Научная статья на тему 'ОПИСАНИЕ ДРЕВНИХ МОНЕТ ЗАЛА НУМИЗМАТИКИ ГОСУДАРСТВЕННОГО УЧРЕЖДЕНИЯ “НАЦИОНАЛЬНЫЙ МУЗЕЙ ТАДЖИКИСТАНА”'

ОПИСАНИЕ ДРЕВНИХ МОНЕТ ЗАЛА НУМИЗМАТИКИ ГОСУДАРСТВЕННОГО УЧРЕЖДЕНИЯ “НАЦИОНАЛЬНЫЙ МУЗЕЙ ТАДЖИКИСТАНА” Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
68
27
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МОНЕТА / ЧЕКАНКА МОНЕТ / ЭКСПОЗИЦИЯ / НАЦИОНАЛЬНЫЙ МУЗЕЙ ТАДЖИКИСТАНА / ВЫСТАВКА / ИЗОБРАЖЕНИЕ / КЛАД / КУШАНСКИЕ ЦАРИ / ДЕНЕЖНОЕ ОБРАЩЕНИЕ / КОЛЛЕКЦИЯ / СРЕДНЯЯ АЗИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Каримдодов Мирали Замонович

В статье автор проводит специальное исследование древних монет зала нумизматики ГУ Национального музея Таджикистана и дает необходимую информацию об их историческом значении. Статья основана на описании древних монет со времен империи Ахеменидов (550-330 гг. до н.э.) до правления сасанидских царей (V век). В статье монеты классифицируются по хронологии, дается описание аверса и реверса монет. А также в данной статье автор дает объяснение читателю о своих исследовательских идеях по сбору, защите, хранению данных монет в Национальном музее.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

DESCRIPTION OF ANCIENT COINS IN THE HALL OF COINS IN THE HALL OF NUMISMATICS OF THE STATE INSTITUTION “NATIONAL MUSEUM OF TAJIKISTAN”

In the article, the author conducts a special study of the ancient coins of the Numismatics hall of the State Institution “National Museum of Tajikistan” and provides the necessary information about their historical significance. The article is based on the description of ancient coins from the time of the Achaemenid Empire (550-330 BC) up to the reign of the Sassanian kings (V century). In the article, coins are classified by chronology, given a description of the obverse and reverse of the coins. And also, in this article, the author gives an explanation to the reader about his research ideas for the collection, protection, storage of these coins in the National museum.

Текст научной работы на тему «ОПИСАНИЕ ДРЕВНИХ МОНЕТ ЗАЛА НУМИЗМАТИКИ ГОСУДАРСТВЕННОГО УЧРЕЖДЕНИЯ “НАЦИОНАЛЬНЫЙ МУЗЕЙ ТАДЖИКИСТАНА”»

gle for power with his nephews Imamkuli and Nadirmuhammad. After coming to power, Valimuhammadkhan, not paying special attention to state affairs, was engaged in drunkenness, merriment and pleasure. Dignitaries and emirs, taking advantage of this, began to engage in plunder and violence of local residents, as a result of which rebellions began against the government in different places of the country. To suppress them, Valimuhammadkhan sent his nephews Imamkuli and Nadirmuhammadkhan, who successfully coped with this task. Here, Imamkuli showed particular courage, as a result of which his authority and influence among the military increased. This worried the Bukharian officials and they organized a conspiracy against Imamkuli, which was unsuccessful. After that, the relationship between Valimuhammadkhan and Imamkuli cooled greatly and a fierce struggle for power began between them. As a result, Imamkuli's supporters defeated the army of Valimuhammadkhan and killed him and Imamkuli took the throne of Bukhara in 611.

Key words: Valimuhammadkhan, Imamkuli, Nadirmuhammad, Bukhara, struggle, power, army, emir, uprising, ruler.

Сведения об авторе: Саидов Фаридун Абдукаххорович - соискатель Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша Национальной академии наук Таджикистана. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе , пр. Рудаки, 33. Телефон:(+992) 915 451000.

Information about the author: Saidov Faridun Abdukakhkhorovich - applicant Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave., 33. Phone:(+992) 915 451000.

БОСТОНШИНОСЙ - АРХЕОЛОГИЯ - ARCHEOLOGY

4-»

УДК- 902.6:737 (575.3)

ИНЪИКОСИ СИККАХОИ КАДИМ ДАР ТОЛОРИ СИККАХОИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН"

КАРИМДОДОВ М., Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Осорхонаи миллй аз рузи аввали ташкилшавии худ дар баробари дигар осорх,ои таърихй ба чамъоварй, нигохдорй ва омузиши сикках,о ахдммияти калон медихдд, чунки сикках,о барои омузиши таърихи халки точик як сарчашмаи хеле мух,им мебошанд.Аввалин сикках,о ба осорхона хднуз дар ибтидои ташкилшавии он дар соли 1934 ворид шуда буданд. Минбаъд ин амал идома ёфт.Мавриди зикр аст, ки аз соли ифтитох,и Осорхонаи таърихй-

кишваршиносии ба номи Камолиддин Бех,зод дар соли 1934 аз х,удуди Чумх,урии Точикистон то соли 1998 дар фонди осорхонаи мазкур 1375 сикках,ои кадим, асримиёнагй ва муосир чамъоварй шуда буданд [1].

