Научная статья на тему 'Ањвол ва осори Имоди Котиб баъди вафоти муассиси давлати Салоҳия'

Ањвол ва осори Имоди Котиб баъди вафоти муассиси давлати Салоҳия Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
87
216
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Имодуддини Исфаҳонї / Султон Салоҳуддин / қасида / назми арабї / Абўшома / Камолуддин аш-Шаҳрузўрї / Умар Мўсо Пошо / Имодуддини Исфахани / Султан Салауддин / касида / арабская поэзия / Абушама / Камолуддин аш-Шахрузури / Умар Мусо Паша / Imoduddini Isfahani / Sultan Salauddin / Qasida / Arabic poetry / Abushama / Kamoluddin al-Shahruzuri / Umar Muso Pasha
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The life and work of Imoduddin Isfahani after the death of Sultan Salauddin

The article studies the life and work of an outstanding statesman, a scientist and a writer, a personal secretary of the famous Sultan Salauddina, Imoduddin Isfahani, after the death of his patron. The author reveals all aspects of life, status and work of the famous writer and the scholar during the reign of the sons of Salauddin based on historical facts, reflected in the ancient sources and modern researchs of Russian Orientalists and Arab scholars.

Текст научной работы на тему «Ањвол ва осори Имоди Котиб баъди вафоти муассиси давлати Салоҳия»

НОМАИ ДОНИШГОХ. УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43)2015

УДК 8Т1 М.Т. РАҶАБОВА

ББК 83.3(0)9

АХВОЛ ВА ОСОРИ ИМОДИ КОТИБ БАЪДИ ВАФОТИ МУАССИСИ ДАВЛАТИ САЛОҲИЯ

Вожаҳои калидӣ: ИмодуддиниИсфаҳонй, Султон Салоҳуддин, қасида, назми арабй, Абӯшома, Камолуддин аш-Шаҳрузӯрй, Умар Мӯсо Пошо

Мутафаккири забардаст, арбоби барҷастаи давлатӣ ва адибу донишманди эронинажод Имодуддини Исфаҳонӣ (519/1125-597/1201) дар аҳди Салоҳуддини Аюбӣ (532/1138-589/1193) аз зумраи бузургони камназир ва воломақомтарин шахсиятҳои замон маҳсуб меёфт. Афзун бар ин, ӯ дар мақоми вузаро қарор дошту ба доираи онҳо ворид буд ва роздори асрор ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки ӯро бо унвони вазир низ ном бурдаанд. Чунин мақому манзалати Имод дар давлати Салоҳия то вафоти Султон Салоҳуддин пойдор монд (6,19,18; 10,5,149; 5,6,180).

Аммо вазъи Имоди Котиб пас аз фавти Султон Салоҳуддин комилан дигаргун шуд. Ӯ дар “ал-Фатҳ ал-қуссӣ фил фатҳ ал-Қудсӣ” ном осораш фасли ҷудогонаеро ба поёни зиндагии ин Султони муқтадир ихтисос додаву аз ин талафот бо ҳасрати зиёд сухан кардааст, ки ба тариқи зайл бозгӯ шудааст: “Султон бомдоди рӯзи чаҳоршанбеи бисту ҳафтуми моҳи сафари соли 589 ҳ( 4 марти 1193.- Р.М.) вафот ёфту бо марги ӯ умеди ҷавонмардон барбод рафт, бо ғуруби шамси ӯ фазои фазлу хирад торик гашт, дари ризқу рӯзӣ баста гардиду офоқ тирагун шуд... Пас дар қалъа дар хонааш мадфун шуд ва ҳамроҳи ӯ ҷуду карам низ дафн гардиду баъди вуҷуду ҷуди вай нестиву фақр боло гирифт. Он айём монанди тафовути миёни торикиву равшанист” (12,326-327).

Дар канори ин гуфтаҳо, Имод фасли дигареро ба маноқиби Салоҳуддин ихтисос дода, дар он шуҷоату ҷасорат, ҷуду карам ва маърифату хирадмандиашро бо қиссаҳои рӯзгори ӯ матраҳ сохтааст, ки саропо саршори меҳру муҳаббати бепоёни ӯ нисбат ба ин арбоби барҷастаи сиёсӣ мебошад (12,341).

Ахбори вафоти Султон Салоҳуддинро муаллифи “ал-Бидоят ва-н-ниҳоят” чунин нигоштааст: “Умри Султон Салоҳуддин ҳангоми вафот ёфтанаш ба панҷоҳу ҳафт расида буд, зеро таърихи мавлудаш соли 532/1138 дар Такрит аст” (9,16,52).

