Научная статья на тему 'Maram Bozorboeva and the history of education in Tajikistan'

Maram Bozorboeva and the history of education in Tajikistan Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
110
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МАРЯМ БОЗОРБАЕВА / ТАДЖИКСКАЯ ЖЕНЩИНА / ИСТОРИЯ / РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН / УЧИТЕЛЬ / СЕКТОР ОБРАЗОВАНИЯ / ГОРОД ХУДЖАНД / MARYAM BOZORBAEVA / TAJIK WOMAN / HISTORY / TAJIKISTAN REPUBLIC / TEACHER / EDUCATION SECTOR / KHUIAND-CITY / МАРЯМ БОЗОРБОЕВА / ЗАНОНИ ТОЦИК / ТАЪРИХ / ҶУМҳУРИИ ТОЦИКИСТОН / МУАЛЛИМ / СОҳАИ МАОРИФ / ШАҳРИ ХУЦАНД

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Негматуллоева Махинахон Хабибовна

В статье рассказывается о жизни и творчесве партийного работника советских времен и выдающейся фигуре в системе народного образования Таджикистана Бозорбоевой Марям Маликовне. Отмечено, что М.Бозорбоева начала свою карьеру в 1933 году в возрасте 16лет, была в числе первых участников кампании ликвидации безграмотности и впоследствии стала государственным деятелем. Показано, что М. Базарбоева была активным членом движения «Худжум», которое боролось за равенство и свободу женщин и против нарушителей советской образовательной системы в 20 и 30х годах ХХ века. На основе архивных документов проанализирована трудовая деятельность М.Бозорбоевой в процессе строительства новой советской школы в годы Великой Отечественной войны. В статье также анализируются некоторые книги и статьи Бозорбоевой, посвященные воспитанию подрастающего поколения и решению некоторых наиболее острых проблем в сфере образования. Установлено, что Бозорбоева в истории становления и развития системы народного образования Таджикистана была одним из пионеров и пропагандистов новой системы образования.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Марям Бозорбаева и история развития сферы образования в Таджикистане

In her article speaks about a Soviet party employee's life and work and an outstanding figure in the public educational system under Tajikistan Republic being Bozorboeva Maryam Malikovna. It is underscored that M. Bozorboeva began her career in 1933 at the age of 16, was among the first participants in the literacy campaign and subsequently became a statesman. It is shown that M. Bazarboeva was an active member of the Khujum movement, which fought for equality and freedom of women and against violators of the Soviet educational system referring to the 1920s and 1930s. Proceeding from on archival documents the author of the article analyzes M. Bozorboeva's work in the process of building a new Soviet school during the Great Patriotic War. The article dwells on some books and articles written by Bozorboeva on the upbringing of the younger generation and the solution of certain acute problems in the field of education as well. It was established that Bozorboeva in the history of the formation and development of the public education system of Tajikistan was considered to be as one of the pioneers and promoters of the new one, upon the whole.

Текст научной работы на тему «Maram Bozorboeva and the history of education in Tajikistan»

07.00.09.ТАЪРИХНИГ0РЙ, МАЪХАЗШИНОСЙ ВА

РАВИШИ ТАДК|ИК;ОТИ ТАЪРИХИ 07.00.09.ИСТ0РИ0ГРАФИЯ, ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ

МЕТОДЫ ИСТОРИЧЕСКОГО ИССЛЕДОВАНИЯ 07m09.HISTORIOGRAPHY, SOURCE STUDIES AND METHODS OF HISTORICAL RESEARCH

МАРЯМ БОЗОРБОЕВА ВА Негматуллоева Ма;инахон Хабибовна, докторанти ТАЪРИХИРУШДИМАОРИФИ факултети таърих ва ууцуци МДТ "ДДХ ба номи ТОЦИКИСТОН академик Б.Fафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)

МАРЯМ БОЗОРБАЕВА И Негматуллоева Махинахон Хабибовна,

ИСТОРИЯ РАЗВИТИЯ СФЕРЫ докторант факультета истории и права

ОБРАЗОВАНИЯ В ГОУ "ХГУ имени академика Б.Гафурова"

ТАДЖИКИСТАНЕ (Таджикистан, Худжанд)

MAR YAM BOZORBOEVA Negmatulloeva Mahinahon Habibovna, doctoralpost-

AND THE HISTORY OF graduate attached to the faculty of history and law under

EDUCATION the SEI "KSUnamed after academician B.Gafurov"

IN TAJIKISTAN (Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]