Ахдммияти умдаи ин сикках,о дар он аст, ки хдмаи онх,о аз х,удуди Чумх,урии Точикистон ёфт шудаанд ва дар бораи муомилоти пулию сиккасозии ин х,удуд маълумоти хеле чолиб медихднд.

Чамъоварии сикках,о дар давраи истиклолият на танх,о идома ёфт, балки хеле рушд кард. Дар давоми 30-соли Истиклолияти давлатй шумораи сикках,ои коллексияи Осорхонаи миллии Точикистон ба беш аз 18 х,азор расидааст [2]. Албатта, ин муваффакият дар ин сохд аз сиёсати фархднгсолоронаи рох,барияти кишвар дар ростои ба воя расондани кадрх,ои баландихтисос маншаъ мегирад. Бо ифтитох,и бинои нави Осорхонаи миллии Точикистон ва таъин гардидани устод Шарифзода Абдувалй дар маснади рох,бар, доираи илмии осорхона бо чалби мутахассисони баландихтисоси сохд густариш ёфт ва чамъоварии сикках,о ахдммияти махсус пайдо кард.

Дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Точикистон даврах,ои гуногуни таърихи халки точик аз кадимтарин давраи таърихи инсоният дар руи замин (асри санг) то замони муосир инъикос ёфтаанд. Дар баробари инъикоси ёдгорих,ои нодири таърихй, инчунин як толори махсус барои муаррифии сикках,о, ки сарчашмаи мух,имми илмй ва таърихй мебошанд, бахшида шудааст.

Бояд гуфт, ки таъсиси толори сикках,о дар Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Точикистон" бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат мух,тарам Эмомалй Рах,мон рохдндозй гардидааст. Сарвари давлат пеш аз ифтитох,и бинои нави Осорхонаи миллй дар соли 2013 таъкид намуданд, ки чихдти муаррифии сикках,о ва муомилоти пулии гузаштагонамон толори алох,ида созмон дода шуда, хдмзамон намунах,ои гуногуни сикках,ои кадим, асримиёнагй ва нав чамъоварй карда шаванд. Х,оло дар ошёнаи дуюми МД "Осорхонаи миллии Точикистон" толори доимамалкунандаи сикках,о амал менамояд. Дар толори мазкур сикках,ои кадим, асримиёнагй ва муосири Точикистон ба намоиш гузошта шудаанд.

Тавре,ки ба хдмагон маълум аст халки точик аз кадим сох,ибдавлат ва сох,иби марзу буми худ буд. Яъне дар дарозои таърих мо точикон чандин давлатдорих,оро аз сар гузаронидаем, ки мух,имтарин ва кудратмандтарини онх,о империяи Х,ахоманишиён (550-330 п.м), давлати Кушониён (солх,ои 141/128п.м.) давлати Саффориён (асри IX ), давлати Сомониён (асри IX-X ) ва тасисёбии ЧШС Точикистон (солх,ои 1924-1991) ва Точикистони сох,ибистиклол (соли 1991 инчониб) мебошанд.Мавриди зикр аст, ки дар замони х,укмронии давлатх,ои мазкур савдои дохилию хоричй хеле густариш ёфта буд. Х,амин аст, ки хднгоми хдфриёти ёдгорих,ои таърихй х,азорон сикках,ои биринчй, мису нукра ва тилло кашф мегардад. Бо хдмин максад дар

тгори сикках^и МД "Осoрxoнаи миллии намyнаи хама сиккаxoи

давлатдoрии точишн ба намoиш гyзoшта шyдаанд.

Дар ин тoлoр сиккаxo аз руи сoлшyмoрй ба тамoшo гyзoшта шyдаанд. Тoлoри мазкyррo ба сe баxши калoн чyдo кардан мумкин аст-кадим, асримиёнагй ва мyoсир. Дар ин макала мexoxeм дoир ба як баxши тoлoри мазкyр, ки ба сиккаxoи кадима баxшида шyдааст, маълyмoт диxeм.Максади асoсии таълифи макoла дoдани маълyмoти мyфассали илмй дoир ба сиккахoи кадимаи тoлoри сиккахoи Осoрxoнаи миллии ^чик^гон мeбoшад. Тoлoри сиккахoи МД "Осoрxoнаи миллии Тoчикистoн" калoнтарин тoлoри намoишй дар каламрави Чумхурии ^чик^гон ба шyмoр рафта дар oн намyнаи тамoми сиккахoи ачдoдoни точишн ба намoиш гyзoшта шудаанд.

ОFOЗи тoлoри мазкур ба сиккахoи давраи X,аxoманишиxo баxшида шyдааст.Бинoбар ин дар инчo аксхoи сиккахoи шoхoни хаxoманишй насб шудааст. Ду акси аввал сиккахoи Дoрoи III мeбoшанд, ки y сари зoнy нишаста дар хoлати шикoр кардан тасвир ёфтааст. Дар сар точи шoхй, дар дасти чап камoн ва дар дасти рoст бoшад найза ва дар баъзe хoлат шамшeр дoрад.

Дар байни ду сиккаи Дoрoи III акси сиккаи дигар шoхи хаxoманишй, Xyшёршox насб шудааст.

