ТДУ 74.03 (5Т ) ТКБ 37 (09)
БАЪЗЕ МУЛОХЦЗАХР ДОИР БА ТАЪРИХИ ТАЪСИСВА ФАЪОЛИЯТИ БОЙГОНИИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ СУГД
Чураева Ма^буба Амоновна, унвонцуи кафедраи таърихи Ватан ва археологияи МДТ "ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров" (Тоцикистон, Хуцанд )
НЕКОТОРЫЕ Джураева Махбуба Амоновна, соискатель РАЗМЫШЛЕНИЯ ОБ ИСТОРИИ кафедры истории отечества и археологии
ОБРАЗОВАНИЯ И ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ГОУ "ХГУ имени Б• ГафУРова"
ГОСУДАРСТВЕННОГО АРХИВА (Таджикистан Худжанд) СОГДИЙСКОЙ ОБЛА СТИ
SOME REFLECTIONS Juraeva Mahbuba Amonovna, claimant for
CONCERNED WITH THE HISTORY candidate degree of the department of Home
OF EDUCATION AND history and archeology under the SEI "KhSU
ACTIVITIES OF THE STATE named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan,
ARCHIVE OFSUGHD VILOYA Khujand),E-mail:[email protected]
Вожа^ои калиди: бойгони, махзан, парванда, ууццатуо, санадуо, тадцицот, таулил, гуруубанди, маъхаз
Дар мацола сухан дар бораи таърихи таъсис ва фаъолияти Бойгонии давлатии вилояти Сугд, таркиби ууццатуои он ва ауамияти таърихии ин ууццатуо меравад.Муаллифи мацола доир ба таърихи таъсис, ташаккул ва рушду нумуи бойгони, тамоми роуи тайкардаи он дар фарозу нишеби таърих, ташаккул ва тарбияи зиёиёни нави тоцик, таърихи инкишофи мактабу маориф ва илму фаруанги цумуурй дар асоси ууццатуои нодири таърихии Бойгонии давлатии вилояти Сугд маълумот додааст. Муаллиф ба чунин хулоса меояд, ки хазинаи ууццатуое, ки дар Бойгонии давлатии вилояти Сугд марбут ба таърих ва фаъолияти он мауфузанд, ганци бебауо, сарчашмаи муътамад барои тауцицу омузиши таърихи таъсис, рушди ин боргоу ба уисоб меравад.
Ключевые слова: архив, фонд, дело, документы, исследования, анализ, классификация, источник
В статье рассматривается история создания и функционирования Государственного архива Согдийской области, состав его документов и их историческое значение. Автор статьи на основе уникальных исторических документов Согдийского государственного архива предоставляет информацию об истории создания, становления и развития архива, о его деятельности в различные исторические периоды и роли архива в становлении и воспитании новой таджикской интеллигенции, истории школы, образования и науки страны. Автор приходит к выводу, что фонд документов, связанных с историей и деятельностью Согдийского государственного архива, является бесценным сокровищем, надежным источником для изучения истории создания и развития этого центра.
Key words: archive, fund, case, documents, research, analysis, classification, source
The article dwells on the history of creation and functioning of the State Archives of Sughd viloyat; composition of its documents and their historical significance being taken into account as well.Proceeding from unique historical documents of Sughd State Archive the author of the article adduces information concerned with the history of creation, formation and development of the archive, its activities for various historical periods and its role in the new Tajik intelligentsia formation and education and the history of school, education and science of our country. In a nutshell, the author of the article comes to the conclusion that collection of documents related to the history and activities of Sughd State Archive is an invaluable treasure and a reliable source targeted at the study of the history of creation and development of this center.
Х,уччатх,ои таърихй дар чараёни тахкику омузиши таърихи сиёсй, ичтимой, идтисодй, фархангй, хаёт ва тачрибаи бойи мардум, дигаргунихои сиёсию ичтимой, тахаввулот ва пешрафти маданияту идтисодиёти даврахои мухталиф, таърихи пайдоиш ва фаъолияти корхонаву муассисахои гуногун, рузгори шахсиятхо ва чехрахои шинохтаи таърих-ходимони илму фарханг, олимон, адибону арбобони сиёсй ва гайра манбаи нодир ба хисоб мераванд.
