Научная статья на тему 'АРХЕОЛОГИЧЕСКИЕ РАСКОПКИ И ПРОБЛЕМЫ ХРАНЕНИЯ ПАМЯТНИКОВ ДРЕВНОСТИ'

АРХЕОЛОГИЧЕСКИЕ РАСКОПКИ И ПРОБЛЕМЫ ХРАНЕНИЯ ПАМЯТНИКОВ ДРЕВНОСТИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
180
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ОХРАНА ПАМЯТНИКОВ / АРХЕОЛОГИЯ / РАСКОПКИ / ЧИМКУРГАН / САЙЁД / ХАЛКАДЖАР / ВАШГИРД / МОНЕТЫ / СТАТУЭТКИ / ХРАМ ОГНЯ / КУШАНЫ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Давлатходжа Довуди

Статья посвящена археологическим раскопкам Национального музея Таджикистана под руководством д.и.н. Д. Довуди на городищах Чимкурган Шахринавского района (2015 г.), Сайёд района А. Джами (2016, 2018 гг.) и Халкаджар Хуросонского района (2020). В результате этих раскопок были обнаружены жилые, хозяйственные и парадные помещения, линии керамических водопроводных труб, амбары с хумами, приёмный зал правителя, святилище огня, терракотовые изображения зороастрийских и других богов, бронзовые браслеты и перстни, мраморные пряслицы, золотая подвеска серьги, золотое украшение с изображением кентавра, большое количество монет и другие древние предметы. По монетам установлено, что все эти городища относятся к кушанскому периоду. Из упомянутых памятников опасность уничтожения грозить Чимкургану, из четырёх тепе которого две полностью, а третья наполовину заняты современными кладбищами. Шахристан городища Вашгирд, расположенного на расстоянии 1,5 км к югу от райцентра Файзабада тоже на половину занята современным кладбищем. Местные власти совместно с Министерством культуры Таджикистана должны принять срочные и эффективны меры для спасения упомянутых археологических объектов.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ARCHAEOLOGICAL EXCAVATIONS AND PROBLEMS STORAGE OF ANCIENT MONUMENTS

The article is devoted to the archaeological excavations of the National Museum of Tajikistan under the leadership of Doctor of Historical Sciences. Davlatkhoja Dovudi at the settlements of Chimkurgan, located in the Shahrinav region (2015), Sayod, located in the A. Jami region (2016, 2018) and Halqajar, located in the Khuroson region (2020). As a result of these excavations, residential, utility and ceremonial premises, lines of ceramic water pipes, barns with khums, the reception hall of the ruler, the sanctuary of fire, terracotta images of Zoroastrian and other gods, bronze bracelets and rings, marble spindle whorls, gold pendant earrings, gold jewelry were discovered depicting a centaur, a large number of coins and other ancient objects. It was established from the coins that all these settlements belong to the Kushan period. Of the mentioned monuments, the danger of destruction threatens Chimkurgan, of the four hills of which two are completely, and the third is half occupied by modern cemeteries. The settlement Vashgird, located at a distance of 1.5 km south of the regional center of Faizabad, is also half occupied by a modern cemetery. The local government, together with the Ministry of Culture of Tajikistan, must take urgent and effective measures to save the aforementioned archaeological sites.

Текст научной работы на тему «АРХЕОЛОГИЧЕСКИЕ РАСКОПКИ И ПРОБЛЕМЫ ХРАНЕНИЯ ПАМЯТНИКОВ ДРЕВНОСТИ»

УДК-902.6 (575.3)

КОВИШ^ОИ ЁДГОРИ^ОИ БОСТОНЙ ВА МАСОИЛИ НИГОЗДОШТИ ОЩО

ДОВУДЙ Д.,

Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи Ах,мади Дониши Академияи миллии илмх,ои Точикистон

Яке аз самтхои мухимми фаъолияти Осорхонаи миллии Точикистон пажухиш ва ковишхои бостоншиносй мебошад. Аз соли 2015 инчониб бостоншиносони ин муассиса бо рохбарии доктори илмхои таърих Д. Довудй дар се ёдгорй-Чимкургони нохияи Шахринав, Сайёди нохияи Абдуррахмони Ч,омй ва Х,алкачари нохияи Хуросон хафриёт гузаронданд.

