УДК: 370 (09) ББК
ТА^СИЛОТИБОСИФАТБА ХОТИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА ТАШАККУЛИ САЛОУИЯТУОИ АСОСИИ ША^РВАНДИ АСРИ XXI
КА ЧЕСТВЕННОЕ ОБРАЗОВАНИЕ В ИНТЕРЕСАХ УСТОЙЧИВОГО РАЗВИТИЯ И ФОРМИРОВАНИЯ КЛЮЧЕВЫХ КОМПЕТЕНЦИЙ ГРАЖДАНИНА XXI
ВЕКА
PEDAGOGICAL IDEAS OF TAJIK-PERSIAN THINKERS OF THE PRE-ISLAMIC AND MEDIEVAL PERIOD AND FEATURES OF THEIR TRANSFORMA TION TO MODERN NATIONAL PEDAGOGY
Каримзода Мирзо Бадал, номзади илмуои филология, муовини директори
Пажууишгоуи рушди маориф ба номи Абдураумони Цомии Академияи таусилоти Тоцикистон, (Чумуурии Тоцикистон, ш. Душанбе),
Каримзода Мирзо Бадал, кандидат филологических наук, заместитель директора Института развития образования имени Абдурахмона Джоми Академии образования Таджикистана, (Республика Таджикистан, г. Душанбе)
Karimzoda Mirzo Badal, candidate of philological sciences, Deputy Director of the Institute of educational development named after Abdurahmon Jomi under the Academy of Education of Tajikistan, (Tajikistan Republic, Dushanbe), E-MAIL: [email protected]
Вожахри калиди: рушди устувор, таусилот, таусилот салоуиятуои калиди, сифати таусилот, стандартуои таусилот, захирауои инсони, низоми таусилот.
Дар мацола консепсия ва мацсаду вазифауои нави цауонии таусилот барои рушди устувор ва ташаккули салоуиятуои калидии асри XXI, ки аз нишондодуои санадуои мууими СММ ва ЮНЕСКО дар соуаи маориф, уамчунин Стратегияи миллии рушди маорифи Тоцикистон то соли 2020 вобаста ба цараёни инкишофу тагйирёбии талаботи педагоги ба омузиши насли нав бар меоянд, барраси шудааст. Бо дарназардошти тауаввулоти дар цауони муосир дар тамоми соуауои уаёти цамъияти бавуцуъомада заминауои ицтимоии ташаккули вазоифи таусилот барои рушди устувор мавриди таулилу арзёби царор дода шудааст. Муаллиф ба манзури ташаккули салоуиятуои асосии насли нав ба мувофици мацсад будани уамгиройии гоя ва мацсадуои таусилот барои рушди устувор бо барномауои таълими таваццууи махсус зоуир намуда, назари хешро вобаста татбици уадафуои таусилот ба хотири рушди устувор ироа медорад.
Ключевые слова: устойчивое развитие, образование, ключевые компетенции, качество образования, стандарты образования, человеческие ресурсы, система образования.
В статье рассматриваются основные концепции и новые современные задачи образования в интересах устойчивого развития и формирования ключевых компетенций XXI века в свете установок основопологающих документов ООН и ЮНЕСКО в сфере образования, также Национальной стратегии развития образования Таджикистана до 2020 года в зависимости от динамики изменений педагогических требований к обучению новых поколений. С учётом быстро происходящих изменений в современном мире во всех сферах общественной жизни анализируются социальные предпосылки формирования данных задач образования в интересах устойчивого развития. Автор акцентирует внимание на целесообразности трансформации идей и целей образования в интересах устойчивого развития в соотвествии с учебными программами с целью формирования основных компетенций у нового поколения и представляет своё видение по реализации задач образования в интересах устойчивого развития.
Keywords: sustainable development, education, education for sustainable development, education for global citizenship, key competencies, quality of education, education standards, human resources, education system.
The article discusses the basic concepts and new modern tasks of education for sustainable development and the formation of key competences of the XXI-st century in the light of the guidelines of the fundamental documents of the United Nations and UNESCO in the field of education, as well as the National Strategy for the Development of Education in Tajikistan until 2020, depending on the dynamics of changes in training pedagogical requirements new generations. Taking into account the rapidly occurring changes in the modern world in all spheres of public life, the social prerequisites for the formation of these
tasks of education in the interests of sustainable development are analyzed. The author focuses on the feasibility of transforming the ideas and goals of education for sustainable development with curricula in order to shape the core competencies of the new generation and presents his vision for the implementation of the objectives of education for sustainable development.
Аз чониби Ассамблеи 70-уми генералии СММ дар доираи Ч,аласа оид ба рушди устувор кабул шудани санади расмии «Азнавсозии чахони мо: Рузномаи сохаи рушди устувор дар давраи то соли 2030» (1) давраи нави таърихии гузариши тамоми чомеаи чахонй ба рушди устувор (минбаъд РУ) махсуб мешавад. Хадафхои нави рушди устувор (минбаъд ХРУ) идомаи самтгирй ва чорачуихои максадноки хуччатхои каблан кабулнамудаи СММ вобаста ба РУ ва хам Хадафхои рушди хазорсола (минбаъд ХРХ) буда, аз чониби давлатхои аъзои СММ дар соли 2000 кабул шудааст ва бояд то соли 2015 асосан ба анчом расонида мешуданд (2).
Дар шумули 17 ХРУ максади 4-ум «Таъмини тахсилоти босифати фарогиру одилона ва хдвасмандсозии имконияти таълим барои хдма дар тамоми тули хаёт» унвон шудааст. Хадафи 4 муайян намудааст, ки то соли 2030 хамаи хонандагон бояд "дониш ва малакахои барои рушди устувор ва тарзи хдёти устувор, риояи хукукхои инсон, баробарии гендерй, инкишофи фарханги сулх ва инкори зуроварй, консепсияи шахрвандии глобалй ва эътирофи гуногунии фархангхо ... заруриро тавассути омузиш сохиб шаванд...". Барои ба ин ноил шудан зарурати бенихоят мухим дар рушди салохиятхои асри XXI дар алокамандй бо бозори мехнат арзи хастй мекунад (3).
