Научная статья на тему 'РЕЛИГИЯ НАСЕЛЕНИЯ САРАЗМА'

РЕЛИГИЯ НАСЕЛЕНИЯ САРАЗМА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
81
16
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
РЕЛИГИЯ / АЛТАРЬ ОГНЯ / САРАЗМ / ОБРЯД / ПОКЛОНЕНИЕ ОГНЮ / ХРАМ / СВЯТИЛИЩЕ / ЗОРОАСТРИЗМ / МАТРИАРХАТ / ПАТРИАРХАТ / СОЖЖЕНИЕ ТРУПОВ / БРОНЗОВЫЙ ВЕК / КУЛЬТ / ТАХТИ САНГИН

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Давлатходжа Довуди

В Саразме археологами обнаружено 40 святилищ с алтарями огня. Относительно религиозной принадлежности этих алтарей имеются различные мнения. В.М. Массон и В.И Сарианиды аналогичные алтари памятников бронзового века юга Туркменистана связывали с погребальным обрядом трупосожжения. Другой исследователь южнотуркменских памятников И.Н. Хлопин отмечает, что эти алтари принадлежали верованиям, в которых поклонение огню занимало важное место. Г. Р. Каримова алтари Саразма связывает с социально-экономическим строем, круглые алтари она связывает с матриархатом и культом женщины, главной жрицы, главы дома, очага и рода, а квадратные алтари с патриархатом и культом главного жреца, главы дома и рода. Первооткрыватель и главный исследователь Саразма А. Исаков алтари этого памятника связывает с поклонением огню и с представлениями близкими к зороастризму. Эта точка зрения подтверждается открытием в Саразме квадратного храма с обводными коридорами. Такую форму имели ортодоксальные зороастрийские храмы. Это указывает на то, что истоки зороастрийской религии, восходят к эпохе Саразма, к IV-III тыс. до н.э. Наряду с огнепоклонством в Саразме были также распространены культы солнца, богоматери и первородного быка, как символа земледелия.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

RELIGION OF THE POPULATION OF SARAZM

In Sarazm, archaeologists have discovered 40 sanctuaries with altars fire. There are different opinions regarding the religious affiliation of these altars. V.M. Masson and V.I.Sarianidi associated similar altars of the Bronze Age settlements in the south of Turkmenistan with the burial rite of corpse creation. Another researcher of the South Turkmen settlements I.N. Khlopin notes that these altars belonged to beliefs in which the worship of fire occupied an important place. G. R. Karimova associates the altars of Sarazm with the socio-economic system, she links round altars with matriarchy and the cult of the woman-head of the house and clan, and square altars with patriarchy and the cult of a man - the head of the house and clan. The discoverer and chief researcher of Sarazm A. Isakov connects the altars of this settlement with the worship of fire and with representations close to Zoroastrianism. This point of view is confirmed by the discovery in Sarazm of a square temple with bypass corridors. This is the form of orthodox Zoroastrian temples. This indicates that the origins of the Zoroastrian religion date back to the era of Sarazm, to the IV-III millennium BC. Along with the worship of fire in Sarazm, the cults of the sun, the Mother of God and the original bull were also spread.

Текст научной работы на тему «РЕЛИГИЯ НАСЕЛЕНИЯ САРАЗМА»

УДК- 2

ДИНИ СОКИНОНИ САРАЗМ

Давлатхоча ДОВУДЙ, Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ах,мади Дониши Академияи миллии илмх,ои Точикистон

Саразм на танхо яке аз марказхои мухимми хунармандй ва кишоварзй, балки маркази мухимми динй низ буд. Дар ин бора ёфт шудани 40 ибодатгох бо оташдонхои маросимй баръало гувохй медиханд. Бинобар ин бостоншиносон ва дар навбати аввал кашшофи ин ёдгорй А. Истоков [5,35], дар асару маколахои нахустини худ ба масъалаи муайян кардани дини сокинони Саразм диккати махсус додаанд.