Нуктаи шоёни таваҷҷӯҳ он аст, ки пас аз вафоти Султону муттако ва дӯсту ҳамдами худ Султон Салоҳуддин дар соли 589/1193 Имод ба андӯҳи бузург ғӯтавар шуда, дар рисои ӯ қасидаи ғамангезе иншо намуд, ки аз 232 байт иборат буда, дар он аз сирати олии инсонгароёнаи вай ҳарф задааст. Қасида бо абёти зайл оғоз мегардад:

Муттаҳидгари пешвоён кишварро якпорча намуд,

Фалак аз он дар газаб фитоду ҳасаноташро рабуд.

Куҷост оне, ки бебокудиловариашро поён набуд В-азз тарсуҳаросдарӯ асаре пайдо набуд.

Куҷост оне, ки бар ӯ моро ҷонсупорона фармонбарӣ буду Тоати ӯ ба Худованди каримаш буд.

Худоё, куҷост ан-Носир ал-Малик,

Ки ба Худованд холисона ниёбат менамуд.

Куҷост оне, ки султониаш бар мо пойдор аст,

Садояш хамӯш асту қудраташ устувор аст.

Куҷост оне, ки аз фазли ӯ замон шарафёбгардиду Ташрифоташ бар фузало авҷишӯҳрат буд...(9,16,653-654)

Ибни Касир ал-Қурайшӣ ад-Димишқӣ (701/1302-774/1373) марсияи мазкурро беҳтарин намунаи маросии дар рисои Султон Салоҳуддин сурудашуда ба қалам додаву чунин нигоштааст: “Дар сӯгвории Султон Салоҳуддин шуарои зиёде марсия сароидаанд. Беҳтарини чунин ашъорро Имоди Котиб сурудааст, ки дар охири китоби “ал-Барқ аш-шомӣ” тазаккур ёфтаву аз дусаду сиву ду байт иборат мебошад” (5,16,653). Рисои мазкурро Абӯ Шома ал-Муқаддасӣ ад-Димишқӣ (599/1203-665/1267)низ дар “ар-Равзатайн” иқтибос намудааст (1,2,214-215).

Бар мабнои ахбори Имод аз Салоҳуддин ҳабдаҳ писар ва як духтари хурдсол боқӣ мондаанд (12,327). Шоёни тазаккур аст, ки пас аз вафоти Султон Салоҳуддин писари калониаш Малик ал-

85

НОМАИ ДОНИШГОХ. УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2 (43) 2015

Афзал Нуриддин Абулҳасан Алӣ (565/1169-622/1226) ҳукумати Шомро муставлӣ гардиду бародараш Малик ал-Азиз Имодуддин Абулфатҳ Усмон (567/1169-595/1199) кишвари Миср ва тамоми вилоёти онро соҳиб гашт. Писари савумаш Малик аз-Зоҳир Ғиёсуддин Ғозӣ (568/1170-613/1217) волии Ҳалаб ва навоҳии атрофи он гардид. Соири фарзандонаш низ волии вилоятҳои мухталиф гардиданд (12, 328-329;1,4,137). Бародари Султон Малик ал-Одил Сайфуддин Абӯбакр ибни Аюб (ваф. 615/1219) ҳанӯз дар замони зиндагии Салоҳуддин ҳукумати қисмати шарқии Фурот ва вилоёти атрофи онро ба зимма гирифта буд. Бародари дигараш Малик Заҳируддин Сайф ал-ислом Туғтегин ибни Аюб (ваф. 593/1197) дар Яман ва навоҳии он вилоят дошт (12,331,335-336).

Бар асари муборизоти дохилии намояндагони ин хонадон давлати бузурги Аюбиён рӯ ба инқироз овард ва ваҳдату якпорчагии он аз миён рафт. Ихтилофи миёни фарзандони Салоҳуддин ва бародаронаш, дарафтодани онҳо ба якдигар мӯҷиби сар задани даргириҳои шадид ва муҳорибаҳои зиёди миёни онҳо гардид.Тухми фитнаву фасод дар байни мардум кошта шуд, зеро мушаввиқгари он бузургони давр буданд. Ағлаби бузургмардону саромадони баландпоя гирифтори таъқибу таҳқир гаштанд, ки Имод низ дар қатори онҳо қарор дошт. Ишороти нозукеро доир ба давраи мазкури ҳаёти ин алломаи шаҳир метавон аз осори худи ӯ пайдо намуд. Чунончи, дар “ал-Барқ аш-шомӣ” ба ҳамин маънӣ гуфтааст:

