Научная статья на тему 'Preparation of specialists as a Central trend in the activities of higher schools aimed at professional education'

Preparation of specialists as a Central trend in the activities of higher schools aimed at professional education Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
1307
278
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПОДГОТОВКА СПЕЦИАЛИСТОВ / ПОВЫШЕНИЕ КВАЛИФИКАЦИИ / ВЫСШЕЕ ПРОФЕССИОНАЛЬНОЕ ОБРАЗОВАНИЕ / УСТОЙЧИВОЕ РАЗВИТИЕ / ГОСУДАРСТВЕННАЯ ПРОГРАММА РАЗВИТИЯ ПРОФЕССИОНАЛЬНОГО ОБРАЗОВАНИЯ / КОНЦЕПЦИЯ РАЗВИТИЯ ПРОФЕССИОНАЛЬНОГО ОБРАЗОВАНИЯ / PREPARATION OF SPECIALISTS / ELEVATION OF QUALIFICATION / HIGHER PROFESSIONAL EDUCATION / STABLE DEVELOPMENT / STATE PROGRAMME OF PROFESSIONAL EDUCATION DEVELOPMENT / CONCEPTION OF PROFESSIONAL EDUCATION DEVELOPMENT

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Ёров Фозил

Статья в целом охватывает решение задач в области подготовки специалистов в учреждениях высшего образования республики в период 2006 2011 годов. Опираясь на содержание фундаментальных нормативно-правовых документов, разработанных Правительством и Министерством образования Республики Таджикистан, вводя в научный обиход богатый фактический материал, непосредственно почерпнутый из практической деятельности учреждений высшего профессионального образования республики, автор показывает уровень устойчивого развития высшей школы за пять лет. В статье особое внимание уделено процессу практической реализации «Государственной программы развития профессионального образования в Республике Таджикистан на 2008 -2015 годы», обращению Президента Республики Таджикистан к Маджлиси Оли Республики Таджикистан в апреле 2006 года и Постановлению Правительства Республики Таджикистан «О концепции развития профессионального образования в Республике Таджикистан» от 1 ноября 2006, № 2484.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Upon the whole the article encompasses the solutions of the goals pertaining to the branch ofpreparation of specialists in higher educational establishments of the republic for the period of2006-2011. Designing on the premise of fundamental normative law documents, introducing rich factual material taken directly from practical activities of the institutions of higher professional education into scientific use in the republic, the author demonstrates the level of higher school stable development for five years. Special attention is paid to the process of practical realization of the State programme for a development of professional education in the Republic of Tajikistan for 2008-2015, to the appeal of Tajikistan Republic President to Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan in April 2006 and to the Enactment of the Government of Tajikistan Republic “On the Conception of Professional Education Development in the Republic of Tajikistan” from November 1, 2006, №48.

Текст научной работы на тему «Preparation of specialists as a Central trend in the activities of higher schools aimed at professional education»

МЕТОДИКАМ ТАЪЛИМ МЕТОДИКА ПРЕПОДАВАНИЯ

Ёров Фозил,

номзади илмуои педагоги, сармутахассиси Раёсати та^силоти олии касби ва баъдидипломии Вазорати маорифи Чумуурии Тоцикистон

