Научная статья на тему 'МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ СУГДИЁН'

МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ СУГДИЁН Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
278
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СУГД / СУГДИЁН / ДАВРАБАНДӢ / ФАРҲАНГ / ШАҲРСОЗӢ / САНЪАТ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Аюбов Абдусалом Рауфович

Мақола ба баррасии марҳилаҳои пайдоиш ва тарақии тамаддуни сугдӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст.Тазаккур меравад, ки сугдиён яке аз қавмҳои қадимтарини Осиёи Миёна буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муҳим гузошта, огози тамаддуни онҳо ба ҳазорсолаи IV то мелод рост омада, раванди ташаккули он ба чанд марҳила тақсим мешавад. Таъкид шудааст, ки нишонаи аввалини тамаддуни сугдиён Саразми бостон мебошад. Марҳилаи дуюми тамаддуни Сугд ибтидои ҳазорсолаи I то мелод огоз меёбад, ки ин замони ташаккули худи сугдиён ҳамчун гурӯҳи мустақили этникӣ аст. Бо пайдоиши эллинизм марҳилаи сеюми ташаккули фарҳанги сугдӣ огоз ёфта, то нимаи дуюми асри IV давом кардааст. Марҳилаи чорум, ки ба нимаи дуюми асри IV рост меояд, бо ҳуҷуми қавмҳое огоз мешавад, ки сугдиён онҳоро бо номи хуннҳо медонистанд. Марҳилаи панҷуми ташаккули фарҳанги сугдӣ аз асри V то истилои арабҳо давом кардааст. Марҳилаи шашуми ташаккули фарҳанги сугдӣ ба замони истилои арабҳо рост меояд. Истилои арабҳо барои паҳншавии дини ислом ва забони арабӣ дар Мовароуннаҳр, аз ҷумла дар Сугд мусоидат намуд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

STAGES OF THE CULTURE OF SUGHDIANS FORMATION AND DEVELOPMENT

The article dwells on the stages of Sughdians' culture formation and development. It is underscored that Sughdians as one of the most ancient peoples of Central Asia left an important mark on the world civilization formation. The author lays an emphasis upon the idea that the time of their civilization formation corresponds to the 4-th millennium BC and is divided into several stages. The first sign of Sughdian civilization is the ancient Sarazm. The second stage of Sughdian civilization formation was marked by the beginning of the 1-st millennium BC. This is the time of Sugdians formation as an independent ethnic group. It is noted that with the origin of Hellenism, the third stage of Sughdian culture begins, which continues until the second half of the IV-th century. The fourth stage promoting the second half of the 4-th century begins with the attack of those peoples whom Sughdians knew as Khuns. The fifth stage of Sughdians' culture formation continues from the 5-th century to Arab conquests. The sixth stage of the former corresponds to the period of Arab conquests contributing into spread of Islam and Arabic language in Maverannahr, namely, in Sughd.

Текст научной работы на тему «МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ СУГДИЁН»

ТДУ 39 (517) ТКБ (>3.5

Аюбов Абдусалом Рауфович, доктори илмуои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи умуми ва диншиносии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)

Аюбов Абдусалом Рауфович, доктор исторических наук, доцент, заведующий кафедрой всеобщей истории и религиоведения ГОУ «ХГУ имени акад.Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)

Ayubov Abdusalom Raufovich, Dr. of History, Associate Professor, head of the department of world history and religion studies under the SEI "KhSU named after acad. B.Gafurov" (Tajikistan, Khujand), Е-mail: [email protected]