Дар мавриди таъиноти оташдонхои мудаввар ва чоркунчаи Саразм ва амсоли онхо дар байни олимон андешахои мухталиф низ вучуд доранд. Оташдонхои мудаввари монанди оташдонхои Саразм дар ёдгорихои хамзамони Туркманистони Ч,анубй (Хуросони Fаpбй) низ ёфт шудаанд. Ба фикри В.И. Сарианиди [13,50] ва В.М. Массон [9,67] оташдонхои мудаввар бо маросими ^рондан ва с7зондани часади мурдахо алокаманд мебошанд. Дар як хучра дар назди чунин оташдон устухонхои се мурда ёфт шудааст, ки устухонхои с7хтаи яке аз онхо, дар болои бурё гузошта шуда буд. Аммо А. Истоков дар робита бо ин андеша таъкид кардааст, ки дар Саразм ин гуна ходиса, яъне дар назди оташдонхо часади мурдахо ёфт нашудааст. Ба андешаи мухаккики дигари ёдгорихои чанубй Туркманистон И.Н. Хлопин [14,88] оташдонхои мудавварро дар маросимхои диние истифода мебурданд, ки парастиши оташ чузъи таркибии онхо буд. А. Истоков [4,126] оташдонхои маросимии Саразмро бо оташпарастй ва ташаккулёбии афкори дини зардуштй алокаманд шумурдааст.

Р.М. Безенвал [16, расми 11-12] яке аз хучрахои Саразмро, ки дар он оташдони чоркунча мавчуд аст, ибодатгохи падарсолори авлод номидааст. Аммо равшан нест, ки оё ин ибодатгохи оташпарастие буд, ки дар он сардори авлод ва наздиконаш ибодат мекарданд ё дар ин ибодатгох, сардори авлодро парастиш мекарданд?

Дар ин авохир бостоншиноси точик Г. Р. Каримова [7,270-272] дар бораи оташдонхои Саразм фикри нав пешниход кардааст. Оташдонхои Саразм ду намуданд-доирашакл ва чоркунча.Мавсуф онхоро бо тасаввурот ва чахонбинии давраи модаршохй ва падаршохй пайваст намудааст. Ба андешаи y оташдонхои доирашакл бо парастиш р7хонизан, кадбонуи хона ва сардорбонуи авлод ва оташдонхои чоркунча бо парастиши р7хонимард, сардори хонавода ва сардори авлод алокаманд мебошанд. Аммо инчо саволе ба миён меояд, ки оё сохти ичтимоии Саразм

модаршохй буд? Сохти модаршохй ба чомеахои ибтидой хос буда, давраи мавчудияти хочагии истеъмолкунандаро дар бар мегирифт, яъне дар ин мархала чомеа дар зинаи хеле пасти тараккиёт карор дошт. Ба андешаи мо сохти модаршохй бо Саразм, ки дар зинаи нисбатан баланди тараккиёт карор дошт, рост намеояд. А.И. Истоков [4,72-124] дар асоси мавчудияти бинохои бохашамат Саразмро пешшахр ва сохти ичтимоии онро чомеаи калони ибтидоии иборат аз оилахои калони падарсолорй номидааст. Аммо, аз руйи осори модии дар ин шахр ёфтшуда, аз чумла зарфхои баландсифати мунаккаши рангаи сафолй, наккошихои рангаи руйи деворхо, асбобхои биринчй, аз кабили табар - тешахо, ханчар, корд, тиру пайконхо, олоти гуногуни сангй, ороишоти сангй ва тиллой, бинохои бохашаммат ва осори дигар бармеояд, ки чамъияти Саразм дар сатхи баландтар аз чамъияти ибтидой ва падарсолорй карор дошт. Осори ёфтшуда дар бораи пайдоиши табакахо дар Саразм гувохй медиханд. Шумораи зиёди ибодатгоххо бо оташдонхои маросимй ва шакли хос ва суннатй доштани онхо дар бораи ташаккулёбии табакаи махсуси рухониён, олоту асбоби биринчй, сафолй, сангй ва гайра аз ташаккул ёфтани табакаи хунармандон, хонахои бохашаммат, пайдо шудани табакаи ашрофон ва асбобу олоти кишоварзй, ба вучуд омадани табакаи кишоварзон гувохй медиханд. Дар асоси тараккиёти хунармандй гуфтан мумкин аст, ки дар Саразм истехсолоти молй, бозор ва мубодилаи ашё вучуд дошт. Дар ин асос ба хулосае омадан мумкин аст, ки чомеаи Саразм ибтидой набуда дар мархалаи аввали ташаккулёбии табакахо ва синфхо карор дошт.