“Вақте ки Худованди карим ӯро ба фирдавси худ интиқол дод, авлодаш мамолики ӯро ба қисматҳо ҷудо карданд. Ман гумон мекардам, ки онҳо дар паи маслаки ӯ равонанду корҳои наҷибонаашро идома медиҳанд. Бадеҳист, ки эшон аз қадру манзалат ва мақоми ман огоҳӣ доштанд ва умед доштам, ки онҳо маро масрур хоҳанд кард. Аммо эшон ба қадри ман нарасиданду аз ман бисёр гумонбар шуданд, то он ки ҳатто нақшу осорамро хат заданду аз корҳо манъ сохтанд, чашмаамро хушк карданду зиндагиамро табоҳ намуданд” (13,14). Сипас муаллиф ҳадиси мактуби ба ал-Қозӣ ал-Фозил (529/1136-596/1200) навиштаашро ба миён овардаву арз доштааст, ки дар он аз аҳволи хеш шикоят намудаву қасидаеро бо ҳамин мазмун он ҷо додааст. Абёте чанд аз он қасида низ зикр гардидааст, ки чунин аст:

Димишқ азми маро пайгир аст,

Бо ирқихуд, эйнаҷобатзодагони он.

Умеду интизорамҳама фурӯрафта ин ҷо,

Қалбам гирифтори нокомист.

Ман ин ҷо танҳо бо худ мондаам,

Чу дурдонаи кандагашта аз шаддаи худ (13,15).

Дар “ал-Фатҳ ал-қуссӣ фи-л фатҳ ал-Қудсӣ” он ҳолати рӯҳии худро Имод чунин ба силки тасвир кашидааст: “Қалбам аз дарди изтиробомез оромиш намеёфт ва ҷароҳати он пайваста рӯ мегирифт, вазъи ман тағйир мепазируфту хориам равшан мегашт, таҳлукаам бештар мешуду ҳаққам ботил мегашт, корам душвор мешуду мақомам таназзул меёфт” (12,327). Нигоштаҳои мазкури Имод худ шоҳиди мувассиқи вазъи табоҳи ин мутафаккири забардаст дар айёми хулафои Салоҳуддин маҳсуб мешавад.

Вале марбут ба ин давраи зиндагии Имод ағлаби сарчашмаҳо чизе сабт накардаанд, ба ҷуз он ки ӯ охири умри хешро дар гӯшагирӣ ва таснифи осор ба сар бурдааст.

Ин ҷо лозим донистем, ки андешаҳои муаррихонро дар перомуни солҳои охири ҳаёти Имод ба қайд орем. Тоҷуддин ас-Субкӣ (727/1328-771/1370) охирҳои зиндагии ӯро чунин тавсиф намудааст: “Дар аҳди Султон Салоҳуддин вазъи Имод дар беҳтарин ваҷҳ қарор дошт, тамоми неъматҳои дунё барояш муҳайё буд, мақому мартабаи баландро соҳиб буд, то он ки Султон Салоҳуддин вафот кард ва бо марги ӯ бозори илму дин касод шуд. Пас Имод дар Димишқ зиндагӣ ихтиёр намуда, дар мадрасаи Имодия гӯшанишинӣ намуд” (10,6,180). Ёқути Ҳамавӣ (574/1178-626/1229) дар ин маврид чунин ибрози назар кардааст: “Вақте Султон Салоҳуддин аз ин дунё реҳлат намуд, аҳволи Имод табоҳ гардида, хонанишин шуд ва ба таълифи осор пардохт, то он ки вафот кард”(6,19,190). Дар пайгирӣ аз ин, Ибни Халликон чунин изҳори ақида кардааст: “Имод дар мақому манзалати рафеъ қарор дошт, то он ки Султон Салоҳуддин вафот кард ва аҳволи ӯ дигаргун шуда, рӯ ба табоҳӣ ниҳод ва ягон дареро ба рӯяш боз надид, пас хонанишин шуд ва ба тасниф иштиғол варзид”(10,2,76). Нуктаи фавқуззикр аз ҷониби соири муаррихон низ таъйиди худро пайдо намудааст.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ он аст, ки ахбори ҳамаи маохиз ва маонии онҳо мушобеҳи якдигар мебошад. Вале бо ин ҳама бояд тазаккур сохт, ки Имод дар ибтидо дар баъзе шууни давлатӣ

86

НОМАИ ДОНИШГОХ. УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43)2015

ширкат дошту барои Малик ал-Афзал Нуриддин Алй яке аз фарзандони калонии Салоҳуддин, ки волии Димишқ буд, китобат мекард. Тасбити гуфтаҳои фавқуззикрро дар “а-л-Фатҳ ал-қуссӣ фил фатҳ ал-Қудсӣ” метавон пайдо намуд, ки чунин омадааст: “Чун ал-Малик ал-Афзал дар Димишқ ба мақоми падари хеш ҷойгузин шуд, охирҳои моҳи ҷумодиюлохир ҳадяҳои гаронбаҳоро омода сохта, Зиёуддин ал-Қосим ибн аш-Шаҳрузӯриро бо рисолат ҷониби Халифа равона сохт. Ӯ бароям амр дод, ки иншои номаҳо ва таҳрири онҳоро анҷом диҳам” (12, 338).

