Научная статья на тему 'Development of professional competence of teachers in the courses aimed at qualification elevation'

Development of professional competence of teachers in the courses aimed at qualification elevation Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
4674
168
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МАВқЕИ КАСБИЮ ПСИХОЛОГӣ / қОБИЛИЯТҳОИ ШАХСӣ / САЛОҳИЯТ КАСБИИ ПЕДАГОГӣ / САЛОҳИЯТҳОИ ИЧТИМОИЮ РАВОНӣ / САЛОҳИЯТИ КАСБИЮ ИРТИБОТӣ / САЛОҳИЯТИ УМУМИПЕДАГОГИИ КАСБӣ / САЛОҳИЯТИ ФАННӣ / САЛОҳИЯТИИТТИЛООТӣ-КОММУНИКАТСИОНӣ / ИННОВАТСИЯ / ПРОФЕССИОНАЛЬНЫЕ ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ УМЕНИЯ / ПРОФЕССИОНАЛЬНЫЕ ПСИХОЛОГИЧЕСКИЕ ПОЗИЦИИ / ПРОФЕССИОНАЛЬНО ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ КОМПЕТЕНЦИИ / СОЦИАЛЬНО -ПСИХОЛОГИЧЕСКАЯ КОМПЕТЕНЦИЯ / ПРОФЕССИОНАЛЬНО КОММУНИКАТИВНАЯ КОМПЕТЕНЦИЯ В ОБЩЕПЕДАГОГИЧЕСКАЯ ПРОФЕССИОНАЛЬНАЯ КОМПЕТЕНЦИЯ / ПРЕДМЕТНАЯ КОМПЕТЕНЦИЯ / ИНФОРМАЦИОННОКОММУНИКАТИВНАЯ КОМПЕТЕНЦИЯ / ИННОВАЦИЯ / KNOWLEDGE / PROFESSIONAL PEDAGOGICAL SKILLS / PROFESSIONAL PSYCHOLOGICAL POSITION / PROFESSIONAL PEDAGOGICAL COMPETENCE / SOCIAL PSYCHOLOGICAL COMPETENCE / PROFFECIONAL COMMUNICATION COMPETENCE / COMMONEDUCATIONL PROFFECIONAL COMPETENCE / SUBJECT MATTER EXPERTISE / INFORMATION-COMMUNICATION COMPETENCE AND INNOVATION

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Курбонов Гуломносир

В статье анализируются основные этапы становления нового понятия (парадигмы) компетенция/компетентность, профессионально педагогические компетенции, компетентностям подходе к повышению квалификации работников образования на современном этапе.Автор статьи раскрывает общность и отличие между такими понятиями, как «знания, умения, навыки», «деятельность», «профессионализм», «мастерство», «компетенция» и «компетентность». Также выражается мнение о путях повышения профессиональнопедагогических компетенциях учителя на курсах повышения квалификации и его результатах. В статье обоснована необходимость учёта взглядов выдающихся педагогов прошлого, а также дан анализ работ современных учёных при решении вопросов компетенции на курсах повышения квалификации учителей средних школ.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Повышение профессиональной компетенции учителя на курсах повышения квалификации

The article tells about main steps of development new prodigms of competence approach to the professional development of the educationalists in the modern period. The author express their views on generality and the difference between the concepts like “Knowledge, Ability, Skills”, “Function”, “Professionalism”, “Mastership/art” and “Competence”. The article also expresses the view on the way of improving the teachers’ competence in the professional development courses and its outcomes.

Текст научной работы на тему «Development of professional competence of teachers in the courses aimed at qualification elevation»

УДК 371.01 Г.ЦУРБОНОВ

ББК 74.04(2т)

ТАКМИЛИ САЛО^ИЯТ^ОИ КАСБИИ ОМУЗГОР ДАР КУРСКОЙ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Вожа^ои калиди: мавцеи касбию психологй, цобилиятхои шахсй, салохият касбии педагогй, салохиятхои ичтимоию равонй, салохияти касбию иртиботй, салохияти умумипедагогии касбй, салохияти фаннй, салохиятииттилоотй-коммуникатсионй, инноватсия.