Дар мавриди таъйиноти оташдонхои гирд ва чоркунчаи Саразм чунин фарзияро пешниход кардан мумкин аст. Тавре, ки академики шинохта Юсуфшо Ёкубшо [15,105] ёдовар шудааст, дар асотири хиндии кадим доира осмон ва намоди зан ва чоркунча замин ва намоди мардро ифода мекард. Дар ин асос гуфтан мумкин аст, ки оташдонхои гирд бо мафхумхои осмонй, яъне рухонй алокаманд буда, ба табакаи рухониён ва оташдонхои чоркунча бо замин ва табакаи кишоварзону хунармандон тааллук доштаанд.

Аз суи дигар оташдонхои мудаввари Саразм метавонистанд бо парастиши офтоб ва эзади Михр (Митро) алокаманд бошанд. Дар ин сурат мо дар оташдонхои гирд омезиши ду унсури барои Саразмиён мукаддас -офтоб ва оташро мебинем, ки харду сарчашмаи гармй ва зиндагй мебошанд.

Ба андешаи мо дар мавриди дини сокинони Саразм фикри кашшофи он А. Исхоков, ки онро оташпарастй ва наздик ба акоиди зардуштй номидааст, нисбат ба фарзияхои дигар дурусттар аст.Дар баробари оташдонхо дар ин бора дар Саразм ёфт шудани маъбади оташ, ки тархи ба худ хос дорад, гувохй медихад.Ин маъбади начандон калони чоркунча

(5,7x4,6 м) мебошад, ки бо долони пахноиаш 1-1,2 м ихота шyдааст. Дар маркази маъбад чойи оташдони таxpибшyдаи мyдавваpи диаметраш 95 см, ёфт шyдааст [12,179]. Дар фарши ин маъбад шyмоpаи зиёди устухонхои хайвонхои калону хурд ва дар маркази он бокимондахои оташи калон бо хокистари устухонхои сyxта ёфт шудааст.Дар ин асос кашшофони ин сохтмон онро чойи сyзондани чорпоён номидаанд [10,199]. Г. Р. Каримова [7,267] бо такя ба А.Раззоков ин сохтмонро хам "Маъбади оташ" ва хам чойи сyзондани чорпоёни курбонишуда номидааст. Аммо ин мухаккикон нагуфтаанд, ки маросими сyзондани чорпоён ва ин маъбад ба кадом дину оин тааллук доштанд.

Ба андешаи мо осори оташ дар маркази ин маъбад ва сохти он дар бораи бо оини оташпарастй алокаманд будани он гувохй медихад. Гап дар сари он аст, ки маъбадхои суннатии дини зардуштй айнан хамин сохтро доштанд, яъне онхо аз толори чоркунчаи марказй ва долонхои нисбатан борики (1,2 м) атрофи он иборат буданд. Ин гуна маъбадхои оташ дар даврахои Х,ахоманишиён, юнону бохтарй ва Кушониён вучуд доштанд ва ёфт шудаанд. Ба ин катор маъбадхои Кухи Хвочаи Эрон, Тахти Сангини Точикистон ва Шохтеппаи Миси Айнаки Афгонистон дохил мешаванд [2,118-121]. Бозёфти маъбади долондори оташ, ки дар Саразм ёфт шудааст, санади мухим буда, аз он гувохй медихад, ки маъбадхои суннатии зардуштй бо толори марказии оташдондор ва долони атрофи он решахои кадими таърихй дошта, аз давраи Саразм сарчашма мегиранд.

