Научная статья на тему 'ОБ ОДНОМ СВАДЕБНОМ ОБРЯДЕ ШУГНАНЦЕВ ГБАО'

ОБ ОДНОМ СВАДЕБНОМ ОБРЯДЕ ШУГНАНЦЕВ ГБАО Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
110
12
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
KUẋM-QALING / ЖИТЕЛИ ШУГНАНА / ПРОДУКТЫ / ЭКОНОМИЧЕСКАЯ И СОЦИАЛЬНАЯ ЖИЗНЬ / ИЗМЕНЕНИЯ / ПСИХОЛОГИЧЕСКИЕ И ЭТНОКУЛЬТУРНЫЕ АСПЕКТЫ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Айдаров Хамрох Сайдамадович

В процессе быстрой глобализации очень важно изучение обычаев и ритуалов, потому что они подвержены множеству изменений, а некоторые из них находятся под угрозой исчезновения. В культуре шугнанцев свадебный обряд является одним из важнейших обрядов жизни. Новшества можно увидеть в свадебном обряде шугнанцев, в том числе в одной из его частей-церемонии вручения kuẋm и qalin . В этой статье анализируется, чем в культуре шугнанцев kuẋm отличается от qalin и в какой форме и размерах они были выплачены. В статье также хронологически показаны изменения этого обряда в процессе трех периодов (до советской эпохи, советской эпохи и периода независимости), т.е. с начала XX века до начала XXI века.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ABOUT ONE WEDDING CEREMONY OF SHUGNI PEOPLE IN GBAO

In the process of rapid globalization, the study of customs and rituals is very important, because they are subject to many changes, and some of them are threatened with extinction. In the culture of Shugni people the wedding ceremony is one of the most important rites of life. Innovations can be seen in the wedding ceremony of Shugni people, including in one of its parts - the ceremony of presenting the kuẋm kalin. This article describes how the kuhm differs from the kalin in the culture of Shugni people, and in what form and size they were given. The article also shows the chronological changes of three periods (before the Soviet era, the Soviet era and the period of independence), i.e. from the beginning of the XX century to the beginning of the XXI century.

Текст научной работы на тему «ОБ ОДНОМ СВАДЕБНОМ ОБРЯДЕ ШУГНАНЦЕВ ГБАО»

мардумшиноси-ЭТНОГРАФИЯ-ETHNOGRAPHY

4-»

УДК- ТДУ 392. 5 (575. 3)

ОИД БА ЯК ОЙИНИ МАРОСИМИ ТУЙИ СОКИНОНИ НОХДЯИ ШУГНОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХДСТОНИ

БАДАХШОН

АЙДАРОВ Х. С.,

Институти илм;ои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ

Расму ойинх,ои анъанавии мардумони мухталифи дунё, ки дар ибтидои таърихи башарият х,амчун яке аз шаклх,ои ташкил ва х,амгироии чомеа ба вучуд омадаанд, имрузх,о бо суръати басо тез таFЙиpи шаклу мох,ият намуда, беш аз ин, дар чараёни чах,онишавии босуръат бо як назари беэътино ба онх,о бархурд карда мешавад. Бо аз байн рафтани расму русум ва анъанах,о, системаи меъёрх,ои эстетикй, ахлоцй, диниву фалсафии чомеа, ки дар тули таърихи чандинх,азорсола чамъу ташаккул ёфтааст, низ нобуд мегардаду системах,ои нави чах,онбинии муосир пайдо хох,анд гардид. Вале бояд эътироф намуд, ки тах,аввулоти ичтимоию сиёсии чомеа ба таFЙиpи шакли расму ойинх,ои мардумй низ таъсири худро мерасонанд, бинобар ин пешгирй намудани чунин инкишофи тафаккуру муносибатх,ои инсонй дар чомеах,ои муосир Fайpиимкон ва нооцилона пазируфта шудааст.

Дар чомеаи анъанавии сокинони Вилояти Мухтори Кухдстони Бадахшон, хусусан нох,ияи ШyFнон маросими туйи нох,ияи Шунони Помири Гарбй мацоми хосаи худро дорад. Маросими туйи сокинони нох,ияи мазкур аз тарафи мух,аццицони гузашта, аз чумла [1,120-177; 3, 89; 9, 338; 10, 126; 11, 196-202; 13, 245; 14,405-436] руйи цалам оварда шудааст.