Дар Стратегиям миллии рушди маорифи Ч,умх,урии Точикистон омадааст, ки рушди чомеа, таъмини амнияти чамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатхи чахонии ицтисодиёт, азхудкунии имконоти нави технологй ва умуман рушди ичтимой мустациман аз сатхд маориф, ташкили чараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбияи талабагону донишчуён, хулоса - аз сатхи саводнокии миллат вобаста аст (11).

Аз ин лихоз «...ба хотири чавобгу будани таълим ва тарбияи насли наврас тацозо менамояд, ки тахсилот бо дарназардошти арзишхои миллй ва умумибашарй тибци талаботи санадхои хуцуции байналмилалй ба рох монда шавад» (2,83).

Мазмуну мухтавои ислохоти сохаи маориф аз «такмили мактаби муосир ва рушди он, демократисозй ва инсонгароии он, аст кашидан аз консепсияи кухна ба хотири консепсияи нав-консепсияи инсон хамчун олитарин арзиши чомеаи кунунй,хамкории омузгор-хонанда, омузгор-хайати педагогй, хонанда-хонанда» иборат аст (15,183;185,186).

Дар шароити демократикунонй ва гуманизатсияи инсонгароии сохаи маориф, «ислохоти низоми таълиму тарбияро дар мактабхои чумхуриямон бе тагйири куллии тафаккури миллй, симо ва тарзи тайёр намудани муаллим тасаввур кардан аз имкон берун аст. Бинобар ин «низоми интихоби муаллими оянда ва такмили ихтисоси онро тамоман тагйир бояд дод» (4,315).

Мувофици Консепсияи гузариш ба низоми нави тахсилоти миёнаи умумй дар Ч,умхурии Точикистон «баланд бардоштани сифати касбии» муаллимон, «тачдиди низоми такмили ихтисоси кормандони сохаи маориф», «баланд бардоштани сатхи ихтисоси омузгорон ва омодасозии онхо ба шароити нав», «баланд бардоштани махорати касбии кадрхои педагогй», «истифодаи усулхои фаъоли таълим» (2,88; 89,90) аз вазифахои мубрами руз ба хисоб меравад.

Ташаккули салохиятхои муаллим ва хонанда дар тахсилоти муосир падидаи нав аст.

^айд намудан ба маврид аст, ки истифодаи истилохи салохият дар солхои 70-уми асри гузашта дар Амрико ташаккул ёфт. Н. Хомский мафхуми «салохият» - ро дар назарияи забон ва грамматика истифода бурд. Чй тавре Н. Хомский цайд мекунад, «мо фарцияти бунёдии байни салохиятхо (донистани забони гуфтугуй - гушкунй) ва бакорбарй (истифодаи хациции забон) дар вазъиятхои муайянро мисол меорем. Истифодабарй инъикоси бевоситаи салохият мебошад» (12,9).

Тахлили асархои олимон Н.Хомский, Р.Уайт, Дж. Равен, Н.В.Кузмина, А.К.Маркова, В.Н.Кунитсина, Г.Э.Белитская, Л.И.Берестова, В.И.Байденко, А.В.Хуторской, Н.А.Гришанова ва г. бараъло се мархалаи ташаккули салохиятро дар сохаи маориф нишон медиханд.

Дар мархалаи якум солхои 1960-1970 категорияи «салохият» ба мафхуми илмй табдил ёфта, барои истифодаи мафхумхои салохият / салохиятдор замина гардид.

Мархалаи дуюм солхои 1970 - 1990-ро дар бар гирифта, категорияи салохият / салохиятдор на танхо дар сохаи таълиму омузиши забон, балки хирфаият дар идоракунй, рохбарй, мудирият (менечмент), иртибот ва баъдан мафхуми «салохиятхои ичтимой» мавриди истифода царор гирифт. Дар асари Ч,. Равен «Салохиятдор дар чомеаи муосир» тафсири гуногунсохаи мафхумхои «салохият» ва «салохиятдор» хамачониба тафсир ёфтанд (10, 58).