Вожа;ои калидй: Марям Бозорбоева, занони тоцик, таърих, Цумуурии Тоцикистон, муаллим, соуаи маориф, шаури Хуцанд

Мацолаи мазкур дар бораи арбоби намоёни соуаи маориф, корманди уизбии замони шурави Бозорбоева Марям Маликовна маълумот медиуад. Тазаккур меравад, ки М.Бозорбоева аз соли 1933, дар синни 16-солаги фаъолияти меунатии худро уамчун яке аз аввалин муаллимауои маъракаи мауви бесаводи огоз намуда то ба дарацаи арбоби давлати расидааст. Нишон доа шудааст, ки М,М.Бозорбоева аъзои фаъоли кумитаи "Хуцум" буд, ки он барои баробарууцуци ва озодии зануо ва бар зидди вайронкунандагони сохти шурави дар солуои 20-30-уми асри ХХ мубориза мебурд. Тибци ууццатуои бойгони роуи тайнамудаи М.Бозорбоева дар солуои Цанги Бузурги Ватани ва минбаъд таулил ва барраси шудааст. Дар мацола уамчунин баъзе аз китобуо ва мацолауои М.Бозорбоева ки ба тарбияи насли наврас ва баъзе масъалауои доги соуаи маориф бахшида шудаанд, таулил карда шудаанд. Собит мешавад, ки Бозорбоева дар таърихи маорифи тоцик аз пешоуангону таблиготчиёни сохти нави сиёси ва низоми нави тарбияву таълим буд.

Ключевые слова: Марям Бозорбаева, таджикская женщина, история, Республика Таджикистан, учитель, сектор образования, город Худжанд.

В статье рассказывается о жизни и творчесве партийного работника советских времен и выдающейся фигуре в системе народного образования Таджикистана Бозорбоевой Марям Маликовне. Отмечено, что М.Бозорбоева начала свою карьеру в 1933 году в возрасте 16лет, была в числе первых участников кампании ликвидации безграмотности и впоследствии стала государственным деятелем. Показано, что М. Базарбоева была активным членом движения «Худжум», которое боролось за равенство и свободу женщин и против нарушителей советской образовательной системы в 20 и 30-х годах ХХ века. На основе архивных документов проанализирована трудовая деятельность М.Бозорбоевой в процессе строительства новой советской школы в годы Великой Отечественной войны. В статье также анализируются некоторые книги и статьи Бозорбоевой, посвященные воспитанию подрастающего поколения и решению некоторых наиболее острых проблем в сфере образования. Установлено, что Бозорбоева в истории становления и развития системы народного образования Таджикистана была одним из пионеров и пропагандистов новой системы образования.

Key words: Maryam Bozorbaeva, Tajik woman, history, Tajikistan Republic, teacher, education sector, Khujand-city.

In her article speaks about a Soviet party employee's life and work and an outstanding figure in the public educational system under Tajikistan Republic being Bozorboeva Maryam Malikovna. It is underscored that M. Bozorboeva began her career in 1933 at the age of 16, was among the first participants in the literacy campaign and subsequently became a statesman. It is shown that M. Bazarboeva was an active member of the Khujum movement, which fought for equality and freedom of women and against violators of the Soviet educational system referring to the 1920s and 1930s. Proceeding from on archival documents the author of the article analyzes M. Bozorboeva's work in the

process of building a new Soviet school during the Great Patriotic War. The article dwells on some books and articles written by Bozorboeva on the upbringing of the younger generation and the solution of certain acute problems in the field of education as well. It was established that Bozorboeva in the history of the formation and development of the public education system of Tajikistan was considered to be as one of the pioneers and promoters of the new one, upon the whole.

Таърих ва тамаддуни инсоният шаходат медихад, ки дар тули хазорсолахо занон дар баробари мардон дар арсаи илму адаб, хунар ва фарханг, дар майдони разм ва сиёсат фаъолият намуда, сазовори тахсину офарин ва малому манзалати баланду шоиста гаштаанд.

Инкилоби бузурги сотсиалистии Октябр мардуми мазлуми империяи Русия, аз чумла точиконро аз зулму асорат рахой дода, хамаро дар назди конун баробархукук эълон кард. Ин вокеа ба занони Шарк, дар радифи онхо ба занони точик, барои хаёти хушбахтонаи оянда шуълаи умед бахшид.

Оид ба баробарху;у;й ва озодии комили занони точик карорхои махсус ба тасвиб расида, онхо аз тарафи Хукумати шуравй ва Х,изби Коммунистй амалй гардиданд.