ОМОДАНАМОИИ МУТАХАССИСОН САМТИ МАРКАЗИИ ФАЪОЛИЯТИ ЗИНАИ ТА^СИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ

Омода намудани мутахассисони сатху дарачаи баланд ифодакунандаи мантики хдстй ва мазмуну мундаричаи сохтусози муассисаи тахсилоти олии касбй буда, асоси фаъолияти онхоро фаро мегирад. Ва рушду такомули тамоми самтхои хаёти дохилй ва хоричии кишвар ба халлу фасли ин масъала робитаи бевосита дорад, зеро мутахассис дар саргахи тараккиёти бемайлони техникаю технология ва дар хамин замина тез-тез тагйирёбии симои сиёсию иктисодии чахон карор дошта, сарнавиштсози ояндаи инсоният мебошад. Аз ин ру, дар тамоми кишвархои чахон ба зинаи тахсилоти олии касбй, ки хамчун маркази омоданомоии мутахассисони баландихтисос барои тамоми чанбахои хаёт эътироф шудааст, таваччухи зиёд зохир гардида, маблаггузории ин бахши сохаи маориф низ батадрич инкишоф меёбад. Тайи панч соли охир муассисахои тахсилоти олии касбии чумхурй аз лихози истехкоми пояи моддию техникй тахаввулоти бузургро фаро гирифтаанд. Сохта мавриди истифода карор додани даххо бинохои нави таълимй, бо техникаю технологияи навтарин мучаххаз кардани муассисахои таълимй, таваччухи пайваста зохир кардан ба тарбияи олимону омузгорони унвондор ва даххо корхои шоёни таваччух дар ин самт махз ба хотири ба талаботи замони муосир омода кардани мутахассисон нигаронида шудаанд. Дар баробари ин, ба сифати таълиму тарбияи мутахассисон низ тайи ин солхо таваччухи пайваста зохир мегирад. Кушишхои хамешагй барои бо талаботи замон мувофик гардонидани санадхои марказии омоданамоии мутахассисон - тахияи Стандартхои нави давлатии тахсилоти олии касбии Ч,умхурии Точикистон ва дар асоси он тартибу тахия намудани барнома ва накшахои таълимй аз номгуи нопурраи чахду талошхо дар ин самтанд. Боздехи равшани ин амали самарабахш тадричан ба низоми бисёрзинагии тахсилот ру овардани аксарияти муассисахои тахсилоти олии касбии чумхурй мебошад. Алхол муассисахои таълимоти олие, ки зинахои

бакалавриат, мутахассис ва магистрро фаро нагирифта бошанд, ангушт-шуморанд.

Мавриди зикр аст, ки донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касбй дар соли нихоии тахсил мархалаи хотимавии тахсилро дар шакли аттестатсияи (нихоии) давлатй чамъбаст менамоянд. Ч,ихати дар доираи меъёрхои муайянкунандаи талаботи муассисахои тахсилоти олии касбй гузаронидани аттестатсияи (нихоии) давлатй бо карори мушовараи Вазорати маорифи Ч,умхурии Точикистон “Низомномаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисахои тахсилоти олии касбии Ч,умхурии Точикистон” (аз 26 январи соли 2007, №2/6) кабул карда шуд, ки раванди баргузории аттестатсияи (нихоии) давлатиро танзим менамояд. Пас аз аттестатсияи (нихоии) давлатй ба хатмкунандахо диплом дар бораи тахсилоти олии касбй (бакалавр, мутахассис, магистр) ва нишони сарисинагии намунаи мукарраршуда супурда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар низоми бисёрзинагии тахсилоти олии касбй бакалавриат хамчун зинаи аввал махсуб ёфта, мухлати тахсил дар ин зина дар шуъбаи рузона на камтар аз чор сол ва дар шуъбаи гоибона на камтар аз панч солро ташкил медихад. Зимнан, барои боз хам баландтар бардоштани сатху сифати омоданамоии мутахассисон дар бисёр самтхои тахсилоти олй пас аз ба анчом расидани барномаи таълимии бакалавриат тибки талаботи “Низомномаи магистаратура” донишчуи болаёкати хохишдошта метавонад дар магистра-тураи донишгохи хатмкардааш ва ё муассисаи тахсилоти олии хоричи кишвар вобаста ба самту равия ва тахассус ба тахсили худ идома бахшад.

