Научная статья на тему 'Academician Bobojon Gafurov''s contribution into science of Oriental Studies'

Academician Bobojon Gafurov''s contribution into science of Oriental Studies Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
404
46
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ШАРқШИНОСӣ / ПАЖӯҳИШГОҳИ ШАРқШИНОСӣ / СОМОНИЁН / ШАРқШИНОСОНИ ШӯРАВӣ / ТАЪРИХНИГОРӣ / КОНГРЕССИ БАЙНАЛХАЛқИИ ШАРқШИНОСОН / ВОСТОКОВЕДЕНИЕ / ИНСТИТУТ ВОСТОКОВЕДЕНИЯ / САМАНИДЫ / СОВЕТСКИЕ ВОСТОКОВЕДЫ / ИСТОРИОГРАФИЯ / МЕЖДУНАРОДНЫЙ КОНГРЕСС ВОСТОКОВЕДОВ / ORIENTAL STUDIES / THE INSTITUTE OF ORIENTAL STUDIES / SAMANIDS STATE / SOVIET ORIENTALISTS / HISTORIOGRAPHY / INTERNATIONAL CONGRESS OF ORIENTALISTS

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Каримзода Осим Қосимӣ

Дар мақола сухан дар бораи нақши академик Бобоҷон Ғафуров дар рушду инкишофи илми шарқшиносии шӯравӣ меравад. Зикр мешавад, ки Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси сарвари Пажӯҳишгохи шарқшиносии АИ ИҶШС дар ташкили илми шарқшиносии шӯравӣ саҳми калон гузоштааст. Қайд мешавад, ки Б.Ғафуров дар таъсиси шуъбаҳои нав, аз ҷумла шуъбаи Африқо, мамлакатҳои Араб, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, нашриёти адабиёти Шарқ (минбаъд Идораи асосии адабиёти Шарқ, нашриёти «Илм» ҳоло нашриёти «Адабиёти Шарқ»), такмили мундариҷаю мазмуни маҷаллаи «Шарқшиносии шӯравӣ» («Советское востоковедение»), «Халқҳои Осиё ва Африқо» («Народы Азии и Африки»), ташкилу баргузории силсилаи ҳамоишҳои муҳими илмии байналхалқии шарқшиносон ва ба ин васила эҳёву баррасии масоили мубрами таъриху маданияти халқҳои Шарқ хидматҳои мондагор анҷом додааст.В статье речь идёт о вкладе академика Бободжона Гафурова в дело развития советского востоковедения, как науки. Отмечено, что Б.Гафуров занимая пост директора Института востоковедения АН СССР, внёс огромную лепту в организации и создании отделений, новых сфер, таких как отдел Африки, Арабских стран, Юго-восточной Азии, издательство «Восточной литературы (позже Управление восточной литературы, издательство «Наука» ныне издательство «Восточной литературы»), а также в совершенствовании содержания журнала «Советское востоковедение», «Народы Азии и Африки» в организации и проведении ряда научно-международных конференций и симпозиумов и таким образом он сумел в новом свете представить историческое и культурное наследие стран Востока.The article under consideration dwells on the academician, Bobojohn Gafurov's contribution into the the development of Soviet Oriental Studies as a science. It is noted that being a director of the Institute of Oriental Studies under the USSR Academy sciences B. Gafurov made a great contribution into organization and creation of new spheres, such as section of Africa, Arab countries, South-Eastern Asia, “Oriental Literature” publishing-house (now Managerial office of Oriental Literature), "Science" publishing-house (now "Oriental Literature” publishing-house): perfection of the contents of the journals "Soviet Oriental Studies" and «Peoples of Asia and Africa” is his merit as well: organizing and conducting a number of scientific-international conferences and symposia Bobojohn Gafurov managed to restore the important historic and cultural legacies of the countries of the Orient

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «Academician Bobojon Gafurov''s contribution into science of Oriental Studies»

УДК 001 (09) О. .КАРИМЗОДА

ББК 72,3

САХ,МИ АКАДЕМИК БОБОЧОН ГАФУРОВ ДАР РУШДИ ИЛМИ ШАРЦШИНОСЙ

Зухури давлатхои нави сохибистиклол дар солхои баъди чанги дуюми чахон дар ;итьаи Осиё ва Афри;о, ки рохи тара;;иёти гуногунро интихоб карда буданд, дар назди давлатхои чавон халли бисёр масоили мухимро пеш гузошт. Дар назди олимони соби; шуравй вазифа меистод, ки хар як тахаввулоти ба амал омадаро муфассал тах;и; намоянд. Масъалахои назариявии рушди хал;хои шарки хоричй, ами; ва харчониба омухтани даврахои гузаштаи дур, хаёти хамонруза, хусусиятхои рафти муборизахо бар зидди мустамликадорй, тарз ва шаклхои гасби империалистй, масъалахои гуногуни забоншиносй, адабиётшиносй ва дигархо омузиши чу;урро талаб мекарданд.

