Научная статья на тему 'University in the sysmem of modern world education'

University in the sysmem of modern world education Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
703
58
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАДЖИКСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ ПРАВА / БИЗНЕСА И ПОЛИТИКИ / СИСТЕМА ОБРАЗОВАНИЯ / ВЫСШЕЕ ПРОФЕССИОНАЛЬНОЕ ОБРАЗОВАНИЕ / СИСТЕМА СОВРЕМЕННОГО МИРОВОГО ОБРАЗОВАНИЯ / ДОСТИЖЕНИЯ ТГУПБП / СИСТЕМА КРЕДИТНОГО ОБРАЗОВАНИЯ / BUSINESS AND POLITICS'' / TAJIK STATE UNIVERSITY OF LAW / SYSTEM OF EDUCATION / HIGHER PROFESSIONAL EDUCATION / THE SYSTEM OF MODERN WORLD EDUCATION / ACHIEVEMENTS OF TSULBP / THE SYSTEM OF CREDIT EDUCATION

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Джурабаев Джамшед Хабибуллоевич

В статье автор рассматривает путь формирования и становления ТГУПБП как современного учреждения высшего профессионального образования, входящего совместно с другими вузами Республики Таджикистан в единое мировое образовательное пространство. В статье также освещается роль ТГУПБП в развитии образования, науки и подготовке высококвалифицированных кадров для народного хозяйства как Согдийской области так и страны в целом.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

In his article the authordwells on the way of TSULBP formation and development. Along with other higher schools of Tajikistan the Tajik State University of Law, Business and Politics is included into the unified world educational space. The role of TSULBP in the development of education and science is highlighted in the article. The author touches also upon the issue concerned with a preparation of highly qualified human resources for national economy of the country in general, and Sughd viloyat in particular.

Текст научной работы на тему «University in the sysmem of modern world education»

Чурабоев Чамшед %абибуллоевич,

ректор, сарму%аррири мацаллаи «Ахбори ДД%БСТ»-и Донишго%и давлатии %уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон

ДОНИП1ГОХ ДАР НИЗОМИ ТАЪЛИМИ ЧДДОНИ МУОСИР

Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон самараи неки Истиклолият буда, имрузхо дар арафаи вокеаи сурурбахш - тачлили 20-солагии таъсиси махзани илму маонй карор дорад. Донишгох алхол бо ташаккули хамачихатаи самтхои фаъолияти худ дар равнаку шукуфоии низоми тахсилоти олии касбии мамлакат хдмчун боргохи маърифат ва маскани тарбияи наслхои созандаву мутахассисони чавобгуи талаботи замон мавк,еи устувор ва шоистаи худро касб кардааст. Ин нуктаро Сарвари давлатамон зимни сафархо ва мулокоташон бо устодону донишчуёни донишгох, низ иброз доштаанд. Ду ташрифи рохбари давлат ба донишгох худ далели рушани таваччухи хосаи Президенти кишвар на танхо ба ин макони сабзиши нерухои пуркудрати зехнй, балки ба ташаккули тамоми сохаи маорифи кишвар ба шумор меравад. Ч,аноби Олй хини ташрифашон ба муносибати тачлили 15-солагии донишгох ин нуктаро таъкид намуданд: “Донишго%и давлатии %уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон %арчанд цавон аст ва акнун фосилаи 15 соли фаъолиятро паси сар менамояд, мо метавонем мавцудияти ин борго%и маърифатро %ам %осилу самараи неки со%ибистщлолии кишвар маънидод намоем. Зеро ин махзани маърифат баробар бо мар%алаи нави таърихии мамлакат - Истицлолияти давлати ба фаъолият огоз намуда, %астии он бо дарназардошти ниёз%ои цомеаи навин ва талаботи кунунии та%силоти оли пайрези шудааст ” (4, 4).

Омузиши таърихи донишгох нишон медихад, ки он дар тули 20 соли мавчудияташ ба яке аз муассисахои бонуфузи сохаи маорифи кишвар табдил ёфта, имруз бо умеди тоза чониби оянда кадамхои боэътимод мегузорад.

