Научная статья на тему 'The contribution of foreign researchers into the study of Sarasm'

The contribution of foreign researchers into the study of Sarasm Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
155
16
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АРХЕОЛОГИЯ / ЁДГОРИҳОИ ЭНЕОЛИТИ / САРАЗМ / ҳАФРИЁТ / МУТАХАССИСТОНИ ХОРИҷӣ / ЭЪЗОМИЯИ ТОҷИКИСТОНУ ФАРОНСА / ЭНЕОЛИТИЧЕСКИЕ ПАМЯТНИКИ / РАСКОПКИ / ИНОСТРАННЫЕ СПЕЦИАЛИСТЫ / ТАДЖИКСКО-ФРАНЦУЗСКАЯ ЭКСПЕДИЦИЯ / ARCHEOLOGY / ENEOLITHIC MONUMENTS / SARAZM / EXCAVATIONS / FOREIGN EXPERTS / TAJIKFRENCH EXPEDITION

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Раҳимов Набицон Турдиалиевич

Мақола ба иштироки мутахассисони хориҷӣ дар омӯзиши ёдгории бостоншиносии Саразм бахшида шудааст. Ин ёдгорӣ ба давраи энеолит мансуб аст. Ҳафриёти бостоншиносии Саразм соли 1977 огоз ёфта, то имрӯз идома доранд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар Саразм диққати бостоншиносони хориҷиро ба худ кашидааст.. Бостоншиносон аз бисёр кишварҳо (Русия, ИМА, Олмон, Италия ва гайра) дар ҳафриёт ширкат варзидаанд. Олимони марказҳои илмии Фаронса иштирокдорони доимии дар ҳафриёти бостоншиносӣ дар Саразм (А. П. Франкфорт, Р. Безенвал, Б. Леоне, Ф. Брунэ ва дигарон) мебошанд. Муаллиф қайд мекунад, ки экспедитсияи муштараки Тоҷикистону Фаронса корҳои зиёди тадқиқотиро анҷом дода, бисёр масъалаҳои муҳимми таърих ва бостонши носии Саразмро ҳал кардааст. Нашр шудани натиҷаи тадқиқоти бостоншиносони Фаронса ёдгории бостоншиносии Саразмро дар илми ҷаҳонӣ хуб муаррифӣ мекунанд. Ҳамин тавр, муаллиф саҳми муҳими мутахассисони хориҷиро дар омӯзиши Саразм қайд мекунад.Показано участие иностранных специалистов в изучении археологического памятника Саразм. Этот памятник относится к эпохе энеолита. Археологические раскопки Саразма начались в 1977 году и продолжаются до наших дней. Результаты исследований Саразма вызывают постоянный интерес иностранных учёных. В раскопках принимали участие археологи из многих стран (Россия, США, Германия и др.). Учёные из научных центров Франции являются постоянными участниками археологических раскопок на Саразме (А.-П. Франкфор, Р. Безенваль, Б. Леоне, Ф. Брюнэ и др.). Указано, что совместная Таджикско-Французская экспедиция проделала большой объём исследовательских работ и решила много важных вопросов по истории и археологии Саразма. Публикации французских археологов хорошо представляют археологический памятник Саразм в мировой науке. Таким образом, отмечен важный вклад иностранных специалистов в изучение Саразма.The article is devoted to the participation of foreign experts in the study of the archaeological monuments Sarazm. This site belongs to the Eneolithic era. Archaeological excavations of Sarazm began in 1977 and have been continuing to the present day. The results of researches on Sarazm are of constant interest for foreign scholars. Archaeologists from many countries (Russia, USA, Germany, etc.) took part in the excavations. Scientists from the scientific centers of France are regular participants in the archaeological excavations at Sarasm (A.-P. Frankfort, R. Besenval, B. Leone, F. Brunet, etc.). The author points out that the joint Tajik-French expedition has done a large amount of researches and solved many important issues of the history and archeology of Sarazm. The publications of the French archaeologists are good presentation of the archaeological site of Sarazm in the world of science. Thus, the author notes the important contribution of foreign experts into the study of Sarazm.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «The contribution of foreign researchers into the study of Sarasm»

07 00 00 ИЛМ^ОИ ТАЪРИХ ва АРХЕОЛОГИЯ 07 00 00 ИСТОРИЧЕСКИЕ НАУКИ и АРХЕОЛОГИЯ 07 00 00 HISTORICAL SCIENCES and ARCHEOLOGY