Дар бораи бо оини оташпарастй алокаманд будани оташдонхои мудаввар ва чоркунчаи Саразм он санад низ гувохй медихад, ки ин анъана дар даврахои баъдина низ дида мешавад. Оташдонхои Саразм бевосита дар руйи фарши хона ё дар болои суфачаи баландиаш 15-20 см чойгир буданд. Ч,олиб он аст, ки оташдонхои пасти дар болои фарши хона чойгир буда, дар ёдгорихои давраи Кушониён низ ёфт шудаанд. Аз чумла, соли 2018 мо дар шахраки кушонии Сайёд вокеъ дар нохияи Абдурахмони Ч,омии вилояти Хатлон чунин оташдони маросимиро пайдо кардем [3,11-12].Оташдон чоркунчаи андозааш 94х94 см ва баландиаш 20-25 см буда дар фарши хучра чойгир аст. Он аз хишти хом сохта шудааст ва хиштхо чунон гузошта шудаанд, ки маркази оташдон шакли салибро дорад. Шояд ин салиб тасодуф набуда, махсус сохта шудааст ва маъноеро ифода мекунад. Дар боварихои давраи кадим, аз чумла хиндуориёихо салиб рамзи оташ будааст.

Айнан хамин гуна оташдонхои чоркунчаи пасти дар фарш чойгир буда дар се мавзеи ёдгории Миси Айнаки Афгонистон низ ёфт шудаанд. Д. Довудй онхоро омухта, ба хулосае омадааст, ки онхо маросимй буда, ба оини оташпарастй ва дини зардуштй мансуб мебошанд. Ин ёдгории давраи Кушониён ва то яфталихоро дар бар мегирад [2,122-123].

Соли 2010 дар бостоншахри Панчакент дар сохаи 26 дар чараёни хафриёт як хучраи росткунчае пайдо шуд, ки кад-кади се девораш суфа ва дар марказаш суфачаи чоркунчаи баландиаш 11 см чойгир аст. Гили болои суфача аз таъсири оташ сурх шудааст ва дар болои он кабати хокистар дида мешавад. Хучра ба нимаи дуюми асри VII-чоряки аввали VIII мансуб аст. Муаллифон онро Оташгохи динии хонаводагй номидаанд ва таъкид кардаанд, ки ин гуна ибодатгоххо дар Пайканди назди Бухоро ва дигар ёдгорихои ибтидои асримиёнагии Осиёи Миёна низ ёфт шудаанд [8,11-19].

Оташдонхои маросимии гирд ва чоркунча дар Помири Гарбй дар наздикии дехаи Богев низ ёфт шудаанд. М.А.Бубнова [1,128, расми 69] дар ин мавзеъ ду сохтмони гирд ёфтааст, ки дар маркази яке аз онхо оташдони мудаввар ва дар маркази сохтмони дуюмаш оташдони чоркунча чойгир аст. Номбурда ин сохтмонхоро, ки ба асри VII тааллук доранд, бархак маъбадхои оташ номидааст.

Дар асоси ин бозёфтхо фарз кардан мумкин аст, ки оташдонхои пасти доиравй ва чоркунчаи дар фарш чойгир будаи замони Кушониён ва баъди он, ки бо дини зардуштй алокаманд мебошанд, аз оташдонхои маросимии Саразм сарчашма мегиранд.

Дар асоси осори дар Саразм ёфтшуда дар бораи боварихои динии сокинони Саразм мо метавонем чунин хулоса барорем. Аз хама бештар дар ин шахр оини оташпарастй пахн шуда буд. Дар ин бора ибодатгоххои сершумор бо оташдонхои маросимии гирд ва чоркунча баръало шаходат медиханд.

Дар баробари оташпарастй дар Саразм эхтимол офтобпарастй низ вучуд дошт. Ба фикри А.И.Исхоков [5,37] оташдонхои маросимии доирашакл ва сохтмони доирашакли дар Саразм ёфтшуда бо парастиши чирмхои осмонй-офтобу мохтоб алокаманд мебошанд. Офтобпарастй минбаъд такмил ёфта, дар афкори тозардуштй ва зардуштй дар симои эзад Михр (Митро) зухур мекунад.