Вожа^ои калиди: Сугд, сугдиён, даврабанди, фар%анг, Саразм, ша%рсози, санъат

Мацола ба баррасии маруилауои пайдоиш ва тарации тамаддуни сугдй дар Осиёи Миёна бахшида шудааст.Тазаккур меравад, ки сугдиён яке аз цавм%ои цадимтарини Осиёи Миёна буда, дар ташаккули тамаддуни ца%они нацши му%им гузошта, огози тамаддуни ощо ба %азорсолаи IV то мелод рост омада, раванди ташаккули он ба чанд мар%ила тацсим мешавад. Таъкид шудааст, ки нишонаи аввалини тамаддуни сугдиён Саразми бостон мебошад. Мар%илаи дуюми тамаддуни Сугд ибтидои %азорсолаи I то мелод огоз меёбад, ки ин замони ташаккули худи сугдиён %амчун гуру%и мустацили этники аст. Бо пайдоиши эллинизм мар%илаи сеюми ташаккули фар%анги сугди огоз ёфта, то нимаи дуюми асри IV давом кардааст. Маруилаи чорум, ки ба нимаи дуюми асри IV рост меояд, бо ууцуми цавм%ое огоз мешавад, ки сугдиён он%оро бо номи хунщо медонистанд. Мар%илаи панцуми ташаккули фар%анги сугди аз асри V то истилои араб%о давом кардааст. Мар%илаи шашуми ташаккули фар%анги сугди ба замони истилои араб%о рост меояд. Истилои араб%о барои па%ншавии дини ислом ва забони араби дар Мовароунна%р, аз цумла дар Сугд мусоидат намуд.

Ключевые слова: Согд, согдийцы, периодизация, культура, Саразм, градостроительство, искусство

В статье речь идёт об этапах становления и развития культуры согдийцев. Отмечается, что согдийцы как один из древнейших народов Средней Азии оставили важный след в становлении мировой цивилизации. Подчеркивается, что время становления их цивилизации соответствует IV тысячелетию до нашей эры и разделяется на несколько этапов. Первым признаком согдийской цивилизации является древний Саразм. Второй этап формирования цивилизации согдийцев ознаменован началом I тысячелетия до нашей эры. Это время становления согдийцев как самостоятельной этнической группы. Отмечается, что с происхождением эллинизма начинается третий этап согдийской культуры, который продолжается до второй половины IV века. Четвертый этап, соответствующий второй половине IV века, начинается с нападением тех народов, которых согдийцы знали как гунны. Пятый этап сложения согдийской культуры продолжается с V века до арабских завований. Шестой этап становления культуры согдийцев соответствует периоду арабских завоеваний, способствовавших распространиению ислама и арбского языка в Мавераннахре, в том числе, в Согде.

Key words: Sughd, Sugdians, periodization, culture, Sarazm, urban planning, art

The article dwells on the stages of Sughdiansл culture formation and development. It is underscored that Sughdians as one of the most ancient peoples of Central Asia left an important mark on the world civilization formation. The author lays an emphasis upon the idea that the time of their civilization formation corresponds to the 4-th millennium BC and is divided into several stages. The first sign of Sughdian civilization is the ancient Sarazm. The second stage of Sughdian civilization formation was marked by the beginning of the 1-st millennium BC. This is the time of Sugdians formation as an independent ethnic group. It is noted that with the origin of Hellenism, the third stage of Sughdian culture begins, which continues until the second half of the IV-th century. The fourth stage promoting the second half of the 4-th century begins with the attack of those peoples whom Sughdians knew as Khuns. The fifth

МАР^ИЛА^ОИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ФАР^АНГИ СУГДИЁН

ЭТАПЫ СТАНОВЛЕНИЯ И РАЗВИТИЯ КУЛЬТУРЫ СОГДИЙЦЕВ

STAGES OF THE CULTURE OF SUGHDIANS FORMATION AND DEVELOPMENT

stage of Sughdiansл culture formation continues from the 5-th century to Arab conquests. The sixth stage of the former corresponds to the period of Arab conquests contributing into spread of Islam and Arabic language in Maverannahr, namely, in Sughd.

Яке аз марказхои тамаддуни кадим ва асримиёнагии чахон вилояти таърихй-фархангии Сугд буд. Сугдиён - мардуми кадимтарини Осиёи Миёна, ки номи онхо дар боби аввали "Вандидод"-и "Авасто" зикр шудааст, дар ибтидои хазорсолаи I то мелод ташаккул ёфта, дар тамаддуни чахонй накши мухим гузоштаанд [1,с.16]. Ташаккули фарханги сугдй аз якчанд мархила иборат аст. Новобаста аз он ки номи сугдиён дар давраи номбурда ёдрас шудааст, тамаддуни онхо ба давраи нисбатан пештар рафта мерасад ва он дар ёдгории Саразм ифода меёбад.

