УДК 37(09)
ББК 74.03(5Т)
ХУЦЦАТХОИНОДИР Цураева Ма^буба Амоновна, унвонцуи
ДОИР БА ТАЪРИХИДДХ кафедраи таърихи ватан ва архелогияи МДТ«ДДХ
ДАР БОЙГОНИИДАВЛАТИИ ба номи акад. Б.Гафуров»
ВИЛОЯТИ СУРД (Тоцикистон, Хуцанд)
РЕДКИЕ ДОКУМЕНТЫ ПО Джураева Махбуба Амоновна, соискатель кафедры ИСТОРИИХГУ В ГОСАРХИВЕ отечественной истории и археологии ГОУ «ХГУ СОГДИЙСКОЙ ОБЛА СТИ им.акад.Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)
RARE DOCUMENTS ON Juraeva Mahbuba Amonovna, applicant of the
THE HISTOR Y OF department of home history and archeology under the SEI
KHSUINSUGHD VILOYAT "KSUnamed after acad. B. Gafurov (Tajikistan,
STATE ARCHIVE Khujand), E-mail: [email protected]
Вожа^ои калиди: бойгонй, бойгонии шахси, махзан, парванда, ууццатуо, санадуо, тадцицот, таулил, гуруубанди, маъхаз
Дар мацола сухан оид ба ууццатуои нодири Донишгоуи давлатии Хуцанд дар Бойгонии давлатии вилояти Сугд мауфузбуда, таркиби ууццатуои он ва ауамияти таърихии ин ууццатуо меравад. Муаллифи мацола доир ба таърихи таъсис, ташаккул ва рушду нумуи донишгоу, роуи тайкардаи он дар фарозу нишеби таърих, ташаккул ва тарбияи зиёиёни нави тоцик, таърихи инкишофи мактабу маориф ва илму фаруанги цумуурй дар асоси ууццатуои нодири таърихии Бойгонии давлатии вилояти Сугд маълумот додааст. Муаллиф ба чунин хулоса меояд, ки хазинаи ууццатуое, ки дар Бойгонии давлатии вилояти Сугд марбут ба таърих ва фаъолияти Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Гафуров мауфузанд, ганци бебауо, сарчашмаи муътамад барои тауцицу омузиши таърихи таъсис, рушди ин боргоуи илму ирфон ва сарнавишти устодону кормандон ва донишцуёни он дар масири таърих ба уисоб меравад.
Ключевые слова: архив, личный архив, фонд, дело, документы, исследования, анализ, классификация, источник
Статья посвящена анализу документов ХГУ имени академика Б.Гафурова, хранящихся в Госархиве Согдийской области, и исторического значения этого архива. Автор статьи рассказывает об истории создания, становления и развития университета, в целом ходе его развития, истории становления и воспитания новой таджикской интеллигенции, истории школы и развития образования в республике по уникальным историческим документам Госархива Согдийской области. Автор приходит к выводу, что документы, содержащиеся в Государственном архиве Согдийской области, связанные с историей и деятельностью Худжандского государственного университета имени академика Бободжона Гафурова, являются бесценными и представляют собой важный источник для изучения истории становления и развития науки.
Key words: archive, private archive, fund, business, documents, research, analysis, classification, source
The article dwells on an analysis beset with the documents of KhSU named after academician B. Gafurov preserved in Sughd Viloyat State Archive and historical significance of the relevant archive. The author speaks about the history of creation, formation and development of the university, its development entirely, the history of the formation and upbringing of the new Tajik intelligentsia, the history of the school and development of education in the republic according to unique historical documents of Sughd Viloyat State Archive being taken into account as well. The author of the article comes to the conclusion that the documents contained in Sughd Viloyat State Archive related to the history and activities of Khujand State University named after academician Bobojon Gafurov are considered to be an invaluable source for the study of the history of the formation and development of science.
