Научная статья на тему 'ТАРБИЯИ БОНУВОНИ СОҲИБУНВОНИ МУАРРИХ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ'

ТАРБИЯИ БОНУВОНИ СОҲИБУНВОНИ МУАРРИХ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
163
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИОГРАФИЯ / ЖЕНЩИНЫ-УЧЁНЫЕ-ИСТОРИКИ / ДИССЕРТАЦИОНЫЙ СОВЕТ / ЗАЩИТА ДИССЕРТАЦИИ / ИСТОРИЧЕСКИЕ ЭТАПЫ / НЕЗАВИСИМОСТЬ / HISTORIOGRAPHY / WOMEN- SCIENTISTS-HISTORIANS / DISSERTATIONAL COUNCIL / DISSERTATION DEFENSE / HISTORICAL STAGES / INDEPENDENCE / ТАЪРИХНИГОРӣ / РУШД / БОНУВОНИ МУАРРИХ / ШӯРОИ ДИССЕРТАТСИОНӣ / ҳИМОЯИ РИСОЛА / МАРҳИЛАҳОИ ТАЪРИХӣ / ИСТИқЛОЛИЯТ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Маҳмудова Назира Солихӯҷаевна, Зокирова Зӯҳро Абдурозикрвна

Мақола ба таҳқиқу омӯзиши масъалаи тарбия ва тайёр кардани бонувони муаррих дар ДДХ ба номи академик Б. Гафуров дар даврони истицлолият бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки дар самти тарбияи бонувони муаррихи соҳибунвон нацши Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси таърих хеле бузург аст. Зикр шудааст, ки даврони истщлол барои тарбияи олимаҳои таърихшинос имкони калон фароҳам овард.Бонувони муаррих дар таҳқиқу омӯзиши давраҳои гуногуни таъриху фарҳанги халқи тоцик саҳми шоиста гузошта, бо осори худ илми таърихнигории тоцикро гановат бахшиданд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

TRAINING WOMEN SCIENTISTS-HISTORIANS AT KHUJAND STATE UNIVERSITY IN THE YEARS OF INDEPENDENCE

The article dwells on training of scientists-historians among of women at KhSU named after academician B. Gafurov in the years of independence. It is underscored that the dissertational council targeted at defensing candidate dissertations on the specialties of history under the university occupied an important role in women historians' preparation. It is indicated that in the years of independence, favorable conditions were created for scientists-historians training among of women. Women-historians made a worthy contribution into the study beset with the history and culture of the Tajik nation in different periods and enriched Tajik historical science with their research, upon the whole.

Текст научной работы на тему «ТАРБИЯИ БОНУВОНИ СОҲИБУНВОНИ МУАРРИХ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ»

УДК 930.85 (100) ББК 63.2-1

ТАРБИЯИ БОНУВОНИ СОХЦБУНВОНИ МУАРРИХ ДАР ДОНИШГОЩ ДАВЛАТИИ ХУЦАНД ДАР ДАВРОНИ ИСТИКДОЛ

ПОДГОТОВКА ЖЕНЩИН-ЧЕНЫХ-ИСТОРИКОВ В ХУДЖАНДСКОМ ГОСУДАРСТВЕННОМ УНИВЕРСИТЕТЕ В ГОДЫ НЕЗАВИСИМОТИ

TRAINING WOMEN SCIENTISTS-HISTORIANS ATKHUJAND STATE

UNIVERSITY IN THE YEARS OF INDEPENDENCE

Махмудова Назира Солихуцаевна, н.и.т.,дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоуии таърихи халци тоцик;Зокирова Зу^ро Абдурозикрвна, унвонцуи кафедраи таърихи ватан ва археологияи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)

Махмудова Назира Солихуджаевна, к.и.н., доцент, зав. общеуниверситетской кафедрой истории таджикского народа;Зокирова Зухро Абдуразиковна,соискатель кафедры отечествен ной истории и археологии ГОУ «ХГУ им. акад.Б. Гафурова»(Таджикистан,Худжанд)

Mahmudova Nazira Solikhujaevna, candidate of historical sciences, Associate Professor, head of the all-university department of the history of the Tajik nation; Zokirova Zuhro Abdurazikovna, applicant of the department of home history and archeology under the SEI "KhSU named after acad. B.Gafurov" (Tajikistan, Khujand),E-mail:zokirova89-89@mail.ru

Вожа^ои калиди: таърихнигори, рушд, бонувони муаррих, Шурои диссертатсиони, уимояи рисола, маруилауои таърихи, истицлолият

Мацола ба тауцицу омузиши масъалаи тарбия ва тайёр кардани бонувони муаррих дар ДДХ ба номи академик Б. Гафуров дар даврони истицлолият бахшида шудааст. Кайд мешавад, ки дар самти тарбияи бонувони муаррихи соуибунвон нацши Шурои диссертатсионии назди донишгоу оид ба уимояи рисолауои номзади аз руи ихтисоси таърих хеле бузург аст. Зикр шудааст, ки даврони истицлол барои тарбияи олимауои таърихшинос имкони калон фароуам овард.Бонувони муаррих дар тауцицу омузиши даврауои гуногуни таъриху фаруанги халци тоцик сауми шоиста гузошта, бо осори худ илми таърихнигории тоцикро гановат бахшиданд.

Ключевые слова: историография, женщины-учёные-историки, диссертационый совет, защита диссертации, исторические этапы, независимость

Статья посвящена подготовке учёных-историков из числа женщин в ХГУ имени академика Б. Гафурова в годы независимостью Отмечается, чтов деле подготовки женщин-учёных-историков болшую роль сиграл диссертационий совет по защите кандидатских диссертации по специальносты истории при университете. Указывается, что в годы независемосты была создана благоприятная условия для подготовки учёных-историков из числа женщин.Женщины-историки внесли достойний вклад в изучении истории и культуры таджикского народа в различние периоды и своими исследованиями обогатили таджикскую историческую науку.

Key-words: historiography, women- scientists-historians, dissertational council, dissertation defense, historical stages, independence

The article dwells on training of scientists-historians among of women at KhSU named after academician B. Gafurov in the years of independence. It is underscored that the dissertational council targeted at defensing candidate dissertations on the specialties of history under the university occupied an important role in women historians' preparation. It is indicated that in the years of independence, favorable conditions were created for scientists-historians training among of women. Women-historians made a worthy contribution into the study beset with the history and culture of the Tajik nation in different periods and enriched Tajik historical science with their research, upon the whole.

Дар солх,ои сох,ибисти;лолии Тоцикистон ба омода намудани кадрхои илмии миллй давлат ва хукумат ди;;ати бештар дода, барои тарбияи олимон шароиту имкони мусоид фарохам овард. Инро дар мисоли омода намудани олимахои таърихшинос дар яке аз мактабхои олии цумхурй Донишгохи давлатии Хуцанд ба тах;и; гирифтан мумкин аст.

То замони сохдбисти^лоли дар ДДХ олимони муаррих аз хдсоби занон ангуштшумор буданд. Аввалин олимах,ои таърихшиноси точик дар ДДХ солх,ои 80-90-ум ба фаъолияти илмиву омузгори пардохтанд.