Хадафи 4 аз тарафи СММ ва ЮНЕСКО ба сифати консепсияи нави тахсилот пешниход шуда, максади он азнавсозии хдёти одамон тавассути тахсилот мебошад ва накши мухими тахсилот хамчун неруи асосии харакатдихандаи рушд ва ноилшавй ба максадхои дигари пешбининамудаи ХРУ эътироф шудааст. Махсусан чудосозии хадафи 4 чун максади афзалиятноки ХРУ харгиз маънои онро надорад, ки максадхои дигари кабулшуда ба маориф ягон муносибате надоранд. Хамин тавр ва ба хар васила онхо бо тахсилот иртиботи зичу ногусастанй доранд, аксаран алакай дар мадди таваччухи тахсилот барои рушди устувор (ТРУ) карор дошта, ба мазмуни тахсилот ворид шудаанд ё дар ояндаи наздик ворид хоханд шуд.
Дарки мохияту ахамияти кабули Рузномаи нави «азнавсозанда» дар самти РУ то соли 2030 ва хуччатхои нави СММ ва ЮНЕСКО оид ба ХРУ, аз он чумла, Барномаи глобалии амал вобаста ба ТРУ, хадафхои глобалии нави тахсилот барои рушди устувор ва дурнамои онхо барои Точикистон хеле мухим аст.
РУ одатан аз нигохи алокамандии бонизоми иктисод, экология ва ичтимоиёт (сегонаи устувор) матрах мешавад. Маорифро маъмулан ба сохаи ичтимой нисбат медиханд, ки на он кадар дуруст аст, зеро маориф чун шакли фаъолият дар асл тамоми самтхои фаъолияти инсон, чомеа ва табиатро фаро мегирад. Аз ин ру, чунин хисобидан мумкин аст, ки «маориф дар кушишхо доир ба тахия ва пешбурди карорхои устувор барои талабот дар сохаи рушди халкхо накши чузъи марказиро дорост» (4).
Дар ташаккули ТРУ Дахрузаи тахсилот барои РУ (5) ( минбаъд ДТРУ-с.2005-2014.) накши мухимро бозид. Хадафхои ДТРУ ин эълон намудани маориф ба сифати асоси бунёди чомеаи нисбатан устувори одамон ва хамгиройии рушди устувор дар низоми тахсилот дар тамоми зинахо, таквияти хамкорихои байналмилалй дар сохаи рушд ва табодули методхои инноватсионии таълим тибки барномахо, тачриба ва сиёсати рушди устувор буд. Мусаллам аст, ки пас аз анчомёбии ДТРУ низ маориф хамчун воситаи калидии комёбй ва дастёбй ба хадафхои РУ, ки дар Ч,аласа оид ба РУ мохи сентябри соли 2015 коркард ва кабул шуда буд, бокй монд.
Дар «Ёддошти иттилоотй дар бораи Конференсияи умумичахонй оид ба маориф барои рушди устувор дар соли 2014» (6) кайд гардидааст, ки ТРУ ба хар як шахс имконияти ба даст овардани арзиш, салохият, малака ва донишхои барои зиндагии оянда заруриро мутобик ба вазифахои рушди устувор фарохам месозад. ТРУ хамгиройии мазмуни ба рушди устувор дахлдорро дар чахорчубаи тахсилот ва истифодаи методхои омузиш ва таълими ба таври осон азхудкунии малакахоро чун дарки интщодй ва уавасмандии мустацилона чихати ба амал баровардани фаъолият ба хотири бунёди ояндаи бехтар фарохам месозад.
Дар ин росто «Ухдадорихои муассисахои тахсилоти олй вобаста ба тачрибаи таъмини устуворй дар иртибот ба Конференсияи СММ оид ба рушди устувор»-и дар раванди омодагй ба Рио+20 кабулшуда (7), ки рохбарони муассисахои тахсилоти олй ва зерсохторхои онхо ухдадор шудаанд, талошхои байналмилалй доир ба гузариш ба рушди устуворро дастгирй
намоянд, ахдмияти хеле мухимро дорост. Дар ин чода «Стратегиям Комиссиям иктисодии аврупогии СММ барои ТРУ» (8) накши нихоят мухимро бозид. Дар самти ташкили модели тахсилот стратегияи мазкур аввалин хуччати расмии сатхи минтакавй мебошад, ки кодир аст хаёти мутамаддинро таъмин созад.
Огози гузариш ба РУ ва ташаккули ТРУ амалан бо замони огози ин равандхои глобалй мувофик омадааст. Вобаста ба ин то рафт аёнтар мешавад, ки ТРУ на танхо омили ба даст овардани ояндаи устувор, балки воситаи афзалиятноки пешбарандаи он аст. Метавон гуфт, ки гузариш ба РУ аз бисёр чихатхо аз зухур ва амали нахустини тахсилот барои рушди устувор огоз шуда, алакай наслеро ташаккул медихад, ки зарурати харакати фаъол ба самти устувории глобалиро дарк мекунад.
Аз он ки Раванди Болонй фазои умумиевропегии тахсилоти олй ва тахкикотро аз соли 2005 ин чониб муайян ва рохандозй кардааст, хеле мухим аст, ки ТРУ ва Раванди Болониро ба як системаи ягонаи тахсилотй ва илмй-маърифатй, ки фаъолона амал мекунанд (9), бо хам муттахид сохт. Илм ва тахсилот замони гузариш ба рушди устувор бояд ба раванди ягонаи илмй-маърифатй чихати бунёди чомеаи рушди устувор ба хам омода, якчоя амал кунанд. Консепсияи нави тахсилоти дар Инчхоне кабулшуда, ки хадафи он тагйири хаёти одамон тавассути тахсилот аст, барои татбики ин максад хизмат мекунад. Накши тахсилот дар ин чода ба сифати неруи асосии батахриковарандаи рушд ва ноилшавй ба ХРУ эътироф шудааст (10). Мутобики консепсияи нав сухан хамчунин дар бораи рушди малакаву салохиятхо, муносибатхо, арзишхо ва рафтору кирдори шахрвандон меравад, ки ба онхо имконияти пешбурди хаёти солим ва сазоворро мухаё созад ва онхо ба хотири рушди устувор тавассути тахсилот карорхои асоснок кабул карда, ба проблемахои махаллй ва глобалй эътино карда тавонанд. Биноан, ТРУ самти %атмии тарбияи ша%рванди %ар як мамлакат дар тули тамоми %аёташ эътироф шудааст.
