Научная статья на тему 'РЕДКИЙ ПАМЯТНИК ЦИВИЛИЗАЦИИ ДРЕВНОСТИ'

РЕДКИЙ ПАМЯТНИК ЦИВИЛИЗАЦИИ ДРЕВНОСТИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
63
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САРАЗМ / ДРЕВНИЙ / АРИЙСКИЙ / ЗЕМЛЕДЕЛЬЧЕСКИЙ / БРОНЗА / МОНУМЕНТАЛЬНЫЙ / РЕМЕСЛО / РАСКОПКИ / ГРАДОСТРОИТЕЛЬСТВО / ЦИВИЛИЗАЦИЯ / КЕРАМИКА

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Кенджаев Мухбир Джурабоевич, Махсудов Аслиддин Мухаббатович

Основываясь на достоверных источниках, авторы статьи рассказали об уникальном памятнике древней цивилизации и центре ремесел - древнем Саразме, отметив, что этот город с бесценной и уникальной историей и цивилизацеей выполнил свою историческую миссию. В древнем Саразме процветали народные ремесла, такие как гончарство, промывка золота и изготовление ювелирных изделий, горная промышленность и разработка карьеров, обработка железа и дерева, резьба по камню и архитектура, городское планирование и сельское хозяйство, торговля и коммерция. При этом авторы вкратце отмечают, что за время существования этого древнего города памятник Саразм рассматривался как база для интеграции и развития нескольких индоевропейских культур, а с другой стороны, Саразм является распространителем аметиста и северо-востока Центральной Азии. В то же время авторы отмечают, что город Саразм является одним из редких и уникальных памятников Средней Азии и является живым свидетельством земледелия, градостроительства и ремесел наших предков.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

RARE MONUMENT OF THE ANCIENT TREATY CIVILIZATION

Based on reliable sources, the authors of the article spoke about the unique monument of ancient civilization and the center of crafts - ancient Sarazmi, noting that this city with a priceless and unique history and civilization has fulfilled its historical mission. it seemed like it had been a lot of fun days. In ancient Sarazmi, folk crafts flourished such as pottery, gold washing and jewelry making, mining and quarrying, iron and wood processing, stone carving and architecture, urban planning and agriculture, trade and commerce. At the same time, the authors briefly note that during the existence of this ancient city, the Sarazm monument was considered as a basis for the integration and development of several Indo-European cultures, and on the other hand, Sarazm is a distributor of amethyst and the north-east of Central Asia. At the same time, the authors note that the city of Sarazm is one of the rare and unique monuments of Central Asia and is a living evidence of agriculture, urban planning and crafts of our ancestors.

Текст научной работы на тему «РЕДКИЙ ПАМЯТНИК ЦИВИЛИЗАЦИИ ДРЕВНОСТИ»

УДК: 902.6 (575.3)

НОДИРТАРИН ЁДГОРИИ ТАМАДДУНИ АХДИ БОСТОН

КЕНЧДЕВ М.^., МАХСУДОВ А.М., Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Соли равон бо ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон 12-уми сентябри соли 2020 дар шахри бостонии Панчакент 5500-солагии Саразми бостонй тачлил гардид.Саразм хамчун нодиртарин ёдгории тамаддуни ахди бостонии Осиёи Миёна маркази ташаккули маданияти кишоварзй, хунармандй ва шахрсозии точикон дар таърих чойгохи махсуси худро дорад.

Дар даврони сохибистиклолии Точикистон тахкикоти шахраки Саразм ба мархалаи нав ворид гардид. Нахусткадршиноси Саразм Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон солиёнест, ки ба ин кори мухимми таърихию давлатй кумаки модию маънавй мерасонанд. 1-уми сентябри соли 2000 бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ёдгории 5500-солаи Саразм маркази ташаккули маданияти кишоварзй, хунар ва шахрсозии точикон, мамнуъгохи таърихию бостоншиносй эълон шуд.