Меъёри раванди сохтмони чомеаи сотсиалистй мувофики карордодхои Хукумат- ин баробархукукии зану мард ва иштироки фаъолонаи занон дар хамаи сохахои хаёти сиёсй, иктисодию ичтимой ва фархангй дар мамлакат буд.

Аз рузхои нахустини баркарор шудани ^окимияти шуравй конуну коидахое, ки хукуки занонро поймол месохтанд, аз миён бурда мешуданд ва занонро беш аз пеш ба сохтмони чомеаи навин даъват менамуданд.

Занони точик дар сохтмони чомеаи сотсиалистй дар хама сохахои хочагии халк баробари мардон фаъолият намуда, дар пешравии чумхурии навбунёди Точикистони шуравй хиссаи арзанда гузоштаанд. Зеро яке аз меъёрхои баробарху;у;ии занон дар чомеаи навин иштироки фаъолонаи занон дар хаёти сиёсй ва ичтимоию иктисодй буд.

Номи занони сиёсатмадори точики даврони чомеаи сотсиалистй, ки онхо сидкан барои халки худ хизмат кардаанд, ба монанди профессор Хосият Бобоева, Угулой Шамсиддинова, Марям Бозорбоева, Низорамох Зарифова, Ибодат Рахимова, Магфират Каримова, Гулчахон Бобосодикова, Бихочал Рахимова ва дигарон вирди забони халк мебошанд.

Дар сахифахои таърих номи як зумра занон, ки аввалин шуда, ба сохтмони хаёти нав бархостанд, сабт ёфтааст. Аз чумлаи чунин занони муборизи хаёти нав, зани шучоъ Бозорбоева Марям Маликовна аст, ки вай тамоми хаёти худро ба сохаи маориф, ичтимоиёт ва сиёсат бахшидааст. Аммо ба чуз ишорахои пароканда ва парешон, ки он хам дар сах,ифах,ои матбуоти точик вомехурад, дар бораи ин ходими давлатй ва хидматхои эшон дар дар бахши маорифу сохахои дигари хал; тад;и;е ба анчом нарасидааст. Дар "Энсиклопедияи миллии точик" ва ;омуси "Хучанд" низ дар мавриди тарчумаи хол ва фаъолияти кории Марям Бозорбоева маълумоте оварда нашудааст, хол он, ки ин шахсият дар солхои 30-уми асри гузашта барои махви бесаводии занон сахм гузошта, айёми душвори Чанги Бузурги Ватанй шуъбаи маорифи Хучандро рохбарй намуда, минбаъд чун арбоби намоёни сиёсй дар сохахои гуногуни хочагии хал; хидмат намуда, то ба вазифаи вазири таъминоти ичтимой расидааст. То он чое ки ба мо маълум гардид, ягона хуччате ки дар бораи санахои мухими хаёт ва фаъолияти давлативу хизбии М. Бозорбоева маълумот медихад, дар бойгонии марказии давлатии Чумхурии Точикистон дар фонди шахсй тахти шумораи 1689 нигох дошта мешавад, ки фарогири хуччатхои марбут ба солхои 1931,1934-1936, 1940, 1942-1973 аст(8). Ташхис ва коркарди техникии маводи хуччатхои шахсии М.Бозорбоеваро ходими илмии БДМ Чумхурии Точикистон М.Рахматчонова анчом додааст. Маводи фарохамомада ба мо имкон медихад, ки баъзе лахзахои хаёти мавсуфро бар;арор намоем. Тиб;и хуччатхои маводи бойгонй(8) Бозорбоева Марям Маликовна 27 феврали соли 1917 дар Казали (Казалинск)-и вилояти Кизилурдаи Чумхурии Казо;истон таваллуд ёфтааст.

Казалй дар Чануби Казо;истон чойгир шуда, дар сохили рости Сирдарё цомат рост кардааст. Шахри мазкур соли 1953 таъсис ёфта, аз соли 1867 хамчун шахр ва маркази маъмурии уезди Казалии императории Русия ташкил ёфтааст, ки дар ин бора М. Бозорбоева дар хотирахояш ёдовар шудааст(8,94).

