Научная статья на тему 'ИССЛЕДОВАНИЕ САМАНИДСКИХ МОНЕТ В РОССИЙСКОЙ ИМПЕРИИ'

ИССЛЕДОВАНИЕ САМАНИДСКИХ МОНЕТ В РОССИЙСКОЙ ИМПЕРИИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
45
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САМАНИДЫ / АББАСИДСКИЕ МОНЕТЫ / САМАНИДСИКИЕ МОНЕТЫ / VII-X ВВ / ПИСЬМЕННЫЕ ИСТОЧНИКИ / САМАНИДСКИЕ ЭМИРЫ / МОНЕТНЫЙ ДВОР / МУХАММЕДЯНСКАЯ НУМИЗМАТИКА / РОТРОК / О. ТИХСЕН / АКАДЕМИК Х. ФРЕН / КАЗАНЬ / САНКТ-ПЕТЕРБУРГ / КУНСТКАМЕРА / ИМПЕРАТОРСКАЯ АКАДЕМИЯ НАУК / КОЛЛЕКЦИЯ / МУЗЕЙ АЗИИ / П.С. САВЕЛЬЕВ / В. ГРИГОРЬЕВ / В. ТИЗЕНГАУЗЕН / А. МАРКОВ / ТОПОГРАФИЯ МОНЕТ / КАТАЛОГИ / КНИГА "О САМАНИДСКИХ МОНЕТАХ" / ТОРГОВЛЯ И ДЕНЕЖНЫЕ ОТНОШЕНИЯ / МОНЕТНЫЙ КЛАД

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Абдували Шарифзода

Статья посвящена изучению саманидских монет в Российской империи. Саманидские монеты наряду с другими типами исламских монет, были обнаружены в России. Особенность саманидских монет, собранных в Российской империи, заключается в том, что они не были привезены в Россию в качестве музейных предметов, а были ввезены в Россию в X веке, как основная денежная и торговая единица и как клад, а затем спрятаны как сокровища. Эти сокровища, наряду с другими ценностями, позже были найдены в земле и на дне рек, а потом были переплавлены и использованы для изготовления других монет или украшений. В Российской империи Петр Великий заложил основы сбора и музейного хранения исторического наследия и в 1714 году был основан первый в России музей-Кунсткамера. В 1732 году была предпринята первая попытка собрать куфические монеты Кунсткамеры. Позже известный востоковед Х.Д. Френ был приглашен в Россию из Германии. Ученый основал исламскую нумизматику России, а в 1817 году опубликовал первую научную статью о саманидских монетах. Академик Х. Френ и его ученики-П. Савельев, В. Григорьев, В. Тизенгаузен и А. Марков основали исламскую нуизматику, в том числе саманидскую в России, превратив эти монеты из подземного сокровища в важнейший исторический источник.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE STUDY OF SOMONI COINS IN THE RUSSIAN EMPIRE

The article covers the study of Samanid coins in the Russian Empire. Samanid coins, along with other types of Islamic coins, were discovered in Russia. The feature of Samanid coins collected in the Russian Empire is that they were not brought to Russia as museum items, but were imported to Russia in the 10th century as the main monetary and trading unit and as a treasure, and then hidden as treasures. These treasures, along with other valuables, were later found in the ground and at the bottom of rivers, and then were quickly melted down and used to make other coins or jewelry. In the Russian Empire, Peter the Great laid the foundations for the collection and museum storage of historical heritage and in 1714 the Kunstkamera, the first museum in Russia was found. In 1732, the first attempt was made to collect the Kufic coins of the Kunstkamera. Later Ch. D. Frahn, a famous orientalist, was invited to Russia from Germany. The scientist founded the Islamic numismatics of Russia, and in 1817 published the first scientific article about Samanid coins. Academician H. Frahn n and his students P. Saveliev, V. Grigoriev, V. Tiesenhausen and A. Markov founded Islamic numismatics, including Samanid in Russia, turning these coins from an underground treasure into an important historical source.

Текст научной работы на тему «ИССЛЕДОВАНИЕ САМАНИДСКИХ МОНЕТ В РОССИЙСКОЙ ИМПЕРИИ»

ТАЪРИХНИГОРИВА МАЪХАЗШИНОСИ-ИСТОРИОГРАФИЯИ

ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ-HISTORIOGRAPHY AND SOURCE STUDY «-»

УДК 902.7:737 (575.3)

ТАВДИЦИ СИККА^ОИ СОМОНИ ДАР РОССИЯИ ИМПЕРАТОРИ

Абдували ШАРИФЗОДА, Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Таърихи халди точикро бе давлати Сомониён, ки бузургтарин давлати давраи мутараддии асрхои миёнаи точикон аст, тасаввур наметавон кард, ки тахдиди онро бе пажухиши сиккахои сомонй, ба хусус бе осори олимони Россияи императорй гайриимкон аст. Дарчанд таваччухи нахустин ба муомилоти пулии Сомониён хануз дар замони мавчудияти ин давлат сурат гирифта буд ва ин дар осори Ибни Хурдодбех, Наршахй, Ибни Фазлон, Истахрй, Ибни Хдвдал, Мудаддасй, Ёкути Хдмавй ва дигарон ба таври мухтасару муфид ба назар мерасад [1,10], аммо олимон ва шахсиятхои барчастаи Россияи императорй дар тахдид, хифз ва муаррифии сиккахои сомонй мухимтарин тахдидот ва корхои бузургро анчом додаанд. Масъалаи тахдид, чамъоварй ва хифзи мероси таърихй, аз чумла сиккахо дар Россия пеш аз хама ба фаъолияти реформатории Пётри бузург алодаманд аст. Соли 1714 аввалин осорхонаи Россия-Кунсткамера таъсис дода шуд, ки дар он дар баробари ёдгорихои гуногун сиккахои сомонй хам чамъоварй мешуданд [2,24].