Дар иртибот ба ин, дар амал татбик намудани Барномаи глобалии амал ( минбаъд БГА) вобаста ба ТРУ, ки соли 2014 дар Айти-Нагое (Япония) дар Конференсияи байналмилалии ЮНЕСКО эълон шуда буд, боиси дастгирист. Зеро дар Барномаи мамавриди назар вазъи кунунии маориф дар чахони муосир хаматарафа арзёбй шуда, он ба халли масоили гузариши тамаддун ба РУ нигаронида шудааст [11]. БГА аз давлатхо даъват ба амал овардааст, ки тамоми саъйу талошашонро дар сохаи ТРУ аз руи самтхои афзалиятнок сафарбар кунанд. Роххои татбики ин самтхо муфассал дар Барнома (Харитаи рох)-и дахлдор зикр шуда (12), дар он максад, хадаф ва самтхои афзалиятноки фаъолият дар доираи БГА бо нишон додани стратегияи татбики амалй ва арзёбии онхо ироа шудааст.
ТРУ воситаи асосии гузариш ба РУ буда, ба ин васила он хамчун раванди глобалй бояд ташаккули рушди ояндаро дар «шакли пурра»-и он таъмин созад. Тавре дар санади Комиссияи иктисодии аврупогии (КИА) СММ «Омузиш ба хотири оянда» (13) кайд шудааст: «Тахсилот бояд накши мухимро барои одамон дар таъмини имконоти якчоя зиндагй кардан тарзе бозад, ки он тавонад ба рушди устувор мусоидат кунад. Мутассифона, айни замон аз бисёр чихатхо тахсилот ба ташаккулёбии тарзи хаёти ноустувор мусоидат мекунад. Ин холат, мумкин аст, дар натичаи дар хонандагон мавчуд набудани имконияти ба таври интикодй тахлил намудани тарзи хаёти хеш ва низому сохторхои ба ташаккулёбии ин гуна тарзи хаёт мусоидаткунанда ба вукуъ ояд. Хамчунин, ин гуна вазъ дар натичаи амалисозии моделхои ноустувори амалия сурат мегирад. Хамин тавр, барои ислохи раванди рушд такозо мешавад, ки тахсилот ба рушди устувор нигаронида шавад».
Дар мамолики Осиёи Марказй ташаббусхои ЮНЕСКО ва КИА СММ оид ба ТРУ мавриди дастгирй карор гирифтанд (14). Мохи сентябри соли 2016 дар шахри Алмаатои Чумхурии ^азокистон аз чониби Бюрои Кластерии ЮНЕСКО оид ба ^азокистон, ^иргизистон, Точикистон ва Узбекистон ва Маркази Осиё-Океани Ором доир ба тарбия дар рухияи хамдигарфахмии байналмилалй тахти сарпарастии ЮНЕСКО семинарии 3-рузаи субрегионалй чихати чорисозии низоми тахсилот барои рушди устувор ва тахсилот дар рухияи шахрвандии глобалй баргузор карда шуда буд (15). Ин чорабинй як чузъи кори муназзам чихати шиносонидани омузгорон бо масоили тахсилот дар рухияи шахрвандии глобалй махсуб меёбад, ки дар он зарурати такмили донишхои кормандони минтака дар ин самт ва масоили марбут ба он, ба монанди бартарафсозии экстремизми зуроварона тавассути тахсилот муайян шуда буд. Дар маркази таваччухи семинар стратегияхои глобалй ва минтакавии ноилшавй ба максадхо дар сохаи маориф барои рушди устувор карор дошт.
Тачрибаи хамкории субрегионалии Осиёи Марказй дар сохаи ТРУ дар манотики Аврупо ва Осиё аз бехтаринхо арзёбй шуда, ширкати фаъолонаи Осиёи Марказй дар раванди тахия
ва татбики Стратегия ТРУ имконияти хуби хдмохднгсозй ва хамгироийи барномахои миллй ва субрегионалии дорои ташаббусхои глобалй ва минтакавиро фарохам месозад.
Баъзе аз хукуматхои миллй, муассиса ва ташкилотхо алакай ба хдмгиройй ва воидсозии тагйирот вобаста ба Рузномаи нав ба накшахои рушд, стратегия ва дурнамои худ огоз кардаанд. Точикистон низ, аз он чумла, соли 2012 вобаста ба рузномаи рушди устувори глобалй то давраи солхои 2030 машваратхои миллй доир намуда, назари глобалии хешро вобаста ба ин масъала ироа карда буд. Дар як муддати кутох тахия ва кабули Стратегияи миллии рушди Точикистон то соли 2015 (СМРТ) (16) ва Стратегияи миллии рушди маорифи Точикистон то соли 2020 (СМРМТ) (17), ки бо иштироки озоди чонибхои манфиатдори чамеа - бахши давлатй, чомеаи шахрвандй, бахши хусусй, доирахои илмй, чавонон, иттиходияхои махаллй ва гуруххои осебпазири ахолии кишвар руи кор омада буданд, тадбирхои аввалини Чумхурии Точикистон дар рохи гузариш ба рушди устувор арзёбй мешавад.
Дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ч,умхурии Точикистон то соли 2020 афзалиятхои асосии Х,адафхои рушди хазорсола, хадафу вазифахои «Тахсилот барои хама» ва дигар санадхои мухими стратегии Ч,умхурии Точикистон ба назар гирифта шудаанд. Ин хуччат ба халли мушкилоти чойдошта мусоидат намуда, фаъолияти Хукумати Чумхурии Точикистон, вазорату идорахои манфиатдор ва чомеаи шахрвандиро дар самтхои афзалиятноки рушди маориф ва татбики хадафхои дарозмуддати ислохоти сохаи маориф хамоханг ва таъмин намуд. Санади мазкур, хамчунин, асос барои чудокунии окилонаи захирахои давлатй ва чалби маблагхои донорхо чихати халли мушкилот дар сохаи маориф гардид. СМРМТ то соли 2020 ба тачдиди низоми маориф равона гардидааст, то ки он рисолати худро дар мавриди баланд бардоштани некуахволии чомеа ва шахрвандон пурра ичро карда, ба талаботи иктисодиёти кишвари ру ба рушд чавобгу бошад. СМРМТ то соли 2020 рушди пурсамари сохаи маорифро дар асоси тачрибаи чахонй ва бо дарназардошти шароиту дурнамои рушди кишвар таъмин месозад.
Самтхои асосии Стратегияи миллии рушди маориф навсозии мазмуни таусилот, тагйироти сохтории соуаи маориф ва таъмини дастрасии таусилоти босифат буда, маориф самти афзалиятноки сиёсати давлатии Чумхурии Точикистон эълон шудааст, зеро махз сохаи маориф дар тарбияи кувваи кории сохибихтисос, ташаккули иктидори чомеаи босуботи шахрвандй ва рушди устувори кишвар накши халкунанда мебозад. Таъминоти илм, истехсолот, макомоти идора бо кадрхои баландихтисос вазифаи мухимтарини маориф буда, бояд иктидори зехнй батадрич ба омили муайянкунандаи рушди чомеа мубаддал гардад.
Дар шароити имрузаи рушди иктисодиёти ба дониш асосёфта маориф яке аз омилхои муваффакияти иктисодии давлат мегардад. Рушди чомеа, таъмини амнияти чамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатхи чахонии иктисодиёт, азхудкунии имкониятхои нави технологй ва умуман рушди ичтимой мустакиман аз фаъолияти маориф, ташкили чараёни бонизому босифати таълиму тарбия, ба таври дигар, аз сатхи саводнокии миллат вобаста аст.
Аз давраи Саммити Хдзорсола кори очонсихои СММ мутобик ба хадафхои дар Эъломияи Х,азорсола зикршуда, ки он аз чониби сарони кишвархои чахон, аз он чумла, Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон мохи сентябри соли 2000 дар Нью-Йорк ба имзо расида буд, ба рох монда шудааст (18). Х,РУ самтхои бенихоят мухими рушд, ба монанди кам кардани сатхи камбизоатй, бехдошти саломатии модар ва кудак, баробарии гендерй, мубориза бо касалихои аср, дастрасии васеъ ба тахсилот ва устувории экологиро дар бар мегирад.
Чумхурии Точикистон алакай дар халли бисёре аз Х,РХ, дар самти кам кардани сатхи камбизоатй, баробархукукии занон ва баланд бардоштани макоми онхо дар чомеа, бехдошти саломатии модар ва кудак, баробарии гендерй ва дастрасии васеъ ба тахсилот комёб гашта, дар ин радиф бо дарназардошти тагйир ёфтани шароити ичтимой, иктисодй ва фархангй, раванди чахонишавй ва воридшавй ба низоми ягонаи байналмилалии тахсилот, эхтиёчоти бозори мехнат, талаботи нав ба шахсият ва сифатх,ои касбии он ва суръати навшавии маълумот (дониш) батадрич тадбирхои мушаххас амалй месозад.
Принципхои РУ, ки дар тамоми зинахо ба низоми тахсилот хамгиро карда шудаанд, ба халли масъалахои бехдошти сифати тахсилот имконият фарохам месозанд ва ба татбики максад ва хадафхои СМРМТ то соли 2020 хаматарафа мусоидат мекунанд. Х,адафхои ТРУ
дар СМРМТ то соли 2020 пурра инъикос ёфта, ба халли вазифахои зерин, ки минбаъд рушди устувори кишварро таъмин хоханд кард, равона карда шудааст:
• гагйир додан ва навсозии мазмуни тахсилот дар асоси гузариш аз модели донишандузй ба модели тахсилоти ба ташаккули салохиятнокй нигаронидашуда;
• чорй намудани барномахои нави замонавй ба манзури таъмини инкишофи шахс;
• азхуднамоии малакахои хаётан мухими тарзи хаёти солим ва ташаккули салохиятхои амал дар холатхои фавкулодда;
• омодасозии касбй бо дарназардошти талаботи бозори мехнат;
• тачдиди мазмуни тахсилоти иловагй бо дарназардошти рушди фахмишу тасаввуроти бачагон оид ба мухити атроф ва воридшавии онхо ба олами касбу хунархо;
• навсозии мазмуни тахсилоти ибтидой, миёна ва олии касбй ва мувофиксозии он ба талаботи тахсилоти байналмилалй, иктисодиёт, бозори дохилиу хоричии мехнат ва дархости оила.
Сохаи маорифи кишвар бо рохи гузаронидани ислохоти мухталиф дар ин чода ба муваффакиятхои назаррас ноил гардидааст. Аз чумла, заминахои меъёрии хукукии сохаи маориф, стандартхои давлатии нави тахсилот тахия ва кабул гардида, накшаву барномахои нави таълимй дар хамаи зинахои тахсилот тахия ва дар амал чорй карда шуданд, барномаи истифодаи технологияи иттилоотй дар чараёни идоракунии низоми маориф ва фаъолияти таълимй, шаклхои мухталифи муассисахои тахсилотй, тахсилоти фарогир, фосилавй, муттасил ва пешазмактабй бомаром рохандозй ва ба таври густурда амалй мешаванд, низоми миллии баходихии сифати тахсилот дар хамаи зинахо батадрич бунёд мешавад, сифати идоракунии маориф баланд бардошта шуда, он ба натичахои нихой равона мегардад, дастрасии хамагон ба тахсилоти босифат ва дастрасии акаллиятхои миллй ба тахсилот ба забони модарй таъмин карда шуда, ба гуногуншаклии фархангй ва забонй дар мухити тахсилот ахамияти вижа дода мешавад ва г.