Аз макони чомеахои нахустини зироаткори барвакти чануби Осиёи Миёна хазорхо километр дур бошад хам, Саразм дар омузиши хамгироии фархангии одамон дар хазорсолахои IV-Ш то мелод ахамияти махсус дорад. Х,амон давр Саразм дар чахони шикорчиёну мохидорон бо фарханги неолитй чун нуктаи пешкадами работи онхо хизмат мекард. Саразм осори нахустини тамаддуни мутараккии сугдиён аст, ки дехаи намуди нахустшахриро доро буд. Вай дар катори ёдгорихои хамназираш дар инкишофи тамаддуни давраи биринчии худуди Осиёи Марказй сахми худро гузоштааст. Ин ёдгорй на танхо барои пажухиши таърихи кадими халки точик, балки Шарки кухан низ ахамияти бузурги таърихй дорад. Хррикаи Саразм дар он ифода меёбад, ки вай чун намунаи махдли зироаткории мукимии чануби Осиёи Миёна дар шимол пайдо шудааст. Чуноне ки В.М. Массон навишта буд, "...шахраки Саразм шаходати бебахси раванди маскуншавии чомеахои Туркманистони Чднубй дар болооби Зарафшони замони неолит аст" [8,с.152]. Дар ёдгории Саразм якчанд аломати пайдоиши аввалин шахрхоро мушохида кардан мумкмн аст, ки онхо бинохои истикоматй, кучахои сангфарш, нобаробарии молумулкй ва ба табакахои ичтимой чудошавии чомеа, инкишофи баланди савдову тичорат, растахои хунармандй, ба сохахо таксимшавии мехнат (кишоварзй, чорводории айлокй ва хонагй, кулолгариву маъданчуиву маъдангудозй, заршуиву заргарй, бофандагиву ресандагй, чармгарй, коргарди чуб, сангтарошй ва гайрахо), ки рукнхои хоси маданияти шахрдорй ва шахрсозии осиёй мебошанд. Ин мархилаи аввали ташаккули тамаддуни сугдй аст.

Мархилаи дуюми тамаддуни Сугд бо ташаккули худи сугдиён хамчун гурухи мустакили этникй рост меояд ва чуноне ки ишора гардид, ин ибтидои хазорсолаи I то мелод аст. Эхтимол меравад, ки дар асрхои VIII-VI то милод он бо таъсири империяи Мод алокаманд буд. Дар ин давра давлати Мод муваккатан мавкеи худро дар Осиёи Марказй пайдо ва мустахкам карда буд. Ин масъала дар осори И.М. Дяконов, В.Г. Луконин, М.А. Дандамаев, Б.И. Маршак ва чанде дигарон инъикос ёфтааст. Мутобики маълумоти Б.И. Маршак ин робитахоро бо давлати Мод дар меъмории мудофиавии сугдиён мушохида кардан мумкин аст. Аз чумла, онхо дар деворхои мудофиавии замонии эллинистии Афросиёби Самарканд бо барчастагй ва равокхои худ намудор шудаанд. Ин намуди ба девори Теппаи Нуши Яни Эрон шабохат дорад. Х,амин гуна тархи деворро дар асри V мелодй дар калъахои хурди водии Зарафшон ва Кашкадарё дидан мумкин аст [10,с.96]. То пахншавии таъсири Сосониён дар Сугд, ки деворхои азим месохтанд, ин кор давом кардааст.Яке аз ёдгорихои мухими архаистии сугдиён шахраки Куктеппа дар наздикии Самарканд мебошад. Давраи аввали рушди он то асрхои X-VIII то мелод давом кардааст. Дар давраи аввал баробари бозмондахои ашёи сафолй, ёдгорихои меъморй низ ба назар мерасад. Давраи навбатии Куктеппа бо шахрсозй алокаманд буда, огози он ба маскуншавии кавмхои чорводори бодиянишин рост меояд. Дар ин давра дар миёнаоби дарёи Зарафшон раванди шахрсозй, сохтмони каналхои обёриро дар сохилхои рост ва чапи дарё сурат гирифтанд [9, с.142]. Дар робита бо Бохтари кадим, аз чумла шабохат дар накшахои ба ном девори мукаддаси Куктеппа ва бино дар Тиллотеппа хоси хамин давра мебошанд. Ин давра бо забткорихои Хдхоманишиён дар Осиёи Миёна ба поён мерасад.Мархилаи сеюми ташаккули фарханги сугдй дар давраи эллинистй огоз ёфта, то нимаи дуюми асри IV давом кардааст. Э.В. Зеймал [2,с.192] дар бобати мувофикати мафхуми «эллинизм» ба заминхои шимоли Амударё дар давраи пас аз забткорихои Искандари Макдунй шубха дошт. Акидае мавчуд буд, ки гуё юнонихо муддати тулонй дар Самарканд карор дошта бошанд хам, аммо аз худ осори бадеиро мерос нагузоштанд. Асрхои II-III ба мавчудияти империяи Кушониён рост меояд. Аз ёдгорихои ин давра кадимтарин матнхои хаттии ба забони сугдй, ки аз Култобеи Казокистон ёфт шудаанд, маълуманд [12,с.98]. Мутобики маълумоти онхо чахор мулки Сугди Марказй ва Ч,анубй (Самарканд, Бухоро, Кеш ва Нахшаб) дар шимол ба Чоч такя карда, барои мустамликадории харбй ва кишоварзй дар водии дарёи Арис муттахид шудаанд. Дар яке аз катибахо оид ба таксимоти замин байни бодиянишинон сугдиён маълумот зикр шудааст.

