Научная статья на тему 'Мақоми имодуддини Исфаҳонй дар давлати Нурия'

Мақоми имодуддини Исфаҳонй дар давлати Нурия Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
101
64
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Имодуддин Исфаҳонй / давлати Нурия / Султон Нуриддин / адабиёти араб / забони арабй / қасида / Имодуддин Исфахани / государство Нуридов / Султан Нуриддин / арабская литература / арабский язык / касида / Imoduddin Isfahani / the state ofNurids / Sultan Nuriddin / Arabic literature / Arabic / qasida

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Рацабова Марҳабо Тӯхтасуновна

В статье автором рассмотрена жизнь знаменитого государственного деятеля, историка, ученого и писателя Имодуддина Исфахани в государстве Нуридов, которым возглавлял Султан Нуриддин. Для решения задач, поставленных перед собой автор обращается к многочисленным достоверным источникам, отражающим данный период его жизни, а также к произведениям самого Имодуддина Исфахани. Автор приходит к такому выводу, что поистине он являлся близким соратником Султана Нуриддина и вместе с тем имел большие достижения и пользовался авторитетом в этом государстве.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

IMODUDDIN ISFAHAN’S POSITION AT THE COURTYARD OF SULTAN NURIDDIN

This article brings to light the life of the outstanding statesman, historian, scholar and writer Imoduddin Isfahani in the state of Nurids, reigned by Sultan Nuriddin. In order to achieve the targets set before isfaham’s, the author refers to a numerous reliable sources reflecting this period of his life as well as to the works of Imoduddin Isfahani himself. The author comes to conclusion that indeed he was a close associate of Sultan Nuriddin, and yet had great successes and popularity in this state.

Текст научной работы на тему «Мақоми имодуддини Исфаҳонй дар давлати Нурия»

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44) 2015

УДК 8Т1 М.Т. РАҶАБОВА

ББК 83,3(0)3

МАҚОМИ ИМОДУДДИНИ ИСФАҲОНЙ ДАР ДАВЛАТИ НУРИЯ

Вожаҳои калидӣ: Имодуддин Исфаҳонй, давлати Нурия, Султон Нуриддин, адабиёти араб, забони арабй, қасида

Имодуддин Котиби Исфаҳонй (519/1125-597/1201) аз зумраи саромадону мутафаккирони барҷастаи садаи XII мебошад, ки тавассути фаъолияти пурмаҳсул ва мероси адабиву таърихии хеш таъсири мондагоре ба адабиёт ва таърихнигории исломй, бавижа, дар Эрону Шом гузоштааст. Доираи ташаккули илмии ин алломаи забардаст байни Исфаҳон, Ироқ ва Шому Миср қарор дошт. Пас аз камолоти илмиву адабии хеш дар Эрону Ироқ ҷониби Шом равона гардид ва бо муҳити комилан арабй фаро гирифта шуд. Дар доираи мазкур мардумони араб бо ақвоми мухталиф, аз қабили турку форс ихтилот пайдо карда буданд. Имодуддин Котиби Исфаҳонй дар ин аҳд назди донишмандони бузурги замон касби илм намуда, дониши хешро сайқал дод ва ахлоқи волои онҳо барояш муассир афтода буд. Ин муҳит дар ташаккули минбаъдаи шахсияти ӯ нақши бориз дошт.

Имодуддини Исфаҳонй дар пайгирй аз ҳадафи пайдо кардани пуштибону муттакй ва сукунат дар канори давлати Зангиҳо ҷониби Шом равона гардида, моҳи шаъбони соли 562 /1167 ба шаҳри Димишқ ворид шуд. Нуктаи мазкур дар қисми шуарои Шом чунин тазаккур ёфтааст: “Дар давоми сукунатам дар Багдод орзуи дидори Шомро дар дил мепарваридам, то он ки моҳи шаъбони соли 562 ҳ. вориди Димишқ гардидам” (10, 10). Дар “ал-Барқ аш-шомй” муаллиф сабаби ба Димишқ равона гардиданашро чунин шарҳ додааст: “Ҳадафи берун рафтанам аз Багдод ва вуруд гаштанам ба Димашқ на дар пай пайдо кардани олиҳимматону наҷибон, балки дар эҳсоси танҳой баъди ҳаводиси гузашта буд. Дарвоқеъ, вазир Авнуддин Яҳё ибни Муҳаммад ибни Ҳубайра (490/1097-560/1166) бо фазлу хиради хеш бар ман таваҷҷуҳ намудаву бар худ нигоҳ медошт ва маро волии худ дар Басраву Восит таъйин сохт. Чун пас аз вафоташ дар соли 560 ҳ дар Багдод гирифтор шудам, дарк намудам, ки ҳар он чи ки бар вай мансуб буд, зери по ва поймол карда шуд... Ман худро пурра ба мунозароту мубоҳисоти илмй бо фақеҳон бахшидам. Дар миёни онҳо фақеҳе аз аҳли Димашқ буду богу бӯстон ва ҳавои хуши онро тавсиф мекард. Ҳамин чиз дар дили ман сафари ин сарзаминро бедор сохт”(3,17-18).

Ибни Касир (701/1302-774/1373) вуруди Имодро ба Димишқ дар ҳаводиси соли 562/1167 чунин тазаккур сохтааст: “Дар моҳи шаъбони ин сол қудуми Имоди Котиб аз Багдод ба Димишқ расид. Ӯ Абӯҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммади -Исфаҳонй, соҳиби “ал-Фатҳ ал-қудсй”, “ал-Барқ аш-шомй”, “ал-Харидат” ва дигар мусаннафот мебошад” (6,16,423).