07 00 02 ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ 07 00 02 HOME HISTORY

УДК 902.035 ББК 63.48

СА^МИМУ^АЦЦИЦОНИ Рахимов Набицон Турдиалиевич, д.и.т., профессори ХОРИЦЙДАР ТАХ,ЦИЦИ кафедраи таърихи Ватан ва археологияи МДТ «ДДХ САРАЗМ ба номи акад. Б. Гафуров (Тоцикистон, Хуцанд

ВКЛАД ЗАРУБЕЖНЫХ Рахимов Набиджон Турдиалиевич, д.и.н., профессор

ИССЛЕДОВАТЕЛЕЙ В кафедры отечественной истории и археологии ГОУ

ИЗУЧЕНИЕ САРАЗМА «ХГУ им. акад. Б.Гафурова» (Таджикистан,

Худжанд )

THE CONTRIBUTION OF Rahimov Nabijon Turdialievich, Dr. of History, Professor

FOREIGN RESEARCHERS of Home History and Archaeology Department under the

INTO THE STUDY OF SEI "KhSUnamed after acad. B.G.Gafurov" (Tajikistan,

SARASM Khujand) E-MAIL: nabir@mail.ru

Калидвожа^о: археология, ёдгориуои энеолиты, Саразм, уафриёт, мутахассистони хорици, Эъзомияи Тоцикистону Фаронса.

Мацола ба иштироки мутахассисони хорици дар омузиши ёдгории бостоншиносии Саразм бахшида шудааст. Ин ёдгорй ба давраи энеолит мансуб аст. %африёти бостоншиносии Саразм соли 1977 огоз ёфта, то имруз идома доранд. Натицауои тауцицот дар Саразм диццати бостоншиносони хорициро ба худ кашидааст.. Бостоншиносон аз бисёр кишваруо (Русия, ИМА, Олмон, Италия ва гайра) дар уафриёт ширкат варзидаанд. Олимони марказуои илмии Фаронса иштирокдорони доимии дар уафриёти бостоншиносй дар Саразм (А. П. Франкфорт, Р. Безенвал, Б. Леоне, Ф. Брунэ ва дигарон) мебошанд. Муаллиф цайд мекунад, ки экспедитсияи муштараки Тоцикистону Фаронса коруои зиёди тадцицотиро анцом дода, бисёр масъалауои мууимми таърих ва бостонши носии Саразмро уал кардааст. Нашр шудани натицаи тадцицоти бостоншиносони Фаронса ёдгории бостоншиносии Саразмро дар илми цауонй хуб муаррифй мекунанд. %амин тавр, муаллиф сауми мууими мутахассисони хорициро дар омузиши Саразм цайд мекунад.

Ключевые слова: археология, энеолитические памятники, Саразм, раскопки, иностранные специалисты, Таджикско-Французская экспедиция

Показано участие иностранных специалистов в изучении археологического памятника Саразм. Этот памятник относится к эпохе энеолита. Археологические раскопки Саразма начались в 1977 году и продолжаются до наших дней. Результаты исследований Саразма вызывают постоянный интерес иностранных учёных. В раскопках принимали участие археологи из многих стран (Россия, США, Германия и др.). Учёные из научных центров Франции являются постоянными участниками археологических раскопок на Саразме (А.-П. Франкфор, Р. Безенваль, Б. Леоне, Ф. Брюнэ и др.). Указано, что совместная Таджикско-Французская экспедиция проделала большой объём исследовательских работ и решила много важных вопросов по истории и археологии Саразма. Публикации французских археологов хорошо представляют археологический памятник Саразм в мировой науке. Таким образом, отмечен важный вклад иностранных специалистов в изучение Саразма.

Key words: archeology, eneolithic monuments, Sarazm, excavations, foreign experts, Tajik-

French expedition.

The article is devoted to the participation of foreign experts in the study of the archaeological monuments Sarazm. This site belongs to the Eneolithic era. Archaeological excavations of Sarazm began in 1977 and have been continuing to the present day. The results of researches on Sarazm are of constant interest for foreign scholars. Archaeologists from many countries (Russia, USA, Germany, etc.) took part in the excavations. Scientists from the scientific centers of France are regular participants in the archaeological excavations at Sarasm (A.-P. Frankfort, R. Besenval, B. Leone, F. Brunet, etc.). The author points out that the joint Tajik-French expedition has done a large amount of researches and solved many important issues of the history and archeology of Sarazm. The publications of the French archaeologists are good presentation of the archaeological site of Sarazm in the world of science. Thus, the author notes the important contribution offoreign experts into the study of Sarazm.