Дар канори ин ҳама, ахбори бархе аз мадорик низ ин андешаро истинбот менамояд. Далоили қобили таваҷҷӯҳеро перомуни нигоштаҳои фавқуззикри Имоди Котиб метавон аз нигоштаҳои Ибни Касир пайдо намуд, ки бар мабнои ахбори Имод чунин нигоштааст: “Вақте ки ал-Малик ал-Афзал ба ҷои падараш ба Димишқ таъин гардид, ӯ ба халифа ан-Носир Лидиниллоҳ ал-Аббосӣ ба Бағдод тӯҳфаҳо фиристод ва Имоди Котиб ба ӯ номае навишт, ки дар он ба падараш таъзия баён карда мешуд. Ҳамзамон аз халифа пурсида мешуд, ки ба ҷои Султон кӣ ҷойгузин мешавад. Пас ин нома ва ҳадоёро Зиёуддин ал-Қосим ибни аш-Шаҳрузӯрӣ дар охирҳои ҷумодиюлохири соли 589/1193 ба назди халифа бурд”( 9,16, 663). Нуктаи мазкур дар нигоштаҳои Абӯшома низ мисдоқи худро пайдо намудааст (1,4,238). Шоёни диққат аст, ки ишораҳои ин муаррихон марбут ба чанд моҳе пас аз фавти Султон Салоҳуддин мебошад. Пас маълум мешавад, ки Имод дар ин давра ҳанӯз дар дастгоҳи ҳукумати Аюбиён адои вазифа менамуд. Матлаби шоёни таваҷҷӯҳ он аст, ки Зиёуддин ал-Қосим ибни Тоҷуддин аш-Шаҳрузӯрӣ (534/1140-599/1203)-бародарзодаи Камолуддин аш-Шаҳрузӯрӣ буда, пас аз вафоти амакаш вазифаи қозии Шомро ба зимма дошт. Имод дар “ ал-Барқ аш-шомӣ” дар ин хусус батафсил сухан ронда, ҳамзамон аз пайванди дӯстиаш бо ӯ маълумот додааст (13,108,117-119).

Ҷиҳати равшанӣ андохтан ба сабабҳои аз хидмати давлатӣ барканор шудани Имоди Котиб пас аз вафоти Салоҳуддин соири масодири марбут ба аҳди Аюбиёнро мавриди таҳқиқ қарор додем. Яке аз маохизи мӯътабаре, ки ба солҳои охири рӯзгори Имод равшанӣ андохтааст, китоби таърихнигори қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ (XIII мелодӣ) Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Солим ибни Восил ал-Ҳамавӣ (ваф. 697/1298) “Муфарриҷ ал-куруб фи ахбор бани Аюб” маҳсуб меёбад. Муаррихи мавсуф дар муҷаллади савуми китоби мазкур аҳди фарзандони Салоҳуддин ва бародараш Малик ал-Одилро батафсил мавриди таҳқиқ қарор дода, зимни он аз ахбори Имод ба касрат истифода намудааст. Ба тасреҳи Ибни Восил аён мегардад, ки соли 590/1194 Имод дар сулҳи миёни писарони Салоҳуддин-Малик ал-Афзал ва Малик ал-Азиз баъди муҳосираи Димишқ ҳамчун шоҳид ширкат варзидааст (8,3,32).

Ҳамзамон аз ахбори Абӯшома маълум мешавад, ки Имоди Котиб пас аз мусолаҳаи миёни бародарон бо баъзе корҳои худаш ҷониби Миср раҳсипор гардид. Пас Малик ал-Афзал тавассути ӯ ба бародараш Малик ал-Азиз мактуберо ирсол дошт ва Имод онро дастрас намуд (1,2,221; 8,3,58).

Бар мабнои ахбори Ибни Восил ба нақл аз Имод ӯ дар Миср то соли 592/1196 қарор дошт ва ҳамон сол аз он ҷо ҳамроҳи Малик ал-Одил ва Малик ал-Азиз, ки нияти истилои Димишқ ва аз Малик ал-Афзал гирифтанашро доштанд, ба Димишқ баргашт. Ҳангоми вуруд ба Димишқ Имод бо иҷозати ал-Малик ал-Азиз ба назди ал-Малик ал-Афзал рафта, аз вай талаб намуд, ки бо бародараш ал-Азиз ва амакаш ал-Одил мусолиҳа намояд, зеро онҳо дар сурати бо ташаббуси худаш даст кашиданаш метавонанд аз ҳарб бо ӯ иҷтиноб варзанд (8,3,62). Кор бо он анҷом ёфт, ки Димишқ ахз гардид ва ба дасти Малик ал-Одил гузашт. Пас Имод дар Димишқ ҳамроҳи Малик ал-Одил монд. Бино ба ахбори Ибни Восил дар “Муфарриҷ ал-куруб” ба нақл аз Имод метавон мулоҳиза намуд, ки аз ин пас ӯ комилан аз шууни давлатӣ барканор гардид. Андешаҳои Имод чунин матраҳ гардидааст: “Имодуддини Котиб мегӯяд: Ҳангоме ки Малик ал-Азиз аз Димишқ ба Миср рахти сафар баст, рӯзи шанбеи чаҳордаҳуми моҳи шаъбон буд ва ман бо вай хайрухуш кардам. Дар вақти видоъ ӯ бароям гуфт: Ту дар Шом чӣ кор мекунӣ, ман ба Малик ал-Одил арз мекунам, ту ба Миср қарор гир ва ман ба ту кафилу зомин мешавам. Ӯ аз рӯи дӯстиву муҳаббати худ ваъдаи маро гирифт. Валекин дар ин миён бо амакаш аҳд баст, ки ба ягон чизе аз нақшаи ӯ хилоф намеварзад. Пас ман ба шарти умум дохил шудам ва қаробатам ба ғазабу норозигӣ табдил ёфт” (8,3,68).