Илми шаркшиносй мачмуи ;уввахои нав, одамони баландистеъдодро талаб мекард. Дар хамин давраи гузариш дар вазифаи сарвари Пажухишгохи шар;шиносии АФ ИЧШС Бобочон Fафуров ба кор огоз кард. Дар нимаи аввали солхои панчохум дар хаёти у сахифахои нав огоз гардиданд. Дар он солхо назарияи маркази неруманд бо олимони пур;увват чой дошт.Суоле ба миён меояд, ки амалияи вучуддоштаро дигаргун кардан ва ба вазифаи сарвари Института шар;шиносй уро, ки музофотй ба хисоб мерафт, пешбарй кардан чй зарурат дошт?

Дар хамон ва;т ба ин суол муовини сарвари Пажухишгохи шар;шиносй профессор Г. К. Широков чунин посух дода буд:

«Нахуст, Бобочон Fафуров дар ниходаш тачрибаи калони корхои хизбию ташкилотчигиро дошт, бештар аз дах сол котиби якуми КМ ^изби Коммунистии Точикистон шуда кор карда буд. Дуюм, у олими барчаста ба шумор мерафт, дар байни шар;шиносон чун муаллифи китоби беназири«Таърихи хал;и точик», ки он чандин бор нашр гардида буд, шухрат дошт.

Дар давраи гузариши ;атъй дар мамлакат, алалхусус дар илми шар;шиносй, олиме зарур буд, ки бо вазифагузорихои нав мувофи;ат карда, илми шар;шиносиро пеш барад. Ва;те ки номзадхоро бо хам му;оиса карданд, байни онхо бо Бобочон Fафуров касе баробар набуд.

Табиист, ки интихоб хеле мувофи; ба чо оварда шуд, танхо у бояд ба пажухишгох сарварй намояд. Дар хамин давра ба чомеаи нави мехнатй ворид гардида, чун мохиру кордон ба кор огоз кард.

Бисёр корхои хуби у, ки ба васеъ кардани илми шар;шиносй ба анчом расонда буд, дар хотирахоям бо;й монданд» (1, 86).

Дар Пажухишгохи шар;шиносии АИ ИЧ,ШС ;обилияти Бобочон Fафуров чун созмондихандаи илм равшан зохир гардид: бо маърифати хоси хеш дида тавонистани навигарихо, дурбинона эхсос кардани самтхои мухим ва ма;саднокии пажухишот, сарчамъ намудани ;уввахои эчодй ва маблагхо бахри самтхои асосй, таъмин намудани комёбихо бахри ба даст овардани натичабардорихои ояндадори корхои тад;и;отй ма;садхоест, ки у пеш гирифта буд. Б.Fафуров устуворона ва ма;саднок барои халли масъалахои такмил додани Пажухишгохи шар;шиносй машгул гардид. Дар давраи кориаш як ;атор шуъба дар сохахои нав, аз чумла шуъбаи Афри;о, мамлакатхои Араб, Осиёи Чднубу Шаркй арзи хастй карданд. Дар соли 1958 нашриёти адабиёти Шар; (минбаъд Идораи асосии адабиёти Шар;, нашриёти «Илм» - холо нашриёти фирмавии «Адабиёти Шар;») ташкил карда шуданд, ки он дар интишори корхои мухими шар;шиносй сахми калоне гузошт. Мундаричаю мазмуни мачаллахои «Советское востоковедение» ва «Народы Азии и Африки» хеле пурмазмун гардид.

Мачаллаи нави оммавию чамъиятию сиёсии «Современный Восток» ба интишор расид, ки дар он во;еахои хаётан мухими дар мамлакатхои хоричии Шар; баамаломада сарива;т инъикос карда мешуданд. Бо икдоми Б.Fафуров тобистони соли 1957 дар шахри Тошканд Конференсияи якуми умумииттифо;ии шар;шиносон даъват карда шуд, ки дар он у дар мавзуи «Вазъият ва вазифаи шар;шиносони шуравй дар партави нишондодхои Анчумани ХХ ХКИШ» маъруза кард.

У дар маърузааш хамчунин дар бораи чорахои амиктар омухтани мухимтарин масъалахо ва пеш аз хама раванди заволёбии низоми мустамликадории империализм ва пешрафти харакати миллию озодихохй сухан ронд.

Б^афуров хуб медонист, ки барномаи тахияшудаи васеъ ва масъулиятнок он вакт бомуваффакият ичро мегардад, ки мутахассисони тайёркардашуда омили кор бошанд. Доир ба ин масъала Б.Fафуров чунин кайд мекунад:

«Бояд уарчи зудтар мактаби илми ташкил карда шавад, ки дар он олимони барцаста фаъолият баранд, ба онуо цавонони цобилиятнок вобаста карда шуда, тацриба ва тарзи корбариашонро оид ба омузиши таъриху филологияи Шарц омузонанд.

Хрло, алалхусус, цайд кардан зарур аст, ки мууимтарин шарти баланд бардоштани сатуи илми шарцшиноси ин куллан беутар омода кардани кадруо ба уисоб меравад» (4, 9).

Доираи мутахассисони ба Пажухишгохи шаркшиносй хамкорикунанда хеле васеъ шуданд. Б^афуров бахри баланд бардоштани нуфузи шаркшиносии шуравй бисёр масоили мубрамро пешниход мекард. Сентябри соли 1957 у хайати вакилони шуравиро дар Конгресси байналхалкии шаркшиносон дар Мюнхен (Олмон) сарварй мекунад ва дар он дар мавзуи «Дар бораи сабабхои пешравй ва бархамхурии давлати Сомониён» маъруза мекунад (2, 21). Доир ба ин масъала Б^афуров хануз то давраи ба Пажухишгохи шаркшиносй омаданаш марок зохир карда буд. У хуб медонист, ки дар асрхои IX-X илм ва адабиёт дар сарзамини Осиёи Марказй хеле пеш рафта буданд ва дар ин давра дар сарзаминхои хилофати араб забт карда бухрон ба амал омада буд.