Олимони рус (Н.В.Кузмина, А.К.Марков, Л.А.Петровский.) истифодаи назарияи салохиятнокиро дар касбхои муайян тахлил намудаанд. Соли 1990 асари Н.В.Кузмина «Касбияти шахсияти муаллим ва устои таълими мехнат» нашр шуда, муаллиф дар асоси фаъолияти педагогй мафхуми салохиятнокиро «таркиби шахсият» номид. Дар он салохияти махсуси таълими фанхо, салохиятхои методии сохаи ташаккули дониш, махорату малака, салохияти ичтимоию психологй дар сохаи алоца (робита), салохиятхои тафрицавии психологй дар сохаи хавасмандкунй (мотиватсия), цобилиятхои хонандагон ва норасоихои фаъолияти шахсй мавриди тахциц царор гирифтанд. Салохиятхои касбии педагогии Н.В.Кузмина панч чузъ ё намудро дар бар мегирад (3,90).

1.Салохияти махсус ва касбии тадриси фанни таълим.

2.Салохияти методии сохаи ташаккули дониш ва махорати хонандагон.

3.Салохияти ичтимоию равонии равандхои сохаи алока.

4.Салохияти тафрикабандии сохаи хавамандкунй ва кобилиятхои хонандагон.

5.Салохияти аутопсихологии сохаи истеъдод ва норасоихои фаъолияти фардй ва шахсият.

Дар мархалаи сеюм мафхуми салохият хамчун мафхуми илмй дар асархои А. К. Маркова

инъикос ёфта, он хамчун вожаи салохияти касбй аз нуктаи назари психологияи мехнат тахлил шудааст. Муаллиф салохияти касбии муаллимро ба чор кисм чудо мекунад:

а) донишхои зарурии касбии психологй ва педагогй;

б) махоратхои касбии педагогй;

в) мавкеи касбию психологй;

г) кобилиятхои шахсй, ки азхудкунии дониш ва махоратхои касбии омузгорро таъмин мекунанд (6,7).

Дар асари баъдинааш А.К. Маркова намудхои салохиятхои касбиро ба салохиятои махсус, ичтимой, шахсй ва фардй чудо менамояд (8,34,35). Л.М. Митина тадкикоти Л.А. Петровскийро идома дода, ба хулосае меояд, ки вожаи «салохиятхои педагогй» аз «дониш, махорат, малака, ва инчунин роху воситахои амалй намудани онхо дар фаъолияти (худинкишофдихй) шахсият» иборатанд (9,46). Вобаста ба хамин муаллиф ду зеркисмати он: фаъолиятй ва алокадориро чудо мекунад.

Доираи салохиятхо хамчун натичаи дилхохи тахсилот дар хуччатхои расмии ЮНЕСКО охири асри гузашта инъикос ёфтаанд. Дар маърузаи комиссияи байналмиллалй оид ба «Тахсилот: ганчинаи нихон» Жак Делор «чор сутун» - ро тавсия кард, ки тахсилот ба василаи онхо асос меёбад: омузиши дониш, омузиши кобилият, якчоя зистан ва хастиро омухтан» (1).

Дар симпозиуми шахри Берн (27-30-уми марти соли 1996), ки бо барномаи Шурои Аврупо доир гардид, барои ислохоти сохаи маориф мухимияти аз худ намудани салохиятхои асосии хонанда хам барои фаъолияти хуб ва хам барои тахсили оянда муаяйн карда шуданд. Шурои Аврупо панч салохияти асосиро, ки «бояд аврупоихои чавон доро бошанд»,муайян кард:-салохияти сиёсй ва ичтимой;

-салохият вобаста ба хаёт дар чомеаи гуногунфарханг; -салохият вобаста ба азхудкунии муоширати шифохй ва хаттй; -салохияти вобаста ба мухимияти афзоиши иттилоот дар чомеа.

-кобилияти тахсил дар тули хаёт ба сифати асоси тахсили муттасил дар доираи хаёти касбй ва ичтимой» (17).