Дар баробари ба мак;оми донишгох, иваз кардани Донишкадаи давлатии педагога талабот ба адрх,ои илмй афзудва дар миёнах,ои солх,ои навадум дар ДДХ аввалин Шурох,ои диссертатсионй ташкил карда шуданд, ки барои омода намудани кадрх,ои илмй мусоидат менамуданд.

Дар чодаи тарбия ва тайёр намудани муаррихони сохибунвон, аз чумла аз хисоби бонувон сахми Шурои диссертатсионй оид ба химояи рисолахои номзадй аз руи ихтисоси 07.00.02-Таърихи Ватан (илмхои таърих) хеле назаррас аст.

Таъсис ва фаъолияти Шурохои диссертатсионй дар ДДХ ба номи академик Б. Гафуров аз руи ихтисосхои таърих, филологияи точик, илмхои иктисодй, физика, педагогика яке аз дастовардхои даврони истиклолият буда, дар кори тарбия ва тайёр намудани олимони сохибунвон, камолоти илмии онхо, пешрафти корхои илмй-тадкикотй дар донигох накши мухим бозид (16,272).

Дар ДДХ ба номи академик Б. Гафуров Шурохои диссертатсионй бори нахуст бо ташаббус ва саъю кушиши собик ректори донишгох, созмондехи бомахорат ва боистеъдоди илм, муаррихи номй, Арбоби илм ва техникаи Точикистон, доктори илмхои таърих, профессор С. Абдуллоев таъсис ёфта буданд (16,272).

Шурои диссертатсионй оид ба химояи рисолахои номзадй аз руи ихтисоси 07.00.02-Таърихи Ватан (илмхои таърих) дар ДДХ ба номи академик Б.Гафуров бори нахуст бо фармони Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Русия аз таърихи 23 июни соли 1996, тахти №432-в таъсис дода шуда, мухлати ваколати он то 31 декабри соли 2000 мукаррар шуда буд(3,2). Хайати Шуро аз 14 нафар олим иборат буда, аз ин шумора 8 нафар доктори илм ва 6 нафар номзадхои илм ба хисоб мерафтанд.

Ректори хамонвактаи ДДХ ба номи академик Б. Гафуров доктори илмхои таърих, профессор С. Абдуллоев нахустин раиси Шурои диссертатсионй, доктори илмхои таърих, профессор Г. X,. Гайдаров муовини раиси Шуро, номзади илмхои таърих, дотсент А. ^одиров котиби илмии Шурои диссертатсионй таъин гашта буданд (16, 272).

Таъсиси Шурои диссертатсионй ба аспирантон, унвончуён барои дар яке аз марказх,ои илмии чумхурй ДДХ химоя намудани рисолахои илмии худ имкон фарохдм овард. ^аблан химояи рисолахои номзадй дар марказх,ои илмии Душанбе ва дигар шахрхои собик ИЧ,ШС баргузор мешуд, ки ин албатта, барои олимони чавон баъзе монеаву душворихои иктисодиро ба миён меовард. Фарохдм овардани имкони химояи рисолахои номзадй дар Шурохои диссертатсионии назди ДДХ ба номи академик Б.Гафуров аз як чониб далели гамхории рохбарияти донишгох нисбат ба олимони чавон ва тарбияи мутахассисони сохибунвон бошад, аз чониби дигар далели дорои захирахои калони зехнию аклонй будани донишгох махсуб меёбад.

Шурои диссертатсионй фаъолияти худро амалан аз 17 апрели соли 1997 огоз намуда, аввалин шахсе, ки рисолаи худро дар чаласаи ин Шуро химоя намуд ва сохиби дарачаи номзади илмхои таърих гардид Чумъабой Хомидов мебошад, ки доир ба таърихи ташаккул ва рушди кишваршиносй дар Точикистон (нимаи дуюми асри Х1Х-то соли 1941) рисолаи илмй химоя намуд (16,273).

Умуман дар давоми фаъолияти Шурои диссертатсионй (1996-2012) 39 нафар аспирант ва унвончу рисолахои худро химоя намуданд, ки аз ин шумора 12 нафарро бонувони муаррих ташкил мекунанд.

Дар давраи фаъолияти Шурои мазкур аз соли 1996 то соли 2000 9 нафар аспирант ва унвончу рисолаи илмии худро бомуваффакият химоя намуда, сохиби дарачаи номзади илмхои таърих гардиданд, ки аз байни онхо ду нафар бонувон-Бобочонова Раънохон Махмудовна (холо доктори илмхои филологй, муовини Раиси Комитети Ичроияи Марказии Хизби Халкй-Демократии Точикистон) ва Махмудова Назирахон Солихучаевна (холо мудири кафедраи умумидонишгохии таърихи халки точики факултети таърих ва хукуки ДДХ ба номи академик Бобочон Гафуров) буданд (3,4).

Р. Бобочонова 26 ноябри соли 1998 тахти рохбарии профессор Усмончон Гаффоров дар мавзуъи «Инъикоси таърихи сиёсии Точикистон дар сахифахои матбуоти даврии Русия (солхои 1990-1995)» рисолаи худро химоя намуд (2).

Рисола ба тахкику омузиши мархилахои аввали истиклолияти давлатии Точикистон, муковимати сиёсй, огози чанги шахрвандй, бухрони сиёсй, иктисодй, ичтимой маънавй дар чумхурй дар асоси маводи матбуоти даврии Русия нигаронида шудааст.

25 июни соли 1999 дар чаласаи Шурои диссертатсионй Н.Махмудова дар мавзуи «Маданият ва рузгори мардуми Помир ва назди Помир дар чоряки асри Х1Х-ибтидои асри XX., (дар асоси маводи ховаршиносони рус)» тахти рохбарии муаррихони номй, доктори илмхои таърих, профессор Н. Акрамов ва Арбоби илм ва техникаи Точикистон, доктори илмхои таърих, профессор Г. Хайдаров химоя намуд.

Рисола аз ду боб иборат буда, фасли аввали он бо «Вазъи маданияти моддй ва рузгорй мардуми Помир ва назди Помир дар асархои ховаршиносони тоинкилобии рус» бахшида шудааст (7,12).

Дар боби дуюм «Маданияти маънавии Бадахшон, Дарвоз ва ^аротегин» (7,16-17) муаллиф доир ба чанбахои гуногуни фарханги маънавии мардум - урфу одат, анъана, сохахои гуногуни санъат, аз чумла мусикй, раксу суруд, бозихои миллй, варзишй, сару либос, эчодиёти шифохй, санъати ороишй, тую маросим, дину мазхаб ва гайра маълумотхои чолиб додааст.

Пас аз ба охир расидани ваколати Шурои диссертатсионй бо Фармони Коммисияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Русия аз 21 июни соли 2002, №174 хайати нави Шурои диссертатсионии К 737.002.04 оид ба химояи рисолахои номзадй аз руи ихтисоси 07.00.02-Таърихи Ватан (илмхои таърих) тасдик гардид.

Раиси Шурои диссертатсионй муаррихи номй, Арбоби илм ва техникаи Точикистон, доктори илмхои таърих, профессор Г.Х. Хайдаров таъин гардид ва фаъолияти Шуро минбаъд чанд маротиба тамдид гардид ва дар хайати он тагйиротхо ворид карда шуд (16,273-275).