Пас аз вориди хоки ин сарзамини бостонй гардиданаш Имод дар васфи Димишқ қасидае сароид, ки байте аз он фарогири маъонии зайл аст:

Дар саросари олам шаҳре ҳамшабеҳи Димишқ набвад,

Дар сабилиХудованд ишқи он диламро рабудааст (10,10; 3, 66).

Шоёни таваҷҷӯҳ аст, ки дар қисми шуарои Шом дар радифи қасидаи фавқуззикри Имод боз як идда қасоиди шуарои дигар дар васфи ин шаҳри пуршукӯҳ ҷойгузин гардидааст. Шукрй Файсал бо таваҷҷӯҳ ба ин ашъор онҳоро ҷузъе аз шеъри мудун дар фарҳанги арабй шуморидааст(10, 29).

Матлаби қобили зикр он аст, ки Абӯшома ал-Мақдисй ад-Димишқй (599/1203-665/1267) дар муҷаллади нахусти “ар-Равзатайн” бар мабнои ахбори китоби “ал-Барқ аш-шомй” фаслеро таҳти унвони “Қудуми Имоди Котиб ба Димашқ ” ба таърихи вуруди Имод ба Димишқ ва ҳаводиси марбут ба он бахшидааст (3,Ҷ.1. ,108-109). Дар канори ин, дар ҷилди дувуми асари мазкур низ фасли ҷудогона мавсум ба “Қудуми Имоди Котиб ба Димишқ ва таҷдиди ошноии ӯ бо Наҷмуддин ва Шеркӯҳ ва ибтидои ошной бо Салоҳуддин ва мадҳи онҳо” ахбори иртиботи Имодро бо хонаводаи Аюбиён бозгӯ намудааст (3,Ҷ.2.,11-16).

Таъкид ҷоиз аст, ки дар он айём ҳокими Димишқ-Малик ал-Одил Нуриддин Абулқосим Маҳмуд ибни Атобеки Зангй (511/1117-569/1174) маҳсуб меёфт. Ӯ яке аз акобири кишвари исломй маҳсуб гардида, дар адлу дод, ҷиҳоду ҳусни сират машҳур гардидааст. Дар робита ба ӯ Имод дар “ал-Барқ аш-шомй” чунин нигоштааст: “Ӯ буд, ки равнақи исломро ба кишвари Шом баргардонид ва мақоми онро устувор сохт. То замони ӯ фарангиён бар билоди Шом ҳуҷум намудаву дар он харобкорй мекарданд. Пас ӯ ба ҳамаи ин хотима бахшид ...” (3, 16). Нигоштаҳои

107

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44)2015

Ибни -Асир низ шаҳодати равшани хираду фазилати ин чеҳраи дурахшони сиёсй мебошад: “Дар хусуси сирати мулуки мутақаддим бисёр хондаам, аммо дар миёни онҳо пас аз хулафои рошидин ва Умар ибни Абдулазиз дар ҳусни сират ва адолатпарварӣ некӯтар аз ӯро мушоҳида накардаам. Ӯ мулки худро хеле тавсеа дод, ки ба он Шом, диёри ал-Ҷазира ва Миср шомил буд. Малик ал-Одил дар ҳуруби алайҳи фарангиён зафар ёфтаву дар газавоти бархе аз кишварҳои онҳо худаш ширкат намудааст. Ӯ шахси хеле мутадайин ва дар аҳкоми шариат устувор буд. Дар иншои мадорису масоҷид, роҳсозӣ, хонақоҳу қалъаҳо ӯро собиқае набуд. Ӯ орифи фиқҳи ҳанафӣ маҳсуб меёфт” (5,Ҷ.10., 55-57). Абӯшома муҷаллади нахусти “ар-Равзатайн”-ро вижаи давлати Зангиҳо, таърихи ин хонавода, намояндагони он гардонидааст. Дар он ахбори Султон Нуриддин, футӯҳоти ӯ батафсил баён гардидаву ҳамзамон ахлоқу сифоти камназираш дар фаслҳои ҷудогона, аз қабили “Адли Нуриддин”(3,Ҷ.1.,101-103), “Шуҷоати Нуриддин”(3,Ҷ.1.,103-104), “Нуриддин чӣ корҳои манфиатбахш анҷом додааст”(3,ҶЛ.,104-106), “Ҳайбату виқори Нуриддин”(3,Ҷ.1.,106-108) мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ибни Касир дар “ал-Бидоят ва-н-ниҳоят” низ батафсил дар фасле таҳти унвони “Вафоти Малик ал-Одил Нуриддин Маҳмуд ибни Зангӣ ибни Оқ Сунқур ат-Туркӣ ас-Салҷуқӣ” дар мавриди вафоти Султон Нуриддин, замони салтанати ӯ ҳарф зада, фасли дигареро мавсум ба “Сифати Малик Нуриддин” намуда, дар он аз сирату виқор ва донишу хиради камназири ӯ маълумот додааст(6,16,480-496).

