзуд, ки он во;еан хам он доиратулмаорифи бузурги ;арнхои XI-XII ба шумор омада, ахбори судмандеро перомуни хавзахои адабии садахои мазкур ва намояндагони он бозтоб менамояд. Бо таълифи ин асар ва замимаи он мусанниф силсилаи китобхоеро, ки уламои
;абл аз у дар мавриди шуарои ахди исломй тасниф намуда буданд, ба хам пайванд сохт. Хд;
ба чониби муха;;и;и маъруфи димиш;й Шукрй Файсал мебошад, ки бо таваччух ба арзиши
"Харидат ал-;аср" онро хал;аи мутавассита дар силсилаи таълифоти манти;ии ;абливу
баъдй ба шумор овардааст (6,4).
ПАЙНАВИШТ:
1. Абушома, Шихобуддин Абдуррахмон ал-Мавдисй ад-Димиш;й. Китоб ар-Равзатайн фи ахбор ад-давлатайн ан-Нурийя ва-с-Салохийя: адад ал-мучалладот 5/Шихобуддин Абдуррахмон ал-Ма;дисй ад-Димиш;й Абушома. - Байрут, 1987. - 384 с. - 1 м.
2. Брокелман, К. Таърих- ал-адаб ал-арабй: адад ал-мучалладот 6 /К.Брокелман.- Кохира: Дор- ул- кутуб ал-исломй,1977.- 376 с.-4 ч.
3. Зайдон, Чурчй . Таърих -ал адаб ал-лугах ал арабиян адад ал-мучалладот: 4/Ч,.Зайдон. -Кохира:Дор хилал. 1978.-372 с.- 3 ч.
4. Ибн Халликон, Абулаббос Шамсуддин Ахмад ибн Мухаммад. Вафайот ал-аъйон фи анбоъ абно аз-замон: адад ал-мучалладот 8/ Абулаббос Шамсуддин Ахмад ибн Мухаммад ибн Халликон. - Байрут: Дор Содир, 439 с. - 5 ч.
5. Имодуддин ал-Исфах,онй, ал-Котиб. Харидат ал-каср ва чаридат ал-аср: адад ал-ачзоъ 4, ал-^исм ал-ирокй/ Имодуддин ал-Исфах,онй ал-Котиб.- Багдод, 1955. -559 с .-1 ч.
6. Имодуддин ал-Исфах,онй, ал-Котиб. Харидат ал-каср ва чаридат ал-аср. Бидойат кисм Шуаро аш-Шом. Шуаро Димашк ва-ш-шуаро ал-умаро мин Банй Аюб/Имодуддин ал-Исфах,онй ал-Котиб.-Димишк: Ал-Матбаъат ал-Х,ошимийя, 1968-335 с.
7. Имодуддин ал-Исфах,онй, ал-Котиб. Харидат ал-каср ва чаридат ал-аср. ^исм Шуаро аш-Шом/Имодуддин ал-Исфа^онй ал-Котиб.-Димишк, 1955.- 712 с.- 1 ч.; 1959. - 719 с. - 2 ч.
8. Ан-Нуаймй, Абдулкодир ибн Мухаммад ад-Димашкй. Ад-Дорис фи таърих ал-мадорис: адад ал-ачзоъ 2/Абдулкодир ибн Мухаммад ад-Димашкй ан Нуаймй . - Байрут: Дор ал-кутуб ал-илмия,1990. - 456 с . - 2 ч.
9. Умар, Фаррух. Таърих- ал-адаб ал-арабй: адад ал-мучалладот 6/Ф.Умар.- Бейрут, 1989.
10Дочй, Халифа. Кашф уз-зунун ан асомй ал-кутуб ва-л-фунун: 6 чилд/^очй Халифа. -
Байрут: Дор ал-Фикр, 1986.-822 с.-^.2.
11Дамавй, Шихобуддин Абй Абдуллох Ё;ут. Муъчам ал-удабо ав иршод ал-ариб фи маърифат ал-адиб: адад ул-ачзоъ 20/ Шихобуддин Абй Абдуллох Ё;ут ал Хдмавй.-Байрут:Дор ал-Фикр , 1993. - 620 с. - 19 ч.
REFERENCES:
1. Abushoma, Shihabuddin Abdurrahman al-Maqdisi al-Dimashqi.: The Book of two Gardens for the History of the two Dynasties, in 5 v. / Shihabuddin Abdurrahman al-Maqdisi al-Dimashqi Abushoma. - Beirut: Dor-al kutub al-ilmiya, 1987. - 384 p. - 1 v.
2. Brokelman, K. Ta'rikh al-Adab al-arabi (the history of Arab literature): in 6 volumes/K. Brokelman. -Cairo: Dor ul- kutub al-islomi,1977.- 376 p.- 4v.