Минбаъд, чи тавре ки дида мебароем, ин осорхона дар чамъоварй, хифз ва тахдиду нашри сиккахои сомонй надши бузург мебозад. Бояд гуфт, ки дар Россияи топётрй ёдгорихои дадима, махсусан ашёи дадимаи аз тилло ва нудра сохташуда чамъоварй намешуданд ва баъди ёфт шуданашон онхоро зуд гудохта, аз онхо ашёи нав месохтанд ва то ин вадт дар Россия фахмиш ё фарханги коллексиякунонй ташаккул наёфта буд. Бо мадсади пешгирии несткунии осори дадима 13 феврали соли 1718 Пётри I фармони махсусро ба имзо мерасонад, ки он то дарачае барои пешгирй аз нестшавии осори дадима, аз чумла сиккахо мусоидат менамояд [3,24].

Яке аз сабабхои асосии дар Россия тахдид шудани сиккахои сомонй ёфт шудани чунин сиккахо аз сарзамини пахновари он мебошад. Аз ин чост, ки дар аввалин кабинетхои нумизматй ва осорхонахои Россия дар байни миллионхо сиккахои гуногун сиккахои сомонй хам чамъоварй мешуданд. Аммо дар Россия то ба ин чо аз Германия даъват шудани мухаддидони сиккахои исломии Шард мутахассиси сиккахои исломии Шард вучуд надошт ва бо сабаби набудани сиккашиноси сиккахои исломй касе ба хуччатгузорй, тахдид ва нашри онхо машгул набуд. Бо ин сабаб,

тибки навиштаи Тизенх,аузен соли 1732 аз Германия шаркшиноси лейбсигй Г.Я. Кехр (1692-1740) барои мураттабсозии сиккахои дар Кунсткамераи Санкт-Петербург буда аз чониби граф Остерман даъват мешавад ва ба тахкики сиккахои исломй дар Россия огоз мебахшад [4,3]. Кехр соли 1735 бо супориши Академияи императории илмхои Россия ба мураттабсозии сиккахои исломии асрхои У11-ХУ-и Кунсткамера, ки бо супориши Пётри I аз ганчинахои гуногун чамъоварй шуда буданд, шуруъ менамояд. Аммо марги нобахангом дар соли 1740 ба ин кораш хотима бахшида,[ 4,3], дар зимн маводе чоп накард [5,99].Бо хамин тахкики минбаъдаи сиккахои исломй, аз чумлаи сиккахои сомонй дар Россия то аз Германия даъват шудани шаркшиноси дигар катъ гардида буд. Ин ходиса ба академик Х.Д. Френ ва ифтитохи Донишгохи Казон алокамандии зич дорад. Гап сари он аст, ки соли 1804 Донишгохи Казон ифтитох ёфта, дар сохтори он кафедраи забонхои шарк таъсис ёфта буд [6,7].

Аммо дар ин вакт барои пешбурди фаъолияти кафедраи мазкур Россияи императорй олими сохавии худро надошт ва аз ин сабаб барои даъвати олими шаркшинос боз аз Германия ёрй хоста шуд. Шаркшиноси машхури олмонй Олуф Тихсен (1734-1815) барои интихоби мутахассиси шоиста масъул гардид ва у шогирди худ-Х. Френро интихоб намуд. Френ Х.Д. 23 майи соли 1782 дар шахри Ростоки Германия ба дунё омада, солхои 1800-1803 назди устодаш О.Тихсен аз фанни илохиёт сабак гирифта буд ва минбаъд дар халкаи шаркшиносон донишу малакаи хешро такмил додааст. Баъди интихоби О. Тихсен Х. Френ барои фаъолияти илмй ва педагогиаш дар Донишгохи Казон розигй дода, охири тобистони соли 1807 хамчун профессори кафедраи забонхои шарки Донишгохи Казон ба фаъолият шуруъ намуда аст [6,6].

Бояд гуфт, ки ин аввалин кафедраи забонхои шарк дар таърихи Россия буд ва дар шахри Санкт-Петербург танхо соли 1854 ташкил гардида буд. Христиан Данилович дар аввали фаъолияташ дар Казон ба мушкилихои зиёд дучор гардида аст. Аз чумла, у лексияхояшро ба забони немисй ва лотинй мехонд, аммо аксари донишчуён ин ду забонро намедонистанд ва Френ бошад забони русиро намедонист. Дар як муддати кутох дар натичаи омузиши китобхои дастнависи арабй, форсй ва тоторй у ба як палеографи шинохта мубаддал гардид. Акнун барои муайян кардани сиккахои зиёди исломй, ки аз шахри кадимаи Булгор ва дигар чойх,о ёфт мешуданд, ба Френ мурочиат менамуданд. Дар байни сиккахои ёфтшуда сиккахои сомонй хам мавчуд буд. Вай ба зудй мохияти аслй ва сарчашмаи мухимми илмй будани сиккахои исломиро дарк намуда, ба тахкики онхо машгул гардид. Дар натича Френ соли 1808 дар Россия аввалин асари худро бо сабаби дар нашриёти Донишгохи Казон набудани шрифти лотинй бо хуруфоти арабй ва забони арабй тахти унвони "Китобу сифати баъзу дарохими-л-лази зарабухо бану Сомон ва Буя ад-Дайлам ва муъзамухо гайру маълумин лада ахла-л-илми ила хаза-л-явми" (Тавсифи якчанд

дирхамхои зарбзадаи Оли Сомон ва Оли Буяи Дайламй, ки аксарашон то имруз барои олимон маълум нест) чоп намуд [6,6]. Ин аввалин асар доир ба сиккахои сомонй дар таърихи Россия мебошад. Френ дар ин асараш хафт сиккаи сомонй ва дах сиккаи бувайхиро тавсиф намуда аст. Тибди навиштаи шогирдаш А.С. Савелев асари мазкур соли 1816 ба забони олмонй тарчума ва чоп шуда аст [6,46].