Бойгонй ва махзани он нодиртарин ва мухимтарин манбаи фаъолияти илмию тадкикотй махсуб ёфта, барои мухаккиконе, ки дар ин ва ё он самту соха, мавзуъ ва чанбаи мушаххаси илм тадкикот мебаранд истифода аз маводи бойгонй шарту зарур аст. Яке аз заминахо ва омилхои асосии комёбй, бозёфту навоварй, мухимият ва дарачаи баланди арзиши илмии кори илмию тадкикотй ва хар як пажухишгар аз истифодаи мохирона ва окилонаи сарчашмахои гуногун, аз чумла, санаду хуччатхои
нодири бойгонй вобаста мебошад. Махз истифодаи сарчашмахои нодири таърихй, хазинаи бойгонй, дастраси ахди илм ва тамоми мардум гардонидани санаду хуччатхои то ин замон номаълум ва истифоданашуда навоварй ва сахми шахсии мухаккик дар тахкику омузиши мавзуи ин ё он тадкикот ба хисоб меравад. Истифодаи принсипхо ва усулу равишхои гуногуни тадкикот, аз чумла, таърихият, вокеият, равишхои ретроспективй, тахлилй, мукоисавй, интикодй, хулосабарорй ва гайра хангоми истифодаи сарчашмахои гуногуни таърихй, аз чумла хуччатхои бойгонй имкон медихад, ки мухаккик сахифахои норавшан, камтахкикшуда ё ба истилох «догхои сафед»-и таърихро равшану возех намояд, ба вокеахо, руйдодхои таърихй ва фаъолияти шахсиятхои алохида, ки дар раванди таърих накши мусбат ё манфй бозидаанд, бахои объективона дихад ва ба ин васила навоварии тадкикоти худро асоснок ва арзиши илмии онро таъмин ва ба маротиб афзун намояд.
Барои олим, мухаккик, муаррих дар радифи сарчашмахои гуногуни таърихй хуччатхои бойгонй якемаъхази нодиру пурарзиш ба хисоб мераванд, ки дар та;и;и дурустуво;еии ин ё он масъалаи таърих мусоидат мекунад
Махзани (фонди) бойгонй ин мачмуи маводи хуччатхое, ки дар чараёни фаъолияти муассиса, корхона ташкилот, созмон, иттиходияи эчодй, муассисахои илмй, таълимй, донишгоххо, ки хуччатнигории худро доранд ва ба рох мондаанд, инчунин дар раванди зиндагй ва фаъолияти шахсони алохида, оила, авлод ба вучуд меоянд, махзани (фонди) бойгониро ташкил медиханд. хамин тавр, муассиса, ташкилот, корхона ва шахсони алохида, оила, авлод, ки дар натичаи фаъолияти онхо махзани бойгонй ба вучуд меояд, созмондихандаи махзан (фонд) ба хисоб мераванд.
Ба махзани бойгонй хуччатхои хам созмондихандаи он, хам хуччатхои мураттабсохтаи дигар муассисаву ташкилотхои алохида, инчунин хуччатхои чамъовардаи шахсони чудогона дохил мегарданд. Яке аз принсипхои мухимтарини созмондихии фаъолияти бойгонй ин принсипи ягонагй ва таксимнопазирй мебошад.
Дар Бойгонии давлатии вилояти Сугд махзани (фонди) раками 264 махфуз аст, ки он ба Донишкадаи давлатии омузгории Ленинобод ба номи С.М.Киров-Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров мансуб аст. Махзани мазкур аз ли3ози Зачми худ хеле бузург ва пургановат буда, беш аз 4198 (чор хазору яксаду наваду хашт) парвандаро дар бар мегирад(4).
Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров яке аз донишгоххои бузургтарин, собикадор ва бонуфузу овозадори на танхо вилояти Сугд, балки тамоми чумхурй махсуб ёфта (3,13), пас аз Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айнй (1931) дуюмин муассисаи тахсилоти олй аз лихози собик,аи таърихи таъсисёфтаи худ дар байни тамоми макотиби олии Точикистон ба шумор меравад.
Аз огози фаъолияти худ, он нахуст чун Институти омузгории шабона, Донишкадаи олии омузгории Хучанд (1932) таъсис ёфта, соли 1938 номи Донишкадаи давлатии омузгории Ленинобод ба номи С.М.Киров, соли 1991 макоми Донишгохи давлатии Хучанд (3,5) гирифт ва бо ^арори Х^укумати Ч,умхурии Точикистон аз 26 апрели соли 1997 ба он номи фарзанди фарзонаи миллат академик Бобочон Гафуров дода шуд (3,94).