Давраи таъсиси донишгох барои кишвари нав сохибистиклолгаштаи Точикистон давраи басо мархаласоз буд. Махз дар хамин солхои вазнину пуртазод аввалин хиштхои бинои бегазанди сулх, вахдат ва рушди Точикистон гузошта шуданд. Пеш аз хама, моххои ноябр - декабри соли 1992 баргузор гаштани Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон ба огози раванди сулхи точикон заминаи боэътимод гузошта, хукумати конунии мамлакатро баркарор ва боварии халкро ба ояндаи дурахшон кавй гардонид (3, 24).

Расидан ба Истиклолият вок;еан [ам ба талошхои маънавии точикон мазмуни тозаи созанда бахшид. Новобаста ба идома ёфтани чанги шахрвандй, бухрони сиёсй ва иктисодиву ичтимой, касоди маънавй дар чомеа мардуми шарифи точик, хосатан кисмати маънавиятпарвари он, чароги илму маърифатро фурузон кард. Дар ин давра дар минтакахои мухталифи кишвар

муассисахои нави таълимиву илмй созмон ёфтанд, ки аз фитрати маънависози мардуми точик далолат мекарданд.

Мухити созандаву созгоре, ки дар донишгох рохандозй мешавад, татбики мантикии сиёсати хирадмандонаи Президенти Чумхурии Точикистон Ч,аноби Олй, мухтарам Эмомалй Рахмон ба шумор рафта, онро чун омили асосии ноил гардидан барои пешбурди кори таълиму тарбия ва илм дар ин макони маърифат хисобидан мумкин аст.

Агар сахифахои таърихи донишгохро варакгардонй намоем, ба хубй маълум мегардад, ки таъсиси ин махзани бузурги илму ирфон хамчун падидаи умедбахши замони Истиклолият бо мархалаи нави таърихи Точикистон, давраи худшиносию худогохии миллй пайванди кавй дорад. Аз рузхои нахустини фаъолияти худ муассисаи олии таълимии мо тарбияи маънавии чомеа ва баланд бардоштани сатхи маърифати мардумро вазифаи мукаддас ва рисолати таърихии худ шинохт ва дар заминаи тарбияи мутахассисони сохибмаълумот хизматхои шоистаро ба чо овард. Донишгох бо карори Шурои Вазирони Чумхурии Точикистон №364 аз 5 августи соли 1993, карори Кумитаи ичроияи Шурои депутатхои халки вилояти Ленинобод (хозира Сугд) №98 аз 31 марти соли 1994 таъсис ёфта, хамчун маскани тайёр кардани кадрхо дар самтхои хукукшиносй, идоракунй, сиёсати дохиливу хоричй ва иктисоди чахонй, сохибкорй, молия, системаи ахборй ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин раванд дар донишгох корхое ба сомон ва тадбирхои зарурие амалй шуданд, ки ба мустахкамшавии пояи моддй-техникй, такмили сифати раванди таълим, ривочи робитахои хамкорй бо муассисахои таълимию илмии ватанию хоричй, раванди хамгироии кори таълиму тарбия ва дохил шудани он ба низоми таълими чахони муосир имконияти мусоид фарохам оварданд (4,11).

Накш ва мавкеи олими варзидаи сохаи кооператсияи точик, Иктисодчии шоистаи Чумхурии Точикистон, профессор, шодравон Арслонбек Гозибеков дар рушд ва ташаккули донишгох хеле назаррас аст. Тахти рохбарии ин инсони накуном, ки аз соли 1994 то 1999 дар вазифаи ректори донишгох кор кард, чомеаи мехнатй маком ва манзалати худро дар давраи душвори гузариш ба иктисоди бозаргонй пайдо намуд. Устодони донишгох шогирдони хешро дар рухияи ватандустй, инсондустй, ахлоки хамида, эхтиром нисбат ба халку Ватан, чамъият, калонсолон, конун, расидан ба кадри мехнати падару модар ва гузаштагони худ тарбия менамуданд.