Шардшиносони машхури замон Силвестр де Сасси ва Олуф Тихсен ин навиштаи Френро ба гуфти П.С. Савелев дар мачмуаи "Милленовомъ Magasin encyclopedique" чоп карда, диддати олимони чахонро ба ин тахдидоти френ чалб намуданд ва у ба зудй ба як олими машхур табдил ёфт. Фаъолияти минбаъдаи нумизматии вай албатта танхо ба тахдиди сиккахои сомонй махдуд намегардид. Чунончи у ба тахдиди сиккахои Урдаи тиллой низ машгул шудааст. Аз чумла, Френ 400 навъи сиккахои Урдаи тиллоиро муайян намуд. Вай соли 1813 "Описание восточнаго минскабинета Пото "Тавсифи кабинети нумизматии Пото"-ро чоп карда, ба О. Тихсен ва Силвестр де-Сасси бахшид. Коллексияи Пото аз сиккахои Урдаи тиллой ва хонхои Крим иборат буданд. Соли 1816 мадолаи вай доир ба этноними вожаи "деньги" ба чоп расид. Соли 1817 асари дигари у доир ба дадимтарин сиккахои Булгори Волга, ки марбути хонхои Урдаи тиллой буданд, нашр гардид. Вале фаъолияти нумизматии Френ дар Казон танхо ба тахдиди сиккахои Урдаи тиллой махдуд намешавад. Диддати Френро сиккахои куфй, аз чумла сиккахои сомонй аз сиккахои Урдаи тиллой камтар чалб немекард.

Соли 1815 Тихсен, ки бехтарин устоди Френ буд, фавтид ва бо ин сабаб соли 1816 Френ дубора барои фаъолияти минбаъда ба Донишгохи Ротроки Олмон (Германия) даъват шуд [5,99]. Барои ба Ротрок баргаштан Френ охири мохи май аз Казон баромада, аввали июни соли 1817 ба Москва расид. Аз ин рохбарияти Академияи императории илмхои Россия огох шуда, кушиш намуданд, ки у ба Германия барнагашта барои тахдиди сиккахо дар Петербург монад ва бо ин мадсад ба Френ даъватномаи такрорй фиристода шуданд. Френ бо сабаби тахдиднашуда будани сиккахои исломии дар Кунсткамера буда, ин даъватро дабул намуда, аз Москва ба Санкт-Петербург омада, 10-уми июн ба мураттабсозии сиккахо огоз намуд [7,6]. Дамин тавр, у соли 1817 даъвати академик Кругро пазируфта, барои тахдиди ганчинахои сершумори сиккахои исломии Академияи императории Россия дар Санкт-Петербург монд ва ба вай 24-уми сентябри хамон сол унвони академикй дода шуд [6,14]. Тибди навиштаи Тизенх,аузен, харчанд ки дар Россия олимони ба тахдиди сиккахои шардй машгул буда, ба мисли И. Шултсер, О. Байер, П. Паллас, В. Гетсел ва Ю. Клапрот фаъолият доштанд, касе аз онхо сиккахои Кунсткамераро аз соли 1740 то соли 1817 тахдид накарда буд [4,4]. Френ Х.Д., ки добилияти баланди ташкилотчигй дошт ва нисбат ба кор хеле серталаб буд, дар давоми чанд мохи аввали фаъолияташ сиккахои

Кунсткамераро ба чор гурух-халифагй, саффорй, сомонй ва сабуктегинй чудо намуда, онхоро мухтасаран тавсиф менамояд ва мох,и марти соли 1818 ин тавсифоти вай ба чоп расид [8,16].

Соли 1818 дар назди Академияи императории илмхо Осорхонаи Осиё ташкил шуда буд, ки аввалин директори он Френ таъйин гардид. Аз соли 1818 то соли 1826 ин осорхона хамагй як коргар дошт ва он хам Френ буд. Соли 1819 Френ ба забони лотинй тавсифи нопурраи сиккахои осорхонаро чоп намуд. Вай дар ин асараш хамагй як сиккаи сомонии Мансури I ибни Нух, ки соли 363/973-74 дар Рошт зарб шударо тавсиф намуда аст. Аммо доир ба вазн ва кутри он харфе нагуфтааст. Як чихати хоси тахкикоти Х. Френ хамин буд, ки вай дар тавсифоти худ доир ба вазну кутри сиккахо иттилоъ намедод. Вижагии хеле мухимми фаъолияти нумизматии Френ аз он иборат буд, ки у баъди хондани номи сиккахона дар катибаи сикка барои дарёфти иттилоъ доир ба ин сиккахона сарчашмахои хаттиро мавриди тахкик карор медод. Чунончи вай дар баробари хондани номи сиккахонаи Рошт (^Ь) дар ин сиккаи сомонй доир ба чугрофияи Рошт аз

сарчашмахои хаттй иктибоси муфассал оварда, инчунин ба ин васила доир ба зарробхонаи Рошт иттилои бештаре додааст [9,17].

Френ дар таърихи Россия аввалин олимест, ки сарчашмахои арабиро вобаста ба таърихи славяну хазархо ва булгорхо тахкик карда, зарурати омузиши амики онхоро таъкид карда, барои ганитар шудани фонди нумизматии Осорхонаи Осиё пайваста кушиш менамуд. Соли 1821 Френ фехристи комили сиккахои шарки Осорхонаро ба забони немисй тахия карда барои чоп ба Академия пешниход намуд ва он бо номи "Das Muhammedanische Münzkabinett des Asiatischen Museums der kaiserlichen Akademie der Wissenschaften zu St. Petersburg" (Кабинети сиккахои мухаммадии Осорхонаи осиёии Академияи императории илмхо дар Санкт-Петербург) ба нашр расида аст. Дар мукаддимаи ба Сомониён бахшидааш вай ин хонадонро хеле тавсиф карда, ахаммияти сиккахои сомониро таъкид намуда аст. У хамеша таъкид менамуд, ки сиккахои дар осорхонахо ва коллексияхои Россия буда, аз хорич оварда нашуда, балки аз ин сарзамин ёфт шудаанд.

Тибки навиштаи у то анчоми тахияи ин асар дар Осорхонаи Осиё сиккахои амирони Сомонй-Насри I, Исмоили I, Ахмад ибни Исмоил, Исхок ибни Ахмад, Насри II, Нухи I, Абдумалики I, Мансури I, Нухи II, Мансури II, Абдумалики II ва Исмоили II, ки онхо дар солхои 286-395/9001004 дар сиккахонахои Бухоро, Ахсикет, Балх, Мухаммадия (Рай), Фаргона, Насробод, Шош, Самарканд, Хуттал, Маъдин, Панчхир ва Х,ирот зарб шудаанд, мавчуд будааст. Аммо Френ микдори умумии сиккахои сомонии ин осорхонаро дар фехристи мазкур зикр накардааст. Френ доир ба мавчудияти як динори сомонии дар Мухаммадия зарбшуда иттилоъ медихад, ки ин хеле мухим аст. Зеро динорхои сомонй аз Россия ва

Европа хеле кам ёфт шудаанд ва у камёфтии динорхои сомониро аз Россия ва Европа таъкид кардааст [6,24-31].