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки умури давлати Нуриҳо ба дасти қозиюлқузот Камолуддин Абулфазл Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Аҳмади -Қосим ибни -Шаҳрузӯрӣ (492/1098-572/1176) буд. Имод дар қисми шуарои Шом дар баробари бозгӯи аҳволу осори ин арбоби барҷастаи кишвар боз дар мавриди падар, бародарон, фарзандон ва наберагони ӯ, ки ҳама аз аҳли фазлу хиради замони хеш буданд, маълумот додааст (11,Ҷ.2., 308-344). Дар пайгирӣ аз ин, Имод Камолиддини Шаҳрузӯриро дар фақеҳиву донишмандӣ нобигаи замон муаррифӣ карда, зимни он намунаҳои ашъорашро ҷойгузин кардааст (11,Ҷ.2., 323-327). Фузун бар ин, нақши ӯро ҷиҳати тавфиқ ёфтанаш дар Шом ёдрас гашта, дар ин замина мегӯяд: “Ман дар мадҳи Камолуддин қасоиде сурудаам. Вақте ки ман соли 562 ҳ. вориди Димишқ гардидам, бароям мусоидати зиёд намуд ва ба рӯям дари ҳамаи муваффақиятҳоро боз намуд” (11,Ҷ.2., 324). Дар ин росто бояд афзуд, ки ҳар дуи ин мутафаккирон фақеҳони шофеӣ буданд. Шоёни таваҷҷӯҳ аст, ки дар “ал-Барқ аш-шомӣ” Имод фасли ҷудогонаеро ба таърихи вафоти Камолуддин аш-Шаҳрузӯрӣ ихтисос дода, аз ҷумла чунин нигоштааст: “Ӯ шашуми моҳи муҳаррами ҳамин сол (572 ҳ.) дар синни ҳаштодсолагӣ вафот ёфт, зеро таърихи таваллудаш 492 ҳ. буд”(3, 107-108).

Зимни баёни тарҷумаи ҳоли писари қозии мазкур -Муҳйиддин Абӯ Ҳомид ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ аш-Шаҳрузӯрӣ (519/1125-586/1190) Имод дар маърифатнокиву соҳибфазилатӣ ӯро тавсиф намуда, ҳамзамон чунин изҳор доштааст: “Ӯ шарикдарс ва ҳамсоли ман буда, мавлудаш монанди ман соли 519 ҳ. мебошад. Мо ҳамроҳ дар мадрасаи Низомияи Багдод соли 536 ҳ. дар назди устодамон Ибни Раззоз илми фиқҳ омӯхта будем” (11,Ҷ.2., 330 ). Муаррихон низ ӯро дар донишмандиву раъиятпарварӣ ва наҷобату саховатмандӣ таҳсин намудаанд (4,Ҷ.2., 170-171).

Имод пас аз вориди ин сарзамини кӯҳанбунёд гардиданаш ба мадрасаи Нурия фуруд омад, ки нигоштаҳои ӯ дар “ал-Барқ аш-шомӣ” далели возеҳи ин гуфтаҳоанд: “Ба Димишқ дар беҳтарин замон ворид гардидам ва ба мадрасае фуруд омадам, ки онро дар некӯтарин овон роҳбарӣ намудам” (3, 16). Нуктаи мазкур дар “ар-Равзатайн” низ мисдоқи худро пайдо намудааст (3,Ҷ.2., 11).

Фузун бар ин, муаллифи “ал-Барқ аш-шомӣ” дар мавориди дигар иброз доштааст, ки як зумра сӯфиён аз донишу заковаташ огоҳӣ ёфта, пеши Шаҳрузӯрӣ, ки дар он айём қозии Димишқ буд, аз ӯ хабар бурданд. Пас ин арб_оби ташнаи илм Имодро ба мадрасае, ки алҳол дарс мегӯяд, ба маҳфили худ даъват кард. Ӯ чанд масоили ақидавиро матраҳ сохт ва миёни онҳо баҳси доманадоре сурат гирифт(3, 18).

Пас аз шиносоӣ ва баҳсҳои тӯлонӣ дар масоили ақоид Қозӣ Камолуддин ӯро ба мадрасаи шофеияи Нурия равона сохту мударриси он ҷо таъйин намуд. Мадрасаи мазкурро Нуриддин Маҳмуд дар дохили “Боб ал-фараҷ”-и Димишқ бино карда буд. Имод дертар соли 567/1171 сарварии он ҷоро ба зимма дошт. Минбаъд мадрасаи мазкур ба ифтихори ӯ бо номи Имодия маъруф гардид(19,Ҷ.1., 407 - 413).

Ибни Касир дар ин маврид чунин андешаронӣ кардааст: “Нуриддин Маҳмуд ибни Зангӣ идораи мадрасаеро, ки дар “Боб-ал-фараҷ” таъсис дода буд, ба Имод вогузор кард. Он мадрасаи Имодия номида мешуд. Сабаби чунин мавсум гардидани мадрасаи мазкур ҷиҳати дар он зиндагӣ кардану таълим додан ва арҷгузорӣ ба ин мутафаккири замон буд, на аз назари он ки онро таъсис карда бошад, зеро муассиси он Нуриддин Маҳмуд буд. Ҳамзамон ӯ аз аввалин шахси дар ин мадраса дарсгуфта низ набуд ва то замони ӯ омадан ашхоси дигар дар он ҷо бо таълими

108

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44) 2015

толибилмон машгул буданд. Фузун бар ин, ӯ раёсати мадрасаи мазкурро соли 567 ҳ. баъди Шайхи фақеҳ Ибни Абд ба зимма дошт” (6,16,423). Тоҷуддин ибни Сой (593/1197-674/1275) низ таъкид доштааст, ки то Имод нафарони дигаре низ тадриси мадрасаи мазкурро ба зимма доштанд (7,Ҷ.9., 64).

Дар канори ин, Қозиюлқузот Камолуддин Абулфазл Муҳаммад ибни Шаҳрузӯрй пеши Султон Нуриддин зикри вай кард ва фазоили ӯву аҳли хонаводаашро боз намуда, қасидаи мадҳии дар тамҷиди Султони кабир сурудаи Имодро ба саҳмаш расонд. Дар қасидаи мазкур лашкаркашии ӯ ба Аврупо тавсифу таҳният карда мешуд. Ҳамин гуна Султон ӯро ба ҳайси муншии девон соли 563/1169 ба кор таъйин сохт (17,Ҷ.8., 106, 239, 322).