Зинаи мутахассис, ки дар ин низом дар макоми дуюм меистад, тибки мукаррароти барномахои таълимй дар шуъбаи рузона то 5 сол ва дар шуъбаи гоибона то 6 солро дар бар гирифта, хатмкардаи ин зина сохиби тахсилоти олии касбй мешавад. Мутахассис оид ба назария ва амалияи ихтисоси худ донишу малака ва махорати касбиро сохиб шуда, инчунин дорои кобилияту истеъдоди пешбурди тахкикотхои илмй ва таълифи рисолаи илмй низ мебошад.

Вазифаи марказие, ки дар назди зинаи сеюми низоми бисёрзинагии тахсилоти олии касбй - магистратура меистад, халли масъалаи таъмин намудани сохахои мухталифи иктисодиёти миллй ва илму маорифи кишвар бо мутахассисони баландихтисос ва кадрхои илмию омузгорй мебошад. Тахсил дар магистратура танхо дар шакли рузона ба амал бароварда шуда, мухлати тахсил ду сол мукаррар карда шудааст.

Х,амзамон, ба низоми тахсилоти олии касбии чумхурй ворид кардани зинахои бакалавриат ва магистратура хадафи стратегй низ дорад. Тавассути ин зинахои таълим омода кардани мутахассисон низоми тахсилоти олии касбии Чумхурии Точикистонро бо стандарти байналмилалии тахсилот наздик намуда, барои эътирофи хуччатхои хатми муассисахои тахсилоти олии касбии чумхурй дар арсаи байналмилалй рох мекушояд.

Х,амин тавр, айни замон муассисахои тахсилоти олии касбии чумхурй дар раванди таълим низомхои анъанавй ва бисёрзинагии омоданамоии мутахассисонро бо хам омезиш дода, дар тайёр кардани ихтисосмандони гуногунсохаи дар бозори чахонии мехнат ракобатпазир ба дастовардхои кобили мулохиза ноил шудаанд. Мисоли равшани ин гуфтахо ракамхои омории

панч соли охир дар бахши омоданамоии мутахассисон шуда метавонад. Омори расмй нишон медихад, ки муассисахои тахсилоти олии касбии чумхурй дар давоми солхои 2006-2011 аз лихози омода намудани мутахассисони гуногунсоха ба таври назаррас тараккй кардаанд. Ба таври мисол, агар дар соли 2006 аз даргохи донишкадаю донишгоххои олии чумхурй дар мачмуъ 15,1 хазор нафар, дар соли 2008 19,3 хазор нафар, дар соли 2009 20, 1 хазор нафар мутахассисон бо дарёфти дипломи хатми тахсилоти олй фориг шуда бошанд, пас дар соли соли

2010 теъдоди онхо ба 25711 нафар расидааст. Аз ин шумора, 616 нафар аз руи ихтисосхои сохаи саноат, 642 нафар аз руи ихтисосхои сохаи кишоварзй, 8251 нафар аз руи ихтисосхои сохаи иктисодиёт, 795 нафар аз руи ихтисосхои сохаи тандурустй, 580 нафар аз руи ихтисосхои тарбияи чисмонй ва варзиш, 9347 нафар аз руи ихтисосхои сохаи маориф, 2275 нафар аз руи ихтисосхои сохаи хукук, 522 нафар аз руи ихтисосхои сохаи фарханг ва кинематография, 352 нафар аз руи ихтисосхои сохаи наклиёт, 36 нафар аз руи ихтисосхои сохаи туризм, 121 нафар аз руи ихтисосхои сохаи ичтимоиёт, 96 нафар аз руи ихтисосхои сохаи экология, 304 нафар аз руи ихтисосхои сохаи техникй ва технологй, 331 нафар аз руи ихтисосхои сохаи энергетика, 1145 нафар аз руи ихтисосхои сохаи иттилоотй ва коммуникатсия, 298 нафар аз руи ихтисосхои сохаи сохтмон муассисахои тахсилоти олии касбиро хатм намуданд. Тавре ки аз ракамхои мазкур бармеояд, дар давоми панч соли охир на танхо теъдоди омоданамоии мутахассисон батадрич афзоиш ёфтааст, инчунин чугрофияи фарогирии ихтисосхо ва касбхои нав низ ба таври назаррас васеъ шудааст. Ба таври мисол, агар дар гузаштаи начандон дур барои чумхурй дар аксарияти бахшхои сохахои наклиёт, энергетика, экология, туризм ва гайрахо мутахассисон дар хорича омода карда шаванд, пас айни замон ин масъала дар дохили чумхурй халли худро ёфтааст.