Дар маърузаи худ Б.Fафуров дар робита ба ин мавзуъ чунин зикр кардааст: «Забткорони араб дар ин цо ицтисодиёти баландрафта, анъанщои илмию адабиро баруам доданд. Цойи тааццуб нест, ки ощо аз руи нацша аввал ба вайронкорию забткори машгул гардиданд. Арабуо, ки дар циёс бо мамлакати забтгардида дар уолати пасти тарацциёти цамъияти царор доштанд, дастгоуи мураккаби идоракуниро бо тези азхуд карда натавонистанд. Онуо шавцу рагбати худро цонеъ гардонида, баъди забткори барои цамъоварии маълумот машгул гардиданд» (2, 21).

Б. Fафуров дар гузориши худ ба давлатдории Сомониён бахои баланд медихад, ки дар давраи идоракунии давлат онхо накши мухим дар таърихи халки точик гузоштанд.

Хулосахои илмии Б. Fафуров оид ба сабабхои ташаккулёбй ва бархамхурии давлати Сомониён бисёр гурухи олимон, суханшиносон, муаррихон, хафриётшиносон ва намояндагони дигар самтхои илмро ба шавк оварданд. Аз он айём бештар аз 50 сол гузашт. Дар ин давра бисёр корхои тадкикотй анчом дода шуданд, ки он ба таърих, фарханги Шарк, давлати Сомониён, аз он чумла ба Точикистон бахшида шуда буданд. Дар байни онхо тадкикотхои пурарзиши академик Н. Н. Неъматов, профессор С. А. Абдуллоев ва ходимони илмии Маркази пажухиши тамаддуни ахди Сомониёни ДДХ ба номи Б^афуровро номбар кардан мумкин аст.

Аз руи завки Бобочон Fафуров дар корхои илмй се самти тадкикот ба амал омада буданд: назария ва амалияи сиёсати миллй, харакати миллию озодихохии мамлакатхои Шарк, таърихи он (дар навбати аввал - кадим ва асримиёнагй).

То ба Пажухишгохи шаркшиносй сарвар таъин шудани Б. Fафуров дар ин чо кариб 200 нафар кор мекарданд. Баъдан микдори кормандони пажухишгох дар давоми 10 сол 3 маротиба афзуд. Аз ин хотир дар Санкт-Петербург шуъбаи Пажухишгохи шаркшиносй ташкил карда шуд.

Дар давраи сарварии Б^афуров дар Пажухишгохи шаркшиносй муносибатхои байналхалкй хеле густариш ёфтанд. Махз захматхои зиёди ин олими барчаста буд, ки дар илми ховаршиносии чахон дар бораи Пажухишгохи шаркшиносй чун чомеаи мехнатии кордон, ки хулосахои нави илмиро доир ба илми чомеашиносй пешниход мекарданд, фикр меронданд. Ба Б.Fафуров муяссар гардид, ки дар атрофи худ бузургтарин шаркшиносонро гирд оварад. Онхо на танхо аз марказхои шаркшиносии Москваю Ленинград, балки аз собик чумхурихои иттифокй ба патухиши илмйчалб карда шуданд.

Ба назари мо, ин чо макоми Б^афуровро дар бехтар намудани нашри адабиёти шаркшиносй зикр кардан ногузир аст. Аллакай дар соли аввали фаъолияташ дар вазифаи сарвари Пажухишгохи шаркшиносй дар шабакаи нашриёти «Илм» («Наука») у нашриёти «Адабиёти Шарк»-ро созмон дод.

То бунёди ин нашриёт Пажухишгохи шаркшиносй дар давоми сол хамагй 15-16 китоб нашр мекард ва баъди ташкили нашриёт бошад он ба 120 китоб расид. Корхои илмию тадкикотии пажухишгох на танхо дар ИЧ,ШС, балки дар хоричи кишвар низ шухрат пайдо карданд. Хдмин тавр Б^афуров дар давраи якуми фаъолияти худ чун созмондихандаи мохиру кордон тавонист илми шаркшиносиро ба мачрои нав рахнамун намояд.

Дар хакикат, Б.Fафуров кори илмиву рохбариро ба хам пайваст. Гуфтан ба маврид аст, ки корхои илмиаш аз 400 адад зиёдтар буданд. Хрл он ки айёми рохбарй бештари вакти Б^афуров ба масъалахои мухими ташкиливу илми шаркшиносй нигаронида шуда буданд.

Бо ташаббуси Б^афуров дар охири солхои панчохум дар Пажухишгохи шаркшиносй мавзуъхои илмию тадкикотй сифатан тагйир ёфтанд. Ин тагйиротро дар накшаи дурнамои инкишофи шаркшиносии шуравй, ки онро пажухишгох тахия карда буд, дидан мумкин аст (4,15).