Сокинони Саразм ба модархудо, хамчун намоди бороварй, хосилхезй ва афзоиши насл низ эътикоди хоса доштаанд. Дар ин бора бозёфти ду хайкалчаи гилии зан гувохй медиханд. Намоди модархудо дар афкори тозардуштй ва зардуштй дар симои Анохито Ардвисура ва Ардохша зохир мешавад.

Дар Саразм парастиши барзагов хамчун рамзи кишоварзй низ вучуд дошт ва дар ин бора Г.Р. Каримова [7,266] ишора кардааст. Дар ин хусус ду санад гувохй медиханд. 1. Дар яке аз хучрахо хайкалчаи сари барзагови бо ранг сурх карда шуда, ки дар девор часпонда шудааст, ёфт шудааст [6,156]. 2. Дар наздикии маъбади чоркунчаи долондор гури маросимй бо устухонхои барзагов ёфт шудааст [11,4-5]. Дар дахони гур нишонахои

оташс7зй дида мешавад, яъне ин маросим низ бо парастиши оташ алокаманд будааст.

Тавре ки бостоншиносон муайян кардаанд, оташдонхои мудаввари маросимй дар минтакаи хеле васеъ аз болооби Зарафшон (Саразм), чануби Туркманистон то Эрони чанубу гарбй ва Балучистони чанубй, Афгонистон ёфт шудаанд. Ин санад дар баробари осори модй дар бораи фарханг ва дини ягона доштани мардумони ин минтакахо ва шомили як чомеаи бузург ва ягонаи этникй будани онхо гувохй медихад.Дини зардуштй, ки такрибан дар нимаи дуюми хазорсолаи 2 ё аввали хазорсолаи 1 пеш аз мелод пайдо шудааст, хамаи хамин кишвархоро дар бар мегирифт. Бо эхтимоли зиёд фарз кардан мумкин аст, ки дини зардуштй он кишвархоеро фаро гирифт, ки дар ончо оташпарастй, михрпарастй ва дигар оинхои хамсонашон густариш ёфта буданд ва онхо барои пахн шудан ва мустакар шудани ин дини нав шароити мусоид фарохам оварданд.Кашшофи Саразм Абдуллочон Исхоков бархак ин шахрро маркази мухимми оташпарастй номида, бо боварихои динии пешаззардуштй ва зардуштй иртибот доштани онро таъкид кардааст.

А. Исхоков Саразмро маркази мухимми динй номидааст. Гумон меравад, ки дар ибодатгоххои Саразм на танхо сокинони ин шахр, балки сокинони нохияхои гирду атроф низ омада, ибодат мекардаанд ва маросимхои динии худро ичро менамудаанд.

. • ~ -

5 6

Тасвири 1.1- Саразм. Маъбади чоркунчаи оташ бо долон - рохрав дар чор тарафаш; 2.-Миси Айнаки АфFOнистон, давраи Кушониён.Маъбади чоркунчаи оташ бо долон - рохрав дар чор тарафаш; 3. Панчакенти кадим, асрхои 5-8. Ибодатгохи хонагй бо оташдони пасти маросимии чоркунча дар фарш; 4,5 - Миси Айнак. Ибодатгоххои хонагй бо оташдони пасти чоркунча дар фарш; 6. Миси Айнак. Накшаи маъбади чоркунчаи оташ бо долон -рохрав дар чор тарафаш.

1

2

3 4

Тасвири 2.1-Накшаи маъбади зардуштии оташ дар кух,и Хвочаи Эрон, замони Х,ахоманишиён; 2-Саразм. Накшаи маъбади чоркунчаи оташ бо долон - рохрав дар чор тарафаш; 3-Помири Гарбй, асри 7 мелодй. Маъбади гирди оташ; 4. Саразм. Маъбади офтоб.

АДАБИЁТ

1. Бубнова М.А. Археологическая карта Таджикистана. Горно-Бадахшанская Автономная Область. Западный Памир // Душанбе, 2008.- С.128, Рис.69.

2. Довудй Д. Ша^ри бостонии Миси Айнак. Душанбе, 2017.

3. Довудй Д., Шарифзода А. Ша^раки кушонии Сайёд. Китоби 2. Душанбе, 2019.

1. Исаков А. И. Саразм. Душанбе, 1991.