Аз мохи декабри соли 1999 доктори илмхои фалсафа, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Чумхурии Точикистон Х,омид Ризокулович Пулодов ба вазифаи ректори донишгох таъин гардид. Бо икдоми рохбари нави донишгох масъалахои баланд бардоштани сифати таълим, илм, тарбияи кадрхо ва гайра самтхои нави фаъолият халлу баррасии худро пайдо намуда, пойгохи моддй-техникии донишгох мустахкам шуд. Дар хамин давра махз бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Ч,аноби Олй мухтарам Эмомалй Рахмон ва карори Хукумати Чумхурии Точикистон №7-Р аз 3 феврали соли 2000 бинои шашошёнаи иттиходияи «Ирсовхозстрой»-и Вазорати мелиоратсия ва хочагии оби Чумхурии Точикистон пурра ба ихтиёри донишгох вогузор карда шуд (5,48).

Доктори илмхои таърих, профессор Осимчон ^осимович Каримов ба хайси ректори донишгох (солхои 2006-2012) ба татбики сиёсати Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар сохаи маориф шуруъ кард. Дар ин мархала дар чодаи ислохоти раванди таълиму тарбия, ташаккули фаъолияти илмй ва мустахкам намудани пояхои моддию техникии донишгох силсилаи тадбирхои судманд анчом ёфтанд. Мухимтарин дастоварди ин мархалаи рушди донишгох бо иштироки Сарвари давлат Чдноби Олй, мухтарам Эмомалй Рахмон огоз ёфтани корхои сохтмонй (9 сентябри 2008, ба муносибати 15-солагии донишгох) ва дар муддати се сол (5 августи соли 2011) пурра ва дар вазъияти тантанавй ба истифода супорида шудани бинои нави таълимии донишгох махсуб мешавад.

Дар шафати бинои асосй ошхона барои 100 нафар ва даромадгохи ду факулта (мохи августи соли 2007) комат афрохт, бинои хобгохи Коллечи омузгории ДДХ ба номи академик Б.Гафуров ба тавозуни донишгох гирифта шуда, пас аз таъмири босифат 24 сентябри соли 2008 мавриди бахрабардорй карор дода шуд. Дар натича барои 300 нафар духтарон аз нохияхои дурдаст шароити зисти мусоид фарохам омад.

Имруз ахли донишгох дар арафаи вокеаи фарахбахш - чашни 20-солагии махзани илму маонй карор дорад. Тахияи асархои нави илмй-оммавй, назариявй, баргузории силсилаи хамоишхои фархангиву фарогатй, илмй, мулокотхои шавковар, вусъати корхои ободонию созандагй номгуи мухтасари тараддудхои гуворои ахли донишгох махсуб мегарданд. Дастовардхои шоистаи устодону мухассилин, ки ба истик,боли чашни мубораки 20-солагии донишгох ба он сохиб шудаанд, армугони арзанда ба ин чашни саид метавон хисобид.

Донишгохи мо доираи ихтисосхои хешро васеъ намуда, хамчун боргохи маърифатй ва маскани тарбияи наслхои созандаву мутахассисони чавобгуи талаботи замон дар равнаку шукуфоии мамлакатамон накши муассир мегузорад.

Дар тули таърихи фаъолияташ сатхи таълиму тарбия, дастовардхои илмй ва пояхои моддиву техникии донишгох ба талаботи стандартхои умумичахонй чавобгу гардид ва раванди таълим дар бинои наву замонавй имкон фарохам овард, ки донишчуён бо истифода аз имконоти муосир барои такмили маърифат ва дониши хеш талош варзанд.

Имруз донишгох ба яке аз марказхои муътабари илму тахсил дар кишвар мубаддал гардида, алхол аз 330 нафар устодони донишгох 22 нафар докторони илм, профессорон ва 112 нафар номзадхои илм ба фаъолияти пурсамар машгуланд. Агар дар соли аввали таъсисёбиаш донишгох дорои ду факултет ва 300 нафар мухассилин бошад, имруз теъдоди факултетхо ба шаш адад расидааст. Теъдоди умумии донишчуён дар донишгох зиёда аз шаш хазор нафарро ташкил медихад. Хайати профессорону омузгорон дар 26 кафедра аз руи 22 ихтисосхои наву замонавй дар факултетхои хукукшиносй, молия, сиёсатшиносй ва муносибатхои байналхалкй, бизнес ва идоракунй, бахисобгирй ва андоз, инноватсия ва телекоммуникатсия ба мухассилин дарс мегуянд. Натичаи ин захматхои пайвастаи устодони гамхор аст, ки донишчуён пайваста

дар озмуну олимпиадахои фаннии чумхуриявй ба натичахои баланд сохиб мешаванд.