Барои хифзу нигахдории хуччатхои таърихии дорои арзиш ва ахамияти мухим муассисахои махсус-бойгонихо фаъолият доранд, ки санадхои корхонаю ташкилотхоро чамъоварй, тахлил, ташхис намуда, солхои зиёд махфуз медоранд. Хуччатхои нодиру бозгуи таърих дар бахшхои бойгонии давлатй ва байниидоравии хуччатхои хайати хайати шахсии шахру навохй нигох дошта мешаванд.
Дар замони истиклолият Хукумати Ч,умхурии Точикистон ба кори бойгонй ва рушди шабакахои бойгонй дар чумхурй таваччухи мухим зохир менамояд. ^абул шудани як катор конун ва карорхои мухим, аз чумла, ^арори Хукумати Ч,умхурии Точикистон аз 13 ноябри соли 1998, тахти №705, «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллй ва муассисахои бойгонй», ^арори Хукумати Ч,умхурии Точикистон аз 4 майи соли 2000 «Дар бораи мухлатхои нихоии нигахдории хуччатхо дар бойгонихои идоравй ва тартиби супоридани онхо ба бойгонихои давлатй», «^оидахои асосии кори бойгонихои идоравии Ч,умхурии Точикистон», ки бо Фармони сардори Саридораи бойгонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон аз 25 декабри соли 2009, тахти №42 тасдик шудааст, барои равнаку ривочи кори бойгонй дар чумхурй ва ганй гардонидани хазинаи бойгонихо мусоидат намуд.
Президенти кишвар Эмомалй Рахмон дар Паёми худ ба Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон кайд кардаанд, ки «хамаи захираву имкониятхои мавчуда ба халли масъалахои хифзи фазои орому осудаи зиндагии шахрвандон, расидан ба меъёрхои баландтари некуахволии мардум ва шароити боз хам бехтари ичтимой, таквияти конуният ва адолат, дар мачмуъ, ба таъмини амнияти давлат, шахрвандон ва чомеа равона карда мешавад» [5].
Барои халли масъалахое, ки вобаста ба хуччатнигорй ва хифзи онхо дар бойгонй мавчуданд, рохбарону мутахассисони ташкилоту муассисахо, макомотхои махаллй вазифадоранд, ки дар таъмини ичрои супоришу хидоятхои Пешвои миллат хиссагузор бошанд.
Дар замони гузашта дар Осиёи Миёна бойгонихои давлатй ба маънои аслй ва имрузаи он вучуд надоштанд. Танхо дар идораи коргузории амир, хон, султон ва баъзе мансабдорон коидаи тартиб додани китоби нусхаи хуччатхо риоя карда мешуд. Намунаи чунин мачмуи бойгонй то замони мо омада расидаанд.
Бойгонихо ва фаъолияти онхо дар чумхурихои Осиёи Миёна ба шакли нав танхо пас аз галабаи Инкилоби Октябр ва барпо шудани Хукумати Шуравй ба вучуд меоянд.
То таксимоти миллй-худудии Осиёи Миёна ташкилёбии аввал Ч,МШС Точикистон ва сипас Ч,ШС Точикистон дар Ч,умхурии Мухтори Точикистон Бойгонии Кумитаи инкилобии ^МШС Точикистон вучуд дошт. Аввалин кушишхои таъсис додани бойгонй дар чумхурии мо ба соли 1926 рост меояд. Ин Бойгонии Душанбе ва баъдан Бойгонии Сталинобод ба хисоб мерафт [2,с.13]. 20 марти соли 1931 Комичроияи Марказй ва Шурои Комиссарони Халки чумхурй «Низомнома доир ба ташкили корхои бойгонй» - ро тасдик намуд [4 ,С.72-79].
Аз руи баъзе маълумоти дигар таъсиси Бойгонии давлатии марказии Ч,ШС Точикистон 20 марти соли 1930 ба хисоб меравад [2,с.13]. Бойгонии давлатии марказй расман то соли 1934 Бойгонии Сталинобод ном дошта, аз соли 1935 номи Бойгонии давлатии марказиро мегирад [2,с. 14].