Тадцицоти феълй ба та^лили яке аз ойинх,ои анъанавии сокинони нох,ияи ШyFнони Помири Гарбй kuxm-at qaling2 yedow «бурдани кухм ва цалин» бахшида шудааст, ки аз як чих,ат, агар хусусияти умумии он бо дигар халциятх,ои Ч,умх,урии Точикистон ба назар расанд, аз тарафи дигар вижагих,ои хоси мах,аллии ин ойин низ хеле назаррас х,астанд. Ин расми анъанавй, ки марбут ба маросими туй аст, дар цатори дигар расму русуми сокинони нох,ияи Шунони Вилояти Мухтори Кух,истони Бадахшон дигаргуних,ои зиёдеро аз сар гузаронида, то ба ин руз шаклан ва мохдятан ба таFЙиpот дучор гардидааст.

2 Цалин -дар забони шyFнонй ба шакли "цалинг" талаффуз карда мешавад.

134

Дар рафти таърихи садсола, ки фарх,анги чомеаи Шугнон дар ин муддат бо фарх,ангх,ои хал;иятх,ои дигари чах,онй омезиш ёфта буд, ойини «додани ;алин» х,ангоми маросими туй хусусияту элементх,ои бегонаро и;тибос карда буд. Ин унсурх,ои бегона, албатта дар як давраи муайяни таърихй вориди анъанаи мазкур нагардида, бо мурури замон реша дар суннати тарзи супоридани ;алин давонданд. Ба ин хотир мо зарур шуморидем, ки аз нигох,и хронологй тагйироту тах,аввулоти марбут ба ин ойинро дар се давр-аз ибтидои асри XX то ибтидои асри XXI мавриди омузиш ;арор дих,ем.

Ин та;симбандии даврах,о ибтидои асри XX то замони Шуравй, худи замони Шуравй ва давраи исти;лолро дар бар мегиранд. Маводи илмии марбут ба ин масъала, ки аз тарафи муаллиф ба таври сайрой дар миёни сокинони нох,ияи Шугнон ва х,амчунин аз сарчашмах,ои илмй чамъоварй шуда, бо усули му;оисавй баррасй гардидааст. Бинобар ин омилх,ои пайдоиши расми ;алинсупориро муайян намуда, дарачаи тагйирёбии Чих,атх,ои равонии мардум (этнопсихологй) ва этнофарх,ангии сокинони нох,ияи Шугнони Вилояти Мухтори Кухдстони Бадахшонро тахлил намудем.

Дар хусуси истилохд kuxm -at qaling х,амсух,батони мух,а;к;ик;и рус И. И. Зарубин чунин ;айд кардааст, ки kuxm ин х,а;к;и туй, х,а;к;и мех,монон ва qaling бошад, х,а;к;и арусшаванда мебошад (СПбО ИВ РАН, ф.121, оп .1, д. 242, л. 10). Тиб;и маълумоти мух,а;к;ик; М.С. Андреев асосан сокинони водии Хуф ва дигар дех,ах,ои х,амсоя расми мазкурро бо калимаи «амал» ном мебурданд ва он ;исми мах,сулоте, ки барои харочоти маросими туй дар хонаи арусшаванда чудо мешуд онро kuxm меноманд [1, 133].

