Научная статья на тему 'Poetics and written techniques from the point of view of Mirzo Abdulqadir Bedil'

Poetics and written techniques from the point of view of Mirzo Abdulqadir Bedil Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
177
49
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ШЕЪР / ГАЗАЛ / БЕДИЛ / ЛУЗУМИ ШОИРЙ / САНОЕИ БАДЕЙ / НАЦДИ АДАБӣ / ТАҳАВВУЛОТИ АДАБЙ / СТИХОТВОРЕНИЕ / ГАЗЕЛЬ / БЕДИЛЬ / ПОЭТИЧЕСКИЕ ПРИЕМЫ / ХУДОЖЕСТВЕННЫЕ СРЕДСТВА ИЗОБРАЖЕНИЯ / ЛИТЕРАТУРНАЯ КРИТИКА / ЛИТЕРАТУРНАЯ ЭВОЛЮЦИЯ / POEM / BEDIL / POETIC TECHNIQUES / FICTION MEANS OF AN IMAGE / LITERARY CRITIQUE / LITERARY EVOLUTION

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Нуров Н. Н.

Статья посвящена изучению и исследованию точки зрения Мирзы Абдулкадыра Бедиля относительно теории стиха и поэтических приемов. Автор статьи в процессе всестороннего рассмотрения исследуемого вопроса подчеркивает, что хотя до времен Бедиля в литературных произведениях и словарях встречается множество толкований о понятии поэзии и ее сущности, однако, Абульмаони, наравне с начинаниями в создании нового стиля в литературе, высказал собственные теоретические взгляды о поэзии и поэтических приемах, большая часть которых отражена в его сочинениях. В статье на основе анализа образцов стихотворений доказывается, что, хотя поэтическая манера Бедиля, как при жизни, так и после его смерти воспринималась неоднознано однако, поэт, прежде всего, в качестве мыслителя высказал собственную точку зрения о поэтике и поэтических приемах, что до сих пор не подвергалось всестороннему научному анализу.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Теория поэзии и стихотворные приемы с точки зрения Мирзы Абдулкадыра Бедиля

The article is devoted to the study of point of view of Mirzo Abdulqadir Bedil about the theories of the poem and poetic techniques. Analyzing this issue the author states that till the time of Bedil there were many interpretations of the concept and the essence of the poetry in literary work and dictionaries. However, Abulmaoni equally with creating a new style in literature expressed his theoretical opinions about poetry and poetic techniques. The majority of his theoretical opinions are reflected in his work. The poems prove that poetic manner of Bedil during his life and after his death were the subject of praise and criticism. However, expressing his literature point of view in the poems, the poet, as a thinker, introduced his point of view about the poetry and poetic techniques, which has not been thoroughly studied yet.

Текст научной работы на тему «Poetics and written techniques from the point of view of Mirzo Abdulqadir Bedil»

10.01.03. АДАБИЁТИ МАРДУМИ КИШВАРХ,ОИ ХОРИ^Й

10.01.03. ЛИТЕРАТУРА НАРОДОВ СТРАН ЗАРУБЕЖЬЯ

10.01.03. LITERATURE OF THE PEOPLE OF THE COUNTRY AND ABROAD

УДК 83,3 (0) 3 Н .Н.НУРОВ

ББК 8Т+82+82(091)

НАЗАРИЯИ ШЕЪР ВА ЛУЗУМИ ШОИРЙ АЗ НИГО^И МИРЗО АБДУЛКРДИРИ БЕДИЛ

Вожа^ои калиди: шеър, газал, Бедил, лузуми шоирй, саноеи бадей, нацди адабй, тауаввулоти адабй.

Дар таърихи адаби форсй дидгоххои шоирон рочеъ ба чигунагии шеър ва асолати он дар сурудахояшон чойгохи хосаеро бархурдор аст. Хдрчанд дар тамаддуни башарй аввалин назарияхо рочеъ ба тафсири истилохи шеър ва шинохти он ба Арасту нисбат дода мешавад. Дар каламрави адабиёти форсу точик метавон нахустин зухури назариёти адабии худи шоиронро дар бораи шеър аз устод Рудакй мукаррар намуд, ки аз чумла фармудааст: Дилам хизонаи пурганч буду ганч сухан, Нишони номаи мо мехру шеър унвон буд.