Аммо воридшавии сиккахо чунон мунтазам буд, ки сиккахои навворидшударо боз ба ин фехрист илова мекарданд ва соли 1826 асари дигари Френ-Recensio numorum muhammedanorum Academiae imp. scient. inter prima Academiae imp. saecularia edita-Petropoli ба забони лотинй ба чоп расид, ки ин асар бештар бо номи "Recensio машхур гаштааст. Френ дар ин фехристаш сиккахоро ба таври хронологй гурухбандй ва ба 29 шуъба ё бахш (класс) тадсим намуда аст. Дар ин фехрист катибаи аслии хар як сикка ва тавсифи мухтасари он дарч шуда ва ин асари Френ мохияти энсиклопедй дошта, дар он доир ба илмх,ои таърих, чугрофия, хронология ва таборшиносй иттилои муфид мавчуд аст. Ин асари пурарзиш ба илми чахонй натичаи тахдиди мушикофонаи яке аз бузургтарин ганчинахои сиккахои шардй, аз чумла сиккахои сомониро ошкор намуд. Френ дар ин асараш сиккахои сомониро ба гурухи сиккахои мухаммадй ворид намудааст ва умуман у хамаи сиккахои исломиро сиккахои мухаммадй зикр мекунад.

Бахши VI "Сиккахои амирони Сомонй" ном дорад ва Френ доир ба 358 сиккаи аслй ва се сиккаи тадлидии сомонй иттилоъ дода аст. Аксари сиккахои тахдидкардаи у дирхам мебошанд. Сиккаи якуми дар ин асар тавсифнамудааш, фалси дар Самарданд зарбшудаи Наср I ибни Ахмад мебошад, ки Френ нахуст соли зарби онро 282/899 хонда, зери радами 80-ой^ хат мекашад. Баъдтар онро ислох карда, соли зарбашро дар иловахои ин асараш, ки баъд аз марги Френ академик Дорн чоп мекунад, соли 272/885-86, яъне дах сол дадимтар нишон медихад. Сиккаи охири ин фехрист фалси охирин амири Сомонй-Исмоили II ибни Нух мебошад, ки сана ва номи зарробхонааш суда шудааст. Бо назардошти оне, ки баррасии чигунагии тавсифи хар як сиккаи сомонй дар ин асари Френ аз зарфияти ин мадола берун аст, танхо хаминро таъкид менамоем, ки Френ дар ин асараш мадоми таърихии Сомониён ва бори аввал ахаммияти чамъоварию тахдиду нашри сиккахои сомониро барои Шарду Еарб таъкид карда, хар як сиккаро бе нишондоди вазну дутраш тавсиф менамояд.

Ин асар яке аз бехтарин дастурхои нумизматии замон буд. Соли 1836 нашри Бюллетени Академияи илмхои Россия огоз шуд ва Френ дар кори он фаъолона иштирок карда, дар он доир ба сиккахои мухаммадй, аз чумла рочеъ ба ворид шудани сиккахои нав ба Осорхонаи Осиё ва кашфи нави ганчинахо хабару мадолахои мухтасар чоп менамуд. Аз чумла, соли 1841 дар Бллютени мазкур доир ба 39 ганчинаи сиккахои куфии аз Россия ёфтшуда иттилои топографй дода аст [4,8].

Бояд гуфт, ки мавсуф дар Россия ягон асарашро ба забони русй таълиф накардааст ва осорашро дигарон ба русй тарчума менамуданд. Баъди ба Россия омаданаш дар давоми фаъолияти илмиаш илова ба фаъолияти педагогй, бостоншиносй, эпиграфикй, тахдиди мероси хаттй академик Х.

Фpен инчунин се миллион сиккаи исломиpо таxкик каpдааст, ки агаp мо ин микдоppо ба 40 соли ^pñ бе назаpдошти pyзxои истиpоxат ва вакти шабона таксим намоем, ба xаp як сол на кам аз 75000 сикка, ба xаp як pyз 205 сикка ва ба xаp як соати xаёташ зиёда аз 8 сикка pост меояд!

Хдочанд ки Фpен доиp ба сиккаxои сомонй асаpи алоxидае таълиф накаpдааст, аммо натичаи таxкикашpо даp боpаи сиккаxои сомонй даp бахшxои алоxидаи асаpxояш бо таpтиби хpонологй нашp каpда, сиккаxои сомониpо даp катоpи миллионxо сиккаxои мусулмонй таxкик намуда, аxаммияти xаматаpафаи онxоpо баён каpд, ки ин баpои минбаъд эчод шудани асаpxои чудогона доиp ба сиккаxои сомонй заминаи мyxимpо ба вучуд оваpд.

Фpен таxкики чойи ёфти сиккаxои кyфиpо низ хеле мyxим медонист ва ба ин мавзyъ аввалин шуда даст зад. Дак ба чониби П. Савелев аст, ки даp xакки Фpен чунин навишта буд: "Олими аpабшинос, асосгyзоp ва шоxи сиккашиносии Ш^к Фpен даp таъpихи Россия хидматxои бyзypг каpдааст. Чилу чоp сол даp Россия зиндагй каpда, y бо Россия наздик шуд ва танxо баpои илми худ ва пайванди (татбики) он ба Россия зист"[6,41].

Бyзypгтаpин маpкази чаxонии чамъоваpй ва таxкики сиккаxои куфй ин Осоpхонаи Осиёи Петpополитен (Санкт-Петеpбypг) мебошад. Соли 1842 баъди ба нафака баpомадани Х. Фpен академик Б. А. Доpн диpектоpи Осоpхонаи Осиё таъйин шуда, коpи Фpенpо даp бахши чамъоваpй, таxкик ва нашpи сиккаxои куфй идома медщад. Аз чумла, Б. Доpн соли 1855 аз pyйи дастнависxои Фpен "Иловаxо" ба Pecensio-и Фpенpо чоп намуда аст. Маxз таxкики Х. Д. Фpен доиp ба топогpафияи сиккаxои куфй олимони дигаpи Россия, аз чумла ду пайpаваш-П. Савелев ва В. Гpигоpевpо баpои анчоми таxкики комилтаpи мавзyи топогpафияи сиккаxои куфй водоp намуд.