Таърихи таъсис, ташаккул ва рушду нумуи донишгох, тамоми рохи тайкардаи он дар фарозу нишеби таърих як чузъи таркибй ва чудонашавандаи таърихи тахаввулоти ичтимой, фар3ангй, бунёди чомеаи навин дар Точикистон, ташаккул ва тарбияи зиёиёни нави точик, таърихи инкишофи мактабу маориф ва илму фарханг дар чумхурй ба хисоб меравад (3,13).
Авроки таърихи рангин ва зарини донишгохро инсонхои начибу нотакрор, созандаву бунёдкор офаридаанд ва сахифахои пуршарафи донишгох ин саргузашту сарнавишти устодон, шогирдон, кормандон, дар мачмуъ- сарнавишти инсонхо, ба касбу кори худ содикки вафодор ва мехнаткарину чоннисор мебошанд.
Хуччатхои нодир, санаду маводе, ки дар махзани №264-и Бойгонии давлатии вилояти Сугд махфузанд, тачассумгари таърих, рохи тайкардаи донишгох, зиндагинома ва кору пайкори устодону олимон, кормандон ва шогирдони ин маркази бузурги илму ирфон, таълиму тарбия ва парвариш мебошад.
Хднгоме ки санадхои марбут ба ДДХ-ро аз назар мегузаронем ин хуччатхо гуё ба забон меоянд ва чун шохиди зиндаи таърих аз гузашта, рузгор, хаёту фаъолияти харрузаи нафароне, ки хишти нахустини ин кохи бузурги фархангу маърифатро гузоштаанд ва барои бунёд, афрухтану оростани бинои маънавй ва афзудани шухрату нуфузи он хизмати шоиста кардаанд, накл менамоянд.
Санадхои бойгонй тамоми самту чанбахои фаъолияти донишгох-таълиму тадрис, тарбия, илм, корхои чамъиятй, фаъолияти факултетхо ва дигар сохторхо, созмонхои чамъиятй, чараёни тарбия ва тайёр кардани мутахассисони омузгорй барои мактабхои тахсилоти хамагонй, кадрхои илмй-омузгории сохибунвон, робитахои донишгох бо муассисахои илмй ва донишгоххои олии мамлакат ва берун аз он, равобит ва мукотибот бо макомоти гуногуни идорй-хукумати чумхурй, вилоят, шахр, Вазорати маориф ва илми чумхурй, хисоботхои гуногун, маълумоти оморй, маълумотнома, тахлил ва гайраро дар бар мегиранд. Санадхои мазкур вокеан хуччат ва маводи нодири таърихй буда, оинаи рузгори донишгох ва устодон, кормандон, донишчуёни ин боргохи бузурги илму маърифат, таълиму тадрис ва тарбия мебошад.
Доир ба робита ва хамкорихои донишкада бо донишгоххои олй ва муассисахои илмии собик ИЧ,ШС ва чумхурй дар самти пешбурди корхои илмию тадкикотй, тарбия ва тайёр кардани кадрхои илмию омузгорй, таъмини кафедрахои донишкада бо устодони сохиби дарача ва унвони илмй дар хазинаи бойгонй маълумотхои хеле нодир мавчуданд.
Масалан, барои таъмин кардани донишкада бо омузгорони сохибунвон дар сохаи фанхои инсонй ва бештар риёзиву табий раёсати донишкада озмунро дар рузномахои умумииттифокии «Учительская газета» ва чумхуриявии «Омузгор» (ин хафтанома аз 20 июли соли 1932 бо номхои гуногун, аз чумла «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон», «Омузгор» нашр мешавад.-Ч,.М) эълон менамуд. Дар озмун мутахассисони сохибунвон аз шахрхои марказии соби; иттиходи шуравй Маскав, Санкт-Петербург, Киев ва гайра ширкат меварзиданд. Дар бойгонй, дар ин хусус аризаи довталабон дар хусуси иштирок дар озмун, хуччатхои шахсии онхо, мукотиботашон бо ректори донишгох, ризоияти рохбарияти донишгох дар хусуси иштирок дар озмун, даъвати онхо барои кор ба донишкада ва гайра мавчуданд.