Х,амин гуна аглаби шуароро дидгохе хос дар маърифати шеър ва афкори мунтакидона ба равишхое аз сурудахои хеш ва дигарон будааст, ки ин амр мучиби зухури накди адабй дар оинаи шеър дар каламрави адабиёти форсу точик гардида. Мирзо Бедил низ дар ин миён мустасно нест, балки бештару фаротар аз дигар он ба асолати шеъру рисолати шоир, бавижа равиши хоси сухангустарии худ, ки омили муассир дар зухури мактаби шеърии у ва ба таъбири хеш «забони бедилй» боис шуда, мутаваччех гардидааст. Бахсу баррасии нигохи Бедил ба шеъру шоирй ва чигунагии аслу мояи шеър метавонад дар тафсири дидгоххои хоси шоир нисбат ба ин отифаи бузурги равонии инсонй ва хусули хиссу андешахои баландпарвози ин суханвари мумтоз, хоса афкори интикодии вай дар оинаи шеър муассир ояд. Аз суи дигар, то чое эхсоси маърифати сурудахои шоир аз суи ахли завк дар рузгори худи вай ба унвони ибтикори мубхам ва ё ибхомот дар шеър шояд ба хукми омили муассире хидмат намуда, то чое худи шоир дарки фалсафии худро аз шеър дар хар чое аз ашъораш тафсир кунад ва бад-ин васила дидгоххои хоси худро нисбат ба шеър ва афкори наккодии худро баён дорад. Аз тарафи дигар, нигохе ба истилох то чое номакбул ба шеваи баёни Бедил ва таъйини ибхомгаройй дар каломи у аз рузгораш то кунун идома ёфт ва хатто бузургтарин мухаккидони муосир чун Абдулхусайни Зарринкубу, Шафеии Кадканй баробари эътирофи манзалат ва чойгохи хунарии Бедил хамин вежагии «номатлуб»-и сурудахои шоирро таъкид намудаанд. Аз чумла, устод Абдулхусайни Зарринкуб дар пайванд ба ин матлаб нигошта, ки « Шеъри вай таъсире жарф ва дар айни хол тира ва хузнангез бар хотир мегузорад ва дар ин хайс каломи вай ба рушаноии мобаъди хиндувон мемонад, чаро ки чашмро дар нур гарк мекунад ва дилро дар тирагй. Мутолеаи девони вай ёдовари як рохпаймоии тулонй дар тайи як рузи абролуд, аммо дар тули чодахои нопайдокарон ба назар меояд, лекин малоли ношй аз ин рохпаймоии бетаваккуф ва носаранчомро хамвора кашфи уфукхои тоза ва бархурд бо зебоихое бесобика дар тули масири илхомоти ноид ва камназир чуброн мекунад» (4, 44-48). Ин ки устод Зарринкуб дар шарху тафсири сурудахои Бедил таъбирхое чун «таъсире жарф ва дар айни хол тира», «чашмро ба нур гарк ва дилро ба тирагй...», «рузи абролуд ва чодахое нопайдокарон»-ро ба кор мегирад, шинохти умки андешаи у хамоно дидгохро рушан мекунад, ки вай низ чонибдори назарияи ибхомофарин будани шеъри Бедил аст, чун ин таъбирхои ба корбурдаи вай худ муфассири хамин печидагиву мубхаманд. Аммо чун ба умки нигохи мухаккик мерасем, мебинем, ки вай манзалати суханварй ва ибдои шоирро дар тарзи ифода ва офариниши «зебоихои бесобика» эътироф мекунад.

Устод Шафеи Кадканй низ назаре хамгун ба Абдулхусайни Зарринкуб дорад ва дар баробари эътирофи макоми хунарии Бедил ба равиши ибхомофаринии баёни шоир таъкид меварзад: «Девони Бедил беш аз хама девонхои шеъри форсй аз хаёлу андешахои дур саршор аст ва маонии шеъри у ... аммо, мутаассифона, ин хама андешахои дурпарвоз ва ин хама хаёлхои рангоранг чунон дар пардаи ибхом ва торикии заъфи баён ва беэътиной ба мавозини забони форсй пинхон шудаанд, ки барои дарки шеърхои одии у хар хонанда аз микдоре сарфи вакт ва кушиши зехнй ногузир аст, мумкин аст пас аз кушиши бисёре ба чое нарасад, чароки бисёре аз ин абёти у навъе муаммост, ки барои гушудани онхо аз шахси гуянда бояд кумак гирифт (5,19). Устод Кадканй дар идомаи ин суханаш хатто хамин шеваи баёни Бедилро матлуб ва дорои навъе чаззобият мешуморад ва бо ин хама ибхомот тарзи тозаи шоирро эътироф намуда менависад: «Ва гохе ин гуна шеърхо барои хонанда аз навъе рушанй бархурдор аст ва хатто лаззати хунарй ва зебоии шеъриро дар он метавон чуст, бе он ки битавон мохияти аслии максуди гуяндаро дарёфт. Шояд бисёре аз ахли хунар ва накди имруз ва хатто гузашта ин гуна шеърхоро написанданд, аммо дар назари ман ин шеваи сухан гуфтан хам дар холу хавои худ чизе аст ва намояндаи услубе... (5,20). Устод Шафеии Кадканй барои мисол ба ин гуфтаи хеш байти зеринро, ки хеле маъруф аст, овардааст: Хдйратдамидаам, гули догам бахонаест, Товуси чилвазори ту оинахонаест (1, 263).

Ва дар идома ишорат мекунад, ки аз як ачзои ин шеър, метавон лаззати шеърй ва хунарй бурд ва метавон аносири ташкилдихандаи маъниро чудо - чудо дарёфт, аммо ба руи хам касди гуянда маълум нест ва рози баркарор кардани ин таносуб миёни ин ду мисраъ, гузашта аз вахдати кофия ва радиф оё чй асли маънавй ва зехнй аст? (5,20). Нуктаи чолиб он аст, ки ин байт на танхо устод Шафеии Кадканиро, балки чанд тан аз мухаккикони дигари Бедилро бо чунин холу хавои сардаргумй дар кашфи маънии он карор дода буд ва маърифату шархи он мучиби бахсу баррасихои зиёде гардид, ки мунтахо шархи аввалинро байт онро устоди мархум Х,асан Хусайнй зери унвони «Маънии як байти бемаънй» ба калам овард (3, 116-130). Баъдтар барои ин байти ба табири пайравони ин гурух бемаънй аз суи донишманди дигари эронй Алии Муаллим шархе ба таври муфассал дар хачми 56 сахифа навишта шуд, ки албатта баррасии он мавзуи бахси дигар аст (10, 21 - 77). Тазаккур ба ин матлаб ба он хотир буд, ки харойина аз суи ахли тахкик роххое бар он фарози куллаи матлабхои ба истилох «мубхам»-и Бедил фатх шуд ва ин мукошифот ба тадрич хамон дидгоххои назариявии хоси Абулмаониро ба шеъру шоирй ба субут мерасонад.