Бостоншахри Чимкургон аз чор теппаи пахлу ба пахлу истода иборат буда, яке аз шахрхои калони замони кушониён ба шумор меравад. Дар давраи Шуравй дар ин ёдгорй бостоншиносон У.Бобоев ва Е.В.Зеймал хдфриёт гузаронида буданд. Мо низ соли 2015 дар се мавзеи ин ёдгорй ковиш гузарондем. Дар натичаи ковишхо хонахои истикоматии аз хишти хом ва похса сохта шуда, анбори калон бо 11 хум, лулахои обрави сафолй ба дарозии зиёда аз 9 метр, чоххои галланигохдорй, шумораи зиёди зарфпорахои сафолй, пораи ханчари оханй, ангуштарини биринчй, се сиккаи асил ва 6 сиккаи пайравонаи юнону бохтарй ва 22 сиккаи кушонй пайдо карда шуданд. Сиккахо барои солгузории ёдгорй ахаммияти калон доранд.Пештар бостоншиносон дар ин ёдгорй ду драхмаи пайравонаи шохи сосонй Бахроми У-ро, ки ба асри V мелодй тааллук доштанд, ёфта буданд.Дар асоси сиккахо мо муайян кардем, ки шахри Чимкургон муддати дуру дароз аз асри II пеш мелод то асри V мелод обод будааст [2,39-49].

Баъди анчоми ковишхои бостоншиносй дар ёдгории Чимкургон мо хучраи 11 хум дошта ва лулахои обкаши сафолиро бо хок пушондем. Якчанд вакт пас ба мо хабар расид, ки сокинони махаллй лулахои обрави сафолиро, ки мо бо хок пушонда будем, канда гирифта ба хонахояшон бурдаанд. Ва ин бори аввал нест, ки мо бо ин гуна амал дучор мешавем. Соли 2009 мо хамрохи устод Юсуфшо Ёкубшо дар бостоншахри Золи Зари нохияи Фархор хафриёт гузаронда, анбори калонеро бо 20 хум пайдо кардем, ки дар замин гур карда шуда хуб бокй монда буданд. Дар хумхо, ки хеле калон буда 1-1,2 метр баландй ва 70 сантиметр пахной доштанд, маъмулан галладона ва дигар озукавориро нигох медоштаанд. Бостоншиносон хумхоро дар бисёр ёдгорихо пайдо мекунанд ва кариб хамеша даруни онхо холй аст ё дар тагаш бокимондахои пусидаи галладона ё дигар махсулоти хурокворй дида мешавад. Бо вучуди ин мо барои эхтиёт даруни хамаи хумхоро аз хок тоза кардем ва хамаи онхо холй

бyданд. Баъди анчоми ковишхо мо болои хумхоро бо хок nyp каpдем. Баъдтаp ба мо хабар расид, ки сокинони махаллй хокро канда хамаи хумхоро бароварда шикастаанд ва тилло кофтаанд. Ин хел мисолхоро зиёд овардан мумкин аст.

Х,амин тавр, тачриба нишон медихад, ки хокпушонй дар шароити Точикистон ёдгориро аз харобшавй эмин нигох намедорад. Барои ин сокинони махдллй бояд муносибати худро ба ёдгорихои таърихй тагйир дода, онхоро пораи таърихи худ ва чизи арзишманд шуморанд ва аз хароб кардани онхо худдорй кунанд.

Дар мавриди нигохдошти Чимкургон мушкилоти зерин вучуд дорад. Гап дар сари он аст, ки аз чор теппаи он теппахои 3 ва 4 пурра ва теппаи 2 то нисфаш ба кабристон табдил дода шудаанд. Соле ки мо дар ончо кор мекардем, яъне соли 2015 гур кардан дар теппаи 2 идома дошт. Мо барои пеши рохи ин харобкориро гирифтан ба Раиси онвактаи нохияи Шахринав И. Зайдов ва раиси чамоат мурочиат карда, мохияти масъаларо фахмондем ва хохиш кардем, ки пеши рохи гуркуниро дар ин ёдгорй гиранд ва барои гуристон дар чойи дигар замин чудо кунанд. Макомоти номбаршуда ба мо ваъда доданд, ки барои халли ин масъала чорахои заруриро меандешанд. Соли 2017 собик корманди шуъбаи бостоншиносй ва сиккашиносии Осорхонаи миллй М. Сафоев, хамрохи раиси Ташкилоти чамъиятии хифзи ёдгорихои таърихй, мухтарам М. Ёров ба бостоншахри Чимкургон сафар карданд, то аз ахволи ин ёдгорй бохабар шаванд. Аз руи гуфти онхо Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Шахринав ба ваъдаашон вафо кардаанд ва мардум дигар дар теппаи 2 мурдахояшонро гур намекунанд. Мутаассифона барои гуристон ба мардум хамвории байни теппаи 1ва 4-ро таъин кардаанд, ки ончо низ мавзеъи таърихй аст ва дар вакти экпедитсия мо аз ончо бо фулузчу шумораи зиёди сиккахои исломй, аз чумла темурии марбут ба асри XIV-XV ёфтем. Дар хар сурат дар нигохдошти ин ёдгорй кадаме ба пеш гузошта шуд.