Шахри кадимтарини Сугду Осиёи Миёна - димнаи Саразми бостонй мохи сентябри соли 1976 аз тарафи бостоншиноси точик Абдуллочон Исхоков кашф гардид ва худи хамон сол хафриёти ин ёдгорй огоз ёфт. Дар хандаки аввалин даврахои таърихй ва гафсии кабатхои мадании ин ёдгорй муайян шуд. Аз маводи ба даст омада аён гардид, ки Саразм ба замони энеолит (асри сангу мис) ва биринч мансуб будааст. Ба ахли тахкик равшан гашт, ки кабати аввалини ёдгорй 5500 сол пеш ба вучуд омадааст. Дар натичаи корхои бостоншиносй исбот шуд, ки Саразм шахри кадими сугдй будааст. Дар майдони кофтукови археологй хонахои истикоматй, бустонсаройхо, оташкадахою устохонахо, кучаю тангкучахо, хучрахои хочагй ва дигар бокимондахои меъморй хаффорй карда шудаанд. Ин бозёфтхо аз дарачаи баланди санъати меъморй, хунармандй, шахрсозию шахрдории саразмиён шаходат медиханд [5,244].

Тахкики бостоншиносй дар Саразм аз соли 1976 бо сардории бостоншинос Абдуллочон Исхоков огоз шуд. Тирамохи соли 1977 дар шахри Панчакент конфронси умумииттифокй зери унвони "Маданияти асрхои миёнаи барвакти Осиёи Миёна ва ^азокистон" баргузор гардид [9,184]. Дар ин конфронс Абдуллочон Исхоков берун аз барнома сухан ронда, оид ба кашфи ёдгории нав - димнаи Саразм ва бозёфту мадракхои нодири он гузориш намуд.

Аз соли 1977 бостоншиносони намоёни собик Иттиходи Шуравй ва хоричй ба Саразм бештар таваччух зохир кардаанд. Онхо ба ахбори илмии бостоншиносони точик каноатманд нашуда, ба Панчакент омаданд.

Сафари аввалини илмиро ба Саразм соли 1979 бостоншиноси фаронсавй Анри-Пол Франкфор анчом дод. Ин мехмони тасаддуфй набуд. профессор Анри-Пол Франкфор солхо дар шимоли Афгонистон ба хафриёти ёдгории давраи энеолитй -шахраки Шуртугай машгул буд. Хдлли чанде масалахои мухими энеолитй дар китобу маколахои А.-П.Франкфор инъикос ёфтанд [12;13;14,15]. Аз ин ру шиносой бо ёдгории навй энеолити дар Точикистон барояш хеле мухим буд.

Худи хамон сол (1979) боз ду нафар мухаккики хоричй - Филипп Кол, профессори Весселей коллечи шахри Кембричи Иёлоти Муттахидаи Амрико ва Бертил Леоне аз Маркази бостоншиносии Фаронса ба дидани ёдгории Саразм мушарраф шуданд. Мутахассисони варзида баъди ошноии наздик ба бозёфтхо ба мавкеи шахраки Саразм дар илми бостоншиносии кишвархои Шарк бахои арзанда доданд. Бостоншиносон ба хулосае омадаанд, ки тамаддун дар водии Зарафшон дар замонхои сангу биринч ташаккул ёфтааст. Аз хамин сабаб олимон маданияти саразмиёнро асоси маданияти кишоварзии сокинони байни дарёхои Сиру Ому хисобиданд.

Соли 1982, баъд аз муаррифии дастовардхои хафриёти Саразм аз тарафи бостоншиноси точик - Абдуллочон Исхоков дар Симпозиуми аввалини шуравию фаронсавй дар мавзуи "Бостонишиносии Бохтари кадим"[4;92] масъалаи тахкики Саразм ва иштироки мутахассисони хоричй дар он чиддан ба миён гузошта шуд. Баъд аз симпозиум, соли 1983 боз як олими машхур - бостоншиноси амрикой Карл Ламберг-Карловски (ИМА -1983), ки ду ёдгории хамзамони Саразм дар Эрон - шахри Сохте ва Тепаи Х,исорро тахкик мекард, ба Саразм омада, бо натичахои хафриёти А.Исхоков ошно гардид.