А.В. Хуторский мазмуни салохиятхои асосиро тартиб медихад, ки аз инхо иборатанд: арзишй -маъной, умумифархангй, таълимию маърифатй, иттилоотй, иртиботй (алокадорй), ичтимоию мехнатй, шахсй (13,9; 10,32).Мазмуни он гузариш аз «такмили ихтисос» ба «ташаккули салохият», аз фахмиши «чй?» ба «чй тавр?», аз мафхуми «такмили дониш, махорату малака» ва амал меравад. «Барои татбики амалии максадхои нави тахсилот муаллими нав - омузгори ихтисосманд лозим.Омузгори ихтисосманд холо танхо интиколдихандаи дониш нест, балки созмондихандаи раванди таълим чихати халли вазифахои эчодй... мебошад» (15,422). Дар асоси ин талаботхо аз тарафи олимон Н.В.Кузмина, Л.М.Митина, В.Н.Введенский, Т.Г.Браже, ЕИ.Рогов, С.Е.Шишов, В.А.Калней ва олимони ватанй: М. Лутфуллоев, Ф. Шарифзода, И. Каримова, У. Зубайдов, И. Обидов, М. Орифй, Т. Атахонов, С.Сулаймонй, БДодиров, Х.Буйдоков, С. Аминов ва дигарон салохияти асосй ва касбй барои омузгор ва салохияти асосй барои хонанда - хамчун натичаи тахсилоти умумй тахия карда шудаанд. Дар асоси тадкикоти олимони ватании номбаршуда мазмун ва мундаричаи хуччатхои меъёрии сохаи маориф, Стратегияи рушди маорифи Ч,умхурии Точикистон, Стандарти давлатии тахсилоти умумй дар Ч,умхурии Точикистон тахия ва кабул гардиданд, ки «тахсилоти ба ташаккули салохиятнокй равонагардида» - ро инъикос мекунанд.

Салохият - ин имконияти баркарор намудани алока байни дониш ва вазъият, ё худ кобилияти дарёфти дониш ва амал мебошад (16,74). «Салохият ин кобилияти умумй, ки ба дониш, тачриба, арзишхо, шавк, рагбат асос ёфта, дар натичаи омузиш ба даст омадааст. Салохият на ба маънои дониш ва на малака монанд аст. Салохиятнок будан маънои олим ва саводнок буданро надорад» (16,74). Яъне, ...байни салохият ва махорат фарк гузоштан зарур аст. Махорат амалест дар вазъиятхои махсус. Аммо зохир намудани салохият ё кобилият, умуман омодагии умумй ба амал ё имконияти амал намудан дар вазъиятхои махсус аст (16,74).

Салохият - ин дониш, цобилият, инчунин эътицоди ботинй мебошад, ки фард ба он сохиб шудааст, то дар вазъиятхои нав бомуваффакият амал карда тавонад. Салохият - ин «махорати бартараф кардани мушкилот» мебошад, ки дар худ кобилият ва дар вазъиятхои гуногун аз ухдаи коре баромаданро муттахид мекунад (5,58).

Мувофики Стратегияи миллии рушди маорифи Ч,умхурии Точикистон то соли 2020 мазмуни «низоми нави маориф, ки мутобики тамоюлоти чахони муосир на ба дониш, балки ба салохиятнокй асос ёфтааст, навсозии мазмуни тахсилоти умумй дар асоси гузариш аз модели донишандузй ба модели салохиятнокии таълими ба инхо нигаронидашуда, ...аз худ кардани накшхои ичтимой ва салохиятхои асосй хамчун манбаи муваффакият иборат хохад буд, ...бо гузариш ба тахсилоти ба салохиятнокй равонагардида бо максади баланд бардоштани кобилияти ракобати шахрвандони Ч,умхурии Точикистон алокаманд аст» (11).

Мутобики Стратегияи миллии рушди маорифи Ч,умхурии Точикистон то соли 2020 (^арори Х,укумати Ч,умхурии Точикистон аз 30 июни 2011 № 334), «навсозии низоми такмили ихтисоси омузгорон дар назар аст», ки максади он фарохам овардани «хизматхои тахсилотии марбут ба такмили ихтисоси худро интихоб карда тавонистани омузгорон, бунёди «хизматрасонии замонавию хушсифати тахсилотй оид ба такмили ихтисос, ...механизмхои ракобат, ... механизмхои низоми таксимоти дастгирии омузгорон дар болоравй ва инкишофи касбиашон тавассути ташаккули низоми сезинагии такмили ихтисос: дар зинахои минтакавй, махаллй ва муассисаи таълимй» (11) иборат аст. Дар назар аст, ки «барномаи такмили ихтисос дар асоси муносибати модули салохиятнокй тахия мегардад» (11).