Дар давраи фаъолияти Шурои мазкур як зумра аспиранту унвончу, аз чумла бонувони муаррих рисолахои номзадй ва як нафар дар чаласаи Шурои якдафъина рисолаи докторй химоя намуданд.

30 сентябри соли 2004 дар чаласаи Шурои якдафъинаи ДР 737.002.05 оид ба химояи рисолахои докторй дар назди ДДХ ба номи академик Бобочон Гафуров, ки дар заминаи Шурои диссертатсионии К 737.002.04 бо Фармони КОА-и Русия таъсис ёфта буд, номзади илмхои таърих, дотсенти ДДХБСТ Б. Исмоилова дар мавзуи «Вазъи сиёсй ва ичтимой-иктисодии аморати Бухоро дар нимаи дуюми асри XVIII ва миёнаи асри XIX» рисолаи доктории худро бомуваффакият химоя намуд (17).

Бояд зикр намуд, ки химояи рисолаи илмй барои дарёфти дарачаи доктори илм дар таърихи донишгох бори нахуст суръат гирифта, он хам аз чониби бонуи муаррих Б. Исмоилова амалй гардид.

Мукарризони расмй ва гайрирасмй ба рисолаи доктории Б. Исмоилова бахои баланд доданд.

Химояи нахустин рисолаи докторй аз хисоби бонуи муаррих Б. Исмоилова дар ДДХ ба номи академик Бобочон Гафуров шаходати нуфузу обру ва имконияту захирахои бузурги илмии донишгох махсуб ёфта, боиси ифтихори хайати докторону профессорон ва устодони ин махазани илму маърифат гардид (17).

22 октябри соли 2004 дар чаласаи Шурои диссертатсионии К 737.002.04 тахти рохбарии профессор Г. Хайдаров, М. Рахматова рисолаи худро дар мавзуи «Маком ва накши зан дар хаёти чамъиятй-сиёсй ва фархангии Точикистон дар давраи нави гузариш (солхои 1992-2004)» химоя намуд (10).

Бояд таъкид намуд, ки тадкикоти мазкур яке аз кушишхои нахустин дар амри арзёбии накшу макоми зани точик дар хаёти сиёсию ичтимой ва фархангии чумхурй дар солхои аввали истиклолияти Точикистон ба хисоб меравад.

Дар фасли аввали рисола «^адамхои созандаи Чумхурии Точикистон» оид ба накши Ичлосияи XVI сарнавиштсози миллат дар муайян намудани шохрохи дигаргунсозй ва тахаввулоти бузург, огози ислохоти сиёсй, ичтимой дар чумхурй ва накши занон дар тадбики он сухан меравад (10,14).

Боби дуюми рисола «Роххои минбаъдаи баланд бардоштани накши занон дар хаёти чамъиятию сиёсй ва маънавии чумхурй», масъалаи таквияти фаъолнокии занон дар сохаи маориф, тандурустй, илму фарханг, хаёти маънавии чумхурй ва тадбики Фармони Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон «Оид ба роххои минбаъд демократикунонии хаёти чомеа дар чумхурй» ва дигар Фармону дастурхои Сарвари давлат ва ^арорхои Хукумати чумхурй оид ба баланд бардоштани макоми зан дар чомеа, накши занон дар халлу фасли масъалахои демографй, оила, тарбияи насли наврас ва чавонон, баланд бардоштани дарачаи накуахволии мардум ва гайра мавриди баррасй карор гирифтааст (10,15).

Баъди ба итмом расидани мухлати ваколати Шурои диссертатсионии К 737.002.04 мутобики фармони КОА-и Русия аз таърихи 15 июни соли 2005, №907-в ва бори дигар бо фармони №19115 аз 12 январи соли 2007 ваколати он аз нав тамдид гардид (16,274).

Дар давраи фаъолияти Шуро 6 нафар аспиранту унвончу рисолахои худро химоя намуданд, ки аз байни онхо 3 нафар зан (Т.Мирбобоева,Г.Турсунова,СДобилова) буданд (16,274).

29 декабри соли 2005 унвончу Т. Мирбобоева тахти рохбарии илмии бостоншиноси номии точик, академики Академияи миллии илмхои Точикистон, доктори илмхои таърих, профессор Н. Неъматов дар мавзуи «Сахми Сугд ва сугдиён дар Шохрохи абрешим» рисолаи худро химоя намуд (9).

Тадкикоти мазкур ба тахкику омузиши хамачониба ва арзёбии накши Сугд ва точирони сугдй дар рушди такомули Шохрохи абрешим, ривочу равнаки тичорати хоричй ва равобити иктисодиву фархангии мардумони минтакахои гуногуне, ки шохахои Шохрох аз ин сарзаминхо мегузашт, бахшида шудааст (9,11).

Фасли аввали рисола ба таърихи пайдоиш, хронология, мархилахои рушду инкишофи Шохрохи абрешим ва хусусиятхои хар як мархила бахшида шудааст (9,13-14).

Дар фасли дуюми рисола «Минтакахои сугдии Шохрохи абрешим ва даврони муосир» таърихи рушди Сугд, накши тамаддуни сугдиён дар ганчинаи фарханги чахонй, куллаи баланди инкишофи Шохрохи абрешим, накши точирони Сугд ва забони сугдй чун забони тичорати байналхалкй ва коргузорй дар ин шохаи бузурги он сухан меравад (9,16-16).

Муаллиф доир ба накшу макоми Шохрохи абрешим хдмчун рохи равобити иктисодй, тичоратй, фархангй, рохи муколама, омезиш ва таъсири мутакобилаи тамаддуни мардумони Шарку Гарб ва ахамияти эхёи анъанахои он дар замони муосир фикру андешахои худро баён намудааст.

Саъйю талошхои Президанти кишвар Эмомалй Рахмон дар амри халлу фасли рахой аз бунбасти коммуникатсионй, бунёди накбхои Истиклол, Шахристон, Чормагзак Шаршар, сохтану тармими роху пулхои нав, хусусан бо Афгонистон - хдмаи ин махз ба эхёи шохахои гуногуни Шохрохи абрешим равона шуда, Точикистонро ба кишвари транзитй табдил доданд.

Фасли сеюми рисола «Сахми Сугд ва сугдиён дар иктидори тичоратй-иктисодии Шохрохи абрешим» ном дошта, дар ин кисмати рисола равобити иктисодй, тичоратии сугдиён бо кишвархои хамсоя, иктидори тичоратию иктисодии Шохрохи абрешим, ташаккули минтакаи бузурги таърихй-фархангии Сугд ва накши калидй ва бартарии точирони сугдй дар яке аз шохахои мухимтарини Шохрох-шохаи аз водихои Фаргона ва Зарафшон убур кунандаи он, ки марвориди Осиёи Миёна махсуб меёбанд, мавриди тахкик карор гирифтааст (9,18-21).

30 ноябри соли 2006 дар чаласаи Шурои диссертатсионй унвончу Г. Турсунова тахти рохбарии бостоншинос, мухаккики маъруфи илми нумизматика, доктори илми таърих, профессор Е.А. Давидович рисолаи худро дар мавзуи «Мархилахои асосии фаъолияти амир Темур (1360-1405)» химоя намуд (11).