Лозим ба тазаккyp аст, ки xанyз соли 1839 П. Савелев бо pоxбаpии Фpен ба хондани катибаxои сиккаxои исломй OFOЗ намуд. Вай аxаммияти сиккаxои кyфиpо хеле дypyст даpк каpда буд ва аз ин чост, ки чунин зи^ менамояд: "Ч^ати даpки аxаммияти ин сиккаxои куфй баpои таъpихи Шаpки мусулмонй бояд донист, ки xеч яке аз навъxои то х,оло ба маълуми сиккаxо даp катибаxои худ ба андозаи сиккаxои куфй ягон иттилоъ намедиxад: Fайp аз номи подшоxон, мо солxои xyкмpонии онxо, номи шаxpxои ба ощо тааллукдошта, аксаp вакт номи xокимон, вазиpон ва Fайpаpо медонем (фаxмида мегиpем) ва ин иттиллоот нодида гиpифтани солноманависони шаpкpо, бахусус онxоеpо, ки ба илми замоншиносй ниёз доpанд, комил менамоянд. Аз ин py, xаp як сиккаи куфй ёдгоpии таъpихй буда, аxаммияти ба истилоx «Fайpиинтизоpй» даp он аст, ки тавассути онxо як далели номаълуме ба даст омада, таъpихpо Fанй мегаpдонад. Фpен даp xаёти худ xазоpxо чунин далелxоpо кашф каpда ва таъpихи Ш^^о Fанй гаpдонид"[6,11-12].

П. Савелев кори устодаш академик Френро идома дода, тамоми сарчашмахо ва адабиёти илмии дастрасашро вобаста ба сиккахои куфй тахкик ва ахбори онхоро бо иттилои сиккахои тахкикнамудаи худ мукоиса намуда аст. ^ли 1846 асари вай доир ба сиккахои куфй бо номи "Мухамеданской нумизматики въ отношении русской истории" чоп шуд" [4,9].

Ин асари П. Савелев аз чумлаи бехтарин асархои сиккашиносй эътироф гардида, бо чоизаи Демидов сазовор дониста шудааст. Вай дар ин асараш аввал доир ба тахкики сиккахои куфй дар Аврупо иттилоъ дода, баъд чигунагии тахкики сиккахои куфй дар Россия ва кишвархои назди Балтик ва ахаммияти хамачонибаи онхоро баррасй намуда аст. Дар асоси тахкики солномахои пешин, ин мухавдик дуруст ба хулосае меояд, ки дар Россия одамон хеле пеш аз огози коллексиякунонй ва тахкики сиккахои куфй ба чустучуи онхо машгул буданд ва ё онхоро ба таври тасодуфй меёфтанд. Датто барои дарёфти дирхамхои куфй кабрхои кадима хам кофта мешуданд. П. Савелев кайд менамояд, ки то ба Россия омадани академик Френ олимони Россия ба чои ёфти ганчинахои сиккахои куфй ва мундаричаи онхо ахамият намедоданд ва соли 1817 дар Осорхонаи Осиё х,амагй 20000 сикка вучуд дошт ва хамаи ин сиккахо бешубха аз хоки Россия ёфт шудаанд [10, XXVI].

Савелев ба нукрагй будани кариб тамоми сиккахои сомонии аз Россия ёфтшуда диккати махсус дода, х,амзамон ин масъаларо тахлил намуда, ба хулосае омада аст, ки Сомониён дар сарзамини худ мунхасиран дирхамхоро истифода менамуданд ва тилло дар шакли шуша хамчун мол истифода мешуд. Амирони Сомонй барои чорабинихои тантанавй ва бо микдори хеле кам сиккаи тилло зарб мезаданд, ки онхо ба мардум намерасид. То ин вакт хамагй панч динори сомонй (аз Россия ва Европа. Ш.А.) ёфт шудааст. Бо сабаби камии динорхо Сомониён баъзе дирхамхои худро бо мухри динорхо зарб мезаданд [10, XXVIII].

Вобаста ба мухри сиккахои сомонй хаминро метавон илова кард, ки динорхои сомонии бо мухри дирхамхо зарбшуда хам мавчуд аст. Чунин динори дар катибааш дирхам навишташуда соли 2013 дар Точикистон пайдо шуда буд. Ч,олибияти асосии ин сикка аз он чих,ат боиси таваччух, буд, ки дар катибааш номи яке аз сиккахонахои сомонй-Рошт мавчуд буд. Соли 2014 Осорхонаи миллии Точикистон ин сиккаро харидорй намуд. Муаллифи ин сатрхо акси ин сиккаро ба сиккашиноси сатхи чахонй Абдуллохи Кучонй фиристод ва эшон баъди ташхиси он изхор карданд, ки ин сиккаи динормонанд калбакист ва барои бозори сиёх тайёр шудааст, аммо далеле дигаре гайр аз мавчудияти вожаи Рошт наоварданд. Баъди чанд сол устод Давлатхоча Довудй сиккаи мазкурро тахкик карда, онро "дирхами тиллой" номидаанд [11, 238].

Савелев П. таъкид мекунад, ки фалсхои сомонй барои тичорати хоричй истифода намешуданд. Инчунин Савелев ба микдори зиёд мавчуд

будани дирхамхои буридашуда ва шикастаро дар таркиби ганчинахои сиккахои куфии аз Россия ва Аврупо ёфтшуда як хусусияти фарккунанда ва хоси ин ганчинахо медонад. Мавсуф ёфт шудани дирхамхои шикастаро барои ганчинахои сиккахои аз Осиё ва Африко, нимчазираи Приней ва Ситсилия ёфтшуда хос намедонад.Аммо бозёфтхои минбаъдаи ганчинахои сиккахои куфй, аз чумла кашфи ганчинаи дирхамхои аббосй аз доманаи шахри Душанбе, кашфи Ганчинаи Кулоб ва дигар ганчинахои дирхамхои шикастадор нодурустии ин хулосаи Савелевро тасбит месозад. Расмуссен, ки яке аз олимони шинохтаи замон буд, дирхамхои шикастаро танхо ба дирхамхои аббосии суфташуда ва бо хамин сабаб аз муомилот берунмонда мансуб медонад. Бар хилофи у Савелев исбот мекунад, ки дар байни дирхамхои шикастаи аббосй дирхампорахое мавчуданд, ки катибаи онхо хеле хуб бокй мондаанд, яъне суфта нашудаанд ва аксари дирхамхои шикастаи аз Россия ёфтшуда дирхампорахои сомонй мебошанд [10, XXIX].