Солхои 2G16 ва 2G18 бостоншиносони Осорхонаи миллй дар ёдгории Сайёди нохияи Абдуррахмони Ч,омй, ки то ин вакт тахкик нашуда буд, ковиш гузаронданд [5,6,7, 268-289]. Хушбахтона ин ёдгорй осеб надидааст, яъне монанди бисёр теппахои дигари Точикистон ба гуристон табдил дода нашудааст. Дар чараёни кор мо дар 14 мавзеи ин ёдгорй, дар масохати 984 м2ки 8,4 % аз масохати умумии ёдгориро ташкил мекунад, хафриёт кардем. Дар натича шумораи зиёди хучрахои истикоматй, толори калони ташрифотй, маъбади оташ, анборхо бо хумхои галланигохдорй, коргохи бофандагй, чагдон ва оташдонхои гуногуншакли хонагй пайдо ва тахкик карда шуданд. Инчунин шумораи зиёди чизхои бостонй-хайкалчахои гилии пухтаи эзадон ва чонварон, овезаи гушвори тиллой, дастмона ва ангуштаринхои биринчй, мухрахои акик, дукхои накшдори мармарй,

сагаки тасма ва зангулачаи биринчй ва гайра ёфт шyданд. Осори ба даст омада доир ба инкишофи меъморй, сохахои гуногуни хунармандй, аз чумла бофандагй, кулолгарй, заргарй, охангарй, сангтарошй ва боварихои динии сокинони шахраки Сайёд маълумот медиханд. Бозёфти шумораи зиёди сиккахои кушонй дар бораи инкишофи муомилоти пулй ва тичорат дар шахрак гувохй медиханд. Дар асоси сиккахо муайян карда шуд, ки шахраки Сайёд дар асри 1 пеш аз мелод ба вучуд омада, то нимаи аввали асри II мелод обод будааст.

Тавре ки маълум аст, яке аз роххои нигохдошти сохахои ковишшудаи ёдгорихои бостоншиносй ин баъди анчоми кор аз нав бо хок пур кардани онхо мебошад. Мо низ соли 2016 баъди ба анчом расидани ковишхои бостоншиносй дар ёдгории Сайёд сохахои кандашударо бо булдозер хок пур кардем. Аммо ба назар чунин мерасад, ки ин кор чандон самаранок нест. Гап дар сари он аст, ки баъди кушодани сохтмонхои кадим микрофлораи онхо тагйир меёбад ва баъди дуюмбора бо хок пур кардани онхо деворхои гилии кадим аз таъсири барфу борон тезтар ва бештар вайрон мешаванд ва амалан аз байн мераванд. Аз суи дигар вакте, ки ба ёдгории хок пур карда шуда одамон барои тамошо меоянд, чизеро дида наметавонанд, ки ин чандон гуворо нест. Мо инро дар тачрибаи худ мушохида намудем. Дар чараёни хафриёти соли 2016 дар Сайёд мо ба воситаи рузномахо, Телевизиони "Сафина", Радиои "Озодй" ва Макомоти ичроияи хокимияти махаллй ин ёдгорй ва бозёфтхои онро таблиг кардем. Баъди ин сокинони дехахои гирду атроф ва мактаббачахо гурух-гурух хамрохи муаллимонашон ба тамошои ёдгорй меомаданд ва бостоншиносони мо ба онхо дар бораи ёдгорй ва бозёфтхо накл мекарданд. Талабахо низ барномахои фархангй-таърихй омода карда, намоиш медоданд. Х,амаи ин бисёр хаячоновар ва таъсирбахш буд. Сокинони деха накл карданд, ки баъди ба шахри Душанбе баргаштани мо низ талабахо ва сокинони гирду атроф, овозаи кашфиёти нодири бостоншиносонро шунида, барои тамошои ёдгорй омадаанд, аммо теппаи хамвореро дида хеле зик шудаанд.