Максади тадкикоти мазкур ин тахлилу баррасии таърихи фаъолияти сузандагиву хунрезй, харобкорй ва созандагию бунёдгории яке аз чехрахои хунрези таърих Темури ланг дар Мовароуннахр, Хуросон, Эрон ва дигар кишвархои истилоъ намудаи у дар солхои 1360-1405 мебошад (11,6-7).

Фасли аввали рисола «Мархилахои мухимтарини зиндагй, макому манзалати (карераи) харбй-сиёсй ва забткорихои амир Темур», ки аз 5 кисмат иборат аст, тамоми рохи тайкардаи Темурро аз сарвари як дастаи хурди рохзанон то амири Мовароуннахр, муассиси империяи бузург, сиёсатмадор ва сипахсолори машхур, инъикос менамояд (11,10-15).

Дар фасли дуюми рисола «Фаъолияти харобкории амир Темур (1360-1405)», ки аз ду кисмат иборат аст, тамоми фаъолияти харобкорй, сузандагй, хунрезй, куштори саросарй, бунёди калламанорахо аз сари инсонхо, зинда девор кардан ва дигар амалу кирдорхои вахшиёна ва гайриинсонии Темур хамчун як аз чехрахои хунрези таърих аз лахзаи ба арсаи сиёсат омаданаш то дами марги у (соли1405) мавриди тахлилу тахкик ва арзёбй карор гирифтааст.

Фасли сеюми рисола «Амир Темур-бунёдкор (1360-1405)» иборат аз чор фасл буда, фаъолияти Темур оид ба рушди кишоварзй, бунёди иншооти гуногун-меъморй, шахрсозй, сохтмони масчиду мадрасахо, касру кушкхо, богу хиёбонхо, иншооти обёрй ва гайра тахдил гардидааст (11,17-18).

Чуноне, ки рохбари илмии мухаккик Г. Турсунова ховаршиноси машхур професссор Е.А. Давидович кайд намудааст, «муаллифи рисола тамоми далелу аснодро оид ба зиндагй ва амалу кирдори амир Темур тахкик намуда, онро дар тарозуи хакикати таърихй «баркашидааст»: дар як пахлуи тарозу тамоми амалу кирдори дахшатовар ва манфии уро ва дар пахлуи дигари тарозу тамоми амалхои мусбати уро гузоштааст.

Пахлуи тарозуи аввал, яъне амалхои зишту бадкирдоронаи амир Темур нисбат ба амалхои мусбати у зиёдтаранд» (12,4).

15 октябри соли 2007 унвончу С. ^обилова, тахти рохбарии профессор Г. Хайдаров дар мавзуи «Ташаннучи вазъи чамъиятй-сиёсй дар Точикистон дар давраи бозсозй (1985-1991) » рисолаи худро химоя намуд (7).

Максади пажухдши мазкур тахкику омузиши мохият, мазмун ва окибати бозсозии горбачёвй мебошад, ки бо амри иродаи «меъморони» он аслиха ва василаи хароб кардани пояи чомеаи сотсиалистй, бархам додани давлати абаркудрати шуравй гардид ва окибат ба пошхурии ИЧ.ШС овард ва бозсозй ё «перестройкаи» горбачёвиро баъзе мухаккикон «катастройка», яъне «фочиасозй» номидаанд (7,11).

Фасли аввали рисола «Аз бозсозй ба бархам додани ИЧ.ШС», ки аз чихати банду баст аз ду кисмат иборат аст, мохияти сиёсати пешгирифтаи М. Горбачёв, афсона оид ба давраи «карахтй» ва «кашшокии саросарй», огози ислохоти сиёсй, ГКЧП (кушиши табадулоти давлатй мохи августи соли 1991), созишномаи Беловежск ва пошхурии ИЧ,ШС мавриди тахлил карор гирифтааст (7,14-17).

Фасли дуюми рисола «Вокеахои февралии соли 1990» ном дошта, дар се кисмати он сабабхо, заминахо, ангеза, омилхо, бахонаи ин вокеа, манзара ва чараёни муковимат ва хусусияти он, куввахои созмондехи ин ходиса, окибату натичахои ин фочиаи хунин дар таърихи милати точик инъикос ёфтааст (6,17-20).

Фасли сеюми рисолаи С. ^обилова «Шиддат ёфтани минбаъдаи вазъи чомъиятй-сиёсй дар чумхурй» иборат аз се кисмат буда, дар он сухан дар бораи пайдоиши хизбхои сиёсй, созмонхои чамъиятй, таъсири манфии ходисахои 19-21 августи соли 1991 (ГКЧП) ба Точикистон, кувват гирифтани муковимати сиёсй, ба бухрон ва фалачи шадид гирифтор шудани хокимияти сиёсй, макомоти идоракунй, маъракаи интихоботи Президент Рахмон Набиев ва рафтору амали гайриконунии мухолифони у дар чараёни интихобот, нахустин майдоннишинихо дар Душанбе, ки окибат Точикистонро ба гирдоби фочиаи миллй ва чанги бародаркуш кашид, сухан меравад (7,20-24).

Рисолаи С. ^обилова яке аз кушишхои нахустин оид ба инъикоси вокебинонаи шиддати вазъи чамъиятию сиёсии чумхурй дар солхои 1985-1991, сабабхо ва окибатхои фочиангези он дар асоси далелу аснод аз нигохи бонуи муаррих мебошад.

Тибки пешниходи Раёсати ДДХ ба номи академик Бобочон Гафуров бо Фармони Хадимоти федералии назорат дар сохаи маориф ва илми Русия (Рособрнадзор) аз 2 июни соли 2010, №1777-810/74 бо сабаби фавти раиси Шурои диссертатсионй профессор Г. Хайдаров мархум аз хайати Шуро сокит карда шуда, доктори илмхои таърих, профессор Н. Рахимов раиси Шурои диссертатсионй таъин гардид (16,275).

Мутобики фармони Хадамоти федералии назорат дар сохаи маориф ва илми Русия аз 18 феврали соли 2011, №159-185/74 дар хайати Шурои диссертатсионй тагйироти чузъи ворид карда шуда, профессор Н. Рахимов аз вазифаи раиси Шурои диссертатсионй сабукдуш шуда, муовини раис таъин гардид(16,275).

Ба вазифаи раиси Шурои диссертатсионй ректори хамонвактаи ДДХ ба номи академик Б. Гафуров муаррихи намоёни чумхурй, доктори илмхои таърих, профессор В.М. Набиев, ки чун мухаккик тачрибаи бузурги илму олимй, сарварй дорад, таъин гардид (16,275).

Дар байни солхои 2009-2011 6 нафар аспиранту унвончу рисолахои худро химоя намуданд, ки 4 нафарашон бонувони муаррих (Х. ^аюмова, М. Файзуллоева, М. Гозиева, Хомидова, М. Бобоева) буданд (16,275).