Имрузхо фаъолияти илмию таълимии донишгох дар партави дастуру хидоятхои созандаи Президенти Чумхурии Точикистон Ч,аноби Олй, мyхтарам Эмомалй Pахмон, ки аз суханрониашон дар маросими ифтитохи бинои Маркази миллии тестй рохандозй шудааст, чараёни бомаром пайдо менамояд. Ч,аноби Олй дар шароити пешрафти босуръату бесобикаи илму техника, сатхи тараккиёти кишвархои олам вазифаи имрyзаи сохаи маорифро аз дарачаи истифодаи гояхои замонавй, технологияхои пешкадам, татбики усулхои инноватсионй, робитаи мустахками илму истехсолот ва вусъати тафаккури илмиву иттилоотй, ташаккули сатху сифати тарбияи чавонони сохибмаърифат ва донишманду навовар марбут медонанд (1,1).

Дар донишгох доир ба равияхои гуманитарй ва фанхои ичтимой-иктисодй: хукукшиносй, менечмент, иктисодиёт, идоракунй, тичорат, шабакаи иттилоотй, сиёсатшиносй, минтакашиносй тахсил ба рох монда шудааст.

Такмили ихтисоси омузгорон яке аз самтхои асосии баланд бардоштани сифати тахсилот ба шумор меравад. Дар донишгох Маркази такмили ихтисос ва бозомузии кадрхо ва Маркази таълимии “Маърифат” чихати ташкили курсхои такмили ихтисос аз руи равияхои хукукшиносй, иктисодй, низоми иттилоотй ва курсхои кутохмуддат дар самтхои бахисобгирии бухгалтерй, аудит, андоз, технологияхои низоми иттилоотй, забонхои англисй, арабй, хитой ва русй амал менамоянд.

Барои муайян кардани сатхи сифати фаъолияти таълимии устодони донишгох бахогузории рейтингии омузгорон гузаронида шуд. Х,адафи нихоии низоми баходихии рейтингии фаъолияти хайати профессорону омузгорон баландбардории самаранокии кор ва ракобатпазирии чомеаи илмй-омузгории донишгох ва бехтаркунии сифати тайёркунии мутахассисон ба хисоб меравад.

Донишгох аз соли 2007 ба фазои ягонаи чахонии тахсилоти касбй дохил шуд ва айни замон хамаи донишчуёни шуъбаи рузона бо низоми кредитй тахсил доранд. Ахамияти низоми кредитии тахсил дар он ифода мегардад, ки он иштироки хамарузаи донишчуёнро ба машгулиятхо такозо мекунад, зеро туфайли иштироки фаъолона дар машгулиятхо донишчуй сохиби хол мегардад. Pасидани дарачаи донишазхудкунии донишчуён то ба 96 фоизро метавон самара ва натичаи гузариш ба низоми кредитии тахсил арзёбй кард.

Донишгох ба шабакаи интернет ба таври доимй, бе махдудияти хачми интиколи иттилоот пайваст аст. Барои хамаи устодону донишчуён истифодаи интернет ройгон мебошад. Тавассути барномаи «Alfa-Xpress» холхои донишчуён ба хазинаи иттилоот ворид ва ба волидони мухассилин дастрас гардонида шудааст.

Ташаккули низоми иттилоотиву инноватсионй имруз яке аз хадафхои асосии раёсати донишгох ба хисоб меравад. Дар ин замина алхол руз то руз густариш ёфтани низоми иттилоотию иноватсионии раванди таълиму илм, тахияи синфхонахои компютерй, лабораторияхо, татбики низоми мутамарка-зонидашудаи кабули имтихону санчишхо тавассути марказхои тестй такозо менамояд, ки донишгох пайваста дар фазои ягонаи иттилоот бошад. Дар

иртибот ба ин имруз донишгох инъикоси тамоми самтхои фаъолияти худро тавассути интернет-сомонаи www.tsulbp.tj дар шабакаи глобалй васеъ ба рох монда, чихати тахкими иртиботи муштариён бо муассиса сахифаи махсуси «^абулгохи электронй»-ро тахия намудааст.