Ахбори мазкурро Абӯшома ба таври зайл қаламдод намудааст: “Дар охирҳои рӯзгори Салоҳуддин Имод дар Димишқ бо Зиёуддин ибн ал-Асир ошноӣ пайдо кард. Баъди вафоти Султон Имоди Котиб умури Малик ал-Афзалро ӯҳдадор гашту дар ин миён ба иншои чанде аз кутуби худ тасмим гирифт. Сипас вазъи Малик ал-Афзал музтариб гардиду Имод миёни ӯву бародараш волии Миср ал-Азиз ва амӯяш ал-Одил миёнрав буд. Имоди Котиб баъди сафари

87

НОМАИ ДОНИШГОХ. УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2 (43) 2015

Миср чанд муддат имкони бозгашт ба Димишқро пайдо карда натавонист. Сипас барояш даст дод, ки ҳамроҳи он ду нафар, ки бо лашкари худ нияти ҳисори ал-Афзал ва гирифтани Димишқро доштанд, ҷониби он равона гардид. Баъди анҷоми сулҳ миёни эшон ал-Афзал дубора баргашт ва коргузории худро ба Зиёуддин ибн ал-Асир, ки дар давлати ӯ мақоми устувор пайдо кард, вогузор намуд. Аз ин вазъият арбобони кибори аҳди падараш дар ғазаб шуданд. Сараввал ал-Қозӣ ал-Фозил ба Қоҳира интиқол гардиду дар Миср боқӣ монд. Пас аз ӯ Имод низ аз вазъи хеш норозӣ гардида, аз корҳои давлатӣ канорагирӣ намуд ва дар мадрасаи Имодияи Димишқ ба дарс гуфтан иштиғол варзид. Имод дар мактубе, ки ба Зиёуддин ирсол карда буд, корбарии ӯро мавриди танқид қарор додааст (1,2,225). Муаллифи “Иқд ал-ҷумон” ал-Малик ал-Афзалро дар корбарии нодуруст гунаҳкор кардаву чунин овардааст: “ал-Афзал тадбири нодурустро пеша намуда, умарову наздикони падарашро аз корҳои давлатдорӣ дур намуду бегонагонро муқарраби худ сохт. Пас ба шаробнӯшиву лаҳв пайваст, ки дар ин кор вазираш Зиёуддин ибн ал-Асир ал-Ҷазрӣ барояш мусоидат менамуд” (2,3,8). Нуктаи мазкурро Ибни Касир низ дар “ал-Бидоят ва-н-ниҳоят” тасдиқ намудаву ҳамзамон изҳор доштааст, ки маҳз ҳамин гирифтории Малик ал-Афзал бо ҳидояти вазираш- Зиёуддин ибн ал-Асир ал-Ҷазрӣ ба лаҳву лаъб ва шаробхорагӣ мӯҷиби аз дасти он ду нафар рафтани неъмату давлат гардид (9,16,664). Дар ҷои дигар, зимни шарҳи ҳаводиси соли 592/1197 Ибни Касир қиссаи чӣ гуна тавассути Малик ал-Азиз аз Димишқ хориҷ гардидан ва ба сархад фиристода шудани Малик ал-Афзалро бо аҳли хонавода ва бародараш Қутбиддин, фирори вазири мазкурашро ба қайд овардааст (9,16,671 ).