25 декабри соли 2009 унвончу Х. ^аюмова, устоди Донишгохи техники Точикистон ба номи академик М. Осимй тахти рохбарии номзади илмхои таърих, доктори илмхои физика ва математика, муаррихи машхури таърихи илм ва техника, профессор А. Комилй дар мавзуи «Метрологияи мардумй ва хронологияи точикони ^аротегин, Дарвоз ва Помири Гарбй дар асри XIX- ибтидои асри XX» рисолаи худро химоя намуд (6).

Дар рисола ченаку хисоб ва солшумории мардуми ^аротегин, Дарвоз ва Помири Гарбй, ки дар тули хазорсолахо дар байни халк ташаккул ёфта, истифода мешуд, мавриди тахкик карор гирифтааст (6,3).

Фасли аввали рисола «Очерки мухтасари таърихию сиёсии Бухорои Шаркй, Помири Гарбй ва дарачаи омухта шудани масъала» ба шарху тафсири мухтасари таърихи минтака, нуфуз ва шугли ахолй, хусусиятхои табий, чугрофии он бахшида мешавад (6,8-9).

Дар боби дуюми рисола «Таъмини метрологй, назорат аз болои ченаку андозхо ва меъёри (эталони) ченаку андоз дар аморати Бухоро» доир ба сохти маъмурй ва тарзи идоракунии

аморати Бухорои давраи тадкик, мансабдорон ва маъмуроне, ки аз болои ченаку андозхо назорат мекарданд, ченаку андозхои расмию давлатй ва махаллй, меъёру андозаи онхо маълумот дода мешавад (6,9-10).

Фасли сеюми рисола «Ченакхои халкии точикони Кухистон ва хифзи онхо дар хаёту зиндагии имруза» ном дошта, аз шаш кисмат иборат аст ва дар ин фасл доир ба ченаку андозхои дарозй, масохат, масофа, ченакхои бахисобгирии вазн, гунчоиш, зарфият, ченаку андозаи замин, солшуморй ва таквими халкй, вохидхои пулй ва нарху наво, хифзу истифодаи баъзе ченаку андозахои мардумй дар замони муосир маълумот дода мешавад (6,16-23).

Дар рисола мазмун, мохияти хар як мафхум, истилох марбут ба вохидхои маъмуриву идоракунй, вохидхои масохат, масофа, вохиди вазн, гунчоиш, ченаку андозаи замин, солшуморй ва таквими халкй, вохидхои пулй ва гайра шарху эзох ва тавсиф ёфтаанд.

Тадкикоти мазкур на танхо барои муаррихон, балки барои тамоми онхое, ки ба таъриху фарханги гузашта, хусусан ба ченаку андозхои ниёгон шавк доранд, пурарзиш аст. Натичаи тадкикоти Х. ^аюмоваро хангоми таълими илмхои ёрирасони таърихй- «Метрология», «Хронология» истифода бурдан мумкин аст.

28 декабри соли 2010 аспирант М. Файзуллоева тахти рохбарии мардумшиноси маъруф, доктори илмхои таърих, профессор Н.О. Турсунов ва номзади илмхои таърих, дотсент Ч,. Исоматдинов дар мавзуи «Шахраки Чусти давраи феодалии дер дар охири асри XIX- ибтидои асри XX» рисолаи худро химоя намуд (13).

Рисолаи мазкур ба тахкики чараёни рушд, афзудани нуфузи ахолй, инкишофи иктисодй, таърихй-топографй, этноичтимой, хаёти чамъиятй-сиёсй ва фархангии шахри точикон дар шимолии водии Фаргона-Чуст дар давраи мустамликаи Русияи подшохй будани он (1876-1917) бахшида шудааст (13,8).

Фасли аввали рисолаи «Вазъи таърихиву топографй ва этноичтимоии шахри Чуст дар давраи мустамликаи Русия будани водии Фаргона» аз се кисмат иборат буда, дар он оид ба мавкеи чугрофии шахри Чуст ва макоми он чун маркази сиёсй, маъмурй, иктисодии Фаргонаи Шимолй, шархи мухтасари таърихи Чуст аз асри XVI то нимаи аввали асри XX, худуд, сохтори маъмурй, хайати этникй ва ичтимоии шахр маълумот дода мешавад (13,11-15).

Фасли дуюми рисола «Иктисодиёт ва тичорат дар Чуст дар охири асри XIX- ибтидои асри XX»,ки иборат аз се кисмат аст,ба инъикоси вазъ ва инкишофи сохахои гуноугни касбу хунар, тасниф ва тавсифи онхо, пайдоиш ва рушди саноат-таъсиси фабрикаву заводхо ва корхонахои замони мустамликавй, вазъи кишоварзй ва шугли ахолй, тагйир додани симои шахр аз чониби маъмурияти мустамликадорй ва гайра бахшида шудааст (13,15-20).

Дар фасли сеюми рисола «Хаёти чамъиятй ва маданияти шахри Чуст» гуногунрангии хаёти чамъиятй, табакахои ичтимой, маданияти моддй ва намояндагони машхури илму адаб, иштироки сокинони Чуст дар хаёти сиёсии точикони водии Фаргона дар асрхои XIX- XX мавриди тахкик карор гирифтааст (13,20-21).

Тадкикоти М.Файзуллоева дар омузишу пажухиши таърихи яке аз марказхои кадимаи фарханг ва тамаддуни точикон,ки дар илми бостонишиносй бо номи «маданияти Чуст» машхур аст, хеле муфид бахисоб меравад.

18 феврали соли 2011 устоди Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М. Осимй,унвончу М.Гозиева тахти профессор В. Набиев дар мавзуи «Робитахои байналмиллалии Точикон дар солхои 30-юми асри XX» рисолаи худро химоя намуд (4).

Мухаккик дар назди худ вазифа гузоштааст, ки равобити байналмиллалй, хамкорихои дустона ва бародаронаи халки точикро бо кишвархои дигар дар тамоми сохахо-иктисодиёт, тичорат, илму фарханг, тайёр намудани мутахассисон, кумак ва хамкории Точикистон бо чумхурихои собик ИЧШС ва давлатхои хоричй, тахкими сулху дустй ва хамкаорихои мутакобилан судманд мавриди тахкик карор дихад (4,8).

Фасли аввали рисола «Инкишофи робитахои дустонаи Точикистон бо чумхурихои иттифокй» аз ду кисмат иборат буда, он ба инъикоси хамкорй ва кумаки мутакобили дар рохи тараккиёти хамачониба, робитахои байналмиллалй дар самти халлу фасли вазифахои фархангй, ичтимой ва гайра бахшида шудааст (4,12-18).

Дар фасли дуюми рисола «Тахкими робитахои байналмиллалии мехнаткашони Точикистон» сухан дар бораи хамрайъии мехнаткашони Точикистон бо мардумии кишвархои хоричй дар муборизаи онхо бар зидди падидаи иртичой (реаксияи) фашистй ва чанг, фаъолияти мардуми точик дар рохи тахкими дустй ва равобити байналмиллалй бо халкхои кишвархои хоричй меравад (4,18-22).