Аз ин лихоз такмили ихтисоси муаллимон бояд ба ташаккули салохиятхои касбии педагогй равона карда шавад.Гузариш аз максади «ташаккули дониши» шунавандагони курсхои такмили ихтисос ба «ташаккули салохиятхои касбии омузгор» самтивазкуниро дар мазмуни такмили ихтисоси муаллимон нишон медихад. Максади он кам кардани фахмондани дастурамалхои давлатй (накшаи таълимй, барномаи таълим), дастурхои методй ва дар алокамандй бо онхо ташаккули кобилият, махорат ва тайёр будан ба амал (салохиятхоро) пешбинй мекунад. Шунавандагони курсу семинархо бояд дар рафти омузиш бештар ба амалия, ба натичахои омузиш такя карда, салохиятхои касбй хосил кунанд. Машгулиятхои курс ва семинархои такмили ихтисоси муаллимон бештар ба принсипхои таълими калонсолон асос ёбад: фаъолияти якчоя, такя ба тачриба, фардикунонии чараёни омузиш, инъикос ва гайра. Дар асоси ин фаъолият меъёрхои зерини салохияти омузгорон ташаккул меёбанд: дарки зарурияти ичрои вазифа, сабабу хадафхои он, масъулият, ичрои анику дурусти фаъолият, падидахои худтанзимкунй, худомузй, худинкишофдихй, иртибот бо дигарон, ба монанди фаъолияти якчояи омузгору омузгор, омузгору хонанда, омузгору маъмурият ва г. Дар натича меъёрхои зерини эчодй инкишоф меёбад: рефлексияи тахкикотй, чустучуи эчодй, ташаббускорй, инноватсия дар фаъолияти педагогй, тахсили иловагй ва муттасил ва гайра.Сифати такмили ихтисоси омузгорон аз андозаи салохият- хосилкарда яъне, кобилият ва сифати, ичрои вазифахои касбй вобастагй дорад. Зарур аст, ки барномаи омузишии курсу семинархои такмили ихтисос бо дарназардошти истифодаи рахёфти салохиятнок-самтмуайянкунада тахия шаванд.

Дар чадвали зер тавсифи мукоисавии омузиши анъанавй ва салохиятдорро оварда шудааст:

Нишона^ои муцоиса

Маъмули (анъанавй)

Сало^иятдор-самтмуайянкунада

Шакл

(хусусияти

фаъолият)

Фаъолияти мустакилонаи таълимии тренер ва фаъолияти таълимию маърифатии шунавандагони курс._

Робита байни кулли

иштироккунандагони раванди омузиш

Максадхо

Аз худ намудани донишхои тадрисшаванда.

Инкишофи салохияти шахсй ва кобилиятхои эчодй, фардй, худинкишофдихй, шаклхои гуногуни андеша, фикр._

Мавкеи (муносибати) тренер, услубхои рохбарй_

вазифаи тренер- иттилоотию назоратй, усули рохбарии авторитарй.

Худфаъолии шунавандагон,

вазифаи тренер - хавасмандкунй ба омузиш, рахнамой, усули рохбарии демократй

Низоми хавасмандкуни и шунавандагон

Дуршавй аз арзишхои таълимй, вазифахо, камташаббусй, махдуд кардани вачхи маърифатй.

Иштирокчиён барои аз худ намудани навоварй, маводи зарурй ва пурмазмун шахсан хавасманд мешаванд, фаъолияти эчодиро зохир мекунанд._

Вазифахои аввалиндарача

Аз худ намудани донишхои каблй, такрор, навишатани

Авлавият ба эчодкори ва бо усули фаъол аз худ намудани дониш,

лексияи тренер навоварй.

Фаъолиятхои маърифатй Аз худ кардан маводи додашуда мувофици дарачаи цобилият ва махорати таълим Синтез аз анализ бартарй пайдо карда, дарк ва мулохизаронй ташаккул меёбад. Корхои амалй мувофици цобилияти эчодй мураккаб шуда, натичахо ба амалия ва салохиятхои ичтимой равона карда мешаванд. Вазифахо мувофици «минтацаи наздиктарини рушд» васеъ мешаванд.

Шаклхои пешниходи маводи таълим Фахмондан (баён) ва баъзан намоиш. Х,ама савол аз тарафи тренер (лектор) ё муаллифи дастури таълимй тартиб дода мешаванд. Пешниходи маводи тайёр. Усули маърифат - дар асоси чустучуи мустацилона, тачриба, санчиши ацида, пешниход, хамкории байнишахсй, корхои фардй ва гурухй. Сарчашмаи дониш чустучуи чавобхои саволи худ. Маводи таълимй шахсан дарк ва мулохиза карда мешавад.