Мардумшинос Зинатмо Юсуфбекова калимаи kuxm-qaling-ро чунин шарх,у тавзех, медих,ад: ;исми аввали калима, яъне kuxm аз руйи маълумоти худи шугнониён аз феъли kixtow «куштан» гирифта шудааст, ки асосан мах,сулоти муайян аз ;абили гушт, равгани зард ва галладонаро ташкил медихдд, ки дар рузи маросими туйи калон (sür) дар хонаи арус пурра истифода мешуд. ^исмати дуюми ибораи kuxm -qaling, калимаи ;алин истилох,й шугнй набуда, дар шеваи сокинони нох,ияи Шугнон бо калимаи kuxm ба таври васеъ дар х,удуди он истифода намешавад. Дар мавзеъх,ои Поршнев ва Сучон дар байни мардум фа;ат калимаи kuxm маъмул х,асту халос. Аммо дар водих,ои дурдаст аз ;абили Шохдара ва Гунд, ки онх,о дар х,амсоягй бо ;иргизх,о умр ба сар мебаранд дар миёни онх,о калимаи ;алин бештар маъмул мебошад [9,100]. Хдтто дар аксарияти дех,ах,ои водии Шохдара ойини додани kuxm вучуд надорад, вале додани ;алин маъмул аст. Тиб;и тахдицоти як ;атор олимон [2,12; 3, 91] ойини «додани ;алин» дар х,удуди водих,ои Вахон, Ишкошим, Рушон ва Хуф низ роич буд.

Тибци маълумоти мухаццици рус H.A. Кисляков додани хацци цалин дар бастани ойини никох ва ташаккул додани танзими оиладорй нацши асосй мебозад. Калин асосан мухлати муайян дошт ва он бояд то маросими туй дода мешуд [7,137]. Калин ба хайси хацци арус дар фарханги бештари халциятхои дунё вучуд дорад ва дар гузашта онро чун чуброн ба хотири аз даст додани коргар ба оилаи арус медодаанд [6, 274].

Тавре, ки аз маълумоти мухацциц A.A. Бобринской бармеояд, ки барпо намудани маросими туйи калон пеш аз хама аз вазъияти ицтисодии хонаводахои тарафайн вобастагии зиёд дошт. Чдмъ овардани молу маводи зарурй барои гузаронидани маросими туй хеле мушкил буд ва муайян намудани рузи гузаронидани он ба тавоноии тарафайн, ки дар давоми кадом мухлат маблаFpо метавонанд чамъ овардан, вобаста буд. Бинобар ин муайян намудани таърихи гузаронидани маросими туй метавонист то як сол тул кашад. Мардум кушиш мекарданд, ки маросими туйяшонро дар фасли тирамох, пас аз чамъоварии хосили кишоварзй ва фаровардани чорвои хонагй аз айлоцхо, хангоме ки нону гушт фаровон мешуд, гузаронанд. Дар ин муддат хонаводаи домод ба чамъ овардани цалин, ё ин ки now-now [10,100] тайёрй медиданд [3, 91].

Истилохи now-now (нух-нух) дар водии Шохдара барои ифода намудани мицдори матоъхо, ки теъдодашон то нух адад мерасид, истифода мешуд.

Шояд, дар ин маврид таъсири фарханги мардуми хамсоя -циpFизхо мушохида мегардад, зеро адади нух, ки ба ин забон туцуз мебошад, дар маросими туйяшон мацоми хосаеро ишFол мекунад.

Баъд аз баргузор гардидани ойини хостгорй волидайни домодшаванда ба чамъ овардани махсулоти хурока ва пушока, яъне барои ойини kuxm-qaling тайёрй медиданд. Чдмъ овардани махсулоти лозимаи ойини kuxm-qaling барои волидайни домодшаванда кори осон набуд ва дар ин кор барои онхо хешони наздик дасти мадад дароз мекарданд [6, 273].

Мухаццици маъруфи рус A. A. Бобринской дар ин хусус цайд мекунад, ки пеш аз маросими туй дар хонаи домодшаванда маъракае ороста мешуд, ки дар он бисёр мехмонон иштирок мекарданд, хар яке аз онхо ба андозаи як пора карбос ё матои чит тухфа меоварданд, хешону наздикон бошанд зиёдтар матоъхои карбос ва чит меоварданд. Ин тухфахо ба падари домод пешниход мешуданд ва як цисмати цалин ба шумор мерафтанд [3, 92].