Баъд аз шиносой бо мавод ва бозёфтхо бостоншиносони амрикоиву фаронсавй масъалаи хафриёти муштараки Саразмро ба миён гузоштанд. Х,амин тавр, хамкории бостоншиносони Точикистону чахон огоз ёфт. Ин далели он буд, ки ёдгории бостонии ниёгонамон на факат барои тахкики сарчашмаи аслии тамаддуни точикон, балки дар шинохти тамаддуни чахонй низ ахамияти бузурги таърихй дорад.

Х,амин тавр, дар саргахи хамкории олимони точику шуравй бо олимони Фаронса дар масъалаи саразмшиносй бостоншиноси номии точик, профессор, шодравон Абдуллочон Исхоков ва олими фаронсавй Жан-Клод Гарден карор доранд.

Пас аз гуфтугуи тарафайни байни Точикистон (АИ), Фаронса (CNRS) ва Амрико (Осорхонаи Пибодии Донишгохи Хдрвард) ин муддао амалй гардид. Аввалин шуда, тобистони соли 1984 бо максади кашфи асрори Саразм бостоншиносони Фаронса Анри - Пол Франкфор ва Ролан Безенвал ба Точикистон омаданд. Кор дар хафриётгохи раками 7-ум огоз ёфт.

Бостоншиносони Донишгохи Гарварди иёлати Массачусетси Амрико Карл Ламберг-Карловски ва Филипп Кол низ соли 1985 ба Панчакент омада, дар шахраки Саразм ду хандаки санчишй кофтанд. Дар хандакхо чор кабати асосии Саразм бо маводи энеолит ва асри биринчй пайдо шуданд.

Дар натича онхо ба хулосаи Абдуллочон Исхоков оид ба таърихи 5000-5500-солаи тамаддуни Саразм хамфикр шуданд.

Соли 1986 ба корхои кофтуковии Саразм олимони чавони Олмон, Афгонистон ва Испания низ хамрох шуданд. Солхои 1992-1995 олимони Донишгохи Орлеан (Фабиан

Сесброн) ва Точикистон омузиши конхои кадими куххои Зарафшонро гузарониданд. Мукоисаи ашёи конхои кадим ва бозёфтхои Саразм натичаи хуб дод. Тахкикот исбот намуд, ки саразмиён аввалин маъдангудозон буда, боигарии зеризаминии минтакаро низ фаровон истифода намудаанд.

Экспедитсияхои бостоншиносии байналмилалии олимони Иёлоти Муттахидаи Амрико, Фаронса, Италия, Русия ва дигар мамлакатхо дар солхои гуногун дар Саразм пажухишхо анчом доданд. Бозёфтхои бостоншиносон асосан аз анчоми рузгор, зебу зиннати тиллой, нукрагин, мисй, биринчй, сангхои гуногун ва устухонхои хайвоноту парандахо иборатанд. Зарфхои сафолини мунаккашу сангини суфташуда ва порчахои накшхои деворнигорхо аз санъати баланди хунармандии гузаштагонамон шаходат медиханд.

Дар маколаи якчояи «Тахлили филизоти Саразм. ^ШС Точикистон» як гурухи олимон чунин сатрхо дарч гардиданд: «Саразм нафакат яке аз марказхои кадимтарини тамаддуни кишоварзй, чорводорй, хунармандии Мовароуннахри Осиёи Миёна, балки тамоми Шарки Наздик - Эрон, Балучистон, Афгонистону Х,индустон низ ба шумор меравад» [11,7-12].

Рузхои 2-4-уми сентябри соли 1994 ба муносибати 10-солагии Эъзомияи (экспедитсияи) муштараки Точикистону Фаронса дар шахри бостонии Панчакент Конфронси байналмилалй дар мавзуи "Водии Зарафшон ва накши он дар тамаддуни Шарки кадим" баргузор гардида буд. Дар кори конфронс олимони Точикистон, Фаронса ва Узбекистан ширкат варзида, карордод ба имзо расониданд, ки он тасдики илмии 5500-солагии кишоварзй, хунармандй ва шахрсозию шахрдории саразмиён мебошад.