Савелев мисли академик Френ иттилои сарчашмахои хаттиро доир ба муомилоти пулии Сомониён ба таври васеъ истифода менамуд. Дар умум П. Савелев тахкики мавзуи топографияи сиккахои сомониро дар якчоягй бо дигар сиккахои куфй, ки дар Россия Х. Френ огоз карда буд, идома дода, ин мавзуъро боз хам бехтар тахкик намуда, ба хулосае омад, ки Давлати Сомониён аз чумлаи давлатхои пуриктидори замон буда, дар асри X нуфузи Сомониён дар Россия нисбати нуфузи Аббосиён хеле афзуда, дар тичорати байни Мовароуннахру Хуросон бо Россия дирхамхои сомонй сиккахои аббосиро иваз намуда, онхо ба воситаи асосии муомилоти пулии ин давлатхо табдил меёбанд.

В.В. Григорев олими дигари Россияи императорй мебошад, ки дар тахкики сиккахои сомонй ва ошкор намудани ахаммияти бештари илмию таърихии онхо сахми назаррас гузоштааст. У хам аз чумлаи шогирдони академик Х. Френ буд. Соли 1846 асри В.В. Григорев тахти унвони "Топография кладовъ съ восточными монетами и изделиями VII, VIII, IX, X и XI века, въ России и При-Балтийскихъ странахъ, объясненная историческими свидетельствами о торговле северо-востока Европы въ эпоху основания и утверждения Русскаго государства" ба чоп мерасад [12,180 Григорев дар ин асараш менависад, ки олими шведй Лилиегрен бозёфтхои таърихй, аз чумла сиккахои шаркие, ки дар давоми солхои 1547-1829 аз Шведсия ёфт шудаанд, чоп менамояд. Худи у хам тартиби хронологиро риоя намуда, нахуст доир ба 49 ганчинахои аз кишвархои назди Балтик ёфтшуда, ки дар таркибашон дар баробари сиккахои аббосй, тохирй, саффорй сиккахои сомонй хам буданд, маълумот медихад [12,127].

Тибки навиштаи у соли 1776 аз руи нишондоди бакмейстер дар Кунсткамера 8000 сиккаи исломй чамъоварй шуда буд ва соли 1817 ин шумора ба 19800 мерасад. Як мушкилии тахкики ин сиккахо аз он иборат буд, ки доир ба онхо иттилои топографй кариб мавчуд набуд. В. Григорев кайд менамояд, ки чигунагии воридшавии ин сиккахо ба Академияи

императории илмхо ба гуфти мухофизи хозираи онхо Х. Френ маълум нест. Аммо Френ боварии комил дошт, ки хамаи ин сиккахои аббосй, сомонй ва дигархо аз сарзамини Россия ёфт шудаанд. Вай ёдовар мешавад, ки тибки фехристи академик Дорн соли 1837 дар кабинети нумизматии Институти забонхои шарки Санкт-Петербург дар баробари 359 сиккахои сосонй ва испахбедй ва 404 адад сиккахои уммавию аббосй, инчунин 308 сиккаи сомонй чамъоварй шуда буданд [12,128].

В. Григорев дар ин асараш доир ба чойи ёфт, вакти ёфт, гоххо доир ба чи тавр ёфтани онхо ва таркиби ганчинахо иттилои мушаххас додааст. Аммо сиккахои ганчинаро ба таври комил тавсиф наменамояд. Инчунин у доир ба ганчинахое, ки онхоро олимони дигар тахкик намудаанд, иттилоъ додааст.Вай дар ин асараш бори дигар мавзуи ахаммияти тахкик ва чамъоварии сиккахои сомониро барои Россия баррасй намуда, ба хулосае меояд, ки бо микдори зиёд ёфт шудани сиккахои куфй, аз чумла сиккахои сомонй аз сарзамини Россия далели барбарй набудани русхо мебошад ва микдори зиёди ин сиккахо далели авчи баланди муносибатхои тичоратии Россия бо Осиё мебошад. Савелев П. аз хоки Россия ёфт шудан ва аз кишвархои Шарк ва Осиё харида, ба Россия наовардани сиккахои сомониро чихати эътимоднокии онхо медонад ва барои ин хам у тахкики топографии сиккахои куфиро, ки як кисмашон сиккахои сомонй буданд, дар сатхи баланд анчом дода аст.

Аз худуди Россия нисбати дигар сиккахои куфй хеле зиёд ёфт шудани сиккахои сомонй Академияи императории илмхои Россияро водор менамояд, ки барои эчоди асари алохида доир ба сиккахои сомонй карори дахлдор ^ абул намояд. Соли 1853 шогирди дигари Х. Френ, шаркшиноси шинохта В.Тизенх,аузен фехристи ганчинахои дар Аврупо ёфтшуда ва дирхамхои сомониро тартиб дода, бо номи "О монетахъ Саманидовъ" (О Саманидскихъ монетахъ) нашр кард [13,520]. Чун чигунагии тахкики сиккахои сомонй аз чониби В. Тизенх,аузен мавзуи тахкики алохида аст, дар ин чо танхо хаминро таъкид менамоем, ки ин асар он замон мукаммалтарин фехристи сиккахои сомонй буда, то имруз ахаммияти илмии худро гум накарда, гузашта аз ин, вай соли 1873 асари дигари пурарзишашро чоп кард, ки як бахши калони он фехристи ганчинахои дирхамхои куфй ва сомонии дар Россия ва дигар кишвархои Аврупо ёфтшударо дар бар мегирад [14,374].