Боиси тазакур аст, ки кабули «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони сохаи омузгорй барои солхои 2005-2010» (карори Хукумати Ч,умхурии Точикистон аз 01.11.2004, № 425) дар тахкими заминахои моддию техникй ва кадрии муассисахои таълимй, дастгирй ва хавасмандгардонии моддию маънавии омузгорон ва тахияи санадхои меъёрии хукукии сохаи маориф шароити мусоид фарохам овард.

Бо максади муайян намудани дарачаи тахассус, такмили ихтисос ва бозомузй, таъмини хифзи ичтимоии кормандони сохаи маориф, мувофакати омузгор ба вазифаи ишголнамуда ва баланд бардоштани масъулияти шахсии корманд барои бехтар гардидани сифати таълим, хамчунин, дар асоси принсипхои конунй, шаффоф, демократй будан, вокеъбинона бахо додан ба фаъолияти омузгор «^оидахои аз аттестатсия гузаронидани кормандони идора ва шуъбахои маориф, муассисахои тахсилоти умумй, томактабй ва тахсилоти иловагии Ч,умхурии Точикистон» (бо карори Хукумати Ч,умхурии Точикистон аз 3 апрели соли 2006, №122 тасдик ёфтааст) кабул гардидааст. Дар асоси ин санад хар сол шумораи муайяни омузгорону кормандони сохаи маориф аз аттестатсия гузаронида мешаванд.

Ч,ихати хавасманд намудан ва ба кор чалб кардани омузгорони чавон карори Хукумати Ч,умхурии Точикистон (аз 03.05.2006, №197) «Дар бораи

мyкаррар намyдани имтиёзхо ба омузгорони чавон» кабyл гардид, ки дар асоси он барои се соли аввали фаъолияти омузгорони чавоне, ки дорои тахсилоти олии касбии омузгорй хдстанд ва дар намудхои гуногуни мактабхои тахсилоти Умумй кор мекунанд, аз 01.01.2007 имтиёзхои зерин муайян карда шудааст: бенавбат чудо кардани китъаи замин барои сохтмони хонаи истикоматй, дар нохияхои кухистон вобаста ба имконияти нохияхо чудо кардани китъаи замин барои богдорй ва полезкорй ва додани карзхои имтиёзнок барои хариди чорвои калони шохдори ширдех ё бунёди 20 оилаи занбури асал.

Тахлилхо нишон доданд, ки карори мазкур дар баъзе шахру нохияхо дастгирии хуб ёфта, мутахассисони чавони сохаи омузгорй бо замин ва карзхои имтиёзнок таъмин шудаанд. Х,амчунон, чихати хавасманд намудан ва баланд бардоштани рухияи омузгорону кормандони сохаи маориф «Чоизаи Президенти Чумхурии Точикистон дар сохаи маориф» (фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 18.02.2006, №1698) таъсис дода шудааст, ки дар 2 сол як маротиба ин чоиза бо маблаги 2000 $ ИМА ба 5 нафар омузгор дода мешавад. Айни хол 14 нафар омузгорон сохиби чоизаи мазкур гаштаанд