У соли 1933 ба Точикистон омада, хаёти минбаъдаашро ба ин кишвар бахшидааст. Вай соли 1933, дар синни 16-солагй фаъолияти кории худро ба сифати яке аз аввалин муаллимахои маъракаи махви бесаводй байни занони Хучанди бостонй сар кардааст. Дар хамин солхо оид ба масъалаи озодии занон ва партофтани фаранчй дар шахру нохияхо

кумитаи «Хучум» таъсис меёбад, ки он барои баробархукукии занхо ва бар зидди вайрон кардани коидаю конунхои Шуравй мубориза мебурд. Максади асосии кумита халли масъалаи озодии занон буд ва яке аз аъзои фаъоли он дар шахри Хучанд М.М.Бозорбоева ба шумор мерафт.

Дар урфи мардум мегуянд, ки «зан на танхо зиннати хона ва рухи он, инчунин гули сари сабади чамъият ва рухи он аст» (1, 29). Аз ин чо, М.Бозорбоева хам зиннати хонаю хам гули сари сабади чамъият буд. У омузишгохи занонаи шахри Хучандро, ки ба он Бахрй Пулодова рохбарй мекард, хатм намуда, пас хамчун омузгор дар шуъбаи тайёрии хамин омузишгох кор мекунад. Бояд гуфт, ки духтарони ин омузишгох дар хама махаллахои шахри Хучанд курсхои махви бесаводй кушода, занонро ба саводомузй даъват мекарданд ва Марям Маликовна ба хайси раиси "Ситоди махви бесаводй" ё ба истилохи русии («Култштаб») дар хамин омузишгох фаъолият мебурд. Ин зани шоиста фаъолияти мехнатии худро аввал аз омузгорй огоз намуда, то ба дарачаи корманди хизбй ва арбоби давлатй расидааст. Дар солхои Ч,анги Бузурги Ватанй бошад, вазифаи сарвари шуъбаи маорифи шахри Хучандро ба ухда дошт.

Марям Бозорбоева дар хамин солхои пурмашаккат дар сохаи маориф дар шахри Хучанд кор мебурд. Бояд гуфт, ки душворихои соли чанг асосан ба души занхо афтода буд, зеро аксари мардон ба фронт сафарбар шуда буданд Аз саршавии чанг то огози соли 1942 зиёда аз панч хазор омузгор ба сафи артиши Шуравй даъват шуда буд. Дар хама чо- чй шахр ва чй дехот омузгор намерасид. Баъзе бинохои мактаб ба беморхонаи харбй табдил ёфта буданд. Дар мактабхо машгулиятхо дар 2-3 баст мегузаштанд. Коркунони сохаи маориф барои он ки душворихо ба кори мактабхо таъсири бад нарасонанд, як катор чорабини гузарониданд. Собик муаллимони нафакахур ба кори омузгорй чалб карда шуда буданд. Fайр аз ин баъзе муаллимони кобилиятноки маълумоти миёнадошта барои дар синфхои панчу хафт дарс додан фиристода шуда ва оид ба тайёр кардани муаллимони фанхои алохида, муаллимони синфхои ибтидой аз чумлаи мачрухони Ч,анги Бузурги Ватанй курсхои кутохмуддат ташкил карда шуданд. Ин гуна чорабинихоро боз номбар кардан мумкин аст, лекин гуфтан зарур аст, ки дар чунин шароити сангин Марям Маликовна аз сидки дил кор бурда, худро ба сифати яке аз коркунони бехтарини сохаи маориф дар Хучанди бостонй нишон додааст.

Хамин тари;, тиб;и хуччатхои бойгонй(9) М.Бозорбоева аз соли 1935 то соли 1946 дар шахри Хучанд фаъолияти омузгорй бурда, як муддат мудири шуъбаи маорифи шахрро ба ухда дошт. Соли 1942 ба сафи Хизби Коммунистии Иттифо;и Шуравй шомил гардида, дар корхои ташви;у таргиб хеле фаъол буд. Баъдан, уро ба корхои хизбй ва маъмурй таъин намуданд. М. Бозорбоева солхои 1948 -1950 дар вазифаи котиби Кумитаи вилояти Сталинободии Пк Точикистон фаъолият намуда, солхои 1951-1960 дар вазифаи Вазири таъминоти ичтимоии Точикистон кор кардааст. Солхои 1960-1963 бошад вазифаи раиси Коммисияи назорати давлатии Точикистонро ба ухда дошт.

У аз соли 1954 то 1966 якчанд маротиба вакили халк дар Шурои Олии Чумхурии Точикистон интихоб шуда буд ва то дами вопасини хаёташ барои халк хизмат кардааст.