Баъди нашри чунин асархои академй аз чониби олимони Россия доир ба сиккахои сомонии аз Россия ва хоричи он ёфтшуда мадолахои чудогона хам ба чоп мерасад.Соли 1886 Грунтовский дар шахри Москва доир ба сиккахои мусулмонй асари чудогонаеро бо номи "Каталогъ восточныхъ монетъ" нашр менамояд. Дар тахкики сиккахои сомонй Марков А.К. (1858-1920) низ сахми босазо гузоштааст. Мавсуф дар асоси тачриба ва методологияи тахкики сиккахои куфй, ки дар Европа ва Россия ташаккул ёфта буд, соли 1896 тах^ и^ и сиккахои мусулмонии Эрмитажро бо номи

"Инвентарный каталог мусульманских монет Императорского Эрмитажа" чоп менамояд. Ин асар дар мадолаи мухаддиди чавон К. Я. Чдлолзода баррасй шудааст ва тибди навиштаи у дар ин фехрист 1272 сиккаи сомонй ба тартиби солшуморй тавсиф гардидаанд, ки аз ин микдор сетоаш дар Хуттал ва дутоаш дар Рашт зарб шудаанд [18,67].

Хдрчанд чамъоварй ва тахдиди сиккахои сомонй минбаъд хам дар Россияи императорй идома ёфта, новобаста аз дигар шудани хукуматхо ва сохти чамъиятии он ин кор то ба имруз хдм идома дорад. Метавон таъкид кард, ки дар Россия ба сиккашиносии исломй, аз чумла сиккашиносии сомонй академик Х. Д. Френ асос гузошт ва кори уро шогирдон ва хамкасбонаш П.С.Савелев, В.В. Григорев, В.Е. Тизенх,аузен, А.К. Марков ва дигарон идома дода, сиккахои сомониро хамчун мухимтарин сарчашмаи таърихй барои омузиши масъалахои гуногуни илмй муаррифй ва надши таърихии Сомониёнро дар рушди муносибатхои идтисодию тичоратии Шарку Рарб баён сохта, барои тахдиди комилтари таърихи ин давлати бузурги точикон дар даврони Шуравй ва сохибистидлолй ва хамчунин чихати рушду нумуи сиккашиносии сомонй дар Осиёи Марказй, аз чумла Точикистон заминахои боэътимодро гузоштанд.

АДАБИЁТ

1. Шарифзода А. Ганчинаи дирхамхои сомонии Кулоб хамчун сарчашмаи таърихй/ Автореферати диссертатсия барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои таърих.-Душанбе, 2019.-57с.

2. Протомузейный период истории культуры. Возникновение музеев в России (XVIII в.) / Музейное дело России - Москва, 2003.-614 с.

3. Медведева М.В., Всевиов Л.М., Мусин А.Е.,Тихон И.Л. Очерки истории деятельности Императорской археологической комиссии в 1859-1917гг./Императорская археологическая комиссия- Санкт-Петербург, 2009-1192 с.

4. Тизенгаузен В.Е. Обзоръ совершеныхъ въ России трудовъ по Восточной нумизматике/ Труды третьяго международнаго съезда орьеталистовъ въ С.-Петербургъ 1876-С.Петурбургъ, томъ первый,1879-1880- С. 3-31.

5. Крачковский И.Ю. Основание Азиатского музея и работа Френа/ Очерки по истории русской арабиской-Москва, 1930- С. 99-105.

6. Савелев П. С. О жизни и ученыхъ трудахъ Френа"/Труды Восточного отделения императорского археологического общества-Санктпетурбургъ, часть вторая, 1856-С. 1-67.

7. Кононов А.Н. Слово о Х.Д. Френе /Письменные памятники и проблемы истории культуры народов Востока-Москва, Часть 1, 1983-С. 3-10.

8. Ch. M. Fraehn. Das Muhammedanische Münzkabinett des Asiatischen Museums der kaiserlichen Akademie der Wissenschaften zu St. Petersburg- St. Petersburg, 1821- С.24-31.

9. Ch. M. Fraehn. Recensio numorum muhammedanorum Academiae imp. scient. inter prima Academiae imp. saecularia edita-Petropoli. - Petropoli, 1826-743 с.

10. Савельев П. Топография кладовъ съ восточными монетами и изделиями VII, VIII, IX, X и XI века, въ России и При-Балтийскихъ странахъ, объясненная историческими свидетельствами о торговле северо-востока Европы въ эпоху основания и утверждения Русского государства.-Санктпетербургъ, 1846.-180 с.

11. Довудй Д. "Дирхами тиллоии" сомонии зарробхонаи Рашт/ Паёми Донишгохи омузгорй.- Душанбе, №6 (89), 2020.- С. 238-241.

12. Григорьев В.В. О куфическихъ монетахъ находимихъ въ России и Прибалтийскихъ странахъ, какъ источникахъ для древнейшей отечественной истории/ Туркестанский сборникъ. Собрание сочинений о Туркестанскомъ крае вообще и сопредельныхъ съ нимъ странъ Средней Азии. Составляемый В.И. Межовымъ- Санктпетербургъ, 1878, Томъ 119- С.107-169.

13. Тизенгаузен В. О саманидских монетах / В. Тизенгаузен //Труды восточного отделения Императорского археологического общества.Часть первая.- Санкт-Петербург, 1853.520 с.

14. Тизенгаузен В. Монеты восточного халифата.-Санкт Петербург, 1873.-374 с.

15. Грутовский В. Каталогъ восточныхъ монетъ-Москва, выпускъ III, 1886- 153 с.

16. Марков А.К. Инвентарный каталог мусульманских монет Имп. Эрмитажа.-Санкт-Петербург, 1896.-879 с.

17. Марков А. Топография кладов восточных монет сасанидских и куфических.-Санкт-Петербург,1910.-149 с.

18. Джалолзода К. Я. Из истории изучения саманидских монет в дореволюционной России/ Муаррих. - Душанбе, № 2 (14), 2018.- С. 64-68.