Bазорати маориф дар баробари бо сатху сифати баланд омода кардани мутахассисон, инчунин ба такдири минбаъдаи касбии онхо низ бетафовут нест. Аз ин ру, ба масъалаи баъди хатми муассисаи тахсилоти олии касбй бо чойи кор таъмин кардани мутахассисони дипломгирифта таваччухи пайваста зохир менамояд. Тахия ва тасдики “Низомномаи таксимот ва бо чойи кор таъмин намудани мутахассисони чавон”, ки бо карори мушовараи Bазорати маорифи Чумхурии Точикистон (аз 03.12.2008, № 21/8) тасдик шудааст, махз ифодакунандаи хамин манзур мебошад. Ин хуччат, ки дар заминаи ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи маориф» тахия гардидааст, тартиби ба фаъолияти мехнатй хамчун мутахассис фаро гирифтани шахрвандони тарики бучавй дар муассисаи тахсилоти олии касбй тахсилкардаро муайяну мушаххас менамояд. Тибки мукаррароти конунгузории амалкунанда чунин хатмкардахои муассисахои тахсилоти олии касбии чумхурй вазифадоранд, ки мувофики роххати макомоти дахлдор ва шартномаи тарафайн на камтар аз се сол аз руи ихтисос ба фаъолияти мехнатй шугл варзанд. Ба чунин икдом ру овардани давлат ва дар пояи конунгузорй дарч кардани меъёри мазкурро зарурати вокеии норасоии кадрхо дар сохахои гуногуни истехсолот ва аксаран ба ихтисоси дар мактаби олй ба даст овардаашон кору фаъолият накардани хатмкардахои муассисахои тахсилоти олии касбии чумхурй ба миён овард. Бахусус, баъди хатми муассисаи таълимй тибки роххат ва таксимот ба чойхои кории таъйиншуда хозиршавии мутахассисони чавони сохаи омузгорй тайи тамоми солхои истиклолияти кишвар аз масъалахои доги руз махсуб меёбад. То хануз на хамаи мутахассисони сохаи омузгорй омоданамудаи муассисахои тахсилоти олии касбии чумхурй баъди анчоми тахсил ба чойхои кории пешбинишудаашон хозир мешаванд. Ин масъала хатто баъди чорй кардани меъёри конунгузории се соли хатмии кори мутахассисони чавон, аз чумла омузгорони хатмкардаи мактабхои олй халли пурраи худро пайдо накардааст. Омори расмй аз он шаходат медихад, ки тайи дах соли охир хамасола танхо 60-65% мутахассисони

чавони ихтисосхои омузгорй ва тиббии дар муассисахои тахсилоти олии касбии чумхурй омодашуда ба чойхои кори таъйиншудаашон хозир мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки омода намудани мутахассисони варзида оид ба ихтисосхои омузгорй ба ухдаи 12 муассисаи тахсилоти олии касбй вогузор шудааст. Ин муассисахо аз руи 36 ихтисоси омузгорй мутахассис омода менамоянд. Айни замон дар риштаи омузгории муассисахои тахсилоти олии касбии чумхурй наздики 40 хазор нафар донишчуён машгули тахсил мебошанд. Аз ин теъдод хар сол зиёда аз 7000 нафар донишчу бо ихтисосхои омузгорй муассисахои тахсилоти олии касбиро хатм менамоянд, аммо бо сабаби сатхи пасти музди маош ва нокифоя будани макому манзалоти омузгор дар чомеа 3540% онхо ба чои кор хозир намешаванд. Натичаи хамин аст, ки дар соли 2009 муассисахои тахсилоти миёнаи умумии чумхурй ба бештар аз 6500 нафар омузгорон ниёз дошта, айни замон низ ин масъала аз масъалахои халталаби сохаи маорифи чумхурй ба хисоб меравад. Аз ин ру, чихати харчй зудтар халлу фасл кардани масъалаи мазкур холо бо хамаи донишчуёни гуруххои бучавии муассисахои тахсилоти олии касбй карордоди сечониба дар байни донишчу, муассисаи таълимй ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатй ба имзо расонида шуда, тибки чунин карордодхо ухдадории тарафхо ба таври мушаххас муайян карда мешавад. Х,амзамон, Bазорати маорифи Чумхурии Точикистон тартиби баргардонидани маблагхои барои омода кардани чунин мутахассисон сарфкардаи давлатро тахия намуда, мавриди амал карор додааст. Тибки мукаррароти ин тартиб дар сурати ба чойи кори таъйиншуда хозир нашудани мутахассиси чавон тамоми харочоте, ки барои тайёр намудани мутахассиси чавон сарф шудааст, аз хисоби у руёнида мешавад.