Махзани раками 264 фехрист(опись) ва парвандаи хеле зиёдро дар бар мегирад ва фарогири хуччатхои нодири таърихй мебошад. Масалан, руйхат ё фехристи раками 1 дар мачмуъ 313 парвандаро фаро гирифта, аз 3 руйхат иборат аст. Руйхати аввал 104 парванда-парвандахои №№1-104-ро дар бар гирифта, дар онхо хуччатхои гуногун оид ба фаъолияти илмии ДДОЛ ба номи С.М.Киров дар давраи солхои 1959-1974 гирд оварда шудаанд. Идомаи руйхати 1 хафтоду хашт (78) парванда- парвандахои №№105-235-ро дар бар мегирад ва фарогири хуччатхо доир ба фаъолияти илмй дар давраи солхои 1974-1985 мебошанд.
Дар хамин фехристи раками 1 тахти №№236-313 хафтоду хашт (78) парвандаи дигар чамъ оварда шуда, онхо низ ба фаъолияти илмии донишкада бахшида шудаанд ва солхои 1964-1983 - ро дар бар мегиранд.
Руйхати (фехристи) раками дуюми махзани 264 аз 272 парванда- парвандахои №№1-272 иборат аст ва дар онхо хуччатхо оид ба хайати илмй-омузгории донишкада, накшахои таълимй, протоколхо (суратчаласахо), хисоботхо ва дигар санадхо чамъ оварда шудаанд.
Фехристи раками 3 (сеюм) фонди 264 аз 32 парванда -парвандахои №№1-32-ро дар бар мегирад ва дар он хуччатхои шуъбаи мухосибот, хисоботи солонаи молиявй ва дигар санадхо марбут ба фаъолияти харочоти молию пулй гирд омадаанд.
Фехристи раками 4 (чорум) аз 53 парванда- парвандахои №№1-53 иборат аст ва дар онхо ^арорхои Шурои Комиссарони Халки Ч,ШС Точикистон марбут ба фаъолияти донишкада, накшахои таълимй, хисоботхо, мукотибот бо муассисахо ва макомоти гуногун, протоколхо (суратчаласахо) ва гайра дар давраи солхои 1933-1941 фарохам оварда шудаанд.
Фехристи раками 5 (панчуми) фонди 264 иборат аз 31 парванда- парвандахои 1-31 буда, хуччатхои хайати шахсии устодон, кормандон, донишчуёнро дар давраи солхои 1933-1940 дар бар мегиранд.
Фехристи раками 6 (шаш) низ мисли фехристи раками 1 аз 3 кисмат иборат аст ва кисмати аввал аз 502 парванда- парвандахои №№11-501 иборат аст, дар онхо хар гуна низомнома, санадхои меъёрй, фармонхо, маълумотномахо, суратчаласахо гирд оварда шуда, фаъолияти донишкадаро дар давраи солхои 1934-1967 инъикос менамоянд.
Идомаи кисмати дуюми фехристи раками 6 аз 725 парванда- парвандахои №№501-1125-ро дар бар мегирад ва фарогири хуччатхои солхои 1957-1985 буда, дар он санадхои гуногуни иттилоотй, маълумотномахо, хуччату маводи нодирро доир ба таърихи донишкада чамъ оварда шудаанд.
Фехристи раками 7 (хафт) мисли фехристи раками 6 аз се кисмат иборат аст ва кисмати аввали он аз 37 парванда- парвандахои №№1-37 иборат аст ва он санадхоро оид ба фаъолияти Комитети иттифоки касабаи донишкада др солхои 1939-1965 дар бар мегирад.
^исмати дуюми фехристи раками 7 (хафт) аз 707 парванда - парвандахои №№1-705-ро дар бар мегирад ва дар онхо суратчаласахои Комиссияи имтихоноти давлатй дар давраи солхои 1940-1985 гирд оварда шудаанд.
^исмати сеюми фехристи раками 7 (хафт) аз 484 парванда - парвандахои №№705а-1191 иборат буда, он протоколхои (суратчаласахои) Комиссияи имтихоноти давлатиро дар солхои 1982 - 2002 дар бар мегирад.