Муҳаққиқи муосири араб Умар Мӯсо Пошо (тав.1925) бо натиҷагирӣ аз ахбори маохизи мӯътабар омилҳои барканор шудани Имодро аз умури давлатӣ чунин таъйин сохтааст: “Мулоҳиза мешавад, ки Имод аз он сабаб аз корҳои китобат дурӣ гузид, ки дасисаҳову сӯиқасдҳои хонадони Аюбиро дар Димишқ бо чашми сар медид. Ҷои тардид нест, ки малики ҷавон Зиёуддин ибн ал-Асирро вазири худ интихоб намуд ва кулли ваколатро дар умури давлатӣ ба ӯ вогузор кард. Шояд ӯ дар ин росто бо Султон танҳо будану мустақилона амал кардан ва хостори аз корҳои малик барканор шудани умарову акобири давлатро пайгирӣ менамуд. Ӯ дар амалӣ сохтани ин нақша ба Султон мусоидат мекард. Аз ин хотир, қисми зиёди умарои падараш пас аз ронда гардиданашон ӯро тарк намуда, ба назди бародаронаш-малики Ҳалаб аз-Зоҳир ва малики Миср ал-Азиз интиқол гардиданд” (16,676).

Пас аз ин ҳаводис Имод бештари вақти хешро бо тадрис дар мадрасаи Имодия ва таълифи кутуби таърихиаш гузаронидааст. Ин осор минбаъд аз масодири муҳимтарини таърихи он аҳд, ба вижа воқеоти давраи интиқоли ӯ ба Димишқ дар соли 562/1167 то вафоташ дар соли 597/1201 гардид.

Имод маротибаи савум низ ба Миср сафар кард, аммо ба зудӣ ҳамон сол дар он ҷо вабову гуруснагӣ мунташир шуд ва ӯ бозпас ба Шом гурезон шуд. Пас аз ин бозгашташ зиндагии ӯ ба дарозо накашид, то он ки сенздаҳуми моҳи рамазони соли 597 ҳиҷрӣ-қамарӣ, яъне бистуми июни соли 1201 мелодӣ вафот кард (6,19,19; 10,5,152; 3,21,347; 4,1,133; 5,6,18).

Ҳамин тариқ, пас аз фавти Салоҳуддин Имод ҳамагӣ ҳашт сол зиндагӣ кард. Дар давоми ин муддат ӯ бештари вақти хешро бо тадрис ва таълифи осор ба сар бурд. Имод тавассути нигоштани таърихномаи хонадони Аюбиён ва қаҳрамониҳои ҷовидонаи намояндагони сулолаи мазкур, ба вижа султони шӯҳратманди он Салоҳуддин ба онҳо умри дубора ва ҷовидонӣ эхдо намуд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бартольд,В.В.Сочинения:в 9 т.[1т.-Туркестан в эпоху монгольского нашествия]/В.В.Бартольд.-М.: Восточная литература,1963. -763 с

2. Крачковский, Ю.И. Каталог арабских рукописей Института народов Азии (АН СССР).Выпуск №3/ Ю.И.Крачковский. - Москва: Восточная литература,1965. -195 с.

3. Абӯшома, Шиҳобуддин Абдурраҳмон ал-Мақдисӣ ад-Димишқӣ. Китоб ар-Равзатайн фи ахбор ад-давлатайн ан-Нурийя ва-с-Салоҳийя: адад ал-муҷалладот 5/Шиҳобуддин Абдурраҳмон ал-Мақдисӣ ад-Димишқӣ Абӯшома. - Байрут: Дор ал-кутуб ал-илмийя, 1987. - 384 с. - 1 м.

4. Ал-Айнӣ, Бадруддин Маҳмуд. Иқд ал-ҷумон фи таърих аҳл аз-замон: адад ал-муҷалладот 4/ Бадруддин Маҳмуд ал-Айнӣ. - 2007. - 548 с. - 3 м.

5. Ибн Восил, Ҷамолуддин Муҳаммад ибн Солим.Муфарриҷ-ул қуруб фи ахбори бани Аййуб: адад ал-муҷалладот 4/Ҷамолуддин Муҳаммад ибн Солим ибн Восил.-Қоҳира, 1372/1953.- 471 с.-3ҷ.

88

НОМАИ ДОНИШГОХ. УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43)2015

6. Ибн Касир, Имодуддин Абулфидо Исмоил ибн Умар. Ал-Бидойат ва-н-ниҳойат: адад ал-аҷзоъ 20/ Имодуддин Абулфидо Исмоил ибн Умар ибн ал-Касир. - Қоҳира: Дор ал-Ҳуҷар, 1998. - 782 с. - 16 ҷ.

7. Ибн Халликон, Абулаббос Шамсуддин Аҳмад ибн Муҳаммад. Вафайот ал-аъйон фи анбоъ абно аз-замон: адад ал-муҷалладот 8/ Абулаббос Шамсуддин Аҳмад ибн Муҳаммад ибн Халликон. - Байрут: Дор Содир, 439 с. - 5 ҷ.

8. Ибн Ҷавзӣ, Абулфараҷ Абурраҳмон ибн Алӣ. Ал мунтазим фи торих-ул-мулук ва-л-умам: адад ал-муҷалладот 18/ Абулфараҷ Абурраҳмон ибн Алӣ ибн Ҷавзӣ.- Байрут: Дор-ал-кутуб ал-илмийя , 1412/1992.- 260 с.- 18 ҷ.; 348 с.- 17 ҷ.