Дар накшаи корй проблемаи «Бухрон ва таназзулёбии шабакаи мустамликадорй ва сиёсати мустамликадории империализм дар давраи хозира» чои асосиро ташкил мекард.

Омузиши раванди таназзули шабакаи мустамликадории империализм ва инкишофёбии харакати миллию озодихохй дар мамлакатхои Шарк коркард карда шуда буданд. Омузиши тобеъ гардонидани мустамликадорй дар Шарк, ки он монополияхои ИМА, Англия, Фаронса ва дигар мамлакатхои империалиста ба шумор мерафт, чукуртар гардиданд. Карор дода шуда буд, ки омузиши мамлакатхои Шарк дар алокамандй бо омузиши зиддиятхои империалиста дар Шарк, ки онхо муборизаро барои сарчашмахои ашёи хом, бозор, гузориши сармоя ва барои хукмронии харбию сиёсй дар нохияхои гуногуни Осиё ва Африко мунтазам мебурданд, давом дода шавад. Алалхусус, муборизаи тезу тунди империалистони Америка барои аз Шарки Араб дур кардани Англияю Фаронса давом меёфт.

Вазифаи шаркшиносони шуравй аз он иборат буд, ки зиддиятхои империалистиро дар Шарк чукур омухта, тарзхои корбарии мустамликадоронро ошкор намоянд.

Б^. Fафуров дар дурнамои фаъолияти Пажухишгохи шаркшиносй дар аснои тахияи мавзуи корхои илмию тадкикотй аз самти минбаъд мухим будани он назар намуда, зикр мекунад, ки дар лоихаи корхои илмию тадкикотии институт барои солхои 1957-1960 корхое ворид карда шуданд, ки онхо ба омузиши харакати миллй-озодихохй дар мамлакатхои Шарк равона шуда буданд. Инхо омода ва чоп намудани мачмуаи «Таъсири Инкилоби Бузурги Сотсиалистии Октябр ба мамлакатхои Шарк», монографияи «Иттиходи Шуравй ва халкхои Осиё ва Африко (солхои 19071941)» ва дигархо мебошанд (1, 89).

Дар накша хамчунин тайёр кардани монографияхо доир ба таърихи навтарини Малайзия, Судон, Сейлон, Эрон, Индонезия, Бирма, Ирок, Марокаш, Туркия дар назар дошта шуда буд. Рочеъ ба омузиши вазъи имруза дар мамлакатхои мустакилгардидаи Осиё ва Африко асари «Тараккиёти иктисодй ва сиёсии мамлакатхои Шарк» тахия шуд.

Хдёт такозо намуд, ки дар Пажухишгохи шаркшиносй шуъбаи махсуси Африко созмон дода шавад. Вазифаи шуъбаи нав аз он иборат буд, ки таърихи халкхои он, алалхусус мустамликадорй, гасбкорихои империализм, тараккиёти иктисодию ичтимоии китъаи Африко ва икдомхои харакати озодихохонаи мардум хамачониба омухта шаванд.

Б.Fафуров аз муаррихон талаб мекард, ки тадкики проблемахои имрузаро бо гузаштаи дури он пайваст намоянд.

Ташаббуси Б. F. Fафуров бо карори раёсати АФ ИЧЩС соли 1959 чонибдорй карда мешавад ва шуъбаи кадимии Шарк дар назди Института шаркшиносй созмон меёбад. Ташкили шуъба имкон фарохам меорад, ки мутахассисони шуравй оид ба омузиши Шарки кадима муттахид карда шаванд, ки онхо то ин дам дар институтхои гуногуни АФ фаъолият мебурданд. Олимон ба тахкики таърих, таърихи хат ва забоншиносии Шарки кадима машгул буда, фаъолияти онх,о ба ду самт равона карда шуданд. Рохбарии шуъбаи навтаъсисро академик В. В. Струве ба ухда гирифт ва мутахассисони сохахои шаркшиносй, нумерология, ассириология, хеттология, эроншиносй, хиндушиносй ва гайраро мутахид гардонид.

Шавку рагбати асосии академик В. В. Струве соли 1959 ба омузиши бойгонии бузурги Шумери Лубнон, ки он хазорхо хуччати хисоботи хочагии миёнаи сехазорсолаи то давраи солшумории моро фаро мегирифт, равона шуда буд. Омузиши хуччатхои ин бойгонй ба олимон имкон фарохам овард, ки доир ба ичрои масъалахои мавкеи мехнати гуломон дар Шумери кадима, дар бораи пайдоиши заминдории хусусй маълумоти дакик пайдо кунанд.

Мисршиносони Ленинград ба чопи асари монографиашон огоз бахшида, олимони дигар И.М. Дяконов ва В. А. Лившис корхояшонро оид ба муайянкунй, тахлилу омодагардонй барои дарчи бойгонии парфиянхо аз Нисои Кадима (асри 1 то давраи солшумории мо) идома доданд.

Fайр аз кори ба анчом расонидашуда хамчунин оид ба бойгонии Нисо И. М. Дяконов барои чоп кардани маколаи «Fуломдории ба номи ашрофони форс марбута»-ро фармоиш дод. Эроншинос В. А. Лившис ба ичрои корхо дар мавзуи «Очеркхо оид ба таърихи гетерографии хаттии Шарки Кадим» машгул гардид (он хамрохи И. М. Дунаева ба ичро расонда шуд). Онхо хамчунин маколаи «Тестхои форсии миёна ва сугдй аз натичахои кофтуковхои шахраки Марви кадим»-ро навиштанд (1, 91-92).