Албатта, дар киболи ин дидгоххо ба шеъри Бедил чй дар рузгори вай ва чй имруз накду назархое дигаргуна низ баён шудаанд, ки ба таъбире ибхомгаройии Абулмаониро на шевае кобили интикод, балки махсули як чараёни чории адабиёт, маъруф ба сурриолизм унвон кардаанд, ки мулохизоти доктор Махмуди Футухй дар китоби «Балогати тасвир» далел бар субути ин назар метавонад бошад. Мавсуф ба эродхои устод Кадканй нисбат ба сабки Бедил ишорат фармуда, таъкид мекунад, ки «ин вежагихо хамон усули тугроёнгари сурриолистхост, бо ин тафовут, ки сурриолизми назарй мабнои ичтимой ва фалсафй дошт ва Бартун ва ёронаш тавонистанд бо суратбандии он равиш, шеваи мазкуро ба номи худ дар таърихи адабиёти чахон сабт кунанд» (8, 355). Бо такя бар ин назар Футухи низ муътакид аст, ки барои дифоъ аз худ ва изхори назарияи хоса худ Бедил абёти бисёре дар девонаш оварда, ки равиши бошуурона ва хадафмандонаи шоирро собит месозанд. Футухй низ бо тахлили дидгоххои устодони сухан А. Зарринкуб ва Ш. Кадканй зимнан менависад, ки «То ин чо бино бар он чй аз орои ин ду мунтакиди арчманд накл кардем, метавонем иддао кунем, ки шабохатхое миёни сабки шеърии Бедил бо равиши сурриолистй вучуд дорад. Аммо худи Бедил низ дар хилоли ашъор абёти бисёре дорад, ки метавон ба унвони назарияии шеърии вай ба баррасии онхо пардохт ва бутикои шеъри вайро табйин намуд» (8,358).

Бо такя бар ин ишорат дар идомаи сухани хеш Футухй суи тайъини мухимтарин мухассаноти шеъри Бедил аз диди тасвирофаринй меравад ва чое дар мавориди нисбатан камтар ба дидгоххои шоир нисбат ба шеъру шоирй пардохта ва тавре худ хам таъкид месозад, ба дунболи табйини бутикои шеъри Бедил меравад. Х,арчанд ин чо ишороте бар он намуда, ки «метавон ба унвони назарияи шеъри вай пардохт», аммо сахми ин донишманди сохибном бештар дар иртиботи ба хадафи аслии пажухии хеш «балогати тасвир» дар киёс бо шуарои дигар ба чанбахои мухталифи анвои тасвир дар каломи Абулмаонй пайванд гирифта

ва шояд ин таъкиди вай мачмуан пешниход дар баррасии амики назарияи шеър аз дидгохи Бедил аст, ки бахси мехварии ин нигоштаи моро фарохам овардааст.

Чунин равиш дар маърифати каломи Бедил, ки сарчашма ба рузгори худи шоир дорад, дар навбати аввал муфассири он аст,ки ин накду назар нисбат ба сурудахои Абулмаонй хамон дидгохи куллиест, ки сарчашма дар накди рузгори худи шоир дошта, бо хамин шеваи умумй мархила ба мархила то замони мо расида. Бешак, худ Бедил бо огохй аз вучуди чунин пиндорхри шеършинохтП ба рузгорони хеш тавассути ашъораш посуххое гуфтаву вокеан аз равиши худ бо далоили акливу завкй ва мантикй дифоъ кардааст, ки дар чараёни тахлили ин бахш аз сурудахои шоир ин амр собит хохад шуд.

Тавре таъкид гардид, Абулмаонй ба шеър накду назари хосаи хешро дорад ва омили аслии руйкард ба ин тамоюл аз бахси боло мусаллам гардид. Фаротар аз ин, Бедил кабл аз он ки мехохдд шеърро тафсир кунад, ба таъйини лузумоти аслии он ва аркон ва омилхои муассир дар зухури шеъри ростин мепардозад. Дар андешаи Бедил чун пешиниён табъи латиф аз мухимтарин мухассанот ва лузуми шеърй шуморида мешавад. Вакте табъи латиф дар вучуди шоир тачассум надорад ва сурудаи у аз лутфи таровида аз хамон табъ орист, пас он сурудаи вай наметавонад шеър бошад. Ба ин хотир аст, ки Мирзо Бедил бо рафтани табъи латиф аз вучуди шоирон макоми шеърро аз даст рафта мебинад ва мартабати онро коста: То латофат аз табоеъ рафт, шеър аз рутба монд, Муштарй гардид сангу кимати коло намонд (1, 286).

Ин андешаи Бедил рочеъ ба лузуми шеърй дар мавриди дигар низ иброз шуда, он чо низ шоир муътакид аст, ки агар сухан аз латофат холй бошад, он гох аслу мохияти зухурашро аз даст хохад дод. Кохиши асолати сухан ва дучори заъф гардидани нигориши онро Бедил тавассути вожаи худсохти такрирфарсо тафсир намудааст:

Зи арзи чавхари маънй ба вичдон сулх кун, варна Сухан ранги латофат бохт, гар такрирфарсо шуд (1, 472).

Вожаи такрирфарсо ифодаи навиштаи куханшудаву фарсударо дорад ва ба андешаи шоир хар чй аз латофат холист, кухнаву фарсуда гардад, ки ба андешаи у ин ба шеър низ нисбат дорад. Калимаи худсохти такрирфарсо ба зоти худ як тозагии забониест, ки ба ин байти Абулмаъонй тачаддуди хунарй ато карда.

^абл аз Мирзо Бедил низ ин андеша, ки лутфи сухан аз мухимтарин аркони шеърй ба шумор меравад, дар пиндори суханварони маъруфи мо чой дошта, он чо ки Х,офизи лисонулгайб мефармояд:

Х,асад чй мебарй, эй сустназм, бар Х,офиз, ^абули хотиру лутфи сухан худодод аст (11, 66).

Ва хам агарчй Шайх Камоли Хучандй «дар сухан лутфи илохй ба ту ёр аст Камол» мегуяд, зимнан ин чо хам таъкиди хамон латофати суханест, ки аз партави илтифоти Офаридгори якто арзиши сухани шоирро рифъат бахшидаву дар латофат ва диккати маъонй бемисл гардонида:

Дар сухан лутфи илохй ба ту ёр аст, Камол,

Варна сад сол ба фикр ин суханон натвон сохт (9, 351).