Бо назардошти хамин ду холат мо соли 2018 ба хулосае омадем, ки баъди ба анчом расидани хафриёт мо набояд мавзеъхои ковишшударо бо хок пур кунем, балки онхоро хуб тоза карда, баъзе бозёфтхоро аз кабили хумхои калон дар чояшон гузошта, сохаро барои тамошои мардум омода намоем. Осорхонаи миллй барои дар холати хуб нигох доштани ёдгорй як сокини дехаи Сайёдро посбон таъин кард. Максади ин кори мо чалб кардани сокинони махаллй ва сайёхони дарунй ва берунй ба ёдгорихои бостонй мебошад. Ин ташаббуси Осорхонаи миллй ба андешаи мо сазовори дастгирй мебошад. Ин кор харочоти чандон зиёдро талаб намекунад, аммо манфиаташ зиёд аст.

Ёдгории дигаре, ки Осорхонаи миллй дар он хафриёт гузаронд Х,алкачари нохияи Хуросон мебошад [8]. Он дар наздикии дехаи Сарбанд дар пахлуи рохи мошингарди Душанбе-Бохтар чойгир аст, масохати шахристони он 2,5 гектар мебошад. Мутаассифона дар бораи ин ёдгорй маълумот хеле кам нашр шуда буд. Аввалин бор соли 1958 бостоншиноси ленинградй Т.И. Зеймал ин ёдгориро аз назар гузаронда, дар бораи намои умумии он, кабатхои бостонии дар чарихо намоён, сафолхои аз руи замин ёфт шуда, мухтасар маълумот додааст. Соли 1973 бостоншиносон Д.С. Раевский ва Д. Довудй бо рохбарии Б. А. Литвинский дар ончо хафриёти начандон калон гузаронда, дар КБТ (АРТ) хисоботи мухтасар чоп карданд. Соли 2001 дар Х,ал;ачар бостоншиносони Институти таърих бо сардории устод Ю. Яъкубов ва соли 2014 бостоншиносони Осорхонаи миллии Точикистон бо сардории Абдувалй Шарифзода хафриёт гузаронданд, аммо мутаассифона хисоботи ин ду экспедитсия дар хеч кучо нашр нашудаанд ва маълум нест, ки ин экспедитсияхо чй натича ба даст дароварда буданд.

Соли 2020 бостоншиносони Осорхонаи миллй дар Х,ал;ачар хафриёти густурда гузаронда дар ду мавзеъи шахристон ду хафриёти калони 8х8м гузоштанд. Дар натича хучрахои истикоматй, маишй, анборхо ва дигар сохтмонхоро кашф шуд ва шумораи зиёди чизхои бостонй, аз чумла зарфхои гуногуни сафолй ва порахои онхо, хумхо, дукхо ва боргирхои бофандагй, дастмонахои биринчй, овезахои тиллой, мухрахо, ангуштаринхо, пилтачарогхои сафолй, хайкалчахои гилй, асбобу олот ва оинаи биринчй, порахои зарфхои шишагй ва чизхои дигар ёфт шуданд.

Дар чараёни ковишхо 76 сикка ёфт шуд, ки ба шохони кушонй Х,ерай, Сотер Мегас (Вима Такту), Вима Кадфиз, Канишка ва шохони дигар тааллук доранд. Сиккахо дар бораи дарачаи баланди тараккиёти муомилоти пулй ва савдо дар ин шахр гувохй медиханд.

Яке аз бозёфтхои мухимми соли 2020 чавохироти тиллой мебошад, ки дар марказаш а;и;и сурх бо тасвири Кентавр (Аспмард) насб гардидааст. Ин бозёфт нодир буда, дар Осиёи Миёна хамто надорад. Кентавр чонвари афсонавй буда, аз миён болояш одам ва танааш асп мебошад. Мувофики асотири юнони кадим кентаврхо хамрохи Худо Дионис мегаштаанд, хашмгин ва тундрав будаанд.