Баъди бархамхурии империяи Кушониён дар Тахористон давраи пуризтироб огоз ёфт. Х,амин вакт ашёе ба муомилот даромаданд, ки то ин вакт онхоро дар хазинахои маъбаду, ;асрхо махфуз медоштанд. Акнун имкони нусхабардории онхо, махсусан ашёи металлй пайдо шуд . Нусхаи ин м ахсулот то худи Сугд омад. Аз чумла, ашёе ба даст омад, ки онхо тасвири шохи эллинистиро доштанд. Мучассамаи гачкории олиха ба хамин давра рост меоянд [6, 233; с.7, 180; 11, 71]. Макони пайдоиши ин ашё ибодатхонаи Панчакент мебошад.

Мархилаи чорум, ки ахамияти муайяни таърихй дошт, ба нимаи дуюми асри IV рост меояд. Он бо хучуми хал;хои гуногун огоз мешавад, ки сугдиён онхоро бо номи хуннхо медонистанд. То хамлаи мугулхо ин ягона давраи таърихие буд, ки кучманчиён чандин мулкро хароб карда буданд. Дар баробари ин, равандхои бар;арорсозй дар ин чо нисбат ба минта;ахои чанубй, алахусус нисбат ба Тахористон тезтар мегузашт. Умуман, хама хучумхои ачнабиён, аз кабили кидориён, Хдйтолиён ва туркхо ба тавсеаи доираи фархангии сугдиён оварда расонданд. Онхо инчунин мухочиратхои калони байниминтакавиро омода карданд, ки то истилои араб идома доштанд. Дар ин давра афзудани баландии ;алъаи Афросиёб, бунёди ;алъахои мустахкам дар сохилхои каналхои калони аз дарёи Зарафшон чоришаванда ба назар мерасанд [9, с. 144]. Аз чумла, дар сохили чапи канали Даргом ;алъаи Чдртеппа сохта шуд, ки баъдтар ба маъбад табдил ёфт. Дар сохили рост бошад, ;алъаи Киндиклитеппа мавчуд буд, ки баъдтар бо илова кардани як толор бо сутунхо васеъ шуд. Он ба хонахои ашрофи Панчакент шабохат дошт.

Хуччатхои нави эпиграфй ба ин давра тааллу; доранд. Дар онхо расми навъи Сосониёнро дидан мумкин аст, ки дар он бо забони бохтарй «подшохи хуннхо, шохи бузурги Кушон, афшини Самарканд» навишта шудааст. Мухри дар расм нишон додашуда дар Покистон ёфт шуд. Х,амин гуна мухрхо дар ;алъаи Кофир;алъаи назди Самарканд низ кашф гардидааст. Ин ;алъа эхтимол шахри Ревдод, кароргохи берунишахрии хокимони Самарканд мебошад.