9. Имодуддин ал-Исфаҳонӣ, ал-Котиб. Ал-Фатҳ ал-қуссӣ фил фатҳ ал-Қудсӣ/Имодуддин ал-Исфаҳонӣ ал-Котиб.- Байрут: Дор-ул манор, 2004.-352 с.

10. Имодуддин ал-Исфаҳонӣ, ал-Котиб. Ал-Барқ аш-Шомӣ/Имодуддин ал-Исфаҳонӣ ал-Котиб. -Урдун: Муассасат Абдулҳамид Шумон, 1987 . - 334 с.

11. Имодуддин ал-Исфаҳонӣ, ал-Котиб. Сано ал-Барқ аш-Шомӣ/ Имодуддин ал-Исфаҳонӣ ал-Котиб. - Қоҳира, 1979. - 383 с.

12. Аз-Заҳабӣ, Шамсуддин Муҳаммад ибн Аҳмад ибн Усмон. Сийар -ул-аълам ан-нубало: адад ал-аҷзоъ 9/ Шамсуддин Муҳаммад ибн Аҳмад ибн Усмон аз-Заҳабӣ. - Байрут: Ар-Рисола, 1982 . - 536 с. - 21 ҷ.

13. Ас-Сафадӣ, Салоҳуддин Халил ибн Айбак ибн Абдуллоҳ. Ал-Вофӣ би-л-вафайот: адад ал-аҷзоъ 29/Салоҳуддин Халил ибн Айбак ибн Абдуллоҳ, ас-Сафадӣ. - Байрут: Дор-ул-эҳё- ва ат-турос- ал-арабӣ, 2000. - 284 с. - 1 ҷ.

14. Ас-Субкӣ, Тоҷуддин Абӣ Наср Абдулваҳҳоб ибн Алӣ ибн Абдулкофӣ. Табақот аш-шофеъият ал-кубро: адад ал-аҷзоъ 6/ Тоҷуддин Абӣ Наср Абдулваҳҳоб ибн Алӣ ибн Абдулкофӣ ас-- Байрут: Дор ал-кутуб ал-илмийя, 1964. -6, 560 с. - 6 ҷ.

15. Умар Мусо Пошо .Ал адабу фи билоди ал-Шоми усури Зангйин вал Айиубин вал Мамолик/ П.М. Умар.- Димишқ, 1963- 864 с.

16. Ал-Ҳамавӣ, Шиҳобуддин Абӣ Абдуллоҳ Ёқут. Мӯъҷам -ул-удабо: адад ал-аҷзоъ 20/ Шиҳобуддин Абӣ Абдуллоҳ Ёқут ал Ҳамавӣ.- Байрут:Дор ал-Фикр лит-тибоъа ва-н-нашр ва-т-тавзиъ, 1980. - 620 с. - 19 ҷ.

REFERENCES:

1. Bartold, V.V. Collection of Writings: in 9 vol. [vol.1. -Turkestan in the era of Mongol invasion]/ V. V .Bartold.- Moscow: Vostochnaya literatura, 1963.-763 p.

2. Krachkovskiy, Yu. I. The Catalogue of Arabic Manuscripts of the Institute of Peoples of Asia (Academy of Sciences of the USSR). Issue №3/ Yu. I. Krachkovskiy.- Moscow: Vostochnaya literatura, 1965.-195 p.

3. Abushoma, Shihabuddin Abdurrahman al-Maqdisi al-Dimashqi.: The Book of two Gardens for the History of the two Dynasties, in 5 v. / Shihabuddin Abdurrahman al-Maqdisi al-Dimashqi Abushoma. -Beirut: Dor-al kutub al-ilmiya, 1987. - 384 p. - 1 v.

4. Al-Ayni, Badruddin Mahmud. Pearl necklace on the history of contemporaries: in 4 v. / Al-Ayni, Badruddin Mahmud .- Cairo: Dor-al kutub wa-l-al-wasaiq al-qavmiya, 2007. - 548 p. - 3 v.

5. Ibn Vasil, Jamal-ad-din Muhammad ibn Solim. Mufarrah-ul kurub fi akhbari bani Aiyub: in 4 vol./ Jamal-ad-din Muhammad ibn Solim ibn Vasil.- Cairo, 1372/1953. -471p. - 3v.

6. Ibn Kathir, Imoduddin Abulfido Ismail ibn Umar. "The beginning and the end" / Imoduddin Abulfido Ismail ibn Umar Ibn Kathir. - Cairo: Dor-al Hujar, 1998. - 782 p. - 16 v.