Бар мабнои ахбори Имод қабл аз ӯ дар ин вазифа Абулюср Шокир ибни Абдуллоҳи Мааррй (496/1104- 581/1185) фаъолият дошту каме пештар ба истеъфо рафта буд (11,Ҷ.2.,352). Бар мабнои ахбори Абӯшома Абулюср Шокир ибни Абдуллоҳ аз хонаводаи шоири машҳури файласуф Абулалои Мааррй буда, сарварии девони иншои Имодуддини Зангй, сипас писари ӯ Нуриддинро дар давоми солҳои мадид ба зимма дошт (3,Ҷ.2., 20). Бояд ёдовар шуд, ки Имод дар нигоштани расоил ба забони форсй ҳунари воло дошт. Ҳамин маҳорати хешро ӯ дар номанигории арабй низ ба кор бурда, ҳунарашро сайқал бахшид. Муаллифи “Вафаёот ал-аъёон” роҷеъ ба ин масъала мегӯяд: “Имод аз он мутаҳаййир шуд, ки ӯро дар китобат даст набуд, аммо муроди бисёр дошт. Филҷумла, чун мубошири ин кор гашт, дар китобати иншо гароибу бадоеъ овард”(8,Ҷ.5., 148). Нукоти фавқуззикр дар нигоштаҳои Бадруддини Айнй низ мисдоқи худро пайдо намудааст (4,Ҷ.3.,147).

Шамсуддини Заҳабй (673/1275-748/1348) ба нақл аз Муваффақ ибни Абдуллатиф перомуни огози фаъолияти котибии Имод дар Димишқ қиссаеро бозгӯ намудааст, ки он чунин аст: “Имод бар ман чунин нақл кард: Камолуддин аз ман дархост намуд, ки ҷои ӯро дар китобат иваз намоям. Пас ба ӯ гуфтам: китобатро намедонам. Дар ҷавоб чунин гуфт: Аз ту хоҳиш дорам, ки танҳо номаҳои мавҷударо комил намой. Пас дар бораи онҳо маълумот дод. Ман рисолаҳои дар атроф навишташударо дидам ва баъдан гуфтам: агар аз ман талаб намой, ки мисли инҳо бинависам, наметавонам. Пас мактубҳои ҳифзшавандатаринро гирифта, ба он пайравй кардам ва аз рӯи он машқ намудам. Сониян, ба Багдод мактубе навиштам ва касеро аз он хабардор накардам. Пас рӯзе Камолуддин ба ман гуфт: эй кош, _ҳамон нафари ба Багдод мактуб навиштаро пайдо мекардем. Ӯ моро роҳат дод. Пас гуфтам: Ӯ манам. Сипас номаро навишта, барояш пешниҳод кардам. Вай дар ҳайрат афтод ва ба ман китобат карданро фармуд. Баъдан чун Асадуддин бори сеюм ба Миср равона шуд, ман вайро ҳамроҳй кардам”(14,Ҷ.21., 347).

Дар ин фурсат барояш муяссар гардид, ки дар назди Нуриддин мақоми рафеъ пайдо кунад ва соҳибсир гардад (20,Ҷ.19,14; 8,Ҷ.5.,148). Дар ин асно соли 566/1170 ӯ ҳамчун паёмгузори Султон дар назди халифа Мустанҷид (555/1160-566/1170) ба Багдод фиристода шуд (13,49-50; 16,Ҷ.5., 149). Тафсилоти сафири Султон Нуриддин таъин гардидани Имодро муаллифи “ар-Равзатайн” дар фасле таҳти унвони “Сафорати Имоди Котиб ба Багдод” ба қайд овардааст (3,Ҷ.2., 110).

Баъдан чун аз он ҷо бозгашт, моҳи раҷаби соли 567 /1171 сарварии мадрасаи фавқуззикрро ба зиммааш вогузор намуданд (13,63; 20,19,14; 8,Ҷ.5.,149). Пас аз чанд муддати фаъолият дар мадраса соли 568/1172 Султон Нуриддин ӯро ба вазифаи сардабири китобат таъин намуд. Дар ин вазифа ӯ то вафоти Нуриддин дар моҳи шавволи соли 569/1174 адои хидмат намудааст ( 14,Ҷ.21., 346; 13,69).

Таъкид ҷоиз аст, ки дар ин аҳд чойгоҳу мартабаи вай хеле боло рафта, мавриди эъзозу икром қарор гирифт. Имод ҳамеша чй дар сафар ва чй дар Шом пайваста надиму анбози Султон Нуриддин буд. Ӯ шоҳиди муҳорибаҳои Султон бо аврупоиён буда, аз футӯҳоти ӯ хушнудй мекард ва тавассути назму наср бо суханони воло қаҳрамониву музаффариятҳои ӯро тараннуму таҳният мекард.

Абӯшома Мақдисй дар ин хусус мегӯяд: “Пас аз вафоти шуарои барчаста Қайсаронй ва Ибни Мунир дигар шоире боқй намонда буд, ки маноқиби Султонро ба таври сазовор тараннум созад, ба чуз Ибни Асъади Мавсилй, то он ки Имод соли 562/1167 ба Шом ворид шуд ва ин умурро ба дасти худ гирифт. Ӯ лашкаркашиҳои Нуриддинро дар беҳтарин вачҳ бо ибороти латифу дилчасп ҳам назму ҳам наср васф намудааст ”(3,Ҷ.1.,109). Дар нигоштаҳои фавқуззикр Абӯшома ба шуарои барчаста -Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Насри Қайсаронии Акковй (478/1086-548/1154) ва Аҳмад ибни Мунири Таробулусй (473/1081-548/1154) ва Абулфарач Абдуллоҳ ибни Асъад ибни Даҳҳони Мавсилй (ваф.582/1187) ишора намудааст. Ахбору ашъори онҳо дар “Харидат-ал-қаср” матраҳ гардидааст (11,Ҷ.2.,76-95; 2, 96-160; 11,Ҷ.3., 279-294).