ТАЗИКИ СИККА^ОИ СОМОНЙ ДАР РОССИЯИ ИМПЕРАТОРЙ

Маколаи мазкур фарогири тахкики сиккахои сомонй дар Россияи императорй мебошад. Сиккахои сомонй дар баробари дигар навъи сиккахои исломй аз сарзамини Россия хеле зиёд кашф шудаанд. Хусусияти хоси сиккахои сомонии дар Россияи императорй чамъоваришуда ин аст, ки онхо хдмчун ашёи осорхонавй аз хоричи Россия оварда нашуда, балки онхоро асосан дар асри Х хамчун вохиди асосии пулию тичоратй ва сарват ба хоки Россия ворид карда, баъдтар чун ганчина пинхон намудаанд. Ин ганчинахои сиккахо хамрохи дигар ашёи киматбахо баъдан аз зери замин ва каъри дарёхо ёфт мешуданд, ки дар аввал онхо зуд гудохта шуда, аз онхо сиккахои дигар зарб мезаданд ва ё ашёи ороишй месохтанд.

Дар Россияи императорй ба чамъоварии мероси таърихй ва осорхонакунонии он Пётри бузург асос гузошт ва аввалин осорхонаи Россия-Кунсткамера соли 1714 таъсис ёфт. Соли 1732 аввалин бор кушиш карда шуд, ки сиккахои куфии Кунсткамера мураттаб шаванд. Баъдтар шаркшиноси тавоно Х.Д. Френ аз Ротроки Германия ба Россия даъват шуд ва у ба сиккашиносии исломии Россия асос гузошт ва аввалин маколаи илмиро доир ба сиккахои сомонй соли 1817 ба нашр расонид. Академик Х. Френ ва шогирдони у-П. Савелев, В. Григорев, В. Тизенгаузен, А. Марков ва дигарон ба мактаби сиккашиносии исломй, аз чумла сиккашиносии сомонй дар Россия асос гузошта, сиккахои сомониро аз як сарвати зеризаминй ба мухимтарин сарчашмаи таърихй табдил доданд.

Калидвожах,о: Сомониён, сиккахои аббосй, сиккахои сомонй, асруои У11-Х, сарчашмауои хаттй, амирони Сомонй, зарробхона^о, сиккашиносии мууаммадй, Ротроки Германия, О. Тихсен, академик Х. Френ, Казон, Санкт-Петербург, Кунсткамера, Академияи императории илмуо, цамъоварй, та^циц, Осорхонаи Осиё, П. Савелев, В. Григорев, В. Тизенгаузен, А. Марков, топографияи сиккахо, феуристуо, китоби "Дар бораи сиккахои Сомонй", муносибатуои тицоратию пулй, ганцинаи сиккахо.

ИССЛЕДОВАНИЕ САМАНИДСКИХ МОНЕТ В РОССИЙСКОЙ ИМПЕРИИ

Статья посвящена изучению саманидских монет в Российской империи. Саманидские монеты наряду с другими типами исламских монет, были обнаружены в России. Особенность саманидских монет, собранных в Российской империи, заключается в том, что они не были привезены в Россию в качестве музейных предметов, а были ввезены в Россию в X веке, как основная денежная и торговая единица и как клад, а затем спрятаны как сокровища. Эти сокровища, наряду с другими ценностями, позже были найдены в земле и на дне рек, а потом были переплавлены и использованы для изготовления других монет или украшений.

В Российской империи Петр Великий заложил основы сбора и музейного хранения исторического наследия и в 1714 году был основан первый в России музей-Кунсткамера. В 1732 году была предпринята первая попытка собрать куфические монеты Кунсткамеры. Позже известный востоковед Х.Д. Френ был приглашен в Россию из Германии. Ученый основал исламскую нумизматику России, а в 1817 году опубликовал первую научную статью о саманидских монетах. Академик Х. Френ и его ученики-П. Савельев, В. Григорьев, В. Тизенгаузен и А. Марков основали исламскую нуизматику, в том числе саманидскую в России, превратив эти монеты из подземного сокровища в важнейший исторический источник.

Ключевые слова: Саманиды, аббасидские монеты, саманидсикие монеты, VII-X вв., письменные источники, Саманидские эмиры, монетный двор, Мухаммедянская нумизматика, Ротрок, О. Тихсен, академик Х. Френ, Казань, Санкт-Петербург, Кунсткамера, Императорская Академия наук, коллекция, Музей Азии, П.С. Савельев, В. Григорьев, В. Тизенгаузен, А. Марков, топография монет, каталоги, книга «О саманидских монетах», торговля и денежные отношения, монетный клад.

THE STUDY OF SOMONI COINS IN THE RUSSIAN EMPIRE

The article covers the study of Samanid coins in the Russian Empire. Samanid coins, along with other types of Islamic coins, were discovered in Russia. The feature of Samanid coins collected in the Russian Empire is that they were not brought to Russia as museum items, but were imported to Russia in the 10th century as the main monetary and trading unit and as a treasure, and then hidden as treasures. These treasures, along with other valuables, were later found in the ground and at the bottom of rivers, and then were quickly melted down and used to make other coins or jewelry. In the Russian Empire, Peter the Great laid the foundations for the collection and museum storage of historical heritage and in 1714 the Kunstkamera, the first museum in Russia was found. In 1732, the first attempt was made to collect the Kufic coins of the Kunstkamera. Later Ch. D. Frahn, a famous orientalist, was invited to Russia from Germany. The scientist founded the Islamic numismatics of Russia, and in 1817 published the first scientific article about Samanid coins. Academician H. Frahn n and his students P. Saveliev, V. Grigoriev, V. Tiesenhausen and A. Markov founded Islamic numismatics, including Samanid in Russia, turning these coins from an underground treasure into an important historical source.

Key words: Somonids, Abbasid coins, Somonid coins, 7th-10th centuries, written sources, Somoni emirs, mint, Muhammadan mint, German Rothrock, O. Tiksen,

Academician Ch. Frahn, Kazan, St. Petersburg, Kunstkamera, Imperial Academy of Sciences, Collection, Museum of Asia, P.S. Savel'ev, V. Grigor'ev, V. Tizenhauzen, А. Markov, topography of coins, catalogues, book "On Somoni coins", trade and monetary relations, coin treasure.

Сведения об авторе: Абдували Шарифзода - кандидат исторических наук, заведующий отделом истории науки и техники Института истории, археологии и этнографии им А. Дониша НАНТ. Tel.: 900-55-75-75. E-mail: abduvali05@mail.ru

Information about the author: Abduvali Sharifzoda-Candidate of Historical Sciences, Head of the Department of History of Science and Technology of the A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences. Tel .: 900-55-75-75. E-mail: abduvali05@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.