3. Zaydan, Jirji. Tarikh adab al-lughah al-'Arabiyah (The history of Arab literature and
4. Ibn Khallikon, Abulabbos Shamsuddin Ahmad ibn Muhammad. "Deaths of Eminent Men and History of the Sons of the Epoch ": in 8 v./ Abulabbos Shamsuddin Ahmad ibn Muhammad Ibn Khallikon. - Beirut: Do Sodir, 1978. - 439 p. - 5 v.
5. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. The Gem of a courtyard and suit of contemporaries (Kharidat al-qasr wa Jaridat al-asr). Part of Iraqi poets: 4 v. / Emad al-Din al -Isfahani Kotib. -Baghdad, 1955. - 559 p. - 1v.
6. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. The Gem of a courtyard and suit of contemporaries. The beginning of the part of Syrian poets. Damascus poets and poets Emirs of Ayubi dynasty / Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. - Damascus: Al-Matbaat al-Hoshimiyya, 1968 - 335 p.
7. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. The Gem of a courtyard and suit of contemporaries. The part of Syrian poets: 3 v. / Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. - Damascus: Al-Matbaat al-Hoshimiyya, 1955 - 712 p. - 1 v.; 1959. - 719 p. - 2v.; 1964. - 427 p. - 3 v.
8. An-Nuaimi, Abdulkadir Muhammad ibn al-Dimashki. The Study of the History of the Madrasas(Ad- Doris fi ta'rikh al-madoris): 2 v. / Abdulkadir Muhammad ibn al-Dimashki an-Nuaimi. - Beirut: Dor al-kutub al-ilmiyya, 1990. - 456 p. - 2 v.
9. Umar, Farrukh. Ta'rikh al-Adab al-arabi (The history of Arab literature): in 6 volumes/F.Umar. -: Dor ul- maloiin,1989.- 998 p.- 3v.
10.Haji Khalifa. Kashf az Zunun an-asami al kutub va-l-funun: in 6 volumes/ Haji Khalifa. -Beirut:Dor ul-fikr, 1986.- 822 р.- 1v..
11.Hamavi, Shihabuddin Abi Abdullah Yakut. The glossary of writers: 20 v. / Shihabuddin Abi Abdullah Yakut al-Hamawi. - Beirut: Dor al-Fikr, 1993 - 620 p. - 19 v.
История сочинения антологии "Харидат-ал-каср " Имадуддина Исфахани
и содержание её частей
Ключевые слова: Имадуддин Исфахани, антология, "Харидат-ал-каср", история арабской
литературы, история сочинения В статье автором рассмотрены дата сочинения и части антологии "Харидат-ал-каср ва джаридат-ал-аср" ("Жемчужина дворца и свиток современников") знаменитого арабоязычного ученого, историка и писателя XII века Имадуддина Котиба Исфахани. Исследуя данный вопрос, автор констатирует мнения и комментарии различных средневековых арабских историков и литераторов, а также результаты исследований современных ученых о времени составления антологии и содержании её частей.
Выявлено, что антология "Харидат-ал-каср ва джаридат-ал-аср" Имадуддина Исфахани поистине является одним из основных источников изучения арабских литературных кругов XI-XII вв. По мнению автора статьи, антология Имамуддина Исфахани оказала существенное влияние на последующие сочинения такого рода и имела большой успех в развитии арабской истории и литературы данного периода.
History anthology works "Haridat al-Qasr " Emad ad-din al-Isfahani and the content of its parts
Keywords: Emad-ad-din al-Isfahani, an anthology, "Haridat al-Qasr, " the story of Arabic literature, history works
In the article the author considered the date of writing and of the anthology "Haridat al-Qasr dzharidat wa-al-Asr" ( " The Gem of a courtyard and suit of contemporaries ") of the famous Arabic-language scholar, historian and writer of the twelfth century Emad-ad-din al-Isfahani Kotib. Examining this question, the author notes the views and comments of various medieval Arab historians and writers, as well as the results of research of modern scientists about the time of compiling an anthology, and the content of its parts.
It was revealed that the anthology "Haridat al-Qasr dzharidat wa-al-Asr" Emad-ad-din al-Isfahani truly is one of the main sources of study of Arab literary circles XI-XII centuries. According to the author, an anthology Emad-ad-din al-Isfahani had a significant influence on subsequent works of this kind and had great success in the development of Arab history and literature of the period.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Рацабова Мар^або Тухтасуновна, номзади илмуои филологй, докторанти кафедраи филологияи араби Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Г.Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: [email protected] Сведения об авторе:
Раджабова Мархабо Тухтасуновна, кандидат филологических наук, докторант кафедры арабской филологии Худжандского государственного университета имени академика Б.Г.Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд),E-mail: rajabova.marhabo @mail.ru Information about the author:
Radjabova Marhabo Tukhtasunovna, Candidate of Philological Sciences а Doctoral student in the Depаrtment of Arabic Philology of Khujand State University named after academician B.G.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]