Бозомузй ва такмили ихтисоси кадрхои омузгорй низ самти мухими фаъолияти Bазорати маориф дар давоми солхои 2006-2011 шинохта шудааст. Чихати ба амал баровардани бозомузй ва такмили ихтисоси кадрхои омузгорй талаботи зерин пешбинй мешаванд:

-баркарор намудан, бозомузй ва такмили ихтисоси кадрхои омузгории муассисахои тахсилоти олии касбй дар донишгоххо сурат мегирад;

- азнавсозии мазмуни барномахои таълимии ихтисосхои омузгорй, ташкил кардани моделхои гуногуни тахсилот;

- хангоми тархрезии барномахои тайёр намудани кадрхои омузгорй мунтазам барои тамоми давраи тахсил ворид сохтани тачрибаомузии пайдарпайи омузгорй ва психологию педагогй;

- бозомузии омузгорони фаннй аз руи барномахои кутохмуддати тахсилоти касбии ихтисоси дуюм, аз чумла аз руи забонхои давлатй, хоричй, информатика, психология;

- барои омузгорони оянда чорй кардани тачрибаомузии омузгорй аз се мох то як сол дар заминаи баходихии мустакилонаи сатхи омодагии онхо;

- зиёд кардани дархости давлатй барои тайёр намудани мутахассисон аз руи ихтисосхои омузгорй барои кор дар мактабхои миёнаи тахсилоти умумй ва муассисахои томактабй, махсус, тахсилоти ибтидоии миёна ва олии касбй;

- тахияи низоми нави аттестатсия ва азнавбаходихии омузгорон ва рохбарон, сертификатсияи фаъолияти педагогии омузгорон;

- такмил додани ниходи хавасмандгардонии мехнат ва чобачогузории кадрхои омузгорй дар муассисахои тахсилоти касбй;

- ба амал баровардани бозомузй ва такмили ихтисоси омузгорон ва рохбарони муассисахои таълимй бо назардошти тагйирёбии технологияи тахсил, услуб ва мазмуни нави тахсилоти касбй;

- ба амал баровардан ва тайёр намудани рохбарони муассисахои тахсилоти касбй аз руи барномахои менечмент дар сохаи тахсилоти касбй;

- такмили ихтисос ва бозомузии омузгорони муассисахои тахсилоти олии касбй дар асоси карордодхо ва барномахои байни муассисахои тахсилоти олии касбй ва байналмилалй.

Bобаста ба хамин чанбаи фаъолият тайи ин солхо барномахои таълимй аз сари нав тачдиди назар гардида, ба талаботи замон ва шароити давр мутобик гардонида шуданд. Х,амзамон, хамасола тибки накша кормандони сохаи маориф аз курсхои такмили ихтисосе, ки дар Донишкадаи чумхуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф, донишкадаю марказхои такмили ихтисос дар шахрхои Душанбе, Хоруг, Хучанд, Кулоб, ^ургонтеппа фаъолиядошта, мегузаранд. Х,амчунон, муассисахои тахсилоти иловагии омузгорй (такмили ихтисос) дар ин самт дар давоми солхои 2001 -

2011 фаъолияти манфиатбахшу густурдаро ба рох монда бештар аз 85% - и омузгорони зинахои гуногуни тахсилотро чихати такмили савияи дониши назариявй ва махорати касбй ба таълими муваккатй фаро гирифтанд. Чунончи, тайи ин муддат (солхои 2001-2011), дар мачмуъ, бештар аз 14 хазор нафар кормандони бахшхои гуногуни сохаи маориф дар курсхои такмили ихтисос малакаю махорати касбии худро таквият додаанд. Натичаи хамин аст, ки тули дах сол сатхи тахассуси кормандони сохаи маориф, сифати таълим ва донишу маърифати хонандагони мактабхои миёнаи тахсилоти умумй ва донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касбии чумхурй то сатхи муайян боло рафтааст.