Бояд зикр намуд ки ёдгории Саразм хамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзй, хунармандй ва шахрсозии точикон дар асоси ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон тахти раками 391 аз 21-уми сентябри соли 2000-ум макоми хукукии "Мамнуъгохи таърихиву бостоншиносй"-ро сохиб гардидааст.

31-уми июли соли 2010 Саразм ба Фехристи мероси фархангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст. Ин тасмим дар ичлосияи Кумитаи Мероси Чахонии ЮНЕСКО, ки аз 25-уми июл то 3-уми августи соли 2010 дар Бразиля идома дошт, гирифта шудааст. Аз чониби Хукумати чумхурй Барномаи давлатии тачдиди ёдгории Саразм барои солхои 20122020 кабул шудааст.

Бояд зикр намуд, ки ёдгории Саразм тачассумгари дигаргунихои бузурги иктисодй, сиёсй, динй, ичтимой ва пайдоиши хунармандиву кишоварзй дар хаёти ачдодони кадими ориёии мо дар асри биринчй ба шумор меравад [1,12].

Мадракхои бостоншиносй собит намуданд, ки Саразм беш аз панчуним хазор сол кабл нишемангохи гузаштагони мо будааст ва таърихи Панчакент низ аз он ибтидо мегирад.

Аз соли 1977 зимни сарварии нахустмухаккики Саразм, профессор Абдуллочон Исхоков ва аз соли 1997 тахти рохбарии номзади илмхои

таърих Абдурауф Раззоков дар ин ёдгорй пайваста корхои илмй-тадкикотй бурда мешаванд.

Устод Абдуллочон Истоков муайян карда буданд, ки ёдгории Саразм аз чор кабати маданй иборат буда, ибтидои маскуншавй ба нимаи дуюми хазораи IV кабл аз милод (яъне 5500-сол мукаддам) рост меояд. Х,аёти маданй дар ин мавзеъ кариб 1500 сол идома дошта, дар ибтидои хдзораи II

кабл аз милод бо сабабхои гуногун py ба таназзyл менихад [2,155].

Маданияти ша^созй ва шахpнишинй даp Ш^ки Наздик пасy пеш ва бо хусусиятхои ба худ хос ба амал омадааст.Нахyстшахpхо ха^з даp хазоpсолахои IV-III кабл аз мелод даp Шyмеpy Акад, Хдндустону M^p, даp хазоpсолаи III-II даp Чин, даp хазоpсолаи I милодй даp Авpyпои Шаpкй, даp хазоpсолаи I то милод даp Амpикои Mаpказй ба вучуд омадаанд.

аp Осиёи Mаpказй аввалин шахpхо даp нимаи дуввуми хазоpсолаи IV ва ибтидои хазоpсолаи III кабл аз милод аpзи вучуд доштанд.

Даp ёдгоpии Саpазм якчанд аломатхои пайдоиши нахyстшахpхо мушохида каpда мешаванд: бинохои монументалй, ибодатхонахо, ^чахои сангфаpш, pастахои хyнаpмандй, ба сохахо таксимшавии мехнат-кишоваpзй, чоpводоpй, чаpмгаpй, маъданчyивy маъдангудозй, заpшyивy заpгаpй, бофандагиву pесандагй, сангтаpошй, нобаpобаpии молумулкй ва ба табакахо чудошавии чомеа, ки яке аз а^сш^ин маданияти шахpсозй аст [2,156-157].

Ёдгоpии беназиpи шахpаки бостонии Саpазм ба таъкиди бостоншиносони номваpи ватаниву хоpичй далели тамаддуни беш аз 6000-сола мебошад. Зимнан шахpаки кадимаи Саpазм аз ёдгоpихои кyхнатаpини маpдyми Осиёи Mаpказй махсуб ёфта, аз маданияти кишоваpзивy шахpсозй ва хyнаpмандии ниёгонамон хикоят мекунад. Даp инчо бештаp имоpатхои маъмypй, ки то 100-160 метpи мypаббаъ масохат доpанд, сохта шудаанд. Атpофи онхоpо хyчpахои хочагй, pастахои

Mvvpii сангй аз ( ара im.