4. Исоков А. И. Саразм - огози тамаддуни хал^и точик. Хучанд, 2005.

5. Исаков А. И., Безенваль Р.М., Раззоков А.Р., Курбанов Ш.Ф. Работы Саразмско-го отряда в 1989г. // АРТ. Душанбе, 2003. Вып. 28. -С. 150-167.

2. Каримова Г. Р. Культовые сооружение Саразма //АРТ, вып. 33, Душанбе,2009, С.262-281.

3. Курбанов Ш.Ф., Семенов Н.В. Раскопки на объекте XXVIZ/Материалы Пенджикентской археологической экспедиции, вып.13. Отчеты о полевых работах экспедиции в 2010 г. Санкт - Петербург, 2011. - С. 4-17.

4. Массон В. М. Алтын-депе // Труды ЮТАКЭ. Т. 18. Л., 1981.

5. Раззоков А.Р. Саразм - ранний город Арианы // Арийская цивилизация в контексте евроазиатских культур. Душанбе, 2006.

6. Раззоков А. Р. Бозёфти тур аз Саразм // Адабиёт ва санъат. 2005. 7 июл. С. 4-5.

7. Раззоков А. Р., Курбанов Ш. Ф. Исследования Саразмского отряда в 2003 году // АРТ. Душанбе, 2004. Вып. 29. с. 174-192.

8. Сарианиди В. И. Культовые здания поселений анауской культуры // Советская археология, 1962, № 2.

9. Хлопин И. Н. Геоксюрская группа поселений эпохи энеолита: опыт исторического анализа. М.,-Л., 1964.

10. Якубов Ю. Первые арийские государства // Арийская цивилизация в контексте евразийских культур. - Душанбе, 2006.

11. Besenval R. M., Isakov A. Sarazm et les debuts du peuplement agricole dans la Region de Samarkand // Arts Asiatique.1989.T. XLIV. P. 11-12.

РЕЛИГИЯ НАСЕЛЕНИЯ САРАЗМА

В Саразме археологами обнаружено 40 святилищ с алтарями огня. Относительно религиозной принадлежности этих алтарей имеются различные мнения. В.М. Массон и В.И Сарианиды аналогичные алтари памятников бронзового века юга Туркменистана связывали с погребальным обрядом трупосожжения. Другой исследователь южнотуркменских памятников И.Н. Хлопин отмечает, что эти алтари принадлежали верованиям, в которых поклонение огню занимало важное место. Г. Р. Каримова алтари Саразма связывает с социально-экономическим строем, круглые алтари она связывает с матриархатом и культом женщины, главной жрицы, главы дома, очага и рода, а квадратные алтари с патриархатом и культом главного жреца, главы дома и рода. Первооткрыватель и главный исследователь Саразма А. Исаков алтари этого памятника связывает с поклонением огню и с представлениями близкими к зороастризму. Эта точка зрения подтверждается открытием в Саразме квадратного храма с обводными коридорами. Такую форму имели ортодоксальные зороастрийские храмы. Это указывает на то, что истоки зороастрийской религии, восходят к эпохе Саразма, к 1У-Ш тыс. до н.э. Наряду с огнепоклонством в Саразме были также распространены культы солнца, богоматери и первородного быка, как символа земледелия.

Ключевые слова: религия, алтарь огня, Саразм, обряд, поклонение огню, храм, святилище, зороастризм, матриархат, патриархат, сожжение трупов, бронзовый век, культ, Тахти Сангин.