Шаклхои хамкорй ва муносибат Тацлид, имитатсия, аз руи намуна амал намудан. Хдмкорй ва муносибатхои шахсии якмаром Фаъолияти якчояи шунавандагон, хамкории тренер (лектор) ва шунавандагони курс. Гуногуншаклии хамкорй ба асоси такя ба тачрибаи шахсй

Нишондиханда хо ва роххои арзёбй Назорат дар чорчубаи цоидахои муцараркардаи тренер (лектор), низомнома, худназоратй суст ба рох монда шудааст. Нишондихандаи асосии пешрафт - суръат ва хачми маводи додашуда. Назорати байнихамдигарй ва худназоратй. Нишондихандаи нихой - ташаккули салохиятхо ва рушди шахсии омузгорон.

Чадвали 1: Тавсифи мукоисавии омузиши анъанави ва салохиятдор.

Дар натича, омузгорон дар курсхои такмили ихтисос ва дигар чорабинихои методии муассиса ба мачмуи зерини салохиятхои касбии педагогй сохиб мешавад: салохиятхои ичтимоию равонй, касбию иртиботй (алоцадорй), умумипедагогии касбй, фаннй, идорй, инъикосй (рефлексивй), иттилоотию коммуникатсионй, салохият дар сохаи фаъолияти инноватсионй (ибтикорй), креативй - махоратхои ба рох мондани фаъолият дар дарачаи эчодй ва тахцицотй.

Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ (холо Филиали ДЧТИБКСМ дар ВМКБ) ба барномахои курсу семинархои такмили ихтисоси омузгорон мавзуъхои инноватсиониро ворид намуда, таълими хамфаъол ва стратегияхои тафаккури интицодй истифода мебарад, ки бевосита ба ташаккули салохиятхои касбии педагогии омузгорон мусоидат менамояд. Намунаи мавзуъхоро мисол меорем:

1Омузиш тавассути тадцицот, намудхои омузиш тавассути тадцицот.

2.Санъати хуби саволгузорй.

3.Инкишофи цобилияти гушкунй, муошират ва маърифатомузии хонандагон.

4.Тафаккури интицодй ва халли масоили таълим дар замони муосир.

5. Хоста гирифтан ва интихоби дурусти усулхои таълим.

6. Тарзхои тартиб додан ва истифодаи тест дар дарс.

7.Тахияи тархи дарс мувофици технологияхои нави таълим.

8. Иштирок ба дарс ва тахлили он.

9. Асосхои таълими фаъол ва хамгиро.

10.Тартиб додани дафтари бацайдгирй.

11.Усули ташкили кори инфиродй, дунафара ва гурухй дар дарс.

12.Санчиш, тахдил ва баходихй ба фаъолияти хонандагон.

13.Усулхои идоракунии синф ва истифодаи босамари вацт.

14.Педагогикаи мувофицгардонии чараёни таълим ба хаёт.

15. Салохиятхои хонандагон ва роххои ташаккули онхо.

Дар муддати муайян омузгорон салохиятхои азхудкардаро дар амал татбиц намуданд. Нашри мацолахои зерин дар мохномаи донишкада-«Рахнамои омузгор» далели ин гуфтахоянд:

«Истифодаи жанрхои бадей дар таълими фанни математика дар синфхои ибтидой» (Холназар Худоназаров - омузгори синфхои ибтидоии МТМУ № 54-и нохияи Шугнон,(Рахнамои омузгор), №12, 2010, «Ташкил намудани бозй дар дарси забони давлатй дар синфхои киргизй» (Мамадюнусов Хозиратимуса- омузгори МТУА № №13-и нохияи Мургоб), «Истифода аз бозихо дар дарси забони точикй» (омузгори МТМУ раками 6-и шахри Хоруг Бахронова Мавчуда. «Рахнамои омузгор», №3, 2010), «Истифодаи технологияи хамфаъол дар дарси забони точикй» (Давлатшоева Жола - муаллимаи забон ва адабиёти точики мактаби МТМУ раками 12 нохдяи Рошткалъа. «Рахнамои омузгор», №3, 2011), «Роххои омузиши проблемавй дар дарс ва самарабахшии онхо» (Саидмансури Амонбек - муаллими забон ва адабиёти точики МТМУ №18 нохияи Шугнон. «Рахнамои омузгор», №8, 2009), «Корхои мустакилона дар омузиши забони модарй» (Бибигул Хокмамадова, омузгори Литсейи Огохони шахри Хоруг),