Қобили таваччӯҳ аст, ки Абӯшома дар “ ар-Равзатайн” намунаҳои барчастаи ашъори Имодро дар тасвироти саҳифаҳои қаҳрамонй ба касрат чо додааст. Он тачассумгари волотарин арзишҳои

109

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES» № 3(44) 2015

инсонӣ ҷиҳати бедор намудани эҳсоси ватангароӣ ва ҳимояи марзу буми он аз аҷнабиёну бегонагон мебошад.

Баргузидаи чунин мадҳияномаҳои ба Султон Нуриддин бахшидашуда дар тазкира низ ҷойгузин гардидааст. Имод Малик ал-Одил Нуриддинро дар раиятпарвариву адолатпешагӣ ва донишмандиву фозилӣ фариди замон хонда, мадоеҳи мутааддидеро барояш эҳдо намудааст (9,Ҷ.1.,69; 10,41-66). Дар абёти зерин шоир эҳсону чуди Султони азимушшаънро чунин ба силки тасвир кашидааст:

Бо Маликал-Одил Маҳмуд,

Айёми деринтизорам фаро расид.

Иқбол дар сояи худ маро мақом дод,

Пас замони хушнудиам баргашт.

Касе, кидар сояиӯ сукунатнадорад,

Пас, ӯ дарвоқеъ ҳам масъуд нест.

Пас, чӣ сон мардум назди ӯ хушбахт нагарданд,

Дар ҳоле ки ӯ байни адлу чуд қарор дорад(10,43).

Дар қасидаи дигар ситоиши Малик Одили Нуриддин чунин омадааст:

Ту қутби дунёиву асҳоби гаюрат,

Шамшери буррон дар мақоми абдолу автод.

Пеши ту нифоқ раҳ надорад,

Пас бозори фасодрост бадӣ касод( 10,49).

Пас аз нусрату пирӯзии Султон Нуриддин дар яке аз муҳориботи алайҳи фарангиён Имод ба ифтихори ӯ қасидаи зеринро сурудааст, ки дар он аз чумла омадааст:

Бо нусрати ту парчами имон пайваста аст,

Дар аҳди ту ояи эҳсон густурда аст.

Эй голиби муқтадиртарини мулук,

Сайёди сайёдони шерон, савораи саворон Эй голиби то чдор аз арбоби он,

Шарафмандгашта бар точдорон.

Маҳмуди Маҳмуд миёни мардумон,

Дар ҳама иқлим ба кулли забон(10,54).

Имод дар ҳамин мақому манзалат ва рафоҳият зиндагии хуше ба сар мебурд, то он ки соли 569/1174 Султон Нуриддин вафот кард. Ахбори фавти Султон Нуриддинро мусаннифи “Дувал-ал-ислом” дар ҳаводиси соли 569 ҳ. чунин мутазаккир гардидааст: “Дар ин сол Нуриддинӣ шаҳиду саиду ҳамид аз дунё бирафт. Ин мухтасар барои эзоҳи маҳосину диёнат, шучоату газавоту футӯҳот, масочиду мадорис, адлу доди ӯ тангӣ мекунад. Умри ӯ ба 58 расида буду давлаташ 28 сол идома дошт” (15,Ҷ.2., 74). Имод аз фавти ин Султони додгустар гирифтори андӯҳ гардида, ҳамчун надими вафодор қасоиди риққатомезе дар рисои вай сурудааст. Аз чумлаи абёти он қасидаи тӯлонӣ чунин аст:

Азрафтани Малик ал-Одил мулку адл мегиряд,

Офоқ торик гаштаву бар он шамсу қамар нест.

Вақте Нуриддиннопадидгардид, чаҳлузулматрӯгирифт,

Баракоту хайр барҳамхӯрду шарру фасод фузунӣ ёфт.

Цасорату чуд бимурдуяъсу бухлреша ронд,

Сифлагон бузургӣ ёфтанд, дар ҳоле ки аҳли фазлу фазл хор гаштанд (10,70).

Дар тазкира Имод изҳор доштааст, ки дар рисои Малик Одили Нуриддин марсияи тӯлонии дигаре низ сурудааст, ки фарогири 110 байт буда, байти нахусти он чунин аст:

Дин аз гайбаи нурашгирифтори зулм аст,

Даҳр аз гум кардани амираш гирифтори гам аст (10,72).

Бар мабнои ахбори мусаннифи “ар-Равзатайн” вақте писари хурдсолаш Султон Солеҳи Исмоил, ки ҳамагӣ ёздаҳ сол дошт, ба чои вай ба сари ҳукумат омад, вазъи Имод куллан дигаргун шуд . Ӯ барои эҳтироми хотири Нуриддин дар ибтидо ба фаъолияти худ идома дод. Бо истифода аз хурдсолии Султон як гурӯҳе бар вай ҳукмфармо гардиданд, ки дар миёни онҳо вазираш Шиҳобуддин Абӯсолеҳ Абдурраҳим ибни Абетолиб ибни Ачамӣ, ал-Амир ал-Атобекӣ Шамсуддин Муҳаммад ибни Абдулмалик ибн Муқаддам, хочасарояш Ҷамол-уддовла Райҳон ва хазинадори байтулмол Шайх Исмоил буданд. Онҳо бо ҳам забон як карда, ҳар қадаре ки тавонистанд, ба давлат ва хазина дастдарозӣ карданд. Ин тоифа нисбати Имод ҳисси бадбинӣ доштанд ва бо таъсири онҳо ӯ аз кулли маносибаш дур кардаву аз дарбор ронда шуд. Аз тарси эшон вай тарки ҳама чиз намуда, қасди сафари Багдод намуд ва пинҳонӣ чониби он равона гардид (3/Ҷ.2., 208-210).