Таъмини дастрасй ба тахсилоти босифат ва гузаштан аз нишондихандахои микдорй ба нишондихандахои сифатй самти афзалиятноки сиёсати маорифи кишвар эълон шуда, самаранокии раванди таълим дар хама зинахо тавассути нишондихандахои сифати тахсилот арзёбй хохад шуд.
Илова ба ин, минбаъд зарур аст, ки ба шохис (индикатор)-и натоици ни%оии фаъолияти муассиса%ои тахсилоти нишонди%анда%ои ицтимоишавии хонандагону донишцуён ва аз руи ихтисос бо кор таъминсозии хатмкунандагон ворид карда шавад. Вобаста ба ин, вазифаи аз %ама му%ими сиёсати давлатии цавонон дар ин самт бояд %амгироии ицтимои-ицтисодии цавонон тавассути фаро%амсозии шароит барои дарёфти та%силоти касби-техники бошад.
Давраи нави гузариши чомеаи чахонй ба РУ бо ташаккули консепсияи нави тахсилот зич алокаманд аст, ки дар он ТРУ накши фаъолонаро мебозад. Тавре ки дар Эъломияи Инчхонй таъкид гаштааст, «...зарур аст, ки таъчилан рузномаи ягонаи сохаи маорифро тачдид ва тахия кард, то ки хамаро бе истисно фаро гирад...». Ин консепсияи нав мухтасаран дар ХРУ №4 чунин ифода карда шудааст: «Таъмин сохтани тахсилоти босифати хамгирою одилона ва фарохам овардани имконият барои омузиш дар тамоми тули хаёт барои хама». Максади азнавсозанда ва универсалии зикршуда, ки ба анчоми татбики вазифахои Рузномаи тахсилот барои хама, хамчунин, максадхои бо ХРХ алокаманд нигаронида шудааст, ба халли масоили мушкилоти глобалй ва миллй бешак мусоидат хохад кард.
Аз руи принсип ба консепсияи ояндаи ТРУ ба тарики афзалиятнок он моделхои тахсилот ворид ва рушд хоханд ёфт, ки аз руи самти фаннй ба масоили РУ наздикй ё иртибот доранд. Маълум аст, ки РУ ва %ам ТРУ ва та%силот дар самти ша%рвандии глобали бояд хусусияти системави дошта, бояд бо %ама фащои таълимй ва курс%о ва пеш аз %ама, бо он самту равия%ое, ки дар ощо барои воридсозии гоя%ои РУ ва ша%рвандии глобали асос%ои бештар мавцуданд, %амгиро карда шаванд. Гузариши муносиби тахсилоти муосир ба ТРУ ва шахрвандии глобалй бо чорисозии тавсияхои аллакай тахияшудаи анчуманхои ахири СММ ва ЮНЕСКО оид ба ТРУ ва шахрвандии глобалй, вусъатбахшии минбаъдаи консепсияи рушди устувор аксаран берун аз доираи назари экологй, хамчунин, бо коркарди меъёр ва шохисхои тахсилот ба манфиати рушди устувор ва шахрвандии глобалй иртибот хохад дошт. Сарфи назар аз он, ки тахсилоти чанбаи экологидошта (ва амсилаи мувофики он) айни замон
бартарй пайдо кардааст ва аксари омузгорон онро ТРУ мехисобанд, ки ин алхол танхо огози ташаккули модели системавии нави тахсилот барои рушди устувор ва шахрвандии глобалй мебошад. Ба ТРУ-и цанбаи экологидошта модели таусилоти пешрафта (пештоз), таусилот дар заминаи «амнияти устувор», модели глобалаии таусилот ва минбаъд моделуои дигари таусилот уамроу карда хоуанд шуд.
Хатархои муосир дар сохаи маориф ва панч самти афзалиятноки Барномаи глобалии амал аз руи ТРУ-ро тахлил намуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар Точикистон тамоми шароит бахри татбики хадафхои рушди уствор ва хамгиройии ТРУ мавчуд ва мухаё гаштааст. Аз чумла, такмили конунгузорй дар сохаи маориф ва хамохангсозии он бо санадхои байналмилалй, кабул ва мавриди амал карор гирифтани стратегияи миллй ва барномахои давлатии рушди маориф ва илм ва накшахои амал оид ба навсозии мазмуни барномахои таълимии тамоми зинахои таълим бо дарназардошти ташаккули салохиятхои ба принсипхои ТРУ чавобгу барои татбики хадафхои РУ ва хамгиройии ТРУ бо сиёсати миллй дар сохаи маориф имконоти васеъ фарохам оварданд.
Аз ин ру, ба хотири ноилшави ба ояндаи устувор зарур аст, ки ба масъалауои сиёсат ва амалияи ташаккули салоуиятуо дар соуаи ТРУ ва рушди малакауои асри ХХ1 дар таълимгирандагон ауамияти аввалиндараца диуем, то ки омузгорон ва тавассути онхо хонандагон бо хадаф ва вазифахои ТРУ, роху василахои хамгиройии ин хадафхо ва татбики онхо аз тарики такмили махорати касбии омузгорон ва воридсозии тагйироту иловахо ба барномахои таълимй аз наздик шинос шаванд. Зеро дар замони кунунии рушди цомеа масъалаи ташаккули салоуиятуои вобаста ба РУ ва рушди малакауои асри ХХ1 бояд самти афзалиятноки фаъолияти муассисауои соуаи маориф бошад.
Дар ин чода кадом корхоро метавон сараввал ба анчом расонд?
1. Таквияти неруи омузгорони хамаи зинахои тахсилот ба таври муназзаму доимй тавассути курсхои такмили ихтисос, баргузории озмунхои «Омузгори бехтарини сол», «Омузгори бехтарини МТИМК», «Омузгори бехтарини МТОК», чоизахои давлатй ва стипендияхои илмй, аз чумла, барои олимони чавони болаёкат ва г.
2. Дар асоси конунгузорй дастгирй ва чалби чавонон ба раванди тахсилоти муттасил чихати тахкими накши онхо дар кори ноилшавй ба рушди устувор тавассути ТРУ.