Олимон М.Н. Боголюбов, О.И. Смирнова ва В.А. Лившие корхои тадкикотиро оид ба омузиши хуччатхои сугдии бойгонии машхури аз кухи Муги Точикистон ёфтшуда давом доданд. Дар давоми соли 1959 танхо В. А. Лившие бахшида ба муайянкунй ва тахлили хуччатхо маъруза хонд. Якчанд маколахоро барои чоп супурд ва як китобро аз силсилаи «Хуччатхои сугдй аз кухи Муг» тайёр кард.

И.М. Оранский корхои тадкикотиро оид ба омузиши шевахои хиндии аз Осиёи Миёна ёфташуда давом дода, онро барои чоп ба мачаллаи «Масъалахои шаркшиносй» (соли 1959, №3) супурд ва маърузаро тайёр кард. У хамчунин барои китобхои бисёрчилдаи «Таърихи халки точик», боби «Ёдгорихои хаттй дар сарзамини Осиёи Миёна дар давраи то забткорихои арабхо»-ро тайёр намуд.

Дар пажухишгох корхои тахкикй оид ба масъалахои таърихнигорй, иктисодиёт, фалсафа, забон ва фарханги мардуми Шарк хеле ривоч гирифт. Марказхои нави шаркшиносй ташкил карда шуданд.

Дар мамлакат на танхо дар Академияи фанхои ИЧШС, балки дар донишгоххои Москва, Ленинград ва хамчунин дар пажухишгоххои шаркшиносии Академияи Фанхои ЧШС Узбекистон, Озарбойчон, шуъбахои шаркшиносй таъсис ёфтанд, дар чумхурихои Гурчистон, Точикистон, Арманистон ва донишгоххои хамаи чумхурихои Шарки шуравй ба пешрафти шаркшиносй сахми муносиб мегузоштагй шуданд. Дар байни корхои илмй, ки онро олимони чумхурихои дар боло номбаршуда ба ичро расониданд, алалхусус, тарчумаи «Махабхарата», ки онро дар Ашкобод ба итмом расонданд, тарчумаи «Конуни илми тиб»-и Ибни Сино ва «Бобурнома», ки дар Тошканд ба анчом расонида шуд, тадкикотхои академики АФ ЧСШ Гурчистон Г. В. Серетели дар бораи лахчахои арабй дар Осиёи Миёна хеле муфиду диккатчалбкунанда буданд. Танхо тадкикотхои С. П. Толстов оид ба омузиши Хоразм, Б.Б. Пиотровский ва Г. А. Меликишвили доири таърихи Урарту, корхои В. В. Струве оид ба таърихи Шарки кадим, И. А. Орбели оид ба эроншиносй, Н.В. Пигулевский оид ба таърихи Византия, А.Н. Кононова оид ба туркшиносй, китоби И.М. Дяконов «Сохти чамъиятй ва давлатдории Урарту» (Байнаннахрайн), чопи хуччатхои бойгонй, ки онхо ба таърихи Россия, ^индустон ва Хитою Мугулистон тааллук доранд, номбар кардан мумкин аст, ки онхо арзиши баланди таърихию фархангй доранд.

Хдмчунин китобхои пурарзиши «Очеркхо оид ба таърихи Хитой дар даврони нав», «Таърихи навтарини Хдндустон», мачмуаи «Хдракати миллй-озодихохй дар Хдндустон ва фаъолияти Б. Г. Тилака», китобхо ва маколахо оиди таърихи навтарини Япония, Мугулистон, Корея, силсилаи очеркхои «Забонхои мардуми Шарк» зери тахрири Г. П. Сердюченко интишор шуданд.

Асархои нави олимон А. П. Баранникова, Е.Э. Бартелс, В. А. Гордлевский, И. К. Крачковский ва хамчунин корхои оид ба адабиётшиносй иншокардаи И. И. Конрад, И. С. Брагинский ва дигарон чоп карда шуданд. Дар бораи ба чоп омода кардани якчанд лугатхои забонхои Шарк ва интишорёбии асархои барчастаи адабиёти чахонй ба монанди «Рамаяна», «Дхамматада», «Конунхои Ману», «Гулистон» ва силсилаи доимии «Ёдгорихои адабиёти мардуми Шарк» корхои назаррас ба ичро расонида шуданд.

Вокеаи мухиме, ки дар давраи рохбарии Б. Fафуров дар Пажухишгохи шаркшиносии АФ ИЧШС рух дод, дар шахри Москва баргузор гардидани Конгресси байналхалкии шаркшиносон буд. Вохурии даврии ориенталистон, эътирофкунй ва шиносой бо комёбихои хар як олим ба хукми анъана даромада буд. Баъди Конгресси I, ки он дар Париж барпо гардида буд, шаркшиносон дар байни хар се сол дар анчумани худ гирд меомаданд.Анъанаи неки шаркшиносони оламро чангхои чахонии якум ва дуюм халалдор кард. Соли 1948 Конгресси XXI дар шахри Париж, соли 1951 Конгресси XXII дар Истамбул барпо гардида буданд. Дар кори Конгресси XXIII (Кембрич, соли 1954) бори аввал олимони шуравй ширкат варзида буданд.