Дар донишгох корхои илмию тадкикотй аз руи самтхои назарияи икти-содй, таърих, асосхои назариявй-хукукии давлати хукукбунёд, забоншиносии мукоисавй, мукоисавй-таърихй, масъалахои асосии инсон дар фалсафа, сиёсат-шиносй, муодилахои диференсиалй, алгебра ва назарияи ададхо, ташаккули низоми инноватсионй ва телекоммуникатсионй ва гайрахо ба рох монда шу-дааст.

Дар назди донишгох таъсис ёфтани магистратура ва докторантура фазои корхои илмй-тадкикотиро боз хам васеъ гардонид. Магистратура аз руи 5 ихтисос: сиёсатшиносй, молия ва карз, иктисодиёти чахон, менечмент, технология ва низоми иттилоотй дар иктисодиёт магистрхоро кабул мекунад. Докторантура аз руи равияхои назарияи иктисодй, иктисодиёт ва идоракунии сохахо фаъолият менамояд.

Нашри маколаву асархои илмй яке аз нишондихандахои асосии фаъолияти таълимию илмии донишгох махсуб меёбад. Танхо дар соли хониши 20122013 зиёда аз 410 маколахои илмй ва 61 монография, китоб ва дастурхои таълимй аз чониби олимони донишгох ба нашр расиданд.

Чихати мутамарказонидани нерухои зехнй дар раванди корхои пажухишй дар донишгох муттасил чора[ои мушаххас андешида, раёсати донишгох кушиш дорад, ки сафи олимони донишгохро аз хисоби чалби мутахассисон ва тайёр намудани кадрхои сохибунвони илмй тавассути аспирантура, докторантура ва унвончуй зиёд намояд. Дар ин самт накши шуъбаи аспирантура ва докторан-тураи донишго[ хеле назаррас мебошад.

Дар робита ба ин тули солиёни охир ворид шудани тагйирот ба низоми сохтории донишгох, аз чумла ба раёсати илм табдил дода шудани шуъбаи илм, таъсиси раёсати таълим, Парки технологй (17.09.2012) ва дар низоми он ба фаъолият огоз намудани полиграфия, тармиму таъмири компютерхо, фаъолияти дизайнерй ва гайрахо, шуъбахои табъу нашр, технологияи инноватсионй, таъсиси Маркази иттилоотй-тахлилй, Маркази такмили ихтисос ва бозомузии кадрхо (аз ибтидои соли хониши гузашта) ва амсоли инхо ба густариш ёфтани фаъолияти илмию таълимии донишгох мусоидат карданд. Ичозат дода шудан барои фаъолияти докторантура, магистратура, пазируфта шудани донишгох ба аъзогии Китобхонаи байналхалкии илмии виртуалии Точикистон, ба тасвиб расонида шудани силсилаи шартномахои муфиди хамкорй хам дар сохаи илм ва хам дар сохаи таълим дар ташаккули самтхои илмии донишгох ва раванди омода намудани кадрхои сохибтахассус, ба иловаи ихтисосхои мавчуда рохандозй гардидани ихтисосхои наву замонавии аудит ва ревизия, таъминоти забонии робитахои байнифархангй (муносибатхои сиёсии берунй), технологияхои иттилоотию идоракунии телекоммуникатсионй, таърих-сиёсатшиносй, бизнес - маъмуриятчй, Web-дизайн ва графикаи компютерй ва монанди инхо омили мухими пешрафт гардиданд. Х,амзамон ташкилу баргузории хамоишхои мухталифи илмй, аз чумла конференсияи илмй-

назариявии чумхуриявии ‘Тамзхои давлатии Чумхурии Точикистон” (ноябри 2012), “Масъалахои татбики конунгузорй дар замони муосир: назария ва амалия” (ноябри соли 2013) чихати боз хам равнак ёфтани чараёни корхои илмию тадкикотии донишгох такони тоза бахшида дар рушди тафаккури маънавии чомеа накши муассир гузоштанд.