Тадкикоти М. Гозиева барои омухтани таърих,анъана,решахои дустй ва хамкории мардуми Точикистон бо мардумони собик чумхурихои иттифокй, кишвархои хоричй, таблиг ва истифодаи анъанахои неку бехтарини дустй, хамкорй, кумаки бародарй ба якдигар, аз байн бурдани низоъ ва ихтилофхои миллй, мазхабй, минтакавй, чахонй дар замони хеле хассос ва душвори муосир ахамият ва арзиши хосаро касб менамояд.

28 октябри соли 2011 устоди Донишкадаи иктисод ва молияи Точикистон Х,амидова тахти рохбарии доктори илмхои таърих, профессор Н. Х,отамов дар мавзуи «Аз таърихи робитахои фархангии Ч,умхурии Точикистон бо Федератсияи Русия (солхои 1924-1941)» рисолаи худро химоя намуд (15).

Мухаккик дар назди худ вазифа гузоштааст, ки таърихи робитахои фархангии Точикистон ва Русияро дар солхои пешазчангй ба таври хамачониба тахкик, тахлил ва чамъбаст намуда, шаклхо ва самтхои асосии ин хамкорй, кумаки Русия ва зиёиёни русро дар тахаввулоти фархангй дар Точикистон, аз байн бурдани акибмондагии иктисодй, маданй, дигаргунисозихо дар тамоми сохахои хаёти фархангиро инъикос намояд (15,8).

Дар фасли аввали рисола «Кумаки Русияи Шуравй дар ташаккул ва инкишофи маорифи халк дар Точикистон», ки аз ду кисмат иборат аст, оид ба кумаки зиёиён, мардуми рус дар махви бесаводй, таъсис ва инкишоф додани низоми таълиму тарбияи шуравй, сахми Федератсияи Русия дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос сухан меравад(15,10-14).

Фасли дуюми рисола «Робитахои илмии Точикистон ва Русия» низ аз ду кисмат иборат буда, он ба инъикоси иштироки олимон, тадкикотчиёни рус дар тахкику омузиши таърих, фарханг, этнографияи халки точик, табиат, иклим, захирахои зеризаминии чумхурй, сахми муассисахои илмй-академии Русия дар таъсис, ташаккул ва инкишофи марказхои илмй дар Точикистон ва олимони махаллй бахшида шудааст (15,14-16).

Дар фасли сеюми тадкикот «Робитахои Точикистон ва Русия дар сохаи адабиёт ва санъат», ки аз се кисмат иборат аст, масъалахои хамкорй ва робитахои адабй дар байни адибони точик ва рус, тарчумаи осори адибони рус ба забони точикй ва адибони точик ба забони русй, аввалин Дахаи адаиёт ва санъати точик дар Маскав (апрели соли 1941), кумаки ходимони санъати рус дар ташаккул ва рушди санъати театр, мусикй ва кинои точик мавриди тахкик карор гирифтаанд (15,16-21).

Рисолаи Х,омидова дар самти тахкику омузиши робита ва хамкорихои фархангии Точикистон ва Русия дар солхои пеш аз чанг, кумаки олимон, зиёиёни рус дар ташаккул ва рушди маданияти замони шуравй дар Точикистон, роху василаи тахкими ин робитахо дар замони муосир ва дурнамои самтхои хамкорй сахми арзанда мебошад.

28 октябри соли 2011 унвончу М. Бобоева тахти рохбарии илмии доктори илмхои таърих, профессор В.М. Набиев рисолаи худро зери унвони «Тахаввулоти фархангй-таърихии анъанахои чашну маросимхои точикон дар солхои 1917-2011 (дар асоси маводи вилояти Сугди Ч,умхурии Точикистон)» рисолаи номзадй химоя намуд (1).

Тадкикоти мазкур ба тахкику омузиши хамачонибаи тагйироти таърихй ва тахаввулоти анъана, суннат ва чашну маросими мардуми точик дар асоси маводи Точикистони Шимолй дар замони шуравй ва дахсолаи аввали истиклол бахшида шудааст. Муаллиф кушиш намудааст,ки маком ва накши чашну маросимхоро дар низоми хаёти ичтимой, фархангй ва маънавии мардум дар замони шуравй ва пасошуравй тахлил ва арзёбй намояд.

Фасли аввали рисола «Ч,ашну маросимхои таквими-хочагй, динй ва оилавии точикон: низом ва тахаввулоти он дар замони шуравй» аз чор кисмат иборат буда, дар он оид ба чашну маросимхои мавсимй, умумият як хусусияти хоси маросимхои таквимии кишоварзй, решахо, холат ва мазмуну мохияти онхо, маросимхои динй-мазхабии точикон дар шароити хукмронии гояи атеистии сохти шуравй, чашну маросимхои тантанавй, ташаккул ва густариши чашну маросимхои нави замони шуравй маълумот дода мешавад.

Дар фасли дуюми рисола «Анъанахои чашну маросим дар шароити истиклолият», ки аз се кисмат иборат аст, масъалахои эхё ва навоварй, тахаввулот дар низоми чашну маросимхои анъанавй, пайдоиш ва баркароршавии чашну маросимхои нави давлатй-гражданй, танзими давлатии анъана, чашну маросимхо дар Ч,умхурии Точикистон дар замони истиклолият мавриди тахкику омузиш карор гирифтаанд.

Рисолаи М. Бобоева барои омухтан, эхёи анъана, суннатхои бехтарини ниёгон, мазмуни нав, навоварй бахшиданд ба онхо ва истифодаи он дар тарбияи маънавии насли наврас ва чавонон, ахамияти калон дорад.

30 майи соли 2012 аспирант Д. Фармонова тахти рохбарии номзади илмхои таърих, дотсент Д. Гулбеков дар мавзуи «Хдмкорихои сиёсй, иктисодй ва фархангии Ч,умхурии Точикистон бо

давлатхои Осиёи Марказй дар даврони истиклолият (солхои 1992-2007)» рисолаи худро бо муваффакият химоя намуд (14).

Тадкикоти Д.Фармонова ба тахкику омузиши хамачонибаи робитахои дипломатй, сиёсй, харбй, иктисодй, тичоратй, илмиву фархангии Точикистон бо давлатхои Осиёи Марказй дар солхои аввали истиклолият (1992-2007), мохият, мазмун ва самтхои асосии хамкорихои мутакобилаи судманд миёни давлатхои тозаистиклоли Осиёи Марказй мебошад (14,11).

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Фасли аввали рисола «^адамхои нахустини Точикистони сохибистиклол дар сохаи сиёсати хоричй» аз лихози банду баст аз чор кисмат иборат буда, дар он оид ба истиклолияти давлатй сохибгаштани Точикистон ва ахамияти таърихии он, ташаккули сиёсати хоричии Ч,умхурии Точикистон ва появу асосхои конунии он, чораву тадбирхо оид ба тахкими робита бо давлатхои минтакаи Осиёи Марказй дар солхои аввали истиклолият, сахми давлатхои ин минтака дар халли мунокишаи точикон ва бадастовардани сулху вахдат дар Точикистон маълумот дода мешавад.

Дар фасли дуюми рисола «Хдмкории Точикистон бо давлатхои Осиёи Марказй» масъалахои равобит ва хамкорихои Точикистон дар доираи созмонхои байналхалкй ва минтакавй, хамкорихои сиёсй, харбй, иктисодй ва фархангии Точикистон бо давлатхои минтака, робитахои дучониба ва бисёрчонибаи чумхурии мо бо чумхурихои Осиёи Марказй мавриди тахкик карор гирифтаанд.