7. Ibn Khallikon, Abulabbos Shamsuddin Ahmad ibn Muhammad. "Deaths of Eminent Men and History of the Sons of the Epoch ”: in 8 v./ Abulabbos Shamsuddin Ahmad ibn Muhammad Ibn Khallikon. - Beirut: Do Sodir, 1978. - 439 p. - 5 v.

8. Ibn Javzi, Abulfaraj Abdurrahman ibn Ali. Almuntazim fi torikh-ul-muluk va-l-umam: in 18 vol./ abulfaraj Abdurrahman ibn Ali ibn Javzi.-Beirut: Dor-al-kutub al-ilmiya, 1412/1992.-260p.-18v.;348p.-17v.

9. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. Al-Fathal-qussi fil fathal-Qudsi/Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. -Beirut: Dor-ul manor, 2004. -352p.

10. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. The Syrian lightning: 5 v. / Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. -Amman, 1987. - 338 p.

11. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. The Sparkle of Syrian lightning (Sana al-Barq al-Shami,)/ Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. - Cairo, 1979 - 383 p.

89

НОМАИ ДОНИШГОХ. УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2 (43) 2015

12. A1-Dhahabi, Shamsuddin Muhammad ibn Ahmad ibn Uthman. The Lives of Noble Figures (Siyar a'lam al-nubala): 9 v. / Shamsuddin Muhammad ibn Ahmad ibn Uthman al-Dhahabi. - Beirut: Al-Risola, 1982. -536 p. - 21 v.

13. As-Safadi, Salohuddin Khalil ibn Aibak ibn Abdullah. Details of demise: 29 v. / Salohuddin Khalil ibn Abdullah ibn Aibak Al-Safadi Beirut: al-Dor Ihyo at-Turos al-arabi, 2000. -284 p. - 1 v.

14. As-Subki, Tojuddin Abi Nasr Abdulvahhab ibn Ali ibn Abdulkofi. Biography of Shafi'i scholars: 6 v.

/ Tojuddin Abi Nasr Abdulvahhab ibn Ali ibn Abdulkofi ibn al-Subki. - Beirut: Dor Ihyo al-kutub al-Arabiya, 1964. - 560 p. - 6 v.

15. Umar Musa Pasha. Umar Musa Pasha. Al adab fi bilodi al-Shami usuri Zangiyun val

Mamluki, Damaskas, 1963- 864 p.

16. Al-Hamavi, Shihabuddin Abi Abdullah Yakut. The glossary of writers: 20 v. / Shihabuddin Abi Abdullah Yakut al-Hamawi. - Beirut: Dor al-Fikr, 1980 - 620 p. - 19 v.

Жизнь и творчество Имодуддина Исфахани после смерти Султана Салауддина

Ключевые слова: Имодуддини Исфахани, Султан Салауддин, касида, арабская поэзия, Абушама, Камолуддинаш-Шахрузури, УмарМусо Паша

В статье исследуется жизнь и творчество иранского историка, ученого и писателя XII века, выдающегося государственного деятеля, личного секретаря знаменитого Султана Салауддина -Имодуддина Исфахани после смерти его покровителя. Автор статьи на основе исторических фактов, отраженных в древних исто чниках и исследований современных русских ориенталистов и арабских ученых раскрывает жизнь, и творчество знаменитого писателя и ученого Имомуддина Катиба во времена правления сыновей Салауддина Салчуки

Автор приходит к выводу о том что Имомуддин Катиб, несмотря на моногочисленные трудности, которые были в его жизни после смерти Салоуддина, занимался творчеством и писал много соченений по истории, литературы и географии.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

The life and work of Imoduddin Isfahani after the death of Sultan Salauddin

Keywords: Imoduddini Isfahani, Sultan Salauddin, Qasida, Arabic poetry, Abushama, Kamoluddin al-Shahruzuri, Umar Muso Pasha.

The article studies the life and work of an outstanding statesman, a scientist and a writer, a personal secretary of the famous Sultan Salauddina, Imoduddin Isfahani, after the death of his patron. The author reveals all aspects of life, status and work of the famous writer and the scholar during the reign of the sons of Salauddin based on historical facts, reflected in the ancient sources and modern researchs of Russian Orientalists and Arab scholars.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Рацабова Марҳабо Тӯхтасуновна, докторанти кафедраи филологияи араби Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номиакадемик Б.Ғ.Ғафуров(Ҷущурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд), E-mail:rajabova.marhabo@mail.ru

Сведения об авторе:

Раджабова Марҳабо Тухтасуновна, докторант кафедры арабской филологии Худжандского государственного университета имени академика Б.Г.Гафурова(Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail:rajabova.marhabo@mail.ru

Information about the autor:

Rajabova Marhabo Tukhtasunovna, Doktoral Student of the Department of Arabic philology of Khujand State University named after B.G.Cafurov(Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail:rajabova.marhabo@mail.ru

90

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.