Дар донишгох доираи корхои илмй-тадкикотй пайваста густариш меёбад. Олимони донишгох аз руи 10 самти дурнамои илмй фаъолияти худро таквият медиханд. Аз мохи ноябри соли 2012 Шурои химояи рисолахои номзадй ва докторй аз руи 2 ихтисос, назарияи иктисод ва иктисодиёт ва идоракунии хочагии халк (иктисодиёти минтака) амал мекунад. Дар ин Шуро 11 нафар олимони чавон рисолахои худро химоя намуданд, ки 7 нафарашон олимони чавони донишгох мебошанд.

Чалби устодон ба корхои илмй ва туфайли он сазовор гардидан ба дастовардхои нав ба нави илмй яке аз самтхои мухими фаъолият аст, ки пайваста тахти таваччух ва гамхории раёсати донишгох карор дорад. Туфайли ин эътибори доимй хамасола мухаккикони чавони донишгох ба сафархои хизматй ба марказхои мухими илмии кишварамону берун аз марзи он фиристода ва барои химояи бомуваффакияти рисолахои номзадию докторй шароити мусоид фарохам оварда мешаванд. Х,ар сол аз чониби 10-12 нафар мухаккикони чавони донишгох химоя шудани рисолахои номзадй далели ин гуфтахост.

Дар донишгох ба масъалаи ихтироъкорй ва навоварй беш аз пеш таваччух зохир мегардад. Х,амин аст, ки бисёре аз омузгорону мухассилин дар ин чода ба дастовардхои назаррас сохиб мешаванд. Аз чумла, соли гузашта ду ихтирооти дар хаммуаллифй бо донишчуён баанчомрасонидаи омузгори донишгох Мазбутчон Лутфуллоев ба озмуни олимони чавон “Ихтироъкори бехтарин” пешбарй гардид. Як ихтирооти у дар ин озмун дар бахши илмхои гуманитарй сазовори чои сеюм гардида, ихтирои дигараш бо Ифтихорномаи Bазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон кадршиносй шуд.

Дар олимпиадаи чумхуриявй, ки порсол дар ду мархала дар вилояти Сугд ва Хатлон доир гардид, донишчуёни мо сазовори чойхои намоён гардиданд. Аз чумла, аз фанни таърихи халки точик чойхои якум ва дуюм, аз фанни забони русй чои дуюм, аз фанни сиёсатшиносй чои сеюм, аз фанни забони точикй чои сеюм, аз фанни фалсафа чои чорум насиби мухассилини донишгохамон гардид.

Инчунин донишчуи донишгох дар озмуни чумхуриявии «Х,офизхонй» иштирок намуда, сазовори Ифтихорномаи Bазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон гардид.

Донишчуёни дар олимпиада сазовори чойхои намоён гардида ва рохбарони онхо тибки Низомнома ва карори Шурои олимони донишгох кадршиносй гардиданд.

Kитобxонаи илмии донишгох дорои бештар аз 20 хазор нусха адабиёт аст. Инчунин аз хдсоби барномарезии компютерй ва шабакавй китобхонаи электронй ва китобхонаи виртуалй фаъолият доранд. Kитобxонаи электронии донишгох дорои 6578 адад мавод мебошад.

Барои пешбурди корхои тарбиявй дар донишгох хуччати мухим -Консепсияи миллии тарбия дар Чумхурии Точикистон мавкеи арзанда дорад. Чихати дар амал татбик намудани талаботи ин хуччати мухим, бахри сифатан бехтар намудани кори тарбия дар донишгох тасмиму талоши созанда давом доранд. Дар соли 2013 беш аз 100 чорабинии мухталифи тарбиявй ва фархангй доир гардиданд, ки махфили «Президента мо - ифтихори мо» ва 17 барномаи фархангии пурмухтаво ба ифтихори санахои таърихй аз чумлаи онхо мебошанд.

Дастаи «SIFE»^ (“Донишчуён дар сохибкории озод”) донишгох комёбихоро афзунтар гардонида, он дар мусобикахои чумхуриявй чои аввалро ишгол кард ва дар озмунхои чахонй ширкат варзид. Дар мачмуъ ин дастаи худфаъоли зехнии донишгох 5 маротиба чемпиони мусобикахои миллй гардида, дар 5 мусобикаи байналмилалй иштирок намуда, шарафи точикону Точи-кистонро баланд бардошт.