Пас аз сиккахoи X,аxoманишиxo дар тoлoр, сиккахoи ашкoнй чoй дoда шудаанд. Сиккаe, ки дар кисми бoлoи насб шудааст, сиккаи Фархoди IV мeбoшад. Дар руи сикка нимруки шoх ба тарафи чап тасвир ёфтааст. Сиккаи мазкур кисман шикаста аст (KB -13235) [7].

Пас аз сиккахoи Aшкoниён сиккахoи шoхoни Юнoнy Бoxтар ба намoиш гyзoшта шудаанд. Шoхoни Юнoнy Бoxтар асoсан аз тиллo, нукра ва мис сикка мeбарoварданд. Инчунин аз oмexтаи фyлyзoти мис ва ни^л низ 6o микдoри кам сикка зарб задаанд.

Юнoнy Бoxтарихo дар руи сиккахoяшoн асoсан нимрyxи шoх ва дар пушти сикка тасвири эзадхoяшoн, аз кабили, Зeвс, Aфина, Aпoллoн, Aртeмида, Дeмeтра, Диoскyрхo, Гeлиoс, Гeракл, Ника, Пoсeйдoн ва Fайрарo тасвир мeкарданд [4, 43-47].Сиккахoи нукра ва мисии ин давлат 6o адади зиёд то замoни мo oмада расидаанд. Х,амин аст, ки дар ёдгoрихoи худуди имрузаи ^чи^агон сиккахoи юнoнй-бoxтарй ба тeъдoди зиёд ёфт мeшавад, маxсyсан сикка ва oбoлхoи Евтидeм I ва Евкратид.

Сиккахoи Евтидeми I ва Евтидeми II низ чoй дoда шудаанд. Дар ин баxш хафт сикаи мисии Евтидeми I ба намoиш гyзoшта шудаанд. Дар руи ин сиккахo нимрyxи шoх ва дар пушти oнхo асп дар хoлати чахидан тасвир ёфтааст. Дар кисми бoлoй ва пoинй тасвири асп ва навиштачoти юнoнии «Bazilevs evtidemoy»-«rnox eвтидeм» навишта шудааст (КВ-12898, 12964/1, 13235/11,12,14,15,28 )[7].

Дар ин баxш як адад сиккаи нукрагии Евтидeми II низ ба намoиш гyзoшта шудааст. Дар руи oн нимрyxи шox тасвир ёфтааст.

Евкратид дар се вазн аз нукра сикка баровардааст - тетрадрахма, драхма ва обол. У сиккахои мисии чахоркунча низ зарб задааст, аммо бо микдори хеле кам. Дар толори сиккахо оболхо ва як тетрадрахмаи шох Евкратид ба намоиш гузошта шудаанд.(КВ-15225)[8]. Евкратид аввалин шохе буд, ки дар сиккахояш унвони ифтихории «мегас»-«кабир»-ро сабт намудааст.Дар сиккахои шохони

пеш аз у навиштачот ё худ катиба танхо аз ном ва унвони шох иборат буд. Дар руи сикка нимрухи шох, дар пушти сикка ду савора бо найзахои дароз тасвир ёфтаанд. Дар гирди сикка ба шакли ниммудаввар катиба бо хати юнонй дида мешавад. Дар тетрадрахма ва драхмахо бо хати юнонй «Начотбахши бузург Евкратид» ва дар оболхо бошад «Шох Евкратид» навишта шудааст [2,7]. У такрибан солхои 171-155 то милод хукмрон буд.(КВ-12928/9, 13167/1, 13907/13) [7].

Охирин намояндаи силсилашохони сулолаи Юнону Бохтарй ин Х,елиокл писари Евкратиди Бузург мебошад. Дар пахлуи сиккахои Евкратид се сиккаи таклидии Х,елиокл ба намоиш гузошта шудаанд. Дар руи сикка нимрухи шох барчаста бо сарбанди шохй (диадема) тасвир гардида, дар пушти сикка худои юнонихо Зевс накш ёфтааст. Солхои хукмронии Х,елиокл 155-140 то милод мебошад. (КВ- 12898, 12928/10, 13903)[7].

Як бахши мухимми толори сиккахои Осорхонаи миллии Точикистонро сиккахои шохони кушонй ташкил медиханд. Дар умум дар ин бахш 840 сиккаи шохони кушонй ба намоиш гузошта шудаанд. Дар байни сиккахои мазкур се дафина низ хаст. ^адимтарин сиккахои кушонй дар ин толор оболхои шох Х,ерай (асри I п.м.) мебошанд.

Х,амакнун мехохам сиккахои хар як шохро дар алохидагй ва мувофики солшуморй шарху тавсиф намоям.

Х,ерай. Х,ерай дар ду вазн ва танхо аз нукраи холис сикка зарб задааст. Тетрадрахма (чахордрахма) ва обол (шашякдрахма). Дар тетрадрахма у то китфхояш тасвир ёфтааст. У дар сар пешонабанди подшохй-дайхим дорад. Руяш ба самти чап нигаронида шудааст. Дар пушти сикка тасвири савораест, ки ба тарафи чап равон аст. Дар пушти савора фариштаи музаффарй-НИКА дар парвоз асту ба сари

савора точ мегузорад. Дар атрофи Расми 2. Тетрадрахмаи нукрагии Х,ерай

Расми 1. Тетрадрахмаи нукрагии Евкратид

сикка ба шакли ниммудаввар катибаи зайл бо хати юнонй сабт гардидааст: «Tyranoy Hraoy koshano sanaboy»-«X,оким Х,ерай кушонй санаб» [5, 17-18]. Х,ерай номи хоси юнонй буда, аз номи олихаи юнонии «Hera» гирифта шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки навиштачоти тетрадрахмахои Х,ерай аз навиштачоти оболхояш фарк дорад.