Солхои 1963 -1967 М.Бозорбоева дар вазифаи мудири шуъбаи муассисахои ичтимоию фархангии назди Шурои Вазирони ЧШС Точикистон адои вазифа намудааст.

М. Бозорбоева дар хар вазифае, ки фаъолият мекунад , худро хамчун шахси ташкилотчй ва кордон нишон медод ва барои рушди сохае, ки кор ё рохбарй менамояд, тамоми махорату тавоноияшро сарф менамуд.

М. Бозорбоева вакили Анчуманхои IX-XV ХК Точикистон буд. Дар анчумани IX ХКТ у ба КМ ХКТ номзад ба аъзогй интихоб гардида, дар анчуманхои X- XV бошад аъзои КМ ХКТ интихоб шуда буд, ки ин бори масъулияти уро боз хам дучанд менамуд.

М. Бозорбоева солхои 1067-1972 дар вазифаи муовини вазири маорифи ЧШС Точикистон кор кардааст. Мавсуф чун фаъолияти мехнатиашро аз сохаи маориф шуруъ намуда буд , нозукихои ин сохаро хуб медонист ва рушди маорифи Точикистонро бо чашми худ дида буд. Панч соли фаъолияташ дар сохаи маориф уро махбуби маорифчиён гардонид. Вай тачрибаи андухтаашро барои пешбурди сохаи маориф сарф намуда, онхоро дар шакли ма;ола ва китоб интишор менамуд.

Соли 2020 тамоми мардуми кишварамон 75-солагии рузи Fалаба бар му;обили фашизми гитлериро кайд мекунанд, ки дар ин галабаи оламшумул хиссаи муаллимон, кормандони сохаи маориф, аз чумла М.М.Бозорбоева низ беназир аст. Бояд гуфт, ки Бозорбоева баъд аз ба нафака баромадан, солхои 1975- 1992 дар бойгонии марказии шахри Душанбе, фаъолият намуда, аз ин хашт солашро барои дарёфт намудани хуччатхои иштирокчиёни чанг,

фиристодагони Ч,умх,урии Точикистон аз бойгонии Марказии Вазорати мудофиаи шахри Маскав ва Подолск сарф кардааст (2, 27).

Дар давоми ин солхо хазорхо хуччати чанговарони точик, фиристодагони Точикистон буданд, чамъ карда шуд. Бисёр чанговарон аз варакахои мукофотии худ бехабар буданд, ки он хабархои хушро Марям Маликовна ба сохдбонаш мерасонд. Номи Бойгонии марказии Ч,умхурии Точикистон, танхо бо номи ин зани шучоъ, зани фидой, ки хубй кардан ба мардумро вазифаи мукаддаси худ медонист, маъруф гардид.

У аз 60 соли фаъолияти кориаш, 30 соли онро дар корхои рохбарияти давлатй гузаронида, дувоздах маротиба вакили халк (депутат) дар Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон интихоб шуда буд.

Оид ба шахсияти ин зани мехнаткарин, ки тамоми хислатхои неки инсонй-поквичдонй, мехнатдустй, росткавлй, одамдустй ва некй кардан ба мардум барояш хос аст, яке аз арбоби шинохтаи давлатй Х^Д. Солехбоев, ки дар солхои Ч,анги Бузурги Ватанй дар вазифаи вазири Вазорати маорифи халк фаъолият мебурду М.Бозорбоева мудири маорифи шахри Хучанд буд, дар ёддоштхояш яъне "Замон ва одамон" менависад: "Марям Маликовна Бозорбоева Омузишгохи педагогии занонаи Ленинободро, баъд Институти педагогиро тамом карда, рохи калони хаётиро паймудааст. Дар солхои Ч,анги Бузурги Ватанй М.М.Бозорбоева мудири шуъбаи маорифи шахри Ленинобод буд. Дар ин кор у кобилияти ташкилотчигии худро нишон дод. У хислати начиби одамдустй ва хайрхохй дошт. Ба мухточон дасти ёрй дароз кардан орзуи мукаддаси уст. Баъдтар Марям Маликовна котиби Комитети хдзбии вилояти Сталинобод интихоб шуд. Дар вазифахои вазири Госконтрол(таъминоти ичтиомй.-Н.М.) чонишини вазири маорифи халки чумхурй низ кор кардааст" (7, 31-32). Ин гуфтахоро маводи Бойгонии давлатии Точикистон (8) тасдик менамоянд, ки ин мавод аз 165 вохиди нигохдорй (сахифа) иборат буда, аз фаъолияти давлативу хизбии М. М. Бозорбоева дарак медихад.