Дастаи хозирчавобони шухтабъи донишгох (КВН), хамчунин дар чемпионати байни дастахои кишвархои Осиёи Марказй (соли 2007) голибият ба даст овард.

Яке аз самтхои мухими фаъолияти донишгох, ки ба сатху сифати таълим таъсири мусбй мерасонад, густариши робитахои байналхалкй мебошад. Аз чониби донишгох бо 14 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Русия, бо 6 муассисаи ватанй, бо 3 муассисаи Чумхурии ^иргизистон, бо 1 муассисахои ^азокистон, Чопон, ИМА, Донишгохи Осиёи Марказй, Финляндия, Украина, Белоруссия, Хитой, Х,индустон созишномахо ба имзо расиданд. Дар мачмуъ донишгох бо муассисахои илмй-тадкикотй, таълимй ва фархангии ватаниву хоричй 32 созишнома ба имзо расонидааст.

Х,оло дар донишгох 14 нафар шахрвандони хоричй тахсил менамоянд, ки онхо аз Чумхурихои Туркманистон, Узбекистон, ^иргизистон ва Кореяи Чанубй мебошанд.

Курси дарозмуддати омузиши забони англисй (ба муддати як сол, давоми соли хониши 2012-2013) барои кормандон ва омузгорони донишгох аз тарафи мутахассиси Барномаи омузиши забони англисии сафорати ИМА дар Чумхурии Точикистон Сара Картер ба тарики ройгон гузаронида шуда, якчанд нафар олимони донишгох пас аз анчоми ин барнома сохиби сертификат гардиданд. Дар донишгох омузиши забони хитой барои омузгорону донишчуён ибтидо аз майи соли 2013 дар асоси шартномаи хамкорй байни донишгох ва Маркази Конфутсий ба рох монда шуд. Нахустин ташрифи Сафири фавкулодда ва мухтори ИМА дар Чумхурии Точикиситон Сюзан Эллиотт (10.12.2013) ба рушди хамкорихои минбаъдаи байни муассисахои тахсилотии Амрикою Точикистон мусоидат хохад намуд.

Донишгох дар самти густариши хамгироии илму тахсилот икдомхои шоистаро амалй менамояд. Аз чумла, соли 2013 якчанд лоиха дар хамкорй бо донишгоххои дигар дар озмуни Барномаи Иттиходи Аврупо - Эразмус Мундус ва Темпус барои маблаггузорй кабул гардиданд:

1. Лоихаи Барномаи Эразмус Мундус - Central Asian Network of Economics and Manegement 2 (CANEM-2) (Шабакаи иктисод ва менечменти Осиёи Марказй);

2. Лоихаи Барномаи Темпус - Foreign Languages Education for Professional Purposes (Омузиши забони хоричй бахри ахдофи касбй);

3. Лоихаи Барномаи Темпус - Innolabs in Central Asia for Sustainable Innovation in the Knowledge Triangle (Озмоишгоххои навоварона ба хайси ангезандаи навгонии устувор дар секунчаи маърифат).

Фаъолияти лоихахо ба баланд бардоштани сифати таълим дар робита бо донишгоххои Аврупо равона шудаанд.

Дастпарварони донишгох-онхое, ки дар сохахои мухталифи хочагии халки кишвар бо мехнати садокатмандона обрую эътибори маъвои маърифатамонро баланд мебардоранд, бешак мучиби ифтихору саодати хар як узви чомеаи мехнатиамон мебошанд. Имрузхо дастпарварони донишгох дар тамоми сохахои хочагии халки мамлакат сарбаландона кору фаъолият доранд. Бо боварй метавон арз намуд, ки муваффакияти хар як нафар дастпарвари донишгох муваффакияти хар як нафар устод ё омузгори ин муассиса махсуб гардида, хамзамон аз адои рисолати бузурги ин касби пуршараф дарак медихад.