Бостоншиносони Осорхонаи миллй хафриётро дар Х,ал;ачар то материк, ки дар умки 5-6 м чойгир аст, расонда 5 даври сохтмониро ошкор карданд. Х,амчунин гуристон ва дахмахои ин ёдгорй низ кашф ва тахкик шуданд. Бозёфтхо аз он далолат мекунанд, ки Х,ал;ачар яке аз шахрхои тараккикардаи водии Вахш буда, аз давраи юнону бохтарй, яъне аз асри III пеш аз мелод то асри III-IV мелодй обод будааст. Натичаи ковишхо дар Х,алкачар дар шумораи №3-и мачаллаи "Ахбори Осорхонаи миллии Точикистон" соли 2021 нашр шудааст.

Дар масъалаи нигохдошт ёдгории Х,алк;ачар мушкил надорад, яъне хатари ба гуристон табдил ёфтан ба он тахдид намекунад. Як мушкили ин ёдгорй дар он аст, ки баъзан сокинони махаллй дар инчо барои ёфтани тилло ва танга бо истифода аз фулузчу ковишхои худсарона мегузаронанд. Чрйхои кандаи онхо дар болои ёдгорй дида мешаванд. Хушбахтона масохат ва чу;урии ин гуна ковишхои худсарона чандон калон нест. Мо баъди ба анчом расонидани хафриёт дар Х,ал;ачар хумхо ва хучрахои кандаамонро аз нав хок пур кардем, чунки дар холати набудани посбон кушода мондани онхо хатарнок аст, сокинони махаллй метавонанд онхоро шикаста вайрон кунанд.

Яке аз ёдгорихое, ки ба он во;еъан хатари нестшавй тахдид мекунад, ин бостоншахри Вашгирд мебошад. Ин ёдгорй 1,5 км чанубтари маркази нохияи Файзобод чойгир буда, та;рибан Bö га масохат дорад. Он аз ду ;алъа, шахристон ва работ иборат буда, тиб;и бозёфтхои бостоншиносон ба асрхои IX-XI тааллу; дорад. Бори нахуст бостоншиноси маъруфи ленинградй А.М. Беленитский соли 1946, бори дуюм соли 1982 устод Ю. Яъ ;убов ва бори сеюм П.Т. Самойлик ин ёдгориро тах;и; карда, гумона

ва ковишхои начандон калон гузаронданд. Х,африёти густурда дар бостоншахри Вашгирд дар солхои 2005 ва 2007 аз чониби ходимони Институти таърих бо сардории Довудй Д. анчом дода шуд [1,137-198; 3.4]. Дар натича шумораи зиёди хонахои сангй ва чизхои бостонй - косахои сирдори гулдор, асбобхои оханй ва биринчй, дукхои бофандагй, порахои зарфхои шишагй, оташдони мунаккаши интиколй, ду деги оханй, сиккахо ва гайра ёфт шуданд. Масохати шахр, бозёфтхои бостоншиносон ва маълумоти сарчашмахои хаттй аз он гувохй медиханд, ки Вашгирд, яке аз шахрхои калони асри IX-XI буда, дар таърихи халки точик накши мухим доштааст.

Мутаассифона ин ёдгории мухим имруз ба кабристон табдил дода шудааст. Ин дар холест, ки макомоти махаллй дар хамкорй бо Вазорати фарханги чумхурй ба ин ёдгорй Шаходатнома оид ба хукуки истифодаи замин (Сертификат) додаанд ва худудхои он муайян карда шудааст. Бо вучуди ин аз нисф зиёди шахристони ^алъаи Сангини ин ёдгорй ва мавзеъхои дигари он чандин сол аст, ки ба гуристон табдил дода шудаанд. Макомоти ичроияи хокимияти махаллй барои дехахои Чрнварсуз ва Сари Мазор, ки дар пахлуи ёдгорй чойгиранд, барои гуристон замин чудо кардаанд, аммо онхо мурдахои худро хануз хам дар даруни ин ёдгорй гур мекунанд. Тааччубовараш он аст, ки рох,барияти Макомоти ичроияи хокимияти махаллй ба чои манъ кардани гурондан ёдгориро ба якчанд бахш таксим карда, хамчун гуристон ба чанд деха таксим карда додаанд. Мо соли 2017 хамрохи раиси Ташкилоти чамъиятии хифзи ёдгорихои таърихй Мурод Ёров ба бостоншахри Вашгирд сафар карда, бо чашми худ дидем, ки аз нисф зиёди шахристони ин ёдгорй ба кабристон табдил дода шудааст. Мо рохбарони нохияи Файзобод ва Вазорати фархангро аз вазъи хароби ин ёдгорй хабардор кардем ва як маколаи танкидй хам дар рузномаи "Чумхурият" чоп кардем, аммо касе вокуниш нишон надод ва гуркунй ва харобкунии ин ёдгории нодир то имруз давом дорад._

5

6

Сурати 1. Ёдгории ЧимкyрFOни нохияи Шахринав. Соли 2015. 1. Акс a3 мохвора; 2. Намои умумИ; 3. Бозёфтхо; 4. Анбор бо 11 хум; S. Лулахои сафолии обкашИ; 6. Гуристон дар теппаи 2.