Д

хунармандй ихота намуда, тархи кучаю пайрохахои он сангфарш низ ба назар мерасанд. Бинохои истикоматй бештар дар самти шимолу гарбй ва бинохои маъмурй дар самти чанубу шаркии ёдгорй, растахои хунармандй дар шафати бинохои маъмурй ва кучахои марказй чой гирифтаанд. Ибодатхонахо акоиди мазхабии сокинони Саразмро бозгу мекунанд.Дар маркази фарши толори ибодатхонахо оташдонхои чоркунча сохта шудаанд, ки начандон зарфе барои барафрухтани оташ доранд.

Нахустмухаккики ёдгории шахраки Саразм, бостоншиноси маъруф Абдуллочон Исхокй масохати ёдгориро то 100 гектар ва шумораи ахолии онро то 8000 нафар муайян намудааст. Дар ёдгории Саразм якчанд нишонаи пайдоиши аввалин шахрхоро мушохида менамоем: бинохои бохашаммат, кучахои сангфарш, нобаробарй дар молу мулкдорй ва ба табакахои ичтимой чудошавии чомеа, рушду нумуи савдову тичорат, растахои хунармандй, ба сохахо таксимшавии шуглхо (кишоварзй, чорводории чарогохй ва хонагй, кулолгарй, маъданчуиву маъдангудозй, ззаршуиву заргарй, бофандагиву ресандагй, чармгарй, коркарди чуб, сангтарошй ва хоказо) гувох аз рукнхои хоси маданияти шахрдорию шахрсозии осиёй мебошанд. Аз ин чост, ки шахраки бостонии Саразм далели муътамади ташаккули маданият, шахрсозй, хунармандй, кишоварзй ва меъморй аст.

1ЛРФХОИ СЛФОЛН КЕРАМИЧЕСКИЕ СОСУДЫ CERAMIC VESEEELS

к

Чарфчон сафо.шм Саразм.

М

икдори зиёди бозёфтхои модии воридотие чун лочуварди Бадахшон, акики

^айроккум, фирузаи Хоразму Фаргона, зарфхои мунаккаши хоси маданияти Балучистону Сиистону Афгонистон ва гайрахо бо рохи тичорат

ба Саразм ворид гаштаанд.

Аз чониби дигар саразмиён пахнкунандагони лочуварду махсулоти маъдании шимолу шарки Осиёи Марказй (тиллову нукра, мису кургошим) ба самти чануби Шарки Миёна будаанд. Дар ин маврид ёдгории Саразм хамчун пойгохи омезиш ва такомули чандин маданияти аквоми хиндуаврупой ба назар мерасад. Бузургию мавкеъ ва макоми ёдгории Саразми Панчакент байни ёдгорихои ахди кадимаи кишоварзии Шарки Миёна махз дар хамин аст [3, 4-5].

Дар баъзе мавридхо акидаи пешниходкардаи Карл Маркс ва Фридрих Энгелс «Мехнат инсонро офаридааст» (К.Маркс, Ф. Энгелс, 1922) то хол маънои худро гум накардааст. Махз ба туфайли мехнати бошуурона инсон олоти зарурии корию рузгорро офарида, бо ин аз дарачаи хайвонй ба дарачаи инсонй расидааст. Ин хакикат далели он аст, ки мехнат яке аз омилхои халкунандаи ташаккули аклу идроки бани башар мебошад, тибки хамин нишондод метавон гуфт, ки сокинони дехшахри Саразм хануз аз замонхои сангу мис яке аз офарандагони фарханги хунармандй дар сарзамини Мовароуннахр будаанд. Дар ин давра онхо асосан аз гилу санг ва устухон намудхои гуногуни зарфхо, угурчахо, гармичхо, дарафшхо, досу кордхои чахмокй, сари урчукхо ва дигар олоти заминкобиро месохтанд. Ба замми ин, ресидани пашму бофтани матои пашмй, коркарди пусту духтани пойафзол машгулияти доимии саразмихо будааст.Нихоят, онхо коркарди маъдан пеш аз хама мисро, ки дар харорати наздик ба 900оС об мешуд, аз худ карда буданд.