Агар ба таърихи инкишофи маорифи хал; дар Точикистон назар афканем, бовар хосил кардан мумкин аст, ки маорифи хал; дар Точикистон дар заминаи тамоман нав ба вучуд омадааст. Пеш аз инкилоб дар Точикистон дар ин бобат кариб ки хеч чиз набуд. Дар солхои аввали ташкилёбии чумхурй аз Тирмизу Каршй бо аробаю шутурхо ба Душанбе на танхо хурокворй, балки партаю тахтаи синф, алифбою дафтар, харитахои чугрофию глобус мекашонданд. Аввалин мусофирони ин корвонхо муаллимону духтароне буданд, ки аз Москва, Ленинград, Тошкент, Самарканд, Хучанд, Конибодому Бухоро меомаданд. Аввалин корвони ба Душанбе омада корвоне буд, ки дар Точикистони Ч,анубй тухми дониш мекошт.

М.М.Бозорбоева аввалин муаллим, аввалин ташкилотчии кори маорифи халк буд. Ин ибора холо хам бо ифтихори баланд садо медихад. Вале аксари ин муаллимони аввалин, ки пешохангон ва нахустин ташкилотчиёни кори маорифи халк буданд, холо дар кайди хаёт нестанд. Дар бораи аксари онхо маълумоти казоие дастрас нест ва ё агар иттилое хам бошад, нопурраанд.

Барои хизматхои шоистааш хукумати шуравй Марям Бозорбоеваро бо 3 ордени «Байраки Сурхи Мехнат», ордени «Нишони фахрй», медали «Барои мехнати шучоъ», 6 «Ифтихорномаи Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон», медали «30-солагии Fалаба», нишонхои «Аълочии маорифи халк»-и Ч,умхурии Точикистон ва Иттиходи Шуравй, «Аълочии маърифат»-и Иттиходи Шуравй, нишони сарисинагии «Аълочии кори бойгонии Иттиходи Шуравй» сарфароз гардонидааст ва дар соли 1991 бо карори Саридораи бойгонии Иттиходи Шуравй ва КМ иттифоки касабаи кормандони идорахои давлатй номи Марям Маликовнаро ба Китоби фахрии Саридораи бойгони Иттиходи Шуравй сабт карданд.

Дар давоми кори худ дар Бойгонии марказии шахри Душанбе Марям Маликовна Бозорбоева дар асоси хуччатхои чамъовардааш зиёда аз 100 макола ба монанди "Диккати чиддй ба кори университетхои халкй", "Великая забота о благе народа", "Мехнаткашлар тугрисида гамхурлик", "Готовится уже сегодня...(О спортивной работе среди школьников)", "Тожикистонда халк маорифининг ривожланиши", "Муаллим ва пешрафти хонанда" ва гайрахоро навиштааст, ки хар якеи намоёнгари махорати эчодавии фитрии уянд.

Дар маколаи "Диккати чиддй ба кори университетхои халкй'М. Бозорбоева кайд менамояд, ки Донишкадахои олй ва омузишгоххои педагогй барои мактабхо ва муассисахои томактабй омузгор омода мекунанд. Хдр як мутахассисе, ки дипломи педагогро мегирад, бояд дониши педагогиро дар байни омма пахн намояд, дар байни падару модарон таълими педагогиро ташкил намояд. Дар ин бобат донишгоххои халкй ёрии калон расонида метавонанд. Университетхои халкии чавонон шохиди дурахшони гамхории хизб ва Хукумат барои баланд бардоштани маданияту маълумоти хар як шахрванди чавони шуравй мебошад. Чй кадаре, ки

шумораи онхо афзояд, хамон кадар чавонони зиёд дар онхо тахсил менамоянд, хамон ;адар зиёд ба кори ташви;и байни ахолй чалб карда мешаванд, сахми мо дар тарбияи бинокорони фаъоли чамъияти комунистй хамон ;адар меафзояд (3, 12-14). Албатта ин навишта дар пояи гояхои коммуниста иншо гардида, рухияи замон дар он соя андохтааст, вале ин нишондихандаи он аст, ки М. Бозорбоева то чй хад сарсупурдаву фидоии кори худ буд.