Тавсиа ва ташаккули самтхои фаъолияти илмй дар донишгох, густариши раванди тадкикоти бунёдй, ихтирооту эчодкорй, тахкими пояхои моддию техникии корхои илмй ва таълим, чалби мутахассисони варзида, зиёд кардани сафи олимон, ноил гардидан ба дастовардхои афзун дар самтхои илмй ва таълиму тарбияи кадрхо хадафи мехварии фаъолияти моро ташкил медиханд. Аз чумла, фарохам овардани шароити мусоиди кор, баланд бардоштани музди мехнат, такмили сохтор ва татбики роххои наву пешкадами таълиму тарбия, татбики дастовардхои илмй, хочагидорй аз зумраи масъалахое мебошанд, ки ба таври хамешагй дар маркази таваччухи раёсат карор доранд. Дар ин замина дар масъалаи баркарор ва ба рох мондани фаъолияти хатти гармидихии бинои асосии донишгох корхо ба охир расида, раёсати донишгох тасмим гирифтааст, ки дар давоми се соли минбаъда барои ба истифода додани бинохои сохтмонашон нотамоми вокеъ дар шафати донишгох, мачлисгох барои 500 чойи нишаст, ошхона барои З00 чойи нишаст, толори варзишй ва бинои иловагии таълимй корхои ташкилиро ба рох монад.

Президенти Чумхурии Точикистон Чаноби Олй, мухтарам Эмомалй Pах-мон таълиму тарбияро чузъи фарханги миллат дониста, дар яке аз вохурихоя-шон бо ахли зиёи кишвар вазифаи ахли маорифро дар замони пуравчи илму техника муайян намуда, таъкид доштаанд: «Мактаби нави замонави дар %азорсолаи сеюм бояд ба %уввияти милли ва дастовардхои навтарини илму фар%анги башари мувофщ бошад. Барои он ки исло%оти со%аи маориф амали гардад, моро зарур аст, ки асос%ои моддию техникии мактабро ба сат%и баланд бардорем, осуда%олии муаллимон ва пешравии бозомузии ощоро таъмин намоем» (2,1).

Х,ар як нафар узви чомеаи мехнатии Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон барои амалй гардонидани ин хидояти созанда ва истикболи сазовори чашни 20-солагии донишгох бо ниятхои начибу накшахои нек хамаруза саъю талош меварзанд.

Пайнавишт:

1. Суханронии Президенти Чумхурии Тоцикистон Эмомалй Ра^мон дар маросими ифтито^и бинои Маркази миллии тестй./”Омузгор”, 27.12.2013

2. Суханронй дар маросими ифтитоуи Осорхонаи миллй ва мулоцот бо зиёиёни кишвар //http://president. tj/node/4130

3. Пулодов X., Исоматдинов Ч. Падидаи умедбахши истицлолият. -Хуцанд: Ношир, 2003.

4. Маъвои саодати маънавй. -Хуцанд: Ношир, 2008.

5. Ра^навардони олами маонй. - Хуцанд: Ношир, 2008.

Джурабаев Джамшед Хабибуллоевич,

ректор, главный редактор журнала “Вестник ТГУПБП” Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики

Университет в системе современного мирового образования

Ключевые слова: Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики, система образования, высшее профессиональное образование, система современного мирового образования, достижения ТГУПБП, система кредитного образования

В статье автор рассматривает путь формирования и становления ТГУПБП как современного учреждения высшего профессионального образования, входящего совместно с другими вузами Республики Таджикистан в единое мировое образовательное пространство. В статье также освещается роль ТГУПБП в развитии образования, науки и подготовке высококвалифицированных кадров для народного хозяйства как Согдийской области так и страны в целом.

Dj. Kh. Djurabayev

University in the Sysmem of Modern World Education

Key words: Tajik State University of law,business and politics', system of education, higher professional education, the system of modern world education, achievements of TSULBP, the system of credit education

In his article the authordwells on the way of TSULBP formation and development. Along with other higher schools of Tajikistan the Tajik State University of Law, Business and Politics is included into the unified world educational space. The role of TSULBP in the development of education and science is highlighted in the article. The author touches also upon the issue concerned with a preparation of highly qualified human resources for national economy of the country in general, and Sughd viloyat in particular.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.