Фехристи раками 8 (хашт) низ аз ду кисмат иборат аст ва кисмати аввали он фарогири 89 парванда- парвандахои №№1-19 мебошад, ки дар он протоколхои (суратчаласахои) Шурои илмй, накшахои таълимй, корй, хисоботхо, хислатномахо, накшахои инфиродй ва гайра чамъ оварда шуда, хуччатхои ин парвандахо ба солхои 1955-1992 мансубанд.
^исмати дуюми фехристи раками 8 (хашт) аз 590 парванда- парвандахои №№1-590 иборат аст ва он суратчаласахои Комиссияи имтихоноти давлатиро дар давраи солхои 1986-2010 дар бар мегирад.
Мухлати хифзу нигохдории кариб тамоми парвандахои фонди раками 264 доимй буда, танхо мухлати хифзи санадхои парвандахои №№1-590 (суратчаласахои Комиссияи имтихоноти давлатй) 75 сол мукаррар шудааст. Бояд зикр намуд, ки тартибу коидахои коркард, омода намудани хуччатхо, ташхис, муайян намудани арзиши илмии онхо, мухлати нигохдории хуччатхо дар бойгонихои идоравй ва тартиби супоридани онхо ба бойгонихои давлатй дар санадхои меъёрй, низомномаву коидахои асосии кори бойгонихо муайян ва мушаххас гардидаанд (7,8,9,10).
Чи тавре, ки дар боло ишора гардид, дар махзани 264 доир ба фаъолияти тамоми факултетхо, сохторхои донишгох, созмонхои чамъиятй маълумоти фаровон гирд оварда шудаанд.
Масалан, дар руйхати (фехристи) раками 8, парвандаи 1 доир ба фаъолияти кафедраи таърих иборат аз 369 варак хуччатхо чамъ оварда шудаанд, ки онхо накшаи корй, хисоботхои кафедраро дар давраи солхои 1955-1972 дар бар мегиранд.
Парвандаи раками дуюми хамин фехрист ба фаъолияти кафедраи таърихи факултети таъриху филология (то соли 1987 ин ду факултет якчоя буданд.-Ч,.М.) марбут буда, он протоколхои (суратчаласахои) кафедраи номбурдаро дар давраи солхои 1956-1966 дар бар мегиранд. Парванда аз 356 варак иборат буда, дар он суратчаласахои кафедра аз 27 июли соли 1956 то 27 июли соли 1966 гирд оварда шудаанд.
Парвандаи раками 42-и фехристи 8 хисоботхои устодони кафедраи таърихро дар солхои 1974-1975 дар бар гирифта, аз 53 варак иборат аст. Парвандаи раками 78-и фехристи 8 суратчаласахои кафедраро аз 3 сентябри соли 1982 то 11 майи соли 1984 дар бар гирифта, аз 58 варак иборат аст.
Бояд зикр намуд, ки шуъбаи таърих ва иктисодиёт дар сохтори Институт омузгории шабона, ки соли 1932 таъсис ёфта буд (ДДОЛ ба номи С.М.Киров бори аввал бо чунин ном таъсис меёбад.-Ч,.М.), дар соли хониши 1933-1934 ташкил ёфта буд. Аммо аз сабаби нарасидани кадрхои баландихтисос фаъолияти он катъ гардида, соли хониши 1936-1937 аз нав таъсис меёбад. Дар шуъба ду омузгор ва ду ассистент- тарчумон кор мекарданд. Бо сабаби норасоии теъдоди омузгорон ва мутахассисони шуъбаи таърих ва иктисодиёт ба Донишкадаи давлатии омузгории Сталинобод (Душанбе) интикол дода шуд. Соли хониши 1940-1941 фаъолияти шуъбаи таърих дар факултети таърих ва филология аз нав ба рох монда шуд.
Фаъолияти кафедраи таърих дар солхои Ч,БВ (1941-1945) аз хисоби олимону мутахассисоне, ки ба шахри Ленинобод (Хучанд) аз шахрхои марказии ИЧ,ШС кучонида шуда буданд, пуркувват гардид. Кафедраро дар ин солхои номзадхои илми таърих Е.П.Путирский (то соли 1943), М.Е.Беркович (1943-1946), Н.И.Чирков (1947-1952), Н.И.Павлов (1952-1956) сарварй намудаанд (3,221-222, 224).