Дар руи оболхо нимрухи шох, бо пешонибанди шохй, яъне дайхим ва бо симои ориёй - руи калони барчаста, бинии баланд, чашмони калони бодомшакл ва муйлаб тасвир шудааст. Дар пушти оболхо шох Х,ерай росто тасвир ёфтааст.

Пироханаш то ба зону мерасад, аз Рас ми 3 Обол и нукрагии Херай миён ба боло нимгашт аст, дасти

росташ бардошта мебошад ва зохиран бо дасташ чизеро медорад. Дар ду самти тасвири шох катиба бо хуруфи юнонй дида мешавад, ки феълан дар баъзе оболхо душворхон мебошад: "Х,ерайи Кушонй". Тасвир ва катибахо зохиран схематикй-аз хатчахо ва нуктахо таркиб ёфтаанд. (КВ-13167/5,13235/34, 13898/13,14, 13907/3,5,11) [7].

Бештар оболхои шох Х,ерай дар нохияхои Хуросон, ^убодиён, Абдуррахмони Ч,омй, Шахритус, Х,исор, Шахринав, Ховалинг, Фархор ва шахри Душанбе ёфт гардидаанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки Х,ерай аввалин шохи кушонй мебошад, ки дар сиккахои худ номи ин сулоларо навишта буд [4,153]. Дар мавриди номи ин шох бахсхо зиёданд. Як гурух олимон бар он акидаанд, ки Х,ерай лакаби шох буда номаш Санаб аст, бо он далел, ки у ориёинажод буд ва наметавонист номи юнонй дошта бошад.

Вима Такту. Дар бахши сиккахои кушонй 7 адад сиккахои шох Сотер Мегас (Вима Такту) ба Расми 4. Сиккаи мисии Вима Такту намоиш гузошта шудаанд. Дар руи сиккахо нимтанаи шох нимгашт ба самти рост тасвир шудааст. Дасти росташ нимкад бардошта шуда, зохиран тири камонро медорад. Тасвири шох дар доираи холкубишуда гирифта шудааст. Дар пушти сиккахо шох савори асп тасвир ёфта, дасташро ба пеш бардошта зохиран табарзинро медорад. Дар сар сарбанди шохй (дайхим) дорад. Самти равиши асп ба тарафи чап мебошад. Дар пеши асп тамгаи шохй мушохида мешавад.Дар даври сиккахо катиба бо хуруфоти юнонй «Bazylffvs bazylhon sothr mнgasoy»-«Шохи шохон начотдихандаи бузург» хаккокй шудааст.

Расми 5. Сиккаи мисии Вима Кадфиз

То имруз дар китобхо ва асару маколахои сиккашиносон ва бостоншиносон панч навъи сиккахои шох Вима Такту (Сотер Мегас) маълум аст. Аммо, дар х,удуди Чумхурии Точикистон ва умуман Осиёи Миёна бештар сиккахое, ки дар боло зикрашон намудем, ёфт гардидаанд [4, 156-160].

То пайдо намудани катибаи Работак аз худуди имрyзаи Чумхурии исломии ЛфFOнистон ин сиккахо бо номи Сотер Мегас машхур буданд. Пас аз ёфт шудани ин катиба дар соли 1993 фарзияе пайдо шуд, ки ин сиккахо ба шох Вима Такту тааллук доранд [2, 17].

Сотер Мегас танхо аз мис сикка зарб задааст.Дар мавриди мавчудияти сиккахои нукрагии Вима Такту (Сотер Мегас ) М.Е. Массон акида дорад, ки ин навъи сиккахо мавчуданд, аммо бо микдори хеле кам. Ин акидаро як гурух сиккашиносон ва махсусан Е.В.Зеймал тарафдорй намекунад [4, 163].

Давраи хукмронии Вима Такту (с. 35-65 м.) яке аз даврахои тараккиёт ва ободиву пешрафти сохаи тичорати дохилй ба шумор меравад. Бо микдори хеле зиёд пайдо шудани сиккахои y далели раднопазири гуфтахои болост.

Вима Кадфиз. Панч сиккаи ин шох дар экспозитсия ба намоиш гузошта шудааст. Дар руи сиккахо тасвири ростои шох назди оташдони мукаддаси зардуштй, дасти рост тарафи оташдон дароз намуда зохиран чизеро медорад, дасти чап дар миён бо точи баланд ва либоси то ба зону панчахои пойхо ба ду самт равона шуда, гурз дар самти чап тасвир ёфтааст. Дар тарафи чапи шох рамзи сешоха тасвир ёфтааст. Шох дар холати ибодат кардан тасвир шудааст. Дар даври сикка катиба бо хати юнонй чунин навишта шудааст: «bazylhvs basylhon sothr mhgasoy vyma kadфiz»-«шохи шохон начотбахши бузург вима кадфиз» [2,6].