ДИНИ СОКИНОНИ САРАЗМ

Дар Саразм бостоншиносон 40 оташдони маросимй ёфтаанд. Дар бораи ба кадом дин мансуб будани онхо андешахои мухталиф вучуд доранд. В.М.Массон ва В.И. Сарианидй низ хамин намуд оташдонхои ёдгорихои асри биринчи чануби Туркманистонро бо маросими сузондани часадхо алокаманд менамоянд. Муха;;и;и дигари ин ёдгорихо И.Н. Хлопин менависад, ки ин оташдонхо бо оине алокаманд мебошанд, ки дар он парастиши оташ мавкеи калонро ишгол мекард. Г.Р. Каримова оташдонхои гирди Саразмро бо парастиши зан-муъбад, модарсолор ва чоркунчаашонро бо парастиши муъбад, падарсолор алокаманд менамояд. Кашшоф ва аввалин пажухишгари Саразми бостонй Абдуллочон Исхоков оташдонхои Саразмро бо оини оташпарастй ва наздик ба акоиди зардуштй алокаманд менамояд. Ин нуктаро ёфт шудани маъбади чоркунчаи дар чор тарафаш долондор тасдик мекунад. Маъбадхои чоркунчаи долондор хоси дини суннатии зардуштй мебошанд. Бозёфти Саразм кашфиёти мухимми илмй буда, дар бораи аз даврахои хеле кадим, аз хазорсолаи ГУ-Ш пеш аз мелод сарчашма гирифтани акоиди то зардуштй ва зардуштй шаходат медиханд. Дар Саразм парастиши офтоб, модархудо ва наргов хамчун рамзи кишоварзй низ чой дошт.

Калидвожа^о: дин, оташдони маросими, Саразм, маросим, парастиши оташ, ибодат, маъбад, зардуштй, модаршоцй, падаршоцй, сузондани цасадцо, асри биринцй, парастиш, Тахти Сангин.

RELIGION OF THE POPULATION OF SARAZM

In Sarazm, archaeologists have discovered 40 sanctuaries with altars fire. There are different opinions regarding the religious affiliation of these altars. V.M. Masson and V.I.Sarianidi associated similar altars of the Bronze Age settlements in the south of Turkmenistan with the burial rite of corpse creation. Another researcher of the South Turkmen settlements I.N. Khlopin notes that these altars belonged to beliefs in which the worship of fire occupied an important place. G. R. Karimova associates the altars of Sarazm with the socio-economic system, she links round altars with matriarchy and the cult of the woman-head of the house and clan, and square altars with patriarchy and the cult of a man - the head of the house and clan. The discoverer and chief researcher of Sarazm A. Isakov connects the altars of this settlement with the worship of fire and with representations close to Zoroastrianism. This point of view is confirmed by the discovery in Sarazm of a square temple with bypass corridors. This is the form of orthodox Zoroastrian temples. This indicates that the origins of the Zoroastrian religion date back to the era of Sarazm, to the IV-III millennium BC. Along with the worship of fire in Sarazm, the cults of the sun, the Mother of God and the original bull were also spread.

Key words: Religion, altar of fire, Sarazm, rite, worship of fire, temple, sanctuary, Zoroastrianism, matriarchy, patriarchy, burning of corpses, Bronze Age, cult, Takhti Sangin.

Сведения об авторе: Давлатходжа Довуди-доктор исторических наук, Адрес: 734001, г. Душанбе, проспект Исмоила Сомони, 11. Телефон: (+992) 2278477, (+992) 987605041, E-mail: dovutov@mail.ru

Information about the author: Davlatkhoja Dovudi-Doctor of Historical Sciences. Address: 734001, Dushanbe, Ismoil Somoni Avenue, 11. Telephone: (+992) 2278477, (+992) 987605041, E-mail: dovutov@mail.ru

УДК - 295

ДОЗОРОАСТРИЙСКИЙ ПАНТЕОН САРАЗМА (СЕМЬ БОЖЕСТВ И СЕМЬ ТВОРЕНИЙ)

КАРИМОВА Г. Р., Институт истории, археологии и этнографии имени AxMaAa Дониша

Согласно зороастрийскому учению, Ахура-Мазда сотворил при помощи Святого Духа (Спэнта-Маишу) шесть более низких божеств, тех самых «излучающих свет существ», которых Зороастр узрел в своем первом видении. Вместе с Ахура-Маздой они составляют семь божеств, именуемых Амэша-Спэнта (Бессмертный Святой), названия которых впервые встречаются в Ясне Хаптангхаити [Ясна 39.3]. Остальные меньшие божества именуются язата. Так, семь Амэша-Спэнта считаются покровителями и защитниками семи добрых творений, а именно: неба, воды, земли, огня,

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.