3. Чустучуи роххои халли масоили рушди устувор дар сатхи махаллй тавассути ТРУ, ки ба бехдошти сифати зиндагии ахолй мусоидат мекунад, аз чумла аз тарики лоихахои муштарак бо чалби ташкилотхои гайридавлатй ва гайрихукуматй, тавассути фаъолиятхои иттилоотй-маърифатии ВАО, ба воситаи тахия ва татбики лоихахои ба ичтимоиёт ва амалияи устувор нигаронидашуда, аз чумла, бо истифодаи ТИК.
4. Тауияи барномауои такмили ихтисоси омузгорон бо дарназардошти уамгиройи ва роуандозии уадафуои ТРУ дар низоми таусилоти миёнаи умуми, ибтидои, миёна ва олии касбии цумуури бо мацсади татбици вазифа ва чорабиниуои зерин:
- коркарди барномахои максадноки омузишй (барои рохбарон ва омузгорони тамоми зинахои тахсилот) вобаста ба ТРУ;
- хамгиройии барномахо бо мавзуъхои калидй вобаста ба хадафхои глобалии нав дар
ТРУ;
- таъминоти методии омузиш (дастрасй ба воситахои таълим ва дастурхои таълимй-методй оид ба ТРУ);
- таъминоти техникй (дастрасй ба интернет-захирахо, аз он чумла, ба сомонахои интерактивй);
- чалби мутахассисон (экспертхо)-и сохаи ТРУ, устодону омузгорон ва ТиХ, ки дар методологияи таълими ТРУ тачрибаи амалии бехтар доранд;
- опНпе дастгирии машваратии омузгорон дар интернет-захирахо (масалан аз тарики сомонахои ВМваИ, АТТ, ПРМ, Д^ТИБКСМ, МТМ ва г.);
- истифодаи технологияхои муосири тахсилотй, аз чумла ТИК, ки ба модели салохиятнокии такмили ихтисоси омузгорон нигаронида мешавад;
- амалисозии раванди тахсилоти тагйирпазир, ки фаъолияти таълими рузона, фосилавй ва мустакилонаи шунавандагон, кор дар гуруххои хурд, стратегияхои фаъоли омузиш, дарсхои махорат, бозихои накшй ва лоиха-муаррифиномаи мини-машгулиятхоро дар бар мегирад;
- коркард ва истифодаи шохисхои арзёбии самаранокй ва натичабахшии омузиш дар самти ТРУ;
- аз шунавандагони КТИ дарёфти алокаи мутакобила бо максади такмили минбаъдаи барномахои омузишй дар самти ТРУ [19].
Дар баробари ин, стратегияи дарозму%лати рушди устувори маорифи Тоцикистон ва дурнамои рушди та%силот дар сол%ои охир тацозо дорад, ки та%силот батадриц ба талаботи замона мутобиц карда шавад ва минбаъд дар ин цода пайгирона чорабиниву тадбир%ои зерин пешбини ва руи кор оварда шаванд:
> коркард ва рохандозии низоми омузиш дар тамоми тули хаёт;
> таъмини баробарй, дастрасй ва хамгиройй (инклюзия) дар доираи системаи тахсилотй;
> бехдошти сифати тахсилот ва илм, бехтарсозии низоми идораи сифати тахсилот ва системаи таъминоти ба натича нигаронидашуда;
> таъмини мустакилият ва рушди институтсионалии муассисахои тахсилотй;
> такмили захирахои инсонй дар тамоми сатххо дар доираи системаи тахсилот ва илм;
> васеъсозии иштироки чомеа ва хамкории ичтимой;
> бехтарсозии системаи идора дар сохаи маориф ва илм ва навсозии низоми маблаггузории он;
> дар баробари маблаггузории бучавй пешниходи шаклхои мухталиф (алтернативахо)-и маблаггузории тахсилот аз руи натичаи фаъолият.
Ба хотири таъмини рушди устувор стратегияи со%аи маориф ва илми кишвар дар оянда бояд вазифа%ои асосиву умумии зеринро дар бар гирифта амали созад:
Вазифаи умумии 1. Афзоиши фарогирии худудии сифати тахсилот бо максади кам кардани нобоварй ва нобаробарй;
Вазифаи умумии 2. Баланд бардоштани сифати тахсилот барои ташаккули малакахои хаётии хонандагон, гузариши батадрич ва ноилшавй ба натичахои бехтарин дар мавриди азхудкунии барномахои таълим;
Вазифаи умумии 3. Бехтар сохтани мухити омузиш;
Вазифаи умумии 4. Зиёд кардани самаранокй ва шавкмандии омузгорону маъмурияти муассисахои тахсилотй;
Вазифаи умумии 5. Коркарди системаи самараноки идораи амудии тамоми зинахои тахсилот.
%адаф%ои ТРУ тацозо менамояд, ки %адаф%ои миллии та%силоти умуми бояд фарогири цанба%ои зерин бошанд:
а) дарки масъулияти шахсй дар нисбати манфиат, суннат ва арзишхои давлат;
б) доштани кобилияти дастгирй ва хифзи мухити зист;
в) доштани кобилияти истифодаи самараноки дастовардхои технологй ва зехнй: чамъоварй, коркард ва тахлили маълумот;
г) доштани кобилияти мустакилона зистан ва кабули карорхои мустакил;
д) эчодкор будан, офаридани арзишхои худ, на зиндагй аз хисоби дигарон;
е) омода будан ба рушди мунтазами кобилият ва манфиатхои шахсй ва доштани кобилияти татбики пурраи онхо дар кишвари худ ва хорич аз он;
ё) доштани кобилияти муошират ва муносибат бо одамони андешаву а^идах,ои мухталифдошта ва гуруххои дигар;
ж) дар доираи конун зиндагй карда тавонистан ва дар нисбати шахрвандон босабру ботахаммул будан.
Гузариш ба татбики хадафхои тахсилот барои рушди устувор водор месозад, ки минбаъд зарур аст, парадигмаи тахсилот тагйир дода шавад, яъне аз самти «омузгормехвар» ба самти «хонандамехвар» (Ин цо «парадигмаи та%силот» - мацмуи арзиш, метод, муносибат, малака ва восита%ои техникии дар доираи низоми та%силот то ин вацт маъмул ва амалкунанда).