Дар Конгресси Мюнхен соли 1957 намояндагони шаркшиносони шуравй пешрафти илми ватаниро намоиш доданд. Он вакт бо таклифи АФ ИЧШС Конгресси байналхалкй карор кабул кард, ки конгресси навбатй дар ИЧШС гузаронида шавад. АФ ИЧШС кумитаи ташкилиро созмон дод. Ба раисии кумита узви вобастаи АФ ИЧШС Б. Fафуров, чонишинони раис - академик И. А. Орбели, аъзои вобастаи АФ ИЧШС А. А. Губер ва А. С. Перевертайло, котиби генералй - И. М. Дяконов, чонишини котиби генералй - А. Д. Литман, хазиначй - Р. А. Уляновский интихоб гардида буданд.

Дар хайати кумитаи ташкилй В.И.Авдиев, М.И.Артамонов, М.О.Авезов, В.В.Балабушевич, Г.Л.Бондаревский, И.С.Брагинский, А.П.Векулов, В.В.Виноградов, Г.А.Дониялов, Н.А.Дворников ва дигар ашхоси номвари кишвар шомил буданд.

Кумитаи ташкилии Конгресси XXV ба 1662 академияи хоричй, чамъияти илмй, донишгох ва дигар ташкилот, ки мувофики шароитхояшон ба масъалахои шаркшиносй машгуланд, номаи иттилоотй фиристод. Хдмчунин ба олимони алохида низ дастурхо фиристоданд. Охири соли 1959 номаи иттилоотй такрибан ба 7000 олими хоричй фиристода шуданд.

Конгресси байналхалкии шаркшиносон 9 августи соли 1960 ба кор огоз кард. Президента Конгресси гузаштаи шаркшиносон (Мюнхен, соли 1957) профессор Э. Волдшмидт вазифаашро ба Президента конгресси Москва, узви вобастаи АФ ИЧЩС Б. Fафуров супурд.

Дар Конгресс президенти он Б. F. Fафуров суханони мукаддимавй эрод кард. Б. F. Fафуров комёбихои олимони хоричиро зикр намуда гуфт, ки дар ин чо одамони гуногунакидаи сиёсй ва динй, миллатхои гуногун, олимони хар гуна самтхо иштирок доранд. Хдмаи онхоро мухаббат ба илм муттахид мегардонад, ки беандоза ба корхои мо ривочи нав мебахшад. Дар мо мумкин аст, бахсхо ва гуногунакидагихо ба амал оянд, вале бахси эчодй ба олимон фоидаи калон меоварад.Дар Конгресс табиист, ки намояндагони ИЧШС бисёртар (525 нафар) буданд. Ба хайати олимон намояндагони кариб 30 миллат аз 12 чумхурии иттифокй ва 12 чумхурии мухтор ва вилоятй дохил шуданд. Дар Конгресс хамчунин намояндагони илми мамлакатхои Осиё ва Африко нисбат ба Конгрессхои гузашта зиёдтар иштирок карданд.

Бори аввал дар таърихи Конгрес бахши мустакили Афгонистон ташкил карда шуд. Хдмчунин таркиби сексияи XXV Конгресси байналхалкии шаркшиносон дигаргун гардид, шумораи намояндагони мамлакатхои Шарк зиёдтар карда шуданд, ки онхо дар кори Конгресс фаъолона иштирок карданд. Конгресс аз чихати шумораи зиёди иштирокчиёни худ ва хайаташ фарк мекард. Забони расмии Конгресс гарчанде забонхои русй, англисй ва немисй ба хисоб мерафт, аммо дар якчанд сексияхои он мачлисхо бо забонхои шаркй - японй, арабй, форсй, пушту ва туркй гузаштанд, ки ин баландшавии нуфузи олимони мамлакатхои Шаркро нишон медод. Дар Конгресс 682 маъруза шунида шуд. Бо ташаббуси Б. F. Fафуров нашриёти «Адабиёти Шарк» барои иштирокдорони Конгресс матни маърузахои вакилони шуравиро дарч намуд. Конгресси байналхалкии шаркшиносон дар давоми 8 руз - аз 9 то 16 августи соли 1960 корашро пурсамар давом дод.

Дар бораи вусъатгирии кори Конгресс мисолхои зеринро овардан мумкин аст:

29 бахш ва зербахш, 177 мачлисхои бахши зербахш, 656 маъруза, бештар аз 30 мачлисхои хусусияти илмй дошта, ташкили иттифоки шаркшиносон ва дигархо.

Дар Конгресс чихати намоиш додани дарачаи инкишофи фанхои гуманитарй ва адабиёти илмии 14 чумхурихои иттифокию мухтори Шарки шуравй кор ташкил гардид, хамчунин намоиши китобхои нашриётхои калонтарини Европаи шаркй ва Осиё ба рох монда шуданд. Дар вакти баргузории Конгресс дар бинои донишгох чунин намоишгоххо созмон дода шуданд шуданд:

1. Намоиши бостоншиносй ва мардумшиносии халкхои Шарки шуравй. Дар омода намудани ин намоишгох кормандони Академияи Фанхо ва осорхонахои чумхурихои Озарбойчон, Арманистон, Гурчистон, Догистон, Казокистон, Киргизистон, Точикистон, Туркманистон ва Узбекистан фаъолона иштирок карданд.