110

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44) 2015

Дар пайвастагӣ ба вазъи давлати Нуриҳои Зангй пас аз фавти Малик Одил Султон Нуриддин Имод дар тазкира бо таассуф сухан рондаву аз ҷумла чунин андешаронӣ намудааст: “Аз наздиконаш пас аз ӯ ба чуз он ки дар маҳви осораш ва инкори аъмолаш саъй намуданд, дигар чизеро пайдо карда натавонистам. Худованд ӯро биёмурзад, ки ҳадафаш эъзози ислом ва залил кардани куфр буд. Аммо онҳо баръакси вай амал карданд ва ҳар кадоме худсарона бо раъйи худ ба истибдод машгул гардиданд. Пас аз миёни эшон бо эҳсоси хавф аз даҳшати аҳвои онҳо гурезон гаштам (10,72-73).

Аз рӯзгори Имоди Котиб дар Шом ва равобиташ бо давлати Нурия бармеояд, ки воқеан ҳам султони илмдӯсту адабпарвари он-Нуриддин чойгоҳи волоеро барои ин мутафаккири барчаста қоил гардидаву дар тарвичи фаъолияти ӯ мусоидати ҳамачониба намудааст. Имоди Котиб низ дар навбати худ тамоми ҳастиашро ба ободиву созандагӣ дар ин кишвар равона сохтааст. Тавассути нигориши таърихномаи ин сарзамини кӯҳанбунёд, бавижа, давлати Нурия ва бозгӯи хидматҳои Султон Нуриддин дар пешорӯи тамаддуни исломӣ ба зиндагии онҳо умри човидона бахшид. Ашъори дар мадҳи Султон Нуриддин сароидаи Имоди Котиб низ аз беҳтарин намунаҳои чунин навъи шеърӣ ба шумор рафта, самимият ва муҳаббату сипосгузории муаллифро тачассум менамояд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бартольд, В.В.Сочинения:в 9 т.[1т.-Туркестан в эпоху монгольского нашествия] /В.В. Бартольд. -М.: Восточная литература, 1963. -763 с

2. Крачковский, Ю.И. Каталог арабских рукописей Института народов Азии (АН СССР). Выпуск №3/Ю.И.Крачковский. - Москва:Восточная литература,1965. -195 с.

3. Абӯшома, Шиҳобуддин Абдурраҳмон ал-Мақдисӣ ад-Димашқӣ. Китоб ар-Равзатайн фи ахбор ад-давлатайн ан-Нурийя ва-с-Салоҳийя: адад ал-мучалладот 5/Шиҳобуддин Абдурраҳмон ал-Мақдисӣ ад-Димашқӣ Абӯшома. - Байрут: Дор ал-кутуб ал-илмийя, 1987. - 384 с. - 1 м.

4. Ал-Айнӣ, Бадруддин Маҳмуд. Иқд ал-чумон фи таърих аҳл аз-замон: адад ал-мучалладот 4/ Бадруддин Маҳмуд ал-Айнӣ .- 2007.- 548 с.- 3 м.

5. Ибн ал-Асир, Иззуддин Абулҳасан ибн Алӣ. Ал-Комил фи-т-таърих: адад ал-ачзоъ 11/ Иззуддин Абулҳасан ибн Алӣ ибн ал-Асир. - Байрут: Дор ал-кутуб ал-илмийя, 2003 . - 504 с. - 9 ч; 519 с .- 10 ч.

6. Ибн Касир, Имодуддин Абулфидо Исмоил ибн Умар. Ал-Бидойат ва-н-ниҳойат: адад ал-ачзоъ 20/ Имодуддин Абулфидо Исмоил ибн Умар ибн ал-Касир.- Қоҳира:Дор ал-Ҳучар, 1998 . - 782 с .- 16 ч.

7. Ибн ас-Соъӣ ал-Хозин, Абӣ Толиб Алӣ ибн Анчаб. Ал-Ҷомеъ ал-мухтасар фи унвон ат-таворих ва уюн ас-сияр: адад ал-ачзоъ 9/ Абӣ Толиб Алӣ ибн Анчаб ибн ас-Соъӣ ал-Хозин. -Қоҳира: Дор ал-Маориф, 1934. -390 с.- 9 ч.

8. Ибн Халликон, Абулаббос Шамсуддин Аҳмад ибн Муҳаммад. Вафайот ал-аъйон фи анбоъ абно аз-замон: адад ал-мучалладот 8/ Абулаббос Шамсуддин Аҳмад ибн Муҳаммад ибн Халликон . - Байрут:Дор Содир, 439 с .- 5 м.

9. Имодуддин ал-Исфаҳонӣ, ал-Котиб. Харидат ал-қаср ва чаридат ал-аср: адад ал-ачзоъ 4, ал-Қисм ал-ироқӣ/ Имодуддин ал-Исфаҳонӣ ал-Котиб.- Багдод: Матбаъат ал-мачмаъ ал-илмийй,

1955. -559 с .-1 ч.

10. Имодуддин ал-Исфаҳонӣ, ал-Котиб. Харидат ал-қаср ва чаридат ал-аср. Бидойат қисм Шуаро аш-Шом. Шуаро Димашқ ва-ш-шуаро ал-умаро мин Банӣ Аюб/Имодуддин ал-Исфаҳонӣ ал-Котиб.-Димишқ: Ал-Матбаъат ал-Ҳошимийя, 1968-335 с.

11. Имодуддин ал-Исфаҳонӣ, ал-Котиб. Харидат ал-қаср ва чаридат ал-аср. Қисм Шуаро аш-Шом/Имодуддин ал-Исфаҳонӣ ал-Котиб.-Димишқ: Ал-Матбаъат ал-Ҳошимийя, 1955.- 712 с.-1 ч.; 1959. - 719 с. - 2 ч.; 1964. - 427 с. - 3 ч.