Дар ма;олаи дигар "Муаллим ва пешрафти хонанда" ;айд намудааст, ки ду сол дар як синф мондани хонандагон дар як рузу як мох ба вучуд намеояд. Мо бояд акибмонии хонандагонро харчониба пешгирй намоем. Барои ин муаллим бояд хусусиятхои чудогонаи хар як хонандаро бодиккат омухта, камбудихои сатхи донишхои уро дар вакташ пай барад ва барои бархам додани онхо фавран чорахо чуяд. Муаллим бояд равоншинос бошад, рухияи дастпарвари худро нагз донад. М. Бозорбоева яке аз сабабхои ду сол дар як синфмонй хонандагонро ба маълумоти ками равонии омузгор марбут медонад. Хонандаро донистан, хурмат кардан, дар вакти мушкилй ба ёрй омадан, бо усулу методхои таъсирбахши таълим баланд бардоштани шавку завки у нисбат ба омузиш вазифаи асосии муаллим ва рохбари синф мебошад-менависад у(4,1).

Дар идомаи фикр М.Бозорбоева гуфтааст: "Баъзан чунин хам мешавад, ки баъзе педагогхо ба чои бодиккат ва мунтазам кор бурдан бо талаба ва толибагони сустхон онхоро ба катори "нокобилон" дохил карда, аз доираи назари худ дур мекунанд, бо онхо дагалона муомила карда, дилашонро аз худ ва аз мактаб хунук менамоянд.

Баланд бардоштани сифати корхои таълиму тарбия ва бо хамин хотима додан ба ду сол дар як синф мондани хонандагон ба усулу рохбарй ба кори муассиса хам вобаста мебошад. Дар муассисахое, ки сарварон ва чонишинони онхо чараёни таълим ва тарбияро бодиккат омухта, ба муаллимон барои мувофики талаби замон гузаронидани дарсхо ёрии амалй мерасонанд ва барои ин шароит пайдо мекунанд, одатан акибмонии хонандагон кам мушохида карда мешавад.

Дар масъалаи сустхонй ва ду сол дар як синфмонии хонандагон падару модарон, ташкилотхои чамъиятй хам ба мактаб ёрии калон расонида метавонанд. Барои бомуваффа;ият мубориза бурдан бар зидди сустхон ва ду сол дар як синф мондани хонандагон, чй тавре ки тачрибаи кори мактабхои пеш;адам нишон медихад, мо бояд мухити хонанда, хислат ва шав;у хаваси уро донем. Вале дар ин рох муаллим, дониш ва махорати педагогии у роли халкунанда мебозад" (4, 1-2).

М.Бозорбоева муаллифи якчанд китоб, аз чумла «Муаллимони ;ахрамон» (бо хамкаламии М.Кенчаева) мебошад ва дар асар (5, 87) дар хусуси чахор нафар омузгор- Кахрамонони Иттифо;и Шуравй ва чанд нафар аз муаллимоне, ки ба унвони Кахрамони Мехнати Сотсиалистй сохиб гаштаанд, хикоят мекунад. Дар он повесту очеркхои китоб асосан дар бораи корнамоихои чанговаронаи ин ;ахрамонон сухан меравад. Аз хамин ну;таи назар, муаллифони китоби мазкур саъй намудаанд, ки дар асоси хуччатхои бойгонй ва на;ли хамкорону хамдиёрон бештар дар бораи шахсият ва фаъолияти педагогии онхо низ маълумот диханд.

Дар ;исмати очеркхои ба Кахрамонони мехнати сотсиалистй бахшидашуда бошад, оид ба усулхои пеш;адами кори педагогй муфассал маълумот дода шудааст.

Муаллифон дар бораи чонбозихои бемислу монанди муаллимон- Кахрамонони Иттифо;и Шуравй бо самимияти хосе хикоят намуда, бори дигар хотиррасон менамоянд, ки дар галабаи халки шуравй бар зидди фашизм фиристодагони Точикистон низ сахми арзанда гузоштаанд.

Китоби мазкур барои муаллимон ва мураббиён дар тарбия намудани насли наврас дар рухи ватандустй, мехнат;аринй ва интернатсионализм дастури хубест. Омузгорон метавонанд ;ахрамонию диловарии муаллимони чанговару мехнатдустро хамчун намунаи олии садо;ат ба хал;у Ватан тал;ин намоянд ва симои маънавию ахло;ии онхоро ба шогирдонашон хамчун намунаи ибрат нишон диханд.