Як ноpaсоии дигapи ёдгорих,ои бостонии Точикистон он аст, ки ба истиснои се чоp адади онх,о дap назди бокимонда лавха бо сабти номашон ва замони мавчудияташон насб нагардида аст. Ин кори чандон душвор нест ва маблаги зиёдро хам талаб намекунад, аммо маълум нест, ки чаро макомоти дахлдор онро ичро намекунанд.

1 2

Сурати 2. Бостоншахри Сайёди нохияи Абдуррахмони Ч,оми. Сол^ои 2G16, 2018. 1. Намои умумИ; 2,4. Анборхо бо хумхо; 3. Маъбади оташ.

Сурати 3. Бостоншахри Х,алкачар. Соли 2020. 1. Намои умумй; 2. Х,африёти 2; 3. Хумхо дар хафриёти 2; 4. Ч,авохирот бо тасвири Кентавр; 5. Гармасангхо.

Сурати 4. Бостоншахри Вашгирд. Соли 2017. 1, 2. Гуристони муосир дар даруни ин ёдгорй.

АДАБИЁТ

1. Довудй Д. Археологические раскопки на городище Вашгирд в 2007 г. АРТ, вып. XXXIII (2007). Душанбе, 2009, с.137-198.

2. Довудй Д. Х,африёти Осорхонаи миллии Точикистон дар бостоншахри Чим^ургон // "Ахбори Осорхонаи миллии Точикистон", № 2, с. 2017, с. 39-49.

3. Довудй Д., Курбонзода Ф. Вашгирд ёдгории бостон. Душанбе, 2005.

4. Довудй Д., Курбонзода Ф. Вашгирд шахри хунармандон, точирон ва орифон. Душанбе, 2009.

5. Довудй Д., Шарифзода А. Шахраки кушонии Сайёд. Душанбе, 2017.

6. Довудй Д., Шарифзода А. Шахраки кушонии Сайёд. Китоби 2. Душанбе, 2019. Бо се забон - точикй, русй, англисй.

7. Довудй, Д., Шарифзода А., Сафоев Ф., Сафоев М., Каюмзода А., Назаров З. Раскопки на городище Сайёд Калъа в 2016 г // АРТ, вып. 41, Душанбе, 2020, с. 268-289.

8. Довудй Д., Шарифзода А.К., Сафоев Ф., Сафоев М., Каюмзода А., Назаров З., Каримдодов М., Шарифзода А.А. Х,исоботи ковишхои бостоншиносии Осорхонаи миллии Точикистон дар ёдгории Х,алкачар дар соли 2020 // "Ахбори Осорхонаи миллии Точикистон", № 3, 2021 (дар чоп аст).

АРХЕОЛОГИЧЕСКИЕ РАСКОПКИ И ПРОБЛЕМЫ ХРАНЕНИЯ ПАМЯТНИКОВ ДРЕВНОСТИ

Статья посвящена археологическим раскопкам Национального музея Таджикистана под руководством д.и.н. Д. Довуди на городищах Чимкурган Шахринавского района (2015 г.), Сайёд района А. Джами (2016, 2018 гг.) и Хал-каджар Хуросонского района (2020). В результате этих раскопок были обнаружены жилые, хозяйственные и парадные помещения, линии керамических водопроводных труб, амбары с хумами, приёмный зал правителя, святилище огня, терракотовые изображения зороастрийских и других богов, бронзовые браслеты и перстни, мраморные пряслицы, золотая подвеска серьги, золотое украшение с изображением кентавра, большое количество монет и другие древние предметы. По монетам установлено, что все эти городища относятся к кушанскому периоду.

Из упомянутых памятников опасность уничтожения грозить Чимкургану, из четырёх тепе которого две полностью, а третья наполовину заняты современными кладбищами. Шахристан городища Вашгирд, расположенного на расстоянии 1,5 км к югу от райцентра Файзабада тоже на половину занята современным кладбищем. Местные власти совместно с Министерством культуры Таджикистана должны принять срочные и эффективны меры для спасения упомянутых археологических объектов.