12. Имодуддин ал-Исфаҳонӣ, ал-Котиб. Ал-Барқ аш-Шомӣ/Имодуддин ал-Исфаҳонӣ ал-Котиб. -Урдун: Муассасат Абдулҳамид Шумон, 1987 . - 334 с.

13. Имодуддин ал-Исфаҳонӣ, ал-Котиб. Сано ал-Барқ аш-Шомӣ/ Имодуддин ал-Исфаҳонӣ ал-Котиб. - Қоҳира, 1979. - 383 с.

14. Аз-Заҳабӣ, Шамсуддин Муҳаммад ибн Аҳмад. Сийар аълом ан-нубало: адад ал-ачзоъ 9/ Шамсуддин Муҳаммад ибн Аҳмад аз-Заҳабӣ. - Байрут: Ар-Рисола, 1982 . - 536 с. - 21 ч.

15. Аз-Заҳабӣ, Шамсуддин Муҳаммад ибн Аҳмад.Дувал ал-ислом: адад ал-ачзоъ 2/ Шамсуддин Муҳаммад ибн Аҳмад аз-Заҳабӣ.- Байрут:Дор Содир, 1999.- 384 с.- 2ч.

16. Ас-Сафадӣ, Салоҳуддин Халил ибн Айбак ибн Абдуллоҳ. Ал-Вофӣ би-л-вафайот адад ал-ачзоъ 29/Салоҳуддин Халил ибн Айбак ибн Абдуллоҳ, ас-Сафадӣ. - Байрут: Дор Иҳйо ат-турос ал-арабӣ, 2000. - 284 с. - 1 ч.

111

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44)2015

17. Сибт Ибн ал-Ҷавзӣ, Шамсуддин Абилмузаффар Юсуф ибн Қиз Ӯглӣ. Миръот аз-замон фи таърих ал-аъйон Адад ал-муҷалладот 23/ Шамсуддин Абилмузаффар Юсуф ибн Қиз Ӯглӣ Сибт-ал-Ҷавзӣ. - Ар-Рисолат ал-оламийя, 2013 -540 с. - 23 ҷ.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

18. Ас-Субкӣ, Тоҷуддин Абӣ Наср Абдулваҳҳоб ибн Алӣ ибн Абдулкофӣ. Табақот аш-шофеъият ал-кубро: адад ал-аҷзоъ 6/ Тоҷуддин Абӣ Наср Абдулваҳҳоб ибн Алӣ ибн Абдулкофӣ ас--Байрут: Дор ал-кутуб ал-илмийя, 1964. -6, 560 с. - 6 ҷ.

19. Ан-Нуаймӣ, Абдулқодир ибн Муҳаммад ад-Димашқӣ. Ад-Дорис фи таърих ал-мадорис: адад ал-аҷзоъ 2/Абдулқодир ибн Муҳаммад ад-Димашқӣ ан Нуаймӣ . - 1990. - 456 с . - 2 ҷ.

20. Ал-Ҳамавӣ, Шиҳобуддин Абӣ Абдуллоҳ Ёқут. Мӯъҷам ал-удабо ав Иршод ал-Ариб фи маърифат ал-адиб: адад ал-аҷзоъ 20/ Шиҳобуддин Абӣ Абдуллоҳ Ёқут ал Ҳамавӣ.- Байрут:Дор ал-Фикр лит-тибоъа ва-н-нашр ва-т-тавзиъ, 1980. - 620 с. - 19 ҷ.

REFERENCES:

1. Bartold, V. V. Writings:V.1. -Turkestan in the era of Mongol invasion/ V. V .Bartold.- Moscow: Vostochnaya literatura, 1963.-763 p.

2. Krachkovskiy, U. I. Catalogue of Arabic Manuscripts, of the Asian people institute ( the Academy of Sciences of the USSR). Issue №3/ U. I. Krachkovskiy.- Moscow: Vostochnaya literatura, 1965.-195 p.

3. Abu Shoma, Shihabuddin Abdurrahman al-Maqdisi al-Dimashki.: The Book of two Gardens for the History of the two Dynasties, in 5 v. / Shihabuddin Abdurrahman al-Maqdisi al-Dimashqi Abu Shoma. - Beirut: Dor-al kutub al-ilmiya, 1987. - 384 p. - 1 v.

4. Al-Ayni, Badruddin Mahmud. Pearl necklace on the history of contemporaries: in 4 v. / Al-Ayni, Badruddin Mahmud .- Cairo: Dor-al kutub wa-l-al-wasaiq al-qavmiya, 2007. - 548 p. - 3 v.

5. Ibn al-Athir, Izzuddin Abulhasan ibn Ali. Ibn al-Athir, The Complete History, in 11 v. / Izzuddin Abulhasan Ibn Ali Ibn al-Athir. - Beirut: Dor-al kutub al-ilmiya, 2003. -504 p. - 9 v.; 519 p. - 10 v.

6. Ibn Kathir, Imoduddin Abulfido Ismail ibn Umar. The beginning and the end / Imoduddin Abulfido Ismail ibn Umar Ibn Kathir. - Cairo: Dor-al Hujar, 1998. - 782 p. - 16 v.

7. Ibn as-So’i al-Khozin, Abi Tolib Ali ibn Anjab. Abridged collection in the title of stories and selected biographies: 9 v. / Abi Tolib Ali ibn Anjab Ibn as-Soi al-Khozin. - Cairo: Dor al-Maorif, 1934. - 390 p. - 9 v.