Муносибати ба «омузгормехвар» асосёфта:
- омузгорон дар мехвари дониш буда, раванди таълимро идора ва дастрасии хонандагон ба иттилоотро назорат мекунанд;
- ба хонандагон хамчун ба «зарфхои холй» муносибат мекунанд ва ба раванди таълим хамчун ба раванди иловагй;
- омузиш ба хонандаи «миёнахон» нигаронида шудааст ва хама бояд дар як сатх рушд ёбанд;
- омузгорон аксаран бо хонандагони хубу аълохон кор мебаранд ва дигарон дар канор мемонанд.
Муносибати ба «хонандамехвар» асосёфта:
- хонандагон иштирокчиёни фаъоланд, онхо бо консепсияхои шахсии худ ба дарс меоянд (Эриксон, с.1984);
- хонандагон бо усулхои гуногун таълим мегиранд (Бриггс-Майерс, с.1980; Колб, с.1984);
- омузиш раванди фаъол, босуръат, бавачд ва батахриковаранда мебошад (Кросс, с.1991);
- хонандагон тавассути мухокима рондан, гуш кардан, навиштан, хондан, фикр кардан, бахс кардан, пешниход кардани фарзия ва андеша рондан дар бораи мазмун, гоя, масъала, мавзуъ, муаммо ва мушкилот худро хамчун шахс ташаккул медиханд (Майерс ва Джонс, с.1993).
ТРУ чузъхои гуногуни тахсилотро вобаста ба проблемахои рушд фаро мегирад. Мавзуъхои калидии ТРУ хифзи мухити зист, истифодаи самаранок ва идораи захирахои табий, нигох доштани гуногунии биологй ва ландшафтй, кам кардани хавфи камбагалй, шахрвандй, сулху субот, одобу ахлок, демократия ва идоракунй, адолат, амният, хукуки инсон, тандурустй, гуногунии фархангй, шахрвандии глобалй, рушди муназзами дехот, нохия ва шахрхо, иктисоди самаранок, сохтори устувори истехсолот ва истеъмол, масъулияти ичтимоии корпоративй, баробарй, кадру киммат ва эхтироми шахс, дарки ами;и проблемахои глобалй - тагйирёбии и;лим, захирахои обй, обшавии пиряххо, афзоиши мухочират, халли ихтилофхо, кобилияти ба рох мондани хамкорй бо одамони андешаву акидахои мухталифдошта махсуб меёбанд.
Барои хатмкунандагони муассисахои таълимиро бо салохиятхои зарурии зиндагй дар чомеаи устувор рушдкунанда таъмин намудан, зарур аст, ки тадбирхои зерин батадрич амалй карда шаванд:
1. Омодасозии таълимгирандагон чихати воридшавй ба хаёти чомеаи ичтимой, иктисодй ва фархангй;
2. Ташаккули малакахое, ки гузариш аз таълим ба мехнатро таъмин мекунанд;
3. Фарохамсозии платформаи салохиятхо барои коркард ва рохандозии навгонихои ба рушди чомеа мусоидаткунанда.
Самтхои асосии фаъолият оид ба тагйир додани мазмуни тахсилот, ташаккули мухити омузишй ва беруна, ки шиносоии хонандагонро бо принсипхои рушди уствор таъмин мекунанд, бояд ба таври зерин муайян карда шаванд:
• коркард ва кабули стандартхои давлатии тахсилот дар тамоми зинахо бо максади воридсозии принсипхои рушди устувор ба мазмуни тахсилот;
• таъмин намудани дастрасй ба тахсилот дар хамаи зинахо тавассути навсозии муассисахои тахсилотй;
• пайгирии сифати тахсилот тавассути тагйирдихии низоми баходихии салохиятхои дар раванди таълим ташаккулёбандаи хонандагон;
• ба амалияи тахсилоти расмй ва гайрирасмй воридсозии масъалахои экология ва дар хонандагон ташаккул додани фахмиши рушди устувор;
• омодасозии касбии хонандагон бо назардошти талаботи муосири бозори мехнат.
Дар мачмуъ, дурнамои татбики хадафу вазифахои тахсилот барои рушди устувор ва
омузиши тачрибаи чахонй дар ин самт нишон медихад, ки бо ин рох сохаи маорифи кишвар ба талаботи замони муосир мутобик гашта, барои рушди устувори Точикистон накши босазо хохад гузошт. Аз чониби дигар, ба пуррагй хадафхои стратегияи рушди маориф ва максадхои гузариш ба муносибати босалохият дар таълим дар хамаи зинахои тахсилот рохандозй шуда, талаботу дархости хар як шахрванд ва чомеа вобаста ба ТРУ конеъ гардонида мешавад ва бад-ин васила барои рушди устувори Точикистон тавассути тахсилот замина ва шароити мусоид фарохам оварда хохад шуд. Аз ин хотир, тахкики илмй ва татбики амалии тахсилот барои рушди устувор ва вобаста ба он ташаккули салохиятхои асри XXI дар шогирдон имруз бояд яке аз вазифахои аввалиндарачаи мактабу маориф ва ахли чомеа бошад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Преобразование нашего мира: Повестка дня в области устойчивого развития на период до 2030 года // https://sustainabledevelopment.un.org/post2015
2. Цели развития тысячелетия: доклад за 2015 год // http://www.un.org/ru /millenniumgoals/mdgreport2015.pdf
3. Всемирная декларация о высшем образовании для XXI века (ЮНЕСКО, 1998) // http://www.conventions.ru/view_base.php?id=1496
4. Расширение возможностей преподавателей в интересах достижения устойчивого будущего: инструментарий для рабочих совещаний по вопросам политики и практики в целях повышения компетенции в области образования в интересах устойчивого развития // http://www.geogr.msu.ru/science/projects/our/docs/index.php
5. Образование для устойчивого развития. Декада ООН по образованию для устойчивого развития (2005 - 2014) // http: www.unesco.org
6. Информационная записка о Всемирной конференции по образованию в интересах устойчивого развития в 2014 году // http://www.geogr.msu.ru/science/ projects/our/docs/index.php
7. Обязательства учреждений высшего образования в отношении практики обеспечения устойчивости в связи с Конференцией ООН по устойчивому развитию// https://sustainabledevelopment.un.org/
8. Стратегия ЕЭК ООН для образования в интересах устойчивого развития// http://www.geogr.msu.ru/science/projects/our/docs/index.php
9. Реформирование высшего образования в Казахстане и Болонский процесс: информационные материалы для практических действий// Ошибка! Недопустимый объект гиперссылки.