Дар нимаи дуюми солхои 90-уми асри ХХ корхои археологй дар Саразм бо сабабхои маълум кохиш ёфтанд. Солхои 1995-2002 кофтуков гузаронида нашуда, танхо натичаи бозёфтхои солхои каблй ба чоп мерасид.

Охиста-охиста вазъият бехтар шуд ва алокахои илмй бо олимони хоричй баркарор гардид. Масалан, Анри-Пол ва А.Тантиева дар омодасозии хуччатхои Саразм барои ба Руйхати мероси умумчахонии ЮНЕСКО ворид намудани ин ёдгорй фаъолона иштирок намуданд. Баъд аз танаффуси дароз алокаи байналмилалй ва хафриёти якчояи муштараки олимони точик бо хамкасбони хоричй баркарор гардида, экспедитсияи муштарак аз нав созмон дода шуд.

Соли 2011 шартномаи нави олимони точик ва фаронсавй (МАБАС), Экспедитсияи археологии фаронсавй дар Осиёи Марказй) доир ба давом додани хафриёти Саразм ба имзо расид. Мутобики ин шартнома гурухи олимони фаронсавй бо сардории Фредерик Брюнэ, доктори археология, директори Миссияи археологии Фаронса дар Осиёи Марказй (МАБАС) ба Точикистон омад. Ба ин гурух гайр аз бостоншиносон (Р.Безенвал, Б.Леоне ва диг.) мухандис-мухаккик Грегори Давтияна ва мутахассиси техникаи расмкашй дар археология Леон Мондигитэги дохил шуданд.

Самтхои асосии хафриёт:

Соли 2012 - кофтуков дар хандакхои №№14 ва 16, омузиши планиграфия ва геофизикаи Саразм дар майдони такрибан 12 га (рохбар Анри-Пол Франкфор, Ролан Безенваль) [1, 15-39; 2,65; 3,20-40].

Соли 2013: 1. Омузиши кабатбандй ва кишрхои ёдгорй, муайян намудани бокимондахои обёрии кадим (Ф. Брюнэ, А.-П. Франкфор, Б. Мутан), 2. Тахкики

археоботаники (Спенглер, Виллсокс), 3. Тахдиди археозоологи (Мутан, Безенваль, Франкфор) [3, 20-39].

Соли 2014: 1. Омузиши бозёфтхои археологии сафолину филизИ ва сангИ (Б. Мутан, Ф. Брюнэ), 2. Тахдиди археозоологИ (С. Лепец, Н. Моранд). Зиёда 35 000 пораи устухони хайвонот аз хандадхои 15-16 омухта шуд, 3. Корхои консерватсионИ (нигахдорИ) ва бардарорсозии бозёфтхои хафриёти №16 (Ч. Васкес) дар лабораторияи реставратсионии пойгохи Саразм, 4. Омузиши обёрии дадим: маълум гашт, ки чуйборхои дадими Саразм бо чуйхои асри биринчии Бохтар (Шуртудай дар Афгонистон) хеле монанд будааст (А.-П. Франфор ва Р.Безенвал) [7,57].

Охири соли 2014: узви фаъоли экспедитсия Ролан Безенвал аз хаёт гузашт.

Солхои 2016-2017 - асосан маводи чамъшудаи Саразм омухта шуд

Соли 2018: Мизи мудаввар дар мавзуи "Усулхои инноватсионии тахдид дар Саразм" баргузор гардид, ки дар он натичахои омузиши топография ва иншооти обёрии Саразм (Г. Давтиян), усулхои муосири дайди графикии бозёфтхо (Л. Мондигитеги), навъхои индустрияи санг (Ф. Брюнэ) пешкаш шуданд [7,56-58].

Дар раванди кофтукови Саразм олимон ба нишонахои хаёти идтисодии саразмихо низ эътибор доданд.

Баробари ин дар хафриётхои 1 ва 7 бостоншиносон Чамшед Исхоков ва Ролан Безенвал дар бинохое, ки ба яке авлоди сернуфуз мансуб буд, урдахои махсус барои нигохдории галла ва меваро дарёфтанд. Дар бинои 1 се хоначаи аз хишти хом сохташудаи хачмашон 1.50х1-метра дар назди девори хонаи калони дарозиаш 4 ва бараш 2.50 метр чойгир шудаанд. Дар бинои 7 ин гуна хамбахо 7-тоанд.