Кулолгарони Саразм дар минтакаи шимолу шарки Осиёи Марказй аввалин шуда ба сохтани зарфхо, накшбандии онхо шуруъ намудаанд. Ин зарфхо аз тагора, коса, пиёла, дулча, чом, куза, хурма иборат буданд. Дар кашидани накшхои тани зарфхо саразмихо рангхои сиёх, сурх, чигарй, зард, лочувардй, кабуд ва сафедро истифода мебурданд. Зарфхои гилй аз руи намуди берунаашон ба ду гурух чудо мешаванд: зарфхои накшдор ва бенакш. Дар навбати худ ин ду гурух боз ба ду зергурухи дигар таксим мешаванд: зарфхои накшини дуранга (монохромй) ва серанга (полихромй). Зарфхои руяшон накшдошта аз гили зард, гулобй ё сиёх сохта шудаанд. Х,амаи зарфхо дастй, бе истифодаи чархи кулолгарй сохта шудаанд. Чунки одамони ин давраи Саразм холо чархи кулолгариро ихтироъ накарда буданд. Бо вучуди ин онхо дар хочагии худ дах намуди зарфро истифода мекарданд, ки дар ибтидои зиндагии одамони хамон замона хеле муваффакияти калон буд. Баробари ин хотиррасон мекунем, ки дар дигар гушахои Осиёи Марказй ва кишвархои Шарк низ ин гуна фарханг рушду нуму доштанд [4,125-126].

Дар Саразм хунари кулолгарй низ тараккй карда будааст. Аз хафриёти Саразм сафолпорахои накшини бисёре ёфт шудаанд, ки кисме аз онхо дар осорхонаи Мамнуъгохи таърихй-бостоншиносии Саразм

нигохдорй мешаванд. Кулолони Саразм ба воситаи чархи кулолй коса, табак, чом, пиёла, куза, хумча сохта, бо рангхои кирмизй, сурх, гулобй, зардча оро медоданд. Услуби накшунигори зарфхои сафолии Туркистони Ч,анубу Шаркй ва Балучистон-Саразм хатто хумдони дутабакаи сафолпазй ёфт шудааст, ки аз хеле ривоч доштани ин касб дар шахри кадимии Саразм шаходат медихад.

Дар Саразм заргарй низ хеле тараккй карда будааст. Саразмихо аз акик, фируза, лочувард ва гушмохии аз сохилхои Укёнуси Ором овардашуда, хамчунин аз тилло ва мису биринчй гарданбанд, шаддахои зебо ва дигар чавохирот месохтанд, ки намунаи онхо зимни хафриёт ёфт шудаанд ва дар осорхонаи мамнуъгох нигохдорй мешаванд. Олоти биринчй, сангхои дастадори тарозу, зарфу гушмохихо, асбоби зебу зинат аз фируза, лочувард ва акик, ки аз Саразм ёфт шудаанд, аз робитахои тичоратии сокинони Саразми бостонй бо кишвархои сохили халичи Форс, бахри Араб, дарёи Х,инд, Бадахшон, Туркманистони Ч,анубй, Эрон ва Балучистон шаходат медиханд.

Х,оло дар илми бостоншиносй бошишгохи Саразм дар хазораи 4 то милод ба яке аз марказхои бузурги кадимии кишоварзй дар Мовароуннахр маъруф аст. Саразм дар хазораи 4 то милод ба яке аз марказхои бузурги кадимии кишоварзй, шахрсозй ва хунармандй табдил ёфта, дар таърихи кадими Шарк сахифаи нав боз намуд ва шухрати чахонй пайдо кард [5,10].