Аз хамин давра сар карда фаъолияти бонизом ва мунтазами чамъоварй, бакайдгирй ва тахлилу омузиши маводи хуччатй огоз меёбад. Соли 1939 идорахои бойгонй ба ихтиёри Комиссариати корхои дохилии умумииттифок ва чумхурихо вогузор шуда, он аз соли 1960 ба ихтиёри Шурои Вазирони ИЧ,ШС ва Хукуматхои чумхурихои иттифокй мегузарад.
Дар махзани (фонди) бойгонй дар ин давра хуччатхои мансуб ба давраи Шуравй, санадхо доир ба таърихи Инкилоби Октябр ва сохтмони сотсиалистй, аз давраи тоинкилобй бошад, хуччатхои уездхои Хучанд, Исфара ва Ч,иззахи вилояти Самарканд махфуз буданд. Дар махзани идораи уезди Хучанд, сардори уезди Исфара, полиси назоратии Хучанд, сардори гарнизон, раёсатхои вилоятй ва дигар муассисахои маъмурй - полисй, хуччатхо доир ба давраи мустамликавй ва сиёсати маъмурияти мустамликавй, низоми андоз ва андозситонии мутлакияти рус, пахши шуриши соли 1916 дар Хучанд ва гайра нигох дошта мешуданд. Илова бар он маводи хуччатии судяхои халкии махаллй - козихо ва фаъолияти онхо нигох дошта мешуданд [2,с.14].
Нахустин идораи бойгонй дар Точикистонин Бойгонй назди Комичроияи уезди Хучанд ба хисоб меравад, ки бо карори Комичроияи уездй 9 апрели соли 1925 таъсис дода шуда буд [3,с.4]. Вазифаи он аз чамъовардани хуччатхо оид ба таърихи Точикистони шимолй, хифзу нигахдорй ва истифодаи онхо иборат буд. 16 декабри соли 1928 дар Хучанд Бюрои бойгонии округй таъсис дода мешавад, ки он назоратро оид ба хифзи санадхои бойгонй дар тамоми Точикистони шимолй таъмин менамуд [6,с.75].
Б о сабаби бардам хурдани округи Хучанд бо карори Комичроияи округи Хучанд аз 6 октябри соли 1930 Бюрои бойгонйй ба байнинохиявй табдил дода шуд, ки бевосита ба КИМ Точикистон итоат мекард.
Соли 1938 бо амалигардонии таксимоти маъмуриву марзии округй Идораи марказии бойгонии Точикистон Бюрои бойгонии байнинохиявиро ба Бюрои округй табдил дод. Дар заминаи ин 27 октябри соли 1939 Бойгонии давлатии вилояти Ленинобод таъсис ёфт [1,с. 18].
Дар хазинаи он санадхои муассисахо, корхонахои давраи шуравй, ташкилотхои собик уезд ва округи Хучанд, инчунин хуччатхои муассисахои вилоятй, хазинаи Комичроия ва Кумитаи инкилобй чамъоварй шуда буданд, ки мархилахои гуногуни таърихиро дар бар мегиранд.
Соли 1962 аз сабаби муваккатан бархам додани вилояти Ленинобод дар пояи Бойгонии вилоятй бо карори Шурои Вазирони Ч,ШС Точикистон филиали Бойгонии давлатии марказии Ч,ШС Точикистон таъсис дода шуд. Минтакаи фаъолияти он нохияхои Точикистони шимолй -шахрхои Ленинобод, ^айроккум (бо шурохои шахракхои Консой, ^уруксой, Олтин-Топкан, Адрасмон, Чорух-Дайрон), Чкалов (хозира Бустон), нохияхои Мастчох, Спитамен, Ч,аббор Расулов ва Хучандро дар бар мегирифт.
Дар асоси карори Идораи бойгонии назди Шурои Вазирони Ч,ШС Точикистон аз 1 январи соли 1978 дар пояи филиали Ленинободии Бойгонии давлатии марказии Ч,ШС Точикистон Бойгонии давлатии вилояти Ленинобод бо филиалхо дар шахрхои Конибодом, Уротеппа ва Панчакент ба фаъолият пардохт. Агар дар огози таъсиси Бойгонии уезди Хучанд дар хазинаи он 10 хазор парванда махфуз бошад, баъдтар микдори он ба беш аз 350 хазор расида буд [3].