Бо хузури Бедил дар каламрави адабиёти форсу точик мухимтарин гардише, ки дар ин арса эчод шуд, пеш аз хама зухури шеъри ба истилох тафаккур аст. Агарчй газали форсй то рузгори хузури мактаби вукуъ дар адаби форсй бештар ба эхсосу отифахои инсонй такя зада, маърифати он хам аз хамин тарик муяссар мегардид, аммо ба таъбири бархе донишмандони мухаккики мактаби вукуъ тазохури ин чараёни тозаи шеърй навъе вокеагуиро дар муомилоти ошиконаи роич дар шеъри форсй эчод намуд. Агарчй ин гардиши нисбатан хурд дар рахгузори газали форсй мавзуи газалро то чое аз каламрави ишк ба ичтимоъ кашид ва баъдтар дар рахгузори сабки хиндй он нуфузе дигаргуна пайдо кард, аммо Бедили Дехлавй дар ин арса ба таъбири худаш «забони хосе» ба вучуд овард, ки барои маърифати он хуше даррок ва фахми тунд лозим омад. Х,амин тачаддуд бар мабнои кашфи забони бедилй боиси хузури шеъри ба истилох тафаккур гардид, ки ин чо барои маърифати он на эхсос, балки хамон тафаккур ва ба таъбири худи бедил тааммул коргар буд. Ин матлабро Бедил сарехан дар байте аз худ ишорат мекунад:

Дар тааммул бештар дорад равонй шеъри ман, Мисраам аз сакта чуз шамшери лангардор нест (1, 301).

Х,атто ин тааммул кудрати онро сохиб аст, ки равонии шеъри Бедилро мукаррар намояд. Аммо аз суи дигар боз хам тааммул дар мухтавои ин байт, ки моро ба тааммул дар аслу бунмояи шеъри Бедил мекашонад, нуктаи дигаре аз махсусиятхои шеъри Бедил ва забони хосаи уро ошкор месозад, ки шархи он аз забони худи вай берун омада. Манзури Булмаонй он аст, ки бидуни онки аксаран шеъри Бедилро мубхам ва печида гуфтаанд, аммо агар ба тааммул дар он биандешем, чуз равониву таровати хос чизеро наметавон пайдо бикунем. Ба ифодаи дигар, хамон тааммулгаройй ва маънитирозии Бедил аз диди у равонии шеъри вай аст.

Бедил дар мисраи дувуми ин байт дар тасдики андешааш бар шамшери лангардор масал мезанад, ки хамеша бурро ва равон аст. Шоир хам муътакид аст, ки агар мисраи маро сактае хаст, хамин равонии он аст. Ин чо навъе парадокс дар баёни сухан ба зухур мерасад, аммо боз хам агар фаротари кашфи маънй биравем, Бедил ба назокат дар ин байти хеш мехохад бигуяд, ки агар сактае дар шеъри ман хаст, хамин аст, ки гохо маврид чун шамшери лангардор гарону сангин, аммо буррандаву тез мучассам мегардад.

Канори хамдигар ба кор бурдани вожагони тааммул ва шеър боз хам андешаи каблиро дар мавриди нуфузи шеъри ба истилох тафаккур ё андеша дар сурудахои Бедили Дехлавй ва худи дидгохи вай рочеъ ба авлавияти афкор дар маърифати ашъораш таъкид мефармояд. Х,арчанд ки гохо тааммулро барои масъалаи марбут ба шеър бо хадафи он ки барои анчоми коре мувофик нест, яъне шеърро наметавон бо фикр кардан ба вучуд овард, истифода мекунад, аммо хамоно ин чо назари Бедил ба шеъри тафаккур ва дар бештари маврид барои ифодаи маънихои шинохти шеър пайванд мегирад.

Бедил, тааммул ин хама натвон ба кор бурд,

К-аз чуши сакта шеъри ту мавзун намешавад (1, 602).

Ин чо равшан аст, ки хадафи аслии Бедил нарасидани кудрати фикр ба эчоди шеър аст, яъне Бедил хам ба зотй будани истеъдод ва хунари шоирй эътикод дорад.

Аз ин ру, шеъреро, ки тавассути фикр кардан ба вучуд ояд, чуз сакта намешуморад ва ба хамин далел аст, ки у кушиши бо андеша навиштани шеърро чуши сакта унвон мекунад, ки аз он харгиз каломи муассир ва мулаттаф мавзун намешавад.

Мавриди дигар боз хам андешаи болоиро дар мавриди равонии каломаш бо он хама ибхом ва печидагй таквият медихад, ки хеч сактае наметавонад тарфи домани ин ашъори равонро бигирад. Шоир муътакид аст, ки сурудахои ман ба хадде равонанд, ки орй аз сактахои сохториву маъной буда, хеч як аз чунин навокис наметавонад дар сурати он тачассум намуда, хусни каломамро бикохонад:

Ба мурдан низ аз васфи хиромат лаб намебандам, Нагирад сакта тарфи доман ашъори равонамро (1, 96.)

Мирзо Бедил бар пояи бовар ва эътимодаш бар худ ва халлокияти хунариаш муътакид бар он аст, ки хеч сактае кодир бар гирифтани домани каломи у нест, аз ин ру, харгиз шеъри сактадорро пазиро нест ва дигаронро низ даъват мекунад, ки аз бахри азбар намудани он даргузаранд:

То лакнати такаллуми кас дар хаёли туст, Шеъре,ки сакта дошта бошад, зи бар макун (2, 1135).

Тафаккур ва чойгохи онро дар шеър, ки тавассути ба тааммул рафтан зохир мешавад, Бедил аз мухимтарин аносири шеър мешуморад, ки бар пояи он маънихои бикр ва гавхари ноби сухан хосил мешавад. Аз ин ру, дар байти дигар шоир худро дар хайратафтода ва муассири каломи Бедил мешуморад, ки бар асоси андешаварзй ва дар худ фуру рафтану тафаккур кардан аз хар катраи хомааш гавхар бурун меоварад. Х,ар сатри махсули хомаи Бедил гавхари нотакрори сухан аст.

Чамани тахайюри Бедилам, ки сахоби рашхаи хомааш, Ба тааммул гухар афканад сари катрае, ки нагун кунад (1, 728).