10. Инчхонская декларация. Образование-2030: обеспечение всеобщего инклюзивного и справедливого качественного образования и обучения на протяжении всей жизни // http://unesdoc.unesco.org/images/0023/002338/233813M.pd
11. Глобальная программа действий по образованию в интересах устойчивого развития // URL: http://www.geogr.msu.ru/science/projects/our/docs/index.php
12. Дорожная карта осуществления Глобальной программы действий по образованию в интересах устойчивого развития// http://www.geogr.msu.ru/ science/projects/our/docs/index.php
13. Учиться в интересах будущего: компетенции в области образования в интересах устойчивого развития // http://www.geogr.msu.ru/science/projects/our/docs/ index.php
14. Образование для устойчивого развития // http://carececo. org/about/ programmy/esd/
15. Субрегиональный семинар по образованию в интересах устойчивого развития и в духе глобальной гражданственности // http://www.unesco.kz/news/3107/
16. Стартегияи миллии рушди Точикистон то соли 2015
17. Стартегияи миллии рушди маорифи Точикистон то соли 2020
18. Декларация тысячелетия Организации Объединенных Наций //Ошибка! Недопустимый объект гиперссылки.
19. Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маорифи Чумхурии Точикистон барои солхои 2018-2022
20. Инчхонская декларация. Образование-2030: обеспечение всеобщего инклюзивного и справедливого качественного образования и обучения на протяжении всей жизни // http://unesdoc.unesco.org/images/0023/002338/233813M.pd
21. Глобальная программа действий по образованию в интересах устойчивого развития // URL: http://www.geogr.msu.ru/science/projects/our/docs/index.php
22. Дорожная карта осуществления Глобальной программы действий по образованию в интересах устойчивого развития// http://www.geogr.msu.ru/science/ projects/our/docs/index.php
23. Учиться в интересах будущего: компетенции в области образования в интересах устойчивого развития // http://www.geogr.msu.ru/science/projects/ our/docs/index.php
24. Образование для устойчивого развития //http://carececo.org/about/ programmy/esd/
25. Субрегиональный семинар по образованию в интересах устойчивого развития и в духе глобальной гражданственности // http://www.unesco.kz/news/3107/
26. Декларация тысячелетия Организации Объединенных Наций // Ошибка! Недопустимый объект гиперссылки.
REFERENCES:
1. Transforming our world: the Sustainable Development Agenda until 2030 // https://sustainabledevelopment.un.org/post2015
2. Millennium Development Goals: 2015 Report // http://www.un.org/ru/ millenniumgoals/mdgreport2015.pdf
3. The World Declaration on Higher Education for the 21st Century (UNESCO, 1998) // http://www.conventions.ru/view_base. php?d=1496
4. Teacher Empowerment for a Sustainable Future: Tools for Workshops on Policies and Practices for Increasing Competence in Education for Sustainable Development /docs/index.php
5. Education for sustainable development. The UN Decade of Education for Sustainable Development (2005 - 2014) // http: www.unesco.org
6. Information note on the World Conference on Education for Sustainable Development in 2014 // http://www.geogr.msu.ru/science/projects/our/docs/index.php
7. Obligations of institutions of higher education in relation to the practice of sustainability in connection with the UN Conference on Sustainable Development // https://sustainabledevelopment.un.org/
8. UNECE Strategy for Education for Sustainable Development // http://www.geogr.msu.ru/science/projects/our/docs/index.php
9. Reforming of higher education in Kazakhstan and the Bologna process: information materials for practical actions // http: // tempuskaz. belight.net/files/reform.pdf
10. Incheon Declaration. Education-2030: ensuring inclusive and equitable quality education and lifelong learning // http://unesdoc.unesco.org/images/0023/002338/233813M.pd
11. Global Action Program on Education for Sustainable Development // URL: Ошибка! Недопустимый объект гиперссылки.
12. Roadmap for the implementation of the Global Action Program on Education for Sustainable Development // http://www.geogr.msu.ru/science/projects/our/docs/index.php
13. Learn in the interests of the future: competences in the field of education in the interests of sustainable development // http://www.geogr.msu.ru/science/projects/our/docs/index.php
14. Education for sustainable development // http: //carececo.org/about/programmy/esd/
15. Subregional Workshop on Education for Sustainable Development and in the Spirit of Global Citizenship // http: //www.unesco.kz/news/3107/
16. National Strategy of Tajikistan until 2015
17. National Strategy for the Development of Education of the Republic of Tajikistan until 2020
18. United Nations Millennium Declaration // http://www.un.org/ru/documents/ decl_conv/declarations/
19. State program for the development of the system of advanced training and retraining of education workers in the Republic of Tajikistan for 2018-2022
20. Incheon Declaration. Education-2030: ensuring inclusive and equitable quality education and lifelong learning //http://unesdoc.unesco.org/images/0023/002338/233813M.pd
21. Global Action Program on Education for Sustainable Development // URL: http://www.geogr. msu.ru/science/projects/our/docs/index.php
22. Roadmap for the implementation of the Global Program of Action on Education for Sustainable Development // http://www.geogr.msu.ru/science/projects/our/docs/index.php
23. Learn in the interests of the future: competences in the field of education in the interests of sustainable development // http://www.geogr.msu.ru/science/projects/our/docs/index.php
24. Education for sustainable development // http: //carececo.org/about/programmy/esd/
25. Subregional Seminar on Education for Sustainable Development and in the spirit of global citizenship // http: //www.unesco.kz/news/3107/
26. United Nations Millennium Declaration // http://www.un.org/ru/documents / decl_conv / declarations /
УДК 348