^айд кардан ба маврид аст, ки таърихи кариб тамоми Точикистони Шуравй аз соли 1917 то соли 1989 дар 677 фонд бо микдори умумии 165187 парванда инъикос ёфтааст. Дар ин самт махсусан маводи солхои аввали Х,окимияти шуравй, аз кабили протоколхои чаласахои Шурои депутатхои аскарон ва коргарони уезди Хучанд дар солхои 1917-1918, нусхахои асли фармонхо, хабархо, мукотиботи муборизони барпо ва мустахкамкунии Х,окимияти Шуравй дар Точикистони Шимолй - Е.А.Иванитский, Ч,.Зокиров, Х.Усмонов, А.Рахимбоев ва дигарон арзиши басо мухим доранд.
Дар парвандахои бойгонй хамчунин маълумоти мухим доир ба муборизаи сокинони Точикистони шимолй бо харакати босмачигарй, дастахои Гвардияи сурх ва партизании уезди Хучанд, сафарбаркунии кормандони хизбию шуравй ба амалиёти чанги шахрвандй махфузанд.
Мавод дар бораи чорахои аввалин дар сохаи кишоварзй: ташкили комитетхои ислохоти обу замин, фаъолияти онхо оид ба милликунонии замин, бунёди аввалин коммуна, артелхо, ташкилотхои комитетхои камбагалон арзиши мухим доранд.
Таърихи Точикистони шимолиро дар давраи баркароркунй хуччатхои Комичроияхои уезд ва округи Хучанд, шуъбахои онхо, иттифоки «^ошчй», чамъияти ёрии байнихамдигарии дехконон, заводхои пахтатозакунй, маълумот оиди амалигардонии сиёсати нави иктисодй (НЭП), болоравии сохаи кишоварзй, гузаронидани ислохоти обу замин дар уезди Хучанд, фаъолгардонии Шурохо, холати сохахои мухталифи саноат инъикос мекунанд [1, с.6].
Дар парвандахои мансуб ба давраи точангй маълумот дар бораи харакати камбагалон тавассути иттифоки «^ошчй», аз банди асорат озод намудани занон, ташкил ва фаъолияти комбинатхо, заводу фабрикахо чой дода шудааст.
Х,уччатхо дар бораи корномахои мехнатй ва чангй дар солхои Ч,анги Бузурги Ватанй фонди махсусро ташкил медиханд. Ба бойгонй хуччатхо баъди анчоми Ч,анги Бузурги Ватанй барои нигохдории давлатй аз ташкилоти муассисахои таълимй, колхоз ва совхозхои вилоят ворид гардидаанд.
Маводи фондхои шахсии иштирокчиёни чанг, собикадорони мехнат, арбобони илм ва фарханг аз кабили Г.Хдйдаров, Р.Турсунов, Б.Комаров, А.Атоев, М.Глодышев, Ф.П.Баженов, О.Рахматбоев, П.Малышев, М.Авезова барои инъикоси таъриху фарханг ва илм кумаки зиёд мекунанд.
Филиалхои бойгонй дар шахрхои Конибодом, Уротеппа (Истаравшан) ва Панчакент мутаносибан солхои 1966, 1970 ва 1982 ташкил шудаанд. Дар мачмуъ маводи хуччатии бойгонии давлатии вилоятй ва филиалхои он, ки теъдоди зиёда аз 280 хазор парвандаро дар бар мегирад, ки яке аз энсиклопедияи хоси нашрнагардидаи даврони шуравии вилоят мебошад .
Доктори илмхои таърих, профессор Г.Х,айдаров дар маколаи пурмухтавои худ оид ба фаъолияти Бойгонии давлатии вилояти Сугд бо номи «Хазинаи чавохирот» [7] маълумоти пурарзиш овардааст. Мавсуф кайд мекунад, ки дар 950 фонди бойгонй бештар аз 360 хазор парвандахо махфузанд, ки онхоро хамчун шохидони безаволу безабони вокеахои пасисаршуда хисобидан равост. Х,ар яке аз ин миллионхо сатру вараки хуччатхои бойгонй кимати ганчро
доранд. Онхо барои гум ва бесару сомон нашудани таърихи Сугди замони нав, тасвири корнамоихои мехнатию бунёдкории сугдиён, шучоати зодагони онхо бахри озодй ва хифзи Ватан, хизматхои шоистаи зиёини шимоли Точикистон, такдири таърихии шахсиятхои маъруфи сарзамин хизмат хоханд кард.