Аз соли 1956 то соли 1992 сарварии кафедраи таърихи ИЧ.ШС- ро яке аз устодони сохибтачриба, садри солори муаррихони донишгох, доктори илмхои таърих, профессор ГДайдаров дар ухда дошт ва дар тахкими пояхои таълимию методй, зехнй, тарбияи кадрхои илмй-омузгории сохибунвон, фаъолияти таълимии кафедра сахми шоиста гузоштааст.
Фаровонй, тартибу низоми хеле хуби хуччатхо доир ба фаъолияти кафедраи таърих, умуман, факултети таърих аз бисёр чихат махз ба фаъолияти кафедраи таърих ва сарвари окилу дурандеши он профессор ГДайдаров вобаста аст. Дар аксарияти хуччатхо, хусни хат, накшу услуби дакиккорй, халолкорй, масъулияти баланди профессор ГДайдаров нисбат ба вазифаи худ, хуччатнигорй, услуби баланди коргузорй дар кафедра мушохида карда мешавад.
Добили зикр аст, ки дар Бойгонии давлатии вилояти Сугд дар баробари махзани (фонди) макомоти давлатию идоракунй, корхонаву ташкилотхо, муассисахо, донишгоххои олй ва гайра фонди шахсй низ мавчуд аст. Намунаи нодири ин бойгонии шахсй махзани (фонди)
муаррихи номвар, олими нуктасанчу дакиккор, Арбоби илм ва техникаи Точикистон, доктори илмхои таърих, профессор Г.Х.Хайдаров ба хисоб меравад.
Дар бораи ахамият ва арзиши илмии он муаллифи ин сатрхо дар яке аз маколахои худ «Бойгонии шахсии профессор Гафур Гайдаров- хазинаи нодири таърихй» (бо хаммуаллифии Ш.Шарифов) (11, 246-253)маълумот додааст. Махзани (фонди) мазкур тахти раками 880, руйхати ракамхои 1,2,3 дар Бойгонии давлатии вилояти Сугд дар кисмати махзани (фонди) шахсй нигох дошта шуда, дар мачмуъ 295 адад парвандаро дарбар мегиранд (5).
Профессор ГДайдаров дар асари ёддоштии худ ба забони русй «Былое и думы (Из воспоминаний) («Гузашта ва андешахо. (Аз хотирот)»)», ки соли 2007 аз нашр баромада буд, чунин нигоштааст: «Дар Бойгонии давлатии вилояти Сугд махзани (фонди) шахсии ман тахти раками 880 таъсис дода шудааст, ки аз 114 вохиди нигахдорй (парванда), иборат аз 600 варакахо махфузанд. Дар махзан маводи хуччатхое, ки ба фаъолияти илмию омузгорй ва чамъиятию сиёсии ман дар солхои 1948-1988 мансубанд, хифз карда мешаванд.
Коркарду ба низом даровардани руйхати дуюми хуччатхо босуръат идома дорад, ки аз 200 парванда (вохиди нигахдорй) иборат буда, беш аз ду хазор варакро дарбар мегирад(11,248).
Бо итминони комил метавон гуфт, ки хазинаи хуччатхои нодире, ки дар Бойгонии даввлатии вилояти Сугд марбут ба таърих ва фаъолияти Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров махфузанд, ганчи бебахо, сарчашмаи муътамад барои тахкику омузиши таърихи таъсис, рушди ин боргохи илму ирфон ва сарнавишти устодону кормандон ва донишчуёни он дар масири таърих ба хисоб рафта, мухаккикони худро интизоранд ва дастраси ахли илм ва чомеа гардонидани онхо вазифаи мукаддас ва бевосита муаррихон махсуб меёбад. Мутаассифона, маводи бойгонй дар асари илмии таърихй, ки ба тах^и^и таърихи ДДОЛ-ДДХ бахшида шудаанд, камтар истифода гардидааст. Хол он ки маводи бойгонй барои ин гуна тад^и^от сарчашмаи мухим ба шумор меравад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Абдуллоев, С.А. Худжандский государственный университет: история, документы и его люди./ С.А. Абдуллоев, Х.Х. Холджураев -Худжанд: Рахим Джалил, 1997.-467с.