Дар пушти сиккахо эзад Шива бо говмеш Зебу-Нанди тасвир ёфтааст, ки самти равиши он ба тарафи рост мебошанд. Шива ба говмеш дар холи такя намудан мебошад-дасти чапи у болои шонаи барчастаи хайвон гузошта шудааст. Тамоми чузъиёти эзад ва говмеш баръало намоёнанд. Дар пушти сикка катиба бо хати кхароштй- хиндуй чойгир аст.

Вима Кадфиз нохияхои марказии Х,индустон ва Тибетро ишFOл намуда, ба давлати Кушониён ворид мекунад. Х,амин ва як чанд омили дигар буд, ки аввалин шуда дар сикахои ин шох мо олихахо ва худохои динхои буддой ва хиндиро мебинем. Лз хама кори чолиб ва чашмраси шох Вима Кадфиз ба муомилот баровардани сиккахои тиллой мебошад [12,52]. У такрибан солхои 65-105 дар Империяи Кушониёни Бузург хукмронй кардааст.

Расми 6. Сиккаи мисии Канишка Расми 7.

Спккап мисии Х,увншка

Яте аз ганчинаxoи ба намoиш гyзoшта шуда аз 667 сиккаи кyшoнй ибoрат буда, сoли 2008 дар нoxияи Хyрoсoн аз тарафи сoкинoни дexаи Сарбанд ёфт шудааст. Бoяд гуфт, ки ин ганчинаи калoнтарини сиккаxoи кyшoнй дар xyдyди Осиёи Миёна мeбoшад. Ганчинаи мазкур аз сиккаxoи сe шoxи кyшoнй, Вима ^дфиз, Kанишка ва Хувишка ибoрат мeбoшад (KB-13015) [7].

Ганчинаи дигарe, ки ба намoиш гyзoшта шудааст, аз 105 сиккаи кyшoнй ибoрат аст, ки ба шoxoн Вима ^дфиз, Kанишка ва Хувишка мансубанд. Дафинаи мазкур аз маxаллаи Оби ^Œ^o, Ч,амoати дexoти Kирoви нoxияи Рудакй ёфт шудааст.

Канишкаи Кабир. Дигар шoxаншoxи кyшoнй, ки сиккаxoяш ба намoиш гyзoшта шудааст ^нишка мeбoшад. У якe аз машxyртарин шoxoни кyшoнй буд. Œox ^нишка тавoнист xyдyди импeрияи Kyшoниёнрo ватеъ намoяд ва xалк;иятxoи гyнoгyнрo зeри як давлат нигox Дoрад. Шoxoни кyшoнй маxсyсан шox Kанишка сиёсати таxаммyлпазирoии динирo пeш гирифта, аз xама динxoи дар каламрави давлаташoн рoич буда, барoбар пyштибoнй мeкарданд. Маxз xамин сиёсат буд, ки oнxo тавoнистанд сoлoни дарoз ин имтерияи бyзyргрo нигox дoранд. Дар аxди xyкмрoнии Kанишка дини зардуштй дар Бoxтарy СyFд ва дини бyддoй ва шивoпарастй дар Х,индустон xeлe ривoч ёфта буданд [12, 53]. Дар ин бoра маъбадxoи ин динxo, ки маxз 6o сyпoриши y сoxта шуда буданд, инчунин сиккаxo ва сарчашмаxoи xаттй шаxoдат мeдиxанд.

Дар тoлoри сиккаxoи Осoрxoнаи миллии Тoчикистoн 17 сиккаи мисии ^нишка мавчуданд, ки 6o тасвири xyдoxo ва oлиxаxoи гyнoгyн аз кабили: эзадxoи бoд, мox, шива, нана дар экспoзитсия ба намoиш гyзoшта шудаанд.

Хувишка. Дар ин гуша 12 сиккаxoи мисии Хувишка чo гирифтаанд. Бoяд ёдoвар шуд, ки чанд навъи сиккаxoи Хувишка маълум аст ва дар тoлoри сиккаxo ду навъи oнxo ба намoиш гyзoшта шудааст.

Дар руи навъи якум шox филсавoр тасвир ёфта, дар пушти сикка 8 эзади диж^и зардуштй ва xиндй xакoкй шудааст. Aз чумла: Мexр, Mox, Оташ, Aрдoxшo, Фаррo, Бoд, Шиваи чаxoрдаста ва Шиваи дудаста. Навъи дуюм дар руи сикка шox дар таxт якпаxлy нишаста тасвир шуда дар пушти сикка эзадxoи Mexр, Mox, Оташ ва Шиваи чаxoрдаста xаккoкй шудаанд [4, 201-207].

Aз 12 сиккаи ба намoиш гyзoшта 6-тo навъи аввал ва 6-тои дигараш навъи дуюм мeбoшанд. Сиккаxo дар xoлати xyб карoр дoшта, намoи тасвири

шох ва эзадон бараъло намоён аст. Яъне бинанда метавонад ба тамоми нозукихои сиккасозии замони хукмронии шох Хувишка ошной пайдо намояд. Сиккахои мазкур хама аз мис сохта шудаанд. Бояд ёдовар шуд, ки шох Хувишка сиккахои тиллой низ зарб задааст. Мавриди ёдоварист, ки 29.02.1999 аз чониби сокинони дехаи Сарбанди нохияи Хуросон (собик Fозималик) аз ёдгории Х,алкачар ганчинаи сиккахои шох Хувишка ёфт шуда буд. Эхтимол ганчина зиёда аз 100 сиккаро дар бар мегирифт. Лекин мутаассифона такдири баъдинаи ганчина номуайян бокй мемонад [2, 32-33].