Мувофици маълумоти М.С. Aндpеев, вацте ки мехмонон ва хешовандони наздик ба ойини «шуй-салом"(домодсалом) меомаданд, онхо хатман ягон дастовезро барои навхонадор тухфа меоварданд. Бо хамин восита сокинони водии Хуф хам тибци маводи чамъоваришудаи мо дар тамоми цаламрави Помири Гарбй ба хамдигар дар гузаронидани маросими туй кумак мерасонданд.Чунин кумак ва дастгирй миёни сокинон

ба таври васеъ роич буд ва ба х,айси ;арз дар ва;ти лозимй баргардонида мешуд. Тухфа барои домод ва арус аз тарафи хонаводае, ки дар маросими туй дода мешуд, онх,о дар оянда дар навбати худ боз онро ба х,айси чуброн баргардонда медоданд [1,128] ва чунин муносибатх,ои хешу таборй дар миёни сокинони Помири Гарбй дар давоми асрх,о идома ёфта, бо;имондах,ои он то ба замони мо низ омада расидаанд.

Мардумшиноси машхури рус Л.Ф. Моногарова ;айд кардаст, ки дар миёни исмоилиёни Помир ойини ;алин аз суннати марбутаи точикони водинишин тафовут дошта, дорои хусусиёти худ аст [9,128]. Якум ин ки ми;дор ва андозаи ;алин дар миёни исмоилиёни Помир кам аст. Дуюм вобаста ба муносибатх,ои хешутаборй ва х,амсоядорй метавонистанд миёни х,ам гузашт кунанд.

Андоза ва намуд;ои к;алин. Дар замони пеш новобаста аз шароити и;тисодй х,ам мардуми доро ва х,ам ниёзмандон ратман kuxm-qaling ба оилаи арус пешних,од мекардаанд. Маводи илмии дар даст буда нишон медих,ад, ки андозаи миёнаи kuxm-qaling дар тамоми х,удуди водии Шугнон як хел буд ва он аз 1 барзагов, ё ин ки 12 пис 3 гушт, 4-5 намуд матоъ, 1 амбун галладона (тар;рибан 96 кг) ва 1-2 тафсин 4 равган иборат буд. Калин асосан аз 5-6 навъи матоъ барои арус «х,а;к;и-зан», аммо (kuxm), ки якто барзаговро дарбар мегирифт ба пуррагй онро барои маросими туй истифода мекарданд» [10,100].

Мувофи;и иттилооти Пир Саидюсуфалишох,, ки дар сух,бат бо мух,а;к;ик;и рус А. А. Бобринской сабт шудааст, дар нох,ияи Шугнон тух,фаи асосиро аз тарафи падари домодшаванда тагои (холаи) арус мегирифт. Масалан, дар даврах,ои пеш оилах,ои сарватманд дар туйи писарашон ба тагои арус 1-асп, 9-то матоъ, 9-то куртах,ои читбоф тух,фа мекарданд, ба падари арусшаванда бошад фа;ат 5-то матои карбосй ва 1-то барзагов пешних,од мешуд. Тиб;и анъана х,амин тух,фа бояд ба таго то барпо шудани маросими туй дода шавад, вагарна тагои арус метавонист маросими туйро бекор ё ба ва^ ти дигар мав;уф гузорад [3, 91]. Оилах,ои нисбатан доротар барои духтарашон гов ва ё худ ба таври имкон 10-15 сар чорвои майда ба х,айси тух,фа та;дим мекарданд [9,128] Мух,а;к;ик;и рус И. И. Зарубин низ маълумот медихдд, ки дар бастани а;ди никох, на;ши таго аз тарафи модар хеле назаррас мебошад, вай ;ариб дар баробари падари арус аз ;алин х,а;к;ашро ситонида мегирифт [4,134].

Дар замони Шуравй низ сокинони нохияи Шунон андозаи муайяни kuxm-qalin-ро риоя мекарданд, ки он албатта мувофи;и замона тагйир

3 Пис-ченак, барои ^исоби гушти хайвони хонагй. Мувофщи маълумоти И.И. Зарубин ба хдсоби миёна дар шакли як барра ё гусфанд дода мешуд.

4 1 тафсин - баробар аст ба 2 кг .