2. Бобокалонов, А. Хафтод нахли пурсамар/А.Бобокалонов, Х.Холчураев.-Хучанд: Нури маърифат, 2002.-533с.
3. Бобокалонов, А. 80-зинаи камолот/А.бобокалонов, Х.Холчураев, Ш. Шарифов. -Хучанд: Нури маърифат, 2012.-660с.
4. Бойгонии давлатии вилояти Сугд. Махзани (фонди) №264.Руйхати 1 -9
5. Бойгонии давлатии вилояти Сугд. Махзани (фонди) №880. Фонди шахсии профессор Гайдаров Г.Х.
6. Гаффоров, У. Чароги ирфон./У. Гаффоров.-Хучанд:Нури маърифат, 2002.-497с.
7. ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 13 ноябри соли 1998, №705 «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллй ва муассисахои бойгонй».-Душанбе, 1998.
8. ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 4 майи соли 2000 «Дар бораи мухлатхои нихоии нигахдории хуччатхо дар бойгонихои идоравй ва тартиби супоридани онхо ба бойгонихои давлатй».- Душанбе, 2000.
9. ^оидахои асосии кори бойгонихои идоравии Ч,умхурии Точикистон. Бо фармони Сардори Саридораи бойгонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон аз 25 декабри соли 2009, №42 тасдик шудааст.-Душанбе, 2009.
10.Нормативные акты государства и Правительства Республики Таджикистан по архивному делу. (Сборник документов).-Душанбе, 2005.
11.Шарифов, Ш. Бойгонии шахсии профессор Гафур Хайдаров- хазинаи нодири таърихй//Машъалафрузи таърих. Маводи Конференсияи илмй-амалии чумхуриявии «Сахми профессор Гафур Хайдаров дар рушди илми таърих ва тарбияи мутахассисиони баландихтисос бахшида ба 90-солагии зодрузи Арбоби илм ва техникаи Точикистон, доктори илмхои таърих, профессор Гафур Хайдарович Хайдаров»/Ш. Шарифов, М.Чураева -Хучанд:Нури маърифат, 2018.-С.246-253
REFERENCES:
1. Abdullaev, S.A., Kholjuraev Kh.H. Khujand State University: History, Documentation and Reality. - Khujand: Rahim Jalil, 1997. - 467 p.
2. Bobokalonov A., Kholjouraev Kh. Seven Fertile Fibers. - Khujand: Light of Enlightenment, 2002. - 533 p.
3. Bobokalonov A., Kholjuraev Kh., Sharipov Sh. 80 Stages of Perfection. - Khujand: Enlightenment, 2012. - 660 p.
4. Sughd Viloyat State Archive. D.264. L. 1 - 9.
5. Sughd Viloyat State Archive. D.880. Prof. Kaidarov's Personal Foundation.
6. Gafforov U. Light of Cognition./U. Gafforov. - Khujand: Light of Enlightenment, 2002. - 497 p.
7. Resolution of Tajikistan Republic Government, November 13, 1998, -#705 "On National Archives and Archive Institutions". - Dushanbe, 1998.
8. Resolution of Tajikistan Republic Government, May 4, 2000 "On Deadlines for the Storage of Documents in Departmental Archives and Procedure for their Transfer to State Archives" -Dushanbe, 2000.
9. The Main Rules of Office Archives under Tajikistan Republic. Approved by the Order of the Head of the Main Department of Archives under Tajikistan Republic Government from December 25, 2009, № 42. - Dushanbe, 2009.
10.Normative Acts of State and Law of Tajikistan Republic in Archives. (Collection of Documents). - Dushanbe, 2005.
11.Sharifov Sh., Juraeva M. Personal Archive of Professor Gafur Haidarov - a Unique Historical Museum // The Torch of History. Proceedings of the Republican Scientific and Practical Conference "Professor Gafur Khaidarov's Contribution into the Development of History and Training of Highly Qualified Specialists Dedicated to the 90-th Anniversary of Arbob Science and Technology of Tajikistan, Dr. of History, Professor Gafur Khaidarov." - P. 246-253