Рисолаи мазкур ба тахкику омузиши яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати хоричии Точикистон ва хавзахои хеле мухими ин сиёсат-хамкорй бо давлатхои хамсояи Осиёи Марказй бахшида шуда, решахо, таърихи тулонй ва анъанахои неки хамкорй, бародарй ва дустии мардумони ин минтакаи бузургро мушаххас ва захираву имкониятхо ва дурнамои ин хамкорихои мутакобилаи судмандро бахри манфиати умум, амният ва сулху оромй дар минтака муайян месозад.

Хдмчунон, ки дар огози макола ишора рафт аз 39 нафар аспирантон ва унвончуёне, ки дар давраи фаъолияти Шурои диссертатсионй рисолахои худро химоя намуданд 12 нафар бонуи муаррих мебошанд.Аз ин шумора як нафар (Б. Исмоилова) рисолаи доктории худро дар Шурои якдафъина химоя намуд.Аз байни 12 нафаре химоя кардаанд -7 нафар хатмкунандаи Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров Н. Махмудова, М. Рахматова, Т. Мирбобоева, Г. Турсунова, М. Гозиева, Д. Фармонова, М. Бобоева), бокимонда дастпарварони дигар донишгоххои олии чумхурй мебошанд.

Аз байни бонувони сохиби дарачаи номзади илмхои таърих гашта 1 нафар (Р. Бобочонова) ба гирифтани дарачаи доктори илмхои филологй сазовар гашта, зумрае аз бонувони муаррих холо ба навиштани рисолахои докторй машгуланд (3,10).

Шурои диссертатсионии назди донишгох на танхо барои худи ДДХ, балки барои донишгоххо ва муассисахои илмии дигари вилоят ва чумхурй низ бонувони сохибунвонро тарбия ва тайёр намудааст. Аз чумлаи онхо холо 3 нафар дар ДДХ ба номи академик Б. Гафуров (Н. Махмудова, М. Рахматова, Д. Фармонова), 2 нафар дар Донишкадаи иктисод ва савдои Донишгохи тичорати Точикистон (мархум Г. Турсунова,Т.Мирбобоева) 3 нафар дар Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон (мархум Б.Исмоилова, С. ^обилова, М. Файзуллоева), 1 нафар дар Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М. Осимй (М. Гозиева), 2 нафар дар донишгоххои олии Душанбе-Х. ^аюмова дар Донишгохи техникии Точикистон ба номи академик Мухаммад Осимй ва Х,омидова дар Донишкадаи иктисод ва молияи Точикистон кору фаъолият бурда, ва дар кори таълиму тарбияи чавонон ва рушди илму маориф сахми худро мегузоранд (3,12).

Аз байни бонувони сохибунвон синну соли онхо хангоми химояи рисолаи номзадй чунин буд:Р.Бобочонова дар синни 27, Н. Махмудова дар синни 29, М. Рахматова дар синни 37, Т. Мирбобоева дар синни 39, Г. Турсунова дар синни 44,СДобилова дар синни 25, Х. ^аюмова дар синни 51, М. Файзллоева дар синни 39, М. Гозиева дар синни 55, М. Бобоева дар синни 56 ва Д. Фармонова дар синни 31 солагй рисолахои худро химоя намуда, сохиби дарачаи илмии номзади илмхои таърих гардиданд (16,277).

Аз байни бонувоне,ки сохиби дарачаи номзади илмхои таърих гаштанд, аз хама чавонтарин С. ^обилова дар синни 25 солагй ва аз хама калонсол М. Гозиева дар синни 55 солагй мебошанд (16,277).

Рисолахои химоякардаи бонувони муаррих ба давраву мархилахои гуногуни таърихи халки точик ва таърихнигорй, масъалахои мубрами таърихи сиёсй, ичтимой, иктисодй, фарханги халки точик бахшида шудаанд. Тадкикотхои бонувони муаррихро аз руи давра (хронология) таксим намоем, чунин манзара мушохида мешавад:

Давраи кадим, асрхои миёна ва нав (давраи то инкилоб) -6 рисола (Н. Махмудова, Т. Мирбобоева, мархум Г. Турсунова, Х. Кдюмова, М. Файзуллоева, мархум Б. Исмоилова (рисолаи докторй); давраи шуравй-2 рисола (М.ГозиеваД.Х,омидова); даврони истиклолият- 4 рисола (Р.Бобочонова,М.Рахматова,СДобилова,М. Бобоева(давраи шуравй ва пасошуравй), Д. Фармонова) (16,277-278).

Бо итминони комил метавон гуфт, ки накши Шурои диссертатсионй оид ба химояи рисолахои номзадй дар назди ДДХ ба номи академик Бобочон Гафуров аз руи ихтисоси 07.00.02-Таърихи Ватан (илмхои таърих) дар кори тарбия ва тайёр намудани бонувони муаррих ва сохибунвон хеле назаррас буда, фаъолияти Шуро барои ба камол расонидани олимахои таърихшинос, пешрафти илму фарханг, маориф ва илми таърихнигории точик дар замони истиклолият мусоидат намуд.

Тадкикоти бонувони муаррих бешубха, дар тахкику омузиши даврахои гуногуни таъриху фарханги халки точик, ганомандии илми таърих ва таърихнигории чумхурй махсуб ёфта, сах,ми бонувони муаррих судманд дар ин замини арзанда аст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бобоева, М.В. Культурно-историческая трансформация празднично-обрядовых традиций таджиков в 1917-2011гг. (На материалах Согдийской облати Руспублики Таджикистана). Автореф. дисс. на соиск. учён. степ. канд. ист. наук/М.В.Бобоева.-Худжанд,2011.-23с.

2. Бабаджанова, Р.М. Освещение политической истории Таджикистана на страницах периодической печати России (1990-1995гг.). Автореф. дисс. на соиск. учён. степ. канд. ист. наук./Р.М.Бабаджанова.-Худжанд,1998.-22с.

3. Бойгонии чории Шурои диссертатсионии К 737.002.04 дар назди ДДХ ба номи академик Бобочон Гафуров. Х,исоботи Шуро аз соли 1997 то 2012.

4. Газиева, М.С. Интернациональные связи Таджикистана в 30-е годы XX века. Автореф. дисс. на соиск. учён. степ. канд. ист. Наук/М.С.Газиева.-Худжанд,2011.-23с.

5. Исмоилова, Б.И. Политическое и социально-экономическое положение Бухарского эмирата (вторая половина XVIII-середина XIX века). Автореф. дисс. на соиск. учён. степ. доктора ист. наук/Б.И.Исмоилова.-Худжанд,2004.-50с.

6. Каюмова, Х.А. Народная метрология и хронология, Дарваза и Западного Памира XIX- начале XX вв. Автореф. диссерт. на соиск. учён. степ. канд. ист. наук/Х.А.Каюмова.-Худжанд,2009.-26с.

7. Кобилова, С.Я. Обострение общественно-политической ситуации в Таджикистане в период перестройки (1985-1991гг.). Автореф. диссерт. на соиск. учён. степ. канд. ист. наук/С.Я.Кобилова.-Худжанд,2007.-2бс.