Васудева. Шохи дигари кушонй, ки сиккахояш ба намоиш гузошта шудаанд Васудева мебошад. У солхои 166-200 мелодй дар давлати кушонихо хукмронй намудааст. Савдо ва муомилоти пулй дар замони у ривоч ёфта, хазорон сиккахои мисй ва тиллоии ин шох аз ёдгорихои мухталиф бозёфт шудаанд. Лз чумла, дар каламрави имрузаи Точикистон сиккахои мисии ин шох ба микдори зиёд ва якчанд сиккаи тиллой низ ёфт гардидаанд.

Лз чахор сиккаи тиллой, ки дар худуди Чумхурии Точикистон ёфт шудаанд, аввалини онхо дар солхои 1930 ба Осорхонаи таърихй-кишваршиносй дар шахри Душанбе ворид шуда буд, аммо дар солхои чанг дуздида шудааст. Дуюм сиккаи тиллоии Васудева соли 1950 аз ёдгории Кайкубодшохи нохияи ^убодиён ва сеюм аз нохияи Ч,алолиддини Балхй соли 1956 ва чорум аз мавзеи ЧормаFзаки шохрохи Душанбе-Кулоб ёфт гардидаанд [4, 219]. Такдири минбаъдаи ин сиккахо норавшан бокй монда аст.

Дар толори сиккахои Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Точикистон" ду сиккаи Васудева ба намоиш гузошта шудааст. Сиккахо харду мисй мебошанд. Дар руи сикка тасвири ростои шох назди оташдони мукаддаси зардуштй, дасти рост тарафи оташдон дароз карда зохиран чизеро медорад, дар дасти чап чубдасти салтанатй, дар сар точи баланд ва либоси то ба зону, панчахои пойхо ба ду самт равона шуда, дар самти чап гурз тасвир ёфтааст. Дар тарафи чапи шох рамзи сешоха тасвир ёфтааст. Дар пушти сикка эзад Шива бо говмеш Зебу Нандй тасвир ёфтааст, ки самти равиши он ба тарафи чап мебошанд. Шива назди говмеш росто тасвир ёфтааст. Дасти чапи y болои шонаи барчастаи хайвон гузошта шудааст [4, 512]. Тамоми чузъиёти эзад ва говмеш баръало намоёнанд.

Чунин навъи сиккахои Васудева ба сиккахои Вима Кадфиз бисёр шабохат доранд. Танхо фарк байни онхо дар вазн, диаметр, андоза ва самти равиши говмеш дар пушти сиккахо мебошанд.

Баъди сиккахои кушонй сиккахои кушонй-сосонй ба намоиш гузошта шудаанд.

Расми 8. Сиккаи мисии Васудева

Баъди ишFOл намудани зарзамиж^и Kyшoниxo аз чoниби Сoсoниён дар тамoми сoxаxoи рyзгoри Kyшoниxo таFийрoти чиддй ба назар мeрасад. Aз чумла, дар сoxаи мyoмилoти пулй ва зарби сиккаxo. Дар мавриди сиккаxoи кyшoнй-сoсoнй байни сиккашинoсoн баxсxo xeлe зиёд аст.

Як гyрyx сиккашинoсoн барoнанд, ки ин навъи сиккаxo аз чoниби XOкимoн, ки аз тарафи шoxoни Сoсoниён дар сарзамини Kyшoниён тайин шуда буданд, зарб зада мeшyданд. Яънe дар замoни xyкмрoнии Aрдашeри 1 (227-241/243с ) ва Ш^пури I (243-273с ). Ин акидарo асoсан сиккашинoсoн Э. Хeртсфeлд ва Л. Бивар тарафдoранд. Гyрyxи дуюми сиккашинoсoн аз чумла В. Г. Лушнин акида дoранд, ки ин навъи сиккаxo дар сoлxoи xyкмрoнии шoxаншox Шoпyри II (309-379 с.) зарб зада шуда то асри V мeлoд дар мyoмилoт карoр дoштаанд [4, 257].

Сиккашинoсoни шинoxта Вилсoн (1841), A. ^ннингэм (1893), Э. Хeртсфeлд (1930), Ж. Батай (1928), Р. K^e (1963), A. Бивар (1956; 1968), ЕВ. Зeймал,[4, 257-258] Д. Дoвyдй ва дигарoн дар мавриди сикаxoи кyшoнй-сoсoнй макoлаxoи таxкикй навишта тешкаши xoнандагoн гардoнидаанд. Е.В. Зeймал ин навъи сиккаxoрo, ки дар чануби Тoчикистoн зиёд ёфт мeшаванд, ба асрxoи IV- V нисбат мeдиxад.

Дар фoнди МД "Осoрxoнаи миллии Тoчикистoн" низ ин навъи сиккаxo мавчуд буда, 2 адад сиккаи кyшoнй-сoсoнй ва 3 адад сoсoнй-кyшoнй дар тoлoри сиккаxo ба намoиш гyзoшта шудааст. Сиккаxo нисбати сиккаxoи аслии кyшoнй вазн, диамeтр ва андoзаи xyрдтар дoранд (KВ-13008,13235/21, 13235/20,25, 13907/9) [7].