2. Намоишгохи китобхои шаркшиносони шуравй. Таваччухи иштирокдорони Конгресс ба нашрияхое, ки дар давоми Конгрессхои XXIV ва XXV ба чоп расидаанд, чалб карда шуд.

3. Намоишгохи китобхои шаркшиносони хоричй. Дар он корхои ба ичро расондаи нашриётхои Афгонистон, Британияи Кабир, Чумхурии демократии Олмон, Эрон, Нигерия, Чумхурии муттахидаи Араб, ИМА, Туркия, Фаронса, Чумхурии федеративии Олмон, Чехословакия ва Югославия гузошта шуданд.

4. Намоишгохи Африкои имруза тасвирхо аз мачмуи аксхои фарохамовардаи профессор Италиаандера (аз Нидерландия) (6, 36). Хдмчунин барномаи шавковари истирохатй ташкил карда шуда буданд:

Б^афуров баъди анчоми Конгресси XXV байналхалкии шаркшиносон барои ба чоп омода гардонидани маводи он захмати зиёдеро ба харч дод. Дар давоми солхои 1962-1963 ин мавод дар хачми 5 чилд бо хисобот ва карори Президиуми АФ ИЧШС аз 19 сентябри соли 1960 тавассути нашриёти адабиёти Шарк дарч шуд.

Чомеаи илмии Пажухишгохи шаркшиносй солхои минбаъда фаъолияти худро хеле вусъат дод. Б^афуров бахри пойдор намудани муносибатхои шаркшиносони шуравй бо хамкорони хоричй захмати зиёдеро ба харч медихад. Аз соли 1957 дар хамаи Конгрессхои байналхалкии шаркшиносон (гайр аз Чикаго, соли 1957) Бобочон Fафуров вакилони ИЧШС-ро сарварй мекард ва хамеша доир ба мавзуъхои халталаб бо маърузахои пурмазмун баромад мекард.

Дар Конгресси байналхалкии XXIV шаркшиносон (Мюнхен, соли 1957) Б. Fафуров дар мавзуи «Дар барои сабабхои мустахкамшавй ва сукути давлати Сомониён» маъруза мекунад, ки ин нахустин харакат барои тадкикоти ичтимой-иктисодии вазъи тараккиёти хукмронии Сомониён (дар асри IX-X) мебошад. Ин мархилаи мухими таърихи феодализми Осиёи Миёна мебошад. Дар Конгресси байналхалкии XXVI шаркшиносон (Дехлй, соли 1964) Б^афуров бо ду маъруза: «Алокахои таърихии Осиёи Миёна бо мамлакатхои Шарки Араб» ва «Хусусиятхои инкилоби фархангй дар Осиёи Миёнаи Шуравй» иштирок карда буд.

Дар Конгресси байналхалкии XXIX шаркшиносон гузориши Бобочон Fафуровро оид ба «Якчанд масъалахо оид ба пайдоиш ва таърихи кадимаи Ориёихо (омузиши масъалаи Ориёихо) дар ИЧШС» шуниданд. Дар ин Конгресс Б.Fафуров, ба маънои пуррааш, бо сухан ба намояндагони якчанд илми Fарб зарба зад, ки онх,о бархамдихии шаркшиносиро чун мухимтарин низоми илмй ва бархам додани амалияи даъвати алокамандй бо анчумани байналхалкии олимонро мехостанд. Дар ИЧШС тахти рохбарии Б.Fафуров як силсила чорабинии илмй гузаронда шуданд. Дар соли 1968 дар шахри Душанбе тахти раёсати Бобочон Fафуров конференсияи байналхалкй оид ба таърихшиносй, археология ва фарханги Осиёи Марказй дар давраи Кушониён барпо гардид. Бобочон Fафуров дар ин конференсия дар мавзуи «Давраи салтанати Кушониён ва тараккиёти чахонй» маъруза кард (1, 111).

Б^афуров бо ифтихори зиёд оид ба шахсиятхои бузурги Шарк, аз кабили Фирдавсй, Берунй, Форобй, Ибни Сино, Ал-Хоразмй, Мухаммад ал-Фаргонй, Чавохирлаъл Нехру, Хусрави Дехлавй, Мухаммад Икбол, Ахмади Дониш, Махатма Гандй ва дигарон низ таълифоти мондагор дорад.

Бо назардошти хизматхои бузурги аллома дар рушду нумуи илму фарханги миллй ва чахонй Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон таъкид намудаанд:

«Бо мацсади пурра омухтану донистани таърихи гузаштаю имрузаи халци худ ва дуруст муайяну тасвир намудани ояндаи худ уамаи цавонони мо бояд китоби «Тоцикон»-и Fафуровро бодиццат хонанд. Ощо бояд донанд, ки ба чи цадар машаццатуои зиёд, тууматуо, таъцибуо фарзандони содици халц, мисли Садриддин Айни ва Бобоцон Fафуров дар роуи эуёи таърих ва маданияти халци мо гирифтор шудаанд. Аммо чизе онуоро наметарсонд, шарафи Ватан ва халци худро онуо аз манфиатуои хусуси ва мауалли боло гузошта буданд» (5).