пазируфта буд. Дар замони Шуравй аз як тараф вазъи ицтисодию ичтимоии мардум баланд гашт. Як цатор молхои саноатй, ки онхоро дар шакли цалин месупориданд хело хам арзонтар шуданд. Вале аз тарафи дигар тиб^ и маълумоти хамсухбатонамон дар даврони Шуравй дастрас намудани чизу чораи лозимй барои амалй намудани ойини кыхт-даНщ назар ба нархи он гаронтару душвортар будааст. Оилаи домод кушиш мекардааст, ки барои арус либоси истехсоли хоричии (матоъ, муза, палто ва хоказо) бехтаринро пайдо кунад, вале таърихан хам маълум аст, ки дастрас намудани либоси сифатан хуб дар он давра як навъ мушкилоте доштааст ва пайдо намудани он тавассути хешу табор, дустону наздикон амалй мешудааст. Дар ин давра таркиби кыхт -да/ш^-ро аз масолехи гизой 6 ё 8 кг равгани зард, 35 ё 40 кг. биринч, 1 халта орд ва либос барои арус 7 намуд матоъ, 2 то руймоли калон (зко/-/1йоу1), палто, муза ва дар баъзе Чойх,о жемпир иборат будааст.

Хозир бошад кыхт дар шакли махсулоти хурокворй (40 кг гушт, 10 кг равгани зард, 10 кг равгани пахта, 1 халта орд, 35 (40) кг биринч) ба хонаводаи арус дода мешавад.

Теъдоди чих,ози муцарраршудаи цалин бошад аз 7 намуд матои гулдори хархела нархаш баланд (мувофици муд), 2-то руймолхои сурх, се метр матои сафед (pirum), ки бо он сари арусро мепечонанд, се метр тури сафед, палто ва инчунин музаи занона иборат аст.

Дар давоми дах, соли охир мувофици нишондих,андах,ои тадцицотамон ва мушох,идах,ои шахсии мо оини даЧщ тах,ти тахаввулоти чиддитаре царор гирифтааст. Имрузх,о бештари сокинони нох,ияи Шугнон ба чойи додани цалини анъанавй маблаги пулй ба мицдори аз 7000 то 15000 сомонй барои арусшаванда медиханд, ки арус ва наздиконаш даНщ-ро ба хости худ харида гиранд.Чунин дигаргунй албатта, аз як тараф домодшавандаро аз ташвишу тараддуди зиёдатии дастрас кардани цалин озод мекунад, вале аз тарафи дигар ин тагйирот ба фоидаи домодшаванда ва оилаи у набуда, балки боиси норозигии волидайн низ мегардад. Зеро агар пештара оилаи домод бо пешниходу розигии хешовандони арус мувофици имкони худ даЧщ-ро пешниход мекарданд, имрузхо х,амин мицдори маблаги пулиро на хама оилахо имкон доранд, ки пайдо намоянд, ки мушкилии асосй дар барпо намудани туйи домодй ва арусй барои онхо ба шумор меравад.

Бурдани цалин. Дар замони пеш пас аз чамъ овардани махсулоти зарурй падари домодшаванда падари арусшавандаро огох мекард, ки онхо бояд барои гирифтани кыхт - даНщ-и худ ба хонаи арус дар рузи муайян биёянд [6, 273].

Падари арусшаванда ду нафарро, яъне kuxmgir ва qalingir ба хонаи домодшаванда бо ма;сади оварда расонидани kuxm-qaling, дар ва;ту соати нек (su:ot) равона мекунад [10, 114].

Дар водии Хуф бошад, мувофи;и маълумоти мух,а;к;ик; М. С. Андреев асосан ду нафар намоянда аз тарафи арус, яъне amalgir ;абулкунандаи «амал» ва kuxmgir ;абулкунандаи kuxm, чун анъана шахси якум бояд таго (хола) ва шахси дигар аз хешовандони арус мерафтанд [1, 133].