Дар баробари таваччухи пайваста зохир кардан ба бахши омоданамоии мутахассисон дар фаъолияти чории Bазорати маорифи Чумхурии Точикистон тайи панч соли охир, инчунин омода кардани мутахассисон чихати сохиб шудан ба унвонхои илмй низ мавкеи хоса дорад, зеро пешбурди корхои илмй ва илмию тахкикотй аз самтхои мухимтарини фаъолияти муассисахои тахсилоти олии касбй махсуб меёбад. Бинобар хамин хам, тайи ин солхо Bазорати маориф Низомномаи тайёр намудани кадрхои илмй ва илмию омузгориро дар муассисахои тахсилоти олии касбй ва илмии тобеи Bазорати маориф ва Низомномаи тартиб додани унвонхои илмй ба кормандони муассисахои илмй ва илмию педагогии муассисахои тахсилоти олии касбй ва муассисахои касбии баъд аз муассисахои тахсилоти олии Чумхурии Точикистонро тахия ва тасдик намуд.

Туфайли фарохам омадани заминахои меъёрии хукукй ва тавсиявй дар ин соха фаъолият дар ин самт тайи солхои мавриди назар тавассути истифодаи захирахои кадрии дохилй тадричан домани васеътар пайдо намуд. Аз чумла, масъалаи тайёр намудани мутахассисони барои сохиб шудан ба унвони илмй дар сохахои психология, дефектология, методикаи таълими фанхои табии риёзй, иктисодиёт, фарханг, техникаю технология, ки дар гузаштаи начандон

дур масъалаи мушкили дастнорас махсуб меёфт, батадрич дар дохили чумхурй халли худро пайдо менамояд. Bа ё тайи ин солхо таъсис ёфтани даххо шурохои дифои рисолахо барои дарёфти унвонхои илмии номзад ва доктори илмхо дар назди АУ ЧТ аксарияти пажухишгоххои илмию тахкикотии чумхурй, донишгоххо ва бархе аз донишкадахои мамлакат барои пуррагардонии хайати омузгории муассисахои тахсилоти олии касбии кишвар бо омузгорони унвони илмидор то андозае мусоидат намуданд.

Х,амин тарик, метавон хулоса намуд, ки дар давоми солхои 2006-2011 аксарияти муассисахои тахсилоти олии касбии кишвар дар чодаи пешбурди корхои илмию тахкикотй комёбихои кобили мулохизаро касб кардаанд. Ин манзурро натичахои нихои пешбурди корхои илмию тахкикотии анчомдодаи онхо дар давоми ин солхо тасдик менамоянд. Аз чониби омузгорону кормандони муассисахои тахсилоти олии чумхурй дифоъ кардани садхо рисолахои номзадию докторй, интишори теъдоди зиёди монографияхои гуногунмавзуъ, китобхои дарсй, барномахои таълимй, дастурхои илмию методй, хазорхо мако-лахои илмй ифодакунандаи рушди пайваста вусъатёбандаи ин соха мебошад.

Калидвожа^о: омоданамоии мутахассисон, такмили ихтисос, тахсилоти олии касбй, рушди устувор, Барномаи давлатии рушди тахсилоти олии касбй, консепсияи рушди тахсилоти олии касбй

Пайнавишт:

1. Карори Хукумати Чумхурии ^цикистон аз 01.11.2004, № 425 «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони со%аи омрзгорй барои солхои 2005-2010».

2. Карори Хукумати Чумхурии ^цикистон (аз 03.05.2006, №197) «Дар бораи муцаррар намудани имтиёз%о ба омрзгорони цавон».