Дар муддати се сол зиёда аз 70 маколаи методии омузгорон дар мохвораи «Рахнамои омузгор» оид ба фаъолгардонии хонандагон нашр шуданд, ки натичаи даврахои бозомузии муаллимон дар семинархои мо ба хисоб меравад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Делор, Ж. Образование: сокрытое сокровище/Ж.Делор. -UNESCO,1996.- 46 с.

2. Консепсияи гузариш ба низоми нави тахсилоти миёнаи умумй дар Ч,умхурии Точикистон// Масъалахои маориф., 2010. №3.С. 83-101

3. Кузьмина,Н.В. Профессионализм личности преподавателя и мастера производственного обучения/Н.В.Кузьмина.-М., 1990. -216 с.

4. Лутфуллоев, М.- Дидактикаи муосир/М.Лутфуллоев.- Душанбе.: 2001. -336 с.

5. Майер Б., Мануков С., Сангов Н., Рахимов С., Азизов А. Техника ва тахсилот. Дидактикаи тахассусй/Б.Майер,С.Мануков,Н.Сангов, С.Рахимов,А.Азизов.-Душанбе, 2011. -226 с.

6. Маркова, А.К. Психологический анализ профессиональной компетентности учителя /А.К.Маркова//Советская педагогика.- 1990.- №8.- С. 82-88.

7. Маркова, А.К. Психология труда учителя/А.К.Маркова.-М.: Просвещение, 1993. - 192 с.

8. Маркова, А.К. Психология профессионализма/А.К.Маркова.-М.: Знание, 1996.- 308 с.

9. Митина,Л.М.Психология профессионального развития/Л.М.Митина.-М.:Флинта,1998.-68 с.

10. Равен, Дж. Компетентность в современном обществе.Выявление, развитие и реализация. Пер. с англ/Дж. Равен. - М., Когито-Центр, 2002. - 396 с.

11. Стратегияи миллии рушди маорифи Ч,умхурии Точикистон то соли 2020 (^арори Хукумати

4,умхурии Точикистон аз 30 июни 2011 № 334).

12. Хомский, Н. Аспекты теории синтаксиса/Н.Хомский.- М., 1972 (англ.1965).-129 с

13. Хуторской, А.В. Ключевые компетенции и образовательные стандарты: Доклад на отделении философии об разования и теории педагогики РАО 23 апреля 2002. Центр «Эйдос» WWW/eidos.ru/news/compet/htm.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

14. Шарифзода, Файзулло - Чдхонишавии хаёти муосир, геополитика ва маориф»/Ф.Шарифзода// Масъалахои маориф.- 2009.- №3.- С. 11 -19.

15. Шарифзода, Файзулло Педагогика: назарияи инсонофар ва чомеаи фархангй/Ф.Шарифзода.-Душанбе, Ирфон, 2010. - 543 с.

16. Шишов,С.Е.Школа:мониторинг качества образования/С.Е.Шишов,В.А.Кальней.-Москва, 2000. - 320 с.

17. Hutmacher Walo. Key competencies for Europe // Report of the Symposium Berne, Switzerland 2730 March, 1996.Council for Cultural Co-operation (CDCC) a Secondary Education for Europe. Strasburg, 1997. www.eric.ed.gov.

REFERENCES:

1. Delor J.Education: The hidden treasure/ J. Delor. -UNESCO, 1996.- 46 p.

2. Concept of transferring to the new primary and secondary education system in Tajikistan// Journal Masalahoi maorif (Education issues). 2010. №3. P. 83-101

3. Kuzmina,N.V.The professionalism of the individual teacher and master of creative teaching, 1990.216 p.

4. Lutfulloev,M.Modern didactics/M.Lutfulloev.-Dushanbe.2001.-336 p.

5. Mayer,B.Technology and Education. Professional didactics/B.Mayer,S.Manukov,N.Sangov,

5.Rahimov,Azizov A.-Dushanbe,2011.-226 p.

6. Markova,A.K.Psychological analysis of professional competence of teachers/A.K.Markova, //Soviet pedagogy.-1990.-№8.-Р.82-88.