Яке аз аъзои гурухи муштараки байналхалдИ, зоолог Чон Десс дар омузиши чорводории дадим сахм гузошт. Нишонахои инкишофи чорводорИ дар Саразм дар устухонхои хайвонхои гуногун, ки дар болои теппахо ба чашм мерасиданд, дида мешуд. Бостоншиносон намедонистанд, ки онхо устухонхои чорвои вахшианд ё хонагИ. Дар муайян кардани мансубияти олами хайвоноти дехшахри Сари Замин (Саразм) олими Фаронса Ж. Десс ва Русия А. К. Каспаров иштирок карданд. Аз руи тахдиди онхо маълум гардид, ки сокинони Саразм дар хочагии худ 87% моли майда: буз, гусфанд, хук, гову говмеш, саг доштанд. Дар байни устухонхои омухташуда 1.9% устухонхои хайвоноти вахшИ дучор шуданд. Палеозоологи машхури фаронсавИ Ж. Десс намудхои парандахои он давраро муайян намуд. Аз руи тахдиди ин олим маълум гардид, ки дар байни устухонпорахо бодимондахои устухони мургу мургобИ, кабку кабутар ва мохихуракхо низ дучор мешуданд.

Ахли тахдид маълум карданд, ки дисми асосии хайвоноти хонагИ бузу гусфандон буда, таносуби онхо ба гову барзагов ва нахчиру маркаб 1 бар 10-ро ташкил медихад. Бояд дайд намоем, ки саразмиён дар зинаи аввали инкишофи маданияти энеолит холо аспро ба худ ром накарда буданд, зеро устухони асп дар дабате, ки ба замони асри биринчИ тааллуд дорад, ба миддори хеле кам дарёфт шуд.

Олимони хоричИ дар бисёр ёдгорихои шинохтаи чахонИ кофтуков гузаронидаанд ва тачрибаи онхо дар раванди хафриёти Саразм муфид буд. Масалан, барои халли муаммои сохти хумдонхои Саразм ба бостоншиносони точик олимони Фаронса Анри Пол Франкфор ва Ролан Безенвал ёрИ расониданд. Дар ин самт тачрибаи бостоншинос, сарвари осорхонаи ГИМЕН-и Париж Франсуа Жариж низ фоидаовар буд. Бостоншиноси амрикоИ Карл Ламберг-Карловски дар заминаи ёдгории Яхётеппаи Эрони чанубИ солхои 1970-1980 хафриёт гузаронидааст. У санаи тайёр

кардани марчону шаъбахои нукрагинро муайян намудааст. Олими фаронсавй М. Фонтуги бошад санаи радиоуглеродии кабатхои мадании ёдгориро равшан кард.

Дама олимони хоричй ахамияти бузурги тахкики ин ёдгориро кайд менамоянд. Доктори археология, мудири гурухи археологии Маркази миллии тадкикоти илмии Фаронса - Пол Бернар гуфта буд, ки "хафриёти ин чо ба таври раднопазир исбот менамояд, ки водии Зарафшон маркази калони маданй, тичоратии Осиёи Миёна, сокинонаш сохиби маданяти баланд будаанд. Дафриёт оличаноб, дар асоси усулхои хозиразамон ба чо оварда, харчониба омухта шудааст"[6,383].

Р. М. Мунчаев, муовини директори Пажухишгохи археологии АИ ИЧ,ШС кайд намудаст, ки "дар симои хафриёти Саразм ва бозёфтхои осори маданияти моддии он ба мо муяссар гардид, ки маркази нави тамаддуни кадими халкхои Осиёи Миёна ва пеш аз хама, халки точикро бинем"[6,385]. Бояд гуфт, ки дигар олимон ва мутахассисони бостоншиносй низ тарафдори ин гуфтахо мебошанд.

Хулоса. Нодиртарин ёдгории археологии Саразм соли 1976 кашф гардид. Бозёфтхои кадими Саразм таваччухи олимони чахонро чалб намуд. Дар ин чо экспедитсияхои бостоншиносии байналмилалии олимони ИМА, Фаронса, Италия, Россия ва дигар мамлакатхо дар солхои гуногун пажухишхо анчом доданд.