Ч,олиб аст, ки ин чо хам Бедил матлаби мазкурро дар пардаи чанд ибораи тозаи шоирона ва бо корбурди чанд аносири мухими фасохатбахши калом ба калам овардааст. Масалан, аз таъсири калом ба хайрат афтоданро дар вусъати ибораи «чамани хайрати Бедил шудан», аз хома таровидани суханро ба таркиби таъбири шоиронаи «сахоби рашхаи хома», нигоштани хомаро чакидани катра, ки гухар шавад, чой додааст. Мачмуан, Бедил маънй ва мазмуни сухани гухарбор будани каломашро дар пирояи як тасвири чаззоби шоирона гунчонида, ки

дар он хомаи шоир ба абре монанд мешавад, ки аз хар катраи чакидаи он гухар меборад. Аслан, маъруф аст, ки аз хазорон катраи аз осмон фуру афтода, танхо яке ба гухар бадал мешавад ин кисса дар «Бустон»-и Шайх Саъдй ба сарохат тафсир шуда: Яке катраборон зи абре чакид, Хичил шуд чу пахнои дарё бидид. Ки чое, ки дарёст, ман кистам, Гар у хаст, хакко, ки ман нестам. Чу худро ба чашми хакорат бидид, Садаф дар канораш ба чон парварид.... (7, 227-228).

Аммо Бедил фаротар аз ин кадам мегузорад ва бо ифтихор мегуяд, ки тамоми катрахои аз абри хомаи у чакида ба гухар табдил мешаванд.

Ч,ои дигар Бедил вожаи хамуширо ба унвони муродифи хамин тааммул ба кор мебарад, ки бо чаззобияту дилчаспй метавонад харфхои парешонеро ба шеъри олй табдил кунад. Ин хамушй дар шеъри Бедил хамон сукутест, ки андаруни он пур аз садои рушани шеър гуфтан ва хисси сурудан аст ва агарчй инсон зохиран хомушу сокит аст, аммо аз чахони ботинии у муждаи башорати эчод дар сурати шеър мерасад:

Хомушй дилчаспие дорад, ки то вомерасем, Х,арфи номарбути моро шеъри олй мекунад (1, 755).

Аз ин чост, ки вожаи хамушй низ дар шумори мафохиме карор мегирад, ки Мирзо Бедил бо диди хоса ва бардошти маърифатии худ аз шарху тавзехи ин хол бад-он маънии вижае ато намудаву халлокияти хунариашро мучассам гардонидааст.

Назари мазкуррро дар мавриди дигар ба сурате баён мекунад, ки маънишиносй ба таври ирсй аз падар ба фарзанд намегузарад, балки вай фазлест, ки на ба хар нафар насиб мегардад. Хдрчанд вожаи фазл гохо барои ифодаи донишу хирад хам ба кор меравад, аммо ин чо ба маънии бахшоиш, хадяи илохй, фазилате, ки гайриихтиёр ба сохиби вай насиб гардад, истифода шуда. Рамзошнои маънй низ дар назари аввал хамон маънишинос, суханфахм аст ва аз суи дигар бо такя бар иштиголи ахли шеър ба кори суханофаринй метавон онро киноя аз шоирону суханварон хам маънигузорй намуд.

Рамзошнои маънй хар хирасар набошад

Табъи салим фазл аст, ирси падар набошад (1, 609).

Тавре тазаккур ёфт, Бедил вакте ба шеъри худ мутаваччех мешавад, дар назари аввал ибхом дар суханашро эътироф мекунад, ки барои маърифату дарки он фахми тунд лозим аст: Маънии баланди ман, фахми тунд мехохад, Сайри фикрам осон нест, кухаму кутал дорам (2, 1096).

Х,атто дар баъзе маврид изхори нигаронй хам мекунад, ки аз забони хаёли ман касе огах нест. Ин матлабро дар колиби ибораи шоиронаи «забондони хаёл набудан» ифода намудааст, ки махсули тафаккур ва таъбири марбут ба забони хаёли шоир аст: Х,еч кас нест забондони хаёлам, Бедил, Нагмаи пардаи дил аз хама оханг чудост (1, 300).

Дар канори ин бардошти худй у ин гаройишро ба баёноти печида махсули офариниш забони хосаи хеш дар каламрави шеъри форсй унвон мекунад ва худ сарехан ба ин нукта таъкид месозад. Ба таъбири шоир он чй хомаи ман иншо мекунад, харфи сахту сангин нест, балки барои маърифати он боз хам хуши расо даркор аст:

Он чй килкам менигорад, махз харфи санг нест, Х,уш мебояд, ки дарёбад забони бедилй (1, 592).

Корбурди ибораи «забони бедилй» дар ин байт, вокеан, як диди наккодонаи шоирро ба шеъри худаш ошкор мекунад. Бедил хануз кабл аз ин ки ахли тазкира ва пажухиш ба вучуди мактаби хосаи шеърии у ё сабки бедилй ишорат кунанд, худ мавчудият ва хузури ин забони махсусро таъкид кард ва хамин равиши истикболкардааш, ки аслан аз зехну андеша ва ибтикори худи вай бурун омадааст, барои ба таъбири шоир «хоричи абнои чинс» гардидан омили муассир шуд. Бо такя бар хамин фармудаи Бедил мо мутмаинан метавонем бигуем, ки равиши Бедил дар густураи сабки хиндй, вокеан, мактаби махсусест, ки мутааллики худи уст.

Ч,ои дигар хам Бедил таъкиди ин андешаро ба сурате медароварад, ки навои камнавохта хамеша шуниданист ва сомеъонро ба худ бикашад. Аз ин ру, у таъкид мекунад, ки ту хам аз андозаву макоми шеъри Бедил гофил мабош, ки он хам тимсоли хамон навои камнавохтаи

шуниданиро сохиб аст. Бо сохтмони ин тамсили тозаи шоирона Бедил ибдои равиши тозаи худро, ки дар айёмаш хануз камтар аз чониби суханварон истикбол ёфта буд, ба хамон навои камнавохта шабохат медихад, ки бо камияти худ шуниданист ва аз чониби мардум бештару фаротар кабул мешавад:

Мабош гофил аз андози шеъри Бедили мо, Шуниданист навое, ки кам навохтаанд (1, 652).