Мархилаи панчуми ташаккули фарханги сугдй аз асри V то истилои арабхо давом кардааст. Дар ин давра Сугд мав;еи хукмронро дар савдои чахонй ишгол карда буд. Ин холат имкон дод, ки унсурхои бехтарини фарханги мардуми дигар вориди Сугд гарданд. Мавчи аввал аз Эрони Сосонй дар асри V омада буд. Дар ин вакт на;ши миёнравро Тахористон мебозид. Мувофи;и маълумоти В.Г. Луконин дар ин чо сулолаи кушону сосонй хукмронй менамуданд [4,с.22]. Дар асри VI таъсиргузорй ба Хиндустон, ки мисли Сугд дар хайати империяи Х,айтолиён буд, гузашт. Ин замон чандин шахр бар;арор карда шуданд. Дар нимаи аввали асри VIII санъати сугдй ба дарачаи баланди худ расида, хусусияти беназири чомеаи сугдиро инъикос мекард. Сугдиён хамчунин тичорати васеи байниминтакавиро огоз намуданд, ки он то истилои арабхо давом дошт. Давраи навбатии ташаккули фарханги сугдй ба замони истилои арабхо рост меояд. Баъди омадани арабхо барои дини зардуштй давраи вазнин фаро расид. Х,амон вакт баробари зардуштия, ки дини расмии давлатй ба хисоб мерафт, таълимоти динии зарвония, маздакия, яхудия ва масехия пахн шуда буданд. Дар тули кариб се аср дини ислом таълимоти Монй, Маздак, буддоия, масехият, яхудия ва зардуштияро таъкиб намуда, аз майдони дин берун баровард. Арабхо сохтори этникии ахолии Сугдро вайрон карда, ба таркиби ахолии Самарканд, Бухоро ва шахрхои дигар ворид шуданд.Таъсири дигари арабхо ба масъалаи забон буд. Мусаллам аст, ки забон воситаи муоширати байни одамон, асоси хаёти ичтимой ва фархангии чамъияти инсонй мебошад. Истилои арабхо барои пахншавии забони арабй дар Мовароуннахр, аз чумла дар Сугд мусоидат намуд. Арабхо доираи истифодаи забони сугдиро танг карда, хама гуна осори хаттии адабиёти махаллиро нобуд мекарданд. Аз хамин сабаб як муддат дар Хуросону Мовароуннахр забони арабй ба забони давлатй, динй ва адабй табдил ёфт. Баробари ин осори таъсири сугдиёнро берун аз худуди Сугд кайд кардан бамаврид аст. Дар замони истилои арабхо намояндагони ашрофи сугдй ба сифати чанговарони касбй дар назди халифа хизмат мекарданд. Илова бар ин, хазорхо нафар сугдиёнро чун асирони харбй ба маркази хилофат бурда буданд. Агар хилофати Уммавиён ба сохтори анъанавии арабй такя мекарда бошанд, дар замони хокимияти Аббосиён вазъият дигар буд. Ин боиси он гардид, ки як кисми ашрофони осиёимиёнагиро ба сохтори харбию иктисодии хилофат ворид намуданд. Хизмат дар артиши арабхо ихтиёрй буд. Пайдоиши сугдиён дар навохи марказии хилофат ба охири асри VII ва нимаи аввали асри VIII рост меояд. Ин чо сухан дар бораи асирони харбй меравад, ки аз Осиёи Миёна бурда буданд. Тоифаи дигари сугдиёнро маволихои кабилахои араб меномиданд, ки бо сабабхои мухталиф вориди марзи хилофат гардида буданд [3,с.130]. Осори сугдиёнро дар Сибир хам ёфтан мумкин аст. Онхо муддати тулонй чузъи таркибии чамъияти ин минтака буданд. Дар водии дарёи Унга - шохоби чапи дарёи Ангара бостоншиносон шахраки Улан-Бореро кофтуков карданд, ки ба асрхои VIII-IX мансуб аст. Ин

чо ашёи намуди осиёимиёнагй ба даст омаданд, ки аз чониби ахолии махаллй тайёр карда шудаанд. Одати гуронидани уланборихо ба масехиёни несторианй шабохат дошт [5,с.257]. Тадк,ик,отх,о нишон доданд, ки сокинони Улан-Боре мухочирони сугдии водии Чуйи Х,афтруд буданд. Ба хдмин минвол, новобаста аз маскуният ва давраи таърихй сугдиён барои пурра намудани хазинаи тамаддуни чахонй сахми хеле калон гузоштаанд. Ташаккули мухити бадей, махорати баланди касбии устохо, болоравии жанрхои мухталиф ин дастоварди фарханги сугдй буд. Мероси бадеии сугдй то замони мо омада расида, кушиши он мардумонеро нишон додааст, ки тамоми фарханги замони худро медонистанд ва хдма хусусиятхои ба худ хоси санъату фархангро нигох доштаанд.