Мавриди ёдoварист, ки дар тарафи чапи тoлoр дар назди сиккаxoи кyшoнй дар дoxили витрина як ганчинаи сиккаxoи кyшoнй ва як кoллeксия дар oмexтагй ба намoиш гyзoшта шудаанд. Ганчина аз 17 сикка ва mrae^™ аз 682 сикка ибoрат мeбoшанд.

Дар таркиби кoллeксия сиккаxoи юнoнй-бoxтарй, кyшoнй, шшнй-кyшoнй, тeмyрй, Бyxoрo асри XIX ва сиккаxoи замoни Шуравй мавчуданд [11,73].

Инчунин дар дoxили витрина ду адад сикка, ки xeлe нoдир ва камёфтанд аз дохили коллексияи мазкур чудо карда шуда дар алoxидагй ва 6o зeрнавишти маxсyс ба намoиш гyзoшта шудаанд.

1. Сиккаи Вима ^дфиз.

2. Сиккаи Kанишка (дар пушти сикка Буддо тасвир ёфтааст).

Myx™ ва нOдир будани расми 9. Сиккаи нукрагии Яздигурди I сиккаxo дар oн аст, ки ин навъи

сиккаxo дар Чyмxyрии Тoчикистoн ва умуман Осиёи Миёна xeлe камёфт мeбoшанд.

Ганчина аз 17 сиккаи мисй иборат буда 04.10.2013 аз тарафи шахрванд Шарипов Достй ба фонди МД "Осорхонаи миллии Точикистон" хадя гардидааст.

Дар толори сиккахои МД "Осорхонаи миллии Точикистон" 48 сиккаи сосонй низ ба намоиш гузошта шудаанд, ки аз онхо 2 адад сиккаи Яздигурди I, 6 адад Яздигурди II, 15 адад Хурмузд IV, 9 адад Хусрав I, 16 адад Хусрави II мебошанд.

Ду сиккаи Яздигурди I дар толор OFOзбахши сиккахои сосонй мебошанд. Хар ду сикка солхои 1951 дар катори аввалин сиккахо, ки аз тарафи комиссияи харидории Осорхонаи таърихй-кишваршиносии ба номи Камолиддини Бехзод (холо Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Точикистон") харидорй шуда буданд, вориди осорхона гаштаанд (раками осорхонавй 1345/10,28 ).

Дар пахлуи сиккахои Яздигурди I шаш сиккаи Яздигурди II дар алохидагй бо зернавишт ба намоиш гузошта шудаанд.Ин сиккахо низ соли 1951 ба Осорхонаи таърихй-кишваршиносии ба номи Камолиддин Бехзод ( холо Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Точикистон") ворид шудаанд. (КВ-1345/1,2,4,5, 7,8) [7].

Идомаи сиккахои сосонй аз ганчинаи сиккахои нукрагии се шохи Сосониён иборат мебошад.

Ганчина аз 40 сиккаи нукрагй иборат буда, соли 2014 аз нохияи Ч,айхун (собик ^умсангир) тасодуфан ёфт гардидааст.Ганчинаро сиккахои се шохи сосонй Хусрави I, Хурмузди IV ва Хусрави II ташкил медиханд. Нахустин маротиба ганчина аз чониби доктори илмхои таърих Давлатхоча Довудй тахкик шудааст [1,20].

Дар толори сиккахо ганчина аз руи шоххо таксимбандй шуда, ба намоиш гузошта шудааст. ( КВ-15171, 15172, 15173) [8].

Хулоса, чуноне дар боло зикр намудем, точикон ба шумори халкхое, дохил мешаванд, ки таърихи кадимаи сиккасозй ва муомилоти пулй доранд. Лз ин ру муаррифии толори сиккахои МД "Осорхонаи миллии Точикистон", ки калонтарин намоишгохи сиккахо дар каламрави Чумхурии Точикистон мебошад ва хамзамон сиккахои хама давру замони ачдодони точиконро дар бар мегирад, кори мухим ва зарурист.

Сиккахои дар толор ба намоиш гузошта баёнгари инкишофи савдои дохилию хоричии ачдодони мо дар дарозои таърих ба хисоб меравад.Яъне мо гуфта метавонем, ки точикон дар хама давру замон як чузъи чудонашавандаи чомеаи чахонй ба шумор мерафтанд. Онхо хамеша бо хамсоядавлатхои худ робитаи хуб ба рох монда, савдои дохилию хоричиро рушд додаанд.Бо микдори зиёд ёфт гардидани сиккахои биринчй, мисй ва нукраву тилло инчунин гузаштани Рохи Бузурги Лбрешим аз худудхои сарзамини ачдодони мо далели гуфтахои болост. Бо боварй гуфта метавонем, ки бинандаи закй метавонад мушкилоти пуливу молй ва ба авчи баланд расидани савдои

дохилию хоричии ачдодонамонро дар толори сиккахои Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Точикистон" ба хубй мушохида намояд.

АДАБИЁТ

1. Д. Довудй. "Бухархудатские, сасанидские и омейядские дирхамы Таджикистана", Душанбе: "Эр-граф", - 2018.

2. Китобхои воридотии Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Точикистон" аз №1 то №13.

3. Д. Довудй "Монетные клады Таджикистана", -Душанбе: "Дониш",- 2009.