Дар айёми хеш Бедил бо офаридани ин равиши хос баробари истикбол аз чониби бахши аъзами шуаро ва тазкиранигорон мавриди интикоди гурухе аз тазкиранигорон ва мункирони шеваи баёни хеш гардид. Аммо дар хамин хол хам Абулмаонй дар шеър аз тачаддудаш дар сабки шеъри форсй дифоъ намуда, изхор дошт, ки :

Сухан бе парда кам гу, аз забони халк эмин зй, Чароги зери доман нест, харгиз захмати бодаш (2, 837).

Х,амин андешаро бо шеваву гуфтори мухталифи шоирона Бедил борхо таъкид мекунад ва хамонгуна аз ибхомбаёнии хеш мустанад ва шоирона ба химоят бармехезад: Бедил чй кадар ташнаи ихфост маъонй, Дар гуш хазад хар кадар аз лаб бадар ояд (1, 695).

Шоир гунае бо таъкиди ин матлаб, ки худи шеър имруз ташнаи махфиву мастур будан аст, навъе зарурати ручуъ ба ин сабки мубхамро таъкид мекунад ва тамсили зебои шоиронае меофарад, ки хар чй аз лаб барояд, ба гуш меравад, яъне мохиятан сухан аз рохи гуш ба чони инсон асар мекунад. ^асди аслии Бедил дар зимни ибораи ба гуш хазидани сухани аз лаб баромада хамоно таъкид ба фуру рафтани дар хуфя ва майл ба пинхонй кардани он аст, ки бо баёни шоирона изхор шудааст. Ч,ои дигар матлаби мазкурро дар сурати ба рози маънии шеъри Бедил расидан мушкил аст, таъкид карда:

Ба фахми рози ту Бедил чй мумкин аст, расидан, Х,амин аст, ки тимсолрас шуд оинаи мо (1, 144).

Дар идомаи каломи Х,офизу Камоли Хучандй, ки пайванди хунари шоириро ба алтофи худовандй мерасонанд, Бедил низ эхсоси суруданро кайфияти эъчоз мешуморад, ки хазорон мартаба аз сехр болотар аст. Аз ин ру, ба мукаллидонаш худ таъкид медорад, ки аз тарзи каломи Бедил даргузаранд:

Муддай, даргузар аз даъвии тарзи Бедил, Сехр мушкил, ки ба кайфияти эъчоз расад (1, 701).

Ин чо низ корбурди ибораи «тарзи Бедил» хамоно ба фардияти забон ва сабки хоси мактаби бедилй ишорат дорад, ки махз худи шоир бо хисс ва афкори фардие, ки нисбат ба шеър дошта, онро мукаррар намудааст.

Аз куллияи ин таъкидот як нуктаи мухим дар накду баррасии шеър ва афкори интикодии Мирзо Бедил равшан мегардад, ки у дидгохи хосаи худро рочеъ ба шеър дорад ва барои зухури ин андешахои мустакил далели муътамад ва мухкам сурудахои худи шоиранд.

Мирзо Бедил дар таърихи адабиёти форсу точик бар асоси макоми шомихаш дар маъниофарй мулаккаб бар Абулмаонй, яъне падари маънихо гардидааст. Аз ин ру, дар домани назархои хоси у ба шеър маънишикориву маънитирозй яке мухимтарин аркони шеърй эътироф шудааст ва хамеша дигаронро низ бар ин рох бо ичтиноб аз лафзпардозй даъват мекунад:

Бедил, гариби кишвари лафз аст маъниат, Арзи парй ба олами мино нигох дор (1, 794).

Нишастй умрхо хасраткамини лафзпардозй,

Зи хун гаштан замоне гоза шав хусни маъониро (1, 649).

Дар канори ин, Бедил назари хосе ба накду сухансанчй дорад ва хатто дар чанд маврид ба кори накдушшеър ва рохи борики сухансанчй, ки чодаи ахли накд аст, ишорат намуда. Ч,ое аз ахли накд тавассути вожаи мураккаби худсохти «асрорсанчон» ёд мекунад ва бо идроки оливу шинохти ростини макоми шеъри хеш изхор медорад, ки аз махсули кори ахли накд он агар чизе бокй мемонад, хамоно шеъри Абулмаъонист: Дар ин базм зи осори асрорсанчон, Чй монад, агар шеъри Бедил намонад (1, 688).

Чун рисолати накд чудо кардани сара аз носара аст, аз ин ру Бедил бо ифтихор ва гурури сапеде, ки нисбат ба худ ва шеъраш дорад, баён месозад, ки агар дар базми замони хеш аз махсули кори нокидон дар мавриди таъйини шеъри ростин чизе боки бимонад, хамоно боз хам шеъри Бедил хохад буд. Албатта, ин дидгохи Абулмаъонй ба шеъри худ на аз сари гурур, балки бар пояи огохихои хеш аз макоми шоирй ва хамзамон бар алайхи ононе, ки аз шеваи у хамчун сабки мубхам интикод кардаанд, баён шудаанд, ки боз хам моро ба самти рушани маърифати шеър аз нигохи шоир мекашонанд.

Мавриди дигар бошад, рохи накду сухансанчиро вокеан рохи душвору мушкил арзёбй намуда, хатто ба дами тег шабохат медихад. Чун рисолати аслии нокид ва хатто накдушшеър дар оинаи шеър изхори сухани дуруст ва бахогузорй ба макоми калом аст, онро шоир ба дами тег мушобех медонад. Гуфтани сухани хак хамеша дар андешаи ахли назар ба дами тег монанд аст, ки на хар кас тахаммули кабули онро дорад. Ба ин хотир, кори накду сухансанчй низ сахлу соддаву осон набуда, он метавонад гох буррандаву тез чун дами тег ба шахси мавриди назар бирасад:

Дами тег аст Бедил рохи борики сухансанчй, Забони хома хам шак дорад аз харфофаринихо (1, 42).