Китоби дигари М.Бозорбоева «Сарбозони шучоъ» ном дорад ва бо хамкаламии М.Бобохонов (6) навишта шудааст. Ин аввалин мачмуаи очеркхо дар бораи 19 нафар сокини Точикистон мебошад, ки дар солхои Ч,анги Бузурги Ватанй сазовори хар се дарачаи ордени Шараф гардидаанд. Он дар асоси хуччатхои бойгонй таълиф ёфта, ба 40- солагии Fалабаи хал;и Шуравй дар Ч,анги Бузурги Ватанй бахшида шудааст.

Ин китоб ёдбудест аз корнамоию шучоати фарзандони фарзонаи миллати точик дар мухорибахои ^анги Бузурги Ватанй. Асар барои дар рухи ватандустй ва дустии хал;хо тарбия намудани мардум, хусусан, насли наврас, кумак хохад кард.

Хдмин тари;, аз маводи бойгонй ва навиштахои М.М. Бозорбоева чехраи сиёсй ва ташкилотчигии вай хувайдо мешавад. Мутаассифона корномаи илмиву хизбии ин арбоби намоёни сохаи маориф ва корманди хизбй то имруз аз назархо дур мондааст.

Маводу хуччатхои марбут ба М.М. Бозорбоева, ки дар Бойгонии Марказии давлатии Точикистон махфуз аст, ба 5 ;исм гурухбандй шудааст:

1. Маводи тарчумаихолй.

2. Маводи эчодй.

3. Маводи фаъолияти вакилй.

4. Маводи фаъолияти хизмат ва чамъиятй.

5. Маводи тасвирй(9).

Месазад, ки ин мавод омухта шуда, чанбахои дигари фаъолияти М.М.Бозорбоева мавриди тахлилу тад;и; гардонида шаванд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бозорбоева, М.М. Муаллим ва пешрафти хонанда/М.М.Бозорбоева// Маориф ва маданият.-1970.- С.1-2

2. Бозорбоева М.М.Ди;;ати чиддй ба кори университетхои хал;й/М.Бозорбоева//Мактаби советй. - 1971.- С.12-14

3. Бозорбоева М.М.Муаллимони ;ахрамон(Дар бораи шахсият ва фаъолияти педагогии муаллимон)/М.М.Бозорбоева, МД.Кенчаева.- Душанбе: Маориф,1982.- 112с.

4. Бозорбоева М.Сарбозони шучоъ/М.М.Бозорбоева, М.Бобохонов.- Душанбе: Ирфон,1985.-128с.

5. Гамелько, Е. В. Советское законодательство о положении женщины в 1917-1930-гг/Е.В. Гамелько // Молодой ученый. - 2010. - №5. Т.2. - С. 97-99.

6. Исмоилова, Б. Зан , Ислом ва демократия/Б. Исмоилова.- Хучанд: Ношир, 2006.- 50с.

7. Исмоилова, Б.Ма;ом ва мав;еи зани точик дар чомеа: гузашта ва имруз/Б. Исмоилова.-Хучанд: Ношир, 2010.- 64 с.

8. Солехбоев, Замон ва одамон(Ёддоштхо)Д.Солехбоев.-Душанбе: Ирфон, 1976.-232с.

9. Бойгонии Марказии давлатй.-Ф.ш.1869,;.1.-165в.н.

REFERENCES:

1. Bozorboeva, M.M. A Teacher and Student's Rating/M.M.Bozorboeva// Education and Civilization. - 1970. - P. 1-2.

2. Bozorboeva M. Particular Attention to the Work of National University. - Soviet School, 1971.

- P. 12-14

3. Bozorboeva M. Hero Teachers (On Personality and Teachers' Pedagogical Activity)/M.M.Bozorboeva, M.H. Kenjaeva. - Dushanbe: Enlightenment, 1982. - 112 p.

4. Bozorboeva M. Brave Worriers/M.M.Bozorboeva, M.Bobokhonov. - Dushanbe: Cognition, 1985. - 128 p.

5. Gamelko E. V. Soviet Legislation on the Status of Women in 1917-1930. // Young scientist. -2010. - #5. -V.2. - P. 97-99.

6. Ismoilova, B. Woman, Islam and Democracy. - Khujand: Publisher, 2006. - 50 p.

7. Ismoilova, B. The Place and Status of Tajik Woman in Society: the Past and Today. - Khujand: Publisher, 2010. - 64 p.

8. Solehboev, Kh. Time and Human-Being (Memoirs)/H.Solehboev. - Dushanbe: Cognition, 1976.

- 232 p.

9. The Central State Archive. - F.Sh.1869, - P.1. -V.165.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.