7. Markova,A.K.Labor psychology of the teacher/A.K.Markova.-М.Enlightenment,1993.-192 p.

8. Markova,A.K. Psychology of professionalism/ A. K. Markova.- М.: Knowledge, 1996. 308 p.

9. Mitina,L.M. Psychology of professional development/ L.Mitina.- М.: Flint, 1998. - 68 p.

10.Raven, J. Competency in modern society, development and realization. Translated from English/ J.Raven. - М., «Cogito Center», 2002. - 396 p.

11.National strategy of Education Development in Tajik Republic till 2020 (The resolution of the Government of Tajik Republic from June 30, 2011 № 334).

12.Khomskiy,N.Aspects of the theory of syntax/ N.Khomskiy.- М., 1972 (Eng.1965).-129 p.

13.Khutorskoy,A.V.Key competencies and educational standards: report of the department of philosophy of education and pedagogical theory of Russian Academy of Education, April 23, 202. «Eidos» Center WWW/eidos.ru/news/compet/htm.

14.Sharifzoda,Faizullo.Glbalization of the modern life, geopolitics and education / F.Sharifzoda//

Masalahoi maorif (Education issues).- 2009.- №3.- Р. 11 -19. 15.Sharifzoda,Faizullo. Pedagogy: The theory of human creation and cultural society/ F.Sharifzoda.-

Dushanbe, Irfon, 2010. - 543 p. 16.Shishov,S.E.School: monitoring the quality of education/ S. E. Shishov, V. A.Kalney.- Moscow, 2000.-320 p.

17.Hutmacher,Walo.Key competencies for Europe/W.Hutmacher// Report of the Symposium Berne,Switzerland 27-30 March,1996.Council for Cultural Co-operation(CDCC) a Secondary Education for Europe. Strasburg,1997.www.eric.ed.gov.

Повышение профессиональной компетенции учителя на курсах повышения квалификации Ключевые слова: профессиональные педагогические умения, профессиональные психологические позиции, профессионально - педагогические компетенции, социально -психологическая компетенция, профессионально - коммуникативная компетенция в общепедагогическая профессиональная компетенция, предметная компетенция, информационно -коммуникативная компетенция, инновация.

В статье анализируются основные этапы становления нового понятия - (парадигмы) компетенция/компетентность, профессионально - педагогические компетенции, компетентностном подходе к повышению квалификации работников образования на современном этапе.Автор статьи раскрывает общность и отличие между такими понятиями, как «знания, умения, навыки», «деятельность», «профессионализм», «мастерство», «компетенция» и «компетентность». Также выражается мнение о путях повышения профессионально-педагогических компетенциях учителя на курсах повышения квалификации и его результатах.

В статье обоснована необходимость учёта взглядов выдающихся педагогов прошлого, а также дан анализ работ современных учёных при решении вопросов компетенции на курсах повышения квалификации учителей средних школ.

Development of Professional Competence of Teachers in the Courses Aimed at Qualification Elevation Key words: knowledge, professional pedagogical skills, professional psychological position, Professional pedagogical competence, social psychological competence, proffecional communication competence, commoneducationl proffecional competence, subject matter expertise, information-communication competence and innovation.

The article tells about main steps of development new prodigms of competence approach to the professional development of the educationalists in the modern period. The author express their views on generality and the difference between the concepts like "Knowledge, Ability, Skills", "Function", "Professionalism", "Mastership/art" and "Competence". The article also expresses the view on the way of improving the teachers' competence in the professional development courses and its outcomes.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Курбонов Гуломносир, мудири кафедраи филиали Донишкадаи чумхуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф дар вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон (Цумхурии Тоцикистон, ш. Хоруг),E-mail: qulomnosir@mail.ru Сведения об авторе:

Курбонов Гуломносир, заведующий кафедрой филиала Республиканского института повышения квалификации и переподготовки работников ситемы образования в Горно Бадахшанской Автономной области (Республика Таджикистан, г.Хорог),E-mail: qulomnosir@mail.ru Information about the author:

Kurbonov Gulomnosir, chief of the department of the branch of the Republican Institute of increasing and qualifications and refresher courses for workers in system of education in MBOA.(Republic of Tajikistan,Horog),E.mail: qulomnosir@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.