Мунтахои ин хама баррасихо Бедил боз хам чойгохи шеваи нигориш ва каломи худро дар каламрави андешаву шеър эътироф мекунад ва хатто огохона чун дигар суханварони сохибмаком лаб аз харфи ифтихор мекушояд ва таъкид мекунад, ки хар кй шеъри ман бишнавад, чазабот ва лутфу назокаташ ба хадде муассир хохад буд, ки хар шунаванда аз таъсираш об хохад гашт:

Баски дорад фитратам нанг аз тамизи илму фан, Об мегардад хама, гар шеъри Бедил бишнавад. (2, 1084)

Абулмаонй борхо бо эътирофи ин шеваи хоси худ дар девонаш лаб ба изхори харфи ифтихор кушода, ки ишороте бар бархе аз онхо каблан рафт. Бо ин хама накду назархо боз хам дар зовияи сурудахо ва шеваи баён Бедил худ бар пояи меъёрхои хосаи назарияи шеършинохтии хеш посух мегуяд ва либоси хаёлашро хамчун аз мухимтарин лузумоти шеърй тачаддудй мешуморад, ки гар сад хазор сол барояд, кухан нахохад гашт: Бедил тачаддудист либоси хаёли ман, Гар сад хазор сол барояд, кухан наям (2, 919).

Вахчи субути ин назари Бедил метавон истикболи густардаи сабку шеваи баёни вай шуруъ аз замони зиндагониаш то акнун махсуб меёбад. Агарчй дар карни нуздах дар адабиёти форсии Фароруд мактаби пайравони Бедил бо истикбол аз шева ва тафаккури шоиронаи Абулмаонй ривоч касб намуда, то кунун бо услубе хоса дар густараи адабиёти точикй идома дорад, солхост, ки дар каламрави шеъри муосири Афгонистону Эрон низ бедилона сурудани газал аз чумлаи меъёрхои мухими накду сухансанчй дар адабиёти имруз эътироф гардида, ки бешак, ин амр бозтоби рушан будани калом ва тахаюли шоиронаи ин суханвари мумтоз аст, ки бо итминони комил садсолахои дигар идома хохад намуд.

Дар канори таъйини вежагихои аслии шеър ва лузуми шоирй Бедил рочеъ ба хар як аз аносири фасохатбахши он, чун саноеи бадей низ дидгоххои хосаеро дар зовияи шевахои корбурди хеш изхор доштааст, ки истифодаи асомии ин санъатхо ва шарху тафсири онхо ба гунае муайян хакикати ин амрро бозгуй мекунад. Ба таъбире дигар, Абулмаонй дар нахваи истифодаи саноеи бадей низ аз равишхое ба худ хос ва тозакорихоро ба кор гирифта, ки мачмуан дар тачассуми мухимтарин мухассаноти шеърй накш гузоштаанд. Аз ин лихоз, гохо накду назари худи шоир рочеъ ба саноеи бадей низ дар сурудахояш мучассам аст, ки албатта ин мавзуи бахси чудогона дар таъйини назарияи Бедил оид ба шеъру шоирй махсуб меёбад, ки нукоте аз он дар нигоштаи дигари муаллифи ин макола дар мисоли корбурди киноёт дар ашъори Бедил ба риштаи тахкик гирифта шудааст (6).

Дар мачмуъ, аз бахсу баррасихои марбут ба дидгоххои Абулмаонй рочеъ ба аслу бунмояи шеъру шоирй, авомили шоиронагй ва назарияи шеър равшан мучассам мешавад, ки ин суханвари маънишикор нигохе махсус ба шеър ва лузумоти он дорад. Хдрчанд дар адабиётшиносй накду назархои зидду накиз дар мавриди сурудахои вай баён шудаву ибхомотро аз чумлаи навокиси шеъраш унвон кардаанд, аммо Бедил бо хамон назари вижае, ки ба шеъру шоир ва тафаккури шоирона дорад, хануз дар айёми хеш бо эхсоси хамин равиши истикболи тарзи сухани у аз суи хамзамонон ва пасовандонаш посух гуфтаву

хамзамон сохиби дидгохи хоса ва ба кавли хеш "забони хосаи бедилй" буданашро собит намудаву аз тарзи тозааш дифоъ кардааст. Ин дидгоххои собит бар назархои хосаи шеършинохтии Бедил ин нуктаро мусаллам месозад, ки дар баробари ибтикороти тозаи хунарй, шеваи хоси баёни омил бар зухури мактаби бедилй дар густурдаи сабки хиндй ва мадмуан адаби форсй Абулмаонй ба изхори дидгох ва назарияи тозаи худро родеъ ба шеъру шоирй баён намуда, чун як тан мутафаккир, шоир ва хакиму адиб асолати шеър ва рисолати шоирро дар арсаи замонхо аз рузгори хеш то садсолахои дигар бар пояи тафаккури мантикй, фалсафй, ирфонй ва хунарй мукаррар намудааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Дехлавй, Бедил. Куллиёт. Тасхехи Холмухаммади Хаста ва Халилуллохи Халилй. Ба кушиши Бахман Халифаи Баноравонй. Иборат аз панд дилд. Ч,илди 1, бахши 1./М. Бедил -Техрон, Тилоя, 1389.- 798 с.

2. Дехлавй, Бедил. Куллиёт. Тасхехи Холмухаммади Хаста ва Халилуллохи Халилй. Ба кушиши Бахман Халифаи Баноравонй. Иборат аз панд дилд. Ч,илди 1, бахши 2./М. Бедил-Техрон, Тилоя, 1389.- 802 с.

3. Домгонй, Алии Муаллим. Хайратдамидаам. Гузидаи дусторхо ва гуфторхои Алии Муаллими Домгонй/А.М. Домгонй.- Техрон, Сураи мехр, 1391.- 391 с.