Ширкати олимони хоричиро дар хафриёти Саразм ба 2 мархала чудо кардан мумкин аст:

1) Солхои 1984-1994 - корхои хафриётй, ки ба муайян намудани кабатхои ёдгорй ва санагузории он равона шуда буданд;

2) Аз соли 2011 то имруз - омузиши комплексии ёдгорй, ки муайян намудани сохтори димна, омузиши меъмории объектхои бокимонда, обёрй, намуди машгулияти ахолй (кишоварзй, чорводорй, хунармандй ва г.) ихтисос ёфтааст.

Дар натичаи омузиши маводи бозёфтшудаи Саразм олимони точик ва хоричй ба хулосахои зерин омаданд: дехшахри Саразм ба давраи энеолит тааллук дошта, кадимтарин манзилу маскани ниёгонамон ба хисоб меравад ва хамчунин аввалин ёдгории кишоварзону чорводорон, хунарманду меъморон дар тули зиёда аз 5500 соли таърихи мардуми Ориёно мебошад.

Бо назардошти ахаммияти бузурги таърихй ва хамчун шаходати беназири куханбунёдиву тамаддунофарии халки точик будани ин ёдгорй бо ^арори Дукумати Чумхурии Точикистон аз 21-уми сентябри соли 2000, №391 дар худуди он Мамнуъгохи таърихй-бостоншиносии Саразм таъсис дода шуд.

Соли 2010 дар Ичлосияи 36-уми ЮНЕСКО дар шахри Рио-де Жанейрои Бразилия Саразм ба Фехристи умумичахонии мероси фарханги моддии ЮНЕСКО ворид гардид.

Натичаи кашфиёт ва хафриёти бостоншиносони точик ва хоричй дар силсилаи маколахои илмй ва китобу монографияхо ба забонхои точикй, русй, фаронсавй ва англисй тачассум ёфтаанд. Ин кори хеле мухим дар рохи муаррифии тамаддуни халки точик дар арсаи чахон мебошад.

Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми навбатй ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (26-уми декабри соли 2019) аз тасмими нави Конфронси генералии ЮНЕСКО оид ба баргузории чашнхои 5500-солагии Саразми бостонй ва 700-солагии шоири барчастаи точик Камоли Хучандй мужда доданд [8].

Пайнавишт:

1. Брюнэ Ф., Франкфор А.-П., Раззоков А., Мутин Б. Археологическое исследование Са-разма в 2012 г. Таджикско-французской совместной экспедицией (МАФАК)//Археологические работы в Таджикистане. - Вып.38. - Душанбе, 2016. - С.15-39;

2. Брюнэ Ф., Франкфор А.-П., Мутан Б., Раззоков А., Безенваль Р. Археологическое исследование Саразма в 2014 г. совместной Таджикско-французской экспедицией (МАФАК)// Археологические работы в Таджикистане. Вып.40. - Душанбе, 2019. -С.65 (64-79).

3. Брюнэ Ф., Раззоков А., Мутан Б. Археологическое исследование Саразма в 2013 г. Та-джикско-французской совместной экспедицией (МАФАК). // Археологические работы в Таджикистане. - Вып.39. - Душанбе, 2017. - С.20-40.

4.Древнейшие культуры Бактрии: Среда, развитие, связи // Тез. первого сов.-фр. симпоз. "Археология древнейшей Бактрии" (Душанбе, 27 окт.-3 нояб. 1982 г.) / Отв. ред. Р. М. Мунчаев и др. - Душанбе: Дониш, 1982. - 92 с.

5. Исаков А. Саразм. - Душанбе, 1991. - 244 с.

6. Исуоцов А. Саразм - огози тамаддуни халци тоцик. Панцакенти Сугд. - Хуцанд, 2005. - 402 с.

7. Каримова Г.Р., Франкфор А.П. Саразм: этап исследования - 2008-2018 //Археологические работы в Таджикистане. Вып. 40. - Душанбе, 2019. - С.56-58

8. Паёми Президенти Чумуурии Тоцикистон ба Мацлиси Олии Чумуурии Тоцикистон. 26.12.2019. - Душанбе, 2020.

9. Раннесредневековая культура Средней Азии и Казахстана//ТД Всесоюзной конференции. Пенджикент, 26-31 августа 1977. - Душанбе, 1977. - 184 с.