Дар рушди бойгонии вилоят сахми сардори он Николай Михайлович Морозов хеле бузург аст. У, ки дастпарвари Донишкадаи таъриху бойгонии Москва, мутахассиси закию боистеъдод, шахси нексиришту кавиирода аст, аз соли 1959 то соли 2004 тамоми донишу махораташро бахри бехбудии кори бойгонй сарф кард. Бойгонии вилояти Сугд дар замони сарварии вай яке аз бехтарин хазинахои хуччатии чумхурй гардид.
Бойгонй дар инкишофи чомеашиносй ва илми таърихи Точикистони муосир накши калон бозид. Иштибох намешавад агар гуем, ки аксари олимони сохаи илми таърихи вилоят ва чумхурй махз дар асоси маводи ин чашмаи бебахои илму дониш рисолахои номзадй ва доктории хешро ба табъ расониданд, китобу маколахои бисёр офариданд. Тадкикотхо барои дарёфти унвони номзади илм («Очеркхои таърихи маорифи халк дар РАСС Туркистон») ва докторй («Очеркхои сохтмони сотсиалистй дар Точикистони Шимолй дар солхои 1917-1937») асосан дар заминаи хуччату маводи махз хамин бойгонй чараён гирифтаанд.
Дар бойгонй бисёр аспирантон, донишчуён, унвончуён, журналистон аз Душанбе, Маскав, мамлакатхои хамсояи наздик низ кори чустучуи хуччатй мебурданд ва ин амалро то инчониб давом медиханд.
Бойгонй ба факултети таърих ва хукуки МДТ «Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров» дар ташкилу гузаронидани тачрибаи бойгонии донишчуёни курсхои болой кумак мерасонад. Сардори соби; муассиса Николай Морозов барои муаррихони чавони оянда аз руи проблемаи мухими бойгонишиносй дарси махсус медод.
Профессор FДайдаров кайд менамояд, ки дар натичаи кофтуковхои тулонй Протоколхо (карорхо)- и аввалин Шурои депутатхои халоику сарбозони Хучандро, ки рузхои Инкилоби февралии соли 1917 таъсис ёфта буд, дарёфт гардид. Бо мурури солхо хуччати хеше корношоямшударо ба сомон дароварда, пас дар мошинка чоп карда, дар асоси тахлили илмии ин сарчашмаи нодир соли 1968 тахти унвони «^адамхои нахустини Шурои Хучанд дар солхои 1917-1919» резарисолае навиштааст [7]. Дар масъалаи баландбардории обрую эътибори бойгонй ва таблиг кардани кадру кимати маводи он дар байни ахолии вилояту кишвар ва инчунин, берун аз худуди мамлакат сахми олимони Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров калон аст [7].
Бо ташаббуси рохбари онвактаи Бойгонии давлатии вилояти Сугд Н.М.Морозов нашрияи «Мерос» таъсис дода шуда буд, ки дар сахифахои он маколаю маводи сазовори диккати хонандагон чоп мешуд, ки танхо як ё ду шумораи он баромаду халос. Бо сабабхои номаълум нашри он катъ гардид.
Добили зикр аст, ки дар Бойгонии давлатии вилояти Сугд дар баробари махзани (фонди) макомоти давлатию идоракунй, корхонаву ташкилотх,о, муассисах,о, донишгохдои олй ва гайра фонди шахсй низ мавчуд аст. Намунаи нодири ин бойгонии шахсй махзани (фонди) муаррихи номвар, олими нуктасанчу дакиккор, Арбоби илм ва техникаи Точикистон, доктори илмх,ои таърих, профессор ГДайдаров ба хдсоб меравад.
Дар бораи ахдмият ва арзиши илмии он муаллифи ин сатрх,о дар яке аз маколах,ои худ «Бойгонии шахсии профессор Гафур Гайдаров- хазинаи нодири таърихй» (бо хдммуаллифии Ш.Шарифов) [8, С.246-253] маълумот додааст. Махзани (фонди) мазкур та^ти раками 880, руйхати ракамх,ои 1,2,3 дар Бойгонии давлатии вилояти Сугд дар кисмати махзани шахсй нигох, дошта шуда, дар мачмуъ 295 адад парвандаро (дело) дарбар мегиранд
Дамин тавр, бояд кайд кард, ки махзани Бойгонии давлатии вилояти Сугд дар пешрафти корхои илмй- тадкикотии устодони донишгох, мухаккикон, олимони чавон, унвончуён ва донишчуён накши назаррас дорад.