4. Зарринкуб, Абдулхусайн. Аз дафтари айём/ А. Зарринкуб.- Техрон, Илмй, 1374. - 391 с.

5. Кадканй, Шафей. Шоири оинахо. Баррасии сабки хиндй ва шеъри Бедил/ Ш. Кадканй.-Техрон, Огох, 1389. - 338 с.

6. Нуров, Н. Корбурди киноёт дар шеъри Бедил/ Н. Нуров//Номаи донишгох. Силсилаи илмхои гуманитарй ва домеашиносй.- 2011-№1.- С. 23-31.

7. Шерозй, Саъдй. Бустон. /С. Шерозй.- Техрон, ал- Худо. 1371. - 463 с.

8. Футухй, Махмуд. Балогати тасвир./М. Футухй. -Техрон, Сухан, 1375. - 461 с.

9. Худандй, Камол. Девон/ К. Худандй.- Хуросон, 2015. - 1292 с.

Ю.Хусайнй, Хасан. Бедил, Сипехрй ва сабки хиндй/ Х. Хусайнй.-Техрон, Суруш, 1387. -150 с. 11.Шерозй, Хофизи Девон. Тахияи матн аз Шарифмурод Исрофилниё / Х.Шерозй -Душанбе: Адиб, 2016. - 480 с.

REFERENCES:

1. Dekhlavi, Bedil. Collection of Compositions (Kulliyat) // Under the editorship of Kholmukhammad Hasta and Halilullokh Khalili. Compilers:Khalifai Banoravani. In 5 volumes. V.1, p.1/D.Bedil. - Tehran: Tiloya, 1389 hijra.- 798 р.

2. Dekhlavi, Bedil. Collection of Compositions(Kulliyat) // Under the editorship of Kholmukhammad Hast and Halilullokh Khalili. Compilers:Khalifai Banoravani. In 5 volumes. V.1, p.2/D.Bedil. - Tehran: Tiloya, 1389 hijra .- 802 р.

3. Domgoni, Alii Muallim. Astonished (Hairatdamidaam). Selected classifieds and the speeches Ali Muallimi Domgoni/ A.M.Domgoni.- Tehran: Surai mehr, 1391 hijra.- 391 р.

4. Zarrinkub, Abdulkhuseyn From time office Tehran/A.Zarrikub.- Tehran: Ilmi, 1374 hijra.- 391 р.

5. Kadkani,.Shafei Poet of Mirrors. Consideration of Indian style and poetry Bedil/Sh.Kadkani.-Tehran:Ogoh, 1389 hijra.- 338 p.

6. Nurov,N. Allegory Usage in Bedil's Poetry/ N.Nurov//Scientific Notes.Series of Humanities Sciences.-2011.-№ 1.- P.23-31.

7. Sherozi , Saadi. Buston. / C. Serozi.- Tehran: al Hudo, 1371 hijra. - 463 p.

8. Futuhi, Mahmud. Perfections of Image/M.Futuhi.- Tehran:Sukhan, 1375 hijra.- 461p.

9. Khujandi, Kamol. Devon. Elaboration Adujabbori Surush/ K. Khujandi- Khurоsоn, 2015. -1292 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

10.Husaini, Hasan. Bedil, Sipehrî and Indian style/H.Husaini.- Tehran: Surush, 1387 hijra. -150 p. 11.Sherazi, Hafiz. Devon. Elaboration Shaifmurod Isrotilniyoh/H.Sherazi.- Dushanbe: Adib, 2016.

- 480 p.

Теория поэзии и стихотворные приемы с точки зрения Мирзы Абдулкадыра Бедиля

Ключевые слова: стихотворение, газель, Бедиль, поэтические приемы, художественные средства изображения, литературная критика, литературная эволюция

Статья посвящена изучению и исследованию точки зрения Мирзы Абдулкадыра Бедиля относительно теории стиха и поэтических приемов. Автор статьи в процессе всестороннего рассмотрения исследуемого вопроса подчеркивает, что хотя до времен Бедиля в литературных произведениях и словарях встречается множество толкований о понятии поэзии и ее сущности, однако, Абульмаони, наравне с начинаниями в создании нового стиля в литературе, высказал собственные теоретические взгляды о поэзии и поэтических приемах, большая часть которых отражена в его сочинениях. В статье на основе анализа образцов стихотворений доказывается, что, хотя поэтическая манера Бедиля, как при жизни, так и после его смерти воспринималась неоднознано однако, поэт, прежде всего, в качестве мыслителя высказал собственную точку зрения о поэтике и поэтических приемах, что до сих пор не подвергалось всестороннему научному анализу.

Poetics and written techniques from the point of view of Mirzo Abdulqadir Bedil

Key word: poem, Bedil, poetic techniques, fiction means of an image, literary critique, literary evolution.

The article is devoted to the study ofpoint of view ofMirzo Abdulqadir Bedil about the theories of the poem and poetic techniques. Analyzing this issue the author states that till the time of Bedil there were many interpretations of the concept and the essence of the poetry in literary work and dictionaries. However, Abulmaoni equally with creating a new style in literature expressed his theoretical opinions about poetry and poetic techniques. The majority of his theoretical opinions are reflected in his work. The poems prove that poetic manner of Bedil during his life and after his death were the subject of praise and criticism. However, expressing his literature point of view in the poems, the poet, as a thinker, introduced

his point of view about the poetry and poetic techniques, which has not been thoroughly studied yet.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Нуров Нурали Норович, номзади илмуои филологи, дотсент, мудири кафедраи адабиёти

классикии тоцики Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон

Гафуров(Чум%урии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E- mail: [email protected]

Сведения об авторе:

Нуров Нурали Норович, кандидат филологических наук, доцент, заведущий кафедрой таджикской классической литературы Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова(Республика Таджикистан, г.Худжанд), E- mail: [email protected] Information abut the author:

Nurov Nurali Norovich, Candidate of Philological Science, Associate Professor, Head of the Department of Tajik classic literature of Khujand State University named after academician B. Gavurov( Republic of Tajikistan, Khujand) E- mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.