3. Стандарти давлатии таълимии тахсилоти олии касбии Чумхурии Tоцикистон, ки бо Карори Хукумати Чумхурии Tоцикистон аз 2 ноябри соли 2011, №502» тасдиц карда шудааст.

4. Ан Г.Д., Умарова T.M. Амонов И..T. Педагогика и психология высшей школы. Учебно-методическое пособие для преподователей вузов.-Душанбе, 2003.-360 с., ил.

5. Mактаби олй (цисми якум). Санад%ои меъёрии %уцуции со%аи тахсилоти олии касбй.- Душанбе, 2007.-528 с.

6. Mактаби олй (цисми дуюм). Санад%ои меъёрии %уцуции со%аи тахсилоти олии касбй. - Душанбе, 2009. -360 с.

7. Mацмyи омори со%аи маорифи Чумхурии ^цикистон барои соли 2007-2008.-Душанбе, 2008.-125 с. (са%.59-64 )

8. Mацмyи омори со%аи маорифи Чумхурии ^цикистон барои соли 2008-2009.-Душанбе, 2009.-184 с. (са%.120-122)

9. Mацмyи омори со%аи маорифи Чумхурии ^цикистон барои соли 2009-2009.-Душанбе, 2010.- 318 с. (са%.227-241)

10. Mацмyи омори со%аи маорифи Чумхурии ^цикистон барои соли 2010-2011.-Душанбе, 2011.- 474 с. (са%.388-403)

11. Mацмyи омори со%аи маорифи Чумхурии ^цикистон барои соли 2011-2012.-Душанбе, 2012.- 291 с. (са%.202, 206-230)

12. Омори солонаи Чумхурии ^цикистон.-Душанбе, 2012.-457с. (са%.56-61)

Ёров Фозил,

кандидат педагогических наук, главный специалист Управления высших учебных заведений и последипломного образования МО РТ

Подготовка специалистов - центральное направление деятельности заведений высшего профессионального образования

Ключевые слова: подготовка специалистов, повышение квалификации, высшее профессиональное образование, устойчивое развитие, Государственная программа развития профессионального образования, концепция развития профессионального образования

Статья в целом охватывает решение задач в области подготовки специалистов в учреждениях высшего образования республики в период 2006 - 2011 годов. Опираясь на содержание фундаментальных нормативно-правовых документов, разработанных Правительством и Министерством образования Республики Таджикистан, вводя в научный обиход богатый фактический материал, непосредственно почерпнутый из практической деятельности учреждений высшего профессионального образования республики, автор показывает уровень устойчивого развития высшей школы за пять лет.

В статье особое внимание уделено процессу практической реализации «Государственной программы развития профессионального образования в Республике Таджикистан на 2008 -2015 годы», обращению Президента Республики Таджикистан к Маджлиси Оли Республики Таджикистан в апреле 2006 года и Постановлению Правительства Республики Таджикистан «О концепции развития профессионального образования в Республике Таджикистан» от 1 ноября 2006, № 2484.

F. Yorov

Preparation of Specialists as a Central Trend in the Activities of Higher Schools Aimed

at Professional Education Key words: preparation of specialists, elevation of qualification, higher professional

education, stable development, State programme of professional education development, conception of professional education development

Upon the whole the article encompasses the solutions of the goals pertaining to the branch ofpreparation of specialists in higher educational establishments of the republic for the period of2006-2011. Designing on the premise of fundamental normative law documents, introducing rich factual material taken directly from practical activities of the institutions of higher professional education into scientific use in the republic, the author demonstrates the level of higher school stable development for five years.

Special attention is paid to the process of practical realization of the State programme for a development of professional education in the Republic of Tajikistan for 2008-2015, to the appeal of Tajikistan Republic President to Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan in April 2006 and to the Enactment of the Government of Tajikistan Republic “On the Conception of Professional Education Development in the Republic of Tajikistan” from November 1, 2006, №48.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.