8. Ibn Khallikon, Abulabbos Shamsuddin Ahmad ibn Muhammad. "Deaths of Eminent Men and History of the Sons of the Epoch ”: in 8 v./ Abulabbos Shamsuddin Ahmad ibn Muhammad Ibn Khallikon. - Beirut: Do Sodir, 1978. - 439 p. - 5 v.

9. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. The Gem of a courtyard and suit of contemporaries (Kharidat al-qasr wa Jaridat al-asr). Part of Iraqi poets: 4 v. / Emad al-Din al -Isfahani Kotib. - Baghdad: Matbaat al-majma al-Ilmi, 1955. - 559 p. - 1v.

10. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. The Gem of a courtyard and suit of contemporaries. The beginning of the part of Syrian poets. Damascus poets and poets Emirs of Ayubi dynasty / Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. - Damascus: Al-Matbaat al-Hoshimiyya, 1968 - 335 p.

11. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. The Gem of a courtyard and suit of contemporaries. The part of Syrian poets: 3 v. / Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. - Damascus: Al-Matbaat al-Hoshimiyya, 1955 -712 p. - 1 v.; 1959. - 719 p. - 2v.; 1964. - 427 p. - 3 v.

12. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. Syrian lightning (Barq al-Shami): 5 v. / Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. -Amman, 1987. - 338 p.

13. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. Sparkle of Syrian lightning (Sana al-Barq al-Shami,)/ Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. - Cairo, 1979 - 383 p.

14. Al-Zahabi, Shamsuddin Muhammad ibn Ahmad ibn Uthman. The Lives of Noble Figures (Siyar a'lam al-nubala ’) : 29 v. / Shamsuddin Muhammad ibn Ahmad ibn Uthman al-Dhahabi. - Beirut: Al-Risola, 1982. -536 p. - 21 v.

15. Al-Dhahabi, Shamsuddin Muhammad ibn Ahmad. The Islamic Nations (Duwal al-Islam): 2 v. / Shamsuddin Muhammad ibn Ahmad al-Dhahabi. - Beirut: Dor Sodir, 1999. -384 p. - 2 v.

16. As-Safadi, Salohuddin Khalil ibn Aibak ibn Abdullah. Details of demise: 29 v. / Salohuddin Khalil ibn Abdullah ibn Aibak Al-Safadi Beirut: al-Dor Ihyo at-Turos al-arabi, 2000. -284 p. - 1 v.

17. Sibt Ibn al-Javzi, Shamsuddin Abilmuzaffar Yusuf ibn Qiz Ugli. The mirror of time in the annals of celebrities: 29 v. / Shamsuddin Abilmuzaffar Yusuf ibn Qiz Ugli Sibt Ibn al-Jawzi. - Ar-Risolat al-olamiyya, 2013. -540 p. - 23 v.

18. As-Subki, Tojuddin Abi Nasr Abdulvahhab ibn Ali ibn Abdulkofi. Biography of Shafi’i scholars: 6 v. / Tojuddin Abi Nasr Abdulvahhab ibn Ali ibn Abdulkofi ibn al-Subki. - Beirut: Dor Ihyo al-kutub al-Arabiya, 1964. - 560 p. - 6 v.

112

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44) 2015

19. An-Nuaimi, Abdulkadir Muhammad ibn al-Dimashki. The Study of the History of the Madrasas(Ad- Doris fi ta’rikh al-madoris): 2 v. / Abdulkadir Muhammad ibn al-Dimashki an-Nuaimi. - Beirut: Dor al-kutub al-ilmiyya, 1990. - 456 p. - 2 v.

20. Al-Hamavi, Shihabuddin Abi Abdullah Yakut. The glossary of writers: 20 v. / Shihabuddin Abi Abdullah Yakut al-Hamawi. - Beirut: Dor al-Fikr, 1980 - 620 p. - 19 v.

Роль Имодуддина Исфахани при дворе Султана Нуриддина

Ключевые слова: Имодуддин Исфахани, государство Нуридов, Султан Нуриддин, арабская литература, арабский язык, касида.

В статье автором рассмотрена жизнь знаменитого государственного деятеля, историка, ученого и писателя Имодуддина Исфахани в государстве Нуридов, которым возглавлял Султан Нуриддин. Для решения задач, поставленных перед собой автор обращается к многочисленным достоверным источникам, отражающим данный период его жизни, а также к произведениям самого Имодуддина Исфахани. Автор приходит к такому выводу, что поистине он являлся близким соратником Султана Нуриддина и вместе с тем имел большие достижения и пользовался авторитетом в этом государстве.

Imoduddin Isfahan’s position at the courtyard of Sultan Nuriddin

Keywords: Imoduddin Isfahani, the state ofNurids, Sultan Nuriddin, Arabic literature, Arabic, qasida

This article brings to light the life of the outstanding statesman, historian, scholar and writer Imoduddin Isfahani in the state of Nurids, reigned by Sultan Nuriddin. In order to achieve the targets set before isfaham’s, the author refers to a numerous reliable sources reflecting this period of his life as well as to the works of Imoduddin Isfahani himself. The author comes to conclusion that indeed he was a close associate of Sultan Nuriddin, and yet had great successes and popularity in this state.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Рацабова Марҳабо Тӯхтасуновна, докторанти кафедраи филологияи араби Донишгохд давлатииХуҷанд ба номи академик Б.Ғ.Ғафуров (Цумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд), E-mail: rajabova. mar ha bo@mail. ru

Сведения об авторе:

Раджабова Мархабо Тухтасуновна, докторант кафедры арабской филологии Худжандского государственного университета имени академика Б.Г.Гафурова (Республика Таджикистан,

г.Худжанд), E-mail: rajabova.marhabo @mail.ru

Information about the author:

Rajabova Marhabo Tukhtasunovna, doctoral student in the Depаrtment of Arabic Philology of Khujand State University named after academician B.G.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]

113

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.