Дар хонаи домодшаванда барои мехмонон, хамдехагон ва х,амсоях,ои наздик зиёфат меоростанд. Намояндагон дар хузури дигар шахсон чизу чораи барои kuxm ва qaling чудошударо ба таври пурра аз мадди назар мегузарониданд. Дар хузури мехмонон, ки дар суфаи дохили хона менишастанд, чорвои барои kuxm чудошударо нишон медоданд. Сараввал ба хона бу;;аро медароварданд, ки онро kuxmgir хуб аз назар мегузаронданд. Агар шуду он ба kuxmgir маъ;ул намеомад, вай боз илова бар он як-дуто чорвои майда талаб мекард. Qalingir бошад матоъхоро пурра аз назар гузаронида, баъд ;абул мекард. Дар охир барои kuxmgir ва qalingir волидайни домодшаванда хамчун тухфа яктогй матоъ медиханд. Пеш аз хона баровардани kuxm - qaling модари домодшаванда онро bun мепошид, то ки он аз тамоми балохо дар рох эмин бошад [10, 114].

Тиб;и мушохидахои муаррих М.С. Андреев дар водии Хуф хангоми ба охир расидани маросими ;алингирй нисбат ба мехмонон аз тарафи арус муносибат нисбатан тагйир ёфта, як фазои шухиомез дар хона бар;арор мегардид. Занон ва чавонон шухикунону бозикунон мехмонхоро орд ва об мепошиданд, обро дар руйю муй ва буруташон мемоланд. Иштироккунандагони ин ойин бо шодиву сурур бо дастачуб дод мезананд ва онхоро пеш мекунанд. Онхо саросемавор аз хона чорвои барои ойини kuxm чудошударо гирифта мерафтанд [1, 134].

Ин ойин дар байни сокинони дехаи Элоки нохияи соби;и Оби гарм (холо нохияи Файзобод) низ вучуд дошт. Хднгоми овардани ;алин наздикони арусшаванда мехмононро орд мепошиданд. Дар ин деха чил нафар аз хешони домод ;алинро меоранд. Онхоро гурухи занон пешвоз мегирифтанд ва бо шухй кушиш мекарданд, ки руйи тамоми мехмононро бо орд сафед кунанд. Онхо чунин мегуфтанд: «Илохим рохи хеши мо сафед бошад".Агар руйи яке аз мехмононро бо орд сафед кардан наметавонистанд, вай маломат мекард, ки волидайни арусшаванда орд надоранд [8, 35; 1, 134; 10, 174;].

Дар давраи Шуравй низ расми kuxm-qaling дар тамоми ;аламрави нохияи Шугнон вучуд дошт. Дар яке аз рузхо ва соати мусоиди хафта, хар ду оила барои ин расми ачдодй тайёрй медиданд: оилаи домод ба маросими kuxm-yéd-супоридани kuxm ва оилаи арус ба маросими kuxm-vid-овардани kuxm тайёрй медиданд. Аз хонаи арус ду нафар-амак ё шахси

дигар бо мацсади овардани kuxm ба хонаи домод мераванд. Дар водии Шохдара дар давраи Шуравй баъди гузаронидани маросими xekxitilapt (тахт. хешй талабидан), вацте ки цалинро пурра чамъ меоварданд, аз халифа соати муносиб ва нек-suot пурсида, qaling-ро падари домодшаванда ба хонаи арусшаванда мебурд. Вале баъдтар дар солхои охири Шуравй ва аввали солхои истицлол махсулоти зарурии цалинро дар рузи xekxitilapt бо худ мебаранд.

Хозир бошад ойини kuxm-qaling танх,о дар доираи оила баргузор мегардад. Хамсояхо ва хешутабор дар ин маросим даъват карда намешаванд. Одатан тибци эътицод ва боварии сокинони нох,ияи Шугнон цабл аз огоз намудани хар гуна русуми мардумй гиёхи хушбу strakhm дуд мекунанд, то ин ки он тамоми офату балои хонаро аз худ дур созад.

Тавре, ки дар боло цайд кардем хонаводахо доираи муайяни kuxm-qaling-ро пешакй маслихат мекунанд. Волидайни домодшаванда пешакй маводи ва ашёхои kuxm-qaling-ро омода ва банду баст мекунанд. Аммо тибци анъана хангоми ичро намудани ойини овардани цалин хам дар замони пеш ва хам дар давраи Шуравй kuxmgir ва qalingir хатман махсулот ва ашёи зарурии kuxm-qaling-ро дар хузури хамсояхо ва дигар шахсоне, ки дар ин оин иштирок мекарданд, аз назар гузаронда бо худ мебурданд. Ба сабаби он, ки ин масъулият ва вазифаи асосии онхо ба хисоб мерафт, хешовандони арус онхоро бо як чиддият интихоб мекарданд. Ин ду нафар баъд аз баргаштан ба хонаи арусшаванда дар назди падари арус барои сифати молхои цабулкарда масъул буданд.