Дар сол дар асоси накшаи таълими факултети таърих ва хукуки ДДХ ба номи академик Бобочон Гафуров тачрибаомузии таълимии бойгонишиносй дар курсхои сеюм гузаронида мешавад, ки дар ташаккули донишхои бойгоншиносй мусоидат мекунад.
Алхол ба Бойгонии давлатии вилояти Сугд Чдркинзода Гулчехра Валиевна рохбарй намуда, дар густариши кори бойгонй сахми назаррас гузошта истодааст.
Бойгонй ва хазинаи он дар инкишофи чомеашиносй ва илми таърихнигории Точикистони муосир накши бузург мебозад. Дамин тавр, хазинаи Бойгонии давлатии вилояти Сугд махзани нодири хифзу нигахдории хуччатхои мухим ба хисоб рафта, он барои дар инъикоси таърихи хаёти сиёсй, иктисодй, илмй, фархангй хизмат менамояд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Государственный архив Ленинабадской области. Путеводитель-Ленинабад.- 1991. - 198 с.
2. Мухиддинов, С. Бойгоншиносй./С.Мухиддинов, М.Каримов.- Душанбе, 2009. - 52с.
3.Нозимй, М. Бойгонй дар бинои нав/М.Нозимов // Чумхурият. - 2007. - 8 сентябр.
4. Нормативные акты государства и Правительства Республики Таджикистан по архивному делу (Сборник документов). - Душанбе, 2005.
5. Рустамова, М. Бойгонй - махзани таърих/М.Рустамова// Тирози чахон. - 2015. - 27 феврал.
6. Сборник материалов по истории и организации бойгонйного дела в СССР. - М., 1940. Вып^.
- С.72-79
7.Гайдаров, Г. Хазинаи чавохирот/ГДайдаров // Тирози чахон. - 2007. - 22 сентябр.
8.Шарифов, Ш. Бойгонии шахсии профессор Гафур Гайдаров- хазинаи нодири таърихй/Ш.Шарифов, М.Ч,ураева//Машъалафрузи таърих. Маводи Конференсияи илмй-амалии чумхуриявии «Сах,ми профессор Гафур Гайдаров дар рушди илми таърих ва тарбияи мутахассисиони баландихтисос бахшида ба 90-солагии зодрузи Арбоби илм ва техникаи Точикистон, доктори илмх,ои таърих, профессор Гафур Хдйдарович Гайдаров».-Хучанд:Нури маърифат, 2018.-С.246-253
REFERENCES:
1. State Archive of Leninabad Region. Traveler-Leninabad. - 1991. - 198 p.
2. Muhiddinov, S. Archeology / S. Muhiddinov, M.Karimov.- Dushanbe, 2009. - 52 p.
3. Nozimi, М. Archive in the New Building / M. Nozimi // Jumhuriyat. - 2007. - September 8.
4. Normative Acts of the State and Tajikistan Republic Government on Archival Affairs. (Collection of documents). - Dushanbe, 2005.
5. Rustamova, магл^- a Database of History/M.Rustamova// Tirozi Jahon. - 2015. - February 27.
6. Collection of Materials on the History and Organization of Archival Affairs in the USSR. - M., 1940. V.V. - P. 72-79
7. Khaidarov, G. Jewelry / G. Khaidarov // Tirozi Jahon - 2007. - September 22.
8. Sharifov, Sh. Personal Archive of Professor Gafur Haidarov - a Unique Historical Treasure / Sh. Sharipov, M. Juraeva // Torch of History. Materials of the Republican Scientific-Practical Conference Entitled as "Professor Gafur Haidarov's Contribution into the Development of Historical Science and Training of Highly Qualified Specialists Dedicated to the 90-th Birthday of Scientist and Technician of Tajikistan, Doctor of History,Professor Gafur Haidarovich Haidarov" .- Khujand: Light of Enlightenment, 2018. - P. 246 - 253.