ПАЙНАВИШТ:

I.Авасто.- Душанбе: Бухоро, 2014. - 784 с.

2.Зеймаль, Е.В. Политическая история древней Трансоксианы по нумизматическим данным // Культура Востока. Древность и раннее средневековье. - Л., 1978. - С.192-214.

3.Карев, Ю. Согдийские пленники и мавали в халифате: контекст и условия аккультурации // Культурный трансфер на перекрестках Центральной Азии: до, во время и после Великого шелкового пути. Париж-Самарканд: МИЦАИ, 2013. - С.130-135.

4.Луконин,В.Г.Кушано-сасанидские монеты // Эпиграфика Востока.-1967.-Вып.18.-С.17- 33.

5.Малолетко, A.M. Древние народы Сибири. Этнический состав по данным топонимики.Т.4. Арии. - Томск: Печатная мануфактура, 2005. - 364 с.

6.Маршак, Б.И. Искусство Согда // Центральная Азия. Новые памятники письменности и искусства. - М. 1987. - С. 233-248.

7. Маршак, Б.И. Согд V-VIII вв. Идеология по памятникам искусства // Археология. Средняя

Азия и Дальний Восток в эпоху средневековья, Средняя Азия в раннем средневековье. - М., 1999. - С.175-191.

8.Массон, В.М. Первые цивилизации. - Л.: Наука, 1989. - 274 с.

9.Рапэн, К. От Коктепе до Киндикли-тепе: новый подход к истории возникновения ирригации в северной части зеравшанской долины // Цивилизации и культуры Центральной Азии в единстве и многообразии: материалы международной конференции. Самарканд, 7-8 сентября 2009 г. - Самарканд-Ташкент, 2010. - С. 139-150.

10.Семенов, Г.Л. Согдийская фортификация V-VIII вв. - СПб., 1996. - 222 с.

II.Шкода,В.Г.Пенджикентские храмы и проблемы религии Согда^^П вв.).-СПб.,2009.-280 с. 12.Sims-Williams N., Grenet F. The Sogdian inscriptions of Kultobe // SHYGYS. - №1. - 2006. - P.

95-111.

REFERENCES:

1. Avasto. - Dushanbe: Bukhoro, 2014. - 784 р.

2. Zeimal Ye.V. Political History of Ancient Transoxiana According to Numismatic Data // Culture of the East. Antiquity and early Middle Ages. - V., 1978. - Р. 192 - 214.

3. Karev Y. Sugdian Captives and Mawals in the Caliphate: Context and Conditions of Acculturation // Cultural Transfer at the Crossroads of Central Asia: before, during and after the Great Silk Road. Paris - Samarkand: MITSAI, 2013. - Р. 130 - 135.

4. Lukonin, V.G. Kushano-Sassanid Coins // Epigraphy of the East. - 1967. Issue 18. - Р. 17 - 33.

5. Maloletko, A.M. Ancient Peoples of Siberia. Ethnic composition according to toponymy data. Volume 4. Arias. - Tomsk: Printing Manufactory, 2005. - 364 p.

6. Marshak,B.I.The Art of Sughd//Central Asia.New monuments of writing and art.-M.1987.-F.233-248.

7. Marshak, B.I. Sughd in the V-th - the VIII-th Centuries. Ideology on the monuments of art // Archeology. Central Asia and the Far East in the Middle Ages, Central Asia in the early Middle Ages. - M., 1999. - Р. 175 - 191.

8. Masson V.M. The first Civilizations. - L.: Science, 1989. - 274 p.

9. Rapen, K. From Koktepe to Kindikli-tepe: a New Approach to the History of Irrigation in the Northern Part of Zeravshan Valley // Civilizations and Cultures of Central Asia in Unity and Diversity: Proceedings of the International Conference. Samarkand, September 7-8, 2009 -Samarkand-Tashkent, 2010. - Р. 139 - 150.

10. Semenov G.L. Sughdian Fortification of the 5-th - 8-th Centuries. - SPb., 1996. - 222 р.

11. Skoda, V.G. Panjakent Temples and Problems of Religion in Sughd (V-VIII centuries). - SPb., 2009. - 280 р.

12. Sims-Williams N., Grenet F. Sughdian Inscriptions of Kultobe // SHYGYS. - №1. - 2006. - P. 95 -111.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.