Имрузхо арзиш ва мухтавои ботинии ин расм каме тагйир пазируфта, ахаммияти хоса ба шахсияти kuxmgir ва qalingir дода намешавад. Дар бештари маворид таго (амак) бо ягон шахси дигар, ё ин ки ду нафар шахси чавон хамчун хешу табори наздики арусшаванда барои овардани kuxm-qaling фиристода мешаванд. Он расму ойинхои шухиомезеро, ки М.С. Андреев баъди супоридани kuxm-qaling дар хонаи арусшаванда цайд кардааст, бо мурури замон ва сипарй гардидани солхои зиёд имруз тамоман аз байн рафтааст.

Хуллас, муайян карда шуд, ки дар ойини додани kuxm-qaling дар фарханги сокинони нохияи Шугнон аз ибтидои асри XX то ибтидои асри XXI дар се давр (то замони Шуравй, худи замони Шуравй ва давраи истицлол) баъзе тагйироту тахаввулот вобаста ба пешрафти хаёти ицтисодию ичтимой, чихатхои равонию (этнопсихологй) этнофархангй то андозае ба назар мерасанд.

АДАБИЁТ

1. Маводи бойгонии Зарубин И.И. СПбО ИВ РАН, ф.121, оп .1, д. 242, л. 10.

2. Андреев М.С. Таджики долины Хуф (верховья Аму-Дарьи).-Сталинабад: Изд. АН. Тадж. ССР. Вып 1. 1953.- С. 250.

3. Андреев М.С. и Половцев А.А. Материалы по этнографии иранских племён Средней Азии (Ишкашим и Вахан) //Сб. Музея по антропологии и этнографии при Императорской академии наук. Т.1 . Вып 9. - СПб., 1911. - С. 43.

4. Бобринской А.А. Горцы верховьев Пянджа (ваханцы и ишкашимцы). Очерки быта по путевым заметкам А.А. Бобринского.-М.,1908.-150с.

5. Зарубин И. И. Материалы и заметки по этнографии горных таджиков. Долина Бартанга. -Сб.МАЭ. Т.5. - Пг,1917.-С. 97-148.

6. Зарубин И.И. Дополнения к статье Н.И. Веселовского «Роль стрелы в обрядах и ее символическое значение».-Зап. Коллегии востоковед, при Азиатск. музее РАН, 1925, т. I. - С. 91—96.

7. Каландаров Т.С. Шугнанцы (историко-этнографическое исследование).-М., ИЭА РАН, 2004.-С. 478.

8. Кисляков Н. А. Семья и брак у таджиков-Труды Ин-та этнографии им. Н. Н. Ми-клухо-Маклая.-М.;-Л: Изд-во АН СССР, 1959.-269 с.

9. Кислякова Н.А. и Писарчик А.К. Таджики Каратегин и Дарваза. Вып. 3 -Душанбе. Дониш. 1976. - 229 с.

10. Костенко Л.Ф. Туркестанский край. Опыт военно-статистического обозрения Туркестанского военного округа. Материалы для географии и статистики России. Т. VII. - СПб.,1880.-С.338-350.

11. Моногарова Л.Ф. Преобразования в быту и культуре припамирских народно-стей.-М.:Наука, 1972.-174 с.

12. Минаев И.П. Сведения о странах по верховьям Аму-дарьи (по 1878 г.). т. VIII.-СПб., 1879.-С. 198-202.

13. Семенов А.А. Из области религиозных верований шугнанских исмаилитов//Мир ислама. Т. I. - 1912.-№ 4.-С. 558-561.

14. Семенов Ю.И. Происхождение брака и семъи.-М.:Наука,1974.-245 с.

15. Серебренников А.Г. Очерк Шугнана//Военный сборник.-СПб, 1895. - №12.-С.405-436.