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдуллоев, С. Академик Бободжон Гафуров/ С. Абдуллоев, Х. Холджураев.-Худжанд, 1998, -206 с.- 1 книга.

2. Абдуллоев , С. Академик Бободжон Гафуров/ С. Абдуллоев, Х. Холджураев.- Худжанд, 1998. -173 с.- 2 книга.

3. Академик Бободжан Гафуров: к 100-летию со дня рождения. - Москва: Восточная литература, 2009. - 221 с.

4. Гафуров, Б. О перспективах развития советского востоковедения/Б.Гафуров//Советское востоковедение.- 1957. - №3.- С. 7-16.

5. Рахмон, Э. Суханронии Президенти Чумхурии Точикистон дар вохурй бо чавонон ба муносибати Рузи чавонон (23 майи соли 1997).

REFERENCES:

1. Abdulloev, S.Academician Bobojon Gafurov/S. Abdulloev, H. Holjuraev. Book 1.-Khujand, 1998. -206 p.

2. Abdulloev, S. Academician Bobojon Gafurov/ S. Abdulloev, H. Holjuraev. Book 2. -Khujand, 1998. -173 p.

3. Academician Bobojon Gafurov: to the 100th Anniversary of his Birth. - M., - 2009. - 221 p.

4. Gafurov, B. Prospects of Soviet Oriental Studies Development // B. Gafurov// Soviet Oriental Studies. 1957. - №3.5. Emomali Rahmon. Meeting with the President of the Republic of Tajikistan Meeting in Honor of Youth Day (23 May, 1997).

Сахми академик Бобоцон Fафуров дар рушди илми шарцшиноси

Вожа\ои калиди: шарцшиносй, Пажууишгоуи шарцшиносй, Сомониён, шарцшиносони шурави, таърихнигорй, Конгресси байналхалции шарцшиносон.

Дар мацола сухан дар бораи нацши академик Бобоцон Fафуров дар рушду инкишофи илми шарцшиносии шурави меравад. Зикр мешавад, ки Бобоцон Fафуров ба уайси сарвари Пажууишгохи шарцшиносии АИ ИЦШС дар ташкили илми шарцшиносии шурави сщми калон гузоштааст. Цайд мешавад, ки Б.Fафуров дар таъсиси шуъбщои нав, аз цумла шуъбаи Африцо, мамлакатуои Араб, Осиёи Цанубу Шарци, нашриёти адабиёти Шарц (минбаъд Идораи асосии адабиёти Шарц, нашриёти «Илм» - цоло нашриёти «Адабиёти Шарц»), такмили мундарицаю мазмуни мацаллаи «Шарцшиносии шурави» («Советское востоковедение»), «Халщои Осиё ва Африцо» («Народы Азии и Африки»), ташкилу баргузории силсилаи цамоиш^ои мууими илмии байналхалции шарцшиносон ва ба ин васила эуёву баррасии масоили мубрами таъриху маданияти халщои Шарц хидматуои мондагор анцом додааст.

Вклад академика Бободжон Гафурова в развитие науки востоковедения

Ключевые слова: востоковедение, Институт Востоковедения, Саманиды, советские востоковеды, историография, международный конгресс востоковедов.

В статье речь идёт о вкладе академика Бободжона Гафурова в дело развития советского востоковедения, как науки.

Отмечено, что Б.Гафуров занимая пост директора Института востоковедения АН СССР, внёс огромную лепту в организации и создании отделений, новых сфер, таких как отдел Африки, Арабских стран, Юго-восточной Азии, издательство «Восточной литературы (позже Управление восточной литературы, издательство «Наука» - ныне издательство «Восточной литературы»), а также в совершенствовании содержания журнала «Советское востоковедение», «Народы Азии и Африки» в организации и проведении ряда научно-международных конференций и симпозиумов и таким образом он сумел в новом свете представить историческое и культурное наследие стран Востока.

Academician Bobojon Gafurov^s Contribution into Science of Oriental Studies

Key words: Oriental Studies, the Institute of Oriental Studies, samanids state, Soviet Orientalists, historiography, international Congress of orientalists.

The article under consideration dwells on the academician, Bobojohn Gafurov's contribution into the the development of Soviet Oriental Studies as a science.

It is noted that being a director of the Institute of Oriental Studies under the USSR Academy sciences B. Gafurov made a great contribution into organization and creation of new spheres, such as section of Africa, Arab countries, South-Eastern Asia, "Oriental Literature" publishing-house (now Managerial office of Oriental Literature), "Science" publishing-house (now "Oriental Literature" - publishing-house): perfection of the contents of the journals "Soviet Oriental Studies" and «Peoples of Asia and Africa" is his merit as well: organizing and conducting a number of scientific-international conferences and symposia Bobojohn Gafurov managed to restore the important historic and cultural legacies of the countries of the Orient.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Каримзода Осим Цосими, доктори илщои таърих, профессор, Сардори Раёсати маорифи вилояти Сугд(Чум%урии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: [email protected] Сведения об авторе:

Каримзода Осим Косими, доктор исторических наук, профессор, Начальник Управления образования Согдийской областы (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: [email protected] Information about the author:

Karimzoda Osim Kosimi, Dr. of History, Professor, Head of the Education Department of Sughd Oblast(Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.