4. Д. Довудй, Шарифзода А. "Клад кушанских монет из Вахшской долины",-Душанбе: 2010.

5. Е.В. Зеймаль. "Древние монеты Таджикистана", -Душанбе: "Дониш", -1983.

6. Е.А. Давидович. "Клад древних и средневековых монет Таджикистана",-Москва: " Наука", -1979.

7. Китоби воридотй №1.

8. Китоби воридотй №11.

9. Китоби воридотй №12.

10. Китоби воридотй №13.

11. М.Е . Массон, Монетные находки, зарегистрированные в Средней Азии за 1928 и 1929 гг., "Научная мысль". № 1. Самарканд, -1930.

12. Мачаллаи "Мероси ниёгон", № 16.

13. Н. Хртамов, Д. Довудй, С. Муллочонов, М. Исоматов. "Таърихи халки точик",-Душанбе: "ЭР-граф",-2015.

ИНЪИКОСИ СИККАХОИ ЦАДИМ ДАР ТОЛОРИ СИККАХОИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН"

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Муаллиф дар макола оид ба сиккахои кадимаи толори сиккахои Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Точикистон" тахкикоти вижаеро ба рох монда, дар робита ба мухиммияти таърихияшон маълумоти лозимиро матрах сохтааст. Асоси маколаро шарху тавсифи сиккахои щадима аз даврони шоханшохи Хахоманишиён (550-330 п.м.) то замони хукмронии шохони сосонй (асри V мелодй) ташкил медихад.

Дар макола сиккахо аз руи солшуморй таксимбандй шуда, тавсифи руй ва пушти онхо оварда шудааст. Инчунин муаллиф кушидааст, ки дар ин макола перомуни чамъоварй, хифз ва нигахдории сиккахои кадим дар толори сиккахои Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Точикистон" нуктахои илмй-тахкикотии худро ба хонанда баён созад.

Калидвожа^о: сикка, сиккасозй, экспозитсия, Осорхонаи миллии Точикистон, намоиш, тасвир, ганцина, шохони Кушонй, муомилоти пули, коллексия, Осиёи Миёна.

ОПИСАНИЕ ДРЕВНИХ МОНЕТ ЗАЛА НУМИЗМАТИКИ ГОСУДАРСТВЕННОГО УЧРЕЖДЕНИЯ "НАЦИОНАЛЬНЫЙ МУЗЕЙ

ТАДЖИКИСТАНА"

В статье автор проводит специальное исследование древних монет зала нумизматики ГУ Национального музея Таджикистана и дает необходимую информацию об их историческом значении. Статья основана на описании древних монет со времен империи Ахеменидов (550-330 гг. до н.э.) до правления сасанидских царей (V век). В статье монеты классифицируются по хронологии, дается описание аверса и реверса мо-

нет. А также в данной статье автор дает объяснение читателю о своих исследовательских идеях по сбору, защите, хранению данных монет в Национальном музее.

Ключевые слова: монета, чеканка монет, экспозиция, Национальный музей Таджикистана, выставка, изображение, клад, Кушанские цари, денежное обращение, коллекция, Средняя Азия.

DESCRIPTION OF ANCIENT COINS IN THE HALL OF COINS IN THE HALL OF NUMISMATICS OF THE STATE INSTITUTION "NATIONAL MUSEUM OF

TAJIKISTAN"

In the article, the author conducts a special study of the ancient coins of the Numismatics hall of the State Institution "National Museum of Tajikistan" and provides the necessary information about their historical significance. The article is based on the description of ancient coins from the time of the Achaemenid Empire (550-330 BC) up to the reign of the Sassanian kings (V century). In the article, coins are classified by chronology, given a description of the obverse and reverse of the coins. And also, in this article, the author gives an explanation to the reader about his research ideas for the collection, protection, storage of these coins in the National museum.

Key words: coin, coinage, exposition, National Museum of Tajikistan, exhibition, image, treasure, Kushan kings, money circulation, collection, Central Asia.

Сведения об авторе: Каримдодов Мирали Замонович-соискатель Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша НАНТ. Адрес: 734025. Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр, Рудаки, 33. Телефон:(+992) 989016151.E-mail: mkarimdodov@mail.ru

Information about the author: Karimdodov Mirali Zamonovich - applicant of the first year of Institute of History, Archeology and Ethnography of the Academy of Sciences. Address: 734025. Republic of Tajikistan, Dushanbe, 33 Rudaki Ave. Phone:(+992)989016151.E-mail: mkarimdodov@mail.ru

УДК-90 (575.3)

СИМВОЛЫ ВЛАСТИ - ИСТОРИЯ КОРОНЫ ТАДЖИКСКИХ ДИНАСТИЙ

РАЗЗОКОВ Ф. А., Российско-таджикский славянский университет

Человек, в первую очередь, сам является воплощением многочисленных символов. С древнейших времен человека изображали в качестве символа, располагающее возможностью двигаться, охотиться, пасти скот, заниматься земледелием, вести боевые действия, быть царем, а также рабом мн. др. В каждом из подобных изображений выражалась судьба, как одного человека, так и целого народа. Так, например, в египетских иероглифах, предложение, подразумевающее действия отдельно взятого человека всегда имело его же изображение. А на Беситунском памятнике древних пер-

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.