16. Юсуфбекова З. Семья и семейный быть шугнанцев (конец XIX- начало XXв.). -Душанбе: Шарки озод, 200.-182 с.

ОИД БА ЯК ОЙИНИ МАРОСИМИ ТУЙИ СОКИНОНИ НОХИЯИ ШУГНОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН

Дар чдраёни ч,ах,онишавии босуръат омузиши расму ойинхои мардумй ва маросимхо хеле зарур аст, зеро онхо ба тагйироти зиёд дучор гардида, як цисмати онхо хатари аз байнравй доранд. Дар фарханги сокинони нохияи Шугнони Вилояти Мухтори у^истони Бадахшон маросими туй яке аз маросимхои мухиммтарини хаёт ба шумор меравад. Дар маросими туйи бошандагони нохияи Шугнон, аз чумла дар яке аз цисматхои он маросими додани кихту цалин низ навоварихо ба чашм мерасанд.

Дар мацолаи мазкур муайян карда шудааст, ки дар фарханги сокинони нохияи Шугнони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон кихт аз цалин чй фарц дорад ва онхо дар кадом шакл ва андоза дода мешуданд.

Инчунин дар мацола омадааст, ки аз ниго^и хронологй дар се давр (то замони Шуравй, худи замони Шуравй ва давраи истицлол), яъне аз ибтидои асри XX то ибтидои асри XXI дар ойини кихту цалин тагйироти зиёде рух додаанд.

Калидвожахр: kuxm-qaling, сокинони Шугнон, ма^сулот, %аёти ицтисодию щтимой, тагйирот, ч,щатх,ои равонию этнофарщнгй.

ОБ ОДНОМ СВАДЕБНОМ ОБРЯДЕ ШУГНАНЦЕВ ГБАО

В процессе быстрой глобализации очень важно изучение обычаев и ритуалов, потому что они подвержены множеству изменений, а некоторые из них находятся под угрозой исчезновения. В культуре шугнанцев свадебный обряд является одним из важнейших обрядов жизни.

Новшества можно увидеть в свадебном обряде шугнанцев, в том числе в одной из его частей-церемонии вручения kuxm и qalin. В этой статье анализируется, чем в культуре шугнанцев kuxm отличается от qalin и в какой форме и размерах они были выплачены.

В статье также хронологически показаны изменения этого обряда в процессе трех периодов (до советской эпохи, советской эпохи и периода независимости), т.е. с начала XX века до начала XXI века.

Ключевые слова: kuxm-qaling, жители Шугнана, продукты, экономическая и социальная жизнь, изменения, психологические и этнокультурные аспекты.

ABOUT ONE WEDDING CEREMONY OF SHUGNI PEOPLE IN GBAO

In the process of rapid globalization, the study of customs and rituals is very important, because they are subject to many changes, and some of them are threatened with extinction. In the culture of Shugni people the wedding ceremony is one of the most important rites of life.

Innovations can be seen in the wedding ceremony of Shugni people, including in one of its parts - the ceremony of presenting the kuxm kalin. This article describes how the kuhm differs from the kalin in the culture of Shugni people, and in what form and size they were given.

The article also shows the chronological changes of three periods (before the Soviet era, the Soviet era and the period of independence), i.e. from the beginning of the XX century to the beginning of the XXI century.

Key words: kuxm - qaling, Shugni people, food, economic and social life, changes, psychological and ethnocultural aspects.

Сведения об авторе: Айдаров Хамрох Сайдамадович- аспирант Института гуманитарных наук имени Б. Искандарова НАНТ. Адрес:736000, Республика Таджикистан, ГБАО г. Хорог, улица М. Миршакара, 32. E-mail: aidarov.hamroh@mail.ru Тел: (992) 884440993.

Information about the author: Aidarov Hamroh Saidamadovich-post-graduate student of Institute for Human Sciences by name B. Iskandarov NAN^ Address: 736000, Republic of Tajikistan, GBAO Khorog, M. Mirshakarov street, 32. E-mail: aidarov.hamroh@mail.ru Tel: (992) 884440993.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.