Ключевые слова: охрана памятников, археология, раскопки, Чимкурган, Сайёд, Халкаджар, Вашгирд, монеты, статуэтки, храм огня, кушаны.

КОВИШХОИ ЁДГОРИ^ОИ БОСТОНЙ ВА МАСОИЛИ НИГОХДОШТИ ОЩО

Ма^ола ба хафриёти бостоншиносии Осорхонаи миллии Точикистон дар зери рохбарии доктори илмхои таърих Давлатхоча Довудй дар бостоншахрхои

Чимургони нохияи Шахринав (соли 2015), Сайёди нохияи Абдуррахмони Ч,омй (солхои 2016, 2018) ва Хдлк;ачари нохияи Хуросон (соли 2020) бахшида шудааст.

Дар натичаи ин ковишхо хонахои истщоматй, анчомхонахо, толорхои ташрифотй, хатти лулахои обкаши сафолй, анборхои дорои хумхо, ибодатгохи оташ, бутакхои гилии бухтаи эзадони зардуштй ва гайри зардуштй, дастмона ва ангуштаринхои биринчй, дукхои бофандагии мармарй, овезаи гушвори тиллой, чавохироти тиллой бо нигини а^щ ва дар он тасвири кентавр (аспмард), шумораи зиёди сиккахо ва дигар чизхои кадим ёфт шудаанд. Дар асоси сиккахо муайян карда шуд, ки хамаи ин ёдгорихо ба давраи кушониён тааллук доранд.

Аз ёдгорихои номбаршуда Чимкургон зери хатари нестшавй карор дорад. Аз чор теппаи ин бостоншахр дутояш пурра ва яктояш то нисфаш ба гуристон табдил ёфтаанд. Нисфи бостоншахри Вашгирд, ки дар 1,5 км чануби маркази нохияи Файзобод чойгир аст, низ ба гуристон табдил дода шудааст. Макомоти ичроияи хокимияти махаллй ва Вазорати фарханги Ч,умхурии Точикистон вазифадоранд, ки барои аз вайроншавй начот додани ин ёдгорихо чорахои фаврй ва муассир биандешанд.

Калидвожа^о: нигоудошти ёдгорщо, бостоншиноси, ковиш, Чимкургон, Сайёд, Халцацар, Вашгирд, сиккауо, буттащо, ибодатгоуи оташ, кушонщо.

ARCHAEOLOGICAL EXCAVATIONS AND PROBLEMS STORAGE OF ANCIENT MONUMENTS

The article is devoted to the archaeological excavations of the National Museum of Tajikistan under the leadership of Doctor of Historical Sciences. Davlatkhoja Dovu-di at the settlements of Chimkurgan, located in the Shahrinav region (2015), Sayod, located in the A. Jami region (2016, 2018) and Halqajar, located in the Khuroson region (2020). As a result of these excavations, residential, utility and ceremonial premises, lines of ceramic water pipes, barns with khums, the reception hall of the ruler, the sanctuary of fire, terracotta images of Zoroastrian and other gods, bronze bracelets and rings, marble spindle whorls, gold pendant earrings, gold jewelry were discovered depicting a centaur, a large number of coins and other ancient objects. It was established from the coins that all these settlements belong to the Kushan period. Of the mentioned monuments, the danger of destruction threatens Chimkurgan, of the four hills of which two are completely, and the third is half occupied by modern cemeteries. The settlement Vashgird, located at a distance of 1.5 km south of the regional center of Faizabad, is also half occupied by a modern cemetery. The local government, together with the Ministry of Culture of Tajikistan, must take urgent and effective measures to save the aforementioned archaeological sites.

Key words: protection of monuments, archeology, excavations, Chimkurgan, Sayod, Halqajar, Vashgird, coins, figurines, temple of fire, Kushans.

Сведения об авторе: Давлатходжа Довуди-доктор исторических наук. Адрес: 734001, г. Душанбе, проспект Исмоила Сомони, 11. Телефон: (+992) 2278477, (+992) 987605041, Email: [email protected]

Information about the author: Davlatkhoja Dovudi-Doctor of Historical Sciences. Address: 734001, Dushanbe, Ismoil Somoni Avenue, 11. Telephone: (+992) 2278477, (+992) 987605041, E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.