Хулласи калом, хафриёти дар ин минтака ва дар ин ёдгории таърихй анчомдодаи бостоншиносони маъруф собит месозанд, ки миллати точик вокеан хам аз кадимулайём халки сохибтамаддун ва фархангофар буд, чунки дар ин шахри ориёй олимону мухаккикон осори зиёди тамаддуни ахди кишоварзиро кашф намуданд, ки сарчашмаи ифтихори миллии мо точикон махсуб меёбанд.Бар замми ин аксарияти бостоншиносоне, ки дар ин мавзеи таърихию кишваршиносй хафриёт гузаронидаанд, Саразми бостониро шахри саноатй ва маркази тамаддуни кишоварзию хунармандй мешуморанд.

Бузургдошти чунин ифтихороти миллй, амсоли шахри кадимаи Саразм сарчашмаи мухим ва муътамади болоравии худогохии наслхои имрузу ояндаи миллати куханбунёди точик бояд бошад. Дар ин ёдгории беназир на танхо хунару истеъдод, балки фархангу тамаддуни баланди ниёгони мо точикон тачаллй ёфтааст, ки он бозгукунандаи сифатхои башардустй, тахаммулпазирй ва фархангсолории халки бузургамон мебошад.

АДАБИЁТ

1. Амоншо Палавонов.Саразм хамчун маркази хунармандИ ва шахрсозИ.Нашрияи "Минбари халк" № 6 (1247) 05.02.2020.

2. Абдурауф Раззоков, Саидмурод Бобомуллоев. Саразм тамаддуни ахди энеолит. Мачаллаи илмИ-назариявии "Муаррих" № 2 (18) 2019.

3. Зикриё Акрами, Ориёншахри бостонИ. Мачмуаи илмИ бахшида ба чамъбасти хафриёти солона дар водии Зарафшон. Панчакент-2017, 112 сах.

4. Абдуллочон ИсхокИ.Саразм огози тамаддуни точикон, Муассисаи нашриявии "Дониш"-и Академияи миллии илмхои Точикистон, Душанбе-2018, 280 сах.

5. Нуриддин Шарифов. Сайре дар Саразми бостонИ. Хафтавори "Минбари халк", № 50 (1187) 12 декабри соли 2018.С.10.

НОДИРТАРИН ЁДГОРИИ ТАМАДДУНИ АХДИ БОСТОН

Муаллифони мавод дар асоси манбаъхои муътамад доир ба нодиртарин ёдгории тамаддуни ахди бостонИ ва маркази ташаккули хунармандИ-Саразми кадима сухан ронда, зикр кардаанд, ки вокеан хам ин шахри дорои таъриху тамаддуни бебахо ва бехамто бо мавчудияти хеш рисолати таърихиашро ба ичро расонидааст, ки хунархои мухталифи мардумИ он айёми мозИ зиёд ба назар мерасидаанд. Дар Саразми бостонИ хунархои мардумИ аз кабили кулолгарИ, заршуиву заргарИ, маъданчуиву маъдангудозИ, коркарди охану чуб, сангтарошиву меъморИ, шахрсозиву кишоварзИ, савдову тичорат дар авч будааст.

Хамзамон муаллифон мухтасар кайд кардаанд, ки махз дар даврахои мавчудияти ин шахри бостонИ, ёдгории Саразм хамчун пойгохи омезиш ва рушду такомули чандин маданияти аквоми хиндуаврупоИ ба назар расида, аз чониби дигар саразмиён пахнкунандагони лочуварду махсулоти маъдании шимолу шарки Осиёи МарказИ махсуб меёфтаанд.