8. Махмудова, Н.С. Культура и бчт населения Памира и Припамиря в последней четверти XIX-начале XX вв. (По материалах русских востоковедов). Автореф. диссерт. на соиск. учён. степ. канд. ист. наук/Н.С.Махмудова.-Худжанд,1999.-23с.

9. Мирбобоева, Т.Х. Вклад Согда и согдийцев в Великом шелковом пути (ВШП). Автореф. диссерт. на соиск. учён. степ. канд. ист. наук/Т.Х.Мирбобоева.-Худжанд,2005.-22с.

10.Рахматова, М. Место и роль женщин в общественно-политической и культурной жизни Таджикистана нового переходного периода (1992-2004гг.). Автореф. диссерт. на соиск. учён. степ. канд. ист. наук/М.Рахматова.-Худжанд,2004.-22с.

11.Турсунова, Г.Н. Основные этапы деятельности амир Темура (1360-1405 гг.). Автореф. диссерт. на соиск. учён. степ. канд. ист. наук/Г.Н.Турсунова.-Худжанд,2006.-20с.

12.Турсунова,Г.Н.Амир темур.Основные этапы деятельности (1360-1405гг.)/Г.Н.Турсунова.-Худжанд:Хуросон,2006.-200с.

13.Файзуллоева, М. Ш. Позднефеодальный малый город Чуст в конце XIX-начале XX вв. Автореф. диссерт.на соиск.учён.степ.канд.ист.наук/М.Ш.Файзуллаева.-Худжанд,2010.-23с.

14. Фармонова, Д. Ж. политическое, экономическое и культурное сотрудничество Республика Таджикистан с государствами Центральной Азии в период независимости (1992-2007 гг.). Автореф. диссерт. на соиск. учён. степ. канд. ист. наук/Д.Ж.Фармонова.-Худжанд,2012.-23с.

15.Хомидова, К. Х. из истории культурных с вязей Республики Таджикистан с Российской Федерацией (1924-1941гг.). Автореф. диссерт. на соиск. учён. степ. канд. ист. наук/К.Х.Хомидова.-Худжанд,2011.-23с.

16.Шарипов, Ш. Накши Шурои диссертатсионй дар тарбияи муаррихони сохибунвон/Ш.Шарипов//Сохибхирад. Мачмуаи маколахо башхида ба 70-солагии Арбоби илм ва техникаи Точикистон, доктори илмхои таърих, профессор Сайдулло Абдуллоев.-Хучанд:Меъроч,2015.-С.272-280.

17.Шарипов,Ш.Аввалин химояи рисолаи докторй/Ш.Шарипов//Нури маърифат.-2004.-31окт.

18.Шарипов,Ш.Боз як унвончу номзади илм шуд/Ш.Шарипов//Нури маърифат.-2014.-31 окт.

REFERENCES:

1. Boboeva, M.V. Cultural and Historical Transformation of Festive and Ceremonial Traditions of Tajiks in 1917-2011. (Based on the materials of Sughd Region of Tajikistan Republic): synopsis of candidate dissertation in history/ M.V. Boboeva. - Khujand, 2011. - 23 p.

2. Bobojonova, R.M. Coverage of the Political History of Tajikistan on the Pages of Russian Periodicals (1990-1995). synopsis of candidate dissertation in history / R.M. Bobojonova. -Khujand, 1998. - 22 p.

3. The Current Archive of Dissertational Council K 737.002.04 under KhSU named after academician Bobojon Gafurov. Dissertational Council Reports since 1997 up to 2012.

4. Ghozieva, M.S. International Relations of Tajikistan Referring to the 30-ies of the XX-th Century: synopsis of candidate dissertation in history / M.S. Ghazieva. - Khujand, 2011. - 23 p.

5. Ismoilova, B.I. The Political and Socio-Economic Situation of Bukhara Emirate (referring to the second half of the XVIII-th - the middle of the XIX-th th centuries): synopsis of doctoral dissertation in history / B.I. Ismoilova. - Khujand, 2004. - 50 p.

6. Kayumova, Kh.A. Folk Metrology and Chronology, Darvaz and Western Pamir Referring to the XIX-th the early of the XX-th Centuries: synopsis of candidate dissertation in history / Kh.A. Kayumova. - Khujand, 2009. - 26 p.

7. Kobilova, S.Ya. Aggravation of the Social and Political Situation in Tajikistan during the Transitional Period (1985-1991): synopsis of candidate dissertation in history / S.Ya. Kobilova. - Khujand, 2007. - 26 p.

8. Makhmudova, N.S. Culture and Population of Pamirs and Pamir Referring to the Last Quarter of the XIX-th - the early of the XX-th centuries. (Based on materials from Russian orientalists): synopsis of candidate dissertation in history / N.S. Makhmudova. - Khujand, 1999. - 23 p.

9. Mirboboeva, T.Kh. Sughd and Sughdians's Contribution into the Great Silk Road (GSR): synopsis of candidate dissertation in history / T.Kh. Mirboboeva. - Khujand, 2005. - 22 p.

10. Rakhmatova, M. The Place and Role of Women in the Socio-Political and Cultural Life of Tajikistan in the New Transitional Period (1992-2004): synopsis of candidate dissertation in history / M. Rakhmatova. - Khujand, 2004. - 22 p.

11. Tursunova, G.N. The Main Stages of Amir Temur's Activity (1360-1405): synopsis of candidate dissertation in history/G.N.Tursunova. - Khujand, 2006. - 20 p.

12. Tursunova, G.N. Amir Temur. The Main Stages of Activity (1360-1405)/G.N.Tursunova.-Khujand: Khuroson, 2006. - 200 p.

13.Fayzulloeva, M.Sh. Late Feudal Small Town of Chust Referring to the Late of the XIX-th and the early of the XX-th Centuries: synopsis of candidate dissertation in history / M.Sh. Faizullaeva.-Khujand, 2010. - 23 p.

14.Farmonova, D.Zh. Political, Economic and Cultural Cooperation of Tajikistan Republic with Central Asian States in the Years of Independence (1992-2007): synopsis of candidate dissertation in history / D. Zh. Farmonova. - Khujand, 2012. - 23 p.

15.Khomidova, K.Kh. From the History of Cultural Ties between Tajikistan Republic and the Russian Federation (1924-1941): synopsis of candidate dissertation in history / K.Kh. Khomidova.-Khujand, 2011. - 23 p.

16.Sharipov, Sh. The Role of Dissertational Council to Upbringing Scientists-Historians among of Women/Sh.Sharipov//Collection of articles dedicated to the 70-ies anniversary of the excellence of Tajik science and technics, Dr. of History, Professor Saidullo Abdulloev. - Khujand: Meroj, 2015. -P. 272 - 280.

17.Sharipov, Sh. The first Doctoral Dissertation Defense/ Sh.Sharipov // - Khujand: Light of Enlightenment, -2004. October 31.

18.Sharipov, Sh. And now one Applicant Has Become a candidate of Sciences/ Sh. Sharipov // -Khujand: Light of Enlightenment, - 2014. October 31.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.