10. Франкфор А.-П., Раззоков А., Мутан Б. Результаты археологических исследований протогородского поселения Саразм (Совместная таджикско-французская

экспедиция) //Археологические работы в Таджикистане. - Вып.37. - Душанбе, 2014. -С.25-78

11. Isakov A.I., Khol R.Z., Lamberg Karlovsky and Maddin R. Metalurgical Analusis from Sarazm, Tajikistan SSR//Archal Ometry 29. 1-1987. - London, 1887

12. Francfort, H.-P. Fouilles де Shortughai, Recherches sur L'Asie Centrale Protohistorique Paris: Diffusion де Boccard, 1989

13. Francfort, H.-P. Nomades et sédentaires en Asie Centrale Sous la direction d'Henri-Paul Francfort Editions du CNRS, Paris, 1970;

14. Fussman, G.; Kellens, J.; Francfort, H.-P.; Tremblay, X.: Aryas, Aryens et Iraniens en Asie Centrale.(2005)Institut Civilisation Indienne ISBN2-86803-072-6

15. Répertoires des petroglyphs d'Asie Centrale Sous Ia direction de Henri-Paul Francfort, Jakov A. Sher De Boccard, Paris, 1999;

Reference Literature:

1. Brune F., Frankfort A.-P., Razzokov A., Mutan B. Archaeological Research of Sarazm in 2012

by the Tajik-French Joint Expedition (MAFAK) // Archaeological Jobs in Tajikistan. - Issue. 38. - Dushanbe, 2016. - pp. 15 - 39.

2. Brunet F., Frankfort A.-P., Mutan B., Razzokov A., Bezenval R. Archaeological Research of Sarazm in 2014 by the Joint Tajik-French Expedition (MAFAK)// Archaeological Jobs in Tajikistan. Issue. 40. - Dushanbe, 2019. - pp. 65 (64 - 79).

3. Brunet F., Razzokov A., Mutan B. Archaeological Research of Sarazm in 2013 by the Tajik-French Joint Expedition (MAFAK). // Archaeological Jobs in Tajikistan. - Iss. 39. -Dushanbe, 2017. - pp. 20 - 40.

4. The Ancient Cultures of Bactria: Environment, Development, Communications. Thesis of the First Soviet-French Symposium "Archeology of the Ancientest Bactria" (Dushanbe, Oct. 27-Nov 3, 1982)/Editor-in-charge R.M. Munchaev et al. - Dushanbe: Knowledge, 1982. - 92pp.

5. Isakov A. Sarazm. - Dushanbe, 1991. -244 pp.

6. Iskhakov A. Sarazm - The Sources of Tajik Nation's Civilzation - Khujand, 2005. - 402 pp.

7. Karimova G.R., Frankfort A.-P. Sarazm: Research phase - 2008-2018 // Archaeological Jobs in Tajikistan. Issue 40. - Dushanbe, 2019. - pp. 56 - 58.

8. Tajikistan Republic President's Message to Majlisi Oli (Supreme Council) of Tajikistan. 12/26/2019. - Dushanbe, 2020.

9. Early Medieval Culture of Central Asia and Kazakhstan // Theses and Reports of the All-Union

Conference. Panjakent, August 26 - 31, 1977. - Dushanbe, 1977. - 184pp.

10. Frankfort A.-P., Razzokov A., Mutan B. Archaeological Researches Results

of Protourbah Settlement of Sarazm (Joint Tajik-French Expedition) // Archaeological Jobs in Tajikistan. - Issue 37. - Dushanbe, 2014. - pp. 25 - 78.

11. Isakov A.I., Khol R.Z., Lamberg Karlovsky and Maddin R. Metallurgical Analysis from Sarazm, Tajik SSR//Archal Ometry 29. 1-1987. - London, 1887

12. Francfort, H.P. Excavations of Shortughai Researches on Central Asia. Protohistoric Paris. Diffused by Boccard, 1989 (in French).

13. Francfort, H.P. Nomads and Settled Inhabitants in Central Asia. Under the editorship of Henri-Paul Transform of CNRS. - Paris, 1970 (in French).

14. Fussman, G.; Kellens, J.; Francfort, H.-P.; Tremblay, X.: Aryans, Aryans and Iranians in Central Aisa. (2005) The Institute of Indian Civilization (ISBN) 2-86-803-072-6 (in French).

15. Repertoire of Central Asia Petroglyhs. Under the editorship of Henri-Paul. Trancfort, Jakov A., Sher de Boccard. - Paris, 1999. (in French).

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.