Зимнан муаллифон зикр кардаанд, ки шахраки Саразм аз ёдгорихои нодир ва беназири Осиёи МарказИ махсуб ёфта, гувох ва далели зиндае аз маданияти кишоварзиву шахрсозИ ва хунармандии ниёгонамон мебошад.

Калидвожа^о: Саразм, бостони, ориёи, кишоварзи, биринцй, ёдгори, цунармандй, щфриёт, шаурсозй, тамаддун, кулолгари.

РЕДКИЙ ПАМЯТНИК ЦИВИЛИЗАЦИИ ДРЕВНОСТИ

Основываясь на достоверных источниках, авторы статьи рассказали об уникальном памятнике древней цивилизации и центре ремесел - древнем Саразме, отметив, что этот город с бесценной и уникальной историей и цивилизацеей выполнил свою историческую миссию. В древнем Саразме процветали народные ремесла, такие как гончарство, промывка золота и изготовление ювелирных изделий, горная промышленность и разработка карьеров, обработка железа и дерева, резьба по камню и архитектура, городское планирование и сельское хозяйство, торговля и коммерция.

При этом авторы вкратце отмечают, что за время существования этого древнего города памятник Саразм рассматривался как база для интеграции и развития нескольких индоевропейских культур, а с другой стороны, Саразм является распространителем аметиста и северо-востока Центральной Азии.

В то же время авторы отмечают, что город Саразм является одним из редких и уникальных памятников Средней Азии и является живым свидетельством земледелия, градостроительства и ремесел наших предков.

Ключевые слова: Саразм, древний, арийский, земледельческий, бронза, монументальный, ремесло, раскопки, градостроительство, цивилизация, керамика.

RARE MONUMENT OF THE ANCIENT TREATY CIVILIZATION

Based on reliable sources, the authors of the article spoke about the unique monument of ancient civilization and the center of crafts - ancient Sarazmi, noting that this city with a priceless and unique history and civilization has fulfilled its historical mission. it seemed like it had been a lot of fun days. In ancient Sarazmi, folk crafts flourished such as pottery, gold washing and jewelry making, mining and quarrying, iron and wood processing, stone carving and architecture, urban planning and agriculture, trade and commerce.

At the same time, the authors briefly note that during the existence of this ancient city, the Sarazm monument was considered as a basis for the integration and development of several Indo-European cultures, and on the other hand, Sarazm is a distributor of amethyst and the north-east of Central Asia.

At the same time, the authors note that the city of Sarazm is one of the rare and unique monuments of Central Asia and is a living evidence of agriculture, urban planning and crafts of our ancestors.

Key words: Sarazm, ancient, Aryan, agricultural, bronze, monumental, craft, excavations, town planning, civilization, ceramics.

Сведения об авторах: Кенджаев Мухбир Джурабоевич-соискатель Института истории, археология и этнографии имени Ахмада Дониша. Махсудов Аслиддин Мухаббатович-ассистент кафедры «Истории и методики преподавания» Таджикского педагогического института в Раштском районе.

Information about the authors: ^ndzaev Mukhbir Dzhuraboevich-is a competitor of the Department of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after Akhmadi Donisha. Makhsudov Asliddin Mukhabbatovich-assistant of the Department of History and Teaching Methods of the Tajik Pedagogical Institute in the Rasht region.

УДК-572 (571.5)

АНТРОПОЛОГИЯИ АХОЛИИ САРАЗМИ БОСТОНЙ ТИБКИ МАЪЛУМОТИ ПАЛЕОАНТРОПОЛОГЙ

НАВРУЗБЕКОВ М.Н., Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Дар бораи ёдгории Саразм маколахо ва адабиёти зиёди илмй таълиф шудаанд, ки асосан доир ба хунари меъморй, шуглу хочагидорй, хунармандй ва эътикоди бошандагони он маълумот медиханд. Дар бораи хусусияти антропологии ахолии Саразм бошад, то имруз маълумоти хеле кам вучуд дорад ва факат дар асоси тахлили маводи

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.